back page

Ёварони Имоми Замон (алайҳис-салом)

next page

 

·       Хусусиятҳои ёрони  Имоми Замон (алайҳис-салом)

1.        Қудрати волои рўҳӣ

2.        Бурдборӣ

3.        З.Талаби омурзиш, истиқомат ва ёрӣ

4.        Робитаи ошиқона бо Парвардигор

5.        Фарутанӣ дар баробари мўъминон ва гарданфарозӣ дар муқобили кофирон

6.        Наҳаросидан аз сарзанишҳо

·      Меъёри ёрирасонии илоҳӣ

·      Оқибати пайравӣ накардан аз раҳбарони илоҳӣ

·      Эҳсоси эминӣ аз макри илоҳӣ ва хатарҳои он

·      Вазифаи мо дар охирзамон

·      Бозгашти ҷаҳон ба сўи маънавият


Хусусиятҳои ёрони Имоми Замон (алайҳис-салом)

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим фармудааст:

﴿وَ کَأيِّن مِّن نَّبِیٍّ قَاتَلَ مَعَهُ رَبِيُّونَ کَثِيرٌ فَمَا وَهَنُوا لِمَا أصَابَهُم فِی سَبِيلِ الله وَ مَا ضَعُفوا وَ مَا استَکَانُوا وَالله يُحِبُّ الصَّابِرِينَ وَ مَا کانَ قولهُم إلّا أن قالوا رَبَّنَا اغفِر لنَا ذُنُوبَنَا وَ إسرَافَنَا فِی أمرِنَا وَ ثبِّت أقدَامَنَا وَ انصُرنَا عَلَی القومِ الکَافِرِين﴾[1]

«Чӣ бисёр паёмбароне, ки мардони  илоҳии фаровоне ба ҳамроҳашон набард кардаанд ва аз ҳар ранҷе, ки дар роҳи Худо диданд, на сустӣ карданд ва на заъф нишон доданд ва Худованд одамони босабрро дўст медорад. Суханонашон фақат ин буд, ки Парвардигоро! Гуноҳони моро бубахш ва аз тундравиҳои мо дар корҳо, даргузар! Қадамҳои моро устувор бидор ва моро бар ҷамъияти кофирон пирўз кун!»

Лафзи «ربيون» дар ин ду ояти шарифа ба мардуми Худопараст ишора дорад, ки мухлисона дар рикоби паёмбарон, бо кофирон ва мушрикон ҷангиданд. «Раббиюн- ربيون»

 дар замони мо, намунаи комиле ғайр аз басиҷиён надорад ва тамоми хусусиятҳое, ки дар ин ду оёт дар бораи «Раббиюн-ربيون» баён шуда, гўё дар шаъни басиҷиёни мо нозил шудааст.

Пас аз замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам),  шоҳиди қиёмҳои илоҳии фаровоне будем;[2] аммо ҳеҷ як аз онҳо мисдоқи «Раббиюни касир – мардони илоҳии бисёр» набуданд то ҷое, ки ба таври яқин метавон гуфт: Агар аз асри Паёмбар гузарем, комилтарин мисдоқи «Раббиюни касир», басиҷиёни мухлиси мо дар Эрон буданд.

Ҳамон гуна ки аз ривоятҳо ба даст меояд, ёварони ростини Имоми Замон (алайҳис-салом) низ намунаи комили «Раббиюни касир» буда дорои хусусиятҳои хосси Раббиюн -Худоиён ҳастанд.

Хусусиятҳои асосии «Раббиюн», ки дар ин ду ояти шарифа баён шудааст, иборат аст аз: қудрати волои руҳӣ, бурдборӣ, талаби мағфират, талаби устуворӣ ва истиқомат ва талаби нусрат ки дар бораи ҳар як аз ин хусусиятҳо, тавзеҳи мухтасари ироъа мекунем:  

 

1. Қудрати волои рўҳӣ

Майдони ҷанг, арсаи ҷангидан, куштан ва кушта шудан аст. Тўлонӣ шудани ҷанг, ба таври табиӣ осори манфии фаровонро дар пай меоварад; аз як тараф авомиле чун дурӣ аз зану фарзанд, нобасомонии хонаводаҳо, бесарпарастии бачаҳо, фақр ва  вайронӣ, боиси суст шудани ирода ва қувваи рўҳии ҷанговарон мешавад ва аз тарафи дигар, осори сустӣ дар бадан ва ҷисм буруз мекунад. Маҷмўаи ин авомил, метавонад боиси хузўъ ва таслим дар муқобили душман шавад.

Худованди Таоло, ҷанговарони муҷоҳидеро, ки бо ишқи Худо ва Расули ў, холисона дар майдонҳои тоқатфарсои ҷанг истиқомат меварзанд ва лаҳзае сустӣ аз худ нишон намедиҳанд, ситоиш мекунад; ситорагони дурахшоне, ки ҳатто бо тўлонӣ шудани ҷанг ва пеш омадани мусибатҳои гуногун, на дар ишқу иродаи оҳанинашон заъфе пайдо шуд ва на дар баробари душман, дасти таслим боло бурданд:

﴿فَمَا وَهَنُوا لِمَا أصَابَهُم فِی سَبِيلِ الله وَ مَا ضَعُفوا وَ مَا استَکاَنُوا﴾[3]

«Аз ҳар зарбае, ки дар роҳи Худо диданд, на сустӣ намуданд ва на хорию зорӣ нишон доданд».

