back page

Орзуи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ва Хадиҷа (алайҳо салом)

next page

 

Яке аз асрори офариниш ин аст, ки ҳар касе алоқа дорад дорои фарзанде бошад, то ўро мувофиқи хости худ тарбият кунад ва ба ёдгор бигзорад. Инсон фарзандашро аз бақоёи вуҷуди худ меҳисобад ва бо фаро расидани марг вуҷудашро хотимаёфта намедонад. Аммо шахси бефарзанд, даврони зиндагӣ ва ҳаёти худро кўтоҳ ва бо фаро расидани марг хотимаёфта мепиндорад. Шояд дастгоҳи офариниш мехоҳад ба ин васила насли инсонро аз нобудӣ нигаҳ бидорад.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ва Хадиҷа (алайҳо салом), низ чунин орзуе доштанд. Хадиҷа, ки барои тарвиҷи худопарастӣ ва наҷоти башарият аз ҳеҷ гуна фидокорӣ дареғ надошт ва барои пешбурди ҳадафи муқаддаси Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз молу хешону дўстонаш гузашт ва бе ҳеҷ қайду шарте таслими хостаҳои Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  шуд, ҳатман алоқа дошт, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фарзанде пайдо кунад, ки аз дини Ислом ҳимоят кунад ва дар тарвиҷи он ва ба мақсад расондани ҳадафи олии Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  кўшиш кунад.

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  медонист, ки марг барои башар ҳатмист ва дар муддати кўтоҳи зиндагӣ наметавон ҳадафи бузурги худро комилан иҷро кунад ва ҷаҳони башариятро аз гирдоби гумроҳӣ наҷот диҳад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба хубӣ медонист, ки бояд баъд аз ў касоне бошанд, то дар пайгирии ҳадафаш ҷиддияту кўшиш кунанд. Ва табиатан дилаш мехост, ки он афроди фидокор аз насли худаш ба вуҷуд биёянд. Расули гиромӣ ва Хадиҷа (саллаллоҳу алайҳимо ва олиҳимо) чунин орзуеро доштанд, вале мутаассифона писароне, ки аз онҳо қаблан ба вуҷуд омада буданд ва ба номи Абдуллоҳ ва Қосим номида шуданд, дар кўдакӣ вафот карданд. Ба ҳамон миқдоре, ки Паёмбар ва Хадиҷа (саллаллоҳу алайҳимо ва олиҳимо) аз он ҳодисаи ногувор, андўҳгин, шуданд душманонашон хушҳол шуданд ва ба ин васила насли он ҳазратро аз байн рафта пиндоштанд. Гоҳе он ҳазратро ба унвони “абтар” яъне бедунбола ва фарзанд мехонданд. Ҳангоме ки Абдуллоҳ вафот кард Ос ибни Воил ба ҷои ин ки он ҳазратро дар марги фарзандаш таслият гўяд дар ҷамъи мардум он ҳазратро абтар ва бефарзанд мехонд ва мегуфт: Баъд аз он ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  бимирад асаре аз ў боқӣ нахоҳад монд ва бо захми забон дили Паёмбар ва Хадиҷаро доғдор мекард.[1]

 

Кавсар

Аммо Худованд ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  башорат дод, ки хайри зиёде ба ту хоҳем дод. Дар ҷавоби душманон сураи Кавсарро фиристод ва фармуд:

“Эй Муҳаммад! Мо Кавсарро ба ту додем. Пас барои Худо намоз бихон ва қурбонӣ кун. Ба дурустӣ, ки душмани ту абтар ва бефарзанд хоҳад шуд на ту.”[2]

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  яқин дошт, ки ваъдаҳои Худованд тахаллуфпазир нест ва насли поку бо баракате аз ў ба вуҷуд хоҳад омад, ки сарчашмаи тамоми хубиҳои ҷаҳон хоҳад шуд. Ҳангоме ваъдаи Худованд ҷомаи амал пушид, ки Заҳрои покиза ба дунё омад ва аз фуруғи нури вилояташ уфуқи гетӣ равшан шуд. Вақте ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  башорат расид, ки Худованди Мутаол ба Хадиҷа навзоди духтаре ато фармуда, дилаш аз башорат ғарқи шодмонӣ шуд ва аз духтардор шудан на танҳо ғамгин нашуд, балки ба он васила дилаш мутмаин ва ором гашт ва осори башорати Парвардигори ҷаҳонро мушоҳида кард.

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз он мардони кўтоҳфикр ва нодони ҷзамони ҷоҳилият набуд, ки аз вуҷуди духтар изҳори шармандагӣ кунад ва аз шиддати хашм модари бегуноҳро ба боди дашном гирад ва аз мардум дурӣ ҷўяд.[3]

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  мабъус шуда буд, то бо афкори пуч ва ғалати мардуме, ки барои занон арзише қоил набуданд ва онҳоро аз иҷтимоъ ҳисоб намекарданд, мубориза кунад ва ба онҳо бифаҳмонад, ки зан, низ яке аз аъзои муҳимми ҷомеа аст ва дорои масъулият ва вазифаи бисёр сахт ва бузурге аст. Ва бояд барои азамату тараққии ҷомеа кўшиш кунад ва дар бораи вазифаҳое, ки офариниш махсуси ў қарор дода анҷоми вазифа кунад.

Худованди Мутаол хост, то арзиши занро амалан ба ҷаҳониён бифаҳмонад. Аз ҳамин раҳгузар буд, ки зуррия ва насли поки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро дар вуҷуди духтараш қарор дод ва чунин муқаддар кард, ки имомон ва раҳбарони динии Ислом аз насли Фотимаи Заҳро (салавотуллоҳи алайҳо) ба вуҷуд оянд. Ва ба ин васила мушти маҳкаме ба даҳони бехирадоне зад, ки духтарро аз авлоди худ ҳисоб намекарданд, балки аз вуҷудаш ору нанг доштанд.

 

Шири модар

Ҳангоме ки Фотима (алайҳо салом)-ро покиза кардан ва ўро дар домани Хадиҷа гузоштанд, он модари меҳрубон хушҳол шуд ва пистонашро дар даҳони навзоди азизаш гузошт ва аз шираи ҷон сераш кард, то ба хубӣ рушд бикунад.[4]

Хадиҷа аз он занони худхоҳ ва нодоне набуд, ки бидуни ҳеҷ узре навзодро аз шири модар, ки Худо барояш муҳайё карда маҳрум созад. Хадиҷа худ медонист ё аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  шунида буд, ки барои тағзия ва беҳдошти кудакон ҳеҷ чизе беҳтар аз шири модар нест[5] чун шири модар бо вазъи дастгоҳи гувориши навзод ва мазоҷи махсуси ў комилан ҳамоҳангӣ ва таносуб дорад. Кўдак муддати нўҳ моҳ дар раҳми модар шарики таом, ҳаво ва хуни ў буда ва мустақиман аз модараш иртизоқ мекардааст. Ва аз ин сабаб таркибҳои махсуси шири модар бо сохтмони махсуси кўдак комилан муносиб аст. Илова бар ин дар шири модар тақаллуб (олуда кардани он бо шир ва оби дигар) роҳ надорад ва микробҳои беморизо низ дар он нест.

Хадиҷа чун медонист, ки оғуши пурмеҳру муҳаббати  модар ва шир хўрдани кўдак аз пистонаш чӣ нақши бузургеро дар зиндагии ояндаи кўдак ба вуҷуд меоварад ва барои саодати ў чӣ таъсироти қобили таваҷҷўҳе дорад, бартар дид, ки Фотима (алайҳо салом)-ро дар оғуши гарми худ парвариш диҳад ва ба василаи шири поки худаш, ки манбаи шарофату наҷобат ва дониш ва фазилату бурдборӣ ва фидокориву шуҷоат сарчашма гирифтааст, таом диҳад.

Ростӣ оё ғайр аз шири пистони Хадиҷа шири дигаре метавонист чунин шахсияти пок ва конуни маърифатро рушд диҳад ва меваи пурбаракати боғи набувватро ба самар расонад.

