Ҷаласаи дуввум |
Соат чаҳори баъд аз пешин буд, баъд аз истироҳат ва нўшидани чой, Мавлавӣ Ҳофиз ду зарфи мева овард, яке пур аз бананҳои бузург ва дигарӣ ҳам дорои харбузаҳои хурд.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ Ҳофиз, ин чӣ розе аст, ки ин бананҳо ду баробари бананҳои маъмулӣ аст, вале ин харбузаҳо як севвуми харбузаҳои маъмулӣ аст?
Мавлавӣ Ҳофиз: Ин бананҳо ҳосили дастранҷи худам ва маҳсули дарахти ҳамин хонаи худам аст. Маъмулан ин навъ дарахтҳои банан дар Балучистон бананҳои бузургтаре нисбат ба бананҳое, ки аз Покистон ворид мекунанд ва дигар вилоятҳои кишварамон доранд, аммо ин харбузаҳо, харбузаи дарахтӣ аст, ки маҳсули Эроншаҳр аст ва дар минтақаҳои дигари Эрон ба даст намеояд ва хуб аст агар хостед аз Балучистон барои оилаатон савғоти баред, аз ин харбузаҳои дарахтӣ бубаред.
Ҳамагӣ ба мева хўрдан машғул шуданд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бародар Аминӣ шумо то ба ҳол дар бораи гуноҳи баъзе саҳоба, ҳатто нифоқи баъзе аз онон оятҳоеро аз Қуръони Карим баён кардед, акнун ҳадисҳоеро, ки шарҳи бештаре дар ин замина бошад, лутфан аз китобҳои мўътабар ва манобеи худи мо аҳли суннат нақл бифармоед то ин шакку шубҳа ва нигаронӣ, ки то акнун нисбат ба ин мавзўъ доштаем аз байн биравад.
Бародар Аминӣ: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Гарчӣ бозгўии айбҳои дигарон кори хубе нест ва ман аз ин кор парҳез дорам, бар хилофи майли дарунии худам ба далели равшан шудани ин масъалаи илмӣ ва динӣ, бахши каме аз ҳадисҳоро дар иртибот ба ин мавзўъ нақл мекунам.
Мавориди зиёде аз шаробхўрии баъзе аз саҳоба дар китобҳои ҳадис ва таърих сабт шудааст, ки дар баъзе мавридҳо ҳадди шаръӣ бар онон бо фармони Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё хулафо иҷро шуда ва ё ин ки иҷро нашудааст; ба унвони мисол:
Аввал: Саҳеҳи Бухорӣ дар чаҳорумин ҳадис аз китоби "Ал-Ҳудуд" аз Уқба ибни Ҳорис нақл мекунад: "Рўзе Нўъмон ё Ибни Нўъмонро ба ҷурми шаробхўрӣ дар ҳоли мастӣ хидмати Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам оварданд, ҳазрат ба ў сахт гирифтанд ва ба тамоми аҳли манзил фармон доданд то ўро бизананд. Ҳама бо чўб ва кафш ўро заданд ва ман ҳам дар ин кор ширкат кардам."[1]
Дуввум: Саҳеҳи Бухорӣ дар нўҳумин ҳадиси китоби ҳудуд аз Умар ибни Хаттоб нақл мекунад: "Рўзе марде ба номи Абдуллоҳ машҳур ба Харро, ки маъмулан бо суханони ширинаш Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро механдонд ва қаблан ба ҷурми шаробхўрӣ шаллоқ хўрда буд, боз ба ҷурми шуробхўрӣ ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам оварданд ва ҳазрат фармон дод то ўро шаллоқ заданд."[2]
Севвум: Умар ибни Хаттоб халифаи дуввум фарзандаш Абдурраҳмонро ба ҷурми шаробхўрӣ шаллоқ зад.[3]
Аввал: Саҳеҳи Бухорӣ аз Оиша нақл мекунад: Зане аз сарони қабилаи бани Махзум дуздӣ кард ва қарор шуд ҳукми буридани даст ба унвони ҳадди илоҳӣ дар бораи ў иҷро шавад. Қурайш ба дасту по афтоданд то аз буридани дасти ин духтари шарифзода пешгирӣ шавад. Онҳо Усомаро, ки азизи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд восита қарор доданд ва ў ҳам иҷро накардани ин ҳадро аз ҳазрат дархост кард. Ҳазрат ба ў фармуд: "Оё барои таътил шудани ҳадди илоҳӣ шафоат ва васотат мекунӣ? Сипас ҳазрат ба по истод ва хитоб ба мардум фармуд: Пешиниён ба ин ҷиҳат гумроҳ шуданд, ки агар шахси обрўманде дуздӣ мекард ўро раҳо мекарданд ва агар бечораи гумноме дуздӣ мекард, ҳаддро бар ў ҷорӣ мекарданд. Ба Худо савганд агар Фотима духтари Муҳаммад ҳам дуздӣ кунад, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дасташро хоҳад бурид".[4]
Дуввум: Абўдовуди Саҷистонӣ дар сунани худ ҳадисеро нақл мекунад, ки шояд такмили ин ҳадис бошад ва шояд дар бораи зани дигаре аз қабилаи Махзумия буда аст. Аз Ибни Умар нақл мекунад: Зане аз қабилаи Махзум молу дороиҳоеро аз мардум қарз мегирифт ва сипас онро инкор мекард. Ҳазрат фармони буридани дасташро доданд ва сипас хутбае гуфтанд ва се мартаба фармуданд; "Оё зане ҳаст, ки тавба кунад ва ба сўи Худо ва Расулаш боз гардад?" Он зан дар айни ҳол, ки шоҳиди суханони ҳазрат буд ба пой наистод ва сухане нагуфт.[5]
Севвум: Абўдовуди Саҷистонӣ муҳаддиси бузурги суннӣ дар сунани худ ҷараёни яке аз саҳобаро ин чунин нақл мекунад: Ҷобир ибни Абдуллоҳ аз Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл мекунад: Дуздеро хидмати Расули гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам оварданд, ҳазрат фармони буридани дасти ўро дод. Пас аз муддате ҳамон шахс ду мартаба дуздӣ кард ва ҳазрат фармони буридани дасти ўро дод. Пас аз дуздии мартабаи севвум ба назди он ҳазрат оварданд ва ҳазрат фармони буридан дод. Пас аз дуздии чаҳорум ба наздаш оварданд ва ҳазрат боз ҳам фармони буридан дод. Пас аз муддате он шахс барои мартабаи панҷум дуздӣ кард ва ўро ба ҳузури Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам оварданд ва ҳазрат фармони куштани ўро содир кард. Мо ҳам ўро кашон кашон бурдем ва дар чоҳе андохтем ва сангборонаш кардем.
Агар мусулмоне имрўз дар шаҳр ва муҳити мо зино кунад ва ҷурми ў дар додгоҳ ва пешгоҳи ҷомеа исбот шавад, ин шахс чӣ қадар назди мо муллоҳо ва гурўҳи диндорон эҳтиром хоҳад дошт? Оё мавриди нафрати ҳамаи мо қарор намегирад? Ин амал аз ҳар мусулмоне сар занад бад аст. Аммо аз як саҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки дар замони он ҳазрат мезиста ва хизмати он ҳазрат мерасида, бадтар аст ба хусус зинои мўҳсина бошад ҷазояш ба ҷои шаллоқ, раҷм ва сангсор кардан аст. Саҳеҳи Бухорӣ дар китоби ҳудуд боби 913 то 925 ҳадисҳоеро нақл мекунад, масалан мусулмоне зинои мўҳсина кард ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармон дод то сангсораш карданд.
Бухорӣ дар боби "Ал-бикрон яҷлидони ва янфиён"-и дар саҳеҳи худ низ маворидеро аз зинои ғайри мўҳсина нақл мекунад, ки Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи онҳо ҳад иҷро кард
Дар боби 34, боби "Ман амара ғайрил имом бииқоматил ҳад ғолибан анҳу" ҷараёни зинои як коргари ҷавон бо зани соҳиби хонаро матраҳ мекунад, ки шавҳари он зан шикоятро хизмати ҳазрат овард ва ҳазрат фармони сад тозиёна ба ҷавон, табъиди яксолаи вай ва ба дор кашида шудани занро содир кард.
Дар ҳадиси дигаре Оиша нақл мекунад, ки ду мард (ки муддаӣ буданд бо як зан бистари шудаанд) ба номҳои Саъд ва Ибни Замъа шикоят назди Паёмбар оварданд ва ҳар кадом иддао мекарданд, ки фарзанд азони ўст, ҳазрат қазоват фармуд, ки қонунан фарзанд азони шавҳари кунунии зан аст. Мутаассифона саҳеҳи Бухорӣ дар китоби "ал-ҳудуд" чандин ҷараён аз зино, шароб ва дуздии мусулмонони замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва саҳобаи эшонро нақл мекунад.
Масъудӣ, таърихнависи бузурги аҳли суннат нақл мекунад: "Валид ибни Уқба фармондори Кўфа аз тарафи Усмон буд. Ў шабҳоро то субҳ ҳамроҳи надимаҳояш машғули шаробхўрӣ ва нағмасароӣ буд. Яке аз рўзҳо, ки азони намози субҳро гуфтанд шаробхўриро раҳо кард ва тибқи маъмул барои иқомаи намози ҷамоат ба масҷид омад ва намози субҳро чаҳор ракъат хонд ва пас аз намоз гуфт: "Агар мехоҳед имрўз бештар бихонем. "Саҷдаашро тўлонӣ кард ва дар саҷда мегуфт: "Эй соқӣ боз ҳам шаробам бидеҳ" Итоб ибни Илони Сақафӣ, ки дар сафи аввал буд, гуфт: Худо хайрат надиҳад. Тааҷҷуб аст аз халифа, ки чунин волӣ ва имоми ҷамоате барои мо фиристодааст. Мардуми Кўфа вақте аз ин вазъ ба дод омаданд ба хонааш ҳамла карданд ва ўро дар ҳолати мастие, ки худро намефаҳмид диданд, ҳар чӣ карданд ҳушёр шавад, нашуд ва миқдоре аз шаробҳои хўрдаро қай кард. Мардум ангуштари махсуси ўро дар ин ҳолат аз дасташ гирифтанд ва ба шикоят назди Усмон омаданд. Халифа фарёде бар сари онҳо заду гуфт: Ин як тўҳмат аст. Онҳо ангуштарро нишон доданд, вале халифа боз ҳам қабул накард. Онон шикоятро назди Алӣ алайҳис-салом бурданд..."[7] Масъудӣ дар як саҳифа қабл аз ин нақл мекунад, ки тибқи ахбор ва аҳодиси Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи Валид ибни Уқба ибни Абўмаит фармудааст: "Ў аҳли оташ аст."[8]
Саҳеҳи Бухорӣ ҷараёни маъруфи Ҳотиб ибни Абўбалтааро ин гуна нақл мекунад: Ин саҳобии мусулмон вақте огоҳ шуд, ки Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тасмим ба ҳамлаи бузург ва ғофилгирона бар зидди мушрикони қурайшро барои фатҳи Макка гирифтаанд ва мушрикон аз он бехабаранд ва ҳазрат ҳам исрори фаровон бар махфӣ нигоҳ доштани ин мавзўъ доштанд, зуд ин хабарро дар номае навишт ва ба василаи зане ба сўи Макка фиристод. Ин пайки ҷосус ҳанўз зиёд аз Мадина дур нашуда буд, ки Ҷабраил бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нозил шуд ва хабари ҷосусии ин саҳобиро ифшо кард. Ҳазрат ҳам фаврӣ чанд нафарро фиристод ва номаро аз он зан гирифтанд ва Ҳотибро сарзаниш карданд. Ҳотиб узрашро ин гуна матраҳ кард, ки ман ба далели наҷоти хешовандони мушрикам дар Макка ин корро кардам.
"Ҳакам ибни Абилос падари Марвони Ҳакам ва амаки ҷаноби Усмон аст. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби Исоба аз Абўситтон ва Зўҳрӣ нақл мекунад: Рўзе асҳоб ба ҳузури Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам расиданд ва диданд ҳазрат Ҳакамро лаън мекунад. Сабаби онро пурсиданд. Ҳазрат фармуд: "Дар ҳоле, ки ман бо ҳамсарам дар хона будам ин мард аз шикофии девор ворид шуд ва бо нигоҳи бад ба ман назар афканд". Тибқи ин нақл ва гуфтаи ин олими бузурги аҳли суннат, ин саҳобӣ ба дастури Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз Мадина ба Тоиф ронда шуд ва дар замони ҳаёти ҳазрат ва ҳатто даврони хилофати Абўбакр ва Умар иҷозати вуруд ба Мадинаро наёфт. Аммо дар даврони хилофати Усмон вориди Мадина шуд ва дар онҷо зиндагӣ кард то мурд.
Зулсадия, ки ба номи Зулхувайсара ҳам маъруф буд, саҳобаи обиде буд, ки бисёрии ибодаташ дигаронро ба тааҷҷуб андохта буд. Рўзе дар ҷараёни тақсими ғаниматҳо бо дасти Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам вақте навбат ба ў расид бо ҷасорат ва беадабӣ гуфт: "Адолатро муроот кун". Ҳазрат бо нороҳатӣ фармуд: "Вой бар ту агар ман адолат накунам, пас чи касе метавонад адолатро риоят кунад". Маълум нест ин мард чӣ қадар хабосат доштааст, ки рўзе Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
"انه لرجل في وجهه صفة من الشيطان."
"Ин мард дар чеҳрааш асари залолат ва сифати шайтон дорад". Аз ин муҳимтар он ки рўзе ҳазрати ба тартиб, Абўбакру Умар ва Алӣ ибни Абўтолибро барои куштани ў фиристод, ки ду нафари аввал дар баробари намоз хондани ў ҷуръати иҷрои ҳукмро накарданд ва Алӣ алайҳис-салом ҳам вақте расид, ки ў рафта буд.[9]
Нўъмон ибни Башир, ки Ибни Ҳаҷар ўро аввалин мавлуд дар Ислом медонад ва аҳодисе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл кардааст, пас аз лашкаркашӣ аз тарафи Муовия ба Айнут-тамр ва ҷанг бар зидди пайравону ҳомиёни Алӣ ибни Абўтолиб, муддате дар хизмати хуношоми замон, Убайдуллоҳ ибни Зиёд буд ва дастуроти тоғути замон, Язид ибни Муовияро дар Шом иҷро мекард. Пас аз марги Язид ҷойгоҳи худро иваз кард ва мардумро ба пайравӣ аз Абдуллоҳ ибни Зубайр даъват кард ва пас аз муддате худ муддаии хилофат шуд ва ба василаи Марвон ибни Ҳакам кушта шуд.
2-Заҳҳок ибни Қайс
Равиши зиндагии Заҳҳок ҳам, монанди Нўъмон ибни Башир мебошад ва дар ниҳоят ба дасти Марвон ибни Ҳакам кушта шуд. Рўзе аз тарфи Муовия ба фармондеҳии се ҳазор нафар, ба сарзамини Саълабия рафт ва қабилаҳои онҷоро ба сабаби алоқа доштан ба ҳазрати Алӣ ибни Абўтолиб ғорат кард. Сипас дар роҳи Кўфа дар ноҳияи Қутқатона бо корвони Амр ибни Умайс ибни Масъуд бародарзодаи Абдуллоҳ ибни Масъуд саҳобаи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам рў ба рў шуд, ки қасди зиёрати хонаи Худоро доштанд. Заҳҳок, Амр ибни Умайс ва баъзе ҳамроҳонашро кушт ва ҳамаи амволашонро ғорат кард.[10]
3-Суфён ибни Авф: Вай чеҳраи дигар аз фармондеҳони лашкари Муовия аст. Ба далели саҳоба будан дар футўҳоти Шом ширкат кард. Муовия ба ў гуфт;
"اقتل كل من لقيته... واخرب كل ما مررت به و..."
