|
Маҳдибоварӣ ва осори он |
· Маҳдибоварӣ аз дидгоҳи аҳли тасаннун
· Маҳдибоварӣ дар фарҳанги ташайюъ
· Таъсири Маҳдибоварӣ дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ
o Арзаи аъмол ба маҳзари Имоми Замон (алайҳис-салом)
o Осори тарбиятии ин эътиқод
· Ҳақиқати шиа будан барои Имоми Замон (алайҳис-салом)
o Ҳақиқати шиа будан дар баёни Имом Ризо (алайҳис-салом)
o Роҳкори шиа будани воқеӣ
1. Таваҷҷўҳ ба назорати Имоми Замон (алайҳис-салом) бар рафторҳо
2. Лузуми таваҷҷўҳ ба тамоми дастурҳои дин
Маҳдибоварӣ аз дидгоҳи аҳли тасаннун
Эътиқод ба вуҷуди Маҳдӣ (алайҳис-салом), аз эътиқодҳои муштараки байни тамоми фирқаҳои Ислом, чӣ шиа ва чӣ суннӣ аст. Мо дар бораи порае аз масоили имомат, бо бародарони аҳли тасаннун ихтилофҳое дорем; вале ихтилофҳои мо дар бораи эътиқод ба вуҷуди Маҳдӣ (алайҳис-салом) бисёр кам аст. Ҷолиб аст бидонед, ки бисёре аз олимони аҳли тасннун дар бораи ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом) китоб навиштаанд ва худ эътироф кардаанд, ки ривояти Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар бораи ҳазрат, мутавотир аст; ҳатто баъзе аз олимони аҳли тасаннун иддао кардаанд, ки ривояти мо дар бораи ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом) болотар аз ҳадди тавотур аст; ба гунае ки ҳеҷ ҷои шак ва шубҳае дар содир шудани ин ривоёт аз Паёмбари Акрам (с) боқӣ намемонад. Дар бораи вижагиҳои шахсии ҳазрат, миёни аҳли суннат, каму беш ихтилофҳо вуҷуд дорад. Баъзе аз эшон, ба таври иҷмол муътақиданд, ки дар охирзамон, шахсе ба номи Маҳдӣ (алайҳис-салом) аз хонадони Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) зуҳур мекунад; аммо ин матлабро, ки ҳазрат аз кадом падару модар ва дар чӣ замон таваллуд мешавад, зикр намекунанд ё ба он муътақид нестанд. Миёни аҳли тасаннун ҳастанд касоне, ки дар бораи ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом) эътиқоде монанди эътиқоди шиаён доранд, яъне эътиқод доранд, ки Маҳдии мавъуд (алайҳис-салом) ёздаҳўмин фарзанд аз хонадони Алӣ ибни Абўтолиб ва Фотимаи Заҳро (алайҳас-салом) аст.
Байни олимони аҳли тасаннун, касоне таҳқиқ кардаанд ки ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом) ҳаёт дорад ва афроде низ ба ҳузури вай шарафманд шудаанд. Ҳатто номи бархе аз бузургони худашонро дар қатори касоне зикр кардаанд, ки дар замони ғайбат, ба ҳузури ҳазрати Валии Аср ноил омадаанд. Дар китобҳои фаровоне аз аҳли тасаннун, номи касоне бурда шуда аст, ки иддао кардаанд, ки ба хизмати ҳазрат шарафманд шудаанд.
Манзур аз зикри ин чанд ҷумла, ин буд ки миёни олимони аҳли тасаннун ҳам, касоне афзун бар асли вуҷуди ҳазрат бо ҳамин хусусиятҳое, ки мо мегўем, мўътақиданд: ҳазрат таваллуд шуда ва акнун ғоиб аст ва замони ғайбати ҳазрат низ касоне метавонанд хидмати эшон шарафёб шаванд. Бинобар ин, дар ин замина, бо фирқаҳои дигари исломӣ ба баҳси фаровон ниёз нест; албатта касоне аз аҳли тасаннун асосан масоили ақоид ба Маҳдиро инкор карда ва ривоёти худашонро низ дар ин бора ривоёти ҷаълӣ (сохта) пиндоштаанд; вале касоне аз олимон ва муҳаддисони онҳо, ки теъдодашон кам ҳам нест, ба вуҷуди Маҳдӣ (алайҳис-салом) тасреҳ кардаанд.
