|
Манзумаи вилоят - 1 |
· Зарурати табйини ақлонии вилоят
· Фитнапазирии имон дар охир-уз-замон
· Абъоди густардаи вилоят
· Маротиби вилоят
· Осори вилоят:
1. Ризоят ба тадбири илоҳӣ
2. Раҳоӣ аз ҳар ҳузну ҳарос
· Робитаи вилояти Худо бо вилояти маъсумон
· Робитаи муҳаббат бо вилоят
· Роҳҳои тақвияти робитаи вилоӣ бо Имоми Замон (алайҳис-салом):
1. Тақвияти робитаи орифона
Қалби Имоми Замон – таҷаллигоҳи хости Худо
2. Изҳори муҳаббати холисона
3. Барқарории робитаи ошиқона
Зарурати табйини ақлонии вилоят
Ба баҳонаи ин айёми муборак, чӣ хуб аст, кўшиш кунем дар бораи баъзе аз маорифи Аҳли Байт (алайҳимус-салом) баҳсу гуфтугў кунем ва аз Худо бихоҳем, ки дар партави нуронии Аҳли Байт (алайҳимус-салом), маърифат ва муҳаббати моро ба худ ва авлиёи худаш афзунтар кунад. Робитаи мо бо Аҳли Байт (алайҳимус-салом) бо мафоҳиме аз қабили имомат, вилоят, маваддат, ташайюъ ва монанди ин матраҳ мешавад.
Алҳамдулиллоҳ мо дар иҳотаи бузургтарин неъматҳои Худо, яъне вилояти Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ҳастем. Дар қалб ба онҳо ишқ меварзем ва маваддату муҳаббати худро ба Аҳли Байт (алайҳимус-салом) дар амал зоҳир кунем. Ҳамаи инҳо дуруст аст, аммо ин иртиботҳо чӣ гуна бояд тақвият шавад ва тақвияти ин иртиботи муқаддас чӣ таъсире бар саодати мо мениҳад ва чӣ ҷойгоҳе дар маҷмўаи маорифи исломӣ дорад? Медонем маорифе, ки Худои Таоло ба василаи Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нозил фармудааст, маҷмўаи ҳамоҳанг, мунсаҷим ва мутаносибе аст, ки ҳар кас бештар бо ин мафоҳим ошно бошад, иртиботу инсиҷом ва ҳамоҳангии онҳоро беҳтар дарк мекунад. Ҷойгоҳи вилояти Аҳли Байт (алайҳимус-салом) дар миёни мҷмўаи маорифи исломӣ куҷост? Чӣ гуна аст, ки инсон агар ин вилоятро дошта бошад ба камолу мақомҳои олӣ мерасад ва агар надошта бошад, аз камолот ва мақомҳо маҳрум мешавад. Вилоят дар ҳаракати такомулии инсон, дорои чӣ ҷойгоҳ ва нақше аст?
Ривоёти аҷибе дар бораи вилояти Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ворид шудааст; ривоёти фаровоне дар ситоиши касоне, ки дорои ин вилоят ҳастанд ва низ ривоёти кўбандае дар сарзаниши касоне, ки аз ин неъмат маҳруманд. Ҳамаи мо каму беш ин ривоётро шунидаем ва ба онҳо эътиқод дорем, аммо имрўз замонае аст, ки бояд дар бораи маориф ва эътиқодот бештар ҳассос бошем. Шояд дар ҳамин замон низ қишрҳое аз мардум ҳастанд, ки бо шунидан ё хондани чанд ривоят дар фазоили Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ақидаашон маҳфуз мемонад, борашонро мебанданд ва аз гумроҳӣ наҷот меёбанд. Гоҳе бо як ривоят, ки гўяндае рўи минбар мехонад дилҳои пок ба олами боло парвоз мекунанд ва чунон иртиботи маънавӣ меёбанд, ки мо аз он маҳрумем, вале ба ҳар ҳол барои насли муосир ва ояндаи ҷомеа, хусусан равшанфикрон ва таҳсилкардаҳои донишгоҳӣ бояд кўшид то ин масоил мустадалтар, (далелноктар) қобили фаҳмтар ва ақлонитар матраҳ шавад.
Имрўз замонае аст, ки гароиши фикрии равшанфикрон ва таҳсилкардаҳои дунё ба ин самт ҳаракат мекунад, ки ҷуз модда ва моддиёт чизеро напазирад. Агар гоҳе аз дину маърифат ва имон ба олами ғайб ва малакут сўҳбат шавад, онро таъбирҳои шоиронае медонанд ва гоҳе низ ошкоро мегўянд, ки забони дин забони шеърӣ ва забони асотирӣ аст ва ончӣ воқеият дорад, ҳамин олами моддӣ аст. Касоне, ки динро ин гуна маъно мекунанд, вақте аз мақомҳои авлиёи Худо, кароматҳо, фазоил ва иртиботашон бо олами малакут ва малоика сўҳбат мешавад, онро ғайривоқеӣ ва фақат ҳолати хосси шоирона медонанд. Монанди шоире, ки дар ҳолати рўъёӣ қарор мегирад ва дар васфи кураи моҳ бо онки кураи сангӣ ва сиёҳе аст ва ҳеҷ арзишу ҷамоле надорад, шеърҳо месарояд ва зебоиҳои онро мешуморад. Моддигароӣ гароиши ҳамагонӣ аст, ки рўз ба рўз дар дунё фарогиртар низ мешавад:
﴿وَ قَالوا مَا هِیَ إلا حَيَاتُنَا الدُّنيَا نَمُوتُ وَ نُحيِی وَ مَا يُهلِکُنَا إلا الدَّهر﴾
«Инҳо мегўянд: Чизе ҷуз ҳамин зиндагии дунёии мо вуҷуд надорад. Гурўҳе аз мо мемиранд ва гурўҳи дигаре ҷои онҳоро мегиранд ва ҷуз табиат ва рўзгор, моро нобуд намекунад».[1] Имрўза ин ақидаи ботил, ба гароиши илмӣ ва фалсафӣ табдил шудааст.