"Ҳар киро дар роҳат аз алоқамандони Али дидӣ, бикуш аз ҳар куҷо гузаштӣ онҷоро вайрон кун ва молу амволро ғорат кун".[11]
4-Буср ибни Артод: Чеҳраи дигар аз бадиҳо, ин ҷаллод буд, ки ниқоби саҳоба буданро ба чеҳраи худ мезад ва тибқи нақли Ал-Истиоб ҷ.1.с.157, ду ҳадис аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл кардааст. Бо амри Муовия фармондеҳии лашкарро ба ўҳда гирифт. Муовия ба ў амр кард, ки шаҳрҳои мавриди назарро зери по гузорад, ҳар кас аз шиаён ва пайравони Алӣ ибни Абўтолибро дидӣ бикуш ва амволашонро ғорат кун ва ҳатто даст аз занону кўдакон набардор! Буср ибни Артод ҳам, барои иҷрои ин фармон ба Макка ва Мадина, Сароҳ ва Наҷрон ҳамла кард. Мардуми зиёдеро кушт ва хонаҳои фаровонро вайрон кард. Ў пас аз ворид шудан ба Яман огоҳ шуд, ки Убайдуллоҳ ибни Аббос фармондори Алӣ алайҳис-салом гурехта аст, аммо Буср ду фарзанди хурдсоли Убайдуллоҳ ибни Аббосро ёфт ва бо корд ба дасти худаш сари он ду кўдакро бурид. Ин ҷараёнро дақиқан Абулфараҷи Исфаҳонӣ таърихнависи бузурги аҳли суннат дар китоби худ ба номи "Ал-Ағонӣ" ҷ.15.с.45 ва Ибни Абдулбир дар китоби "Ал-Истиоб фи маърифатил асҳоб" ҷ.1.с.158. нақл кардааст.
Олими бузурги дигари аҳли суннат гўё дар китоби "Таҳзиб-ут-таҳзиб" худ натавониста ҷиноятҳои Бусрро ба қалам биоварад ва фақат навиштааст;
" ففعل بمكه والمدينه واليمن افعالا قبيحا... وقال يحي ابن معين: كان بسر رجلا سؤا"
"Буср дар Макка ва Мадина ва Яман корҳои зишту ношоист ва қабеҳ анҷом дод. Ва Яҳё ибни Муин гуфта: Буср марди баде буд."[12]
Ибни Абдулбар нақл мекунад, ки: Буср ба мардуми Ҳамадон ҳамла кард ва мусулмононро кушт ва занонашонро ба асорат гирифт, то он рўз ҳеҷ зани мусулмоне ба асорат бурда нашуда буд, Ал-Истиоб ҷ.1.с.161. Ибни Асир яке аз нависандагони муҳимтарин китоби риҷолӣ, гарчӣ натавониста дар китоби Усд-ул-ғоба ҷиноятҳои Бусрро бишуморад, маълум нест, ки чӣ хабраҳое аз ҷиноятҳои вай дар ҳамла ба Мадина дониста аст, аммо дар як калима гуфта аст:
"فسار إلی المدينه ففعل بها أفعالا شنيعة".
"Ба сўи Мадина рафт ва дар онҷо корҳои хеле зишт анҷом дод."
Бародарони азиз бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама мусибатҳо, ҷурмҳо ва гуноҳони кабира ва сағира, ки мутаассифона аз баъзе саҳоба содир шудааст, оё боз ҳам метавон чашмҳоро баст ва гуфт: Не ҳамаи саҳоба пок ва муқаддас ва мўҳтараманд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бародар Аминӣ, матлабҳоеро, ки фармудед мустанад ва дар китобҳои бузургтарин уламои мо аҳли суннат омада аст ва иртикоби гуноҳони кабира ва сағираеро барои баъзе аз саҳоба исбот мукунад, ки агар яке аз онҳоро имрўз як мусулмон дар муҳити мо анҷом диҳад ўро ронда ва манфур медонем.
Аммо фикр накунед ин ҳама пофишории ман ба далели лаҷбозӣ ва душманӣ аст, балки ба ин далел аст, ки иҷмои уммат бар адолати асҳоб иқома шудааст ва ман чӣ гуна дар муқобили иҷмоъ, ки аз далелҳои шаръӣ мебошад биистам ва фисқи баъзе саҳобаро бипазирам? Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ олими бузург ва дарёи илми Ислом дар муқаддимаи китоби "Ал-Исоба фи тамйизис-саҳоба"-и худ мефармояд: Аҳли суннат бар адолати саҳоба иҷмоъ карданд:
"اتفق أهل السنة علی أنّ الجميع عدول ولم يخالف في ذلك إلا شذوذ من المبتدعة"
"Ҳамаи аҳли суннат иттифоқ доранд, ки тамоми саҳоба одил ҳастанд ва ҳеҷ кас хилофи ин суханро нагуфта аст, магар баъзе аз бидъатгузорон."
Сипас барои исботи сиҳҳати назари иҷмоъ кунандагон ба оятҳои зиёде аз Қуръони Карим истидлол мекунад, ки инсон наметавонад онҳоро нодида бигирад, ба монанди:
"كنتم خير امة اخرجت للناس..."
"Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои мардум хориҷ шудед." Сураи Оли-Имрон-110.
"وكذالك جعلناكم امةً وسطا..."
"Ва ҳамчунин шуморо уммати намуна қарор додам." Сураи Бақара-143.
" يا ايها النبي حسبك الله ومن اتبعك من المؤمنين."
"Эй Паёмбар туро бас аст Худованд ва мўъминоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд." Сураи Анфол-64.
Ва дигар оятҳо ва аҳодисе, ки эшон нақл мекунад. Ин иҷмоъ ва оятҳое аст, ки ночорем чашм аз воқеиятҳо бипўшем.
Бародар Аминӣ: Ҷаноби Мавлавӣ, агар иҷозат диҳед ин ду далел бо якдигар омехта нашавад, банда то кунун арз кардам, ки оятҳо ва ривоятҳои зиёде далолат доранд, ки қатъан баъзе саҳоба мутаассифона дучори гуноҳ ва фисқ шуда ва сифати адолатро аз даст додаанд. Агар дар ин оятҳо ва ривоятҳо ишколе ба назари муборакатон мерасад бифармоед.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, он чӣ ки гуфтед ҳама саҳеҳ буд ва банда ҷавобе надорам. Аммо.....
Бародар Амини: Бале дуруст аст, шумо дар баробари ин оятҳо бо як мушкил рў ба рў ҳастед ва он, иҷмои аҳли суннат бар адолати саҳоба аст ва чун иҷмоъро ҳуҷҷати шаръӣ медонед, намедонед, ки чӣ гуна бо ин мушкил бархўрд кунед.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале, воқеан бояд ба ман ҳақ диҳед, дар бораи ин иҷмоъ фикр кунам ва онро нодида нагирам.
Мавлавӣ Ҳофиз: Аслан ман дар тааҷҷубам ин ҳама уламои дин аз оғози таърихи Ислом то кунун, ин ҳама оятҳо ва ривоятҳоро, ки бар фисқи баъзе саҳоба далолат мекунад дидаанд, аммо чӣ гуна иҷмоъ бар адолати ҳамаи саҳоба кардаанд.
Мавлавӣ Абдуссамад: Бародарон иҷозат диҳед Бародар Аминӣ сўҳбат кунанд шояд маълум шавад, аслан иҷмое вуҷуд надошта бошад.
Бародар Аминӣ: Шумо ҳатман дар даврони таҳсил, китобҳои усули фиқҳро хондаед, ҳозир ҳам ҳатман устоди усули фиқҳ ҳастед, яке аз муҳимтарин китобҳои усули фиқҳи аҳли суннат китоби Ал-Аҳком фи усулил аҳком навиштаи олиму усулдони бузурги аҳли суннат Омадӣ аст. Эшон шаш назария аз уламои Ислом дар бораи саҳобаи Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл мекунад, ки иборатанд аз:
1-Бисёре аз пешвоён бар адолати ҳамаи саҳоба иттифоқ кардаанд.
2-Саҳоба бо дигар мусулмонон дар ин ки исботи адолати ҳар кадом ниёзманди далели хоссе аст, баробаранд.
3-Адолати асҳоб пеш аз ҷангҳо ва фитнаҳо мусаллам буда, аммо пас аз он лозим ба таҳқиқ аст.
4-Ҳар саҳобае, ки бо Алӣ ибни Абўтолиб ҷангида аст, ба далели бар хостан дар муқобили имоми одил, фосиқ аст ва ҳадисаш қабул нест.
5-Ҳадисҳои ҳамаи саҳоба қабул нест, чун ҳама бо ҳам ҷангиданд ва тарафи ҳақ барои мо равшан нест.
6-Ҳадиси саҳобае, ки фосиқ буданаш собит набошад, қабул аст.[13]
Акнун, ки огоҳ шудем уммати Ислом ба сурати як порча бар адолати ҳамаи саҳоба иттифоқи назар ва иҷмоъ надоштаанд, чӣ гуна нақли иҷмоъро аз забони дигарон бовар кунем? Омадӣ бар ин матлаб ишора карда мегўяд:
"Ҳатто агар имомони чаҳоргона бар як матлабе иттифоқи назар дошта бошанд ва назари мухолифе аз саҳоба бошад, назди бисёре аз уламо иҷмоъ мунъақид (ба ҳисоб намеояд) намешавад." [14]
Ин гуна иттифоқи назари аксарият бар чизе бо вуҷуди назароти гуногуни дигар дар байни уммат, ҳеҷ эътибори шаръӣ надорад, балки Имом Ғаззолӣ менависад:
"اذا خالف واحد من الامة او اثنان لم ينعقد الاجماع دونه ودليلنا ان المحرم مخالفة الامة كافة"
"Агар як ё ду нафар аз уммат назари мухолифи аксарият дошта бошанд, иҷмоъ муҳаққақ намешавад ва мухолифат бо аксарият ҳеҷ манъе надорад, чун он чӣ ҳаром аст мухолифат бо назарияи ҳамаи уммат аст."[15]
Сухани ман ин аст, ки ин иддаои иҷмоъ, ки баъзе бузургон карданд ба се далел ҳеҷ гуна эътибор ва арзиши шаръӣ надорад:
Аввалан: Он иҷмое, ки ҳуҷҷати шаръӣ аст иҷмои "муҳассал" ва "қатъӣ" аст. Аммо агар як ё чанд нафар аз уламо нақли иҷмоъ карда ва иддао кунанд, ки дар замони гузашта, иҷмои уммат бар фалон ҳукм буда аст, ҳеҷ гуна арзиш ва ҳуҷҷати шаръӣ нахоҳад дошт.
Имом Муҳаммади Ғаззолӣ олиму усулии бузурги аҳли суннат дар китоби арзишманди Ал-Мустасфо менависад:
" الاجماع لا يثبت بخبر الواحد لانه دليل قاطع."
"Иҷмоъ бо як хабар исбот намешавад, чун ки иҷмоъ далели маҳкам ва қотеъ аст." ҷ.1.с.202.
Шумо медонед, агар уламои табақаи аввалро, ки барои аввалин бор иддаои иҷмоъ кардаанд (ғайр аз уламои мутааххире, ки аз забони табақаи аввал нақли иҷмоъ кардаанд) баршуморед, мисли Ибни Ҳаҷар, Абўҳотами Розӣ ва Ибни Асир, аз ангуштони даст намегузарад, чӣ расад ба ин ки хабари мутавотир ё зиёд шавад, балки иҷмои нақл шуда ба хабари воҳид ва холӣ аз эътибори шаръӣ хоҳад буд.
Дуввуман: Бар фарз, ки иҷмои нақлшуда бар хабари воҳид ҳуҷҷат бошад, вақте аст, ки мо яқин ба бепоягии он эътиқод надошта бошем. Аммо агар худ бидонем, ки иҷмое аслан дар ин мавзўъ воқеъ нашудааст ҳар қадар, ки дигарон нақли иҷмоъ кунанд барои мо арзише надорад, вагарна беҳтар будани гумон бар қатъу яқин хоҳад буд. Шумо медонед, ки мавзўи адолати саҳоба мавриди ихтилофи назар байни пешиниёни уммат будааст ва назариёти мухталифе дар ин мавзўъ доштаанд, ба унвони намуна ибороти китоби арзишманди "Ал-Аҳком фӣ усулил аҳком" таълифи Омадӣ усулии бузурги аҳли суннатро мулоҳиза кардед, ки назариёти мухталифи умматро дар ин замина нақл кардааст.
Дар ин сурат беҳтар он аст, ки даст аз калимаи иҷмоъ бардорем ва бигўем: Аксари мусулмонон иттифоқи назар дар мавриди адолати саҳоба доранд чунон, ки Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ва Омадӣ ҳамин таъбирро ба кор бурдаанд.
Севвуман: Бар фарз, ки иттифоқи аксариятро иҷмоъ биномем ва онро ҳуҷҷат бидонем, чӣ гуна дар мавриде, ки сареҳи ояти Қуръон бо ин иҷмоъ мухолифат дорад Қуръонро канор гузорем ва назарияи умматро бипазирем?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бародар Аминӣ, куҷои Қуръон бо ин иҷмоъ мухолифат дорад?
Бародар Аминӣ: Худованд дар ояти шашуми сураи Ҳуҷурот, Валид ибни Уқбаро, ки ба зоҳир мусулмон, мўъмин, намозгузор ва саҳобӣ буд фосиқ шуморида ва адолати ин саҳобиро нафй кардааст. Чӣ гуна мо ин ояти каримаро раҳо карда ва ба пайравии кўркўрона аз баъзеҳо бигўем, ки ҳамаи саҳоба одил будаанд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ин оят адолатро аз як саҳобӣ баргирифта аст, аммо Қуръон нисбат ба дигар саҳоба нафйи адолат накардааст, то бо раъйи аксарият мухолиф бошад.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, оё бинобар оёт, аҳодис ва таворихе, ки нақл кардам қабул доред, ки теъдоди зиёди аз саҳоба муртакиби гуноҳони кабира ва сағира шудаанд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале, аммо шояд он гуноҳон ва маъсиятҳо сабаби аз даст рафтани адолати онҳо нашуда бошад.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, агар он маъсиятҳое, ки шуморидем, мисли зинои мўҳсина, дуздӣ, хиёнат дар амонат, озор ва маталак гуфтан ба Паёмбар, рафтан ба манзили Паёмбар ва нигоҳ аз шикофи девор ба хонаи Паёмбар, шаробхорӣ, одамкушӣ, куштани занони мусулмон ва ҳатто кўдакони бегуноҳи Ибни Аббос, ғорати амволи мардуми Мадина, Макка ва дигар ободиҳои Ислом, ҷосусӣ барои мушрикон, фош кардани асрори Расули Худо, гурез аз ҷанг, дурўғ гуфтан ба Паёмбар ва гурез аз пардохтани закот, сабаби фисқи инсон нашавад, пас лутфан бифармоед чӣ коре сабаби фисқ хоҳад буд?
Мавлавӣ Абдуссамад: Матлаби шумо саҳеҳ аст. Ҳамин усулии бузурги аҳли суннат Омадиро, ки ном бурдед, дар китоби Ал-аҳкоми худ мефармояд: Яке аз шароити арзишии ҳадис, адолати ровии он аст ва таҳаққуқи адолат вобаста бар се поя аст:
1-Парҳез аз гуноҳи кабира, мисли ширк, қатли мўъмин, тўҳмати мўҳсина ба зино, зино, гурез аз ҷанг, дуздӣ, шаробхорӣ ва...
