Ҷаласаи Севум |
|
Субҳи рўзи баъд ҳамагӣ барои хўрдани субҳона қасди рафтан ба сўи нахлистони (хурмозор) Мавлавӣ Муҳаммадумар кардем, ки дар канори он ободӣ қарор дошт. Абдулҳамид писари ҷавони Бародар Мавлавӣ Муҳаммадумар ба фармони падараш бо суръати қобили тақдире болои нахл (дарахти хурмо) рафт ва миқдоре хурмои тозарасро чид ва миёни суфра гузошт. Пас аз хўрдани субҳона ҳама омодаи идомаи мубоҳисаи дўстона ва мунозираи олимонае шуданд, ки дур аз чашми мардум ва холӣ аз таассубот ва лаҷоҷатҳо анҷом мегирифт ва воқеан таъми мубоҳисоти дўстонаи илмиро ҳама чашида буданд.
Оятҳое дар бораи адолати саҳоба
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Бародар Аминӣ, шаби гузашта бо худам ғавғое доштам. Вақте ба болин рафтам, тамоми музокирот пеши чашмонам мегузашт. Матлаби шуморо арзёбӣ ва бо дидгоҳҳо ва андешаҳои гузаштаи худ муқоиса мекардам. Гоҳе эҳсос мекардам пазируфтани баъзе аз матолиби шумо барои ман ва бисёре аз ҳаммаслакон, дўстон ва атрофиён, душвор аст. Аммо баъд ба хотирам мерасид, ки дар баробари ин дўстони нимаолим ё мардуми ҷоҳил, олимони бузург, муфассирон, муҳаддисон ва тарихнависони мўътабарӣ аҳли суннат, ин матолибро гуфтаанд, ба худ мегуфтам, ки муқаллиди гурўҳи аввал бошем ё дуввум ё ҳеҷ кадом ва танҳо як муҳаққиқи бетараф бимонам? Хеле аз масоил бароям ҳал шуд.
Аммо матолиби тозае ба зеҳнам расид, ки ниёз ба таҳқиқ ва посух дошт. Он матолиб оят ва аҳодисе аст, ки дар бораи фазилати ҳамаи саҳоба ба дасти мо расидааст. Имрўз субҳи зуд пас аз намоз ба китобхонаам рафтам ва китобҳои мавриди назарро варақ задам ва шуморе аз ин оятҳо ва ҳадисҳоро ҷамъоварӣ ва дар варақ навиштам, ҳосили ин оятҳо ва аҳодис ин аст, ки тамоми ин таърихҳо ва ҳадисҳое, ки ҷурмҳоеро аз баъзе саҳоба нақл кардаанд, бояд нодида бигирем ё ҳамаро инкор кунем ва бигўем ҳама дурўғ будаанд ва ё ҳадди ақал бояд тааббудан бар асоси онҳо қазоват накунем.
Бародар Аминӣ: Аввалан, агар бифармоед худи ин муҳаддисон ва таърихнависон бар зидди саҳоба дурўғ сохтаанд, ночоред тамоми уламои бузурги таърихи аҳли суннатро дурўғгў бидонед, чун ҳеҷ китоби таърих, ҳадис ва тафсир холӣ аз баъзе ин матолиб нест ва агар бифармоед инҳо саҳеҳ нақл кардаанд, аммо ровиёни аслӣ дурўғ сохтаанд, бояд бидонед ин уламо тамоми ин ҷараёнҳоро аз саҳобаҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл кардаанд. Бинобар ин, бояд худи саҳобаро дурўғгўёне бидонед, ки бар зидди якдигар айбҳоеро нақл кардаанд ва маълум аст, ки ҳеҷ як аз ин ду роҳро нахоҳед рафт ва ночоред ҳамаро саҳеҳ бидонед. Дуввуман, агар ин ривоятҳо ва таърихҳо, саҳеҳ ва нишондиҳандаи воқеиятҳост, бояд бар асоси воқеиятҳо қазоват кард, чун қазовати бар хилофи воқеъ, аз гуноҳони кабира аст.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бифармоед чӣ роҳи ҳалле биҷўем?
Бародар Аминӣ: Бояд он оятҳо ва аҳодисеро, ки шумо ҷамъоварӣ кардаед, мулоҳиза кунем ва дар онҳо бияндешем, шояд он маъное, ки то кунун барои онҳо кардаанд саҳеҳ набошанд ва ин оятҳо ва аҳодис ҳеҷ гуна зиддияте бо таъйиди ин воқеиятҳои таърихӣ надошта бошанд.
Мавлавӣ Абдуссамад: Роҳи ҳалли хубе аст. Бародар Мавлавӣ, он чиро ёддошт фармудаед бихонед то баррасӣ кунем.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Аввалин ояти шарифае, ки далолат бар адолати саҳоба дорад, ин оят аст:
"كنتم خير امة اخرجت للناس تأمرون بالمعروف وتَنْهَوْن عن المنكر وتؤمنون بالله ولو آمن اهل الكتاب لكان خيرا لهم منهم المؤمنون واكثرهم الفاسقون."
"Шумо беҳтарин умматед, ки барои мардум хориҷ шудед, чун амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва имон ба Худо доред ва агар аҳли китоб имон меоварданд барояшон беҳтар буд. Баъзе аз онҳо мўъминанд ва бештарашон фосиқ ҳастанд." Сураи Оли Имрон-110.
Бародар Аминӣ: Мавлоно, ман намедонам куҷои ин оят далолат бар адолати ҳар як аз саҳоба дорад? Банда ҷаласаи гузашта тавзеҳоте дар ин бора додам.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Он тавзеҳот хеле дар зеҳнам намондааст ва шояд қонеъкунанда набуд. Ба ҳар ҳол, мухотабони ин оят ба таври мусаллам саҳобаи гиромии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд ва вақте Худованд онҳоро беҳтарини инсонҳо муаррифӣ кардааст, табиатан бояд одил бошанд.
Бародар Аминӣ: Аввалан, бисёре аз муфассирони гиромии аҳли суннат аз қабили Фахри Розӣ, Заҷҷоҷ ва Қаффол, мухотаби ин оятро ҳамаи уммати Ислом дар даврони қарнҳо ва асрҳо дониста ва гуфтаанд: Фарқе байни ин оят ва ояти:
"كتب عليكم القصاص" ва "كتب عليمكم الصيام"
“Қасос гирифтан ва рўзаро бар шумо воҷиб гардонид”, нест. Бинобар ин агар ин оят далолат бар адолати мухотабон дорад, бояд ҳамаи яко яки уммати исломиро то рўзи қиёмат одил бидонед, оё шумо воқеан ҳамаи мардуми мусулмони дунёро одил медонед?[1]
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, мо ҳамаро одил намедонем, аммо баъзе муфассирон мухотабони ин оятро фақат саҳоба донистаанд.
Бародар Аминӣ: Аввалан, дар ояте, ки чанд назария вуҷуд дорад, оё метавонед як назарияро бедалел интихоб кунед ва муддаӣ шавед, ки ҳатман манзури Худованд ҳамон будааст, махсусан бо таваҷҷуҳ ба ин ки он назария далел надошта бошад ва назарияи муқобилаш дорои ду далели маҳкам бошад, ки Қаффол ба он ду далел истинод кардааст?
Далели аввал он ки мухотаби ҳамаи оятҳо, ки ба ин шакл ва равиш аст, ҳамаи уммати Ислом аст ва ҳеҷ қаринае бар ихтисосӣ будани он ба саҳоба вуҷуд надорад.
Далели дуввум он ки калимаи уммат ба ҳамаи пайравони як дин гуфта мешавад на ба як гурўҳи хос. Аммо агар калимаи “уммати даъват”-ро дар назар бигиред, махсуси гурўҳе аст, ки ба василаи Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба дини Ислом даъват шудаанд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар сарро ба аломати қабул ҷунбонд ва қонеъ шуд.
Бародар Аминӣ: Дуввуман, бар фарз, ки мухотабони оят саҳоба бошанд ва ин оят саҳобаро беҳтарини инсонҳо бидонад, бо ин ҳол ин оят танҳо аз се ҷиҳат ононро беҳтар шуморида аст:
1-Амри ба маъруф,
2-Наҳйи аз мункар,
3-Имон ба Худо,
Аммо ҳеҷ гуна бартарии дигаре барои саҳоба қоил нашудааст то далолат бар адолати онҳо кунад.
"فعلم ان خيرية الامة وفضلها علی غيرها تكون بهذه الامور الامر بالمعروف والنهي عن المنكر و الايمان بالله"
"Пас дониста мешавад беҳтар будан ва фазилати уммат бар дигар умматҳо ба хотири амри маъруф ва наҳйи мункар ва имон ба Худованд мебошад."[2]
Севвуман, бар фарз, ки ин оят тамоми бартариҳо, камолот ва адолатро барои саҳоба исбот карда бошад, аммо барои онҳо се шарт гузоштааст ва танҳо он саҳобагоне, ки ба ин се шарт амал карданд одил ҳастанд. Аммо маълум аст, ки ҳамаи саҳоба ба таври яксон ба майдони амри маъруф ва наҳйи мункар ворид намешуданд, балки он чунон, ки теъдоде аз муфассирони аҳли суннат навиштаанд, баъзе кўтоҳӣ мекарданд.
"عن قتادة قال: ذكر لنا ان عمر بن الخظاب قال في حجة حجها ورای من الناس زعة سنة فقرأ هذه الآية ثم قال: يا ايها الناس من سره ان يكون من تلك الامة فليود شرط الله منها-عن مجاهد قال: كنتم خير الناس للناس علی هذا الشرط."
Қутода мегўяд: Ба мо гуфта шуд, ки Умар ибни Хаттоб дар сафаре, ки ба ҳаҷ рафта буд ва аз мардум беадабӣ мушоҳида кард, ҳамин ояти мавриди баҳсро хонду гуфт: Эй мардум ҳар, ки дўст дошта бошад, ки ҷузви ин хайри уммат бошад, пас шартеро, ки Худо дар он қарор дода (амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар)-ро ҳамроҳ бо амал ба он, дўст дошта бошад. Муҷоҳид гуфта, ки: "Беҳтарини уммат будед" барои мардум ба ин шарт (амри ба маъруф ва...) мебошад.[3]
Чаҳорум, чанде аз муфассирон ин оятро махсуси муҳоҷирон дониста ва бақияи асҳоби ансорро хориҷ медонанд, чун мавзўи хуруҷ дар оят омадааст.
"قال ابن عباس: هم الذين خرجوا معه من مكة."
"Ибни Аббос мегўяд: Онҳо касоне ҳастанд, ки ҳамроҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз Макка хориҷ шуданд."[4]
Панҷум, он ки чанде аз муфассирон ҳам, ки хостаанд ин оятро далеле бар фазилати саҳоба қарор диҳанд нагуфтаанд, ки ин оят адолати ҳамаи асҳоби гиромиро собит мекунад, балки гуфтаанд, то вақте, ки бо ҳам ҷамъ бошанд ва иттифоқ намоянд, иҷмои онҳо ҳуҷҷат аст.
"احتج اصحابنا بهذه الآية علی ان الاجماع الامة حجة."
"Муфассирон ба ин оят бар ҳуҷҷат будани иҷмоъ истидлол кардаанд."[5]
Шумо мулоҳиза бифармоед ҳуҷҷат будани иҷмои саҳоба куҷо ва адолатиҳ кадом аз саҳоба куҷо? Акнун бифармоед бо таваҷҷўҳ ба ин панҷ ишколе, ки мувофиқи назари муфассирони аҳли суннат дар далолати ин оят вуҷуд дорад, оё боз ҳам мефармоед ин оят далеле бар адолати саҳоба аст?
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Мавлавӣ, ба назари шумо ишколе дар суханони Бародар Аминӣ ба назар мерасад?
Мавлавӣ Муҳаммадумар ва Абдуссамад: Не, бисёр мантиқӣ ва боистидлол буд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Дуввумин ояте, ки далел бар адолати саҳоба шуморида шуда ин ояти шарифа аст:
"وكذلك جعلناكم امة وسطا لتكونوا شهداء علی الناس ويكون الرسول عليكم شهيدا..."
"Ва инчунин шуморо уммати миёна қарор додем то шоҳидон (гувоҳ) бар мардум бошед ва Паёмбар шоҳид бар шумо бошад." Сураи Бақара-143.
Агар диққат кунед хитоби ин оят саҳоба буда ва онҳоро уммати миёна қарор додааст, ба ин маъно, ки заррае ба тарафи зиёдарави ва камрави майл надоранд ва муътадил зиндаги мекунанд, яъне одил ҳастанд. Бародар Аминӣ, агар ояти қабли далолат надошт, далолати ин оят бар адолати саҳоба комилан равшан аст.
Бародар Аминӣ: Аз тавзеҳоте, ки дар ояти пеш додам, шояд бародарони ҳозир дар ҷаласа, таваҷҷўҳ бар ишколоти далолати ин оят шуда бошанд.
Мавлавӣ Абдуссамад: Бале, банда фаҳмидам. Агар иҷозат фармоед, тавзеҳ диҳам?
Бародар Аминӣ: Марҳамат бифармоед.
Мавлавӣ Абдуссамад: Зоҳири мухотаби ин оят ҳам ҳамаи уммати Ислом аст, чун зоҳири калимаи уммат ҳамаи пайравони як дин аст ва ҳеҷ наздикӣ ва шоҳид дар оят бар махсуси саҳоба будани он вуҷуд надорад. Бинобар ин, агар оят далолат бар адолати мухотабон дорад, бояд қабул кунем, ки ҳамаи уммати Ислом одиланд, ҳамчунон, ки Фахри Розӣ муфассири бузург дар ин оят матлабро ба равшанӣ гуфтааст.
"قوله تعالی (وكذلك جعلناكم امة وسطا...) خطاب لجميع الامة اولها وآخرها من كان منهم موجودا وقت نزول هذه الآية ومن جاء بعدهم الی قيام الساعة كما ان قوله (كتب عليكم الصيام..) و(كتب عليكم القصاص...) يتناول الكل ولا يختص بالموجودين وكذلك ساير تكاليف الله تعالي واوامره وزواجره خطاب لجميع الامة."
"Ояти мавриди назар мисли бақия оятҳо ва амр ва наҳй махсуси касоне, ки дар он замон будаанд нест, балки ҳамаи уммати Исломро дар бар мегирад... [6]
Мавлавӣ Ҳофиз: Илова бар ин ба назари ман аслан ин оят иртибот ба хубӣ ва фазилати мухотабон надорад, балки иртибот ба афзал, мутаодил ва миёна будани дини Ислом нисбат ба бақияи динҳо дорад. Бародар Мавлавӣ Муҳаммадумар, ки он гуна оятро маъно карданд сабабаш ин аст, ки ба ояти пеш ва баъди ин ояти шарифа таваҷҷўҳ накарданд, чаро ки баъд аз ин оят чунин омада аст.
"...وما جعلنا القبلة التي كنت عليها الا لنعلم من يتبع الرسول ممن ينقلب علي عقبيه..." ки иртибот ба тағйири қибла дар замони Расули Худо аст ҳам чунон, ки ояти пеш:
"سيقول السفهاء من الناس ما ولّيهم عن قبلتهم..."
