back page

Вазифаи пайравони Имом дар даврони ғайбат

next page

 

1.    Парҳезгорӣ ва пешвоии парҳезгорон

             Намунае аз вилояти авлиёи Худо

2.  Ҷиҳоди ҳамаҷонибаи фарҳангӣ

3.  Дастгирӣ аз насли ҷавон

4.  Муҷаҳҳаз шудан ба силоҳи илму ҳикмат

·      Вазифаи пайравон дар муқобили душманон

2.  Дурӣ аз фитнаҳо ва шубҳаҳои куфромез

3.  Эълони безорӣ ва душманӣ

4.  Созишнопазирӣ

5.  Имон ба қудрату ёрии илоҳӣ


 

Вазифаи олимон дар асри Имоми Замон           (алайҳис-салом)

 

1. Парҳезгорӣ ва пешвоии парҳезгорон

Бузургтарин ифтихор барои олимони пайрави он Имом  ин аст, ки ўҳдадори нақши варосат аз Имоми Замон (алайҳис-салом) мешаванд, яъне эшон дар замони ғайбат, вазифаеро анҷом медиҳанд, ки агар мавлояшон ҳузур дошт, онро анҷом медод. Албатта ворисон ин вазифаро ба таври маҳдуд ва дар ҳадди зарфияташон анҷом медиҳанд. Кор ҳамон кор, яъне равшангарӣ ва ҳидояти халқи Худо аст.[1]

Дар даврони ғайбат, ду вазифа ва таклиф барои мо зарурат дорад: якум ин ки худамонро аз олудагиҳо ва ғафлат пок кунем ва лаҳза ба лаҳза ба Худо наздиктар созем ва дуввум ин ки дасти дигаронро низ гирем ва атрофи хешро нурафшонӣ кунем. Дар воқеъ, бояд нақши Имомро дар шуои хурд ва маҳдуд иҷро кунем. Олиме, ки дар мактаби Аҳли Байт (алайҳис-салом) тарбият шуда бошад, метавонад як мартабае аз имомат ва вилоятро чӣ дар арсаи таквин ва чӣ дар ҷанбаи ташреъ, ўҳдадор шавад.

 

Намунае аз вилояти авлиёи Худо

Дуруст аст, ки теъдоди имомон, ба маънои истилоҳии худаш, дувоздаҳто бештар нест, аммо пайравони воқеии эшон фаровонанд. Яке аз авлиё ва дўстони Худо, ки пас аз марг низ кароматҳои зиёде аз вай зоҳир шудааст, марҳум Мирзои Қумӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) аст. Касоне, ки барои расидан ба ҳоҷати худ ба мақбараи он бузургвор, дар қабристони Шайхони Қум, рафтаанд ва пас аз хондани Фотиҳа ва сураи Ёсин ба ҳоҷати худ расидаанд, бисёранд. Ин шахсияти бузург, назди Худованд чунон мақоме ёфтааст, ки осори вуҷудӣ ва каромотҳояш фаротар аз мавридҳое аст, ки замони ҳаёти ў рух дода ва ба қадре густарда ва фаровон аст, ки забту ҷамъоварии онҳо бисёр душвор ба назар меояд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Баҳҷат дар бораи яке аз каромотҳои марҳуми Мирзо дар замони ҳаёти ў мефармуд: Шахсе, ки муқобили мақбараи марҳум Мирзои Қумӣ дафн шудааст, аз аҳолии Кавказ буд. Вай дар замони ҳаёташ бо корвоне аз Кавказ, ки дар он даврон ҷузъи қаламрави Эрон буд, барои анҷоми фаризаи ҳаҷ, ба тарафи Макка раҳсипор буд. Пас аз зиёрати Хонаи Худо ва анҷоми маросими ҳаҷ, қадре савғотӣ мехарад ва дар ҳамёнаш мегузорад, ба Ҷадда меравад ва бар киштӣ савор мешавад то ба Эрон баргардад. Аз бадии ҳодиса, ҳамён ва савғотӣ ва пулҳои дохили он ва дигар васоилаш, ба дарё меафтанд ва ў ҳарчи кўшиш мекунад наметавонад онҳоро аз об берун кунад. Хеле нороҳату афсурда мешавад ва чунки дили поку босафое дошт, худро ба Наҷаф мерасонад ва ба ҳарами ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) меравад ва пас аз зиёрат ба ҳазрат арз мекунад: Ман ҳамёнамро аз шумо мехоҳам. Шаб дар ҳолати хоб, ҳазрат ба ў мефармоянд: «Бирав ҳамёнатро аз Мирзои Қумӣ бигир».

Рўзи баъд ба ҳарам меравад ва мегўяд: Ман Мирзои Қумиро намешиносам ва ҳамёнамро аз шумо мехоҳам. Шаби дуввум боз хоб мебинад, ки ба ў мефармоянд: «Бирав ҳамёнатро дар Қум аз Мирзои Қумӣ бигир». Саранҷом чорае ҷуз ин намебинад, ки равонаи Қум шавад. Ва барои харҷи сафар каме пул аз рафиқонаш қарз мегирад ва худро ба Қум, ба хонаи Мирзо мерасонад.

