|
Маншури муҳаббат ва маърифат – 2 |
· Нотавонии башар аз маърифати Имоми Замон (алайҳис-салом)
· Зарурати талош барои шинохти Имоми Замон (алайҳис-салом)
· Зиёнкортарин инсон
· Ихлос дар пешгоҳи Имоми Замон (алайҳис-салом)
· Фазилати шаби нимаи Шаъбон
· Аҳду паймон бо Имоми Замон (алайҳис-салом)
Нотавонии башар аз маърифати Имоми Замон (алайҳис-салом)
Мақоми Аҳли Байт (алайҳимус-салом) чунон мақоми бузурге аст, ки бузургиашро бо ақлу фикри худамон наметавонем дарк кунем. Дар воқеъ, азамати Худо аст, ки дар вуҷуди поки чаҳордаҳ маъсум (алайҳимус-салом) таҷаллӣ кардааст. Агар ҳамаи инсонҳо ақлҳояшонро рўи ҳам гузошта бихоҳанд пояи баланди ин мақомро дарк кунанд, ҳаргиз нахоҳанд тавонист. Ҳамин қадар бояд хушҳол бошем, ки Худованди Таоло ин маърифатро ба мо додааст, ки бидонем онҳо дар чунон мақоми волое ҳастанд, ки мо наметавонем бифаҳмем. Агар инро бовар кунем, худаш камол аст.
Ҳамон гуна ки зоту сифоти Худо барои мо қобили шинохт нест, сифоти авлиёи ўро низ наметавонем бишносем.[1] Албатта ҳеҷ махлуқеро наметавон бо Худо муқоиса кард, зеро ки ў фавқи бениҳоят аст. Худо ва авлиёи ў тафовути бисёре бо ҳам доранд, он ҳам на тафовути якдараҷа, он гуна ки баъзеҳо фикр мекунанд. Наметавон гуфт: вуҷуд, дараҷоте дорад, ки болотарин дараҷаи он Худо ва як дараҷа поинтар аз он вуҷуди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст. Зеро фосилаи Зоти Ақдаси илоҳӣ бо шарифтарин ва волотарин махлуқоташ, ки нури поки Муҳамад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст, бениҳоят аст. Фосилаи нури муқаддаси Паёмбар бо мо бениҳоят аст; аммо фосилаи ў бо Худо низ ниҳоят надорад. Худованд фавқи мақоми ҳамаи махлуқот ва аз ҷумла, вуҷуди маъсумон (алайҳимус-салом) аст. Агар ҳамин андоза бифаҳмем, ки аз дарки мақоми волои эшон нотавонем, бояд Худоро бисёр шокир бошем, ки чунин маърифате ба мо додааст. Ин ҳақиқат низ ба баракати таълими худи онҳост, вагарна ба ҳазорон ғурур мубтало мешудем ва гумон мекардем, ки хеле чизҳоро мефаҳмем. Дар мартабаи аввал Қуръон ба мо фармудааст:
﴿وَ مَا أوتِيتُم مِنَ العِلمِ إلا قَلِيلا﴾
«Ва ҷуз андаке аз дониш ба шумо дода нашудааст».[2]
Ва дар мартабаи баъд؟ худи Аҳли Байт (алайҳимус-салом) фармудаанд, ки мақоми мо бисёр болотар аз он аст, ки шумо бифаҳмед. Ба ҳар ҳол, ба баракати таълими онҳо фаҳмидем онҳо дар чунин авҷе ҳастанд, ки агар мо ҳазорон сол бо тезравтарин маркабҳо ҳаракат кунем, ба онҷо нахоҳем расид.
Зарурати талош барои шинохти Имоми Замон (алайҳис-салом)
Аз сўи дигар набояд чунин гумоне пеш ояд, ки чун наметавонем ба он қуллаи баланд бирасем, пас бояд ҳама чизро раҳо кунем. Ҳамон дараҷа аз маърифат, ки ба баракати омўзаҳо ва роҳнамоиҳои Аҳли Байт (алайҳимус-салом) қобили дастёбӣ аст, он қадар азамат дорад, ки тамоми ҷаҳони моддӣ дар баробари он беарзиш аст.
Намегўям метавонем ба мақоми маъсум (алайҳис-салом) бирасем, аммо ҳамон мақоме, ки дар сояи ҳидоятгари ин нури пок метавонем ба ў даст ёбем, он қадар бузург аст, ки тамоми ин ҷаҳон бо ҳамаи аъзояш дар баробари он, ҳеҷ баҳою арзише надорад.
