back page

Манзумаи вилоят - 3

next page

 

·      Азамат ва шукўҳи Имоми Замон (алайҳис-салом)

·       Вилояти таквинии Имоми Замон (алайҳис-салом)

o        Илму қудрати бекарони Имоми Замон (алайҳис-салом)

o        Намунае аз вилояти таквинии Имом Ризо (алайҳис-салом)

·      Чигунагии иртиботи вилоӣ бо Имоми Замон (алайҳис-салом)

o      Ҳангомаи изтирор ва тавассул ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

o      Таваҷҷўҳ ва тавассули мудовим ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

o      Талош барои ҷалби ризояти Имоми Замон (алайҳис-салом)

·       Вилояти ташреии Имоми Замон (алайҳис-салом)

o Ҷилвае аз вилояти Имоми Замон (алайҳис-салом)


Азамат ва шукўҳи мақоми волои Имоми Замон (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳуш-шариф)

Дар баробари уқёнусе аз азамат қарор гирифтаем, ки ҳар мавҷуди азиме дар муқобили вусъату бузургиаш худро мебозад ва маҳв мешавад. Дар муқобили дарёи бекароне аз нур қарор гирифтаем, ки ҳар чашми тезбинеро хира мекунад, чӣ расад ба чашмҳои нобинои мо . Ба ҳар ҳол , дасти ниёз ба сўи ин уқёнуси раҳмат дароз кардаем ва осудахотир ҳастем, ки моро аз дарёи каромати хеш маҳрум нахоҳад кард.

Азмати мақоми Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ва хусусан мақоми ҳазрати Валии Аср (аҷҷалаллоҳу таоло фарҷаҳ) барои банда қобили зикр нест. Намедонам оё миёни ғайри Аҳли Байт (алайҳимус-салом) инсонҳое ёфт мешаванд, ки чӣ будани ин мақомро дарк кунанд ё на?! Аммо дар ҳар ҳол, азамат ва нуронияти ин мақом набояд моро аз кўшиш барои дарки ҳарчи бештари он, боздорад.

 

Вилояти таквинии Имоми Замон (алайҳис-салом)

Ончи бузургони мо тавонистаанд бо таъбирҳое, ба шукўҳу ҷалолати ин мақом ишора кунунд, ҳақиқате аст, ки вилояти таквинӣ номида мешавад. Дар тавзеҳи ин мақом, сухан фаровон гуфта шудааст, аммо ҳақиқаташ ин аст, банда дар баёни дурусти он эҳсоси нотавонӣ мекунам. Барои ин ки роҳе барои дарки ин азамати воло бароямон боз шавад, дар поён, ба ривояте аз Имом Содиқ (алайҳис-салом) дар бораи мақоми илмии имомон, ишора мекунем.

 

Илму қудрати бекарони Имоми Замон (алайҳис-салом)

Судайри Сайрафӣ, ки яке аз асҳоби хосси Имом Содиқ (алайҳис-салом) буд, мегўяд:

Гўрўҳе аз асҳоби хосси Имом Содиқ (алайҳис-салом) монанди Абўбасир, Майсар, Яҳёи Баззоз ва Довуд, ба ҳузури Имом Содиқ (алайҳис-салом) шарафёб шудем. Шунидем, ки Имом бо нороҳатӣ ва ғазаб мефармуд:

Аҷаб аз мардуме, ки мепиндоранд мо, аз ғайб хабар дорем, дар ҳоле ки илми ғайбро касе ҷуз Худованд намедонад! Ҳамоно гоҳе канизи худро ҷустуҷў мекунам, дар ҳоле ки намедонам дар кадом хона аст (ба гунае сухан гуфт, ки мувофиқи фаҳму маърифати ҳозирон дар он маҷлис буд). Ҳангоме ки ҳазрат аз ҷояш бархост ва ба даруни хона рафт, ману Абўбасир ва Майсар низ аз паси он ҷаноб ба дохили хона рафтем ва арз кардем: Худованд моро фидои ту гардонад! Шунидем, ки дар амри канизатон чунину чунон мегуфтед, дар ҳоле ки мо аз илми фаровони шумо огоҳем ва онро ба илми ғайбе, ки хосси Худованд аст, нисбат намедиҳем.

Ҳазрат фармуд: Эй Судайр, оё ин оятро дар китоби Худо хондаӣ, ки мефармояд:

﴿قَالَ الذی عِنده علمٌ مِّنَ الکِتابِ أنا آتِيکَ بِهِ قَبلَ أن يَرتَدَّ إليک طرفُکَ﴾[1]

«Касе, ки донише аз китоб дошт, гуфт: пеш аз онки чашматро ба ҳам занӣ онро назди, ту хоҳам овард».

Гуфтам: Фидоят шавам, ин оятро гоҳе хондаам.

Фармуд: Оё он мардро мешиносӣ ва оё медонӣ, ки ў чӣ миқдор аз «илмулкитоб» бохабар буд?!

Гуфтам: Шумо огоҳам кунед то бидонам.

Фармуд: Ба андозаи қатрае аз борон дар дарёи сабз. Пас илми ў нисбат ба «илмулкитоб» чӣ гуна аст?

Гуфтам: Бисёр кам ва ночиз аст.

Пас ба ман фармуд: Эй Судайр! Чӣ бисёр аст ин илм барои касе, ки Худованд илми ўро ба «илмулкитоб» нисбат дод! Эй Судайр, оё ин оятро низ дар китоби Худованд хондаӣ, ки фармуд:

[2]﴿قل کَفَی بِالله شَهِيدًا بَينِی وَ بَينکُم وَ مَن عِندَهُ عِلمُ الکِتاب﴾

«Бигў барои шаҳодат ва ҳукм рондан байни ману шумо, Худо ва касе, ки илми китоб дорад, кифоят мекунад».