Бо иртибот ба тағйири қибла аст. Худованди Карим пас аз фармони тағйири қибла аз Байтул Муқаддас ба Маккаи Муаззама ин оятро ба унвони дилдории Расулаш нозил карда, то ҳамагон бидонанд ин тағйири қибла яке аз бартариҳои ин дини шариф ва нишонае аз миёнарав будан ва нарафтан ба тарафи зиёдаравии насрониҳо дар масъалаи охират ва зўҳду камравии яҳуд ва гароиши онҳо ба моддиёт ва қиблаи яҳудиён аст. Ҳамчунон, ки Рашид Ризо муфассири бузург ва устодаш Муҳаммад Абдўҳ дар тафсири Ал-Манор ва низ Табарӣ дар тафсири худ аз Зуҳайр ин матлабро, ки мо ба он ишора кардем, нақл кардаанд.[7]
Бинобар ин, оят фақат яке аз бартариҳои дини мусулмононро тавзеҳ медиҳад, на фазоили саҳобаро.
Бародар Аминӣ: Офарин, гарчӣ бародар Мавлавӣ Ҳофиз, кам сўҳбат мекунанд, алҳамду лиллоҳ ба далели ошноӣ ба пешу паси оят бисёр хуб маънои оятро мефаҳманд, мо ҳам аз шумо муташаккирем.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Агар дуруст бошад, ки аз тавзеҳоти ояти қабл дар ин ҷо ҳам истифода кунем, ишколи дигаре низ ба зеҳни ман мерасад. Бар фарз, ки мухотабони оят саҳоба бошанд ва оят бихоҳад миёнарав будани онҳоро собит кунад, танҳо ба ин андоза далолати яқинӣ дорад, ки ҳар гоҳ саҳоба ба сурати дастаҷамъӣ назарияеро доданд, суханашон ҳақ ва барои дигарон ҳуҷҷат аст, яъне иҷмои саҳоба ҳуҷҷат аст. Аммо ҳеҷ ҷои оят далолат надорад, ки ҳар кадом аз саҳоба агар ба танҳоӣ сухане бигўянд, ҳатман одилона ва саҳеҳ сухан гуфта ва кору рафторашон ҳам ҳамеша одилона ва дуруст бошад.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ Муҳаммадумар, воқеан матлаби дақиқеро фармудед ва бисёр ҷолиб буд, иттифоқан баъзе аз муфассирони бузурги аҳли суннат ҳам ҳамин матлабро фармуданд, масалан Фахри Розӣ дар зери ин оят мегўяд:
"فان قيل الاية متروكة الظاهر لان الوصف الامة بالعدالة يقتضي اتصاف كل واحد بها وخلاف ذلك معلوم بالضرورة فلا بد من حملها علی البعض... الجواب: فان الاية يقتضي انه تعالی جعل كل واحد منهم عند اجتماعه مع غيره بهذا الصفة فانه خطاب لمجموعهم لا لكل واحد منهم وحده...وهذا معنی ما قال العلماء... المراد انه لابد وان يوجد فيما بينهم من يكون بهذه الصفة."
Аввалан аз тарафи як ишколгиранда ин назарияро нақл мекунад, ки: Чун медонем чанде аз уммат ва мухотабони оят одил набудаанд ночорем бигўем, ки мухотабони оят баъзе аз онҳо будаанд. Баъд ҷавоб медиҳад: Не гарчӣ баъзе одил буда ва баъзе набудаанд, ҳамон шахси ғайри одил ҳам ҳар гоҳ сухане ҳамроҳ бо дигар мухотабон бигўяд, саханаш ҳақ ва мутобиқи воқеъ хоҳад буд.[8]
Бинобар ин, эшон бо ишколгирандаи худ дар ин замина мувофиқанд, ки ин ояти шарифа далолат бар адолат ва мўътадил будани ҳар шахс аз мухотабонро надорад.
Илова бар ишколоти сегонае, ки фармудед, ишколи чаҳоруме ҳам ҳаст ва он ин ки лафзи “васат” маъноҳои зиёде гуфта шудааст, масалан тафсири Табарӣ чунин навишта аст, васат дар каломи араб ба маънои беҳтар аст ва аз Ибни Зайд нақл кардааст, ки маънои васат дар ин оят он аст, ки уммати Ислом воситаи байни Паёмбари Акрам ва дигар умматҳо ҳастанд. Ҳоло бо таваҷҷўҳ ба маъноҳои зиёде, ки барояш шудааст чӣ далеле дорем, ки яқинан иддао кунем, лафзи васат дар ин оят ба маънои адолат аст. Агар воқеан далеле вуҷуд дорад, бифармоед то мо ҳам истифода кунем?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, далели хоссе надорем, фақат чун толибҳо ва муллоҳои мо ин оятро гоҳе мехонанд ё менависанд ва ҳамин маъноро нақл мекунанд, бо зеҳни мо ошно шудааст.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ҳоло аз ин ду оят гузарем, севвумин ояте, ки далолаташ бар адолати саҳоба равшан аст ва ҳатто Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ҳам дар аввали китоби Ал-Исоба[9] ба он истидлол карда, ояти байъати Ризвон аст:
"لقد رضي الله عن المؤمنين اذ يبايعونك تحت الشجرة فعلم ما في قلوبهم فاَنزل السكينة عليهم واَثابهم فتحا قريبا."
"Ҳамоно Худованд аз мўъминон розӣ шуд, чун зери он дарахт бо ту байът карданд ва Худованд он чӣ дар дили онҳо аст медонист, пас оромишро бар дили онон фуруд овард ва пирўзии наздик (фатҳи Макка)- ро ба онон подош дод." Сураи Фатҳ-18.
Диққат фармоед вақте Худованд хушнудии худашро аз мўъминон ва саҳобае, ки дар ҷараёни сулҳи Ҳудайбия бо он ҳазрат зери дарахти самура байъат карданд эълон кунад, чӣ ҷои шак ва гуфтугў боқӣ мемонад, ки онон болотарин мақоми адолатро надошта бошанд? Ман эътиқод дорам, ки эълони ризояти Худованд аз як гурўҳ, зарурати адолати онон аст. Чун мумкин нест Худованд нисбат ба фосиқон эълони ризоят кунад.
Бародар Аминӣ: Ман равшан эълон мекунам, ки мо ба ҳеҷ сурат инкори фазилати бузурги байъати Ризвон барои он саҳобаи гиромӣ нестем, балки онро тавфиқи бузург медонем, ки насиби онон шудааст ва дар он шароити сахт бо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам байъат карданд ва мо ба ҳоли онҳо ҳасрат мехўрем. Аммо он чӣ интизори мост, диққати шумо бародарон бар калимот ва маъноҳои ин оят ва оятҳои қабл аст, то ба ҳамон андоза, ки оятҳои шариф далолат доранд эътиқод пайдо кунем ва беш аз онро ба Қуръони Карим нисбат надиҳем.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Мо ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ бо диққат дар оят мухолиф нестем, балки тадаббуру тафаккур дар оятҳои Қуръонро яке аз бузургтарин вазифаҳои худ медонем. Албатта иддао намекунем, ки тамоми зарофатҳои ин ояти шарифаро фаҳмидаем. Аз баррасӣ ва диққати шумо дар ду ояти пеш фаҳмидем, ки бояд аз диққат ва тадаббури ҳазрати олӣ истифода кунем.
Бародар Аминӣ: Аввалан, шумо истидлоли олими бузург Ибни Ҳаҷари Асқалониро ба ин оят шоҳиди сиҳҳати ин истидлол шумурдед. Агар бидонед, ки ин олими бузургвор дар ҳамон саҳифаҳои аввали китоби Ал-Исоба,[10] ки ба ин оят истидлол карда ба ду ояти қабл ҳам истидлол кардааст, хоҳед дид, ки истидлол ин бузургон наметавонад боварӣ ба сиҳҳати он истидлолҳоро ба мо бирасонад.
Маввлави Ҳофиз нигоҳе ба Мавлавӣ Муҳаммадумар андохт ва бо ҳолати тааҷҷубовар гуфт: Аҷаб! Он ду оят ҳам аслан робита бо адолати саҳоба надошт.
Бародар Аминӣ: Дуввуман, ин оят фазилати байъати Ризвонро барои камтар аз ду дар сад аз саҳоба собит мекунад ва натиҷа 98 дар сади саҳоба аслан дохил дар оят намешаванд ва оят ҳеҷ робита ба онон надорад, чун адади саҳобаи ҳозир дар баъати Ризвон ҳадди аксар мувофиқи назарияи бисёре аз муфассирони аҳли суннат аз ҷумла Муроғӣ[11] муфассири бузурги аҳли суннат ва Ҷалолуддини Суютӣ[12] ҳофизи бузург ва нависандаи тафсири Руҳул баён мегўяд:
"وكانت عدة المؤمنين الفا واربعمائة علی الاصح عند اكثر المفسرين."
"Адади мўъминон ҳазору чаҳорсад нафар буд, ин дурусттарин сухан назди бештарини муфассирон аст."[13]
Ва Олусӣ дар Руҳ-ул-маонӣ[14] 1400 нафар гуфтааст. Аммо адади ҳамаи саҳоба мувофиқи назари Абўзаръа, ки Ибни Асир аз ў нақл кардааст, сад ҳазор нафар ва мувофиқи назари дигарон миқдоре камтар ё бештар буда аст.[15] Акнун бифармоед, ки оё саҳеҳ аст гуфта шавад ояте, ки дар хусуси ду фоиз аз саҳоба нозил шудааст адолати 98 фоизи дигарро ҳам собит мекунад?
Мавлавӣ Ҳофиз: Хеле матлаби ҷолибе буд. Ман аслан то кунун таваҷҷўҳ ба ин матлаб надоштам ва ҳамеша ин оятро худам борҳо ва борҳо ба унвони далел бар адолати саҳоба ва хубии ҳамаи саҳоба дар мавъизаҳо ва хутбаҳои намози Ҷумъа матраҳ кардаам.
Бародар Аминӣ: Севвуман, Худованд дар ин ояти шарифа хушнудии худро аз ҳамаи аъмол ва рафторҳои он гурўҳ аз саҳоба эълон нафармудааст, то натиҷа бигиред, ки ҳамаи корҳояшон одилона буда ва одил будаанд. Балки фармудааст: Яъне фақат байъати онҳо сабаби хушнудии Худо шуда ва Худованд ҳеҷ кори дигари ононро дар ин оят матраҳ накарда то хушнудии худро аз он аъмол ҳам эълон карда бошад.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Куҷои ин ояти шарифа фармуда, ки сабаби хушнудӣ, фақат байъати онон буда аст ва кадом муфассир то кунун ин матлабро фармудааст.
Мавлавӣ Абдуссамад: Агар иҷозат диҳед ман чун пеш аз ин таҳқиқе дар заминаи ин оят доштаам ҷавоби мавлоноро бидиҳам?
Бародар Аминӣ: Марҳамат бигўед.
Мавлавӣ Абдуссамад: Лафзи "из" дар забони араб барои сабаб аст ва иллату сабаби як корро тавзеҳ медиҳад. Ин ояти шарифа ҳам пас аз эълони хушнудии Худованд аз мўъминон фармудааст
"اذ يبايعونك تحت الشجرة..."
Яъне ба сабаби байъат, Худованд хушнуд шуд. Олусӣ муфассири бузург дар тафсири Руҳул маонии худ, ҳамин матлабро бо истидлоли зарифи адабӣ баён кардааст:
"وهو (الرضا) مع (عن) انما يدخل علی العين لا المعنی ولكن باعتبار صدور معنی منه يوجب الرضا وما في الآية من هذا القسم والمعنی الموجب الرضا فيها هو المبايعة."
Калимаи ризо (الرضا) ҳар вақт ҳамроҳи аз (عن) биёяд танҳо бар вуҷуди хориҷӣ (мўъминин, дар ин оят) дохил мешавад на ба маъно, (ки байъат кардан аст), вале ба хотири судури маъно (яъне ҳамон байъат) аз он айн (аз мўъминон) сабаби ризоят мешавад ва ин оят аз ин қисм мебошад ва чизе, ки дар ин оят сабаби ризоят шудааст, байъат мебошад.[16]
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Сухани ҷолибе буд, аз Бародар Мавлавӣ Абдуссамад муташаккирам, аммо ба ҳар ҳол ин оят, фазилати хушнудии илоҳӣ аз байъатро барои ин ду дар сад аз саҳоба собит карда, ҳамеша дар дунё ба он муфтахар буда ва дар охират ҳам ба он муфтахаранд, чун эълони омодагии фидо кардани ҷонашонро барои Ислом кардаанд ва ба яқин ҷойгоҳашон биҳишт аст. Бинобар ин, бояд мавриди эҳтироми мо бошанд.
Бародар Аминӣ: Бале, ин ифтихори бузурге аст, ки насиби онон шуда, гарчӣ бузургтарин ифтихор нест, чун бинобар аҳодиси муҳаддисон ва бузургони аҳли суннат:
"ولم نبايعه علی الموت ولكن بايعناه علی اَنْ لانفر."
"Байъат барои фидокорӣ ва ҷонфишонӣ накардаем, балки фақат барои нагурехтани аз майдони ҷанг байъат кардем."[17]
Албатта орзуи қалбии мо ин аст, ки ҳар мусулмоне, ки ба фазилате расид он фазилат барояш собит бимонад ва бо гуноҳони баъдӣ ё шикастани байъат ва паймони қаблӣ, худро мустаҳиққи азоб нанамояд. Банда ҳам хеле хушҳолам, ки ҳамаи ҳозирон дар байъати Ризвон инчунин зиндагӣ карда бошанд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Аз суханонатон истифода мешавад, ки ҳазрати олӣ зимни таъйиди ин фазилат, эҳтимоли аз байн рафтани онро барои баъзе аз он саҳоба дар идомаи зиндагиашон пас аз байъат мўътақид ҳастед. Магар мумкин аст ин фазилати бузурге, ки китоби Худо онро собит кардааст аз баъзеи онон гирифта шуда бошад?
Бародар Аминӣ: Бале мумкин аст, албатта банда дар садади ин нестам, ки собит кунам чанд нафар аз ҳозирон дар байъати Ризвон паймоншиканӣ кардаанд ва аз баъзе фармонҳои Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи вва олиҳ сарпечӣ карда ва дар гурўҳи Нокисин яъне паймон шиканон, паймон шиканоне шуданд, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ваъдаи ҷанг бо ононро ба Алӣ алайҳис-салом дод ва фармуд: Алиҷон ту баъди ман бо Нокисин (паймоншиканон) хоҳӣ ҷангид.
"عن ابن مسعود: قال النبي صلى الله عليه وآله يا ام سلمة هذا والله قاتل القاسطين والناكثين والمارقين من بعدي"
"Ҳамчунин он Ҳазрат ба умми Салама фармуд: Савганд ба Худо, ки ин Алӣ кушандаи се гурўҳ Қоситин, Нокисин ва Мориқин баъд аз ман хоҳад буд."[18]
Мавлавӣ Абдуссамад: Бале, агар вориди таҳқиқи таърихи ин мавзўъ шавем, ки кадом як аз саҳоба бо ҷангидан бо ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳ аз гурўҳи Нокисин ва паймоншиканон шуданд, хелеҳо дохил дар ин гурўҳ хоҳанд шуд.
