Бахши аввал |
Шахсияти ҳар кас то ҳудуди зиёде ба вазъияти хонаводагӣ ва шахсияту ахлоқи падару модар ва муҳити рушди ў бастагӣ дорад. Падару модар ҳастанд, ки шолуда ва асоси шахсияти фарзандро мерезанд ва ўро дар қолиби рўҳиёт ва ахлоқи худашон рехта, таҳвили ҷомеа медиҳанд ба гунае ки метавон гуфт: Ҳар фарзанде намуна ва оинаи тамомнамои шахсияти падару модар ва тарзи тарбияти онҳост.
Дар таърифу тавсифи падари Фотима (салавотуллоҳи алайҳимо ва олиҳимо), эҳтиёҷе ба тавзеҳ ва шарҳ нест, чун шахсияти фавқулодда ва азамати рўҳӣ ва ахлоқи писандида ва ҳиммати олӣ ва фидокорӣ ва шуҷоати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бар ҳеҷ мусалмоне пўшида нест. Дар азамати он ҳазрат ҳамин бас, ки Худованд дар бораи он ҳазрат мефармояд: «Эй Муҳаммад ахлоқи ту бузург ва шигифтовар аст.”[1] Мо агар бихоҳем вориди тавсифу таърифи ахлоқи падари Фотима шавем сухан тўлонӣ мешавад ва аз мақсад бозмемонем.
Модари Фотима зане буд ба номи Хадиҷа духтари Хувайлид. Хадиҷа (алайҳо салом) дар яке аз хонаводаҳои асил ва шарифи Қурайш ба дунё омад ва тарбият шуд. Афроди хонаводааш ҳама донишманд ва фидокор ва рўҳонӣ ва ҳимояткунанда аз хонаи Каъба буданд. Ҳангоме ки “Таббаъ” подшоҳи Яман хост Ҳаҷарул-асвадро аз Масҷидулҳаром ба Яман барад, Хувайлид падари Хадиҷа аз он монеъ шуд. Ба воситаи муборизаҳову фидокориҳои вай буд, ки Таббаъ аз хости худ баргашт ва он санги муқаддасро аз ҷояш наҷунбонд.[2]
Асад ибни Абдулъуззо бобои Хадиҷа яке аз аъзои барҷастаи паймони “Ҳалфул-фузул” аст. Ин паймонро гурўҳе аз мардони адолатхоҳи араб бастанд ва қарор гузоштанд, ки аз мазлумон ҳимоят кунанд ва дар ёрӣ кадани дармондагон кўшиш намоянд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) , низ дар он анҷуман узвият доштанд ва мефармуданд: Ман дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷудъон ҳозир будам, ки паймон баста шуд ва агар имрўз ҳам аз ман даъват кунанд бо камоли майл ширкат мекунам.[3]
Асад ибни абдулъуззо ҷадди Хадиҷа яке аз аъзои барҷастаи паймон "Ҳалфул-фузул" аст. Паймони мазкурро гурўҳе аз риҷоли бо шахсият ва адолатхоҳи араб бастанд ва қарор гузоштанд, ки аз мазлумин дифоъ кунанд ва дар ёрӣ кардани дармондагон кўшиш намоянд. Расули Худо низ дар он анҷумани узвият дошт ва мефармуд: ман дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷадъон ҳозир будам, ки паймон баста шуд ва агар маро даъват намоянд бо камоли майл ширкат мекунам.[4]
Варақа ибни Навфал писари амўи Хадиҷа яке аз афроде буд, ки парастиши бутҳоро намеписандиданд ва аз муддатҳо қабл дар садади таҳқиқ ва кунҷковӣ буданд то дини ҳақро биёбанд.
