|
Маншури муҳаббат ва маърифат- 4 |
· Мақомҳои Имоми Замон (алайҳис-салом)
1-Мақоми табйин ва тафсири Қуръон
2-Мақоми вилоят ва ҳокимият
3-Мақоми қазоват
4-Мақоми тазкия ва тарбият
· Пешвопазирӣ беҳтарин шеваи тарбият
· Ҳақиқати тақлид ва усвапазирӣ
· Шубҳаангезӣ дар пайравӣ аз имомон ва мароҷеъ
· Далели пайравӣ аз Имомони маъсум (алайҳимус-салом)
· Шеваи усвапазирӣ аз Имомон (алайҳимус-салом) дар замони ғайбат
· Далели пайравӣ аз олимон ва мароҷеъ дар замони ғайбат
Мақомҳои Имоми Замон (алайҳис-салом)
Мо эътиқод дорем тамоми мақомҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) барои Имоми Замон (алайҳис-салом) ва дигар имомони дувоздаҳгона (алайҳимус-салом) собит аст ва фақат мақоми нубувват ва рисолат дар онҳо вуҷуд надорад; чаро ки иродаи ҳатмии илоҳӣ бар ин қарор гирифта буд, ки силсилаи поки анбиё (саловотуллоҳ алайҳим аҷмаин) бо вуҷуди муқаддаси Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) поён пазируфт. Шояд ин пурсиш ба миён ояд, ки магар Паёбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ғайр аз мақоми нубувват ва рисолат чӣ мақоме доштаанд, ки имомон дар он шариканд? Алломаи бузургвор, Оятулло Таботабоӣ (р) дар тафсири «Ал-мизон» дар мавридҳои зиёде дар ин замина баҳс кардааст.
1. Мақоми табйин ва тафсири Қуръон
Нахустин мақоме, ки Худованди Мутаол ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ато фармудааст, ин аст, ки баёни Паёмбар дар бораи тафсир ва тафсили оятҳои Қуръон ҳуҷҷат аст ва ҳарчӣ гўяд мутобиқ бо воқеъ аст ва мардум вазифа доранд, қабул кунанд. Қуръони Карим дар ин замина мефармояд:
﴿وَ أنزَلنَا اإليکَ الذِّکرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزّلَ إليهم﴾
«Мо Қуръонро бар ту фуруд овардем то онро барои мардум баён кунӣ».[1]
Ин мақом барои Аҳли Байт (алайҳимус-салом) низ собит аст, зеро Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд:
إنِّی تَارِکٌ فِيکُمُ الثَّقَلَينِ کِتَابَ الله وَ عِترَتِی أهل بَيتِی.
«Ман дар байни шумо ду мероси гаронбаҳо ба амонат мениҳам: Китоби Худо ва Итратам».[2] Дар ин ҳадиси шариф, итрат, ҳамсатҳ ва ҳамсанги ҷудонопазири Қуръон муаррифӣ шудааст. Худи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар бораи ин матлаб таъкид фармуд:
لَن يَفتَرِقَا حتَّی يَرِدٰا عَلیَّ الحَوض.
«Қуръон ва итрат ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо намешаванд то он ҳангом ки дар ҷавори Кавсар؟ бар ман ворид шаванд»
Ин иттиҳод ва ҷудонопазирӣ байни Қуръон ва итрат, худ нишонаи исмати Аҳли Байт (алайҳимус-салом) дар тафсир ва тафсили Қуръон аст.
2. Мақоми вилоят[3] ва ҳокимият
Яке аз дигар мақомҳое, ки Худованди бузург ба Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ато фармудааст, мақоми вилоят ва ҳокимият бар уммат аст:
﴿إنَّمَا وَلِيّکُمُ اللهُ وَ رَسُولهُ وَالّذِينَ آمَنُوا الذين يُقِيمُونَ الصَّلاةَ و يُؤتُونَ الزَّکاة وَ هُم رَاکِعُون وَ مَن يَّتَوَلَّ اللهَ وَ رَسُولَهُ وَالذينَ آمَنُوا فَإنَّ حِزَب الله هُمُ الغَالبون﴾
«Валии амри шумо фақат Худо ва Расул ва мўъминоне ҳастанд, ки намозро барпо медоранд ва ба фақирон дар ҳоли рукўъ, закот медиҳанд ва касоне, ки вилоят ва фармонравоии Худо ва Расул ва аҳли имонро пазиранд (пирўзанд зеро, ки) лашкар ва ҳизби Худо ҳамеша пирўз ва ғолиб хоҳанд буд».[4]
Ин вилоят, вилоят дар итоати амр ва вилоят дар амру наҳй аст. Бинобар ин дар ояти дигаре мефармояд:
﴿أطِيعُوا اللهَ وَ أطِيعُوا الرَّسُولَ وَ أولی الأمرِ مِنکُم﴾
«Аз Худо итоат кунед ва аз Расул ва улул-амри худатон (сарпарасти тамоми корҳоятон) низ пайравӣ кунед».[5]
﴿الذِينَ آمَنُوا﴾ ки дар ду ояи пеш ишора шуд, ҳамин «улил-амр» аст, ки дар ин оят зикр шуд ва тибқи ривоёте, ки шиа ва суннӣ зикр кардаанд, манзур аз «улил-амр», имомони дувоздаҳгона ҳастанд. Дар бораи ﴿الذين يُقِيمُونَ الصَّلاة﴾ ғолиби ривоёт дар бораи шахси Амири Мўъминон Алӣ (алайҳис-салом) аст ва дар баъзе ривоятҳо низ ишора шудааст, ки имомони дигар низ дар ин ҷиҳат шарик ҳастанд.
Хулоса ин ки мақоми вилоят ва воҷиб будани итоати амре, ки Худо ба Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) иноят фармуд, барои Аҳли Байт (алайҳимус-салом) низ собит аст. Мумкин аст касе гўяд, ки ин мақом, лозимаи мақоми нубувват аст. Вақте паёмбар паёмеро аз тарафи Худо меоварад, бояд пазируфт ва итоат кард. Зеро ки ин паём амри ў нест; итоаташ ҳам итоати амри ў нест; балки итоати Худо аст. Дар инҷо бояд таваҷҷўҳ дошт, ки оят мегўяд:
﴿أطِيعُوا اللهَ وَ أطِيعُوا الرَّسُول﴾
«Худоро итоат кунед ва расулро итоат кунед...» паёме, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз тарафи Худо овардааст ва мо итоат мекунем, ҳамон итоати Худо аст; аммо ﴿أطيعوا الرسول﴾ «...Ва аз расули Худо итоат намоед...», ки бо як ﴿أطيعوا﴾ «...итоат намоед...» ҷудо шудааст, ғайр аз итоат аз насси ваҳйе аст, ки бар Паёмбар фуруд омадааст. Нақши Паёмбар дар ваҳй паёмоварӣ аст, аммо ﴿ اطيعوا الرسول﴾ «...ва аз Расул итоат кунед...» чизе зоид бар ﴿أطِيعُوا الله﴾ «...Худоро итоат кунед...» аст. Ин ҳамон вилояте аст, ки мардум дар корҳои иҷтимоӣ вазифа доранд аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) итоат кунанд.
Ҳама медонем, ки ҳеҷ зиндагии иҷтимоие бидуни вуҷуди як маркази фармондеҳӣ, ки дар мавриди ихтилоф суханаш таъсирнок бошад, устувор намешавад ва хоҳ-нохоҳ бар асари ихтилофҳое, ки дар ҷомеа падид меояд, пароканда мешавад. Бояд як мақом, мансаб ва ё як гурўҳе ин қудратро дошта бошанд, ки сухани охирро гўянд. Дар ҷое, ки ихтилофҳо байни мардум падид меояд ва роҳи ҳалле барои тавофуқ[6] нест, касе бояд бошад, ки сухани охирро бигўяд, вагарна ин зиндагии иҷтимоӣ устувор намемонад ва оқибат, мардум аз баракати зиндагии иҷтимоӣ маҳрум мешаванд ва кор ба даргирӣ ва бародаркушӣ мекашад. Ҷомеаи исломӣ ҳам барои устувории хеш ба пешвое ниёз дорад, ки фармони охирро содир кунад ва дар мавриди ихтилоф ҳарфи охирро занад ва итоати ў бар ҳама воҷиб бошад. Агар чунин чизе буд, метавонем ҷомеаи устувор ва пойдор дошта бошем. Аммо агар набуд, умеде ба бақои чунин ҷомеа нахоҳад монд. Ин аст, ки амри вилоят аз бузургтарин воҷибот аст. Ин ҳадисро ҳама шунидаанд, ки бинои Ислом бар панҷ чиз аст, ки муҳимтарини онҳо вилоят аст[7] ё фармуд:
Касе, ки имомашро нашиносад, яъне надонад аз кӣ бояд итоат кунад, агар дар ин ҳол бимирад, ба марги ҷоҳилият мурдааст.[8]
Шинохтани Имоми Аср (алайҳис-салом) ин нест, ки одам исмаш ва исми падару модарашро донад, балки ба ин маъно аст, ки ўро ба вилоят ва имомат шиносад. Ўро валии амр ва воҷибулитоат донад. Зеро агар надонад аз кӣ бояд итоат кунад, дар бозиҳои сиёсӣ ҳазм мешавад ва гум мешавад ва онгоҳ ҷомеаи исломӣ ба тафриқа ва парокандагӣ таҳдид хоҳад шуд.
