الصفحة الماضیة

Бахши панҷўм: Масъалаи имомат

next

 

s 44 – Ҳамеша имоме вуҷуд дорад

Мо эътиқод дорем: Ҳамон гуна ки ҳикмати Худованд эҷоб мекунад, паёмбаронро барои ҳидояти инсонҳо бифристад, ҳикматаш эъҷоб мекунад, ки баъд аз паёмбар дар ҳар асру замоне имом ва пешвоён аз сўи Худо барои ҳидояти инсонҳо вуҷуд дошта бошанд, то шариати анбиё ва адёни илоҳиро аз таҳрифу тағйир ҳифз кунанд, ниёзҳои ҳар замонро  равшан созанд ва мардумро ба сўи Худо ва амал ба оини паёмбар даъват намоянд. Дар ғайри ин сурат ҳадафи офариниши инсон, ки такомул ва саодат аст анҷом намепазирад ва башар аз роҳи ҳидоят бозмемонад, шариати анбиё зоеъ мегардад ва мардум саргардон мешаванд. Ба ҳамин далел, мўътақидем баъд аз Паёмбари Ислом (с) дар ҳар асру замоне имоме вуҷуд дошта ва дорад:

"يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اتَّقُواْ اللّهَ وَكُونُواْ مَعَ الصَّادِقِينَ"

Эй касоне имон овардаед! Тақвои илоҳӣ пеша кунед ва бо содиқон бошед”.[1]

Ин оят махсус ба як замон нест ва ҳамроҳ будани беқайду шарт бо содиқон, далел бар ин аст, ки дар ҳар асре имоми масъуме[2]  вуҷуд дорад, ки бояд аз ў пайравӣ кард, ҳамон гуна ки бисёре аз муфассирони шиа ва аҳли суннат дар тафсири худ ба он ишора кардаанд.[3]

 

* * * 

45 – Ҳақиқати имомат

Мо эътиқод дорем: Имомат танҳо як мансаби ҳукумати зоҳирӣ нест, балки як мансаби бисёр волои маънавӣ ва руҳонӣ аст ва имом, илова бар раҳбарии ҳукумати исломӣ ҳидояти ҳамаҷонибаро дар умури дину дунё бар ўҳда дорад. Фикр ва руҳи мардумро ҳидоят карда ва шариати Паёмбари Исломро аз ҳар гуна таҳрифу тағйир посдорӣ мекунад ва ба ҳадафҳое, ки Паёмбар(с) барои он мабъус шуд ҷомаи амал мепўшонад.

Ин ҳамон мақоми волое аст, ки Худованд ба Иброҳими Халил, пас аз паймудани роҳи нубувват ва рисолат ва пирўзи дар имтиҳонот, бахшид, ў низ барои фарзандонаш ин мақоми волоро аз Худованд дархост намуд ва ба ў ҷавоб дода шуд, ки ҳаргиз золимон ва гунаҳкорон ба ин мақом намерасанд.

"وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِي قَالَ لاَ يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ"

“Ба ёд овар он ҳангом, ки Парвардигори Иброҳим (а) ўро бо умури гуногун озмуд ва ў аз ўҳдаи озмоишҳои илоҳӣ ба таври комил баромад, Худо фармуд ман  туро имоми мардум қарор додам. Иброҳим арз кард: Аз насли ман имомонеро қарор деҳ, Худованд фармуд: Паймони ман (имомат) ҳаргиз ба ситамкорон намерасад (ва танҳо насиби маъсумон аз зуррияи ту мешавад)!”[4]

Бадеҳӣ аст, ки чунин мақоме фақат дар масъалаи ҳукумати зоҳирӣ хулоса намешавад ва агар имомат ба сурате, ки гуфта шуд тафсир нашавад, ояти боло мафҳуми равшане нахоҳад дошт.

Мо эътиқод дорем, ки тамоми паёмбарони улулазм дорои мақоми имомат буданд, ончиро бо рисолати худ арза кардаанд, онро амалӣ кардаанд ва раҳбари маънавию моддӣ ва зоҳирию ботинии мардум буданд. Махсусан, Паёмбари Акрам(с) аз оғози набувват мақоми волои имомат ва раҳбарии илоҳиро низ дошт ва кори  ў дар иблоғи фармонҳои илоҳӣ хулоса намешуд.

