Ҷаласаи аввал |
Дар яке аз сафарҳоям ба вилояти Систону Балучистон, ки ҳамроҳи бародари фозил Аминӣ будам, дидоре бо баъзе аз уламои аҳли суннат доштам. Онҳо изҳори алоқа карданд, ки боздиде аз мадрасаҳои диниашон дошта бошем ва бо, китоби дарсии мадрасаҳои якдигар ошно шавем. Мо ҳам аз ин пешниҳод истиқбол кардем ва бо ҳам вориди яке аз мадрасаҳои аҳли суннат шудем. Муддатҳо буд, ки дўст доштам аз наздик шоҳиди дарсҳо ва гуфтору рафтори ин бародарони динӣ бошам. Ҳамеша аз ин мавзўъ ранҷ мебурдам, ки чаро мо мусулмонон, ки уммати як Паёмбар, иҷрокунандагони қонуни як, китоби осмонӣ ва намозгузорон ба сўи як қибла ҳастем ва раҳбарони мо дар садри Ислом, ки шиаён ва аҳли суннат ба онон ишқ меварзанд, канори ҳам ва пушти сари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам саф мекашиданд ва намози ҷамоат мехонданд ва дар як сафи мустаҳкам шамшер ба даст гирифта ва ба фармони Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо душманони Ислом ва бутпарастони қурайш меҷангиданд, акнун ба сурати мазҳабҳои чандгона аз якдигар ҷудо шуда ва душмании якдигарро ба дил гирифтаем ва ҳамгароӣ ва ҳамкории лозимро дар фаъолиятҳои исломӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ надорем.
Пас аз дохил шуданамон раис ва назоратгари мадраса ба истиқболамон омаданд. Баъд аз аҳволпурсӣ, онҳоро ба мо муаррифӣ карданд. Нафари аввал, ки ҳудуди шаст сол дошт Мавлавӣ Ҳофиз масъул ва раиси мадраса ва нафари дуввум Мавлавӣ Муҳаммадумар, назоратгари мадраса буд.
Талабаҳои мадраса, низ атрофи моро гирифтанд ва ҳамроҳи мо қадам мезаданд. Пас аз боздид аз ҳуҷраҳо, синфҳо ва дигар қисматҳои мадраса, Мавлавӣ Ҳофиз моро ба дафтари мадраса роҳнамоӣ кард. Дафтари мадраса, ҳуҷраи калон бо фазои муносиб буд. Дар як тараф чанд қафаса, китоб, бисьёр мураттаб ва муназзам чида шуда буд ва дар қисмати болои ҳуҷра, васоили идории дафтар қарор дошт. Бо чанд тан аз муллоҳо вориди дафтар шудем. Пушти сарамон, чанд нафар аз талабаҳои мадраса ҳам омаданд, то аз сўҳбатҳои мо истифода кунанд. Мавлавӣ Муҳаммадумар, ки дид талабаҳо ҳам ворид дафтар шуданд, бо нигоҳи хашмолуд онҳоро аз дафтар берун кард. Ман, ки дўст надоштам хотираи талхе аз дидори як муллои шиа дар зеҳни талабаҳо ба ҷой бимонад, аз Мавлавӣ хостам, ки иҷозати вуруди талабаҳоро ба дафтар бидиҳанд. Ба ҳар ҳол, пас аз хоҳиши ман, эшон иҷозат дод, то бист нафар аз талабаҳо омаданд ва нишастанд.
Мавлавӣ Ҳофиз, барои хушомадгўи рў ба ҷаноби бародар Аминӣ карданд ва гуфтанд: Мо бисёр муштоқи омадани шумо муллоҳои шиа ба мадрасаамон ҳастем, то ҳам бо сўҳбатҳои дўстона улфат ва муҳаббати бештаре пайдо кунем ва ҳам аз мушкилот ва камбудиҳои мо огоҳ шавед ва ба мо кўмак кунед, албатта аз кўмакҳои қаблии масъулон муташаккирем.
Бародар Аминӣ: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Марҳуми Оятуллоҳ Шарафуддини Омулӣ фармудаанд:
"المسلمون اذا تعارفوا تالفوا"
Ҳангоме, ки мусулмонони пайравони мазҳабҳои гуногун бо андешаҳои воқеии ҳам ошно шаванд, нисбат ба якдигар улфат ва муҳаббат пайдо мекунанд". Ба хотири ин, ки шубҳаҳо ва гумонҳои бад ва иттилооти иштибоҳе, ки аз ҳамдигар доранд, бартараф мешавад. Ман мўътақидам ҳар қадар уламои шиа ва суннӣ бо ҳам биншинанд ва шубҳаҳо ва ишколҳоеро, ки нисбат ба якдигар доранд бозгў кунанд ва посухҳоро бишнаванд, ба садоқат, асолат ва воқеияти таълимоти якдигар бештар пай мебаранд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале, мусулмононе, ки воқеан мусулмон бошанд ва динӣ Ислом, Паёмбар ва Қуръонро қабул дошта бошанд, хуб аст бо ҳам биншинанд, аммо касоне, ки аслан эътиқоде ба Паёмбар ва Ислом надоранд чӣ гуна метавонанд бо бақияи мусулмонҳо ба тавофуқ бирасанд.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, мақсади шумо аз ин гурўҳ чӣ касоне ҳастанд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ҳамон касоне, ки тасмим гирифтаанд маорифи Исломро беэътибор муаррифӣ кунанд.
Бародар Аминӣ: Боз ҳам тавзеҳ надодед, мақсадатон чӣ гурўҳе ҳастанд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Хуб маълум аст.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ Ҳофиз шумо тавзеҳ диҳед, ки мақсади эшон чист?
Мавлавӣ Ҳофиз: Албатта ман намехостам мавзўи баҳс ба ин шакл матраҳ шавад, вале ҷаноби Мавлавӣ Муҳаммадумар аз вақте, ки аз Арабистон фориғут таҳсил (тамомкунанда ва хатмкунанда) шуда омаданд, ишколҳои сахте ба шиаён доранд. Ман то ҳудуде бо эшон баҳс кардаам, аммо дўст доштам як олими шиа меомад ва эшон посухҳоро аз забони худи он олим мешунид. Ба ҳар ҳол ин сухани эшон ҳам яке аз ишколҳои муҳиммашон аст.
Бародар Аминӣ: Хуб, ишколи эшонро шумо бифармоед, то иттилоотеро, ки ман дорам дар ихтиёр шумо қарор диҳам. Шояд иттилооти ками ман барои эшон фоида дошта бошад.
Мавлавӣ Ҳофиз: Назари эшон ин аст, ки чун саҳобаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аввалин насл, аввалин табақае буданд, ки маорифи Исломро аз Паёмбари гироми саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гирифтанд ва ба наслҳои баъд мунтақил карданд, то ба дасти мо ва дигар мусулмонон бирасад, беэътибор кардани инҳо аз роҳи ишкол гирифтан, айбтарошӣ, иҳонат, дашном ва лаъни онҳо, натиҷааш беэътибор кардани аҳодису маорифе аст, ки ба василаи онон ба мо расидааст. Бинобар ин, ки шиаён саъй доранд аз роҳи хадшадор кардани қадосат ва ҳурмати саҳоба, маорифи Ислом ва аҳодиси набавиро беэътибор кунанд, ҳаракати нописанде аст.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ Муҳаммадумар, мақсуди шумо ҳамин аст? Бародар Муҳаммадумар: Бале, Ибни Ҳаҷар аз Хатиб, муаллифи кифоя нақл мекунанд, ки Абўзаръа ин матлабро гуфтааст.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, шумо аз куҷо фаҳмидед, ки қасди мо беэътибор кардани Ислом ва нобуд кардани дин аст. Шумо, ки ба назари мо шиаён огоҳ нестед, чӣ тавр ин иддаоро мекунед ва дар пешгоҳи Худованд ҷуръат мекунед моро душманони дин, Паёмбар ва Худо бишуморед? Оё шумо муқаллиди Абўзаръа ҳастед ва Худованд шуморо маҷбур карда, ки тамоми назариёти Абўзаръаро бипазиред?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Мақсадам ин нест, ки шумо ин қасд ва ниятро доред, балки мақсадам он аст, ки натиҷаи дашному лаъни саҳоба ва иҳонат ба ҳамаи ёрони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сабаби беэътибории аҳодиси набавӣ хоҳад шуд.
Бародар Аминӣ: Мо аз идаои аввалатон чашм мепўшем ва ин мақсадатонро қабул мекунем? Оё ҳадди ақал дар як, китоб аз ҳазорон, китоби шиа дидаед, ё аз як нафар миёни садҳо миллион шиа шунидаед, ки ҳамаи саҳобаро бад шуморад? Агар дида ё шунидаед, бифармоед.
Мавлавӣ Муҳаммадумар, пас аз лаҳзае тааммул гуфт: Не ман надидаам, вале машҳур аст.
Бародар Аминӣ: Оё як олими боинсоф ҳар тўҳмат ва нисбатеро, ки дар байни мухолифони як мазҳаб машҳур бошад, мепазирад ва бар асоси он қазоват мекунад, ё ҳадди ақал ба баъзе, китобҳо ва шахсиятҳои он мазҳаб муроҷиат мекунад, то бидонад ҳадди ақал баъзе аз афроди он мазҳаб он ақидаро доранд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Хуб ҳадди ақал ба баъзе аз саҳоба, ки бад мегўянд.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, хеле фарқ аст, ки касе ба ҳамаи саҳоба бад бигўяд ё ба баъзе аз онҳо, чун бад шуморидани баъзе саҳоба сабаби беэътибор шудани аҳодиси набавӣ нашуда ва он ишколи аввали шумо бар он ворид намешавад.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Дуруст аст, аммо метавонед бигўед, чаро аз баъзе саҳобаҳо бадгўи мекунед?
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ, гар чӣ бародар Мавлавӣ тунд омаданд ва ман бо гуфтаҳои эшон мувофиқ нестам, ин саволи охири эшон саволи воқеӣ аст. Банда ҳам ҳанўз ин шубҳаро дорам, ки чаро шиаён ба баъзе аз саҳоба бад мегўянд, дар ҳоле, ки мо дар ҳадис дорем: Яъне ҳамаи саҳоба хуб ва одиланд. Албатта ман чун бо уламо ва бахше аз мардуми диндори шиа ошноӣ дорам, медонам, ки ҳеҷ гуна қасду ғарази баде нисбат ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам ва Ислом дар ин бора надоранд, балки фақат иштибоҳе аст, ки уламои шиа гирифтори он шудаанд.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, аз ин матонати шумо тақдир мекунам, вале ҷумлае, ки фармудед:الصحابه كلهم عدول" ", (саҳоба ҳамашон одиланд) ҳадиси набавӣ нест, балки ҷумлаи маъруфе аст, ки худи уламои аҳли суннат дуруст кардаанд ва шумо дар ҳеҷ, китоби ҳадисӣ наметавонед онро пайдо кунед. Бале, уламои аҳли суннат мегўянд, ки мо ин ҷумларо ба далели аҳодиси гуногуне, ки дар фазилати асҳоб нақл шудааст, истифода кардаем, аммо баъзе аз худи ин аҳодис далолат бар адолати саҳоба надорад ва фақат ҳамнишинӣ бо Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро як бартарӣ ва фазилат медонад. Бинобар ин агар касе бартарӣ ва фазилате дошт маънояш ин нест, ки ў одил аст, илова бар ин, ки баъзе аз он аҳодис санадаш аз назари уламои риҷоли аҳли суннат заиф аст.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бале, ман ин матлабро қабул дорам, ки бояд аҳодиси ворида дар фазилати саҳобаро аз назари мафҳум, далолат ва санад баррасӣ кард то назари олимона ва дақиқи ба дур аз тақлид аз раъйи машҳур дошта бошем, аммо бифармоед, далели шумо бар дашному лаъни баъзе саҳоба чист?