Гуфтам: Ин оятро гоҳе хондаам.

Пурсид: Оё он ки илми ночизе аз «илмулкитоб» назди ўст, олимтар аст ё касе, ки тамоми «илмулкитоб» ба ў дода шудааст?

Гуфтам: Қатъан касе донотар аст, ки тамоми «илмулкитоб» назди ўст.

Пас бо дасти муборакаш ба синааш ишора кард ва се маротиба гуфт:

عِلمُ الکِتَاب کُله وَالله عِندَنَا.

Ба Худо савганд, тамоми илми китоб назди мо Аҳли Байт (алайҳимус-салом) аст.[3]

Осиф ибни Бархиё чун баҳрае аз илми китоб дошт, тавонист боргоҳи азими Балқисро пеш аз он ки пилки чашмони ҳазрати Сулаймон (алайҳис-салом) ба ҳам хўрад, аз Санъои Яман ба Фаластин овард, чаро ки Қуръон мефармояд:

﴿قَالَ الذِينَ عِندَهُ عِلمٌ مِّنَ الکِتَاب﴾

Маънои оят ин аст, ки ба сабаби ин ки чунин илме дошт, тавонист чунин кори хориқулоддае анҷом диҳад. Оре бинобар ин ривояти пурмаъно ва нуронӣ, илми Осиф ибни Бархиё, дар муқоиса бо илми Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ҳамчун қатраи ночиз дар баробари дарёи бекарон аст. Ба баёни дигар, илми Осиф ибни Бархиё, ки ба ў қудрат дод то тахту боргоҳи Балқисро пеш аз чашм барҳам задане, дар пешгоҳи Сулаймон (алайҳис-салом) ҳозир кунад, қатраи ночиз аз дарёи илми Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ва Маҳдии мавъуди мо аст.

Аз ин ҳадиси шариф роҳе кушода мешавад то бидонем улуме, ки Худованд ба авлиёи хосси хеш ато кардааст, чӣ ҳақиқати воло ва чӣ дарёи пуразамате аст, ки як қатрааш, чунон осореро дар пай дорад. Ба ҳар ҳол, мо бо чунин дарёи бекаронае мувоҷеҳ ҳастем. Чунин дарёеро бо зеҳнҳои заиф ва маҳдуди худамон чӣ гуна метавонем паймона кунем?! Чунин ҳақиқати азимеро чӣ гуна метавонем васф кунем?! Чорае бароямон боқӣ намемонад ҷуз ин ки дар пешгоҳи илму қудрат ва рўҳи волои Аҳли Байт (алайҳимус-салом) сари таъзим бар хок соем ва ҳамроҳ бо эҳсоси нотавонӣ бигўем: Мо куҷо ва фаҳми мақоми волои шумо куҷо?!

Шоиста аст, ки бародарон ва хоҳарони арҷманди мо дар фурсатҳои муносиб, ривоятҳои марбут ба илму мақоми Аҳли Байтро мутолиа кунанд ва дар бораи он биандешанд то шояд ба ҳақиқат ва нуктаҳои омўзанда ва корсоз, даст ёбанд. Боре, вуҷуди Имоми Аср (алайҳис-салом)  уқёнуси бекароне аз илму қудрат ва азамату нуроният аст, ки илму қудрати Осиф ибни Бархиё қатрае аз он ба шумор меравад.

 

 

Намунае аз вилояти таквинии Имом Ризо (алайҳис-салом)

Шахси боэътимоде бароям нақл кард, ки дар Машҳади муқаддас, дар манзили яке аз дўстон, бо ду донишҷўи Амрикоӣ, ки зану шавҳар буданд, сўҳбат кардам. Барои он ду, достони аҷоибе рух дода буд, ки ба хоҳиши мизбон, он достонро барои мо нақл карданд: Он ду ҷавони Амрикоӣ гуфтанд: Вақте ки мо дар яке аз донишгоҳҳои Амрико машғули таҳсил будем, ҳамеша дар худамон эҳсоси халаъ (камбудӣ ва нарсидани чизе) мекардем. Бо ишора ба синааш гуфт: Эҳсос мекардам, ки ин ҷо холӣ аст. Сипас гумон кардам, ки ин камбуд, ношӣ аз ғаризаи ҷинсӣ аст ва бо издивоҷ ва интихоби ҳамсар, он халаъ пур мешавад. Аз ин рў ҳарду бо ҳам издивоҷ кардем, аммо пас аз издивоҷ низ он халаъ пур нашуд ва ҳамчунон он халаъро дар худам эҳсос мекардам. Ба ин хотир, сахт нороҳат шудам ва бо ин ки ба ҳамсарам хеле алоқаманд будам, дар зоҳир тамоюле ба ў нишон намедодам ва гоҳе, ҳатто ҳавсалаи сўҳбат кардан ба ўро надоштам.

Рўзе барои узрхоҳӣ ба ў гуфтам: агар гоҳе мебинӣ, ки ман ҳоли хоссе дорам ва худро аз ту дур мегирам, гумон накун, ки ба ту алоқаманд нестам, балки ин нороҳатӣ ва афсурдагию эҳсоси халаъ аз даврони донишҷўӣ дар ман буд ва то кунун аз байн нарафтааст ва гоҳ-гоҳе ба он гирифтор мешавам. Ҳамсарам гуфт: ман ҳам чунин ҳолате дорам. Пас аз гуфтугў пай бурдам, ки ин эҳсоси халаи дарунӣ, дарки муштараки ҳар дуи мо аст. Дар натиҷа, тасмим гирифтем дар паи чораи он бошем. Дар оғоз бино гузоштем, ки бештар ба калисо рафту омад дошта бошем ва ба масоили маънавӣ бипардозем то шояд он халаъ бартараф шавад. Иртиботамонро бо калисо ва масоили маънавӣ густариш додем ва дар он замина, китобҳоеро низ мутолиа кардем; аммо он халаъ ва ташнагии маънавӣ аз байн нарафт. Шунида будем, ки дар кишварҳои шарқӣ, хусусан Хитой ва Ҳиндустон мазҳабҳое вуҷуд доранд, ки мардумро бо риёзат (ҳаракатҳои душвор, мисли йогҳо) ва анҷоми тамринҳои махсусе, ба ҳақиқат даъват мекунанд. Тасмим гирифтем ба он кишварҳо сафар кунем ва барои он ки Хитой аз дигар кишварҳои шарқӣ ба Амрико наздиктар аст ибтидо ба Хитой сафар кардем.