Аз сўи дигар, даруни ҷомеаи мусулмонони аҳли вилоят, соддаандешоне пайдо мешаванд, ки ҳатто барои ривоятҳои ғайри мўътабар ва бе санад низ тавҷеҳҳое дуруст мекунанд ва ба чизҳое эътиқод пайдо мекунанд, ки ҳаргиз қобили тавҷеҳ ва табйин нест. Табиист, ки агар пои баҳсу муноқиша ба миён ояд, шикаст мехўранд. Мо эътиқод дорем, ки бояд ҳақоиқи диниро бар пояҳои мўҳкам устувор кунем ва кўшиш намоем, ки аз худи оёт ва ривоёт нуктаҳое истинбот кунем, ки ин маорифро мустадалтар (далелноктар) ва мўҳкамтар созад. Тавре набошад, ки вақте аз мо далел хоҳанд, дар ниҳоят ба далели ғайри мўътабаре бирасем, ки гўяндае аз як китоби номаълум нақл кардааст. Чунин амре барои оянда хатарнок аст; албатта мумкин аст он матлаб худаш дуруст бошад, аммо сифати ҳар чиз далели эътибораш нест. Мабнои эътиқодоти мо набояд ривоёти номаълум, заиф ва аз китобҳои ношинохта бошад. Бояд дар матлаб диққат кунем ва истидлолҳои мўҳкам барои ақоидамон ёбем.
Фитнапазирии имон дар охирзамон
Мо бояд дар ин замони ҳассос ва сарнавиштсоз аз байни ин ду гароиши ифроту[2] тафритгуна[3], роҳи мустақим, миёна, мўътадил, оқилона ва ҳакимонаи илмиро интихоб кунем, ки ҳам барои худамон ва ҳам барои насли имрўза ва ҳам барои насли оянда фоиданок бошад ва тавонад аз марзҳои ақидатӣ ва имонии мардум муҳофизат кунад. Ақидаю имон дар ин замон, дар муқобили хатари ҷиддӣ қарор дорад, ҳамон тавре ки чунин фитнаҳоро барои даврони охирзамон пешбинӣ фармудаанд:
يُصبِحُ الرَّجُلُ مُؤمِنًا وَ يُمسِی کافِرًا.
«Мардум дар охируззамон дар субҳгоҳон мўъминанд ва дар асргоҳон беимон ва кофир мешаванд».[4]
Имрўз ҳамон рўзгоре аст, ки имонҳо хеле роҳат аз даст меравад. Ба тақвияти имон бояд аҳамият дод. Бояд заҳмат кашид, бояд фикр кард; китобҳо хонд ва баҳс кард. Арзиши ин масоил аз масоили таҳорату наҷосат, ғуслу таяммум ва вузўъ камтар нест.
Агар ҷо дорад дар бораи масоили таҳорат, садҳо китоб бо ҳаҷми чандсад саҳифаӣ навишта ва миллионҳо пул сарфи нашри онҳо шавад ва садҳо баробари он барои таҷҳиз ва ташкили дарс ба кор равад, албатта бояд ҳадди ақал чизе барои ақоид, ки решаи ҳамаи инҳо ба шумор меравад, дар назар гирифта шавад.
Бўъдҳои густардаи вилоят
Ҳоло нигоҳ кунем, ки эътиқоди мо ба вилояти Аҳли Байт (алайҳимус-салом) чӣ гуна аст? Оё манзур аз вилояте, ки аз он дам мезанем ва онро таъсирноктарин чиз дар камоли маънавии инсон медонем, фақат масъалаи таърихӣ аст?! Оё манзур аз вилояте, ки дар ривоёт ин ҳама ба он аҳамият дода шудааст ва дар адабиёт ва ашъори мо низ фаровон бар он таъкид шудааст, ҳамин аст, ки гўем Алӣ ва авлоди маъсуми ў ҷонишинони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) буданд, ё ин ки масъалаи вилоят, фаротар аз ҳар масъалаи таърихӣ аст ва ин ҳақиқатро дар бар дорад, ки каломи аҳли Байт (алайҳимус-салом) ҳамчун каломи Худо ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) барои мо ҳуҷҷат аст ва чун кирдору гуфтори эшон ҳуҷҷият дорад, бояд бо эшон дар амал ҳамаҳду ҳампаймон шавем ва ба сираашон амал кунем?
Дар посух бояд гуфт, ки масъалаи вилоят, аз ҳамаи ин умур низ болотар ва ҷиддитар аст. Аз дидгоҳи Қуръонӣ ва ривоӣ, ин матлаб қатъӣ аст, ки суханони Аҳли Байт (алайҳимус-салом) барои мо ҳуҷҷият дорад ва бояд ба он амал кунем, аммо масъалаи вилоят ва муволот дар бар дорандаи ҳақоиқи басе волотар аст.
Дар асри мо, ба далели аҳамият ёфтани масоили сиёсии Ислом, ки бахши муҳимме аз маорифи исломиро ташкил медиҳад, бўъди хоссе аз мафҳуми вилоят бештар мавриди таъкид воқеъ шудааст, ки ҳамон масъалаи сиёсат ва имомати уммат аст ва ба таъбири дигар, бўъди сиёсӣ – иҷтимоии мафҳуми вилоят аст.
Дар ривояте аз Имом Муҳамад Боқир (алайҳис-салом) омадааст:
بُنِیَ الإسلامُ عَلَی خَمسٍ: ألوِلاية وَ الصَّلاة و الزَّکاة وَ الصَّوم وَ الحَجِّ وَ لَم يُنَاِد بِشَیءٍ مَا نُودِیَ بِالوِلاية يَوم الغَدِير.
«Бинои Ислом бар панҷ поя устувор аст, вилоят ва намоз, закот ва рўза ва ҳаҷ ва ба чизе бофазилаттар аз вилоят дар рўзи Ғадир, даъват нашудааст».[5]
Вилояте, ки дар ин ривоят матраҳ шудааст, на фақат ба маънои дўст доштан, балки ба маънои пазируфтани ҳаққи ҳокимият ва ҳукумати илоҳӣ аст. Ҳаққе, ки пас аз Худованд барои Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ва ноибон ва волиёни эшон, ба изни Худованд собит аст.
Пазириши вилоят дар ин ҷо ба ин маъно аст, ки ақида дошта бошем Аҳли Байт (алайҳимус-салом) аз сўи Худованд, бар уммати исломӣ ҳаққи раёсат ва ҳокимият доштанд ва доранд ва аз ҳамин рўй дар ҷиҳати барқарории ҳукумати исломӣ ҳамеша кўшидаанд. Мо низ вазифа дорем роҳи эшонро идома дода, заминаро барои ҳукумати Имоми маъсум ё ҷонишин ва ноиби ў, яъне валии фақеҳи дорои шароит фароҳам созем ва дар роҳи побарҷоии низоми вилояти фақеҳ, ки идомаи вилояти маъсумон аст, кўшиш кунем. Амо ҳақиқати вилоят аз ин ҳам фаротар ва густардатар аст. Бо баррасии ривоёти марбут ба вилоят дармеёбем, ки бўъди сиёсӣ – иҷтимоии вилоят фақат яке аз абъоди мафҳуми густардаи вилоят аст. Мафҳуми жарфе, ки ҳамчунон ҷо дорад мавзўи пажўҳишҳои густарда ва корбурдӣ қарор гирад.