2-Парҳез аз баъзе гуноҳони сағира.
3-Парҳез аз баъзе мубоҳот, ки хилофи шаън ва одоби иҷтимоӣ аст.
Лозимаи ин сухан он аст, ки тамоми касоне, ки дар байни саҳобаи гиромӣ муртакиби гуноҳи кабира ё баъзе сағираҳо шудаанд аз ҷамъи саҳобаҳои одил разияллоҳу анҳум хориҷанд ва бинобар ояти каримаи боло, ба далели фисқашон аҳодисашон беэътибор аст. Аммо дар инҷо роҳи ҳалле ба назар мерасад ва он ин ки шояд ин миқдор саҳобаи фосиқ, ки муртакиби гуноҳҳо шудаанд, тавба карда ва сифати адолатро ду мартаба боз ёфта бошанд. Бо таваҷҷўҳ ба ин эҳтимол, дигар наметавон барои ҳеҷ кадом аз онҳо иддаои фисқ кард ва табиатан аҳодисашон ҳам мўътабар хоҳад буд.
Бародар Аминӣ: Бале, мо ҳам илми ғайб надорем ва ҳақ надорем иддао кунем, ки фалон саҳобии шаробхўр ё дурўғгў тавба накардааст ё Валид ибни Уқба, ки доим шароб мехўрд, тавба накардааст, аммо бояд бидонем, ки:
Аввалан: Шуморе аз ин муртакибони гуноҳ, тавба накарданашон қатъӣ ва яқинӣ аст, монанди касоне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам онҳоро лаънат кардааст ё онҳоро аз аҳли ҷаҳаннам шуморидааст ё ҳазрат ҳукми эъдоми онҳоро ғиёбан (бимуроҷиат ба ҳазрат) содир карда ва онҳо гурехтаанд ё фосидону бадкороне, ки то охири умр бар фасод ва гуноҳони худ исрор варзиданд, ба монанди: Валид ибни Уқба, Буср ибни Артод, Нўъмон ибни Башир, Заҳҳок ибни Қайс, Нўъмон, ки пас аз чаҳор мартаба иҷрои ҳадди дуздӣ барои бори панҷум эъдом шуд ва дигар афроде, ки бояд ба таърихи зиндагии онҳо муроҷиат кард ва равиши охирин зиндагии онҳоро шинохт.
Дуввуман: Ҳам чунон, ки шахси одил то фисқаш исбот нашавад мо бояд ўро ҳам чунон одил бидонем, шахси фосиқ ҳам то тавба ва адолати баъдиаш исбот нашавад, шаръан фосиқ шуморида хоҳад шуд, шаҳодаташ қабул нест ва ҳадисаш ҳам мувофиқи Қуръон шоистаи қабул намебошад. Акнун шумо дар байни ин даҳҳо саҳобае, ки муртакиби гуноҳони кабира ва сағира шудаанд ва мо онҳоро шуморидем ва садҳо нафари дигар, ки дар китобҳои тафсир, ҳадис ва риҷолии аҳли суннат муаррифӣ шудаанд, ҳар кадомро, ки тавбаашон собит шуда ва таърихнависон онро нақл кардаанд, бояд одил бидонед ва ҳадисҳояшро, ки дар даврони адолаташ нақл карда бипазиред, аммо дигарон, ки тавбаашон собит нашудааст, иддаои тавба ва бозгашти адолати онҳо танҳо иддаои бепоя ва бар хилофи воқеъ хоҳад буд.
Севвум: Бар фарз касонеро, ки тавбаашон маълум набошад фосиқ нашуморем, боз усулдонони аҳли суннат ҳадисе, ки ҳолаташ маълум набошад беарзиш ва беэътибор донистаанд.
Имом Муҳаммади Ғаззолӣ дар китоби Ал-Мустасфо менависад:
"ومجهول الحال في العدالة لا يقبل قوله"
"Шахсе, ки ҳолати адолаташ маълум набошад суханаш қабул нест." ҷ.1.с.158.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ, албатта таҳқиқ дар зиндагии саҳоба, шинохти дақиқи роҳу равиши зиндагии онҳо, адолат, фисқ ва тавбаи онҳо кори осоне нест.
Мавлавӣ Абдусамад: Бале, ниёзманди ҳиммат ва мутолиаи ҷиддии ҳамаи китобҳои марбут ба ин мавзўъ аст, ки аксари мо мавлавиҳо ба далели машғулиятҳо аҳли мутолиаи онҳо нестем ва агар бихоҳем огоҳона ва воқеъбинона дар ҳар мавзўъ назарияе интихоб кунем нафақат тақлид аз гузаштагон кунем, балки бояд ҷиддан монанди бародар Аминӣ мутолиа кунем.
Мавлавӣ Ҳофиз: Не, мақсадам ин нест, балки назарам ин аст, ки шояд матлабе, хабаре, радди пое аз баъзе муҳаддисони саҳобӣ дар китобҳо ёфт нашавад. Ахиран китобе ба номи "Миату ва хамсина саҳобӣ мухталиқ" (саду панҷоҳ саҳобии сохтагӣ) таълифи Аллома Муртазо Аскариро дидам, ки номҳои 150 нафар саҳобаи дурўғинро дар он китоб ном бурда ва бо далел собит кардааст, ки аслан ин 150 ровии саҳобӣ дар олам вуҷуд надоштаанд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ин дигар як дурўғ ва тўҳмат аст, бародар ин суханро нагўй.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, нороҳат нашавед, беҳтар нест, ки шумо он китобро бихонед ва мунсифона ва бетарафона баррасӣ карда баъд интихоби назар кунед?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: (Сарро ҷунбонд) Ва гуфт: Ҳеҷ гап не, пагоҳ аз паи он меравам. Аз ин тавзеҳоти фоиданок ва бо истидлоли шумо ташаккур мекунам. Мушкили иҷмоъ ва эҳтимоли тавба бароям ҳал шуд. Акнун лутфан аз он оятҳои каримае, ки нақл кардам ва далолат бар адолати ҳамаи саҳоба мекард баҳс кунед, чун оятҳои Қуръонро, ки наметавонед рад кунед.
Бародар Аминӣ: Акнун, ки бепоягии иҷмоъ равшан шуд, бояд донист: Оятҳои каримаи Қуръони Маҷид ваҳйи мутлақ ва санади аслии ҳамаи мусулмонон ва ғайри қобили инкор аст. Аммо ин оятҳои сегона, ки қироат фармудед, ҳеҷ иртибот ба адолати саҳоба надорад, чун на сухане аз адолат гуфта ва на исме аз саҳоба бурда аст чун:
Аввалан: Мухотаби ояти шарифаи:
"كنتم خير امة اخرجت للناس تأمرون بالمعروف وتنهون عن المنكر..."
Ин оят манзураш ҳамаи уммати Ислом аст, чаро ки ҳамаи мусулмонон чӣ саҳоба ва мардуми замони Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҳамаи қарнҳо вазифа доранд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва ҷиҳоди дар роҳи Худо бикунанд ва ин оят ҳеҷ ихтисосе ба саҳоба надорад.
Дуввуман: Ин оят иртиботе бо адолат надорад, чун адолат парҳезгорӣ аз гуноҳон, вале ин ояти шарифа дар бораи мавзўи беҳтарин уммат будани мусулмонон ба далели амал ба фарзу воҷиботи муҳимме, монанди амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва ҷиҳод нозил шудааст.
Чунон, ки ду ояти дигар ҳам чунин аст, на махсуси саҳоба ва на сухане аз адолат ба миён овардааст. Дигар оятҳо ва ҳадисҳо ҳам бар ин мавзўъ иқома шуда ба ҳамин сурат аст. Ин ҷост, ки мо дар бораи адолати саҳоба, танҳо бо он ҳама оятҳо, ҳадисҳо ва таърихҳо рў ба рў ҳастем, ки фисқ ва гунаҳкор будани баъзе аз саҳобаро исбот мекунад ва як олими муҳаққиқ ҳам пайрави далели исломӣ ва ақл аст. Акнун бифармоед ин ҳама далелҳо чӣ матлаберо металабад?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бародар Аминӣ, мо содир шудани ин гуноҳ ва ҷурмҳоро аз саҳобаҳои маъмулии Расули Акрам метавонем бипазирем ва бар асоси китобҳои зикр шуда, ба он эътироф кунем яъне қабул кунем, чун онҳо маъсум набуданд ва арабҳои даврони ҷоҳилӣ буданд, ки то чанд сол пеш аз он, духтаронашонро зинда ба гўр мекарданд ва дар хонаи Худо барои ибодати бутҳо тавоф мекарданд ва гоҳе бараҳна мешуданд, бо чаҳор дасту по роҳ мерафтанд ва садои ҳайвонотро аз худ берун меоварданд ва ба қавли Қуръон, розу ниёзи онҳо ҳам дар он ҳол даст задан ва ҳуштак кашидан буд.
Аммо сарзаниши шуморо нисбат ба баъзе бузургони саҳоба наметавонем сабр кунем. Шахсони барҷастае, мисли Холид ибни Валид сайфул Ислом, Абўҳурайра муҳаддиси бузург, Муовия, Язид тамоми бани Умайя ҳатто Марвони Ҳакам ва падараш Ҳакам ва дигар афроде, ки нақши чашмгире дар густариши Ислом доштанд, чӣ гуна метавонад инҳо мавриди бемеҳрии шумо ва манфури Худо ва Расулаш бошанд?
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, ҳамин тавр, ки худатон фармудед, шуморе аз саҳобаи Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ғайр аз касоне, ки пеш аз болиғ шудан мусулмон шуданд ё аз падару модари мусулмон таваллуд шуданд, гузаштаи ширк, бутпарастӣ ва ҷаҳолат доштаанд ва ҳамчунон, ки асҳоби маъмулии ҳазрат ҳам маъсум набудаанд, асҳоби бузург ҳам маъсум набудаанд ва имкон дорад дар даврони мусулмон буданашон низ, гуноҳони кабира ва сағираро муртакиб шуда бошанд.
Мавлавӣ Ҳофиз: Иттифоқан афроди саршинос дар ҷомеа ҳамчунон ки замина ва имконияти бештаре барои хидмат доранд, заминаи бештаре ҳам барои гуноҳ доранд.
Бародар Аминӣ: Ба ҳар ҳол, гарчӣ рағбат ба бозгў кардани айбҳои дигарон надорам, ба далели аз байн бурдани шубҳа ва иттилои шумо аз воқеиятҳои таърихӣ, гўшае аз амали ин баъзе бузургони саҳобаро, ки ба гуфтаи шумо мавриди бемеҳрии мо қарор гирифтаанд, аз китоби мўътабарӣ худатон шарҳ медиҳам то бифаҳмед, ки агар як сухангў ё нависандаи шиа интиқоде ба баъзе асҳоб дорад ба далели кина ва душмании шахсӣ бо онҳо нест, балке интиқод аз амали ғалати он саҳоба аст.
Ин саҳобии машҳур, ки мавриди эҳтироми шумост ва он қадар ўро муқаддас медонед, ки гоҳе масҷид ё мадрасаеро ба номи ў номгузорӣ мекунед, дорои заъфҳое дар зиндагиаш буда аст, ки яке аз рафторҳои хеле бади ў, куштани Молик ибни Нувайра ва таҷовуз ба ҳамсари ин мусулмони саҳобӣ, пас аз куштани Молик мебошад.
Ибни Асир навиштааст: "Шумо чӣ гуноҳи бузургтар аз куштани мўъмин ва зинои мўҳсина аз ў интизор доред?
Молик ибни Нувайра аз тарафи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба унвони намояндаи ҳазрат дар амри молӣ дар байни ин қабила мезист.[16]
Ибни Касир дар "Ал-Бидоя ван-ниҳоя" достонро ин гуна шарҳ медиҳад:
"Холид ибни Валид, ки фармондеҳи лашкарро аз тарафи халифаи аввал барои ҷанг муҳайё карда ва рафта буд, пас аз тамом шудани ҷанг қасди рафтан ба минтақаи бани Тамим шуд. Дар аввал лашкариён ба Холид гуфтанд: Мо бефармони халифа ба ҷанг бо Молик намеоем, аммо саранҷом бо истидлоли Холид ба ҷанг омода шуданд. Холид мувофиқи фармони халифа фармони азон ва намоз дод, то бубинад бани Тамим ҳанўз мусулмонанд ва намоз мехонанд ё не? Абўқутодаи Ансорӣ ин саҳобаи бузург, ки яке аз лашкариён буд ва низ чанде аз лашкариёни дигар шоҳид буданд, ки бани Тамим азон гуфтанд ва намоз хонданд, аммо баъзе дигар гуфтанд: не, ба ҳар ҳол Молик ва дигаронро дар он шаби хунук боздошт карданд ва бо аслиҳа нигаҳбонӣ мекарданд. Бани Тамим пурсиданд: Чаро силоҳ ба даст гирифтаед? Сарбозон ҷавоб доданд: Чун мо мусулмонҳо, бояд аз шумо муҳофизат кунем. Бани Тамим гуфтанд: Мо ҳам мусулмонем. Сарбозон, ки ин суханро шуниданд аслиҳаро канор гузоштанд. Аммо дар ин миён, яке аз лашкариёни Холид ба лашкариён фармон дод: "ادقؤا اسراكم" Ин калима дар назди он қабила, ки аз қабилаи бани Канона буданд, маънояш ин буд: асиратонро бикушед, лашкариён асиронро куштанд ва Холид ҳам фармони буридани сари Молик ибни Нувайраро содир кард. Сари ин саҳобии мусулмонро ба фармони Холид зери деги таом гузоштанд, таом пухтанд ва он қадар мўҳои сари Молик зиёд буд, ки то охири пухта шудани таом давом ёфт. Ва Холид аз он таом хўрд то аз қудрати мусулмонон тарсе дар дили душманон бияфтад."[17]
Холид пас аз куштани Молик ҳамсари ўро, ки зебо буд барои худ ба ҳамсарӣ интихоб кард ва бо ў ҳамбистар шуд.
Дар аввал нуқтаи номафҳуме дар ин достони таърихӣ ба назар мерасад ва он сабаби қасди шабонаи Холид нисбат ба куштани Молик ва таҷовуз ба ҳамсари ўст, аммо таърих ин сирри махфиро ошкор кардааст. Собит дар китоби "Ад–Далоил" чунин нақл мекунад: Холид чашмаш ба ҳамсари бисьёр зебои Молик афтод ва ба ў хира шуд Молик, ки шоҳиди ин саҳна буд фаврӣ ҳаводиси ояндаро тахмин зад ва рў ба ҳамсараш карду гуфт: Ҳамсарам ту дигар маро куштӣ, яъне ба зудӣ ман ба далели зебоии ту кушта хоҳам шуд.[18]
Ибни Касир таърихнависи бузург нақл мекунад: Абўқутодаи Ансорӣ аз ин воқеа сахт нороҳат шуд, ба Холид эътироз кард ва Холид ҳам ўро аз худ дур намуд. Абўқутода барои шикоят ба Мадина назди Абўбакр ва Умар расид. Абўбакр ўро рад кард, аммо Умар аз ин ҷиноят бисьёр хашмгин шуд. Умар бо исрори зиёд аз Абўбакр хост Холидро аз фармондеҳӣ холӣ кунад, аммо Абўбакр напазируфт.[19]
Албатта баъзе таърихнависон нақл кардаанд ки: Вақте Молик ибни Нувайра дар пардохтани закот ба Холид шак кард, Холид фармони куштанашро содир намуд, ки боз ҳам ин шак иҷозат барои куштан намешавад, аммо баъзе саъй кардаанд ба шакле муртад шудани ўро собит кунанд, то қатли бераҳмона ранги исломӣ пайдо кунад, бинобар ин сухане аз ҳамкории Молик бо Саҷҷоҳ, ки иддаои нубувват мекард ва шак ё андаке лаҳни инкоромез нисбат ба нубуввати Паёмбарро дар таърих навиштаанд.[20] (Гўё Молик ба Паёмбар шак доштааст.)