Зиёнкортарин инсон
Ёдоварии ин ҳақоиқ дар ин ҷаҳон метавонад муфид бошад, ки арзиши умрамонро беҳтар бидонем. Оё ҳайф нест чунин умре, ки метавонад моро ба чунон мақоми волое бирасонад, барои ба даст овардани як мушт хишту гил ё чанд пора оҳан сарф шавад? Фарз кунед касоне, ки ҷавониашонро сарфи дарс хондан, мадрак гирифтан ва ёфтани шуғли пурдаромад мекунанд, агар битавонанд соле як миллион захира кунанд ва баъд аз бист сол битавонанд як хонаи бист миллионӣ бихаранд, ҳосили умрашон баъд аз бист сол талошу давандагӣ, як хонаи бист миллионӣ хоҳад буд; яъне ҳосили тамоми дарс хонданҳо, заҳматҳо, талошҳо ва ғайра бо чанд ароба хоку гаҷу санг баробар шудааст.
Қуръони Карим мефармояд:
﴿قل هَل نُنَبِّئُکُم بِالأخسَرِينَ أعمَالًا. الَّذِينَ ضَلَّ سَعيُهُم فی الحَياةِ الدُّنيَا وَ هُم يَحسَبُونَ أنَّهُم يُحسِنُونَ صُنعًا﴾
«Бигў оё ба шумо хабар диҳам, ки зиёнкортарини мардум дар корҳо чӣ касоне ҳастанд? Онҳое, ки талошҳояшон дар зиндагии дунё несту нобуд шудааст ва бо ин ҳол мепиндоранд, ки кори нек анҷом медиҳанд».[3]
Касоне, ки умрашон сарф шуд то хушиҳо ва зинатҳои дунёро ба даст оваранд, зарар кардаанд. Зеро, ки ҳаргиз ба он ҳама заҳматҳо, бехобиҳо, ғурбатҳо ва мушкилоти зиндагӣ намеарзид, ки бар ивазаш муште сангу чўб ва хоку гаҷ ба даст ояд.
Оре, чунин ашхосе зиёнкоранд, аммо чаро зиёнкортарин ашхос хонда шудаанд?!
Барои ин ки
﴿وَ هُم يَحسَبُونَ أنَّهُم يُحسِنُونَ صُنعًا﴾
Касоне, ки аз аввал медонанд, кори нодурустеро анҷом медиҳанд ва сармояашонро огоҳона ба дасти худашон оташ мезананд, зиён кардаанд. Аммо зиёнкортарини афрод касоне ҳастанд, ки на танҳо ин оташ задани сармояро хасорат намедонанд, балки онро ҳунар ва тараққӣ ва ифтихор мепиндоранд. Онҳо гумон мекунанд, ки бо ин дарсхонданҳо ва корҳое, ки барои ғайри Худо анҷом медиҳанд, хеле авҷ гирифтаанд, аммо ногаҳон бохабар мешаванд, ки ҳамааш
﴿هَباءً مَنثورًا﴾
гарду ғубори пароканда дар ҳаво шудааст.
Онҳо хасорати дучандон доранд, ҳам сармояро аз даст доданд ва ҳам орзуҳо ва ормонҳое, ки доштанд, барбод рафтааст. Пиндоштанд бо амалҳояшон назди Худо азиз мешаванд ва бар асари ин корҳо нури чашми Имоми Замон мешаванд. Аммо баъд ошкор шуд, ки на танҳо ҳеҷ кадом аз ин амалҳо пазируфта нашудааст, балки суқуташонро низ дар пай доштааст. Ин зиён дучандон аст, чаро ки мепиндоранд корҳои хубе анҷом додаанд, аммо дармеёбанд, ки ҳамааш зарар будааст.
Ихлос дар пешгоҳи Имоми Замон (алайҳис-салом)
Агар одамӣ метавонад роҳи дурустеро интихоб кунад, чаро коре накунад, ки лаҳза - лаҳзаи умраш сабаби саодат шавад, ҳар нафас кашиданаш ўро боло барад. Магар роҳ баста аст?
Ҳамаи анбиё ва авлиё омадаанд то моро ба ин сироти мустақим наздик кунанд, роҳеро ба мо нишон диҳанд, ки бо ҳар қадаме дар он тараққӣ кунем, ҳар нафасе, ки мекашем парвоз кунем, ҳар рўзе, ки аз мо бигзарад, мақомеро ба даст оварем.
