back page

МАНШУРИ МУҲАББАТ ВА ВА МАЪРИФАТ - 3

next page

 

·      Неъмати вуҷуди Имоми Замон (алайҳис-салом)  ва нотавонӣ аз шукри он

·      Нотавонӣ аз маърифати Имоми Замон (алайҳис-салом)

·       Маърифатҳои инҳирофӣ дар бораи Имоми Замон (алайҳис-салом)

·      Қудратҳои шайтонӣ ва шинохти он

·      Имом Содиқ (алайҳис-салом) ва муқобила бо қудрати муртоз

·      Бениҳоятии маърифат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

·      Роҳи афзунсозии маърифат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

·      Зоҳир сохтани осори муҳаббати ҳазрат дар амал

·      Эҳтиром ба осори мансуб ба ҳазрат

·      Эҳтиром ба либоси руҳониён

·      Эҳтиром ба ривоёт ва китобҳои ривоӣ

·       Хузўъ ва афтодагӣ дар остони Имоми Замон (алайҳис-салом)


Неъмати вуҷуди Имоми Замон (алайҳис-салом)  ва нотавонӣ аз шукри он

 

Худованди Таоло неъматҳои бузургеро барои мо ато фармудааст, ки яке аз онҳо, неъмати муҳаббати Аҳли Байт (алайҳимус-салом) аст ва пас аз шинохт ба маърифати Худованд, болотарин неъмате аст, ки  Худои бузург ба инсонҳо марҳамат мефармояд. Арзиши ҳар неъматеро касе беҳтар медонад, ки аҳамияти онро беҳтар дарк карда бошад. Ҳар қадар маърифат, шинохт ва огоҳии инсон бештар бошад, қадри неъматҳои Худоро бештар медонад ва бо истифодаи беҳтар аз онҳо, шукри онро беҳтар ба ҷой меоварад. Ҳангоме ки маърифати инсон ба Худо заиф бошад, дар қадрдонӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои ў низ заиф амал мекунад.

Неъмати вуҷуди ҳазрати Валии Аср (алайҳис-салом)  барои ҳамаи мусулмонон исботшуда ва қатъӣ аст. Он тавр ки бузургони Аҳли Суннат эътироф кардаанд, ривоёт дар бораи вуҷуди ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом)  дар манобеи Аҳли Суннат ҳам аз ҳадди тавотур болотар аст.[1] Ба ҷуз афроди мунҳарифе, ки бар асари инҳирофҳои фикрӣ ва ақидатӣ, вуҷуди Валии Асрро намепазиранд, бақияи аҳли тасаннун, ки бештари мусулмонони ҷаҳонро ташкил медиҳанд, вуҷуди муқаддаси он бузургворро қабул доранд. Нуқтаи иштирок байни мо ва бародарони Аҳли Суннат ин аст, ки ҳар ду қабул дорем, ки дар даврони охируззамон бузургмарде аз насли Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) зуҳур хоҳад кард, ки заминро пас аз он ки аз зулму ҷавр пур шудааст, аз адлу дод пур хоҳад кард.

 

Нотавонӣ аз маърифати Имоми Замон (алайҳис-салом)

Ин ки Худои Мутаол касеро аз Аҳли Байт (алайҳис-салом) бармегузинад то ҷаҳонро аз зулму ҷавр бираҳонад, неъмати каме нест. Дарки аҳамият ва азамати ин немат, ки бар шинохти мақоми ҳазрат вобаста мебошад, тақрибан маҳол аст; зеро касе метавонад арзиши мавҷудеро дарк кунад, ки тавонад мартабаи ўро бишносад.

Ба ҳар ҳол бояд эътироф кунем, ки ақл бисёр кўтоҳтар аз он аст, ки ба дарки мақом ва мартабаи вуҷудии имоме даст ёбем, ки дар авҷи азамат ва нуроният қарор дорад. Мартабае аз мақоми Имоми Замон (алайҳис-салом), ки маърифаташ барои ҳама, аз ҷумла барои Аҳли Суннат имкон дорад, муслеҳ[2] будани ҳазрат аст. Мартабаи дигар аз маротиби Имоми Замон (алайҳис-салом)  нуронияти он гиромӣ аст, ки дар баъзе ривоёт хусусан ривоёте, ки ҳазрати Салмони Форсӣ (р) нақл карда, ба он ишора шудааст, ки албатта мо шоистагии маърифати ин мартабаро надорем. Мартабаи муслеҳ бадани Имоми Замон (алайҳис-салом) низ, ки ҳама ба он эътиқод доранд, маротиби бешуморе дорад.

Ин нуктаро ҳамеша бояд дар назар дошт, ки дар бораи мақоми волои Имоми Замон (алайҳис-салом), ҳазорон мартабаи маърифат вуҷуд дорад, ки ба ҳар як аз мо ба андозаи зарфият ва лаёқатамон, мартабае аз он ато шудааст. Албатта агар шахсе кушиш кунад ва ҳиммат дошта бошад, метавонад то ҳудуде ин маърифатро комилтар кунад. Пас натиҷа ин шуд, ки аз як сў ҳамаи мо бояд донем, ки маърифатамон ба вуҷуди Валии Аср (алайҳис-салом)  бисёр заиф аст ва аз сўи дигар бояд кўшиш кунем маърифатамонро ба ҳазрат бештар ва комилтар кунем.