Чунин хусусияти барҷастаро дар размандагон ва басиҷиёни хеш, дар тўли ҳашт соли дифои муқаддас, ба чашм дидаем; мардони далере, ки то вопасин нафас ва вопасин қатраи хун, аз ислом ва  ватани Исломӣ дифоъ карданд ва тамоми ҳастии худро бар сари паймони илоҳии хеш, фидо сохтанд.

 

       2. Бурдборӣ

Мардони далере, ки дар ин оят, мавриди ситоиши Худованд қарор мегиранд, муҷоҳидони хастагинопазиранд, ки ба сабаби бурдбории фавқулоддаашон, маҳбуби зоти ақдаси илоҳӣ шудаанд:

﴿وَاللهُ يُحِبُّ الصَّابِرِين﴾

«Ва Худованд, чунин сабркунандагонро дўст медорад». Агар дар шаъни размандагон ва басиҷиён, ҷуз ҳамин ҷумлае дар Қуръон нозил нашуда буд, барои подоши онҳо кофӣ буд. Чӣ подоше болотар аз маҳбубияти назди Худованд қобили тасаввур аст?! Он ки Парвардигораш ўро дўст бидорад, чӣ чизе кам хоҳад дошт?!

 

3.Талаби омурзиш, сабру истиқомат ва ёрӣ

Чунин муҷоҳидони ростине, дар кашокаши мусибатҳои ҷанг ва ранҷҳои ҷанговарӣ, забони ҳолу қолашон, чизе ҷуз талаби омурзиш, узрхоҳӣ ва талаби истиқомат ва ёрӣ аз Парвардигорашон нест:

﴿وَ مَا کَانَ قَولهُم إلا أن قَالوا رَبَّنَا اغفِر لنَا ذُنُوبَنَا وَ إسرَافَنَا فِی أمرِنَا﴾[4]

«Суханашон ҷуз ин набуд, ки Парвардигоро, гуноҳони моро бубахш ва аз тундравиҳои мо дар корҳо, даргузар».

Ин размоварони илоҳӣ на танҳо худ ва амали худро намебинанд, балки, ҳамеша узри тақсир ба даргоҳи Илоҳӣ меоваранд, ки Худоё! Ту худ кўтоҳиҳои моро дар анҷоми вазифа бибахш ва аз гуноҳ, зиёдаравӣ ва кўтоҳии мо, ба лутфу раҳмати хеш даргузар:

﴿رَبَنَّا اغفِر لنَا ذُنَوبَنَا﴾[5]

Ва аз зиёдаравии мо низ дар анҷоми вазифаи бандагӣ ва муҷоҳидат, чашм бипўш:

﴿و اسرافنا فی امرنا﴾[6]

Парвардигоро! Ҳамаи ҳастии мо аз ту аст ва акнун ба даргоҳи ту пешкаш мекунем. Лутф ва марҳамате кун ва камбудиҳо ва лағзишҳои моро ту худ  ҷуброн ва ислоҳ фармо! Бор Парвардигоро! Ин роҳи хатарнокро бо ҳамаи афту хезҳояш то ба ин ҷо расонидаем; аммо чӣ амон аз сустӣ дар идомаи роҳ ва фиребҳои шайтон ва замингирии дунё?! Пас акнун Худоё! Моро то саранҷоми ин роҳ, ҳамеша устувор ва побарҷо бидор:

﴿وَ ثَبِّت أقدَامَنَا﴾[7]

Бор Худоё! Ҳар чанд маъмурияти мо анҷоми вазифа аст, на расидан ба натиҷа; аммо ниҳояти орзуи мо пирўзӣ бар кофирон ва нобакорони олам аст. Худоё! Ту худ ба қудрати қоҳири хеш моро ба ин ҳадаф бирасон:

﴿وَانصُرنَا عَلی القومِ الکَافِرِين﴾[8]

 

 

4.Робитаи ошиқона бо Парвардигор

Оёти дигаре дар Қуръон дорем, ки бинобар ривоёти Паёмбар ва Аҳли Байт (алайҳимус-салом)  дар шаъни гурўҳе аз шиаёни Алавӣ нозил шудааст, ки дар охирзамон падидор хоҳад шуд. Яке аз ин оёти шариф, ки «Раббиюни касир» низ татбиқ мешавад, ин оёти нуронӣ аст:

﴿يَا أيُّهَا الذِينَ آمَنُوا مَن يَّرتَدَّ مِنکُم عَن دِينِهِ فَسَوفَ يَأتِي الله بِقَومٍ يُحِبُّهُم وَ يُحِبونَُهُ أذِلة عَلی المؤمِنِينَ أعِزَّة عَلی الکافِرِين﴾

«Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳар кас аз шумо, ки аз оини худ бозгардад, (бидонад, ки ) Худованд ба зудӣ, қавмеро бармеангезонад, ки эшонро бисёр дўст медорад ва онҳо низ Худовандро дўст медоранд ва дар баробари мўъминон, сарафканда ва фурўтан ва дар муқобили кофирон, сарафроз ва муқтадиранд».

Лаҳни ин оят, ранҷу нороҳатии Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва мўъминони ростинро аз сустунсурии инсонҳои заифулимон нишон медиҳад, нороҳатӣ ва нигаронӣ аз ақибгард ва бозгашти мусулмонони сустимон ба ҳалқаи кофирон.