Дар Хитой, аз масъулони сафорати Амрико хостем касонеро, ки дар масоили маънавӣ дар онҷо саромаданд, ба мо муаррифӣ кунанд. Онҳо шахсеро ба мо муаррифӣ карданд, ки ў раҳбари руҳониёни Хитой ва бузргтарин шахсияти маънавии он кишвар аст. Бо кўмаки сафорат муваффақ шудем назди ў равем ва бо роҳнамоии ў, муддате ба риёзат машғул шудем, аммо халаи дарунӣ ва камбудии маънавии мо бартараф нашуд.

Аз Хитой ба Тибет рафтем. Дар онҷо дар доманаи кўҳи Ҳимолой маъбадҳое буд, ки иддае дар онҷо ба ибодат ва риёзат машғул мешуданд. Риёзатҳое, ки дар онҷо анҷом медодем бисёр сахт буд; аз ҷумла чиҳил рўз рўи тахте, ки рўи он мехҳои тезе кўбида буданд мехобидем. Пас аз гузарондани муддате ва анҷоми риёзатҳо ва ибодатҳо, боз эҳсос кардем, ки халаи дарунии мо ҳамчунон боқӣ аст. Аз онҷо ба Ҳиндустон рафтем ва бо муртозону риёзаткашони фаровоне мулоқот кардем ва муддате дар онҷо ба риёзат пардохтем, аммо натиҷае нагирифтем ва маъюс шудем. Саранҷом ин тасаввур ба мо падид омад, ки аслан дар дунё, воқеияте вуҷуд надорад, ки тавонад камбудии маънавии инсонро пур кунад.

Ноумедона тасмим гирифтем аз тариқи Ховари миёна ба Аврупо ва аз онҷо ба Амрико сафар кунем. Аз Ҳиндустон ба Покистон ва аз тариқи Афғонистон ба Эрон омадем ва ибтидо вориди шаҳри Машҳад шудем ва онро шаҳри аҷибе дидем, ки намунаи онро то кунун мушоҳида накарда будем. Дар миёнаи шаҳр сохтмони ҷолибу бошукўҳе бо гунбадҳо ва манораҳои тилло, ки ҳамеша мардуми зиёде ба он рафту омад доштанд, диққати моро ба худ ҷалб кард. Пурсидам инҷо чӣ хабар аст ва ин мардум чӣ дине доранд? Гуфтанд, ин мардум мусулмонанд ва китоби мазҳабии онҳо Қуръон аст ва дар ин шаҳр ва ин сохтмон, яке  аз раҳбарони динии онҳо, ки ба ў имом мегўянд дафн шудааст. Пурсидам имом кист ва чӣ мекунад? Гуфтанд: Имом инсони комиле аст, ки ба олитарин марҳалаҳои камоли инсонӣ расидааст ва ў бо расидан ба он мақом, дигар марге надорад ва пас аз рафтани аз дунё низ зинда аст. Мусулмонон, ки чунин эътиқоде доранд, ба зиёрати имомашон мераванд ва бо арзи адаб ва эҳтиром ҳоҷат мехоҳанд ва имом ниёзи онҳоро бароварда мекунад.

Гуфтам: Қисматҳои барҷастае аз Қуръонро барои мо нақл кунед. Гуфтанд: Дар яке аз оятҳои Қуръон омадааст, ки ҳар чизе Худоро тасбеҳ мегўяд. Он суханон барои мо муаммое шуд, ки чӣ тавр бо ин ки имоми онҳо мурдааст, боз ўро зинда медонанд ва афзун бар ин, эътиқод доранд, ки ҳама чиз ҳатто кўҳҳо ва дарахтон, Худоро тасбеҳ мегўянд! Бовар накардем ва тасмим гирифтем барои тамошо вориди Машҳади Разавӣ –қабри он Имом шавем. Дар саҳн, яке аз ходимон, вақте фаҳмид, ки мо хориҷӣ ҳастем, аз вурудамон ба саҳн пешгирӣ кард ва гуфт: Вуруди хориҷиҳо мамнўъ аст!

Гуфтам: Мо чандин ҳазор километр дар дунё сафар кардаем, ба маконҳои гуногун ворид шудаем ва дар ҳеҷ ҷое ба мо нагуфтанд, ки вуруди хориҷӣ мамнўъ аст. Чаро шумо аз вуруди мо пешгирӣ мекунед? Қасди мо фақат тамошои ин маҳал аст ва нияти баде надорем. Ҳарчи исрор кардем, фоидае надошт ва аз вуруди мо ҷилавгирӣ карданд. Мо бо нороҳатӣ аз онҷо дур шудем ва дар он наздикӣ рўбарўи мусофирхонае, лаби ҷўи об нишастем ва муддате ман ба фикр фурў рафтам, ки шояд дар олам ҳақиқате бошад, ки дар ин ҷо ниҳон бошад ва мо намешиносем? Агар дар ин ҷо хабаре бошад ва онҳо моро роҳ надиҳанд то аз он огоҳ шавем, бароямон хеле ҳасратовар ва ранҷовар аст, ки бо он ҳама заҳмат, талош ва таҳаммули ранҷи сафар, аз расидан ба он ҳақиқат маҳрум мемонем. Беихтиёр гиряам гирифт ва муддате гиристам.