Бародар Аминӣ: Аввалан, бояд диққат дошта бошед, ки агар мо айбу кўтоҳии саҳобаро, ки таърихнависони Ислом, махсусан таърихнависони аҳли суннат нақл кардаанд, бозгў кунем, номаш дашном нест, чун дашном ба калимае гуфта мешавад, ки мувофиқ бо воқеият набошад ва ё ҳадди ақал худи ин лафз зишт ва қабеҳ ва дур аз адаб бошад, балки исми ин кор интиқод аз айбҳо ва иштибоҳҳо ва гуноҳҳои онҳо аст.
Дуввуман, мо лаънат гуфтанро дуруст намедонем, магар бар касоне, ки Худованд дар Қуръон ё Паёмбар ва имомони Аҳли Байт дар аҳодис онҳоро лаънат карда бошанд, масалан мо метавонем касонеро, ки маорифи ҳаққи Худоро пинҳон мекунанд, лаънат кунем, чун Худованд дар Қуръон онҳоро лаънат кардааст.
"ان الذين يكتمون ما انزلنا من البينات والهدی من بعد ما بيناه للناس في الكتاب اولئك يلعنهم الله ويلعنهم اللاعنون"
"Он гурўҳ аз аҳли, китоб, ки оятҳои равшанеро, ки барои роҳнамоии халқ фиристодем ва баъд аз ҳидояти мардум дар, китоб баён кардем пинҳон доштанд, онҳоро Худо ва тамоми ҷинну инс ва фариштаҳо лаънат мекунанд". Сураи Бақара-159.
Бинобар ин, агар касе мисдоқи яке аз гурўҳҳои малъун (лаънатшуда) дар Қуръон ва ҳадис буд, лаънат кардани ў дуруст аст вагарна ҳаром аст.
Мавлавӣ Ҳофиз: Оё шумо дар байни саҳоба касеро мешиносед, ки қобили интиқод буда ва айби воқеӣ дошта бошад ё (наузу биллоҳ) яке аз гурўҳҳои малъуни Қуръон ва ҳадис бошад?
Бародар Аминӣ: Бале, шумори зиёде аз саҳоба ин чунин набудаанд, вале шуморе ҳам ин гуна буданд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, ҳамаи саҳоба хуб ҳастанд. Агар шумо байни онҳо фарқ мегузоред, далел биёред!
Бародар Аминӣ: Ба назари мо саҳобаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламчаҳор гурўҳ буданд:
1-Маъсумине, ки Худованд онҳоро аз ҳар олудагӣ ва гуноҳе покиза ва татҳир кардааст, ки Аҳли Байти Паёмбаранд ва Худованд дар Қуръон ба онон чунин хитоб кардааст: "
"انما يريد الله ليذهب عنكم الرجس اهل البيت ويطهركم تطهيرا"
"Худованд чунин мехоҳад, ки нопокӣ ва палидиро аз шумо хонавода ва аҳли байти нубувват бубарад ва шуморо аз ҳар айб, комилан пок гардонад".Сураи Аҳзоб-33.
Албатта дар ин, ки аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чӣ касоне ҳастанд, ихтилофи назар ва ҳадисҳои гуногуне вуҷуд дорад, аммо бисёри ривоятҳоро, ки ҳофиз ва муфассир бузург Ҷалолуддини Суютӣ дар тафсири "Ад-Дур-ул мансур"[1] зери ин оят нақл кардааст далолат дорад, ки мақсад Али, Фотима, Ҳасан, Ҳусайн алайҳимус-салом ҳастанд. Мо шиаён ҳам ҳамин ақидаро дорем ва чун гурўҳи маъсум ҳастанд ҳамаи гуфтор ва рафторашон барои мо ва дигар мусулмонон ҳуҷҷат аст.
2-Саҳобае, ки ҳамеша гўш ба фармони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буданд ва ҳамаи фармонро иҷро мекарданд, аммо ин мўъминони мухлис ва муҷоҳидони роҳи Худо ба далели маъсум набудан, мумкин аст лағзишҳои каме аз онон сар зада бошад, ки барои лағзишҳои андакашон талаби бахшиш мекунем ва мегўем; разияллоҳу анҳум.
3-Саҳобае, ки ба сухани Қуръони Карим:
"وآخرون اعترفوا بذنوبهم خلطوا عملا صالحا وآخر سيّئا...".
"Ва баъзеи дигари онҳо ба гуноҳ ва нифоқи худ эътироф карданд, ки амали солеҳ ва кори қабеҳ, ҳар дуро ба ҷо оварданд умед бошад, ки Худованд тавбаи ононро қабул кунад, ки албатта Худованд бахшанда ва меҳрубон аст". Сураи Тавба-102.
Яъне савоб ва гуноҳро махлут карданд, ҳам хидмат карданд, ҳам хиёнат карданд, ҳам дар намози ҷамоати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ширкат мекарданд, ҳам шароб мехўрданд, ҳам дар ҷангҳо канори Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҷиҳод мекарданд, ҳам муртакиби зино мешуданд, ҳам дар роҳи Худо инфоқ мекарданд, ҳам даст ба дуздӣ мезаданд, ҳар чанд ин гурўҳ кофир ва ғайри мусулмон нестанд, аммо фосиқ ва гунаҳкоранд ва наметавон шахсеро, ки зинои мўҳсина (зинои зан ё марди оиладор) мекард ё шароб мехўрд ё одам мекушт ё дуздӣ мекард, одил донист. Агар инҳо одил бошанд, пас фосиқ, кист? Ин афрод аз саҳоба, ки чанд тан аз онҳо раҷм (сангсор) шуданд ё шаллоқ хўрданад ё дасташон бурида шуд ё ҳадди дигар ба фармони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё халифаҳо бар онон иҷро шуд, наметавон назди мо муқаддас бошанд ва ё аз афроди ботақво ва покдомани қарнҳои баъд, ки ҳеҷ кадом аз гуноҳони зикр шударо муртакиб нашудаанд, беҳтар дониста шаванд. Чӣ гуна ҷуръат кунем ва бар зидди ояти равшани Қуръон, ки фармуд:
"انّ اَكرمَكم عندَ اللهِ اَتقاكم"
"Ҳамоно гиромитарини шумо назди Худо, ботақвотарини шумост". Сураи Ҳуҷурот-13.
биистем ва бигўем: Як саҳобаи бетақво ё камтақво, беҳтар ва гиромитар аз як касе аст, ки саҳоба нест вале ботақво аст?
4-Гурўҳи чаҳорум мунофиқоне ҳастанд, ки дар зоҳир худро мусулмон мешуморанд, шаҳодатайн мегуфтанд ва пушти сари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам намози ҷамоат мехонданд, аммо дар дил имони воқеӣ ба ҳаққонияти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва гуфтаҳои эшон надоштанд. Сураи мунофиқин ва даҳҳо ояти Қуръон, ки равшангари ҷойгоҳи мунофиқон аст, дар шаъни ҳамин мунофиқони саҳоба нозил шудааст. Мо ин чанд нафар мунофиқро аз миёни саҳоба ба пайравӣ аз Қуръон лаънат мекунем, гарчӣ саҳоба буда ва дар Мадина ҳамсўҳбат ва ҳамнишинӣ бо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам доштаанд.
"ومن اهل المدينة مردوا علی النفاق...".
"Ва баъзе аз аҳли шаҳри Мадина мунофиқанд ва бар нифоқ, моҳир ва собит ҳастанд". Сураи Тавба-101.
Ба ин далел мо ҳамаи саҳоба ва мусулмонони садри Исломро як хел намедонем ва ба чаҳор гурўҳ тақсим мекунем ва бо ҳар кадом бархўрди ҷудогонае дорем.
Агар лаънат карда ва мекунем, лаънати мо ба гурўҳи чаҳорум буда ва агар интиқод карда ва бемеҳрӣ нишон медиҳем, ба гурўҳи севвум буда ва агар эҳтиром мекунем нисбат ба гурўҳи дуввум буда ва агар пайравӣ ва итоат мекунем, нисбат ба гурўҳи аввал буда аст. Акнун агар ишколе бар ин дидгоҳи мо нисбат ба саҳоба вуҷуд дорад марҳамат карда бифармоед то истифода кунем.
Мавлавӣ Ҳофиз: Асли тақсимбандии саҳоба мутобиқ бо воқеияти таърихи зиндагии саҳоба аст, барои ман ин тақсимбандӣ тозагӣ дошт ва то кунун дар, китобҳои уламои худамон надидаам, аммо саволҳое ба назарам мерасад, ки бояд матраҳ кунам, то аз иттилооти шумо истифода кунам.
Ишора мекунанд, ки мева тайёр кардаанд агар иҷозат бидиҳед мазаи даҳонро тағйир диҳем ва пас аз он ба сўҳбат идома диҳем.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: (Бо нороҳатӣ ва асабоният) не бародар, аслан ҳамаи инҳо иддао буд, яъне дуруст набуд.
Бародар Аминӣ: Ман нафаҳмидам, мақсадатон ҳамла ба сўҳбатҳои ман буд ё ба меваҳои бародар Мавлавӣ. (Хандаи ҳозирин).
Ду нафар аз шогирдон чой ва мева оварданд. Чойҳо пурранг ба назар мерасид, аммо хушрангу хуштаъм буд. Дар ин ҳангом ду нафар мулло аз устодони яке аз мадрасаҳои дигар, ки барои машварат бо мудири мадраса дар бораи имтиҳонот омада буданд, вориди дафтар шуданд, ҳама ба эҳтироми онҳо аз ҷой бархостем, пас аз аҳволпурсӣ нишастем ва ҳамагӣ машғули хўрдани мева ва чой шудем. Дар ин фурсат яке аз он ду меҳмони нав ба номи мулло Абдуссамад, ки ҳар дуи онҳо зоҳиран хатмкардаи мадрасаи Покистон буданд, хотироти шеринеро аз сафари худ дар Покистон таъриф карданд, пас аз сарфи чой ва мева, Мавлавӣ Ҳофиз суханро оғоз карду гуфт: Агар иҷозат диҳед ба баҳсамон идома диҳем?
Мавлавӣ Абдуссамад: Мавзўи баҳси ҷаласа чист? Бифармоед то бо ҳам баҳра бубарем.
Мавлавӣ Ҳофиз: Мавзўи баҳс саҳоба разияллоҳу анҳум аз дидгоҳи шиа аст. Бародар Аминӣ дар ҷавоби мо, ки чаро шиаён ҳурмат ва қадосатро нисбат ба баъзе аз саҳоба разияллоҳу анҳум нигоҳ намедоранд матлабҳое гуфтанд ва саҳобаро ба чаҳор гурўҳ тақсим карданд, ки гурўҳи севвум фосиқ ва гунаҳкоранд ва гурўҳи чаҳорум мунофиқон аз саҳоба буданд, ки шиаён барои онҳо эҳтиром қоил нестанд. Акнун қарор аст барои вуҷуди ин гуна афрод дар байни саҳоба, далел биёваранд. Бародар Аминӣ суханро оғоз кунед.