Вақте дар мезанад ходим пушти дар омада мегўяд: Чӣ кор дорӣ?

Мегўяд: Бо Мирзо кор дорам.

Ходим мегўяд: Мирзо ҳар рўз баъд аз зуҳр дар ин соат истироҳат мекунад, бирав ва дар вақти дигар биё.

Дар ин ҳол, марҳум Мирзо аз дохили хона садо мезанад, ки ман бедорам ва мегўяд: Ин ҳамёнро ба ин мард деҳ.

Он мард ҳамёнашро мегирад ва хайру хуш мекунад ва намефаҳмад, ки чӣ каромоти бузурге аз Мирзои Қумӣ (ризвонуллоҳи таоло алайҳ) сар задааст.

Вақте ба Кавказ мерасад, пас аз он ки дидорҳо ва рафту омади дўстон ба хонаи ў тамом мешавад, бо хонаводааш ба гуфтугў мепардозад ва ҷараёни сафар ва аз даст додан ва дубора ба даст овардани ҳамёнашро нақл мекунад. Занаш мегўяд: Чӣ гуна ҳамёнат дар Ҷадда ба дарё афтод ва ту онро дар Қум ба даст овардӣ?! Оё вақте дар Қум ба суроғи ҳамёнат рафтӣ, аз ту нишонаи ҷинсҳои дохили онро напурсиданд?

Гуфт: На, ман ба дари хонаи Мирзо рафтам ва ... ногаҳон Мирзо аз даруни хона, ходимро садо зад ва ҳамёнро ба ў дод то ба ман диҳад.

Занаш гуфт: Охир чӣ тавр номатро напурсид? Ва аз куҷо медонист, ки чӣ коре дорӣ? Ва аслан чӣ тавр ҳамёни ту дар хонаи вай пайдо шуд?!

Марди кавказӣ тоза фаҳмид, ки чӣ каромоти бузурге аз Мирзо содир шуд ва ў ғофил будааст. Аз ин рў бисёр нороҳат шуд ва бисёр афсўс хўрд. Занаш низ ўро сарзаниш кард, ки чӣ тавр чунин каромоти азимеро аз он марди илоҳӣ дидӣ ва ҳатто дохили хона нарафтӣ, ки ўро бинӣ ва дасташро бўсӣ ва ҳамин тавр ҳамёнро гирфтӣ ва омадӣ?! Он мард тасмим гирифт зиндагиашро дар Кавказ раҳо кунад ва ба Қум биёяд ва муқими Қум ва ходими хонаи Мирзо шавад. Рўзе, ки ба Қум расид, дарёфт, ки Мирзо аз дунё рафтааст ва мардум бадани мутаҳҳари ўро ба қабристон мебаранд. Ў низ ба ҷамъи онҳо ҳамроҳ шуд ва гирист ва ба сару сина мезад ва пас аз ба хок супоридани Мирзо, тасмим гирифт дар назди қабри ў манзил гузинад ва ходими мақбараи он ҷаноб шавад. Марди кавказӣ, оқибат дори фониро видоъ гуфт ва ўро дар поини қабри Мирзо дафн карданд.

Оре, пайравони воқеии Имомон (алайҳис-салом) низ метавонанд ба дараҷаҳое аз вилоят, имомат ва пешвоии уммат даст ёбанд:

﴿وَ نُرِيدُ أن نَّمُنَّ عَلَی الَّذِينَ استُضعِفُوا فِی الأرضِ وَ نَجعَلَهُم أئمَّةً وَ نَجعَلَهُمُ الوَارِثين[2]

«Ва мо мехоҳем бар мустазъафони замин миннат ниҳем ва онҳоро пешвоён ва ворисони рўи замин қарор диҳем».

Ба фармудаи Худованди Раҳмон дар сураи Фурқон, яке аз дархостҳои бандагони хосси ў чунин аст:

﴿وَ اجعَلنَا لِلمُتَّقِينَ إمَامًا﴾[3]

 «Моро имом ва пешвои мўъминон қарор деҳ!»

Тарбиятшудагони мактаби Аҳли Байт (алайҳис-салом), фақат ба ин басанда намекунанд, ки танҳо гилеми худашонро аз об берун кашанд, балки ҳамеша аз Худованд мехоҳанд илова бар ин ки худ парҳезгор шаванд ва ба мартабаҳои олии тақво расанд, имом ва пешвои дигар парҳезгорон низ бошанд.

Имоми Замон (алайҳис-салом) аз мо анҷоми ин ду вазифа – парҳезгорӣ ва пешвоии парҳезгоронро мехоҳад. Агар тавонистем ин ду нақшро ба хубӣ анҷом диҳем, онгоҳ вазифаи шиа ва пайрави ошиқро дар ҳадди тавони худамон дуруст анҷом додаем, вагарна иддаои ишқ бе анҷоми вазифа, аз ҳеҷ кас пазируфта намешавад. Касе, ки ишқу муҳаббаташ ростӣ бошад, ҳамеша дар пайи анҷоми хоҳиши маҳбубаш меравад то ҷое, ки дигар чизе барои худ намехоҳад, балки фақат дар фикри ин аст, ки маҳбубаш чӣ мехоҳад.

