|
Осебшиносии ҳадафҳои Имоми Замон (алайҳис-салом) |
|
· Бузургтарин монеа дар баробари ҳадафҳои Имоми Замон (алайҳис-салом)
1. Руҳи худсарӣ ва ҳавопарастии мардум
2. Ба хатар афтодани мақоми қудратмандон ва сарватмандон
3. Зуҳури гароишҳои моддӣ дар пайравон
4. Динфурўшии донишмандон
· Шеваҳои нави мубориза бо ҳадафҳои Имоми Замон (алайҳис-салом)
1. Рўҳониятситезӣ
2. Бардоштҳои гуногун аз дин
Бузургтарин монеа дар роҳи ҳадафҳои Имоми Замон (алайҳис-салом)
1.Рўҳияи худсарӣ ва ҳавопарастии мардум
Дар ҳамаи замонҳо, дар баробари шариатҳои илоҳӣ аксуламалҳои номуносибе аз тарафи гурўҳҳои гуногун, изҳор шудааст. Маҳдудият дар зиндагӣ, бо табъи аввалияи башар созгор нест. Одамӣ мехоҳад ҳеҷ қайду банде надошта бошад то ҳар коре, ки дилаш мехоҳад анҷом диҳад. Аз назари иҷтимоӣ мехоҳад озод бошад. Одамӣ, на танҳо моил аст дар муҳити хонавода ва иҷтимоъ озод бошад, балки дилаш мехоҳад дар тамоми корҳое, ки интихоб мекунад, озод бошад. Вақте инсонро маҳдуд кунанад ва ба ў гўянд фалон корро накун, ибтидо дар муқобили он аксуламал нишон медиҳад ва дилаш намехоҳад онро пазирад. Агар ба кўдак низ гўянд: фалон корро накун аксуламал нишон медиҳад ва мегўяд мехоҳам кунам ва агар сахтгирӣ кунанд, ў бештар мекунад.
Ин матлаб аз ин воқеият ҳикоят мекунад, ки фитрати инсон бинобар табъи авалияаш, дар муқобили маҳдудиятҳо ва амру наҳйҳо, аксуламал нишон медиҳад; чаро ки
ألإنسَانُ حَريصٌ عَلی مَا مُنِعَ.
«Одамӣ ба ончи аз он манъ мешавад, ҳирс меварзад». Бинобар ин, яке аз омилҳое, ки сабаб мешавад тўдаи мардум дар баробари анбиё воканиши мухолиф нишон диҳанд, ҳамон рўҳияи худсарӣ ва бебандуборӣ аст, ки дар инсон вуҷуд дорад:
﴿بَل يُرِيدُ الإنسَانُ لِيَفجُرَ أمَامَه﴾[1]
«Одамӣ мехоҳад пеши роҳаш боз бошад ва ҳеҷ қайду банде надошта бошад». Ба иборати дигар инсон мехоҳад бебанду бор бошад. Вақте анбиё мехостанд қайду бандҳое ба пои башар бигузоранд, ҳарчанд дастурҳои эшон дар воқеъ озод кардани башар аз қайду банди ҳавоҳои нафсонӣ ва ғаризаҳои ҳайвонӣ буд, мардуми нодон ин дастурҳои илоҳиро барои худ қайду банд медонистанд ва намехостанд зери бори он раванд. Ин омиле аст, ки дар ҳамаи ҷомеаҳо вуҷуд дорад ва то рўҳи инсон тарбияти илоҳӣ напазирад, хоҳу нохоҳ дар баробари майл ба озодӣ ва бебанду борӣ таслим хоҳад буд.
Чӣ тавр мешавад, ки мўъмин ба тарафи куфр кашида мешавад?! Таҳлили равоншиносонаи он ин аст, ки вақте иҷрои баъзе аз дастурҳои дин бо хостаҳои нафси одамӣ ва роҳатталабию худсарии ў созгор набошад, инсони имонаш заиф аз пайи ин мешавад, ки дар фатвои муҷтаҳид шак кунад. Вақте мегўянд: Ин корро анҷом надеҳ, ҳаром аст. Мегўяд: Ба чӣ далел? Мегўем: Мароҷеи тақлид ва муфтиён дар рисолаҳо навиштаанд. Мегўяд: аз куҷо маълум, ки инҳо дуруст мегўянд? Шак ибтидо аз инҷо оғоз мешавад, ки шояд марҷаи тақлид иштибоҳ карда бошад. Барои худашон таъйид меоваранд, ки худи мароҷеъ ва муфтиён низ бо ҳам ихтилоф доранд. Ва ин далеле аст барои ин ки ба фатвои эшон эътимоде нест. Агар касе дунбол кард ва гуфт: Ин муҷтаҳид аз худаш намегўяд, балки ҳамаи муҷтаҳидон гуфтаанд; санаду далелашон ҳам калимоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст, эшон аз тарафи худашон ин суханҳоро намезананд. Ва ҳатто агар ҳадиси онро ҳам баён кунад, ки ин ҳукм дар ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба равшанӣ баён шудааст, мегўяд: Хуб аз куҷо маълум, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин ҳадисро фармуда бошад? Ривоятҳои заиф ҳам зиёд аст, шояд ин ҳадис заиф бошад. Агар касе пайгирӣ кард ва гуфт: Ин ривоят заиф нест, балки саҳеҳ ва мўтабар ва мутавотир аст; ба гунае ки ҳаргиз ба он шакке нест. Вақте ин шахс дар ин ҷо низ сараш ба санг мехўрад мегўяд: агар қабул кунем, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳам гуфтааст, аз куҷо маълум, ки дуруст гуфтааст? Агар барои ў дар ҳамин маъно, ояти Қуръон биёварем, мегўяд: Шояд маънои ояти Қуръон ин набошад. Фаҳмҳои гуногун аз Қуръон мешавад. Ин фаҳми шумо аст. Бардошти дигаре ҳам вуҷуд дорад. Касони дигар мумкин аст маънои дигареро аз ин оят фаҳманд. Шояд ин тавре ки олимон фаҳмидаанд, дуруст набошад. Вақте исбот шавад, ки ин оят фақат ҳамин маъноро дорад ва маънои дигар аз он фаҳмида намешавад ва ҳар касе, ки забоншинос ва аҳли забони арабӣ бошад, фақат ин маъноро аз оят мефаҳмад, хоҳад гуфт: Аз куҷо маълум, ки оёти Қуръон, каломи Худо бошад?!
Имрўзҳо шубҳаҳое ба миён меояд, ки Қуръон каломи Худо нест ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фақат ҳолати хешро ҳангоми дарёфти ваҳй, гузориш кардааст. Ваҳй ҳолати безабонӣ аст; ҳолати рўҳие аст, ки ҳар кас метавонад онро дарёбад. Дар ваҳй ҳеҷ мафҳум ва лафзе нест ва фақат Паёмбар тибқи собиқаҳои зеҳнии хеш, ҳолатеро, ки дар замони ваҳй пайдо мешавад, ба ин сурат баён мекунад; пас ин каломи Худо нест ва каломи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст ва чунки каломи Паёмбар аст, дар он хато роҳ дорад. Ба фарзи ин ки исбот шавад Қуръон каломи Худо аст, боз ҳам онҳо роҳи дигаре доранд. Устоди донишгоҳе дар донишкадаи илоҳиёт гуфтааст: Аз куҷо маълум, ки Худо рост мегўяд?! Шояд Худо (наузубиллоҳ) дурўғ гуфта бошад. Хубию бадӣ ва ростию дурўғӣ ҳама эътиборӣ аст. Магар шумо намегўед дурўғи маслиҳатомез хуб аст? Хуб, шояд маслиҳате будааст, ки Худо ҳам дурўғ гўяд!
Сайри шубҳаафканиҳои шайтонӣ аз шак намудан дар фатвои муҷтаҳид ва шубҳа кардан дар дурустии тақлид, оғоз мешавад ва ба шубҳаангезӣ дар ростгўии Худованд, поён меёбад. Дар ҳар марҳалае, ки шикаст хўранд як марҳала ақибнишинӣ мекунанд. Ин коре аст, ки шайтон пеши пои ёрони худаш гузоштааст. Касе, ки вилоят ва сарпарастии шайтонро қабул кунад, ихтиёрашро ба дасти шайтон месупорад то ҳар куҷо мехоҳад, ўро кашад. Оқибати ў низ куфр ва асфалассофилини даракоти ҷаҳаннам аст:
﴿إنَّ الله جَامِعُ المُنَافِقِينَ وَ الکَافِرِينَ فِی جَهَنَّمَ جَمِيعًا﴾
«Худованд тамоми кофирон ва мунофиқонро дар ҷаҳаннам ҷой медиҳад».[2]
﴿انَّ المنَافِقِينَ فِی الدَّرَکِ الأسفَلِ مِنَ النَّار﴾
«Мунофиқон дар поёнтарин ва пасттарин дараҷоти оташанд».[3]
Гўё имрўз тарҳе дар миён аст, ки дини мардумро бигиранд ва ҳеҷ шакке надорем, ки устоди ҳамаи онҳо як нафар ва он иблис аст, ки коргарони зиёдеро барои кори хеш ба хидмат гирифта ва ҳар кадомро дар як бахши махсус, ба кор гузоштааст. Натиҷаи кор кардани ҳамоҳанги ин система ҳамон иғво ва залолате аст, ки шайтон мехоҳад:
﴿فَبِعِزَّتِکَ لَأُغوِيَنَّهُم أجمَعِين﴾
«Ба иззати ту савганд, ки тамоми одамонро мефиребам».[4]
Ба ҳар ҳол муддатҳост, ки ҳаракати бисёр сиррӣ ва шайтонӣ дар роҳи динзудоӣ пайдо шудааст; албатта ин сухани мо нест. Беш аз даҳ сол аст, ки Мақоми Раҳбарӣ ба ин масъала ҳушдор додаанд. Мутаасифона он вақтҳо хатарро ба равшанӣ дарк накардем ва бовар накардем. Акнун намунаҳои амалиашро мебинем. Кор ба ҷое расидааст, ки умури муқаддаси дин ошкору равшан масхара мешавад ва аҳком ва заруриёти динӣ инкор мешавад. Ва ин ҳоле аст, ки бар асари ҳоким шудани рўҳияи саҳлангорию бепарвоӣ, ба ин суханони куфромез одат додаанд. Як рўз, вақте касе мегуфт, ки ҳазрати Фотима наметавонад барои мо намунаи ибрат ва улгу бошад, балки Ушин улгуи мо аст. Имом Хумайнӣ ба шиддат эътироз мекард ва мефармуд, ин фард агар фаҳмад чӣ гуфт, хунаш ҳадар аст ва бо ин ҳушдор ҷомеаро барои муддате аз хатар наҷот медод. Вале имрўз азбаски суханони куфромез такрор шудааст, мо низ дар муқобили он чандон ҳассосият пайдо намекунем.
2. Ба хатар афтодани мақоми қудратмандон ва сарватмандон
Омили дигаре низ сабаб мешавад то дар иҷтимоъ, бо анбиё ва авлиёи илоҳӣ мухолифат шавад. Шояд нахустин дастае, ки дар муқобили анбиё мебаромаданд, қудратмандон буданд, касоне, ки ба ноҳақ қудратро ба даст оварда ва бар гардани мардум савор шуда буданд. Бо омадани анбиё ва рўй овардани башар ба сўи аҳдофи илоҳӣ ва барномаҳои осмонӣ, қудрати хешро дар хатар медиданд. Медиданд, ки мақом, шаҳват, мавқеият, мансаб ва раёсаташон ба сабаби рўй овардани мардум ба шахси фақиру соддае чун Мўсо ё Исо, ба хатар афтодааст. Сарватмандон ва қудратмандоне, ки ҳамаи фикрашон ба олами модда ва лаззатҳои моддӣ аст, вақте мебинанд, ки дастурҳои анбиё барои онҳо қайду бандҳо эҷод мекунад, беш аз гурўҳҳои дигар аксуламал нишон медиҳанд. Чаро, ки имконоти эшон барои шаҳватронӣ ва бебандуборӣ аз дигарон бештар аст ва маҳдудиятҳое, ки аз тарафи дин домани онҳоро мегирад, онҳоро бештар ранҷ медиҳад. Саранҷом тамоми касоне, ки бо қиёми анбиё манфиатҳояшон ба хатар меафтад, ба мубориза мебароянд. Хоҳ манфиатҳояшон дар роҳи шаҳват бошад, хоҳ ишғоли мансабҳое, ки ба дурўғ ва ноҳақ онҳоро ишғол кардаанд, хоҳ мансабҳои сиёсӣ, хоҳ мансабҳое ба исми дин ва хоҳ ҳар чизи дигар бошад. Ҳамаи инҳо ба дунёпарастӣ ва ҷаҳонбинии маҳдуд дар чорчўби табиат, бар мегардад. Агар инсон уфуқеро густардатар аз модда ва моддиёт ёфт ва ҷаҳонеро васеътар аз ҷаҳони зудгузари дунё шинохт ва ба он эътиқод намуд, ҳозир мешавад аз лаззатҳои моддӣ ва маҳдуд гузарад то ба лаззатҳои абадӣ расад. Вале агар ба охират ва зиндагии абадӣ имон надошта бошад, дар ҳар гурўҳе ба шакли хоссе, дар муқобили анбиё аксуламал нишон медиҳад.
3. Зуҳури гароишҳои моддӣ дар пайравон
Ба ҳар ҳол, дар муқобили анбиё, гурўҳҳои гуногуне меистоданд то нагузоранд даъвати анбиё паҳн шавад ва мардум даъваташонро қабул кунанд ва пайрав ва муриди онҳо шаванд. Иллати ин душманиҳо аз рўҳияи ҳавопарастӣ ва алоқа ба лаззатҳои дунё дар шаклҳои гуногун, мисли алоқа ба қудратҳои иҷтимоӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ ва мисли дилбастагӣ ба шаҳватҳо ва ҳавоҳои нафсонӣ, сарчашма мегирад. Чунин омилҳое сабаб мешавад то нагузоранд даъвати анбиё пешрафт кунад. Аз сўи дигар, ин гароишҳои моддӣ дар инсонҳое, ки ба анбиё эътиқод доштанд каму беш вуҷуд дошт.
Дар ҳоле, ки ҳамаи мо мусулмонем ва беш аз ҳазору чаҳорсад сол аз таърихи динамон мегузарад, ҳар кадом аз мо тарбиятҳои хоссеро аз дин қабул кардаем. Гоҳе бо ин ки солҳои умрамонро дар фаҳми китоб ва суннат ва шинохти маорифи динӣ гузаронидаем, баъзе вақтҳо ҳавои нафсонии мо зуҳур мекунад ва назорати нафс аз дастамон меравад. Дар касоне, ки ба анбиё гароиш меёфтанд, ин рўҳия каму беш вуҷуд дошт. Чаро ки ба таври комил муҳаззаб нашуда буданд ва сохтмони руҳии онҳо ҳанўз тағйири моҳият надода буд. Ин буд, ки миёни пайравони анбиё низ гоҳе гароишҳои моддӣ ба суратҳои гуногун пайдо мешуд. Барои мисол, вақте мардум медиданд, ки амал кардан ба як ҳукме барояшон мушкил аст, кўшиш мекарданд то он ҳукмро тағйир диҳанд. Хусусан агар ҳукме дар вазъи хосси иҷтимоӣ ё табиӣ содир мешуд, мисли Асҳоби Сабт, ки канори дарё зиндагӣ мекарданд ва вазифа доштанд, ки рўзи шанбе моҳӣ нагиранд. Аммо чун моҳиҳо фақат дар рўзи шанбе ба канори дарё меомаданд, худдорӣ аз сайди моҳӣ дар рўзи шанбе барои онҳо мушкил буд.
Дар вазъе, ки риояти амру наҳйи илоҳӣ барои мардум мушкил мешуд, даст ба домани олимон ва роҳибони дин мешуданд ва аз эшон мехостанд то коре кунанд, ки ҳукми илоҳӣ тағйир ёбад. Яъне мехостанд то олимон ҳароми Худоро ҳалол кунанд ё роҳу чорае биандешанд ва барои гурез аз ҳукми Худо, гурезгоҳи шаръӣ дуруст кунанд. Байни олимони эшон, касоне ҳам буданд, ки ба хостаҳои мардум аҳамият медоданд ё ба хотири он ки манфиатҳои онҳо бояд аз ҳисоби мардум таъмин мешуд ё ба сабаби он ки мардум онҳоро дорои мансабҳои динӣ медонистанд ва агар ба хоҳиши мардум ҷавоби рад медоданд, дигар даврашон ҷамъ намешуданд ва онҳоро пешвои динии худашон намедонистанд. Дар ҳақиқат ҳамон рўҳияи дунёпарастӣ, ки ба шакли дигаре дар байни донишмандон вуҷуд дошт, боис мешуд то ба рўҳияи дунёпарастии мардум, ки дар қолиби дигаре вуҷуд дошт, мувофиқат кунад. Натиҷа ин буд, ки баъзе аз аҳкоми илоҳӣ ба баҳонаҳои гуногун амалӣ намешуд ё баъзе аз ҳаромҳои илоҳӣ анҷом мегирифт. Дар чунин мавридҳо, Қуръони шариф мефармояд:
﴿اتَّخَذُوا أحبَارَهُم وَ رُهبَانَهُم أربَابًا مِّن دُونِ الله﴾
«Донишмандон ва роҳибони хешро дар баробари Худо маъбуд қарор доданд».[5]
Инҳо чӣ кор кардаанд, ки барои шумо ҳукм ҷаъл кунанд?! Магар инҳо рабби шумо ҳастанд?! Шумо ҳақ надоред ғайр аз Худоро раб бидонед. Соҳибихтиёри шумо фақат Худо аст. Дар мавқеи дигар, соҳибони қудрат бар олимони дин фишор меоваранд, ки шумо бояд чеҳраи динро дигаргун кунед ва аҳкомро ба сурати дигаре дароред то мувофиқи майли мо бошад. Ин низ шакли дигаре аз дунёпарастӣ буд, ки ба мароҷеи рўҳонӣ фишор меоварад то дар фатвояшон таҷдиди назар кунанд.
Ҳамаи ин чизҳо боис мешавад, ки рўҳияи худопарастӣ ва таслим дар муқобили анбиё ва авлиёи илоҳӣ, дар мардум сусту заиф шавад ва дине, ки асоси он Ислом ва таслим дар муқобили Худо аст, ба сурати дигаре дарояд. Ҳадафи аслӣ аз офариниши инсон ва ташреи қонунҳои илоҳӣ, ин буд, ки мардум худопарастӣ кунанд, на худпарастию шикампарастӣ ва на бутпарастию иҷтимоъпарастӣ ва на... Паёмбарон омада буданд, ки башаррро худопараст, яъне таслими маҳз дар баробари амру наҳйи Худованд кунанд. Итоати маҳз дар баробари Худо, инсонро ба Худо наздик мекунад; ҷавҳари инсониятро тараққӣ медиҳад ва ба як падидаи зудгузар ва беарзиш, арзиши бениҳоят мебахшад. Анбиё омада буданд, ки чунин робитаеро байни инсонҳо ва парвардигорашон барқарор созанд ва инсонро аз як мавҷуди моддии фонии беарзиш, ба мавҷуде табдил кунанд, ки тавонад умри бениҳояте дар камоли лаззату саодат дошта бошад. Анбиё мехостанд инсонро ба гунае ғарқи таваҷҷўҳи Худо созанд, ки арзишро ба бандагӣ ва қурби Худо маҳдуд кунанд. Касоне, ки аҳком, маориф ва оёти илоҳиро таҳриф мекарданд, масирро ба мардум иштибоҳ нишон медоданд ва мегуфтанд: Халқро ба ҷои Худо гузоред. Чунин динфурўшоне бузургтарин хиёнатро ба инсоният муртакиб мешаванд; ба ҳамин сабаб анбиё омада буданд то башарро мутаваҷҷеҳи Худо кунанд ва ба сўи бениҳоят равон кунанд ва аз парастиши ҳамаи бутҳо вораҳонанд ва инсонро фақат банда ва мутеи Худо созанд. Авомиле ҳамчун ҳавопарастӣ, дунёпарастӣ ва динфурўшӣ боис мешавад, ки дасти таҳриф ба сўи маориф ва аҳкоми илоҳӣ дароз шавад. Аз онҷо ки вазифаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар ҳоли тағйир аст, қолибҳои бут низ дар ҳар даврае тағйири шакл медиҳад. Бутҳое, ки башар барои худ месозад ҳамеша сангу чўб ва моҳу хуршед нест. Гоҳе бутҳо иваз мешаванд ва маъбудҳо тағйири шакл меёбанд. Банӣ Исроил барои тағйири аҳкоми илоҳӣ, аҳбор ва раҳбонони динфурўшро ҳамчун раб ва маъбуди хеш итоат мекарданд.
Шеваҳои нави мубориза бо аҳдофи Имоми Замон (алайҳис-салом)
1.Рўҳониситезӣ
Агар олимони ҷомеа бар сари аҳду паймони худ собитқадам монанд, дар ҳеҷ вазъияте таслими хости зиддиисломии тўдаи мардум ва давлатҳо нахоҳанд шуд. Ҳарчи соҳибмансабон ба онҳо фишор оранд, ки фалон қонуни зиддиисломиро имзо кунед, дар посух мегўянд: Ҷон медиҳем, вале имзо намекунем. Ҳатто агар сад ҳазор нафар мардум барои ин қонуни исломӣ кушта шаванд, ҷо дорад; зеро ҳукми Худо бояд маҳфуз монад.
Агар авзои ҷомеа ба гунае бошад, ки қудратмандон натавонанад бо фишори сиёсӣ аз олимон бар хилофи ҳукми Худо фатвое гиранд ва тўдаи мардум низ бо фишорҳои руҳӣ ва эътиқодӣ натавонанд эшонро ба зону дароранд, чӣ бояд кард?! Аз чӣ роҳи нав барои дингурезӣ истифода бояд кард?! Бояд ин гуна олимонро аз назар берун кард; чаро ки дигар ба дарди ҳавопарастон намехўранд. Дингурезони ҳавопараст, аз олимони мутааҳҳиде, ки на аз таҳдиди сиёсӣ метарсанд ва на аз мухолифати мардум, рўй мегардонанд ва ба муҷтаҳиди дигаре рўй меоранд то шояд ў ҳукми Худоро тағйир диҳад. Муҷтаҳидони дигар ҳам мумкин аст дар баъзе аз масоил, бо ҳам ихтилоф дошта бошанд, вале дар масоили зарурӣ, ки аз мусалламот ва яқиниёти Ислом аст, ҳеҷ ихтилофе бо ҳам надоранд. Дигар ба чунин олимон, на қудратмандон метавонанд чашми тамаъ дошта бошанд ва на тўдаи дунёпараст. Пас чӣ бояд кард то битавон тағйиротеро дар дин эҷод кард то бо гароишҳои моддӣ ва нафсонии мардум созгор бошад? Бояд назарияи Ислом бидуни рўҳониятро пешниҳод кард ё рўҳониёнро аз саҳнаи иҷтимоъ канор зад. Аслан Ислом ба рўҳонӣ ниёзе надорад. Мардум ҳама бояд худашон раванд ва аҳкоми Исломро ёд гиранд. Инҳо се тарафи секунҷаи зару зўр ва тазвир (фиреб) ё се тарафи секунҷаи теғу тилло ва тасбеҳ ҳастанд. Инҳо ҳамкорони истеъморгаронанд, ки бояд ҳарчи зудтар канор гузошта шаванд; чаро ки мувофиқи майли мо фатво намедиҳанд. Қудратмандон ҳам монанади тўдаи мардум вақте диданд рўҳониён зери бор намераванд ба ин фикр меафтанд, ки рўҳониёни давлатӣ дуруст кунанд. Истеъморгарон низ вақте мебинанд, ки руҳониёни пайрави Аҳли Байт ин қадар сарсахт ва инъитофнопазиранд, эътироф мекунанд, ки бузургтарин душмани истеъмори Амрико дар Ховари Миёна, эшонанд. Пас мебинед, ки тамоми авомил дар ин ҷаҳон даст ба дасти ҳам медиҳанд то ин рўҳониёнро кўбанд. Шумо дар дунё наметавонед як омили иҷтимоиро пайдо кунед, ки бо вуҷуди руҳониёни мустақилли шиа мувофиқ бошанд; на истеъмори шарқ на истеъмори ғарб, на сарватҷўён ва қудратталабони дохилӣ ва на равшанфикрон. Мебинед дар он ҷое, ки масъалаи кўбидани рўҳониёни мутааҳҳид дар миён аст, ҳама бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамаи ин авомил даст ба дасти ҳам додаанд то Ислом ва Қуръон ва рўҳониёнро аз байн баранд. Барои ин ки онҳо фаҳмидаанд то ин гуна рўҳониён вуҷуд доранд, наметавонанд ба мақсади шумашон расанд. Фақат нерўи қудратманд ва қоҳири илоҳӣ аст, ки мардони Худоро дар баробари ин мавҷҳои саҳмгин нигаҳ медорад ва ҳифз мекунад; вагарна нерўи инсонӣ дар муқобили ин ҳама омилҳои иҷтимоӣ, тоби муқовимат надорад. Магар мешавад гурўҳи андак ҳам дар муқобили фитнаҳои истеъморгарон муқовимат кунад ва ҳам тўҳматҳои ҷоҳталабони дохилиро таҳаммул кунад; ҳам дашноми равшанфикронро шунаванд ва ҳам дар муқобили норизоятии дунёпарастон сабр намоянд ва ҳам дини худро нигаҳ доранд ва бо Худо бошанд. Магар ғайр аз нерўи илоҳӣ, нерўҳои башар дар муқобили ин ҳама мухолифат кифоят мекунад? Агар мебинед касоне дар гўшаю канор ба ин тарафу он тараф хам мешаванд ва инҳирофҳое пайдо мекунанд, тааҷҷуб надорад. Агар касе дар байни мавҷи ҳодисаҳову фитнаҳои охируззамон наҷот ёфт, ҷои тааҷҷуб дорад. Агар хасу хошокро сел барад, тааҷҷуб надорад. Агар дарахте дар миёни дарё муқовимат кунад, тааҷҷуб дорад. Пас танҳо чизе ки намегузорад мардони илоҳӣ аз масир ва ҳадафи аслии худ мунҳариф шаванд, лутфи Худо аст.
Агар баъзеҳо аҳкоми илоҳӣ ва дастурҳои диниро пўшонанд ва ба ҳар узру баҳона, ҳақиқатро барои мардум равшан накунанд, ин ҷост, ки олими динӣ бояд ҳақиқатро баён кунад. Барои дин, хатаре аз ин бузургтар нест, ки оёти илоҳӣ нодуруст тафсир шавад ва аҳком ва маорифи исломӣ баръакс нишон дода шавад. Агар аҳкоми илоҳӣ ва қонуни исломӣ таҳриф шавад ва эътиқоди мардум аз дину мазҳаб баргардад, роҳ барои ҳар гуна фасод боз хоҳад шуд. Вақте пазирем, ки аҳкоми Худо тағйир мепазирад ва оёти китоби Худо ҳам мутавонад хато тафсир шавад, он вақт чӣ нерўе дар мардум боқӣ мемонад, ки дар баробари тағйири қонунҳои Худо муқовимат кунад?! Вақте мардум бовар кунанд, ки қонуни дин қобили тағйир аст, дар муқобили тағйиру таҳрифи аҳкоми дин, ҳеҷ муқовимате нишон намедиҳанд. Дар чунин фарзе чӣ муқовиматеро дар муқобили истеъморгарони дохилӣ ё хориҷӣ метавон интизор дошт? То замоне, ки мардум пайрави рўҳониёни мутааҳҳид ҳастанд ва қонуни Исломро тағйирпазир намедонанд, дифоъ ва муқовимати ғаюрона аз марзҳои дин низ вуҷуд хоҳад дошт; аммо вақте фикрҳо тағйир кард, қонуни Ислом низ тағйир мекунад. Ба сабаби ҷойгоҳи вижаи рўҳониён дар ҳифзи дин аст, ки мебинем барои кўбидани эшон, душманони хориҷӣ ва мунофиқони дохилӣ бо ҳам муттаҳид мешаванд; чаро ки инҳо ҳадафи муштарак доранд ва он ҳам аз байн бурдани Ислом аст ва роҳу калиди он, ҷудо кардани мардум аз рўҳониён ва дин аст. Агар чунин шуд, роҳ барои ҳар фитнае боз хоҳад шуд.
2. Фаҳмишҳои гуногун аз дин
«Фаҳмишҳои гуногун аз дин» хатарноктарин силоҳе аст, ки бо он, ба ҷанги Имоми Замон (алайҳис-салом) мераванд. Вақте Имоми Замон (алайҳис-салом) зуҳур мекунад бо мардуме рўбарў мешавад, ки Қуръонро тафсири хато мекунанд ва аз Қуръон ва дин, фаҳми дигареро пешниҳод мекунанд ва аз Қуръон ва дин маънои навро пешниҳод медиҳанд ва аз ин тариқ бо имоми Замон (алайҳис-салом) ба муҷодила мехезанд.
Фузайл ибни Ясор мегўяд: аз Имом Содиқ (алайҳис-салом) шунидам, ки мефармуд:
انَّ قائمََنَا إذَا قَامَ استَقبَلَ من جهلة الناس اشد مما استقبله رسول الله صلی الله عليه و آله من جُهَّال الجاهلية. قلت و کيف ذلک؟! قال: إن رَسُولَ الله صلی الله عليه و آله أتی الناس وَ هم يعبدون الحجارَ والصخور والعيدان والخشب المنحوتة وَ إنَّ قائمَنَا إذَا قامَ أتی الناس و کلهُم يتأوَّلُ عليه کتاب الله و يحتج عليه به. ثم قال: أمَا وَاللهِ ليدخلن عليهم عدله جوف بيوتهم کما يدخل الحر والقر.
«Ҳангоме ки Қоими мо, (яъне имоми Замон) қиём мекунад, озоре, ки аз нодонии мардум мебинад бештар аз озоре аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз мардуми ҷоҳилият дид.
Арз кардам: Чӣ гуна?
Фармуд: Ҳамоно Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба сўи мардуме фиристода шуд, ки санг, тахтасангҳои бузург, чўб ва муҷассамаҳои чўбиро мепарастиданд, аммо ҳангоме ки Қоими мо қиём мекунад, ҳамаи мардум Китоби Худоро (Қуръон) аз пеши худ таъвил (тафсири хато) мекунанд ва бо такя ба таъвил (тафсири хатои)-и худ бо ҳазрати Маҳдӣ ба баҳсу ҷидол мепардозанд. Вале оқибат, ҳазрат адли худро бар онҳо ва ба хонаҳои онҳо ворид хоҳад кард, ҳамон гуна ки гармою сармо дохил мешавад».[6]
Бар асоси ин ҳадиси шариф ва мўъҷизаомез, маълум мешавад, ки озору азияте, ки Имоми Замон (алайҳис-салом) пас аз зуҳури хеш мебинад, аз озоре, ки 124 ҳазор пайғамбар дар роҳи Худо диданд, афзунтар ва тоқатфарсотар аст, зеро медонем, ки Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд:
ما اوذی نبي مثل ما اوذيت.
«Аз миёни 124 ҳазор расули илоҳӣ, ҳеҷ паёмбаре ба андозаи ман азият нашуд»; аммо Имом Содиқ (алайҳис-салом) мефармояд: Озору азияте, ки Имоми Замон аз мардум мебинад, аз озору ранҷҳои Паёмбар низ зиёдтар аст. Ровии ҳадис, Фузайл ибни Ясор (р) бо тааҷҷуб аз Имом мепурсад: Сирри ин матлаб чист, ки Имом Маҳдӣ ранҷу азияти беназир мебинад?
Имом Содиқ мефармояд: сирраш ин аст, ки Паёмбар бо мардуми ҷоҳил рўбарў буд, ки санг, тахтасанг ва чўбҳои тарошидаро мепарастиданд. Исботи нодурустии ақидаи чунин мардуме кори мушкил нест; албатта Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз ҷаҳолатҳои кўркўронаи мардуми бутпарасти замони хеш, хеле азият мекашид, вале дар вақти баҳсу истидлол мушкиле надошт. Ҳангоме ки Имоми Замон (алайҳис-салом) ташриф меоварад на бо бутпарастони ҷоҳил, балки бо олимони намоёне рўбарў мешавад, ки Қуръонро таъвил мекунанд. Ин ҳамон силоҳе аст, ки бо он ба ҷанги Имоми Замон (алайҳис-салом) мераванд. Вақте Имоми Замон (алайҳис-салом) ташриф меоварад, бо мардуме рўбарў мешавад, ки Қуръонро таъвил мекунанд. Таъбири аҷибе аст:
کلهم يتاول عليه کتاب الله و يحتج عليه به.
«Ҳамаи онҳо китоби Худоро таъвил менамоянд ва бо таъвили хеш, бар ҳазрат ҳамла мекунанд. Тафсири гермонотики матнҳои динӣ ва фаҳмиши гуногун аз дин, ончунон ривоҷ меёбад, ки ҳамаи мардум мепазиранд ва фаҳми ҷадид аз Қуръон ва динро пешниҳод мекунанд. Эшон бо Имоми Змон (алайҳис-салом) ба муҷодила бармехезанд ва мегўянд ту Қуръонро дуруст намефаҳмӣ, мо дуруст мефаҳмем. Он маъное, ки ту мегўӣ маънои қадим аст ва бо фаҳми мо фарқ дорад. Ончи ту аз Қуръон арза мекунӣ, бардошти қадим аст, ки барои мардуми ҳазору чаҳорсад сол пеш будааст. Имрўз бояд фаҳми наве аз дин арза кард то хушоянди мардуми данё бошад. Ҳарчи Имоми Замон (алайҳис-салом) гўяд, магар Худованд нафармудааст:
﴿يَا أيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أطِيعُوا الله وَ أطِيعُوا الرَّسُول وَ اُولِی الأمرِ مِنکُم﴾[7]
Ва магар ин тавр нест, ки ба фармудаи Паёмбари Хотам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ман валии амри шумоям ва итоати ман бар шумо воҷиб аст, мегўянд: Ин бардошти шумо аз оят аст. Бардошти мо аз ин оят чизи дигар аст. Ҳарчи ҳазрат гўяд, ки ман Имоми нотиқ ҳастам, ман муфассири Қуръон ҳастам ва ончи ман мегўям, ҳақиқати Қуръон аст, дар муқобил мегўянд: Ин фаҳмиши ту аст ва фаҳмиши мо чизи дигаре аст. Аз куҷо маълум, ки бардошти қадимии ту дуруст бошад ва бардошти мо нодуруст бошад?! Дигар ин гуна бардоштҳо кўҳна шудааст ва мавриди писанд воқеъ намешавад. Мо аз Қуръон, бардоштҳо ва фаҳмишҳои наве дорем, ки бештари мардуми ҷаҳон онро меписанданд.
Намегўянд мо Худоро қабул надорем то Имоми Замон (алайҳис-салом) барояшон далел биёрад ва Худоро исбот кунад. Намегўянд мо паёмбарро қабул надорем то далел биёрад, ки Муҳамад ибни Абдуллоҳ паёмбари барҳақ буд, ки аз тарафи Худованд барангехта шуда буд. Намегўянд Қуръон каломи Худо нест, то далел биёрад Қуръон аз тарафи Худо аст; балки мегўянд Қуръон каломи Худо аст, аммо мо аз Қуръон фақат таъвил ва фаҳмидаи худро қабул дорему бас. Имоми Замон (алайҳис-салом) бо ин мусулмоннамоён чӣ гуна рафтор кунад?! Агар ҳазор далел биёрад, ки дасти дуздро бояд бурид:
﴿السَّارِقُ وَ السَّارِقَةُ فَاقطَعُوا أيدِيَهُمَا﴾[8]
«Дасти марду зани дуздро қатъ кунед», мегўянд: Мақсади оят ин аст, ки агар ҳеҷ роҳе барои пешгирӣ аз дуздӣ вуҷуд надошт, онгоҳ дасти дуздро бояд бурид, ин оят барои мо абзорро баён мекунад ва агар бо абзори беҳтаре масалан зиндонӣ кардан, битавон пеши роҳи дуздиро гирифт, набояд ба хушунат ва буридани даст рўй овард.
Агар гўяд: Қуръон дар бораи марду зани зинокор мефармояд:
﴿الزَّانِيَةُ وَ الزَّانی فَاجلِدُوا کُلَّ وَاحِدٍ مِّنهُمَا مِائَةَ جِلدَة وَلا تأخذُکُم بِهِمَا رأفةٌ فِی دِينِ الله﴾[9]
Зану марди зинокорро пеши чашми мардум сад тозиёна бизанед! Мабодо таҳти таъсири отифа, аз иҷрои аҳкоми Худо худдорӣ кунед! Мабодо гўед бечораҳо ҷавонанд ва обрўяшон мерезад! Обрўи ду ҷавон рехта шавад беҳтар аст ё он ки тамоми шаҳр ба фасод кашида шавад?! Равшанфикрони динӣ дар муқобил хоҳанд гуфт: Ин фаҳмидаи шумо аст. Ин фаҳмиш, бўи хушунат медиҳад ва махсуси хушунатталабон аст. Ислом дини меҳрубонӣ аст ва ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳад, ки обрўи ду ҷавон ба сабаби як иштибоҳ, рехта шавад. Агар пурсида шавад, ки ба ҷои иҷрои ин аҳкоми исломӣ чӣ бояд кард? Мегўянд: Набояд чизеро бар мардум таҳмил кард. Бояд ба писанд ва хости мардум гардан ниҳем. Агар гуфта шавад: Паёми Қуръон Худомеҳварӣ аст, на мардуммеҳварӣ, мегўянд: Ин фаҳм ва бардошти шумо аст, мо бардошти дигаре дорем.
Бо вуҷуди инҳо, Имоми Замон (алайҳис-салом) чӣ қадар бояд хуни дил хўрад?! Агар хоҳад шамшер кашад, зуд мегўянд: Хушунат аз ҳар касе маҳкум аст. Таассубро канор гузоред ва ба баҳсу гуфтугўи мантиқӣ рўй оваред! Имоми Замон (алайҳис-салом) бо чунин мардуме бо чӣ забоне рўй оварад то собит шавад инҳо ҷоҳиланд ва дар иштибоҳанд, ё ғараз доранд ё беморанд?! Ранҷи чунин имоме бештар аст, зеро ки бо касоне рўбарў аст, ки фақат хостаҳои нафси худро ба номи дин қабул мекунанд ва Паёмбар бо касоне рўбарў буд, ки ончиро худашон сохтаанд онро ба худоӣ мепарастанд.