Ин ояти нуронӣ хушхабари шўрангезеро барои Паёмбар ва муъминони ростин дорад, ки ҳаргиз напиндоред, ки устувории дини Худо фақат ба иддае навмусалмонони заиф аст, ки агар ба куфр ва ширк бозгарданд, имон ва ифтихорҳои он, аз байн меравад. Агар гурўҳе аз Ислом рўй гардониданд ва ба куфр бозгаштанд, ҳаргиз андўҳе ба хеш роҳ надиҳед; чаро ки Худованд, дар оянда мўъминонеро бармеангезад, ки нахустин сифат ва ифтихорашон ин аст, ки маҳбуби Худованд ҳастанд:

﴿يُحِبُّهُم وَ يُحِبُّونَه﴾

Ишқи муқаддас ва дутарафае байни эшон ва Парвардигорашон барқарор шудааст; фазилати басо арзишманде, ки мақоме болотар аз он тасаввуршуданӣ нест.

 

5.         Фурутанӣ дар назди мўъминон ва сарбаландӣ дар  муқобили кофирон

Аломати ин ишқи поки дутарафа, ду сифатро ҳамроҳ дорад:

﴿أذِلة عَلی المُؤمِنِينَ و أعزة عَلی الکَافِرِينَ﴾

«Дар назди мўъминон бо тавозўъ ва фурўтананд ва дар муқобили кофирон, сарбаланд ва муқтадиранд». Дар муқобили аҳли имон чунон тавозўъ доранд, ки гўё бандаи эшонанд. Дар баробари мўъминон ба ҳеҷ ваҷҳ манманӣ ва худбинӣ надоранд; ба тавре ки гўё худи эшонанд. Ҳаминҳо ки дар баробари мўъминон чунин хоксор ва мутавозеанд, дар муқобили кофирон, сарбаланд ва иззатманданд. Эшон дар муқобили гарданкашон чунон дар авҷи иззат ва қудрат ва сарбаландианд, ки гўё онҳоро ҳаргиз ба шумор намеоваранд.

 Ваъдаи илоҳӣ дар ин ояти нуронӣ ва мўҷизаомез, аз зуҳури худобоварони собитқадам бо ду сифати волои ботинӣ ва руҳӣ хабар медиҳад, ки ҳам маҳбуби Худо ва ҳам муҳибби ўянд. Он хусусиятҳо, хусусиятҳои волое аст, ки аз роҳҳои зоҳирӣ қобили ташхес нест, зеро ин ду хусусиятҳои қалбӣ, рози ниҳон байни ошиқон ва маъшуқ аст, ки бегонагон аз он огоҳӣ надоранд; аммо касоне, ки ин ду хусусиятҳои қалбиро доро ҳастанд, ду нишонаи зоҳирӣ дар рафтор ва гуфторашон падидор мешавад:

﴿أذلة عَلیَ المُؤمِنِينَ﴾

«Хозеъ ва фурўтан дар назди мўъминон»;

﴿أعِزَّة عَلی الکَافِرِين﴾

«Иззатманд ва муқтадир дар муқобили кофирон».

Агар ин  хусусиятҳоро бар хусусиятҳое, ки барои «Раббиюни касир» зикр шуда буд, татбиқ диҳем ва он гоҳ бар таърихи Ислом нигоҳе андозем, барои он, ҳеҷ намунае ҷуз басиҷиёни шўрофарини Эрони исломӣ намеёбем; артиши миллие, ки аксарияташон дорои инсофанд; албатта вуҷуди шиддату заъф ва дараҷаҳои гуногун барои ин хусусиятҳо, табиӣ аст.

Дар чашмони ҳақиқатбини басиҷиёни мо, қудратмандтарин қудратҳои ҷаҳон, ҳақиртарин ва ночизтарини афрод ба шумор меояд. Имом ва пешвои ин гурўҳи миллионӣ, ҳамон родмарде буд, ки барои  қоҳиртарин қудрати замонааш, он ҳам дар ҳангоми ҷанги таҳмилӣ ва муҳосираи комили иқтисодӣ ва бо набуди сипоҳ ва артиши муназзам, чунон сухан мегуфт, ки гўё дар бораи муши хору ва залил сухан мегўяд: «Амрико ҳеҷ ғалате наметавонад бикунад». «Ҳар чӣ фарёд доред, бар сари Амрико бикашед». Бо нигаронӣ ба ў гуфтанд: Амрико робитаашро бо Эрон ба таври кулли қатъ кардааст ва киштиҳои ҷангии ў ба сўи Халиҷи Форс дар роҳанд. Дар ин ҳангом, дар авҷи салобат ва иззат фармуд:

«Магар ин робита барои мо чи наъфе дошт, ки аз қатъи он нигарон бошем. Агар ба баррае бигўянд, гурги хунхор робитаашро бо ту қатъ  кардааст на танҳо нигарон ва нороҳатӣ надорад, балки суруру хушҳолӣ дорад».

Ин таҷаллии

﴿أعِزّة عَلی الکَافِرِين﴾

аст, ки дар назди ҳеҷ қудрати шайтонӣ, хузўъ намекунад ва камтарин боҷро ҳам намедиҳад; чаро ки рўҳи волояш ба уқёнуси бекарони қудрати илоҳӣ муттасил шудааст. Инҳо таҳти иноятҳои хосси Пайғамбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), имомон ва дар садри эшон, таҳти вилояти хосси Имоми Аср (алайҳис-салом) қарор гирифтаанд, аз ин рў дар баробари ҳайбат ва шавкати душманон, сар фуруд намеоваранд ва ҳеҷ гоҳ эҳсоси шикаст намекунанд; ҳарчанд дар муқобили таҷҳизоти  пешрафтаи кафирон, ҳеҷ силоҳе надошта бошанд. Ин мардони раббонӣ, бо қудрати бениҳоят робитаи ошиқона барқарор карда ва маҳбуби ў шудаанд; тамоми ҳастии хешро дар баробари ў  бохта ва ҳама чизро бо ў ёфтаанд; аммо ҳамон Имом дар баробари коргари фақир ё падари шаҳид, ба камоли хузўъ ва меҳрубонӣ, мефармуд: «ман дасти шуморо мебўсам» ё хитоб ба басиҷиён мефармуд: «эй, кош ман ҳам басиҷӣ будам».