Бародар Аминӣ: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим, барои шинохтани ин гуна афроди фосиқ, гунаҳкор ва мунофиқ дар байни асҳоб, кифоят мекунад ба, китобҳое, ки бузуогони аҳли суннат дар шарҳи таърихи зиндагии саҳобаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам навиштаанд, муроҷиа кунед аз ҷумла, китобҳои; 1-"Ал-Истиоб фӣ асмоил асҳоб" аз олими бузург Ибни Абдулбар, 2-"Усдул ғоба фӣ маърифати саҳоба" аз олими бузург Ибни Асир, 3-"Ал-Исоба фӣ тамйизи саҳоба" аз олими бузурги аҳли суннат Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ва дигар, китобҳои таърихи Ислом аз таърихнависони аҳли суннат ва, китобҳои саҳеҳи шашгона, ба унвони намуна.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бародар Аминӣ, лутфан агар далеле бар бад будани баъзе саҳобаи гиромӣ доред аз Қуръон, ки, китоби Худост бигўед на аз, китобҳои дигар.
Бародар Аминӣ: Оё, китобҳоеро, ки ном бурдам назди шумо мўътабар нестанд ва фақат, китоби Худо ҳуҷҷати шумост? Агар шумо, китобҳои ҳадисӣ, риҷолӣ ва таърихро канор бигзоред, чӣ қадар маорифи исломӣ ва аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ доред? Лутфан бигўед оё дар масъалаҳои фиқҳӣ ба ҳадисҳои мавҷуд дар ин, китобҳо амал намекунед?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Чаро, дар аҳкоми фиқҳӣ ба ин, китобҳо амал мекунем.
Бародар Аминӣ: Пас чаро дар ин мавзўот, ин, китобҳоро қабул надоред?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Чун ин, китобҳо ҳадисҳои заиф ҳам доранд ва шумо ҳамонҳоро матраҳ мекунед.
Бародар Аминӣ: Чӣ гуна ривоятҳоеро, ки айбу нақси яке аз саҳобаро дар бар гирад заиф ё маҷҳул (ровии он шинохта нашуда) медонед, аммо ҳадисҳоеро, ки бар зидду хилофи ин назария бошад санадашро саҳеҳ медонед? Оё ин як бому ду ҳаво нест?
Мавлавӣ Муҳаммадумар сарашро поин андохт ва сухане нагуфт.
Мавлавӣ Ҳофиз: Мақсади Мавлавӣ ин нест, ки ҳамаи ривоятҳое, ки айбу нақси саҳобаро дарбар доранд заиф ва маҷҳуланд ва ҳамаи ривоятҳои мухолифаш саҳеҳ ҳастанд, чун дар ҳар ду даста ривоятҳо ҳам ҳадисҳои саҳеҳ ва ҳам ҳадисҳои заиф вуҷуд дорад, балки мақсадашон ин аст, ки чун Қуръон, китоби Худо ва эътибори зиёде дорад ва шакку шубҳа дар санадаш нест, аввал аз оятҳои Қуръон далел биёред ва пас аз он аз ҳадисҳо ва, китобҳои таърих ва ҳадис.
Бародар Аминӣ: Ҳеҷ гап не, боз як бори дигар Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Қуръони Карим ду даста оят дар ин замина дорад.
Дастаи аввал оятҳое ҳастанд, ки гуноҳони баъзе аз саҳобаро нақлу бозгў карда ё бо сарзаниши мусулмонон ва саҳоба, гуноҳи гузаштаи ононро ёдовар шудааст, ки ба унвони намуна чанд оятро матраҳ мекунам.
1-Бинобар нақли тафсири Ибни Касир, Худованд дар Қуръон Валид ибни Уқба ибни Абўмуҳитро, ки аз саҳобаи барҷаста буд, фосиқ муаррифӣ мекунад. Онгоҳ, ки Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ўро барои гирифтани закот аз қабилаи бани Мусталақ фиристоданд, ў ба хотири даргирии шахсӣ бо онон натавонист закотро бигирад, ва ин хабари дурўғро ба Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дод, ки қабилаи бани Мусталақ бар зидди Паёмбар ва Ислом лашкаркашӣ кардаанд. Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар асоси гуфтаи ў мехостанд лашкари Исломро бар зидди бани Мусталақ омода кунанд. Аммо Ҷабраил аз тарафи Худованд омад ва ин оятро нозил кард:
"ان جاءكم فاسق بِنَبَإٍ فتبيّنوا ان تصيبوا قوما بجهالة فتصبحوا على ما فعلتم نادمين"
"Агар фосиқе хабаре барои шумо овард (зуд напазиред) балки таҳқиқ кунед, чун мумкин аст (бар асоси хабари дурўғи ў) ҷоҳилона ва нафаҳмида бо гурўҳе ҷанг кунед ва баъди он, пушаймон шавед". Сураи Ҳуҷурот-6.[2]
Худованд дар ин ояти шарифа ин саҳобаро дурўғгў ва фосиқ муаррифӣ мекунад. Чӣ гуна шумо уламои аҳли суннат бар хилофи ояти равшани Қуръон ҳамаи саҳобаро одил медонед?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бародар Аминӣ, тафсири расмӣ ва дарси ҳавзаҳои мо, тафсири шарифи Байзовӣ аст. Агар ин матлаб дар тафсири Байзовӣ бошад, сад фоиз қабул мекунам ва дигар ҳеҷ сухане надорам, аммо агар дар ин, китоб набошад, қабул намекунам.
Бародар Аминӣ: Албатта худатон ҳам тафсирҳои арҷманди бузургони аҳли суннат, монанди Ибни Касирро ҳуҷҷат ва қобили истифода медонед, аммо чун тафсири Байзовӣ барои муаррифии он фосиқ илова бар Валид номи Холид ибни Валидро мебарад ва шумо аз назари рўҳӣ худро омодаи хондани ин матолиб аз қалами бузургонатон накардаед, банда нақл накардаам. Бале марҳум имом Қозӣ Носируддини Байзовӣ дар ҷилди чаҳоруми тафсири худ ин матлабро фармудааст.[3]
2-Дувоздаҳ нафар аз саҳобаи Расули Худо монанди Хизом ибни Холид ибни Убайд, ки соҳиби замини масҷид буд, Саълаба ибни Ҳотиб аз бани Умайя, Ибод ибни Ҳунайф, Ҳориса ибни Омир ва Мўътаб ибни Қашир ва Абўҳабиба ибни Азъар ва Ҷория ибни Омир ва ду писараш Муҷаммаъ ва Зайд, Набтал ибни Ҳорис, Махраҷ, Баҳод ибни Усмон, Вадиа ибни Собит аз бани Умайя тарҳи сохтани масҷиди Зирорро рехтанд. Ҳадафи онон аз сохтани ин масҷид, бинобар фармудаи Қуръон зарар задан ба мусулмонон, куфрварзӣ ва пўшонидани ҳақоиқи Ислом, эҷоди тафриқа байни мўъминон ва пойгоҳ барои душманони қасам хўрдаи Худо ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд. Бо ин ҳама, савганд ёд мекарданд, ки ҳадафе ба ғайр аз хайр надорем:
"والذين اتخذوا مسجدا ضرارا وكفرا وتفريقا بين المؤمنين وارصادا لمَن حارب الله ورسوله من قبل وليحلفن إن اردنا الاٌ الحسنی والله يشهد انهم لكاذبون...والله لا يهدي القوم الظالمين".
"Касоне, ки масҷиде барои зиён расондан ба мусулмонон ва қувват додани куфр сохтанд ва тафриқа афканӣ миёни мўъминон ва камингоҳ барои касе, ки аз пеш бо Худо ва Паёмбараш мубориза карда буд, онҳо қасам ёд мекунанд, ки ҷуз некӣ ва хизмат мақсаде надоштаем, аммо Худованд гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дурўғгў ҳастанд...Ва Худованд гурўҳи золимонро ҳидоят намекунад". Сураи Тавба-107,109.
Худованд дар ин оятҳо мўҳри дурўғгўӣ ва ситамгариро барои баъзе аз асҳоб зада ва эълон кардааст, ки онҳо қобили ҳидоят нестанд.
Онгоҳ ин нақшаи мунофиқонаи пинҳонро Ҷабраил назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фош кард, Ҳазрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармони хароб кардан ва сўзондани масҷидро ба баъзе ёронаш содир кард.[4]
3-Ҷад ибни Қайси саҳобӣ аз қабилаи бани Салама, ҳангоми ҷанг хидмати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам расид ва аз эшон иҷозати тарки ҷиҳод хост, то аз хатарҳо ва оқибати ҷанг солим бимонад. Ў ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гуфт: "Маро ба фитна наандоз" Худованд дар ҷавоби ў мефармояд:
"ومنهم من يقول ائذن لي ولا تفتني اَلاَ في الفتنة سقطوا واِنٌ جهنَّمَ لمحيطةٌ بالكافرين".
"Ва баъзе аз онон (мусулмонони саҳобаи ту) касоне ҳастанд, ки (ба ту) мегўянд иҷозат бидеҳ дар ҷиҳод ширкат накунем ва маро дар фитна наандоз. Огоҳ бошед, ки онон худашон дар фитна афтодаанд ва ҳамоно ҷаҳаннам ба куффор иҳота дорад".[5] Сураи Тавба-49.
"واِنّ جهنَّمَ لمحيطةٌ بالكافرين".
беиртибот бо аввали оят нест, балки Худованд хоста аст сарнавишти ин гуна афродро монанди кофирон ғарқ шудан дар ҷаҳаннам бидонад.
4-Тирмизӣ дар сунанаш аз Ибни Аббос нақл мекунад, ки:
"عن ابن عباس قال كانت امرأة حسناء تصلي خلف رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم قال فكان بعض القوم يستقدم في الصف الاول لئلا يراها ويستأخر بعضهم حتى يكون في الصف المؤخر فإذا ركع نظر من تحت ابطَيْهِ فَاَنزلَ اللهُ في شأنها "ولقد علمنا المستقدمين منكم ولقد علمنا المستأخرين".
Зани зебое пушти сари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (бо ҷамоат) намоз мехонд. Баъзе аз саҳоба ба хотири парҳез аз гуноҳ дар сафи аввали намози ҷамоат меистоданд, то он занро набинанд ва баъзеи дигар дар сафи охир меистоданд, то дар ҳангоми рукўъ (ва саҷда) аз зери шикамашон ба зани зебое, ки дар ҷамоат ширкат мекард, нигоҳ кунанд ва лаззат бубаранд, ки Худованд ин оятро дар ҳаққи онҳо нозил кард: "Мо ҳам он касонеро, ки дар сафи аввал меистанд мешиносем ва ҳам касонеро, ки дар сафи охир меистанд". [6] Сураи Ҳиҷр-24.
5-Яке аз саҳобаи бузургвор ба номи Саълаба ибни Ҳотиб ибни Умар ибни Умайя, ки дар ҷанги Бадр ва Уҳуд ширкат карда буд ва ҳамеша дар намози ҷамоати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ширкат мекард ва ҳамроҳи ҳазрат буд, рўзе аз шиддати фақр ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шикоят кард ва дархости дуо барои сарватманд шудани худ намуд. Ҳазрат фармуд: "Моли каме, ки ба ҳамроҳаш шукргузории Худо бошад, беҳтар аз сарвати бисёр аст, ки тоқати анҷоми вазифаро надошта бошӣ". Аммо ў Паёмбарро маҷбур кард, ки барояш дуо кунанд ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дуо карданд ва Худованд ўро сарватманд намуд. Саълаба пас аз сарватманд шудан, ҳамроҳӣ бо Паёмбар ва ширкат дар намози ҷамоат ва масҷиди эшонро тарк кард, ҳатто закоти молашро намедод, бухл меварзид ва аз Худо рўйгардон шуд. Худованд ин оятро барои сарзаниши ў нозил кард:
"ومنهم من عاهد الله لَئِن آتانا من فضله لَنَصَدَّقَنَّ ولنكونَنَّ من الصالحين فلما آتاهم من فضله بخلوا به وتولَّوا وّهم مّعرضون."