Мо эътиқод дорем: Имомат баъд аз Паёмбар(с) низ дар маъсумон аз зуррияи ў идома ёфт.

Бо таваҷҷўҳ ба таърифе, ки барои масъалаи имомат дар боло зикр шуд, ба хубӣ маълум мешавад, ки расидан ба ин мақом, шароити сахте дорад, ҳам аз назари тақво (тақво дар ҳадди маъсум будан аз ҳар гуна гуноҳ) ва ҳам аз  назари илму дониш ва иҳота ба тамоми маориф ва дастуроти дин ва шинохтани инсонҳо ва ниёзи онҳо дар ҳар аср ва замону макон, - диққат кунед.

 

* * * 

46 – Имом аз гуноҳ ва хато маъсум аст

Мо эътиқод дорем: Имом бояд маъсум аз ҳар гуноҳ ва хато бошад, зеро илова бар он чӣ дар тафсири ояти боло омадааст, ғайри маъсум наметавонад ба таври комил мавриди эътимод воқеъ шавад ва усулу фурўи дин аз ў гирифта шавад ва ба ҳамин далел эътиқод дорем, гуфтори имом ҳамчун афъол ва тақрири ў ҳуҷҷат ва далели шаръӣ аст; (манзур аз тақрир он аст, ки дар назди ў коре анҷом диҳанд ва ў бо сукути худ ба он кор иҷозат диҳад).

 

* * * 

47 – Имом посдори шариат аст

Мо эътиқод дорем: Имом ҳаргиз шариат ва қонуни тозае аз худ намеоварад, балки вазифаи ў посдорӣ ва ҳифзи шариат ва оини Паёмбари Ислом (с) аст ва кори ў таблиғу таълим, ҳифз, муаррифӣ ва ҳидояти инсонҳо ба сўи ин оини муқаддас аст.

 

* * * 

48 – Имом огоҳтарини мардум ба Ислом аст

 Ва низ эътиқод дорем: Имом бояд ба тамоми усулу фурўи[5] Ислом ва аҳкому қонунҳои он ва маъною тафсири Қуръон, огоҳии комиле дошта бошад ва илми ў нисбат ба он улум ҷанбаи илоҳӣ дорад (худододӣ) ва аз Паёмбари Ислом (с) ба ў мерасад.

Оре, чунин илме аст, ки метавонад ба таври комил мавриди эътимоди мардум қарор гирад ва дар фаҳми ҳақоиқи Ислом бар он битавон такя намуд.

 

* * *

49 – Имом бояд  мансус[6] бошад

Мо эътиқод дорем: Имом (ҷонишини Паёмбар) бояд мансус бошад, яъне бояд тасреҳ ва насси[7] Паёмбар(с) ва низ тасреҳи ҳар имом нисбат ба имоми баъдӣ таъйин гардад. Ба таъбири дигар, имом низ монанди Паёмбар(с) аз суи Худо (ба василаи Паёмбар) таъйин мешавад, ҳамон гуна ки дар ояти марбут ба имомати Иброҳим хондем:

"إنّي جاعِلُكَ لِلنّاسِ إماماً"

“Ман туро имоми мардум қарор додам”.

Изофа бар ин ташхиси вуҷуди тақво дар сарҳади исмат ва мақоми илмии воло (дар ҳадди иҳота ба тамоми аҳком ва таълими илоҳӣ бидуни ҳеҷ гуна хато ва иштибоҳ) чизе нест, ки ғайр аз Худо ва Паёмбараш аз он огоҳ бошад.

Ва ба ин тартиб, мо имомати имомони маъсумро ба интихоби мардум намедонем.

 

* * * 

50 -   Имомон ба василаи Паёмбар(с) таъйин шудаанд

Мо эътиқод дорем: Паёмбари Ислом (с) имомони баъд аз худро таъйин фармудааст. Дар як ҷо ба таври умум, дар ҳадиси маъруфи сақалайн фармудааст.

