back page

Маншури муҳаббат ва маърифат - 1

next page

 

·      Робитаи муҳаббат ва маърифат

·       Силсиламаротиби муҳаббат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

·       Силсиламаротиби маърифат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

1-        Имоми Замон (алайҳис-салом), густаришбахши маърифат ва убудияти Ҳақ Таоло

2-        Имоми Замон (алайҳис-салом), дар болотарин маротиби қурби Ҳақ Таоло

3-        Имоми Замон (алайҳис-салом), таҷаллии раҳмати бекарони Ҳақ Таоло

·    Роҳи расидан ба авҷи муҳаббат ва маърифат

1-   Холис намудани муҳаббат ва маърифат

2-  Вуруд ба таҷаллигоҳи муҳаббат ва маърифат


Робитаи муҳаббат ва маърифат

Ёди Худо ва авлиёи ў ва фармоишоти бузургон, нуре аст, ки бо ҳар абзоре баён шавад, арзиши волои худашро хоҳад дошт. Мо низ агар битавонем расонандаи суханони бузургон ва абзоре барои интиқоли ин нурҳои пок ба дилҳои поки шумо бошем ва аз ин тариқ битавонем мояи таваҷҷўҳи бештари шумо ба вуҷуди муқаддаси мавлоямон Соҳибуз-замон (алайҳис-салом) ва вазоифе, ки дар пешгоҳи муқаддаси ў дорем, шавем, ифтихоре аст, ки бо баракати шумо насиби мо мешавад.

Дар ҷамъи ошиқон, сухан гуфтан аз ишқ ва маъшуқ, ҷое надорад. Ба зеҳнам омад нуктаеро баён кунам, ки бисёр вақт мавриди ғафлати бештари муҳиббони он ҳазрат аст ва шояд таваҷҷўҳ додан ба он қалби муқаддаси мавлоямонро шод кунад.

Одамӣ, дорои ду вижагии муҳим аст, яке шинохту маърифат ва дигаре ишқу муҳаббат. Ў дар ниҳоди хеш, ду гавҳари гаронбаҳо дорад ва ҳамеша аз паси харидори лоиқ мегардад то ин ду гавҳарро ба пояш бирезад ва он гоҳ, ки маъшуқи хешро ёфт, ба зоҳир кардани рафторҳои ошиқона мепардозад ва дар  шодии маҳбубаш шод ва дар ғамаш, ғамгин мешавад. Ошиқ дар анҷоми ин рафторҳои ошиқона, ҳар чӣ бештар диққат дошта бошад, ишқаш қавитар мешавад. Инсон, ҳар чӣ бештар ба рафиқи маҳбубаш изҳори муҳаббат кунад ва рафторҳои дўстонаи бештаре анҷом диҳад, муҳаббаташ амиқтар ва пойдортар хоҳад шуд. Аз сўи дигар, агар шахсе рафиқи хешро ба фаромўшӣ супорад, кам-кам муҳаббати ў низ аз дилаш меравад; аз дил биравад ҳар он чи аз дида бирафт.

Рафторҳои муҳаббатонаи мо дар эҳтиром ва тавассул ба авлиёи Худо ва баргузории маросими ҷашну сурур дар айёми шодӣ ва барпоии маросими азодорӣ дар айёми ғам ва азои эшон барои ин аст, ки отифаҳоямон самту сўй ёбад ва робитаи отифии мо бо авлиёи Худо побарҷо бимонад ва рушд кунад. Арзиши одамӣ ба ҳамин аст, ки маъшуқи шоистае биёбад ва дилашро ба ў биспорад: албата инсонияти инсон фақат ба ишқу муҳаббат вобаста нест, балки бахши дигаре аз вуҷуди ў низ ба шинохту маърифат марбут мешавад. Ин ду (муҳаббат ва маърифат ё ишқ ва шинохт), робитаи бисёр наздике бо ҳам доранд. Ҳар чӣ инсон, камол ва зебоии фард ё чизеро бештар бишиносад, муҳаббати бештаре ба ў меёбад ва одамӣ то нашиносад, муҳаббат пайдо намекунад.