"Баъзе аз онон бо Худо паймон баста буданд, ки агар Худо ба мо аз фазли худ ризқу рўзӣ диҳад, ҳатман садақа хоҳем дод ва аз солеҳон ва шукргузорон хоҳем буд. Аммо ҳангоме, ки Худованд аз фазли худ ба онҳо бахшид бухл варзиданд ва сарпечӣ карданд ва рўй гардонданд." Сураи Тавба-75-76.[7]
6-Худованд дар Қуръон гурўҳе аз уммати Исломро, ки мусулмон шуда намоз мехонанд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро дида ва аз гурўҳи саҳоба буданд он қадар паст ва беарзиш муаррифӣ мекунад ва мефармояд:
"ان المنافقين يخادعونَ اللهَ وهو خادعهم واذا قاموا الی الصلاة قاموا كسالی يراؤُن الناس ولا يذكرون الله اِلاّ قليلا مذبذبين بين ذلك لا الی هؤلاءِ ولا الی هؤلاءِ ومن يُضْلِلِ اللهُ فلن تجد له سبيلا"
"Ҳамоно мунофиқон ба фиребу найранги Худо баромадаанд ва ҳол он ки Худованд фиреби онҳоро бар зарари худашон тамом мегардонад ва онгоҳ, ки намоз мехонанд суст ҳастанд ва мақсадашон худнамоӣ аст ва камтар ба ёди Худо ҳастанд. Инҳо байни ҳаққу ботил дар шак ҳастанд на комилан мўъмин ва на комилан кофир ва касеро, ки Худованд гумроҳ кунад, ҳаргиз роҳи наҷоте барои ў нахоҳӣ ёфт". Сураи Нисо-142-143.
7-Худованди бузург дар сураи Таҳрим, оятҳоеро бо лаҳни тунд нисбат ба ду тан аз ҳамсарони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нозил кардааст. Гуноҳи ошкор кардани сирри Расули Худоро ба онон тазаккур дода, сарзаниш мекунад ва ба онон ҳушдор медиҳад, ки агар аз ин гуноҳ тавба накунед, Паёмбар шуморо талоқ диҳад ва занони беҳтар аз шуморо интихоб кунад. Дар баъзе аз тафосир, мисли тафсири "Ад-Дур-ул-мансур"-и Суютӣ:
"واذْ اَسَرَّ النبيُ صلی الله عليه وآله...قال لحفصة: ابوك وابو عائشة واليان الناس بعدي فاِيّاكِ ان تخبري احدا."
Ба равшанӣ омадааст, ки ду ҳамсари фошкунандаи хабар, Оиша ва Ҳафса будаанд ва он сир, ё никоҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо Мория буда ва ё пешгўӣ аз зимомдории (ҳукуматро ба даст гирифтани) ҷаноби Абўбакр ва Умар будааст:[8]
"واذ اَسَرّ النبيُّ الی بعض ازواجه حديثا فلما نبأت به واظهره الله عليه عرف بعضه واعرض عن بعض فلما نبأها به قالت من انبأك هذا قال نبأني العليم الخبير ان تتوبا الی الله فقد صغت قلوبكما وان تظاهرا عليه... عسى ربه ان طلَّقكنَّ ان يُبدِلهُ ازواجا خيرا منكن مسلمات مؤمنات قانتات تائبات عابدات سائِحات ثيِّبات وابكارا."
"(Ба хотир биёваред) Ҳангомеро, ки Паёмбар яке аз розҳои худро ба баъзе аз ҳамсаронаш гуфт, вале ҳангоме, ки вай онро фош кард ва Худованд Паёмбарашро аз он огоҳ сохт, қисмате аз хабарро бозгў кард ва қисмати дигарро нагуфт. Ҳангоме, ки Паёмбар ба ҳамсараш ин хабарро дод, гуфт: Чӣ касе туро аз ин роз огоҳ сохт? Фармуд: Худованди олим ва огоҳ маро бохабар сохт! Агар шумо ду нафар (ҳамсарони Паёмбар) аз кори худ тавба кунед, (ба фоидаи шумост, чун) дилҳоятон аз ҳақ мунҳариф гашта ва агар бар зидди ў даст ба дасти ҳам бидиҳед, ҳеҷ коре наметавонед бикунед, чун Худованд ёвари Паёмбар аст... Умед аст, ки агар ў шуморо талоқ диҳад Парвардигораш ба ҷои шумо ҳамсарони беҳтар барои ў қарор диҳад, ҳамсарон ва занҳои мусулмон, мўъмин, фурўтан, тавбакор, обид, ҳиҷрат кунанда, занони ғайри бокира ва бокира (яъне зани бева ва духтари шавҳарнакарда)." Сураи Таҳрим-3, 5.
8-Дар садри Ислом баъзе аз асҳоби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам он қадар ҳазратро дар масъалаи ҷиҳод озор медоданд ва зери бори ҷиҳод дар роҳи Худо намерафтанд, ки Худованд даҳҳо оят дар сарзанишу маломат ва тарсондани ин гурўҳ аз саҳоба нозил карда ва ҳатто эълон намудааст, ки сазои ин гуна асҳоб азоби ҷаҳаннам аст.
Бародарони азиз! Оё Худованд (паноҳ мебарем ба Худо) ин сазои гуноҳро ба дурўғ гуфта ё ҳазл кардааст? Не, Худованд ба ғайр аз ҳақ чизе намегўяд ва бояд бидонем, ки агар дар қонуни Ислом ҳар ҷинояте азобе дорад ва Худованд бар асоси адолати худ мусулмонони гурезанда аз ҷиҳод дар замони моро набахшад ва азоб кунад, далеле надорад, ки мусулмонони гурезанда аз ҷиҳоди садри Исломро бубахшад. Акнун баъзе аз ин гуна оятҳоро аз сураи Тавба нақл мекунем, то ғазаб ва хашми Худоро нисбат ба ин гурўҳ аз саҳоба комилан мушоҳида кунед:
"يا اَيُها الذين آمنوا مالَكم اذا قيل لكم انفروا في سبيل الله اِثَّاقلتم الی الارض اَرَضيتم بالحياة الدنيا من الاخرة فما متاع الحياة الدنيا في الاخرة اِلاّ قليل، اِلاَّ تنفروا يُعَذِّبكم عذابا اليما..."
"Эй мўъминон, чӣ шудааст шуморо, ки ҳар гоҳ ба шумо гуфта шавад дар роҳи Худо (барои ҷиҳод) кўч кунед, ба замин мечаспед (сахт дил ба дунё бастаед)? Оё зиндагии дунёро бар охират беҳтар медонед? Пас бидонед, ки зиндагии дунё дар баробари охират хеле ночиз аст. Агар кўч накунед ва дар ҷиҳод ширкат накунед, Худованд шуморо бо азоби дардноке иқоб хоҳад кард." Сураи Тавба-38-39.
"لو كان عرضا قريبا وسفرا قاصدا لاتبعوك ولكن بعدت عليهم الشقة وسيحلفون بالله لو استطعنا لخرجنا معكم يهلكون انفسهم والله يعلم انهم لَكاذبون."
"Агар ин мардумро барои фоидаи наздик ва сафари кўтоҳ даъват кунӣ, албатта онон аз ту пайравӣ хоҳанд кард, вале аз сафаре, ки машаққате дорад, мепарҳезанд ва бо исрор ба Худо савганд мехўранд, ки агар қудрат доштем ҳатман бо ту (эй Расули Худо) ҳамсафар мешудем. Инон (ки аз фармони ту бо сабабҳои дурўғ сарпечӣ мекунанд) худро ба ҳалокат месупоранд ва Худованд медонад, ки онҳо дурўғ мегўянд". Сураи Тавба-42.
"ومنهم من يقول ائذن لي ولا تفتني ألا في الفتنة سقطوا واِنّ جهنّم لمحيطةٌ بالكافرين."
"Ва баъзе аз онон (мусулмонони саҳобаи ту) касоне ҳастанд, ки (ба ту) мегўянд, иҷозат бидеҳ дар ҷиҳод ширкат накунем ва маро дар фитна наяндоз. Огоҳ бошед, ки онон худашон дар фитна афтодаанд ва ҳамоно ҷаҳаннам бар куффор иҳота дорад." Сураи Тавба-49.
"فرح المخلفون بمقعدهم خلاف رسول الله وكرهوا ان يجاهدوا بِاَموالهم وانفسهم في سبيل الله وقالوا لا تنفروا في الحر قل نار جهنم اَشَدّ حرا لو كانوا يفقهون."
"Шодӣ карданд онон, ки пас аз ҳаракати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба сўи ҷиҳод дар ҷои худ нишастанд ва написандиданд, ки бо амвол ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод кунанд ва ба (дигар мўъминони муҷоҳид) мегуфтанд: Дар ҳавои гарм (барои ҷиҳод) кўч накунед. Бигў (Эй Паёмбар) оташи ҷаҳаннам ҳарорати шадидтаре дорад, агар қудрати фикру тааққул доранд." Сураи Тавба-81.
Оё ин гуноҳи бузурги тарки ҷиҳод, ки Худованди каримро ба ғазаб оварда, сабаби фисқи онҳо нашудааст? Агар мусулмоне бо ин ҳама гуноҳ, ғазаби илоҳӣ ва ба хашм овардани Худои бузург, фосиқ нашаванд, пас чӣ коре сабаби фисқ мешавад?!
9-Шумори дигар аз саҳоба ба монанди Набтал ибни Ҳарас,[9] ки масалан худро боҳўш ва зирактар аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам медонистанд, вақте мушоҳида мекарданд, ки он ҳазрат сухани ҳар мусулмонеро гўш мекунад ва бе ин ки дар баробари хатоҳои онон тундӣ кунад, он чунон дар гўш додан мулоимат ва меҳрубонӣ ба харҷ медиҳад, ки гўё одами содда ва хушбоваре аст ва ҳамаи ҳарфҳоро бовар мекунад, ҳазратро масхара ва мазоқ мекарданд ва мураттаб матраҳ мекарданд, ки ҳазрат гўш аст ва бисьёр содда ва хушбовар аст. Онҳо бо ин гуна рафторҳо он қадар ҳазратро азияту озор доданд, ки Худованд ба хашм омад ва бо нозил кардани ояти зер азоби дарднокро ба онон ваъда дод:
"ومنهم الذين يؤذون النبي ويقولون هو اُذُن قل اُذُن خير لكم يؤمن بالله ويؤمن للمؤمنين ورحمة للذين آمنوا منكم والذين يؤذون رسول الله لهم عذاب اليم."
"Аз онҳо касоне ҳастанд, ки Паёмбарро озор медиҳанд ва мегўянд: Ў одами хушбоваре аст! Бигў: Хушбовар будан ба фоидаи шумост, вале бидонед, ў ба Худо имон дорад ва танҳо мўъминонро тасдиқ мекунад ва раҳмат аст барои касоне аз шумо, ки имон овардаанд. Касоне, ки Расули Худоро озор медиҳанд барояшон азоби дардноке хоҳад буд." Сураи Тавба-61.
10-Шумори дигар аз саҳобаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки аҳли намозу масҷид ва дорои обрў ва эҳтироми мазҳабӣ буданд, он қадар имонашон заиф буд, ки гароиши моддии каме, муомила, тиҷорат ва ҳатто бозӣ ва лаҳв ва хушгузаронии пучро, бар намози ҷамоати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бартарӣ медоданд. Ҳамин, ки овози корвонеро мешуниданд Паёмбарро дар ҳоли хутбаи намози Ҷумъа хондан танҳо мегузоштанд ва мерафтанд:
عن جابر بن عبد الله ان النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم كان يخطب قائما يوم الجمعة فجاءت عير من الشام فانفتل الناس إليها حتى لم يبق إلا اثنا عشر رجلا فانزلت هذه الآية "واذا راَوا تجارة او لهوا اِنفضّوا اليها وتركوك قائما قل ما عندالله خير من اللهو ومن التجارة والله خير الرازقين."