Дар Саҳеҳи Муслим мехонем:

Паёмбари Акрам(с) дар сарзамини миёни Макка ва Мадина ба номи Хум бархост, хутбае хонд, сипас фармуд:

"إنّي تارِكٌ فِيكُمُ الثَّقْلَيْنِ أوَّلُهُما كِتابَ اللهِ فِيهِ الْهُدى وَالنُّور… وَأهْلَ بَيْتي، أُذَكِّرُكُمُ اللهَ فِي أهْلِ بَيْتي"

“Наздик аст, ки ман аз миёни шумо биравам, ман ду чизи гаронмоя дар миёни шумо ба ёдгор мегузорам, нахустини онҳо китоби Худост, ки дар он нур ва ҳидоят аст... ва Аҳли Байтам, ба шумо тавсия мекунам, ки Аҳли Байтамро фаромўш накунед (ин ҷумларо се бор такрор кард)”.[8]

Ҳамин маъно дар Саҳеҳи Тирмизӣ низ омадааст:

«Агар даст ба домани ин ду бизанед ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд».[9]

Ин ҳадис дар Сунани Доримӣ[10] ва “Хасоис”-и Насоӣ ва Муснади Аҳмад[11] ва аксари китобҳои  машҳури исломӣ омадааст ва ҷои тардид дар он нест ва дар воқеъ ҷузъи ҳадисҳои мутавотир ҳисоб мешавад, ки мусалмонон наметавонанд онро инкор кунанд. Аз ривоёт истифода мешавад, ки Паёмбари Ислом (с) на як бор балки чанд бор дар воқеаҳои мухталиф онро такрор фармуд. Равшан аст, ки тамоми аҳли байти Паёмбар(с) наметавонанд чунин мақоми волоеро дар канори Қуръон дошта бошанд, бинобар ин танҳо ишора ба имомони маъсум аз зуррияи Паёмбар(с) аст, (фақат дар баъзе ҳадисҳои заиф ва машкук ба ҷои аҳли байтӣ», “суннатӣ” омадааст).

Мо ба ҳадиси машҳури дигар, ки китобҳои маъруф монанди Саҳеҳи Бухорӣ, Саҳеҳи Муслим, Саҳеҳи Тирмизӣ, Сунани Абидовуд ва Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал ва кутуби дигар омадааст, низ истинод мекунем, Паёмбари Акрам (с) фармуд:

"لايَزالُ الدِّينُ قائِماً حَتّى تَقُومَ السّاعَةُ أوْ يَكُونَ عَلَيْكُمُ اثْنَتَي عَشَرَ خَلِيفَةً كُلُّهُم مِن قُرَيْشٍ"

“Дини Ислом барпост то қиёми қиёмат ва то ин ки дувоздаҳ халифа бар шумо ҳукумат кунанд, ки ҳама аз қурайшанд”.[12]

Мо эътиқод дорем: Тафсири мавриди қабул барои ин ривоёт ҷуз он чи дар ақоиди шиаи имомия дар бораи имомони дувоздаҳгона омадааст, тасаввур намешавад, фикр кунед оё тафсири дигаре метавонад дошта бошад!

 

* * * 

51 – Ҷонишин таъйин шудани Алӣ(а) аз сўи
Паёмбар(с)

Мо эътиқод дорем: Паёмбари Ислом (с) дар мавридҳои зиёде Алиро бахусус ба унвони ҷонишини худ (ба фармони Худованд) муаррифӣ кардааст, аз ҷумла дар Ғадири Хум (манзилгоҳе наздики Ҷуъфа – беруни шаҳри Макка) ҳангоми бозгашт аз Ҳаҷҷатулвидоъ[13] дар миёни ҷамъи зиёде аз асҳобаш хутбае хонд ва ин ҷумлаи маъруфро баён фармуд:

"أيُّها النّاس أَلَسْتُ أوْلى بِكُمْ مِنْ أنْفُسِكُمْ قالُوا بَلى، قالَ فَمَنْ كُنْتُ مَوْلاهُ فَعَلِيّ مَوْلاهُ"

“Эй мардум оё ман нисбат ба шумо аз худи шумо сазовортар (ҳақдортар) нестам?

Гуфтанд: Оре!

Фармуд: Касеро, ки ман барояш мавло ва раҳбар бошам, ин Алӣ (а) мавло ва раҳбари ўст”.[14]

Чун ҳадаф ин нест, ки дар баёни ин эътиқодоти зиёд ба суроғи далел биравем ва пофишорӣ ва баҳсу мунозира дошта бошем, ҳамин андоза мегўям, ки ин ҳадис чунин нест, ки ба соддагӣ битавон аз канори он гузашт ва ё онро ба унвони баёни як дўстӣ ва муҳаббати содда тафсир намуд, ки паёмбари Ислом(с) бо он ташрифот ва таъкидот баён карда бошад.