Маротиби вилоят
Мафҳуми вилоят, ки дар Қуръони Карим ва ривоёт ба суратҳои гуногун матраҳ шудааст, гоҳе ба вилояти Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ихтисос дорад ва гоҳе дар бораи вилояти ҳар валии Худо ва ҳар мўъмини солеҳ аст. Ба иборати дигар як вилояти Аллоҳ дорем:
[6]﴿ألا إنَّ أولياء الله لا خَوفٌ عَليهِم وَ لا هُم يَحزَنُون﴾
Касоне, ки худро таҳти вилояти Аллоҳ қарор медиҳанд, мутақобилан Худо ҳам вилояти онҳоро бар ўҳда мегирад:
[7]﴿الله ولیُّ الذينَ آمَنُوا﴾
Ҳар касе, ки валии Худо шуд, Худо ҳам валии ўст. Ин вилоят робитаи дутарафа байни мўъминон ва Худованд аст. Мўъмин, валии Худо ва Худо ҳам валии мўъмин аст. Вақте мегўем: Вилояте, ки барои Худо ҳаст, барои Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Аҳли Байт (алайҳимус-салом) низ вуҷуд дорад, манзур фақат ҳукумат нест, балки тамоми шууни вилоятро дар бар мегирад; албатта дар шуои вилояти Худованд, масъалаи ҳукумат низ матраҳ мешавад, зеро Худо аст, ки ҳоким ва қонунро таъйин мекунад. Ба ин тартиб, ҳукумат яке аз шууни вилояти Аллоҳ аст.
Вилояте, ки ба Худо, Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), Амиралмўъминин ва дигар имомони маъсум (алайҳимус-салом) нисбат дода мешавад, мафҳуме аст, ки дараҷаҳои гуногун дорад. Мартабаи аъло ва зотии он барои Худованди Таоло ва мартабаи баъдии он махсуси Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва маротиби баъдии он барои имомони маъсум (алайҳимус-салом) собит аст. Аммо ҳақиқати ин вилоят чист? Робитаи байни Худо ва банда, робитаи убудият (бандагӣ) ва рубубият (парвардигорӣ) аст. Агар мо ин робитаро бо ихтиёри худ пазируфтем ва дар амал анҷом додем, он вақт робитаи мушобеҳи дутарафа ба вуҷуд меояд, ки мо валии ў мешавем ва ў валии мо мешавад. Аммо ихтиёри ин робита ба дасти ману шумо аст. Мо бояд бо ихтиёри худамон ин робитаро барқарор намуда ва тақвият кунем. Робитаи убудият ва рубубият амри таквинӣ (ногузир) аст. Хоҳ мо бихоҳем ва нахоҳем, Худо, Худо аст ва мо ҳам бандаем; аммо вилояти ташреӣ, робитаи ихтиёрӣ аст, ки мо бояд қабул кунем, яъне бигўем, Худоё, мо пазируфтем, ки ту Худо ҳастӣ ва мо бандаем. Ҳоло чӣ гуна ин маъноро амалӣ кунем?
Осори вилоят
Агар рафтори мо бо Худо чунон бошад, ки рубубияти ў ва убдияти мо талаб мекунад, робитаи вилоят байни фард ва Худо барқарор мешавад. Вилоят ва рубубияти илоҳӣ, чӣ чизеро талаб мекунад?
1) Ризоят ба тадбири илоҳӣ
Рубубияти ў ба ин маъно аст, ки ў соҳибихтиёри ҳама чизи мост. Молики вуҷуди мо, молики ҳаёти мо ва молики ҳарчи ба мо додааст. Агар робитаи мо бо Худо инчунин бошад, ки Худоро молик ва соҳибихтиёри ҳама чиз донем ва тадбири худамонро ба дасти ў супорем, дар сояи вилояти ташреии ў қарор гирифтаем. Албатта расидан ба ин мақоми воло, ки одамӣ тадбири умурашро ба Худо супорад; ба тақдир ва қазои ў розӣ бошад; ба ў таваккул кунад ва фақат аз ў кўмак хоҳад ўро мудаббири зиндагии худ донад, ўро асл ва соҳибихтиёри ҳама чиз донад ва ташреъҳо ва дастурҳои ўро пазирад ва амал кунад, як силсила маорифи амиқро металабад. Расидан ба ин мақом, маротиби гуногуне дорад. Ҳар кас мувофиқи истеъдодаш бо суръат ё бо сустӣ метавонад ин роҳро каму беш тай кунад. Ба ҳар ҳол, даҳҳо сол тўл мекашад то истеъдод ва қобилияти ҳар кас дар ин масир ба феълият расад ва намунае аз авлиёуллоҳ шавад.
2) Раҳоӣ аз ҳар тарсу андўҳ
Як таъсири зоҳирии вилоят, ки ҳар кас бар асоси он метавонад ҳам худро ва ҳам дигаронро озмоиш кунад ин аст, ки:
﴿لا خَوفٌ عَليهِم وَ لا هُم يَحزَنُون﴾
«Барои авлиёи Худо ҳеҷ тарсу андўҳе нест».[8]
Ин хосияти вилоят аст, ки бар асари он, банда худашро молики чизе намедонад, то тарсад, ки онро аз даст диҳад. Бинобар дидгоҳи вилоӣ, ҳама чиз моли Худо аст. Ҳатто ҷон ҳам моли ўст. Агар аз дасти ман рафт, бигзор равад. Моли ў меравад, моли ман нест. Ҳамаи шууни зиндагии инсонро дарбар мегирад. Агар байни худ ва Худо, ҳам дар эътиқод ва ҳам дар амал, робитаи убудият ва рубубият барқарор кунем, ҳеҷ ҷое барои нигаронӣ боқӣ нахоҳад монд:
﴿إنَّ الذينَ قَالوا رَبَّنَا الله ثمَّ استَقَامُوا فَلا خَوفٌ عَليهِم وَلا هُم يَحزَنُون﴾
«Онҳое, ки рубубияти Аллоҳро пазируфтанд ва дар ин роҳ поймардӣ карданд ва дар амал низ баргирифтанд ва эътиқоду имонашон побарҷо монд, ҳеҷ тарсу андўҳе дар дунёву охират нахоҳанд дошт».[9]
Касе, ки Худоро Худо медонад, дигар ҳеҷ боке надорад, ки мардум ўро таъриф ё танқид кунанд; зеро ки вуҷуди ў моли худаш нест. Аз мамлуки Худо таъриф мекунанд, ки ба Худо марбут аст. Агар маро сарзаниш кунанд ва ба ҷо бошад, ба иллати ин буда, ки нақсе доштаам ва убудиятам заиф будааст. Дарин сурат бояд нақсамро бартараф кунам, аммо агар беҷиҳат накўҳиш кунанд, ба ман рабте надорад. Ман, ки мулки худам нестам. Моли Худо ҳастам ва инҳо мулки Худоро накўҳиш мекунанд. Мисли ин ки касе ба шумо гўяд: девори хонаи фалонӣ каҷ аст. Хуб, каҷ бошад, ба ман чӣ рабте дорад? Ман, ки моли худам нестам. Агар касеро сарзаниш кунем, ки чашмаш ин тавр ва абрўяш ин тавр аст, махлуқе аз махлуқоти Худо аст, ки дар борааш сўҳбат мекунем, ба мо рабте надорад. Мафҳуми тамаллуқ[10] дар зиндагии чунин касе вуҷуд надорад. Барои чӣ касе тамаллуқгўӣ кунад. Фақат Худо аст, ки ҳамаи хостаҳо ва ниёзҳои ўро бояд таъмин кунад. Вақте ҳама чиз ба дасти ў аст, пас барои кӣ сар хам кунад? Магар дигарон чӣ доранд, ки Худо надорад?! Хулоса, осори вилояти Худо чунон густарда аст, ки ҳамаи умур ва шууни зандагии одамиро дарбар мегирад.