  

 

Силсиламаротиби муҳаббат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

 

Ҳар ошиқе ба таври табиӣ дўст дорад бо маъшуқи хеш иртибот барқарор кунад; унс бигирад, ба лиқояш бирасад ва аз дидор ва ҳамнишинӣ бо ў лаззат барад. Дар чунин ишқе худхоҳӣ вуҷуд дорад; аммо ошиқи дилбохта дар андешаи илтизози худаш ҳам нест, балки фақат маҳбубро мебинад ва ҳамеша дар паи он аст то кореро анҷом диҳад, ки маъшуқаш дўст медорад.

Дар тамоми олам  фақат як хуршеди ҳақиқат ва як мазҳари комили сифатҳои ҷамол ва ҷалоли илоҳӣ вуҷуд дорад, ки ҳар кас ба ў таваҷҷўҳ ёбад ба андозаи зарфияташ аз он хуршеди рухшон, баҳра мебарад ва нур мегирад. Ҳамаи дўстдорони вуҷуди муқадаси Валии Аср (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳуш-шариф) ба андозаи маърифати худашон,  дўст доранд чашмашон ба ҷамоли ҳазрат рўшан шавад ва рўзе биёяд, ки битавонанд аз вуҷуди муқаддасаш файз гиранд ва баҳра баранд,  аммо дилбохтагони ҳазрат, ҳамеша дар андешаи онанд, ки маҳбубашон  чи чизеро дўст дорад то онро анҷом диҳанд. Дигар худи маҳбуб аст, ки ҳар гуна салоҳ бидонад, бо ошиқонаш рафтор кунад. Чунин ошиқон  дар ин андеша нестанд, ки аз ў чизе дарёфт кунанд ва баҳрае баранд; чаро ки эшон аз тамоми худхоҳиҳо раста ва фақат бо ризояти маҳбуб дил бастаанд. Хуб аст мо низ кўшиш намоем дар ин майдон пеш равем ва худамонро фаромўш кунем . Бештар таваҷўҳ дошта бошем, ки ў аз мо чӣ мехоҳад ва мехоҳад чӣ коре анҷом бигирад. Ин ки мо низ ба навое[1] бирасем ё нарасем, муҳим нест.

 

Силсиламаротиби маърифат ба Имоми Замон (алайҳис-салом)

Ҳоло бингарем, ки дараҷаи шинохти мо ба Имоми Замон (арвоҳуно фидоҳ) то чӣ ҳад аст  ва (сарвар ва сарпарасти ҳамаи корҳоямонро) ба чӣ сифатҳое -зулмситезӣ, адолатгустарӣ, ободсозӣ, донишгустарӣ, ё... - мешиносем.

Ҳама, ҳазратро дар ҷойгоҳи барпокунандаи адлу дод ва муборизакунанда бо зулму золимон мешиносанд; аммо оё барқарории адли ҷаҳонӣ ҳадафи ниҳоӣ ва зоҳирии ҳазрат аст ё барқарории адл, худ муқаддимае барои як ҳадафи волотар аст?

Бидуни шак, хусусияти асосие, ки дар ривоят барои ҳазрат зикр шуда, ин аст, ки

يَمْلَأُ الله بِهِ الأَرْضَ قِسطاً وَ عَدلاً بَعدَمَا مُلِئَتْ ظُلمًا وَ جَوْرًا.

«Худованд ба дасти ў заминро аз адлу дод пур кунад, пас аз он, ки аз зулму ҷавр пур шуда бошад». Алоқаи бисёре аз мардум низ ба Имоми Замон (алайҳис-салом) ба ин ҷиҳат аст, ки ҳазрат, бисоти зулму ҷаврро аз рўи замин бармеандозад ва бисоти адлу додро дар он мегустаронад, вале ин ҳадафи ниҳоӣ нест. Дуруст аст, ки ҳатто беъсати тамоми анбиё низ барои барқарории адл бар рўи замин аст:

﴿ لِيَقومَ النَّاسُ بِالقِسط ﴾[2]

 ِВале барқарории адли ҷаҳонӣ, ҳадафи ниҳоӣ нест. Ин ҳадаф, худаш ҳадафи волотаре дорад. Ин ки мардум дар замин фақат одилона рафтор кунанд, ба якдигар ситам раво надоранд ва зиндагии муназзам ва осуда дошта бошанд, ҳадафи ниҳоии офариниш нест.