 

 

6. Наҳаросидан аз сарзанишҳо

Нишонаи дигари ин мардони илоҳӣ ин аст, ки дар ҷиҳоди фисабилиллоҳ, аз ҳеҷ сарзанише намеҳаросанд:

﴿يُجَاهِدُونَ فِی سَبِيلِ الله وَ لا يَخَافون لومَة لائم﴾[9]

“Онҳо дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва аз сарзаниши ҳеҷ маломаткунандае ҳарос надоранд”. ҷиҳоди фарҳангии ин мардони бузург, забони маломатгаронро зиддашон мекушояд; вале онҳо ҳеҷ боке надоранд, Агар қарор буд дар муҷоҳидатҳои илоҳӣ маломате набошад, ин оят барои чӣ буд?!

Шиаёни мухлис ҳамчун Майсами Тамморҳо, Амр ибни Ҳамдҳо, Ҳаҷар ибни Аддиҳо ва Абўзарҳо табъид шуданд; зиндонӣ ва шиканҷа шуданд ва баданҳояшонро бар сари дор нигоҳ доштанд, аммо лаҳзае аз вилояти мавлояшон Алӣ ва ситоиши ў даст набардоштанд то он ки забонашонро буриданд; шикамашонро дариданд ва оқибат ба шаҳодат расиданд.

Агар мо низ бихоҳем дар шумори шиаёни воқеии Алӣ ибни Абўтолиб (алайҳис-салом) ва Имоми Замон бошем, бояд худро омода кунем ва дар роҳи анҷоми вазифа ва изҳори ҳақ, аз ҳеҷ чизе ҳатто аз сарзаниши дўстон низ наҳаросем. Хеле осон аст, ки инсон бо дасти душманон кушта шавад; аммо он чи таҳаммулаш мушкил аст, маломати дўстон аст. Касоне, ки Худованд, барои зинда кардани динаш бар хоҳад ангехт, аз сарзаниши дўстон низ намеҳаросанд.

Барҳазар бошем, ки агар худро барои адои чунин масъулияти вазнин омода накунем ва ё дар доми маломатгарон ва фитнаҷўён гирифтор шавем, ҷузъи гурўҳ ва ҳизбе хоҳем шуд, ки хилофи Қуръон ва маорифи Аҳли Байт (алайҳис-салом) рафтор мекунанд; албатта бо шиор ва фарёд, инсон на алавӣ мешавад ва на ҳусайнӣ. Ба фармоиши мақоми Муаззами раҳбарӣ, рафтори мо бояд алавӣ бошад; вагарна шоҳ ҳам шиори исломпаноҳӣ ва шоистасолорӣ медод. Чӣ фоидае хоҳад дошт агар дар шиор ва гуфтор бигўем:

يَا ليتَنَا کنَّا مَعَکُم فَنَفُوزَ فَوزًا عَظِيمًا.

Аммо дар амал ҳозир набошем ҳатто як шапалоқ бихўрем? Ҳозир набошем як ҳақорат бишнавем? Ин чӣ гуна ҳусайнӣ будан аст?!

Ин бузургворони ғаюр куҷо ва беғайратони тарсу куҷо?! Мардуми сустимоне, ки бо камтарин таҳдид мегурезанд ва майдонро холӣ мегузоранд ва онҳое, ки дилҳояшон ҳамеша аз қатъи робита бо Амрико ҳаросон ва ларзон аст, аз рўҳия ва ҳамосаи ҳусайнӣ чӣ баҳрае бурдаанд?!

 

 

Милоки ёрирасонии илоҳӣ

     Ҳар чи робитаи ошиқонаи мо ва таваккули мо ба Худованд, қавитар бошад, мададрасониҳои Худованд ва авлиёи ў густарда хоҳад буд. Намунаҳои зебое аз ин робитаро борҳову борҳо дар майдони ҷанг мушоҳида кардед: он ҳангоме ки қавитарин афрод эҳсос мекарданд кор тамом шудааст ва шикаст хўрдаем, ихлос ва таваккали ошиқонаи размандагон, иноятҳои хосси илоҳиро ба ёрӣ мерасонд; чаро, ки дар забони онҳо ҳамеша ин ду хости оҷизона ва таваккул доштан, ҷорӣ буд:

﴿رَبَّنَا اغفِرلنَا ذُنُوبَنَا وَ إسرَافَنَا فِی أمرِنَا وَ ثَبِّت أقدَامَنَا وَ انصُرنَا عَلَی القومِ الکَافِرِين﴾[10]

Аз сўи дигар, ҳар чи эҳсоси ниёзмандии мо ба Худованд камтар бошад ва ба ҷои такя ба қудрати илоҳӣ, ба фаровонии ҷамъият дил хуш намоем ва ба фановарии пешрафта ва кўмакҳои хориҷӣ умедвор бошем, иноятҳо ва кўмакҳои илоҳӣ низ дар ҳаққи мо, камтар хоҳад буд.