Бар ин мақоми итоатгарӣ, исмҳои гуногунеро метавон гузошт. Исме, ки дар фарҳанги мо (Эрон) пас аз инқилоб, роиҷ шудааст, «вилоят» аст. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), мақоми вилояти амри мусулмононро дошт ва аз ин рў, итоаташ бар ҳамаи мусулмонҳо воҷиб буд. Ба ақидаи мо, ин мақом пас аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Амири Мўъминон (алайҳис-салом) мунтақил шуд. Ин ҳамон нуқтаи ифтироқи шиаён бо фирқаҳои дигари исломӣ аст. Мо эътиқод дорем, ки ин мақом аз тарафи Худои Мутаол ба Амири Мўъминон (алайҳис-салом) изофа шуд. Ҳамон гуна ки ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) изофа шуда буд. Ҳамон касе, ки гуфт:
﴿وَأَطِيعُوا الرَّسُول﴾
«...Ва итоат кунед расулро...», баъдаш фармуд:
﴿وَ أولی الأمرِ مِنکُم﴾
«...Ва аз улил-амри (яъне сарпарасти тамоми корҳои худатон) худатон...» ва намунаи равшани ﴿اولی الامر﴾ (улил-амр) чунон ки дар ҳадиси Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ ва ривоятҳои дигар омадааст, дувоздаҳ имоми маъсум (алайҳимус-салом) ҳастанд.
Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ мегўяд: Вақте Худованд ояти
﴿يَا أيَّهَا الذِينَ آمَنُوا أطِيعُوا الله وَ أطِيعُوالرَّسُول وَ أولی الأمرِ مِنکم﴾
«Эй онҳое, ки имон овардаед, аз Худованд итоат кунед ва аз Расул итоат кунед ва аз улил-амри худатон итоат кунед»-ро бар Паёмбари гиромиаш Муҳамад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нозил кард, ман аз ҳазрат пурсидам: Эй Расули Худо! Худо ва Расулашро шинохтам. Акнун улил-амрро ба мо шиносонед, ки Худои Таоло итоати онҳоро дўшодўши итоати Шумо қарор додааст?
Ҳазрат фармуд:
Эй Ҷобир! Онҳо ҷонишинони ман ва имомони мусулмонон паз аз мананд, ки аввалинашон Алӣ ибни Абутолиб ва сипас Ҳасан ва онгоҳ Ҳусейн ва баъд аз ў Алӣ ибни Ҳусейн ва онгоҳ Муҳамад ибни Алӣ, ки дар Таврот ба номи Боқир маъруф аст ва ту ўро ъоҳӣ дид, чун ўро дидӣ, аз ҷониби ман салом расон ва сипас Содиқ – Ҷаъфар ибни Муҳамад ва баъд аз ў Мусо ибни Ҷаъфар ва онгоҳ Алӣ ибни Мўсо ва баъд аз вай Муҳамад ибни Алӣ ва сипас Алӣ ибни Муҳамад ва онгоҳ Ҳасан ибни Алӣ ва дар охир ҳамноми ман Муҳамад аст, ки ҳам номаш номи ман аст ва ҳам кунияаш кунияи ман аст. Ў ҳуҷҷати Худо бар рўи замин ва ёдгори илоҳӣ байни бандагони Худо аст. Ў писари Ҳасан ибни Алӣ аст. Ўст он касе, ки Худои Мутаол номи худашро ба дасти ў дар машриқу мағриби олам мегустаронад ва ўст, ки аз пайравонаш ғайбат мекунад (яъне ғоиб мешавад); ғайбате, ки дар он бисёре аз ҳамроҳон, аз эътиқод ба имомати ў бармегарданд ва фақат касе бар эътиқод бар имомати ў устувор мемонад, ки Худои Таоло дилашро барои имон озмуда бошад.
Ҷобир мегўяд: Гуфтам: Эй Расули Худо, оё дар ҳоли ғайбаташ суде ба ҳоли пайравонаш хоҳад дошт?
Фармуданд: Оре, савганд ба он Худое, ки маро ба нубувват барангехтааст, шиаёнаш ба нури ў равшан мешаванд ва дар ғайбаташ аз вилояти ў баҳра мегиранд. Ҳамон гуна ки мардум аз офтоб баҳраманд мешаванд, ҳар чанд ки дар паси абрҳо бошад. Эй Ҷобир! Ин аз асрори илоҳӣ аст, ки дар хазинаи илми Худо пинҳон аст. Ту низ онро аз ғайри аҳлаш пинҳон дор ва ҷуз назди аҳлаш фош насоз.[9]
Ин ҳамон мақоми вилоят, имомат ва ҳокимият бар уммат аст, ки барои имомони дувоздаҳгонае, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба он тасреҳ фармуда, собит аст ва ончӣ дар ҷомеаи мо вилояти фақеҳ шинохта мешавад идомаи ҳамин мақом аст. Зеро худашон фармуданд, ки замони ғайбат, ба фақеҳи ҷомеушшароит руҷўъ кунед. Пас, вилояти фақеҳи ҷомеушшароит, ҷузъе аз вилояти маъсумон (алайҳимус-салом) аст. Мо дар замони ғайбати Имоми Замон (алайҳис-салом), вилоят ва сарпарастии фақеҳи ҷомеушшароитро ба воситаи ҳазрат, аз тарафи Худо медонем. Ҳамон тавре ки вилояти инсонҳое мисли Молики Аштар ва Муҳамад ибни Абўбакрро аз тарафи Худо медонем. Барои ин ки Амири Мўъминон (алайҳис-салом) онҳоро таъин намуда буд ва ҳазрат, худ низ аз тарафи Худо мансуб буд, онҳо низ мансуби бовосита аз тарафи Худои Таоло буданд. Ба ҳар ҳол мақоми вилоят ва ҳукумат, мақоми волотар аз мақоми нубувват ва рисолат аст; ба гунае ки бисёре аз анбиёи илоҳӣ мақоми нубувват доштанд, вале мақоми вилоят ва фармонравоӣ надоштанд. Бинобар насси оёт ва ривоёт, Худованд ин мақоми волоро ба Паёбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва аҳли байти исмат (алайҳимус-салом) ато фармудааст.
3. Мақоми қазоват (доварӣ)
Мақоми сеюме, ки Худованди бузург ғайр аз мақоми нубувват ва рисолат ба Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ато фармуд, мақоми қазоват, яъне доварӣ аст. Ҳар ҷомеае ба афроди амин ва мутмаин ниёз дорад то дар даргириҳои ҳуқуқӣ ё ҷазоӣ доварӣ кунанд. Амри қазо ғайр аз амре аст, ки валии амр содир мекунад. Дар ин хусус гоҳе қозӣ, қозии таҳким аст, яъне ду нафар тавофуқ мекунанд, ки ҳар чӣ фалонӣ гуфт, амал мекунем. Ин доварӣ ҳамеша корсоз нест, балки бояд зомини иҷроӣ низ дошта бошад. Мақоме, ки ба таври расмӣ аз тарафи Худоми Таоло итоаташ воҷиб шудааст, он қозие аст, ки ба амри Худо мустанад бошад. Дар ин бора оятҳои фаровоне фуруд омадааст:
﴿فَلا وَ رَبِّکَ لا يُومِنُونَ حَتَّی يُحَکِّمُوکَ فِيمَا شَجَرَ بَينَهُم ثمَّ لا يَجِدُوا فِي أنفُسِهِم حَرَجًا مِمَّا قَضَيتَ وَ يُسَلِّمُوا تَسلِيمًا﴾[10]
Ин оят бисёр кўбанда ва қотеъ аст ва бисёр ҷои тааммул дорад. Худованд бо таъкиди камназире ду маротиба мефармояд:
На, на, қасам ба Худои ту, ки ин мардум имон надоранд, магар ин ки дар масоили ихтилофиашон ба ту муроҷиат кунанд ва ҳар чиро ту доварӣ кардӣ, аз таҳи дил пазиранд ва ҳатто дар дилашон ҳам дар бораи доварии ту гилаву шикояте надошта бошанд.