 

Даврони ширхорагӣ

Даврони ширхорагӣ ва рўзҳои кўдакии Заҳрои покиза (алайҳо салом) дар муҳити бисёр хатарноки садри Ислом гузашт, ки бидуни шак дар рўҳи ҳассоси он кўдак таъсироҳои шоёне доштааст. Чун назди донишмандон ин чиз ба исбот расидааст, ки муҳити рушди кўдак ва афкору эҳсосоти падару модар дар рўҳиёт ва исботи шахсияти ў комилан муассир мебошанд. Аз ин сабаб ночорем шароиту ҳодисаҳои садри Исломро хулосавор ёдовар шавем, то хонандагон битавонанд вазъи фавқулода ва бўҳронии замони рушди духтари гиромии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро пеши худашон муҷассам созанд.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар 40-солагӣ мабъус шуданд. Дар аввали даъват бо мушкилоти бузург ва ҳодисаҳои сахту хатарноке рў ба рў буданд. Як тана мехост бо ҷаҳони куфру бутпарастӣ мубориза кунад. То чанд соле махфиёна таблиғ мекард ва аз тарси душманон ҷуръат надошт даъваташро ошкоро кунад. Баъдан аз тарафи Худованд дастур расид, ки мардумро ошкоро ба дини Худо даъват кун ва аз мушрикин тарсе надошта бош.[6]

Расули гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  бо дастури илоҳӣ даъваташро ошкор кард. Ошкоро ва дар байни ҷомеа мардумро ба сўи дини муқаддаси Ислом даъват мекард ва рўз ба рўз бар шумори мусалмонон афзуда мешуд.

Вақте даъвати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ошкоро шуд, азияту озори душманон, низ шиддат гирифт. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро азият мекарданд ва мусалмононро зери шиканҷаву азоб қарор медоданд. Баъзеро дар муқобили офтоби сўзони Ҳиҷоз рўи замин гарм мехобонданд ва сангҳои бузургро рўи синаҳояшон мегузоштанд ва баъзеҳоро мекуштанд.

Мусалмонон ба қадре сахтӣ ва азоб кашиданд, ки ба дод омаданду ҷонашон ба лаб расид. Ба гунае ки ночор шуданд аз хонаву зиндагӣ даст бардоранд ва ба кишвари дигаре ҳиҷрат кунанд. Гурўҳе аз мусалмонон аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  иҷозат гирифтанд ва равонаи Ҳабаша шуданд.[7]

Вақте куффор ба василаи азияту озор натавонистанд аз пешрафти Ислом монеъ шаванд ва диданд мусалмонон озору азиятро таҳаммул мекунанд, вале даст аз ақидаашон барнамедоранд, нишасте барпо карда тасмим гирифтанд, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ро бикушанд.

Абутолиб аз тасмими хатарноки онҳо огоҳ шуд ва барои ҳифзи ҷони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  он ҳазратро бо гурўҳе аз Бани Ҳошим ба дарае, ки “Шеъби Абитолиб” номида мешуд бурд.

Абутолиб ва дигар аъзои хонаводаи Бани Ҳошим дар ҳифзу нигаҳдории Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  кўшиш мекарданд. Ҳамза амаки Паёмбар, шабҳо бо шамшери боз дар атрофи он ҳазрат посдорӣ мекард. Душманон вақте аз куштани Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ноумед шуданд, онҳоро, ки дар шеъби Абитолиб паноҳанда шуда буданд дар зери фишори иқтисодӣ қарор доданд ва хариду фурўш бо онҳоро манъ карданд.

Мусалмонон дар ҳудуди се сол дар он зиндони сўзон бо фишор ва нороҳатӣ ва гуруснагӣ ба сар бурданд ва бо мухтасар таоме, ки махфиёна барояшон фиристода мешуд зиндагӣ намуданд. Бисёр вақтҳо фарёди хурдсолонашон аз гуруснагӣ баланд буд. Фотимаи Заҳро (алайҳо салом) дар чунин шароиту муҳити хатарнок ва ваҳшатоваре ба дунё омада ва рушд намуд. Хадиҷа (алайҳо салом) дар чунин шароите навзоди азизашро шир медод. Муддате аз рўзҳои ширхорагии Фотима дар Шеъби Абитолиб сипари шуд. Дар ҳамон ҷо аз шир хўрдан бозгирифта шуд. Дар ҳамон регистони сўзон роҳрафтанро ёд гирифт. Дар ҳамон шароити қаҳтӣ, таомхўр шуд. Ҳангоме ки сухан гуфтан ёд мегирифт фарёду нолаи тифлони гуруснаи Шеъбро мешунид. Дар ними шаб, ки аз хоб бедор мешуд хешовандонашро медид, ки бо шамшерҳои бараҳна атрофи падараш посбонӣ мекунанд.

Ҳудуди се сол тўл кашид, ки Фотима (алайҳо салом) ғайр аз зиндони сўзони Шеъб чизи дигаре надид ва аз дунёи берун аз Шеъб хабаре надошт.

Фотима панҷсола буд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва Бани Ҳошим аз Шеъби Абитолиб наҷот ёфтанд ва ба сари хонаву зиндагияшон баргаштанд. Манзараҳои зиндагии нав ва неъмати озодӣ ва кошоиш дар хўроку пўшок ва хона барои Заҳрои атҳар (алайҳо салом) тозагӣ дошт ва аз он шодмону масрур буд.

 

Марги модар

Аммо афсўс ва сад афсўс, ки рўзгори хушии Фотима (алайҳо салом) давом надошт. То хост дар муҳити ором нафаси роҳате бикашад, модари меҳрубонашро аз даст дод.

Ҳануз як сол нашуда буд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ва ёронаш аз зиндони Шеъби Абитолиб озод шуда буданд, ки Хадиҷа (алайҳо салавотуллоҳ) аз дунё рафт.[8]

Оҳ, ин ҳодисаи ҷонкоҳ чӣ қадар рўҳи афсурдаи Фотимаро афсурдатар намуд ва ниҳоли умедашро пажмурда кард ва бузургтарин зарбаҳоро ба рўҳу равонаш ворид намуд. Фотима (алайҳо салом) ҳаргиз эҳтимоли вуқўи чунин ҳодисаи ногуворро намедод.

Гоҳу бегоҳ аз фироқи модараш ашк мерехт ва дар ҷустуҷўи модар аз ҳар касе суроғ мегирифт. Вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз дафни Хадиҷа (алайҳо салом) фориғ шуд ва ба хона баргашт, Фотима (алайҳо салом) даври падар мегашт ва мегуфт: Падарҷон модарам куҷост? Паёмбар «(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мутаҳаййир буданд, ки ҷавоби ўро чӣ бидиҳанд, ки Ҷабраил нозил шуд ва гуфт: Дар ҷавоби Фотима бигў: Модарат бо камоли осоишу роҳатӣ дар кохе, ки аз забарҷад сохта шуда зиндагӣ мекунад.[9]

Натиҷа

Шароити ғайри оддӣ ва ҳодисаҳои талхи даврони кўдакии ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) бешак осоре дар рўҳи он душизаи гиромӣ гузошт ва зиндагии оянда  ва чӣ гунагии ҳаракатҳо ва корҳо ва рўҳиёташ то ҳудуде марбут ба ҳодисаҳои он даврон будааст ва оғози шахсияти ў аз ҳамин ҷо сарчашма гирифт. Осори зерро метавон аз муҳимтарини онҳо шумурд.

1-Касе, ки дар чунин шароите рушд кунад ва дар аввали зиндагӣ чунин зарбаҳои бузурге бар рўҳаш ворид шавад, шахси афсурда ва пажмурда ва ғамнок хоҳад буд. Ба ҳамин сабаб дар аҳволи Фотима (салавотуллоҳи алайҳо) навиштаанд, ки ҳамеша маҳзуну ғамнок будааст.

2-Касе, ки дар чунин шароити сахте бузург шавад ва ҳатто даврони ширхорагии худро дар зиндон гузаронад ва аз он вақте ки худашро шинохта дар тангноҳҳои зиндон бошад ва мушоҳида кунад, ки падару модар ва хешонаш бо чӣ фидокорӣ ва аз худ гузаштагӣ аз ҳадафашон дифоъ мекунанд ва барои расидан ба ҳадаф ба ҳар сахтӣ ва фишоре тан медиҳанд, вале ҳозир нестанд аз ҳадафи худ даст бардоранд, чунин шахсе табиатан мубориз ва бо ҳадаф бор меояд ва дар роҳи расидан ба ҳадаф аз зиндону шиканҷа парвое надорад ва ба роҳатӣ майдонро холӣ намекунад.