Миқдари иноят ва мададрасонии илоҳӣ дар гарави миқдори иртибот ва мададгирии мо аз Худо аст. Суннати побарҷо ва қатъии Худованд ҳамеша ин буд, ки агар дар роҳи ёрии дини ҳақ ҳар чи дорем, дар табақи ихлос ниҳем, камбудиҳоямон аз сўи Худованди Раҳмон ҷуброн хоҳад шуд:

﴿يَا أيُّهَا الذِينَ آمَنُوا إن تَنصُرُوا الله يَنصُرکُم وَ يُثَبِّت أقدَامَکُم﴾[11]

Ў бо ҳеҷ касе хешу қавмӣ надорад ва барои ҳеҷ кас тазминеро бар ўҳда нагирифтааст; аммо суннат ва шеваи ҳамешагии ў ин аст, ки ҳар ки холисона ба суи ў меравад ва дини ўро ёрӣ мекунад, ёвариашро ба ўҳда хоҳад гирифт; ваъдаи қатъие, ки ҳеҷ тахаллуфе дар он роҳ надорад:

﴿إنَّ الله لايُخلِفُ المِيعَاد﴾[12]

Ҳаргиз напиндорем ки чун дар тўли ҳашт сол дифои муқаддас, машмули кўмакҳо ва имдодҳои Худованд шудаем, то абад дар амон ҳастем. Кори Худованд аз рўи ҳикмат ва ҳисоб аст. Ҳар замон, ки робитаи мо бо Худованд дар масоили фардӣ ва иҷтимоӣ, ба заъфу костӣ бирасад, мададрасонии илоҳӣ низ аз мо коста мегардад ва ҳар гоҳ  ки ба худ такя намоем, Худованд моро ба ҳоли худамон вогузор мекунад.

Қуръони Карим, ҳоли касонеро ёдоварӣ мекунад, ки дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоияшон ҳамеша ба ёди Худо буданд ва ибодату бандагии ўро фаромўш намекарданд ва қонунҳои илоҳиро дар ҷомеа побарҷо нигаҳ медоштанд, Худо ҳам онҳоро дўст дошт ва ба онҳо иззат бахшид. Аммо вақте ҳол ва робитаашонро бо Худованд тағйир доданд, Худованд ҳам ҳол ва иззаташонро тағйир дод:

﴿ذٰلِکَ بِأنَّ الله لم يَکُ مُغَيِّرًا نِّعمَةً أنعَمَهَا عَلی قَومٍ حَتَّی يُغَيِّرُوا مَا بِأنفُسِهِم...[13]

“Ин ба он далел аст, ки Худованд ҳар гоҳ неъматеро ба қавме ато намуд, онро тағйир намедиҳад то он ҳангом, ки он қавм ҳоли худро тағйир диҳанд”.

Оре ҳамонҳое, ки иззатмандони рўзгор ва нури чашмҳои Парвардигор буданд, ба хотири ин ки робитаашон бо Парвардигор дигаргун гашт, аз авҷи неъмату иззат ба хорию зиллат расиданд:  

﴿فَخَلفَ مِن بَعدِهِم خلف اضاعُوا الصَّلاة وَاتَّبَعُوا الشهَوٰات فَسَوفَ يلقون غَيا﴾[14]

“Аз он қавми худопараст, ҷонишиноне бозмонданд, ки намозро фурў гузоштанд ва аз шаҳватҳо пайравӣ карданд ва зуд бошад, ки ба зиёну зиллату гумроҳӣ фурў раванд”.

Ин фармудаҳои нуронии Қуръон фақат ривояти таърих нест; балки дарси ибрате барои мо аст. Қуръон аз асос, китоби таърихнигорӣ ё достонпардозӣ нест; балки китоби ҳидоятгарӣ ва инсонсозӣ аст. Дарс ва паёми ояти пешин ин аст, ки агар он саҳархезиҳо, он гиряҳо ва тазарруъҳо ва он дуо хонданҳо, ҷои худро ба тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ ва гўшсупорӣ ба таронаҳои мутриб дод; агар он намозҳои шўрангез ва он ҳузури қалбҳои рўҳафзо ҷои худро ба нобудсозии ҳурмати намоз дод; агар он худопарастиҳо ба нафспарастӣ бадал шуд, ба таври қатъӣ гумроҳӣ ва фурў афтодан дар ботлоқи хорӣ ва гумроҳиро дар пай хоҳад дошт: 

﴿أرَأيتَ مَنِ اتَّخَذَ إلهَهُ هَوَاه...﴾[15]

“Оё дидӣ ҳоли он касро, ки ҳаво (хостаҳо)-и нафси худро худои хеш сохт”.

Бо донистани ин ҳақоиқи дақиқи Қуръонӣ, дигар ҷои тааҷҷуб нахоҳад монд, ки шоҳид бошем муборизони варзида дар идомаи роҳи ҳақ, дар гумроҳӣ ва зиддият бо роҳи ҳақ афтанд ва ин аст рамзу рози он дуои ҳамешагии раббиюн (худоиён), ки аз Худованд, устувории қадам ва тавфиқи дур мондан аз ҷозибаҳо ва шубҳаҳои шайтониро металабанд.

Аз як сў, шубҳаангезиҳои шайтонӣ, дину имонамонро мерабояд ва ба дудилагӣ дучорамон мекунад ва сабаби фосид шудани ақида ва имон мешавад ва аз сўи дигар, ҷозибаҳои фиребандаи дунёӣ, арзишҳо ва фазилатҳои моро маҳв мекунад ва ба фасод ва таббоҳӣ мубталоямон месозад ва сабаби фасоди ахлоқӣ ва рафторӣ мешавад. Дар чунин ҳол, мувофиқи кадом милок метавон ёрии илоҳиро интизорӣ дошт? Бо такя ба кадом суннате ва кадом ҳикмате?