Имони воқеӣ ин аст, ки дар бораи доварии қозии Ислом чунон таслим бошанд, ки дар дилашон ҳам эҳсоси нигаронӣ накунанд ва гўянд: Ҳарчӣ ҳукми Ислом аст, рўи чашму сар. Аммо агар касе ба қозии Ислом эътироз кунад, дар ҳоле ки қозӣ тибқи ҳукми Худо ва насси Қуръон ё ҳадиси мутавотир амал карда бошад, эътирози ў бо ин ояти Қуръон намесозад. Ин оят ба ин маъно аст, ки мусулмони воқеӣ бояд дар баробари ҳукми Ислом таслими маҳз бошад ва ҳатто дар дилаш ҳам эҳсоси тангӣ, торикӣ ва хафагӣ накунад, ки чаро чунин ҳукме барои мо содир шудааст. Агар сад фоиз бар зарарашон бошад ҳам, бо хотири хуш пазиранд, зеро ҳукми Худо аст ва бояд дар баробари он сари таслим фуруд овард.
Ин мақоми қазо, мақоми дигаре аст, ки Худованд бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ато фармудааст. Ин мақом барои Аҳли Байт (алайҳимус-салом) низ собит аст. Инҳо мақомҳои расмие аст, ки Худованд ба Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ато намудааст. Маҷмўаи мақомҳое, ки Худои бузург ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ато фармуда буд, ҳамааш ба Аҳли Байт (алайҳимус-салом) низ мунтақил мешавад, ғайр аз як чиз ва он ин ки онҳо «набӣ» ва «паёмбар» нестанд. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Амир-ал-мўъминин Алӣ (алайҳис-салом) хитоб намудааст:
أنتَ مِنِّی بِمَنزِلَة هَارُونَ مِن مُوسی إلا أنَّه لا نَبیَّ بَعدِی.
«Ту дар муқоиса бо ман, ба манзалаи Ҳорун ба Мўсо ҳастӣ, ғайр аз он ки пас аз ман, ҳеҷ паёмбари дигаре нест».
Мувофиқи ончӣ дар Наҳҷ-ул-балоға, дар хутбаи Қосиа омадааст, Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Амири Мўъминон (алайҳис-салом) фармуданд:
إنَّکَ تَسمَعُ مَا أسمَعُ وَ تَرَی مَا أرَی إلا أنَّکَ لَستَ بِنَبِیّ وَ لکِنَّکَ وَزِير.
«Ҳар ончи ман мешунавам, ту ҳам мешунавӣ ва ончи ман мебинам ту низ мебинӣ, вале ту паёмбар нестӣ».[11]
Амир-ал-мўъминин (алайҳис-салом) ваҳйро мешунид, вале ў мухотаб набуд, зеро фақат Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мухотаби ваҳй ва нубувват буданд.
4.Мақоми тазкия ва тарбият
Ғайр аз мақомҳои расмие, ки гуфта шуд, Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мақоми тазкия ва тарбияти ҷомеаро низ бар ўҳда дошт, ки пас аз он бузургвор ба Аҳли Байт (алайҳимус-салом) мунтақил шудааст:
﴿لَقَد مََّن الله عَلَی المُؤمِنِينَ إذ بَعَثَ فِيهِم رَسُولا مِن أنفُسِهِم يَتلوا عَلَيهِم آياتِه وَ يُزَکِّيهِم وَ يُعَلّمُهُمُ الکِتَابَ وَالحِکمَة وَإن کانُوا مِن قبل لفِی ظلالٍ مُّبِين﴾
«Худо бар аҳли имон миннат гузошт, ки расуле аз худашон дар байни онҳо барангехт, то оёти Худоро бар онҳо тиловат кунад ва нафсҳояшонро аз нақсу олоиш пок созад ва ба онҳо ҳақоиқи ҳикматро биомўзад, ҳар чанд пеш аз он, дар гумроҳии ошкоре буданд».[12]
Илова бар мақомҳое, ки барои Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Аҳли Байт (алайҳимус-салом) гуфтем, ду мақоми дигар, мақоми таълим ва тарбият низ аз аҳдофи беъсати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва аз вазифаҳои имомон ва ҷонишинони ҳазрат ва дар замони мо аз вазифаҳои Имоми Замон (алайҳис-салом) аст.
Тазкия ва тарбият ду мафҳуми наздик ба ҳам ҳастанд бо ин фарқ, ки бори маънавии мафҳуми тазкия бештараст. Тарбият, иборат аст аз фароҳам кардани замина барои ин ки истеъдодҳои як мавҷуд шукуфо шавад ва рушд кунад. Фароҳам сохтани замина барои рушду шукуфоии истеъдодҳои мавҷуд, тарбият мебошад. Боғбоне, ки бўттаи гулеро парвариш медиҳад, дар воқеъ шароитеро фароҳам мекунад, ки ин бута, гулҳои хушбўеро ба бор оварад. Об ва нуру ҳарорати лозимро барои бўттаи гул фароҳам меоварад то истеъдоди нуҳуфта дар он ба шукуфоӣ расад. Ин умурро тарбияти буттаи гул мегўянд. Вале гоҳе мураббӣ, ғайр аз ин ки заминаҳои беруниро фароҳам мекунад, тасарруфҳое ҳам анҷом медиҳад. Барои мисол боғбоне, ки мехоҳад дарахте мева диҳад, шоху баргҳои изофии онро мезанад. Фақат ин нест, ки ба он порую об диҳад. Аз байн бурдани монеаҳо ва шоху баргҳои зиёдӣ ва дур кардани ҳар ончӣ, ки барои рушди он зарар дорад, дар мафҳуми тазкия нуҳуфта аст. Бинобар ин тазкия фақат рушд додан ва оростан нест, балки пиростан низ ҳаст.
Дар бораи тарбият ва тазкияи инсон лозим аст нозуккориҳои хоссе риоят шавад, ки аз маҷмўаи ин нозуккориҳо ҷуз касе, ки инсонро офаридааст, ба таври комил огоҳ нест. Офаридгори инсон медонад, ки барои тарбияти инсон чӣ зарофатҳоеро бояд ба кор гирифт ва ўст, ки ба баргузидагонаш илҳом ва ваҳй мекунад, ки инсонҳоро чӣ гуна тарбият кунанд то ба рушди лоиқи худашон расанд. Албатта аз онҷо ки инсон дорои ихтиёр аст, ҳатто бо вуҷуди авзои иҷтимоӣ ва шароити муҳитии муносиб барои рушд метавонад бо ихтиёри худ аз онҳо стифодаи бад кунад, вале ба ҳар ҳол мураббӣ бояд заминаҳоро тавре фароҳам созад, ки агар тарбиятшаванда хоҳад бо ихтиёри худ ба рушд расад, имконияти он барояш фароҳам бошад.
Пешвопазирӣ, беҳтарин равиши тарбият
Дар ин ки барои тарбияти дуруст чанд унсур бояд риоят шавад, баҳсҳои зиёде анҷом шудааст, ки асоси он ба таълиму тарбият дахлдор аст. Аммо он чизе, ки ҳамаи олимони таълиму тарбият дар он иттифоқ доранд, ин аст, ки яке аз беҳтарин роҳкорҳои тарбият, нишон додани улгу (идеол, намуна)-и дуруст аст. Албатта чун сару кори мураббӣ бо инсони огоҳ аст, бояд матолибе ба ў гўяд то шинохт ёбад. Додани шинохт, нуқтаи иштирок дар таълиму тарбият аст. Ба мураббӣ лозим аст чизҳоеро ба шогирд биомўзад ва ин омўхтан навъе таълим ва мураббӣ дар ин ҷо, муаллим аст. Вале илова бар ин, корҳои дигаре низ анҷом медиҳад, ки он вазифаи муаллим нест. Мавъиза, насиҳат, ёдоварӣ вазифаи муаллим нест. Муаллим дарсашро меомўзад то шогирд ёд гирад, аммо ин ки дар ҳар мавриде шогирдро таваҷҷўҳ диҳад, ки ин ҷо ҷои иҷрои фалон матлаб аст, лағзишгоҳҳоро нишон диҳад, насиҳат ва панду андарз диҳад, инҳо аз ҷумлаи корҳои мураббӣ аст ва вазоифи муаллим шумурда намешавад. Албатта худи муаллим агар тавонад нақши мураббиро ҳам адо кунад, бисёр матлуб аст.
Мураббии хуб он аст, ки худаш фарди намуна бошад ва ончиро, ки мехоҳад дар шогирд ба вуҷуд оварад, худаш ба некўтарин сурат онро доро бошад ва илова бар худаш, мураббиён ва улгуҳоеро муаррифӣ кунад, ки рафтори онҳо барои шогирд сармашқ бошад.