Ибни Ҷарири Табарӣ, яке дигар аз таърихнависи бузурги аҳли суннат бақияи достонро ин чунин нақл мекунад:
Холид ибни Валид дар ҳоле аз сафар баргашт ва вориди масҷид шуд, ки зиреҳ бар тан дошт ва саллаи зинатшуда бо чанд тир ба сар ниҳода буд. Умар вақте ин саҳнаро дид, зуд бархест ва тирҳоро аз сари ў канд ва ҳамаро дар ҳам шикаст ва фарёд зад: Эй риёкор ту мусулмонеро бесабаб мекушӣ ва ба ҳамсараш таҷовуз мекунӣ? Қасам ба Худо, ки туро сангсор хоҳам кард аммо Холид ҳеҷ чизе нагуфт.[21]
Ибни Асир дар китоби Усд-ул-ғоба менависад, ки Умар гуфт:
"يا عدوالله قتلت امرء مسلما ثم نزوت على امرءته والله لارجمنك..."
"Эй душмани Худо ту мусулмонеро куштӣ ва ба ҳамсараш таҷовуз кардӣ? Ҳатман туро сангсор хоҳам кард" Ибни Асир менависад "Молик ибни Нувайра" муртад нашуда буд ва ба ҳамин далел, Абўбакр ҳам асирони бани Тамимро озод кард, ғаниматҳои ононро барояшон бозгардонид ва хунбаҳои куштаҳояшро аз байтулмол пардохт.[22] Дар таърихи Абулфидоъ омадааст:
"قال عمر لابي بكر: ان خالدا قد زنی فاجلده. قال ابو بكر: لا لانه تأول فأخطا. قال: فانه قتل مسلما فاقتله. قال:لا. لانه تأول فخطا."
"Умар ба Абўбакр гуфт: "Холид зино кардааст, бояд ҳад бар ў ҷорӣ кунӣ ва шаллоқаш бизанӣ Абўбакр гуфт: Не, чун ў иҷтиҳод карда ва дар иҷтиҳодаш хато кардааст. Умар гуфт: Ў мусулмонеро кушта, пас ҳадди қасос ва эъдомро ҷорӣ кун Абўбакр гуфт: Не, чун ў дар иҷтиҳодаш хато кардааст".[23]
Албатта ин аввалин ҷинояти Холид дар куштори бесабаб ва ворид кардани зиён бар байтулмол набудааст. Ибни Касир нақл мекунад, ки: Холид дар замони худи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз тарафи он Ҳазрат барои даъвати қабилаи бани Аҷзам фиристода шуд. Онон мусулмон шуданд, аммо чун намедонистанд, ки имони худро бо калимаи "Асламно" эълон кунанд, бо калимаи "Сабаъно" эълон карданд. Холид ҳам фармони куштани онҳоро эълон кард. Вақте бақияи мусулмонони қабила барои шикоят назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам расиданд, ҳазрат бисёр мутаасир шуд ва даст ба дуо бардошт ва арз кард:
"اللهم اني ابرء اليك مما فعل خالد"
"Бор Худоё ман дар пешгоҳи ту безорӣ меҷўям аз ин кирдори зишти Холид."[24] Ҳазрат хунбаҳои куштагонро аз байтулмол ба ворисони онҳо пардохтанд.
Акнун бифармоед, ин кушторҳои бераҳмонаи мусулмонон бо баҳонаҳои ночиз ва тардид ва ё куштани Молик ба далели дастёби ба ҳамсари зебояш, қобили тақдир ва ситоиш ва эҳтиром аст? Ё ба назари шумо як навъ иҷтиҳод ва таъвил аст?
Мавлавӣ Абдусамад: Бародар Аминӣ, ин матлаби шумо саҳеҳ аст ва ман ин ҷараёни ваҳшатнокро дар бораи Холид дар китобҳои дигари аҳли суннат мисли Ал-Исоба фи тамйизи саҳоба навиштаи аллома Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ва таърихи кабири Ибни Асокир мутолиа кардаам, вале оё қабул надоред, ки ў сайфул Ислом ва шамшери буррандаи дин бар зидди мушрикон будааст?
Бародар Аминӣ: Чаро, банда мўътақидам Холид ибни Валид яке аз шамшерзанони номдори ҷангҳои садри Ислом буд, аммо бо таваҷўҳ ба вуҷуди шамшерҳои бурандатаре чун Талҳа, Зубайр, Ҳамзаи саййиди шаҳидон ва Алӣ ибни Абўтолиб чӣ далеле дорад ин ифтихор ва лақаби сайфул Исломро ба эшон бидиҳем. Оё ин бартарӣ бахшидани шахси поинтар бар болотар нест? Усулан шамшере, ки ба хуни мусулмонони бегуноҳ олуда шавад ва сабаби безории Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гардад, шоистагии ин лақаби хубро дорад?
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ, ба назари шумо кадом як аз ин шамшерзанони садри Ислом шоистаи ин ифтихори сайфул Ислом ҳастанд ?
Бародар Аминӣ: Банда шахсан ҳаққи назар додан надорам. Мо бандаи Худоем ва дар бораи таъйини шоистаи ифтихор, бояд аз Худо фармон бигирем.
Мавлавӣ Ҳофиз: Оё Худованд дар мавриди ин мавзўъ ҳам дастуре дорад?
Бародар Аминӣ: Бале, Худованд дар байни ин ҳама шамшерзанони садри Ислом як нафарро интихоб карда ва шоистаи ин ифтихор қарор додааст. Ҳама шамшерҳоро дар баробари ин шамшер, ҳеҷ муаррифӣ кардааст ва тамоми ҷавонмардони садри Исломро дар баробари ин ҷавонмард, хурд шуморидааст. Метавонед ба хотир биёваред чӣ касе будааст?
Мавлавӣ Абдусамад:"لا فتي الا علي لا سيف الا ذوالفقار"
Ҷумлае, ки Ҷабраил дар гармогарми ҷанги Уҳуд бар Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нозил кард.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бародар Мавлавӣ, ман ин ҳадисро шунидаам, аммо дар китобе надидаам. Агар манбае аз китобҳои мўътабарӣ худамон суроғ доред, бифармоед.
Мавлавӣ Абдуссамад: Бале, китоби гаронқадри Сираи Ибни Ҳишом, чопи дорул эҳё-ут-турос-ул арабӣ, ҷилди севвум, саҳифаи 106 ин ҷумлаи арзишмандро нақл кардааст, ки дар ҷанги Уҳуд қироат шудааст.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бо ин далел шамшери Холид беному бемедал шуд.
Бародар Аминӣ: Не, ҳаргиз инчунин нест. Шамшери Холид ҳам дорои медали дигаре аст, ки ба дигарон дода нашудааст.
Мавлавӣ Ҳофиз: Кадом ифтихор ва чӣ касе ба эшон додааст?
Бародар Аминӣ: Халифаи дуввум, ҷаноби Умар, пас аз он ки Холид, Молик ибни Нувайраро ба қатл расонд ва ба ҳамсараш таҷовуз кард, номи шамшери ўро"سيف مرهق" сайфи мурҳиқ яъне шамшери шитобзада гузошт ва ба Абўбакр гуфт: "ان في سيفه لرهق" яъне дар шамшери Холид як тезии зишт ва золимона ва шитобе аст, ки муслим ва мушрикро бо ҳам мекушад.[25]
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Масъалаи Холид ибни Валид комилан бароям равшан шуд. Лутфан дар бораи Бани Умайя ва асҳоби барҷастаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин қабил матолибе бифармоед то шубаҳоти мо бартараф шавад.
Бародар Аминӣ: Қабл аз ҳар чиз суханеро аз дидгоҳи Қуръон дар бораи бани Умайя шурўъ кунем. Фахри Розӣ муфассири бузург дар тафсири кабири худ, Олусӣ муфассири бузурги дигар дар тафсири худ Ҷалолуддини Суютӣ ҳофиз ва муфассири бузург дар Дур-ул-мансур ва гурўҳи дигар аз муфассирони бузурги таърихи Ислом аз Ибни Аббос ва баъзеи дигар аз саҳоба нақл кардаанд, ки:
Шабе Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар хоб дид, ки бани Умайя монанди маймунҳо бар минбари ў боло мераванд. Ҳазрат вақте бедор шуд аз ин мавзўъ нороҳат шуд. Ҷабраил ин ояти каримаро бар ҳазрат нозил кард:
"...وما جعلنا الرؤيا التي اريناك اِلاّ فتنة للناس والشجرة الملعونة في القرآن نُخَوّفهم فَما يزيدهم اِلاّ طُغْيانا كبيرا."
Худованд дар ин оят мефармояд: "Мо он рўъёро дар хоб ба ту нишон надодем, магар ба далели озмоиши мардум ва нишон додани шаҷараи малъуна (дарахти лаънатшуда) дар Қуръон ва мо онҳоро метарсонем (аз азоби худ), вале ин ҳушдорҳо бар кофирон ҷуз туғёни бузург намеафзояд." Сураи Исро-60. [26]
Худованд дар ин оят расман бани Умайяро дарахти лаънатшудаи Қуръонӣ муаррифӣ кардааст, то дигар ҷои номафҳум дар ҷомеаи исломӣ нисбат ба сарони бани Умайя боқӣ намонад. Фахри Розӣ зимни ин ки эҳтимолоти дигареро дар тафсири ин оят нақл мекунад, менависад: Он чи сабаби таъкиди ин тафсир мешавад он аст, ки: Оиша рўзе ба Марвон ибни Ҳакам, ки аз барҷастагони бани Умайя аст, гуфт:
"لعن الله اباك وانت في صلبه فاَنت بعض من لعنه."
"Худованд падаратро лаънат кард, дар ҳоле ки ту дар сулби ў будӣ. Пас ту ҳам яке аз малъунини Худо ҳастӣ"[27].
Мавлавӣ Ҳофиз: Ростӣ, ишколе то кунун ба шиаён доштаам, ки чаро гоҳе Язид ва баъзе дигар аз бани Умайяро лаънат мекунанд, ҳоло бароям равшан шуда, ки на танҳо Оиша уммул мўъминин бани Умайяро малъун шумурда, балки Худованд ҳам онҳоро дар Қуръон лаънат кардааст.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Аҷаб! Ин ҳам матлаби наве буд, ки бародар Мавлавӣ Ҳофиз матраҳ карданд. Бародар Аминӣ бифармоед ин шаъни нузулро ҳамаи муфассирони аҳли суннат матраҳ кардаанд? Бародар Аминӣ: Не, шумо ҳеҷ интизор надошта бошед, ки ҳамаи уламои аҳли суннат бо таваҷўҳ ба эҳтиром ё дидгоҳи мўътадиле, ки ба сарони Бани Умайя доранд, ҳама ин гуна аҳодисро нақл кунанд. Шумо бубинед, ҳамин Табарӣ, ки аз пухтатарин нависандагони таърихи Ислом аст дар китоби таърихаш, ки ба қасди баёни воқеиятҳои таърихӣ навишта шудааст, мегўяд: "Ман он воқеаҳои талхеро, ки сабаби ногувории мардум (аҳли суннат) мешавад ва таърих онро сабт кардааст, нақл нахоҳам кард." Бинобар ин, вақте мебинад шаъни нузули ин ҳадисро дигар бузургон дар тафосири худ нақл кардаанд, худро ночор мебинад, ки нақл кунад, аммо калимаи бани Умайяро аз матни ҳадис ҳазф карда ва ба ҷои он калимаи бани фалон навиштааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин заъфи тааҳҳуд, ки ба назари ман хиёнат ба мусулмонон, таърихи Ислом ва тафсир аст, оё интизор доред, ки ҳама онро нақл кунанд? Дар айни ҳол, алломаи Аминӣ ин ҳадисро аз теъдоди зиёде аз муфассирон, муҳаддисон ва таърихнависони аҳли суннат, илова бар шахсиятҳое, ки пеш зикр кардем нақл кардаанд, ба монанди: Тафсири Хозин, тафсири Шавконӣ, Ал-Хасоис-ул-кубро, Усд-ул-ғоба, Канз-ул-уммол, Мустадраки Ҳоким, таърихи Хатиби Бағдодӣ ва таърихи Табарӣ.[28]
Аммо дар бораи Марвон ва падараш Ҳакам фақат ду ҳадисро ба унвони намуна зикр мекунем:
1-Аллома Билозарӣ таърихнависи бузурги аҳли суннат дар китоби Ансоб-ул-ашроф дар шарҳи ҳоли Ҳакам ва Марвон чунин мегўяд: Ҳакам ибни Абилос озордиҳандатарин ҳамсояи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд. Ў пас аз фатҳи Макка ба Мадина омад ва ба зоҳир Ислом овард, аммо пушти сари Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам роҳ мерафт ва бо ҳаракати чашм, даҳон ва даст, ҳазратро масхара мекард. Рўзе ҳазрат бо ҳамсараш танҳо дар ҳуҷрааш нишаста буд, ки ногаҳон Ҳакам аз сўрохи девор барои тамошои онҳо дохил шуд. Ҳазрат бо асабоният берун омаданд ва фармуданд: "Чӣ касе метавонад шарри ин малъунро аз ман кам кунад." Сипас фармон дод, ки Ҳакам ва фарзандаш Марвонро аз Мадина берун биронанд. Пас аз истиқрори хилофати Абўбакр, Усмон аз халифа хост иҷозати баргаштани онҳоро ба Мадина бидиҳад. Халифа гуфт: "Ҳеҷ гоҳ берун рондаи Паёмбарро барнамегардонам." Усмон дар даврони хилофати Умар дубора ин дархостро кард ва Умар ҳам посухе монанди Абўбакр дод. Вақте худи Усмон ба хилофат расид, на танҳо Ҳакам ва Марвони рондашудаи Расули Худоро ба Мадина боз гардонид, балки мақоми фармондорӣ ва фармондеҳии лашкарро ба Марвон ато кард! Илова бар он, як панҷуми тамоми ғаниматҳои фатҳи Африкоро, ки сад ё дусад ҳазор динор (мисқоли тилло) буд, ба Марвон бахшид,[29]
Тибқи нақли таърихи Табарӣ ва Ибни Абилҳадид, ҳамин Марвон сабаби куштани Усмон шуд, чун вақте, ки мисриҳо барои шикоят аз волии Миср ба назди халифа омаданд ва дархости барканории ўро карданд, халифа ҳам ҳукми барканориро содир кард ва мисриҳо ба сўи Миср бозгаштанд. Аммо Марвон номаеро аз номи Усмон ба сўи волии барканоршуда менависад ва фармони мондан бар вазифаи раиси вилоят ва қатли сарони мисриро дар он нома содир мекунад ва мўҳри халифаро бар он нома мезанад ва ба василаи паёмрасони махсуси Усмон, номаро мефиристад. Ин нома дар байни роҳ ба дасти мисриҳо меафтад ва ин амалро фиреб ва найранги бузурги халифаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам медонанд ва бармегарданд ва тасмим ба қатли халифа мегиранд. Халифа савганд ёд мекунад, ки ман аз сохтани ин нома хабаре надоштаам, аммо муҳоҷимон ба он қасами халифа бовар намекунанд ва мегўянд: Агар воқеан хабар надоштӣ боз ҳам салоҳияти хилофатро надорӣ, чун дорои ин чунин ҷонишини фиребкор ва тақаллубкор ҳастӣ.[30] Матлаби дигаре, ки аз Мустадраки Ҳоким ба хотирам расид ин аст, ки эшон ҳадиси саҳеҳеро аз Абдураҳмон ибни Авф нақл мекунад: "Ҳар фарзанде, ки дар Мадина мутаваллид мешуд ўро назди Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам меоварданд то рўзе, ки Марвон ибни Ҳакамро наздаш оварданд, ҳазрат вақте ўро дид фармуд: "Ў вазағ (калпеса) писари вазағ (калпеса) ва малъун писари малъун аст". Ҳоким муҳаддиси бузурги аҳли суннат пас аз нақли ин ҳадис менависад: Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.
