back page

Манзумаи вилоят - 2

next page

 

·      Ҷамкарон, ҷазбгоҳи вилоят

·      Суфориш ба навҷавонон ва ҷавонони вилоӣ

·      Имоми Замон (алайҳис-салом) аз дидгоҳи Аҳли Суннат

·      Тўли умри Имоми Замон (алайҳис салом)

·       Ҳикмати ғайбати Имоми Замон (алайҳис-салом)

1-        Ҳифзи ҷони Имом (алайҳис-салом)

2-        Фароҳам омадани заминаи пазириши ҳақ дар ҷаҳон

·      Иллати ҳузури ёздаҳ Имоми маъсум дар байни мардум

·      Вазифаи мо дар замони ғайбат

1-        Ҳифзи низоми исломӣ бо тамоми тавон

2-        Ҳимояти ҳамаҷониба аз раҳбари муаззами инқилоб


Ҷамкарон, ҷазбгоҳи вилоят

 

Худоро шукр, мардуми мо хусусан пас аз пирўзии инқилоб, мавриди лутфи хосси илоҳӣ ва иноёти ҳазрати Валии Аср қарор гирифтаанд. Намунаи боризи ин иноёт сохтмони бошукўҳи масҷиди муқаддаси Ҷамкарон аст, ки дар муддати кўтоҳе сохта шуд. Дар даврони ҷавонии мо, бо ин ки аз поягузории ин масҷид асрҳо мегузашт, ғайр аз чанд утоқ, ки тоза сохта шуда буд, чизе вуҷуд надошт. Ҳатто гоҳе барои вузўъ гирифтан, об пайдо намешуд. Аммо алҳамдуллоҳ пас аз пирўзии инқилоб ва бо ҳиммати дўстдорони Имоми Замон (арвоҳуно фидоҳ), дар тўли чанд сол, чандин бинои азим барпо гардид ва дилҳои мўъминон аз гирду гўшаи ҷаҳон, мутаваҷҷеҳи ин макони шариф шуд. Банда, вақте ин азаматро мебинам, ба ёди ояи шарифаи

[1]﴿فََاجعَل أفئِدَة منَ النَّاسِ تَهوِی إليهِم﴾

меафтам. Ин мўъҷизае аст, ки чунин муҳаббатеро дар  дилҳои мардум падид оварда ва ба ин макони шариф равона сохтааст то дар тамоми аёми ҳафта, хусусан шабҳои чоршанбе ва ҷумъа аз атрофи кишвар ва гоҳе аз хориҷи кишвар, дар ин макони муқаддас ба ёди Имоми Замон (алайҳис-салом) ҷамъ шаванд. Бешак, ҷозибаи худи ҳазрати Валии Аср аст, ки дилҳои мардумро ҳамчун миқнотис ҷазб мекунад ва агар ин чунин набуд, ин масҷиди пуразамат, ба ин  ҷойгоҳ ва мақоми волое намерасид.

Худоро шукр мекунем, ки ба баракати хуни шуҳадо, мардум лаёқат ёфтанд мавриди ҷозибаи маънавии илоҳи, аз тарафи ҳазрат шаванд; неъмати бисёр бузург, ки ҳар қадар дар азамати он биандешем ва сухан гўем, кам аст.

Далели ин ҷумъаҳои бошукўҳ ин аст, ки мардуми мо аз неъмати имон ва маърифат ба Аҳли Байт (алайҳимус-салом) баҳраманданд. Мардуми мо, солҳо мубориза кардаанд то ин ки Худованд, пирўзиро ба онҳо ато фармуд ва низоми тоғутро ба дасти эшон сарнагун кард ва низоми муқаддаси исломиро дар ин кишвар, барқарор сохт.

Мо дар баробари ин дилбохтагон, ки ё худашон дар майдонҳои ҷанг ширкат кардаанд ё азизону ақвомашонро  ба майдони ҷанг фиристодаанд ва тавонистаанд дар даврони ҳашт соли дифои муқаддас (ҷанги Ироқ ва Эрон), ҳамосасозӣ ва ифтихорофаринӣ кунанд, ҷуз ин ки сари таъзим фуруд оварем ва барои шаҳидони онҳо дуо кунем ва барои бозмондагон ва ҷонбозонашон шифо талабем, чораи дигаре надорем. Он ҳо аз суханони бандае мисли ман бениёзанд. Онҳо роҳашонро шинохтаанд. Ва бо қалбҳои нуронӣ ба таври комил ба вазифаашон огоҳанд; аммо бояд ба навҷавон ва ҷавононе, ки замони инқилоб ва хотираҳои даврони ҷангро дарк накардаанд, матолиби  мухтасар , тазаккур дода шавад.

 

Супориш ба ҷавонон ва навҷавонони вилойӣ

Дар бораи вуҷуди Валии Аср (алайҳис-салом) матолиби фаровоне аст ва китобҳои фаровоне дар ин замина навишта шуда ва дар дастраси мардум қарор гирифтааст. Бисёре аз ин матолиб, бо ин ки борҳо такрор шудаанд, боз ҳам бофоида ва роҳкушо аст. Мехоҳам дар ин маҳфили бо шукўҳ, чанд матлаби муҳимро ба ихтисор, барои ҷавонон ва навҷавонони азиз арз кунам ва аз эшон хоҳиш кунам ин матлабро ба хотир супоранд. Дар зимн, аз азизоне, ки аз ин матлаб бениёзанд, узр мехоҳам, вале ба ҳар ҳол гардгирӣ аз оёт ва ривоёт бефоида нахоҳад буд.

