back page

 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

next page

 

Муқаддамма

Китоби бонуи намунаи Ислом дар соли 1349 таълиф ва интишор шуд. Дар асари лутфи хосси худовандӣ ва таваҷҷўҳоти махсуси духтари гиромии Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), мавриди таваҷҷўҳи хонандагони мўҳтарам қарор гирифт. Ба гунае ки дар тўли ин муддат беш аз 30-маротиба, ба воситаи  ноширони мухталиф, чоп ва пахш шуд. Чунон ки қаблан навишта будем,  парвандаи китоб барои тағйири назар ва изофа кардани матолиби нав боз буда ва ҳаст ва ба ҳамин ҷиҳат чандин мартаба мавриди тағири назар қарор гирифт. Акнун, низ хушбахтам, ки ин китобро бо тағйири назар ва матлабҳои нав хидмати хонандагони мўҳтарам тақдим мекунам. Ба ин умед, ки дар қиёмат, низ мавриди таваҷҷўҳ ва лутфи он ҳазрат қарор гирад.

Иброҳими Аминӣ

Обон моҳи соли1369.

 

Пешгуфтор:

Касоне, ки бо таърих сару кор доранд ва миқдоре аз умрашонро бо мутолиаи шарҳи ҳоли шахсиятҳои гузашта ва занони маъруф ихтисос медиҳанд, мумкин аст ҳадафҳои мухталифе дошта бошанд. Гурўҳе хондани китобҳои таърихро як навъ саргармӣ мешуморанд соатҳое фароғати худашонро бо хондани китобҳои таърих мегузаронданд. Таърих мехонданд то дар зимни гузарондани вақт ва саргармӣ, матолиб ва достонҳои шигифтангези риҷолиро ёд бигиранд ва дар анҷуманҳои дӯстона бо обу тоб барои дигарон таъриф кунанд.

Гурўҳи дигаре аз хондани таърих ҳадафҳои олитар ва арзандатаре доранд. Шарҳи ҳоли риҷоли бузургро мутолиа мекунанд, то дарси зиндагӣ биёмузанд. Рамзи азамат ва муваффақияти дигаронро аз гўшаву канори таърих ба даст меоваранд, то аз аъмол ва рафторашон сармашқ бигиранд. Сабабҳои шикасти афрод ва авомили инҳитоти миллатҳоро аз даруни таърих хориҷ менамоянд, то худашон гирифтор нашаванд ва  иҷтимоашонро аз онҳо барҳазар бидоранд. Ҳамчунин касоне, ки шарҳи ҳоли паёмбарони бузургро мехонанд ва зиндагии имомони маъсум ва риҷоли динро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ду дастаанд.

Як даста ҳадафе ғайри гузаронидани вақт ва саргармӣ надоранд. Маноқиби паёмбарон ва имомонро мехонанд, то дар зимни саргармӣ достонҳои шигифтангезеро ёд бигиранд ва дар маҷолис такрор кунанд. Аз хондан ва шунидани матолиби аҷиб ва ғариб лаззат мебаранд ва ба сабаби шунидани фазоили Аҳли Байт басанда мекунанд.  

Дастаи дигар, зиндагӣ ва шарҳи ҳоли баргузидагони илоҳиро мутолиа мекунанд, то рози азамату маҳбубияти онҳоро ба даст оваранд ва роҳи зиндагӣ ва равиши онҳоро, ки ҳамон сироти мустақими диндорӣ аст, бишносанд ва аз амалҳо ва рафторашон дарси зиндагӣ биомузанд.

Мутаассифона аксари касоне, ки ба таърихи имомон муроҷиат мекунанд аз дастаи аввал ҳастанд. Аксари китобҳои маноқиб ва таърихи паёмбарон ва имомони маъсум, низ муносиби ҳоли он даста ва мувофиқи завқи онҳо таҳия шудааст. Китобҳои маноқиб пур аст аз матлабҳои шигифтангез. Вале дар бораи зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ахлоқӣ ва тарзи рафтору гуфтор ва кирдори онҳо, мухтасар сухан гуфта шудааст. Ҳар мусалмоне дар бораи Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ва ҳар як аз имомони маъсум салавотуллоҳи алайҳим чандин достони шугуфтангез шунида ва ба ёд дорад. Вале аз барномаҳои иҷтимоии онҳо ва амалҳову кирдори шахсӣ ва тарзи рафторашон бо ситамгарон ва халифаҳои замонашон, чандон хабаре надорад.

Мақсади нависанда ин аст, ки зиндагии ҳазрати Заҳро салавотуллоҳи алайҳо-ро аз ин ҷиҳати ёд шуда мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ба ҳамин сабаб агар баъзе аз маноқиб ва достонҳоро наоварда бошем, набояд мавриди ишкол қарор гирад, чун мақсади аслӣ ин буда, ки шахсияти он ҳазрат аз ҷиҳати тарзи зиндагӣ ва ахлоқу рафтор равшан шавад.

Мутаассифона зиндагии он зани бузург, то ҳадде торик монда ва дар китобҳои дастаи аввали Исломӣ матолиби зиёде наомада. Ва чанд чиз сабаби он аст:

1-Даврони зиндагии ҳазрати Фотимаи Заҳро салавотуллоҳи алайҳо кўтоҳ буд ва аз 18-сол нагузашт. Ва ҳудуди нисфи ин муддат, қабл аз балоғат буд, ки чандон мавриди таваҷҷўҳ воқеъ намешуд. Аз балоғат то марг, низ зиёд вақт надошт.

2-Ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) аз ин ҷиҳат, ки зан буд аксари зиндагии ў дар дохили хона гузашт ва камтар касе метавонист комилан аз зиндагии дохилии ў огоҳӣ пайдо кунад.