“Дар яке аз идҳое, ки қурайш машғули ибодати яке аз бутҳо буданд, чаҳор нафар, ки яке аз онон Варақа ибни Навфал будҷаласаи сиррӣ ташкил доданд ва дар бораи аъмоли мардум ба баҳс ва кунҷковӣ пардохтанд ва назарашон ба инҷо мунтаҳӣ шуд, ки мардум дар ибодати бутҳо сахт дар иштибоҳанд ва дини ҳазрати Иброҳимро аз даст додаанд. Бутҳоеро парастиш мекунанд, ки на мешунаванд на мебинанд ва ҳеҷ нафъе ва зараре надоранд. Сипас тасмими гирифтанд дар шаҳрҳои пароканда шаванд то дини воқеии ҳазрати Иброҳимро биёбанд.[5]
Варақа ибни Навфал писар амаки Хадиҷа ҳамон марди донишманд аст, ки вақте аз ҷониби Худо ба Паёмбар ваҳй шуд ва достони нозил шудани Ҷабраилро барои Хадиҷа шарҳ дод, Хадиҷа барои таҳқиқи қазия назди ў рафт ва ҷараёнро барояш шарҳ дод ва аз рамзи он ҳодисаи тоза ҷўё шуд.
Варақа посух дод: Бо ин авзое, ки бароям бозгў карди Ҷабраил бар Муҳаммад “(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ” нозил шуда ва ў паёмбари Худост. Аз тарафи ман ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бигў: Дар кори худ пойдорӣ кун.
Рўзи дигар Варақа дар масҷидулҳаром бо Паёмбар бархўрд кард ва гуфт: Ончиро дидӣ ва шунидӣ барои ман бигў.
Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) достони нузули фариштаро барояш баён кард.
Варақа гуфт: Ба Худо савганд ту паёмбари Худо ҳастӣ ва ҳамон фариштае, ки бар Мусо нозил шуда бар ту ҳам нозил шудааст. Огоҳ бош, ки туро такзиб ва азият хоҳанд кард. Аз ватан ронда ва дур мешавӣ ва бо ту ҷанг хоҳанд кард. Агар ман то он замон зинда мондам дини Худоро ёрӣ мекунам.
Сипас сари Паёмбарро бўсид ва рафт.[6]
Аз ин гуна достонҳо маълум мешавад, ки хонадони Хадиҷа мардумони мутафаккир ва кунҷков ва алоқаманд ба дини ҳазрати Иброҳим будаанд.
Гарчи таърих ҷараёни зиндагии он зани шарифро сабт накарда, вале ҳамон миқдор, ки боқӣ монда метавонад шахсияти барҷастаи ўро то ҳадде равшан кунад.
Хадиҷа дар оғози ҷавонӣ бо Атиқ ибни Оиз издивоҷ кард. Аммо чанде нагузашт Атиқ аз дунё рафт ва Хадиҷаро бо молу сарвати саршор танҳо гузошт.
Ў чанде бешавҳар монд ва баъдҳо бо яке аз бузургони Бани Тамим, ба номи Ҳинд ибни Баннос арусӣ кард. Аммо Ҳинд ҳануз ҷавон буд, ки аз дунё рафт ва боз ҳам Хадича бо сарвати бисёр танҳо монд.
Яке аз чизҳое, ки метавонад рўҳи бузург ва ҳиммати олӣ ва озодагиву истиқлоли нафсонии он зани шарифро равшан кунад ин аст, ки Хадиҷа сарвати зиёдеро, ки аз шавҳари аввал ва дуввумаш ба ирс бурда буд, бекор нигаҳ надошт ва дар роҳи рибохўрӣ, ки дар он замон ривоҷ дошт, низ бакор нагирифт, балки онро дар роҳи тиҷорат ва бозаргонӣ бакор баст. Ва касонеро, ки дурусткор буданд ба хидмат гирифт ва ба василаи онон ба тиҷорат пардохт.
Хадиҷа аз роҳи машрўи тиҷорат сарваташро зиёд кард ва чунон, ки навиштаанд: Ҳазорон шутур дар дасти коркунонаш буд, ки атрофи кишварҳое монанди Мисру Шом ва Ҳабаша ба тиҷорат машғул буданд.[7]
Ибни Ҳишом менависад: «Хадиҷа зани шариф ва сарватманде буд, ки ба тиҷорат машғул буд ва мардҳоеро ба кор гирифта буд, ки барояш тиҷорат мекарданд”.[8]
Ногуфта пайдост, ки идора кардани як чунин корвони бузурги бозаргонӣ он ҳам дар он замон ва дар Ҷазиратул-араб, кори осоне набуд ба хусус агар сардораш як зан бошад, он ҳам замоне, ки занон аз ҳуқуқи иҷтимоӣ маҳрум буданд ва бисёре аз мардони бераҳм духтарони бегуноҳро зиндабагўр мекарданд. Бояд дорои нубуғи фавқулодда ва шахсияти барҷаста, истиқлоли нафсонӣ ва иттилооти кофӣ дошта бошад, то битавонад он тиҷорати бузургро идора кунад.
