back page

Манзумаи вилоят - 4

next page

 

·      Меҳри бекарони Имоми Замон (алайҳис-салом)

·       Шарти  вафо дар баробари муҳаббати Имоми Замон (алайҳис-салом)

o      Ҷавонӣ беҳтарин даврони ишқварзӣ ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

·      Шарти расидан ба вилояти хосси Имоми Замон (алайҳис-салом)

o     Баҳраҷўӣ аз шодобии ҷавонӣ

o      Аҳду паймони хос бо Имоми Замон (алайҳис-салом)

o      Таваҷҷўҳи қалбии холисона ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

·      Вазифаи ҷавонон дар баробари фитнаҳои охирзамон


Меҳри беканори Имоми Замон (алайҳис-салом)

 

Ҳамаи мо ин маърифатро дорем, ки вуҷуди муқаддаси Валии Аср, сояи раҳмати Худо бар бандагонаш аст ва ҳар чи дорем, ба воситаи вуҷуди он бузургвор аст. Агар муҳаббати меҳрубонтарини модарҳои дунё, ҳатто муҳаббати модарҳоеро, ки ҳастии худашонро барои бачаҳояшон фидо кардаанд, як ҷо ҷам кунед, ба андозаи муҳаббати Имоми Замон (алайҳис-салом) ба дўстон ва пайравонаш нахоҳад шуд; чаро ки муҳаббати ў партаве аз муҳаббати бениҳояти Худо ба офаридагон аст. Худаш фармуд,  ки агар дуо кунед, барои дуоятон омин мегўям ва агар дуо кунед, ман бароятон дуо мекунам. Барои лағзишҳоятон истиғфор мекунам ва ҳатто бўи шуморо дўст дорам.

 

Шарти вафо дар баробари муҳаббати Имоми Замон (алайҳис-салом)

Чунин дўстӣ ва муҳаббати волое, дар муқобил муҳаббат металабад. Мо ҳар чи дорем, ба воситаи файзу лутфу муҳаббати Аҳли Байт (алайҳимус-салом)  аст; аммо эшон дар баробари муҳаббати бекаронашон чизе аз мо намехоҳанд; чаро ки муҳаббати эшон худогуна аст; вале шарти муҳаббат ин аст, ки мо низ шарти вафоро нигаҳ дорем. Ҳар  чи қадар мо дар баробари иноятҳои мавлоямон сипосгузортар ва қадрдонтар бошем, аз муҳаббатҳои вижаи ҳазрат бештар истифода хоҳем кард ва агар муҳаббатҳои илоҳии мавлоямонро носипосӣ ва фаромўш кунем, бар хилофи муқтазои муҳаббат ва вафодорӣ амал карда ва дар натиҷа, худамонро маҳрум сохтаем.

 

 

Ҷавонӣ, беҳтарин даврони ишқварзӣ ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

Аз беҳтарин вақти умр, ки инсон таъми муҳаббатро ба хубӣ мечашад, даврони ҷавонӣ аст. Одамӣ дар даврони кўдакӣ ва хурдсолӣ, муҳаббатро бо навъе идроки ноогоҳона дарк мекунад. Кўдак муҳаббати модар, падар ва наздикони худро мефаҳмад; вале лаззати онро огоҳона дарк намекунад ва дар натиҷа қадрашро намедонад; аммо баъд аз оғози даврони ба балоғат расиданаш, маззаи муҳаббатро хеле хуб мечашад.