Баъзе аз тоифаҳои аҳли тасаннун, монанди бисёре аз шофеия ва низ бисёре аз аҳли тасаннун ба вижа дар кишварҳои Эрон, Миср ва Тунис, дувоздаҳ Имоми шиаёнро бузургтарин фақиҳон пас аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва мароҷеи динии худ медонанд. Ин гурўҳ аз аҳли тасаннун, ба Имомони дувоздаҳгонаи мо шиаён дар ҷойгоҳи олимон ва фақеҳоне эътиқод доранд, ки суханонашон барои уммат, роҳкушо ва боэътибор аст. Мардум бояд дар ҳамаи корҳои худ дар зиндагӣ ба дастурҳои эшон муроҷиат кунанд. Ин даста аз аҳли тасаннун мўътақиданд, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин дувоҳдаҳ нафарро дар ҷойгоҳи мароҷеи динии мардум таин фармудааст ва мардум бояд дар масоили динӣ ва ахлоқии худ, ба онҳо муроҷиат кунанд.
Ин ҳамон ақидае аст, ки метавон нахустин ҷараққаи ҷудоии дини Ислом аз сиёсат, ба шумор овард. Замони ҳузури Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳеҷ ихтилофе байни мусулмонҳо дар як будани мароҷеи динӣ ва мароҷеи сиёсӣ дида намешуд, чаро ки ҳамаи мусалмонон мўътақид буданд, ки шахси Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳам марҷаи динии мардум ва ҳам раҳбари сиёсии ҷомеа аст. Пас аз вуҷуди ҳазрат, шиаён мўътақид шуданд, ки ҳам марҷаи динӣ ва ҳам марҷаи сиёсӣ Амири Мўъминон Алӣ ибни Абўтолиб (алайҳис-салом) аст. Баъзе аз аҳли тасаннун, марҷаияти Амири Мўъминонро дар умури мазҳабӣ қабул доранд ва мегўянд: Чун илми ҳазрат беш аз дигарон буд, Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ўро барои раҳбарӣ ва марҷаияти динии мардум муаррифӣ кард; ба ҳамин иллат буд, ки пас аз Паёмбар, ҳар вақт олимони уммат дар ҳалли масъалаҳо мемонданд, ба ў муроҷиат мекарданд; вале ин маънои раҳбарии сиёсӣ нест; балки мардум, ибтидо халифаи аввал, баъд халифаи дуюм, сипас халифаи сеюм, онгоҳ Амири Мўъминонро дар ҷойгоҳи халифаи чаҳорўми худ, баргузиданд. Баъзе аз аҳли тасаннун, пас аз Паёмбар, байни марҷаият дар умури динӣ ва умури сиёси, фарқ қоил шуданд ва таини марҷаияти сиёсиро ба ўҳдаи худи мардум ё халифаи пешин ниҳоданд, ба ин сурат, ки халифаи аввалро мардум баргузиданд; он гоҳ халифаи дуюмро халифаи аввал таъйин кард. Хулоса он ки баъзе аз аҳли тасаннун, Имомони дувоздаҳгона (алайҳас-салом) аз фарзандони ҳазрати Фотимаи Заҳроро марҷаи динии мардум дониста суханони эшонро дар умури мазҳабӣ мўътабар медонанд; хусусан баъзе аз тоифаҳои шофиия, ки бар ин масоил тасреҳ кардаанд.