Робитаи вилояти Худо бо вилояти маъсумон (алайҳимус-салом)
Вилояти Аллоҳ бар вилояти Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) метобад. Аҳамияти мақоми Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) барои мо ба миқдори робитае аст, ки бо Худо дорад. Вилояти Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳисоби ҷудогонае надорад, балки шуое аз ҳамон вилояти Аллоҳ аст. Расулро мехоҳем ва дўст медорем, зеро фиристодаи маҳбуби аслии мост, чунки оинаи ўст. Магар мешавад касе маҳбубашро хоҳад, аммо ҷилвагоҳ ва миръоташро нахоҳад? Муҳаббат ба Худо ва Расул, ду муҳаббат нест, балки муҳаббат ба Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳамон муҳаббати Аллоҳ аст, ки дар оинаи тамомнамои ў зуҳур кардааст. Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) оинаи тамомнамои Худо аст, ки ҳама чизаш таҳти таъсири илоҳӣ қарор доррад ва аз худаш чизе надорад.
Вилояти Худо пас аз Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба ҷонишинони ў мунтақил мешавад, ҳамон маъсумоне, ки ҳамчун нафси Паёмбар ҳастанд ва ғайр аз нубувват ва рисолат, дигар ҳеҷ тафовуте бо ў надоранд. Ин ҳамон вилояти Аллоҳ аст, ки дар Расулуллоҳ ва имомони маъсум зуҳур мекунад, онгоҳ мартабаи поинтари ин вилоят дар ҳар кас, ки ба онҳо наздиктар аст, таҷаллӣ мекунад.
Вилояти авлиёи Аҳли Байт (алайҳимус-салом) низ ҷузви вилояти Аллоҳ аст. Чаро авлиёи Аҳли Байтро дўст медорем? Чун дўсти Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ҳастанд. Аҳли Байтро чаро дўст медорем? Чун дўсти Худо ҳастанд. Ин муҳаббатҳо аз якдигар ҷудо нест, балки як сарчашма аст, ки аз маҷроҳои гуногун ҷорӣ мешавад. Нури воҳиде аст, ки дар дараҷаҳои гуногун фуруд меояд. Агар одам ин матлабро дар зеҳн дошта бошад, маънои ин иборатро хоҳад фаҳмид, ки
مَن وَالاکُم فَقَد وَالَی الله وَ مَن عَادَاکم فَقَد عَادَالله وَ مَن أحَبَّکم فقد أحَبَّ الله وَ مَن أبغَضَکُم فَقَد أبغَضَ الله.[11]
Муҳаббати Аҳли Байт (алайҳимус-салом) аз муҳаббати Худо ҷудо нест. Маърифати Аҳли Байт (алайҳимус-салом) низ аз маърифати Худо ҷудо нест.
Чӣ гуна мешавад инсон вилояти Аллоҳро пазирад ва робитаи бандагии хешро бо Худо тақвият кунад, аммо робитаашро бо анбиё тақвият накунад.
Робитаи муҳаббат бо вилоят
Муҳаббати ин хонадон барои ҳар касе ва ба ҳар сурате ҳосил шавад, матлуб аст ва саранҷом дар ҷое дасташро мегирад. Аммо ҳар муҳаббате вилоят нест. Мумкин аст касе ба ҳеҷ дини илоҳӣ пойбанд набошад, аммо зиндагии Амиралмўъмининро дўст дошта бошад, зеро ки ҳама чизи ў – адолат, сарпарстии ятимон ва фақирон, ибодатҳо, муноҷотҳо, шуҷоат ва балоғати ў ва... дўст доштанӣ аст. Магар мумкин аст шахсе фитрат (сиришт)-и солим дошта бошад ва ин фазилатҳои ахлоқиро дўст надошта бошад?! Албатта ҳар кас, ки Алиро дўст дошт, валии[12] Худо ва валии Алӣ нест. Чаро ки вилояти Алӣ (алайҳис-салом) ҳамсанги вилояти Аллоҳ аст, аз ин рў бояд иртиботамонро бо Алӣ (алайҳис-салом) ба сабаби иртиботи бо Худо, барқарор кунем ва ҳисоби ҷудое барои Алӣ (алайҳис-салом) боз накунем. Ҳар кофир бемазҳабе ҳам агар ба Алӣ (алайҳис-салом) муҳаббат дошта бошад, саранҷом ин муҳаббат дасташро хоҳад гирифт, аммо ў валии Алӣ (алайҳис-салом) нест. Валии Алӣ (алайҳис-салом) он касе аст, ки вилояти Алӣ (алайҳис-салом) барояш ҳамон вилояти Аллоҳ бошад.