Яке аз нуктаҳои барҷаста ва дурахшони зиндагии Хадиҷа достони издивоҷи ў бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аст.
Баъд аз он ки шавҳари аввалу дуввуми Хадиҷа вафот карданд, як ҳолати истиқлол ва озодии махсусе дар он ҳазрат ба вуҷуд омад ва ҳамонанди оқилтарин ва рашидтарин мардон ба тиҷорат мепардохт ва ба издивоҷ тан намедод. Бо ин ки аз ҷиҳати асолат ва наҷобати хонаводагӣ ва молу сарвати фаровон, хостгорони зиёде дошт ва ҳозир буданд маҳрияҳои болое бидиҳанд ва бо вай издивоҷ кунанд, вале ў аз шавҳар кардан комилан худдорӣ мекард. Аммо нуктаи ҷолиб инҷост, ки ҳамин Хадиҷае, ки ҳозир набуд ба ҳеҷ қимате бо сарону ашрафони араб ва мардони сарватманд издивоҷ кунад, бо камоли шавқу алоқа ҳозир шуд бо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), ки шахси ятим ва фақире буд, издивоҷ кунад. Хадиҷа зане набуд, ки хостгор надошта бошад, балки таърих хабар медиҳад, ки хостгорони обрўманде ҳатто аз подшоҳон ва сарватмандон барояш меомаданд, вале ба издивоҷ розӣ намешуд. Аммо дар бораи издивоҷ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) на танҳо розӣ нашуд, балки худаш бо камоли исрор ва алоқа, издивоҷро пешниҳод кард ва маҳрияашро, низ дар моли худаш қарор дод ба гунае ки ин мавзўъ сабаби масхара кардан ва сарзиниши ў шуд.
Бо таваҷҷўҳ ба ин матлаб, ки занҳо маъмулан ба сарват ва зебоиҳои зиндагӣ хеле алоқа доранд ва орзуи охирашон ин аст, ки шавҳари сарватманд ва обрўманде насибашон шавад, то дар хонааш ба оромиш ва зебогароӣ ва хушгузаронӣ саргарм бошанд ба хубӣ равшан мешавад, ки Хадиҷа дар бораи издивоҷ андеша ва афкори олитаре дошта ва дар интизори шавҳари фавқулодда ва шахсияти барҷастае будааст. Маълум мешавад Хадиҷа шавҳари сарватманд ва пулдор намехост, балки дар ҷустуҷўи шахсияти барҷастаи рўҳоние буд, ки ҷоҳонро аз гирдоби бадбахтӣ ва нодонӣ наҷот диҳад.
Таърих ба мо хабар медиҳад, ки Хадиҷа аз баъзе донишмандони замони худ шунида буд, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) паёмбари охируззамон аст ва худаш, низ ба ин чиз ақида дошт. Баъд аз он ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ро муддате ба унвони амини дастаи тиҷоратӣ интихоб намуд ва Майсара ғуломи худро нозир қарор дод, то ҳар ҷараёнеро, ки дар сафар рух медиҳад барояш бирасонад ва он ғулом чизҳои шигифтовареро аз Паёмбар ба Хадиҷа таъриф кард, он зани шариф ва рашид шахси дилхоҳ ва гумшудаашро ёфт. Он ҳазратро ҳозир карду гуфт: Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Ман ба хотири ин ки туро шарифу амонатдор ва хушхулқу ростгў ёфтаам, мехоҳам бо ту издивоҷ кунам.[9]
Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) достонро бо амакҳо ва хешовандонаш дар миён гузошт. Онҳо ба унвони хостгор ба назди амаки Хадиҷа рафтанд ва мақсадашонро барояш бозгў карданд.