 

Маърифатҳои инҳирофӣ ва гумроҳкунанда дар бораи Имоми Замон (алайҳис-салом)

Маърифати баъзе аз касоне, ки шинохти Валии Асрро идддао мекунанд, инҳирофӣ ва дурўғин аст. Касоне низ дар садри Ислом эътиқод доштанд, ки Худо бо Паёмбар ва Имом муттаҳид аст. Чунин ақидае пештар дар байни мушрикон вуҷуд дошт ва баъдан дар байни масеҳиён ривоҷ ёфт. Дар он замон касоне мўътақид буданд, ки

﴿المَسِيحُ ابنُ الله﴾

«Исои Масеҳ писари Худо аст».[3] Баъзеи дигар гуфтанд: محمد رسول الله ابن الله

«Муҳаммад Расулуллоҳ, писари Худо аст». Мувофиқи ривояте, Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бо ишора ба Амири Мўъминон Алӣ (алайҳис-салом) фармудааст:

«Эй Алӣ, агар наметарсидам, ки гурўҳе аз уммати ман дар бораи ту чизе монанди иддаои масеҳиён дар бораи Исо ибни Марям (алайҳис-салом) бигўянд, маротиб ва мақомоти туро чунон баён мекардам, ки бар ҳеҷ гурўҳе аз мардум нагузарӣ магар он ки хоки зери пои туро барои табаррук гиранд».[4]

Яъне мақоми Амири Мўъминон (алайҳис-салом) ва дигар имомон (алайҳис-салом) ба ҳадде боло будааст, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) метарсиданд агар он фазилатҳоро баён кунанд, мардум намефаҳманд ва гумон мекунанд, ки Алӣ (алайҳис-салом) Худо аст. Ҳамон тавр ки масеҳиён дар бораи ҳазрати Масеҳ чунин гумон мекунанд.

Чунин ақоид инҳирофӣ буда ва бо тавҳид ҳеҷ гуна созгорӣ надоранд. Вақте мо мегўем маърифатамон нисбат ба Имомони Маъсум (алайҳимус-салом) бисёр заиф аст ва ҳаргиз ба марҳалаи шинохти воқеии онҳо намерасем, маънояш ин нест, ки онҳо Худо ҳастанд, ё Худо шудаанд, ё Худо дар онҳо ҳулул[5] кардааст. Онҳо низ монанди мо махлуқи Худо ҳастанд, вале дар назди Худо мартабаҳое доранд, ки инсони оддӣ аз онҳо бебаҳра аст. Ману шумо чӣ қадар тавоноии нигоҳ кардан ба офтобро дорем?! Мо ба сабаби фосилаи дури ҳазорон километрӣ, ки бо офтоб дорем метавонем онро нигоҳ кунем, вале мушоҳидаи мо дар ҳадди чанд лаҳза аст ва пас аз чанд лаҳза бояд чашмонамонро бандем то озор набинем. Мушоҳидаҳои маънавӣ низ чунин аст. Мақомҳо ва дараҷаҳои маънавии авлиёи Худо он қадар бисёр аст, ки ҳатто инсонҳои дорои чашми ботинӣ ва маънавӣ низ наметавонанд онҳоро бинанд ва фақат ба андозаи зарфияташон, миқдоре аз он мақомҳоро дарк мекунанд. Ба ҳар ҳол бояд диққат дошта бошем, ки ҳеҷ гоҳ Паёмбар ва Имом, Худо намешаванд ва Худо дар онҳо ҳулул намекунад. Ин аз нодонӣ ва кўтоҳандешии инсон аст, ки чунин тасаввурҳоеро дар зеҳни худ мепарваронад.

Аз тарафи дигар баъзеҳо ақида доранд, ки инсон худ метавонад Имоми Замон шавад, ки чунин ақида низ натиҷаи нодонӣ ва маҳдудияти зеҳни башар аст. Баъзе вақтҳо шайтон бо чунин ақоиде, инсонро мефиребад.

 

Қудратҳои шайтонӣ ва роҳи шинохти он

Баъзе инсонҳо, солҳои зиёд ба хотири наздик шудан ба Худо ва  авлиёи ў, гўё риёзатҳои сахте кашида ва ба иштибоҳ худро Имоми Замон эълон кардаанд. Бисёр рух додааст, ки онҳо фирқаю маслакҳоеро аз худашон дуруст карда ва барои худашон пайравонеро ёфтаанд! Шояд бархе аз мо, муридҳои онҳоро дар қатори авлиёуллоҳ тасаввур кунем. Ба ҳар ҳол ҳар касе дар ин дунё заҳмат кашад, Худо ба қадри заҳматаш ба ў подош медиҳад ва осореро аз ў дар ин дунё  ба ҷой мегузорад.

Муртозон (йогҳо ва риёзаткашҳо) ҳиндӣ низ аз ин матлаб берун нестанд. Вақте онҳо дар ин дунё заҳмат мекашанд, Худо низ подошро дар ҳамин дунё ба онҳо медиҳад.