Бародар Аминӣ: Иҷозат диҳед вориди ин баҳс нашавем, фақат пешниҳод мекунам, агар касе моил аст нисбат ба амали мусбат ва манфии ҳозирон дар байъати Ризвонро бидонад ба зиндагиномаи ин афрод дар китобҳои тарҷумаи ҳол ва зиндагиномаи саҳоба монанди Ал-Истиоб ва Ал-Исоба ва Усд-ул-ғоба муроҷиат кунанд.
Мавлавӣ Ҳофиз: Ҳозир, ки шумо баҳс мефармудед ман дар андеша будам, ки оё оятҳои пеш ва баъди ин ояти шарифа шоҳидҳо ва қаринаҳо бар равшан шудани мақсади Худованд аз ин оят надорад?
Аз чанд ояти пеш, ки сар кардам, ояти байъати Ризвонро аз зеҳни худ гузарондам ва дидам иттифоқан Худованд дар ҳамин байъати Ризвон мавзўи Нокисин ва паймоншиканонро матраҳ кардааст. Гўё Худованд дақиқан пешбинӣ кардааст, ки баъзе аз ҳамин байъаткунандагони байъати Ризвон, паймони худро хоҳанд шикаст. Худованд дар ояти 10 ҳамин сураи Фатҳ мефармояд:
"ان الذين يبايعونك انما يبايعون الله يد الله فوق ايديهم فمن نكث فَإنما ينكث علی نفسه ومن اوفی بما عاهد عليه الله فسيؤتيه اجرا عظيما."
"Онон, ки бо ту байъат мекунанд, ҳамоно бо Худо байъат мекунанд, чун дасти Худо болои дасти онҳо аст, аммо ҳар кас байъатро бишканад бар зарари худ шикастааст ва ҳар кас, ки ба аҳди Худованд амал кунад ба зудӣ Худованд подоши бузурге ба онон хоҳад дод."
Бародар Аминӣ: Ончӣро ба таври хулоса аз ин баҳс истифода мекунем он аст, ки чанде аз он гурўҳи саҳоба, ки дар байъати Ризвон байъат кардаанд ва сипас паймони худро ҳаргиз нашикастаанд, на дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламва на дар замони хилофати Алӣ алайҳис-салом дохил дар гурўҳи Нокисин нашудаанд, Худованд аз байъати онон хушнуд аст ва подош ва аҷри фаровони ухравӣ ба онон хоҳад дод. Аммо ин матлаб ҳеҷ иртиботе бо адолат ва бо ҳамаи саҳоба надорад.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Чаҳорумин ояте, ки барои адолати ҳамаи саҳоба, балки қадосати тобеин (насли дуввуми мусулмонон, ки саҳобаро дидаанд) ва ҳуҷҷияти назари онон ба он истидлол шудааст, ин ояти шарифа аст:
" والسابقون الاولون من المهاجرين والانصار والذين اتبعوهم باحسان رضي الله عنهم ورضوا عنه وَاَعد لهم جنات تجري تحتها الانهار خالدين فيها ابدا ذلك الفوز العظيم."
"Аввалин гурўҳ аз муҳоҷирон ва ансор ва низ касоне, ки ба некӣ аз онон пайравӣ карданд Худованд аз онон хушнуд шуд ва онон низ аз Худованд розӣ шудаанд ва Худованд барои онҳо боғҳое омода кардааст, ки аз зери онҳо ҷўйҳо равон аст, ҳамешагӣ дар биҳишт хоҳанд буд ва ин растагории бузург аст." Сураи Тавба-100.
Мулоҳиза фармоед вақте Худованд аз ин саҳобаи гиромӣ розӣ бошад ва ононро ҷовидона дар биҳишт ҷой диҳад, оё одил нестанд ва фосиқ ва фоҷиранд ва набояд ба онҳо эҳтиром бигзорем?
Бародар Аминӣ: Бо таваҷҷўҳ ба баррасии оёти гузашта оё ба назари шумо ишколе дар истидлол ба ин оят мушоҳида намешавад?
Агар ба назаратон мерасад бифармоед?
Мавлавӣ Абдуссамад: Аввалин ишколе, ки ба назар мерасад он аст, ки ин ояти шарифа дар шаъни ҳамаи саҳоба нест, балки марбут ба аввалин гурўҳ аз муҳоҷирон ва ансор ва тобеин аст. Албатта намедонам адади он гурўҳҳои аввал чанд нафар ва чанд фоизи ҳамаи саҳоба будаанд?
Бародар Аминӣ: Марҳум Муроғӣ муфассири бузурги аҳли суннат дар тафсири худ менависад:
"Пешиниён аз муҳоҷирон ҳамон гурўҳе ҳастанд, ки қабл аз сулҳи Ҳудайбия ҳиҷрат карданд ва пешиниён аз ансор касоне буданд, ки дар Ақаба дар Мино байъат карданд, ки мартабаи аввал соли ёздаҳуми беъсат, ҳафт нафар ва мартабаи дуввум, ҳафтод мард ва ду зан буданд.[19]
Банда намедонам адади муҳоҷирон қабл аз сулҳи Ҳудайбия чанд нафар буданд, аммо ба назари шумо агар он теъдод аз аввалин муҳоҷиронро бо ин 79 нафар аввалин гурўҳҳои ансор изофа кунем чанд нафар ва чанд фоиз аз ин сад ҳазор нафар саҳоба хоҳанд шуд? Ҳатман дар сади каме. Акнун оё метавон бо ин оят адолати бақияи саҳобаро собит кард?
Мавлавӣ Ҳофиз: Ишколи дигаре, ки ба назар мерасад, бо таваҷҷўҳ ба оятҳои баъд аз ин оят ба ин истидлол ворид аст, ки худи оятҳои баъдӣ тавзеҳ медиҳад, ки ҳамаи саҳоба ва атрофиёни он ҳазрат шомил ва дохили ин фазилат нестанд, чун оятҳо бо равшании комил, атрофиёни ҳамасри он ҳазратро ба се гурўҳ тақсим мекунад ҳам чунон, ки марҳуми Саййид Қутб дар тафсири “Фи зилолил Қуръон” фармудааст: Ояти аввал марбут ба пешиниёне аз муҳоҷир, ансор ва тобеин аст, ки ҳамин оят аст. Ояти дуввум марбут ба атрофиён ва ҳамасрони мунофиқ аст, ки дар Мадина ва саҳроҳо будаанд, ки ояти:
"وممن حوْلكم من الاعراب منافقون ومن اهل المدينة مردوا علی النفاق لا تعلمهم نحن نعلمهم سنعذبهم مرتين ثم يردون الی عذاب عظيم."
"Ва баъзе аз аъроб (бодянишинон) атрофи шумо мунофиқанд ва аз аҳли Мадина ба сўи нифоқ баргаштанд, ки ту ононро намешиносӣ ва мо мешиносем. Ба зудӣ ононро ду мартаба азоб хоҳем кард ва сипас ба сўи азоби бузург ронда хоҳанд шуд" аст Сураи Тавба-101 ва ояти севвум марбут ба мусулмонон ва саҳобае аст, ки зиндагӣ ва корҳояшон омехта аз савоб ва гуноҳ ва аъмоли ҳасана ва аъмоли бад аст, ки мувофиқи ояти шарифа бояд умедвор ба раҳмат ва бахшиши Худованд бошанд:
"وآخرون اعترفوا بذنوبهم خلطوا عملا صالحا وآخر سيئا عسی الله ان يتوب عليهم ان الله غفور رحيم."
"Ва гурўҳи дигар ба гуноҳони худ эътироф карданд ва кори хубу бадро бо ҳам омехтанд, умед меравад, ки Худованд тавбаи онҳоро бипазирад, яқинан Худованд бахшандаву меҳрубон аст. Сураи Тавба-102.
Диққат фармоед гурўҳи аввал се дастаанд:
1-Пешиниён аз муҳоҷирон.
2-Пешиниён аз ансор.
3-Тобеин ба эҳсон.
Ҳамин тавр гурўҳи севвум се дастаанд:
1-Мунофиқони маълум дар Мадина.
2-Мунофиқони маълуми саҳронишин.
3-Мунофиқони пинҳон, ки атрофи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламба унвони саҳоба байни дигар саҳобаҳо зиндагӣ мекарданд.
Аммо ҳеҷ кас ба ғайр аз Худо ононро намешиносад. Акнун, ки худи Қуръон дар се ояти канори ҳам, саҳоба ва мусулмонони ҳамасри он ҳазратро ба се гурўҳи гуногун тақсим мекунад, мо чӣ гуна метавонем ҳар се гурўҳро дохил дар гурўҳи аввал бидонем?
Мавлавӣ Абдуссамад: Таҳқиқи бисёр ҷолибе буд. Воқеан дар ин шароит инсон пай ба арзиши ҳифзи Қуръон мебарад. Бародар Мавлавӣ Муҳаммадумар, ба назари шумо чӣ тавр буд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ба назари ман ҳам бисёр ҷолиб буд ва то кунун ин гуна диққати илмиро дар мафҳуми оятҳои Қуръон аз Мавлоно Ҳофиз надида будам, вале ба ҳар ҳол ин оят адолат ва покизагии он гурўҳи аввал аз се гурўҳи саҳобаро собит мекунад, чун ҳам Худованд аз онҳо хушнуд аст ва ҳам ҷовидона дар биҳишт хоҳанд буд.
Бародар Аминӣ: Бале, он бузургворон мавриди хушнудии Худо қарор гирифтанд, аммо ин ояти шарифа на танҳо ҳеҷ матлабе дар бораи адолати инҳо ва муаррифии як-яки корҳои онҳо надорад, ки оё гуноҳ ҳам мекардаанд ё ин ки одил, пок ва холӣ аз гуноҳ будаанд, балки дар зери ҳамин оят ишорае ҳам ба ин ки ин гурўҳ баъзан муртакиби хилоф шудаанд, кардааст.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Куҷои ин ояти шарифа чунин матлабе дорад?
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, оё қайди ба "эҳсон" дар ин оят лағв ва беҳуда аст ё Худованд ин қайдро барои ҷиҳате ва барои расондани маъное овардааст?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Наузу биллоҳ, ки лағву беҳуда бошад. Худованд фармудааст: "Мо бозигар нестем, ки кори лағву беҳуда анҷом диҳем." Сураи Анбиё-11, Духон-38.
Бародар Аминӣ: Фикр мекунед ин қайд чӣ нақше дар ин оят дорад, чӣ чизро муқайяд мекунад ва чӣ натиҷае дорад?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ин калима қайди "иттабауҳум" аст яъне он тобеоне мавриди лутф ва хушнудии Худо ҳастанд, ки аз гурўҳҳои аввали муҳоҷир ва ансор ба некӣ пайравӣ мекунанд.
Бародар Аминӣ: Оё метавон баъзе аз онон ба бадӣ пайравӣ кунанд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: (Пас аз андаке фикр), бале мумкин аст.
Бародар Аминӣ: Чӣ тавр?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ба ин сурат, ки фақат корҳои бадеро, ки гоҳе аз онон сар зада, пайравӣ кунананд ва корҳои хуби онҳоро тақлид накунанд.
Бародар Аминӣ: Яъне гурўҳҳои аввали муҳоҷир ва ансор мумкин аст гоҳе кори хатое карда бошанд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале, онҳо ки маъсум набуданд, вале мардумони бисёр хубе буданд.
Бародар Аминӣ: Офарин! Мо ду нафар дорои як назария дар бораи онҳо ҳастем, аммо хаёл мекунам назариёти гуногуне дорем. Чун ҳар ду мўътақидем, ки он дар сади андак аз аввалин гурўҳҳои муҳоҷиру ансор, мардумони хубе будаанд, (агар баъд аз он паймоншиканӣ накарда ва гуноҳони кабирае анҷом надода бошанд, ки сабаби нобудии ҳамаи аъмол хайрашон шавад.) Гарчӣ гуноҳ ва иштибоҳе доштаанд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале чунин аст.
Бародар Аминӣ: Агар бар фарзи баъзе аз он аввалин гурўҳҳои муҳоҷир ва ансор муртакиби паймоншиканӣ ё мафосид ё гуноҳи кабираи зиёд шуда бошанд, боз ҳам Худованд аз онон хушнуд аст?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, агар мувофиқи мадорики мўътабори аҳли суннат собит шавад, дар ин сурат шоистаи он мақом назди Худованд ва ин эҳтиром назди мо нестанд.
Бародар Аминӣ: Акнун агар касе аз иштибоҳоти яке аз ин инсонҳои хуби гурўҳи аввалро, гурўҳи дуввум ва севвум аз саҳоба, ки васфашон равшан аст нақл кард ё барои баррасии воқеиёти таърих дар китобаш навишт, бар хилофи ин оят сухан гуфтааст.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не мухолифи ин оят нест, вале саҳеҳ ҳам нест, ки айбҳои саҳобаро гарчӣ воқеият ҳам дошта бошад, касе нақл кунад.
Бародар Аминӣ: Чаро саҳеҳ нест? Агар сабаби мантиқӣ дорад бифармоед то мо ҳам дар ҷараён бошем.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Иҷозат диҳед далели ин матлабро пас аз баҳси оятҳо арз кунам.
Бародар Аминӣ: Ишколе надорад. Пас аз баҳси оятҳои дигар дар хизмат хоҳем буд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Агар иҷозат диҳед ояти дигаре, ки ба назари ман фазилат ва адолати ҳамаи саҳобаро собит мекунад, қироат кунам то баррасӣ шавад.
Бародар Аминӣ: Бифармоед, мо истифода мекунем.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Панҷумин маврид аз оятҳои фазоили саҳоба, ду ояти монанди ҳам дар Қуръон вуҷуд дорад, ки ҳамаи табақоти саҳобаро аҳли биҳишт мешуморад.
1-لا يستوي القاعدون من المؤمنين غير اولي الضرر والمجاهدون في سبيل الله بأموالهم و انفسهم فضل الله المجاهدين باَموالهم وانفسهم علی القاعدين درجة وكلا وعد الله الحسنی وفضل الله المجاهدين علی القاعدين اجرا عظيما."
"Мўъминоне, ки беузр дар хона нишастанд ва аз ҷанг нофармонӣ карданд бо муҷоҳидини роҳи Худо, ки бо молу ҷони худ ҷиҳод карданд баробар нестанд, Худованд ин муҷоҳидонро дараҷае иноят фармудааст ва Худованд ба ҳамаи онҳо ваъдаи некӣ дода ва муҷоҳидонро бар нишастагон ва хилофкорони аз ҷанг бо подоши бузурге бартарӣ додааст." Сураи Нисо-95.
2-"...لا يستوي منكم من انفق من قبل الفتج وقاتل اولئك اعظم درجة من الذين انفقوا من بعد وقاتلوا وكلا وعدالله الحسنی..."
"Он гурўҳ аз шумо, ки пеш аз фатҳи (Макка) дар роҳи Худо ва густариши Ислом инфоқ карда ва ҷиҳод намуданд, баробар нестанд (бо касоне, ки баъд аз фатҳ инфоқ ва ҷиҳод карданд) он гурўҳи аввал дорои дараҷаи болотаре нисбат ба гурўҳи дуввум ҳастанд ва Худованд ба ҳама ваъдаи некӣ додааст. " Сураи Ҳадид-10.
