back page

МАНШУРИ МУҲАББАТ ВА МАЪРИФАТ- 5

next page

 

·      Муҳаббати кофирону мунофиқон ба пешвоёни ботил

·      Маъбудҳои дурўғин дар охируззамон

·      Муҳаббати мўъминон ба Худо ва авлиёи Худо

·       Лузуми фаҳми дақиқи ривоёти марбут ба Имоми Аср (алайҳис-салом)

·      Баррасии ривоёти узубат ва гўшагирӣ дар охируззамон

·      Маънои интизори фараҷ дар охируззамон

·      Заминасозии душманон


Муҳаббати кофирону мунофиқон ба пешвоёни ботил

Худованди Таборак ва Таоло дар Қуръони Карим мефармояд:

﴿وَ مِنَ النَّاس مَن يَّتَّخِذُ مِن دُون الله أندَادًا يُحِبَّونَهُم کَحُبِّ الله وَالذين آمَنُوا أشدّ حبًّا لله وَ لَو يری الذين ظَلَمُوا إذ يَرَونَ العَذَابَ أنَّ القوة لله جَمِيعًا وَ أنَّ الله شَدِيدُ العَذاب. إذ تَبَرَّأ الذين اتُّبِعوا مِنَ الذين اتَّبَعُوا وَ رَأوُاالعَذَابَ وَ تَقَطّعَت بِهِمُ الأسبَابُ وَ قالَ الذين اتَّبَعُوا لَو أنَّ لَنَا کرَّةً فَنَتَبَرَّأ مِنهُم کَمَا تَبَرَّأوُا مِنَّا کَذٰلِکَ يُرِيهُمُ الله أعمَالَهُم حَسَرَاتٍ عَليهُم وَ مَا هُم بِخَارِجِين مِنَ النَّار﴾[1]

Тарҷумаи оёт ин аст, ки баъзе аз мардум барои Худо шариконе қарор медиҳанд ва онҳоро монанди Худо дўст медоранд. Аммо мўъминон ишқашон ба Худо бештар аз ҳар чиз аст. Касоне, ки ситам мекунанд ва маъбуде ғайр аз Худоро бармегузинанд, ҳангоме ки азобро бинанд, хоҳанд донист, ки неру фақат махсуси Худо аст ва Худо шадидулазоб ва сахткайфар аст. Дар он ҳангом, пешвоён аз пайравони худ безорӣ меҷўянд; кайфари илоҳиро мушоҳида мекунанд ва пайвандҳояшонро аз ҳам гусаста ва дасташон аз ҳама ҷо кўтоҳ мешавад. Пайравон дар он ҳангом мегўянд: «Эй кош мо ҳам бозгаште медоштем то аз раҳбарони гумроҳ безорӣ меҷустем; чуноне ки онҳо имрўз аз мо безорӣ ҷустанд». Ба ин тартиб, Худо аъмоли эшонро ба шакли ҳасратзое ба онҳо намоиш медиҳад ва онҳо аз оташ хориҷшуданӣ нестанд.

Ин оятҳои шарифа, ки пас аз оёти тавҳидӣ қарор гирифтааст, ба касоне ишора мефармояд, ки аз роҳи дуруст бероҳа шуда ва ба маъбудҳои дигар гароиш ёфтаанд. Мумкин аст ба назар расад манзур аз   اتّخَاذِ أندَاد  (шарик қарор додан барои Худо) ин аст, ки кофирон, касонеро дар замин ба шакли шарик дар офариниш, қарор медиҳанд. Вале бо таваҷҷўҳ ба оёти баъдӣ, равшан мешавад, ки ин оёт ҳам мисли оёти пешин ва бештар аз оёти тавҳидии Қуръон, дар мақоми баёни тавҳид дар холиқият нест, балки дар мақоми баёни тавҳид дар рубубияти ташреӣ ва таквинӣ ва тавҳид дар улуҳият аст. Пас манзур аз ширкат, ки дар ин оёт шуда, ин аст, ки баъзе мардум, дар марҳалаи парастиш ва итоат, касонеро ҳамтои Худо мешуморанд ва ба онҳо ба гунае алоқаманд мешаванд, ки бояд ба Худо алоқа дошта бошанд. Дар муқобили ин гурўҳ, муҳаббати мўъминон ба Худо шадидтар аз ҳар чиз аст. Дар байни мушрикон дастае пайрав ва дастае пешво ва ҳар ду аҳли ситам буда ва аз ҳадди худашон гузаштаанд.

 

Маъбудҳои дурўғин дар охируззамон

Муҳаббат ва парастиши ғайри Худо дар шароитҳои гуногуни замонӣ ва маконӣ, дар маъбудҳои мухталиф бошаклҳои ҳархела ёфт мешавад. Дар асри мо, ки даврони охирзамон аст, масоил аз шакли фардӣ ба шакли иҷтимоӣ даромадааст ва агар пештар, фард парастида мешуд, имрўз ҷомеа ва фарҳанг парастида мешавад.