Бо ин чизҳо, инсон, шарифтар аз занбўри асал ҳам намешавад то чи расад, ки аз малоика бартар шавад, чаро ки зиндагонии замбўри асал, аз зиндагонии инсонҳо хеле муназзамтар ва одилонатар аст.

 

1.      Имоми Замон (алайҳис-салом), густаришбахши маърифат ва бандагии Парвардигор

Имом Хумайнӣ (ризвонуллоҳи таоло алайҳ) дар баёни ҳадаф аз барқарории низоми исломӣ фармуд:

«Ҳадаф аз барқарории низоми исломӣ, танҳо барқарории адл нест. Ҳадафи ниҳоӣ чизи дигаре аст, ҳадаф маърифатуллоҳ (шинохти Худованд) аст».[3]

Барқарории ҳукумати исломӣ ва густариш додани адл дар рўи замин ба дасти тавонои ҳазрати Валии Аср (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳуш-шариф), худ муқаддимае барои таъмини ҳадафи волотаре аст ва он ин ки заминае фароҳам шавад то бештари инсонҳо битавонанд ба бештарин маротиби маърифат бирасанд.

Вуҷуди ситамҳо ва нобаробариҳо сабаб мешавад то инсонҳо даргири масоили моддии зиндагӣ шаванд ва ба ҷони ҳам биафтанд ва ба ин сабаб фурсате барои рушди маънавӣ ва такомули рўҳии хеш наёбанд. Ҳангоме ки бисоти зулм барчида шуд ва дар партави ҳукумати адли ҷаҳонӣ, зиндагии одилонае барои ҳамаи афроди башар барқарор шуд, тоза барои инсонҳо заминае фароҳам мешавад, ки ба сўи ҳадафи ниҳоии хилқаташон ҳаракат кунанд:

﴿ وَعَدَاللهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنکُمْ وَ عَمِلُوا الصَّالِحَات لَيَسْتَخْلِفَنَّهم فی الأَرْضِ کَمَا استخلَف الَّذينَ مِنْ قَبلِهِمْ وَ لَيُمَکِّنَنَّ لهم دينهم الَّذِی ارْتَضَی لَهُمْ وَ لَيُبَدِّلَنَّهم مِن بَعدِ خوْفِهم أَمْناً يَعْبُدُونَنِی لا يُشْرِکُونَ بِی شيئا﴾

«Худованд ба касоне, ки аҳли имону амали солеҳ ва дорои шоистагии раҳбарии ҷомеаи адли илоҳӣ бошанд, ваъда додааст, ки онҳоро ворисони замин кунад ва ҳукумати заминро ба дасташон биспорад ва ба эшон қудрат бахшад то динеро, ки Худованд барои инсонҳо писандидааст, дар ҷаҳон ҳоким кунанд ва пас аз даврони тарсу изтироб ва ноамниашон ба амну амон бирасонад».[4]

Ин оят дар инҷо тамом намешавад, балки дар хотима ҳадафи волотареро баён мекунад, ки ҳамаи умури пешин муқаддимаи он аст:

﴿ يَعبُدُونَنِی لا يشرِکُونَ بِی شَيئًا﴾

«То ин ки фақат маро бипарастанд ва ҳеҷ чизро шарики ман насозанд».

Оре, дар партави ҳукумати солеҳон бояд адли ҷаҳонӣ барқарор ва  бисоти ситам барчида шавад, дини Худо ҳокимият ёбад ва амнияти комил ҳама ҷоро фаро гирад то бисоти ширк аз рўи замин барчида шавад ва шароити парастиши Худованд бар рўи он, фароҳам ояд.