Фазилати тавалло[13] ва табарро[14]
Имом Ҷавод (алайҳис-салом) ривояти бисёр шариф, пурмағз ва пурмўҳтавое дорад, ки қобили тааммул аст:
أوحَی اللهُ إلَی بَعضِ الأنبِيَاءِ امَّا زُهدَُکَ فِی الدُّنيَا فَتعجلک الرَّاحة وَ امَّا انقِطاعکَ إلیَّ فَتعززک بِی وَ لکِن هَل عَادَيتَ لِی عَدُوًّا أو وَاليتَ لِی وَلِيًّا.[15]
Паёмбаре аз паёмбарони Худо таваҷҷўҳ ёфт, ки Худо неъмати бузургеро ба ман ато кардааст, ки дар дунё зўҳд дорам ва ишқ ба дунёро аз дили ман бардоштааст. Болотар аз он, ҳолати инқитои илаллоҳ ба ман додааст, ки чӣ мафҳуми бисёр воло, пурмаъно ва пурмўҳтавое аст. Инқитои илаллоҳ яъне ба ҳеҷ чиз ҷуз Худо умед надошта бошӣ. Сару корат фақат бо Худо бошад. Аз ҳама чиз бурида ва фақат ба ў пайваста бошӣ. Хеле неъмати бузурге аст. Вақте касе фаҳмад, ки Худо ин гуна неъмати бузурге ба ў додааст, бояд фикр кунад, ки ба чӣ касе ин неъмат дода шудааст. Чӣ неъмате аз ин болотар? На дилбастагӣ ба дунё ва на умед ба касе ғайр аз Худо дорад. Ҳеҷ унсе бо касе ҷуз Худо надорад. Худо мехоҳад дасти паёмбарашро гирад ва боз ҳам ўро болотар барад. Аз ин рў мефармояд:
امَّا زهدک فِی الدنيا فتعجلک الراحة.
Ин берағбатӣ, ки ба дунё дорӣ ва аз паи молу мақому дунё намеравӣ, сабаб мешавад, ки осудаву роҳат бошӣ. Чунки инсон ҳар қадар бештар ба дунё дил бандад, гирифторӣ ва ғуссааш бештар мешавад. Дуруст аст, ки зўҳд, сифати бисёр хубе аст, аммо эҳтимол дорад, ки фақат барои Худо набошад, чаро ки зўҳд подоши дунёӣ, яъне осудагии дунёиро дар пай дорад.
Инқитои илаллоҳ чӣ? Касе, ки ҳеҷ таваҷҷўҳе ҷуз ба Худо надорад, ба ҳеҷ кас умеде намебандад, дари хонаи ҳеҷ кас намеравад ва таваҷҷўҳ ва сару кораш фақат бо Худо аст. Аммо
اما انقِطاعُک إلیَّ فَتعززک بِی
ин инқитои ту сабаб мешавад, ки бо ман иззат ёбӣ. Зеро одамӣ дари хонаи ҳар кас равад, ба ҳар андозае, ки дар таҳи дилаш ба дигарӣ умеде дошта бошад, ба ҳамон андоза залил мешавад. Инсон ҳар андоза аз дигарон бениёз бошад ва ба касе умед надошта бошад, азизтар мешавад. Агар касе ҳеҷ эътиное ба дигарон надошта бошад, ки ба ў кўмак кунанд ё накунанд, чизе ба ў диҳанд ё надиҳанд, эҳтиромаш кунанд ё накунанд, ба ҳамон андоза иззаташ бештар мешавад, чун ниёзе надорад. Чӣ лаззате болотар аз бениёзӣ аз ҳамаи халқи Худо?! Пас инқитои илаллоҳ ҳам асари дунёӣ барои худат дорад. Ту чизе болотар бояд дошта бошӣ:
هَل عَادَيتَ لُی عَدُوًّا أو وَاليتَ لِی وَلِيًّا.
Оё фақат ба сабаби ман бо касе иртибот бақарор кардаӣ? Касеро фақат барои ин ки бандаи ман аст дўст доштаӣ? Оё бо касе фақат ба хотири ин ки бо ман душман аст, душманӣ кардаӣ? Ин аз зуҳд ва инқитои илаллоҳ ҳам болотар аст.
Шояд он паёмбари Худо, мақоми тавалло ва табарроро низ доро будааст; аммо Худованд мехостааст барои ў фаҳмонад, ки тавалло ва табаррои холисона, аз инқитои илаллоҳ ҳам муҳимтар аст. Ба таври табиӣ, ҳар фарде шахсеро дўст медорад, аммо
أو وَاليتَ لِی وَلِيًّا
оё яке аз авлиёи Худоро дўст доштаӣ ё на? Албатта мумкин аст касе авлиёи Худоро дўст дорад, аммо ба сабаби манофее, ки барои худаш мерасад, ба таври мисол барои ин ки дар қиёмат ўро шафоат кунанд. Дар ин сурат, валии Худоро барои худаш дўст доштааст. Намегўяд:
او واليت لی وليا
балки мефармояд:
هل عاديت لی عدوا او واليت لی وليا.
Чунин робитаи холисонае робитаи вилоят аст. Чизе, ки назди Худо арзиш дорад, ин аст, ки Алиро барои ин ки дўсти Худо аст, дўст дорем ва бо душманони Алӣ ба он ҷиҳат, ки душманони Худо ҳастанд, душманӣ дошта бошем; вагарна чӣ касе аст, ки Алиро дўст надошта бошад. Кофирон ҳам агар Алиро шинохта бошанд, ўро дўст медоранд ва ба ў ишқ меварзанд; ҳамон тавре ки ба ҳар камол ва ҷамоле ишқ меварзанд, магар он ки Алиро нашинохта бошанд. Кадом инсони покфитрате аст, ки Алиро дўст надошта бошад? Муҳим ин аст, ки кўшиш кунем иртиботи мо бо авлиёи Худо, хусусан бо Имоми Замон (алайҳис-салом), шуое аз вилояти Аллоҳ бошад. Ба ин ҷиҳат аст, ки хитоб ба имомон мегўем:
مَن وَالاکُم فَقَد وَالَی الله وَ مَن عَادَاکُم فَقَد عَادَا الله.
«Ҳар кас вилояти шуморо пазирад, вилояти Худоро пазируфтааст ва ҳар кӣ бо шумо душманӣ варзад, бо Худо душманӣ варзидааст».
Шуои вилояти авлиёи Худо ба дўстонашон низ сироят мекунад. Муҳиббони Имоми Замонро низ аз он ҷиҳат дўст медорем ва икром мекунем, ки дўстдори Имоми Замонанд.
Роҳҳои тақвияти вилоӣ бо Имоми Замон
(алайҳис-салом)
Ҳоло ки фаҳмидем бояд холисона ба авлиёи Худо ишқ варзид ва худро дар баробари онҳо бохт ва фидо кард, чӣ кунем, ки ба ин мақоми воло даст ёбем?
1-Тақвияти робитаи орифона
Ҳар қадар маърифати мо ба авлиёи Худо бештар шавад, асари табииаш ин аст, ки робитаи вилоят ҳам қавитар ва бештар хоҳад шуд.
Маърифати Имоми Замон (алайҳис-салом) аз маърифати Худо ҷудо нест, ба ҳар мизон, ки маърифатамон ба ҳазрат бештар бошад ва иртиботи он ҷанобро бо Худо бештар шиносем, маърифати мо ба Худо афзунтар хоҳад шуд.