Рўҳияи худкамбинӣ дар бисёре аз кишварҳои ақибмонда ба ин далел аст, ки кишварҳои ғарбиро аз худ бартар мешуморанд ва худро аз назари фикрӣ, амалӣ, санъатӣ ва қудратӣ, бо онҳо қобили муқоиса намедонанд. Аз ин рў ҳар чӣ онҳо бигўянд, бечуну чаро мепазиранд; қонуни онҳоро қонуни ормонӣ медонанд; назарияҳоеро, ки онҳо ироа медиҳанд, бидуни чуну чаро мепазиранд ва маслакҳо ва равишҳои онҳоро басуръат қабул мекунанд. Ин итоати кўркўрона низ навъе парастиш ва   إتِّخَاذ أندَاد  (шарик гирифтан барои Худо) аст, бо ин фарқ, ки гоҳе  إتِّخَاذ أندَاد  бо чўбу санг гоҳе бо ҷину малоика, гоҳе бо инсон ва гоҳе бо ҷомеа ва фарҳанги хоссе аст. Оё ин амали мусулмонон дуруст аст? Ва ҳол онки:

﴿إنَّ الشِّرکَ لَظُلمٌ عَظِيم﴾[2]

       «Ширк ба Худо, зулми бисёр бузурге аст». Рўзе хоҳад омад, ки тамоми аъмол, фаъолиятҳо ва кўшишҳои раҳбарон ва пайравон барояшон ҳасрат шавад ва дарёбанд, ки заҳмату ранҷҳояшон барои расидан ба саодат, ҳама дар роҳи шақоваташон будааст. Дар чунин рўзе ҳар ду даста аз якдигар дурӣ меҷўянд. Раҳбарон пайравони хешро раҳо карда аз онҳо мегурезанд ва пайравон низ, ки ба шиддат хашмгин шудаанд чун мебинанд, ки дар он олам ҷои безорӣ ҷустан нест, мегўянд: «Эй кош мо ба дунё бармегаштем то дар он ҷо, аз онҳо дурӣ ҷўем». Саранҷом, ҳарду гурўҳ дар оташ ҳастанд ва ҳеҷ кадом аз оташ берун нахоҳанд шуд. Оё касоне, ки худро бо кофирони Аврупо ва Амрико ҳамранг мекунанд, мўдеро, ки онҳо падид меоваранд, бе чуну чаро мепазиранд, қонунеро, ки эшон таин мекунанд, бе ҳеҷ мухолифате қабул мекунанд ва шефтаи мактабҳои сиёсии онҳо мешаванд, бо касе, ки Фиръавнро Худо медонист, фарқе доранд?! Вақте ба ин афрод эътироз шавад, мегўянд: Ҳақ он аст, ки ғарбиҳо мегўянд. Чизҳое, ки дар Қуръон омадааст, ба мароҳили хоссе аз таърих марбут мешавад ва ба асри ҳозир рабте надорад. Инҳо мисдоқи ҳамин ояти шарифаанд, ки

﴿وَ مِنَ النَّاسِ مَن يَّتَّخِذُ مِن دُونِ الله أندَادًا يُحِبُّونَهُم کَحُبِّ الله ...﴾[3]

Робитаи اتخاذ انداد  (шарик гирифтан барои Худо) ҳамон робитаи пайравӣ намудан аст. Вақте пайравони ситамкорон азоби Худоро мебинанд, аз пешвоёни хеш безорӣ меҷўянд. Ҳангоме ки рўзи қиёмат диданд сарнавишти онҳо азоби абадӣ аст, ҳарчӣ пайравон аз онҳо мепурсанд, ки таклифи мо чӣ шуд; мо умреро барои шумо сарф кардем ва барои шумо каф задем ва муҷассамаҳои шуморо гузоштем, аксатонро бўсидем ва бар деворҳо задем, ҷазои кори мо чӣ мешавад; пешвоён ба онҳо посух медиҳанд, ки худамон аз сарнавиштамон хабар надоштем. Дар ин ҳангом аст, ки пайвандҳо бурида мешавад ва робитаи раҳбарон ва пайравон аз байн меравад.

Дар он рўз, аввал пешвоёни куфру залолатро, сипас пайравони онҳоро ба ҷаҳаннам мебаранд:

﴿يقدم قومه يوم القيامة فَأورَدَهُمُ النَّارَ وَ بِئسَ الوِردُ المَورُود﴾[4]

Пайравони онҳо, ба сабаби манфиат ва саодати худ раҳбарони худро парастиш мекарданд то онҳо борро аз дўшашон бардоранд. Агар ин раҳбарон дар дунё корҳоеро барои пайравонашон кардаанд, ин фақат барои озмоиши Худо буд ва ба изни Худо ин ихтиёр ба раҳбарон вогузор шудааст. Вале дар охират мефаҳманд, ки иштибоҳи бузургеро анҷом додаанд.

Дар ин оёт, исми азоб, се бор пушти сари ҳам такрор шудааст, ки яке аз онҳо шадидулазоб будани Худоро баён мекунад. Пайравӣ накардан аз Худо ва дўстони ў, инсонро аз саодат маҳрум ва ба азоби абадӣ гирифтор мекунад. Зарари ин кор фақат маҳрумият аз саодати дунё нест, балки азоби шадиди охиратро ҳам ба ҳамроҳ дорад.