Хеле чизҳо аст, ки одам дарсашро мехонад, китобашро баҳс мекунад ва дар имтиҳон ҳам баҳо мегирад, вале замони амал онро фаромўш мекунад, ё намедонад чӣ гуна бояд омўхтаҳои худро амалӣ кунад. Баъзе аз донистаниҳои инсон фақат зеҳниӣ ҳастанд, ки одам бояд дар зеҳни худ онҳоро дарк кунад ва бояд кўшиш кунад онҳоро фаромўш накунад, вале баъзе аз омўхтаҳо ба амал вобаста мешавад ва ба машқу тамрини амалӣ ниёз дорад.
Онҳое, ки мехоҳанд ронанда шаванд ҳар андоза қоидаҳои роҳнамоӣ ва ронандагиро хонанд, то замоне, ки савори мошин нашаванд ва тамрини ронандагӣ накунанд, ронанда намешаванд. Фақат донистаниҳо кофӣ нест, балки бояд дар амал тамрин кунанд. Маҳорати илмӣ бар хилофи донистаниҳои зеҳнӣ, ба тамрини амалӣ ҳам ниёз дорад. Яке аз корҳои мураббӣ ин аст, ки заминаҳоеро фароҳам кунад то шогирд тавонад дар амал, тамрину таҷриба кунад ва донистаҳояшро дар замони муносиб амалӣ кунад. Донистаҳо, қоидаҳои куллие ҳастанд, аммо мураббӣ бояд онҳоро дар шакли дастуруламалҳои ҷузъӣ дарорад ва дар амал нишон диҳад, ки имрўз бояд чӣ кор кунӣ ва чӣ гуна анҷом диҳӣ.
Инҳо хусусиятҳои тарбият ва сабаби бартарии тарбият бар таълим аст. Дар майдони тарбият, нақши улгу (идеол, намуна) аз ҳама чиз дар зиндагӣ таъсирноктар аст. Ин ки маъруф аст олимони ахлоқ супориш мекунанд барои худ устоди ахлоқ бигиред, фақат барои ин нест, ки шогирд дастуруламалеро аз устод ёд гирад, балки муошират бо устод, аҳамияти бештаре дорад то шогирд рафтори амалии устодро бинад ва тавонад аз он улгу ва дар амал сармашқ бигирад ва аз он истифода кунад. Ҳоло агар ин улгу нуқтаи заъфҳо ва хатоҳо дошта бошад, наметавонад нақши худро дар тарбият ба хубӣ адо намояд.
Аз миннатҳои бузурги Худованд бар инсонҳо ин аст, ки барои тарбияти онҳо бандагонеро офаридааст ва ба онҳо шиносонидааст, ки аз хато дуранд (маъсуманд) ва дар рафторашон ҳеҷ иштибоҳе нест. Чунин улгуе, улгуи матлуб аст. Вуҷуди мубораки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ҷойгоҳи хотамуланбиё ва комилтарини паёмбарон, яке аз бузургтарин неъматҳои Худованд барои инсонҳои рўи замин аст. Инсонеро аз ҷинси худи онҳо тавре офаридааст, ки дар тамоми ҳаракоту саканот ва рафторашон улгу бошад ва ҳеҷ иштибоҳе накунад. Мо эътиқод дорем, ки айни ҳамин нақш барои имомон ва ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) низ собит аст. Онҳо низ улгуҳои маъсум ҳастанд ва рафторашон қобили сармашқгирӣ аст.
Вақте пазируфтем, ки аз корҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва имомони маъсум (алайҳимус-салом) таълиму тазкия аст, беҳтарин роҳи истифода аз ин неъматҳои илоҳӣ, мушоҳидаи рафтори маъсумон ва усвапазирӣ аз эшон аст. Таъбири Қуръонии улгу ду калима «усва» ва «қудва» аст, албатта калимаи қудва дар Қуръон истифода нашудааст ва таъбири иқтидо зикр шудааст. Ояи шарифае дар Қуръон, теъдоде аз анбиёро ном мебарад ва баъд мефармояд:
﴿اولئِکَ الَّذِينَ هَدَی الله فَبِهُدٰاهُم اقتَدِه﴾[13]
«Ин паёмбаронро худамон ҳидоят кардем ва тарбияти онҳоро ба ўҳда гирифтем. Инҳо тарбиятшудагони мо ҳастанд, пас дар рафторатон ба онҳо иқтидо кунед ва аз онҳо улгу гиред».
Иқтидо сармашқ гирифтан аз дигарон аст. Ин ки дар намоз мегўем ба имоми ҳозир иқтидо мекунем. Яъне ҳар коре, ки ў анҷом медиҳад мо ҳам анҷом медиҳем. Таъбири дигаре, ки дар Қуръон ба кор рафтааст таъбири усва аст. Ин таъбир низ кам-кам дар фарҳанги исломии мо, хусусан пас аз инқилоб роиҷ шудааст. Тассӣ яъне иқтидо кардан ва улгу гирифтан аст. Инҳо таъбирҳое аст, ки дар Қуръон ба кор рафтааст. Таъбири умумие ҳам вуҷуд дорад ва он таъбири иттибоъ аст. Иттибоъ яъне аз пушти касе рафтан. Асли маънои он, по ҷои пои дигарӣ гузоштан ва аз таъбири усва ва иқтидо васеътар аст, ки ҳатто дар мавридҳои назарӣ, фикрӣ ва эътиқодӣ ба кор меравад.
Ҳақиқати тақлид ва усвапазирӣ
Дар достони ҳазрати Иброҳим (алайҳис-салом) омадааст, ки ба Озар фармуд:
﴿يَا أبتِ إنِّی قَد جَاءَنِی مِنَ العِلمِ مَا لَم يَأتِکَ فَاتَّبِعنِی أهدِکَ صِرٰاطًا سَويّا﴾[14]
Иброҳим навҷавони 15–16 сола буд ва мутобиқи ончӣ дар баъзе таърихҳо ва ривоёт омадааст, бо Озар, ки сарпарасташ буд бар сари масъалаи бутпарастӣ ва парастиши Худои ягона сўҳбат мекард. Пас аз ин ки дар баҳс Озарро шикаст дод ба ў гуфт: Эй падар, ба ман илмҳое додаанд, ки ба ту надодаанд. Пас сухани маро гўш кун то роҳи дуруст ва ҳамворро ба ту нишон диҳам ва туро ҳидоят кунам.
Манзури мо дар ин ҷо таъбири
﴿فَاتَّبِعنِی﴾
«...аз ман табаият кун...» аст. Вақте касе дониш ва тахассусе дорад, ки дигарон аз он маҳруманд, дархости ақли инсон ин аст, ки аз ў пайравӣ кунад ва сухани ўро гўш кунад. Ҳамаи мо, мувофиқи фитрати ақлонии хеш, инро дарк мекунем ва медонем, ки дар бисёре аз мавридҳо ба илми дигарон ниёз дорем. Ҷое, ки донистем касе дар риштае тахассус дорад, мутобиқи дархости ақлу фитрат ва бе ин ки касе ба мо таҳмил кунад, суроғи ў меравем ва аз ў меомўзем ва сухани ўро мепазирем. Кадом беморе аст, ки худаш ба таври фитрӣ (табиӣ) суроғи духтур наравад ва ба дастури духтур амал накунад?! Ин чизе аст, ки байни тамоми оқилони олам аз тамоми ақвом, нажодҳо, миллатҳо ва соҳибони адён ва мазҳабҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳеҷ қобили инкор нест. Роҳи дигаре ҳам надорад. Ҳар коре мутахассис дорад, ки инсон бояд аз тахассуси ў истифода кунад. Касоне, ки дастуроти диниашонро намедонанд, тибқи ҳамон ақли фитрии худашон суроғи касе мераванд, ки дар масоили динӣ тахассус дорад. Ин ҳамон тақлид аст. Ҳақиқати тақлид, муроҷиати шахси нодон ба олим аст. Яъне ин ки одам, назди олиме равад ё китоби ўро гирад ва ҳарчӣ ў мегўяд амал кунад. Ин як кори фитрӣ аст ва далели тааббудӣ намехоҳад; ҳарчанд дар ин бора ривоят ва иҷмоъ низ вуҷуд дорад. Агар касе ин корро накунад ва дучори хато шавад, тамоми оқилон ўро сарзаниш мекунанд ва ҳеҷ узре надорад. Мегўянд: Олим буд ва бояд мерафтӣ ва аз ў мепурсидӣ. Китобу рисолааш дар дастат буд, чарро ба он нигоҳ накардӣ?! Ин ҳамон пайравии амалӣ, иттибоъ, таассӣ ва иқтидо аст. Пас мавридҳоеро, ки одам худаш тахассус надорад ва намедонад, агар касоне бошанд, ки роҳро медонанд ва бо забони амал, ишора ва рафтори худ, роҳро нишон медиҳанд фитрати инсон талаб мекунад, ки аз онҳо пайравӣ кунад.