Маҳдибоварӣ дар фарҳанги ташайюъ
Шиаён дар бораи имомони маъсуми хеш, ба ҳақоиқи волотаре мўътақиданд. Ба эътиқоди шиа, имоми ҳар асру замон, натанҳо марҷаи илмӣ ва сиёсии мардум аст, балки касе аст, ки ба хости Худо, дар ҳамаи мақомҳои Пайғамбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба ҷуз мақоми нубуват ва рисолат, шарик шудаанд. Илми Имоми Маъсум (алайҳис-салом) илми Худоӣ ва қудрати ў, қудрати худододӣ аст. Ҳукумати ў низ ҳукумати зоҳирӣ нест ва фақат ҷанбаи сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ надорад; балки як навъи иртиботи байни Худо ва халқ аст.[1] Худованди Мутаол, илм ва ҳикматро ба Имоми Замон (алайҳис-салом) ифоза мекунад ва ба қудрати хеш, кароматҳоеро ба ў ато мефармояд; ба ҳамин ҷиҳат, Имом (алайҳис-салом) бе ин ки ба таҳсили илм ниёз дошта бошад, дар синини кўдакӣ чизҳоеро медонад, ки олимони бузург дар синини пирӣ ҳам ба он намерасанд. Имом (алайҳис-салом) аз назари таклиф ҳам мисли мардуми дигар дар 15 ё 16 - солагӣ мукаллаф намешавад, балки аз ибтидои таваллуд мукаллаф аст. Дарки ў мисли дарки мардуми дигар нест, агар дар синни кўдакӣ ба мақоми имомат бирасад, он чиро бар ўҳдаи имом ниҳода шудааст, медонад. Ҳатто забони тоифаҳои гуногуни мардумро низ медонад ва бо ҳар кас, бо забони худаш сухан мегўяд. Болотар аз ҳамаи инҳо, имом бар дилҳои мардум вилояти қалбӣ ва руҳӣ ва ба бандагони шоистаи Худо ва пайравони ростини худ, инояти хос дорад. Дуое, ки дар ҳаққи пайравони худ мекунад, рад намешавад ва ба иҷобат мерасад. Имом (алайҳис-салом) аз рафтори мардум ва аз ниятҳо ва вижагиҳои қалбии онҳо огоҳ аст. На танҳо имоме, ки ҳузур дорад ин хусусиётро дорад, балки Имоми Замон (алайҳис-салом) ҳам дар замони ғайбати худ аз тамоми рафтору ниятҳо ва ҳолатҳои шиаёнаш огоҳ аст. Ин ҷузъи эътиқодҳои махсуси шиаён аст, ки дар вақти дармондагӣ ва қатъи умед аз ҳама ҷо, ба Имоми дувоздаҳум мутавассил мешаванд ва ҳазрат низ дастгирӣ мефармояд.
Аз ҷумлаи баракоти ҷанге, ки бар миллати мо таҳмил шуд, ин буд, ки ҷавонони азизи мо бисёре аз имдодҳои ғайбии Имоми Замонро бо чашми худашон диданд. Ин сармояҳои азим, ки бо қимати гароне ба дасти мо расидааст, арзон нафурўшем ва он хотираҳои лаззатбахш ва малакутиро, ки барои азизони мо дар майдони ҷанг ҳосил шудааст, фаромўш накунем. Эй кош ин гуна тавассулҳо ва кароматҳо ба таври комил ҷамъоварӣ шуда ва навишта мешуд то барои ояндагон захираи арзандае бошад! Албатта имдодрасонии Имоми Замон (алайҳис-салом) ҳеҷ гоҳ дастгоҳи табиӣ ва ҳикмати илоҳиро барҳам намезанад. Кори Имоми Замон (алайҳис-салом) дар роҳи ҳикмати Худо аст ва ў то ҷое метавонад тасарруф кунад, ки дар масири иродаи Худо бошад. Вуҷуди имомон ва корҳои эшон такмилкунандаи дастгоҳи ҳикмати Худо аст, на мухолифи дастгоҳи ў. Иродаи Имоми Замон (алайҳис-салом) ҳамон иродаи Худо аст:
قلوبُنَا أوعِيَة لِمَشِيَّةِ الله
дилҳои мо, ҷилвагоҳи хости Худо аст, зарфе аст, ки машийяти Худо дар он таҷаллӣ меёбад. Қалби Имоми Замон (алайҳис-салом) ҳар он чиро ки Худо мехоҳад, ҳамонро ирода мекунад, на чизи дигаре ғайр аз онро.