Нуктаи дигар ин аст, ки вақте пайравон, ҳақиқати пайравии хешро, ки азоб ва қаҳри илоҳӣ аст, мебинанд, мегўянд: Эй кош мо ба дунё бозмегаштем то аз раҳбарони худ безорӣ ҷўем! Рўзи қиёмат саҳнаи аҷибе аст. Касе, ки як умр аз паси касе рафта то ўро саодатманд кунад, ба азоби абадӣ дучор мешавад. Ман дар инҷо наметавонам мисолҳои аниқ биёрам, аммо метавонед ин намунаро дар зеҳнатон тасаввур кунед: Касе ба ишқи як нафар умре заҳмат мекашад ва зиндагӣ мекунад, барои ў пул фароҳам меоварад ва харҷ мекунад; шабҳо бо ёди ў ба хоб меравад ва рўзҳо бо ёди ў аз хоб бедор мешавад, дар маҳалли кор бо дўстонаш дар бораи ў сўҳбат мекунад ва мехоҳад то пайрав ва ҳамфикре мисли худаш барои ў ёбад; аз маслаки ў пайравӣ мекунад ва тамоми дороии худро дар роҳи ҳадафҳои ў ба кор мегирад; умре ўро мепарастад ва фақат исми Худоро рўи ў намегузорад то ин ки ногаҳон ҷараён иваз мешавад ва аз як нашъа ба нашъаи дигар меравад. Вақте он шахс аз ҷаҳони моддӣ чашм мебандад, нигоҳаш ба ҷаҳони охират боз мешавад ва он ҷо мефаҳмад, ки умреро, ки дар он ба каси дигаре ғайр аз Худо дил баста ва аз ў итоат карда буд, бо зарару хусрон табоҳ кардааст:

﴿کَذٰلکَ يُرِيهُمُ اللهُ أعمَالهُم حَسَرٰاتٍ عَلَيهِم﴾

Он вақт аст, ки бисёр ҳасрат мехўрад ва безорӣ ҷустан аз ўро орзу мекунад.

 

Муҳаббати мўъминон ба Худо ва авлиёи Худо

Дарсе, ки аз ин оёти шариф мегирем ин аст, ки дар интихоби пешво ва раҳбар, аз рўи эҳсосоти хом ба касе дил набандем ва худро дар ихтиёри ў қарор надиҳем.

Агар қарор бошад инсон ба касе дил бандад, бояд ба Худо дил бандад агар қарор бошад аз ёди касе хурсанд шавад, бояд аз ёди Худо хурсанд шавад:

مَولایَ بِذِکرِکَ عَاشَ قَلبِی.[5]

Агар қарор бошад дили инсон бо ёди касе зинда шавад, бояд бо ёди Худо зинда шавад; агар қарор бошад инсон пайрави маҳзи шахсе шавад, бояд пайрави авлиёи Худо бошад, зеро онҳо аз иштибоҳ маъсум ва дуранд ва Худо онҳоро замонат кардааст.

Кор набояд ба ҷое расад, ки афродеро бо Паёмбар ва имом муқоиса кунем ва гўем боздиҳии кори фалон шахс беҳтар аз имоми маъсум аст. Агар қарор бошад тобеи касе бошем, чаро тобеи Имоми Замон (алайҳис-салом)  ё тобеи касе, ки Имоми Замон (алайҳис-салом)  таин кадааст, набошем. Оё дуруст аст инсон пайрави касе шавад, ки ҳеҷ замонате барои сиҳҳат дар афкору ақоиду равишаш вуҷуд надорад ва дар рафтораш низ иштибоҳ дида мешавад?! Ҳангоме ки инсон ба касе алоқа пайдо мекунад, муҳаббат ва алоқааш боис мешавад чашму гўши ў баста шавад ва дигар айбҳо ва хатоҳои ўро набинад:

حُبُِّ الشَّیءِ يُعمِی وَ يُصِم.

Ҳоло ин пурсиш пеш меояд, ки кӣ салоҳияти ин навъ муҳаббатро дорад. Дар посух бояд гуфт: касе салоҳияти ин навъ муҳаббатро дорад, ки аз хатогиҳо дур бошад. Агар инсон эҳтимол диҳад касе, ки мавриди алоқаи ўст, дар корҳое, ки анҷом медиҳад, иштибоҳ мекунад, дигар набояд аз ў пайравӣ кунад. Зеро инсон бояд аз касе пайравӣ кунад, ки аз иштибоҳ масун бошад. Чӣ расад ба ин ки ба иштибоҳ кардани ў яқин дошта бошад.