Ногаҳон ин фикр ба зеҳнам расид, ки он шахси мадфун ё имом ва инсони комил аст ва онҳо рост мегўянд ё дурўғ мегўянд ва ў инсони комил нест. Агар онҳо рост гўянд ва дар воқеъ ў зинда аст ва бар ҳама ҷо иҳота дорад, худаш медонад, ки мо аз паси кадом ҳадафе ин ҳама роҳ омадаем ва бояд моро дарёбад ва агар онҳо дурўғ мегўянд, зарурате надорад, ки ба тамошои онҷо равем. Ҳамин тавр, ки ашк мерехтам ва худро тасаллӣ медодам, дастфурўше, ки теъдоде оина ва тасбеҳ дар даст дошт, наздам омад ва бо забони англисӣ ва бо лаҳҷаи шаҳри худамон гуфт: Чаро нороҳатӣ? Сарамро бардоштам ва ҷараёнро барои ў гуфтам, ки мо барои кашфи ҳақиқат ба чандин кишвар сафар кардем ва солҳо риёзат кашидаем ва акнун, ки ба инҷо омадем, моро ба ҳарам роҳ намедиҳанд. Гуфт: Нороҳат набош! Бирав. Роҳ медиҳанд! Гуфтам: Чанд лаҳза пеш мо ба онҷо рафтем ва роҳ надоданд. Гуфт: Он вақт иҷозат надоштанд.

Ман дар он лаҳза фикр накардам, ки чӣ тавр он дастфурўш бо забони англисӣ ва бо лаҳҷаи маҳаллии мо, бо ман сўҳбат мекунад ва аз куҷо хабар дорад, ки пештар ходимон иҷозат надоштанд моро роҳ диҳанд ва акнун иҷозат доранд ва чаро ман рози диламро ба ў гуфтам.

Саранҷом ба сўи ҳарам роҳ афтодем ва вақте ба саҳн расидем, ходим монеи даромадани мо нашуд. Пеши худ гуфтам: Шояд моро надидааст. Баргаштем ва ба ў нигоҳ кардем; аммо ў аксуламале нишон надод. Вориди саҳн шудем ва ба роҳраве расидем, ки ҷамъияти зиёде аз онҷо вориди ҳарам мешуданд. Мо низ ҳамроҳи ҷамъият, вориди роҳрав шудем. Фишори ҷамъият моро аз ин сў ба он сў мекашид то ин ки ба дари ҳарам расидем; аммо ногаҳон ман эҳсос кардам, ки атрофам холӣ аст ва ҳарчи пештар мерафтам, атрофам холитар мешуд ва бе заҳмату фишори ҷамъият, ба панҷараҳои зиреҳи муқаддас расидам ва мушоҳида кардам, ки даруни зиреҳ шахсе истодааст. Беихтиёр таъзим ва салом кардам. Он шахс бо лабханд ҷавоби саломамро дод ва фармуд: Чӣ мехоҳӣ? Ман ҳарчи пештар дар зеҳнам буд, якбора аз зеҳнам рафт ва ҳарчи хостам гўям, ки чӣ мехоҳам, чизе ба зеҳнам наомад. Фақат як матлаб ба зеҳнам омад ва дар маҳзари он шахс гуфтам ва он ин буд, ки ман шунидаам дар Қуръон омадааст: Ҳамаи мавҷудот Худоро тасбеҳ мегўянд! Вақте он матлабро арз кардам, фармуд: Ба ту нишон медиҳам. Баъд беихтиёр аз ҳарам берун омадам. Боз эҳсос кардам, ки атрофам касе нест ва касе ба ман халал намерасонад. Худоҳофизӣ кардам ва аз ҳарам хориҷ шудам ва ба саҳн баромадам. Ҳолате ба ман рўй дод, ки мешунидам ҳарчӣ ки перомуни ман ҳаст, дару девору дарахту замину осмон, тасбеҳ мегўянд. Бо мушоҳидаи ин саҳна дигар чизе нафаҳмидам ва беҳуш бар рўи замин афтодам. Пас аз ба ҳуш омадан худро дар хонае бар рўи тахте дидам, ки одамон об бар рўи ман мезананд то ба ҳуш оям.

Пас аз он воқеа ман фаҳмидам, ки дар олам ҳақиқате вуҷуд дорад ва он ҳақиқат дар ин ҷо аст ва инсон метавонад ба мақоме расад, ки маргу зиндагӣ барои ў баробар бошад ва марг надошта бошад ва ҳамчунин пай бурдам, ки Қуръон рост мегўяд, ки ҳама чиз тасбеҳгўи Худо аст.

Нуктаи диққатҷалбкунанда дар ин воқеа ин аст, ки бо он рухдоди хориқулодда, ҳамаи ҳақоиқ хеле равшан барои он ҷавон ба исбот расид. Ва ҳол он ки аз роҳи далелу бурҳон ва баррасиҳои илмӣ, фурсати бисёре лозим буд, ки ў аз ҳамаи ҳақоиқ огоҳ шавад; зеро вақте хоҳони шинохти Худо мешуд, бояд муддатеро барои исботи вуҷуди Худо сарф мекард ва пас аз он навбат ба исботи нубувват ва пас аз он исботи имомат ва масъалаҳои дигар мерасид. Аммо бо як ҳодиса ҳама чиз барои ў исбот шуд. Ў бо шинохти Имом Ризо (алайҳис-салом) ва ҳаққонияти ҳазрат, ҳаққонияти шиа ва эътиқодҳои онро низ шинохт ва дарёфт, ки имом марг надорад ва марги зоҳирии маъсум дар рафтор ва идомаи фаъолиятҳо ва тасарруфоти таквинӣ ва маънавии ў бетаъсир аст. Ҳамчунин ҳаққонияти Қуръон ва дигар умури муқаддас ва усули мазҳабӣ ва динии мо барои ў ба исбот расид.