Онҳо аз даруни инсонҳо огоҳанд, аз гузашта ва оянда хабар медиҳанд, дар умури дунё дигаргуниҳоеро метавонанд ворид кунанд, бо қудрати як даст пеши роҳи ҳаракати поездро мегиранд ва бо иродаи худ ҳавопаймои дар ҳоли ҳаракат бударо нигаҳ медоранд. Чунин қудратҳо дар асари риёзат ба даст меояд ва ҷои инкор ҳам надорад.

Гоҳе инсон мебинад ва мешунавад, ки афроде бар асари соддагӣ ва покизагии нафс, ба роҳатӣ ба доми шайтонсифатон меафтанд. Мумкин аст ба шумо хабар диҳанд, ки яке аз авлиёуллоҳ дар фалон ҷо зиндагӣ мекунад. Пас аз муддате, ки ба шумо иҷозати мулоқот доданд, иттилоотеро аз ботинатон ба шумо бозмегўяд, ба тавре ки яқин мекунед, ки ин шахс валии Худо аст. Дар сурате, ки чунин чизҳо аз муртоз ҳам, ки Худову паёғамбарро қабул надорад, бармеояд. Муртозони Ҳинд ва Тибет чунин ҳунаре доранд, ки аз гузаштаву оянда хабарҳои ғайбӣ медиҳанд. Касоне низ вуҷуд доранд, ки бар асари риёзатҳои сахт, хабарҳои ояндаро медонанд. Ин корҳо далели барҳақ будани шахс ва дурустии роҳу эътиқодоташ нест. Агар касе аз оянда хабаре барои шумо дод фиреб нахўред. Аввал бояд сиҳҳатии эътиқоди шахсро дарк кард. Агар шахс дар эътиқодаш камтарин мушкиле дошта бошад, ҳазорон кори ғайриоддӣ анҷом диҳад, кори ў ба арзане намеарзад. Зеро ки он шахс навкари шайтон аст ва ҳамаи қудратҳои шайтониро барои фиреб додани мардум ба кор гирифтааст.

 

Имом Содиқ ва муқобилият бо қудрати муртозон

Шахсе дар замони Имом Содиқ (алайҳис-салом) ба масҷиди Мадина ворид шуд ва мардум даврашро гирифтанд. Вақте ҳазрат ворид шуд, маъракаи аҷиберо дар масҷид мушоҳида кард. Ҳамаи мардум дар атрофи шахсе ҷамъ шуда буданд то ўро бинанд. Инҷо чӣ хабар аст ва ин шахс кист? Арз карданд, шахсест, ки аз ҳамаи олам хабар дорад. Ҳазрат назди ў рафт ва ба ў гуфт:

Оё ту чунин иддаое дорӣ?

Гуфт: Бале.

Ҳазрат дасташро мушт кард ва ба ў нишон дод ва фармуд: Дар дасти ман чист?

Шахс муддате фикр кард ва ҳайронӣ сар то пояшро фаро гирифт.

Ҳазрат фармуд: Гуфта наметавонӣ?

Гуфт: Метавонам.

Ҳазрат фармуд: Пас чаро намегўӣ?!

Гуфт: Тааҷҷуб мекунам, ки шумо онро аз куҷо овардаед ва чӣ тавр ба дасти шумо расидааст?!

Ҳазрат фармуд: Дар дасти ман чист?

Шахс гуфт: Дар ҳоли ҳозир, ҳама чизро, ки дар замин ҳаст, дар ҷои худ мебинам. Фақат мурғе дар як ҷазира дуто тухм гузошта буд, ки яке аз онҳо дар ҷояш нест. Чизе, ки дар дасти шумо аст, бояд ҳамон тухми гумшуда бошад.

Ҳазрат мушташро боз кард ва ҳама диданд, ки тухми паррандае аст. Сипас аз мард пурсид: Ин қудратро аз куҷо ёд гирифтӣ?!

Шахс гуфт: Ин қудратро аз роҳи муқобила бо нафс, ба даст овардам. Ҳарчӣ дилам хост, бо он мухолитфат кардам.

Ҳазрат фармуд: Оё мехоҳӣ мусулмон шавӣ?

Шахс дар ибтидо ҷавоби манфӣ дод, аммо оқибат дар таҳти таъсири шахсият ва суханони Имом қарор гирифт ва мусулмон шуд.

Пас аз пазириши Ислом фаҳмид, ки чизҳоеро, ки дар атрофи олам медид, ҳоло намебинад. Аз Имом Содиқ (алайҳис-салом) пурсид: Чаро қудратамро аз даст додаам? Агар Ислом дини ҳақ бошад, бояд қудрат ва нурониятам бештар шавад.

Ҳазрат фармуд: То ба ҳол ҳар чӣ заҳмат мекашидӣ, Худо музди заҳмататро дар ҳамин дунё ба ту ато мекард. Аммо аз ин баъд ҳар чӣ заҳмат кашӣ, Худо подоши онро барои охират захира мекунад, магар ин ки подоши заҳматҳоятро дар ҳамин дунё хоҳӣ ва аз подоши охират чашм пўшӣ.

Дар Қуръон ояте вуҷуд дорад, ки ин матлабро тасдиқ мекунад[6]. Ба ҳар ҳол иртибот бо олами ғайб, дахлу тасарруф дар умури дунё ва хабар додан аз гузаштаву ҳол ва оянда ба ҳеҷ ваҷҳ далели ин нест, ки соҳиби он аз авлиёуллоҳ бошад. Чӣ расад ба ин ки бо Имоми Замон (алайҳис-салом)  муттаҳид ва як бошад. Ин навъ инҳирофҳо аз нақси маърифати мо ба имоми маъсум, пайдо мешавад.

