Гузашта аз баҳсҳое, ки дар фаслҳои пеш омад, ки усули эътиқодоти моро дар мабоҳиси асосии дини Ислом равшан месозад, вижагиҳои дигаре дар эътиқоди мо ҳаст, ки дар ин фасл баён мешавад.
* * *
Мо эътиқод дорем: Ақли инсон хубию бадии бисёре аз чизҳоро дарк мекунад ва ин ба баракати неруи шинохти хубу бад аст, ки Худо ба инсон бахшидааст. Бинобар ин ҳатто қабл аз нигоҳ кардан ба дастуроти шариатҳои осмонӣ, бахше аз масоил ба василаи ақл бар инсон равшан мебошад; хубии адолат ва некўкорӣ, бадии зулму бедодгарӣ ва хубии бисёре аз сифоти ахлоқӣ монанди ростгўӣ, амонатдорӣ, шуҷоат, саховат ва монанди он ва ҳамчунин бадии дурўғ, хиёнату бахилӣ ва монанди он, ҳама аз масоиле аст, ки ақл онҳоро дарк мекунад, вале аз он ҷо, ки ақл қодир ба дарки ҳусну қубҳи ҳамаи чизҳо нест ва маълумоти инсон дар ҳар ҳол маҳдуд аст, адёни илоҳӣ ва кутуби осмонӣ ва паёмбарон барои такмили ин амр аз сўи Худованд мабъус шудаанд, то ҳам бар идрокоти ақлӣ таъкид кунанд ва ҳам гўшаҳои торикеро, ки ақл аз дарки он оҷиз буд бар ў равшан созанд.
Агар мо инкор кунем, ки ақл дар шинохти ҳақ истиқлол дорад, масъалаи тавҳид ва худошиносӣ ва беъсати анбиё ва адёни осмонӣ аз миён хоҳад рафт, зеро исботи вуҷуди Худо ва ҳаққонияти даъвати анбиё, ҷуз аз тариқи ақл имконпазир нест. Равшан аст, ки баёноти шаръӣ дар сурате қобили қабул аст, ки ин ду асл (тавҳид ва нубувват) қаблан бо далели ақлӣ собит шавад ва исботи ин ду мавзўъ танҳо ба далели шаръ ғайримумкин аст.
* * *
Ба ҳамин далел мо мўътақид ба адли илоҳӣ ҳастем ва мегўем, маҳол аст, Худованд бар бандагонаш зулм кунад, бедалел касеро муҷозот ва ё бе далел авф намояд, маҳол аст ба ваъдаҳои худ вафо накунад ва маҳол аст шахси носолеҳ ва хатокореро ба мақоми нубувват ва рисолат аз сўи хеш мансуб намояд ва мўъҷизоте дар ихтиёри ў бигузорад.
Ва низ маҳол аст бандагонашро, ки барои паймудани роҳи саодат офаридааст бидуни роҳнамо ва раҳбар бигузорад, чаро ки ҳамаи ин корҳо зишт ва қабеҳ аст ва бар Худованди мутаол, кори зишт ва қабеҳ раво нест.
* * *
Боз ба ҳамин далел мўътақидем, ки Худо инсонро озод офаридааст. Афъоли инсон аз рўи ирода ва ихтиёри ў сарчашма мегирад, чаро ки агар ин тавр набошад, яъне мо мўътақид ба асли ҷабр дар аъмоли инсонҳо бошем, муҷозоти бадкорон, зулму беадолатӣ ва подоши некўкорон, коре беҳуда ва бедалел хоҳад буд ва чунин амре бар Худованд маҳол аст.
Кўтоҳи сухан ин аст, ки қабули ҳусну қубҳи ақлӣ ва истиқлоли фикрӣ ва хиради инсон дар ташхиси бисёре аз ҳақоиқ, пояи аслии дин ва шариат ва қабули нубувват ва кутуби осмонӣ аст; вале ҳамон гуна, ки гуфта шуд, дарку огоҳии инсон маҳдуд аст ва танҳо ба воситаи он наметавонад тамоми ҳақоиқро, ки марбут ба саодат ва такомули ўст, дарёбад ва ба ҳамин далел ниёз ба беъсати анбиё ва кутуби осмонӣ дорад.
* * *
Бо таваҷҷўҳ ба ончи гуфта шуд, мо эътиқод дорем, ки яке аз манобеи аслии дини Ислом, далели ақл аст ва манзур аз далели ақл дар инҷо ин аст, ки ақл ба таври қатъӣ ва яқинӣ чизеро дарк кунад ва дар бораи он доварӣ намояд; масалан агар ҳеч далеле дар китоб ва суннат барои ҳаром будани зулм, хиёнат, дуруғ, қатли нафс, дуздӣ ва таҷовуз ба ҳуқуқи мардум набошем, мо ба василаи далели ақл ин умурро таҳрим мекунем ва яқин мекардем, ки Худованди Олим ва Ҳаким, ин умурро барои мо ҳаром шуморида ва ҳаргиз ба анҷоми онҳо розӣ нест ва ин як ҳуҷҷати илоҳӣ бар мо буд.
Оёти Қуръон пур аст аз таъбироте, ки ҳама баёнгари аҳамияти ақл ва далелҳои ақлӣ мебошад.