3-Фотима (алайҳо салом) чун медид, ки падару модар ва хешонаш дар тарвиҷи дини Ислом ва худопарастӣ, чӣ сахтиҳоеро таҳаммул мекунанд ва барои ҳидояту наҷоти башарият чӣ фидокориҳое мекунанд аз мардум интизор дошт, ки баъд аз падари бузургвораш қадри заҳматҳои падарашро бидонанд ва дар пайгирии ҳадафи муқаддасаш кўшишу ҷиддият нишон диҳанд ва аз роҳе, ки барояшон таъйин карда бероҳ нашаванд.

 

Баъд аз вафоти модар

Дар соли даҳуми беъсат, Абутолиб ва Хадиҷа (алайҳимо салом) дар фосилаи кўтоҳе яке пас аз дигарӣ аз дунё рафтанд. Ин ҳодисаи ногувор ба қадре дар рўҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  таъсир гузошт, ки он солро соли ғаму андўҳ номид.[10] Чун аз як тараф бузургтарин ёру ғамхор ва мушовири дохилӣ ва шарики зиндагӣ ва модари фарзандони худ, Хадиҷаро аз даст дод. Аз тарафи дигар, бузуртарин пуштибони ў Абутолиб аз дунё рафт. Ба гунае ки шароити дохилӣ ва хориҷии он ҳазрат якмартаба дигаргун шуд ва ба сабаби аз даст рафтани ин ду ҳомии бузург, азияту озори душманон сар шуд. Гоҳе ба он ҳазрат санг мезаданд, гоҳе хок ба сурати муборакаш мепошиданд ва гоҳе носазо мегуфтанд. Гоҳе баданашро хунолуд мекарданд ва дар бисёр вақтҳо ҳангоме ки бо чеҳраи ғамнок ба хона меомад, бо сурати пажмурда ва чашмҳои ашкбори дахтари азизаш, ки дар фироқи модар мегирист, рў ба рў мешуд.

Фотима (алайҳо салом) вақте аз хона берун мерафт шоҳиди ҳодисаҳои талхе мешуд. Гоҳе медид падарашро азият мекунанду носазояш мегўянд.  Як рўз дид душманон дар Масҷидул-ҳаром нишастаанд ва барои куштани падараш нақша мекашанд, бо чашми ашкбор ба хона баргашт ва нақшаи душманонро бар падараш таъриф кард.[11]

Рўзе яке аз мушрикон Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро дар кўча мулоқот кард ва хокрўба ба сару сурати он ҳазрат рест. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  чизе нагуфт ва бо ҳамон ҳол вориди хона шуд. Яке аз духтаронаш (Фотима (алайҳо салом)) ба истиқболи он ҳазрат шитофт. Об овард ва бо чашми гирён сару сурати падарро шуст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуданд: Духтарам, гиря накун, мутмаин бош, ки Худованд падаратро аз шарри душманон нигаҳ медорад ва пирўз мегардонад.[12]

Як рўз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар Масҷидул-ҳаром машғули хондани намоз буданд. Гурўҳе аз мушрикин он ҳазратро масхара мекарданду дар садади озораш буданд. Яке аз онҳо бачадони шутуреро, ки нав зебҳ шуда буд бардошт ва бо хуну касофат дар ҳоле ки Паёмбари гиромии Ислом дар саҷда буданд, онро бар пушти мубораки он ҳазрат афканд. Ҳазрати Фотима (алайҳо салом), ки дар масҷид ҳозир буд ва ин манзараро дид, бисёр нороҳат шуд ва бо чашми гирён худашро ба падар расонид ва бачадонро бардошту ба дур афканд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз саҷда бархост ва баъд аз намоз бар он ҷамъият нафрин кард.[13]

Оре, Заҳрои азиз аз ҳамон хурдсолӣ ин гуна ногувориҳоро мушоҳида мекард ва ба ёрии падар мешитофт ва барои падар модарӣ мекард.

Бо мурдани Хадиҷа (алайҳо салом) табиатан баъзе аз корҳои хона ба души Фотимаи кўчак афтод. Чун он аввалин хонаи тавҳид танҳо зани бузурги худро аз даст дода буд ва ба ғайр аз Фотима (алайҳо салом) дар хона ёдгоре надошт.

Таърих ин мавзўъро мушаххас накарда, ки дар он даврони сахт дар хонаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  чӣ мегузашта ва зиндагии онҳо чӣ гуна идора мешудааст, аммо бо чашми дил метавон вазъияти риққатбори он хонаро мушоҳида кард.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  баъд аз Хадиҷа (алайҳо салом) бо зане ба номи Савда издивоҷ кард, занони дигареро низ ихтиёр намуд. Онҳо, низ каму беш ба Фотима (алайҳо салом) изҳори алоқа менамуданд, вале барои ҳар ятиме душвор аст, ки ҷои модарашро холӣ ва зани дигареро дар ҷои ў мушоҳида кунад. Номодарӣ ҳарчанд хубу меҳрубон бошад ҳам меҳру муҳаббати бешоибаи модарро надорад. Танҳо модар аст, ки ба василаи навозишҳои гарми худ дили кўдакро ором мекунад ва ба ў нерў мебахшад.

Вале ҳар чӣ маҳрумияти Фотима (алайҳо салом) зиёдтар мешуд изҳори муҳаббати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), низ ба ҳамон миқдор зиёдтар мешуд. Чун Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба ин чиз таваҷҷўҳ дошт, ки Фотима аз ҷиҳати модар дилшакаста шуда ва бояд он дилшакастагӣ ҷуброн шавад ва ба ин сабаб ва сабабҳои дигар дар ривоёт ворид шуда, ки: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)и ва саллам, то сурати Фотима (алайҳо салом)-ро намебўсид ба хоб намерафт.[14]

Матлабҳои ёд шуда, хулосае аст аз саргузашти ҳудуди ҳашт сол аз зиндагии духтари Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ).

 

Ногуфта намонад

Ногуфта намонад, ки гарчи монанди матлабҳои ёдшуда ва фишорҳои рўҳӣ барои ҳар кўдаке пеш ояд аъсобашро хурд мекунад ва барои аз по афтодан ва нотавонии рўҳӣ ва ҷисмии вай кофӣ хоҳад буд, вале ин доварӣ дар бораи ҳама кас дуруст нест. Чун ҳамин ҳодисаҳои сахт ва гирифториҳои доим ва муборизоти пай дар пай аст, ки рўҳи афроди мумтоз ва барҷастаро тақвият мекунад ва истеъдодҳои дарунӣ ва неруҳои нуҳуфтаи онҳоро берун мекашад, то дар муқобили мушкилот пойдорӣ кунанд. Агар санги маъдан зери ҳарорати фавқулодае қарор нагирад, тиллои холис ва гаронбаҳояш берун намеояд.

Шароити сахт ва хатарноки даврони Заҳрои атҳар (алайҳо салом) на танҳо халале бар рўҳи он ҳазрат ворид накард, балки баръакс гарҳари вуҷудашро тобнок намуд ва барои ҳар гуна муборизае омода ва нерўмандаш гарднид.

 

Фотима (алайҳо салом) ба сўи Мадина

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар соли 13-и беъсат ночор шуд Маккаро тарк кунад ва ба тарафи Мадина ҳиҷрат кунад. Ҳангоми ҳаракат бо Алӣ ва Фотима (алайҳимо салом) видоъ намуда ба Алӣ (алайҳис-салом) фармуд: Амонатҳои мардумро барояшон баргардон сипас Фотима-духтари маро ва Фотима модарат ва Фотима духтари амакам Ҳамзаро бо иддаи дигаре бардор ва ба сўи Мадина биштоб, ки ман дар интизори шумо ҳастам. Инро фармуд ва ба тарафи Мадина ҳаракат кард.

Алӣ (салавотуллоҳи алайҳ) ба дастури Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  амал кард, сипас Фотимаро бо чанд тан аз занҳои дигар савор кард ва равонаи Мадина шуд. Дар байни роҳ Абувоқид, ки маъмури рондани шутурҳо буд онҳоро ба шитоб мебурд. Алӣ (салавотуллоҳи алайҳ) фармуд: Бо занҳо мудоро кун ва шутурҳоро оҳистатар бирон, чун занҳо нотавонанд ва тобу таҳаммули сахтиро надоранд.

Абувоқид гуфт: метарсам душманон дар паи мо бошанд ва ба мо бирасанд.