Ин бузургворон чӣ андоза бо Худо иртибот доранд? Оё фақат ба ҳамин андоза аст, ки монанди як ровии содиқ, аҳкомро барои мо баён кунанд ё матлаб аз инҳо хеле болотар аст?
Қалби Имоми Замон, таҷаллигоҳи хости Худо
Имомони маъсум касоне ҳастанд, ки дар дилашон чизе ҷуз ончи Худо мехоҳад, зуҳур намекунад:
قلوبُنَا أوعِية لِمَشِيَّة الله فإذا شَاءَ شِئنا.
«Дар дилҳои мо фақат хостаи Худо шакл мегирад; пас ҳар ончиро, ки ў хоҳад, мо мехоҳем».[16] Қалби Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва ҳазрати Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) ва имомони маъсум таҷаллигоҳи хост ва иродаи Худо аст. Дар мартабаи аввал, ин чаҳордаҳ нури пок ва дар мартабаи баъд соири авлиёи Худо тавре ҳастанд, ки фақат чизеро, ки Худо мехоҳад, дар дили онҳо пайдо мешавад. Ҳангоме ки эшон ба чизе майл пайдо мекунанд, Худо хостааст, ки ин майлро дошта бошанд; чаро ки қулуби эшон таҷаллигоҳи ирода ва машияти Худо аст.
Бо таваҷҷўҳ ба ин ҳақоиқ аст, ки вилоятпазирии Аҳли Байт (алайҳимус-салом) тавҷеҳ меёбад, ки чаро бояд эшонро дўст дорем ва аз эшон, пайравӣ кунем? Посухаш ин аст, ки муҳаббати Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ва пайравӣ аз эшон ҳамон муҳаббат ва итоати Худо аст. Агар Худоро низ дўст медорем, бояд эшонро дўст дорем ва агар аз Худо итоат мекунем бояд аз эшон низ итоат кунем.
من أطاعَکُم فَقَد أطاعَ الله.
«Ҳар кӣ аз шумо итоат кунад, аз Худо итоат кардааст». Ин ба он далел аст, ки маъсумон чизе ҷуз сухани Худо надоранд. Барои худашон шаъне ҷудо аз убудияти Аллоҳ қоил нестанд. Ҳеҷ истиқлоле аз худашон надоранд. Агар таъбири фанои филлоҳ таъбири дурусте бошад, болотарин ва бартарин намунааш эшон мебошанд.
2-Изҳори муҳаббати холисона
Робитаи вилоии мо бо мавлоямон фақат бо шинохт барқарор намешавад, балки Худованд сохтмони руҳии инсонро ба гунае офаридааст, ки бо фикру амал сохтаю пардохта мешавад. Масъалаи вилоят фақат бо андешидан ва тасмим гирифтан ҳал намешавад:
﴿الذين آمنوا و عملوا الصالحات﴾
Ба ҳамон андоза, ки имон воқеӣ бошад, дар амал таъсир мегузорад ва вақте амал анҷом гирифт, имон тақвият мешавад. Байни имону амал робитаи дутарафа барқарор аст. Агар мехоҳед имонатон тақвият шавад, ҳатман бояд биандешед то маърифататон бештар шавад. Ҳам робитаи Имоми Замонро бо Худо бештар шиносед ва ҳам ин робитаро ба саҳнаи амал биоваред. Шаби мелоди Имоми Замон (алайҳис-салом), ба ҳазрат изҳори муҳаббат кунед. Ба дўстони Имоми Аср (алайҳис-салом) ҳадя диҳед. Чӣ суннати хубе гузоштаанд, ки дар ин айём ба ҳар касе, ки номаш Маҳдӣ аст, эҳтиром мекунанд ва ба ў ҳадя ва ҷоиза медиҳанд. Мо ҳама гўшту пўстамон бо номи Маҳдӣ рўида ва бузург шудааст. Зиндагиамон дар партави номи Аҳли Байт (алайҳимус-салом) шакл гирифтааст ва пеш меравад. Ҳама чизи мо моли онҳост.
Гоҳе, ашхосеро ба ҷиҳати ин ки истилоҳоти фиқҳу усул ё фалсафа ва каломи моро намедонанд, ҷоҳилу авом мешуморем, аммо миёни ҳаминҳо гоҳе афроде пайдо мешаванд, мартабаи имонашон чунон онҳоро боло бурдааст, ки агар солҳо бо тамоми суръат битозем, ба гарди роҳашон ҳам намерасем.
Хулоса, робитаи вилоят фақат бо дарс хондан дуруст намешавад. Дарсро бояд хонд, чаро ки воҷиб аст ва кўтоҳӣ дар он ҳаром аст; аммо ҳамааш бо ин дарс хондан дуруст намешавад. Бояд кўшиш кунем бо Аҳли Байт (алайҳимус-салом) робитаи амалӣ пайдо кунем. Барои муҳаббати Аҳли Байт (алайҳимус-салом) инфоқ кунем; ҳар чӣ қадаре ки бароямон муяссар аст; барои мисол агар сад дирҳам пул дорӣ, имшаб бигў мехоҳам ин пулро ба ишқи Имоми Замон (алайҳис-салом) ба дўстони фақири ў диҳам. Ба касе ҳам нагў. Касе ҳам нафаҳмад. Бигў агар Хадо ба сабаби ин маро ба ҷаҳаннам ҳам барад, ба ишқу муҳаббати мавлоям ин корро мекунам. Асари ин барои ту аз ҳазор сол ибодат бештар аст. Барои ин ки дар он ибодатҳо умеди савоб вуҷуд дорад. Ту бигў ин корро ба ишқи Имоми Замон (алайҳис-салом) анҷом медиҳам; хоҳ савоб дошта бошад ва хоҳ итоб.
Гоҳе дар байни афроди оддӣ ин гуна одамҳои ошиқ пайдо мешаванд. Он вақт онҳо хеле аз мо пештар ҳастанд. Кўшиш кунед миқдоре руҳияи мурувват ва ошиқӣ ҳам пайдо кунед. Ёд гирифтани истилоҳот ҳам чизе нест.
Нуктаи муҳимме, ки мумкин аст барои бисёре аз мо мавриди ғафлат бошад, ин аст, ки бисёре аз мо дуо ва тавассул дорем; гиря ва азодорӣ дорем; маҷлисҳои сурур ҳам барқарор мекунем; аммо оё ниятамон дар ин амал, холисона барои Худо аст? Холис кардани ниятҳо қадре ҳиммат ва заҳмат мехоҳад. Бикўшем ин хулусро касб кунем. Арзиши кори кўчаке, ки хулус дошта бошад, аз ҳазорон коре, ки пурдабдаба бошад, бештар ва болотар аст. Дар ҳадиси қудсӣ омадааст:
أنَا خَيرُ شَرِيکٍ وَ من أشرَکَ مَعِی شَرِيکًا فِی عَمَلِهِ فَهُوَ لشَرِيکِی دُونِی لِأنِّی لا أقبل إلَّا مَن خَلَصَ لِی.