Вазифаи мо ин аст, ки дар дараҷаи аввал, муҳаббати Худоро дар дил дошта бошем ва аз ў пайравӣ кунем ва дар дараҷаи дуюм, мутеи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бошем:

﴿مَا أرسَلنَا مِن رَّسُولٍ إلا لِيُطاع بِإذنِ الله﴾[6]

ва дар дараҷаи сеюм, аз имомони маъсум (алайҳимус-салом), ки ба амри Худо бояд мутлақан итоат шаванд, итоат кунем:

﴿يَا أيَّهَا الذينَ آمَنُوا أطيعُوا الله وَ أطيعوا الرَّسُول وَ أولِی الأمرِ مِنکُم﴾[7]

 ва дар охир, дар асри ҳозир, бояд аз касе пайравӣ кунем, ки шабеҳтарин мардум ба имоми маъсум (алайҳимус-салом) бошад ва ба изни ў мартабае аз ҳукумати имоми маъсумро доро аст. Мо бояд мартабае аз маротиби муҳаббатеро, ки ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  дорем, ба валии фақеҳ ва ҷонишини ў низ дошта бошем; зеро ў ҷонишини Имоми Замон (алайҳис-салом)  дар замони ғайбат аст. Аммо чӣ гуна метавон аз касе, ки бо ҳеҷ мизону меъёре лаёқати ҷонишинии имоми маъсумро надорад, итоат кард.

 

Зарурати фаҳми дақиқи ривоёти марбут ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

Дар бораи Валии Аср (алайҳис-салом)  ривоёти зиёде ворид шудааст, ки дар  санад ва мазмуни онҳо хилофе дида намешавад, вале дар айни ҳол фаҳм ва маънои он ривоёт барои инсон ибҳомомез аст. Гоҳе ин ибҳомҳо, дар масоили шахсӣ ва вазифаҳои соддаи фиқҳӣ эҷод мешавад, ки дар ин сурат мушкили зиёдеро падид намеоварад ва ниҳояташ ин аст, ки инсон аз ҳукми воқеии ривоят маҳрум мешавад ва фақат ба ҳукми зоҳирии он амал мекунад, аммо гоҳе ихтилофи фаҳм ва бардошти нодуруст аз ривоят, бо сарнавишти ҷомеаи мусулмонон иртибот меёбад.

Мутаассифона дар заминаи ривоёти марбут ба даврони ғайбати ҳазрати Валии Аср (алайҳис-салом)  бардоштҳои нодурусте сурат гирифтааст, ки ин ривоёт аз назари санад ва далолат бояд мавриди диққат ва иҷтиҳод қарор гирад. Бояд ба ин воқеияти талх эътироф кунем, ки бо ин ки ба вуҷуди муқаддаси Валии Аср (алайҳис-салом)  эътиқод дорем ва иддаои сарбозии ҳазратро дорем, худро мунтазири зуҳури он бузургвор медонем, барои баррасии мавридҳои ҷузъии ин ривоёт, ба андозаи кофӣ накўшидаем.

Ҳамаи мо аз хурдсолӣ дар маҳфилҳои динӣ аз гўяндагон ва хатибон матлабҳоеро дар заминаи ғайбат ва интизори Имоми Замон (алайҳис-салом)  шунида ё ба китобҳое дар заминаи таърихи имомон (алайҳимус-салом) бархўрдаем. Дар ин байн гоҳе пурсишҳое ба зеҳнамон мегузарад; аммо бар худамон иҷозат надодаем дар баробари он хатиб ё марсияхон онҳоро матраҳ кунем; барои мисол ин суол барои мо пеш меояд, ки сабаби қиём ва кушта шудани ҳазрати Сайидушшуҳадо Имом Ҳусейн (алайҳис-салом) чӣ буд. Оё барои ин буд, ки шафеи мусулмонон шавад?! Чаро имоми маъсум ва бандаи шоистаи Худо барои шафеъ будан дар қиёмат бояд кушта шавад? Пурсишҳои фаровоне мисли ин, дар зеҳни инсон меояд, ки посухи равшане барои онҳо намеёбад. Шукри Худо, дар тўли замон, бо афзоиши сатҳи маълумот ва бо вуҷуди олимон ва бузургони дин, ҷавоби баъзе аз ин пурсишҳо дода шудааст. Гоҳе ривоётеро, ки воиз мегўяд, маънои дақиқтаре дорад, вале ба он маъно бетаваҷҷўҳ аст.

 

Баррасии ривояти узубат[8] ва гўшагирӣ дар охируззамон

Мо ривояте дар бораи ғайбати Валии Аср (алайҳис-салом)  дар замони ғайбат шунида ва хондаем, ки дар баъзе аз ин заминаҳо нуқоти ибҳом вуҷуд дорад. Барои мисол, нақл мекунанд, ки дар ривояте дар бораи вазифаи мардуми замони ғайбати Имоми Замон (алайҳис-салом)  омадааст:

کُونُوا أجلاس بُيُوتِکُم.

Яъне мисли палос дар гўшаи хона биафтед ва аз хона берун наравед ва ба ҷомеа коре надошта бошед. Оё ин имкон дорад, ки инсон бо ҷомеа сару кор  надошта бошад ва аз хона берун наояд?! Ривояти дигареро нақл мекунанд, ки дар давраи охирзамон, ҷабборон ва кофирон бар мардум мусаллат мешаванд ва замин аз фасод саршор мешавад. Ривоятеро нақл кардаанд, ки дар ин давра агар занҳо мор бизоянд, аз фарзанд беҳтар аст. Ривояте ҳам вуҷуд дорад, ки дар давраи охирзамон узубат (беҳамсарӣ) ва муҷаррад мондан ҳалол мешавад; яъне мардон набояд зан гиранд, зеро агар бачадор шуданд, фарзандони эшон душмани дин мешаванд ва дар замин фасод мекунанд ва оқибати бади аъмоли фарзандон барои падарон, боқӣ хоҳад монд.

Ҳоло агар фарз кунем, ки санади ин ривоят дуруст аст, оё дастурҳое, ки дар он омадааст тааббудӣ ҳастанд ё матолиби иршодӣ? Оё ин гуна ривоятҳо, тамоми асрҳои охирзамон, аз ғайбати Имоми Замон (алайҳис-салом)  то қиёматро дар бар мегирад? Оё ҳатто асри ҳузури Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва имомони маъсум низ ҷузви ин давра аст? Оё дар тўли ин асрҳо, дар маконҳое, ки мусулмонон зиндагӣ мекардаанд, ин матолиб дуруст меомад? Оё дар давраи охирзамон мўъминон ҳам набояд бачадор шаванд? Кофирон ба ин суханон ва аъмол аҳамияте намедиҳанд ва агар қарор бошад фарзандони мўъминон душманони дин шаванд, кофирон беҳтар метавонанд ин корро анҷом диҳанд. Дар ин сурат, натиҷаи бачадор нашудани мўъминон ин мешавад, ки насли онҳо аз байн меравад. Дар сурате, ки ин ривоёт саҳеҳ бошанд, ривоёти мўҳмал ва беҳудае ҳастанд.

Сарфи назар аз силсилаи ривоёти ҷаълӣ ва дурўғине, ки ба дасти мо расидааст, агар ривоёти саҳеҳе низ ба дасти мо расад, ба ин  ибҳом гирифтор мешавем, ки манзури гўянда дар фалон ривоят чӣ бошад ва мо ба чӣ андоза метавонем ба зоҳиру ботини ривоят эътино кунем.

Гоҳе мутаассифона кор ба ҷое мерасад, ки ҳамин ривоятҳои умумии ғайримўътабар бо мазмуни аҷибу ғариб, бар дастуроти мўҳками Қуръон ва суннат ҳоким мешаванд ва байни мардум чунон шоеъ мешаванд, ки гўё он дастурҳои мўҳкам фаромўш шуда ё аслан вуҷуд надошта бошанд. Мумкин аст ин ривоёт, санади мўътабаре надошта ва дар мазмуни он низ ихтилоф вуҷуд дошта бошад. Бо ин ҳол баъзан чунин ривоятҳоро милоки амал қарор дода ва ба онҳо истинод мекунем ва мўҳкамоти китобу суннатро ба фаромўшӣ месупорем. Агар ин аъмол дар масоили шахсӣ пеш ояд, мушкили чандоне надорад, барои мисол дар шакки байни ракъати севвум ва чаҳоруми намоз; аммо баъзе аз ин ривоятҳо бо сарнавишти ҳаёти миллионҳо мусулмон пайванд меёбад ва истифода аз ҳар дастаи он ривоёт, ҷомеаро ба шакли хоссе медарорад.

Фарз кунед агар хоҳем ба ин ривоят амал кунем, ки дар давраи охирзамон муҷаррад (беҳамсар) мондан ҳалол мешавад ва мусулмонон набояд бачадор шаванд, дар воқеъ чӣ ҳодисае иттифоқ хоҳад афтод. Натиҷаи пайравӣ аз ин ривоят ин аст, ки фақат насли кофирон боқӣ хоҳад монд ва насли мусулмонон аз байн хоҳад рафт. Оё ақли мо наметавонад ташхис диҳад, ки ин сухан каломи маъсум аст ё на?! Мо набояд ин ривоётро дастури шаръӣ ва тааббудӣ барои кулли ҷомеаи исломӣ дар давраи охирзамон, дар назар гирем. Ин ки дар давраи охирзамон мусулмонон набояд бачадор шаванд; набояд аз хонаҳояшон берун раванд ва набояд дар масоили иҷтимоии ҷомеа ширкат кунанд, ақидаи бисёр нодурусте аст. Ин ақида ҳам, ки инсон бояд дар  интизори зуҳури Имоми Замон (алайҳис-салом)  дар гўшае нишинад ва фақат зикр гўяд, ақидаи инҳирофие аст.

Дастурҳои шаръ тобеи салоҳи ҷомеа аст. Ин тавр нест, ки вақте ба шаръ расидем, ақлро дар назар нагирем. Бидуни дар назар гирифтани ақл дар фиқҳ, ҳеҷ масъалаи фиқҳиро наметавон исбот кард. Агар фақеҳон баъзе масоилро ба равшанӣ баён накардаанд, ба хотири он аст, ки инсон мефаҳмад, ки фалон ривоят ба усули ақлӣ истинод дорад. Ривоёт ва оёти фаровоне дар заминаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар Қуръон омадааст, ки агар амр ба маъруф ва наҳйи мункар тарк шавад, бар мардум бало нозил хоҳад шуд; дин аз байн меравад ва намозу рўза байни мардум фаромўш  мешавад. Дар ин сурат, эътиқод ба ин ки чун давраи охирзамон аст, бояд аз амри маъруф ва наҳйи мункар даст бардорем ва дар гўшаи хона шинем  ва фақат зикр гўем, нодуруст аст. Ин ақида, ки ҳар касе бояд дини худро нигаҳ дорад, ақидаи иштибоҳе аст, зеро агар амри маъруф ва наҳй аз мункар набуд, Ислом ба ману шумо намерасид. Агар таълиму иршоду ислоҳ дар ҷомеа намебуд, дини Ислом ва ҷомеаи исломӣ боқӣ намемонд. Оё ҳеҷ ақли солиме мепазирад, ки ба чунин ривояте амал кунем ва сарнавишти миллионҳо мусулмонро бо он рақам занем?!