Фаҳмидани ин ҳақиқат, худ неъмате аст, ки ба баракати Аҳли Байт (алайҳимус-салом) насиби мо шудааст. Ҳоло ки зиёнкории хешро дар корҳои ғари Худоӣ дарёфтем, бояд бештар муроқиби гуфтору рафтори худ бошем. Ниятҳо ва корҳоямонро барои Худованд холисона анҷом дода ва ин ҳақиқатро ҳамеша барои ҳамдигар ёдовар бошем.
Ба фармудаи Қуръон, ҳамаи мо инсонҳо дар зиён ва хасоратем, магар касоне аз мо, ки имон ва амали холис дошта бошанд ва дигаронро низ ба роҳи ҳаққу ҳақиқат супориш кунанд:
﴿إنَّ الإنسَانَ لَفِی خُسر إلا الَّذِينَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحَات وَ تَوَاصَوا بِالحَقِّ وَ تَوَاصَوا بِالصَّبر﴾
«Савганд ба Аср, ки инсонҳо ҳама дар зиёнанд, магар касоне, ки имон оварда ва амали солеҳ анҷом додаанд ва якдигарро ба ҳақ ва истиқомат бар он, супориш мекунанд».[4]
Мо, ки акнун поямон лаби гўр аст ва ин хасоратро ба хубӣ эҳсос мекунем, ҷо дорад ба шумо, ки ҳанўз дар даврони ҷавонӣ ба сар мебаред, ёдоварӣ кунем то ба мусибати мо гирифтор нашавед. Зудтар худаторо биёбед ва ҳушёр бошед ва ниятҳоятонро холис кунед. Агар аз Имоми Замон (алайҳис-салом) сухан мегўед, дар воқеъ аз рўи ихлос бошад. Агар худатонро хидматгузори ў мешуморед, тавре рафтор кунед, ки ў бипазирад.
Агар чунин накунем, хасорат дидаем. Ин роҳ, роҳи боз ва ҳамвор ва ҷоддаи равшан ва ошкоре аст; аммо мо чашмонамонро мебандем; гўё, ки намедонем чӣ бояд кард. Шояд, ки инсон ба баракати ин шабҳо ва ин вақтҳои мўҳтарам, миқдоре ба худ биёяд ва таваҷҷўҳ ёбад, ки ғайр аз ин асбоби оддӣ ва рафторҳое, ки бо онҳо унс гирифтаем, масоили дигаре низ мавҷуд аст.
Фазилати шаби нимаи Шаъбон
Шаби нимаи Шаъбон -15 Шаъбон- яке аз шабҳои қадр шумурда мешавад. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ривояте фармудаанд:
«Шаби нимаи Шаъбон дар ҳоли истироҳат будам, ки Ҷабраил маро садо зад. Бархостам ва ба қабристони Бақеъ рафтам.
Ҷабраил хитоб ба ман гуфт: Эй Расули Худо! Медонӣ имшаб чӣ шабе аст? Имшаб шабе аст, ки агар касе аз гунаҳкорон бошад ва аз Худо кўмак бихоҳад, Худо номашро аз шумори гунаҳкорон маҳв мекунад ва дар зумраи шаҳидон менависад. Имшаб шабе аст, ки дарҳои осмон ба рўи бандагон боз мешавад: Бобут-Тавба, Бобур-Ризвон, Бобул-Мағфираҳ ва...»[5]
Қадри имшабро бидонед ва онро ба ибодат рўз кунед. Соатҳои имшабро ғанимат бишморед, ки ривоёти бисёре дар бораи амалҳои имшаб ворид шудааст. Аз ҷумлаи он аъмол сад ракъат намоз бо ҳазор сураи Ихлос аст, ки дар ҳар ракъат баъд аз Ҳамд, даҳ бор хонда мешавад. Шумо, ки ҷавонед ва тавон доред, фурсатро ғанимат шуморед. Кори мушкиле нест. Муқоиса кунед, ки агар имшаб, шаби имтиҳон буд ва эҳтимол дошт, ки фардо аз имтиҳон нагузаред, оё ҳозир будед имшабро то субҳ дарс хонед то таҳсили яксолаатон ҳадар наравад? Ба таври қатъӣ арзиши ин намоз ва ибодатҳои имшаб аз дарс хондани шаби имтиҳон камтар нест.