 

Иртибот бо Имоми Замон (алайҳис-салом)

Ҳоло бингарем, ки иртиботи мо бо чунин мавҷуди нуронӣ ва азиме, ки Худованди Таоло барои мисли мо охирзамониҳо захира намудаааст, чӣ гуна аст. Ҳамаи мо шиаён ва бисёре аз бародарони аҳли суннат эътиқод дорем, ки ин вуҷуди муқаддас зиндагӣ дорад; аммо дар паси пардаи ғайбат аст ва рўзе зуҳур хоҳад кард; аммо ў куҷо аст? Чӣ иртиботе бо мо дорад? Чӣ қадар аз ҳоли мо огоҳ аст? Оё ҳамон гуна ки мо аз ў бехабарем, ў низ аз мо бехабар аст?! Оё ҳамон тавре ки мо дар зиндагии ў нақше надорем ў низ дар зиндагии мо таъсире надорад?!

 

1.Ҳангомаи изтирор[4] ва тавассул ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

 Шояд ҳамаи мо ҳангоми ниёз ва изтирор, ҳамон гуна ки ба Худованди бузург таваҷҷўҳ менамоем, ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  таваҷҷўҳ кунем ва аз ў бихоҳем, ки ба ҳурмати дуои мустаҷоб[5] ва обрўе, ки дар пешгоҳи Худованд дорад, изтирори моро дур кунад; чаро ки эътиқод дорем: Худованд дарҳои раҳматашро аз роҳи валии худ, ба рўи мо кушодааст. Ин таваҷҷўҳи нохудогоҳ, бар асари имоне аст, ки дар дилҳои мо ҷо шудааст, ки бо шир даромада ва иншоаллоҳ бо ҷон мебарояд.

Ин ки ҳангоми изтирор ба ҳазрат таваҷҷўҳ мекунем ва «Ё Соҳиб-аз-замон» мегўем, ба чӣ маъно аст? Ин ки шахси гумшудае дар биёбон, пас  аз таҳаммули чанд шабонарўз гуруснагӣ, ташнагӣ ва саргардонӣ, вақте аз ҳама ҷо ноумед мешавад, мегўяд: «Ё Соҳиб-аз-замон ағиснӣ» ва «Ё Абосолеҳ-ал-Маҳдӣ адрикнӣ» ба чӣ маъно аст?!

Оё маънои чунин тавассуле ҷуз ин аст, ки Мавло аз ният ва сарнавишти мо огоҳӣ дорад?! Оё ҷуз ба ин маъно аст, ки тамоми олам дар ихтиёри ўст ва бар дилҳои мо иҳотаи илмӣ дорад?! Агар олам дар ихтиёри ў набошад ва бар дилҳо иҳота надошта бошад, чӣ гуна садои гумшудаи биёбонро мешунавад?! Чӣ гуна хабардор мешавад ва бо чӣ василае ба ў кўмак мекунад?! Чӣ гуна садои заифи бемореро дар дили шаб, дар бистари бемориаш мешунавад ё чӣ гуна фарёди мазлумияти мазлумеро ҳатто нагуфта, мешунавад?! Ин чӣ мақоме аст? Оё ин мақом ба замоне маҳдуд аст, ки мо дар изтирор қарор гирем?! Оё ҳазрат фақат ҳангоми изтирор садои моро мешунавад ва дар замонҳои дигар, аз аҳволи мо бехабар аст?!

Худи ҳазрат мефармояд:

«Мо аз тамоми ҳодисаҳе, ки барои шумо пеш меояд огоҳ ҳастем ва ҳеҷ хабаре аз ахбори шумо, бар мо пўшида нест.[6] Мо ҳаргиз аз сарпарастӣ ва расидагӣ ба умуратон, кўтоҳӣ накарда ва ёдатонро аз хотир набурдаем ва агар ҷуз ин буд, дардҳо ва душвориҳо аз ҳар сў ба шумо ҳамла меоварданд ва душманон, шуморо решакан мекарданд; пас аз Худо битарсед ва моро пуштибонӣ кунед».[7]

 

Таваҷҷўҳ ва тавассули мудом ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

Агар дар ин бора биандешем , аз ду ҷиҳат барои мо омўзанда хоҳад буд: як ин ки фақат ҳангоми изтирор ва дармондагӣ ба ёди Худованд наафтем; чаро ки ҳамеша ва дар ҳама ҳол ниёзманди Худо ва авлиё ҳастем ва бисёр вақт ниёзмандии хешро дарк намекунем. Ҳангоме ки Худованд аз роҳҳои оддӣ ниёзҳои моро рафъ мекунад, аз ниёзмандӣ ва фақри хеш ғофил мешавем; аммо ҳар гоҳ мушкиле дар асбоби оддӣ пеш ояд, ниёзи хешро дармеёбем ва эҳсоси изтирор мекунем , ғофил аз он ки ин изтирор ва ниёзи мо, як ҳақиқати ҳамешагӣ аст. Бинобар ин дар ҳама ҳол , ҳам дар ҳоли осоиш ва ҳам дар ҳоли гирифторӣ бояд ба Худо ва авлиёи Худо таваҷҷўҳ намоем.