Ин вижагӣ, махсуси даврони ҷавонӣ аст ва баъдҳо,  ширинии муҳаббат дар ин сатҳ боқӣ намемонад. Ба ин ҷиҳат ба шумо азизоне, ки дар ин даврони тиллоӣ ва пурбаҳо зиндагӣ мекунед, ёдоварӣ мекунам, ки қадри ин давронро донед ва аз муҳаббате, ки дар дилҳоятон мавҷ мезанад, ба некўтарин шакл истифода кунед. Бидонед, ки чӣ касеро дўст бояд бидоред ва ба чӣ касе бояд дил бидиҳед. Касе шоистаи дилдодагӣ аст, ки ҳеҷ  чашмдоште аз мо надошта бошад; ҳеҷ гоҳ моро аз ёд набурда ва ба ҳар миқдоре, ки  мо лаёқат ва зарфияти муҳаббати ўро дошта бошем, ў дареғдорӣ накунад. Одамӣ вақте касеро дўст медорад, дилаш мехоҳад маҳбубаш низ ба ёди ў бошад. Агар шахсе бидонад, ки рафиқаш дар замони дурӣ, ҳамеша бо ёди ўст, ба вафодории чунин рафиқе ифтихор хоҳад кард. Ҳоло агар бидонем маҳбубе дорем, ки ҳеҷ вақт фаромўш намекунад ва ҳамин ки дар ёди ў афтодем, посухамон мегўяд; беҳтарин ёру рафиқи хешро ёфтаем. Ў ҳамон Имоми Рауфе аст, ки агар дар дилат ҳам садояш кунӣ ва бигўӣ: Ассалому алайка, ё Абосолеҳ, посух медиҳад. Бо ин авсоф, оё касе беҳтар аз ў пайдо мешавад то одамӣ дўстиашро ба ў ҳадя диҳад? Ҳар чи хубӣ вуҷуд дорад дар вуҷуди муқаддаси ҳазрат ҷамъ аст; ҳар сифат ва хислати дўстдоштаниро, ки фарз кунед беҳтаринашро доро аст; пас қадри ин дилҳои покатонро бидонед ва кўшиш кунед дилҳоятонро ба ў диҳед, ки ў шоистаи дилдодагӣ аст. Ҳар чи метавонед ба ёди ў бошед то ў бештар ба ёди шумо бошад.

 

Шарти расидан ба вилояти хосси Имоми Замон (алайҳис-салом)

     Робитаи байни мо бо маҳбубҳои ҳақиқӣ, фақат гузораи адабӣ ва шоирона нест, балки ҳақиқати собит аст. Одамӣ он гоҳ ки касеро дўст медорад, дилаш мехоҳад маҳбубаш низ ба ёди ў бошад. Ин фақат ормони шоирона нест. Қуръон мефармояд:

﴿فَاذکُرُونِی أذکُرکُم﴾

«Ба ёди ман бошед то ба ёдатон бошам».[1] Гоҳе як шеъри ҳакимона он қадар зебо аст, ки ҳеҷ чизи дигаре ҷои онро намегирад:

﴿إنَّ مِنَ الشعرِ لَحِکمَة﴾

Ҳамоно баъзе аз ашъор, ҳикмати зиёдеро дарбар дорад. Ҳофиз (р) дар байте мегўяд:

Гарат ҳавост, ки маъшуқ нагсалад паймон,

Нигоҳ дор сарришта то нигаҳ дорад.

Яке аз асҳоби Имоми Замон (алайҳис-салом) ба хизматаш мушарраф шуд ва гуфт:

Мавло! Мехоҳам донам мавқеияти  ман назди шумо чӣ гуна аст?

Фармуд: «Бубин мавқеият ва манзилати мо назди ту чӣ андоза аст. Ба ҳамон андозае, ки ту ба мо аҳамият медиҳӣ, мо ҳам ба ту аҳамият медиҳем. Ба ҳамон андозае, ки ту дар ёди мо бошӣ, мо ҳам ба ёди ту ҳастем». Ин робитаи воқеӣ аст. Намешавад одамӣ ба ёди Худо набошад, аммо интизор дошта бошад, ки Худо мисли авлиёи хосси худаш, ба ў таваҷҷўҳ намояд. Робита дутарафа аст. Сари риштаро, ки такон медиҳад, он тараф ҳам такон мехўрад. Агар мехоҳӣ иртибот маҳфуз бошад, калиди иртибот дар дасти ту аст.  Тугмаи таваҷҷўҳро фишор деҳ то бедаранг, иртибот барқарор шавад. Роҳи дуре дар пеш нест, балки таваҷҷўҳи холисонае кофӣ аст.