Таъсири Маҳдибоварӣ дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ
Майдони сухан дар бораи Имоми Замон (алайҳис-салом) бисёр густарда аст. Метавон аз тарафҳои гуногун - таърихӣ, иҷтимоӣ ва эътиқодӣ дар бораи бўъдҳои мухталифи имомат сухан ронд; аммо бисёр ба ҷо аст то таъсири эътиқод ба вуҷуди муқаддаси Имоми Замонро дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии худамон, таҳлил кунем.
Худованд бар мо миннат ниҳода ва ба мо чунин эҳсоне кардааст, ки вуҷуди Валии Аъзамро бишносем ва ба ў имон оварем. Ин эътиқод дар зиндагии мо метавонад осори муҳим дошта бошад. Мо аз ин бузургдоштҳо ва хотираҳо чӣ дарсе бояд бигирем? Ҳар кас дар ин роҳ қадаме бардорад ва ҳатто парчами кўчакеро бар дўш бигирад, дар пешгоҳи илоҳӣ соҳиби подош хоҳад буд. Ин ҷашнҳо ва ғавғоҳо барои чист? Мо муваззафем ба ў мўътақид бошем; ба ў ишқ биварзем; солрўзи таваллудашро ҷашн бигирем; дилҳоро шод кунем; шаҳрҳоро зиннат бахшем; вале ҳадаф аз ин корҳо чист? Ин садоҳо ба номи ҳазрат барои чист? Ин эътиқод чӣ таъсире дар зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии мо дорад? Яке аз осори эътиқод ба вуҷуди Имоми Замонро дар қаламрави фардӣ ва иҷтимоӣ, дар поён баён мекунам.
Арзаи аъмол ба маҳзари Имоми Замон (алайҳис-салом)
Мо мўътақидем, ки Имоми Замон (алайҳис-салом) аз корҳои уммат, ба хусу аз корҳои шиаён огоҳ аст. Дар китобҳои ривоии мо бобе ба номи «Арз-ул-аъмол» вуҷуд дорад. Тибқи бархе аз ривоёт, тамоми корҳои мо ҳар ҳафта як рўз ё ду рўз ва тибқи баъзе дигар аз ривоёте ҳар рўз, мутобиқи ривоёти дигар, ҳар субҳ бар Имоми Аср арза мешавад.
Соҳиби тиҷоратхонаеро дар назар бигиред, ки ҳар рўз сар ба дафтар мезанад то бубинад, чӣ муомилаҳое дар он рўз анҷом гирифтааст; онгоҳ ҳафтае як бор, мутолиаи дақиқ рўи дафтар анҷом медиҳад ва дар охири моҳ низ муҳосибаи дақиқтаре ба ҳар яки муомилаҳо мекунад ва саранҷом дар ҳар сол, як ҳисобрасии куллӣ аз вазъияти тиҷоратхонааш дорад. Мумкин аст вазъи мардум дар баробари Имоми Замон (алайҳис-салом) низ аз ин қабил бошад, ки як марҳала аз арзаи аъмол, дар ҳар субҳ ва ҳар шом анҷом мегирад. Корҳое, ки мардум шаб анҷом додаанд, субҳ, хизмати ҳазрати Валии Аср (алайҳис-салом) арза мешавад ва корҳое, ки аз субҳ то шом анҷом додаанд, шаб ба ҳузури он бузургвор ироа мешаванд. Дар марҳалаи дигар, маҷмўи корҳои ҳафтагиро дар ду рўз, душанбе ва чоршанбе ба ҳузури Имоми Замон (алайҳис-салом) тақдим медоранд ва ниҳоят дар шаби қадр, тамоми корҳои тақдиршудаи мардум, бар Влии Аср арза мешавад.