 Дар ҳадисе омадааст: «Касе, ки Худоро фақат дар ҳолати сахтӣ ва шиддат мехонад, вақте садояш барои дуо баланд мешавад, малоика мегўянд: Мо соҳиби ин дуоро намешиносем, аммо касе, ки дар ҳама ҳол дар ёди Худо аст, вақте ҳангоми сахтӣ Худоро мехонад, малоика мегўянд: Садояш ошно аст».

Ҳоло тафсир ва табйини ин баён чист, Худо медонад, аммо ончи мо аз ин ривоят мефаҳмем ташвиқ ба ин аст, ки ҳамеша ба ёди Худо бошед то ҳангоми сахтӣ ва гирифторӣ низ дуоятон зудтар мустаҷоб шавад ва гирифториатон зудтар ҳал шавад.

Айни ин матлаб дар таваҷҷўҳ ва тавассул бар авлиёи Худо низ вуҷуд дорад. Усулан мо набояд ду ҳисоби ҷудогона барои Худо ва авлиёяш боз кунем ва бигўем яке роҳи Худо ва якеаш роҳи тавассул аст. Роҳи тавассул ҳамон роҳи Худо аст:

إنَّ ذِکرَنَا مِن ذِکرِالله.

 «Ҳамоно зикри мо, зикри Худо аст».[8]

Магар мешавад ёди Аҳли Байт (алайҳимус-салом) аз ёди Худо ҷудо бошад?! Аз он ҷиҳат Аҳли Байтро ёд мекунем ва ба онҳо тавассул менамоем, ки бандагони шоистаи Худо ҳастанд. Аз ин рў , ёди Худо дар даруни ёди онҳо вуҷуд дорад. Роҳи тавассул ба авлиёи Худо ҳамон роҳи дуо ва хостан аз Худо аст, фақат роҳи росттар ва наздиктар, ки зудтар ба натиҷа мерасад. Натиҷа ин мешавад, ки бояд дар ҳама ҳол ба ёди авлиёи Худо, хусусан Валии Аср (алайҳис-салом)  таваҷҷўҳ дошта бошем. Таваҷҷўҳи мо ба он вуҷуди муқаддас фақат дар ҳоли дармондагӣ нашавад, балки ҳар субҳу шом ба ёди ў бошем, ҳар шаб бо ёди ў бихобем ва ҳар субҳ бо ёди ў бедор шавем. Дар тўли шабонарўз , ҳарчи бештар ба ў фикр кунем ба маркази нуру илм ва раҳмат наздиктар мешавем, чаро ки ў ҷараёнгоҳи файзи Худо аст:

أينَ بَابُ الله الذِی مِنهُ يؤتی.

«Куҷост он даргоҳи Худо, ки аз он ба водии нуру илму имон ворид мешаванд? » Ў ваҷҳи Худо аст:

[9]أينَ وَجهُ الله الذِی إليهِ يَتَوَجَّهُ الأوليَاء.

«Куҷост он ваҷҳи Худо,[10] ки авлиёи Худо ба ў рўй оваранд ва рўяшро оинаи Худо бинанд». Вақте бо касе рўбарў мешавем , беҳтарин диққатҳо, диққат ва нигоҳ кардан ба рўи ўст. Вақте бо Худо рўбарў мешавем, беҳтарин ҳолат ин аст, ки гўё ба рўи Худо нигоҳ мекунем; пас наздиктарин роҳ ва беҳтарин ҳолати таваҷҷўҳ ба Худо , таваҷҷўҳ ба Валии Аср (алайҳис-салом)   аст; он валии неъмате, ки ваҷҳи Худо аст ва ҳамаи мо ба туфайли ў офарида шудаем.

Дар партави тавҷҷўҳи доимӣ ба соҳати му қ аддаси мавлоямон ҳ азрати Ҳуҷҷат ибни Ҳасан (алайҳис-салом) , метавонем аз вилоят ва инояти хосси ҳазрат ва дуоҳои холисонааш , баҳраманд шавем. Таваҷҷўҳи ҳақиқӣ ба он ваҷҳи Худо , дар воқеъ пайванди қатраи ночизе ба уқёнуси азамат ва нуроният аст, ки эҳсоси торикӣ ва танҳоии моро ба равшанӣ ва ягонагӣ табдил месозад. Тавассули воқеӣ ба он манбаи қудрат ва маънавият, садди маҳкаме аст, ки моро дар муқобили тамоми васвасаҳои шайтонӣ ва офатҳои дунёӣ ва охиратӣ , маҳфуз нигоҳ медорад.

 

 

Талош барои ризояти Имоми Замон (алайҳис-салом)

Натиҷаи дуввум ин ки вақте бовар кардем  огоҳии мавлоямон аз рафтору гуфтор ва даруни мо ҳамешагӣ аст ва ба ҳоли изтирор маҳдуд намешавад, мекўшем коре накунем, аз мо биранҷад ва дилозурда шавад.

Ин бузургвор фармудааст, ки вақте пайравони мо муртакиби гуноҳ мешаванд, мо озурда ва ғамгин мешавем. Дар ҷои диграе фармудааст:

Гоҳе баъзе нодонон ва бехирадони пайравони мо ва онҳое, ки диндориашон аз боли пашшае сусттар аст, моро озурдахотир мекунанд.[11] Агар таваҷҷўҳ дошта бошем, ки ҳазрат дар ҳар лаҳза , аз ҳоли мо огоҳ аст, ҳангоми васвасаи шайтон шарм мекунем, ки гуноҳе анҷом диҳем. Муҳаббати ў монеъ хоҳад шуд, ки ўро озурда созем. Иншоаллоҳ, ки дар иддаои муҳаббати ҳазрат содиқ бошем ва Худованд ба мо тавфиқ диҳад, ки ин иртиботро қавитар кунем.