Агар фитнаангезӣ ва дунёпарастӣ дар байни бисёре аз мардуми як ҷомеа ривоҷ ёбад, кор ба ҷое хоҳад расид, ки ҳимоят аз чунин ҷомеае бар хилофи ҳикмати илоҳӣ хоҳад буд. Иншоаллоҳ ба баракати Имомон (алайҳимус-салом) ва ба василаи иноятҳои вижаи Имоми Замон (алайҳис-салом) то ҳангоме ки пайвандамон бо ҷонишини барҳаққи Имоми Замон (алайҳис-салом) маҳкам аст, чунин балоҳо ва уқубатҳо бар миллат ва кишвари мо фуруд нахоҳад омад.

 

 

Оқибати пайравӣ накардан аз раҳбарони илоҳӣ

           Пайванди мардум бо раҳбарии илоҳӣ дар Эрон, боиси нузули ҳамаи баракатҳо ва иноятҳои илоҳӣ шуд ва гусастани мардум аз раҳбарии илоҳӣ дар Ироқ, ин ҳама ранҷу фалокатро барои мардуми он сарзамин дар пай дошт.

     Мавқеияти Оятуллоҳи Узмо Ҳаким (р) дар Ироқ, дар муқоиса бо мавқеияти Имом дар Эрони он замон, хеле волотар ва побарҷотар буд. Тамоми ашоири Ироқ аз муқаллидон ва муридони вай буданд. Он ҷаноб барои эҷоди инқилоби ҳамаҷониба аз Наҷаф ба Бағдод рафт ва интизораш ин буд, ки бо фармони ҷиҳоди эшон, шиаён ва ашоири Ироқ, кишварро зерурў кунанд; аммо мардуми Ироқ бар асари ғалабаи рўҳияи дунёпарастӣ ва роҳатталабӣ ва офиятҷўӣ, нидои ин сайиди бузургворро беҷавоб гузоштанд ва ҳеҷ посухе ба фарохонии ў надоданд. Шояд ҳамин бархўрди мардуми Ироқ боис шуд, ки вай бо марги зудрас аз дунё биравад.

    Итоат накардан аз ноибони Имоми Замон (алайҳис-салом) аз ҷумла Оятуллоҳ Ҳаким ва Оятуллоҳ Садр, гуноҳи азиме буд, дуди сиёҳ ва зулмониаш ҳанўз ҳам ба чашми мардуми Ироқ меравад.

     Кори Худованд беҳисоб ва беҳикмат нест. Чаро мардуми Ироқ дар фалокат ва зиллат ба сар мебаранд, дар ҳоле ки миллати шарифи Эрон дар авҷи неъмат ва саодат ва иззат қарор доранд? Оре, он ҳаблуллоҳи матине (ресмони Худованд), ки байни миллати мо ва Худованд барқарор аст, урватулвусқои вилоят аст. Азизон! Қадри неъмати вилоятро бидонед. Агар ба паймоне, ки бо Худо ва авлиёи Худо дорем, вафодор бимонем, Худованд лағзишҳоямонро ҷуброн хоҳад кард.

 

 

Эҳсоси эминӣ аз макри илоҳӣ ва хатарҳои он

Яке аз хатарноктарин партгоҳон барои аҳли имон, эҳсоси эминӣ аз макри илоҳӣ аст. Ин пиндор, ки чун Худо моро ба пирўзӣ расонидааст, дигар коре бо мо нахоҳад дошт ва ҳар коре бикунем нодида гирифта мешавад, ба таври комил ботил аст. Азизон! Худованд чунон борикбен ва сахтгир аст, ки мўйро аз хамир ҷудо мекунад: 

﴿وَهُوَ شَدِيدُ المِحَال﴾[16]

«Ва ў қудрати беинтиҳо ва азоби дарднок дорад».

Эҳсоси эминӣ аз макри Илоҳӣ аз гуноҳони бузург аст. Бар ин асос бояд аз оянда ва оқибати корамон нигарон бошем. Шумо, ки имонатон то он ҳад қавӣ нест, ки дар баробари ҳар саҳнаи ҷаззоб ва фиребанда муқовимат кунед ва  налағзед, канор биравед ва нигоҳ накунед. Шумо, ки маълумотатон дар он ҳад нест ба ҳар шубҳае посух диҳед, ба суханони шайтони фиребдиҳанда гўш надиҳед ва аз маҷлиси шубҳаангез дурӣ кунед. Худованди Мутаол ба Паёмбараш, ки дорои қавитарин иродаҳо ва имонҳо аст, мефармояд:

﴿وَ إذَا رَأيتَ الذينَ يخُوضُونَ فِی آيَاتِنَا فَاعرِض عَنهُم حَتَّی يَخُوضُوا فِی حَدِيثٍ غيرِه وَ إمَّا يُنسِيَنَّکَ الشَّيطان فَلا تَقعُد بَعدَ الذِّکرٰی مَعَ القوم الظالمين[17]

Ҳарноҳ гурўҳеро дидӣ, ки бо таънаю айбҷўӣ дар оёти мо, гуфтугў мекунанд, аз онҳо дурӣ гузин то дар сухани дигаре ворид шаванд ва агар Шайтон аз ёдат бурд, пас аз ёдоварӣ, ҳаргиз бо чунин гурўҳи ситамкоре манишин.

