back page

Ниёиш

next page

 

"والذين جاءوا من بعدهم يقولون ربنا اغفرلنا و لاخواننا الذين سبقونا بالايمان و لا تجعل في قلوبنا غلا للذين آمنوا ربنا انك روءف رحيم."

Ва онон, ки пас аз муҳоҷирону ансор омаданд (ва бақия мўъминон) доим дар дуо ба даргоҳи Худо арз мекунанд, Парвардигоро! Мо ва бародарони диниамонро, ки дар имон пеш  аз мо шитофтанд, бубахш ва дар дили мо, кина ва ҳасади мўъминонро қарор надеҳ, Парвардигоро! Туӣ, ки дар ҳаққи бандагонат бисёр рауф  ва меҳрубонӣ". Сураи Ҳашр-10.

   Худовандо! Ту шоҳидӣ, ки мо на танҳо аз дўстдорон ва шифтагони саҳобаи солеҳи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастем, балки бо он гурўҳ аз саҳобаҳои мўъмин, ки баъзан дучори гуноҳ ва лағзиш шудаанд, ҳеҷ, кина дар дил надошта ва аз ту оҷизона мехоҳем, ки бо раҳмат ва раъфати худ гуноҳонашонро бубахшӣ ва бо Паёмбари бузург саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маҳшурашон намоӣ, ба ғайр аз мунофиқон, ки лаънати худ ва ҷовидонагӣ дар оташи ҷаҳаннамро ба онон эълон кардаӣ.

Бор илоҳо! Ту худат дар, китоби ваҳят ҷудоии хуб аз бадро аз қонунҳои худ муаррифӣ кардаӣ:

"ليميز الله الخبيث من الطيب..."

"То он, ки Худованд палидро аз покиза ҷудо созад". Сураи Анфол-37.

Ва ба мо фармон додаӣ дар ҳангоми истифода аз неъматҳоят бо диққат ба он назар кунем:

"فلينظر الانسان الی طعامه"

"Инсон ба  таоми худ бо чашми хирад нигоҳ кунад". Сураи Абаса-24

Ва бандагони хуби ту низ чунин карданд мабодо, ки бо ворид шудани нопокиҳо дар вуҷудамон дучори беморӣ  ва гумроҳӣ шавем:

"فلينظر ايّها ازكی طعاما فليأتكم برزق منه..."

"То инсон назар кунад, ки кадом таом покизатар аст, то аз он ризқу рўзӣ фароҳам оварад". Сураи Каҳф-19.

Ва мо бо илҳом ва пайравӣ  аз ин қонуни ту ба шинохти воқеъбинона дар бораи нақлкунандагони шариати Паёмбарат пардохтем, на ба далели айбҷўӣ аз бандагонат, балки ба хотири пок сохтани суннати воқеии Паёмбарат аз нохолисиҳо, ба Исломи ҳақиқӣ ва рафтори поки хотами паёмбаронат даст ёбем ва рўҳу ҷони ташнаи худро аз зулоли кавсараш сероб созем.

Сухане бо хонанда

"ادع الی سبيل ربك بالحكمة والموعظة الحسنة وجادلهم بالتي هي احسن..."

"Худованди Мутаол дар рўзгоре, ки ҷаҳлу нодонӣ ба авҷи худ расида буд, Расули гиромияшро барои рў ба рў шудани олимона ва ҳакимона бо мардум ва ҷидоли аҳсан ва беҳтар фаро хонд". Сураи Наҳл-125.

Ва агар имрўз пас аз қарнҳо бо вуҷуди даргириҳо ва кашмакашҳо заминае фароҳам омада, ки башари асри имрўз аз гуфтугўи тамаддунҳо истиқбол кунад ва зарурати чунин чизеро бипазиранд, бешакку шубҳа бетаъсир аз таълимоти анбиёи илоҳӣ нест. 

Гуфтугў ва такя бар муштаракоти динҳо омўзае аст, ки Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар чаҳордаҳ қарн пеш бар он таъкид карда ва Қуръон ба он ба равшанӣ ишора кардааст.

"قل يا اهل الكتاب تعالَوْا الی كلمةٍ سواءٍ بيننا وبينكم..."

"Бигў эй аҳли, китоб биёед аз он калимаи ҳақ, ки миёни мо ва шумо баробар аст (ва ҳама онро ҳақ медонем пайравӣ кунем)". Сураи Оли-Имрон-64.