Худованд дар ин ду ояти шарифа ҳамаи саҳобаи Расули Акрамро, чӣ муҷоҳидон бо молу ҷон, чӣ мутахаллифон аз ҷанг, чӣ муҷоҳидон ва инфоқгарони қабл аз фатҳ, ки дорои камоли ихлос будаанд, чӣ баъд аз фатҳ, ки шояд инчунин набудаанд, фазилат ва мақом иноят фармуда ва ваъдаи биҳишт додааст. Акнун бифармоед оё бо ин ду ояти шарифа наметавон иддао кард, ки ҳамаи саҳоба ва мусулмонони ҳамасри он ҳазрат афроди нек, одил ва аҳли биҳишт будаанд? Махсусан бо таваҷҷўҳ ба ояти дигаре, ки мефармояд:
"ان الذين سبقت لهم منا الحسنی اولئك عنها مبعدون"
"Ҳар касе, ки мо ваъдаи некўе ба ў дода бошем аз ҷаҳаннам дур хоҳад буд . " Сураи Анбиё-101.
Бародар Аминӣ: Аввалан, агар назарияеро, ки муфассирони бузургвор аз қабили Фахри Розӣ ва мутақаддимон аз қабили Заҷҷоҷ, Қаффол ва халифаи дуввум дар бораи хитоботи Қуръон матраҳ кардаанд ба хотир оваред, (ки оятҳои шарифаи ин китоби осмонӣ танҳо хитоб ба хусуси саҳоба нест, балки хитоб ба ҳамаи уммати Ислом дар тўли таърих аст), дигар ҷои ҳеҷ гуна эҳтимоле боқӣ нахоҳад монд, ки ин оятҳои шарифа ё ҳар ояти дигаре, адолати хусуси саҳобаро собит намекунад, чун агар ояте исботкунандаи адолати мухотабон бошад, бояд адолати тамоми уммати Исломро собит кунад. Дуввуман, дар куҷои он ду ояти аввал ба он саҳобаи мутахаллиф аз ҷанг, инфоқгарон ва ҷиҳодгарони пас аз фатҳ, ваъдаи некўе дода шудааст ?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Иборати "كلا وعدالله الحسنی" ( Ба ҳама ваъдаи некў додааст).
Бародар Аминӣ: Дар ин ҷумла нанавиштааст "كل الصحابة" (ҳамаи саҳоба), балки маънои иборати "куллан" ин аст, ки ҳамаро Худованд ваъдаи нек додааст. Оё эҳтимол намедиҳед шояд мақсуди Худованд аз "куллан" ҳамаи муҷоҳидон бо ҷону мол ва низ пайкоргарони қабл аз фатҳ бошад, ки оят дар шаъни онҳо нозил шудааст?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Шояд чунин бошад ва ҳеҷ монее ҳам аз ин эҳтимоли шумо вуҷуд надорад, аммо он чиро дар аввал мо аз зоҳири оят дарёфт мекунем ва маъмулан муфассирон маъно кардаанд, ҳамин аст, ки мо гуфтем.
Бародар Аминӣ: Бале, он чӣ дар ибтидо ба зеҳн мерасад ҳамин аст, ки мефармоед ва аксари муфассирон ҳам, ҳамин матлабро навиштаанд, аммо ин зуҳури ибтидоӣ ва назари муфассирон дар сурате эътибор дорад, ки худи оятҳои шарифаи Қуръон хилофи онро баён накарда бошад ва илло ҳеҷ эътиборе барои мо нахоҳад дошт.
Мавлавӣ Ҳофиз: Ҳамин тавр, ки мефармоед мо пайрав ва итоаткунандаи Қуръон ҳастем.
Бародар Аминӣ: Худованд дар оятҳои 87 ба баъд дар сураи Тавба дар чанд оят назари худро нисбат ба мутахалифони аз ҷанг ончунон манфӣ баён мекунад, ки аслан бо ваъдаи биҳиштӣ будани онҳо созгорӣ надорад. Худованд дар он оятҳо мутахаллифони аз ҷангро мўҳр бар дилхўрдагон, касоне, ки азоби дарднок хоҳанд кашид, узртарошон, фосиқ, наҷас, паст, нохушнуд будани Худованд аз онон ва касоне, ки Паёмбар ҳеҷ гоҳ ба онон имон нахоҳад овард, муаррифӣ мекунад. Ҷаноби бародар Мавлавӣ Ҳофиз, фарозҳое аз оятҳои марбутаро тиловат бифармоед, то истифода бикунем:
Мавлавӣ Ҳофиз (бо садои хуши тартил):
اعوذ بالله من الشيطان الرجيم. رضوا بأن يكونوا مع الخوالف وطبع علی قلوبهم فهم لا يفقهون... وجاء المعذرون من الاعراب ليؤذن لهم وقعد الذين كذبوا الله ورسوله سيصيب الذين كفروا منهم عذاب اليم... يعتذرون اليكم اذا رجعتم اليهم قل لا تعتذروا لن نؤمن لكم قد نبأنا الله من اخباركم وسيری الله عملكم ورسوله ثم تردون الی عالم الغيب والشهادة فينبئكم بما كنتم تعملون سيحلفون بالله لكم اذا انقلبتم اليهم لتعرضوا عنهم فاعرضوا عنهم انهم رجس ومأويهم جهنم جزاء بما كانوا يكسبون* يحلفون لكم لترضوا عنهم فان ترضوا عنهم فان الله لا يرضی عن القوم الفاسقين"
Бародар Аминӣ: Хеле муташаккир. Акнун бо таваҷҷўҳ ба ин ҳама оятҳо, ки ошкор шудани ғазаб ва хашми Худованд ба мутахаллифон аз ҷанг аст. оё дуруст аст, ки гўед Худованд ваъдаи биҳишт, фазилат ва мақом додааст? Оё Худованд ду ваъдаи зидди ҳам ба онон додааст? Дар ин сурат бояд бифармоед Худованд Ҳаким нест ва ваъдаи зидди ҳам медиҳад ва ё он оятҳоро фаромўш карда ва ваъдаи биҳишт додааст ва паноҳ мебарем ба Худо аз ин гуна эътиқоду фаҳм. Бинобар ин, агар Худованд дар оятҳои сураи Тавба ваъдаи ҷаҳаннам ва азоби дарднок ба мутахаллифони аз ҷанг, ки беузр ширкат накардаанд додааст, ночор мақсад аз "Куллан ваадаллоҳул ҳусно" дар ин оят бояд танҳо муҷоҳидини дар роҳи Худо бошанд. Ва дар воқеъ оятҳои сураи Тавба ин ояти шарифаро тафсир мекунанд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Шояд мақсад аз мутахаллифон аз ояти сураи Нисо касоне бошанд, ки узр ва монеи аз ширкат дар ҷанг доштаанд ё чун ширкат дар ҷиҳодро воҷиби кифоӣ донистаанд аз ширкат дар ҷиҳод худро боздошта то дигарон ба андозаи кифоят ширкат кунанд ва таклиф аз онон соқит шавад.
Бародар Аминӣ: Аҷиб аст. Шумо бар хилофи ояти равшани Қуръон ва назариёти муфассирон сухан гуфтед, чун ояти шарифаи мавриди баҳс он гурўҳ аз бознишастагон (қоидин) аз ҷангро ном бурда, ки ғайри улиззарар бошанд, яъне ғайр аз касоне бошанд, ки дорои касалӣ ва узре ҳастанд ва онҳо мутахаллифони аз ҷанги Бадр ё Табук[20] ё аз қабилаи Бани Ғаффор буданд.[21] Ин гурўҳ касоне ҳастанд, ки ба гуфтаи Мўроғӣ муфассири бузург тафсири ояти шарифа он аст ки: Онон, ки аз ҷиҳод нофармонӣ карданд ва бухл ва ҳирсашон бар мол ва зебоии дунёи ва низ роҳатталабӣ ва танпарвариро бар талош ва ранҷу ҷиҳоди дар роҳи Худо беҳтар донистанд, ҳеҷ гоҳ бо он мўъминони муҷоҳид, ки моли худашонро барои пешрафти Ислом ва ҷонҳои худро дар наздикии шаҳодат дар роҳи Худо ва ҳақиқат ва аз байн бурдани таҷовузи тоғутиён (саркаши кунандагон аз фармони Худованд) қарор додаанд, баробар нестанд." [22]
Чӣ гуна мумкин аст мақсад, мутахаллифони узрдор, касал ва нотавон бошанд ва ҳол он ки Ибни Аббос ҳар вақт ояти "Ва ҷоал муаззарун"-ро дар бораи мутахаллифон мехонд мегуфт: "Худованд узртарошонро лаънат кунад."[23]
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Матлаби шумо хуб аст ва ояти дарбаргиранда бар ваъдаи биҳишт ба саҳоба "Ва куллан ваадаллоҳул ҳусно" махсус ба муҷоҳидон аз саҳоба дорад.
Бародар Аминӣ: Севвуман, агар ба касе ба далели амали некаш ваъдаи подош ва биҳишт дода шавад лозимааш ин нест, ки агар ҳар хато ва инҳироферо муртакиб шавад боз ҳам, бояд дохили биҳишт шавад. Бале онон, ки муртакиби хилоф нашуда бошанд, ҳатман ваъдаи Худо дар бораи онон вафо хоҳад шуд (иншоаллоҳ) ва дар биҳишт дар оғўши раҳмати Худованд ҷой хоҳанд гирифт.
Мавлавӣ Ҳофиз: Ояти:
"ان الذين سبقت لهم منا الحسنی اولئك عنها مبعدون."
"Ҳар кас, ки мо ваъдаи некўе ба ў дода бошем аз ҷаҳаннам дур хоҳад буд." Сураи Анбиё-101-ро, ки ҷаноби Мавлавӣ тиловат карданд, исбот мекунад, ки ҳар касро, ки Худованд ба ў ваъдаи некў дода бошад, аслан дохили дўзах нахоҳад шуд.
Бародар Аминӣ: Ҷаноби Мавлавӣ Ҳофиз, аввалан ҳозир гуфтам, ки ваъдаи подош ва биҳишт ба шарти ин ки гуноҳе муртакиб нашавад, ки сабаби ҷаҳаннамӣ шудан бошад. Дуввуман, ин ояти шарифа рабт ба касоне дорад, ки Худованд тамоми ваъдаи нек ба онҳо додааст ва онҳо касоне ҳастанд, ки ҳеҷ гуноҳ муртакиб нашудаанд, ки сабаби азоб шавад. Ҷалолуддини Суютӣ ҳофиз ва муфассири бузург менависад:[24] Вақте ояти
"انكم وما تعبدون من دون الله حصب جهنم انتم لها واردون* لو كان هؤلاء آلهة ما وردوها وكل فيها خالدون* لهم فيها زفير وهم فيها لا يسمعون*[25]
Нозил шуд ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламмувофиқи ин оятҳо ба мушрикон эълон кард, ки шумо мушрикон ва худоёни дурўғинатон бо ҳам дар ҷаҳаннам партофта хоҳед шуд. Мушрикон ишкол карданд ки: Ҳазрати Исо, Марям, Узайр ва малоика ҳам ки маъбуди мушриконанд, бояд дохил дар ҷаҳаннам шаванд. Худованд дар ҷавоб гуфт: Онон, ки мо ваъдаи некў ба онон додаем (ва ҳеҷ гуноҳе муртакиб нашудаанд, ки сабаби ҷаҳаннам шавад) аз ҷаҳаннам ба дур хоҳанд буд.[26]
Бинобар ин, ин ояти шарифа махсуси маъсумин ва ё бандагони хуби Худо аст, ки ширкат дар маъсият (гуноҳ) надоштаанд ва рабте ба афроде, ки амали неку бад анҷом додаанд, надорад.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Абўзаръа гуфтааст:
(واذا رايت الرجل ينتقض احد من اصحاب رسول الله فاعلم انه زنديق وذلك ان الرسول حق والقرآن حق وما جاء به حق وانما ادي الينا ذلك كله الصحابة وهؤلاء يريدون ان يجرحوا شهودنا ليبطلوا الكتاب و السنة والجرح اولی بهم.)
Ҳар вақте касеро дидӣ, ки айбҷўӣ аз яке аз саҳобаҳои Паёмбар мекунад бидон, ки албатта ў зиндиқ аст ва Паёмбар ҳақ аст ва Қуръон ҳақ аст ва ончӣ ки дар Қуръон омадааст барҳақ. Албатта Қуръон ва суннатро ҳамаи саҳоба барои мо расондаанд. Онҳо мехоҳанд аз шоҳидон ва гувоҳони китоб ва суннат барои ботил кардани китобу суннат айбҷўӣ кунанд, вале айбҷўӣ аз худи онҳо авло аст.[27]
Бародар Аминӣ: Оё шумо муқаллиди Абўзаръа ҳастед, ишон имомест, ки итоаташ бар шумо воҷиб аст ва назари эшон эътибори шаръӣ барои шумо дорад ё худ як олим ва муҳаққиқ ҳастед?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, ман аслан муқаллиди эшон нестам ва раъйи эшон ҳуҷҷати шаръӣ барои ман нест, аммо суханаш мантиқӣ аст. Вақте ноқилони суннати Паёмбар он саҳобаи гиромӣ будаанд, табиӣ аст, ки нақли айбҳои онҳо, суханон ва ривоятҳояшонро заиф ва беэътибор мекунад ва дигар ҳеҷ ҳадис ва суннате барои мо аз он ҳазрат боқӣ намемонад. Ва чун ин кор хостаи куффор аст, пас ҳар кас чунин кунад зиндиқ аст.
Бародар Аминӣ: Ҷаноби Мавлавӣ, хеле тунд рафтед. Қарор набуд ин тавр ҳукм ба куфр кунед. Шумо таваҷҷўҳ нафармудед, ки бо ин суханони тамоми уламо, муҳаддисон, муфассирон ва таърихнависони бузурги аҳли суннатро кофир дониста ва ҳамаро зиндиқ хондед.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: (Бо тааҷҷуб): Чӣ тавр?
Бародар Аминӣ: Он чиро аз иштибоҳот ва нақоиси баъзе саҳоба, ки дар ҷаласаҳои қабл нақл кардам, аз ҳамин бузургон аст ва шояд нависандае аз уламои бузурги ҳадис, таърих ва тафсири аҳли суннат ёфт нашавад, ки баъзе иштибоҳоти шуморе аз саҳобаро нақл накарда бошад. Шумо бо чӣ ҷуръате ин гуноҳи бузургро муртакиб шудед ва ҳамаи онҳоро кофир ва зиндиқ хондед? Ҷавоби ин бузургонро дар қиёмат чӣ медиҳед?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: (Бодастпочагӣ ва изтироб): Наузу биллоҳ, астағфируллоҳа раббӣ ва атубу илайҳ. Бовар кунед аслан мутаваҷҷеҳи ин матлаб набудам. Агар ба шумо ҳам иҳонат шуд бубахшед. Аммо чаро афроде монанди Абўзаръа ва Ибни Ҳаҷар ин суханро гуфта ва ба натиҷааш наандешидаанд?
Бародар Аминӣ: Хуб, ба ҳар ҳол инсон гоҳе ба далели шиддати асабоният ба натиҷаҳои сухани худ таваҷҷўҳ надорад ва суханеро мегўяд. Ҳамчунон, ки ҳозир шумо асабонӣ шудед ва нохудогоҳ тўҳмати бузурге ба ҳамаи бузургон ва нависандагони аҳли суннат задед, беон ки таваҷҷўҳ ба натиҷаҳои он дошта бошед, Ибни Ҳаҷар ва Абўзаръа ва дигарон ҳам монанди шумо инсон буданд ва гоҳе мумкин аст ба далели асабоният, шитобзада ва насанҷида сухане гуфта бошанд.