 

2.Ҷиҳоди ҳамаҷонибаи фарҳангӣ

Дар ин замон, на танҳо сукут дар баробари шубҳаофаринон ва ғоратгарони ақидаю имон ҷоиз нест, балки муҷоҳидат дар майдони имлӣ ва фарҳангӣ, воҷибтарин вазифа ва таклифи мо аст.

Бар ҳамаи рўҳониён, мубаллиғон, устодон, муаллимон ва тамоми масъулони фарҳангӣ лозим аст, ки дар баробари таҳоҷуми беамони фарҳангӣ, ба дифои ҷонона аз марзҳои ақидатӣ ва фарҳангии Ислом шитобанд ва донанд, ки ҷиҳоде, ки имрўз бар ҳамаи мо воҷиб аст, на ҷиҳоди низомӣ, балки ҷиҳоди фарҳангӣ аст.

Бояд ҳама бовар кунем, ки бо ҷанги хатарноктар аз ҷанги ҳаштсола рўбарў ҳастем. Дар он ҷанг, ҳадаф ишғол кардани чанд ваҷаб аз хоки мо буд, аммо дар ин ҷанг, ҳадаф нобудии имони мо аст. Ба андозаи аҳамияти имон дар муқоиса бо хок, ин ҷанги фарҳангӣ муҳимтар ва хатарноктар аз он ҷанг аст.

Дар майдони корзор ва дифои низомӣ, садҳо ҳазор шаҳид ва фидоии вораста, аз ҷони хеш гузаштанд ва хуни поки хешро тақдим карданд то марзҳои ҷуғрофиёии мо ҳифз гардад. Оё дар майдони корзор ва дифои фарҳангӣ, ки хеле душвортар аст, ба ҳамон теъдод нерўи омода ва лоиқи шаҳодат ва фидоии ҷонбаркаф ниёз надорем? Ҷабҳаи ҳақ бояд бо тамоми тавон, бо силоҳи илму маърифат ва мантиқи дуруст, ба муқобила бо ҳизби шайтон, шитобад. Ҳаргиз ҷои он нест, ки дар мубориза бо ҳуҷуми беамони мавҷҳои гумроҳӣ ва фасод, ба ҳаракатҳои орому мўрчавор ё ба фаъолиятҳои сатҳӣ ва мақтаӣ, дил хуш кунем.

Бисёр хасоратбор хоҳад буд агар гумон кунем, ки дар рўбарўӣ бо гусели анбўҳи шубҳаҳо ба зеҳнҳои фаъоли ҷомеа, фақат бо тазоҳурот ва ба коргирии шеваҳои низомӣ метавонем муваффақ бошем ва рисолати хешро ба анҷом расонем. Ин гуна абзорҳо вақте ба кор меояд, ки душман низ бо ин абзор ба майдон омада бошад. Дар ҳоли ҳозир, душман бо силоҳи фарҳанг ба майдони корзор омадааст ва мо низ бояд бо силоҳи фаҳанг ба муқобили он бархезем. Имрўз ҳамаи истеъдодҳо ва неруҳои расмӣ дар хатти муқаддами ҷиҳоди фарҳангӣ шитоб кунанд то ҳамон гуна ки дар арсаи набарди низомӣ ба пирўзӣ расидем, дар майдони фарҳангӣ низ ба пирўзии бузург ноил шавем, иншоаллоҳ.

 

 

3.Дастгирӣ аз насли ҷавон

Имоми Замон (алайҳис-салом) , хусусан дар ин замон, барои ҳидояти пайравонаш ва пешгирӣ аз гумроҳии ҷавонон, аз мо бисёр интизор дорад. Чӣ гуна мумкин аст Имоми Замон (алайҳис-салом) шоҳид бошад ҷавонони бегуноҳе, ки дар хонадони мўъмин таваллуд шудаанд ва комашонро бо хоки мазори Сайидушшуҳадо - Имом Ҳусейн (алайҳис-салом) бардоштаанд, ин гуна тўъмаи шайтонҳо ва гургсифатон шаванд ва аз мо интизоре надошта бошанд?! Агар дар баробари ҳуҷуми беамони фарҳангии душман ва хуруҷи гурўҳҳои ҷавонон аз дини илоҳӣ, фақат нозир бошем ва чорае наандешем, чӣ гуна қалби мавлоямон аз мо розӣ хоҳад шуд?!

Банда бо қотеият арз мекунам, ки бузургтарин вазифаи рўҳониён дар ин замон, ҳидояти ҷавонон ва пешгирӣ аз куфру бединии онҳо аст. Дар ҳеҷ замоне, чунин вазифаи муҳим барои рўҳоният набуд. Ҳатто пеш аз инқилоб низ вазифаи руҳониён ин қадар мушкил набуд. Ин вазифаи мушкил, муқаддимаҳои бисёреро металабад. Корҳое, ки ба он одат кардаем ва дарсҳое, ки ба таври маъмулӣ мехонем, кофӣ нест. Бояд ёд гирем, ки бо ҷавонони азизамон чӣ гуна бархўрд кунем; мушкилоташонро чӣ гуна ҳал кунем ва ба шубҳаҳояшон чӣ гуна посух гўем. Имрўз шубҳаҳои ҷадиде ба миён омадааст, ки посухҳои ҷадидро металабад. Бояд бештар кўшиш кунем то маорифи исломиро амиқтар омўзем ва роҳи таълимашро ба дигарон, фаро гирем. Посухдиҳӣ ба шубҳаро тамрин кунем то тавонем аз ўҳдаи ин масъулияти бузург бароем.

 

4.Муҷаҳҳаз шудан ба силоҳи илму ҳикмат

Аз баъзе аҳодиси мўътабар истифода мешавад, ки барои ба вуҷуд омадан ва густариши ҳукумати Имоми Аср (алайҳис-салом)  дар сатҳи ҷаҳон, ҳатто пас аз зуҳури ҳазрат, ихлос, фидокорӣ, сахтӣ ва хуни дил хўрданҳо лозим аст. Нуктаи дигар он ки барои ба вуҷуд омадани он ҳукумати ҷаҳонӣ, илова бар маҳоратҳои ҷангӣ ва низомӣ, маҳоратҳо ва тавоноиҳои дигаре низ мавриди ниёз аст. Илова бар шуҷоат ва шаҳомат ва сардорони ҷангии варзида, ҳикмат ва дирояти олимони фарзона ва вораста низ ниёз хоҳад буд.

Вақте дарёфтем, ки муҳимтарин мушкили Имоми Замон (алайҳис-салом), ҷиҳоди илмӣ ва фарҳангӣ бо шубҳаафканоне аст, ки қироатҳои ҷадиде аз дин ироа мекунанд, равшан мешавад, ки илова бар далермардони варзида дар майдони ҷиҳоди низомӣ, ба олимони вораста ва тавоно ниёзмандем то ба Имоми Замон (алайҳис-салом)  дар ҷиҳоди илмӣ бо ин шайтонҳои инсоннамо, ёрӣ расонанд; албатта мо чунон бояд худро ба авҷи омодагӣ расонем, ки ба маҳзи зуҳури ҳазрат, тавонем дар рикоби ў бошем. Аз пешрафтатарин силоҳҳои низомӣ истифода кунем; аммо ҳоло ки фаҳмидем Имоми Замон (алайҳис-салом)  масъулияти муҳимми дигар низ дорад, ки ранҷу ғуссааш аз ҳар чизи дигар бештар ва кушандатар аст, бояд барои ёриаш худро ба силоҳи имлу огоҳӣ муҷаҳҳаз кунем ва бо тамоми тавон, барои аз байн бурдани ин гуна шубҳаҳо, кўшиш кунем то тавонем дўстон ва пайравони ҳазратро аз доми шайтонҳои шубҳаафкан бираҳонем.

Сарҳадбонӣ аз дилҳои пайравони Имоми Аср (алайҳис-салом)  бар ўҳдаи олимони раббонӣ аст:

عُلمَاءُ شيعَتِنَا مُرَابِطُون بالثغر الذی يلی ابليس و عفاريته يمنعونهم عن الخروج علی ضعفاء شيعتنا و عن ان يتسلط عليهم ابليس و شيعته النواصب. الا فمن انتصب لذلک من شيعتنا کان افضل ممن جاهد الروم والترک والخزر الف الف مرة لانه يدفع عن اديان محبينا و ذلک يدفع عن ابدانهم. 

«Олимони пайравони мо, муҳофиз ва нигаҳбони он сарҳадҳое ҳастанд, ки нуфузгоҳи иблис ва пайравони ҷинну инси ўст. Ин сарҳадбонони ақидаю имон, пайравони заифи моро аз беимонӣ ва ғалабаи шайтон, дур медоранд. Огоҳ бошед, ки ҳар кас барои чунин амри муҳимме бапо хезад, фазилаташ ҳазор ҳазор маротиба аз фазилати ҷанг бо тамоми душманони Ислом бештар аст; чаро ки шарру балоро аз дин ва бадани дўстдорони мо дур мекунад».[4]

Яке аз бузургтарин неъматҳои Худованд барои мо ин аст, ки инсонҳои маъсумро ба мо шиносонидааст. Имомоне, ки шинохташон хатобардор нест. Беҳтарин кор ин аст, ки одамӣ барои ба даст овардани дунёю охират, аз касе пайравӣ кунад, ки ҳеҷ иштибоҳе намекунад.