Дини Ислом илова бар таваҷҷўҳ ба гуфтугў миёни динҳо, бар ваҳдат миёни пайравони худ таъкид карда ва ҳамвора ононро ба парҳез аз тафриқа ва ҷудоӣ даъват кардааст. Чӣ қадар ҷои таассуф аст, ки на танҳо ба ин даъват ҷавоби мусбат дода нашуд, балки ихтилофи назарҳо ва бардоштҳои гуногун аз Қуръон ва ҳадис, тафриқа ва ҷудоиро дар миёни уммати исломӣ ҳар рўз бештар аз гузашта афзоиш дод ва заминаи тазъифи мусулмононро фароҳам кард. Хушбахтона баъд аз пирўзии инқилоби  исломии Эрон дар канори равшангариҳои раҳбари инқилоби исломӣ ҳазрати имом Хумайнӣ қадамҳои бо таъсире дар бораи иттиҳоди уммати исломӣ бардошта шуд, ки худ сарчашмаи баракоти бисёре барои матраҳ кардани баҳсҳои илмӣ ва гуфтугўҳои солим, гардид.

Ба ҳар хотир, инак зарурати муомилаи фикрӣ дар миёни андешаҳои гуногун, мавриди қабули ҳамаи хирадмандон қарор гирифта аст. Вақти он фаро расида, ки заминаи шакли баҳсу гуфтугў дар бораи бисёре аз мавзўоти мавриди ихтилоф дар фазои илмӣ ва ба дур аз пешдоварӣ ва таассуб фароҳам ояд, то дар натиҷа замина барои иттиҳоди ҳарчӣ бештари мусулмонон фароҳам шавад.

Яке аз мавзўоти муҳимми мавриди баҳс дар ин замина, масъалаи адолати саҳоба аст. Саҳобагон ба гувоҳии таърих дар шароити сахт ва душвор ба ёрии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шитофтанд, ҳам муҳоҷирон, ки дар даврони сахти пеш аз ҳиҷрат бо вуҷуди сабрашон ба шиканҷаҳои фаровон даст аз ҳимояти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам накашиданд ва ҳам ансор, ки бо ҳимояту талоши худ заминаи ташкили ҳукумати исломиро дар дили куфру ширк фароҳам карданд. Дар Қуръони Карим оятҳои зиёде дар ситоиш ва таърифи   саҳоба омада аст, он ҷо, ки мефармояд:

"والسابقون الاولون من المهاجرين والانصار والذين اتبعوهم بإحسان رضي الله عنهم ورضوا عنه..."

 

"Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки бо некўкорӣ аз онон пайравӣ карданд, Худо аз онҳо хушнуд ва онон низ аз Худованд хушнуданд". Сураи Тавба-100. Ва ё

"لقد رضي الله عن المؤمنين اذ يبايعونك تحت الشجرة..."  

"Ба рости Худованд аз мўъминоне, ки зери он дарахт бо ту байъат карданд хушнуд шуд". Сураи Фатҳ-18.

Бинобар ин, дар лозим будани эҳтиром ба саҳоба ҷои шакку шубҳа нест. Аммо саволе, ки пеш меояд ин аст, ки оё ин ситоишҳо ва таърифҳо ҳамаи саҳобаро дарбар мегирад? Оё адолати онҳоро исбот мекунад? Оё бо такя ба ин оятҳо метавон ҳамаи саҳобагонро аз гуноҳон пок донист? Чуноне, ки аҳли ҳадис бар ин эътиқод доранд ва ё ин, ки чунин нест, балки аз оятҳои дигаре ҳам бар накўҳиш ва сарзаниши баъзе аз саҳоба метавон истидлол кард.  

"يا أيّها الذين آمنوا ان جاءكم فاسق بِنَبَإٍ فتبيّنوا..."

"Эй мўъминон ҳар гоҳ фосиқе хабаре барои шумо овард напазиред, то ин, ки таҳқиқ ва пурсуҷў кунед". Сураи Ҳуҷурот-6.

"افمَن كان مؤمنا كمَن كان فاسقا لا يستوُن..."

"Оё он касе, ки мўъмин бошад, бо он касе, ки фосиқ аст баробаранд, ҳаргиз мўъмин ва фосиқ баробар нахоҳанд буд".  Сураи Саҷда-18.

Бешак гуфтугў дар ин замина метавонад барои ҳар чӣ бештар равшан шудани ҳақиқатҳо ва бартараф шудани гумонҳои бад, барои эҷоди мувофиқат ва наздикии бештари фирқаҳои исломӣ, таъсири босазое дошта бошад.