Амаки Хадиҷа чун як шахси донишманде буд хост ҷавоб диҳад, вале чун натавонист ба хубӣ сухан бигўяд, худи Хадиҷа аз ниҳояти шавқ бо забони бурро гуфт: Эй амак шумо гарчи дар сухан гуфтан аз ман сазовортаред, аммо аз худам бештар ихтиёрамро надоред. Сипас гуфт: Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) худамро ба издивоҷи ту даровардам ва маҳрамро аз моли худам қарор додам. Ба амакат бигў барои валимаи арўсӣ шутуре бикушад.[10]
Таърих мегўяд: Хадиҷа, Варақаро восита қарор дод, то василаи издивоҷ бо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро омода кунад, ҳангоме ки Варақа ба ў башорат дод, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва хешонашро барои издивоҷ розӣ кардам, Хадиҷа ба ташаккур аз ин хидмати бузург, хилъате бар вай ато кард, ки 500 ашрафӣ арзиш дошт.[11]
Вақте Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хост аз хона берун равад, Хадиҷа гуфт: Ин хона хонаи ту ва ман канизи ту ҳастам, ҳар вақт хостӣ ба хонаи худ ворид шав.[12]
Ин издивоҷ барои Паёмбари Акрам хеле арзиш дошт, чун аз як тараф фақир буд ва ба ҳамин сабаб ва ё сабабҳои дигар то синни бисту панҷсолагӣ натавонист издивоҷ кунад. Аз тарафи дигар бехонумон ва танҳо буд ва эҳсоси танҳоӣ мекард ва ба василаи ин издивоҷи муборак ҳам ниёзмандияш бартараф шуд ва ҳам ёру ғамгусор ва мушовири хубе пайдо шуд.
Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) и ва саллам ва Хадиҷа як зиндагии гарму бо сафои хонаводагиро ташкил карданд. Аввалин зане, ки даъвати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро қабул кард Хадиҷа буд. Он зани бузург тамоми амволу дороии бе ҳадди худро бе ҳеҷ қайду шарте дар ихтиёри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қарор дод. Хадиҷа аз он занони кўтоҳфикре набуд, ки агар каме сарват ва истиқлоле пайдо кард ба шавҳараш беэътиноӣ кунад ва молашро аз шавҳараш дареғ дорад. Ў чун аз ҳадафи олии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) огоҳ буд ва ба он ақида дошт, тамоми дороии худро дар ихтиёр он ҳазрат қарор доду гуфт: Ҳар гуна ки салоҳ медонӣ дар роҳи пешбурди дини Худо харҷ кун.
Ҳишом мегўяд: “Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Хадиҷаро бисёр дўст медошт ва ўро эҳтиром мекард ва дар корҳо бо вай машварат мекард. Он зани рашид ва равшанфикр, мушовири хубе барои он ҳазрат буд. Аввал зане, ки ба ў имон овард, Хадиҷа буд ва то вақте ки Хадиҷа зинда буд Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳамсари дигаре ихтиёр накард”.[13]
Ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мефармуд: “Хадиҷа яке аз беҳтарин занони ин уммат аст."[14]
Оиша мегўяд: «Азбаски Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Хадиҷаро ба хубӣ ёд мекард, рўзе гуфтам: Эй Расули Худо, Хадиҷа пиразане беш набуд ва Худованд беҳтар аз ўро ба ту ато фармуд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ғазабнок шуда фармуданд: Ба Худо савганд Худо беҳтар аз ўро ба ман надодааст. Хадиҷа вақте имон овард, ки дигарон куфр меварзиданд. Ва тасдиқ кард он вақте ки дигарон маро такзиб карданд. Дороияшро беқайду шарте дар ихтиёри ман қарор дод он вақте ки дигарон маро маҳрум карданд. Худо аз ў ба ман наслу авлод ато фармуд.