Дар Қуръони Карим ояте дар ин бора вуҷуд дорад, ки қобили таваҷҷўҳ аст ва дар ҳама маврид метавонад корсоз бошад. Мефармояд:
﴿أفَمَن يَّهدِی إلی الحَقِّ أحَقُّ أن يُّتَّبَع أمَّن لَّا يَهِدِّی إلا أن يُّهدَی فَمَا لَکُم کَيفَ تَحکُمُون﴾[15]
Ин оят, пурсишеро матраҳ мекунад ва мегўяд: ду нафар ҳастанд, ки яке худаш роҳро медонад ва ба дигарӣ ҳам нишон медиҳад, аммо нафари дигаре худаш роҳро намедонад ва бояд аз дигарон пурсад. Оё шумо вақте ҳақро меҷўед, суроғи касе, ки ҳақро мешиносад ва дигаронро ҳидоят мекунад, меравед ё касе, ки худаш ҳам намедонад ва аз паи касе мегардад, ки ўро роҳнамоӣ кунад? Суроғи кадомӣ меравед? Ба назари шумо кадом муқаддам аст? Қуръон савол мекунад:
﴿فَمَا لَکُم کَيفَ تَحکُمُون﴾
Шумо чӣ гуна доварӣ мекунед? Ақли шумо чӣ мегўяд?! Касе, ки худаш мегўяд: «Намедонам» ва гуфтору рафтораш нишон медиҳад, ки шакгаро аст ва чизе намедонад, оё чунин касе қобили пайравӣ аст?! Намунаи равшани он баъзе аз равшанфикрони имрўза ҳастанд, ки шакгароанд. Ифтихорашон ин аст, ки мегўянд: намедонем ва дар ҳама чиз шак дорем. Шумо мехоҳед аз паи касе равед, ки мегўяд ман дар ҳама чиз шак дорам ва ба шак доштани хеш ифтихор мекунад, то ў роҳро ба шумо нишон диҳад?! Ақли шумо чӣ гуна доварӣ мекунад? Оё беҳтар аст пайрави касе бошед, ки Худованд ўро ҳидоят карда ва роҳи дурустро медонад ва бар он далел дорад ё пайрави ин одами шаккок, ки худаш мегўяд намедонам?! Кўре биёяд ва асокаши кўри дигарӣ шавад!
Ба ҳар ҳол, мавридеро, ки инсон намедонад, бояд аз дигарон пурсад:
﴿فَاسئَلوا أهلَ الذِّکر إن کُنتُم لا تَعلَمُون﴾[16]
«Агар намедонед, аз онҳое, ки медонанд, бипурсед!
Агар роҳро намедонед суроғи касоне равед, ки роҳро мешиносанд. Агар гумроҳ ҳастед, аз паи касоне равед, ки Худо онҳоро ҳидоят кардааст ва ба ҳидояти ману шумо ниёз надоранд. Пас асли ин масъала уқалоӣ, балки ақлӣ ва ба як маъно фитрӣ аст.
Шубҳаангезӣ дар пайравӣ аз имомон ва марҷаъҳои динӣ
Мо бояд аз равиши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Аҳли Байт (алайҳимус-салом) тақлид ва иқтибос кунем; аммо шубҳаҳои шайтоние пайдо шудаст, ки «пайравӣ кардан дуруст нест ва ҳар кас бояд худаш тасмим гирад».
Бархе аз шубҳаафканон, иқтибос ва тақлид ва пайравӣ кардан аз дигаронро навъе арзиши манфӣ медонанд. Мегўянд: Бубин, ту худат ақл дорӣ, бин ақлат чӣ мегўяд! Чӣ кор дорӣ, ки дигарон чӣ мекунанд?! Гоҳе фақат дар масъалаи улгупазирӣ дар рафтор басанда намекунанд ва ин шубҳаро ба табаият дар гуфторҳо ва баёни динӣ низ сироят медиҳанд. Ин кор ба сурати ҳамоҳангӣ бо намояндаҳои истикбор ва душманони Ислом анҷом мегирад ва барои инсон шакке боқӣ намемонад, ки тарҳу нақшае барои аз байн бурдани дин дар миён аст. Ин аст, ки ба шаклҳои гуногун эҷоди шак мекунанд. Аввал, аз чизҳои соддатар оғоз мекунанд ва кам-кам онро ба масоили печидатар ва аслитар сироят медиҳанд, аз ин рў дар ин гуфтор ба чанд пурсиш дар ин бора мепардозем: 1. Ба чӣ далел бояд аз Имомони маъсум (алайҳимус-салом) ва марҷаъҳои динӣ тақлид кард? 2. Оё аз эшон дар ҳама ҷо ва ҳама чиз тақлид кунем?
Далели пайравӣ аз имомони маъсум
(алайҳимус-салом)
Ба чӣ далел бояд ба маъсумон иқтидо кунем?! Оё далели ақлӣ дар пайравӣ аз Аҳли Байт (алайҳимус-салом) вуҷуд дорад?
Мо эътиқод дорем: Пас аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), суханони Аҳли Байт (алайҳимус-салом) низ мисли каломи худи Паёмбар барои мо ҳуҷҷат аст. Ба ҳамон далеле, ки мегуфт аз тамоми суханон ва дастурҳои Паёмбар бояд итоат кунед. Қуръон аз як тараф мегўяд:
﴿مَا آتَاکُمُ الرَّسُول فَخُذُوهُ وَ مَا نَهَاکُم عَنهُ فَانتَهُوا﴾
«Ончиро Расули Худо бароятон овардааст, гиред ва иҷро кунед ва аз ончи наҳй кардааст, парҳез намоед».[17]
Ва аз тарафи дигар мефармояд:
﴿أطِيعُوا الله وَ أطِيعُوا الرَّسُول﴾[18]
Аз ин оят мефаҳмем, ки бояд аз каломи Паёмбар, агарчи матни Қуръон ҳам набошад, бояд итоат кард. Сипас мегўяд:
﴿وَ أولِی الأمرِ مِنکُم﴾
Ҳамон тавре ки каломи Паёмбар, ҳуҷҷат ва воҷибулитоат аст, улил-амр низ итоаташ воҷиб мешавад. Улил-амр чӣ касоне ҳастанд: ҳокимони замона? Дар ин бора аз худи Паёмбар пурсиданд. Он ҳазрат фармуд: Мақсад аз улил-амр имомони дувоздаҳгона ҳастанд ва номҳояшонро ҳам то имоми дувоздаҳум барои Ҷобир ва дигарон зикр кард. Пас ба эътиқоди мо мисдоқи улил-амрро худи Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) таин намудааст, ки ҳамон имомони дувоздаҳгона ҳастанд. Сухани онҳо ҳам, мисли сухани Паёмбар ҳуҷҷат (ҳуҷҷат) аст; пас тааббуд ба каломи онҳо ба чӣ далел аст? Далеле аст, ки саранҷом ба ҳукми ақл рафта мерасад. Яъне мегўем: Чаро итиоати ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) ва дигар имомони маъсум воҷиб аст? Посух ин аст, ки чун Паёмбар фармудааст. Чаро итоати Паёмбар воҷиб аст? Чун Худо ба итоати ў фармон додааст. Чаро итоати Худо лозим аст? Чунки ақл мегўяд, бинобар ин саранҷом пуштибони ҳамаи ин, ақл аст. Мо агар мегўем аз имомони дувоздаҳгона итоат кунед, ин сухан ба далели ақлӣ бино гузота шудааст. Аммо итоат аз дигарон фақат ба хотири ин ки мо хушамон меояд, ё бештари ҷомеа онро пазируфтаанд, чӣ далеле дорад?! Иттифоқи аксарият ё ҳамаи мардум дар замони анбиё, бар бутпарастӣ буд. Оё ин аксарият, назди Худованд эътиборе дошт? Агар мўътабар буд, Паёмбар чӣ ҳаққе дошт ба тавҳид даъват кунад? Беш аз 99 фоизи мардуми Арабистон бутпарастӣ мекарданд. Оё ин аксарият назди Худованд эътиборе дошт? Дар замони ҳазрати Иброҳим ғайр аз ў ҳама бутпараст буданд. Ў ба танҳоӣ табареро бардошт ва бутҳоро шикаст. Чӣ ҳаққе дошт ин корро кунад? Чаро аз аксарият пайравӣ накард? Сабаб ин аст, ки аксарият худ ба худ ҳеҷ эътиборе надорад.