 

Бениҳоятии маротиби маърифат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

Касоне, ки шинохти дурусте аз Имоми Аср (алайҳис-салом)  доранд, гўё дар масири беинтиҳо дар ҳоли ҳаракатанд. Барои ин ки ихтилофи маротиби маърифат дар зеҳнатон биёяд, мисоле мезанем: мартабаи инсоне, ки рўзе аз як то се гуноҳ анҷом медиҳад, дар муқоиса бо мартабаи инсоне, ки рўзе ҳазорон гуноҳ анҷом медиҳад, чӣ қадар фарқ дорад? Маълум аст, ки ин ду шахс дар мақому мартаба фарқи бисёре бо якдигар доранд. Инсонҳо низ аз назари имон ва қурби Худо, бо ҳам фарқ доранд ва ин мартаба ба андозаи маърифати инсон ба имоми маъсум таъсир дорад. Аз ин мисол натиҷа мегирем, ки ҳар қадар дил,  нуронитар бошад лаёқати маърифати имом дар он бештар аст. Ва ҳар қадар тиратар ва олудатар бошад, маърифати он дил ба имом, заифтар хоҳад буд.

Шояд шумо низ каму беш ин ҳақиқатро таҷриба карда бошед. Гоҳе инсон эҳсос мекунад, ки хеле ба имоми худ муҳаббат дорад ва худашро ба ў наздик мебинад, дар ҳоле ки фарсахҳо аз имомаш дур аст ва гоҳе низ ҳоли як салом кардан ба ҳазратро надорад. Чунин баланду пастиҳое, ки дар ҳолатҳои қалбии инсон падид меояд, барои ин аст, ки зарфияти дилҳо дар инсонҳо фарқ дорад. Дил, мумкин аст ба ҷое расад, ки ҳамаи ҳақиқатҳоро инкор кунад. Оятҳои Қуръон ин матлабро тасдиқ мекунад:

﴿ثمَّ کَانَ عَاقِبَة الذِينَ أسَاؤا السُّوای أن کذَّبُوا بِآيَاتِ الله﴾

«Қавме ба Худо имон оварда буданд, аммо азбаски муртакиби гуноҳ шуданд ва оятҳои Худоро дурўғ шумориданд, имон аз онҳо гирифта шуд».[7]

Шоҳид будем, ки баъзе одамон пас аз муддатҳо, ки аз Ислому имон ва муборизаҳои ҳаққу ботил дам мезаданд, оқибат гуфтанд, аҷаб фиребе хўрдаем. Солҳо кўшиш ва орзу мекарданд, ки дар майдони ҷиҳод ҳузур ёбанд ва ба шаҳодат расанд, вале дар охир аз амали худ пушаймон шуданд.

 

Роҳи афзунсозии маърифат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

Афзоиш ёфтани маърифати мо ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  ба ду шарт вобаста аст:

1.Далелҳои ҳаққоният ва мақомҳои волои он Имоми маъсумро баррасӣ кунем.

2.Диламонро барои пазириши маърифати бештари ҳазрат омода созем.

Барои бозтоби нур, оина бояд сайқалёфта бошад ва дар баробари нур қарор гирад. Агар оина сайқалӣ бошад, вале дар хонаи торик қарор гирад наметавонад нурро мунъакис кунад. Ҳамчунин агар хона равшан бошад, вале оина сайқалёфта набошад наметавонад нурро бозтобад.

Барои маърифати рўзафзун ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  ҳам бояд далелҳои равшане ёфт ва ҳам дилро поку босафо кард. Ҳар қадар сафои дил бештар бошад, далелҳои маҳкам низ бештар мешавад, он вақт аст, ки имон қавитар, маърифат бештар ва ишқ низ афзунтар мешавад. Албатта он ишқе мондагор аст, ки асолат дошта бошад на ин ки ҳавасӣ бошад ва дар вазъи хос дар инсон пайдо шавад ва баъд низ хомўшу фаромўш шавад.

Тобиши нури ҳазрат ҳамешагӣ ва доимӣ аст. Муҳим он аст, ки мо дилҳоямонро омода кунем ва зангҳояшро пок кунем то нури ҳазрат бар дилҳоямон битобад ва файзи доими ў бар мо биборад. Вақте диле таваҷҷўҳаш ба шайтон ва олуда ба гуноҳ аст, дигар лаёқати таваҷҷўҳ ба Имоми Аср (арвоҳуно фидоҳ) ва бозтоби нури ҳазратро надорад. Аммо агар диле ба дунё, ҳавасҳо ва шайтанатҳо олуда набошад, мисли оинаи сайқалӣ нури он бузургворро мунъакис мекунад.

Иллати баёни ин муқаддима ин аст, ки ҳеҷ кадом аз мо набояд гумон кунем шинохте, ки аз вуҷуди муқаддаси Валии Аср (алайҳис-салом)  дорем, кофию вофӣ аст. Мо бояд хеле бештар аз инҳо кор кунем то маърифатамон ба ҳазрат комил шавад. Агар аз мақому манзалати Имоми Замон (алайҳис-салом)  огоҳ бошем, ҳар ончӣ ба ҳазрат нисбат дорад, дар назари мо азиз хоҳад буд; аммо агар аз манзалати Имоми Замон (алайҳис-салом)  бехабар бошем, чизҳое, ки ба он ҳазрат нисбат дорад, дар назари мо камарзиш хоҳад буд.