Оиша мегўяд: Тасмим гирифтам баъд аз он Хадиҷаро ба бадӣ ёд накунам”.[15]
Дар ривоёт ворид шудааст, ки Ҷабраил бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) нозил мешуд мегуфт: Саломи Худоро ба Хадиҷа бирасон ва бигў: Худо қасри зебое дар биҳишт барои ту омода кардааст.”[16]
Аввалин хонаводаи исломӣ, ки дар Ислом таъсис шуд хонаи Расули гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва Хадиҷа буд. Шумори онҳо танҳо се нафар буданд. Расули Худо, Хадиҷа ва Алӣ (салавотуллоҳи алайҳим ва ало олиҳим).[17]
Он хона конуни инқилоби исломӣ ва ҷаҳонӣ буд ва вазифаҳои бисёр сахте бар ўҳда дошт. Бояд бо куфру бутпарастӣ мубориза кунад. Дини тавҳидро дар ҷаҳон пахш кунад. Дар тамоми ҷаҳон беш аз як хонаи исломӣ вуҷуд надошт, вале фарзандони фидокори он нахустин пойгоҳи тавҳид, тасмим доштанд бар дилҳои ҷаҳониён пирўз шаванд ва ақидаи тавҳидро дар ҷаҳон сарфароз гардонанд. Он пойгоҳи нерўманд аз ҳар ҷиҳат муҷаҳҳаз ва мусаллаҳ буд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар раъси онҳо қарор дошт, ки Худованд дар бораи ахлоқи он ҳазрат мефармояд: “Ахлоқи ту азим ва бузург аст».[18]
Ў Хадиҷаро беш аз ҳад дўст медошт ва ба шахсияти ў эҳтиром мегузошт ва ҳатто ба дўстони Хадиҷа, низ эҳтиром мегузошт.
Анас мегўяд: «Гоҳе ҳадяе тақдими Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мешуд, ҳазрат мефармуданд: Ба хонаи фалон зан бубаред, чун ў дўстӣ Хадиҷа буд”.[19]
Раҳбари дохилии он хона Хадиҷа буд, ки ба ҳадафи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) комилан имон дошт ва дар роҳи расидан ба он ҳадафи муқаддас аз ҳеҷ гуна кўшишу фидокорӣ дареғ намеварзид. Тамоми сарваташро дар ихтиёри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) гузошт ва гуфт: Ин хона ва сарват озони шумост ва ман канизу хидматгузори шумо ҳастам.
Дар вақти гирифториҳо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро дилдорӣ медод ва дар расидан ба ҳадафаш умедвор мекард. Агар куффор шиканҷаву озораш медоданд ҳангоме ки вориди хона мешуд аз меҳру муҳаббати Хадиҷа бархўрдор мегашт ва аз он конуни гарм нерў мегирифт. Дар бораи мушкилот бо он зани донишманд ва рашид машварат мекард.[20]
Оре, Фотимаи Заҳро (алайҳо салом) аз чунин падару модари фидокор ва дар чунин шароити бо сафо ва гарми хонаводагӣ ба дунё омад.
Рўзе Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар «Абтаҳ» нишаста буд, ки Ҷабраил нозил шуду гуфт: Худованди бузург бар ту салом мерасонад ва мефармояд: чиҳил шабонарўз аз Хадиҷа дурӣ бикун ва ба ибодату шабзиндадорӣ машғул шав. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бар тибқи дастури Худованди Ҳаким чиҳил рўз ба хонаи Хадиҷа нарафт. Ва дар он муддат шабҳо ба намозу ибодат мепардохт ва рўзаҳо рўзадор буд.
Ба василаи Аммор барои Хадиҷа паём фиристод, ки эй бонуи азиз дурии ман аз ту ба ин ҷиҳат нест, ки нороҳатие аз ту дошта бошам, ту ҳамчунон азизу гиромӣ ҳастӣ. Балки дар ин кор аз дастури парвардигори ҷаҳониён итоат мекунам ва Худованд ба маслиҳатҳо огоҳтар аст. Эй Хадиҷа ту зани бузургворе ҳастӣ, ки Худованди Мутаол ҳар рўз чандин мартаба ба вуҷуди ту бар фариштагон мубоҳот мекунад. Шабҳо дари хонаро бубанд ва истироҳат бикун ва мунтазири дастури Парвардигори олам бош. Ман дар ин муддат дар хонаи Фотима духтари Асад хоҳам монд.
Хадиҷа мувофиқи дастури Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) амал мекард ва дар он муддат аз ҷудоии ҳамсари маҳбуби худ ва андўҳи танҳоӣ гиря мекард.