Шубҳаангезӣ дар тақлидро он қадар густариш додаанд, ки ғайр аз тақлид дар рафтор, тақлид дар оро ва ақида ва фатворо ҳам шомил шудааст ва ҳатто ба амалҳои тааббудӣ[19] расидааст, ки тааббуд намудан аз сухани Паёмбар, навъе тақлид аст. Шумо чаро ба сухани Паёмбар тааббуд доред?! Чаро ба ақлатон амал намекунед?! Ҷавоби ин шубҳа ин аст, ки агар ақл дар воқеъ доварии қатъӣ дошта бошад, ҳеҷ вақт бар хилофи ҳукми Паёмбар нест. Дар мавриде ба табаият (пайравӣ) аз ҳукми Паёмбар маҷбур ҳастем, ки ақл роҳе надорад:
﴿وَ يُعَلّمُکم مَا لَم تَکُونُوا تَعلَمُون﴾[20]
«Паёмбари Худо, чизҳоеро ба шумо меомўзад, ки худатон наметавонед он чизҳоро бифаҳмед». Инҷо аст, ки бояд тааббуд намуд. Аммо ин тааббуд бемантиқ ва беҳуда нест, балки тааббуде аст, ки пуштибонии ақлӣ ва мантиқӣ дорад.
Шеваи усвапазирӣ аз сираи[21] имомони маъсум дар замони ғайбат
Акнун дар замони ғайбат ҳастем, ки силсилаи анбиё поён ёфта ва дигар паёмбаре нахоҳад омад ва ҳатто имомони маъсум ҳам дар дастрас нестанд ва имоми дувоздаҳум (алайҳис-салом) низ дар пардаи ғайбат аст. Дар ин вазъият чӣ гуна аз онҳо улгу гирем ва аз онҳо пайравӣ кунем? Дар ин ҷо ду савол матраҳ мешавад: 1. Вақте мо намуна ва улгуро намебинем, чӣ гуна аз ў пайравӣ кунем? 2. Оё рафторе, ки дар замони имомон анҷом гирифтааст, барои ин замон низ метавонад мавриди истифода қарор гирад? Дар бораи пурсиши аввал бояд гуфт: Таассӣ (пайравӣ ва иқтидо) ба таври бевосита муяссар нест, аммо бовосита имкон дорад. Монанди ин ки инсон шахсеро бевосита набинад, вале тасвири ўро бовосита дар телевизион мушоҳида кунад ва ё филми ўро бинад. Вақте мо ба таври комил тавонем филми имомонро аз хилол (асно, байн)-и оёт, ривоёт ва таърих шакл диҳем, мартабаи поинтаре барои мо ҳосил мешавад. Гўё касеро дидаем, ки акнун ҳузур надорад, вале чигунагии рафтори ў дар ҳофизаи мо ҳаст ва аз ҳофиза кўмак мегирем то ҷои холии ўро пур кунем.
Пурсиши муҳимтар ин аст, ки тақлид ба вазъи замонӣ ва маконии улгу бастагӣ дорад. Баъзе чизҳоро дар замоне мешавад амал кард, аммо дар замони дигар имкони амал надорад. Зеро бо он замон ҳазору чанд сад сол фосила шудааст, тақлид аз онҳо аслан муяссар нест ва имрўз имкони амал надорад. Фарз кунед, он замон асп савор мешуданд ва бо шамшер меҷангиданд. Ҳоло агар пайравӣ кунем бояд аспсаворӣ кунем ва бо шамшер биҷангем ва ин имкон надорад.
Касоне шубҳаҳоеро паҳн мекунанд, ки гоҳе мумкин аст аз рўи ғафлат ва нодонӣ ва гоҳе аз рўи шайтанат бошад. Мо гумон бар сиҳҳат будани амали онҳо мекунем ва мегўем: Ин шубҳаҳо ҳама аз рўи нодонӣ аст ва аз рўи қасду ғарази бад нест. Шубҳа эҷод мекунанд, ки чӣ тавр метавон аз ҳазрати Фотимаи Заҳро улгу гирифт?! Он шеваи зиндагӣ, махсуси 1400 сол пеш буд ва дар замони мо аслан имкони амал надорад. Зиндагии ҳамаи имомон низ барои замони хос ва вазъияти иқлимӣ ва ҷуғрофиёии хоссе буд. Дар ин замон, вазъ тағйир карда ва он равиши зиндагонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили тақлид ва пайравӣ нест. Пас ин парвандаро бояд баст.
Дар посух ба ин пурсиш бояд гуфт: Қуръони Карим мефармояд:
﴿لَقَد کَانَ لَکُم فِی رَسُول الله أسوةٌ حَسَنَة﴾
«Ва дар сираи Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некўе вуҷуд дорад».[22]
Бо фарзи ин ки мо мефаҳмем, ки ин оят сармашқ будани Расулуллоҳ дар ҳамаи корҳоро нишон медиҳад, бинобар ин бояд дар ҳамаи корҳоямон аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пайравӣ кунем ва агар аз оят ҳам намефаҳмидем, аз ривоятҳои мутавотире, ки дар ин замина вуҷуд дорад, метавонем ин маъноро фаҳмем, ки бояд аз Аҳли Байт (алайҳимус-салом) пайравӣ кунем.
Ҳоло дар чӣ чизҳое бояд пайравӣ кард? Посухи ин пурсиш мухтасаран ин аст, ки дар чанд замина ниёз дорем пайравӣ, табаият ва тақлид кунем. Яке дар заминаи боварҳо ва ақоид аст, зеро ҳатто баъзе эътиқодҳои зарурия низ миқдоре ҷанбаи тақлидӣ дорад. Баъзе аз масоили эътиқодӣ мисли асли Худо ва тавҳид ва нубувват ва асли маодро бо бурҳони ақлӣ исбот мекунем ва ба тааббуд ниёз надорад, вале ба баъзе масоил бояд эътиқод дошта бошем; дар ҳоле ки ақламон тавони дарки онҳоро надорад; барои мисол, агар инсон андеша кунад, то далеле биёрад бар ин ки вақте одамро ба қабр гузоштанд, аз ў савол хоҳанд кард ё на, ақл дар ин ҷо ба чизе намерасад. Инҷо ягона роҳаш ин аст, ки нигоҳ кунем маъсумин чӣ гуфтаанд ва онро тасдиқ кунем. Ин ҷо сухан аз фарогирии илм аз маъсум аст.
Ба ҳар ҳол, Худо бар мо миннат ниҳод ва сарчашмаи зулоли суханон ва рафтори маъсумонро дар ин ҷо қарор додааст. Пас, бахши аввал боварҳое аст, ки мо бояд аз онҳо пайравӣ кунем ва мавқеияти замонӣ ва маконӣ ҳам бар он таъсире надорад. Ҳазор сол пештар Худо якто буд ва баъд аз ҳазор соли дигар ҳам якто хоҳад монд. Эътиқодоти дигар ҳам ҳамин тавр аст. Ҳар чизе ки далели маҳками ақлӣ ё нақлӣ дорад, собит аст ва вазъияти замонӣ тағйире дар он эҷод намекунад. Аммо ихтилофҳо дар бораи арзишҳо бештар аст. Назари мо ин аст, ки арзишҳои куллии ахлоқӣ собитанд ва дар ҳеҷ замоне фарқ намекунанд. Зулм ҳамеша бад ва адолат ҳамеша хуб аст ва чизҳое аз ин қабил. Бале, баъзе аз рафторҳои ахлоқӣ дар мавқеиятҳои гуногун фарқ мекунанд, вале инҳо ҳам шароите доранд. Барои мисол фарз кунед ҳама мегўянд: рост гуфтан хуб аст; аммо дар баъзе ҷоҳо рост гуфтан бад аст. Агар рост гуфтан сабаби қатли инсони поке шавад, набояд рост гуфт. Дурўғгўӣ бад аст; аммо агар сабаби наҷоти ҷони паёмбаре шавад онҷо бояд дурўғ гуфт ва воҷиб аст. Пас ин арзишҳо каму беш тағйирёбандаанд. Аммо тағйираш беҳисоб нест. Ба сабаби замон нест, ки тағйир мекунад. Агар ин арзишҳои мутағаййирро ҳам бо милокҳояш дар назар гирем, боз чизҳои собите хоҳанд буд. Бинобар ин, ба таври куллӣ боварҳо ва арзишҳоеро, ки ақли мо ба онҳо намерасад бояд аз ваҳй ва ҳомилон ва мубаллиғони ваҳй гирем. Фарз кунед, ки мо медонем амният бояд дар ҷомеа барқарор шавад. Аммо ин ки дар ҳар вазъе чӣ гуна бояд амниятро эҷод кард, ин дастгоҳи амниятӣ чӣ гуна бояд идора шавад, харҷаш аз куҷо таъмин шавад, кадом шахс раиси онро таин кунад, кадом шахс омўзиш диҳад ва садҳо саволи дигар, ки ба амният марбут аст, дар маҳдудаи равишҳо матраҳ мешавад. Ҳифзи амнияти ҷомеа, арзиши қатъӣ аст, ки бояд ба он расид, аммо аз чӣ роҳе бояд ба он расем? Ба таври қатъӣ дар замони имомон, нерўи интизомӣ ба шакли имрўзӣ вуҷуд надошт. Оё бо иваз шудани вазъи зиндагӣ, бояд сохторҳои нав бунёнгузорӣ шавад? Бештари масоили ҳукуматӣ аз ин қабил аст. Оё бояд гўем чун Амиралмўъминин (алайҳис-салом) ҳеҷ вақт артиш ва нерўи интизомӣ надошт, мо ҳам набояд дошта бошем? Агар хоҳем ҳукумати исломӣ дошта бошем, бояд вазоратхонаҳоро аз байн барем? Оё маънои пайравӣ дар ин аст? Ин мушкилтарин савол аст.