Аҳду паймон бо Имоми Замон (алайҳис-салом)
Азизон! Биёед иртиботамонро бо Худо ва авлиёи ў қавитар кунем. Аз Худо бихоҳем тавфиқ диҳад, ки бо Имоми Замон (алайҳис-салом) аҳду паймони ҷиддӣ бандем. Бигўем Мавло, мо мехоҳем навкар ва хидматгори шумо бошем. Ба таври ҷиддӣ қабул дорем, ки дар ин роҳ камбудии зиёде дорем ва лоиқи ин нестем, аммо шумо аз Худо бихоҳед, ки ин лаёқат ва тавфиқро ба мо диҳад то дар роҳи шумо қадам бардорем ва ба гунае сайр кунем, ки писанди шумо бошад!
Гумон намекунам, касе аз рўи сидқу ихлоси қалбӣ бо Имоми Замон (алайҳис-салом) чунин қароре гузорад ва аз ҳамон лаҳза ба вай имдодҳо ва иноятҳои ҳазрат нарасад. Бо ин ки худам лаёқаташро надорам, аммо имон дорам, ки агар шумо ин паймонро ба забон ҳам наоваред, ў мешунавад ва фавран ҳам посух медиҳад. Онгоҳ варақи зиндагӣ иваз мешавад ва агар то ба ҳол, торикиҳое дар зиндагии мо буд, аз ҳамин ҷо равшан мешавад.
Ҳадяе, ки тақдими Имоми Замон (алайҳис-салом) мекунем, бояд беҳтарин сармояҳо ва дороиҳои мо бошад. Барои хидмат ба Имоми Замон (алайҳис-салом) бояд беҳтарин вақтҳо ва сармояҳоямонро гузорем ва ҷавонии хешро дар ин роҳ фидо кунем ва лаҳзае аз хидматгорӣ ва ҷалби ризояти ҳазрат ғофил нашавем. Агар дар ҳамин лаҳза ба шумо иҷозати шарафёбӣ ба ҳузури Имоми Замон (алайҳис-салом) ато кунанд, оё барои ҳазрат як тикка нони хушкида ё либоси ямоқдор ҳадя мебаред ё беҳтарин дороии хешро ба ҳузури муқаддасаш ҳадя мекунед?!
Онҳое, ки мехоҳанд фарзандонашонро ба пешгоҳи Худои Мутаол ва Имоми Замон (алайҳис-салом) ҳадя кунанд то ифтихори варосати паёмбарон насибашон шавад, бояд беҳтарин, боистеъдодтарин ва поксиришттарин фарзандони хешро барои ин роҳ баргузинанд ва дар ташвиқи эшон аз ҳар роҳе бикўшанд ва аз кўмаке барои рушди онҳо дареғ надоранд.
[1] قَالَ الصَّادِقُ عَلَيهِ السَّلامُ: «لا يَقدِر الخَلائِقُ عَلَی کُنهِ صفة اللهِ عزَّ وَ جَلَّ فَکَمَا لا يَقدِرُ عَلی کُنهِ صِفَةِ اللهِ عزَّ وَ جلَّ فَکَذٰلِکَ لا يَقدر عَلی کُنهِ صفةِ رَسُولِ الله وَ کما لا يقدر عَلی کُنهِ صف الرَّسُول فَکَذٰلِکَ لا يَقدِر عَلی کنه صفةِ الإمَام...»
Имом Содиқ (а) фармуданд: Мардум аз пай бурдан ба кунҳи сифати Худо нотавонанд ва ҳамон гуна ки аз пай бурдан ба гавҳари сифати Худо оҷизанд, тавони фаҳми ҳақиқати сифати Расулуллоҳро низ надоранд ва ҳамон гуна ки аз дарёфти гавҳари сифати Расул оҷизанд, аз дарки жарфои сифати имом низ дуру бебаҳраанд... (Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор).
[2] Қуръон, сураи Исро 85.
[3] Сураи Каҳф - 104.
[4] Сураи Аср – 2 ва 3.
[5] ... تُفتَحُ فِيهَا أبوَابُ السَّمَاءِ فَيفتحُ فِيهَا أبوَاب الرَّحمَةِ وَ بابُ الرِّضوَان و بَابُ المَغفِرَةِ وَ بابُ الفَضلِ وَ بابُ التَّوبَة وَ بابُ النِّعمَةِ وَ بَابُ الجُودِ وَ بَابُ الإحسَان...
(Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор).