|
Фалсафаи ғайбат |
· Пешфарзҳои масъалаи ғайбат
· Ҷанбаҳои гуногуни масъалаи ғайбат
· Ҳадаф аз офариниши инсон
· Ҳадаф аз беъсати анбиё (алайҳимус-салом)
· Ҳадаф аз рисолати авсиё
· Теъдоди Имомон ва ҳикмати он
· Ҳикмати ғайби Имоми дувоздаҳўм (алайҳис-салом)
Пешфарзҳои масъалаи ғайбат
Пурсиш ин аст, ки чаро Худованди Мутаол чунин муқаддар фармуд то Имоми дувоздаҳўми шиаён аз назарҳо ғоиб шавад ва мардум барои қарнҳо аз тавфиқи истифодаи ҳузури ҳазрат, маҳрум бошанд.
Ин пурсиш, пешфарзҳое дорад: фарзи аввал ин аст, ки Худое вуҷуд дорад, ки ҷаҳони офаринишро офарида ва имоме таин фармудааст, то мардумро роҳнамоӣ кунад. Фарзи дуюм ин ки Худованди Мутаол аз офариниши ин ҷаҳон, ҳадаф ва мақсаде дорад. Фарзи сеюм ин аст, ки дар анҷоми ҳадафи офариниш, дастгоҳи нубувват ва имомат зарурат дорад; яъне Худованд барои таҳаққуқи ҳадафи офариниш, инсонҳоеро миёни мардум баргузидааст, то онҳо битавонанд ваҳйи илоҳиро дарёфт кунанд ва ба мардум бирасонанд ва онро ба гунае тафсир кунанд, ки мардум мақсади илоҳиро дарёбанд. Фарзи чаҳорўм ин ки пас аз хотимаи нубувват, имомат бар ўҳдаи Имомони маъсум (алайҳимус-салом) гузошта мешавад. Фарзи панҷўм ин аст, ки дувоздаҳўмин имоми шиаён аз дидаи мардум пинҳон шуда ва то кунун, зиёда аз дувоздаҳ аср аз замони ғайбати ҳазрат гузаштааст ва равшан нест, ки чи замон ба азму иродаи Худованд зуҳур мекунад то мардум аз вуҷуди муқаддасаш баҳра баранд.
Касоне ҳастанд, ки Худованд ва Паёмбари ўро мепазиранд; вале итминон надоранд, ки Паёмбар, ваҳйи илоҳиро дуруст дарёфт карда ва мақсади Худоро фаҳмида бошад; чаро ки Паёмбар низ инсон аст ва инсон ҷоизулхато аст ва эҳтимол дорад монанди инсонҳои дигар иштибоҳ кунад; бино бар ин наметавон ба Паёмбари Худо эътимод кард.
Дар ин маврид, дигар ин масъала, ки Паёмбар аз тарафи Худо барои худ ҷонишине таин кардааст ё на, матраҳ намешавад. Ба фарз, ки таърих исбот кунад шахсе ба номи Муҳамад ибни Абдуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) 1400 – сол пеш дар Арабистон мезист ва иддао мекард, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст ва аз тарафи Худо ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) ро низ ба ҷонишинии худ таин кардааст, наметавон ба ў эътимод кард. Инсоне, ки фаҳм ва идроки ў дар маърази хато аст, чӣ тавр метавонад мақсади Худоро ба дурустӣ бифаҳмад.
Агар касе ба ин суханон эътиқод дошта бошад, дигар наметавонад фалсафаи вуҷуди Имоми Замонро дарк кунад; чун ҳамаи эътиқодҳои ў бар шакҳо бино шудааст ва ҳеҷ гоҳ бар асоси шаккиёт, наметавон кохи илмии бузургеро бино кард.
Бо пазириши ин панҷ пешфарзи гуфта шуда, метавон масоилеро, ки дар илми калом дар боби тавҳид ва нубувват ва имомат матраҳ шудааст, исбот кард. Дар ҳоле ки мо Худованд ва Паёмбар ва ҷонишинони маъсуми ўро қабул дорем, ин пурсиш матраҳ мешавад, ки чаро ҷонишини дувоздаҳўми Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ғоиб аст.
Посухи ин пурсиш дар воқеъ васфи ҷузъӣ аз як низом ё узве аз як маҷмўа аст. Мо агар бихоҳем фалсафаи қисмате аз як низомро дарк кунем ва ҷойгоҳашро бишносем, бояд кулли он маҷмўа ва низомро дарк кунем. Мо агар узве аз як маҷмўаро хориҷ кунем, дигар узви он маҷмўа шумурда намешавад. Мисоли соддаеро арз кунам: агар касе бипурсад фалсафаи гавҳараки чашми инсон чист, ки дар маконҳои равшан ҷамъ мешавад ва дар маконҳои торик боз мешавад? Ин пурсиш ду ҷанба дорад: яке ин ки аз кайфияти таҳаққуқи созу кори ин парда пурсида шавад, ки гавҳараки чашми инсон чӣ гуна бозу баста машавад, ин пурсиши илмӣ аст; яъне саволе аст, ки дар доираи улум, мавриди таҷриба қарор мегирад ва бар асоси озмоишҳои илмӣ, қобили посух аст. Гавҳараки чашми инсон асабе дорад, ки ба нур ҳассос аст. Ин ҳуҷайраҳои асабӣ вақте бо нури шадид бархўрд мекунад, ҳолати фишор ба худ мегирад ва бо ин ҳолати фишурда будан, гавҳарак ҷамъ мешавад ва нури камтар ба он ворид мешавад ва дар ҷое, ки нур кам аст, ба таври худкор ин ҳуҷайраҳо боз мешаванд ва заминаи ворид шудани нури бештар барои гавҳараки чашм, фароҳам мегардад. Дар ин ҷо ин пурсиш матраҳ мешавад, ки ҳуҷайраҳои асабӣ чӣ гуна чунин ҳаракат мекунанд. Посух дода мешавад, ки баъзе аз асабҳо, ҳаракати иродӣ ва баъзе дигари онҳо ҳаракати инъикосӣ доранд, ки ҳаракати гавҳараки чашм низ намунае аз ҳаракати инъикосӣ аст, ки ҳуҷайраҳои асабии атрофи гавҳарак, ин хусусиятро ба ин узв медиҳанд. Ин пурсишҳои илмӣ, дар баробари чигунагии пайдоиши ин падида ҳастанд; аммо замоне савол мешавад, ки ҳикмати гавҳараки чашм чист, ки бояд дар баробари нури шадид, ҷамъ ва дар муқобили нури кам, боз шавад. Ин пурсиш ба фалсафае марбут мешавад, ки илм наметавонад ба он посух гўяд.
Агар касе муътақид бошад, ки низоми офариниши инсон ҳадафдор аст ва маҷмўаи андомҳои бадани инсон, ки робитаи узвӣ бо ҳам доранд, барои як ҳадафе офарида шудааст, он вақт ба ин натиҷа мерасад, ки инсон барои ин ки ба ҳадафҳояш бирасад бояд бо муҳити хориҷ (бо атроф ва атрофиёнаш) алоқа барқарор кунад ва аз он огоҳ шавад; вагарна наметавонад ба мақсадҳои ҳаётии худ бирасад. Агар инсон бо муҳити хориҷ иртибот барқарор накунад, наметавонад хўрок ва ниёзмандиҳои моддӣ ва маънавӣ ва инсониашро таъмин кунад. Инсон барои алоқа бо муҳити хориҷ, ба низом эҳтиёҷ дорад. Ин амал монанди даричае аст, ки аз сохтмон ба муҳити берун, боз мешавад ва ин чашм аст, ки бояд аз ин роҳ байни инсон ва муҳити берун алоқа барқарор кунад. Барои барқарор кардани ин алоқа, вуҷуди нур шарти аслӣ аст. Фақат бо вуҷуди нур чунин алоқае барқарор хоҳад шуд; вагарна дар торикии мутлақ ҳар қадар ҳам ки инсон ба чашмаш фишор биоварад, чизе намебинад ва алоқа барқарор намешавад. Сохтмони чашм ин гуна нест, ки битавонад бо ҳар нуре корашро анҷом диҳад. Чашм дар вазъи хос ва дар маҳдудаи муайян метавонад нурро дарк кунад; яъне агар миқдори нур дар як муҳит хеле зиёд ва дар муҳити дигар хеле кам бошад, чашм, ба хубӣ наметавонад он нурро дарк кунад. Авзои берунӣ ҳамеша яксон нест. Ин тавр нест, ки ҳамеша нур як хел ба чашми инсон ворид шавад. Манотиқи ҷуғрофиёии замин низ мутафовит аст. Соф ва абрӣ будани ҳаво ва рўзу шаб будани он, аз тафовутҳои манотиқи ҷуғрофиёии замин аст. Инсон барои ин ки битавонад дар ҳар вазъе бо муҳити берун алоқа дошта бошад ва аз перомуни худаш иттилооте ба даст оварад, бояд дастгоҳи чашмаш ба гунае танзим шавад, ки нурро дар ҳар мавқеияте дарк кунад. Дар ин сурат чашм, дастгоҳи худкоре мехоҳад, то гавҳаракро танзим кунад; пас дар барқарории алоқа бо ҷаҳони берун ба чашм ниёз дорем то нурро танзим кунем.
Агар касе ба ҳадафдор будани офариниши инсон муътақид набошад, дигаргунаиҳои ҷаҳонро иттифоқӣ (худ ба худ) мепиндорад ва мегўяд чашм ва бахшҳои гуногуни он, иттифоқӣ падид омадааст. Аз чунин дидгоҳе баҳс аз фалсафаи вуҷуди чашм ва узвҳои он, беҳуда аст. Фалсафа вақте матраҳ мешавад, ки бидонем ҳадафе дар миён аст. Ҳадафдор будани чизро, метавон бо ақл ташхис дод. Ақли инсон дарк мекунад, ки сохтмони дақиқи чашм ва вуҷуди ақсоми ҳуҷайраҳои аҷиб, бо корбурдҳои гуногун дар ин дастгоҳ, беҳуда ва беҳадаф нест. Агар кори чашм ва узвҳои онро тасодуфӣ бидонем, ҷое барои фалсафаи фишурда шудан ва боз шудани гавҳараки чашм боқӣ намемонад. Гавҳараки чашм, ба чашм марбут аст ва худи чашм низ ба дастгоҳи биноӣ алоқа дорад ва дастгоҳи биноӣ низ бо низоми асабии мағз марбут аст ва ба таври куллӣ, бадани инсон дар сурати низоми печида дар назар гирифта мешавад. Дар ин низом аст, ки бозу баста шудани гавҳараки чашм, маъно меёбад. Агар мо фақат гавҳараки чашмро даруни озмоишгоҳ гузошта, дар паи фалсафаи вуҷуди он бошем ва фаромўш кунем, ки гавҳараки чашм, ҷузъе аз чашм аст, посухе барои ин пурсиш нахоҳем ёфт.
Ҳадаф аз офариниш
Агар бихоҳем, фалсафаи вуҷуди инсонро бишносем, ба ин натиҷа мерасем, ки тамоми ҷаҳони ҳастӣ, низоми азим аст ва аҷзои инсон низ ҷузъе аз ин низоми бузург ба шумор меравад. Тамоми аҷзои ин низоми бузург бо ҳам муттасил буда алоқа доранд ва ҳар кадом аз онҳо, як низоми мустақил ба шумор меоянд; вале робитаи байни онҳо он қадар наздик аст, ки кулли онҳо ба шакли мустақил, як низоми комилро ташкил медиҳанд.
Агар бихоҳем баҳсро густариш диҳем, бояд масири комиле аз мубоҳисаи фалсафаи илоҳиро бипаймоем то ҷаҳонро ба сурати низоми комил дар назар бигирем ва ин пурсишро матраҳ кунем, ки чаро Худо ин ҷаҳонро офаридааст. Ҳадафи мо ин аст, ки масири зиндагии инсонро аз ибтидои он то даврони охир-уз-замон, биёбем. Агар ин робитаро дар назар нагирем ва ин узвро аз кулли низом ҷудо кунем, ба посухи равшане даст нахоҳем ёфт. Барои маъно ёфтани ин пурсиш ва тарҳи пешфарзҳои он, бояд ибтидо посухе ба кулли ин низом бидиҳем то аъзои он, ҷои худро дар ин низом биёбанд.
Ҳадаф аз беъсати анбиё
Ҳоло пурсиш ин аст, ки ҳадаф аз офариниши инсон ва барангехта шудани анбиё чист? Дар ин ҷаҳони густарда, ки канори он нопайдо аст ва мо аз оғоз ва анҷомаш огоҳӣ надорем, чаро Худованд мавҷуде ба номи инсон офаридааст? Худованд, пас аз ин ки саёраҳои фаровон ва бешумореро дар оламҳои гуногун офарид, ирода кард мавҷуде биофаринад, ки битавонад гузиниш дошта бошад ва битавонад масири зиндагиашро худ таин кунад ва масъулияти ин гузинишро бипазирад. Фариштагон, мавҷудоте ҳастанд, ки ҳамеша аз Худо итоат мекунанд ё ба таъбири дигар, зиндагиашон яксўя аст ва як масир дорад, ба тарафи хайр пеш меравад:
﴿بَل عِبَادٌ مُّکرَمُونَ لا يسبقونه بِالقَول وَ هُم بِأمرِه يَعمَلُون﴾[1]
“Фариштагон бандагони шиостаи ўянд. Ҳаргиз дар сухан пешӣ намегиранд ва пайваста ба фармони ў амал мекунанд”. Фариштагон мавҷудоте ҳастанд, ки сохторашон бидуни тағйир боқӣ мемонад; яъне наметавонанд ба ҷои корҳои хуб, корҳои бад анҷом диҳанд, корҳои бадро интихоб кунанд ва ба ҷои хизмат, ҷиноят ва хиёнатро баргузинанд. Аз Амиралмўъминин (алайҳис-салом) дар яке аз хутбаҳои Наҳҷулбалоға нақл шудааст:
Фазои беканори осмон, саршор аз фариштагоне аст, ки машғули ибодати Худо ҳастанд.
Баъзе мавҷудот шуур доранд; аммо шуури ин ки эҳсоси масъулият кунанд ва хубу бадро аз ҳам ташхис диҳанд надоранд; барои мисол ҳайвонот шуур доранд; аммо наметавонанд арзишҳо, хубиҳо ва бадиҳоро дарк кунанд ва яке аз онҳоро баргузинанд ва масъулиятеро бипазиранд.
Замин, бар асоси ҳикмат ва равиши илоҳӣ ба мавҷуде ниёз дошт, ки бошуур ва интихобгар бошад ва зиндагиаш ду масир дошта бошад; мавҷуде, ки аз назари маънавӣ имкони тараққӣ ва ақибравӣ дошта бошад; битавонад масирашро иваз кунад ва аз як мавҷуди хуб ба мавҷуди бад табдил шавад. Ба ин сурат буд, ки Худованд инсонро офарид то бо интихоб ва ихтиёри худ, масирашро таин кунад ва масъулияти саодат ё шақовати хешро бипазирад. Зиндагии чунин мавҷуди интихобгаре метавонад ду масир дошта бошад: ё саранҷом зиндагиаш бо саодат ва хушӣ ва камолу шараф поён пазирад ва ё баръакс; албатта ҳар имтидод, маротибе дорад, ки қобили шумориш нест; сипас ҳадафи офариниши инсон ин аст, ки бо ихтиёри худ масири зиндагиро баргузинад то раҳмат ва саодат ва фазлу шарофатро дар ду ҷаҳон, биёбад.
Ҳоло барои ин ки инсон битавонад масири саодати хешро интихоб кунад, ба шинохти роҳ ва огоҳӣ аз масири дуруст ниёз дорад. Интихоб, мавқее маънои воқеӣ меёбад, ки аз рўи огоҳӣ бошад. Агар инсон қасди Теҳрон рафтанро дошта бошад ва дар як дуроҳае, ки як роҳи он ба Теҳрон ва як роҳи дигари он ба Исфаҳон меравад, қарор бигирад, бояд роҳи Теҳронро баргузинад ва агар бигўяд аз ин роҳ меравам то бубинам чӣ тавр мешавад, ҳеҷ гоҳ ба мақсадаш намерасад. Барои ин ки инсон битавонад аз роҳи ҳадафи хеш огоҳ шавад ва битавонад дар ҳар марҳала аз роҳе, масирашро иваз кунад, ба василае ниёз дорад, ки ин шинохт ва огоҳиро дар ихтиёраш қарор диҳад ва масири такомули ўро мушаххас кунад. Ҳар инсоне агар ба маҷмўаи донистаҳои хеш муроҷиат кунад, дармеёбад, ки хеле чизҳо дар олам вуҷуд дорад, ки аз онҳо бехабар аст ва ҳар чи мекўшад, наметавонад иттилооте дар бораи онҳо касб кунад. Дар масоили иҷтимоӣ, сиёсӣ ва равишҳои иқтисодии кишвардорӣ ва байналмилалӣ ва дар бахши муҳимме аз масоили улуми инсонӣ ва иҷтимоӣ, мушкилоте вуҷуд дорад, ки ҳанўз коршиносон ба натиҷаҳои қатъӣ дар бораи онҳо нарасидаанд. Дар масоили улуми инсонӣ, ба хусус улуми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, масоиле вуҷуд дорад, ки гоҳе посухҳои онҳо 180 дараҷа бо ҳам фарқ мекунад. Касоне, ки муътақид ба дини Ислом ҳастанд, Худоро аз ҳамин роҳ исбот мекунанд.
Худованди бузург, барои ин ки инсон битавонад масири такомул ва саодати хешро шиносад, Паёмбаронро фиристод. Худованд Паёмбаронро фиристод то ҳадафи офариниши инсонро таҳаққуқ бахшанд ва камбудиҳоеро, ки ақли инсон дар дарёфти ваҳй дорад, ҷуброн кунанд. Исботи беъсати Паёмбар аз тарафи Худо, ба ўҳдаи худи Паёмбар аст, ў бояд бигўяд, ки паёмбари дигаре низ пас аз вай хоҳад омад ё на. Ў бояд бигўяд, ки дастгоҳи нубувват чӣ гуна сомон ёфтааст. Дар айни ҳол, агар мо собит кардем Паёмбари Ислом, ҳамон касе, ки нубувваташ дар китобҳои ақоиду калом ва ғайра исбот шудааст ва хотами паёмбарон аст ва пас аз ў паёмбари дигаре нахоҳад омад, маънояш ин нест, ки бигўем: Бо омадани Паёмбари Ислом, ба ҷуз мўҳтавои ваҳй, ба ҳеҷ чизи дигаре ниёз надорем.
Он ваҳйи илоҳӣ, ки аз тарафи Худо ба Паёмбар нозил шудааст, ҳамон Қуръон аст. Қуръон аст, ки Паёмбарро муфассири ваҳй муаррифӣ кардааст. Худованди Мутаол мефармояд, ки ҳамаи шумо аз ин Қуръон, тамоми мақсади моро дарк намекунед ва ба муфассир ниёз доред. Шояд тааҷҷуб кунед, ки чӣ баён ва ҳидояте дар Қуръон вуҷуд дорад, ки бояд онро тафсир кард! Сухан гуфтани оддии инсонҳо тавре нест, ки ҳама бардошти якхела аз он дошта бошанд; барои мисол дарсе, ки муаллими физика ё муаллими риёзӣ дар мактаб ё донишгоҳ ба шумо ироа медиҳад, барои донишомўзони ибтидоӣ қобили дарк нест ва зеҳни онҳо омодагии фаҳм ва дарёфти ин матолибро надорад ё вақте сиёстмадор ё раиси ҷумҳури кишвар нутқ мекунад, мо суханони ўро мешунавем, вале дарки комиле аз онҳо надорем. Муфассири сиёсӣ метавонад бо тафсирҳои худ моро аз манзури суханони сиёсатмадор ё раиси ҷумҳур, огоҳ созад.
Худованд маҷмўаи маориферо, ки мавриди ниёзи инсон аст дар қолиби китобеи нисбатан кўчак, нозил фармудааст то шуморе аз ниёзҳои башарро ба таври мустақим баён кунад; аммо касоне ҳастанд, ки аз ҳар ҳарф ва ҷумлаи ин китоб, нуктаҳои зариферо меёбанд. Дар ҳар ҳол бояд донист, ки Қуръон бо сабаби фишурда будани матнаш, ба муфассироне ниёз дорад, ки Худо эшонро муайян кардааст.
Ҳадаф аз имоматии имомон
Худованд хитоб ба Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мефармояд:
﴿وَ أنزَلنَا إليکَ الذِّکرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إلَيهِم﴾[2]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар замони худ, қисмате аз Қуръонро барои мардум тафсир кард, вале ба иллати кўтоҳ будани умраш, тафсири бисёре аз оёти Қуръон боқӣ монд.
Дар замони Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), авзои сиёсӣ ва иҷтимоии хоссе бар ҷомеаи мусалмонон ҳоким буд ва афроде барои гирифтани раёстаи ҷомеаи исломӣ заминасозӣ мекарданд ва низ касоне, ки бо Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва мусалмонҳо кинаҳо ва душманиҳои деринае доштанд, мехостанд решаи Исломро хушк кунанд. Агар дар ҳамон замон ба суханони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) басанда мешуд, ба ҳадафи беъсати анбиё (алайҳимус-салом) садамае ворид намешуд, аммо ҳамин масоил дар оянда, барои мусалмонон ибҳомомез мешавад. Ҳеҷ замонате вуҷуд надошт, ки тафсирҳои Қуръон дар оянда, таҳриф нашавад. Ин ҷо аст, ки ба касоне ниёз дорем то оҳиста-оҳиста пояҳои фикрӣ ва андешаи исломиро дар ҷомеа тақвият кунанд ва ниёзҳои ҷомеаро барои мардум боз гўянд.
Худои бузург бо иҳотаи илмии хеш, медонист, ки дар чӣ вазъе асли дини Ислом ҳифз мешавад ва аз таҳриф шудан эмин мемонад. Аз он ҷо ки дини Ислом вопасин дини осмонӣ аст, бояд масоили асосӣ ва бунёдии он собит бимонад то ҳадафи Худо аз фиристодани анбиё (алайҳимус-салом), таҳаққуқ ёбад; ба ҳамин сабаб Худованд, дувоздаҳ нафарро дар тўли ду аср ё бештар, баргузид то пояҳои ин фикр дар ҷомеаи исломӣ нуфуз кунад ва ҳеҷ кас натавонад дарахти Исломро аз реша бихушконад. Худованд дар офариниш тартибе дод то ҳамон гуна ки паёмбаронро дар замонҳои гуногун барангехт то мардумро аз ваҳй илоҳӣ огоҳ созанд, пас аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ имомони маъсумро баргузид то мабонии фикри исломиро барои мардум комил кунанд то решаҳои дини Ислом собит ва устувор боқӣ бимонад. Баъзе аз тоифаҳои аҳли тасаннун, Имомони дувоздаҳгонаро муфассирон ва ҳамчун касоне, ки каломашон ҳуҷҷат аст, мешиносанд; аммо тоифаҳои дигари онҳо, ин матолибро намепазиранд.
Теъдоди Имомон ва ҳикмати он
Дар ин ҷо барои мо ин пурсиш пеш меояд, ки чаро Худованд, пас аз ҳазору чаҳорсад сол, ки Паёмбаронро дар замонҳои гуногун барангехт, ногаҳон тасмим гирифт дувоздаҳ Имоми маъсумро пешвои мардум қарор диҳад. Чаро сенздаҳ ё чаҳордаҳ Имомро барнагузид?! Худованд барои тақвияти мабонии фикрӣ дар ҷомеаи исломӣ, Имомонро фиристодааст ва теъдоди онҳоро худаш таин мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки аз тарафи Худо барангехта мешавад, бояд вазъияти руҳӣ, равонӣ ва физиологии хуб ва сафои руҳии волое дошта бошад то битавонад бо фариштаи ваҳй тамос барқарор кунад. Ин корро ҳар касе наметавонад анҷом диҳад. Худованди бузург, дастгоҳи офаринишро тавре танзим мекард то фарде, ки қарор буд ба паёмбарӣ барангехта шавад, дар вазъи табиӣ ё хос, тавони дарёфти ваҳйро дошта бошад. Ҳеҷ озмоишгоҳ ва бурҳони ақл наметавонад ҷузъиёти барангехта шудани Паёмбарон ва баргузидани Имомони Маъсумро аз тарафи Худованд, дарк кунад. Шинохти дуруст барои зиндагии саодатмандона, ҳеҷ гоҳ бо ақл таҳаққуқ намеёбад; пас инсон, ба ғайр аз ақл, ба ваҳй низ эҳтиёҷ дорад.
Баъзеҳо мегўянд, ки чаро Худованди тавоно дар ҳоле ки метавонист сесад имом баргузинад, дувоздаҳ имомро интихоб кард?! Ин як тафаккури беҳудагўӣ дар кори Худо аст; яъне гумон мекунанд, ки чун Худо қодир аст ва метавонад ҳар мавҷудеро, ки ирода кард, ба имомат ё паёмбарӣ баргузинад, он сесад нафар низ метавонанд ба паёмбарӣ ё имомат интихоб шаванд. Кори Худованд маҷрое дорад, ки бар асоси салоҳи инсон танзим шудааст. Асл ва ҳадафи офариниши инсон бар ин аст, ки ҷомеаи исломӣ, низоми оддӣ дошта бошад то заминае бар интихоби инсонҳо падид ояд; барои масол, агар мардум хостанд имомон ва паёмбар миёни онҳо набошанд, озоданд. Қудрати ихтиёри инсон бояд то ҳадде бошад, ки агар хост, битавонад дар баробари сухани паёмбари Худо ҳам исён кунад, ё баръакс, бо суханони паёмбарони илоҳӣ амал кунад.
Ба ҳар ҳол, инсони интихобгар бояд битавонад ҳар ду роҳро баргузинад ва набояд дар интихоби ў маҳдудияте вуҷуд дошта бошад; пас дар заминаи гузиниши роҳҳои мутааддид, ба ғайр аз чизҳое, ки инсонро ба тарафи корҳои хайру саодат даъват мекунад, бояд сабаҳои дигаре низ вуҷуд дошта бошад то дар ҷомеа тасовӣ – баробарӣ, барқарор шавад.
Имрўз пас аз ҳазору чанд сад сол, агар касе хоҳад инро фаҳмад, ки асос ва меҳвари аслии ончи бар Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нозил шуд, чӣ буд, метавонад барои пурсишҳои хеш посухи дуруст ва қонеъкунандае ёбад; аммо ҳадафи дигаре низ вуҷуд дорад. Агар гурўҳе аз инсонҳо роҳи дурустро баргузиданд ва хостанд роҳи Паёмбар ва имомони маъсумро идома диҳанд, он вақт Имом ба ғайр аз роҳнамоии уммати худ, вазифаи раҳбариро низ бар ўҳда мегирад. Имом то кунун роҳи ҷаҳаннам ва биҳиштро ба мардум нишон медод то мардум роҳро шиносанд ва тавонанд онро интихоб кунанд; вале ҳоло ки роҳро интихоб кардаанд ва мехоҳанд ҷомеаи исломиро ташкил диҳанд, имом бояд раҳбарӣ ва имомати ҷомеаро ўҳдадор шавад ва мардумро ба сўи камолу саодат пеш барад ва дар тўли масир, мудирияти ин ҷомеаро бар ўҳда гирад. Барои мисол вақте, ки мардуми Кўфа ҳозир шуданд бо Амиралмўъминин Алӣ (алайҳис-салом) байъат кунанд, ҳазрат фармуд:
لَو لا حُضُورُ الحَاضِر وَ قِيَامُ الحُجَّة بِوُجُود النَّاصِر... لألقَيتُ حَبلهَا عَلی غَارِبِهَا.[3]
«Ман то ба ҳол маҳори хилофатро раҳо карда будам то ҳар тараф, ки мехоҳад равад. Аммо ҳоло ки бо ман байъат карда ва ҳозир шудед маро дар хилофат ёрӣ кунед, ҳуҷҷат бар ман тамом шуд. (Яъне барои рад кардани он узре надорам). Ҳоло вазифаи ман ин аст, ки мудирияти ҷомеаро пазирам».
Фақат барои ду имоми маъсум заминаҳои ҳукумат фароҳам омад, ки нахустини онҳо Амиралмўъминин буд, ки дар чаҳор солу нўҳ моҳи охири зиндагиаш ба хилофат расид ва дуюмӣ, Имом Ҳасан (алайҳис-салом) буд. Вале барои имомони дигар чунин замина пеш наомад. Дар замони имомони дигар, мардум мегуфтанд: Мо озод ҳастем ва шуморо намехоҳем.
Дар гўшаву канор, баъзеҳо мехостанд гурўҳҳои хурдеро падид оваранд, аммо дар ҳадде набуданд, ки тавонанд ҷомеа ташкил диҳанд. Ин буд, ки раҳбарӣ дар замони имомони маъсуми дигар, ба дасти ноаҳлон ва ситамгарон афтод ва барои раҳбароне, ки Худову Паёмбар онҳоро таин карда буданд, заминаи ҳукумат фароҳам нашуд то тавонанд мудирияти ҷомеаро ба ўҳда гиранд. Заминаи адои чунин вазифа барои онҳо пеш наомад. Чаро ки мардум бо онҳо ҳамроҳӣ намекарданд. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва имомони маъсум бо илми худоии худ, пешбинӣ карда буданд, ки рўзе ҷомеаи башарӣ омодагии пазириши ҳукумати илоҳиро хоҳад ёфт. Пеш аз ин ки Амиралмўъминин ҳукуматро пазируфт, бо мухолифати асҳоби Ҷамал ва Наҳравон ва Саффайн рўбарў шуд ва бо онҳо қотеона ҷангид, вале то ҷомеаи исломӣ ташкил нашуда буд ва мардум бо раис ва мудири ҷомеаи исломӣ байъат накарда буданд, ҳазрат вазифае надошт.
Ҳангоме ки мардум бо имоми худ байъат мекунанд, дигар набояд байъат шикананд; чаро ки ҷомеаи исломӣ ташкил шуда ва дар он қонуни Ислом ҷорӣ шудааст. Дар ин ҷо, мардум бояд ба он байъате, ки кардаанд, пойбанд бошанд.
Рўйгардонии башар аз ҳамаи низомҳои ботил ва омодагӣ барои пазириши ҳукумати ҳақ
Одамӣ ҳангоме ба ҳукумати илоҳӣ дил мебандад, ки аз ҳамаи низомҳо ва идеологияҳо маъюс шуда бошад ва бифаҳмад, ки ҳеҷ як аз онҳо коромадии лозимро надорад. Касоне мегуфтанд: Ба суроғи низомҳои шарқӣ меравем ва онро меозмоем, вале аз он низомҳо низ посухе нагирифтанд. Имрўз низ либералҳо иддао мекунанд, ки мо метавонем ҷомеаро идора кунем. Бинед Амрико, Олмон ва дигар кишварҳои либералӣ чӣ вазъияте доранд ва амнияти хонаводагӣ ва амнияти мактабҳои онҳо дар чӣ ҳадде аст. Тафаккури демократии либерал низ бояд озмоиши худро пас диҳад то башар фаҳмад, ки ин низамҳо саодатофарин нестанд. То он ҳангом ки инсон барои пазириши ҳукумати Худо омода шавад, мумкин аст даҳҳо идеологияҳои дигар мисли коммунизм ва фашизм низ ба миён ояд. Ҳамаи ин идеологияҳо ва ҳукуматҳо бояд ва озмошу имтиҳони худро гузаронанд то башар ҳукумати илоҳиро пазирад. Худованди Таоло аз ин матлаб огоҳ буд ва аз боби лутфу раҳмати худ, барои он рўз, Имоми дувоздаҳумро захира кард. Дар ин ҷо ин пурсиш пеш меояд, ки магар Худо наметавонист дар даврони гузашта касонеро офаринад то ҳукумати илоҳиро барпо кунанд?! Худо метавонист ин корро анҷом диҳад, вале суннати илоҳӣ бар ин нест, ки ҳамеша маҷрои оддӣ ва табиии ҷомеаро барҳам занад ва бар хилофи ҷараён амал кунад.