Боин ки нури имон ва маърифат ба Аҳли Байт (алайҳимус-салом) дар дилҳои мо вуҷуд дорад, мумкин аст оинаи дилҳои мо бар асари бархўрд бо гарду ғубори олами модда, зангор гирад ва ҳар чанд гоҳе, ниёзманди зангорзудоӣ ва гардгирӣ бошад. Такрори ин матлаб, дар ин гуна маҷолис ва маҳфилҳо, метавонад нақши гардгирӣ аз дилҳо ва сафо додан ва ҷило додан ба онро дошта бошад:

فَإنَّ الحَدِيثَ جلاءُ القلوب.[2]

Супориши ман ба шумо ҷавонон ва навҷавонони азиз, ки мухотабони аслии ман ва меваҳои инқилоб ва умедҳои кишвар ва ба яқин, аз умедҳои Имоми Замон (алайҳис-салом)  барои ояндаи Ислом ҳастед, ин аст, ки бидонед оянда дар дасти шумо аст. Қадри худро бештар бидонед ва дар касби улум ва маорифи Аҳли Байт (алайҳимус-салом) кўтоҳӣ накунед. Кўшиш намоед ҳамеша имонатонро тақвият кунед ва дилҳоятонро ҳамеша нуронӣ ва аз олудагиҳои гуноҳ пок нигаҳ доред.

Имоми Замон (алайҳис-салом) аз дидгоҳи аҳли Суннат

Эътиқод ба вуҷуди Валии Аср (алайҳис-салом)   махсуси шиаён нест. Мо бо бародарони аҳли тасаннун, ки бештари мусулмонони ҷаҳонро ташкил медиҳанд, дар порае аз мабоҳиси эътиқодӣ, мисли асли имомат ва мабоҳиси фаръӣ ихтилофҳое дорем; аммо ба тасдиқи бисёре аз бузургони аҳли тасаннун яке аз матолибе, ки дар байни шиа ва суннӣ ва ҳеҷ тоифае аз тоифаҳои мусулмонон ихтилоф вуҷуд надорад, эътиқод ба зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом)   аст.

Ду китоб аз аҳли тасаннунро ба хотир супоред, ки ин матлабро ба равшанӣ тасдиқ кардаанд: яке китоби «Ассавоиқ-ул-муҳриқа», навиштаи Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, ки аз бузургони аҳли тасаннун аст. Вай дар ин китоб эътиқод ба Соҳиб-ул амрро эътиқоди муштарак байни ҳамаи мусулмонон дониста ва ривоётро дар ин замина беш аз ҳадди тавотур муаррифӣ кардааст.[3] Яке дигар аз бузургони аҳли тасаннун Шабланҷӣ аст, китоби «Нур-ул-абсор»-ро навиштааст. Ў дар ин китоб тасреҳ мекунад, ки ривоятҳо дар бораи Маҳдии охирзамон (алайҳис-салом)  фавқи ҳадди тавотур аст.[4]

Ибни Абилҳадиди Мўътазилӣ, дар «Шарҳи Наҳҷ-ул-Балоға» мўътақид аст, ки дар бораи зуҳури Имом Маҳдӣ (алайҳис-салом)  ихтилофе миёни мусулмонон вуҷуд надорад ва тамоми тоифаҳои онҳо, бар ин матлаб иттифоқи назар доранд.[5]

Бисёре аз олимони аҳли тасаннун, дар бораи вуҷуди Имоми Замон (алайҳис-салом)  ва аломатҳои зуҳури ҳазрат, китобҳои фаровоне навиштаанд, ки яке аз онҳо Ҳофизи Ганҷии Шофеӣ ва дигаре Мавлоно Муттақии Ҳиндӣ аст. Китоби «Ал-баён фи ахбори Соҳиб-уз-замон»-ро Ҳофизи Ганҷии Шофеӣ, аз ҳофизони Қуръон ва бузургони аҳли тасаннун навиштааст, ки дар ҳудуди асри ҳафтуми ҳиҷрӣ мезистааст.[6] Аз дигар бузургони аҳли тасаннун, ки дар асри даҳуми ҳиҷрӣ дар кишвари Ҳиндустон мезист, Мавлоно Муттақии Ҳиндӣ, соҳиби китоби «Албурҳон ало аломоти Маҳдӣ охир-уз-замон» аст.[7]

Оре бузургони аҳли тасаннун монанди шиаён, ба асли вуҷуди Соҳибуззамон эътиқод доранд.[8] Албатта мумкин аст одамҳои мунҳариф ва кўрдиле пайдо шаванд, ки офтобро инкор кунанд, ки дар ин ҷо мавриди назар нестанд. Бузургони аҳли тасаннун эътироф доранд, ки ахбор дар бораи вуҷуди Имоми Замон (алайҳис-салом)  мутавотир, балки фавқи ҳадди тавотур аст.

 

Тўли умри Имоми Замон (алайҳис-салом)

Матлаби дигар, масъалаи зинда будани ҳазрати Валии Аср (алайҳис-салом)  аст. Аз умри пурбаракати он азиз беш аз ҳазору сад сол мегузарад ва то ҳангоме ки Худои Таоло ирода фармояд, ҳазрат дар замин боқӣ хоҳад монд. Дар ин бора шояд пурсише дар зеҳни ҷавонон пайдо шавад, ки магар имкон дорад касе бо умри тўлонӣ зинда бошад ва дигарон аз ў хабар надошта бошанд?! Ба ин пурсиш посухҳои зиёде додаанд. Дар инҷо намехоҳам посухи ин пурсишро ба таври густарда матраҳ кунам, аммо агар касе ба мўъҷиза ва қудрати илоҳӣ эътиқод дошта бошад, набояд дар масъалаи тўли умри Имоми Замон шак кунад. Касе, ки эътиқод дорад Худо метавонад бандаеро баъд аз сад сол зинда кунад:

[9]﴿فَأمَاتَهُ الله مِائة عَام  ثمَّ بَعَثَه﴾

Худое, ки метавонад гурўҳеро сесад сол дар хоб, бехўроку пўшок нигаҳ дорад:

[10]﴿وَ لَبِثوا فِی کَهفِهِم ثلاثَ مِائة سِنِين وَ ازدَادُوا تِسعًا﴾

оё наметавонад яке аз бандагонашро се ҳазор сол ё бештар аз он зинда нигаҳ дорад?!