Китобе, ки дар даст доред ҳосили чандин ҷаласа гуфтугўи бародари фозил Муҳаммад Ҳасани Замонӣ бо баъзе аз уламои аҳли суннат аст, ки дар фазои самимона ва бародарона дар бораи адолати саҳоба анҷом шудааст.

 Дар хотима аз нависандаи мўҳтарам Раҳматуллоҳ Зиёӣ, ки саъю талош карданд, то бар, китобҳое, ки мавриди истидлол қарор гирифта изофа кунанд, тақдир ва ташаккур мекунем. Бо умеди  ин, ки чунин гуфтугўҳо битавонад заминаро барои якдигарфаҳмии бештари мусулмонон фароҳам оварад.

 

 


 

 

Пешгуфтор

"كان الناس امةً واحدةً فبعث الله النبيّين مبشِّرين ومنذرين..."

"Мардум ҳама як уммат буданд Худо паёмбаронро фиристод, ки неконро башорат диҳанд ва бадонро битарсонанд". Cураи Бақара-213.                                                                                                                          

Саҳнаҳои зебои ҷамъияти  мусулмонони садри Ислом ва саҳобагони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гирдогирди вуҷуди он ҳазрат, он чунон дилнавоз аст, ки ҳатто хотироти он ҷамъиятҳо ва аз худгузаштагиҳои бародарона баъд аз гузашти қарнҳо, ҳанўз ҳам инсонро ба ваҷду нишот  меоварад. Онон бо вуҷуди гуногунии забон, қавм, ранг, андешаву салиқа, ваҳдати диниро ҳифз карданд, бо ҳамаи ихтилофи андеша ва фарқҳое, ки доштанд бо ҳамдигар меҳру муҳаббат меварзиданд. Афсус, ки вафоти сарвари олам ва маҳрум мондани мусулмонон аз файзи ҳидоятҳои он ҳазрат сабаб шуд, то баъзе аз саҳоба барои дарку фаҳми матлаб, ба Қуръон ва аҳодиси набавӣ ва тафсири онҳо бипардозанд ва ҳамин кор яке аз сабабҳои пайдоиши мазҳабҳо ва фирқаҳои гуногун дар уммати исломӣ шуд.

Бо ин ҳол олимони мазоҳиб ва пайравонашон метавонистанд бо вуҷуди ихтилофҳои фиқҳӣ ва ақидатӣ, дўстона ёвари ҳам башанд ва дар ҳамаи масъалаҳои динӣ ва дунявӣ ба ҳамфикрӣ, ошноӣ бо назароти якдигар ва ҳамкорӣ пардохта ва ба дидгоҳҳои муштарак бирасанд. Аммо илатҳои гуногуне ба монанди худмеҳвариҳо, ғурури илмӣ, мансабталабӣ, мушоҳидаи тундиҳо ва бархўрдҳои ношоист, иҳонатҳо, тўҳматҳо, бегонагӣ ва бехабарӣ аз афкори воқеии якдигар дар гузашти таърих, сабаби ҷудоии як уммат шуд. Онон ба ҷои дарс гирифтан аз оятҳои шарифае монанди:

"واعتصموا بحبل الله جميعا ولا تفرَّقوا..."

"Ҳамаги ба ресмони (дини) Худо чанг бизанед ва аз ҳамдигар мутафарриқ (ҷудо) нашавед". Сураи Оли-Имрон-103.

"ولا تنازعوا فتفشلوا وتذهب ريحُكم..."

"Ҳаргиз ба роҳи ихтилоф ва ҷанҷол наравед, ки сустӣ меорад ва дар асари ҷанҷол, қудрату азамати шумо нобуд мешавад". Сураи Анфол-46.

Тавони илмӣ, иқтисодӣ ва гоҳе низомии худро сарфи кўбидани якдигар карда ва аз пешрафти илмӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳон бозмонданд.

Пирўзии инқилоби бузурги исломии Эрон бо раҳбари олиқадр ҳазрати имом Хумайнӣ бузургтарин огоҳие буд, ки бар пайкари уммати исломӣ ворид шуд ва ононро нисбат ба зарурати иттиҳоди бештар ва ҳамкорӣ дар пешбурди фарҳанги ҷаҳони Ислом, ҳушёр кард.  Ҳамаи инҳо ба туфайли он бузургмарди дину ирфон ва сиёсат буд, ки байрақи наҷоти ҳамаи мусулмонони оламро ба даст  гирифт. Бар ў дуруд мефиристем ва тавфиқи идомаи роҳашро барои раҳбари муаззами инқилоб ва валии амри замон ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ аз Худованди бузург талаб мекунем.