«Ман беҳтарин шарик ҳастам. Ҳар кас дар коре, ки анҷом медиҳад, шарике барои ман қарор диҳад, саҳми худамро ба он шарик вомегузорам; барои ин ки ман ҳеҷ амалеро қабул намекунам, магар онки холисона барои ман бошад».
Худованд дўст медорад, ки ҳамаи корҳоямон холисона барои ў бошад. Имоми Замон (алайҳис-салом) ҳам ки қалбаш хостгоҳи ирода ва машияти Худо аст, мехоҳад, фақат ўро дўст дошта бошед.
Зару зевари дунё арзиши онро надорад, ки мўъмин ба он дил бандад. Арзиши қалби мўъмин бисёр болотар аз ин аст, ки ҷойгоҳи пул, автомобил ва хонаю дигар падидаҳои дунёӣ қарор гирад. Он ҷо ки ҷойгоҳи пул шудааст, банк аст, на дили мўъмин; он ҷое, ки ҷойгоҳи автомобил шудааст, гараж аст, на қалби мўъмин; қалби мўъмин, арши Худованди Раҳмон аст. Қалби бандаи мўъмин, боргоҳ ва таҷаллигоҳи кибриё аст:
لَم تَسَعُنِی سَمائِی وَلا أرضِی وَ وَسَعَنِی قَلبُ عَبدِیَ المؤمِن.
«На осмон ва на замин, ҳеҷ як ғунҷоиши маро надорад ва фақат қалби бандаи мўъмин ғунҷоиши маро дорад».[17]
3-Барқарории робитаи ошиқона
Кўшиш кунем бо мавлоямон робитаи ошиқона барқарор кунем ва онро тақвият кунем ва донем, ки ин иртибот амри ҳақиқӣ аст. Агар сад сол пештар ба мо мегуфтанд: инсон аз ҷое, ки нишастааст метавонад бо он тарафи кураи замин иртибот барқарор кунад ва бо ошноёнаш сухан гўяд, акси эшонро бинад, бовар намекардем. Башар дар он замон намедонист, ки бо мавҷҳои элекромагнитӣ ё бо тасвирҳои телевизионӣ ё иртиботҳои телефонӣ мешавад иртибот барқарор кард; аммо ин мавҷҳо дар ҳамон замон низ мавҷуд буданд. Дар қаламрави масоили руҳӣ ва маънавӣ ҳам равобите вуҷуд дорад, ки ману шумо намедонаем. Ҳамон тавре ки дар ин олам қувваи ҷозиба вуҷуд дорад, ки асар мекунад ва мо намефаҳмем. Дар густараи дили мо низ чунин робитае барқарор аст ва воқеият дорад. Рўҳи одамӣ метавонад бо рўҳи волои маъсумон иртибот ёбад. Ин робита хеле муҳимтар аз робита барқарор кардан бо шахсе аст, ки дар Амрико ё дар Миррих зиндагӣ мекунад; аммо чӣ қадар муҳим аст, ки инсон тавонад аз ҳамин ҷо ки нишастааст бо Имоми Замон (алайҳис-салом) иртибот намояд; бо касе, ки ҳамчун аҷдоди покаш, ба пешгоҳи поки илоҳӣ муттасил аст. Ҳамон гуна ки Амир-ал-мўъмин Алӣ (алайҳис-салом) маҳв ва фонӣ дар зоти Худо буд:
[18]فَإنَّه مَمسُوسٌ فِی ذَاتِ الله.
Баъзеҳо гумон мекунанд чунин робитае як иртиботи шоирона аст. Масъала аз инҳо муҳимтар аст. Барои барқарории ин иртибот шумо ниёз надоред бо шабакаи роёнаӣ иртибот дошта бошед. Калидаш дар дасти худи шумо аст. Ҳамин ки тавҷҷўҳ кунед, калиди дилро задаед ва иртибот барқарор мешавад. Ҳоло оё меарзад, ки ин иртиботро дошта бошед ё на?! Имрўз, Валиюллоҳ-ил- аъзам, ҳазрати Соҳиб-ул амр (алайҳис-салом), имом ва мавлои ҳамаи мо аст. Шумо ҳар ҷо ва дар ҳар ҳоле ки бошед, метавонед ин робитаро барқарор кунед. Оё меарзад ё намеарзад?!
Бинед, чӣ ганҷе дар ихтиёри мо аст ва онро нашинохтаем ва қадрашро намедонем. Бинед, чӣ ситаме мекунанд касоне, ки мехоҳанд ин маърифатҳоро аз мо гиранд ва ҳастиро дар равобити маҳзи ин ҷаҳонӣ, маҳсур кунанд. Анбиё ва авлиё чӣ қадар хуни дил хўрданд то ин маорифро дар дилҳои мўъминон тақвият карда коштанд ва обёрӣ карданд ва ба самар расонданд. Аммо баъзеҳо бо як суханронӣ, бо як шубҳа, бо як мақола мехоҳанд ҳамаи ин маорифро барбод диҳанд. Оё ҷинояте аз ин болотар мешавад?! Ин ҷиноят болотар аст ё қатли инсон?! Хуни ҳазорон анбиё ва авлиёи Худо рехта шуд то ин имонҳо дар дили мардум падид омад. Ин имонҳо арзишаш аз хун бештар аст. Он хунҳо рехта шуд то ин имонҳо падид биёяд. Он вақт ин имонҳо ва маърифатҳоро бо як суханронии содда ва бо як шубҳа аз байн баранд ва бидузданд. Бояд дар заминаҳои гуногун кўшиш кунем то тавонем дар баробари ин амвоҷи гумроҳӣ муқовимат кунем. Аввал бояд имони худамонро ҳифз кунем ва баъд дасти дигаронро гирем ва аз гумроҳиҳо раҳо кунем. Калиди инро ҳам ба мо додаанд. Ганҷҳое дар ихтиёри мо аст, ки бояд бикўшем ва аз онҳо баҳра гирем.