Адами эътиқод ба вуҷуди Имоми Замон (алайҳис-салом)  ба зеҳни он касоне меояд, ки Худованд ва қудрати ўро намешиносанд ва ба мўъҷиза эътиқод надоранд. Ин пурсише нест, ки тавонад шубҳаеро дар эътиқодоти фарди мусулмон падид оварад ва шаккеро дар дили ў ворид кунад. Чаро ки ҳар мусулмоне қудрати Худоро бениҳоят медонад. Худованди Таоло дар Қуръон аз касоне ёд мекунад, ки сесад сол дар хоб буданд, вале зинда монданд. Ҳамчунин аз касоне ёд мекунад, ки садҳо сол аз ин дунё рафтаанд ва Худо дубора онҳоро зинда кардааст:

﴿أو کالذِی مرَّ عَلی قريَةٍ وَ هِیَ خَاوِية عَلی عُرُوشِهَا قالَ أنَّی يُحيِی هذِه الله بَعدَ مَوتِها فأمَاتَه الله مِائة عام ثمَّ بَعَثهُ قالَ ... أنظر إلی العِظام کيفَ نُنشِزُهَا ثمَّ نکسوها لحمًا فلمَّا تَبَيَّنَ لهُ قالَ اعلم أنَّ الله عَلی کُل شَيءٍ قدِير﴾ [11]

Ин матолиб , нишондиҳандаи қудрати номаҳдуди Худованд аст. Вақте Худо ирода кунад , метавонад бандаашро ҳазорон сол дар ин дунё нигаҳ дорад, ба тавре ки ҳеҷ мушкиле пеш наояд.

 

Ҳикмати ғайбати Имоми Замон (алайҳис-салом)

Матлаби дигар ин аст, ки чаро ҳазрати Валии Аср (алайҳис-салом)   ғайбат кардааст ва чаро мисли имомони дигар дар байни мардум нест? Ин пурсише аст, ки аз қадим мавриди баҳс қарор гирифтааст ва китобҳои фаровоне дар посух ба он , навишта шудааст.

 

1- Ҳифзи ҷони Имоми Замон (алайҳис-салом)

Худои бузург пас аз Хотам - ул - анбиё (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҷонишини маъсумеро барои ў таъйин фармуд то вазифаҳои нотамоми рисолати ўро , дар рўи замин ба итмом расонад. Тафсири оёт, баёни ҳақоиқи Қуръон, раҳбарии ҷомеаи исломӣ ва тарбияти шахсиятҳои боистеъдод аз вазифаҳое аст, ки пас аз Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) , ба ҷонишини ў вогузор мешавад. Ягона тафовути имом бо паёмбар, масъалаи нубувват аст:

أنتَ مِنِّی بِمَنزِلة هَارُونَ مِن مُوسی إلا أنَّهُ لا نَبُیَّ بَعدِی.[12]

«Ту барои ман, ба манзалаи Ҳорун  барои Мўсо ҳастӣ бо ин тафовут, ки ҳеҷ паёмбаре пас аз ман нест».

Амири мўъминон Алӣ (алайҳис-салом)    мефармояд, ки Пайғамбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пас аз нахустин нузули ваҳй дар ғори Ҳиро , ба ман фармуд:

إنَّکَ تَسمَعُ مَا أسمَعُ وَ تَرَی مَا أرَی إلا أنَّکَ لستَ بِنَبِیٍّ وَ لکِنَّکَ وَزِير.[13]

«Он чи ман мешунавам, ту ҳам мешунавӣ ва ончи ман мебинам ту ҳам мебинӣ бо ин тафовут, ки ту паёмбар нестӣ, балки вазири манӣ» .

Худо чунин касеро, ки вижагиҳояш мисли офтоб равшан аст, ба мардум муаррифӣ кардааст то ҷонишини Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шавад. Аммо касоне, аз ноогоҳӣ ва ғафлати бештари мардум сўистифода карданд ва кўшиданд то масири ҷонишинии Паёмбарро иваз кунанд. Албатта ин чизи тозае набуд. Пеш аз Пайғамбари Ислом низ бештари мардум, ҳар пайғамбареро, ки аз ҷониби Худованд барангехта мешуд, такзиб мекарданд. Қуръон дар ин бора таъбири аҷибе дорад, ки гузаштагон ба ҳам супориш карда буданд ҳар паёмбаре, ки ба рисолат расид, ўро инкор кунанд:

 

﴿أتَوَاصَوا بِهِ بَل هُم قَومٌ طاغُون﴾[14]

Инкори ҳақ , табиати мардуми ҷоҳилу гумроҳ буд, зеро ҳавасҳои дунёии онҳо бо хостаҳои анбиё (алайҳимус-салом) мувофиқ набуд. Пас аз зуҳури Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ бештари мардум омодагии пазириши умумии Ислом ва барқарории низоми адли ҷаҳониро надоштанд, ба ҳамин сабаб буд, ки Амиралмўъмин Алиро пас аз чанд соли ҳукумат , ба шаҳодат расонданд ва баъд аз ў , он балоҳоро ба сари Имом Ҳасан (алайҳис-салом) ва Имом Ҳусейн (алайҳис-салом) ва дигар имомон оварданд.

Ҳамон тавре ки медонед, агар Валии Аср, ки вопасин захираи Худои Таоло барои уммати мусулмон аст, аз назарҳо пинҳон намешуд, ўро низ монанди падару бобоёнаш , ҳокимони ҷаббор ба зулму ҷавр , ба шаҳодат мерасонданд. Ангезаи султонҳо ва ҳокимон барои саркўб ва нобуд кардани Валии Аср (алайҳис-салом)   хеле бештар буд. Зеро ахборе, ки аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба дасти онҳо расида буд, аз ин ҳикоят дошт, ки дувоздаҳумин пешвои мусулмонон ва вопасин ҷонишини Паёмбар, ҳукумати куфрро аз рўи замин хоҳад бардошт. Ҳамин далел , сабаб шуда буд, ки султонҳо ва ҷабборон ба ин қасд бароянд то нагузоранд Имоми Замон (алайҳис-салом)   таваллуд шаванд ва агар таваллуд шуд, ўро ба шаҳодат расонанд.

 

2- Фароҳам омадани заминаи пазириши ҳақ , дар ҷаҳон

Аз онҷо ки Худованди бузург медонад дар оянда замоне фаро мерасад, ки бештари мардум лаёқати ҳукумати адли илоҳиро меёбанд, бо ғоиб сохтани Имоми Замон (алайҳис-салом)   ҳазратро аз балоҳо ҳифз фармудааст то шароити лозим , барои ҷаҳонисозии адлу маърифат ва убудият , фароҳам ояд.

Дар остонаи зуҳури Имоми Замон (алайҳис-салом) , ҳарчанд замин пур аз зулму ҷавр мешавад, омодагӣ барои пазириши ҳақ миёни мардум , беш аз пеш хоҳад шуд. Метавонед чунин вазъиятро дар қолиби мисоли оддӣ тасаввур кунед: шахсеро фарз кунед, ки сараш дард мекунад ва ин сардард чунон ба ў фишор меоварад, ки осоиши ўро ба куллӣ аз байн мебарад ва ҳеҷ узви солиме барои ў боқӣ намегузорад. Чунин шахсе ҳар қадар ки гарданшах бошад, оқибат ба духтур муроҷиат мекунад ва ба гуфтаи ў амал хоҳад кард. Олам низ ҳамин гуна аст. Ситам ва фоҷиа ва ҷиноят дар ин олам, рўз ба рўз бештар мешавад то дунё ба ҷое мерасад, ки аз он ба

[15].مُلِئَت ظلمًا وَ جَورًا

таъбир мешавад ва ин, мисли ҳамон беморе аст, ки ҳарчи дарди ў афзунтар шавад, омодагиаш барои пазируфтани дастури духтур  бештар мешавад; ба вижа вақт е , ки роҳҳои гуногунро барои дармони бемориаш меозмояд ва аз ҳам а ҷо ноумед мешавад, он вақт дар баробари дастуроти табиб, ба таври комил таслим мешавад.

Ҷомиаи башарӣ, асрҳо роҳҳои гуногунро меозмояд. Шоҳид будем, ки дар асри гузашта, беш аз ними мардуми дунё ба режими сацииолистӣ –марксистӣ дил баста буданд  ва тасаввур  мекарданд, ки саодати онҳо дар ин роҳ аст ва бо пазириши ин низом, аз ситамҳои ҳокимон раҳоӣ меёбанд; Аммо пас аз ҳафтод сол, сарашон ба санг хўрд ва аз ин кор пушаймон шуданд. Акнун низ санги либерал – демократии ғарбро ба сина мезананд ва мутаассифона гоҳе мавҷи ин таблиғот, мардуми Эронро низ мегирад ва баъзе аз нодонҳои кишвари моро ба самти худ мекашонад. Мутмаин бошед, тўле нахоҳад кашид касоне, ки санги либерал – демократиро ба сина мезананд, сарашон ба санг хоҳад хўрд ва хоҳанд фаҳмид, ки ин режим наметавонад саодати инсонро таъмин кунад. Беҳтарин намунаи нокоромадии ин низом маркази либерал – демократии ҷаҳон яъне Амрико аст. Бо истиқрори ин режим дар Амрико , мушкилоти фаровоне дар ин кишвар падид омадааст. Бачаҳое, ки дар Амрико мехоҳанд ба мадраса раванд, барои хотирҷамъӣ аз саломатиашон , посбон бояд ҳамроҳашон бошад. Бисёре аз хонаводаҳои Амрикоӣ, ки бачаҳояшон ба мадраса мераванд, мутмаин нестанд солим ба хона баргарданд. Рўз ба рўз ҷиноятҳо дар Амрико бештар ва зиндонҳо аз зиндониён анбоштатар мешавад. Оморе, ки давлати Амрико аз теъдоди ҷинояткорони ин кишвар медиҳад, ҳокӣ аз он аст, ки дар ин кишвар , беш аз як миллион зиндонӣ вуҷуд дорад. Зиндонҳои ваҳшатнок, ки баъзе аз зиндониёни Амрико , номашро зиндон дар зиндон гузоштаанд . Вазъи кунунии дунё ин гуна аст.

Кишварҳои дигар низ мисли Амрико дер ё зуд сарашон ба санг хоҳад хўрд ва варшикастагиҳои иқтисодӣ ва касрии буҷет, онҳоро аз пой медарорад. Рақамҳои ну ҷ умии камбуди буҷет , мушкилоти фаровонеро барои давлат ва мардуми Амрико фароҳам овардааст. Саранҷом , ин кишварҳо хоҳанд фаҳмид, ки ин равиши зиндагӣ ва сиёсат ва дунёдорӣ ва мардумдории онҳо дуруст нест ва бояд фикри дигаре кунанд.

Чанде пеш , дар телевизион , тазоҳуроти азими мусулмононро дар қалби куфри ҷаҳонӣ, Амрико дидед. Шукри Худо, рўз ба рўз Ислом дар онҷо рў ба густариш аст ва тарсе, ки давлати Амрико аз Эрон дорад ва ҳатто барнома ва буҷете барои барандозии давлати Эрон пешбинӣ кардаст, аз ҳамин рў аст. Решаи давлати Амрико дар ҳоли пўсидан аст ва Ислом дар онҷо нуфуз кардааст.  Ҳар рўз масҷидҳои азиме дар гўшаву канори он кишвар сохта мешавад. Тибқи оморе, ки соли гузашта дар яке аз рўзномаҳои бисёртиражии Амрико мунташир шуда буд, 120 масҷиди бузург дар Амрико сохта шудааст ва ҳар рўз бар шумори мусулмонони Амрико афзуда мешавад. Агар ин саҳнаи тазоҳуроти мусулмонони Амрикоиро мушоҳида накарда будем, шояд бовар намекардем, вале воқеият дорад.

Оре , тамоми мардуми ҷаҳон ташнаи низоме ҳастанд, ки мубтанӣ бар ҳақиқат ва адолат бошад ва ин низом , ҷуз дар Ислом , дар ҳеҷ ҷои дигар ёфт намешавад ва ҳокимони ҷаббор, дер ё зуд ба ин низом гардан мениҳанд, он вақт аст, ки ҷомеаи башарӣ, лаёқати ҳокимияти ҳазрати Маҳдиро хоҳад ёфт, албатта маънои ин сухан ин нест, ки ҳамаи мардуми ҷаҳон омодаи пазириши Ислом ҳастанд ё ба осонӣ зери бори ҳукумати ҳақ мераванд. Магар дар замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мардум ба осонӣ мусулмон шуданд?! Он ҳама муқовиматҳо анҷом гирифт то мардум ба Ислом гаравиданд ; вале ба ҳар ҳол , мардуми он замон лаёқат доштанд, ки Исломро қабул кунанд. Дар замони зуҳури Соҳибуззамон (алайҳис-салом)   низ гурўҳи бешуморе дар гўшаву канори дунё ба дини Ислом гароиш меёбанд. Дар ривоёт, пешбинӣ шудааст, ки чӣ ҷ ангҳое иттифоқ хоҳад афтод; аммо саранҷом дарсаде аз мардуми ҳақиқатхоҳ, ки зери чанголи ситамгарон дасту по мезананд, Исломро мепазиранд ва ҳукумати адли ҷаҳониро барқарор хоҳанд кард . Пас иллати захираи вуҷуди муқаддаси Валии Аср (алайҳис-салом)   аз сўи Худо, барои ин буд, ки дар замони таваллуди ҳазрат, мардум лаёқати ҳукумати адлро надоштанд; аммо рўзгоре хоҳад омад, ки мардуми ҷаҳон чунин лаёқатро пайдо хоҳанд кард. Худованди Таоло кори беҳикмат намекунад. Мо инсонҳо мумкин аст донаеро дар замини шўразоре, ки ҳеҷ самарае надорад, пошем; аммо Худо неъматҳояшро беҳуда ҳадар намедиҳад. Худованди Ҳ аким неъмати шинохти имомат ва вилоятро ба касоне медиҳад, ки шоистагиашро дошта бошанд.

Агар мо ин ифтихорро дорем, ки дар дилҳоямон  ишқ ба Валии Аср (алайҳис-салом)   мавҷ мезанад, бояд Худоро шукр кунем, ки лаёқат доштаем Худо ин маърифат ва муҳаббатро дар дилҳоямон қарор додааст. Худоё! Туро ба вуҷуди муқаддаси Валии Аср (алайҳис-салом)   қасам медиҳем, ки ин маърифат ва муҳаббат ба Имоми Замонро аз дилҳои мо берун накун!

Муҳаббат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)   ягона захирае аст, ки дар охиратамон ба он умед бастаем ва ба чизи дигар умед надорем. Агар ба ин муҳаббат дил набаста будем, чӣ гуна метавонистем барои ноиби он бузургвор , ин қадар ҷонфишонӣ кунем! Ҳанўз ин хотира ҷовидона аст, ки вақте Имом Хумайнӣ паёми кўтоҳеро дар бораи ҳузури якпорчаи мардум дар ҷабҳаҳои ҷанг содир фармуд, мардум он қадар алоқа нишон доданд, ки зарфияти пазириш барои ширкат дар ҷабҳаҳо пур шуда буд ва масъулон бо исрор мардумро бармегардонданд. Чунин амре нишонаи маърифат ва имони мардуми Эрон аст.

 

 

Сабаби ҳузури ёздаҳ имоми маъсум дар байни мардум

Ҳоло мумкин аст ин пурсиш пеш ояд, ки чаро ёздаҳ имом дар байни мардум будаанд?! Вақте Имоми Замон (алайҳис-салом) ,   ба далели лаёқат надоштани мардум барои пазириши ҳукумати ҳақ ғайбат фармуд, чаро ёздаҳ имоми қаблӣ ин корро накарданд?! Магар онҳо низ хоҳони иҷрои адолат ва барқарории ҳукумати исломӣ набуданд ва магар ба ин хотир кўшиш намекарданд?! Дар посух ба ин пурсиш бояд гуфт: Худои Таоло амри воҷиберо бар ўҳда гирифтааст, ки ҳамон ҳидояти мардум аст. Фиристодани пайғамбарон ва ҷонишинони онҳо низ ин буд, ки ҳуҷҷатро бар мардум тамом кунад

[16]﴿لِئلا يَکُونَ لِلنَّاسِ عَلی الله حُجَّة بَعدَ الرُّسُل﴾

Фиристодани паёмбарон бояд ба гунае бошад, ки мардум тавонанд роҳи ҳақро аз ботил ташхис диҳанд. Саранҷом , Худо бо зуҳури Паёмбари хотам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) вопасин ва комилтарин барномаро барои саодати башар нозил кард ва дар дастрасии мардум қарор дод, аммо агар пас аз вафоти Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) , ашхоси маъсум набуданд, ки ҳақиқати Қуръонро донанд ва барои дигарон баён кунанд, тўле намекашид, ки ҳақоиқ ба дасти фаромўшӣ супорида мешуд.