2-Абдуллоҳ ибни Умар ҳадиси дигареро аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл мекунад, ки фармуд: "Ин (Ҳакам) ба зудӣ бо китоби Худо ва суннати Паёмбараш мухолифат мекунад ва аз ў фарзанди фитнагаре ба дуньё хоҳад омад, ки дудаш ба осмон боло хоҳад рафт ва дар он рўз баъзе аз шумо (саҳоба) пайрави ў хоҳед буд."[31]
Мавлавӣ Абдусамад: Ҷаноби бародар Аминӣ, бигзоред як матлабро сареҳ ва равшан арз кунам. Бисьёре аз мо аҳли суннат қалбан эътиқоду алоқа ва эҳтироми зиёде барои Марвон ва Ҳакам ибни Абил-Ос ва монанди инҳо қоил нестем ва агар мебинед интиқоди ошкор ба онҳо намекунем, сирри аслиаш он аст, ки ҳурмати саҳоба шикаста нашавад то ба чеҳраҳои муқаддаси саҳоба эътироз ва интиқод нашавад. Гарчӣ банда ин ҳама иттилоотеро, ки шумо тақдим кардед қаблан надоштам, аммо баъзеро муҳаққиқона ва шахсан бар асоси кунҷковӣ дар китобҳо хонда будам ва албатта аз тарси ҷавву фазои бастаи фарҳангӣ ба касе намегуфтам, мумкин аст бисёре аз муллоҳо қалбан ва ботинан монанди ман фикр кунанд ва барои ин гуна саҳоба, ки ном бурдед, ба далели иттилоъ аз ҷоноятҳояшон адолат қоил набошанд, аммо ҷуръати изҳори онро надоранд. Лекин банда ба баъзе чеҳраҳои барҷастаи саҳоба монанди Абўҳурайра, ки бузургтарин муҳаддисини аҳли суннат аст ва ҳудуди панҷ ҳазор ҳадиси мо аз ў нақл шудааст, эҳтироми хоссе қоилам. Ва бинобар ин аз ҷарҳу интиқод ва эътирозҳои шиаён ба вай ҷиддан нороҳатам, чун агар беэътибории аҳодиси вай исбот шавад бахше аз маорифи исломӣ, ки баргирифта аз аҳодиси вай аст, фурў хоҳад рехт. Оё фикр намекунед ин тааррузҳои шиаён бархоста аз таассуби мазҳаби шиа барои хароб кардани мазҳаби аҳли суннат бошад?
Бародар Аминӣ: Ҷаноби Мавлавӣ, агар бадбинона ба интиқодҳо ва эътирозҳо нигоҳ кунем, чун Абўҳурайра ҷойгоҳи муҳимме дар аҳодис ва маорифи мазҳабӣ дорад, эҳтимол ҳам надиҳед, ки эътирозкунанда шояд мақсадаш нақду баррасии воқеъбинонаи айбҳо ва хубиҳои вай бошад, бояд шумо олими бузурги аҳли суннат ва устоди донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ҷаноби Абўрайяро, ки муҳимтарин ва қавитарин китобро ба номи Абўҳурайра шайхул музира дар таърихи Ислом бар зидди Абўҳурайра навишта, муттаҳам кунед, ки ҳадафаш хароб кардани мазҳаби аҳли суннат будааст, балки даҳҳо ва садҳо муҳаддис ва таърихнависи бузурги аҳли суннатро, ки дар китобҳои худ айбҳои вайро навиштаанд, душманони мазҳаби суннӣ бишморед. Ҳатто Имом Бухориро низ душмани бузурги мазҳаби аҳли суннат бидонед, чун талхтарин айби Абўҳурайраро эшон дар китоби саҳеҳи Бухорӣ нақл карда ва на танҳо аз забони дигарон, балки аз забони худи Абўҳурайра нақл карда, ки вай аҳодиси дурўғине аз кисаи худаш месохт ва ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нисбат медод.
Имом Бухори дар Саҳеҳи худ ҷилди ҳафтум китоби Ан-нафақот, боби 179, ҳадиси 269, ҳадисеро ба ин мазмун нақл мекунад:
"عن ابي هريرة قال: قال النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم افضل الصدقة... فقالوا يا ابا هريرة سمعت هذا من رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم؟ قال: لا هذا من كيس ابي هريرة."
"Абўҳурайра гуфт: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳ) ва саллам гуфтанд, ки бофазилаттарин садақа... ҳозирон гуфтанд, ки эй Абўҳурайра ин ҳадисро аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳ) ва саллам шунидӣ! Дар ҷавоб гуфт, не ин ҳадис аз кисаи Абўҳурайра аст." Агар иттилооти бештаре дар бораи Абўҳурайра бихоҳед ба китоби ёдшуда ва китоби Абўҳурайра таълифи Имом Шарафуддин муроҷиат кунед.[32]
Мавлавӣ Абдусамад: Агар воқеан Имом Бухорӣ ин ҳадисро нақл карда бошад ба ҳеҷ ҳадиси Абўҳурайра наметавон бовар кард.
Ба назари ман, агар уламои аҳли суннат бо қасди кашфи воқеиятҳои таърихи зиндагии Муовия китобҳои таърихии бузургони аҳли суннатро бихонанд кофӣ аст, ки бо шахсияти воқеии ў ошно шаванд. Ба ақидаи ман, аксари касоне, ки аз Муовия ҳимоят мекунанд, мутолиа ва иттилое аз нуқтаҳои манфии ў надоранд. Акнун бахше аз нуқтаҳои заъфи эшонро ба нақл аз китобҳои мўътабарӣ худатон баён мекунем ва қазоватро ба ўҳдаи худи шумо вогузор мекунем.
Муовия намози ҷумъаро дар рўзи чаҳоршанбе хонд
Масъудӣ таърихнависи бузурги аҳли суннат дар Муруҷ-уз-заҳаб менависад:
"ابلغ عليا اني اقابله بمأة الف ما فيهم يفرق بين الناقة والجمل ولقد بلغ من امرهم له انه صلی بهم عند مسيرهم الی صفين الجمعة يوم الاربعاء."
Марде аз аҳли Кўфа савор бар шутури нари худ шуд ва ба Шом омад марде аз аҳли Шом, ки дар он шутур тамаъ карда буд ба додгоҳ шикоят карда буд, ки ин шутури модаи ман буда ва ин марди кўфӣ дар ҷанги Сиффин аз ман гирифта аст. Қозӣ аз ў шоҳид хост ва ў ҳам панҷоҳ нафар аз мардони Шомро овард ва дар назди қозӣ шаҳодат доданд, ки ин шутури мода азони марди Шомӣ буда аст! Марди Кўфӣ шикоятро назди Муовия бурд ва гуфт: Ин шутури ман аслан шутури мода нест, балки шутури нар аст. Муовия, ки бо ин ҳодисаи тааҷҷубовар рў ба рў шуда буд, гуфт: Гап назан! Ҳоло, ки ҳукмаш содир шудааст ман ба ту пулашро медиҳам. Аммо вақте ба Кўфа ба назди Алӣ ибни Абўтолиб баргаштӣ ба ў бигў, ки ман бо лашкари садҳазор нафарие омодаи ҷанг бо ў ҳастам, ки байни шутури нару мода фарқ намегузоранд, балки дар роҳи ҷанги Сиффин намози ҷумъаро дар рўзи чаҳоршанбе барои онҳо хондаам ва онҳо ҳам чизе нагуфтанд.[33]
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби арзишманди "Фатҳ-ул-борӣ дар шарҳи саҳеҳи Бухорӣ" менависад: Муовия аввалин касе буд, ки азонро дар намози ид гузошт ва ҳамчунон, ки ў аввалин касе буд, ки хутбаи намози идро ба ҷои он ки баъди намоз тамом кунад пеш аз намоз хонд.[34]
Сипас назариёти дигаре дар таъйини аввалин касе, ки ин ду бидъатро ба вуҷуд овард нақл мекунад ва натиҷа мегирад, ки афроди дигар ҳам мисли Зиёд ва Марвон аз Муовия тақлид карданд.
Ибни Абилҳадид, таърихнависи бузурги аҳли суннат дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға менависад: Муовия либоси ҳарир ва зебо мепўшид, дар зарфҳои тилло ва нуқра таом мехўрд ва бар астарҳое савор мешуд, ки хеле зебо ва ороиш карда буданд.[35]
Имом Аҳмади Ҳанбал раиси мазҳаби Ҳанбалӣ дар китоби Муснади худ менависад:
"عبدالله ابن بريدة قال: دخلت انا وابي علی معاوية فجلسنا علی الفرش ثم اتينا بالطعام فاكلنا ثم اتينا بالشراب فشرب معاوية ثم ناول ابي ثم قال: ما شربته منذ حرمه رسول الله صلى الله عليه وآله."
"Абдуллоҳ ибни Бурайда нақл кардааст, ки ман ва падарам ба ҳузури Муовия расидем. Ў моро эҳтиром кард, бар гилем шинонд, таом овард ва мо ҳам хўрдем. Сипас шароб овард, Муовия аз он шароб нўшид ва падарам ҳам онро чашиду гуфт: Аз замоне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шаробро ҳаром кардааст ман то кунун нанўшида будам. Пас аз он Муовия шурўъ ба таъриф аз ифтихороти даврони ҷоҳилии худ пеш аз Ислом кард, ки аз зеботарин ҷавонони Қурайш буда..." [36]
Шаробхўрии Муовия он қадар сахт шуд, ки шароби масрафии ў ва асҳобашро бояд корвон мебардошт, ба таърихи зер нигоҳ кунед: Баъзе аз таърихнависони бузурги аҳли суннат монанди Ибни Асокир дар Таърихи Димишқ, Ибни Ҳаҷар дар Ал-Исоба, Ибни Абдулбар дар Ал-Истиоб, Ибни Асир дар Усдул-ғоба, Ибни Ҳаҷар дар Таҳзиб-ут-таҳзиб ва Ибни Суфён дар Муснади худ вобастагии Муавияро ба шаробхўрӣ дар зери нақли воқеаи тааҷҷубовари таърихӣ, инчунин нақл кардаанд:
"...فمرت به روايا تحمل خمرا فشقها برمحه وقال ان رسول الله صلی الله عليه (وآله) وسلم نهانا ان ندخل الخمر بيوتنا واسقيتنا"
"Дар даврони хилофати Усмон ва вилоятдории Муовия бар Шом, Абдураҳмон ибни Саҳли Ансорӣ сарлашкарии ҷангро бар ўҳда дошт, дар он замон корвони бардорандаи шароб, ки азони Муовия буд аз наздики ў гузашт. Ў найзаашро бардошт ва бар шутурон ҳамла кард. Ғуломони муҳофизи корвон дар муқобилашон истоданд ва дифоъ карданд ва хабар ба Муовия расид, Муовия фармон дод, ки даст аз истиқомат дар баробари Абдураҳмон бардоранд. Чун Абдураҳмон ақлашро аз даст додааст. Абдураҳмон дар ҷавоб гуфт: Ҳаргиз чунин нест, ба Худо қасам ақли ман нарафта аст, балки ҳадафи ҳамлаи ман он аст, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам моро аз шароб манъ карда аст. Ба Худо савганд агар зинда бимонам то он ҳодисаи дарднокеро, ки Паёмбар дар бораи Муовия пешбинӣ кардааст бубинам, ё шикамашро пора хаҳам кард ва ё дар ин роҳ шаҳид хоҳам шуд.[37]
Дар саҳифаи баъд ҷараёни пешбинии Расули Худоро дар бораи Муовия тавзеҳ ва шарҳ хоҳам дод.
Молик ибни Анас раиси мазҳби моликӣ дар китоби Муваттаъ, Насоӣ муҳаддиси бузург дар сунани худ Байҳақӣ дар сунани худ, судури ин гуноҳи кабираро аз ў ин чунин нақл кардаанд.
Муовия зарфи оберо, ки аз тилло буд ба тиллои дигар, ки вазнаш бештар буд фурўхт, Абўдардо саҳобаи бузург ба ў эътироз кард ва гуфт: "Ман аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шунидам, ки ин чунин муомила рибо ва ҳаром аст. Аммо Муовия дар ҷавоби ў ҷасурона гуфт: Ман ҳеҷ ишколе дар ин муомила намебинам. Абўдардо хашмгин шуд ва ба унвони кўмак фарёд зад: Кист, ки маро аз ин шахс дур кунад. Шахсе ки ман фатвои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро бар ў мехонам ва ў дар муқобил аз назари шахсии худаш дар баробари Паёмбар хабар медиҳад? Эй Муовия! Дигар ҳеҷ гоҳ бо ту дар як сарзамин зиндагӣ нахоҳам кард."[38]
Ва Худованд анҷоми ин амалро эълони ҷанг бо Худо шуморда аст:
"يا ايها الذين امنوا اتقوا الله و ذروا ما بقي من الربوا ان كنتم مؤمنين* فان لم تفعلوا فاذنوا بحرب من الله ورسوله..."
"Эй касоне, ки имон овардаед, аз мухолифати фармони Худо бипарҳезед ва ончӣ аз рибо боқӣ монда, раҳо кунед, агар имон доред. Агар чунин накунед, бидонед, ки ба ҷанги Худо ва Расулаш баромадаед." Сураи Бақара-278-279.
Муовия ғазабшудаи даргоҳи Худо ва фариштагон
Муовия бо эъдоми Ҳуҷр ибни Удай ва ёронаш дар саҳрои Азро ду ифтихор аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гирифт:
1-Лақаби "ғазабшудаи даргоҳи Худо".
2-Лақаби "гурўҳи ситамгару золим".
Барои равшан шудани матлаб ба ду ҳадиси зер аз маҷмўаи ҳадисҳо дар бораи ин мавзў таваҷҷўҳ фармоед:
1-Аллома Муттақии Ҳиндӣ муҳаддиси бузург дар Канзул уммол ва Суютӣ дар Хасоисул бубро, Ибни Асокир дар Таърихи Димишқ, Ибни Касир дар таърихи худ ва Ибни Ҳаҷар аз Абуласвад нақл кардаанд ки:
Рўзе Муовия ба ҳузури Оиша расид. Оиша аз ў пурсид: Чӣ чиз туро водор кард, ки дастатро олуда ба хуни куштагони Азро (Ҳуҷр ва ёронаш) кардӣ? Муовия (ба унвони тавҷеҳ) дар ҷавоб гуфт: Эй уммул мўъминин! Ман куштани онҳоро маслиҳати уммат ва бақои онҳоро сабаби фасоди уммат (ва тафриқа ва ҷудо шудани мардум аз худам) донистам, Оиша дар ҷавоби ў гуфт: Ман аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шунидам, ки фармуд: Ба зудӣ дар миёни Азро инсонҳои Худоӣ кушта хоҳанд шуд, ки Худованд ва аҳли осмон ба хотири онон ғазаб хоҳанд кард. Дар Исоба ин ҳадис бо андаке фарқ ин гуна нақл шудааст:[39]
. "عن ابي الاسود قال: دخل معاوية علی عائشة فعاتبته في قتل حجر واصحابه وقالت: سمعت رسول الله صلی الله عليه وآله يقول: يقتل بعدي اناس يغضب الله لهم واهل السماء"
Акнун бифармоед, чӣ касе мағзуби Худованд қарор гирифта аст? Оё Ҳуҷр ва ёронаш? Оё дигар афроди мусулмон, ки ҳамроҳ дар ин куштор набудаанд? Ва ё худи Муавия ва коркунонаш, ки ин авлиёи Худоро ба шаҳодат расондаанд?