 

Зоҳир сохтани осори муҳаббат дар амал (садақа, дуо ва...)

Яке аз роҳҳои собит намудани муҳаббат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  ин аст, ки осори муҳаббати ўро дар амал нишон диҳем. Агар яке аз дўстонатон, ки ба ў хеле унсу алоқа доред, ба мусофирати тўлоние равад, дар ибтидо барои ў дилтангӣ мекунед, вале пас аз муддате дурӣ ва фироқи ўро фаромўш мекунед. Ин табиати башарӣ аст, ки аз дил биравад, ҳар он ки аз дида равад. Аммо агар инсон аз ҳамон рўзҳои аввали ҷудоӣ ҳар рўз барои дўсташ нома нависад ва бо нигоҳ кардан ба аксаш хотираҳои ўро ба ёд оварад, метавонад робитае қалбӣ ва маънавӣ байни худ ва дўсташ барқарор созад.

Агар мо хоҳем, ки маърифат ва муҳаббатамон нисбат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  собит монад, бояд осорашро зинда нигаҳ дорем, ўро фаровон ёд кунем, номи муқаддасашро пеши чашми худ, рўи мизамон ё дар гўшаи китобҳоямон бинависем, ҳар рўз барои ҳазрат дуои фараҷ хонем, ҳангоми намоз ва дигар муносибатҳо аз он бузургвор ёд кунем ва барои вуҷуди муқаддасаш садақа диҳем. Дуруст аст, ки садақаҳои мо барои Имоми Замон (алайҳис-салом)  нафъе надорад, вале садақае, ки бо камоли тавозўъ ва сарафкандагӣ бошад нишондиҳандаи муҳаббати холисонаи мо ба ҳазрат аст. Ин кори мо монанди амали он мурғаке аст, ки вақте ҳазрати Иброҳимро даруни оташе, ки паҳноии он чаҳор фарсах дар чаҳор фарсах буд, андохтанд бо минқораш қатраи оберо аз даруни ҷўи об мебардошт ва ба рўи оташ мепошид. Малаке ба мурғак гуфт: Ин коре, ки ту анҷом медиҳӣ чӣ асаре дорад?

Мурғак гуфт: Чизе, ки аз дасти ман меояд, ҳамин кор аст. Ман бояд вазифаи худро анҷом диҳам ва муҳаббати худро ба Ироҳим (алайҳис-салом) изҳор кунам.

Дуруст аст, ки корҳои мо дар пешгоҳи ҳазрат чизе нест, вале шарти вафо ва мурувват он аст, ки дар ҳадди тавонии хеш ба он азиз, ибрози иродат кунем. Агар бо хоксорӣ ва хузўъ садақа диҳем ва барои зуҳураш дуо кунем, фақат барои худамон созанда ва такомуловар аст. Ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом)  ба яқин ба дуо ва садақаи мо ё амволе, ки ба номи ў сарф мекунем ниёзе надорад. Аммо худаш фармудааст, ки барои фараҷи ман дуо кунед. Дуо хондан барои фараҷи Имоми Замон (алайҳис-салом), фараҷи мо аст:

إنتِظَارُ الفَرَج مِنَ الفَرَج.[8]

Мунтазири Имоми Замон (алайҳис-салом)  будан, фараҷҳо ва кушоишҳоро барои инсонҳо ба армуғон меоварад; имонашон маҳфуз мемонад, дилашон ором мешавад, вуҷуди муқаддаси Имоми Замонро ҳис мекунанд; бо ҳазрат иртибот барқарор мекунанд ва ба тадриҷ яқин меёбанд рўзе фаро мерасад, ки ҳукумати адл дар ҷаҳон барқарор мешавад. Дуо кардан барои фараҷи ҳазрат барои ин аст, ки худамон аз ў баҳра гирем, аммо ҳеҷ гоҳ ба баҳонаи ин ки ҳазрат ба дуо ва садақаи мо ниёзе надорад, набояд он гиромиро фаромўш кунем.

 

 

Эҳтиром ба осори мансуб ба ҳазрат

 

1-Эҳтиром ба либоси рўҳониён

Дар ҳама ҳол бояд ба осоре, ки ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  нисбат дорад, аз ҷумла ба либоси руҳонӣ, ки зиндакунандаи ёди Имом аст, бояд эҳтиром гузорем. Оё вақте мардум либоси руҳониёнро мебинанд, ба ёди Гитлер ва ё шоҳи золим меафтанд?! Оё ғайр аз ин аст, ки ҳар кас бо дидани ин либос ба ёди Худо, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Имоми Замон (алайҳис-салом)  меафтад?! Мумкин аст баъзе аз мардум ҳатто ба рўҳониҳо дашном низ диҳанд ва гўянд: «Инҳо инсонҳои баде ҳастанд ва либоси Имоми Замонро ғасб кардаанд», вале вақте либоси руҳониёнро мебинанд ба ёди дин меафтанд.