Оё ин ҳамон чиз нест, ки мутобиқи гуфтаи Ибни Асир дар “Комил”, Паёмбар(с) дар оғози кораш, ҳангоме, ки ояти “инзори ашира” "وَ أنْذِرْ عَشِيرَتَكَ الاَقْرَبِينَ" нозил шуд хешони худро ҷамъ намуд ва Исломро бар онҳо арза дошт, сипас фармуд:

"أيُكُمْ يُوازِرُني عَلى هذا الاَمْرِ عَلى أنْ يَكُونَ أخِي وَوَصِيِّي وَخَلِيفَتي فِيكُم"

“Кадом як аз шумо маро дар ин кор ёрӣ мекунад то бародари ман ва васию халифаи ман дар миёни шумо бошад?”

Ҳеҷ кас ба даъвати Паёмар (с) посух надод, ҷуз Алӣ (а), ки арз кард:

"أنا يا نَبِيَّ اللهِ أكُونُ وَزِيرَكَ عَلَيْهِ"

“Ман эй Паёмбар, вазир ва ёвари ту дар ин кор хоҳам буд!”

Паёмбар(с) ба ў ишора кард ва фармуд:

"إنَّ هذا أخِي وَوَصِيِّي وَخَلِيفَتي فِيكُم"

“Ин навҷавон бародари ман, васии ман ва халифаи ман дар миёни шумост”.

Ва оё ин ҳамон нест, ки Паёмбар(с) дар охирин соати умраш мехост бори дигар онро баён кунад ва бар он таъкид намояд ва ба гуфтаи Саҳеҳи Бухорӣ, дастур дод:"إيتُوني أكْتُبُ لَكُمْ كِتاباً لَنْ تَضِلُّوا بَعْدَهُ أبَداً"

“Коғазу қаламе биёред то барои шумо номае бинависам, ки дар партави он ҳаргиз гумроҳ намешавед!” - Ва дар идомаи ҳадис омадааст, ки баъзеҳо ба мухолифат бо Паёмбар(с) бархостанд ва ҳатто нисбат ба Пайғамбар (с) сухани бисёр беэҳтиромона гуфтанд ва монеъ шуданд.[15]

Боз такрор мекунем ҳадафи мо дар ин китоб баёни ақоид бо истидлоли мухтасаре аст, на бештар аз он, вагарна баҳсҳо шакли дигар мегирифт.

 

* * * 

52 - Таъкиди ҳар имом бар имоми баъд аз худ

Мо этиқод дорем: Ҳар як аз имомони дувоздаҳгона ба василаи имоми қаблӣ таъйин шудаанд, ки нахустини онҳо Алӣ(а), сипас фарзандаш Имом Ҳасани Муҷтабо(а), сипас фарзанди дигараш Ҳусайн ибни Алӣ-Сайидушшуҳадо(а) ва баъд фарзандаш Алӣ ибни Ҳусайн (а) ва сипас фарзандаш Муҳамад ибни Алӣ Ал-Боқир(а) ва баъд фарзандаш Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ(а) ва сипас фарзандаш Мўсо ибни Ҷаъфар(а) ва сипас фарзандаш Алӣ ибни Мусо Ар-Ризо(а) ва баъд фарзандаш Муҳаммад ибни Алии Тақӣ(а) ва сипас Алӣ ибни Муҳаммади Нақӣ(а) ва баъд Ҳасан ибни Алии Аскарӣ(а) ва охирини онҳо Муҳамад ибни Ҳасан - Маҳдӣ (саломуллоҳи алайҳим) аст ва мо эътиқод дорем ў акнун зинда мебошад.

Албата этиқод ба вуҷуди Маҳдӣ (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳ), – касе, ки дунёро пур аз адлу дод мекунад, он гуна ки пур аз зулму ҷавр шуда бошад, махсуси мо нест, балки тамоми мусалмонон ба он эътиқод доранд ва баъзе аз уламои аҳли суннат дар бораи мутавотир будани ривёти Маҳдӣ китоби мустақил навиштаанд; ҳатто дар рисолае, ки чанд сол қабл аз тарафи “Робитат-ул-олам-ул-исломӣ” дар посухи суоле, ки дар бораи ҳазрти Маҳдӣ шуда буд зимни таъкид бар мусаллам будани зуҳури Маҳдӣ асноди фаровоне аз китобҳои маъруф ва мўътабар дар бораи ҳазрати Маҳдӣ(а) аз Паёмбар(с) нақл шудааст.[16] Аммо бисёре аз онон эътиқод доранд, Маҳдӣ (а) дар охируззамон таваллуд мешавад. Вале мо этиқод дорем ў дувоздаҳумин имом буда ва акнун зинда аст ва дар замоне, ки Худованд ба ў маъмурият диҳад, барои пок сохтани рўи замин аз зулму ҷавр ва барпо намудани ҳукумати адли илоҳӣ қиём мекунад.