Акнун, ки дар канори ин наҳзати муқаддаси динӣ то ҳудуди зиёде душманиҳо дар байни мазҳабҳои исломӣ дар Эрон аз байн рафта ва ҳамкориҳои фаровонеро аз уламо ва андешмандони фирқаҳои исломӣ дар саҳнаҳои сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ шоҳидем, шоиста аст бақияи, кинаҳо ва душманиҳои ҷудоӣ ва бегонагиро шиносоӣ карда ва дар ҳалли онҳо бикўшем.

Банда дар солҳои ҷорӣ пас аз инқилоби исломӣ, рафту омад ва гуфтугўҳои фаровоне бо бузургони аҳли суннат ва шиа доштаам, бо баъзе аз ин афрод ва шахсиятҳо, ки бархўрд мекардам медидам қалбан майл ба ваҳдати воқеии исломӣ надоранд. Ин дидгоҳ маро хеле ба тааҷуб меовард, чӣ гуна як олим ва таҳсилкардаи суннӣ ё шиа дар фазои фарҳанги пешрафтаи Эрон ва ҷаҳон, ҳанўз натавониста зарурати ваҳдати уммати Исломро дарк ва бовар кунад.

Пас аз муддате гуфтугў ва талош барои қонеъ сохтани онҳо ба ин нитиҷа расидам, ки ин гуна афрод ба далели шинохтҳои ғалат ва ғайри воқеӣ аз ақидаҳо ва афкори мазҳабҳои муқобил, ба худ иҷозатт намедиҳанд қалбан ва воқеан дасти бародарӣ ба якдигар диҳанд ва самимона ба сўи ваҳдат ва наздик шудан ҳаракат кунанд.

Шинохтани ин манеаи бузург маро маҷбур кард, ки барои муаррифии ақидаҳои вақеии аҳли суннат ба шиаён, муҳаббати сахти онҳо ба Аҳли Байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба хусус имомони дувоздаҳгона ва безорӣ аз носибиҳо (касоне, ки Аҳли Байти Паёмбарро душман доранд ва дашном медиҳанд), мушарраф шудани бисёре аз аҳли суннат ба зиёрати марқади имомони бузургвори шиа, ба хусус зиёрати Имом Ризо алайҳис-салом, таълифи, китобҳои фаровон[1] ва сурудани шеърҳои зиёд дар таърифи ин бузургворон ва монанди он талош кунам. Чунон, ки дар муқобил саъй кардам то ақоиди воқеии шиаро дар бораи воҷиб будани амал ба суннати набавӣ, баҳра бурдан аз аҳодиси саҳеҳи аҳли суннат, ғулув накардан дар мақоми имомони маъсум, (маъсум касе аст, ки муртакиби гуноҳ намешавад), ҳифзи марзҳои тавҳид дар баҳси имомат, бо далел будани фатвоҳои фиқҳии шиа ба далелҳои мазҳабӣ, монанди саҷда бар хок ва ғайраро ба онҳо муаррифӣ кунам.

Дар муддати ин ҳаракатҳои фарҳангӣ, ки барои аз байн бурдани гумонҳои бад ва табдили шинохтҳои ғалат ба шинохтҳои воқеъбинонаи аҳли суннат ва шиаён ва наздикӣ байни онон буд, яке аз муҳимтарин ишколоти зеҳнии азизони аҳли суннат ба шиаён дидгоҳи тунди шиа насбат ба саҳоба буд, ба гунае, ки камтар олими сунниро дидам, ки  нисбат ба ин мавзўъ нигаронӣ ва ранҷиши қалбӣ аз шиа надошта бошад. Чӣ бисёр касоне ба ҳамин далел, дил ба ваҳдат бо шиа намедоданд ва ё аслан дар конфронсҳои ваҳдат, ширкат намекарданд ва ё дар сурати ширкат ҳузури фаъол надоштаанд ва ё бо гурўҳҳои марбута ҳамкори намекарданд ва ҳол он, ки ҳар гоҳ фурсате ба даст меомад ва ақидаи воқеии шиаро барои ҳар як аз онҳо баён мекардам, ё он дидгоҳро ҳақ медонист ва ё ҳадди ақал онро назарияи илмӣ ва дорои пуштувонаи динӣ ва қобили баҳс мешуморид ва аз қазовати қаблиаш, ки шиаро душмани саҳоба медонист ва эътирози онҳоро бедалел мепиндошт, даст мебардошт.