Дар дараҷаи аввал, худи мо руҳониҳо бояд ба либосе, ки мепўшем аҳамият диҳем. Вақте мутаваллии масҷиде эҳтироми кори худро нигаҳ надорад, набояд аз мардум интизор дошта бошад, ки мардум ба кори ў эҳтиром гузоранд. Ин интизор аз мардум, ки бояд ба рўҳонӣ ва либоси рўҳонӣ эҳтиром гузоранд дар сурате баҷо аст, ки аввал худамон ба ин либос эҳтиром гузорем. Ҳатто ҷо дорад ҳангоми гузоштани аммома[9] аввал онро бўса кунем ва баъд бар сар гузорем. Либоси руҳонӣ, либоси Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст, бинобар ин барои касоне, ки ин либосро бар тан доранд эҳтиром қоил шавем, ҳам дар он замоне, ки ин либос дар тани худамон бошад ва дар замоне, ки дар тани дагарон. Аз марҳум Оятуллоҳ Саидмуртазо Кашмирӣ (раҳматуллоҳи алайҳ), ки аз авлиёи бузурги Худованд буд, нақл мекунанд, ки вақте фарзандаш кафши ўро пеши пояш мегузошт, бо нороҳатӣ мегуфт: Чаро фарзанди Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) пеши пои ман кафш мегузорад?! Ў ба фарзанди худ бо ин дид нигоҳ мекард, ки чун фарзанди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст, эҳтиромаш воҷиб аст. Ҳоло ман ҳам, ки ин либосро пўшидаам, бояд касони дигареро, ки ин либосро пўшидаанд эҳтиром кунам. Ҳатто агар як руҳонӣ ҳеҷ фазилате надошт, бояд ба хотири либосаш ўро такрим кунам. Ин кор барои худам манфиат дорад на барои ў, зеро ки имонам қавитар мешавад ва муҳаббатам ба соҳиби ин либос яъне ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Имоми Замон (алайҳис-салом)  бештар мешавад. Агар ин осорро амалӣ кунем арзиши ин либос устувор боқӣ хоҳад монд. Аммо агар ба либоси рўҳониён беэҳтиромӣ кунем, фардо ҳангоми овардани номи муқаддаси Муҳамад ибни Адуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳам салавот намефиристем ва дар натиҷа имонамон кам-кам аз байн меравад. Масалан мегўем: Алӣ дар Наҳҷ-ул-балоға ин тавр гуфтааст. Дар ҳоле ки ин тавр сухан гуфтан нишонаи камбудии имон ва беэҳтиромӣ ба мақоми ҳазрат аст вагарна чаро исми бузургони дигарро бидуни эҳтиром намебарем.

Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:

﴿يَا أيَّهَا الّذينَ آمَنُوا لا تَرفَعُوا أصوٰاتَکُم فَوقَ صَوتِ النَّبیّ... أن تَحبِط أعمَالکُم﴾

«Садоятонро аз садои Паёмбар балантар накунед..., ки ин кор амалатонро аз байн бурда ботил месозад».[10]

Вақте садоятро дар пеши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) балантар кардӣ, эҳтиром ба ҳазрат заиф мешавад ва саранҷом кор ба ҷое мерасад, ки барои худи он бузургвор низ эҳтиром қоил намешавӣ. Вақте инсон ин гуна шуд, кам-кам дар нубуввати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ шак мекунад. Баъзеҳо густохиро[11] ба ҷое расондаанд, ки гуфтаанд: Қуръон каломи Худо нест, балки ақидаи шахсии Паёмбар ин аст, ки Қуръон каломи Худо аст. Баъзеҳо низ мегўянд: Ба фарзи ин ки собит шавад, Паёмбар каломеро тибқи ваҳй гуфтааст, он каломро тибқи дарку фаҳм ва дарёфти худ фармудааст ва аз куҷо маълум, ки фаҳму дарёфти Паёмбар дуруст бошад?! Дар ин сурат имон ва нуронияте барои инсон боқӣ намемонад, балки одамӣ ба зулмати маҳз мубтало мешавад:

﴿ظلمَاتٌ بَعضُهَا فَوقَ بَعضٍ﴾[12]

 Ин хатарҳое аст, ки эҳтимол дорад сари роҳи ману шумо низ қарор гирад. Агар инояти Худо ва таваҷҷўҳи Имомон  (алайҳимус-салом) ва дуоҳои холиси вуҷуди муқаддаси Имоми Замон (алайҳис-салом)  набошад, ин хатарҳо гиребонгири ману шумо низ хоҳад шуд. Зеро ки ҳеҷ кас, аз ин гуна хатарҳо ва ибтилоҳо дар амон нест. Натиҷа ин мешавад, ки бояд дар ҳар замону ҳар маконе ба осоре, ки ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  нисбат дорад, эҳтиром гузорем.