Бисёре аз аҳкоми Ислом буд, ки мардум борҳо шоҳиди иҷрои он буданд, аммо пас аз чанде , ин аҳком фаромўш мешуд. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар тўли бисту се сол , пеши чашми мардум вузўъ гирифта буд ва ҳамаи мардум вузўъ гирифтани эшонро дида буданд, аммо баъд аз чанд даҳа ин баҳс пеш омад, ки оё ҳазрат обро аз оринҷ ба тарафи ангуштон мерехт ё аз ангуштон ба тарафи оринҷ. Масоиле монанди ин , дар байни мусулмонон ихтилоф андохта буд ва агар роҳнамоиҳои касоне ҳамчун Амиралмўъминин ва Аҳли Байт (алайҳимус-салом) набуд, бародарони аҳли тсаннуни мо низ аз Ислом хабаре надоштанд. Хаёл накунед баракати Аҳли Байт (алайҳимус-салом) фақат шомили ҳоли мо шиаён шуда ва Ислом фақат назди мо аст; Исломи аҳли тасаннун низ дар гарави заҳматҳои Аҳли Байт (алайҳимус-салом) буда аст. Бузургон ва уламои онҳо , шогирдони Аҳли Байт (алайҳимус-салом) буда ва ба шогирдӣ бар назди онҳо ифтихор мекарданд. Ҳарчи мусулмонон аз Ислом доранд ба баракати Аҳли Байт (алайҳимус-салом) аст. Вагарна он қадар афроди он замон, содда ва сатҳнигар буданд, ки ба роҳатӣ ҳақиқатро фаромўш мекарданд ва ба тезӣ фиреб мехўрданд. Агар Амиралмўъминин (алайҳис-салом) пас аз реҳлати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ғайбат мекард, тўле намекашид, ки ҳақиқати Ислом ба куллӣ фаромўш мешуд. Кори мусулмонон дар замони Банӣ Умайя ба ҷое расид, ки намози Ҷуамъаро рўзи чаҳоршанбе мехонданд. Яке дигар аз хулафо , дар кохи худ ҳавзе аз шароб дуруст карда буд ва ҳар вақт мехост шароб хўрад , даҳонашро ба ҳавз мегузошт ва мехўрд ва баъд ҳам бо канизакон айёшӣ мекард. Гоҳе дар ҳолати мастии халифа ба ў хабар медоданд, ки мардум дар масҷид барои намози ҷамоат мунтазири шумо ҳастанд. Дар ҳамон мавқеъ , халифа либоси худро бар тани канизаке, ки бо ў айёшӣ мекард мепўшонд ва ўро ба масҷид мефиристод то барои мардум ба номи халифаи мусулмонон намоз хонад. Дар шикоргоҳ , ҳангоми тирандозӣ , Қуръонро ҳадафи тир қарор медоданд. Оё бо ин вазъи хулафо, дигар аз Ислом исме боқӣ мемонд?!

Ҳикмати илоҳӣ дар он замон иқтизо мекард, ки дар тўли беш аз ду аср, имомони маъсум (алайҳимус-салом) бо тамоми қудрат, ҳақиқати Исломро дар замин густариш диҳанд. Дар сираи рафтории имомони маъсум , ҳикмат ва барномарезӣ вуҷуд дошт. Аз нигоҳ ба таърих, ба хубӣ маълум мешавад, ки имомон бо чӣ ҳиммат ва талоши бисёр , кўшидаанд Исломи ҳақиқиро зинда нигаҳ доранд. Онҳо ҳатто ёронашонро ба деҳаҳои Эрон , дар минтақаҳои Форс ва Табаристон ва Марв ва ҷоҳои дигар мефиристоданд то ҳақиқати Исломро барои мардуме, ки ташнаи ҳақиқат ҳастанд, баён кунанд. Дар ҳар нуқтае ҳатто минтақаҳои дур аз маркази хилофат ва дур аз Бағдоду Шом , фаъолиятҳои имомони маъсум чунон Исломро густариш дод, ки дигар имкони аз байн бурдани он мавҷуд набуд. Вақте Имоми дувоздаҳум ба имомат расид, бақои Ислом дар замин тазмин шуда буд. Дар ин ҳангом мешуд ин гавҳари гаронбаҳоро барои рўзгори дигаре захира кард. Аммо агар имомони қаблӣ мехостанд аз чашми мардум ғоиб шаванд , Ислом ба куллӣ аз саҳнаи замин маҳв мешуд ва ҳатто бародарони аҳли суннат ба ҳамин андозае, ки аз Ислом огоҳӣ доранд, огоҳӣ намеёфтанд. Пас , ҳосили баҳси ҳикм ат и ғайбати Имоми Замон (алайҳис-салом)   ин аст, ки агар ҳазрат ба ирода ва хости Худо ғоиб намешуд, монанди имомони дигар ба шаҳодат мерасид ва инсонҳо то қиёми қиёмат , аз раҳбарии имоми маъсум маҳрум мемонданд. Имоми Замон (алайҳис-салом)   рўзе зуҳур мекунад, ки афроди ҷомеа омодагии пазириши ўро дошта бошанд. Барои ҳифзи Ислом буд, ки имомони қабл аз Имоми Замон (алайҳис-салом)  ғайбат накарданд ва агар онҳо низ монанди ў ғайбат мекарданд, ҳақиқати Ислом аз саҳнаи гетӣ маҳв мешуд. Дуруст аст, ки Худо ҷовидон будани Қуръонро замонат кардааст, аммо Қуръон ба танҳоӣ наметавонад дарди мардумро дармон кунад. Дар канори Қуръон , бояд як муфассири маъсум низ вуҷуд дошта бошад то ҳақоиқи Қуръон ва тафсири аҳкомро барои мардум баён кунад.

 

 

 

Вазифаи мо дар даврони ғайбат

Дар ҷои дигар, ин пурсиш пеш меояд, ки вазифаи мо дар замони ғайбати Имоми Замон (алайҳис-салом)  чист. Вазифаи мо дар замони ғайбат ин аст, ки инчунин иҷтимоотеро ташкил диҳем то имонамон ҷило ёбад. Ин гуфтугўҳо боиси тақвияти имону маърифати мо мешавад ва такрори ин суханон, имонро дар дилҳои мо зинда мекунад.