 

* * * 

53 - Алӣ (а) афзали саҳоба буд

Мо эътиқод дорем: Алӣ (а) афзали саҳоба буд ва баъд аз Паёмбари Ислом (с) мақоми нахустинро дар уммати исломӣ дошт, вале бо ин ҳол ҳар гуна ғулув (таърифи аз ҳад зиёд дар бораи ҳазрати Алӣ, дар ҳадде, ки ўро ба маротибаи худоӣ ва паёмбарӣ баровардан) ва зиёдаравиро дар ин замина ҳаром медонем. Ва эътиқод дорем, онҳое, ки барои Алӣ (а) мақоми улуҳият ва худоӣ ё чизе шабеҳи он қоил бошанд, кофиранд ва аз зумраи мусалмонон берунанд ва мо аз эътиқодоти онҳо безорем, ҳар чанд мутаассифона омехтагии номи онҳо бо номи шиаён, гоҳе сабаби иштибоҳоте дар ин замина шудааст, дар ҳоле, ки ҳамеша уламои шиаи имомия дар китобҳои худ, ин гурўҳро бегона аз Ислом шуморидаанд.

 

* * * 

54 - Саҳоба дар баробари доварии ақл ва таърих

Мо мўътақидим: Дар миёни ёрони Паёмбар(с) афроди бузург ва бошахсият буданд ва Қуръон ва ривоёти исломӣ дар фазилати онҳо, баҳси фаровоне дорад, вале ин ба он маъно нест, ки ҳамаи асҳоби Паёмбарро маъсум бидонем ва аъмоли онҳоро бидуни истисно саҳеҳ шуморем. Чаро ки Қуръон дар оёти зиёде (ояти сураи Бароат, сураи Нур ва сураи Мунофиқин) аз манофиқоне сухан мегўяд, ки дар байни асҳоби Паёмбар(с) буданд, дар зоҳир ҷузъи онҳо маҳсуб мешуданд, дар ҳоле ки ояти Қуръон шадидтарин мазамматҳоро аз онҳо намудааст. Ва аз сўи дигар касоне буданд, ки баъд аз Паёмбар(с) оташи ҷанг дар миёни муслимин равшан карданд ва байъати худро бо имом ва халифаи замон шикастанд ва хуни даҳҳо ҳазор мусалмонро рехтанд, оё мо метавонем ҳамаи ин афродро аз ҳар назар пок ва муназзаҳ бишуморем?!

Ба таъбири дигар чӣ гуна метавон ҳар ду тарафи низоъ ва ҷанг (масалан ҷанги Ҷамал ва Саффайн)-ро дурусткор ва муназзаҳ донист? Ин тазодде аст, ки барои мо мавриди қабул нест ва онҳое, ки мавзўи иҷтиҳодро барои тавҷеҳи ин масоил кофӣ медонанд, ки бигўянд, яке аз ду тараф барҳақ буда ва дигарӣ хатокор, аммо чун ба иҷтиҳоди худ амал кардааст, назди Худованд маъзур, балки дорои савоб аст! -Барои мо пазируфтан ин сухан мушкил аст.

Чӣ гуна метавон ба баҳонаи иҷтиҳод, байъат бо ҷонишини Паёмбарро шикаст ва сипас оташи ҷангро равшан кард ва хуни бегуноҳонро рехт, агар ин ҳама хунрезӣ бо тавассул ба иҷтиҳод қобили тавҷеҳ бошад чӣ кори қобили тавҷеҳе нест?!