Алӣ (алайҳис-салом) ҷавоб дод: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба ман фармуд: Аз тарафи душманон ба шумо озоре нахоҳад расид.

Вақте ба наздикии Заҷнон расиданд, ҳашт саворӣ аз ақиби онҳо расиданд. Алӣ (алайҳис-салом) занонро дар паноҳгоҳе пиёда намуд ва бо шамшер бар душманон ҳамла кард ва онҳоро пароканда сохт. Онгоҳ зононро савор кард ва раҳсипори Мадина шуд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  вақте ба Қубо расиданд 12-рўз онҷо мунтазир монданд, то Алӣ (алайҳис-салом) бо ҳамроҳонаш ба он ҳазрат пайвастанд.[15]

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар Макка ва ба ривояте дар Мадина Савдаро ба ақди худ дароварданд. Фотима (алайҳо салом)-ро ба хонаи ў бурданд. Сипас Умми Саламаро ақд намуда ва Фотимаро ба ў супурданд, то аз вай нигаҳдорӣ ва сарпарастӣ кунад. Умми Салама мегўяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  Фотимаро ба ман супурд, то дар тарбияташ кўшиш кунам. Ман ҳам аз тарбияту роҳнамоии ў дареғ надоштам, вале ба Худо қасам ў аз ман боадабтар ва донотар буд.[16]

Бахши дуввум

Арўсии ҳазрати Фотима (алайҳо салом)

 

 

Фотимаи Заҳро (алайҳо салом) духтари Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва аз душизагони мумтози замони худ буд. Падару модараш аз асилтарину шарифтарини хонаводаҳои қурайш буданд. Аз назари ҷамоли зоҳирӣ ва камолоти маънавӣ ва ахлоқӣ аз  падару модари шарифаш ирс мебурд ва ба олитарин камолоти инсонӣ ороста буд. Шахсияту азамати Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) рўз ба рўз дар назарҳои мардум боло мерафт  ва қудрату шавкати он ҳазрат зиёдтар мешуд. Ба ҳамин сабаб духтари азизаш Фотимаи Заҳро (алайҳо салом) пайваста мавриди таваҷҷўҳи бузургони Қурайш инсонҳои бо шахсият ва сарватманд қарор дошт ва гоҳу бегоҳ аз ў хостгорӣ мекарданд. Аммо Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аслан намехост касе дар ин бора сухан гўяд ва бо хостгорон ба гунае рафтор мекард, ки мепиндоштанд мавриди ғазаби Паёмбар қарор гирифтаанд.[17]

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  Фотима (алайҳо салом)-ро барои Алӣ (алайҳис-салом) нигаҳ дошта буд ва дўст медошт, ки аз тарафи Алӣ пешниҳод шавад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз тарафи Худои Мутаол амр шуда буданд, ки нурро ба нур хонадор кунанд.[18]

Абўбакр яке аз хостгорони Фотима (алайҳо салом) буд. Рўзе бо ин мақсад ба хизмати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  расиду гуфт: Эй Расули Худо, мехоҳам бо шумо васлат кунам, оё мешавад, ки Фотимаро ба ақди ман дароварӣ? Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуданд: Фотима ҳануз кўчак аст ва аслан таъйини ҳамсари ў бо Худост. Ман низ мунтазири дастури Худо ҳастам. Абўбакр бо ноумедӣ баргашт. Дар байни роҳ бо Умар бархўрд ва достони хостгорияшро ба ў гуфт. Умар гуфт: Расули Худо пешниҳоди туро рад карда ва нахоста духтарашро ба ту бидиҳад.

Умар низ як рўз дар издивоҷи Фотима тамаъ кард ва ба ин хотир ба ҳузури Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  расид ва аз Фотима (алайҳо салом) хостгорӣ кард. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуданд: Фотима ҳануз кўчак аст ва таъйини ҳамсари ў бо Худост.

Абдураҳмон ва Усмон, ки ҳар ду аз сарватмандони бузург буданд бо нияти хостгорӣ ба ҳузури Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  расиданд. Абдураҳмон гуфт: Эй Расули Худо агар Фотимаро ба ҳамсарии ман дароварӣ ҳозирам 100-шутури сиёҳе, ки борҳояшон порчаҳои катони аълои Мисрӣ бошад ва даҳ ҳазор динор маҳрияашро қарор диҳам.

Усмон низ гуфт: Эй Расули Худо ман низ ба ҳамин миқдор маҳрия ҳозирам ва ба Абдураҳмон бартарӣ дорам, чун зудтар мусалмон шудаам.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз суханони онҳо сахт хашмгин шуд ва барои он ки бифаҳмонад ба  моли онҳо алоқа надорад ва достони издивоҷ достони хариду фуруш ва доду гирифти сарват нест, муште сангреза гирифт ва ба тарафи Абдураҳмон пошиду фармуд: Ту хаёл мекунӣ ман бандаи пулу сарватам ва ба василаи сарватат бар ман фахр мекунӣ ва мехоҳӣ ба василаи пул издивоҷро бар ман таҳмил кунӣ?[19]

Пешниҳоди Алӣ алайҳис-салом

Асҳоби Расули Худо эҳсос карда буданд, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  майл дорад Фотимаро бо Алӣ (алайҳимо салом хонадор кунад, вале аз тарафи Алӣ (алайҳис-салом) пешниҳод намешуд.

Як рўз Умар, Абўбакр ва Саъд ибни Маоз ва гурўҳи дигар дар масҷид нишасте доштанд ва аз ҳар мавзўе сухан мегуфтанд. Дар ин байн сухан аз Фотима ба миён омад ва Абўбакр гуфт: Муддате аст, ки бузургони араб аз Фотима хостгорӣ мекунанд, вале Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  пешниҳоди касеро напазируфта ва дар ҷавобашон мегўяд: Таъйини ҳамсари Фотима бо Худост. Вале Алӣ ибни Абитолиб (алайҳис-салом), то ба ҳол дар ин маврид иқдоме накарда аст. Гумон мекунам сабаби иқдом накарданаш фақр бошад. Ин матлаб барои ман равшан аст, ки Худо ва Паёмбар, Фотимаро барои Алӣ нигаҳ доштаанд. Сипас ба Умар ва Саъд ибни Маоз гуфт: Ҳозиред бо ҳам ба назди Алӣ биравем ва достонро барояш бигўем ва агар ба издивоҷ моил буд ва фақр монеаш аст, кўмакаш кунем. Саъд ибни Маоз аз ин пешниҳод истиқбол намуд ва Абўбакрро дар ин кор ташвиқ кард.

Салмони Форсӣ мегўяд: Умар ва Абўбакр ва Саъд ибни Маоз ба ин мақсад аз масҷид берун рафтанд ва ба ҷустиҷўи Алӣ (алайҳис-салом) пардохтанд, вале ўро дар хонааш наёфтанд. Хабар ёфтанд, ки дар нахлистони яке аз ансор бо шутур обкашӣ мекунад ва дарахтони хурморо об медиҳад. Пас ба тарафи ў шитофтанд.

Абўбакр гуфт: Эй Алӣ! Ту дар тамоми камолот бар дигарон бартарӣ дорӣ ва аз ҷоёгоҳи худат ва алоқае, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  нисбат ба ту дорад комилан огоҳӣ. Ашрофу бузургони қурайш барои хостгории Фотима (алайҳо салом) омадаанд, вале Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дасти рад ба синаи ҳама зада ва таъйини ҳамсари Фотимаро ба дастури Худо ҳавола дода аст.  Гумон мекунам Худо ва Расул, Фотимаро барои ту нигаҳ доштаанд ва шахси дигаре қобилияти ин ифтихорро надорад. Намедонам ба чӣ сабаб ту аз ин иқдом кўтоҳӣ мекунӣ?

Алӣ (алайҳис-салом) вақте суханони Абўбакрро шунид ашк дар чашмони муборакаш ҳалқа зад ва фармуд: Эй Абўбакр! Эҳсосоту хостаҳои дарунии маро ба ҳаракат даровардӣ ва мавзўеро, ки аз он ғофил будам ёдоварӣ кардӣ. Ба Худо савганд ҳама хостгори Фотимаанд, ман низ ба ин чиз алоқа дорам. Ягона чизе, ки маро аз ин иқдом боз медорад, фақру тиҳидастӣ аст.