Мавлавӣ Абдуссамад: Бародар Аминӣ, банда он тўҳмати зиндиқ буданро бо нақлкунандагони айбҳои саҳоба қабул надорам, вале дар ин масъала андаке бо Мавлоно мувофиқам, чун воқеан як савол ин ҷо боқӣ мемонад ва он ин ки аслан чӣ ҳадафе барои нақл ва бозгў кардани айбҳои баъзе аз саҳоба вуҷуд дорад ва ҳадафи ин гуна нависандагон ва гўяндагон чист? Ба илова, оё қабул надорем, ки нақли айбҳои саҳоба сабаби беэътибор кардани суннати Расулуллоҳ аст?
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, оё тамоми табақоти муҳаддисони шиа ва суннӣ дар тўли чаҳордаҳ қарни Ислом, нақл кунанда ва ҳомилони аҳодиси Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам будаанд ё не?
Мавлавӣ Абдуссамад: Бале.
Бародар Аминӣ: Оё дар ҳавзаҳои илмияи мо ва шумо яке аз улум ба номи илми риҷол нест, ки ба равшан кардани рафтори хуб ва бади ин муҳаддисон ва ҷарҳу таъдили онҳо дар тўли зиндагияшон мепардозад, то ҳамаи фақеҳон, муфтиён ва муҳаддисон дар ҷараёни онҳо қарор гиранд?
Мавлавӣ Абдуссамад: Чаро! Мо ҳам ин илмро дар ҳавзаҳо таҳсил мекунем, балки бузургони мо китобҳои зиёде дар ин илм таълиф кардаанд, ки дар олами Ислом намуна аст, монанди китоби Таҳзиб-ут таҳзиб"-и Ибни Ҳаҷар ва китоби Мизон-ул-эътидол"-и Аллома Заҳабӣ.
Бародар Аминӣ: Ба назари шумо оё ин муаллифони бузургвор бо нақли айбҳои бисёре аз ровиёни ахбор ва муҳаддисони ривоятҳо, аҳодиси он шахсҳоро тазъиф ва дар натиҷа, суннати Расулуллоҳро беэътибор намекунанд?
Мавлавӣ Абдуссамад: Не, иттифоқан ин нависандагон ба суннати Расулуллоҳ хидмат мекунанд, чун дар байни ин ровиён ва муҳаддисон афроди ростгў, дурўғгў, мўъмин, мунофиқ, зобит, (касе, ки зеҳну ҳофизаи хуб дорад) ҳофиз ва фаромўшкор будаанд. Ин бузургон бо таълифи ин гуна китобҳо, зобитаҳои арзишманде дар ихтиёрамон гузоштаанд то ростгў ва мўъмини хушҳофиза аз дигарон ташхис дода шавад ва фақат ба аҳодиси афроди ростгў, мўъмин ва зобит амал кунем ва аз аҳодиси дурўғгўён, фосиқон, мусомиҳакунандагон ва фаромўшкорон парҳез карда ва бар асоси аҳодиси онҳо фатво содир накунем. Ин полоиши аҳодиси воқеии Паёмбар аз ғайри воқеӣ, воҷибтарин коре аст, ки бояд анҷом гирад.
Бародар Аминӣ: Оё дар байни саҳоба ва мусулмонони ҳамасри Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки аҳодисе нақл кардаанд (бинобар тақсимбандии оятҳои сураи Тавба, ки ҷаноби Мавлавӣ Ҳофиз баён карданд) афроди ростгў ва дурўғгў, ҳам чунон, ки ҳазрати Алӣ фармуданд:
"ولقد كذب علی رسول الله صلی الله عليه وآله علی عهده حتی قام خطيبا فقال: من كذب عليّ متعمدا فاليتبوا مقعده من النار."
"Дар замони ҳаёти Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар он ҳазрат бисёр дурўғ бастанд, то ин ки он ҳазрат хутбае хонда дар он фармуданд: Ҳар, кӣ амдан бар ман дурўғ бубанданд ҷойгоҳи худро дар ҷаҳаннам омода кунад."[28]
Пас байни саҳоба низ мўъмин, мунофиқ ва низ афроди боҳофизаҳои гуногуни қавӣ, заиф ва фаромўшкор вуҷуд доштаанд ё не?
Мавлавӣ Абдуссамад: Бале.
Бародар Аминӣ: Оё барои шинохти суннати воқеии Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз маҷҳулот ва хурофоте, ки ба номи суннат нақл шудааст, роҳе ҷуз баррасии зиндагии мусулмонони ҳамасри ҳазрат ва шинохти мўъмин аз мунофиқ, ростгў аз дурўғгў ва одил аз фосиқ вуҷуд дорад? Оё ин вазифа ба ўҳдаи фуқаҳо, муфтиён ва муҳаддисони Ислом нест? Оё махлут кардани ҳамаи ин аҳодис ва пазируфтани як ҷои онҳо, олуда кардани суннати воқеии Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам намебошад? Оё касе, ки бихоҳад ин хидматро ба суннати воқеии Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам кунад, суннати он ҳазратро ботил карда ё суннати сохтагӣ ва беэътиборро ботил кардааст?
Мавлавӣ Абдуссамад: (Бо чеҳраи барафрўхта ва шодмон): Ин матлаби шумо бисёр барои ман боарзиш буд. Бо ин ки банда дар ин мавзўот хеле мутолиа кардаам, аммо то кунун ин савол дар зеҳнам бароям ҳал нашуда буд ва имрўз бо вуҷуди шумо Худованд ба ман лутф кард ва ин мушкилро бароям ҳал кард.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ин савол барои ман низ аз ҳалнашавандатарин масъалаҳо буд ва ошноӣ бо бародар Аминиро яке аз неъматҳои Худованд барои худам медонам.
Мавлавӣ Абдуссамад: Матлаби аҷибе ёдам омад. Марҳуми Ибни Асир дар муқаддимаи ҷилди аввали китоби гаронқадри "Усд-ул-ғоба фи маърифати саҳоба", барои исботи зарурати баррасии зиндагӣ ва аъмоли хуб ва бади ровиёни ахбор, муҳаддисон ва ноқилон дар бораи ҳамин далели бародар Аминӣ истидлол карда ва иборати ширине овардааст:
"لانّ السنن التي عليها مدار تفصيل الاحكام ومعرفة الحلال والحرام الی غير ذلك من امور الدين انما ثبتت بعد معرفة رجال اسانيد رواتها واولهم المقدم عليهم اصحاب رسول الله صلی الله عليه وآله فاذا جهلهم الانسان بغيرهم اشد جهلا..."
"Ба хотири ин ки шинохти аҳком ва ҳалолу ҳаром ва чизҳои дигар аз умури дин танҳо баъд аз шинохти ровии он суннат собит мешавад, ки аввали онҳо пеш аз ҳама саҳобаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд, пас агар инсон онҳоро нашносад ба ҳоли ғайри онҳо ҳатман ҷоҳилтар мешавад". [29]
Табъан ҳосили ин далел, зарурати баррасии зиндагӣ ва ҷарҳу таъдили саҳоба аст то ровиёни мувассақ ва мутмаин аз ровиёни пургўи номутмаин, каззоб ва ҳарзагў (дурўғгў ва пучгў) ҷудо карда шавад ва суннати поки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хориҷ шавад ва ҷомеа аз зулоли кавсари суннати воқеӣ баҳраманд шаванд, аммо бо камоли тааҷҷуб, Ибни Асир пас аз чанд сатр мефармояд: Саҳоба ниёзе ба баррасӣ надоранд, чун ҳамаи онҳо одиланд!!!
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Яъне воқеан Ибни Асир дучори ин тазоди фикрӣ шудааст?
Мавлавӣ Абдуссамад: Бале, худатон метавонед муроҷиат кунед.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ҷаноби Бародар Аминӣ, агар дар Қуръони Карим оятҳое махсуси саҳоба набуд, ки адолати онҳоро собит кунад ва маъмулан мухотаби ҳар ояте ҳамаи уммати Ислом дар тўли таърих буданд ва дар ин масъала зоҳиран ҳақ бо шумо буд, вале хушбахтона аҳодиси фаровон, мутавотир ва мустанади (санаддор) саҳеҳе аз Набии Акрам расидааст, ки номи саҳоба равшан дар он аҳодис омадааст, ки адолати ҳамаи саҳобаро собит мекунад.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бале, дар китобҳои ҳадисии мо бобе ба номи "Фазоили саҳоба" ҳаст, ки ин ҳадисҳои мустанадро махсуси саҳоба дониста ва адолати онҳоро дар он боб собит кардааст.
Бародар Аминӣ: Агар мумкин бошад, муҳимтарини он ҳадисҳоро, ки саҳеҳтар аз ҳамаи ҳадисҳо аст ва ба сурати равшан ва ошкор мавзўи адолати ҳамаи саҳобаро матраҳ ва исбот кардааст, нақл кунед то мо ҳам истифода кунем.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Аввалин ҳадиси шариф, саҳеҳ ва равшан, ҳадиси нуҷум аст. Расули Акрам фармуданд:
"اصحابي كالنجوم بأيهم اقتديتم اهتديتم."
"Асҳоби ман монанди ситорагони осмонҳо ҳастанд, ки шумо ба ҳар кадом аз онҳо иқтидо ва пайравӣ кунед ҳидоят хоҳед шуд."[30]
Диққат мекунед дар сурате тамоми гуфтор ва рафтори як саҳобӣ сабаби ҳидоят хоҳад буд, ки ҳар он чӣ гуфта анҷом дода ҳақ ва итоати Худо буда ва ҳеҷ гуна хато ва гуноҳеро муртакиб нашуда бошад. Ва ин маъно чизе ҷуз адолат номида намешавад ва агар тамоми асҳоб бинобар гуфтаи Расули Худо ситорагон бошанд, сабабаш адолати саҳоба аст.
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ шумо санади ин ҳадисро баррасӣ кардаед, ки оё саҳеҳ аст ё заиф ва беэътибор?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ман баррасӣ накардам, вале зоҳиран дар баъзе аз саҳеҳҳои шашгонаи мо омада аст. Илова бар ин, ин ҳадис машҳур ва мавриди иттифоқ ва иҷмои ҳамаи аҳли суннат аст.
Бародар Аминӣ: Бародари азиз ҷаноби Мавлавӣ, бино буд шумо саҳеҳтарин ҳадисро дар ин замина матраҳ кунед. Аввалан шумо санади ҳадисро аз назари китоби риҷол ба монанди Таҳзиб-ут-таҳзиби аллома Ибни Ҳаҷар ва китоби Мизон-ул-эътидоли аллома Заҳабӣ то кунун баррасӣ накардаед ва шояд ҳамеша дар суханрониҳои худ ба унвони як ҳадиси саҳеҳ аз он ёд кардаед.
Мавлавӣ Ҳофиз: Шояд ин боварӣ аз ҳамон машҳур будани ҳадис ва иҷмои уламо бар сиҳҳати он сарчашма гирифта бошад, ки ҷаноби Мавлавӣ матраҳ кардаанд.
Бародар Аминӣ: Ишколи дуввум ҳамин ҷо аст, чун аслан уламои аҳли суннат бар сиҳҳати ин ҳадис иттифоқ ва иҷмоъ накардаанд, балки бисёре аз муҳаққиқони аҳли суннат ин ҳадисро ғайри саҳеҳ ва беэътибор муаррифӣ кардаанд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Банда аслан ин гуна суханро аз шумо наметавонам бипазирам, чун кадом олими бузурги суннӣ ба худаш иҷозат додааст, то ин ҳадиси машҳурро, ки дар шаън ва фазилати саҳобаи гиромӣ аст, зери савол мебарад? Шумо агар касеро мешиносед, ном бибаред.
Мавлавӣ Абдуссамад: Дар баҳси илмӣ набояд шиор дод ва эҳсоси сўҳбат кард. Як олими муҳаққиқ ҳеҷ гоҳ ба далели шўҳрати як ҳадис ё ба далели ин ки он ҳадис дар фазилати асҳоб ё дигар авлиёи Худо аст, даст аз баррасии муҳаққиқонаи санади он ҳадис ва шинохти ровиёни он намебардорад, чун пазируфтани чунин ҳадисе бетаҳқиқ, кори авомона аст на роҳи олимона ва муҳаққиқона.
Бародар Аминӣ: Бале, зимни таъйиди тазаккури ҷаноби Мавлавӣ Абдуссамад, банда ба ҷои як нафар номи чанд нафар аз уламо ва бузургони аҳли суннатро мебарам ва назарияашонро ба таври мустанад дар бораи ин ҳадис нақл мекунам:
1-Абў Ҳайёни Андалусии Ғарнотӣ, дар тафсири қиматбаҳои Баҳр-ул-муҳит менависад: Ҳадиси нуҷумро аслан Паёмбари Худо нафармудааст ва ин ҳадисе аст дурўғ, ботил ва сохтагӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ сиҳҳат надорад.