 

Баҳраҷўи аз шодобии ҷавонӣ

     Даврони ҷавонӣ, беҳтарин вақте аст, ки инсон метавонад маъниҳо ва мафоҳими ошиқонаро дарк кунад; на зудтар аз даврони ҷавонӣ метавонад ин мафоҳимро дарк кунад, на дар вақти пирӣ, чаро ки дар ин ду даврон, қудрати дарки ин маъниҳои воло дар одамӣ вуҷуд надорад. То ҷавон ҳастед, бикўшед ишқи Худо ва авлиёи ўро дар дилҳоятон зинда кунед. Агар дарахти ишқро дар ҷавонӣ дар дилҳоятон борвар кардед, то поёни умр балки то абад, сармояи тамомнашуданӣ хоҳед дошт.[2] Сармояи азиме, ки ҳама ҷо гиреҳкушо хоҳад буд; ҳам барои дур кардани мушкилот ва дур шудан аз фитнаҳо ва балоҳои дунё ва ҳам барои тавфиқҳои маънавӣ ва охиратӣ, муфид аст. Одамӣ сарупо ниёз аст, аммо ҳамаи ниёзҳои ў бо ин васила, яъне бо ишқу муҳаббати Аҳли Байт (алайҳис-салом) бартараф мешавад. Шумо ҷавонон метавонед дар сояи ишқварзӣ ба Худо ва авлиёи Худо, ба мақоме бирасед, ки Худованд ва авлиёяш, бо азму иродаи Худо, дасти шуморо гиранд. Чӣ хуб аст, ки мавло ва маҳбуби мо, сарриштаи корҳои моро дар дасти худ гирад ва он гуна ки дилаш мехоҳад, тадбир фармояд. Агар шумо ихтиёратонро ба дасти ў диҳед, ў ин корро хоҳад кард ва вилояти хосси шуморо ба ўҳда хоҳад гирифт.

Чунин суханонеро камтар ба забон меоварам: Булбул аз файзи гул, омўхт сухан. Дилҳои поки шуморо,  ки дидам ба ёди ин суханҳо афтодам. Шумо ҷавонҳои азиз бо дилҳои покатон шоистаи ин суханҳоед. Эҳтиёт шавед дилеро, ки ин қадар арзиш дорад, ройгон аз даст надиҳед. Дилҳоятонро ба касоне, ки арзиши муҳаббат надоранд, насупоред; ин дили покро ба касе бидиҳед, ки дилдори воқеӣ бошад ва қадри дилатонро бидонад; дилдоре, ки ҳеҷ тамае дар шумо надошта бошад ва дар ҳама ҷо низ ёри шумо бошад; рафиқи шафиқе, ки ҳар гоҳ садояш бизананд, посух диҳад ва ҳар коре, ки аз дасташ барояд, барои саодати шумо анҷом диҳад; ёваре дар авҷи вафодорӣ, ки ҳамаи хубиҳоро як ҷо дошта бошад. Оре, аз бузургтарин неъматҳои Худо ин аст, ки чунин касонеро ба мо муаррифӣ кардааст.

 

Аҳду паймон бо Имоми Замон (алайҳис-салом)

     Имрўз, қофиласолори олами инсоният ва олами ҳастӣ, имоми ғоибе аст, ки ҳамаи фазилатҳо ва хубиҳоро як ҷо дорад; вале мутаассифона дасти мо аз домани ў кўтоҳ аст.

Имрўз амири дари майхона туӣ ту,

Фарёдраси нолаи мастона туӣ ту.

Мурғи дили моро, ки ба кас ром нагардад,

Ором туӣ, дом туӣ, дона туӣ ту.[3]

Бо ҳамаи ин аҳвол, иртибот бо ҳазрат, ҳеҷ гоҳ мамнўъ нест. Ўро намебинем, вале ў моро мебинад. Метавонем бо ў иртибот барқарор кунем; хусусан дар рўзҳои ҷумъа, ки ба он азиз тааллуқ дорад. Ҷо дорад, ки дилҳои худамонро басўи қалби муқаддаси мавло Имоми Замон (алайҳис-салом) равона кунем ва бо он ҳазрат паймоне бибандем, ки ҳар он чи дар тавон дорем, дар роҳи ризои Худо ва ризои ҳазрат, ки чизе ҷуз ризои Худо нест, сарф кунем. Ва хотирҷамъ бошем, ки он бузургвор ҳам аз ҳеҷ кўмаке ба мо дареғ нахоҳад кард.

     Бикўшем субҳҳо, дуои шарифи Аҳдро бихонем, чаро ки дуои Аҳд, таҷдиди паймон бо маҳбуб аст.[4] Дуои

أللهُمَّ کُن لِوَلِيِّک

-ро ақалан рўзе як бор бихонем, ба хусус рўзҳои ҷумъа агар муяссар бошад, дуои Нудба ва намози Имоми Замонро, ки ба таври маъмул дар масҷити Ҷамкарон хонда мешавад, бихонем.