Чунон ки дидед ба умури муқаддас ва арзишҳои дин тавҳин мекунанд, бархезед аз он маҷлис канорагирӣ кунед. Агар ба ёвасароиҳои шубҳаафканон гўш фаро додед ё ба саҳнаҳои фасодангез чашм дўхтед, дар ин сурат шумо ҳам мисли эшонед:  

 

﴿إنَّکُم إذًا مِثلهُم[18]

ва он гоҳ ба таври нохоста дар дунё, дар гуноҳашон ва дар уқбо, дар иқобашон шарик хоҳед шуд:  

﴿إنَّ الله جَامِعُ المنَافِقِينَ وَ الکَافِرِينَ فِی جَهَنَّمَ جَمِيعًا[19]

     “Худованд ҳамаи мунофиқон ва кофиронро дар дўзах ҷамъ мекунад”.

Онҳо ба тамоми арзишҳо ва  бинишҳои исломӣ кофиранд. Шумо, ки бо эшон ҳаммаҷлис ва дар баробари эшон саропо гўшу чашм мешавед,  имони қалбии худро аз даст медиҳед. Шубҳаҳо ва саҳнаҳои гуноҳолуд, имонро аз қулубатон мерабояд ва шуморо фақат ба зоҳири диндорӣ чун ширкат дар масоҷид, намозҳои ҷамоат, азодориҳо ва ғайра дилхуш мекунад; то ҷое, ки дар дилҳоятон дигар имоне боқӣ нахоҳад монд ва фақат дар зоҳир, Исломро изҳор мекунед.

Шайтонҳои  инсӣ, ҷавонҳои поки моро бо ин супориш мефиребанд, ки шумо ҳама ҳарфҳоро бишнавед; ва он гоҳ ҳар кадомро, ки писандидед, баргузинед; ғофил аз ин ки фақат касоне иҷозат доранд, ҳамаи қавлҳоро бишнаванд, ки таҳти иноят ва ҳидояти илоҳӣ қарор гирифта бошанд ва   тавоноии ташхиси беҳтарин сухан ва пайравӣ аз онро дошта бошанд:                   

﴿الذِينَ يَستَمِعُونَ القَولَ فَيَتَّبِعُونَ أحسَنَهُ اولٰئک الذينَ هَدَاهُمُ الله وَ اولٰئکَ هُم اُولُوا الألباب[20]

«Касоне, ки суханонро мешунаванд ва аз некўтарини онҳо пайравӣ мекунанд, онҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидоят кардааст ва онҳо хирадмандонанд».

Пас вазифаи онон, ки қудрати илмии лозимро барои ташхиси ҳақ аз ботил надорад чист?! Вазифаи эшон дурӣ кардан аз маҷолиси шубҳаангез ва саҳнаҳои фасодангез аст:

﴿وَأعرِض عَنِ الجَاهِلِين[21]

Ва аз ҷоҳилон рўй бигардон”

﴿فَاعرِض عَنهُم وَ عِظهُم وَ قُل لَهُم فِی أنفُسِهِم قَولًا بَليغًا

“Аз онҳо рўй бигардон ва онҳоро инзор деҳ ва бо баёни расо натиҷаи аъмолашонро ба онҳо гўшзад кун”.

Саранҷоми гўш супоридан ба шубҳаҳои фасодангез ва чашм чарондан ба саҳнаҳои ҳавасангез, ҳамнишинӣ бо кофирон дар оташи қаҳри илоҳӣ аст.

     Оре, ҳамаи мо бояд дар баробари ҳуҷуми шубҳаҳои шайтонӣ ва ривоҷи рўзафзуни фасоду фаҳшо дар ҷомеа, барои худ ва насли ояндаамон мо эҳсоси хатар кунем ва нигарон бошем.

 

 

Вазифаи мо дар охирзамон

     Гуфтаанд: диндорӣ дар охирзамон хеле мушкил аст ва эҳтимол дорад инсон дар ин даврони пурфитна, субҳ мўъмин ва шаб кофир бошад: 

يُصبِحُ الرَّجُلُ مُؤمِنًا وَ يُمسِی کَافِرًا.[22]

Ин матлаб, ба ин ҳақиқат нозир аст, ки мардуми охирзамон дар баробари андак фитна ва шубҳаҳо, имонашонро аз даст медиҳанд ва ин ҳушдоре барои мо аст, ки  дин ва имонамонро сар-сарӣ нагирем ва иҷозат надиҳем то ба андак баҳонае имонамонро бигиранд. Набояд он қадар суст бошем, ки арзишҳои динии моро ба номи эҳёи осори бостонӣ ё масоили дигар, поймол кунанд; балки бояд бо таҳсили тақво ва таҳзиби нафс, дар роҳи ҳифзи арзишҳои исломӣ ва посдорӣ аз аҳдофи Имоми Замон (алайҳис-салом)  сабру истиқомат дошта бошем ва лаҳза ба лаҳза худро барои зуҳури ҳазрат омодатар кунем: 

﴿يَا أيُّهَاالذِينَ آمَنُوا اصبِرُوا وَ صَابِرُوا وَ رَابِطُوا وَ اتَّقُواالله لَعَلَّکُم تُفلِحُون﴾[23]

“Эй касоне, ки имон овардаед, сабр кунед ва пойдор бошед ва марзбонӣ ва посдорӣ кунед ва аз (хашми) Худо бипарҳезед то шояд растгор шавед».

Дар бораи ин ки зуҳури Имоми Замон (алайҳис-салом) наздик аст ё не, ҳамаи мо ба наздикии он зуҳури муқаддас умедворем, аммо ин ки зуҳури ҳазрат фардо аст ё фардои ҳазор сол баъд, ба мо марбут нест.