Равшантар гўем, мо эътиқод дорем: Ҳамаи инсонҳо ҳатто ёрони Паёмбар(с) дар гарави аъмоли хешанд ва асли Қуръонии "إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقيكُمْ" “Гиромитарини шумо назди Худо ботақвотарини шумост”,[17] - дар бораи онҳо низ дуруст мебошад (ва ботақвотарини онҳо гироми-таранд). Бинобар ин бояд вазъи онҳоро бо амалашон равшан созем ва ба ин сурат як доварии натиҷадор дар бораи ҳамаи онҳо дошта бошем ва бигўем: онҳое, ки дар асри Паёмбар(с) дар сафи асҳоби мухлис буданд ва баъд аз Паёмбар(с) низ барои посдорӣ аз Ислом кўшиш карданд ва ба паймоне, ки бо Қуръон доштанд вафодор монданд, онҳоро хуб медонем ва ба онҳо эҳтиром мегузорем.

Ва онҳое, ки дар замони он ҳазрат дар сафи мунофиқон буданд ва корҳое карданд, ки қалби мубораки Паёмбарро озурда сохт ва ё баъд аз реҳлати Паёмбар(с) масири худро тағйир дода корҳое анҷом доданд, ки ба зарари Ислом ва мусалмонон тамом шуд, онҳоро дўст намедорем. Қуръони Маҷид мегўяд:

"لا تَجِدُ قَوْمًا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ يُوّادُّونَ مَنْ حَادَّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَوْ كَانُوا آبَاءَهُمْ أَوْ أَبْنَاءَهُمْ أَوْ إِخْوَانَهُمْ أَوْ عَشِيرَتَهُمْ أُوْلَئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ الْإِيمَانَ"

“Ҳеҷ қавмеро, ки имон ба Худо ва рўзи растохез доранд намеёбӣ, ки бо касоне, ки нофармонии Худо ва расулашро карданд, дўстӣ кунанд, ҳар чанд падарон ё фарзандон ё бародарон ё хешовандони онҳо бошанд, онҳо касоне ҳастанд, ки Худо имонро бар саҳифаи дилҳояшон навиштааст”.[18]

Оре, онҳое, ки дар замони ҳаёти Паёмбар(с) ё баъд аз реҳлати ў, Паёмбарро озор доданд ба эътиқоди мо шоистаи ситоиш нестанд.

Вале набояд фаромўш кард, ки ҷамъе аз ёрони Паёмбар(с) бузургтарин муҷоҳидатҳоро дар роҳи пешрафти Ислом намуданд ва аз сўи Худованд мавриди мадҳу ситоиш қарор гирифтанд, ҳамчунин касоне, ки баъд аз онҳо рўи кор омаданд ё дар оянда то поёни дунё таваллуд мешаванд, агар роҳи асҳоби ростин ва хатти барномаи онҳоро идома диҳанд, шоёни ҳар гуна мадҳу сано ҳастанд.

"وَالسَّابِقُونَ الأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالأَنصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُم بِإِحْسَانٍ رَّضِيَ اللّهُ عَنْهُمْ وَرَضُواْ عَنْهُ"

“Пешравони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки дар некиҳо аз онҳо пайравӣ карданд, Худованд аз онҳо хушнуд шуд ва онҳо аз Худованд хушнуданд”.[19]

Ин хулосае аз ақоиди мо дар бораи саҳобаи Паёмбари Ислом (с) аст.

 

* * * 

55 – Илми имомони Аҳли Байт (а) аз Паёмбар(с) аст

Мо эътиқод дорем: Бо таваҷҷўҳ ба дастуре, ки Паёмбар(с) тибқи ривоёти мутавотира дар бораи Қуръон ва Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ба мо додааст, ки даст аз домани ин ду набардорем, то ҳидоят шавем ва низ бо таваҷҷўҳ ба ин ки мо, имомони Аҳли Байтро маъсум медонем ҳамаи суханони онҳо ва аъмолашон барои мо ҳуҷҷат ва санад аст  ва ҳамчунин тақрирашон,[20] бинобар ин яке аз манобеи фиқҳии мо баъд аз Қуръон ва суннати Паёмбар(с), қавлу феъл ва тақрири имомони Аҳли Байт (а) аст.

Ҳар гоҳ ба ин нукта таваҷҷўҳ кунем, ки мувофиқи ривоятҳои зиёд ва боэътибор, имомони Аҳли Байт (а) фармудаанд:

“Ончиро мегўем аз падарони худ (ва онҳо) аз Паёмбари гиромӣ (с) нақл мекунанд” - равшан мешавад, ки дар воқеъ ривояти онҳо ривояти Паёмбар аст. Медонем, ривояти шахси ростгў ва мавриди эътимод аз Паёмбар(с) дар миёни тамоми уламои Ислом мавриди қабул аст.