Як бахши ин масъала ба масоили фиқҳӣ ва назарии тақлид дар фиқҳ марбут мешавад, ки чӣ чизе ҳалол ва чӣ ҳаром аст. Чӣ воҷиб ва чӣ мубоҳ аст. Аммо бахши дуввуми ин масъала, ҷанбаи муҳимми дигаре аст, хусусан он ҷо ки пои баъзе аз масоили тахассусӣ - иҷтимоӣ пеш меояд. Ба таври мисол, дар масоили сиёсати байналмилилӣ бо кишварҳои дигар, чӣ гуна робита дошта бошем? Масалан ҳамин масъалаи Фаластин, ки имрўз дар ҷомеаи мо (Эрон) матраҳ аст. Як идда мусалмон, таҳти сахттарин шиканҷаҳо аз сўи кофирон ва яҳудиён зиндагӣ мекунанд, ки тамоми ҳастии худро барои ҳифзи ҳувияти исломиашон дар табақи ихлос гузоштаанд. Намунаҳояшро дар филмҳои телевизионӣ тамошо кардаед. Пиру ҷавон ва духтару писар ва кўдак, аз ҳеҷ чиз барои ҳифзи асолати исломии хеш, дареғ намедоранд. Дар ин вазъият, мо дар ҷойгоҳи кишвари мусулмон бояд чӣ кунем? Нерў ва сарбоз фиристем? Аслиҳа фиристем? Пул фиристем ё бояд ба гунаи дигаре рафтор кунем? Ин гуна масъалаҳо содда нест то тавонем бар асоси як ривоят ё як рафтори хос, посухи равшане барои онҳо ёбем. Ин ҷо ба ду навъ кори илмӣ - тахассусӣ ниёз аст: якум ба масоили фиқҳӣ марбут аст ва дуввум навбат ба ташхиси мавзўот мерасад. Шинохти мавзўот кори тахассусӣ аст. Фақеҳ ҳам метавонад сиёсатмадор бошад, аммо ҳар фақеҳе сиёсатмадор нест. Шинохти мавзўъҳои сиёсӣ бар ўҳдаи фақеҳе аст, ки дар масоили сиёсӣ низ тахассус дорад. Оё ин ҷо ҳам бояд тақлид кард? Вазифаи худро дар мавриди масъалаи Фаластин аз кӣ бояд пурсем? Оё дар китобҳои фиқҳӣ гуфта шудааст, ки дар мавриди масъалаи Фаластин кадом мавқеиятро гирем? На. Оё агар фақеҳе бо камоли диққат масоили куллии фиқҳиро ҳал карда бошад, метавонад вазифаи моро дуруст равшан кунад?! Ў аҳкоми куллиро ба даст меоварад.
Имом Хумайнӣ (р) ва оятуллоҳ Хоманаӣ дорои ду мақом ҳастанд: ҳам фақоҳат ва ҳам сиёсат. Эшон дар амал собит кардаанд, ки ҳам фақеҳ ва ҳам сиёсатмадоранд. Акнун дунё медонад пирамарде, ки шаст сол бо фиқҳ сару кор дошт, сиёсатмадорони ҷаҳонро ба зону даровард. Вақте Имом Хумайнӣ дар Ҳусайнияи Ҷаморон чаҳор калима сухан мегуфт, раиси ҷумҳури Амрико барномаашро таътил мекард ва ба суханронии эшон гўш медод то бинад Имом чӣ мегўяд. худашон мегуфтанд, мо наметавонем пешбинӣ кунем, ки ин пирамард фардо чӣ хоҳад гуфт. Ин ду маҳорат ва ду тахассус аст, аммо ҳар фақеҳе ин гуна нест.
Ба баракати вилояти фақеҳ, мо имрўз метавонем аз имомони маъсум (бо восита) пайравӣ кунем. Дар даврони ғайбат, рафтори валии фақеҳ барои мо ҳукми рафтори имоми маъсумро дорад, вале ин рафтор худ дорои ду бахш аст: дар масоили фиқҳӣ, фақат фақеҳ будан шарт аст, аммо дар масоиле, ки шинохти мавзўъ ба тахассус эҳтиёҷ дорад, фақеҳ илова бар фақеҳ будан ва адолату тақвое, ки дорад, дар он масоил бояд мудирият ва тахассуси лозимро ҳам дошта бошад то битавон аз ў тақлид кард.
Бинобар ин, дар чигунагии пайравӣ бояд ин аслро дар назар гирем, ки баъзе аз мавридҳо ба андозае равшан аст, ки ба иҷтиҳод ниёз надорад ва ҳар кас онро бинад ва дарк кунад, метавонад дар ҳама ҷо он равишро тақлид кунад. Ба иборати дигар, он рафтор, қайди замонӣ ва маконӣ ё қайди дигаре надорад. Дар ин маврид ҳар кас он рафторро бинад метавонад аз он иқтибос гирад ва дар ҳама ҷо онро иҷро кунад. Аммо дар баъзе маворид ба иҷтиҳод ниёз дорад. Аз Аҳли Байт (алайҳимус-салом) дар бораи намозу рўза ва дар бораи аҳкоми шаръ ривоятҳо расидааст. Баъзе афроди каҷсалиқа мегўянд: чаро рисолаи амалия менависед? Ривояти Паёмбарро дар ихтиёри мардум қарор диҳед то худашон ба он амал кунанд! Ғофил аз ин ки ҳар ривоятро бояд аз назари санад, ҳайсияти судур, итлоқу тақйид, ому хос ва мавридҳои дигар санҷид. Гоҳе як ривоят ривояти дигарро тахсис мезанад, гоҳе ривояте норавшан аст ва ба ривояти дигаре равшан мешавад. Гоҳе байни ривоятҳо таоруз пайдо мешавад. Дар ин мавридҳо бояд ба касоне муроҷиат кард, ки фақеҳ бошанд ва дар ин бора тахассус дошта бошанд ва тавонанд иҷтиҳод кунанд. Иҷтиҳод барои ин аст, ки дар фаҳми ривоят, шубҳае пеш меояд ва равшан нест, ки манзури Паёбар чист. Баъзе ривоятҳои Аҳли Байт (алайҳимус-салом) равшан аст ва ба иҷтиҳод ниёз надорад. Аммо мавридҳое ҳаст, ки ба иҷтиҳод ниёз дорад ва шинохти он кори фақеҳ аст.
Бинобар ин, ҳамон тавре ки истифода аз гуфторҳои Аҳли Байт (алайҳимус-салом) дар бисёре аз маворид, ниёз ба иҷтиҳод дорад, дар мавориде усвапазирӣ аз рафторҳои онҳо низ ба иҷтиҳод ниёзманд аст. Фақеҳи исломшинос бояд муаррифӣ кунад, ки шумо дар чӣ шароите бояд аз он рафтор пайравӣ кунед.
Далели пайравӣ аз олимон ва мароҷеъ дар замони ғайбат
Дар замони ғайбат, ки Пайғамбар ва Имом дар дастрасамон нест, чӣ вазифае дорем? Вазифаи мардумро дар замони ғайбат, тақлид намудан аз олимон ва мароҷеи динӣ донистаанд. Он бурҳони ақлӣ, ки мегуфт бояд аз анбиё пайравӣ кард, ин ҷо ба кор намеояд. Зеро онҳо анбиёи маъсум буданд ва яқин доштем, ки хато намекунанд. Аммо марҷаи тақлид, ки маъсум нест. Ин ки оқилон чунин асосе доранд, боз ҳам пуштибонии ақлӣ дорад. Ин, ҳамон руҷўъ ба олим аст. Мумкин аст ин олим дар баъзе мавридҳо иштибоҳ кунад, вале бинои ақлӣ бар ин аст, ки дар ин ҷо табаият кунанд. Табаият аз қавли касе, ки мутахассис аст ва бештари мавридҳоро хубтар медонад.