2-Ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ дар Хасоис-ул- кубро менависад:
Бухорӣ ва Муслим аз Абисаид, Муслим аз Умми Салама, ҳамсари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Абўқутода саҳобии бузург нақл кардаанд, ки ҳазрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Аммори Ёсир фармуд:
"تقتلك الفئة الباغية"
Эй Аммор гурўҳи ситамгару золим туро хоҳанд кушт, сипас Суютӣ меафзояд, ки ин ҳадис аз аҳодиси мутавотир ва яқинӣ аст, ки беш аз даҳ нафар аз саҳоба онро аз ҳазрат шунида ва нақл кардаанд.[40]
Имом Аҳмади Ҳанбал ҳам ҳамин ҳадисро дар Муснади худ, Табарӣ дар таърихи худ, Ибни Асир дар Комил ва Ҷомеул Усул, Ҳоким дар Мустадрак, Ибни Абдулбар дар Ал-Истиоб ва Ибни Ҳаҷар дар Ал- Исоба нақл кардаанд.[41]
Ибни Асир таърихнависи бузурги аҳли суннат дар китоби Комил аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл мекунад, ки фармуд: "Ба Худо савганд агар тамоми кураи замин дар хуни Аммори Ёсир шарик шаванд, ҳамаи онҳо дохили оташи ҷаҳаннам хоҳанд шуд."[42]
Дар китоби Ҷомеул усул ҳам менависад: Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Вой, ки Амморро гурўҳи золим хоҳанд кушт. Ў гурўҳи таҷовузгарро ба сўи биҳишт даъват мекунад, аммо онон ўро ба сўи ҷаҳаннам даъват менамоянд."[43]
Ҳоким дар Мустадраки худ аз ҷанбаи урфӣ ин ҳадисро нақл мекунад ва мегўяд: "Ин ҳадис саҳеҳ ва бисёр мўътабар аст ва Заҳабӣ дар таълиқи худ бар Мустадрак низ ин ҳадисро саҳеҳ мешуморад."[44]
Абўлфараҷи Исфаҳонӣ таърихнависи бузурги аҳли суннат дар китоби маъруфаш Мақотилут-толибин менависад: "
"Он ҳангом солҳои 50-и ҳиҷрӣ, ки Муовия тасмим гирифт аз мардуми мусулмон барои хилофати писараш Язид байъат бигирад, монее муқовимтар аз Ҳасан ибни Алӣ ва Саъд ибни Абиваққос дар пеши пои худ надид, ба ин хотир нақшаи заҳр додан ба онҳоро ба иҷро даровард, ки ҳар ду бо заҳр аз дунё рафтанд. Барои масмум кардани Ҳасан ибни Алӣ паёме ба духтари Ашъас ҳамсари Имом Ҳасан фиристод, ки ба подоши масмум кардани Ҳасан туро ба издивоҷи Язид медароварам."[45]
Ибни Саъд таърихнависи бузурги аҳли суннат дар китоби маъруфи Табақот менависад: Муовия чанд мартаба Ҳасан ибни Алиро масмум кард. (Ба он ҳазрат заҳр дод). Замахшарӣ ҳам ин ҷараёнро дар китоби Рабиъ-ул-аброр нақл кардааст.[46]
Акнун бифармоед агар кушандаи сарвари ҷавонони аҳли биҳишт, маҳбуби Худо, аҳли биҳишт ва мўҳтарам назди мо бошад, пас чӣ касе ҷаҳаннамӣ ва ғайри мўҳтарам аст?
Агар як шиа аз як саҳобаи хилофкор интиқоди саҳеҳ кунад, ҷурм аст, аммо агар Муовия бо як саҳобаи бузурги Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам он чунон рафтори золимона намояд ва рўи таърихро сиёҳ кунад, ҷурм нест ва қобили хато гуфтан намебошад? Ин воқеаро мулоҳиза фармоед:
Таърихнависони бузурги аҳли суннат ба монанди Табарӣ, Ибни Касир, Ибни Асир ва дигарон нақл кардаанд:
"...فغضب معاوية فقدمه فقتله. ثم القاه في جيفة حمار ثم حرقه بالنار. فلما بلغ ذلك عائشة جزعت عليه جزعا شديدا وقنتت عليه في دبر الصلاة يدعو على معاوية وعمرو."
"Муовия бар Муҳаммад ибни Абўбакр ғазаб кард. Ўро ҳозир намуд ва ба қатл расонд. Пас аз он ҷанозаи ўро дар пўсти хари мурдае гузошт ва онро ба оташ кашид ва сўзонд. Вақте ин хабари ваҳшатнок ба гўши Оиша расид бисьёр нола ва зорӣ кард ва пас аз намоз дастҳоро ба осмон бардошт ва дар қунут бар Муовия ва Амр ибни Ос нафрин намуд".[47]
Муовия як шахси разил ва пастеро бар тахти хилофати Хотамун-набиййин менишонад, ки дар муддати се соли хилофаташ, дар ҳар сол ҷинояти ваҳшатангезро муртакиб мешавад. Дар соле Ҳусейн ибни Алӣ сарвари ҷавонони аҳли ҷаннатро ба шаҳодат мерасонад. Як соли баъд хонаи Худо (Каъба)-ро бо манҷаниқ ба оташ мебандад. Соли дигар Мадинатур-Расулро мақсади таҳоҷуми лашкари ҷаллод ва ваҳшии худ қарор медиҳад. Дар ин ҳуҷум, амвол, нуфуси мардум ва номуси Мадинатур-Расулро бар сарбозони худ ҳалол мекунад, ки таърих аз нақли он шарм дорад! Намунае аз камолоти ин халифаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро аз китобҳои муҳимми аҳли суннат мулоҳиза кунед.
Муалифи китоби Фатҳ-ул-борӣ, Табарӣ, Ибни Асир ва Ибни Касир, ки аз таърихнависони бузурги аҳли суннат ҳастанд, нақл кардаанд, ки:
"Барои шинохти чӣ гунагии Язид кофӣ аст, ки ин воқеаро бихонед ва шаҳодати чанд саҳобаи бузургворро дар бораи ў мулоҳиза кунед! Аҳли Мадина гурўҳе аз бузургони аҳли Мадинаро ба монанди Абдуллоҳ ибни Ҳанзала (Ғасилул- малоика) Абдуллоҳ ибни Абзамри Махзумӣ ва Мунзир ибни Узайрро барои баррасӣ ва шиносоии халифаи нав Язид ибни Муовия, ба Шом фиристоданд. Язид аз онон меҳмоннавозии хубе кард ва ҳадяҳое барои онон дод. Онон дар он сафар амалҳову рафтори ўро мушоҳида карда ба Мадина баргаштанд ва ба фош кардани гумроҳиҳои он иддао кунандаи хилофат пардохтанд ва гуфтанд: Мо аз назди касе меоем, ки аслан дин надорад, шароб менўшад, танбўр мезанад, овозхонҳо барои ў мехонанд, сагбозӣ мекунад ва қиморбоз аст. Акнун мо шуморо шоҳид мегирем, ки ўро аз хилофат холӣ кардем. Мардуми Мадина ҳам аз онҳо пайравӣ карданд. Вақте Язид бохабар шуд, бинобар васияти Муовия (Муслим ибни Уқбаи Маррӣ)-ро бо лашкари ҷаллод фиристод, то пас аз куштори аҳли Мадина се рўз ҷону мол ва номуси мўъминони Мадина бар лашкараш мубоҳ бошад ва ин кор анҷом гирифт."[48]
Ба назари шумо оё худи Муовия, ки падари Язид буд, ў ва беэътиқодияшро ба иҷрои қонунҳои исломӣ ва гароиши шадидашро ба мафосид ва ривоҷи шаҳватрониҳо намедонист? Дар ин сурат, оё ў шарики ҳамаи ҷурмҳо ва ҷиноёти ваҳшатноки Язид дар даврони сесолаи хилофаташ нест? Оё ҳоким кардани як шахси фосид ба номи халифаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар уммати Ислом аз бузургтарин ҷурмҳои нобахшиданӣ нест?
Ибни Абдураббаҳи Андалусӣ, олими бузурги аҳли суннат дар китоби Ақдул-фарид менависад: Муовия бар минбар Алиро лаънат мекард ва бар коргузорони худ нома навишта буд, ки Алиро бар минбарҳо лаънат кунанд. Онон ҳам чунин мекарданд. Умми Салама ҳамсари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам баъд аз дидани ин гуна ҳаракот аз Муовия, номае ба ў навишт, ки: "Шумо Худо ва Расулашро бар минбарҳоятон лаънат мекунед, чун шумо Алӣ ибни Абўтолиб ва дўстдорони ўро лаънат мекунед ва ман гувоҳӣ медиҳам, ки Худо ва Расулаш ўро дўст доранд".[49]
Ҷоҳиз низ нақл кардааст, ки:
Муовия маъмулан дар охири хутбааш мегуфт: Бор Худоё Абўтуроб дини туро инкор карда ва роҳи туро бастааст, пас ўро лаънати сахт кун ва азоби дардноке бар ў нозил фармо. Муовия ин фармонро низ ба ҳамаи шаҳрҳо фиристод ва то замони Умар ибни Абдулазиз ин суханон дар хутбаҳо гуфта мешуд.
Саҳеҳ Муслим, Сунани Тирмизӣ ва Мустадрак низ навиштаанд ки: Рўзе Муовия ба Саъд ибни Абўваққос гуфт: "Ту чӣ монее дорӣ, ки Абўтуробро дашном намедиҳӣ". Ў дар ҷавоб шурўъ ба шуморидани фазоили Алӣ ибни Абўтолиб кард ва...[50]
Шакке нест, ки Муовия нисбат ба Алӣ ибни Абўтолиб буғзу душманӣ доштааст, чун аввалан, Муовия бо Алӣ ҷангид. Дувваман, Муовия Алиро лаън ва дашном дод. Севвуман, аз кушта шудани Алӣ бисьёр хушҳол шуд. Ибни Абилҳадид олими бузурги аҳли суннат менависад: Муовия пас аз қатли Алӣ номае бар коргузоронаш навишт, ки: "Салом бар шумо, ҳамд Худоеро, ки душмани шуморо аз байн бурд. Худованд бо лутф ва ҳикмати хеш марде аз бандагонашро маъмури қатли Алӣ ибни Абўтолиб кард ва ба ин васила ўро кушт."[51]
Акнун равшан аст, ки Муовия буғзу душмании Алиро дошт. Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом фармудааст:
"لا يبغضك مؤمن ولا يحبك منافق."
"Эй Алӣ ҳеҷ мўъмине бо ту буғзу душманӣ надорад ва ҳеҷ мунофиқе туро дўст надорад".[52] Бинобар ин, Муовия мўъмин нест, балки мунофиқ аст ва агар шарти саҳобӣ будани касоне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро медидаанд ва бо он ҳазрат сухан мегуфтаанд имони онҳост, пас ба мунофиқе, ки ба назди он ҳазрат рафту омад ҳам доштаанд, номи муқаддаси саҳобиро намегузорем, ҳам чунон, ки Ибни Ҳаҷари Асқалони ин шартро матраҳ карда ва дар оғози китоби Исоба навиштааст:
"الفصل الاول في تعريف الصحابي واصح ما وقفت عليه من ذلك ان الصحابي من لقي النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم مؤمنا به ومات على الاسلام."
"Фасли аввал дар таърифи саҳобӣ, саҳеҳтар он аст, ки мувофиқат мешавад бо касе, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам-ро дар ҳоли мўъмин будан мулоқот кунад ва мусулмон аз дунё равад."[53]
Пас Муовияи мунофиқ аз дидгоҳи аҳли суннат ҳам саҳобӣ нест.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Агар Муовия дорои ин ҳама инҳирофот ва гуноҳ будааст, пас чаро Расули Акрам эшонро ба унвони котиби ваҳй интихоб кард, то калимоти нуронии зоти лоязоли илоҳиро бинависад?
Бародар Аминӣ: Аз куҷо медонед, ки эшон котиби ваҳй будааст? Ҳеҷ далели қотее бар ин матлаб вуҷуд надорад, чун уламое, ки ин сифатро барои эшон нақл кардаанд эҳтимоли бепоягии онро дода ва сухани ба хилофи онро низ нақл кардаанд. Ҳамин китоби Мишкотул-масобеҳ, ки як китоби дарсии ҳавзаҳои илмияи аҳли суннат аст, пас аз ин назарияи котиби ваҳй будани эшон менависад:
"Назарияи дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки Муовия аслан барои Набии Акрам ваҳй нанавишта, балки номаҳои он ҳазратро менавишта."[54]
Ибни Ҳаҷар, олими дигари аҳли суннат аз Мадоинӣ нақл мекунад, ки: "Зайд ибни Собит барои Паёмбар ваҳй менавишт ва Муовия номаҳои байни он ҳазрат ва арабҳоро менавишта."[55]
Алломаи Заҳабӣ ҳофиз ва таърихнависи аҳли суннат ҳам ҳамин назарро аз Абулҳасани Кўфӣ нақл мекунад:
"كان زيد ابن ثابت كاتب الوحي. وكان معاوية كاتبا فيما بين النبي صلی الله عليه وآله وبين العرب."
"Зайд ибни Собит котиби ваҳй буд ва Муовия нависанда дар чизҳои байни Паёмбар ва араб буд."[56]
Ибни Абилҳадид ҳам менависад:
"فاالذي عليه المحققون من اهل السير ان الوحي كان يكتبه علي و زيد بن ثابت وزيد بن ارقم وان حنظلة بن الربيع التميمي ومعاوية بن ابي سفيان كانا يكتبان له الی رؤساء والقبائل."
"Назари муҳаққиқини аҳли суннат он аст ки ваҳйро Алӣ, Зайд ибни Собит ва Зайд ибни Арқам менавиштаанд ва Ҳанзала ибни Рабиъ ва Муовия ибни Абўсуфён номаҳои он ҳазратро ба подшоҳон ва ҳисоби даромад ва пардохти садақот ва дигар ниёзмандиҳои он ҳазратро менавиштанд.[57]
Ибни Абдулбар муаллифи китоби Ал-Истиоб пас аз ин ки номи котибони ваҳйро менависад ва исми Муовияро ба қалам намеоварад, номи Муовияро ҷузъи бист нафар аз нависандагони номаҳои он ҳазрат шумурдааст.[58]
Мавлавӣ Абдусамад: Бародар Аминӣ, пас чаро Паёмбари Акрам дар муддати чанд соли рисолат ҳеҷ ишорае ба ин заъфҳои Муовия нафармуданд то барои уммат равшан шавад ва фиреби ўро нахўранд, балки аҳодис дар фазилати ў нақл шудааст?