 

Вилояти ташреии[12] Имоми Замон (алайҳис-салом)

Иртибот бо валии Аср (алайҳис-салом)   фақат дар масоили шахсӣ нест. Дар олами таквин , ў воситаи файзи илоҳӣ (файзи илоҳӣ ба воситаи ў ба бандагонаш мерасад) ва боби Худо аст. Дуо ва инояти хосси ҳазрат ба пайравон, ҳам барои ҳалли мушкилот ва ҳам барои аз байн бурдани балоҳо ва ҳам барои баровардани ниёзҳо , гиреҳкушо аст. Аммо ҳамаи инҳо дар қаламрави вилояти таквинии ҳазрат қарор дорад. Ҳазрат ба иловаи вилояти таквинӣ , вилояти ташреӣ низ дорад. Ў дар мақоми Валии амр (сарпарасти ҳамаи корҳо) ҷомеаи исломӣ аст. Ҳарчанд дар ин замина мисли бисёре аз заминаҳои дигар , кам кор карда ва ҳақ қ ашро адо накардаем . Ба ҳар ҳол , эътиқоди иҷмолии хоме дорем, ки бар асоси назари Ислом, Худованд ҳамон гуна ки Рабби таквинӣ аст, Рабби ташреӣ низ ҳаст ва ҳам қонунро ва ҳам иҷрокунандаи қонунро бояд ў таин кунад.

Худованди Мутаол, кори қонунгузорӣ ва таини иҷрокунандагони қонунро дар ҷомеа , бар ўҳда гирифтааст. Қонуни иҷтимоии Исломро асосгузорӣ карда ва иҷрокунандагони онро низ Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва имомон қарор додааст. Ва касе, ки акнун аз сўи Худованд, мутасаддии аслӣ барои идораи ҷомеаи исломӣ аст, ҳазрати Валии Аср (алайҳис-салом)   аст. Ҳамаи мо ба вилояти ташреии Имоми Замон (алайҳис-салом)   ба таври куллӣ то ин андоза эътиқод дорем; аммо пурсиш ин аст, ки оё дар тўли замони ғайбати зоҳирии ҳазрат, мақоми сарпарастии ҷомеаи исломӣ ва вилояти ташреии ў бекор шудааст ё на? Оё Худованд чунин хостааст, ки дар он даворни 255 - сола,[13] ки ҷамъияти тамоми мусулмонон ба як миллион ҳам намерасид, валии амр ва сарпараст дошта бошад, вале дар ин замон, ки ҷамъияти мусулмонон аз як миллиард ҳам гузаштааст, сарпарасте надошта бошад! Оё Худованд дар замони ғайбат, иҷрокунандаи дастурҳои худро таин накардааст?! Оё дар ин даврон , мусулмонон ва хусусан пайравони А ҳли Байт , ки шуморашон беш аз сад миллион нафар шудааст, ба сарпараст ва валии амр ниёзе надоранд?! Оё дар замони ғайбати кубро, ҳеҷ роҳи иртиботе байни пайравон ва имоми ғоибашон нест?!

Ин матлаб, ба таври иҷмолӣ дар бовари тамоми пайравони ў вуҷуд дорад, ки замони ғайбати Имоми Замон (алайҳис-салом) , итоат аз дастурҳои муҷтаҳиди ҷомеи шароит[14] воҷиб аст. Имоми Замон (алайҳис-салом)   вазифаи шиаён ва пайрвони худро дар замони ғайбат , муро ҷ иат намудан ба шахсони дорои шароит ва олим ва ровиёни ҳадис, таин фармудааст:

« Ва аммо дар ҳодисаҳое, ки барои шумо пеш меояд, ба ровиёни ҳадиси мо муроҷиат кунед; ҳамоно эшон ҳуҷҷати ман бар шумоанд ва ман ҳуҷҷати Худо барои эшон ҳастам » .

Ин ҳадиси шариф ба мо мефаҳмонад, ки дар даврони ғайбат, фақеҳони ҷомеи шароит ва дар садри онҳо валии фақеҳ, ки шабеҳтарин мардум ба Имоми Замон (алайҳис-салом)   аз ҷиҳати рафтор ҳастанд, ҳуҷҷатҳои Имоми Замон (алайҳис-салом)   барои мо шуморида мешаванд.

 

Ҷилвае аз вилояти Имоми Замон (алайҳис-салом)

Худованди Раҳмон, пас аз ҳазору чанд сол, ба мо тавфиқ дод то дар сояи раҳбарии марде аз табори Аҳли Байт (алайҳимус-салом) , он чизеро, ки дар фикри мусалмонон буд, ба амал оварем ва ҳукумати исломиро ба тариқи ҷонишинӣ аз Имоми Аср (алайҳис-салом) , бунён гузорем. Бандагони холис ва аз ҷон гузашта, он раҳбари илоҳиро ёрӣ карданд ва бо нисори ҷон ва тамоми ҳастии хеш, заминаро фароҳам оварданд то пас аз асрҳои дароз, ин асли асил таҳаққуқ ёбад.

Худованди Раҳим чӣ неъмати бузургеро ба мардуми Эрон ато кардааст! Ман худро ҳатто аз шумориши баракоти инқилоб нотавон медонам. Мо ин неъмати бузургро хеле кам дониста ва аз баракатҳои он ғофил шудаем. Яке аз ҳазорон ҳазор баракати он , риво ҷ и Қуръон дар ҷомеа аст. Акнун дар Эрон , садҳо ҳазор навниҳол ҳофизи комил ё ҳофизи чанд пораи Қуръонанд. Бисёре аз навниҳолон хондану навиштанро намедонанд, аммо маънои ояти Қуръонро медонанд ва калима ба калима , ба маънои он ишора мекунанд. Ин ҳолати ифтихоромезро бо замоне муқоиса кунед, ки дар тамоми кишварамон ҷуз чанд нафари маҳдуд, ки метавонистанд Қуръонро ба таври саҳеҳ хонанд , вуҷуд надошт. Имрўз ба лутфи Худо дар ҳар шаҳру диёре даҳҳо ҳофизи Қуръон дорем.