 

Таваҷҷўҳи қалбии холисона ба соҳати муқаддаси Имоми Замон (алайҳис-салом)

   Он чизе, ки ҳамеша ва ҳама ҷо инсон метавонад анҷом диҳад, ин таваҷҷўҳи қалбӣ доштан ба Имоми Замон аст. Инро такрор кунед ва мутмаин бошед, ки ҳамаи хубиҳоро барои шумо ба армуғон меоваранд ва ҳифз мекунанд.

 Акнун достонеро, ки яке аз дўстон барои ман нақл кардааст, барои шумо нақл мекунам; яке аз олимоне, ки ҳоло дар дар ҳоли ҳаёт аст, мафармуд:

Дар сафаре, ки аввалҳои Инқилоб ба Макка мушарраф шуда будам, дар Масҷидулҳаром, яке аз устодони донишгоҳи Миср назди ман омад ва вақте  донист, ки эронӣ ҳастам, бо ман унс гирифт ва гуфт:

Ман  ба суханрониҳои Имом Хумайнӣ алоқа дорам ва ҳар гоҳ тарҷумаи арабияш ба дастам бирасад, онро мутолиа мекунам; онгоҳ хулосаи суханрониҳои Имомро ба забони арабӣ бароям гуфт. Ў мегуфт гумон мекардам пас аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) , дар олами Ислом, шахсияте мисли Имом наёмадааст; аммо дар каломи Имом гоҳе бар ин ҷумла бармехўрдам, ки аз касе ёд мекунад ва мегўяд:

رُوحِی وَ أروَاحُ العَالمِينَ لِتُرَابِ مَقدَمِهِ الفِدَاء

ва ё ин ки баъзан ин тавр мегўяд:

رُوحِی لِتُرَابِ مَقدَمِهِ الفِدَاء

«Ҷони ман фидои хоки пои ў», Тааҷҷуб мекардам, ки ин шахс кист,  ки Имом ҷони худро фидои хоки пои ў медонад; аз ин рў рафтам дар китобҳои худамон таҳқиқ кардам то бидонам ин кист, ки дар олами Ислом пас аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин қадар аҳамият ва манзилат дорад ва ҳозир ҳам дар рўи замин дорои ҳаёт аст. Саранҷом дар манобеи худ, ривоёте дар бораи Ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом) ёфтам ва аз он ҷо фаҳмидам вуҷуди муқаддаси ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом) чӣ қадар азиз аст, ки Имом Хумайнӣ мегўяд ҷони ман ва ҷони тамоми оламиён фидои хоки пои ў ва ҳамин васила  сабаб шуд то мазҳаби ташаюъро ихтиёр кунам.

   Як ибрози иродати холисонаи Имом Хумайнӣ ва каломе, ки аз таҳти дил бархост, боис шуд то дар он тарафи дунё, дар кишвари арабӣ, як нафар биравад таҳқиқ кунад ва шиа шавад ва ба Имоми Замон (алайҳис-салом) иродат ёбад. Умедворем, ки ин сармояи азим ва ин маърифат ва муҳаббат ба вуҷуди муқаддаси Валии Асрро қадр бидонем. Ба андозаи ҳимматамон ин неъматро шукр гўем ва ба ин маҳбуби воломақом вафодор бошем то ҷое, ки иншоаллоҳ муҳаббат ва вилояти хосси ҳазрат  шомили ҳоли ҳамаи мо шавад.

 

 

Вазифаи ҷавонон дар баробари фитнаҳои охируззамон

     Асоси фарҳанг бар ду рукни аслӣ мубтанӣ аст: як силсила боварҳо ва як силсилаи арзишҳо. Фарҳангҳои ғайри исломӣ, бештар аз ҳар чиз тобеи одобу расм, салиқаҳо ва қарордодҳо ҳастанд ва пояи устуворе надоранд; аммо фарҳанги исломӣ бар ду пояи маҳкам ва устувор бино шудааст: яке боварҳо ва дигаре арзишҳо.