 

2.      Имоми Замон (алайҳис-салом) дар болотарин мартабаи қурби Ҳақ Таоло

Ҳоло агар пурсида шавад, ки ҳадаф аз ибодат ва парастиши Ҳақ Таоло чист, бояд гуфт: ҳадафи ибодат, дар даруни худаш нуҳуфта шудааст, зеро ки барпоии ибодат дар тақарруб (наздик шудан ба Худо) аст. Ибодат феъле аст, ки қурбатан илаллоҳ анҷом мегирад ва ҳадаф ва натиҷаи он, қурб - наздик шудан ба Худо - аст.

Қурб, мақоми бисёр олие аст, ки дигар чизе болотар аз он барои инсон тасаввур намешавад, қурб ҷавори Худо ва ҳамсоягии ўст. Дар дуое, ки рўзҳои моҳи Раҷаб хонда мешавад, ибороти бисёр равшан ва бепардае ворид шудааст, ки агар дар ин дуои шариф наомада буд, ҷуръати баёни он инз набуд:

لا فَرْقَ بَينَکَ وَ بَينَهَا إِلّا أنَّهُمْ عِبَادُکَ وَ خَلقُکَ فَتِقهَا وَ رتقها بِيَدِکَ بَدَؤُهَا مِنکَ وَ عوِّدْهَا إلَيکَ.

«Миёни ту ва эшон ҳеҷ ҷудоӣ ва тафовуте нест, ҷуз он ки ту Худо ва Холиқи эшон ва инҳо банда ва махлуқи туанд. Бастану кушодани умури онҳо дар дасти ту ва оғозу анҷомашон ба сўи ту аст».[5]

Оре одамӣ чунон тавону қобилияте дорад, ки метавонад ба чунин мақоми эъҷобангезе аз қурбу наздикии Худо бирасад. Тибқи ин дуои шариф, ки аз тарафи Имоми Замон (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳуш-шариф) содир шудааст, тамоми чаҳордаҳ маъсум (алайҳимус-салом) ва аз ҷумла мавлоямон ҳазрати Валии Аср ба болотарин дараҷоти маърифат ва убудияти Парвардигор ва ба табаи он, ба волотарин мартабаҳои қурб ва вусул ба Ҳақ, ноил шудаанд.

Ҳамин мақом аст, ки одамиро шарифтарини махлуқот мекунад. Ҳамин мақсади аъло аст, ки ҳамаи анбиё ва авлиёи Худо барои таҳаққуқи он омадаанд. Ҳамин мақоми воло аст, ки поктарин азизони Худо дар роҳи ҳидояти башар ба сўи он, ба шаҳодат расидаанд.

 

3-   Имоми Замон (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳуш-шариф),[6]   таҷаллии раҳмати бепоёни Ҳақ Таоло

Худованди Раҳмон, аз рўи меҳрубонӣ ва раҳмати бепоёне, ки ба бандагонаш дорад, маҳбубтарин ва азизтарин бандагонашро, ки ба олитарин дараҷаҳои инсоният расидаанд, дар маърази амвоҷи ғам, фишор ва ранҷу ситами ситамгарон қарор медиҳад то заминае барои рушди инсонҳо фароҳам ояд.

Дар даврони ғайбат, сахтиҳо ва ранҷҳои тоқатфарсое бар қалби Имоми Замон (арвоҳуно лаҳул-фидо) ворид шуда ва ситамҳои бисёре бар дўстон ва пайравонашон расидааст ва ҳазрат, ки рауфтарин инсони рўи замин барои уммати Ислом аст, онҳоро мушоҳида намуда ва бар он сабр кардааст. Қалби муқаддаси ҳазрат фақат дар партави иттисоли доимӣ ба азамат ва қудрати Худованд, метавонад ин ҳама ранҷу ситамро таҳаммул кунад. Худованди Таоло ба қалби рауфи Имоми Аср, нерў ва тавоне аз қудрати бепоёни хеш ато фармудааст то битавонад тамоми зулмҳо ва фишорҳои рўҳиро таҳаммул карда, бурдбор бошад ва ҳар лаҳза дар интизори зуҳур бимонад.