Вақте чиҳил рўз бо ин равиш ба охир расид, фариштаи Худо нозил шуд. Таоме аз биҳишт овард ва гуфт:
Имшаб аз ин таомҳои биҳиштӣ бихўр. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бо он таомҳои рўҳонӣ ва биҳиштӣ ифтор кард. Ҳангоме ки бархост то омодаи намоз ва ибодат шавад, Ҷабраи нозил шуд ва гуфт:
Эй Расули Худо, имшаб аз намози мустаҳаббӣ бигзар ва ба сўи хонаи Хадиҷа ҳаракат кун, чун Худованд хостааст, ки аз сулби ту фарзанди покизае биофаринад.
Хадиҷа мегўяд: Дар он шаб тибқи маъмул дари хонаро баста ва дар бистар истироҳат карда будам. Ногаҳон овози задани дар баланд шуд. Гуфтам: Кист? Ки ғайр аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) касе сазовор нест дари ин хонаро бизанад. Оҳанги дилнишини Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба гўшам расид, ки фармуд: Боз кун, Муҳаммад ҳастам. Шитобон дарро боз кардам. Бо рўи кушода дохили хона шуд. Тўле накашид, ки нури Фотима (алайҳо салом) аз сулби падар ба раҳми модар ворид шуд.[21]
Кам-кам осори бордорӣ дар Хадиҷа ҳувайдо шуд. Он зани шарифу фидокор аз он рўз, то ҳадде аз ғаму ғуссаи танҳои наҷот ёфт ва бо кудаке, ки дар шикам дошт унс гирифт.
Имом Содиқ (алайҳис-салом) мефармояд: Ҳангоме ки Хадиҷа (алайҳо салом) бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) издивоҷ кард занони Макка бо вай робитаашонро қатъ карданд, ба хонааш намерафтанд ва бо ў ҳолпурсӣ намекарданд. Ва ҳамчунин мароқиб буданд, ки касе ба хонаи ў рафту омад накунад. Занҳои ашроф Хадиҷа (алайҳо салом)-ро танҳо гузоштанд ва бо ў унсу улфат намегирифтанд ва ба ҳамин сабаб нороҳат ва андўҳгин буд. Кам-кам ба танҳоӣ одат кард. Вале ҳангоме ки ба Фотима (алайҳо салом) бордор шуд аз ғами танҳоӣ наҷот ёфт ва бо кўдаке, ки дар шикам дошт розу ниёз мекард ва хушҳол буд.
Ҷабраил барои башорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва Хадиҷа нозил шуду гуфт: Эй Расули Худо! Бачае, ки дар раҳми Хадиҷа аст духтари арҷманде аст, ки насли ту аз вай ба вуҷуд хоҳад омад. Ў модари имомону пешвоёни дин аст, ки баъд аз қатъ шудани ваҳй ҷонишини ту хоҳанд шуд. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) башорати Худованди Мутаолро ба Хадиҷа расонд ва бо он башорати хушҳолкунанда дилашро шод гардонид.[22]
Хадиҷа, ки барои тарвиҷи тавҳид ва Худопарастӣ аз ҳамаи чизаш гузашт ва ба ҳар маҳрумияту фишоре тан дод, сарвати бепоёнашро вақфи ин ҳадафи муқаддас кард, дўстон ва рафиқонашро аз даст дод, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва ҳадафи бузугри он ҳазратро ба ҳама чиз бартарӣ дод. Вақте аз забони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мешунид, ки Худованд чунин саодати бузургеро насибаш гардонида, ки пешвоёни маъсуми дин аз ў ба вуҷуд хоҳанд омад, дилаш пур аз шодиву сурур мешуд ва ҳисси фидокории ў бештар ба ҳаракат медаромад ва бо Худои худ ва кўдаке, ки дар шикам дошт маънус мегардид.