Абўбакр гуфт: Эй Алӣ! Ин суханро нагў. Чун дунё ва моли дунё дар назди Худо ва Расулаш арзише надорад. Ман салоҳ медонам ҳар чи зудтар ба ин кор иқдом кунӣ ва ба хостгории Фотима биштобӣ.[20]

Афкори хобида бедор мешавад

Алӣ (алайҳис-салом) дар хонаи Паёмбари гиромӣ бузург шуда ва Фотима (алайҳо салом)-ро ба хубӣ мешинохт ва бо рўҳиёту ахлоқи ў комилан ошно буд. Ҳар ду тарбият шудаи Паёмбар ва Хадиҷа ва дар як хона бузург шуда буданд. Алӣ (алайҳис-салом) медонист, ки духтаре монанди Фотима (алайҳо салом) ҳаргиз пайдо нахоҳад шуд, ки ба тамоми камолот ва фазоили инсоният ороста бошад. Ва аз самими қалб ўро дўст медошт ва медонист, ки чунин мавқеияти муносибе ҳамеша муҳайё намешавад. Аммо шароити бўҳронии Ислом ва гирифториҳо ва фақри иқтисодии мусалмонон, чунон Алӣ алайҳис-салом-ро машғул сохта буд, ки ба хостаҳои дарунии худ таваҷҷўҳ надошт. Ва дар ҳама фикр буд ғайр аз издивоҷ ва ташкили хонавода.

Алӣ (алайҳис-салом) каме дар бораи пешниҳоди Абӯбакр фикр кард ва атрофу ҷонибҳои корро ба хубӣ баррасӣ намуд. Аз як тараф тиҳидастӣ ва фақри иқтисодии худаш ва дигар мусалмонон  ва ҳодисаҳову гирифториҳои умумиро мушоҳида кард ва аз тарафи дигар фикр кард, ки вақти издивоҷ карданаш расида ва дар ҳудуди 21-солагӣ ва ё зиёдтар аз умраш мегузашт[21] хоҳ-нохоҳ бояд издивоҷ кунад ва мисли Фотима (алайҳо салом) ҳаргиз пайдо намешавад.

 

Алӣ (алайҳис-салом) ба хостгорӣ меравад

Пешниҳоди Абўбакр чунон рўҳи Алӣ алайҳис-салом-ро такон дод ва ишқи дарунии вайро шўълавар кард, ки дигар натавонист ба кори худ идома диҳад. Шутурро аз кор боз гирифт ва ба хона овард, баданашро шустушў дод либоси тамизе бар тан кард ва ба хонаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  шитофт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар хонаи Умми Салама буданд Алӣ (алайҳис-салом) ба хонаи Умми Салама рафту дар зад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба Умми Салама фармуданд: Дарро боз кун. Занандаи дар касе аст, ки Худо ва Расулаш ўро дўст доранд ва ў низ Худо ва Расулашро дўст дорад.

Умми Салама гуфт: Эй Расули Худо! Падару модарам ба фидоят, ў кист, ки надида дар борааш чунин мегўӣ?

Фармуданд: Эй Умми Салама сокит бош, мардест диловар ва шуҷоъ, бародар ва писари амакам ва маҳбубтарини мардум дар назди ман аст.

Умми Салама дарро боз кард. Алӣ (алайҳис-салом) дохили хона шуд, салом дод ва дар ҳузури Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  нишаст. Аз шарм сарашро ба поин андохт ва натавонист хостаашро бигўяд. Муддате тўл кашид, ки ҳар ду сокит буданд. Билохира Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  сукутро шикаста фармуданд: Эй Алӣ гўё барои ҳоҷате ба назди ман омадаӣ, ки баёни он шарм мекунӣ? Бидуни шарм ҳоҷати худро бихоҳ ва мутмаин бош, ки тамоми хостаҳоят қабул мешавад.

Имом (алайҳис-салом) фармуд: Эй Расули Худо падару модарам фидои ту бод ман дар хонаи шумо бузург шуда ва аз алтофи шумо бархўрдор шудам. Беҳтар аз падару модар дар тарбияту адаб кардани ман кўшиш кардӣ ва ба баракати вуҷуди шумо ҳидоят шудам. Эй Расули Худо! Ба Худо қасам захираи дунёву охирати ман шумо ҳастед. Акнун вақти он шудааст, ки барои худ ҳамсаре интихоб кунам ва хонаводае ташкил диҳам, то бо вай мўънис шавам ва аз нороҳатиҳои худ бикоҳам. Агар салоҳ бидонӣ ва духтари худ Фотимаро ба ақди ман дароварӣ, саодати бузург насибам шудааст.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), ки мунтазири чунин пешниҳоде буд, сураташ аз шодмони барафрухта шуд ва фармуд: Сабр кун, то аз Фотима иҷозатт бигирам.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба назди Фотима (алайҳо салом) рафт ва фармуд: Духтарам! Алиро хуб мешиносӣ, ў барои хостгории ту омадааст. Оё иҷозатт медиҳӣ туро ба ақдаш дароварам? Фотима аз шарму ҳаё сукут кард ва чизе нагуфт ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  сукути ўро аломати ризояташ донист.[22]

Тавофуқ

Расули гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  пас аз иҷозатт гирифтан ба назди Алӣ (алайҳис-салом) омад ва бо лаби хандон фармуд: Эй Алӣ! Оё барои арўсӣ чизе дорӣ? Ҷавоб дод: Эй Расули Худо падару модарам ба фидоят, шумо аз вазъи ман комилан огоҳед. Тамоми дороии ман иборат аз як шамшер ва як зиреҳ ва як шутур аст.

Ҳазрат фармуд: Ту марди ҷангу ҷиҳод ҳастӣ ва бешамшер наметавонӣ дар роҳи Худо ҷиҳод кунӣ, шамшер аз ниёзҳои аввалии ту аст. Шутур, низ аз заруриёти зиндагии ту ҳисоб мешавад, бояд ба василаи он обкашӣ кунӣ ва вазъи иқтисодии худ ва хонаводаатро таъмин кунӣ ва дар мусофират боратро бар он бор кунӣ, танҳо чизе, ки метавонӣ аз он чашмпушӣ кунӣ ҳамон зиреҳ аст. Ман ҳам ба ту сахт намегирам ва ба ҳамон зиреҳ басанда мекунам. Эй Алӣ! Акнун, ки кор ба инҷо расид, мехоҳӣ башорате ба ту бидиҳам ва розеро бароят ошкор кунам?

Гуфт: Оре, эй Расули Худо падару модарам ба фидоят, шумо ҳамеша некхў ва хушзабон ҳастед.

Ҳазрат фармуд: Пеш аз он ки ба назди ман биёӣ Ҷабраил нозил шуд ва гуфт: Эй Муҳаммад! Худованд туро аз байни халқаш баргузида ва ба рисолат интихоб кард. Алиро баргузид ва бародару вазири ту қарор дод. Бояд духтарат Фотимаро ба ҳамсарии ў дароварӣ. Маҷлиси ҷашни издивоҷи онҳо дар олами боло ва дар ҳузури фариштагон баргузор шудааст. Худованд ду фарзанди пок ва некў ба онҳо ато мефармояд. Эй алӣ ҳануз Ҷабраил боло нарафта буд, ки ту дари хонаро задӣ.[23]

Хутбаи ақд

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуд: Эй Алӣ ту зудтар ба масҷид бирав ва ман низ аз ақиби ту меоям, то дар ҳузури мардум маросими ақдро баргузор кунем ва хутба бихонем.

Алӣ (алайҳис-салом) бо хушҳолӣ ба тарафи масҷид ҳаракат кард. Абўбакру Умарро дар байни роҳ дид, онҳо аз ҷараёни кор ҷўё шуданд, гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  духтарашро ба ҳамсарии ман даровард, акнун хоҳад омад, то дар ҳузури ҷамъият маросими ақдро анҷом диҳад.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар ҳоле ки сураташ аз хушҳолӣ медуоахшид ба масҷид омад ва ба Билол фармуд: Муҳоҷиру ансорро дар масҷид ҷамъ кун. Ҳангоме ки ҳамаи мардум ҷамъ шуданд, ба минбар рафт ва пас аз ҳамду санои илоҳӣ фармуд: Эй мардум огоҳ бошед, ки Ҷабраил бар ман нозил шуд ва аз тарафи Худо паём овард, ки маросими ақди издивоҷи Алӣ ва Фотима (алайҳимо салом) дар олами боло дар ҳузури фариштагон баргузор шуда ва дастур дода, ки дар замин, низ он маросимро анҷом диҳам ва шуморо бар он гувоҳ бигирам. Сипас нишаст ва ба Алӣ (алайҳис-салом) фармуд: Бархез ва хутбаи ақдро бихон. Алӣ (алайҳис-салом) бархост ва фармуд: Худоро бар неъматҳояш сипос мегўям ва шаҳодат медиҳам, ки ғайр аз ў худое нест. Шаҳодате, ки мавриди писанду ризояти ў бошад. Дуруд бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дуруде, ки дараҷаашро боло барад. Эй мардум! Худо издивоҷро бар мо писандида ва ба он дастур додааст. Издивоҷи ману Фотимаро Худованд муқаддар карда ва ба он дастур додааст. Эй мардум, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фотима (алайҳо салом)-ро ба ақди ман даровард ва зиреҳамро ба маҳрия қабул кард. Аз он ҳазрат бипурсед ва гувоҳ бошед.