Худованди меҳрубон, вуҷуди муқаддаси Валии Асрро офарида ва дар маърази тўфони сахтиҳо ва фишорҳои руҳӣ қарор додааст то одамиён бифаҳманд барои чӣ офарида шудаанд ва онгоҳ ки ҳадафи офариниш ва масири дурусти зиндагии хешро дарёфтанд, дар масири он қадам бардоранд ва ба андозаи ҳимматашон он роҳро бипаймоянд.

Дуруст аст, ки аз беҳтарин лаҳзаҳои умри мо, вақтҳое аст, ки ба мавлоямон тавассул меҷўем, дар фироқи ў ашк мерезем, дар мадҳи ў ашъор ва суханоне мешунавем, дар азои аҷдодаш азодорӣ мекунем..., вале инҳо ҳеҷ кадом ҳадафи ниҳоӣ нест. Ин дастурҳоро ба мо додаанд то ҷиҳати меҳру муҳаббатҳои мо ба як самту сўй тамаркуз ёбад ва поктарин отифаҳои мо ба як ҷиҳат, ки ҷиҳати худоӣ аст,  равона карда шавад ва дилҳои мо ба зебоиҳои дунё баста нашавад. Оре диле, ки ба вуҷуди муқаддаси Валии Аср супурда мешавад, дигар ҷой надорад ба бегонагон супурда шавад.

 

 

Роҳи расидан ба авҷи муҳаббат ва маърифат

Вуҷуди инсонро метавон ба пирамидае ташбеҳ кард, ки аз хатти ибтидоие шурўъ мешавад ва ба сўи нуқтае пеш меравад. Дар хатти ибтидоии ин пирамида, шинохтҳо ва муҳаббатҳои фаровоне вуҷуд дорад; аз муҳаббатҳо, муҳаббати падар, модар, ҳамсар, устод, дўст, ҳамсоя ва муҳаббати ҳамаи касоне, ки ба ў эҳсоне кардаанд ё кореро ба ў омўхтаанд ва аз шинохтҳо низ аз илмҳои гуногуни динӣ ҳамчун фиқҳ, усул, ақоид, ахлоқ ва ирфон гирифта то ҳар риштаи илмие, ки битавонад дар ҷиҳати расидан ба камоли инсон кумак кунад. Ин шинохтҳо ва муҳаббатҳои фаровон, дар хатти ибтидоии вуҷуди одамӣ, густарда ва пахш шудааст.

 

1.Ихлос дар муҳаббат ва маърифат

Дар сайру сулук ба сўи камол, бояд аз ибтидо оғоз кард. Вале бояд ба сўи қуллаи пирамида, ки ҳамон муҳаббат ва шинохти Худо аст, пеш рафт. Табиӣ аст, ки одамӣ дар ибтидо падар ва модарашро дўст медорад ва ба хешон ва дўстонаш муҳаббат меварзад; аммо инҳо бояд аз муҳаббати Худо пок шавад. Агар муҳаббатҳое бо муҳаббати Худо ва авлиёи Худо зиддият дашта бошад, бояд аз байн равад. Дўстонеро бояд баргузид, ки камолоташон бар сифатҳои манфиашон бартарӣ дошта бошад, дўстоне, ки дар роҳи муҳаббати Худо ва авлиёи ў қадам мебардоранд.