Ин таҷриба маро маҷбур кард, то навиштаеро барои аз байн рафтани гумонҳои бади бародарони азизи аҳли суннат ва муаррифии ақидаи воқеии шиа дар бораи саҳобаро тақдим кунам, дар зимн азизони шиа ҳам аз далелҳои эътиқоди аҳли суннат ба адолат ва муқаддас будани ҳамаи саҳоба огоҳ мешаванд.

Ин гуфтугўҳоеро, ки дар сафарҳои худ ба вилояти Балучистон бо уламои аҳли суннат доштам, ҷамъоварӣ карда мавриди бозбинӣ ва такмил қарор додам ва баъзе, китобҳои мавриди истидлолро, ки дар зеҳнам набуд ва дар он баҳс нагуфта будам, бар он афзудам то фоидаи илмии бештаре барои хонанда дошта бошад. Аммо бештари матлабҳои дар китоб навишта шуда, ҳамаи саволҳо ва ҷавобҳо, айни ҳомон саволҳо ва ҷавобҳо аст ва ба далели ҳифзи амонат ва эҳтиром ба ҷойгоҳи азизоне, ки бо онҳо гуфтугў кардаам, аз зикри номи баъзеи онҳо худдорӣ карда ва номи баъзеро ба таври куллӣ бо тағйир овардам.

Зикри ин нукта лозим аст, ки ҳадафи бандаи ҳақир (ман) дар ин навиштор исботи ақидаи як мазҳаб ва ботил кардани ақидаи як мазҳаби дигар нест ва ба хонандагони азиз низ тавсия намекунам, ки дар ин мавзўъ ба ин, китоб, кифоят карда ва дар бораи саҳоба ба қазоват биншинанд, балки шоиста аст, китобҳои зиёдеро мулоҳиза фармуда ва ончиро саҳеҳтар ва дуруст медонанд, интихоб кунанд. Ҳадафи ман фақат хабаррасонӣ ва тақдими маҷмўае аз назариёти шиаён дар бораи саҳоба ба азизони аҳли суннат ба унвони ҳадяи илмӣ аст. Ин амал, як иттилоърасонии илмӣ ба муҳаққиқони азизи шиа дар бораи дидгоҳҳо, ишколот ва далелҳои аҳли суннат дар ин мавзўъ аст, то маълумоташон зиёд шуда, назарияҳои якдигарро ба осонӣ дарёфт кунанд, то шояд пас аз хондан наздикии бештаре дар дидгоҳҳои ақидатии якдигар эҳсос карда ва ин навиштор қадаме барои наздикии илмӣ, байни шиа ва аҳли суннат шавад.

Ҳаминҷо бар худ лозим медонам ҳам аз мухотабони баҳсҳоям, ки саҳме дар пурбор шудани ин гуфтугўҳо доштаанд, ташаккур кунам ва ҳамчунин аз мудирон ва дастандаркорони пажўҳишкадаи (макони муҳаққиқин) фалсафа ва каломи исломии маркази мутолиот ва таҳқиқоти исломӣ, ки заҳмати (хориҷ кардани маҳалли, китобҳои мавриди истидлолро) ба ўҳда гирифта ва имконияти чопу пахши ин, китобро фароҳам оварданд, самимона ташаккур ва сипосгузорӣ кунам.

Муҳаммад Ҳасани Замонӣ

 

[1]-"Маноқиби Аҳли Байт аз дидгоҳи аҳли суннат"-и Саййид Ҳошими Шофеӣ. "Тазкират-ул-хавос"-и Ибни Ҷавзӣ.  "Захоир-ул-уқбо"-и Табарӣ. "Фароид-ус-симтайн фӣ фазоил-ил-Ҳусайн"-и Иброҳими Ҷувайнӣ. "Ал-Маноқиб"-и Ибни Мағозалии Шофеӣ. "Нур-ул- абсор"-и Шабланҷии Шофеӣ. "Ал-Фусул-ул-муҳимма фӣ маърифати аимма"-и Ибни Саббоғи Моликӣ. "Янобеъ-ул мавадда"-и Сулаймон ибни Иброҳими Қундузии Ҳанафӣ. "Ал-Маноқиб"-и Хоразмӣ. "Хасоис-ул-Амирал мўъминин Алӣ ибнӣ Абўтолиб"-и Насоӣ. "Кифоят-ут-толиб фӣ маноқиби Алӣ ибни Абўтолиб"-и Ганҷии Шофеӣ.                                                                                 

Home page book