Бародар Аминӣ: Аввалан, воқеаи ҷаъли (сохтани) ҳадис ба василаи олимони фурўхташуда ба ҳокимони Муовия матлабе аст, ки шиа ва суннӣ онро дар китобҳои худ нақл кардаанд ва ба ин далел ин гуна аҳодис дар фазилати ин марди олуда ё ҷаъли қатъӣ аст ва ё дар мизони ҷаъл ва бинобар ин беэътибор аст.
Дуввуман, Паёмбари бузургвори Ислом ин вазифаро анҷом додаанд, на як мартаба, балки дар чанд навбат чӣ гунагии Муовияро ошкор кардаанд, аммо уламои асрҳои охир бо задани мўҳри сукут бар онҳо кори Паёмбарро ба фаромўшӣ гузоридаанд. Ба унвони намуна, чанд ҳадиси набавиро дар бораи шахсияти Муовия аз китобҳои аҳли суннат нақл мекунам:
1-Лаънати Паёмбар бар Муовия: Наср ибни Мазоҳим дар китоби таърихи Сиффин ва Табарӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар нақл мекунад ки: "Рўзе Расули Акрам Абўсуфёнро савор бар харе дид, ки Муовия аз пеш ўро мекашад ва Язид писари дигари Абўсуфён аз пушт меронад. Ҳазрат фармуд:
"لعن الله القائد والراكب والسائق."
"Худо ҳам гирандаи нўхтаи хар ва ҳам савора ва ҳам дунболравандаро лаънат кунад. "[59]
2-Муовия бар ғайри дини Ислом маҳшур хоҳад шуд: Табарӣ ва Наср ибни Мазоҳим навиштаанд: Ҳам акнун аз ин шикоф (кўча) марде аз уммати ман дохил хоҳад шуд, ки бар ғайри дини ман маҳшур мешавад ва онгоҳ Муовия дохил шуд.[60]
3-Фармони эъдоми Муовия ба василаи Паёмбари Ислом: Теъдоде аз уламои бузурги аҳли суннат аз қабили ҳофизи кабир Ҷалолуддини Суютӣ дар китоби Лаолии Маснуа, Аллома Мановӣ дар Кунуз-уд-дақоиқ ва Хатиби Бағдодӣ дар таърихаш, Табарӣ ва Наср ибни Мазоҳим ин ҳадиси набавиро аз ду саҳобии бузург, Абўсаиди Худрӣ ва Абдуллоҳ ибни Масъуд, нақл кардаанд, ки Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
"اذا رايتم معاوية علی منبري فاقتلوه فاضربوا عنقه."
"Ҳар вақт Муовияро бар минбари ман дидед ўро бикушед ва гарданашро бизанед."[61]
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бародар Аминӣ, агар чӣ ман то кунун ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир набудам яке аз ин интиқодҳоро ба Муовия матраҳ кунам, акнун, ки ҳамаи гуноҳ ва айбҳои эшонро ба сурати мустанад аз муҳимтарин уламои аҳли суннат нақл кардед эътироф мекунам, ки тарсам фурў рехта ва ман ҳам мисли дигар бузургони аҳли суннат метавонам интиқодот ва ишколоти ҳақиқиро ба Муовия ворид бидонам, аммо ҳанўз ҳам эҳтиёт мекунам, чун он ҳама аҳодисе, ки дар фазоили Муовия дар китобҳо нақл шудааст, чӣ гуна метавон тавҷеҳ кард.
Мавлавӣ Абдуссамад: Мавлоно, ба назари ман ин мушкили бузурге нест, чун ман ва шумо шароити сахту пур аз ҷаҳолати замони Муовия ва мардуми Шомро медонем, тамоми василаи таблиғотӣ дар дасти ў буд ва ҳар хилофи воқеъро, ки ба фоидаи ў буд, таблиғ мекард ва мардум мепазируфтанд. Магар нахондаем, ки он қадар дурўғ ва тўҳматҳои нораворо нисбат ба ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳа) дар байни мардум пахш карда ва эшонро шахси бенамоз муаррифӣ карда буд, ки вақте хабари шаҳодати он ҳазрат дар меҳроби масҷиди Кўфа ба гўши мардум расид, мардуми Шом бо тааҷҷуб пурсиданд: Чӣ шудааст, ки Алӣ ба масҷид рафтааст? Агар касе аз иродатмандон фазоили ўро нақл кунад, хеле мавриди итминон ва боварӣ нест, аммо агар дидӣ иродатмандон айбҳоеро аз ў нақл карданд, бидон, ки он қадар ош шўр будааст, ки ошпаз ҳам мегўяд, шўр аст.
Бародар Аминӣ: Ҷаноби Мавлавӣ Муҳаммадумар, шумо қабул доред, ки сохтани ҳадисҳои дурўғ дар таърихи Ислом як воқеият аст ва олимони наққод, муҳаддисон ва мардони бузурги суннӣ ва шиа то кунун даҳҳо ҷилд китоб дар хусуси пажуҳиш ва барраси ва шиносоии аҳодиси дурўғин таълиф карда ва дар китобхонаҳои мо барои огоҳӣ ва хондани мо ба ёдгор гузоштаанд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале, гарчӣ мо дар китобхонаи мадрасаамон дар бораи ин мавзўъ китоби зиёде надорем, вале дар китобхонаҳои бузурги Покистон китобҳои зиёде дар ин мавзўъ дидаам.
Бародар Аминӣ: Оё қабул надоред, ки Муовия дар гармогарми солҳои даргирӣ ва мухолифати бо Алӣ алайҳис-салом шуморе аз ҳадисхонон ва воизҳои машҳурро, ки ҳатто пешинаи саҳобӣ будан доштанд, барои сохтани ҳадис дар фазоили худ ва бар зидди Алӣ алайҳис-салом маъмур карда буд ва онҳо ҳам ин маъмуриятро дар баробари ҳадяҳои молии чашмгир анҷом доданд ?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, ин суханро ҳеҷ гоҳ қабул надорам! Магар мумкин аст як саҳобӣ қадам ба сохтани ҳадиси дурўғ бигзорад он ҳам дар баробари моли дунё? Ҳеҷ кас аз уламои бузурги суннӣ то ба ҳол ин суханро нагуфта аст.
Бародар Аминӣ: Ҷаноби мавлавӣ, каме ором бошед, худатон фармудед мо китобҳои бузургон ва пешиниёни аҳли суннатро дар китобхонаҳоямон зиёд надорем ва хеле ҳам мутолиаи китобҳои мавҷудро надорем. Пас эҳтимол бидиҳед, ки бузургони шумо ин матолибро дар ҳамин китобҳо навишта бошанд. Агар шумо иҷозат бидиҳед, як мавридро нақл кунам?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бубахшед, ки миқдоре тез шудам. Марҳамат бигўед.
Бародар Аминӣ: Ибни Абилҳадид дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға ҷилди чаҳорум аз саҳифаи 63 ба баъд фасли машрўҳе ба номи "Фаслун фи зикри аҳодисул мавзўа фи замми Алӣ" дорад, яъне дар мазаммати Алӣ алайҳис-салом. Эшон аз Абўҷаъфари Аскофӣ чунин нақл мекунад: Муовия шуморе аз саҳоба ва тобеинро маъмур кард, то аҳодисе, ки далолат бар корҳои зишт дар бораи Алӣ бикунад, бисозанд то мардум аз он ҳазрат безор шаванд ва ҳадяҳое барои онон қарор дод, баъзе аз онҳо, монанди Абўҳурайра, Амр ибни Ос, Муғайра ибни Шўъба ва низ аз тобеин Урва ибни Зубайр буданд.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ метавонед яке аз он аҳодисро, ки дурўғ буданаш барои мо равшан ва қатъӣ бошад ва бародар мавлоно Муҳаммадумар қабулаш кунанд, нақл бифармоед?
Бародар Аминӣ: Бале Ибни Абилҳадид дар ҳамон саҳифа ду ҳадисро аз Урва ибни Зубайр нақл мекунад:
1-"روی الزهري ان عروة بن زبير حدثه قال: حدثتني عائشة قالت: كنت عند رسول الله اذ اقبل العباس وعلي فقال: يا عائشة! ان هذين يموتان علی غير ملتي اوديني."
Зўҳрӣ аз Урва ва ў аз Оиша чунин ривоят карда, ки гуфт: Дан назди Паёмбар будам, ки Алӣ ва Аббос омаданд, пас ҳазрат фармуд: Эй Оиша! Ин ду нафар бедину беимон аз дунё мераванд".
2-روي الزهري... قال صلی الله عليه وآله: يا عائشة! ان سرك ان تنظري الی رجلين من اهل النار فانظري الی هذين قد طلعا. فنظرت فاذا العباس وعلي بن ابي طالب!"
Боз ривоят кардаанд, ки: Паёмбар фармуд: Эй Оиша агар дўст дошта бошӣ, ки ба ду марди аҳли ҷаҳаннам бингарӣ, пас ба ин ду нафар бингар. Пас ў нигоҳ кард дид, ки он ду Аббос ва Алӣ буданд".
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Паноҳ мебарам ба Худо, паноҳ мебарем ба Худо, Худо лаънат кунад созандагони ин аҳодисро. Ман аслан аз ин ҷароёни ҳадиссозии ваҳшатнок хабар надоштам.
Бародар Аминӣ: Агар дўст доред бидонед миқдори ин гуна аҳодиси сохтагӣ дар китобҳои ҳадисӣ чӣ қадар зиёд аст ва ҳатто баъзеи онҳо ба китобҳои машҳур ва мўътабарӣ шумо роҳ пайдо кардааст. Ба китоби Ал-Мавзўот навиштаи Ибни Ҷавзӣ ва Лаоли-ул-маснуа фи аҳодиси мавзўа навиштаи ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ ва ғайра муроҷиат кунед.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ, ман ин сўҳбатҳо ва интиқодоти шуморо ба баъзе саҳоба қабул дорам ва медонед, ки мо аҳли суннат саҳобаро маъсум намедонем ва мумкин нест ҳар кадом беш аз он чӣ шумо нақл кардед муртакиби гуноҳ ва ҷарима шуда бошанд. Мо аз ин интиқодот бо далелҳои шумо шиаён дар мавъизаҳо ва навиштаҳоятон нороҳат намешавем, аммо он чӣ барои мо қобили тоқат нест, интиқоди шумо шиаён аз хулафои рошидин аст, ки ҳеҷ гуна узре наметавонад дошта бошад.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале, нороҳатии аслии мо дар бораи ин мавзўъ аст. Акнун агар ҷавобе доред бифармоед.
Бародар Аминӣ: Бародарон ҳамчунон, ки худатон фармудед, саҳобаро маъсум намедонед, далеле ҳам бар маъсум будани хулафо надоред ва ононро ҳам маъсум намедонед, ба гунае, ки дар умрашон муртакиби ҳатто як гуноҳ ҳам нашуда бошанд, магар баъзе аз хулафо, ки пешинаи ширк доштаанд, пешинаи бади онҳо олудагӣ ба бузургтарин гуноҳ буда аст, воқеан агар онҳоро маъсум медонед бифармоед?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, маъсум нестанд. Аммо агар воқеан шумо гуноҳ ва ҷурмҳоеро аз китоби мўътабарӣ аҳли суннат суроғ доред, ки пас аз мусулмон шуданашон дар зиндагӣ муртакиб шудаанд баён кунед.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, мо чун мўътақидем, ки бояд ваҳдати муслимин ҳифз шавад ва матраҳ кардани ин масъараҳо нисбат ба хулафо эҷоди тафриқа мекунад иҷозат бидиҳед аз ин баҳс бигзарем. Бовар кунед ба ҳамин андоза, ки дар бораи дигар саҳоба ба иҷбор сухан гуфтам, моил набудам, аммо чун барои бартараф кардани шубҳа аз зеҳнҳои шумо лозим буд ва худатон моил будед, ки иттилоотатон дар ин мавзўъ бештар шавад то воқеъ бинонатар ба масоил бингаред ва пас аз рафъи шубаҳот беҳтар битавонем бо ҳам улфат ва ваҳдат дошта бошем, ба ночор ба ин миқдор сухан гуфтам.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Агар ин иттилоот мустанад (санаддор ва решадор) ва рафъи шубҳа нисбат ба бақияи саҳоба муқаддамае бар ваҳдати воқеӣ буд, дидед, ки он чиро бо далел фармудед, пазируфтам. Ҳоло рафъи шубҳа нисбат ба хулафо ҳам гоме барои ҳамфикрӣ ва наздикии фикрҳо бо якдигар ва муқаддимаи ваҳдати воқеӣ аст ва мо ҳам он чиро бо далел аз китобҳои худамон бифармоед, мепазирем.
Бародар Аминӣ: Банда ҳеҷ интизоре надорам, ки агар дар бораи хулафо, ки аз муқаддастарин шахсиятҳо дар андешаи мазҳаби шумост, сухане бо далел аз китобҳои худатон бигўям, ҳатман бипазиред ва ўро номуқаддас бишуморед, чун медонам ин кор бисёр сахт аст. Бинобар ин, агар иҷозат бифармоед вориди баҳс нашавам ва фақат барои ҷавоб ба иҷбори шумо як манбаи таҳқиқро барои шумо муаррифӣ кунам, ки агар хостед бихонед ва таҳқиқ бифармоед ва ҳар он чиро бодалел ва саҳеҳ донистед бипазиред ва ончӣро бедалел дидед, рад кунед. Он манбаъ китоб Ал-Ғадир аст. Дар бораи халифаи аввал дар ҷилди ҳафтум, дар бораи халифаи дуввум дар ҷилди шашум ва дар бораи халифаи севвум дар ҷилди ҳаштум, он гуна матлабҳоро метавонед пайдо кунед.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ, агар мавориди сад дар сад исбот шудае доред бифармоед, чун мо дастрасӣ ба ин китоб надорем.
Бародар Аминӣ: Банда ба далели эътиқодам ба ваҳдат аслан дар ин бора сухан намегўям ва хоҳиш мекунам шумо ҳам исрор нафармоед.
Мавлавӣ Абдуссамад: Бародар Мавлавӣ Ҳофиз, мавзеъгирии Бародар Аминӣ мантиқӣ аст, мо дар бораи ғайри хулафо озодем баҳс кунем, вале агар шумо хеле муштоқи таҳқиқ ва касби огоҳӣ ва иттилооти таърихӣ ҳастед ба ҳамон китоби Ал-Ғадир муроҷиат кунед.