Мусалмонон ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  рў оварданд ва гуфтанд: Эй Расули Худо Фотимаро ба ҳамсарии Алӣ даровардаӣ?

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ҷавоб дод: Оре. Пас тамоми ҳозирон даст ба дуо бардошта гуфтанд: Худованд ин издивоҷро бар шумо муборак гардрнад ва дар байнатон дўстиву муҳаббат афканад. Пас аз тамом шудани ҷаласа Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба хона баргашт ва ба занон дастур дод, то барои Фотима (алайҳо салом) маҷлиси ҷашну шодӣ барпо кунанд.[24] Маросими издивоҷ дар рўзи аввал ё шашуми Зулҳиҷҷаи соли дуввум ё саввуми ҳиҷрӣ баргузор шуд.[25]

Интихоби домод

Ислом ба мусалмонон мегўяд: Агар ҷавоне барои хостгории духтаратон омад бояд қабл аз ҳар чиз ҷанбаҳои динӣ ва ахлоқии ўро баррасӣ кунед. Агар боимон ва покдоману боахлоқ буд, қабул кунед. Ислом ақида дорад, ки издивоҷ набояд бар пояи молу сарват устувор бошад. Ислом мегўяд: Сарвати танҳо, инсонро хушбахт намекунад ва фазоили ахлоқӣ ва камолоти нафсонӣ ва алоқаи динии домод бар молу сарват бартарӣ дорад. Чун домоди боимон ва хушрафтор гарчӣ фақир бошад беҳтар аз сарватманди ҳавасрону лоуболӣ, асбоби осоиши хонаводаашро фароҳам мекунад.

Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуд: Вақте касе ба хостгории духтари шумо омад  агар ахлоқу динашро писандидед, ўро қабул кунед ва ҷавоби рад ба ў надиҳед. Агар барномаи издивоҷи шумо бар хилофи ин дастур буд, фасодҳову гирифториҳои зиёде бароятон ба вуҷуд хоҳад овард.[26]

Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  на танҳо ин матлабро ба мардум ёд медод, балки худ, низ ба он амал мекард. Ба ҳамин сабаб дину парҳезкорӣ ва фазоили ахлоқӣ ва камолоти нафсонии Алӣ (алайҳис-салом)-ро ба сарвати Абдураҳмон ибни Авф ва Усмон ибни Аффон бартарӣ дод ва фақри ўро айб ҳисоб накард.

 

Маҳрияи ҳазрати Заҳро (алайҳо салом)

1-Як зиреҳ, ки ба қимати чаҳор сад ё чаҳорсаду ҳаштод дирҳам арзиш дошт.

2-Як даст либоси катони Яманӣ.

3-Як пўсти гусфанди даббоғӣ нашуда.[27]

Як амали омўзанда

Ислом маҳрияҳои боло ва сахтро салоҳи миллати исломӣ намедонад ва суфориш мекунад, ки агар дину ахлоқи домодро писандидед, дар бораи маҳрия сахтгири накунед ва бо кам қаноат кунед.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  мефармуданд: Беҳтарини занони уммати ман касоне ҳастанд, ки зебо ва кам маҳрия ҳастанд.[28]

Имоми Содиқ (салавотуллоҳи алайҳ) фармуд: Бадии зан дар ин аст, ки маҳрияаш зиёду вазнин бошад.[29]

Ислом ақида дорад, ки мусобиқа дар зиёд кардани маҳрия, зиндагиро бар мардум душвор мекунад ва мушкилоти бузургеро барои мардум ба вуҷуд меоварад. Бояд бо ба вуҷуд овардани осониҳо дар амри издивоҷ ҷавононро ба ташкили хонавода ташвиқ намуд, то аз ҳазорҳо фасодҳои иҷтимоӣ ва маразҳои рўҳӣ пешгирӣ шавад. Маҳрияҳои вазнин бунёни иқтисодии домодро дар оғози зиндагии нав мутазалзил ва суст мекунад, ба муҳаббату сафои зану шавҳар латма мезанад ва ҷавононро аз издивоҷ берағбат мекунад. Расули гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  барои ин ки амалан ба мардум бифаҳмонад, ки маҳрияҳои вазнин салоҳи воқеии миллат нест, духтари азизашро ба ҳамин маҳрияе, ки мулоҳиза кардед ба ақди Алӣ (алайҳис-салом) даровард. Ҳатто ба унвони қарз ҳам чизе бар гардани ў нагузошт.

 

Ҷиҳози ҳазрати Заҳро (алайҳо салом)

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба Алӣ (алайҳис-салом) фармуд: Акнун бархез ва зиреҳеро, ки маҳрияи Заҳро қарор додӣ бифрўш ва пулашро ба назди ман биовар, то барои шумо ҷиҳоз ва асбоби хона омода кунам.

Алӣ (алайҳис-салом) зиреҳро ба бозор бурда фурўхт. Дар ривоёти мухталиф қимати он байни 400-480 ва 500 дирҳам таъйин шудааст. Ногуфта намонад, ки бинобар баъзе аз ривоёт, зиреҳро Усмон харид ва баъд ба Имом Алӣ (алайҳис-салом) ҳадя кард.[30]

Алӣ (алайҳис-салом) пули зиреҳро ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  тақдим кард. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  Абўбакру Салмони Форсӣ ва Билолро эҳзор намуд ва миқдоре аз пулҳоро ба онҳо доду фармуд: Ба миқдори ин пулҳо асбобу лавозими зиндагӣ барои Фотима харидорӣ кунед. Миқдоре аз онро низ ба Асмо доду фармуд: Барои духтарам атру хушбўӣ омода кун ва бақияро ба Умми Салама супурд.

Абўбакр мегўяд: Вақте пулҳоро шумурдам дидам, ки 63-дирҳам аст ва ба василаи он асбобу васоили зерро харидорӣ кардем:

1-Як куртаи сафед.

2-Як рўсарии бузург.

3-Як ҳулаи сиёҳи Хайбарӣ.

4-Як тахти хоб, ки аз пўсти хурмо бофта шуда буд.

5-Даҳто тушаки катонӣ, ки яке аз пашми гусфанд ва дигарӣ аз пусти хурмо пур шуда буд.

6-Чаҳор то болиш аз пўсти меш, ки аз гиёҳе ба номи азхар пур шуда буд.

7-Як қитъа ҳасири ҳиҷрӣ.

8-Як осиёи дастӣ.

9-Як косаи мисӣ.

10-Як машки чармӣ барои обкашӣ.

11-Як ташти либосшўӣ.

12-Як коса барои шир.

13-Як зарфи обхўрӣ.

14-Як пардаи пашмӣ.

15-Як обдастӣ.

16-Як сабўи хокӣ.

17-Як пўст барои фарш.

18-Ду кўзаи сафолин.

19-Як або.[31]

Вақте ҷиҳози Заҳро (алайҳо салом)-ро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  оварданд ашкаш ҷорӣ шуд, сарашро ба тарафи осмон баланд карду гуфт: Худоё ин арўсиро барои касоне, ки аксари зарфҳояшон хокӣ аст, муборак гардон.