Худованд, Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва имомонро маъсум ва бегуноҳ қарор додааст то ҳарчи мефармоянд ва ҳар рафторе, ки анҷом медиҳанд, барои мо қобили иқтидо ва пайравӣ бошад. Дар бораи азамати ин неъмат ҳарчи андеша кунем ва Худоро шукр кунем, кам аст. Агар маъсумон набуданд, мо аз гуфтору рафторашон наметавонистем дарс гирем ва оқибат ба ҳамон ҷаҳолатҳо ва гумроҳиҳое, ки фирқаҳои гуногун, дар гўшаву канори дунё ба он дучор шудаанд, мубтало мешудем.

Улгуи мо дар ҳар асру замон, сираи паёмбарон ва имомоне аст, ки Худованди бузург сираи ҳидоятгаронаашонро усваи зиндагии мо қарор додааст.

﴿اولئِکَ الَّذِينَ هَدَی الله فَبِهُدٰاهُمُ اقتَدِه

«Эшон касоне ҳастанд, ки Худованд ҳидояташон кардааст; пас ба ҳидояти эшон иқтидо кун».[5]

Акнун бингарем, ки улгу ва усваи Қуръонии мо дар муқобили душманони Ислом – кофирон ва мунофиқон, кист ва дар даврони душвори охирзамон дар рўбарўӣ бо фитнаангезии душманон ва шубҳаангезии мунофиқон, чӣ гуна бояд истодагӣ кард.

 

Вазифаи пайравон дар мубориза бо душманон

 

1. Дурӣ аз фитнаҳо ва шубҳаҳои куфромез

Худованд мефармояд:

﴿وَ قَد نَزَّلَ عَليَکُم فِی الکِتَابِ أن إذَا سَمِعتُم آياتِ الله يُکفَرُ بِهَا وَ يُستَهزَأُ بِهَا فَلا تَقعُدُوا مَعَهُم حَتَّی يَخُوضُوا فِی حَدِيثٍ غيرِهِ إنَّکُم إذًا مِّثلُهُم إنَّ اللهَ جَامِعُ المنَافِقِينَ وَالکَافِرِينَ فِی جَهَنَّمَ جَمِيعًا

«Ва Худованд ин ҳукмро дар Қуръон бар шумо нозил кардаст, ки ҳаргоҳ бишнавед афроде оёти Худоро инкор ва масхара мекунанд, бо онҳо нанишинед то сухани дигаре бигўяд; вагарна шумо ҳам мисли онҳо хоҳед буд. Худованд мунофиқонро якҷо дар дўзах ҷамъ мекунад».[6]

Ин оят мефармояд: Шумо чӣ тавр мехоҳед бо душманони Худо робита намоед, бо ин ки Худованд дар Қуръон овардааст, ки агар дидед ё шунидед касоне ба оёти илоҳӣ беэҳтиромӣ мекунанд ва умури муқаддаси диниро ба масхара мегиранд, то вақте ки машғули масхара кардани маорифи динӣ ҳастанд, шумо ҳақ надоред дар маҳфилашон бишинед ва ба сухани онҳо гўш диҳед.

Агар суханроне дар маҳфиле, маорифи исломиро масхара кунад, фарди мусулмон ҳақ надорад дар он ҷо бинишинад; зеро агар дар чунин маҳфиле ширкат кардед ва ба сухани онҳо гўш додед, шумо низ монанди онҳо хоҳед буд; яъне шумо низ имонатонро аз даст медиҳед. Ин ки иҳонат шунавед ва сукут кунед, ба маънои тасдиқи иҳонат аст. Баъд мефармояд: Мунофиқоне, ки бо кофирон иртибот барқарор мекунанд ва дар муқобили иҳонатҳои онҳо ба дин, сукут мекунанд, мисли онҳо кофир хоҳанд буд. Ва Худованд мунофиқон ва кофиронро якҷо дар ҷаҳаннам гирд хоҳад овард.

Оё медонед нуқтаи оғози нифоқу куфр куҷо аст?! Нуқтаи оғози куфр шунидани сухани куфромез аст. Ин ки дунё исрор дорад суханони куфромез пахш шавад, барои ин аст, ки агар сухане даҳҳо бор гуфта шуд, дар рўзномаҳо навишта, дар филмҳо намоиш дода шуд, кам-кам қубҳи он мерезад (зиштии он аз байн меравад) ва оддӣ мешавад. Он вақт шумо тааҷҷуб мекунед, ки шахсе аз мансабдорони кишвар бигўяд: Мо, аз он дине, ки озодиро тазмин накунад, муртаддем (рўйгардонем).  Озодиро ин гуна тафсир кардаанд, ки мардум озод бошанд то ҳаргоҳ хостанд низоми исломиро аз байн баранд, мардум ҳеҷ аксуламале нишон надиҳанд. Агар Ислом ин озодиро таъмин кунад қабул дорем, вагарна аз чунин дине рўй мегардонем! Маънои ин сухан ин аст, ки агар Ислом иҷозат диҳад решаи худашро бикананд, ба он имон дорем; аммо Исломеро, ки дар он гўянд: Шумо ҳақ надоред низоми исломиро аз байн баред ва аҳкоми исломиро таътил кунед, қабул надорем ва аз он рўй мегардонем, зеро чунин дине озодиро таъмин намекунад.