Ҷобир мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар рўзи Ҷумъа истода хутба мехонданд корвоне аз Шом омад, пас мардум (саҳоба) ба тарафи он рафтанд, ки танҳо 12 нафар дар масҷид боқӣ монданд ва ин оят нозил шуд: "Ҳангоме ки онҳо (мусулмонон) тиҷорат ва лаҳверо (кори беҳудаеро) бубинанд, пароканда мешаванд ва ба сўи он мераванд ва туро истода ба ҳоли худ раҳо мекунанд, Бугў: Ончӣ назди Худо аст, беҳтар аз лаҳву савдову тиҷорат аст ва Худованд беҳтарини рўзи диҳандагон аст." Сураи Ҷумъа-11.[10]
Оё метавон гуфт арзиши мўъминоне, ки дар замони ҳозир даст аз хариду фурўш бардошта мағозаро мебанданд то дар намози ҷамоат ширкат кунанд, аз ин гурўҳи саҳоба имонашон заифтар аст?
Ва даҳҳо намунаи дигар аз оятҳо вуҷуд дорад, ки Худованд шуморе аз саҳобаро ба хотири гуноҳонашон сарзаниш мекунад. Агар ниёзи бештаре ҳаст ва бародар Малави Муҳаммадумар қонеъ нашудаанд, он мавридро низ матраҳ кунам?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не! Бештар лозим нест. Ман қабул дорам саҳобаи гиромӣ маъсум набуданд ва гуноҳ ва ҷурм дар байни онон буд, ки Худованд ба хашм омада ва ваъдаи азоб ба баъзе аз онон додааст. Албатта агар оятҳои дигаре дар ин замина лозим доштам аз ҷаноби Мавлавӣ Ҳофиз, ки ҳофизи кулли Қуръон ҳастанд, хоҳам пурсид.
Мавлавӣ Ҳофиз: Хоҳиш мекунам. Ин назари лутфи шумост. Аммо ман хеле наметавонам мисли Бародар Аминӣ дар ин замина ба шумо ёри кунам.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: (Бо тааҷҷуб) Чӣ тавр? Шумо ҳофизи Қуръон ҳастед ва бародар Аминӣ ҳофиз нестанд.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бале ман ҳофизам ва ҳозирам оятро аз аввал то охир барои шумо бихонам, аммо олим ба ҷойгоҳи илмии оятҳо нестам, масалан ман намедонам кадом оятҳо гурўҳе аз саҳобаро ситоиш карда ва кадом як аз оятҳо сарзаниш кардааст. Ғайр аз мавриди андак ва аслан то кунун ин нуктаро нафаҳмида будам, яъне олим набудаам. Мутаассифона дар мадрасаҳои динии мо гарчӣ ба ҳифзи Қуръон аҳамият медиҳанд, вале ошноӣ бо маорифи Қуръонро камтар ба ҳофизон меомўзанд.
Бародар Аминӣ: Гарчӣ фазилати комил дар ҳифзи Қуръон ва ошноӣ бо маорифи он аст, вале набояд фаромўш кард, ки ҳифзи Қуръон ба танҳоӣ ҳам, худ фазилате аст арзишманд, ки ғайри ҳофизон, ҳар чанд донишманд бошанд аз он маҳруманд, чунон ки фазилати ҳифзи Қуръонро шумо доред ва ман надорам.
Мавлавӣ Абдуссамад: Бародар Аминӣ, матлабатонро идома диҳед ҳанўз як дастаи дигар аз оятҳо дар бораи саҳоба боқӣ мондааст.
Бародар Аминӣ: Дастаи дуввум оятҳое аст, ки баъзе аз мусулмононеро, ки ба зоҳир ба Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам имон оварданд, ҳамроҳи эшон намоз мехонданд, дар ҷиҳод ширкат мекарданд ва ба хотири ҳамсўҳбатӣ бо он ҳазрат унвони саҳоба буданро барои худ касб карда буданд, мунофиқ муаррифӣ карда ва бо задани мўҳри нифоқ бар пешонии онон, пасттарин дараҷаи ҷаҳаннамро ба онон ихтисос додааст, ба унвони мисол ба чанд маврид ишора мекунам:
1-"وممّن حَوْلكم من الاعراب منافقون ومن اهل المدينة مردوا علی النفاق لا تعلمهم نحن نعلمهم سنعذبهم مرتين ثم يردون الی عذاب عظيم."
"Ва баъзе аз аъроби (бодиянишинони) атрофи шумо мунофиқанд ва гурўҳе аз аҳли Мадина (низ) сахт ба нифоқ пойбанданд, ки ту ононро намешиносӣ ва мо мешиносем. Ба зудӣ ононро ду мартаба азоб хоҳем кард ва сипас ба сўи азоби бузург ронда хоҳанд шуд". Сураи Тавба-101.
2-Баъзе аз саҳоба он қадар ҳурмати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллами-ро зери по гузоштанд, ки ба худ иҷозат доданд тўҳмати кори зиштро ба ҳамсари Расули Худо (Оиша ё Морияи Қибтия, бинобар ихтилофи ҳадисҳо) заданд ва хашми Худоро барои худ хариданд. Қуръон мефармояд:
"ان الذين جاءوا بالاِفك عُصبَةُُ منكم...والذي تولی كبره منهم له عذاب عظيم...فاِذْ لم يأتوا باالشهداء فاُؤلئِك عند الله هم الكاذبون."
"Онон, ки тўҳмат (ба ҳамсари Расули Худо) заданд гурўҳе аз худи шумо (мусулмонони саҳоби) ҳастанд, ки сарчашмаи ин фасод шуд, азоби бузург барои ўст. Аз онҷо, ки шоҳиде барои иддаои худ наёваранд, дар назди Худованд дурўғгў ҳастанд." Сураи Нур-11-13.
Ҳамаи муфассирони шиа ва суннӣ зери ин ояти шарифа, Абдуллоҳ ибни Убай сардастаи мунофиқонро ном бурдаанд, ки сабаби пахши ин тўҳмат буда аст ва бешак тамоми шиаён ва аҳли суннат бар ў лаънат мефиристанд.
3-Ҳофизи кабир, Ҷалолуддини Суютӣ дар зери ояти:
هموا بما لم ينالوا) ) (талош карданд бар чизе, ки ноил нашуданд) Сураи Тавба-74, тақрибан дувоздаҳ нафар аз саҳоба ба номҳои Асвад, Абдуллоҳ ибни Абўсаъд, Саъд ибни Абўсарҳ, Абўҳосири Аъробӣ, Омир, Абўомир, Ҷаллос ибни Сувайд, Маҷмаъ ибни Ҳориса, Малиҳои Тамимӣ, Ҳасин ибни Намир, Таъма ибни Ибриқ, Абдуллоҳ ибни Уяйна ва Маррат ибни Рабиъро ном мебарад, ки тасмим гирифтанд дар ҷанги Табук Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро бикушанд, ки Худованд расулашро огоҳ кард ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо муқаддимоти пешин худро наҷот дод
"رجع رسول الله صلی الله عليه وآله قافلا من تبوك الی المدينه حتی اذا كان ببعض الطريق مكر برسول الله صلی الله عليه وآله ناس من اصحابه فتامروا ان يطرحوه من عقبة في الطريق"
"Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ҷанги Табук ба Мадина бармегашт дар роҳ мардоне аз асҳоби он ҳазрат хостанд, ки коре кунанд, ки он ҳазрат аз баландии Ақаба ба поин биафтанд (мехостанд он ҳазратро бикўшанд).[11]
4-Он қадар мунофиқон мушкилот эҷод карданд ва бо зоҳири Ислому имон ва саҳобӣ будан, бақияи саҳобаи гиромӣ ва мўъминони мухлисро фиреб доданд. Аз роҳ заданд ва ба дарди сар андохтанд, ки Худованд як сураро махсуси онон нозил кард. Ҳатман мепазиред, ки мақсади Худованд аз мунофиқон, мушрикон ва бутпарастон ва кофирон набуда аст, балки касоне буда, ки ба зоҳир мусулмон буда ва хизмати ҳазрат мерасиданд ва бо эшон дар баъзе корҳо, ҳатто ибодат ҳамроҳӣ ва сўҳбат дошта ва ҷузви саҳоба шумурда мешуданд.
5-Гарчӣ кофирон ва мушрикон низ дар ҷаҳаннам азоб хоҳанд шуд, вале бадтарин азоб ва поинтарин дараҷаи ҷаҳаннам махсуси мунофиқон аст, яъне ҳамон мусулмонони садри Ислом, ки дар сафи ҷамоати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам намоз мехонданд ва мақоми саҳоба буданро ба худ ихтисос медоданд, аммо мунофиқ буданд ва бадтарин азобро доранд. Худованд фармудааст:
"انّ المنافقين في الدرك الاَسفل من النار ولن تجد لهم نصيرا."
"Ҳамоно мунофиқон дар поинтарин табақаи оташ қарор доранд ва ҳаргиз ёваре барои онҳо нахоҳӣ ёфт." Сураи Нисо-145.
Агар иҷозат медиҳед оятҳои дигареро дар ин мавзўъ тиловат кунам?
Мавлавӣ Абдулҳамид: Ин матлаб исбот шуд, ки бо насси оятҳои Қуръони Карим шуморе аз саҳоба ва мусулмонон, ки ҳамроҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам муртакиби баъзе гуноҳони кабира ва сағира мешуданд ва баъзе ҳам мунофиқ буда ва дар дарун, ба Ислом ақида надоштаанд. Албатта ин матлабро бояд дар назар дошт, ки мусулмонони мунофиқ, гарчӣ ҳамроҳи Паёмбар будаанд, вале шоистаи номи саҳоба нестанд ва мо набояд ононро саҳоба бидонем.
Бародар Аминӣ: Бале, баъзе аз уламои мўҳтарами аҳли суннат ин гуна афродро саҳобӣ ҳисоб накардаанд ва ман ҳам мўътақидам номи саҳобиро бар инҳо нагзорем, аммо чӣ кунем, ки бисёре аз уламои аҳли суннат ҳар мусулмонеро, ки чанд бор ҳазратро дида ва бо эшон ҳамроҳӣ кардаанд, саҳоба мешуморанд? Илова бар ин уламои аҳли суннат дар бораи мунофиқоне, ки нашнохта ва аз нифоқашон хабар надоранд, чи мегўянд? Дар ҳоле ки Қуръон мефармояд:
"...ومن اهل المدينة مردوا علی النفاق لا تعلمهم نحن نعلمهم..."
"Ва аз сокинони Мадина низ чанд нафар бар нифоқ баргаштаанд ту ононро намешиносӣ мо ононро мешиносем." Сураи Тавба-101.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Мо дар байни саҳоба ғайр аз Абдуллоҳ ибни Убай ва ду се нафари дигар аз атрофиёнаш касеро намешиносем, ки мунофиқ муаррифӣ шуда бошанд, шояд мунофиқон беш аз ду се нафар набудаанд.
Бародар Аминӣ: Шумо ҳатман китоби Канзул уммол-ро, ки аз ҷомеътарин китоби ҳадисии аҳли суннат аст, дар китобхонаи мадраса доред, ҷилди аввали ин китобро мулоҳиза фармоед, ки аз худи ҳазрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл карда, ки фармуданд: Дар байни асҳоби ман дувоздаҳ мунофиқ вуҷуд дорад.
"ان في اصحابي اثني عشر منافقا منهم ثمانية لا يدخلون الجنة حتی يلج الجمل في سم الخياط."