 

Маънои интизори зуҳур дар охируззамон

Вазифаи мо дар ғайбати Имоми Замон (алайҳис-салом)  ин аст, ки мунтазири зуҳури ҳазрат бошем, ки ин интизор беҳтарин ибодат аст:

أفضَلُ أعمَالِ شِيعَتِنَا إنتِظارُ الفَرَج.[9]

 «Бофазилаттарин аъмоли пайравони мо, интизори зуҳур аст».

Савоби интизори зуҳури Имоми Замон (алайҳис-салом)  аз савоби рўза гирифтан ва намоз хондан ва ҷиҳод кардан дар роҳи Худо бештар аст. Мо дар бораи ин гуна ривоёт, фаҳми дақиқу комиле надорем. Ҳатто дар мақоми таҳлили ин ривоёт ба ин натиҷа мерасем, ки барои умедвор нигаҳ доштани мардум аст. Дуруст нест, ки бо вуҷуди ин ҳама зулм дар дунё, аз интизори зуҳури Имоми Замон ноумед шавем:

﴿أم حَسِبتُم أن تَدخُلوا الجنَّة وَ لَمَا يَأتِکُم مثل الذين خَلوا مِن قَبلِکُم مَسَّتهُمُ البَأساءُ وَ الضَّراءُ وَ زُلزِلوا حتَّی يَقُولُ الرَّسولُ وَ الذينَ آمَنُوا مَعَهُ مَتی نَصرُالله ألا إنَّ نَصرَالله قَرِيب﴾[10]

 «Оё гумон кардед дохили биҳишт мешавед, бе онки ҳаводисе ҳамчун ҳаводиси гузаштагон бар шумо расад?! Ҳамоно гирифториҳо ва нороҳатиҳо ба онҳо расид ва ончунон нороҳат шуданд, ки Паёмбар ва афроде, ки ба ў имон оварда буданд, гуфтанд: Пас ёрии Худо кай хоҳад омад?! Огоҳ бошед, ки ёрии Худо наздик аст».

Дар ҷои дигар омадааст:

﴿حَتَّی إذا استَيأَسَ الرسُلُ وَ ظنُّوا أنَّهُم قَد کذبوا جَاءَهُم نَصرُنا فَنَجَی مَن نَشاءُ وَ لا يُرَدُّ بَأسَنَا عَنِ القَومِ المُجرِمِين﴾[11]

 «То он гоҳ ки расулон маъюс шуданд ва мардум гумон карданд ба онҳо дурўғ гуфта шудааст. Дар ин ҳангом ёрии мо ба суроғи онҳо омад; пас онҳоеро, ки хостем наҷот ёфтанд ва муҷозоту азоби мо аз қавми гунаҳкор бозгардонда намешавад».

Ин эҳсоси яъсу ноумедӣ, дар умматҳои қадим низ вуҷуд дошт. Вақте мо мунтазири зуҳури Имоми Замон (алайҳис-салом)  бошем дар ҷомеа фаъолият мекунем. Вақте инсон маъюс шавад ва гумон кунад, ки аз дасташ коре намеояд, бо хаёли роҳат ба марг тан медиҳад. Касе дар дунё ҳадафдор зиндагӣ мекунад, ки мунтазири зуҳури Имоми Замон (алайҳис-салом)  бошад.

Роҳи истифода аз ривоёт ин аст, ки тамоми ривоёт ва қароини онҳоро бо далел аз назари санад баррасӣ кунем; яъне ин ки садру зайли ривоятро мавриди диққат қарор диҳем ва ривоёти мушобеҳи дигарро, ки дар мақому макони дигаре ворид шудаст, бо он татбиқ кунем. Муҳимтарин асли истифода аз ривоёт ин аст, ки мўҳкамотро фидои муташобеҳот накунем. Ду силсила аз мўҳкамот вуҷуд доранд, ки аз насси Қуръон, насси суннат, ривояти мутавотир ва ривоёти саҳеҳ ва дорои санади мўътабар, истинбот мешаванд. Мо бояд дар ду мавриди аввал мўҳкамотро ёбем, сипас бо таваҷҷўҳ ба инҳо, суроғи муташобиҳоти ривоёт биравем.

 

 

 

Заминасозии душманон барои тасаллут бар шиаён

Кадом оят ва ривоят ва кадом далели ақлӣ ба мо иҷозат медиҳад, ки агар мусулмонони дигаре зери ситам буданд, ба онҳо коре надошта бошем?! Ривоятҳои фаровоне дорем бо ин маъно, ки агар ба мўъмин ва мусулмоне хизмат кунед ва ниёзи ўро рафъ кунед, савоби фаровоне хоҳед дошт. Дар сарзаминҳое мисли Фаластин, Афғонистон ва Ироқ инсонҳо кушта мешаванд ва ба номусашон таҷовуз мешавад. Бо вуҷуди ин кушторҳо истеъморгарон мегўянд: Дахолат накунед! Оё ривояти кўмак ба мазлум мўҳкамтар аст ё он ривояти гўшагирӣ, ки санади мўътабаре надорад?! Ин ривоят бояд милоки тафсир қарор гирад ё он ривоят?! Мо бояд бештар ба чунин ривоятҳое амал кунем то усул (принсипҳо) Исломро беҳтар дарк кунем ва бовар кунем, ки  дин бар пояи чунин ривоёте барпо шуда ва барои амалӣ намудани ин ривоёт, падид омадааст. Ҳарчи бештар дар бораи ин ривоёт андеша кунем, ба фурўъ ва масоили ҷузъии дин беҳтар хоҳем расид. Аммо агар корро баръакс кунем, яъне мўҳкамоти як ривоятро раҳо карда ба суроғи ҷузъиёти муташобеҳи он равем, ҷомеаро ба бузургтарин балоҳо гирифтор хоҳем кард. Он вақт шайтон бе ҳеҷ заҳмате ба ҳадафҳои палидаш мерасад. Ин роҳ барои душманони Ислом, беҳтарин роҳи тасаллут бар мусулмонон аст.

Эътиқод ба қазо ва ҷабр, матлабе аст, ки шайтонҳои бузург дар байни Аҳли Суннат ривоҷ дода ва аз он натиҷаи хубе гирифтаанд. Аҳли тасаннун эътиқод доранд: итоат аз ҳар касе, ки султон бошад, воҷиб аст. Ҳатто тасреҳ мекунанд, ки агар султоне, ки адолатро мехоҳад, зидди султони дигаре, ки бар мусулмонон ҳукумат мекунад, қиём кунад, қиёмаш гуноҳ аст ва бояд дар муқобили муборизаи ҳақталабонаи ў истод ва ўро кушт. Вале агар ҳамон шахс бар мардум тасаллут ёфт, он мавқеъ итоаташ воҷиб мешавад. Яъне ҳамон касе, ки то дирўз қатлаш бар мардум воҷиб буд, имрўз итоаташ бар мардум воҷиб мешавад.

Вақте ин эътиқодро байни авоми Аҳли Суннат ривоҷ доданд, султонро ба роҳатӣ фирефта, ўро мехаранд ва мардум низ итоат аз султонро амри воҷиб медонанд.

Агар истеъмор бихоҳад бар аҳли ташайюъ низ мусаллат шавад, беҳтар аз тарвиҷи ривоёти носаҳеҳ ва бардошти нодуруст аз ривоёти саҳеҳ нахоҳад ёфт. Дар натиҷа, насли ояндаи шиа насли кофир ва фосиқе хоҳад буд ва аз омўзаҳо ва маорифи динӣ маҳрум хоҳад шуд ва ҳеҷ омиле барои муқовимати онҳо дар ҷомеа, вуҷуд нахоҳад дошт. Пуштибони ҳамаи инҳо Исроил, Амрико, Англис ва Иблис аст. Иблисе, ки ҳамеша вуҷуд дошта ва то поёни ҷаҳон вуҷуд хоҳад дошт. Асли чунин ривояте ҳеҷ поя ва асос надорад ё агар ворид шуда бошад ҳам ба маънои муваққат ва эҳтимолӣ ворид шудааст.

Натиҷа мегирем, ки аҳли илм дар фаҳми дурусти масоили эътиқодӣ, ки ба таври табиӣ ба ҳадафи хилқат ва ташреъ марбут мешавад ва низ дар ироаи дурусти масоиле, ки ҷанбаи усулӣ дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии инсон дорад, вазифаи пурхатаре бар ўҳда доранд ва набояд нерў ва умрашонро дар баррасии баъзе аз масоиле, ки мавриди ниёзи мардум дар зиндагӣ нест, сарф кунанд. Агар инсоне натавонад исбот кунад, ки «тасбеҳоти арбаа» дар намоз як маротиба аст ё се маротиба, дар ҷомеа мушкиле эҷод намекунад, аммо оё набояд дар муқобили зулм мубориза кард? Оё набояд Исломи ростинро дар сатҳи ҷомеа ва ҷаҳон тарвиҷ дод? Оё дар баробари фасод ва фитнаангезии муфсидон ва ҷабборони олам, масъулияте надорем? Ин пурсишҳое аст, ки агар посухи онҳоро дуруст дарк накунем, сарнавишти ҷомеа тағйир мекунад. Агар касе бинад хунҳои мусулмонон ба замин рехта мешавад ва ба номуси онҳо таҷовуз мешавад ва дар айни ҳол коре анҷом надиҳад, ў низ дар ин ҷиноёт шарик хоҳад буд. Агар қарор буд ҳангоми дифои Кишвар дар ҷанги Эрону Ироқ, таслими Саддом ва дигар кишварҳои истеъморгар шавем, ин ҳама куштаву захмӣ ва асир намедодем. Ислом, бо ҳашт сол ҷанги таҳмилӣ, бори дигар дар Эрон эҳё шуд. Кишварҳои абарқудрат бо ҳам муттаҳид шудаанд ва мехоҳанд бо таблиғоти густардаи худ бо Ислом муқобила кунанд. кишварҳои истеъморгар кишвари Эронро роҳат намегузоранд. Ин кишварҳо ором-ором афроди ноогоҳи Эронро мефиребанд то ба аҳдофи шуми худ расанд. Вале аксари мардуми Эрон масоилро ба хубӣ мефаҳманд ва аз ин фитнаҳо фиреб намехўранд.