Касоне дар либоси руҳонӣ гуфтаанд: Ҳукми буридани дасти дузд, ҳукми боздоранда аст ва агар тавонед аз роҳи дигаре пеши роҳи дуздро гиред, дар он вақт набояд дасти дуздро буред. Ин сухан яъне хат кашидан рўи аҳкоми зарурӣ ва рўи фармоиши Қуръон аст. Фосилаи байни куфр ва имон хеле кам аст:

يُصبِحُ الرَّجُلُ مُؤمِنًا وَ يُمسِی کَافِرًا.

Имрўз заруриёти Ислом дар нашриётҳои сертираж, дар китобҳо ва дар суханрониҳо инкор мешавад ва дами касе намебарояд. Ин бештар ранҷовар аст.

Ин куфру нифоқ аз куҷо пайдо мешавад? Аз шунидани суханони куфромез ва масхараомез дар бораи оёти илоҳӣ:

﴿إذَا سَمِعتُم آيا تِ الله يُکفَرُ بِهَا وَ يُستَهزَأُ بِهَا﴾

Агар иҷозат диҳед суханони куфромез ба гўшатон дарояд, кам-кам асар мекунад ва оҳиста-оҳиста зиштии он суханон аз байн меравад. Ҳангоме ки зиштии он суханон аз байн равад, баъзеҳо ҷуръат пайдо мекунанд, ки гўянд: Демократия бояд ба ҷое расад, ки мардум ҳар вақт хостанд , ҳукуматашонро иваз кунанд, агарчи он ҳукумат исломӣ бошад.

Бинед дасти истеъморгарон чӣ мекунад?! Кишвари Нигерия бузургтарин кишвари исломӣ дар қораи Африка аст, ки беш аз сад миллион аҳолӣ дорад ва бо он ки бештари мардуми он мусулмон ҳастанд, ҳукумати он ҳукумати масеҳӣ аст. Дар ин кишвар нақша кашиданд, ки ҷашнвораи зеботарин духтарро баргузор кунанд; барои ҳамин ба ҳамаи дунё эълон карданд, ки мехоҳанд чунин ҷашнворае дар Нигерия баргузор кунанд ва маликаи зебои дунёро интихоб кунанд. Барои он ки заминаи фарҳангӣ ва иҷтимоии ин фитна омода шавад, нависандаи масеҳиеро водоштанд ба Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) беэҳтиромӣ кунад то бинанд мардум чӣ кор мекунанд. Мардуми ғайратманди Нигерия ба муқобили он беэҳтиромӣ ва он ҷашнвора шўриш карданд ва садҳо кушта ва захмӣ доданд, ки чаро ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) беэҳтиромӣ шудааст. Чаро мусулмонони Нигерия ин гуна ғайратмандӣ нишон медиҳанд? Зеро вазорати фарҳангашон ҳанўз фарҳанги «тасоҳул ва тасомуҳ»-ро дар байни мардум тарвиҷ накардааст.

 

2.Эълони безорӣ

Сураи Мумтаҳина ин гуна оғоз мешавад:

﴿بسم الله الرحمن الرحيم-  يَا أيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لا تَتَّخِذُوا عَدُوِّی وَ عَدُوَّکُم أولِيَاء تلقون إليهم بالمودَّة وَ قَد کفروا بما جاءکم مِنَ الحقِّ يُخرِجُونَ الرَّسُولَ و إيَّاکُم[7]

«Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар. Эй касоне, ки имон овардаед! Душмани ман ва душмани худатонро дўст нагиред. Шумо ба онҳо изҳори муҳаббат мекунед, дар ҳоле ки онҳо ба он чӣ аз ҳақ барои шумо омадааст, кофир шудаанд ва Расулуллоҳ ва шуморо аз шаҳру диёратон берун меронанд».

Ин оят ба мўъминон чунин хитоб мекунад: Эй мўъминон, агар воқеан ба Худо ва рўзи қиёмт имон доред, бо душманони Худо дўстӣ накунед. Шумо ба онҳо  изҳори муҳаббат мекунед ва робитаи сиррӣ бо онҳо барқарор мекунед, вале онҳо аз ин рафтори шумо сўистифода мекунанд ва ояндаи ҷомеаи исломиро ба хатар меандозанд. Аз онҳо фиреб нахўред. Дар муқобили онҳо биистед ва бигўед, ки мо бо шумо душман ҳастем ва то аз хўи истикбориатон даст набардоред, ҳаргиз бо шумо ошноӣ нахоҳем кард.