 

2-Эҳтиром ба ривоёт ва китобҳои ривоӣ

Худованди рафиуддараҷот, дараҷоти марҳум  Аллома Таботабоиро олитар намояд. Ў вақте китоби ривоятро ба даст мегирифт, онро мебўсид. Агар дар рафи китобе китоби ривоят меистод, тавре менишаст, ки пушт ба китоби ривоят набошад. Дар маҳфилҳое, ки дар хонаи аҳли илм ташкил мешуд, бисёр эҳтиёт мекард, ки ба рафи китобҳо пушт нагардонад ва ба китобҳои ҳадисӣ камтарин беэҳтиромӣ нашавад. Аллома Таботабоӣ гавҳаршинос буд ва қадри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Имомонро медонист, аз инрў ҷилди китоби ривоятро мебўсид ва мўътақид буд, ки ин китоб ба соҳибаш нисбат дорад. Магар чўби даргоҳи Ҳазрати Маъсума (алайҳас-салом, яке аз наберагони Паёмбар, ки дар Эрон дафн шудаанд) бо чўби дарҳои дигар фарқ мекунад?! Чўби дари ҳарами ҳазрати Маъсума (алайҳас-салом) ба вуҷуди муқаддаси ҳазрат нисбат дорад. Агар касе ба қасди шифо, хоки пойи зиёраткунандагони ҳазрати Маъсумаро ба чашм кашад, иштибоҳ накардааст. Агар маърифат дошта бошем мефаҳмем, ки мақоми ин бузургворон чи андоза воло аст. Фаҳми мо куҷову мақоми имомони маъсум куҷо?! Ба аҳр ҳол бояд бинем вазифаи мо, ки шогирдони мактаби Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ва ҳофизони осори эшон ҳастем, чист? Хуб медонем, ки лаёқати сарбозии Имоми Замонро надорем; вале бояд он қадар исрор намоем ва худамонро ба онҳо наздик кунем то гўшаи чашме ба мо кунанд:

 

Онон ки бо назар хокро кимиё кунанд,

Оё шавад, ки гўшаи чашме ба мо кунанд.

 

 

Хоксорӣ ва афтодагӣ дар остони Имоми Замон (алайҳис-салом)

Мабодо аз тавассул, таваҷҷўҳ, дуо, зиёрат ва дигар воситаҳои наздикӣ бо Худованд ва авлиёи воломақоми ў ғафлат кунем! Гоҳе мумкин аст як кори кучак, он қадар латиф ва пурмаъно бошад, ки аз ибодатҳои хеле вазнин низ таъсираш бештар бошад.

Шояд шунида бошед, ки чашмони марҳум Оятуллоҳул – Узмо Буруҷардӣ, то охири умр, бисёр пурнур буд ва бо чашмони худ ҳар хати хурдро бисёр дақиқ мехонд бидуни ин ки эҳсоси хастагӣ кунад ё ба айнак ниёз дошта бошад. Худи он ҷаноб ин неъматро аз баракати хоки синазанони Имом Ҳусейн (алайҳис-салом) медонист. Оятуллоҳ Буруҷардӣ вақте дар Буруҷард зиндагӣ мекард, ба чашмдарди сахте гирифтор шуд. Расми дастаҳои синазании атрофи Хуррамобод ин буд, ки дар айёми Ошўро, ба сару сураташон гил бимоланд. Он марҳум миқдоре аз гилҳои сару сурати синазанонро, ки пеши дари хонаашон рехта буд, мебардорад ва ба чашмонаш мемолад ва ба баракати ҳамон гил, дарди чашми вай хуб мешавад ва то охири умр на ба дарди чашм гирифтор мешавад ва на ба айнак ниёз меёбад. Агар шумо он хокро ба озмоишгоҳ баред, шояд гўянд: Дар ин хок ҳазорон микроб вуҷуд дорад, ин корҳои ғайри беҳдоштӣ чист, ки инҳо анҷом медиҳанд?! Вале аз дидгоҳи дигар таваҷҷўҳи маънавӣ ва руҳӣ метавонад ҳамаи авомили моддиро маҳкум кунад. Агар он иксир ва он иртиботи маънавӣ ва қалбиро ёбем, хеле аз мушкилот ҳал мешавад. Он вақт аст, ки инсон мефаҳмад гарду хоки зоирони остони муқаддаси маъсумон, ки аҳли маърифат шифои бемориҳояшонро дар он меҷўянд, чӣ иксири бузурге аст. Бузургоне аз марҷаъҳои диниро дидаам, ки хоки ҳарами ҳазрати Маъсумаро бо даст мебардоштанд, бар қалбашон мемолиданд. Онон ҳақиқатеро мебинанд, ки мо намебинем. Эшон маърифате доранд, ки мо надорем.

Мақсади ман ин нест, ки инсони хурофотӣ шавед ва ҳар ки нақл кард, ки фалон ҷо табаррук ва назаркарда аст, зуд бовар кунед. Мўъмин зудбовар нест, балки хеле зирак ва дақиқ аст, аммо агар касе, ба хоке, ба қасди интисоби[13] он ба Худо ва Паёмбар ва Аҳли Байт (алайҳимус-салом) табаррук ҷўяд ва бузургтарин осоррро аз ин кор ба даст оварад, тааҷҷуб накунед. Агар шумо олими бузурги дин бошед ва ба шогирди хурде ба сабаби ин ки ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  нисбат дорад, эҳтиром кунед ва дасташро бўсед, яке аз бузургтарин ва бофазилаттарин амалҳо дар номаи аъмолатон сабт мешавад. Ин гуна икром намудан аз ҳазор китоб навиштан савоби бештар дорад. Савоби тазаллул дар пешгоҳи Имоми Замон (алайҳис-салом)  хеле бештар аз зикр гуфтан аст. Агар ба сабаби интисоб ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  эҳтиром кунед, гўё Имоми Замонро эҳтиром кардаед. Савоби чунин эҳтиром аз савоби ҳазорон кори хайри дигар болотар ва афзунтар хоҳад буд.[14] 