"Ба дурустӣ, ки дар асҳоби ман дувоздаҳ нафар мунофиқ ҳастанд, ки ҳашт нафари онҳо ба биҳишт дохил намешавад, то ин ки шутур аз сўрохи сўзан бигзарад." [12]
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале, ин матлаб қабул, аммо чун мо дастрасӣ ба номҳои онон надорем бояд ба ҳамаи саҳоба эҳтиром кунем ва онҳоро ғайри мунофиқ бидонем.
Бародар Аминӣ: Ибни Ҳишом он олими бузурги аҳли суннат дар ҷилди дуввуми китоби Сираи набавияи худ номи беш аз сӣ нафар мунофиқони замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро, ки ба онҳо даст ёфта ё нифоқи онҳо дар таърих нақл шудааст, ҳамроҳ бо оятҳои нозил шуда дар шаъни онон бо шарҳи андаке аз ҳаракатҳои нифоқ омезашон ба шарҳи зер навиштааст, ки мо ба унвони мисол барои иттилои шумо сӣ нафарро ном мебарем:
1-Ҷаллос ибни Сувайд ибни Сомит аз қабилаи бани Ҳабиб ибни Амр ибни Авф, ки ояти:
"يحلفون بالله ما قالوا ولقد قالوا كلمة الكفر وكفروا بعد اسلامهم وهَمّوا بما لم ينالوا وما نقموا اِلاّ أن اَغناهم الله ورسوله من فضله..."
"Ба Худо қасам мехўранд, ки (дар ғиёби Паёмбар, суханони нодуруст) нагуфтаанд, дар ҳоле, ки ҳатман суханони куфромез гуфтаанд ва пас аз Исломашон, кофир шуданд ва қасд (ба кори хатарноке) карданд, ки ба он нарасиданд, онҳо фақат аз ин интиқом ва қасд мегиранд, ки Худованд ва Расулаш онон (мўъминон)-ро ба фазлу карамаш бениёз кардаанд...." Сураи Тавба-74 дар шаъни ў нозил шуд.
2-Ҳорис ибни Сувайд бародари Ҷаллос.
3-Баҷҷод ибни Усмон ибни Омир аз қабилаи бани Забиа.
4-Набтал ибни Ҳорис аз қабилаи бани Лавзон, ки ояти:
"ومنهم الذين يؤذون النبي ويقولون هو اذن قل اذن خير لكم يؤمن بالله ويؤمن للمؤمنين ورحمة للذين آمنوا منكم، والذين يؤذون رسول الله لهم عذاب اليم."
"Аз онҳо касоне ҳастанд, ки Паёмбарро озор медиҳанд ва мегўянд: Ў одами хушбоваре аст! Бигў: Хушбовар будан ба фоидаи шумост, вале бидонед Ў ба Худо имон дорад ва танҳо мўъминонро тасдиқ мекунад ва раҳмат аст барои касоне аз шумо, ки имон оварданд. Касоне, ки Расули Худоро озор медиҳанд барояшон азоби дардноке хоҳад буд." Сураи Тавба-61 дар шаъни ў нозил шуд.
5-Абўҳанифа ибни Азъар аз созандагони масҷиди Зирор ва аз қабилаи бани Забиа.
6-Мўътаб ибни Қушайр аз қабилаи Забиа, ки ояти:
"...وطائِفة قد اهمّتهم انفسهم يظنون بالله غير الحق ظن الجاهلية يقولون لو كان لنا من الامر شيء ما قتلنا هيهنا..."
"....Гурўҳи дигаре дар фикри ҷони худ буданд (ва хоб ба чашмонашон нарафт) онҳо гумонҳои нодурусте монанди гумонҳои замони ҷоҳилият дар бораи Ҳудо доштанд, мегуфтанд: Оё чизе аз пирўзӣ насиби мо мешавад! Ҷавоб бидеҳ: Ҳамаи корҳо (ва пирўзиҳо) ба дасти Худост, онҳо дар дили худ чизеро пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд ва мегўянд: Агар мо саҳме аз пирўзӣ медоштем дар инҷо кушта намешудем..." Сураи Оли Имрон-154. дар бораи ў нозил шуд.
7-Саълаба ибни Ҳотиб аз қабилаи бани Забиа.
8-Ибод ибни Ҳунайф бародари Саҳл ибни Ҳунайф.
9-Баҳзаҳ аз созандагони масҷиди Зирор.
10-Амр ибни Хизом.
11-Абдуллоҳ ибни Набтал.
13-14-Ҷория ибни Омир ибни Аттоф аз қабилаи бани Саълаба ва ду писараш Зайд ва Маҷмаъ, ки ҳар се аз созандагони масҷиди Зирор буданд. Маҷмаъ ҷавоне буд, ки бештар Қуръонро ҷамъоварӣ карда буд ва онро барои намози мардум мехонд.
15-Вадиа ибни Собит аз қабилаи бани Умайя ибни Зайд, ки аз созандагони масҷиди Зирор буд ва ояти:
"ولَئِن سألتهم ليقولن انما كنا نخوض ونلعب قل اَبِالله وآياته ورسوله كنتم تستهزءُون."
"Ва агар аз онҳо бипурсӣ: Чаро ин корҳои хилофро анҷом додед? Мегўянд: Мо бозӣ ва шўхӣ мекардем. Бигў: Оё Худо ва оятҳои ў ва Паёмбарашро масхара мекунед?" Сураи Тавба-65 дар бораи ў нозил шуд.
16-Хизом ибни Холид, ки бахше аз замини хонаашро барои сохтани масҷиди Зирор вогузор кард.
17-Бушр.
18-Рофеъ ибни Зайд.
19-Амр ибни Молик ибни Авс аз қабилаи бани Табит.
20-Мураббаъ ибни Қибтӣ аз қабилаи бани Ҳориса.
21-Авс ибни Қибтӣ бародари Мураббаъ, ки дар ҷараёни ҷанги Хандақ ояти:
"...يقولون اِنّ بيوتنا عَوْرَةُ وما هي بِعَوْرَةٍ اِنْ يريدون اِلاّ فرارا."
"Ва гурўҳе аз онон аз Паёмбар иҷозати бозгашт мехостанд ва мегуфтанд: Хонаҳои мо муҳофиз ва посбон надорад, дар ҳоле ки бемуҳофиз набуд, онҳо фақат мехостанд (аз ҷанг) бигрезанд." Сураи Аҳзоб-13 дар бораи ў нозил шуд.
22-Ҳотиб ибни Умайя ибни Рофеъ аз қабилаи бани Зафар.
23-Абўтаъма Башир ибни Убайрақ, ки ояти:
"ولا تجادل عن الذين يختانون انفسهم اِنّ الله لا يحب من كان خوانا اثيما."
"Ва аз онҳо, ки ба худ хиёнат карданд, дифоъ накун, чун Худованд, афроди хиёнаткор ва гунаҳкорро дўст надорад." Сураи Нисо-107 дар бораи ў нозил шуд. Башир касе аст, ки дар ҷанги Уҳуд беш аз понздаҳ нафар аз мушриконро кушт ва худаш захмӣ шуд, аммо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи ў фармуд: " انه لمِن اهل النار" Ҳатман ў аз аҳли ҷаҳаннам аст.
24-Рофеъ ибни Вадиа.
25-Зайд ибни Амр.
26-Амр ибни Қайс.
27-Қайс ибни Амр ибни Саҳл.
28-Ҷад ибни Қайс.
29-Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул аз бани Авф ибни Хазраҷ, ки сардастаи мунофиқон буд ва сураи Мунофиқин дар бораи ў нозил шуд.
30-Молик ибни Абўқуқал.
Мавлавӣ Абдуссамад: Бародар Аминӣ аз ин ки иттилооти ин гуна васеъро дар ҷиҳати воқеъбинӣ дар ихтиёри мо гузоштед муташаккирем, аммо бидонед, ки мо аҳодиси ҳамаи саҳоба ва мусулмонони асри Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро ҳуҷҷат намедонем, чун нисбат ба ҳадисҳои ин гуна афрод, ки нифоқашон дар таърих равшан шудааст, эҳтиром ва бовар нахоҳем дошт, аммо бояд қабул кунед ки бақияи асҳоб барои мо мўҳтарам ва ҳамаи ривояташон барои мо қобили эътимод аст, чун мо аз нифоқи онҳо огоҳ нестем ва ҳақ надорем беҳеҷ далеле, ҷаҳилона ононро аз саҳоба берун кунем. Аз тарафе, ҳеҷ роҳе барои шинохти нифоқи ин гуна мунофиқони пинҳон монда дар саҳоба надорем.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ Абдуссамад, банда бо назари шумо мувофиқам ва эътиқод дорам, ки набояд як саҳобаро бедалел мунофиқ ё фосиқ биномем, аммо агар Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам роҳ ва меъёре барои шинохти мунофиқон ба мо бидиҳанд ва ҳадисҳоеро дар ин бора баён карда бошанд, оё ҳозиред ҳар саҳобаро, ки дорои он меъёр ва сифатҳо аст мунофиқ муаррифӣ кунед?
Мавлавӣ Абдуссамад: Бале, мо тибқи фармони Худованд, ки фармуд:
"واَطيعوا الرسول لعلكم ترحمون."
"Расули Худоро итоат кунед, шояд шомили раҳмат шавед." Сураи Нур-56 фврмонбардори Расули Худо ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ба далели таассуб ва эҳтироми чанд саҳобӣ, даст аз сухани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам намебардорем. Ҳатто агар ба саҳоба ҳам эҳтиром мегузорем, ба далели фазилати иртиботи онҳо бо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва мўҳтарам шумориданашон ба дастури он ҳазрат аст. Мо косаи доғтар аз ош нестем, ки ҳазрат баъзеро мунофиқ бидонад ва мо лаҷоҷат кунем ва он мунофиқро саҳобаи муқаддас ва мўҳтарам бишморем. Албатта шарташ ин аст, ки ҳадисеро, ки баёнкунандаи меъёри нифоқ аст аз китобҳои мўътабарӣ худи мо биёваред.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ Муҳаммадумар бифармоед шумо ҳам бо назари Бародар Мавлавӣ Абдуссамад мувофиқ ҳастед?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале, сухани эшон мантиқӣ аст. Агар аз китобҳои мўътабарӣ худамон ҳадис биёваред, қабул мекунем.
Бародар Аминӣ: Ҳеҷ гап не, оё шумо қабул доред, ки баъзе аз мусулмонони садри Ислом ва саҳоба се ҷанги бузургро бо Алӣ алайҳис-салом сар карданд ва рў ба рўи Алӣ алайҳис-салом ва лашкараш истоданд ва то тавонистанд куштанд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Агар мақсадатон ҷанги Сиффин, Ҷамал ва Наҳравон аст, вуқўи ин се ҷанг аз мусалламоти таърихи Ислом аст.
Бародар Аминӣ: Оё сардорони ин ҷангҳо ба далели дўстӣ ва ҳимоят аз Алӣ алайҳис-салом қиём карданд ва ҷангиданд ё ба унвони душман ва мухолифи Алӣ алайҳис-салом ?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ин ки маълум аст ва саволе надорад. Ҷанг ва шамшеркашӣ барои нобудии тарафи муқобил аст. Аммо бояд инро бидонед, ки ин буғз ва душманӣ нисбат ба Алӣ алайҳис-салом аз тарафи ин гурўҳ аз саҳоба, танҳо як иштибоҳ ва хато буд, ки муртакиб шудаанд ва шумо набояд бар онон сахтгирӣ кунед.