 

Дарсе ба мусалмонон

Арўсии Аливу Фотима (алайҳимо салавотуллоҳ) яке аз ҳассостарин ва муҳимтарин намунаҳои издивоҷи исломӣ буд. Чун падари арўс бузургтарин шахсияти Ҷазираи Араб балки ҷаҳони Ислом ва Паёмбари баргузидаи Худо буд.  Духтар, беҳтарину оқилтарин ва ботарбияттарин ва бокамолтарини занони Ислом ва яке аз чаҳор зани бузурги башарият ба шумор меояд ва домод, низ аз ҷиҳати аслу насаб аз шарифзодагони араб аст ва аз ҷиҳати илму камолу шуҷоат бар ҳамаи мардон бартарӣ дошт. Ҷонишини расмӣ ва вазиру мушовири Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  буд. Марди диловари Ислом ва сипаҳсолори лашкари муслимин буд. Чунин издивоҷе бояд то ҳадди тавон бо шавкату ташрифоти махсусе баргузор мешуд. Аммо чунон, ки мулоҳиза фармудед, бо камоли содагӣ анҷом гирифт. Ҷиҳози зани намунаи Ислом ба ин содагӣ, ки мулоҳиза кардед, таҳия шуд. Ҷолибтар ин ки ҳамин ҷиҳози мухтасар ҳам бо маҳрияи худи ҳазрати Заҳро (алайҳо салавоталлоҳ) таҳия шуд. На ин ки маҳрияро сари ҷои худ бигзоранд ва падари духтар бо ҳазорон гирифторӣ ва дарди сар ҷиҳозе барои духтараш таҳия кунад.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  метавонист ҳар гунае ки шуда гарчи бо қарз гирифтан, ҷиҳози обрўманде мавофиқи маъмули он рўз барои ягона духтари азизаш таҳия кунад ва бигўяд: Ман паёмбари Худо ҳастам ва бояд риояти шаъни худамро бикунам. Духтарам, низ беҳтарини занони олам аст ва бояд эҳтироми ўро низ риоят кунам ва асбоби хушҳолии ўро фароҳам намоям. Домод, низ аз мардони номии Ислом аст ва хизматҳову кўшишҳои ў бар касе пўшида нест, барои эҳтиром ва қадрдонӣ аз заҳматҳои ў бояд чизҳои обрўманде барояш таҳия кунам ва...

Аммо Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  зарару фасодҳои мусобиқа кардан дар зиёд намудани ҷаҳизия ва маҳрияро медонист ва хабар дошт, ки агар мусалмонон ба ин бало гирифтор шаванд, фақру болшикастагии иқтисодӣ, зиёд шудани талоқ ва худдории ҷавонон аз издивоҷ ва зиёд шудани рўз ба рўзи ҷавонони безан ва духтарони бешавҳар ва зиёд шудани ҷиноятҳо ва ошкор шудани ҳар гуна фаҳшоро дар пай хоҳад дошт. Аз ин сабаб дар он издивоҷи намуна, ки барпокунандаи он шахсиятҳои аввалу дуввуми Ислом буданд, бо камоли соддагӣ баргузор шуд, то барои миллати мусалмон ва раҳбарони мусалмон дарси амалии омўзандае бошад.

Алӣ (алайҳис-салом), низ аз он ҷавонони кўтоҳфикре набуд, ки барои таҳияи молу сарват ва ба хотири ҷиҳози муфассале издивоҷ кунад ва агар ҷиҳоз камбуд дошт, ҳар рўз асбоби нороҳатии ҳамсари бегуноҳро фароҳам кунад ва бо сарзанишҳову айбҷўиҳои беҷо, пояи заношўиро суст кунад ва кошонаи гарму босафои заношўиро бо баҳонаҳои бачагона ва беҷо, хунук ва бесафо кунад ва хонаи унсу муҳаббатро ба зиндони ихтиёрӣ табдил кунад. Алӣ (алайҳис-салом) имому пешвои ояндаи уммат буд ва мехост бо ин гуна фикрҳои ғалат мубориза кунад ва молу сарвати дунё дар назараш арзише надошт.

 

Асосияи Хонаи Алӣ (алайҳис-салом)

Алӣ (алайҳис-салом), низ асосияи зерро барои хонаи арўсӣ таҳия кард:

1-Як чўб барои он ки либосҳояшонро ба рўи он биандозанд ва машки обро бар он овезон кунанд.

2-Як адад пўсти гўсфанд.

3-Як адад муттако.

4-Як адад машк барои об.

5-Як адад ғирболи ордбезӣ.[32]

Музокираи арўсӣ

Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд: Ҳудуди як моҳ гузашт ва ман шарм медоштам, ки бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар бораи Фотима (алайҳо салом) сўҳбат кунам, вале гоҳе ки хилват мешуд мефармуд: Эй Алӣ чӣ ҳамсари некўе насибат шуд! Беҳтарини занони оламро ба ҳамсарии ту даровардам.

Рўзе бародараш Ақил ба наздаш омаду гуфт: Бародарҷон! Ман аз издивоҷи ту бисёр хушҳол ҳастам, чаро аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  намехоҳӣ, ки Фотима (алайҳо салом)-ро ба хонаат бифристад, то ба василаи арўсии шумо чашми мо равшан шавад? Ҷавоб дод: Хеле мехоҳам арўси кунам, вале аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  шарм медорам. Ақил гуфт: Туро ба Худо савганд акнун биё бо ҳам ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  биравем. Алӣ (алайҳис-салом) бо бародараш ба тарафи хонаи Расули Худо равона шуданд, дар байни роҳ бо Умми Айман бархўрд карда достонро барояш гуфтанд. Умми Айман гуфт: Иҷозат диҳед ман бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар ин бора сўҳбат кунам, чун дар ин гуна корҳо сухани занҳо ботаъсиртар аст.

Умми Салама ва дигар занҳо аз достон бо хабар шуданд ва хидмати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  мушарраф шуданду гуфтанд: Эй Расули Худо! Падару модарамон ба фидоят, барои чизе ба назди шумо омадаем, ки агар Хадиҷа зинда буд чашмаш бо он равшан мешуд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  номи Хадиҷаро шунид, ашкаш ҷорӣ шуд ва фармуд: Хадиҷа! Куҷо монанди Хадиҷа пайдо мешавад? Ҳангоме ки мардум маро такзиб намуданд, ў маро тасдиқ кард ва барои ривоҷи дини Худо дороияшро дар ихтиёри ман қарор дод. Хадиҷа зане буд, ки Худо ба ман ваҳй намуд, ки ба ў башорат диҳам хонае аз зумуррад дар биҳишт барояш ато хоҳад кард.

Умми Салама гуфт: падару модарам фидоят шавад, шумо ҳар чӣ дар бораи Хадиҷа мефармоед дуруст аст. Худо моро бо ў маҳшур гаронад. Эй Расули Худо! Бародар ва писар амаки шумо майл дорад ҳамсарашро ба хонааш барад. Ҳазрат фармуд: Пас чаро худаш дар ин бора сўҳбате намекунад? Гуфт: Шарм медорад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба Умми Айман фармуд: Алиро ба назди ман биёвар. Вақте Алӣ (алайҳис-салом) ба ҳузури он ҳазрат расид, фармуд: Эй Алӣ! Оё майл дорӣ ҳамсаратро ба хонаат бубарӣ? Гуфт: Оре, эй Расули Худо.

Фармуд: Худо муборак гардонад, ҳамин имшаб ё фардошаб васоили арўсиро омода мекунам.

Сипас ба занонаш фармуд: Фотимаро зинат кунед ва хушбўяш намоед ва хонаеро барои ў омода кунед, то маросими арўсиро баргузор кунем.[33]

Ҷашни арўсӣ

Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба Алӣ (алайҳис-салом) фармуд: Дар арўсӣ бояд валима дода шавад, ман дўст дорам умматам дар арўсиҳо валима диҳанд.

Саъд ибни Маоз, ки дар маҷлис ҳозир буд гуфт: Ман як гўсфанде барои ҷашни шумо тақдим мекунам.