Агар дўстон ва хешоне дорем, ки бештари рафторашон бо рафтори авлиёи Худо намесозад, риштаи муҳаббат ва дўстӣ бо эшон бояд қатъ шавад:

﴿ قلْ إنْ کَانَ آباؤُکُمْ وَ أَبنَاؤکُمْ وَ إخوانُکُمْ وَ أزوَاجُکُمْ وَ عَشيرَتُکُمْ وَ أموَالٌ اقتَرَفتُمُوهَا وَ تجارةٌ تَخشَوْنَ کَسَادَها وَ مَسَاکِنُ تَرْضَونَهَا أحَبَّ إلَيکُمْ مِنَ اللهِ وَ رَسُولِهِ وَ جِهادٍ فِی سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُوا حتَّی يَأتِیَ اللهُ بِأمرِهِ وَ الله لا يَهدِی القَوْمِ الفَاسِقِين﴾

«Бигў падарон ва фарзандон ва бародарону ҳамсарон ва тоифаи шумо ва амволе, ки ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касод шуданаш метарсед ва хонаҳое, ки ба он алоқа доред, дар назаратон аз Худо ва Паёмбараш ва ҷиҳод дар роҳаш маҳбубтар аст, дар интизор бошед, ки Худованд азобашро бар шумо фуруд оварад ва Худованд ҷамъияти нофармонбардорро ҳидоят намекунад».[7]

Ин кунҷҳое, ки дар ибтидои пирамида вуҷуд дорад, аз ду меҳвар ба тарафи ваҳдат пеш меравад то дар як нуқта ба ҳам мерасанд. Нуқтае, ки ҳатто дар он, муҳаббат ба Имоми Замон (алайҳис-салом) асолати худро аз даст медиҳад. Дар он мақом Имоми Замонро низ ба ин хотир дўст медорем, ки бандаи солеҳ ва шоистаи Худо аст. Ба ў ишқ меварзем зеро,  ки вуҷудаш шуое аз вуҷуди ўст. Асолат фақат барои як нуқта аст:

﴿ قل اللهُ ثمَّ ذَرْهُمْ﴾

«Бигў: Худо, сипас бақияро вогузор».

Тамоми анбиё ва авлиё омадаанд то моро ба сўи он нуқта равон созанд. Муҳаббат ба авлиёи Худо ҳамон мавқеъ арзиш меёбад, ки дар сояи муҳаббати Худо бошад. Агар муҳаббати мо ба авлиёи Худо замима ва зиёдатиҳое ва изофоте дошта бошад, он муҳаббат муҳаббати асил нест. Агар Имоми Замонро ба ин хотир дўст медорем, ки ҷаҳони моро обод кунад ва неъматҳои моро фузунӣ бахшад, пас мо дўстдори ободонӣ ва неъмат ҳастем на дўстдори мавло ва вилояту сарпарастии ў. Агар ба ў ишқ меварзем, аз ин ҷиҳат, ки дар замони зуҳураш илму ҳикмат ва пешрафтҳои маънавӣ ба осонӣ ба дастамон меояд, пас дўстдори роҳатӣ ҳастем на муҳаббати Имоми Замон (алайҳис-салом).

  Бояд дар партави маърифати ҳақиқӣ ба Худованд ва ҷонишини барҳаққи ў дар замин, тамоми замимаҳо ва зиёдатиҳоро аз дилҳоямон бизудоем, то муҳаббати мо поку холис шавад. Чунин муҳаббате кимиё аст ва чунин диле, таҷаллигоҳи ишқи кибриё шумурда мешавад; диле, ки Имоми Замонро фақат барои Худо дўст медорад, на барои худ.

 

2. Вуруд ба таҷаллигоҳи муҳаббат ва маърифат

Гоҳе зебоии маҳдуд ва ноқис, ошиқони ишқи маҷозиро чунон девона ва асир мекунад, ки ҳозиранд ҷони хешро дар роҳаш бибозанд. Ҳоло агар ин ҷамол ва зебоӣ бениҳоят шавад, чӣ мешавад?! Магар мешавад, зеботар ва дўстдоштанитар аз Худо, мавҷуде бошад? Агар зебоияшро нашинохтаем, кўтоҳӣ аз мост. Яке аз баракоти вуҷуди Имом  ин аст, ки ҷамолу ҷалоли илоҳиро дар оинаи маҳдуде ба мо нишон медиҳад то бифаҳмем; вагарна он ҷамолу ҷалоли бениҳоят барои мо қобили дарку шинохт нест.