Ҳеҷ ҷомеаи инсонӣ роҳи беҳтар аз ин намеёбад. Дар ҳама ҷо, бемор суроғи духтур меравад. Дар ҳар ҷое назар хоҳанд, суроғи мутахассис мераванд. Агар хоҳанд нархи хонаро таин кунанд, суроғи меъмор мераванд. Хоҳанд сохтмон созанд, ба суроғи муҳандис мераванд. Ин равиш, уқалоӣ аст ва роҳи дигаре ҳам надорад. Вақте ки масоили диниашонро надонанд, ба суроғи мутахассиси ин кор, яъне фақеҳ мераванд. Ҳоло агар эҳтимол диҳем, ки ин шахс ҳафтод фоиз мефаҳмад, як шахси дигар ҳаштод фоиз ва дигарӣ навад фоиз шумо ба суроғи кадом яке меравед? Ақли шумо чӣ мегўяд ва равиши уқалоӣ чист? Посух ин аст, ки чун одам дунболи ҳақиқат меравад, ҳар ҷо эҳтимоли расидан ба воқеъ бошад, онро интихоб мекунад. Ин аст, ки муроҷиат намудан ба аълам (донотарин), худаш бинои уқалоӣ аст. Ин ки мегўем дар фиқҳ бояд ба фақеҳе муроҷиат кард, ки аълам бошад, фақат ба хотири тааббуд нест, балки равиши оқилон ҳамин аст. Пас мо ҳатто дар тақлид аз олим ва муҷтаҳид ҳам ба ҳаваси худамон амал намекунем.
Иддае имрўз мегўянд: бояд аз афкори ҷаҳонӣ ва фарҳанги ғарбӣ пайравӣ кунем, чаро ки онҳо саноати пешрафтае доранд. Ин сухан мисли ин аст, ки гўем бояд аз Фиръавн пайравӣ кунем. Барои ин ки пирамидаҳои бузургеро сохтааст ва саноату илми болое дорад! Бани Исроил мегуфтанд: Бояд аз Фиръавн пайравӣ кунем, зеро сарвати калон дорад, вале Мўсо ҳатто як дастбанди тилло ҳам надорад! Дороии ў фақат як чўбдасте аст. Чунин тақлиде кўдакона ва бемантиқ аст. Оё ин ки касе сарват дорад, далел мешавад, ки аз ў тақлид кунанд?! Сирфи ин ки улуми моддии пешрафта доранд, далел мешавад, ки маънавиёт ва маслиҳати инсонро бештар донанд ва қонуни беҳтареро метавонанд таин кунанд?!
Бале, агар хостед ҳавопаймоятонро таъмир кунед, ба онҳо диҳед онҳо таъмир кунанд, чунки онҳо пешрафтатаранд. Агар силоҳе харидан хостед, аз онҳое бояд харед, ки пешрафтатаранд ва силоҳи беҳтар истеҳсол мекунанд. Аммо ин ки қонуни онҳо аз қонуни Ислом беҳтар аст, чунин тақлиде шоиста нест. Барои ин ки далели ақлӣ надорад ва мўътабар нест. Шумо, ки бахотири дунёи зудгузару фиребанда мехоҳед аз ғарбиҳо тақлид кунед, ин тақлид аҳмақона аст. Бинед кори Амрикоиҳо ба куҷо расидааст ва ин мантиқи демократӣ ва ҳуқуқи башарӣ, ки аз он дам мезананд, худашонро ба куҷо расондааст?! Раиси ҷуҳурашон бо тақаллуб дар чанд овоз ва фақат ба хотири ин ки чаҳор ҳуқуқшинос дар муқобили се ҳуқуқшиноси дигар, аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ҳастанд, баранда мешавад. Ҳама гуфтанд, ки дар интихобот тақаллуб карданд. Саранҷом ба додгоҳ дода шуд ва дар онҷо чаҳор ҳуқуқшинос аз Ҳизби Ҷуҳурихоҳ буданд, ки ба ҳамҳизби худашон овоз доданд! Эътибори ҳукумати Амрико ба ин аст. Ҳоло дар муқобил, агар гуфта шавад: Касе эътибораш ба ин аст, ки амалаш аз ҳама бештар аст, чизе барои худаш намехоҳад ва зиндагиаш ба анбиё ва авлиёи Худо наздиктар аст, оё ин милоки бартарӣ нест? Бо ин ҳуқуқи башаре, ки аз он дам мезананд, бинед бо мардуми Фаластин чӣ кардаанд, ки ҳатто аврупоиҳо ҳам аз ин ҳама дилсангӣ ва хунрезӣ ба сутўҳ омадаанд ва худи мардуми Амрико ҳам зидди давлаташон эътироз мекунанд, ки обрўи моро бурдед. Мардуми Амрико хиҷолат мекашанд гўянд мо амрикоӣ ҳастем. Он вақт мо аз инҳо пайравӣ кунем?! Бубин тафовут аз куҷост то ба куҷо. Оё тақлид аз анбиё ва авлиё ва касоне, ки ба онҳо шабеҳтар ҳастанд ва нуқтаи торике дар дар зиндагиашон вуҷуд надорад, беҳтар аст ё пайравӣ аз касоне, ки сар то по ба касофат олуда ҳастанд ва олудагиҳои ҷинсӣ, дуздии моликияти давлатӣ ва моли мардум, тақаллуб дар интихобот ва ҳазор олудагии дигар доранд? Магар раиси ҷумҳури собиқи Амрико, парвандаи фасоди ҷинсӣ надошт? Магар раиси ҷумҳури феълӣ парвандаи ихтилос (дуздии моликияти давлатӣ) дар ширкатҳо ва ғайра надорад? Мо аз инҳо пайравӣ кунем, он вақт гўем ин демократия, ҷойгузин надорад? Чӣ далеле беҳтар аз ҳукумати вилояти фақеҳ? Оё ин демократияи ғарбӣ бо ҳукумати вилоӣ қобили муқоиса ҳаст? Оё дар зиндагии Имом Хумайнӣ (р) ва имрўз дар зиндагии ҷонишини солеҳаш, ҳатто як нуқтаи сиёҳи сиёсӣ ё ахлоқӣ вуҷуд дорад?! Он вақт гўем ҳукумати онҳо барои худаш ҷойгузин надорад!
﴿ألَم تَرَ إلَی الَّذِينَ بَدَّلُوا نِعمَةَ الله کفرًا وَ احلّوا قومَهُم دَارَ البَوَار﴾[23]
«Оё надидӣ касонеро, ки неъмати Худоро куфрон карданд ва қавми Худоро ба сарои нестӣ ва нобудӣ кашонданд».
Ин куфрони неъмати Худо аст, ки орзу кунем, ки ҳукумати вилояти фақеҳ барчида шавад ва ба ҷояш ҳамон демократияи ғарбӣ биёяд. Агар қадри неъмати Худо ва ин раҳбарони пок ва покдоманро надонем, он вақт бояд дар интизори касоне амсоли раҳбарони олудаи Амрико ва Аврупо бошем.
[1] Сураи Наҳл - 44.
[2] Қундузии Ҳанафӣ, «Янобиъ-ул-маваддаҳ»; Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ, «Саҳеҳи Тирмизӣ».
[3] Вилоят: сарпарастӣ, соҳибихтиёрӣ.
[4] Сураи Моида – 55 ва 56.
[5] Сураи Нисо - 59.
[6] Тавофуқ: созиш, муқофиқат.
[7] Имом Козим (а) мефармояд:
عن ابن جعفر (ع): « بُنِیَ الإسلام عَلَی خَمسٍ: ألوِلايَة والصلاة والزکاة وَالصَّوم وَالحجّ وَلَم يُنَاد بشیء مَا نُودِیَ بِالوِلايَة يوم الغدير».
[8] Аз ҷумлаи ҳадисҳои мутавотири набавӣ, ки ҳам суннӣ ва ҳам шиа онро нақл кардаанд: «مَن مَاتَ وَ لَم يَعرف إمام زمانه مات ميتة جاهلية»
[9] Аллома Таботабоӣ, Тафсири Алмизон зайли ояти 59-и сураи Нисо.
[10] Сураи Нисо - 65.
[11] а) Биҳор-ул-анвор, ҷ14, саҳ.476; б) «Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға», Ибни Абилҳадид, ҷ.13, саҳ.198.
[12] Оли Имрон -164.
[13] Сураи Анъом - 90.
[14] Сураи Марям - 43.
[15] Сураи Юнус - 35.
[16] Сураи Наҳл - 43.
[17] Сураи Ҳашр - 7.
[18] Сураи Нисо - 59.
[19] Амалҳои тааббудӣ: амалҳо ва корҳое, ки баяд бе чуну чаро анҷом дода шаванд, монанди 4-ракъат будани намози аср ва ғ. Бештари аҳкомҳои шаръӣ, амалҳои тааббудӣ ҳастанд.
[20] Сураи Бақара - 151.
[21] Кирдору рафтору гуфтори як шахсро «сира» гўянд.
[22] Сураи Аҳзоб - 21.
[23] Сураи Иброҳим 28.