Агар имрўз Амрико ба Афғонистон ва Ироқ ҳамла мекунад барои ин аст, ки битавонад роҳҳои нуфуз ба Эронро ёбад. Ва ҳамлаи чандҷонибаро бо тарҳ ва барномаҳои қаблӣ, зидди Эрон барпо кунад. Ва бо қавли худашон мехоҳанд қазияи Эронро тамом кунанд. Албатта Худо ҳеҷ гоҳ намегузорад хунҳои поке, ки мардум Эрон барои Ислом доданд, поймол шавад:

﴿يُريدُونَ أن يُّطفِؤا نُورَ الله بأفوٰاهِهِم وَ يَأبی الله إلا أن يُّتِمَّ نُورَهُ وَ لَو کَرِهَ الکافِرُون. هُوَ الذِی أرسَلَ رَسُولهُ بِالهُدَی وَ دِينِ الحَقِّ لِيُظهِرَهُ عَلی الدِّينِ کُلهِ وَ لَو کَرِهَ المُشرِکُون﴾[12]

«Кофирон мехоҳанд нури Худорро ба нафаси тира ва гуфтори ҷоҳилонаи хеш хомўш кунанд, вале Худо ҷуз ин намехоҳад, ки нури худро ба мунтаҳои зуҳур ва ҳадди аълои камол расонад, ҳар чанд кофирон норозӣ ва мухолифи он бошанд. Ў Худое аст, ки Расули худро бо дини ҳақ ба ҳидояти халқ фиристод то онро барои ҳамаи адёни олам бартарӣ диҳад; ҳарчанд мушрикон нохушнуд ва мухолиф бошанд».

Инҳо бо нақшаҳои пешин, ба мо пешниҳод мекунанд мусолиҳа ва ҳамкорӣ кунем, зеро аз ҷанг кардан бо мо ҳарос доранд, ки мабодо дар ҷанг бо мо, дубора шикаст хўранд ва кишвари Эрон ба сурати қудрати дигаре дар дунё матраҳ шавад ва дунё ба он таваҷҷўҳи хоссе кунад.

Мо ба исмат ва имоми маъсум эътиқод дорем, вале лозим аст ин фаҳмро густариш диҳем. Бояд Ислом ва ҳукумати ҳақро дар ҷаҳон густариш дод то мардуми ҷаҳон ҳукумати ҳақро бинанд ва бар эшон ҳуҷҷат тамом шавад. Мо бояд асли биниши исломиро дар бораи ҷангу ҷиҳод ва вусъати Ислом, пазирем то тавонем масоили дигарро дар партави он ҳал кунем. Вале бо як ривояти бесанад интизор дорем ҳамаи ин мушкилот ҳал шавад. Надоштани фаҳми дуруст ва диққати кофӣ дар масоили динӣ аз зарарҳое, ки душманон ба Ислом мезананд, камтар нест.


 


[1] Сураи Бақара, 165 - 167.

[2] Сураи Луқмон - 13.

[3] Сураи Бақара - 165.

[4] «Дар рўзи қиёмат, ў пешопеши қавмаш хоҳад буд ва онҳоро ба ҳамроҳи худ вориди оташ мекунанд ва чӣ вурудгоҳи баде аст оташе, ки бар он ворид мешаванд». Сураи Ҳуд - 98.

[5] «Мавлои ман бо зикри ту қалбам зиндагӣ ва нишот меёбад». Қисмате аз дуои шарифи Абўҳамзаи Сумолӣ аз забони Имом Саҷҷод (алайҳис-салом), Мафотиҳ-ул-ҷинон.

[6] «Ҳеҷ пайғамбареро нафиристодем, магар барои ин ки ба фармони Худо аз вай итоат шавад». Қуръони Карим, сураи Нисо - 94.

[7] «Эй касоне, ки имон овардаед! Худоро итоат кунед ва аз Паёмбари Худо ва улиламр (авсиёи Паёмбар) пайравӣ кунед». Қуръони Карим, сураи Нисо - 59.

[8] Узубат: танҳоӣ, беҳамсарӣ.

[9] Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.51, саҳ.156, ҳадиси 1, боби 9.

[10] Сураи Бақара - 214.

[11] Сураи Юсуф - 110.

[12] Сураи Тавба - 31.

 

Home page book