Вақте мешунавем, ки Имоми Замон гузашту саховат, ҷуду эҳсон ва лутфу раъфатро ба ҳамаи мардум хоҳ дўст ва хоҳ душман арзонӣ медоштаанд, дилҳоямон пар мезанад.

Мо тамоми сифатҳои ҷамолу ҷалоли илоҳиро аз ҷилвагоҳи ҳамин ҷилваҳои маҳдуд, дарк мекунем. Аҳли Байт (алайҳимус-салом) оинаҳои маҳдуд ва кўчаке ҳастанд, ки ҷамолу ҷалоли бениҳояти илоҳиро дар ҳадди дарку шинохти мо муҷассам мекунанд.

Оре вуҷуди Аҳли Байт (алайҳимус-салом) таҷаллигоҳи тамоми исмҳо ва сифатҳои илоҳӣ ва беҳтарин даромадгоҳ ва ҷойгоҳи маърифати Худо аст. Даромадгоҳ ва маҷрои мутмаинне, ки метавонад Худоҷўёнро аз миёнбуртарин роҳ ва дар кўтоҳтарин замон ба Худованд бирасонад:

مَن أرَادَ اللهَ بَدَءَ بِکُم.

«Ҳар кӣ Худошиносӣ ва Худопарастиро ирода кунад, аз шумо оғоз мекунад».[8]

Ниҳояти лутфи Худовандро дар ҳаққи бандагонаш бубин, ки азизтарин бандагонашро барои мо барин инсонҳо, ки маърифатамон заиф аст, офаридааст то ҷамолу ҷалоли илоҳиро дар маърази дарку шинохти мо қарор диҳад то битавонем ба ин васила, роҳе ба сўи ҷамолу ҷалоли мутлақ биёбем.

Ҳадаф аз вуҷуди Имоми Замон (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳуш-шариф) ва падарони гиромиаш ин будааст, ки ману шумо бо Худо ошно шавем; бинобар ин, ҳар чӣ бо чанг задан ба гуфтору рафтори Аҳли Байт (алайҳимус-салом) дар раҳи маърифат ва бандагии Худованди таоло пеш равем, ба аҳдофи ҳазрат наздиктар шуда ва қалби мутаҳҳари ўро шодтар сохтаем. Зеро ки ҳазрат болотарин ошиқи Худо аст, ки бештар ризояти Худоро мехоҳад ва ризояти Худо ҳам дар ин аст, ки бандагонаш ҳар чӣ бо ў ошнотар ва ба ў наздиктар шаванд.



[1] Сарват, дороӣ.

[2] Сураи Ҳадид - 25.

[3] Ҳазрати Имом дар ҷои дигар мефармояд: «... Беъсати паёмбарон ва фиристода шудани китобҳои осмонӣ барои мақсади шарифи маъруфатуллоҳ (шинохти Худованд) буд, ки саодатҳои дунявӣ ва охиратӣ дар сояи он ҳосил мешавад». (Чиҳил ҳадис, саҳ.660)

[4] Сураи Нур - 55.

[5] Қисмате аз дуои махсуси моҳи Раҷаб, ки худи Имоми Замон онро ба василаи номае ба дуввумин ноиби хоссашон – Абуҷаъфар Муҳамад ибни Усмон ибни Саид, дар давраи ғайбати суғро навиштаанд.

[6] Яъне дуо кардан барои Имоми Замон аст.

[7] Қуръон, сураи Тавба 24.

[8]Қисматҳое аз «Зиёрати Ҷомеаи Кабира», ки пас аз «Зиёрати Аминуллоҳ», аз беҳтарин ва комилтарин зиёратҳост; зиёрати шарифе, ки аз тарафи Имом Ҳодӣ (алайҳис-салом) содир шуда ва фаровон мавриди таъкиди Имоми Замон қарор гирифтааст.

Home page book