Осори тарбиятии ин эътиқод
Чунин эътиқоде бояд таъсири муҳимме дар зиндагии мо дошта бошад; чӣ дар зиндагии фардӣ ва чӣ дар зиндагии иҷтимоӣ. Ҳар яке аз мо бояд фарз кунем ҳамон кореро, ки анҷом медиҳем, ҳангоми шаб дар маърази иттилои шахси бузурге, ки ба ў эҳтироми фаровон мегузорем, қарор мегирад. Ҳар кас дар зиндагии худ, барои касе шахсият ва эҳтиром қоил аст ва дўст медорад, ки обрўяш дар пеши ў маҳфуз бошад; барои мисол агар донишомўзе эҳтимол диҳад, ки имрўз як камераи махфӣ дар синф гузошта мешавад, ки аз тамоми корҳои ў филмбардорӣ мекунад ва шаб ҳангом, мудиронги мактаб он филмро тамошо мекунанд, оё рафтори чунин фарде дар синф бо рўзҳои дигар монанд хоҳад буд? Ҳар қадар ҳам ки одами бепарвое бошад, мекўшад дар он рўз муаддаб ва муназзамтар бошад, зеро дилаш намехоҳад чизеро, ки боиси обрўрезии ў мешавад, дигарон бинанд.
Ҳоло агар мо таваҷҷўҳ дошта бошем тамоми аъмоле, ки анҷом медиҳем, ҳар субҳу шом ё ҳар ҳафта хидмати Имоми Замон (алайҳис-салом) ироа мешавад, таъсири бисёр болое дар созандагии мо хоҳад дошт. Агар ҳамеша ба ин ҳақиқат таваҷҷўҳ дошта бошем, ки суханоне, ки мегўем, тамоми нигоҳҳое, ки ба маконҳо ва ашхос меандозем, ҳар қадаме, ки мебардорем ва ҳар ҳаракате, ки дар пинҳону ошкор анҷом медиҳем ва ҳатто ниятҳое, ки мекунем, ҳама ва ҳама дар маҳзари мавло ва сарвари мо қарор мегирад, ба таври мусаллам, рафтор ва гуфтори мо тағйир хоҳад ёфт. Чаро ки ҳеҷ як аз мо дўст надорад Имоми Замон (алайҳис-салом) корҳои ношоиста ё камарзишро аз ў мушоҳида кунад. Агар ба чунин ҳақиқате таваҷҷўҳ дошта бошем, ҳамеша кўшиш мекунем, коре накунем, ки дили мавлоямон аз мо биранҷад. Чаро ки ранҷиши қалби муқаддаси ў, ранҷиши Расули Худо аст ва ранҷиши Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) қаҳру азоби илоҳиро дар пай дорад:
﴿ألذِينَ يُؤذُونَ رَسُولَ الله لَُهم عَذابٌ ألِيم﴾[2]
Бинобар ин, бар мо лозим аст корҳоеро анҷом диҳем, ки қалби муқаддаси Валии Асрро хушнуд кунад.
Ҳар касе, касеро дўст медорад ва дилаш мехоҳад он дўст, аз ў хушҳол шавад. Агар ба Имоми Замон (алайҳис-салом) ишқ меварзем, ҳеҷ гоҳ розӣ намешавем дили ў аз мо сард шавад. Албатта он бузургвор он қадар муҳрубон аст, ки агар гоҳе лағзишҳои кўчаке аз мо сар занад, барои мо истиғфор мекунад. Агар шахсе, ки доимо таваҷҷўҳаш ба вуҷуди муқаддаси Валии Аср (алайҳис-салом) аст ва ҳамеша аз аъмоли бад парҳез мекунад, ба таври ногаҳонӣ гирифтори иштибоҳе шавад, вақте номаи амалашро ба хидмати Валии Аср мебаранд, ҳазрат барои ў дуо ва истиғфор мекунад ва аз Худо мехоҳад ўро бибахшад; аммо агар Худое накарда иртикоби гуноҳ, рафтори ҳамешагии фард бошад, лаёқати вилояти ҳазратро аз даст медиҳад, ки аз чунин вазъ ба Худо паноҳ мебарем.