Бародар Аминӣ: Ман нисбат ба онҳо сахтгирӣ намекунам, аммо агар Паёмбари бузургвори Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар онон сахтгирӣ кард ва ҳукмеро нисбат ба онон содир кард, оё шумо ҳозиред даст аз ин назарияи шахсии худатон, ки чашмпўшӣ аз ин хатои онон аст бардоред ё бар назари худ исрор хоҳед варзед?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Паноҳ мебарем ба Худо, Худо фармудааст
"وما كان لمؤمن ولا مؤمنة اذا قضی الله ورسوله امرا اَنْ يكون لهم الخيرة من امرهم..."
“Ҳеҷ марду занеро нарасад, ки вақте Худо ва паёмбараш ба коре фармон диҳанд, барои онон дар корашон ихтиёре бошад". Сураи Аҳзоб-36.
Агар Паёмбари гиромии Ислом ҳукме дар бораи инҳо содир кардааст, бифармоед то мо ҳам ба он эътироф кунем.
Бародар Аминӣ: Сунани Тирмизӣ, ки аз сиҳоҳи шашгонаи шумост, дар ҷилди охир, боби маноқиби Алӣ алайҳис-салом ду ҳадис дар ин мавзўъ нақл мекунад:
1-"عن ام سلمه تقول: كان رسول الله صلى الله عليه وآله يقول: لا يحب عليا منافق ولا يبغضه مؤمن"
Умма Салама ҳамсари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз он ҳазрат нақл мекунад, ки мефармуд: "Ҳеҷ мунофиқе Алиро дўст намедорад ва ҳеҷ мўъмине Алиро душман намедорад.
Яъне роҳи шинохти мўъминон муҳаббати Алӣ алайҳис-салом аст ва роҳи шинохти мунофиқон душмани бо Алӣ алайҳис-салом аст. Он қадар ин сухани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар байни асҳоб машҳур шуда ва мавриди таваҷҷўҳ ва амал қарор гирифта буд, ки Абўсаиди Худрӣ, ин саҳобии бузург, бинобар нақли сунани Тирмизӣ гуфтааст.
2-"عن ابي سعيد الخدري قال: انا كنا لنعرف المنافقين نحن معشر الانصار ببغضهم علي بن ابي طالب"
"Мо гурўҳи Ансор, мунофиқонро аз ин роҳ мешинохтем, ки душманӣ бо Алӣ ибни Абўтолиб алайҳис-салом доштанд."[13]
Акнун бифармоед оё қабул мекунед, ки бисьёре аз сардмадорони ин ҷангҳои се гона ки ба далели душманӣ бо Алӣ алайҳис-салом шамшер бар рўи он ҳазрат ва пайравонаш кашиданд ва шумо онҳоро саҳобаи гиромӣ мешуморед тибқи лаъни Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мунофиқ буда ва шумо ҳам чун мунофиқро аз саҳоба намедонед, бояд номи муқаддаси саҳобаро аз онон бигиред?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Шумо фақат аз як китоб ҳадис нақл кардед ва мо наметавонем ба далели ин аҳодис, даст аз назарияи қаблии худамон бардорем.
Мавлавӣ Абдуссамад: Бародар Мавлавӣ Муҳаммадумар, ин сухан аз шаъни шумо дур аст. Сунани Тирмизӣ яке аз саҳеҳҳои шашгонаи мост ва мо ҳамаи аҳодиси онро саҳеҳ ва ҳуҷҷати шаръӣ ва қобили амал медонем. Банда ба саҳми худ назарияи бародар Аминиро тибқи ин ҳадис, саҳеҳ ва мантиқӣ медонам. Илова бар ин ки ман ҳадиси муҳимтареро дар бораи душманони Алӣ алайҳис-салом дидаам, дар китоби “Маноқиб”-и Ибни Мағозилии Шофеӣ, Абдуллоҳ ибни Аббос ин саҳобии бузург, нақл мекунад: "Ман назди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нишаста будам, ки ногаҳон Алӣ ибни Абўтолиб бо нороҳатӣ ва хашм ворид шуд ҳазрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Эй мардум, бидонед ҳар кас Алиро озор диҳад, рўзи қиёмат яҳудӣ ё насронӣ мабъус хоҳад шуд ва аслан аз уммати Ислом нахоҳад буд."[14] Бародар Аминӣ, шумо ҳам бояд ба эшон ҳақ бидиҳед, даст бардоштан аз назарияе, ки ҳамеша ба он пойбанд будаем, ҳатто дар баробари далели қотеъ ва ҳуҷҷати шаръӣ, кори мушкиле аст ба ин хотир лутфан барои ҳосил шудани итминони хотир ва маҳкамтар шудани пояҳои ин назария аз китобҳои дигари аҳли суннат ҳам ҳамин ҳадисро нақл фармоед.
Бародар Аминӣ: Бисёре аз муҳаддисон ва таърихнависони бузурги аҳли суннат ин ҳадиси набавиро ба нақл аз бузургони саҳоба, ба монанди, Абдуллоҳ ибни Аббос, Умми Салама, Анас ибни Молик, Абўзари Ғифорӣ, Абўсаиди Худрӣ, Алӣ ибни Абўтолиб ва дигарон нақл кардаанд. Агар бихоҳед ҷои ин ҳадисро дар китобҳои ҳадисии аҳли суннат бидонед ба китоби Маолим-ул-мадрасатайн ҷилди аввал навиштаи Аллома Муртазо Аскарӣ муроҷиат кунед.
Мавлавӣ Ҳофиз: Ман фикр мекунам ин китобро дошта бошам, чун соли гузашта, ки барои хариди китоб ба намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон рафтам, китобҳои зиёде барои китобхонаи мадраса харидам, ин китоб диққати маро ҷалб кард ва харидам то маориф ва ақоиди мазҳаби шиаро аз қалами як олими бузурги шиа бихонам, аммо росташ ҳанўз нахондаам.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: (Бо нороҳатӣ): Шумо ин китобро дар қафасаҳои китобхонаи мадраса гузоштаед?
Мавлавӣ Ҳофиз: Не, барои ин ки ба дасти толабаҳаи нав наафтад, дар мизи дафтари худам нигаҳдорӣ мекунам.
Бародар Аминӣ: Пас лутфан агар ин китоб ҳозир аст биёваред, то мадракҳои ин ҳадисро бароятон бихонам. Мавлавӣ Ҳофиз аз ҷой хест ва аз мизи дафтараш китобро овард ва ба бародар Аминӣ дод. Бародар Аминӣ баъди варақ задани китоб гуфт: Ҷилди аввали ин китоб саҳифаи 100 ҷойҳоеро, ки Алломаи Аскарӣ барои ин ҳадис дар китоби муҳимми ҳадисӣ ва таърихӣ ва риҷолии аҳли суннат ёфтаанд, чунин шумурдаанд:
1-Сунани Насоӣ, ҷ.8.с.116, боби аломатул мўъмин ва боби аломатул мунофиқ, аз китобул имон ва шароити он ва Хасоиси Нисоӣ с.38.
2-Муснади Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ҷ1.с.84-95-128 ва ҷ.6.с.292.
3-Таърихи Бағдод, Хатиби Бағдодӣ ҷ 2.с255 ва ҷ.8.с.417.
4-Ҳилиятул авлиё Абўнаими Исфаҳонӣ, дорул кутуби арабӣ, Лубнон, чопи дуввум, соли 1378 ҳиҷрӣ ҷ.4.с.185.
Абўнаим баъд аз нақли ин ҳадис гуфтааст; "Ин ҳадис саҳеҳ ва мавриди иттифоқ аст".
5-Таърихи Исломи Заҳабӣ ҷ.2.с.198.
6-Ал-Бидоя ван-ниҳоя, Ибни Касир, ҷ.7.с.355.
7-Ал-Истиоб фӣ асмои асҳоб, Ибни Абдулбар, ҷ.6.с.461.
8-Усд-ул-ғоба фӣ маърифати саҳоба, Ибни Асир, дорул Эҳё-ут-турос-ул арабӣ, Бейрут, ҷ.4.с.26.
Ибни Асир ғайр аз ҳадиси мавриди баҳс, ҳадиси дигареро низ дар ин маврид, ин гуна нақл кардааст:
"عن عمار بن ياسر يقول سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله يقول لعلي بن ابي طالب يا علي ان الله عز وجل قد زينك بزينت لم يتزين العباد بزينت احب اليه منها...فطوبی لمن احبك و صدق فيك و ويل لمن ابغضك وكذب عليك فاما الذين احبوك وصدقوا فيك فهم جيرانك في دارك ورفقاؤك في قصرك واما الذين ابغضوك وكذبوا عليك فحق علی الله ان يوقفهم موقف الكذابين يوم القيامة."
"Аммори Ёсир мегўяд: Шунидам, ки Расули Худо барои Алӣ ибни Абўтолиб мефармуд: Эй Алӣ! Ба дурустӣ, ки Худованд туро бо чизе зинат дода, ки касеро беҳтар аз он зинат надодааст... Пас хушо ба ҳоли касе, ки туро дўст дошта бошад ва вой бар ҳоли касе, ки душмани ту бошад ва дар ҳаққи ту дурўғ гўяд. Аммо касоне, ки туро дўст доранд ва дар бораи ту рост мегўянд, пас онҳо ҳамсоя ва рафиқони ту дар биҳишт хоҳанд буд ва аммо касоне, ки бо ту душманӣ карданд ва дар ҳаққи ту дурўғ гуфтанд, ҳақ аст бар Худо, ки онҳоро дар ҷойгоҳи дурўғгўён дар қиёмат нигаҳ бидорад.[15]
9-Канз-ул-уммол фӣ сунанил ақвол вал афъол, Алӣ Муттақӣ ибни Ҳисомуддини Ҳиндӣ, муассисаи Ол-ур-Расул, Бейрут, 1399 ҳиҷрӣ ҷ.11.с.622.р.33027.
Ҳамин ҳадисеро, ки аз Абўсаид нақл кардем Абдуллоҳ ибни Аббос муфассири бузург ва Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ, ки дар 17 ҷанг дар хидмати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буда нақл кардаанд, ки мо мунофиқонро аз душманӣ бо Алӣ мешинохтем.[16] Бародар Мавлавӣ Муҳаммадумар бифармоед, оё ин китоби муҳимми ҳадис ва таърихи бузургони аҳли суннат барои шумо мўътабар аст? Оё ин ҳама мадракҳо барои шумо қонеъкунанда нест? Оё шумо, ки гоҳе дар мавзўе ба як ҳадис дар яке аз ин китобҳо, ё ба назарияи таърихии як таърихнавис аз ин бузургон эътимод мекунед ва бар асоси он назар медиҳед, ин чанд китоби муҳим наметавонад барои шумо қонеъкунанда бошад.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Чаро акнун масъала бароям равшан шуд. Ҳамаи нависандагони ин китобҳо дурўғгў набудаанд, ки қасдан ин ҳадисро ба дурўғ ба Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нисбат бидиҳанд. Иттифоқи ин бузургворон бар нақли ин ҳадиси набавӣ далели он аст, ки ҳазрати Расул ин ҳадисро фармуда ва муҳаббати Алиро нишонаи имон ва душманӣ ва буғзу кинаи ўро нишонаи нифоқ шумурдааст. Бинобар ин, ҳар кас аз мусулмонон, саҳоба ва ғайри саҳоба, ки бо Алӣ душманӣ карда, мунофиқ хоҳад буд. Акнун, ки ман ин матлабро пазируфтам ба далели иттифоқ ва иҷмои ин бузургон дар нақли ин ҳадис аст, ки худ сабаби тавотур ва яқиновар аст. Аммо шикояти ман аз бародар Мавлавӣ Абдуссамад ин аст, ки пеш аз зикри ин маъхаз ва китобҳо чӣ гуна бо нисбати шумо ба ду ҳадис аз сунани Тирмизӣ зуд пазируфтанд?