Гурўҳи дигар аз асҳоб, низ то тавонашон кўмак карданд.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба Билол фармуд: Як гўсфанд биовар ва ба Алӣ (алайҳис-салом) фармуд: Ҳайвоне забҳ кун. Ва даҳ дирҳам пул ба ў дод ва фармуд: Миқдоре равған ва хурмо ва кашк таҳия кун, нон ҳам таҳия карданд. Сипас ба Алӣ (алайҳис-салом) фармуд: Ҳар киро мехоҳӣ барои сарфи таом даъват кун. Алӣ (алайҳис-салом) гурўҳи зиёде аз асҳобро даъват кард. Гуштҳоро пухтанд ва ба василаи равған ва кашк ва хурмо таоме омода карданд. Ва чун даъватшудагон зиёд буданд ва чизи пазироӣ надоштанд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дастур доданд, ки меҳмонон даҳ нафар даҳ нафар дохил шаванд ва таом майл кунанд. Дар он ҷашни таърихӣ Аббос ва Ҳамза амакони Паёмбар ва Алӣ (саллаллоҳу алайҳимо ва олиҳимо) ва бародараш Ақил аз даъватшудагон пазироӣ мекарданд. Суфрае паҳн карданд ва асҳоб даҳ нафарӣ ворид мешуданд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  бо дасти муборак таомро мекашид ва меҳмонон пазироӣ мешуданд ва пас аз сер шуданд берун мерафтанд ва даҳ нафари дигар дохил мешуданд. Ва бо ин равиш гурўҳи зиёде таом хўрданд ва ба баракати дасти мубораки Паёмбари гиромӣ ҳама сер шуданд. Сипас дастур дод боқимондаи таомро ба хонаҳои фақирону тиҳидастоне, ки аз ҳузур дар маҷлиси арўси узр доштанд бубаранд ва як зарфи таом, низ барои Фотима ва Алӣ (алайҳимо салавотуллоҳ) канор бигзоранд.[34]

 

Ба сўи хонаи арўсӣ

Занони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  Фотима (алайҳо салом)-ро зинат доданд ва атру хушбўӣ ба ў пошиданд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  Алиро хонд ва дар тарафи рости худ нишонд ва Фотимаро, низ дар тарафи чап нишонид. Сипас арўсу домодро ба синаи худ часпонд ва пешонии ҳардуро бўсид, дасти наварўсро гирифту дар дасти домод қарор дод ва ба Алӣ (алайҳис-салом) фармуд: Фотима ҳамсари хубе аст ва ба Фотима, низ фармуд: Алӣ шавҳари хубе аст. Сипас ба занон фармуд: Арўсу домодро бо шўру шодӣ ба хона баред, вале чизе нагўед, ки Худо норозӣ шавад.

Занони Паёмбар бо шўру шодӣ Аллоҳу Акбар гўён Фотимаву Алиро, то хонаи арўсӣ ҳамроҳӣ карданд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), низ аз ақиб расид ва дохили хона шуду дастур дод зарфи обе оваранд, қадре аз онҳоро ба бадани Фотима пошид ва дастур дод бо бақияи он вузў бигирад ва даҳонашро бишўяд. Баъд зарфи дигаре талабид ва қадре аз онро ба бадани мубораки Алӣ (алайҳис-салом) пошид ва дастур дод бо бақияи он вузў бигирад ва даҳонашро бишўяд. Сипас рўи арўсу домодро бўсид ва даст ба тарафи осмон дароз карду гуфт: Худоё ин арўсиро муборак гардон ва насли поку покизае аз онҳо ба вуҷуд овар.

Вақте хост аз хона берун ояд, Фотима (алайҳо салом) домани он ҳазратро гирифту гиря кард. Фармуд: Духтари азизам! Ман туро ба бурдбортарину донишмандтарини мардум ба ҳамсарӣ даровардам. Сипас бархост ва то дари хона омад ва чўби дарро бо ду дастони муборак гирифту фармуд: Худованд шумо ва наслатонро покиза гардонад. Бо дўстони шумо дўст ҳастам ва бо душманонатон душман. Акнун видоъ мекунам ва шуморо ба Худо месупорам.

Онгоҳ дари хонаро баст ва ба занон фармуд: Ба хонаҳоятон биравед ва касе инҷо намонад. Ҳамаи занҳо рафтанд, вақте Паёмбар саллаллоҳу алайҳи вав олиҳи ва саллам хост худ, низ биравад дид яке аз занҳо боқӣ мондааст. Пурсид кистӣ магар нагуфтам бояд ҳама хориҷ шавед? Гуфт: Ман Асмо ҳастам, шамо фармудед хориҷ шавед, вале ман дар ин ҷиҳат узр дорам, чун ҳангоми реҳлати Хадиҷа дар ҳузураш будам ва дидам, ки гиря мекунад гуфтам: Оё ту ҳам гиря мекунӣ? Бо ин ки беҳтарини занон ва ҳамсари Расули Худо ҳастӣ ва ба ту ваъдаи биҳишт додааст. Фармуд: Гиряи ман аз ин сабаб аст, ки медонам ҳар духтаре шаби зафоф ниёз ба зане дорад, ки маҳрами асрораш бошад ва ҳоҷатҳояшро бартараф кунад. Ман аз дунё меравам, вале метарсам Фотимаам дар шаби зифоф маҳрами ҳол ва ёрикуне надошта бошад. Дар он вақт ман ба Хадиҷа гуфтам: Агар то шаби зифофи Фотима зинда мондам ваъда медиҳам, ки дар наздаш бимонам ва барояш модарӣ кунам. Вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) номи Фотимаро шунид беихтиёр ашкаш ҷорӣ шуд ва фармуд: Туро ба Худо оё барои ҳамин ҷиҳат

мондӣ! Гуфт: Оре. Паёмбар фармуд: Пас ба ваъдаат амал кун.[1]


 

[1] -Сираи Ибни Ҳишом ҷ.2.саҳ.34. Тафсири "Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ”-и Табарсӣ саҳ.529.

[2] -Сураи Кавсар.

[3] -Сураи Наҳл-57.

[4]-Далоил-ул-имома саҳ.9.

[5]-Амирал-мўъминин (алайҳис-салом) фармуданд: Ҳеҷ шире пурбаракаттар аз шири модар аз барои ширхор вуҷуд надорад. Вофӣ ҷ.3.саҳ.207.

[6]-Сураи Ҳиҷр-94.

[7] -Сираи Ибни Ҳишом ҷ.1.саҳ.344. "Комил"-и Ибни Асир ҷ.2.саҳ.51.

[8] -Маноқиби Ибни Шаҳрошуб ҷ.1.саҳ.174.

[9] -Янобиъ-ул-мавадда саҳ.313. Баҳор ҷ.16.саҳ.1.

[10] -"Маноқиб"-и Ибни Шаҳрошуб ҷ.1.саҳ.174.

[11] -"Маноқиб"-и Ибни Шаҳрошуб ҷ.1.саҳ.71.

[12] -Таърихи Табарӣ ҷ.2.саҳ.344.

[13] -"Маноқиб"-и Ибни Шаҳрошуб ҷ.1.саҳ.60.

[14] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.93.

[15] -"Маноқиб"-и Ибни Шаҳрошуб ҷ.1.саҳ.173-185.

[16] -Далоил-ул-набувва саҳ.11.

[17] -Кашф-ул-ғумма ҷ.1.саҳ.353.

[18] -Далоил-ул-имома саҳ.19.

[19] -"Тазкират-ул хавос”-и Ибни Ҷавзӣ саҳ.306. "Маноқиб"-и Ибни Шаҳрошуб ҷ.3.саҳ.345.

[20] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.125.

[21] -"Захоир-ул-уқбо"-и Табарӣ саҳ.26.

[22] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.127. "Захоир-ул-уқбо"-и Табарӣ саҳ.29.

[23] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.127.

[24] -Матолиби ин ҷашнро метавонед дар китобҳои зер пайдо кунед: "Захоир-ул-уқбо”-и Табарӣ. "Тазкират-ул-хавос»-и Ибни Ҷавзӣ. Кашф-ул-ғумма ҷ.1.саҳ.353-359. "Маноқиб"-и Ибни Шаҳрошуб ҷ.3. Далоил-ул-имома. "Маноқиб"-и Хоразмӣ саҳ.247. Баҳор ҷ.43.саҳ.92.

[25] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.6-7.

[26] -Вофӣ, китоби никоҳ саҳ.17.

[27] -"Маноқиб"-и Ибни Шаҳрошуб ҷ.3.саҳ.351.

[28] -Вофӣ, китоби никоҳ саҳ.15.

[29] -Вофӣ, китоби никоҳ саҳ.15.

[30] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.130.

[31] -"Маноқиб"-и ибни Шаҳрошуб ҷ.3.саҳ.353. Кашф-ул-ғумма ҷ.1.саҳ.359.

[32] -Баҳор ҷ.43.саҳ.114.

[33] -Баҳор ҷ.43.саҳ.130-132.

[34] -Баҳор ҷ.43.саҳ.106-114-132-137.

Home page book