Ҳақиқати пайрави Имоми Замон (алайҳис-салом) будан
Шиа будан ва таҳти вилояти Имоми Замон (алайҳис-салом) қарор гирифтан, фақат бо иддао собит намешавад. Мо бо шиноснома, шиа намешавем. Мо дар исму унвон шиаем. Аммо Имоми Замон (алайҳис-салом) чӣ қадар имони моро қабул дорад? Вуҷуди муқаддаси Имоми Замон (алайҳис-салом) то чӣ ҳад моро шиа ва пайрави ҳақиқии хеш медонанд? Онҳо тобеи шиносномаи мо нестанд. Чӣ бисёр касоне ҳастанд, ки номи шиаро надоранд, аммо назди Имоми Замон (алайҳис-салом) аз бисёре аз онҳое, ки номи шиаро доранд, азизтаранд.
Ҳақиқати пайрав будан дар баёни Имом Ризо (алайҳис-салом)
Медонед, ки дар байни тамоми имомони маъсум, Имом Ризо ба раъфат ва меҳрубонӣ маъруф аст, дар зиёрати ҳазрат мехонем:
ألسَّلامُ عَليکَ أيُّهَا الإمَامُ الرَّئُوف.
Албатта ҳамаи имомон меҳрубон буданд, аммо аз он ҷо ки меҳрубонии Имом Ризо (алайҳис-салом) аз ҳамаи имомон бештар будааст, ба эшон лақаби Рауф додаанд.
Дар даврони валиаҳдии он ҳазрат дар Марв, иддае аз шиаён ба сўи хонаи Имом (алайҳис-салом) рафтанд то ба маҳзари ҳазрати Имом Ризо (алайҳис-салом) шарафёб шаванд ва салом арз кунанд. Вақте ба дари хонаи Имом расиданд, аз дарбон иҷозати вуруд хостанд. Дарбон ба маҳзари Имом (алайҳис-салом) рафт ва арз кард, чанд нафар омадаанд, ки мегўянд аз шиаёни Амиралмўъминин Алӣ (алайҳис-салом) ҳастанд ва иҷозат металабанд шуморо зиёрат кунанд. Имом (алайҳис-салом) фармуд иҷозат намедиҳам. Шиаён, рўзи дигар омаданд ва гуфтанд мо аз шиаёни Алӣ (алайҳис-салом) ҳастем ва мехоҳем ба ҳузури Имом Ризо (алайҳис-салом) шарафёб шавем. Дарбон дубора омад ва ба Имом арз кард як иддае аз шиаён мехоҳанд шуморо зиёрат кунанд; аммо Имом (алайҳис-салом) боз ҳам иҷозат надод. Ин гурўҳ то ду моҳ паёпай ба зиёрати ҳазрат меомаданд, аммо ҳазрат ҳеҷ гоҳ иҷозати шарафёбӣ ба эшон намедод. Оқибат аз дидори ҳазрат ноумед шуда ва ба дарбон гуфтанд: Аз Имом (алайҳис-салом) бипурсед гуноҳи мо чист, ки ба мо иҷозати дидор намедиҳанд? Магар чӣ кардаем? Ҳамон лаҳза ҳазрат иҷозат фармуд то дохил шаванд. Вақте шиаён омаданд, ба хизмати ҳазрат, пурсиданд:
Эй писари Расули Худо! Чаро дар тўли ин муддат иҷозати дидор намефармудед? Гуноҳи мо чӣ буд?
Ҳазрат фармуд чӣ гуноҳе аз ин болотар, ки гуфтаед, мо шиаёни Амиралмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб ҳастем. Шумо, ки шиаёни ў нестед. Шиаёни ў Имом Ҳасан (алайҳис-салом) ва Имом Ҳусейн (алайҳис-салом) ва Салмонҳо, Абузарҳо ва Мақдодҳо ва Амморҳо буданд, ки аз ҳеҷ як фармони ў сарпечӣ накардаанд.