"لم يقل ذلك رسول الله صلی الله عليه وآله وهو حديث موضوع لا يصح بوجه عن رسول الله صلی الله عليه وآله قال حافظ ابو محمد علي بن حزم في رسالته في ابطال الراي والقياس والاستحسان... ما نصه وهذا خبر مكذوب موضوع باطل لم يصح." [31]
2-Ибни Ҳазм олими маъруф ва бузурги аҳли суннат дар китоби Ибтол-ур-раъй вал-қиёс вал-истеҳсон, гуфтааст, ки ҳадиси нуҷум дурўғу сохтагӣ ва ботил аст ва ҳеҷ сиҳҳат надорад.[32]
3-Ҳофиз Абўбакри Баззози Басрӣ дар муснади худ гуфтааст: Ин ҳадиси нуҷум, ки авом мехонанд сухане аст, ки ҳеҷ санади саҳеҳ бар судури он аз Паёмбар нест, махсусан, ки ривояткунандаи ин ҳадис Абдураҳим ибни Зайд аст, ки аҳли илм, ҳадиси ўро нақл намекунанд. Илова бар ин чӣ гуна мумкин аст Паёмбар Акрам бо фармони пайрравӣ аз як яки асҳоб заминаи ихтилофоти диниро дар уммати худ фароҳам кунад.[33]
4-Яҳё Ибни Муин гуфтааст, Абдураҳим ибни Зайд ривояткунандаи ин ҳадис дурўғгў ва паст аст ва ҳеҷ арзише надорад.[34]
5-Наҷҷорӣ гуфтааст: Ривоятҳои Абдураҳим ибни Зайдро бояд раҳо кард, илова бар ин ки ин ҳадисро шахси дигаре ба номи Ҳамзаи Ҷазарӣ низ ривоят карда, ки ривоятҳои ў ҳам соқит ва беэътибор аст.[35]
6-Аллома ибни Абдулбар муалифи китоби бузурги Ҷомеъ-ул-баён-ул илм аз Мазанӣ олим ва муфтии бузурги шофеия чунин нақл кардааст: Чӣ гуна мумкин аст ин ҳадис саҳеҳ бошад ва он ҳама ихтилофи ақидаи асҳоби худро ҳақ бишморад ва ҳол ин ки Ибни Масъуд саҳобаи бузург мегуфт: Ман бо раъй ва фаҳми худам назар медиҳам, агар ҳақ бошад, лутфи Худост ва агар хато бошад, сарчашма аз ҷаҳли худи ман аст ва низ Умар ибни Хаттоб аз ихтилофи назари Убай ибни Каъб ва Ибни Масъуд ғазабнок шуд (ҳол чӣ гуна мумкин аст худи Паёмбар натанҳо аз ихтилофи орои асҳобаш дар масъалаҳои динӣ нороҳат ва хашмгин набошад, балки онҳоро таъйид кунад ва ҳамаро ҳақ бишуморад?)[36]
7-Ибни Ҳазам дар ҳамон рисолаи хеш аз имом Аҳмади Ҳанбал пешвои мазҳаби Ҳанбалӣ нақл карда, ки ин ҳадис дурўғи равшан ва ошкор аст.[37]
8-Абулҳасан Алӣ ибни Умари Доруқутнӣ. Муҳаддиси бузург дар китоби Ғароиби Молик пас аз ин ки ин ҳадисро бинобар нақли Лисонул-мизони Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ аз Ҷамил ибни Зайд ва ў аз Молик нақл мекунад, менависад: Ровиёни ин ҳадис маҷҳул ва ношинохта ҳастанд ва маълум нест ин ҳадисро аслан Молик нақл карда бошад.[38]
9-Ҳофиз Абўбакри Байҳақӣ дар Ал-Мадхал бинобар нақли Ҳофиз Зайнуддини Ироқӣ дар тахриҷи аҳодиси минҳоҷи Байзовӣ гуфтааст: Гарчӣ матни ҳадиси нуҷум машҳур аст, санадаш заиф аст ва сиҳати он аслан собит нест.[39]
10. Аллома ибни Ҷавзӣ дар китоби Ал-Илалул мутаноҳия ин ҳадисро аз Нуайм ибни Ҳаммор ва ў аз Абдураҳим ибни Зайд нақл намуда ва чунин изҳори назар кардааст: Ин ҳадис саҳеҳ нест, чун Нуайм ибни Ҳаммор аз назари таърих, ровии бовариноке нест ва низ бинобар назари Яҳё ибни Муин Абдураҳим ҳам бисёр дурўғгў аст.[40]
11-Ҳофиз ибни Даҳияи Калбии Андалусӣ бинобар нақли Зайнуддини Ироқӣ дар таълиқи хориҷ кардани аҳодиси минҳоҷи Байзовӣ гуфтааст: Ҳадиси нуҷум саҳеҳ нест.[41]
12-Абўзаръа гуфтааст: Ҷаъфар ибни Абдулвоҳиди Ҳошимӣ (яке аз ровиёни ҳадиси нуҷум) аҳодисеро ривоят мекунад, ки ҳеҷ решае надорад.[42]
13-Ибни Аддӣ гуфтааст: Ҷаъфар ибни Абдулвоҳид дузд дар ҳадис аст ва аҳодиси ношинохтае аз афроди мувассақ (ростгў) ривоят кардааст.[43]
14-Ибни Муин гуфта аст: Ҳамза (ровии ҳадиси нуҷум ) ба як танга намеарзад.[44]
15-Алломаи Шавконӣ дар китоби Иршодул фуҳул ва китоби Ал-Қавлул муфид фил иҷтиҳод ват-тақлид навишта аст: Беэътибории ҳадиси нуҷум назди олимони фанни ҳадис он қадар машҳур аст, ки аслан ба ин гуна ривоёт дар ночизтарин масоили шаръӣ амал намекунанд, чун ин ҳадис аслан ҳуҷҷат ва мўътабар нест.[45]
Акнун бо таваҷҷўҳ ба назариёти равшани ин муҳаққиқон ва донишмандони бузурги аҳли суннат дар бораи беэътиборӣ ва заъфи ин ҳадис, бигўед оё ин саҳеҳтарин ҳадис аст, ки барои мо нақл кардед?
Мавлавӣ Ҳофиз: Агар таваҷҷўҳ ба ин назариёт ва раъйҳо бикунем зоҳиран ҳадиси нуҷум дурўғтарин ва беэътибортарин ҳадис дар байни аҳодис аст.
Мавлавӣ Абдуссамад: Бо ин таҳқиқе, ки ҳазрати олӣ нисбат ба ин аввалин ҳадис фармудед равшан аст, ки уламо ва муҳаққиқони аҳли суннат ин қадар беэътино ба ин ҳадисанд, ки дигар ҷое барои далел овардан бар сиҳҳати санади дигар ҳадисҳо ҳам, ки ҷаноби Мавлавӣ дар назар доранд, боқӣ намемонад.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ман дар тааҷҷубам, ки чӣ гуна устодҳо ва нависандагони мо ин ҳадисро ба унвони як ҳадиси бисёр саҳеҳ матраҳ мекарданд, аммо ҳеҷ сухане аз назариёти манфии муҳаққиқон намегуфтанд!
Бародар Аминӣ: Ба ҳар ҳол, бояд ба онҳо хушбин бошед. Шояд (иншоаллоҳ) нахонда бошанд ва хабар надоштаанд на ин, ки дониста махфӣ кардаанд.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ, ба назари шумо ин ҳадиси "беэътибор" ба ҳар ҳол, далолат бар "адолати" саҳоба дорад ё не?
Бародар Аминӣ: Не, мутаасифона далолате ҳам надорад. Яъне агар ҳадис саҳеҳ ва мўътабар ҳам мебуд ба ҳеҷ ваҷҳ тавони исботи адолати саҳобаро надошт. Дар бораи ин ҳадис чанд ишкол ба назар мерасад: Ишколи аввал ин аст, ки маълум нест ҳазрат вақте ин ҳадисро мефармуданд бо чӣ касоне сўҳбат мекарданд ва ин фармони иқтидо ва пайравӣ ба саҳобаро ба онон медоданд. Банда ҳар тавр дар назар мегирам ҳадис маъқул ба назар намерасад, чун мухотаби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ин ҳадис ё мусулмонони он замон ва асҳоби худи ҳазрат буданд, ки дар ин сурат, маъқул нест, ки ҳазрат ба "саҳоба" фармони пайравӣ ва тақлид аз "саҳоба"-ро содир кунанд ва ё мухотабони Ҳазрат мусулмонони наслҳои оянда буданд, ки дар ин сурат, ҳазрат бо афроде, ки аслан дар хидмати эшон ҳозир набуданд сухан мегуфтанд, яъне ҳазрат ба танҳоӣ нишаста буданд ва бо худ сухан мегуфтанд ва дигарон он суханро шунида ва нақл кардаанд, ки ин эҳтимол ҳам ғайри маъқул аст.
Ва ё ин ки Ҳазрат бо афроди ғайри саҳобаи замонаш сухан мегуфтанд, аммо медонед, ки ғайри саҳобаҳои замон назди ҳазрат мушрикон ва куффор буданд ва боз ҳам маъқул нест, ки ҳазрат ба онҳо фармони тақлид ва иқтидо ба саҳобаро содир карда бошанд. Ба ҳар ҳол, ҳар як аз ин се гурўҳ, ки мухотаби ҳазрат бошанд ин ҳадис номаъқул ба назар мерасад, ва соҳати муқаддаси он Паёмбари бузург аз ин гуна сухан гуфтани номаъқул мубарро ва пок аст.
Мавлавӣ Абдуссамад: Ишколи дуввуме, ки ба назари ман мерасад ҳамон матлабе аст, ки аз қавли Ҳофиз Абўбакри Баззоз ва Мазании Шофеӣ нақл кардед, яъне чӣ гуна мумкин аст он ҳама раъйҳо ва назариёти гуногун ва зидди ҳам, пайравӣ аз он лозим ва сабаби рушду ҳидоят бошад, магар маънои ҳидоят ғайр аз ин аст, ки роҳи ҳақ ва саҳеҳро аз байни чанд роҳ, зомини саодат нишон медиҳад? Масалан чӣ гуна мумкин аст шароб ҳам саодатовар бошад ва ҳам бадбахтиовар? Шумо сухани Ибни Масъудро аз бародар Аминӣ шунидед, ки эҳтимол медод баъзе гуфтаҳояш хато ва мухолифи ҳидоят бошад. Як саҳобӣ ин матлабро мефаҳмад, аммо мо чӣ гуна ҷуръат мекунем бо қабул ва таъйиди ҳадиси нуҷум ба он ҳазрат нисбат диҳем, ки тавҷеҳе ба ин ҳақиқат надошта ва ҳама раъйҳои гуногуни саҳобаро ҳидоят шуморидааст!
Бародар Аминӣ: Бале, ишколи саҳеҳ ва ҷолибе буд. Илова бар ин ишколи севвуме ҳам ба назар мерасад мабнӣ бар ин, ки калимаи иқтидо ба маънои пайравӣ ва қадам ҷои қадами муқтадо гузоштан аст. Шумо бифармоед оё саҳобаи ҳазрат ҳама маъсум (бегуноҳ) буданд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, натанҳо маъсум набуданд, балки бисёре аз онҳо муртакиби гуноҳи сағира ва гоҳе кабира мешуданд, ки шумо дар ҷаласаи аввал гўшаҳое аз гуноҳи онҳоро баршумурдед.
Бародар Аминӣ: Акнун бифармоед, оё иҷозатт медиҳед, ки мо ба ин саҳоба иқтидо кунем ва ҳар ҷо ки онҳо қадам гузоштанд мо ҳам қадам бигзорем?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не,
"لا طاعة لمخلوق في معصية الخالق."
"Итоат ва пайравии махлуқи Худо дар маъсияти Худованд дуруст нест."
Бародар Аминӣ: Оё Паёмбари бузургвори Ислом ин иҷозатт ва фармонро ба мо додааст?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Наузу биллоҳ.
Бародар Аминӣ: Пас чӣ гуна ба онҳо иқтидо кунем?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бояд баррасӣ кунем ва бубинем, ки кадом як аз гуфтор ё рафтори онҳо мувофиқ бо Қуръон ва суннати Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам будааст ва кадом мухолиф бо онҳо. Мо дар корҳои ҳасанаи онҳо ба онҳо иқтидо мекунем ва дар корҳои хилоф ба онҳо иқтидо намекунем.
Бародар Аминӣ: Агар иқтидои мо бо шарт ба шинохти гуфтор ва аъмоли мутобиқи Қуръон ва суннати онҳост, вақте ки Қуръон ва суннатро шинохтем, чаро ба Қуръон ва суннат амал накунем ва ба саҳоба иқтидо кунем? Чӣ ниёзе дар ин сурат ба иқтидо аст? Илова бар ин, шумо ҷаноби Мавлавӣ бо ин ҷудоие, ки матраҳ фармудед, эътироф кардед, ки ҳамаи саҳоба одил набудаанд, ҳамаи аъмол ва гуфторашон саҳеҳ ва одилона ва сабаби ҳидоят набудааст ва онҳо ситорагони ҳидояткунанда набудаанд, ки шоистагӣ дошта бошанд, ки тамоман ба онҳо иқтидо кунем, пас бо ин эътиқод, чӣ гуна метавонед ин ҳадисро бипазиред ?
Мавлавӣ Абдусамад: Ба назари ман олимони бузурги аҳли суннат ҳам ҳеҷ гоҳ муқаллиди ҳамаи саҳоба ҳатто он теъдод афроди камсавод ё бесаводе, ки иттилооти андак аз маорифи Қуръон ва суннат доштанд, нашуданд. Оқилона ҳам нест олимони бузурге монанди Имом Молик ва Имом Абўҳанифа ва имом Шофеӣ ва дигарон муқаллиди саҳобае бошанд, ки як садуми онҳо маълумоти динӣ надоштааст. Ман дар муқаддимаи таърихи Ибни Халдун ҳам дидаам, ки ин олим ва муҳаққиқи бузурги аҳли суннат ошкоро навиштааст: "Ҳамаи саҳоба аҳли фатво набудаанд ва аҳком ва маорифи динӣ аз ҳамаи онҳо пурсида намешуд, чун ин мақом хусуси он гурўҳ аз дарккунандагони Қуръон ва олимон ба носиху мансух ва муҳкаму муташобеҳ ва анвои далолатҳои оятҳои шарифаи Қуръон аст, ки Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фаро гирифтаанд ва бояд донист, ки уммати араб дар он замон ғолибан дарснахонда буданд." Ман фикр мекунам ҳамаи уламои муҳаққиқи аҳли суннат ҳам ҳамин ақидаро воқеан дошта ва доранд, аммо ба далели ҳифзи қадосати саҳоба онро изҳор намекунанд ва ин гуна аҳодиси нуҷумро барои мардум мехонанд.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ишколоти сегонаеро, ки шумо азизон бар мафҳум ва мазмуни ин ҳадис матраҳ кардед саҳеҳ аст ва посухе ба назарам намерасад.
Мавлавӣ Ҳофиз: Ҷаноби Мавлавӣ, акнун ҳадисҳои дигареро, ки дар назар доред, бифармоед.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бо ин баррасии бисёр қавии санадӣ ва муҳтавоӣ, ки ҷаноби бародар Аминӣ дар бораи ҳадиси нуҷум фармуданд, ҷое барои истидлол ба дигар ҳадисҳо боқӣ намемонад.
Бародар Аминӣ: Ба ҳар ҳол, мо ҳозирем бишнавем ва истифода кунем ва он чи ба назари кўтоҳи мо бирасад хидмататон арз кунем. Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ҳадиси шарифи набавӣ, ки фармуданд:
"الله الله في اصحابي لا تتخذوهم غرضا فمن احبهم فبحبي احبهم ومن ابغضهم فببغضي ابغضهم ومن آذاهم فقد اذاني ومن اذاني فقد آذی الله فيوشك ان ياخذه."
"Шуморо ба Худо, шуморо ба Худо, ба асҳоби ман таваҷҷўҳ кунед, онҳоро ҳадаф қарор надиҳед. Ҳар кас онҳоро дўст дошта бошад ба хотири муҳаббати ман хоҳад буд ва ҳар кас бо онҳо душманӣ кунад ба хотири душмании бо ман хоҳад буд ва ҳар кас маро озор диҳад Худоро озор додааст ва ба зудӣ муҷозоташ ва азобашро хоҳад дид."[46]
Бародар Аминӣ: Бародар Мавлавӣ, шумо ин ҳадисро аз ҷиҳати санад баррасӣ кардаед?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, вале чун дар сунани Тирмизӣ ҳаст барои мо кифоят мекунад.
Бародар Аминӣ: Ба назари шумо оё Тирмизӣ ва дигар соҳибон сиҳоҳи шашгона маъсум будаанд?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не.
Бародар Аминӣ: Оё мумкин аст онҳо ба далели эътиқоде, ки ба баъзе ровиён доштаанд бинобар назари худашон ҳадисҳои онҳоро дар китобҳои худ нақл карда бошанд, аммо дар воқеъ, баъзе аз он ровиён одил, ростгў, ҳофиз, зобит ва дақиқ набошанд, ё ин имкон вуҷуд надорад?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Чаро, ин имкон вуҷуд дорад, чун шинохти бузургон аз ровиён "нисбӣ" аст. Мумкин аст баъзе аз муҳаққиқон ва олимони илми риҷол иттилооти дақиқтаре аз онҳо дошта бошанд.