Имом Муҳаммади Боқир (а) ба Ҷобир фармуд:

"يا جابِرُ إنّا لَو كُنّا نُحَدِّثُكمْ بِرَأيِنا وَ هَوانا لَكُنّا مِنَ الْهالِكِينَ، وَلكِنّا نُحَدِّثُكُم بِأحادِيثَ نَكْنِزُها عَنْ رَسُولِ اللهِ(ص)

“Эй Ҷобир! Агар мо ҳадисе ба раъйи худ ва ҳавои нафси худ барои шумо баён кунем, аз ҳалокшудагон хоҳем буд; вале мо аҳодисе барои шумо нақл мекунем, ки ба сурати ганҷинае аз Расули Худо(с) барои шумо андўхтаем”.[21]

Дар ҳадиси дигаре аз Имом Ҷафари Содиқ (а) мехонем:

Касе суоле аз он имом намуд, ҳазрат ҷавоб гуфт. Он мард барои тағйир додани назари мубораки Имом ба баҳсу гуфтугў пардохт, Имом Содиқ (а) фармуд:

Ин суханонро раҳо кун! "ما أجَبْتُكَ فِيهِ مِنْ شَىْءٍ فَهُوَ عَنْ رَسُولِ اللهِ" Ҳар ҷавобе дар бораи чизе ба ту додам аз Паёмбар(с) аст (ва ҷои гуфтугў надорад!)[22]

Нуктаи муҳим ва мавриди диққат ин ки мо манобеи муътабаре дар ҳадис монанди “Кофӣ”, “Таҳзиб”, “Истибсор” ва “Ман ло яҳзуруҳул-фақеҳ” ва ғайраро дорем, вале мўътабар будани ин манобеъ аз назари мо ба ин маъно нест, ки ҳар ривояте дар онҳо аст, аз назари мо мавриди қабул аст; мо дар канори ривоёт китобҳои илми риҷол[23] дорем, ки вазъи ровиёни ахбор дар тамоми силсилаи санадҳо дар онҳо баён шудааст. Он ривояте аз назари мо мавриди қабул аст, ки тамоми афрод дар силсилаи санади ҳадис, ашхоси ростгў ва мавриди эътимод бошанд. Бинобар ин ривоёте, ки дар ин китобҳои маъруф ва мўътабар аст, агар дорои ин шарт набошад аз назари мо қобили эътимод нест.

Изофа бар ин, мумкин аст ривоёте бошад, ки силсилаи санади он низ мўътабар бошад, вале уламо ва фақеҳони бузурги мо аз оғоз то кунун, онро нодида гирифта ва аз он истифода набурдаанд, зеро халалҳои дигаре дар он ёфтаанд, мо ин ривоётро “мўъразун анҳо” меномем ва аз назари мо беэътибор аст.

Аз ин ҷо равшан мешавад касоне, ки барои пай бурдан ба ақидаи мо танҳо ба вуҷуди ривоят ё ривоятҳое, ки дар баъзе аз ин китобҳо омадаанд истинод мекунанд бе он ки дар бораи санади ин ривоёт таҳқиқ карда бошанд, роҳи саҳеҳро намепаймоянд.

Ба таъбири дигар, дар миёни баъзе аз мазҳабҳои маъруфи исломӣ, китобҳое вуҷуд дорад ба номи “саҳеҳ”, ки сиҳҳати ривоёти онҳо аз назари нависандагонаш тазмин шуда ва дигарон низ онро саҳеҳ медонанд. Вале китоби мўътабар назди мо чунин нест, балки китобҳое аст, ки соҳибашон шахсиятҳои барҷаста ва мавриди эътимод бошанд, аммо сиҳҳатии санади ривоёти ин китоб вобаста ба баррасии риҷоли санад дар китоби улуми риҷол мебошад.

Таваҷҷўҳ ба нуктае, ки гуфта шуд, метавонад ба бисёре аз суолоте, ки дар мавриди ақоиди мо вуҷуд дорад, посух диҳад, ҳамон гуна ки ғафлат аз он боиси иштибоҳоти фаровоне дар ташхиси ақоиди мо мешавад.