Агар мегуфтед, мо аз муҳиббон ва дўстони ў ҳастем, аз каломатон нороҳат намешудам ва ҳамон рўзи аввал, ба шумо иҷозат медодам. Шумо иддаои бузург кардаед! Шиа яъне пайрави мо, шиа бояд пояшро ҷои пойи мо бигзорад ва шумо корҳое мекунед, ки мо иҷозат намедиҳем, суханоне мегўед, ки мо намеписандем ва ба дастурҳои мо амал намекунед, бо ин аҳвол чӣ гуна шиаи мо ҳастед?
Роҳи расидан ба пайравии воқеӣ
1 – Таваҷҷўҳ ба ин ки Имоми Замон (алайҳис-салом) ба рафторҳои мо нахорат доранд.
Иншоаллоҳ тавфиқ биёбем, ки ҳазрати Валии Аср моро ҷузъи шиаёни худ ба шумор оваранд. Барои ин ки битавонем қадаме ба сўи ташайюи воқеӣ бардорем, яке аз беҳтарин корҳо таваҷҷўҳ ба ҳамин маъно аст, ки аъмоли мо барои Имоми Замон ошкор аст. Агар ба ин масоил огоҳ бошем хеле аз корҳоро анҷом намедиҳем. Агар бикўшем ин ҳақиқат дар зеҳни мо боқӣ бимонад, ки рафтору гуфтору ниятҳои мо бар Имоми Замон (алайҳис-салом) пўшида намемонад, ҳамеша диққат хоҳем кард, ки гуфтор ва рафторамонро назорат кунем ва корҳоямонро ҳар чӣ беҳтар ва шоистатар анҷом диҳем.
2 – Лузуми таваҷҷўҳ ба тамоми дастурҳои дин.
Яке аз мавридҳое, ки Имомон (алайҳимус-салом) бисёр аз он нохушнуд мешаванд, қатъи робита бо дўстон ва бародарон ва хешовандон аст.[3] Ба таври маъмул, қатъи силаи раҳм (қатъи робита бо хешону наздикон)-ро касоне анҷом медиҳанд, ки мавқеяти иҷтимоии бартаре доранд. Сарватмандон, хешовандони фақир доранд, ки бо эшон, ба далели фақириашон, қатъи робита мекунанд. Ба ҳар ҳол, қатъи силаи раҳм нишонаи ин аст, ки мо дигаронро чунон ки бояд, ба ҳисоб намеоварем. Яке аз воҷиботи шаръӣ салаи раҳм аст. Барои силаи раҳми ошноён, хусусан ошноёни фақир, бояд бикўшем барномае дошта бошем. Ҳатто бо касоне, ки нисбат ба мо бадӣ кардаанд ё ҳатто корҳои нописанде анҷом доданд, набояд катъи раҳм кунем. Чӣ басо ҳамин рафтуомадҳо боис шавад, ки онҳо ислоҳ шаванд. Аз чизҳое ки Имомон (алайҳимус-салом) хеле дўст доранд, ин аст, ки мўъминон бо ҳамдигар, муҳаббат ва самимият дошта бошанд ва ба якдигар хизмат кунанд.