Аслитарин вазифаи мо дар замони ғайбат ин аст, ки чунон лаёқат  ва зарфияте дар худ ва ҷомеаи хеш падид оварем, ки ҳар лаҳза барои зуҳури ҳазрат омода бошем.

 

 

Бозгашти ҷаҳон ба сўи маънавият

        Дар дунёи кунунӣ, фасоду фаҳшо он қадар ривоҷ хоҳад ёфт то ҳамаи сарҳо ба санг бихўрад. Ба зудӣ рўзе хоҳад омад, ки ҳама бифаҳманд, барои расидан ба саодат, чорае ҷуз бозгашт ба дин ва амал ба дастурҳои он нест. Он замон ҳангоме аст, ки заминаи зуҳури мавлоямон фароҳам мешавад. Осори ин бозгашти арзишманд, имрўза дар кишварҳои ҷаҳон падидор шудааст. Худам дар яке аз донишгоҳҳои ғарбӣ шоҳид будам, ки аъзои ҳайати раисаи донишгоҳ мегуфтанд: Мо дигар ҳеҷ умеде ба насли ояндаи кишварамон надорем; чаро, ки фарҳанги амрикоӣ ба шиддат дар кишварҳоямон ривоҷ ёфта ва ҷавононамонро мунҳариф сохтааст. Дар чунин вазъе, ягона умеди мо ба дини кишвари шумоИслом - аст, ки бо фарҳанги фосиди амрикоӣ мухолифат мекунад. Мо ҳозирем ин донишгоҳро ба таври комил ба ихтиёри шумо қарор диҳем, то барномаҳои тарбиятии исломиро дар он иҷро кунед, шояд битавонед ҷавонони моро аз ботлоқи фасоду нобудӣ бираҳонед.

Намунаи дигари бозгашт ба сўи ҳақро дар Сингапур мушоҳида кардам. Дар он ҷо, тоҷире назди ман омад ва гуфт: Ман дар шумори ваҳобият ва душманони сарсахти шиа будам;  аммо бо мушоҳидаи муборизаи муқаддаси Имом Хумайнӣ (р) бо муфсидон ва тоғутиён, ошиқи равиш ва шахсияти Имом шудам ва бо худ андешидам, мазҳабе, ки битавонад чунин пешво ва роҳбари устувореро бипарварад, ба яқин ҳақ аст. Аз он пас шиа шудам ва то кунун тамоми молу ҳастиямро барои тарвиҷи фарҳанги ташайюъ дар ин диёр, нисор кардаам.

Оре, ҳамон гуна ки Имомон (алайҳис-салом) фармудаанд мо бояд бидуни ҳеҷ сустӣ ва мулоҳиза, калимот ва маорифи нуронии Куръон ва Аҳли Байтро ба мардуми ҷаҳон арз кунем ва мутмаин бошем, ки ҷозибаи каломи ваҳёнии эшон дилҳои лоиқро аз гўшаю канори ҷаҳон ҷазб хоҳад кард.

Намунаи дигари ин бозгаштро дар кишвари Малайзия шоҳид будам. Чунон ки медонед, кишвари Малайзия ба сурати федеролӣ идора мешавад; яъне ҳар иёлат ва вилояташ давлати мустақил дорад. Дар иёлати Клонтони Малайзия, ҳизбе ба номи «Ҳизби Пос» ҳоким аст. Нахуствазири ин иёлат ва аввалин шахси ҳизби Пос, як рўҳонии суннии шофеӣ ба номи неки Абдулалӣ аст. Вай орзу мекард, ки эй кош замина фароҳам мешуд, ки мо метавонистем донишҷўёнамонро ба Эрон бифиристем, то ҳақиқати Ислом ва мусалмониро аз шумо шиаён биомўзанд. Ў таҳти таъсири сираи илоҳии ҳазрати Имом Хумайнӣ, ба мазҳаби шиа бисёр моил шуда буд. Вай чунон ба Имом  Хумайнӣ алоқа дошт, ки фармоишҳои муҳимми он ҷанобро ба хубӣ ба хотир дошт ва аз ў бо некӣ ёд мекард.     

 



[1] Сураи Оли Имрон, 146 ва 147.

[2] Ҳатто ёрони Имом Ҳусейнро низ наметавон мисдоқи «Раббиюни касир» донист, чаро ки теъдодашон аз ҳафтоду ду нафар бештар набуд.

[3] Сураи Оли Имрон - 146.

[4] Оли Имрон 147 .

[5] Оли Имрон - 147.

[6] Оли Имрон - 147.

[7] Ҳамон.

[8] Сураи Моида - 54.

[9] Сураи Моида - 54.

[10] Сураи Оли Имрон - 147.

[11] Сураи Муҳаммад - 7.

[12] Сураи Оли Имрон - 9.

[13] Анфол - 53.

[14] Марям - 59.

[15] Фурқон - 43.

[16] Раъд - 13.

[17] Анъом - 68.

[18] Нисо -140.

[19] Нисо -140.

[20] Сураи Зумар -18.

[21] Сураи Аъроф -199.

[22] Аллома Маҷлисӣ «Биҳор-ул-анвор».

[23] Сураи Оли Имрон - 200. Имом Муҳаммад Боқир (алайҳис-салом) дар тафсири ин оят мефармоянд:

اصبروا علی اداء الفرائض و صابروا عدوکم و رابطوا امامکم المنتظر.

«Дар анҷоми воҷибот сабр дошта бошед ва дар муқобили душманонатон, истиқомат ва пойдорӣ ва аз Имоми Мунтазари хеш муроқибат ва посдорӣ кунед». (Нўъмонӣ, «Ал-ғайба»).

Home page book