Бародар Аминӣ: Бинобар ин, агар банда назарияи баъзе аз муҳаққиқон ва муаллифони илми риҷоли аҳли суннатро, ки мавриди қабул ва эътимоди ҳамаи уламои аҳли суннат аст ба беэътибории баъзе аз ровиёни ин ҳадис нақл кунам, оё боз ҳам ин ҳадис мўътабар хоҳад буд ва назарияи ин муҳаққиқонро рад хоҳед кард?
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Банда далеле бар радди онҳо надорам ва намедонам бояд чӣ кунам?
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ, агар шумо бо иттилое, ки аз таърихи зиндагии ровиён ва риҷол доред, ворид дар санади ин ҳадис шавед, зербинои ин ҳадис зада хоҳад шуд. Ман пешниҳод мекунам ба ҷои ин баҳс чанд китоб дар илми риҷол, ки уламои бузурги аҳли суннат дар баррасии зиндагии ровиёни ахбор таълиф кардаанд ном бубаред, то мо ҳар гоҳ бихоҳем ба ҳадисе истидлол кунем аввал зиндагиномаи ровиёни он ҳадисро дар он китобҳо бихонем.
Бародар Аминӣ: Хоҳиш мекунам. Бародар Мавлавӣ Абдуссамад шумо бифармоед.
Мавлавӣ Абдусамад: Китоби Аз-Зуафои Доруқутнӣ, Аз-Зуафои Ҳоким, китоби Фи-Маърифатиз-зуафои Ақилӣ, китоби Ал-Комили Абўаҳмад ибни Адӣ, Мизонул эътидоли Ҳофиз Абўабдуллоҳи Заҳабӣ, Лисонул Мизони Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Ал-Камол фи асмоир-риҷоли Ҳофиз Абўабдулғанӣ ибни Абдулвоҳид Сарвар Муқаддасӣ, Таҳзибул Камоли Ҳофиз Абулҳаҷҷоҷ Юсуф ибни Закии Алмазӣ, Таҳзибут таҳзиби Ибни Ҳаҷари Асқалони, Таҳзибут таҳзиби Ҳофиз Заҳабӣ.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ташаккур. Мо муддате аст бо ҷаноби Мавлавӣ Абдуссамад дўст ва ошно ҳастем, аммо аз ин ҳама иттилооти эшон то кунун истифода накардем.
Мавлавӣ Ҳофиз: Худи ҷаноби Мавлавӣ Абдуссамад, бояд иттилооташонро дар фурсатҳои лозим дар ихтиёри мо ҳам қарор медоданд.
Мавлавӣ Абдуссамад: Росташ ман заминаро барои матраҳ кардани ин масоил муносиб намедидам, махсусан баъзе аз дўстон ба далели таассубе, ки доранд мумкин аст бандаро муттаҳам ба тағйири мазҳаб кунанд. Ман хеле мутолиа доштаам ва ба хеле матолиб даст ёфтаам, аммо ҷуръати ошкори онҳоро надоштаам.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ, аз асли матлаб дур нашавем. Лутфан он чиро дар баррасии ин ҳадис ба назари ҳазрати олӣ мерасад баён фармоед.
Бародар Аминӣ: Ишколи аввал ин аст, ки ин ҳадис ҳеҷ рабте ба "адолат" ва "фазилат"-и саҳоба надорад. Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тибқи нисбати ин ҳадис ду хоста аз дигарон матраҳ кардаанд: Яке ин ки "онҳоро ҳадаф нагиранд" ва аз сафҳаи таърих ҳазф накунанд, дуввум ин ки онҳоро ба далели мусоҳибат бо он ҳазрат дўст бидоранд, чун мўъмин ва мусулмоне, ки паёмбарашро дўст дорад, мусоҳибати ёронеро, ки бо эшон рафту омад доштаанд як арзиш дониста ва дўст медорад ва ба далели мусоҳибати онон бо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо онҳо душманӣ намеварзанд. Таваҷҷўҳ мефармоед, ки аслан дар ин ҳадис сухан аз адолат ва дараҷаи хубии асҳоб ба миён наомадааст.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале, ин матлаб саҳеҳ аст, аммо фармони муҳаббат ва парҳез аз айбҷўӣ ва душмании онҳоро ба мо додааст.
Бародар Аминӣ: Бале, ишколи дуввуми мо ҳамин аст, ки мо фармони муҳаббат варзидан ба ононро ба далели мусоҳибаташон дорем, аммо ҳар кадом, ки хилофе муртакиб шудаанд мо аслан фармони муҳаббат ба хилоф ва маъсияташонро надорем, балки бисьёр нороҳат ҳастем. Иҷозатт бидиҳед ба таъбири "илми усули фиқҳ" арз кунам. Уламои илми усул фармудаанд: "Таълиқи ҳукм бар васф, машъар ба иллият аст", яъне агар гуфтанд: Донишмандонро гиромӣ бидоред, ин гиромӣ доштан ба далели дониши онҳост ва лозим нест аз ҷиҳатҳои дигар ҳам онҳоро таҷлил ва эҳтиром кунанд, чун сабаби гиромӣ доштан ҳамон сифати дониш аст. Акнун, ки Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармудааст: "Асҳоби маро дўст бидоред", яъне онҳоро ба далели мусоҳибаташон дўст бидоред, аммо ҳеҷ лозим нест, ки бақияи ҷиҳатҳо, гуфтор ва рафторашонро дўст бидорем. Мо шиаён ҳам барои мусоҳибати ҳамаи асҳоб ҳатто онон, ки таърихи аҳли суннат ҷароими зиёде аз онҳоро нақл кардааст, бузург мешуморем ва ин ҳамроҳиро як тавфиқ ва фазилат дониста ва гиромӣ медорем, аммо аз хатоҳои онон нороҳатем ва аз ин ҷиҳат ба онон муҳаббат намеварзем. Мо бо ин теъдод аз саҳобаи хатокор душман нестем, балки фақат интиқод дорем ва интиқод ғайр аз душманӣ аст. Албатта бо афроди каме, ки ҷузви гурўҳи мунофиқон буданд ва дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё пас аз реҳлати он ҳазрат ба душманӣ бо Алӣ алайҳис-салом ё роҳҳои дигар, нифоқи худро зоҳир карданд, душман ҳастем, ҳам чунон, ки худи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нишонаҳои нифоқро ба мусулмонон ва уммати худ муаррифӣ карданд, то уммат битавонад мунофиқро аз мўъмин бишносанд ва яке аз онҳо нишонаҳои душманӣ ва ҷанг бо Алӣ алайҳис-салом буд. Он Ҳазрат фармуданд:
"يا علي لايحبك الا مؤمن ولا يبغضك الا منافق."
"Эй Алӣ! Ҳеҷ кас ғайр аз мўъмин туро дўст намедорад ва ҳеҷ кас ғайр аз мунофиқ бо ту душманӣ намекунад."
"يا علي من زعم انه يحبني وهو يبغضك فقد كذب. قوله صلی الله عليه وآله: انت سيد في الدنيا سيد في الاخرة من احبك فقد احبني ومن ابغضك فقد ابغضني."
"Эй Алӣ касе гумон кунад, ки маро дўст медорад ва ў буғз ва кинаи туро дорад дар ҳақиқат дурўғ гуфтааст, сухани Паймбар: Ту дар дунё ва охират ҳастӣ, касе, ки туро дўст дорад дар ҳақиқат маро дўст дошта ва касе нисбат ба ту кина ва буғз дорад ба ҳақиқат кинаву буғзи манро дорад."[47]
"عن ابي ذر قال: كنا لا نعرف المنافقين في عهد رسول الله صلی الله عليه وآله الا بثلاث: بتكذيبهم الله ورسوله والتخلف عن الصلاة وببغصهم علي بن ابي طالب."
Ин он қадар байни саҳоба маъруф ва мусаллам буд, ки Абўзар гуфта аст: "Мо саҳоба дар замони Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мунофиқонро аз се роҳ мешинохтем: Аввал дурўғ бастан ба Худо ва Расул, дуввум тахаллуф аз намози ҷамоат, севвум душмани бо Алӣ ибни Абўтолиб."[48]
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Нуктаи хубе аст. Мо ҳам онҳоро аз ҷиҳати ҳамсўҳбат ва корҳои некашон дўст дорем на аз ҷиҳати хатоҳое, ки муртакиб шудаанд.
Мавлавӣ Абдуссамад: Илова бар ин ишколи чаҳоруме ба назар мерасад: Агар душманӣ бо як саҳоба ба далели хилофе, ки ба назараш расида, сабаби мустаҳаққи ҷаҳаннам бошад, бояд мусулмононе, ки дар ҷангҳое пас аз реҳлати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо ҳам даргир шуданд ва ҷангиданд ва ҳатто касоне, ки даргирӣ ва душмании шахсӣ бо ҳам доштанд, ҳама аҳли ҷаҳаннам бошанд ва ҳол он ки ҳеҷ кас ҷуръати ин сухан ва ақидаро надорад.
Мавлавӣ Ҳофиз: Ҷаноби Мавлавӣ Муҳаммадумар, агар аҳодиси дигаре дар назар доред бифармоед.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ҳадиси дигаре, ки аз назари санад саҳеҳ бошад ва ҳам мафҳум равшан ва ошкоре дар бораи саҳоба дошта бошад ҳозир ба хотир надорам.
Мавлавӣ Абдуссамад: Агар иҷозатт бифармоед ҳадисеро, ки дар саҳеҳи Бухорӣ[49] ва Муслим[50], сунани Тирмизӣ[51] ва ғайра[52] дидаам хидмататон бихонам то ончӣ дар бораи мазмуни он ба назаратон мерасад баён фармоед.
Бародар Аминӣ: Бифармоед.
Мавлавӣ Абдуссамад: Он ҳадис ин аст, ки Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам фармуданд:
"خير الناس قرني ثم الذين يلونهم ثم الذين يلونهم"
"Беҳтарин мардуми таърихи башарият афроде ҳастанд, ки дар қарни ман қарор доранд ва баъд аз инҳо дар мартабаи дуввум касоне ҳастанд, ки баъд аз инҳо дар қарни дуввум ҳастанд ва баъд аз онҳо касоне ҳастанд, ки баъд аз гурўҳи севвум меоянд. Албатта ин ҳадис дар китобҳо ба як сурат наёмада ва каме фарқ дорад.
Мавлавӣ Ҳофиз: Ба ҳар ҳол, ин ҳадис ҳам, мавзўи адолати саҳобаро аслан матраҳ накардааст.
Мавлавӣ Абдуссамад: Оре, ҳақиқати қазия ин аст, ки ин ҳадис рабте бо адолати саҳоба надорад ва фақат афзалияти саҳоба ва мусулмонони асри Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллами-ро бар дигар мусулмонон собит мекунад, ки ин худаш бисёр муҳим аст.
Бародар Аминӣ: Оре, аввалин ишколро худи шумо фармудед. Дуввумин ишкол он аст, ки бинобар нақли хабари (хайрун нос), ки Бухорӣ нақл карда маънои ҳадис он аст, ки ҳар як аз саҳоба аз паёмбарони гузаштаи таърих, ҳатто аз паёмбарони улул-азм ҳам болотаранд.
Барои ин ки ҳадис маънои саҳеҳе пайдо кунад, ночорем чизеро бигўем, ки муҳаддиси бузурги аҳли суннат, Нававӣ дар шарҳи ин ҳадис дар саҳеҳи Муслим гуфта аст, ки: Мақсад аз афзалият "маҷмўаи саҳоба" аз маҷмўаи дигар мардуми таърих аст, на ин ки якояки саҳоба афзал аз дигарон бошанд.[53] Дар ин сурат афзалияти баъзе аз саҳоба иҷмолан бар дигар мардуми ҷаҳон собит мешавад ва ақидаи мо ҳам ҳамин аст. Ба назари мо боз ҳам маънои ҳадис саҳеҳ ва мавофиқи воқеъ нахоҳад шуд, чун ҳеҷ як аз саҳоба бар паёмбарони улул-азм ва ҳатто дигар паёмбарони Худо бартар нестанд. Илова бар ин чӣ гуна ва кадом ақл қазоват мекунад, ки як саҳобаи хатокор ва дузд ё зинокор ва шаробхўр аз баъзе мўъминони поки анбиёи гузашта афзал бошад.
Севвумин ишколе, ки ба назар мерасад ин аст, ки асли сиҳҳати ин ҳадис ва содир шуданашро низ аз Паёмбари азизи Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам зери савол мебарад, чаро ки таърих нишон додааст, ки баъзе аз мусулмонони қарни аввали ҳиҷрӣ гуноҳони ваҳшатнокеро анҷом додаанд, ки ҳеҷ кадом аз наслҳои оянда то кунун он қадар рўи таърихро сиёҳ накардаанд, масалан мулоҳиза бифармоед: Қатли се халифаи рошидин ба назари шумо, ба василаи мусулмонони қарни аввал иттифоқ афтод. Шаҳодати ду сарвари ҷавонони аҳли биҳишт Имом Ҳасану Имом Ҳусайн алайҳимо салом ба василаи мусулмонони қарни аввал дар солҳои 50 ва 61-и ҳиҷрӣ иттифоқ афтод. Хонаи Худо қиблаи тамоми мусулмонони ҷаҳон ба василаи язид халифаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (ба таъбири аҳли суннат) дар қарни аввал ба манҷаниқ баста шуд. Занону амволи ёрони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар шаҳри Мадина ба василаи Язид ва мусулмонони қарни аввал барои лашкариёни Язид мутлақан мубоҳ шуд ва он ҳама фарзандани номашрўъ (зинозода) дар он сол дар шаҳри Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам таваллуд шуданд. Се ҷанги бузург бар зидди халифаи чаҳоруми мусулмонон, Алӣ алайҳис-салом ба василаи мусулмонони қарни аввал ва саҳобаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам анҷом гирифт ва даҳҳо ҳазор мусулмон кушта шуд. Сарчашмаҳои нифоқ барои аввалин маротиба дар тўли таърихи Ислом аз байни мусулмонони қарни аввал рў кард ва касоне монанди Абдуллоҳ ибни Убай ва дигарон зоҳир шуданд ва тўҳмат бар ҳамсари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҳамон қарни аввал зада шуд. Ва даҳҳо аз ин гуноҳони бузург, ки шояд дар таърихи Ислом ҳанўз такрор нашуда бошад. Бифармоед, боз ҳам қарни аввал беҳтарин қарн ва мардуми он беҳтарини мардуми таърихи Ислом ҳастанд?! Сухани имом Нававӣ ба ин сурат саҳеҳ аст, ки баъзе аз саҳобаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам он қадар дорои фазилатҳо, камолот, покӣ, тақво, ҷиҳод ва фидокорӣ буданд, ки дар тамоми таърихи Ислом, балки таърихи ҷаҳон, медурахшанд. Ба назари мо ин тафсири хуб, оқилона ва қобили қабуле аст.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бародар Аминӣ, ҳамаи ин чизҳое, ки фармудед аз назари ақлу мантиқ ва китобҳои ҳадисии мо саҳеҳ аст ва воқеан баъзе аз саҳоба монанди дигар мусулмонон бо якдигар фарқ доранд ва зоҳиран ҳамон тақсимбандии чаҳоргонае, ки аввал фармудед воқеият дорад. Аммо чаро нависандагони китобҳои саҳеҳи мо бо он ки он ҳама фазоили саҳобаро нақл кардаанд, як мартаба ҳам ин тақсими бисёр мантиқӣ ва саҳеҳро нагуфтаанд?
Бародар Аминӣ: Аввалан, нависандагони китобҳои ҳадисии аҳли суннат, ҳатто саҳеҳҳо махсусан имом Бухорӣ ин тақсимро (албатта ба сурати иҷмолӣ на ба ин равшанӣ) нақл кардааст, ки ман намунаашро бароятон мехонам. Дуввуман: Агар бифармоед, ки чаро кам сухан гуфтаанд, ҷавобаш равшан аст, чун эътиқодеро, ки аҳли суннат дар тўли таърих ба муқаддас будани ҳамаи саҳоба доштаанд, аз назари равонӣ монеъ мешавад, ки ҷуръат карда он воқеиятҳоро нақл кунанд. Шумо дар муқаддимаи баъзе аз китобҳои риҷолатон мехонед, ки: Таҳқиқ дар бораи ровии ҳадис агар чӣ лозим аст, вале дар бораи нақли рафтору аҳволи ровиёни ҳадис аз саҳоба ҳеҷ сухане нахоҳем гуфт!
Мавлавӣ Ҳофиз: Он ҳадиси шарифи Бухориро, ки фармудед байни саҳоба ҷудоӣ ва тақсимбандӣ кардааст, бифармоед.
Бародар Аминӣ: Имом Бухорӣ дар боби ҳавз чанд ҳадисро аз Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл мекунад, ки ҳазрат фармуданд:
عن النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم قال بينا انا قائم فإذا زمرة حتى إذا عرفتهم خرج رجل من بيني وبينهم فقال هلم فقلت اين قال إلى النار والله قلت وما شأنهم قال انهم ارتدوا بعدك على ادبارهم القهقرى ثم إذا زمرة حتى إذا عرفتهم خرج رجل من بيني وبينهم فقال هلم قلت اين قال إلى النار والله قلت ما شأنهم قال انهم ارتدوا بعدك على ادبارهم القهقرى فلا اراه يخلص منهم الا مثل همل النعم".
"Онгоҳ, ки дар қиёмат канори ҳавз биистам гурўҳе аз асҳоби ман бар ман ворид мешаванд, вале якояки онҳо аз ман рўй гардонда ва дур мешаванд, касоне, ки ман онҳоро мешиносам. Ба онҳо фармон мерасад, ки биёед. Ман мепурсам, ки ба куҷо? Ҷавоб мерасад, ки ба тарафи оташи ҷаҳаннам. Мегўям: Худоё, Худоё инҳо асҳоби ман ҳастанд, чаро ба ҷаҳаннам мераванд? Магар онҳо чӣ кардаанд? Худованд дар ҷавоб хоҳад фармуд: Намедонӣ онҳо пас аз ту чӣ кардаанд? Онҳо пас аз ту бидъатҳо ба вуҷуд оварданд ва муртад шуданд. Ман ҳам хоҳам гуфт: Бадо ба ҳоли касоне, ки баъд аз ман қонуни Исломро тағйир доданд.[54]
(Ин ҳадис бо лафзҳои дигаре низ нақл шуда, ки ҳазрат фармудаанд инҳо асҳоби ман ҳастанд, вале мо ҳамин як лафзро инҷо зикр кардем. Чунон, ки дар поварақӣ ишора кардем танҳо Бухорӣ ва Муслим ин ҳадисро аз 13 саҳоба ривоят кардаанд илова бар ин Аҳмад ибни Ҳанбал аз Ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Абўбакра низ онро ривоят карда ва дигарон низ ин ҳадисро ривоят кардаанд. Ва дар ҳадиси дигаре чунин ворид шудааст, ки:
عن النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم انه قال تزعمون ان قرابتي لا تنفع قومي والله ان رحمى موصولة في الدنيا والآخرة إذا كان يوم القيامة يرفع لى قوم يؤمر بهم ذات اليسار فيقول الرجل يا محمد انا فلان بن فلان ويقول الآخر أنا فلان بن فلان فاقول اما النسب قد عرفت ولكنكم أحدثتم بعدى وارتددتم على أعقابكم القهقرى.
"Гумон мекунед, ки хешовандии бо ман ба наздикони ман фоидае нахоҳад бахшид. Ба Худо савганд хешовандонам дар дунё ва охират мавриди силаи ман қарор хоҳанд гирифт. Вақте рўзи қиёмат мешавад қавмеро ба назди ман меоваранд, ки онҳоро ба тарафи ҷаҳаннам мебаранд, пас марде мегўяд: Эй Муҳаммад ман фалон писари фалон ҳастам ва дигарӣ мегўяд: Ман фалон писари фалон ҳастам, пас ман мегўям: Аммо насаби шуморо шинохтам, вале шумо баъд аз ман (дар дин) дигаргунӣ ба вуҷуд овардед ва муртад шудед".[55]
Мавлавӣ Ҳофиз: Аҷаб. Ман то кунун ин ҳадисро нашунидаам.
Бародар Аминӣ: Ба ҳар ҳол, ба назари мо ҳамон тақсимбандии чаҳоргонаи воқеъбинона аст. Ба ин хотир аксарияти асҳоб ва мусулмонони замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллами-ро аҳли биҳишт ва мўҳтарам медонем ва барои онҳо бар асоси таълими Қуръонӣ дуо мекунем, ки:
"...ربنا اغفرلنا ولاخواننا الذين سبقونا بالايمان..."
"...Парвардигоро моро ва бародарони имонии моро, ки пеш аз мо даргузаштаанд, бубахш...". [56]
Аммо шумори каме аз онҳо гуноҳони бузурге муртакиб шуда ва афроди ангуштшуморе ҳам дар замони ҳаёти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва гурўҳе ҳам баъд аз реҳлати он ҳазрат нифоқи худро ошкор карданд, фақат ин ду гурўҳ аз назари мо мухталифанд, ки албатта шуморашон кам аст. Дар ин ҳангом овози азон аз баландгўи масҷид шунида шуд ва ҳамагӣ худро барои намоз омода карданд.
Мавлавӣ Ҳофиз: Ҷаноби бародар Аминӣ, мо дар ин ҷаласаҳо хеле аз иттилооти шумо баҳра бурдем.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Иншоаллоҳ пас аз намоз ва наҳор боз дар хизмататон ҳастем.
Бародар Аминӣ: Агар иҷозат бидиҳед ман биравам. Қарор мо ин буд, ки рўзи гузашта фақат як дидоре аз шумо бародарони азизи динӣ дошта бошем, то ҳам ба савоби зиёрати мўъминон ноил шавем ва ҳам ин рафту омадҳо сабаби муҳаббату наздик шудани фикрҳо ба якдигар ва ошноӣ бо воқеияти ақоиди якдигар шавад. Ҳусни бархўрд ва муҳаббатҳо ва алтофи шумо азизон то ин вақт моро нигаҳ дршт. Ман иншоаллоҳ пас аз намоз аз хизмататон ҷудо мешавам ва меравам.
Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ бифармоед: Ва пас аз наҳор..". То мо ҳам дубора ба файзи суфраи ҷаноби мавлоно Муҳаммадумар бирасем.
Хандаи ҳозирон ва эълони омодагии бародар Мавлавӣ Муҳаммадумар барои пазироӣ.
Мавлавӣ Муҳаммадумар: Ман бояд ошкоро эълон кунем, ки то кунун ҳеҷ гоҳ озодона ба ин масъалаҳо фикр накарда будам ва ончиро омўхта будам ҳаққи мутлақ намедонистам, аммо акнун ба ин матлаби ҷолиб ва таҳқиқоти бо санаду далел ва ғайри мутаассибонаи ҳуҷҷатул Ислом бародар Аминӣ чанд то аз гиреҳҳои фикриям кушода шуд ва ба баъзе саволҳоям ҷавоб дода шуд. Албатта иншоаллоҳ бародар Аминӣ адреси худашонро муҳаббат карда ба мо медиҳанд, то ба якдигар нома бинвисем то аз ҳузуру маълумоташон истифода кунем.
Бародар Аминӣ: Монее надорад. Мо ҳам ифтихор мекунем.
Ҳама бо ҳам бархостем ва барои таҳорат ва намози ҷамоат ба тарафи масҷид рафтем.
"قال الزجاج: قوله: كنتم خير امة. ظاهر الخطاب فيه مع اصحاب النبي ولكنه عام في كل الامة ونظيره قوله ( كتب عليكم الصيام ) و ( كتب عليكم القصاص) قال القفال: اصل الامة الطايفة المجتمعة علي الشئ الواحد؟ فامه بيناهم الجماعة الموصوفون بالايمان و الاقرار بنبوته...فاما اهل الدعوته.فانه يقال انهم امة الدعوة."
Фахри Рози, Тафсири Кабир, ҷ.8.с.190.
[2]-Тафсири Ал-Манор"-и Рашид Ризо ва Муҳаммад Абдўҳ ҷ.4.с.57-59.
[3]-Тафсири Табарӣ, ҷ.4.с.43, ояти 110 аз сураи Оли-Имрон.
[4]-Ҳамон китоби пешин с.29.
[5]-Тафсири кабир ҷ.8.с.190 ояти 110 аз сураи Оли-Имрон.
[6]-Тафсири Кабир, Фахри Розӣ ҷ.4.с.112.
[7]-Тафсири Ал-Манор ҷ.2.с.4. Тафсири Табарӣ ҷ.2.с.5.
[8]-Фахри Розӣ, Тафсири Кабир ҷ.4.с.12.
[9]-Ал-Исоба ҷ.1.с.10.
[10]-Ал-Исоба ҷ.1.с.10-11.
[11]-Тафсири Мароғӣ ҷ.26.с.102.
[12]-Ад-Дур-ул-мансур ҷ.7.с.251 дар зери ҳамин оят.
[13]-Исмоил Ҳаққӣ, чопи Лубнон ҷ.9.с.33.
[14]-Олуси дар Тафсири Руҳ-ул-маонӣ ҷ.26.с.107 ва мегўяд: "Ба гуфтаи бисёре аз муҳаддисин ва қавли дуруст адади мўъминон 1400 нафар буданд."
[15]-Усд-ул-ғоба ҷ.1.с.2.
[16] Тафсири Руҳул Маони, ҷ 26, с 107.
[17]-Тафсири Аддур-Алмансур ҷ.7.с.523, дар зери ҳамин оят, аз Маъқал ибни Ясор. Ин хабар дар Саҳеҳи Муслим ҷ.6.с.25 Аз Ҷобир ва ба 1400 нафар будан низ ишора шуда ва ҷ.6.с.26 Маъқал ибни Ясор. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.10.с.416.ҷ.11.с.231. "Сунан"-и Тирмизӣ ҷ.3.с.75.р.1639. "Муснад"-и Аҳмад ҷ.3.с.355. Сунан"-и Доримӣ ҷ.2.с.220 низ ривоят шудааст. Дар Саҳеҳи Муслим аз Маъқал ва дар Табақоти Ибни Саъд ҷ.2.с.100 ва таърихи Табарӣ ҷ.2.с.279 ва тафсири Табарӣ ҷ.26.с.113 аз Ҷобир ва Қутода чунин расида, ки дар он рўз байъаткунандагон 114 нафар будаанд.
[18]-Канзул Уммол, Муттақи Ҳиндӣ, ҷ.13.с.110, ҳадиси 36361 ва дигарон бо санадҳои гуногун.
[19]-Тафсири Муроғӣ ҷ.11.с.11.
[20] Тафсири Руҳул Маонӣ, ҷ 5, с 121, зери ояти 94 сураи Нисо.
[21]-"Ад-Дурр-ул-мансур"-и Суютӣ, ҷ 4, с 260.
[22] Тафсири Муроғӣ, ҷ 5, с 129.
[23] Ад-Дуррул мансур, ҷ 5, с 260, зери ояти 90 сураи Тавба.
[24] Ад-Дуррул мансур, с 679, зери ояти 98 сураи Анбиё.
[25] Сураи Анбиё-98,101.
[26] Ҳамон.
[27] Ал Исоба, ҷ 1, с 10-11.
[28]-Субҳи Солеҳ, Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 210, с 225.
[29]-Усдул-ғоба ҷ.1.с.3.
[30]-Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Албаҷовӣ ҷ.1. с 607.р.2299.
[31] Абў Ҳайёни Андулусӣ, Тафсири Баҳр-ул-муҳит ҷ.5.с.528.
[32] Ҳамон.
[33] Ҳамон.
[34] Ҳамон.
[35] Ҳамон.
[36]-Мирҳомид Ҳусейн, Абақотул анвор, ҷузъи 5 аз ҷилди 12 с 850.
[37]-Ҳамон.
[38]-Ҳамон ҷузъи 2, аз ҷилди 12.с.525.
[39]-Ҳамон, с 531.
[40]-Абдураҳмон ибни Ҷавзӣ Ал-Илалул мутаноҳия фил аҳодисил воҳия, бо муқаддамаи шайх Ҷалил Ал-Мунис, ҷ 1, с 283.
[41]-Абақот ул-анвор ҷ.12.с.564.
[42]-Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол фӣ нақдир-риҷол ҷ.1.с.412рақами 1511.
[43]-Ҳамон.
[44]-Ҳамон с.606.рақами 2299.
[45]-Шавконӣ ин ривоятро дар баҳси адолати саҳоба оварда, вале нақд накардааст.
[46]-Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад, ҷ 5, с 54-55.
[47]-Канзул уммол ҷ.11.с.622 ҳадиси 33026-3302-33028. Фароид-ус-симтайн Ҷувайнӣ ҷ1.с.128-134.
[48]-Ҳамон, ҷ.13.с.106, ҳадиси 36346.
[49]-Саҳеҳ Бухорӣ, Китоби фазоили асҳоби Наби,ҷ 5, с 60, ҳадиси 173.
[50]-Саҳеҳ Муслим, Боби Фазоили Саҳоба,ҷ 7, с 184.
[51]-Сунани Тирмизӣ, ҷ 5, с 357, ҳадиси 3950.
[52]-Канзул Уммол, ҷ 11, с 526, ҳадиси 32449, с 534, ҳадиси 32495.
[53]-Шарҳи Саҳеҳи Муслим"-и Нававӣ ҷ.15-16.саҳ.58-318.
[54]-Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.7.с.208 боби Ҳавз ва ҷ.8.с.87 китоби Фитан. Бухорӣ ин ҳадисро бо чандин санад аз Саҳл ибни Саъд, Анас, Абўҳурайра, Абўсаиди Худрӣ, Асмо бинти Умайс, Абўвоил ва Саид ибни Мусаййиб ривоят кардааст. Саҳеҳи Муслим ҷ.7.с.66 аз Ҷундаб, Маоз, уммул мўъминин Умми Салама ва Оиша, Ҳузайфа, Абўзар, Шақиқ ибни Абдуллоҳ, Асмо, Анас, Саъд ва Абўсаид бо санадҳои зиёд ривоят кардааст.
[55]-"Муснад"-и Аҳмад ҷ.3.с.18-39. Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.10.с.364 аз Абўяъло ва санадашро саҳеҳ гуфта аст. Фатҳ-ул-борӣ ҷ.11.с.334 санадашро хуб гуфта аст.
[56] -Сураи Ҳашр ояти 10.