Мавлавӣ Абдусамад: Мавлоно, агар дидӣ ман зуд пазируфтам ба ду далели қотеъ буд.
Аввал ин ки сунани Тирмизӣ аз муҳимтарин саҳеҳҳои мо аҳли суннат аст ва исми ин китоб, ки саҳеҳ номида шуда ба ин далел аст, ки мо аҳли суннат ҳамаи аҳодиси мавҷуд дар онро саҳеҳ ва қобили амал медонем ва ниёз ба таъйид аз манобеи дигар надорад. Дуввум ин ки вақте бародар Аминӣ он ду ҳадисро нақл карданд, ман мавориди дигареро, ки қаблан мутолиа карда будам ба хотир овардам ва маҷмўан ба сурати ҳадиси мутавотир даромад, ки шумо ҳам онро қонеъкунанда ва ҳуҷҷати шаръӣ донистед.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Шумо то кунун аз куҷо ҳадиси дигареро дар ин мавзўъ медонистед? Агар шумо як мавриди дигар ғайр аз адресҳои бародар Аминӣ, ки қаблан мутолиа кардаед бифармоед, банда қабул мекунам.
Мавлавӣ Абдусамад: Дар ҳамин китоби Муснади имом Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ.6.саҳ.292 ва 323, аз имомҳои чаҳоргонаи аҳли суннат, ин ҳадис дар чанд маврид нақл шудааст. Дар ин ҳангом Мавлавӣ Муҳаммадумар аз ҷой бархост ва ҷилди шашуми китоби муснади Аҳмадро аз қафасаи китобхона бардошт, саҳифаҳоро варақ зад ва ҳамин саҳифаҳоро пайдо кард. Пас аз диққат ва мулоҳиза дар ҳадис, сарро ҷунбонд ва бо ҳолати таъйид гуфт: Аҷабо! Саҳеҳ аст. Мо то ба ҳол ин ҳадисҳоро мутолиа накардаем.
Мавлавӣ Ҳофиз: Ман аз баҳсҳои шумо бисьёр истифода кардам. Матлабе, ки аз даврони таҳсил ба сурати мушкиле дар зеҳни ман монда буд ва ҷуръат намекардам аз устодон бипурсам бароям ҳал шуд. Саволи ман ин буд, ки чӣ тавр ду шахсият зидди ҳам бо ду лашкар бар якдигар шамшер бикашанд, ҳазорон нафарро бикушанд ва ба хуни ҳам ташна бошанд, аммо ҳар дуро мўҳтарам, муқаддас, саҳобии бузургвор ва аҳли биҳишт бидонем? Чӣ гуна мешавад ду шахсиятеро, ки бо огоҳӣ ва шинохт аз ҳадафи шахси муқобил бо ҳам ҷангидаанд, ҳар дуро муҷоҳиди дар роҳи Худо бидонем? Оё Паёмбари бузургвори Ислом борҳо нафармуда буд:
"الحق مع علي و علي مع الحق يدور الحق حيث دار."
"Ҳақ ҳамеша бо Алӣ аст ва Алӣ ҳамеша бо ҳақ аст ва ҳақиқат ҳамеша гирдогирди Алӣ мечархад"[17].
Оё сардорони ҷангҳое, ки бар зидди Алӣ ба по хест аз саҳоба ва ёрони Паёмбар набуданд? Ин суханонро аслан нашнида буданд ва ҳеҷ хабаре надоштанд? Ва агар аз бузургони саҳоба буданд ва медонистанд, ки ҳадафи Алӣ ҳақ ва роҳи Худост, чаро огоҳона бо ҳақ ҷангиданд? Чаро мо онҳоро дар муқобили ин ҷанги огоҳона бо ҳаққу ҳақиқат шоистаи аҷри ухравӣ ва подоши илоҳӣ бидонем? Акнун то ҳудуде мазмуни ҳадиси Паёмбари гиромии Ислом, ки душманӣ бо Алиро нишонае аз нифоқ шуморидааст бароям равшан шуд, чун ҳеҷ диққате барои касоне, ки Алӣ ва мақоми маънавии вайро аз забони Паёмбар борҳо шунида буданд ва огоҳона ба ҷанг бо вай бархостанд, ба назар намерасад. Аммо ман ҳанўз наметавонам дар бораи он даста аз афроди ноогоҳ ва ҷоҳил, ки на Паёмбарро дидаанд ва на ин ҳадисҳои набавиро шунидаанд, қазоват кунам. Онҳо бо фиребкории мунофиқон, ҷазби лашкари душманони Алӣ шуданд ва ба хаёли ин ки роҳи Алӣ ботил аст ва ў аслан қадам ба масҷид намегузорад ва намоз намехонад ва роҳи душманони Алӣ, роҳи Худо ва ҳақ аст, дар лашкари душманони Алӣ ширкат карданд ва бар зидди ҳазрат шамшер кашиданд.
Мавлавӣ Абдуссамад: Бале, инҳо ҷузъи мустазъафоне хоҳанд буд, ки Худованд дар Қуръон фармудааст:
"وآخرون مُرْجَوْنَ لِأَمر الله اِمّا يُعَذِّبَهُم واِمّا يتوب عَلَيْهِم..."
"Гурўҳи дигар ҳам ҳастанд, ки бояд умедвор ба раҳмати Худо бошанд, чун ё ононро азоб хоҳад кард ё бахшиш." Сураи Тавба-106.
Дар ин ҳангом дўсти Мавлавӣ Абдуссамад, ки ба унвони меҳмон, ҳамроҳи Мавлавӣ Абдуссамад дар ҷаласа буд ва то кунун ғайр аз гўш кардани ин баҳсҳо коре накарда буд, лаб боз карду гуфт: "Он лашкариёни душманони Алӣ мустазъаф буданд, аммо мо ки бечора ва мустазъаф нестем, ҳозир ду соат аст, ки инҷо нишастаем ва мудири мадраса фикре барои таоми нисфирўзии мо накард. (Хандаи ҳозирин).
Мавлавӣ Ҳофиз: Ҳоло инҳо шўхӣ буд, аммо ман пас аз вуруди бародар Аминӣ супориш додам, ки таом омода кунанд, чун манзили мо наздики мадраса аст. Акнун, ҳам вақти таом аст ва ман дар хизмати ҳамаи шумо ҳастам ва пешниҳод мекунам, ки барои майли таом биравем. Пешниҳоди дуввуми ман ин аст, ки иншоаллоҳ баъд аз намоз ва хўрдани таом ва миқдоре истироҳат, мехоҳам ин ҷамъ пароканда нашавад ва соате ҳам дар ҳавои мулоими аср биншинем ва бо ҳам сўҳбат кунем, то аз маълумоти якдигар баҳра бурда ва гумонҳои бад бартараф шавад ва мо бародарони динӣ аз назари фикрӣ ба ҳам наздик шавем. Оё мувофиқ ҳастед? Ҳамаи ҳозирон: Бале.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бо пешниҳоди аввал мувофиқед ё дуввум? (Хандаи ҳозирин).
Мавлавӣ Абдуссамад: Бо ҳар ду. Пас аз хушомадгўӣ, ҳамагӣ аз ҷой бархостанд ва пас аз иқомаи намоз дар масҷиди канори мадраса, барои сарфи таоми нисфирўзӣ ба манзили Мавлавӣ Ҳофиз рафтанд. Ду нафар аз ҷой бархостанд ва суфраро паҳн карданд ва таом дар суфра чида шуд.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ Ҳофиз, чаро ин қадар заҳмат кашидед.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ, ҳозир ин таом харҷу заҳмате барои ман надошт. Мо балучҳо расм дорем, меҳмони азизе, ки бар мо ворид мешавад, зуд гўсфанде барои ў зебҳ мекунем. Ин гўштҳо аз ҳамин гўсфанде аст, ки се соат пеш ба ифтихори вуруди шумо фармони зебҳашро додам.[1]-Ад-Дур-ул мансур"-и Суютӣ ҷ.6 дар зери ҳамин оят с.600-606.
[2]-Тафсири Ибни Касир Тафсири ҷ 4.с.308: Ҷалолуддин Суютӣ, Ад-Дур-ул-мансур ҷ.7.с 555, зери ҳамин оят.
[3]-Тафсири Байзовӣ.ҷ 4.с 167.
[4]-Тафсири Ибни Касир ҷ.2.с.388. Сираи набавия"-и Ибни Ҳишом ҷ.4.с.128.
[5] Сираи набавия"-и Ибни Ҳишом ҷ.2.с.332.
[6]-"Сунан"-и Тирмизӣ ҷ.5.с.296.р.3122-5128. Саҳеҳи Ибни Хузайма ҷ.3.с.98. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.2.с.126. "Сунанул-кубро"-и Насоӣ ҷ.1.с.302.р.942.ҷ.6.с.374. р.11273. Муснад"-и Аҳмад ҷ.1.с.305. Мустадрак ҷ.2.с.353. Тафсири Табарӣ ҷ.14.с.32 аз Марвон ва Ибни Аббос бо чаҳор санад. Тафсири Ибни Касир ҷ.2.с.569.
[7]-Ад-Дурул Мансур ҷ.4.с 246, зери ояти 76 Тавба. Тафсири Қуртубӣ ҷ.8.с.209. Тафсири кабири Фахри Розӣ, ҷ.16.с.138, зери ҳамин оят.
[8]-"Ад-Дур-ул-мансур" ҷ.8.с.218 ва дигарон.
"عن ابن عباس قال: كان نبتل بن حرث ياتي رسول الله صلى الله عليه وآله فيجلس اليه فيسمع منه ثم ينقل حديثه الي المنافقين. و هو الذي قال لهم: انما محمد اذن من حديثه شيئا صدقه."
Ад-Дур-ул-мансур ҷ.4.с.227.
[10]-Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.1.с.225.ҷ.3.с.7. Саҳеҳи Муслим ҷ.3.с.10. "Китобул муснад"-и Шофеӣ с.65. "Муснад"-и Аҳмад ҷ.3.с.370. Тафсири Табарӣ ва дигарон.
[11]-Тафсири Ад-Дур-ул мансур ҷ.4.с.243.
[12]-Канз-ул-уммол ҷ.1.с.169.р.856. Саҳеҳи Муслим ҷ.8.с.123. “Муснад”-и Аҳмад ҷ.4.с.320 ва дигарон.
[13]-Сунани Тирмизӣ, боби Маноқиби Алӣ ҷ.5.с.298-299.ҳадиси-3800-3801. Хатиби Табрезӣ Мишкотул масобеҳ, боби маноқиб ҷ.3.с.1722.р.6091. Канз-ул-уммол ҳадиси-33027. Ин ҳадисро Муслим низ дар саҳеҳаш ривоят карда ва яке аз мутавотиртарин аҳодис мебошад.
[14]-Ибни Мағозилӣ, Маноқиби Алӣ ибни Абўтолиб с.52.ҳадиси-76.
[15]-Усдул Ғоба, ҷ.4.с.23.
[16]-Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ, боби касе, ки дўст дорад ва касе ки кина дорад ба ў ҷ 9.с.133 Канз-ул-уммол, Муттақии Ҳиндӣ, ҷ.13.с.106.ҳадиси-36346.
[17]-Маноқиби Алӣ ибни Абўтолиб, с.244. Мустадраки Ҳокими Нишопурӣ китоби Маърифат-ус-саҳоба ҷ.3.с119. Таърихи Бағдод ҷ.14.с.321. Канз-ул-уммол ҷ.11.с.621.р.33018. Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.7 боби он чӣ ки дар ҷанги Ҷамал ва Сиффин ва ғайра гузашт ҷ.9.с.235 боби ҳақ бо Алӣ разияллоҳу анҳу с.134.