Арзиши корҳои мо ба мизони хоксорӣ, латофат ва афтодагии мо дар пешгоҳи Имоми Замон (алайҳис-салом),  вобаста аст. Маънои ҳақиқии ибодат низ ҳамин аст. Алҳамдулиллоҳ дар ин замон ба баракати хунҳои поки шаҳидони инқилоб, маърифат ва муҳаббат ба вуҷуди муқаддаси Валии Аср (алайҳис-салом)  ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар густариш ёфтааст. Тамоми ин неъматҳо дар гарави хуни шаҳидони азиз ва ҳидоятҳо ва раҳбариҳои Имом Хумайнӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) мебошад. Эҳтиром ба шаҳидоне, ки дар роҳи дин қиём карданд ва низ хидмат ба бастагони эшон – хидмат ва эҳтиром ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  аст.

Чӣ гуна мумкин аст ҳазратро дўст дошт, аммо ба дўстон ва авлиёи ў бетаваҷҷўҳ буд?! Чӣ гуна метавон иддао кард, ки ба ҳазрат муҳаббати ҳақиқӣ дорем дар ҳоле ки ба ризоят ва норизоятии он ҷаноб беэътино[15] бошем?! Пайравӣ лозимаи дўстӣ ва муҳаббат аст:

﴿إن کُنتُم تُحِبُّونَ الله فَاتَّبِعُونِی يُحبِبکُمُ الله﴾

«Агар Худоро дўст доред, аз ман пайравӣ кунед то Худо шуморо дўст дорад».[16] Дар қатори касоне набошем, ки дар зоҳир ба номи Имоми Замон (алайҳис-салом)  эҳтиром мегузоранд, аммо ончиро, ки ў дўст медорад, эътино намекунанд ва ончиро, ки ў аз он дурӣ мекунад, ба он наздик мешаванд.[17]


 


[1] Саид Носир Ҳошим Ал-Амидӣ, «Дар интизори Қақнус», (Ковише дар қаламрави мавъудшиносӣ ва маҳдибоварӣ) саҳ. 76, (тасреҳи донишмандон ба тавотури аҳодиси Ал-Маҳдӣ.

[2] Муслеҳ: ислоҳкунанда, некўкор.

[3] Сураи Тавба - 30.

[4] Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор:

 وَ لولا مَخافة أن تَقُولَ فِيکَ طَوَائِفُ مِن امَّتی مَا قَالَتِ النَّصَارَی فِی عِيسَی بنِ مَريَمَ لَقُلتُ فِيکَ اليَوم مَقَالًا لا تَمرُّ بِمَلَإٍ مِنَ النَّاسِ إلا أخذوا مِن تَحتِ قَدَمِکَ التُّراب يَبتَغُونَ بِهِ البَرَکَة...

[5] Ҳулул кардааст: зуҳур омадааст.

[6] Сураи Исроъ:  18-20.

[7] Сураи Рум - 10.

[8] Кулайнӣ, Фурўи кофӣ.

[9] Салла.

[10] Сураи Ҳуҷурот - 2.

[11] Густохӣ: бешармӣ, беадабӣ.

[12] Сураи Нур - 24, 40.

[13] Интисоб: нисбат доштан, алоқа, хешӣ.

[14] Ривоятҳои фаровоне дар ин мазмун далолат доранд, аз боби намуна ба ин ду ривоят бо диққат бингаред:

1. Имом Козим (а) мефармояд:

وَ مَن لَم يَقدر عَلَی صِلَتِنَا فَليَصِل عَلی صَالِحِی مَوٰالِينَا يُکتَب لَهُ ثَوٰابُ صِلَتِنَا.

«Ҳар кас, ки  натавонад ба мо эҳсон кунад, ба дўстони солеҳи мо эҳсон кунад то савоби эҳсони моро дарёбад».  (Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот).

2. Имом Содиқ (а) мефармояд:

دِرهَمٌ يُوصَلُ بِهِ الإمَام أفضَلُ من ألفَیِ ألف دِرهَمٍ فِيمَا سِوٰاه مِن وُجُوه البرّ.

«Дирҳаме, ки ба василаи он ба имом эҳсон шавад, аз ду миллион дирҳам, ки дар корҳои хайри дигар сарф шавад, беҳтар аст». Кулайнӣ, Кофӣ).

[15] Беэътино: бепарво.

[16] Оли Имрон 31.

[17] Имом Саҷҷод дар ин бора мефармояд:

ألا وَ إنَّ أبغَضَ النّاسِ  إلی الله مَن يَّقتَدِی بِسُنَّة الإمَام وَ لا يقتدی بِأعمَالِهِ.

 «Огоҳ бошед, ки мабғузтарини мардум назди Худованд, касе аст, ки дар зоҳир ба роҳу равиши Имом иқтидо мекунад, аммо ба аъмоли ў иқтидо намекунад». (Кулайнӣ, Кофӣ, ҷ. 8, саҳ. 234, боби 8, ҳадиси 312).

Home page book