3-Фикрҳои мардуми он замон ба он андоза набуд, ки барои зиндагии духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ва зани намунаи Ислом, аҳамият ва арзиши хоссе қоил бошанд, то дар нигаҳдории ҷузиёти он кўшиш кунанд.

Ба ҳар ҳол, гарчи ҷузиёти зиндагӣ сайру сулуки он зани намуна комилан ёддошт нашудааст, вале нависанда кўшиш кардааст, ки аз ҳамон миқдори мавҷуд бо таҷзия ва таҳлил, шахсияти он зани намунаро маҷассам кунад. Аз ин сабаб гоҳе маҷбур шудааст аз равиши маъмули таърихнигорон басанда кунад ва ба натиҷагирӣ ва таҷзияву таҳлил бипардозад.

 

Зани намуна

Ислом барои ҳифзи манофеи занҳо ва рушду тараққии онҳо аҳкому қавонин ва барномаҳои махсусе дорад. Яке аз роҳҳое, ки метавон ба василаи он  зани шоистаи Ислом ва осору натиҷаҳои дурахшони тарбияти исломиро мушоҳида намуд ин аст, ки занҳои садри Ислом ва тарбиятшудагони мактаби ваҳйро комилан бишносем ва ҷузъиёти зиндагии онҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) бешак дар раъсу аввали тамоми занҳои Ислом қарор дорад. Чун ў танҳо зане аст, ки падараш маъсум, шавҳараш маъсум ва худаш, низ маъсум будааст. Муҳити парвариш ва зиндагии Заҳро муҳити исмату таҳорат будааст. Даврони кудакии худро дар хонаи шахси аввали Ислом яъне Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) , ки зери тарбияти мустақили Худованд қарор дошт, гузаронд. Даврони хонадорӣ ва бачадориро дар хонаи дуввумин шахсияти мумтози Ислом яъне Алӣ ибни Абитолиб (алайҳис-салом) гузаронд. Дар ин даврони кўтоҳ ду фарзанди маъсум яъне Ҳасану Ҳусайн алайҳумо-салом-ро тарбият кард ва ду духтари шуҷоъ ва фидокор монанди Зайнаб ва Умми Кулсум, ба ҷомеа таҳвил дод. Дар чунин хонае қатъан метавон натиҷаҳои дурахшони аҳком ва барномаҳои исломиро ошкоро мушоҳида кард ва зани шоиста ва намунаи Исломро пайдо намуд.

 

Равиши мо:

Нависандагон чанд дастаанд:

Як даста танҳо чизҳоеро мўътабар ва бо арзиш медонанд, ки дар китобҳои аҳли суннат вуҷуд дошта бошад ва аз нақл кардани чизҳое, ки дар китобҳои шиа вуҷуд дорад, рў мегардонанд, балки бо назари бадбинӣ ба онҳо менигаранд.

Дастаи дигар, танҳо чизҳоеро мўътабар медонанд, ки дар китобҳои шиа вуҷуд дошта бошад ва аз нақли ҳар матлабе, ки фақат дар китобҳои аҳли суннат вуҷуд дошта бошад, худдорӣ мекунанд.

Ба назари нигоранда ҳар ду даста роҳи ифроту тафритро паймуда ва бесабаб бисёре аз ҳақиқатҳоро нодида гирифтаанд. Чун дар байни китобҳои аҳли суннат метавон ҳақиқатҳоеро ёфт, ки дар китобҳои шиа вуҷуд надорад ва дар байни китобҳои шиа, низ ҳақоиқеро метавон пайдо кард, ки дар китобҳои аҳли суннат вуҷуд надорад. Шиаён, низ дорои китобҳое будаанд ва бисёре аз матлабҳо аз роҳи Аҳли Байти Паёмбар, ки ба унвони мароҷеи илмӣ муаррифӣ шудаанд, дарёфт кардаанд.

Муаллифони шиа ба ҷиҳати замон бар муаллифони аҳли суннат муқаддам ҳастанд. Дур аз инсоф аст, ки баъзе аз нависандагон китобҳои шиаро куллан надида гирифта ва танҳо ба нақли чизҳое басанда мекунанд, ки дар китобҳои аҳли суннат пайдо мешавад. Инҳо беш аз ҳад ба китобҳои аҳли суннат хушбин ҳастанд. Хаёл мекунанд ҳамаи нависандагони он китобҳо ошиқу шифтаи ҳақиқат будаанд ва бо дурӣ аз ҳар гуна таассуб, ҳамаи ҳақиқатҳоро навиштаанд. Пас агар чизе дар онҳо вуҷуд надорад, маълум мешавад асосе надорад. Дар сурате, ки ин пиндор дуруст нест, чун ҳар кас бо камоли бетарафӣ китобҳои аҳли суннатро баррасӣ кунад ва байни китобҳояшон муқоиса кунад балки чопҳои гуногуни китобро дар муқобили ҳам қарор диҳад, мефаҳмад, ки ин ҳама изҳори хушбинӣ ва хушгумонӣ, беасос аст ва чунин нест, ки ҳамаи онҳо аз таассуб ва ғаразварзӣ дур бошанд.

Бинобар ин, мо ҳам аз китобҳои аҳли суннат истифода кардаем ва ҳам аз китобҳои шиа. Ва дар баъзе аз мавзўъ, ки нависандагони аҳли суннат бинобар маслиҳатҳое аз навиштани онҳо худдорӣ карда ва ё хеле хулосавор аз онҳо гузаштаанд, аз китобҳои шиа истифода кардаем.

 

Home page book