Даврони бордорӣ гузашт ва ҳангоми таваллуди ҳазрати Заҳро фаро расид. Хадиҷа (алайҳо салом) дар печу тоби дард воқеъ шуд. Касеро назди занони қурайш ва дўстони қаблияш фиристод ва паём дод: Кинаҳои деринаро фаромўш кунед ва дар ин мавқеи хатарнок ба фарёдам бирасед ва дар амри зоимонам ёриям кунед. Тўле накашид, ки фиристодаи Хадиҷа бо чашмони гирён баргашту гуфт: Дари хонаи ҳар касеро, ки задам роҳам надод ва хоҳиши шуморо напазируфт. Ҳама дар ҷавоб гуфтанд: Ба Хадиҷа бигў, насиҳати моро напазируфтӣ ва бар хилофи назари мо ба ятими фақире издивоҷ кардӣ. Аз ин рў ҳозир нестем ба хонаат биёем ва ёрият кунем.
Вақте Хадиҷа паёму захми забони занони кинатузро шунид ва аз ёрии онҳо ноумед шуд, ғамгин гардид. Аз ҷаҳони модда ва мардуми кинатўз чашм пўшид ва ба сўи Худои Мутаол ва олами дигар мутаваҷҷеҳ шуд. Фариштагони Худо ва ҳуриёни биҳиштӣ ва занони осмонӣ дар он вақти ҳассос ба ёрияш омаданд ва аз кўмакҳои ғайбии Парвардигори ҷаҳон бархўрдор шуд ва Фотимаи азиз яъне ахтари фурузони осмони набувват по ба арсаи гетӣ гузошт ва бо нури тобноки вилоят, шарқу ғарби ҷаҳонро равшан кард.[23]
Дар таърихи таваллуди Фотимаи Заҳро «салавотуллоҳи алайҳо» дар байни уламои Ислом ихтилоф аст, вале байни олимони шиа машҳур аст, ки он ҳазрат дар рўзи ҷумъа 20-уми моҳи Ҷумодис-сонӣ, соли панҷуми беъсат ба дунё омадааст.[24]
[1] -Сураи Қалам ояти-4.
[2] -Равзул-анф ҷ.1.саҳ.213.
[3] -Сираи Ибни Ҳишом ҷ.1.саҳ.141.
[4] -Сираи Ибни Ҳишом ҷ.1.саҳ.141.
[5]- Сираи Ибни Ҳишом ҷ.1.саҳ.237.
[6] -Сираи Ибни Ҳашом ҷ. 1. саҳ. 253-254.
[7] -Баҳор-ул-анвор ҷ.16.саҳ.22.
[8] -Сираи Ибни Ҳишом ҷ.1.саҳ.199.
[9]-Баҳор-ул-анвор ҷ.16.саҳ.9.
[10]-Тазкратул хавос саҳ.302. Баҳор-ул-анвор ҷ.16.саҳ.14.
[11]-Баҳор-ул-анвор ҷ.16.саҳ.65.
[12] -Сафинат-ул-баҳор ҷ.1.саҳ.379.
[13] -"Тазкират-ул-хавос”-и Ибни Ҷавзӣ саҳ.302.
[14] - "Тазкиратул хавос”-и Ибни Ҷавзӣ саҳ.302.
[15]-"Тазкират-ул-хавос”-и Ибни Ҷавзӣ саҳ.303.
[16] "Тазкират-ул хавос”-и Ибни Ҷавзӣ саҳ.302.
[17]-"Наҳҷ-ул-балоға" хутбаи Қосиа. "Маноқиб"-и Ибни Шаҳрошуб ҷ.2.саҳ.180.
[18]-Сураи Қалам ояти-4.
[19]-Сафинат-ул-баҳор ҷ.1.саҳ.380.
[20]-Баҳор-ул-анвор ҷ.16.саҳ.10.
[21] -Баҳор-ул-анвор ҷ.16.саҳ.78.
[22] -Далоилул-имома саҳ.8.
[23] -Далоил-ун-набувва саҳ.8. Баҳор-ул-анвор ҷ.16.саҳ.80.ҷ.43.саҳ.2.