Давоми оёт, моро ба ибратгирӣ аз ҳазрати Иброҳим (алайҳис-салом) фаро мехонад:

﴿قَد کَانَت لَکُم أُسوُةٌ حَسَنَةٌ فی أبرَاهِيمَ وَالَّذِينَ مَعَهُ إذ قَالُوا لِقَومِهِم إنَّا بُرَآؤُا مِنکُم وَ مِمَّا تَعبُدُونَ مِن دُونِ اللهِ کَفَرنَا بِکُم وَ بَدَا بَينَنَا وَ بَينَکُمُ العَدَاوَةُ وَ البَغضَاءُ أبدًا حَتَّی تُؤمِنُوا بِالله وَحدَهُ﴾[8]

«Барои шумо сармашқи хубе дар зиндагии Иброҳим ва касоне, ки бо ў буданд, вуҷуд дорад. Ҳангоме ки ба қавми мушрики худ гуфтанд: Мо аз шумо ва он чи ғайр аз Худоро парастиш мекунед, безорем. Мо ба шумо кофирем ва дар байни мо ва шумо душмании ҳамешагӣ ошкор шудааст то он замон, ки ба Худои ягона имон оваред».

Ин оят мефармояд: Эй мусулмонон, аз Иброҳим ёд гиред. Иброҳим ҳамроҳи он чанд нафаре, ки ба ў имон оварда будаанд. рў ба рўи кишвари бутпараст ва қудрати аҳримании Намруд истоданд ва ошкоро гуфтанд, ки мо аз шумо безорем. Як гурўҳи панҷ-шаш нафара дар муқобили ҷамъияти чанд миллионии Бобул, ки аз азимтарин ва пешрафтатарин кишварҳои дунё дар он замон буд ва дар муқобили Намруд, ки иддаои Худоӣ мекард, истоданд. Ин кор, кори осоне набуд. Истоданд ва гуфтанд: Мо ҳамин гурўҳи заиф аз шумо ва маъбудҳо ва бутҳоятон безорем.   

 

  3.Созишнопазирӣ

Аҳли тасоҳул мегўянд: Ба афкори дигарон ва ба муқаддасоташон эҳтиром гузоред; аммо Қуръон мегўяд: Ошкоро баён кунед, ки мо аз кофирон безорем:

﴿کَفَرنَا بِکُم وَ بَدَا بَينَنَا وَ بَينَکُمُ العَدَاوَةُ وَ البَغضَاءُ أبَدًا حَتَّی تُؤمِنُوا بِاللهِ وَحدَهُ﴾[9]

Аз ин ки теъдоди шумо кам аст, натарсед. Аз ин ки онҳо дорои сарват, илм, фановарӣ ва саноатҳои пешрафта ҳастанд, натарсед. Шумо Худоро доред. Агар аҳли сабру истиқомат бошед, Худо шуморо ёрӣ хоҳад кард. Ҳама чизро аз ҳазрати Иброҳим ёд гиред, ба ғайр аз як чиз:

﴿إلا قَول إبرَاهِيمَ لِأبِيهِ لَأستَغفِرَنَّ لَکَ

«Ҷуз он сухани Иброҳим, ки ба падараш гуфт: Барои ту омурзиш металабам».[10] Иброҳим (алайҳис-салом) пас аз гуфтугўи бенатиҷае, ки бо Озар дошт, аз рўи  раҳмату лутф ва ба сабаби ҳаққе, ки Озар ба гарданаш дошт, гуфт: Барои ту  истиғфор хоҳам кард. Қуръон  ба мусулмонон мегўяд: Шумо агар бо кофире рўбарў шудед, чунон ки Иброҳим бо Озар рўбарў шуд, ҳатто ваъдаи истиғфор ҳам ба ў надиҳед. Бигўед душмании мо бо шумо то абад идома хоҳад ёфт ва ҳаргиз барои шумо истиғфор нахоҳем кард. Ин таълими Қуръон аст. Ба таълим пайравӣ кунед. Ҳақиқатеро, ки Ислом аз мо мехоҳад, дар ин навъ масоили ҳаётӣ ва сарнавиштсоз аст.

 

3. Имон ба қудрат ва ёрии илоҳӣ

Бояд аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пайравӣ кунем, ки дар баробари кофирон истодагӣ кард ва тарсе ба дил роҳ надод; чунон ки мўъминон ба ў пайравӣ карданд:

﴿وَ مِنهُم مَن قَضَی نَحبَهُ وَ مِنهُم مَن يَّنتَظِر﴾

«Ва аз эшон баъзе ба шаҳодат расиданд ва баъзеҳо дар интизори шаҳодатанд».[11]

Ин гуна бошед. Аз ин ки душман моро иҳота кардааст ва қавӣ аст ва мо заиф ҳастем, натарсед. Душман қавитар аст ё Худо?! Магар Худо набуд, ки шуморо ёрӣ кард:

﴿وَ لَقَد نَصَرَکُمُ الله بِبَدر وَ أنتُم أذِلَّة﴾[12]