Ҳукумати мо бо ин ҳама баракату неъмат , фақат тобиши партаве аз нури вилояти ташреии Ҳуҷҷат ибни Ҳасани Аскарӣ аст. Ҳоло агар ин офтоб тулўъ кунад ва ба таври комил бар паҳнои гетӣ битобад, чӣ биҳиште бар рўи замин э ҷ од мешавад?! Иншоаллоҳ он рўз ба зудӣ хоҳад омад! Аз Худо мехоҳем, ки моро зинда дорад то он рўзро дарк кунем ва ё агар аз дунё рафтем, бори дигар моро зинда кунад то чанд рўзе ҳам бошад , он давлати каримаро мушоҳида карда ва ба чашм , иззату иқтидори онро бинем.

Ин орзуе аст, ки тамоми мусулмонон доранд. Дар дуои «Аҳд», ки мустаҳаб аст, ҳар рўзи ҷумъа субҳ хонда шавад, ба ин матлаб ишора шудааст, ки Худоё агар моро пеш аз зуҳури ҳазрат аз дунё бурдӣ, дар он айём маро зинда кун то бо ҳамон кафанам биёям ва дар рикоби мавлоям ҷонбозӣ кунам ва он даврони сафо ва нурониятро бо тамоми вуҷуд дарёбам:

أللهُمَّ إن حَالَ بَينِی وَ بَينَهُ المَوتُ الذِی جَعَلتَهُ عَلَی عِبَادِکَ حَتمًا مَّقضِيًّا فَاخرِجنِی مِن قَبرِی مؤتَزِرًا کفنی شاهرا سيفی مُجرِّدًا قَنَاتِی مُليِّبًا دَعوَة الدَّاعِی فی

 الحَاضِر وَ البَادِی.

Парвардигоро! Агар миёни ману ў марге, ки бар тамоми бандагонат қазои ҳатмӣ гардондаӣ, ҷудоӣ афканад, маро аз қабр бархезон; дар ҳоле ки кафанамро дар бар кардаам; шамшерамро аз ғилоф баркашидаам ва даъваташро, ки бар тамоми мардуми шаҳру диёри олам воҷиб аст, лаббайк гуфтаам.[15]

 



[1] Сураи Намл – 40.

[2] Сураи Раъд - 43.

[3] Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», ҷ.26, боби 12. ривояти 38; Кулайнӣ, «Ал-кофӣ», ҷ1, ривояти 3; Муҳамад ибни Ҳасани Саффори Қумӣ, «Басир-уд-дараҷот».

[4] Изтирор: дармондагӣ, тангдастӣ, парешонӣ.

[5] Мустаҷоб: қабулшуда, пазируфташуда.

[6]  Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор»: Имом Маҳдӣ (алайҳис-салом):

قال: فإنّا نُحِيط عِلمًا بِأنبائکم وَ لا يَعزبُ عنَّا شیء من أخبارِکم.

[7] Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор»: Имом Маҳдӣ (алайҳис-салом):

إنَّا غيرُ مُهمِلِين لِمُرَاعَاتِکُم وَلا ناسِينَ لِذِکرِکُم وَ لو لا ذٰلِکَ أنزلَ بِکُمُ الدَّاءُ وَ اضطلمَکُمُ الأعدٰاءُ فَاتَِقوا الله جَل جَلالهُ وَ ظاهرونا.

[8] «Биҳор-ул-анвор» ҷ. 75, боби 95, ҳадиси 20.

[9] Қисматҳое аз дуои Нудба.

[10] Ваҷҳуллоҳ, ки бар баъзе аз мақомҳои анбиё ва имомон гуфта мешавад, пас аз он аст, ки онҳо ба дараҷаи қурб расида ва фонии филлоҳ ва муттасиф ба сифотуллоҳ шудаанд. Дар чунин вақте гуфтани Ваҷҳуллоҳ, Ҷанбуллоҳ, Исмуллоҳ ва Бобуллоҳ ҷоиз мешавад. – Мирзо Ҷаводоқо Маликии Табрезӣ, «Рисолаи лиқоуллоҳ».

[11] Табарсӣ дар китоби «Эҳтиҷоҷ»: Имом Маҳдӣ (алайҳис-салом):

قَد آذَانَا جُهَلاءُ شِيعَةٍ وَ حُمَقائُهُم وَ مَن دِينُهُ جَنَاحُ بَعُوضَة أرجَحُ مِنه.

[12] Ташреӣ ба маънои қонунгузорӣ.

[13] Манзур, аз замони Ҳиҷрати Паёмбар ба Мадина то замони таваллуди Имоми Замон аст. Таваллуди Имоми Замон дар саҳаргоҳи ҷумъа, 15-и шаъбон, соли 255 ҳиҷрии қамарӣ воқеъ шудааст.

[14] Муҷтаҳид - Шахси фақеҳ ва олими дин, ки аҳкомро аз оёт ва ривоёт ба даст меоварад ва фатво медиҳад.

[15] Қисмате аз дуои «Аҳд», ки ҳар кас чиҳил рўз онро хонад, аз ёварони Имоми Замон хоҳад буд ва ҳатто агар то замони зуҳури мавло аз дунё рафта бошад, Худованди қодир ва тавоно, ўро дубора барои ёварии Қоими Оли Муҳамад, ба дунё боз мегардонад. - Шайх Аббоси Қумӣ, «Куллиёти мафотиҳ-ул-ҷунон», дуои «Аҳд».

Home page book