[24] -Олимони имомия(шиа) ва аҳли суннат дар соли таваллуди ҳазрати Фотима (алайҳо салом) ихтилоф доранд. Аксари олимони аҳли суннат таваллуди он ҳазратро панҷ сол қабл аз беъсат медонанд. Ибни Ҷавзӣ дар Тазкиратул хавос саҳ.306 ва Муҳаммад ибни Юсуфи Ҳанафӣ дар Назму дурарус-симтайн саҳ.175 ва Муҳибби Табарӣ дар Захоирул-уқбо саҳ.53 ва Убулфараҷ дар китоби Мақотилут-толибин мегўянд: Фотима дар соле ба дунё омад, ки қурайш машғули сохтани Каъба буданд ва дар он ҳангом Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар синни 35-солагӣ буданд. (яъне панҷ сол пеш аз беъсат). Аммо аксари олимони имомия монанди Ибни Шаҳрошуб дар Маноқиб ҷ.3.саҳ.357, Кулайнӣ дар Усули кофӣ ҷ.1.саҳ.458. Маҷлисӣ дар Баҳор ҷ.43.саҳ.6. ва Ҳаёт-ул-қулуб ҷ.2.саҳ.149, Муҳаддиси Қумӣ дар Мунтаҳол омол ҷ.1.саҳ.94, Табарӣ дар Далоил-ун-набувва саҳ.10 ва дигарон навиштаанд, ки Фотима (алайҳо салом) панҷ сол баъд аз беъсати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба дунё омадааст. Далели онҳо аҳодисе аст, ки аз имомони маъсум (алайҳим-ус-салом) расидааст. Дар ҳадисе Имоми Содиқ (алайҳис-салом) фармуд: Дар 20-уми Ҷумодис-сонӣ ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) 45-сола буданд Фотима (алайҳо салом) ба дунё омад. Ҳашт сол бо падараш дар Макка буд ва даҳ сол дар Мадина бо падараш зиндагӣ кард. Баъд аз падари бузургвораш 75 ё 95 рўз зинда монд ва дар рўзи 3-уми ҷумодис-сонӣ дар соли 11-уми ҳиҷрӣ вафот намуд. Далоилун-набувва саҳ.10.
Ҳабиби Саҷистонӣ мегўяд: Аз Имом Боқир (алайҳис-салом) шунидам, ки мефармуд: Фотима духтари Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳимо ва олиҳимо) панҷ сол баъд аз беъсат ба дунё омад ва дар ҳангоми вафот 18-солу 75-рўз аз умри шарифаш гузашта буд. Усули кофӣ ҷ.1.саҳ.457. Дар ҳадисе ворид шуда, ки Фотима ба ҳангоми арўсӣ 9-сола буд. Саид ибни Мусайиб мегўяд: Ба Алӣ ибни Ҳусайн алайҳимо салом гуфтам: Паёмбар «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» и ва саллам дар чӣ соле Фотимаро ба ҳамсарии Алӣ даровард? Ҳазрат фармуд: Як сол баъд аз ҳиҷрат ва дар он вақт Фотима алайҳо салом 9-сола буд. Равзатул кофӣ саҳ.281.
Дар китоби "Фароид-ус-симтайн" ҷ.1.саҳ.88 менависад, ки Абўбакру Умар аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хостанд, ки бо Фотима (салавотуллоҳи алайҳо) издивоҷ кунанд ҳазрат дар ҷавоб фармуданд: Ў ҳануз кўчак аст. Вале вақте Алӣ (алайҳис-салом) хостгорӣ кард қабул карданд. Ин ҳикоят, низ бо таваллуди баъд аз беъсати ҳазрати Фотима (алайҳо салом) созгортар аст, чун агар пеш аз беъсат ба дунё омада буд дар он вақт 18-сола буда ва духтари 18-сола кўчак ва хурд нест. (Ин ҳадис дар кутуби аҳли суннат ворид шуда ва санадаш низ саҳеҳ аст). Аз ин гуна аҳодис истифода мешавад, ки таваллуди ҳазрати Фотима баъд аз беъсат воқеъ шудааст.
Чунон, ки мулоҳиза фармудед дар миёни уламои Ислом дар бораи таваллуди ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) ихтилофи шадиде аст, вале чун Аҳли Байт (алайҳим-ус-салом) таваллуди он ҳазратро панҷ сол қабл аз беъсат донистаанд, суханашон ба сухани таърихнигорони аҳли суннат муқаддам аст, чун имомони Аҳли Байти Паёмбар ва фарзандони Заҳро беҳтар аз дигарон аз синни модарашон хабардор ҳастанд.