«Дар моҷарои Бадр, шумо залилу бечора будед ва Худо ба шумо ёрӣ расонд ва пирўз кард». Магар он Худо аз Худоиаш даст кашидааст?! Магар Худо пир шуда ва қудраташро аз даст додааст?! Худо ҳамон Худо аст агар шумо ҳамон бандаҳо бошед. Агар шумо ҳамон шуҷоони диловар бошед, ки душманро аз миҳан рондед ва барои ҷиҳод, сар аз по нашинохтед ва ошиқона дар роҳи Худо ҷангидед, Худо ҳам ҳамон Худо аст. Агар рост мегўед, ки ба Худо ва қиёмат имон доред, чаро метарсед?! Ё пирўзии дунё аз они шумо аст ё саодати охират ё ҳар ду. Тардид ба худ роҳ надиҳед. Бояд то нафаси охирин ва қатраи охири хун, бо душман мубориза кард. Фикри тасоҳул, тасомуҳ, гуфтумон, зиндагии мусолиматомез ва тарки муборизаро ба мағзатон роҳ надиҳед! Саранҷом вопасин Имоми мо, ҳазроти Маҳдӣ  (алайҳис-салом) бо шамшер қиём хоҳад кард ва ба пирўзии ниҳоӣ хоҳад расид. Ҳазрат бо гуфтумон пирўз нахоҳад шуд. Ин шеърҳоро мегўянд ва ин аллаҳоро мехонанд то ману шуморо хоб барад. Агар онҳо рост мегўянд, ки дунёи имрўз ҷанг намепазирад, пас дар Фаластину Ироқу Афғонистон чӣ мегузарад?! Оё эшон бо мардуми мазлуми Ироқу Фаластин гуфтумон мекунанд?! Оё ҳозиранд, ки камтарин ҳаққи ин мардуми мазлумро диҳанд?! Пас чаро дар ин кишварҳо кўдакон ва занонро бомбаборон мекунанд?! Чаро бачаҳои ширхорро ҳадафи тир қарор медиҳанд! Чаро беморхонаҳо, мактабҳо ва анборҳои ғизоро метарконанд?! Чаро маҳсули зироат ва дарахтҳояшонро месўзонанд?! Чаро аз ҳар тараф онҳоро муҳосира мекунанд ва доим бар сарашон оташ меборонанд?! Оё маънои тарафдорӣ аз ҳуқуқи башар ин аст?! Оё маънои демократия ва озодӣ ин аст?! То кай мехоҳем аз ин шайтонҳои бадтар аз иблис, фиреб хўрем ва дар баробари онҳо дастамонро баланд кунем ва таслим шавем. Агар қарор аст кушта шавем, бигзор ақаллан дар роҳи Худо ва роҳи дифоъ аз имону ақида ва динамон шаҳид шавем. Онҳо ба мо ваъда медиҳанд, вале вақте бар мо мусаллат шуданд ва ба орзуи худашон расиданд, дигар ҳеҷ касро намешиносанд. Таҷрибаи Афғонистон ва Ироқ кофӣ нест? Дар оянда таҷрибаи Сурия ва Арабистон низ хоҳад буд. Худо наёрад рўзеро, ки навбат ба таҷрибаи баъзе аз масъулони фиребхўрдаи мамлакати мо (Эрон) расад!


 


 


[1]  Имом Ҳодӣ (алайҳис-салом) дар бораи ҷойгоҳи волои олимони мутааҳҳид дар асри ғайбати Имоми Замон, мефармояд:

«Агар набуданд олимоне, ки пас аз ғайбати Қоим, шумо мардумро ба сўи ҳазрат даъват ва роҳнамоӣ ва бо бурҳонҳои илоҳӣ аз дини ў дифоъ кунанд ва бандагони заифи Худоро аз доми иблис ва саркашон ва носибиён бираҳонанд, ҳеҷ касе боқӣ намемонд, магар ин ки аз дини Худо хориҷ мешуд, вале ин олимон, ҳамон гуна ки нохудои киштӣ, суккони кишитиро ба даст мегирад, зимоми дилҳои пайравони заифи моро ба даст мегиранд:

اولئک هم الافضلون عند الله عز و جل

Ҳамоно эшон бартарин афрод назди Худованди Азза ва Ҷалла ҳастанд». Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», ҷ. 2, боби 8, ҳадиси 12.

[2] Қасас - 5.

[3] Фурқон - 74.

[4] Ал-омилӣ Наботии Баёзӣ, «Ас-сирот-ул-мустақим», ҷ. 2; Табарсӣ, «Ал—эҳтиҷоҷ»; «Тафсири Имом Аскарӣ»; Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор» ҷ.2.

[5] Сураи Аъом - 90.

[6] Сураи Нисо - 140.

[7] Сураи  Мумтаҳина – 1.

[8] Сураи Мумтҳаина - 4.

[9] «Мо ба шумо кофирем ва барои ҳамеша байни мо ва шумо душманӣ барқарор хоҳад буд, магар ин ки имон биёред».

[10] Сураи Мумтаҳина - 4.

[11] Сураи Аҳзоб - 23.

[12] Сураи Оли Имрон - 123.

Home page book