 

1- Ҳифзи низоми Ислом бо тамоми тавон

Барои барпоии низоми исломӣ дар Эрон , фидокориҳои бисёре анҷом шудааст. Ин низом , самараи хуни садҳо ҳазор шаҳиди даврони инқилоб ва ҷанг аст. Садҳо ҳазор гул парпар шуд то ин бўстон падид омад. Матлаби дигар ин аст, ки агар хоҳем ин низом барқарор бошад, бояд меҳвари ин низом маҳфуз монад, бояд мавриди ҳимоят қарор гирад; бояд ба ў ишқ варзид ва набояд дар итоати ў кўтоҳӣ кард. Ҳама медонанд, ки барқарории ин низоми исломӣ, натиҷаи заҳматҳои Имом Хумайнӣ аст. Агар шахси Имом Хумайнӣ набуд, чунин инқилобе ба пирўзӣ намерасид. Шакке нест, ки ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи мардум аз Имом Хумайнӣ, боиси барқарорӣ ва ҷовидон мондани ин низоми исломӣ шуд. Магар мешавад инсон ба Ислом алоқаманд бошад, вале ба низоми исломӣ алоқае надошта бошад.

 

2- Ҳимояти ҳамаҷониба аз Раҳбари Муаззами Инқилоб

Агар имрўз Оятулло Хумайнӣ дар байни мо нест, бояд ҳамон муҳаббат ва ирода ва сарсупурдагиро ба ҷонишини ў дошта бошем, ки шукри Худо ин муҳаббат ва иродатро дорем. Худоро шукр мекунем, ки барои ин даврон касеро захира намуд то тавонад вазифаҳои раҳбариро ба хубӣ анҷом диҳад. Мо бояд барои саломатӣ ва тавфиқи ў дуо кунем, дар хилвату торикии шаб, аз Худо бихоҳем ҳазратро барои раҳбарии олами Ислом, ҳифз кунад. Бояд дар амал ҳимоятгар ва пуштибони ҳамаҷонибаи ў бошем ва ин иродатро ба рухи душманони ў бикашем ва ба душманон гўем: Ба кўрии чашми шумо, ки аз ҳеҷ фитнае кўтоҳӣ накардед, мо ҳамчунон муттаҳид ҳастем ва пушти сари раҳбарамон истодаем. Агар Худо нахоста ин ваҳдат халалдор шавад, масъулаш ману шумо ҳастем. Шаҳидони мо вазифаи худро анҷом доданд ва акнун , самараи исор ва ҷиҳодашонро ба дасти ману шумо супурдаанд. Мо бояд дастовардҳои онҳоро ҳифз кунем. Агар дар ин кор кўтоҳӣ кунем, ҳ ам ба онҳо ва ҳам ба тамоми анбиё ва авлиёи илоҳӣ хиёнат кардаем.

Низоми муқаддаси исломӣ мевае аз дарахти нубувват ва имомат аст. Мо намедонем чӣ неъмати бузургеро дар ин ҷаҳон дорем. Қудрати бузурге ҳамчун Амрикоро бо инояти илоҳӣ ба зону даровардаем то ҷое, ки ба таври расмӣ ва амалӣ бо камоли беобрўӣ ва расвоӣ, бар хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва бо зери по гузоштани аҳдномаҳое, ки худаш имзо кардааст, бист миллион доллар буҷет , барои барандозии ҳукумати Эрон тасвиб мекунад.

Агар масъалаи Эрон барои онҳо аҳамият надошт, оё ҳозир мешуданд ин расвоиро ба ҷон харанд?! Ин расвоиро ба ҷон мехаранд, зеро суқути худро дар якқадамии худ мебинанд. Мо бояд мунтазири дасисаҳои наве аз тарафи онҳо бошем. Ҳамон тавре ки Раҳбари Муаззами Инқилоб фармудааст , онҳо то ба ҳол аз ҳе ҷ фитнае кўтоҳӣ накардаанд ва ҳар коре, ки метавонистанд, кардаанд. Душмнони мо бояд фаҳмида боошанд, ки Худои Таоло пуштибони ин низом аст ва ин дасисаҳо асаре надорад. Эҷоди шакку шубҳа дар масъалаи вилояти фақеҳ, айбдор кардани ҳукумати исломӣ ба ҳукумати диктаторӣ ва дасисаҳои дигаре аз ин қабил мисли шайтанатҳои дигарашон, ба худашон хоҳад баргашт. Вазифаи мо дар ин аср ин аст, ки аҳамияти мавқеияти худро шиносем ва бидонем неъмати азиме дорем, ки шукронаи он, ҳимояти ҳамаҷониба аз раҳбари низом аст.

Агар дар гўшаву канор, аз касоне хатоҳое сар занад ва агар кўтоҳиҳое ҳаст, бояд он қадар ҳушёр ва хирадманд бошем, ки ин камбудиҳои ҷузъӣ, набояд моро нисбат ба кулли низом суст ё муҳаббатамонро ба он, камранг кунад. Магар дар замони ҳукумати Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Амир-ал-мўъминин (алайҳис-салом)    нуқсоне вуҷуд надошт?! Дар замони Имом Алӣ (алайҳис-салом)   чӣ гуна одамҳое раиси вилояти Форс, Баҳрайн, Аҳвоз буданд?! Ҳамон тавре ки каму беш огоҳӣ доред, яке аз волиёни ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом)    бародархондаи Муовия, Зиёд ибни Убайд буд. Ў касе буд, ки писараш Абдулло ибни Зиёд, бо Имом Ҳусейн (алайҳис-салом) ҷангид. Замони ҳукумати Амирулмўъминин (алайҳис-салом)    ҳамаи волиён ва ҳокимони ў фаришта набуданд! Чунон набуд, ки дар ҳеҷ ҷои олам ҳеҷ хилофи шаръӣ анҷом нагирад. Он дастҳои дуздон, ки бурида ва ҳадҳое, ки ҷорӣ мешуд, барои чӣ буд?! Он номаҳои итобомези ҳазрат ва он тавбихҳое, ки дар «Наҳҷ-ул-балоға» сабт шудааст, барои чӣ касоне буд?! Сабаби матлуб (идеол) будани он низом ин буд, ки меҳвараш Алӣ буд. Дар канори ин низом, мумкин аст хатоҳое рух диҳад, аммо оё саҳеҳ аст, ки ба сабаби хатоҳо, аз ҳимояти ҳукумати ҳазрати Алӣ даст бардорем?! Ҳеҷ кас намегўяд дар кишвари мо ҳеҷ хатогие рух намедиҳад, ҳеҷ зулме анҷом намегирад ва ҳеҷ хилофи шаръӣ сурат намегирад, аммо ин нуқсонҳоро набояд ба ҳисоби асли низом ва раҳбарии он гузошт. Мо ҳама огоҳем, ки Раҳбари Муаззами Инқилоб, ниҳояти ҷиддиятро барои иҷрои аҳкоми исломӣ ва иҷрои адолат ба кор мебарад. Мабодо васвасаҳои шайтонӣ дар дили баъзе аз ҷавонони мо асар гузорад ва муҳаббаташон ба ин низом ва раҳбарии он кам шавад! Мо бо ин корамон на танҳо зарар мекунем, балки ба ҳамаи шаҳидоне, ки бо хунашон ин дарахтро обёрӣ кардаанд, хиёнат мекунем.