     Боварҳо ҳамон ақоиди инсон ба ҳастӣ аст: мабдаи кулли ҳастӣ куҷо аст? Ҷаҳони ҳастӣ барои чӣ падид омадааст? Ҷойгоҳи одамӣ дар чорчўби низоми ҳастӣ чист? Дар маҷмўъ метавон гуфт: боварҳо, маҷмўаи ақоиде аст, ки ба тавҳид, нубуват ва маод бармегардад; барои мисол ин эътиқоде, ки Худое вуҷуд дорад ва гардонанда ва тадбиркунандаи ҷаҳон аст, ниёзҳои моро фақат ў метавонад бартараф кунад ва камолу саодати мо дар ин аст, ки фақат дар ҷиҳати ризояти ў ҳаракат кунем. Инҳо ҳамон боварҳое аст, ки як рукни асосии фарҳанги исломиро ташкил медиҳад.

     Рукни дуюми фарҳанги исломӣ, арзишҳое аст, ки аз ин боварҳо бармехезад; арзишҳо маҷмуаи умуре аст, ки одамӣ бояд риоят кунад то ба ҳадаф ва саодати ниҳоияш бирасад.

Ҳоло мо, бояд ин ду рукни асилро дар худамон ва дигарон тақвият кунем. Саъйи душманони Ислом низ бар ин аст, ки ин ду рукни асосиро аз ҷавонони мо бигиранд. Аз як тараф мехоҳанд бо эҷод ва тарвиҷи шакку шубҳа, имон ва боварии ҷавононро суст кунанд то ҷое, ки шакгароӣ миёни насли ҷавонони мо ба фарҳанг ва ифтихор табдил шавад ва аз тарафи дигар, мехоҳанд бо ривоҷ додани зидди арзишҳо, оҳиста-оҳиста арзишҳои исломиро дар ҷомеа, махсусан миёни насли ҷавон, маҳв ва нобуд кунад.

 Вақте боварҳо ва имонҳо заиф шуд, дигар яқине ба ҳаёти пас аз марг, қурби илоҳӣ ва саодату подоши охират, нахоҳад буд. Он гоҳ навҷавони 13-сола ҳаргиз худро фидои Ислом нахоҳад кард. Ў вақте худро зери танк меандозад, ки эътиқод дошта бошад ҳангоми шаҳодат, сараш бар домани Имом Ҳусейн (алайҳис-салом) қарор мегирад. Аммо агар чунин эътиқоде набошад, хоҳад гуфт: Барои чӣ ҷонамро фидо кунам?!

Чӣ чизе сабаби пирўзии Инқилоб шуд? Сирри он ҳама исор ва фидокорие, ки инқилобро дар ҳамаи арсаҳо ба пирўзӣ расонд, дар имон ва боварҳои диние нуҳуфта буд. Вақте боварҳо заиф ва суст шавад, он исорҳо ва пирўзиҳо нахоҳад буд ва ҷуз нангу зиллат ва таслим дар баробари душман, чизе нахоҳад  монд. Аслитарин талоши душман,  дар канори сусту заиф кардани боварҳо, камранг кардани арзишҳо ва ривоҷ додани фасодҳо аст. Мехоҳанд ҳамон ботлоқи фасодеро, ки ҷавонони амрикоӣ ва аврупоӣ дар он ғўтавар шудаанд, барои ҷавонони мо содир кунанд. Имрўзҳо дар расонаҳои гурўҳӣ, ба таври доим омор ва ахбори аҷибе аз фасод ва ҷинояти ҷавонон ва навҷавонони ғарбиро шоҳидем. Шаст фоизи тамоми ҷинояте, ки дар Амрико воқеъ мешавад, дар дасти навҷавонон аст. Чанде пеш шунидед, ки писарбачаи шашсола дар эътироз ба ҳамсинфаш, ки чаро оби даҳонатро рўи мизи ман рехтӣ, аслиҳа кашида ва ўро куштааст. Омори қатлҳо, худкушиҳо, оташ заданҳо, фурўпошии хонаводаҳо, ҳамҷинсбозиҳо, кўдакозордиҳиҳо ва аксари ҷиноятҳои дигар дар Амрико ва Аврупо, шояд барои шумо бовар карданӣ набошад.

     Омори издивоҷи расми дар Ғарб хеле кам аст. Зимни он ки хеле аз ҳамин издивоҷҳои расмӣ низ обакӣ аст. Барои мисол, зану марди танҳо, барои ин ки аз шаҳрдорӣ кўмак гиранд ба таври расмӣ издивоҷ мекунанд; дар ҳоле ки моҳ ба моҳ якдигарро намебинанд. Мард бо дўсти худаш ва зан низ бо дўсти худаш зиндагӣ мекунад. Ҳоло бубинед бачае, ки дар чунин хонаводаи нобасомоне таваллуд мешавад, чӣ отифа ва муҳаббате аз падару модари худ хоҳад дид ва ба чӣ рушди ахлоқӣ ва маънавӣ метавонад расид. Аслан маълум нест, ки падари воқеии ин бача кист.