Ба ҳар ҳол баъд аз ояти Қуръони Маҷид ва ривоёти Паёмбар(с), аҳодиси имомони дувоздаҳгонаи Аҳли Байт (а) аз назари мо мўътабар аст, албатта бо шароите, ки судури ин аҳодис аз имомон, аз тариқи мўътабар, маълум шавад.

 


[1] Сураи Тавба 119.

[2] Маъсум – дур аз гуноҳ; маъсум, шахсе, ки ҳеҷ гуна хато ва гуноҳе аз ў сар намезанад ва ин сифат аз тарафи Худованд ба баъзе аз бандагони шоистааш дода мешавад.

[3] Фахри Розӣ  баъд аз баҳси фаровон дар бораи ин оят чунин мегўяд: Оят далел бар ин аст, ки ҳар кас ҷоизулхато аст, воҷиб аст ҳамқадам ва пайрави касе бошад, ки маъсум аст ва маъсумин ҳамонҳое ҳастанд, ки Худованд онҳоро “Содиқин”  номидааст, пас ин сухан далел бар ин аст, ки воҷиб аст ҳар ҷоизулхатое, ки ҳамқадам ва ҳамроҳ бо маъсум бошад, то “маъсум аз хато» ҷоизулхаторо аз хато боз дорад ва ин маъно дар ҳамаи замонҳост ва махсус ба замоне нест ва далел бар ин аст, ки дар ҳар замоне маъсум аз хато вуҷуд дорад, (Тафсири кабир, ҷилди 16).                    

[4] Сураи Бақара 126.

[5] Таълимоти Ислом бар се бахши асосӣ аст, ки дар истилоҳ ба он усулу фурўъ гуфта мешавад ва иборат аз  ақоид (усул), аҳком ва ахлоқ (фурўъ) мебошад.

[6] Мансус – аз тарафи Худо таъйиншуда.

[7] Насс – баёни равшан. Мансус: интихоб шудан аз ҷониби Худо.

[8] Саҳеҳи Муслим ҷилди 4.

[9] Саҳеҳи Тирмизӣ ҷилди 5.

[10] Сунани Доримӣ, ҷилди 2.

[11] Муснади Аҳмад, ҷилди 5 ва китоби Канз-ул-умммол, ҷилди 1, ҳадиси  945.

[12]  Ин таъбир дар Саҳеҳи Муслим ҷилди 3 аз Ҷобир ибни Самара аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст ва бо тафовути мухтасаре дар дигар китобҳое, ки дар боло ном бурда шуд, омадааст, (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷилди 3; Саҳеҳи Тирмизӣ ҷилди 4 ва Саҳеҳи Аби Довуд ҷилди 4 китоби Ал-Маҳдӣ).

[13] Охирин ҳаҷҷи Паёмбари Акрам(с).

[14] Ин ҳадис ба тариқи мутаадид аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст ва теъдоди ровиёни он наздики 110 нафар аз саҳобагон буда ва аз тобеин 84 нафар онро нақл кардаанд. Дар 360 китоби маъруфи исломӣ омадааст, ки шарҳи онҳо дар ин мухтасар намеғунҷад. (ба ҷилди 9 Паёми Қуръон, муроҷиат намоед).

 [15] Ин ҳадисро Бухорӣ дар ҷузъи панҷум, дар боби “Мараз-ун-набӣ “нақл кардааст ва аз он равшантар, дар Саҳеҳи Муслим, ҷилд 3 зикр шудааст.

 [16] Ин нома дар 24 шавволи соли 1394 аз “Робитат-ул-олам-ул-исломӣ” ба имзои мудири идораи Маҷмаи фиқҳи исломӣ – Муҳаммадулмунтасар Алкатонӣ содир шудааст.

 [17] Сураи Ҳуҷурот 13.

[18] Сураи Муҷодила 22.

[19] Сураи Тавба 100.

[20] Тақрир - яъне дар ҳузури онҳо коре анҷом шавад ва онҳо наҳй накунанд.

[21] Ҷомеъ-ул-аҳодис, ҷ.1.

[22] Усули кофӣ, ҷ1. ҳ,121.

[23] Илми риҷол – илме аст, ки дар он аз шахсияти ровиёни ҳадис ва дар бораи боэътибор ё беэътибор будани сухани онҳо, маълумот дода мешавад.

 

index