 


[1] Қисмате аз дуои ҳазрати Иброҳим (а) ҳангоми тарки сарзамиини Макка: «Парвардигоро қалби мардумро ба сўи эшон моил гардон!» Қуръон, сураи Иброҳим - 27.

[2] Расули Худо (с) фармуданд:

تَذَاکَرُوا وَ تَلاقوا وَ تَحدَّثوا فإنَّ الحَدِيثَ جلاء لِلقلوب. إنَّ القلوبَ لتَرِينَ کَمَا يَرِينَ السَّيفُ جلاؤها الحَدِيث.

«Якдигарро ёд кунед ва мулоқот кунед ва аз ҳадисҳои мо ба ҳамдигар гўед, чаро ки зикри ҳадис ҷилобахши қалб аст. Ҳамоно қалбҳо ба монанди шамшерҳо зангор мегирад, ки ҷило ва сайқали он ба зикри ҳадис аст».

 

[3] Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, «Ас-савоиқ-ул-муҳриқа фӣ радди ало аҳлил-бадаи ваз-зиндиқа», Фасли 1, боби 11. Вай дар ин китоб аз ақоиди мусулмонон ба зуҳури Имом Маҳдӣ (алайҳис-салом)   дифоъ карда ва ба тавотури ривоёт дар ин бора, тасреҳ кардааст.

[4] Мўъмин ибни Ҳасан ибни Мўъмини Шабланҷӣ, «Нур-ул-абсор фӣ маноқиби Оли Набӣ ал-атҳор». Шабланҷӣ зимни тасреҳ ба тавотури аҳодиси Маҳдӣ, таъкиди фаровоне дорад, ки Имом Маҳдӣ аз хонадони Расул ва Аҳли Байт (алайҳимус-салом) аст.

[5] Вай менависад: «...Маҳдӣ (алайҳис-салом), ки дар охирзамон зуҳур мекунад, бинобар ақидаи бештари муҳаддисон, аз фарзандони Фотима (а) аст ва асҳоби мо, мўътазила низ ба ин ҳақиқат эътироф доранд ва бузургони мо низ дар китобҳояшон ба он тасреҳ кардаанд, бо ин тафовут, ки мўътақиданд он ҳазрат ҳанўз ба дунё наомадааст ва дар охирзамон ба дунё хоҳад омад». Шарҳи Наҳҷ-ул-Балоға.

[6] Абўабдулло Ганҷии Шофеӣ, соли вафот 658 қамарӣ. Дар ин китоб ҳадисҳоеро дар бораи Имом Маҳдӣ (алайҳис-салом)  баён карда ва онҳоро саҳеҳ ва ҳасан донистааст.)

[7] Алоуддин Алӣ ибни Ҳисомиддин, маъруф ба Муттақии Ҳиндӣ. Соли вафот 975. Соҳиби китоби маъруфи «Канз-ул-уммол» аст. Вай дар китоби «Албурҳон ало аломоти Маҳдӣ охир-уз-замон» бо шеваи бурҳонӣ ва истидлолӣ, аз ақидаи маҳдавият дифоъ кардааст ва бо истинод ба фатвои бузургони мазҳабҳои чаҳоргона – Шофеӣ, Ҳанафӣ, Моликӣ, Ҳанбалӣ, мункирони эътиқод ба зуҳури ҳазрати Маҳдиро дар сурате, ки ба ҳақ бознагарданд, воҷибулқатл ва хунашонро мубоҳ донистааст.

[8] Саид Сомир Ҳошим Ал-Амидӣ, «Дар интизори қақнус».

[9] «Пас Худованд, ўро (Узайрро) сад сол миронд, онгоҳ зинда кард». Бақара - 259.

[10] «Ва онҳо дар махфигоҳашон – ғори Каҳф – сесад сол ва нўҳ сол бештар монданд». Каҳф - 25.

[11] «Ё монанди он ки ба деҳкадае гузар кард, ки харобу вайроншуда буд гуфт: дар ҳайратам, ки Худо чӣ гуна ин мурдагонро дубора зинда хоҳад кард. Пас Худованд ўро сад сол миронд, сипас зинда намуд ва ба ў гуфт: ...Ба устухонҳо нигоҳ кун, ки чӣ гуна ба ҳам мепайвандем ва бар он гўшт мепўшонем. Чун ин кор бар ў равшан шуд, гуфт: акнун ба яқин донистам, ки Худованд бар ҳама чиз тавоно аст». Бақара - 259.

[12] Ибни Абилҳадид, «Шарҳи Наҳҷ-ул-Балоға», ҷ. 2, саҳ. 264.

[13] Ҳамон.

[14] «Оё мардум дар ҳамаи замонаҳо якдигарро супориш бар такзиби расулон кардаанд ё он ки табъан, мардуми саркаш ва нофармонанд». Зориёт - 53.

[15] Ҳазрат заминро аз адлу дод лабрез мекунад; ҳамон гуна, ки аз зулму ситам лабрез шудааст. Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», ҷилди 3, саҳ. 268, ҳадиси 3.

[16] «То он ки пас аз фиристодани расулон, мардумро бар Худо ҳуҷҷате набошад». Қуръон, сураи Нисо - 165.

Home page book