Баъзе аз масоил дар дастурҳои имомон хеле мавриди таъкиди воқеъ шудаанд; вале мутаассифона мо чунон ки бояд, ҳаққи ин дастурҳоро адо намекунем, барои мисол, ҳуқуқи дўстон, хешовандон, наздикон, ҳамсар ва фарзандонамонро чунон ки бояд риоят намекунем. Кори нек ва амали солеҳ, фақат намоз ва зикр ва дуо нест; албатта ҳар як аз аъмоли солеҳ ба ҷои худ маҳфуз аст; аммо маҷмўаи дастурҳои Ислом, маъҷуне аст, ки бояд аз ҳамаи онҳо пайравӣ кунем. Шиаи воқеӣ касе аст, ки ҳамаи корҳои хубро анҷом диҳад ва аз ҳамаи гуноҳон бипарҳезад. Касе, ки аз масоили дин фақат як бўъдашро мебинад ва анҷом медиҳад, мисли одаме аст, ки як узваш бештар аз ҳад рушд мекунад ва соири аъзояш кўчак мемонад. Тасвири афроди ноқисулхилқатро дидаед, ки сарашон ё дасташон кўчак аст ё гоҳе як даст ва як пояшон дар муқоиса бо даст ва пои дигарашон бисёр бузургтар аст. Бинобар он чи олимони анатомия ва физиология мегўянд, вақте ғуддаи гепофези мағз, халал меёбад, кори танзиму таъдили андомҳои бадан бар ҳам мехўрад. Касоне, ки фақат баъзе аз дастурҳои динро мегиранд ва амал мекунанд, шакли воқеии онҳо номутаодил аст. Мо басират надорем ва ботини онҳоро намебинем; вале онҳое, ки шакли ботинии шахсеро мебинанд, вақте ба чунин ашхосе нигоҳ мекунанд, мебинанд, ки андоми рўҳашон ноҳамоҳанг аст. Бояд ба ҳамаи дастурҳои дин, бо ҳам дар як маҷмуа, ба таври муназзам ва мураттаб амал кунем.
Ба ҳар ҳол, яке аз корҳое ки Имоми Замон (алайҳис-салом) хеле дўст дорад ва аз он шод мешавад, расидагии шиаён ба умури якдигар аст. Ҳар чӣ шиаён бо ҳам ошнотар ва наздиктар бошанд, таклифашон (вазифаи шаръияшон) дар баробари ҳам бештар аст:
﴿فَاعفُوا وَاصفَحُوا يَآتِیَ الله بِأمرِه﴾[4]
«Авфу гузашт кунед то Худованд фармони худро бифиристад». Аз ҳамдигар бигзарем, магар намехоҳем, ки ки Худо аз мо бигзарад. Агар интизор доред Худо аз гуноҳони шумо бигзарад, бояд аз гуноҳони мардум ва дигарон бигзаред! Магар намехоҳед Худо дар рўзи қиёмат аз гуноҳи шумо гузарад ва ба рўятон нагўяд, ки чунин коре кардаед? Агар мехоҳед, имтиҳон кунед! Агар касе иштибоҳ кардааст, пардапўшӣ кунед.
[1] Дар дуои Нудба чунин наҷво мекунем:
أينَ السَّبَبُ المُتَّصِلُ بَينَ الأرضِ وَالسَّمَاء
«Куҷо аст он василаи ҳақ, ки осмону заминро ба ҳам пайвастааст».
[2] Сураи Тавба, ояти 60.
[3] Яке аз монеаҳои дидори Имоми Замон, қатъи робита бо хешовандон аст. Алӣ ибни Маҳзиёр пас аз бист сафари ҳаҷ, ки ба умеди дидори Имоми Замон анҷом дода буд, дар сафари бисту якум ба хидмати имоми Замон шарафёб шуд. Дар ин мулоқоти пуршўр, яке аз матолибе, ки мавлоямон ҳазрати валии Аср ба Алӣ ибни Маҳзиёр фармуд, ин буд: «Эй Алӣ ибни Маҳзиёр! Мо шабу рўз дар интизорат будем, пас ба хотири чӣ ба назди мо ба таъхир омадӣ?»
Гуфт: «То кунун касеро наёфтам, ки маро ба сўи шумо раҳнамоӣ кунад».
Ҳазрат фармуд: «Касеро наёфтӣ, ки туро роҳнамоӣ кунад? На, ин гуна нест. Аммо шумоён ба афзун кардани мол машғул шудед ва дар хариду фурўшатон, ҳайрат ба забони мўъминони заиф падид овардед ва байни ҳамдигар робитаҳоятонро қатъ кардед». (Сайидҳошим Баҳронӣ, «Табсират-ул-валӣ мин ман рао ал-Қоим-ал-Маҳдӣ алайҳис-салом».
[4] Сураи Бақара - 109.