Мавлавӣ Ҳофиз: Чашм, банда ҳам қабул дорам.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бародар Аминӣ, бо ин ҳисоб, ки шумо фармудед ва таърихнависони аҳли суннат ҷурмҳои саҳобаро нақл кардаанд, касе дар байни саҳоба солим намемонад ва ишколи мо ба шумо ҳамин аст.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, аввалан ин ишколи шумо ба ман ворид нест, чун ин матолибро аз худам ё ҳатто як китоб аз уламои шиа нақл накардам, балки уламои бузург, муҳаддисон ва таърихнависони аҳли суннат нақл кардаанд ва шумо ба олимони бузург дар гузаштаи таърихи аҳли суннат ишкол кунед. Дуввум, мо ин ақидаро надорем, ки ҳамаи саҳоба ин чунин будаанд. Магар фаромўш кардаед, ки дар ҷаласаи пеш саҳобаро ба чаҳор даста тақсим кардем, ду гурўҳ дар назди мо мўҳтарам ва муқаддас ва ду гурўҳи дигар ғайри мўҳтараманд. Магар мо то акнун номи чанд нафар аз муҷримонро ном бурдаем, ки саҳобаи солим боқӣ намонда бошад? Агар то кунун панҷоҳ нафарро ҳам шуморида бошем ва таърих ва китобҳои ҳадисии аҳли суннат ҷурмҳо барои даҳ баробари ин афрод аз саҳоба нақл карда бошанд, боз ҳам кам аст, чун ҷамъан панҷсад нафар хоҳанд шуд. Ҳол он ки адади ҳамаи саҳобаро Ибни Асир дар китоби Усд-ул-ғоба 7554, Ибни Абдулбар дар Истиоб 3659, Заҳабӣ 8000, баъзе 10000, баъзе дигар 12000 ва ҷамъе 100000 нафар шуморидаанд. Яъне тибқи омори охир асомии саҳобаи мунофиқ ва фосиқ камтар аз як дар сади тамоми саҳоба мешавад, яъне панҷҳазорум ва бақия саҳоба аз сад ҳазор нафар, ки 99, 5 дарсаданд мўҳтарам хоҳанд буд.[62]
Мавлавӣ Ҳофиз: Ин таҳлили шумо мантиқӣ аст, вале воқеан дўст дорем аз забони шумо шиаён бишнавем, ки ба чанд дарсад саҳоба эҳтиром мегузоред, номи онҳоро ба равшанӣ ном бубаред.
Аксарияти саҳоба назди шиаён мўҳтараманд.
Бародар Аминӣ: Аввалан, аз сухани қаблии ман равшан шуд, ки шояд беш аз 99 дар сади саҳоба назди мо мўҳтараманд. Дуввуман, исмҳои саҳобаи мўҳтарами Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллами-ро, ки ҳозир дар зеҳнам ҳаст, хидмати шумо ном мебарам:
Номҳои баъзе некони саҳоба
Аббос ибни Абдулмутталиб амаки Паёмбар ва фарзандонаш Абдуллоҳ, Фазл, Убайдуллоҳ, Қусам ва Абдураҳмон, Абўтолиб ва шуморе аз фарзандонаш ба монанди: Алӣ, Ақил, Ҷаъфари Тайёр ва..., Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Авн ибни Ҷаъфар, Рабиа ва Туфайл ибни Ҳарс, Салмони Форсӣ, Миқдод, Абўзари Ғифорӣ, Аммори Ёсир, Ҳузайфа ибни Нўъмон, Хузайма ибни Собит, Абўаюби Ансорӣ, Убай ибни Каъб, Саъд ибни Убода, Қайс ибни Саъд, Удай ибни Ҳотам, Убода ибни Сомит, Абў Рофеъ ғуломи Паёмбар, Билол, Усмон ибни Ҳунайф, Саҳл ибни Ҳунайф, Барроъ ибни Молики Ансорӣ, Рафоа ибни Рофеи Ансорӣ, Молик ибни Рабиа, Ақаба ибни Амри Ансорӣ, Усома ибни Зайд, Зайд ибни Собит, Ҳуҷр ибни Удай, Амр ибни Ҳумқи Хазоӣ, Абўлайлои Ансорӣ, Зайд ибни Арқам, Барроъ ибни Озиби Авасӣ, Холид ибни Саид ибни Ос, Ибни Ҳасайни Асламӣ, Амр ибни Абўсалама, (рабиби Паёмбар) Муҳаммад ибни Абўбакр ва Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ ва...[63]
Ва ҳазорон саҳобии дигар, ки таърихнависони бузурги исломӣ ҷурм ва маъсиятҳои муҳимме аз онҳо нақл накардаанд. Илова бар садҳо саҳобаи шаҳид ва бузургворе, ки дар ҷангҳои ҳақ ва ботил зери фармони Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ширкат карда ва ҷони худро тақдими Ислом намуданд. Аз Ёсир ва Сумайя, аввалин шаҳидони Ислом гирифта то Ҷаъфари Тайёр, Амр ибни Ҷамўҳ ва Ҳамзаи Саййидушшуҳадо, тамоми ин азизон нури чашмони мо ҳастанд ва дар назди мо бисёр мўҳтараманд.
Мавлавӣ Абдуссамад: Агар чӣ ман дар мутолиоти худам ба ин натиҷаи иҷмолӣ расида будам, аммо ин таҳқиқи амиқи шумо барои банда бисьёр арзишманд буд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Аҷаб! Банда то кунун нисбат ба шумо шиаён ба гунаи дигар фикр мекардам ва фазои умумии мадрасаҳо ва китобҳои мо ин матлаби ғалатро ба мо илқо карда буд, ки шиаён бо тамоми саҳобаи гиромӣ мухолифанд, магар шумори каме. Ман ҳам акнун ба саҳми худам аз шумо ташаккур мекунам.
[1]-Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.8 китоби ҳудуд, боби 915.с 567.
[2]-Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.8 китоби ҳудуд, боби 918.с.570. "Сунан-ул-кубро"-и Байҳақӣ ҷ.8.с.312.
[3]-"Сунан-ул-кубро"-и Байҳақи ҷ.8 боби дар вуҷуби ҳадис.312. Таърихи Бағдод ҷ.5.с.455. Ал-Истиоб фи маърифати асҳоб"-и Ибни Абдулбар ҷ.2.с.385.
[4] -Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.8..с.573 китобул ҳудуд ва мо юҳзару минал ҳад, боби кароҳияту шафоат фил ҳад, боби 923,
[5]-Сунани Абўдовуд Сулаймон ибни Ашъаси Саҷистонӣ ҷ.4 китобул ҳудуд, с.139.ҳадиси 4395.
[6]-Зинои мўҳсина яъне зану мард ё яке аз онҳо оиладор бошанду зино кунанд.
[7]-Муруҷ-уз-заҳаб, Алӣ Масъудӣ ҷ.2.с.335.
[8]-Ёдовар мешавем, ки ин гуна шаробхўрӣ аз ҷониби дигарон низ ривоҷ дошта, ки устоди мўҳтарам ба онҳо ишора накардааст.
[9]-Ал-Исоба ҷ.1.с.559.
[10] -Ал-Комил фит-таърих"-и Ибни Асир ҷ.3.с 377 ҳодисаи соли 39-и ҳиҷрӣ. "Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.2.с.117. Таърихи Табарӣ ҷ.3.с.87 ҳодисаҳои соли 39-и ҳиҷрӣ.
[11]-"Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.2.с.86.
[12]-"Таҳзиб-ут-таҳзиб"-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ҷ.1.с.436.
[13]-"Ал-Аҳком фи усулил аҳком"-и Омадӣ ҷ.2.с.128.
"لو ذهب واحد من الصحابة الی حكم واتفق التابعون علی خلافه لم يكن اجماعهم منعقدا"
"Ал-Аҳком фи усулил аҳком"-и Омадӣ ҷ.1.с.329.
[15]-"Ал-Мустасфо мин илмил усул" Абўҳомид Ғаззоли ҷ.1.с.202.
[16]-Усд-ул-ғоба ҷ.4.с.295.
[17]-"Ал-Бидоя ван-ниҳоя"-и Ибни Касир ҷ.6.с.321-322.
[18]-Абдул Ҳусейн Аҳмади Аминӣ, Ал-Ғадир фил китоб вас-сунна вал-адаб ҷ.7.с.160.
[19]-"Ал-Бидоя ван-ниҳоя"-и Ибни Касир ҷ.6.с.322.
[20]-Ал-Бидоя ван-ниҳоя ҷ.6.с.322.
[21]-Таърихи Табарӣ ҳаводиси соли 11 пеш аз хабари Мусайлама ҷ.2.с.243.
[22]-Усд-ул-ғоба ҷ.4.с.295-296. Таърихи Табарӣ ҷ.2.с.504. Таърихи Ибни Касир ҷ.6.с.355.
[23]-Абулфидо, Таърихи мухтасар фӣ ахборил башар, таълиқи Маҳмуд Дайюб ҷ.1.с.222 ва дигарон.
[24]-“Фатҳ-ул-борӣ"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.13.с.159.
[25]-Ал-Исоба, ҷ 3, с 357, 2. Ибни Асокир, Таърихи Мадинаи Димишқ, Таҳқиқи Алишер, ҷ 15,с 105,ва ҷ 16,с 258.
[26]-Фахри Розӣ,Тафсири Кабир, зери ояти 60 сураи Исро, ҷ 20,с 237. Тафсири Олўсӣ ҷ.15.с.107 зери ояти 60-и сураи Исро ҳадисро муфассал зикр кардааст. Дур-ул-мансур ҷ.5.с.309. Тафсири Қуртубӣ ҷ.10.р.283-286. Тафсири Ғароиб-ул-Қуръон"-и Нишопурӣ ҷ.15.с.55.
[27]-Тафсири Кабир ҷ.20, с 237, ояти 60 сураи Исро.
[28] Алғадир, ҷ 8, с 148.
[29] Ансобул Ашроф, Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир,ҷ 6,с 133 ва 255.
[30]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға ҷ.2.с.150 хутбаи 30.
[31]-"Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.12.р.336. Канз-ул-уммол ҷ.11.с.168.р.31060-31065-31741. Таърихи Ибни Асокир ҷ.57.с.267.
[32]-Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.6.с.190. "Сунан-ул-кубро"-и Насоӣ ҷ.5.с.384. р.9209. "Муснад"-и Аҳмад ҷ.2.с.252. Фатҳ-ул-борӣ ҷ.9.с.413. "Ал-Маҳалло"-и Ибни Ҳазм ҷ.10.с.94. "Ал-Маҷмўъ"-и Нававӣ ҷ.18. с.268. "Ирво-ул-ғалил"-и Албонӣ ҷ.3.с.317. Тафсири Қуртубӣ ҷ.5.с.32.
[33]-Муруҷ-уз-заҳаб ҷ.2.с.172, ба нақл аз Ал-Ғадир ҷ.10.с.196.
[34]-"Фатҳул Борӣ фи шарҳи саҳеҳ Бухорӣ"-и Ибни Ҳаҷари Асқалони ҷ.2.с.452-453.
[35]-"Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.5.с.130 ва ҷ.16.с.161, хутбаи 59, номаи 39.
[36]-"Муснад"-и Имом Аҳмади Ҳанбал, ҷ.5.с.347. Таърихи Ибни Асокир ҷ.27.с.127. Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.5.с.52 дар зери шарҳи ҳоли шумораи 15 санадашро хуб гуфта аст.
[37]-Усд-ул-ғоба ҷ.3.с.299. " Ал-Исоба"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.с.401. Таҳзиб-ут-таҳзиб"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.6.с.192. Ал-Истиоб ҷ.2.с.379.
[38]-Молик Ибни Анас, Муваттаъ ҷ.2.с.159-634, Боби байъи заҳаб бил физза, ҳадиси 33, Сунани Насоӣ ҷ.7.с.279. Бейҳақӣ Сунанул Кубро, боби таҳримул тафозул фи ҷинси воҳид.
[39]-Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, ҷ.3.с.587.р.37509. Суютӣ, Ал-Хасоис-ул-кубро таҳқиқи доктор Муҳаммад Халил Ҳаррос ҷ.2.с.500. Ибни Асокир Таҳзиб Таърихи Димишқ, ҷ.4.с.89. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.с.55. Ал-Исоба ҷ.1.с.315.
[40] "Хасоис-ул-кубро"-и Суютӣ ҷ.2.с.140.
[41]-"Муснад"-и Аҳмад ибни Ҳанбал ҷ.6.с.315. Таърихи Табарӣ ҷ.4.с.27 ҳаводиси соли 37, "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.с.391.
[42]-Ибни Асир, Комил ҷ.3.с.310 ҳаводиси соли 37 ҳиҷрӣ.
[43]-Ибни Асир, Ҷомеул Усул ҷ.10.с.30, ҳадиси 6571. Ин ҳадисро низ Бухорӣ ва Ибни Ҳаббон дар саҳеҳашон ва Аҳмад дар муснад ва дигарон низ ривоят кардаанд.
[44]-"Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.с.391.
[45]-"Мақотил-ут-толибин"-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ, таҳқиқи Саййид Аҳмад Сақар с.73.
[46]-"Табақот-ул-кубро"-и Ибни Саъд. "Рабиъ-ул-аброр ва нусус-ул-ахбор"-и Муҳаммад ибни Замахшари, боби Ал-Мавт ва мо яттасилу биҳи мин зикрил қабр, таҳқиқи доктор Салим Наамӣ,ҷ.4.с.208.
[47]-Таърихи Табарӣ ҷ.6.с.60, ҳаводиси соли 38 ҳиҷрӣ. Комил фӣ таърих, Ибни Асир ҷ.3.с.357 ҳаводиси соли 38 ҳиҷрӣ. "Ан-Нуҷум-уз-зоҳира фӣ мулуки Миср вал-Қоҳира"-и Ҷамолуддин Абўмаҳосин ҷ.1.с.110. Ибни Касир, Ал-Бидоя ван-ниҳоя ҷ.7.с.315.
[48]-"Фатҳ-ул-борӣ фи шарҳи саҳеҳ Бухорӣ"-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ҷ.3.с.60. Таърихи Табарӣ ҷ. 4.с.380, ҳаводиси соли 63 ҳиҷри. Комил фит-таърих"-и Ибни Асир ҷ.4.с.103, ҳаводиси соли 63. Таърихи Ибни Касир ҷ.8.с.216.
[49]-"Ақд-ул-фарид"-и Ибни Абдураббаи Андалусӣ, таҳқиқи Муҳаммад ибни Саиди Урён ҷ.3.с. 108.
[50]-Саҳеҳи Муслим ҷ.7.с.120. "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.с.108.
[51]-"Шарҳи Наҳҷул Балоға"-и ҷ.16.с.37, васияти 31.
[52] -"Муснад"-и Аҳмад ибни Ҳанбал ҷ.6.с.292. Мишкотул Масобеҳ, Хатиби Табрезӣ ҷ.3.с. 1722. ҳадиси 6091.
[53]-"Ал-Исоба"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.1.с.7.
[54]-Мишкот-ул-масобеҳ с.617.
[55]-Ал-Исоба ҷ.3.с.435.
[56]-Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.с.123.
[57]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға Ибни Абулҳадид ҷ.1.с.338.
[58]-Ибни Абдулбарр Ал-Истиоб ҷ.1.с.164.
[59]-Таърихи Табарӣ ҷ.6.с.357 ҳаводиси соли 284. Наср ибни Мазоҳим воқеаи Сиффин, таҳқиқ ва шарҳи Абдуссалом Муҳаммад Ҳорун ҷ.1.с.220, ба нақл аз Ал-Ғадир ҷ.10.с.139.
[60]-Таърихи Табарӣ ҷ.6.с.357, ҳаводиси соли 284, Наср ибни Мазоҳим, воқеаи Сиффин ҷ.1.с.217.
[61]-Ҷалолуддин Суютӣ, Лаоли-ул-маснуа, ҷ.1.с.424. Ёдовар мешавем, ки Билозарӣ дар Ансоб-ул-ашроф ин ҳадисро бо чандин санади саҳеҳ ривоят кардааст ва ҳамчунин ин ҳадисро Ибни Касир ва Ибни Ҳаҷар дар "Таҳзиб-ут-таҳзиб" низ бо ғайри санадҳои Билозарӣ нақл карда ва онҳоро заиф муаррифӣ кардаанд, вале ба ҳар ҳол ин ҳадис ҳам санадҳои зиёд дорад ва ҳам саҳеҳу собит мебошад.
[62] Алисоба, ҷ 1, с 3-4,
[63]-Саййид Алихони Маданӣ, Ад-Дараҷот-ур-рафиа фӣ табақот-уш-шиа, Амин Омулӣ, Аъён-уш-шиа, ҷ.1.с.40.