Азизони ман! Ибодатҳои ошиқонаро фаромўш накунед. Агар ҳанўз ошиқона ибодат карданро ёд нагирифтаем, ёд гирем. Гоҳе, инсон намози шаб мехонад то рўзиаш фаровон шавад, чунин ибодате хеле нозил ва чунин ҳиммате хеле паст аст; гарчи дар муқоиса бо касе, ки намози шаб намехонад хеле хуб аст. Гоҳе инсон аз ёди маъшуқаш ба хоб намеравад, чӣ гуна мумкин аст одаме касеро дўст дошта бошад ва ба ёдаш набошад. Ибодате арзиши воло меёбад, ки аз рўи ишқу муҳаббати Парвардигор сурат пазирад. Имом Алӣ (к) мефармояд:
مَا عَبَدتُکَ خَوفًا مِن نَارکَ وَلا طمَعًا فِی جَنَّتِکَ وَ لکِن وَجَدتُکَ أهلًا لِلعِبَادَةِ فَعَبَدتُکَ.
«Туро аз рўи тарс аз оташ ва барои биҳишт намепарстам; балки туро мепарастам, чун парстиданӣ ҳастӣ ва фақат ту сазовори парастишӣ».
Ман туро напарастам чӣ кунам?! Ҳазрат дар ҷои дигаре мефармояд:
وَ لکن أعبُدُهُ حُبًّا لَهُ.
«Туро бандагӣ мекунам, чун дўстдоштанӣ ҳастӣ».
Ибодати ошиқона метавонад инсонро хеле зуд боло барад.
Иддаои ибодати ошиқона осон, аммо амалаш мушкил аст. Барои пешрафт дар ин масир, бояд ҳадди ақал дар ҳар шабонарўз як амали ибодии холисонаро тамрин кунем ба ин сурат, ки ният кунем агар Худованд ба ивази ин ибодат, ҳеҷ музде ҳам ба ман надиҳад, ин ибодатро анҷом медиҳам, зеро ў дўст дорад ва агар ҳиммати касе болотар бошад мегўяд: агар Худо бихоҳад ба сабаби ин ибодат маро ба ҷаҳаннам низ барад, онро анҷом медиҳам, чун медонам ў анҷоми ин амалро дўст медорад; албатта ҳаргиз чунин нест, зеро Худованд ба ҳар чизе ки дўст дорад, подош медиҳад. Аз арсаи муҳаббати Парвардигор тамаъҳо чунон бояд берун равад, ки фақат дўстӣ ва муҳаббати Худованд ҳоким бошад. Кўшиш намоем барои як кори ибодии кўчак, ҳамчун хондани ду ракъат нофила ё хондани як саҳифа Қуръон, ба таври рўзона мудовимат кунем ё дар ҷиҳати поксозии отифаҳо ва пок кардани ишқу муҳаббат аз нохолисиҳо, мавлоямон Соҳиб-уз-замонро - ҳадди ақал рўзе чанд лаҳза - холисона ёд кунем ё «Дуои Аҳд»-и ҳазратро ба ҳамин ният хонем ё тавассули холисона ба ҳазрат дошта бошем ва хитоб ба мавлоямон гўем: Ба ивази ин тавассул чизе аз шумо намехоҳам; балки чун шуморо дўст дорам, мехоҳам ба ёди шумо бошам, чунин ибодате бар сад сол ибодате, ки бо ниятҳои дигар анҷом гирад, бартарӣ дорад ва инсонро бештар боло мебарад. Агар корҳои холисона дар зиндагонии касе мудовимат ёбад, тавфиқи ў бештару бештар мешавад то ҷое, ки муҳаббати холисона тамоми зиндагии ўро фаро мегирад ва ба ҷое мерасад, ки мегўяд
﴿إنَّ صَلاتِی وَ نُسُکِی وَ مَحيَایَ وَ مَمَاتِی للهِ رَبَّ العَالمِين﴾
«Намозу ибодатҳои ман ва зиндагию марги ман, ҳама барои Худованд ва Парвардигори ҷаҳониён аст».
Дар Муноҷоти Шаъбония аз Худованд чунин мехоҳем:
إلهِی هَب لِی کَمَالَ الإنقِطاع إليکَ.
«Худоё! Чунон кун, ки аз ҳама чиз ва ҳама кас ҷуз ту бибурам».
وَ ألحِقنِی بِنُورِ عِزِّکَ الابهَج فَأکُونَ لَکَ عَارِفًا وَ عَن سِوَاکَ مُنحَرِفًا.
«Худоё! Маро ба нури мақоми иззатат, ки нишоту шодобиаш аз ҳар лаззати дигар болотар аст, мулҳақ кун то он ки фақат шиносои ту бошам ва аз ғайри ту рўй гардонам».
Ин муноҷотҳоро ба мо омўхтаанд то хонем ва фаҳмем ва аз паяш равем. Кўшиш кунем чунин робитаи холисона ва ошиқонаро байни худ ва Худо ва авлиёи Худо барқарор кунем. Чунин кор шуданӣ аст, аммо ҳиммат мехоҳад.
[1] Сураи Ҷосия – 24.
[2] Ифрот: зиёдаравӣ, аз ҳад гузарондан.
[3] Тафрит: кўтоҳӣ ва бепарвоӣ.
[4] Ҳадис аз Абўабдуллоҳ (а), Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор:
«عَن أبی عَبدالله عَليهِ السَّلام قالَ: إن العبد يُصبِحُ مُؤمِنًا وَ يُمسِی کافرًا وَ يُصبِحُ کافرًا و يُمسِی مؤمِنًا«
[5] Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», ҷ. 68, саҳ.332, боби 27, ҳадиси 8.
[6] Сураи Юнус - 62.
[7] Сураи Бақара - 257.
[8] Сураи Юнус - 62.
[9] Сураи Аҳқоф - 13.
[10] Тамаллуқ: хушомадгўӣ, лаганбардорӣ, чоплусӣ.
[11] «Ҳар кӣ вилояти шуморо пазирад, ҳамоно вилояти Худоро пазируфтааст ва ҳар кӣ бо шумо душманӣ кунад, бо Худо душманӣ кардааст ва ҳар кӣ шуморо дўст дорад, Худоро дўст доштааст ва ҳар кӣ бо шумо хашму кина варзад, бо Худо хашму кина варзидааст». Шайх Аббоси Қумӣ, «Куллиёти мафотиҳ-ул-ҷунон», Зиёрати «Ҷомеаи кабира».
[12] Валӣ: дўст, муҳиб.
[13] Тавалло: дўстдорӣ, дўстиҷўӣ.
[14] Табарро: безориҷ ўӣ , дурӣ .
[15] Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», ҷ. 69, саҳ.238, боби 36, ҳадиси 7.
[16] Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», ҷ. 52, саҳ.50, боби 18, ҳадиси 35.
[17] Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», ҷ.58, саҳ.39, боби 4, ҳадиси 61.
[18] Аллома Маҷлисӣ «Биҳор-ул-анвор», ҷ. 39, саҳ. 312, боби 88, ҳадиси 5.