     Ин вазъияти асафнок, дастоварди тамаддуди Ғарб аст, ки мехоҳад бо барномаҳо ва филмҳои фосид, моро низ ба чунин вазъе бикашонад; филмҳои мустаҳҷане, ки ҳатто худи кишварҳои ғарбӣ низ онро назорат мекунанд ва иҷозати намоиши онро намедиҳанд.

Канада ва Амрико чунон ба ҳам муттасиланд, ки бархе аз шаҳрҳояшон аз шаҳрҳои дигар қобили ташхис нест. Ҳатто бархе аз дарёҳои байни ин ду кишвар муштарак аст ва асосан қисмати зиёди ҷануби Канада, ки шаҳрҳои пурҷамъият дорад, ба Амрико муттасил ва ҳамаи корҳояшон ба ҳам муртабит аст, то ҷое, ки маъруф шудааст, Канада ҳавлии хилвати Амрико аст. Ҳоло чунин кишваре, ки иртиботаш бо Амрико ин қадар танготанг аст, намоиши филмҳои амрикоиро назорат мекунад ва ба бисёре аз ин филмҳо иҷозати пахш намедиҳад. Ин дар ҳоле аст, ки се кишвари амрикоӣ – Канада, Мексика ва Амрико бо якдигар қарордоди тиҷорати озод (қарордоди нафто) доранд, ки ахиран мехоҳанд Исроилро аз ин тарафи дунё, ба ин қарордод ҳамроҳ кунанд.

Бо вуҷуди ин қарордод, Канадае, ки худ ба ҷаҳаннаме аз фасод  ва табоҳӣ табдил шудааст, ба Амрико эътироз дорад ки чаро ин филмҳои фасодангезро вориди кишвари мо мекунӣ. Дар айни ҳол, хеле аз филмҳоеро, ки канадаиҳо иҷозати пахши онро намедиҳанд, ба таври ғайрирасмӣ ё расмӣ дар кишвари мо пахш мешавад, ки бархе аз онҳо муҷаввизи вазорати иршодро низ доро ҳастанд.

Дар чунин даврони пурмухотира, вазифаи мо бисёр вазнин аст. Аввалан бояд бикўшем боварҳои худро тақвият кунем ва сониян арзишҳои исломиро дар зиндагии худ бо ҷиддияти тамом иҷро кунем. Саҳлангорию бепарвоӣ дар дин, ҳаргиз раво нест.Дар тақвияти пояҳои эътиқодӣ ва дифоъ аз ақоидамон ҷиддӣ бошем. Агар дар як эътиқоди динӣ шакку шубҳае бароямон пайдо шуд, онро пайгирӣ кунем то ҳал шавад. Ва дар муқобили шубҳаафканон низ бо ғайрат ва ҷиддияти тамом биистем ва дар баробари арзишҳои исломӣ ҳассос бошем ва неъматҳои бузургеро, ки ба баҳои хуни садҳо ҳазор шаҳид ба даст омадааст, ройгон аз даст надиҳем. 


 


[1] Сураи Бақара - 152.

[2] Саъдӣ дар бораи ишқи муқаддас чунин мефармояд:

Саъдӣ агар ошиқӣ кунию ҷавонӣ,

Ишқи Муҳаммад бас асту Оли Муҳаммад.

[3] Шеър аз Оятуллоҳ Навғонӣ.

[4] Имом Содиқ дар бораи шарофат ва азамати Дуои Аҳд мефармояд: «Ҳар кас то чиҳил субҳ ин дуоро бихонад, аз ёварони Қоим (алайҳис-салом) хоҳад шуд ва агар пеш аз зуҳури ҳазрат бимирад, Худованди таоло ўро зинда мекунад то хидмати ҳазрат ҷиҳод кунад. Худованд ба шумораи ҳар калимае аз ин дуо, ҳазор ҳасана барояш бинависад ва ҳазор сайиаро аз вай маҳв гардонад». (Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», ҷ. 86. Шайх Аббоси Қумӣ, «Мафотиҳ-ул-ҷунон», Дуои Аҳд).

Home page book