Барои паймудани роҳи тавҳид, Қуръон соҳибони ақлу хирадро ба мутолиаи оёти илоҳӣ дар замину осмон даъват мекунад.[1]
Аз сўи дигар, ҳадаф аз баёни оёти илоҳиро афзоиши фаҳм ва ақли инсонҳо мешуморад:
"انظُرْ كَيْفَ نُصَرِّفُ الآيَاتِ لَعَلَّهُمْ يَفْقَهُونَ "
“Бингар чӣ гуна оётро бо таъбири гуногун баён мекунем то бифаҳманд”.[2]
Аз тарафи дигар, ҳамаи инсонҳоро ба ҷудо кардани некиҳо аз бадиҳо ва ба кор андохтани неруи тафаккур дар ин роҳ даъват мекунад ва мегўяд:
"قل هَلْ يَسْتَوِي الأَعْمَى وَالْبَصِيرُ أَفَلاَ تَتَفَكَّرُونَ"
“Бигў: оё нобино ва бино (нодон ва доно) баробаранд; оё фикр намекунед!”[3]
Ва билахира бадтарин ҷунбандагони оламро касоне мешуморад, ки чашму гўш ва забони худро ба кор намеандозанд ва аз неруи ақлу хирад истифода намекунанд:
"إِنَّ شَرَّ الدَّوَابَّ عِندَ اللّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لاَ يَعْقِلُونَ"
“Бадтарин ҷунбандагон назди Худо, афроди кар ва лоле ҳастанд, ки андеша намекунанд”.[4]
Ва оёти фаровони дигар. Бо ин ҳол чӣ гуна метавон неруи ақлу хирад ва тафакурро дар усулу фурўи Ислом нодида гирифт.
* * *
Ҳамон гуна, ки ишора шуд, мо мўътақид ба адли илоҳӣ ҳастем ва яқин дорем, ки ҳаргиз Худованд ҳеҷ ситаме ба бандае аз бандагон раво намедорад чаро ки зулм, кори зишт ва нопасанд аст ва Худованди Субҳон аз чунин коре пок ва муназзаҳ аст:
"وَلا يَظْلِمُ رَبُّكَ أَحَدًا"
“Парвардигорат ба аҳаде зулм намекунад”.[5]
Агар муҷозотҳое дар дунё ва охират домани афродеро мегирад, сабаби аслии он худашон ҳастанд.
"فَمَا كَانَ اللّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَـكِن كَانُواْ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ"
“Худованд ба онҳо (ақвоми гузашта, ки гирифтори азоби илоҳӣ шуданд) ситам накард, онҳо худашон ситам мекарданд!”[6]
На фақат инсонҳо, балки ҳеҷ мавҷуде дар ҷаҳон аз сўи Худованд мавриди ситам
қарор намегирад.
"وَمَا اللّهُ يُرِيدُ
ظُلْمًا لِّلْعَالَمِينَ"
“Худованд ҳеҷ гоҳ ситаме бар ҷаҳониён намехоҳад”,[7]
- албата тамоми ин оёт таъкид ва иршод ба сўи ҳукми ақл аст.
Ба ҳамин далел мо эътиқод дорем: Ҳаргиз Худованд таклифи мо ло ютоқ
намекунад,
"لاَ يُكَلِّفُ اللّهُ
نَفْسًا إِلاَّ وُسْعَهَا".[9]
* * *
Ва низ ба ҳамин далел эътиқод дорем: Ҳодисаҳои дардноке, ки дар ин ҷаҳон сурат мегирад (аз қабили зилзилаҳо ва офату балоҳо, гоҳе иллаташ ҷазои Илоҳӣ аст, он гуна ки дар бораи қавми Лут омада аст:
"فَلَمَّا جَاءَ أَمْرُنَا جَعَلْنَا عَالِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهَا حِجَارَةً مِّن سِجِّيلٍ مَّنضُودٍ"
“Ҳангоме ки фармони мо (доир бар азоб ) фаро расид, шаҳрҳои онҳоро зеру рў кардем, бороне аз сангҳои мутароким бар онон фурў фиристодем”.[10]
Дар бораи мардуми носипос ва туғёнгари “Сабо” мефармояд:
"فاعْرضوا فاَرسلنا عليهم سَيْلَ العَرِم"
“Онҳо аз итоати Худо рўй гардонданд ва мо сели вайронгарро бар онҳо фиристодем”.
Бахши дигаре аз ин ҳодисаҳо, барои бедор кардани инсонҳо аст, то ба роҳи ҳақ боз гарданд:
"ظَهَرَ الْفَسَادُ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ بِمَا كَسَبَتْ أَيْدِي النَّاسِ لِيُذِيقَهُم بَعْضَ الَّذِي عَمِلُوا لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ"
“Фасоду табоҳӣ дар хушкӣ ва дарёҳо ба хотири корҳое, ки мардум анҷом доданд, ошкор гашт; Худо мехоҳад натиҷаи порае аз аъмоли онҳоро ба онҳо бичашонад шояд боз гарданд!”[11]
Пас ин бахш аз ҳодисаҳои дарднок дар воқеъ лутфи илоҳӣ аст.
Бахши дигар мусибатҳое аст, ки инсон бо дасти хеш барои худ фароҳам месозад ва ба таъбири дигар натиҷаи нодониҳои худи ўст:
"إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِاَنْفُسِهِمْ"
“Худованд ончиро, ки мардум доранд, тағйир намедиҳад, магар ин ки онҳо худашонро тағйир диҳанд”.[12]
"مَا اَصَابَكَ مِنْ حَسَنَةٍ فَمِنَ اللّهِ وَمَا اَصَابَكَ مِن سَيِّئَةٍ فَمِن نَّفْسِكَ"
“Ончӣ аз некиҳо ва пирўзиҳо ба ту мерасад, аз тарафи Худо аст (ва ба кўмаки ўст) ва ончӣ аз бадиҳо ва мушкилот домангири ту мешавад, аз сўи худи туст!”[13]
* * *
Мо эътиқод дорем: Ҷаҳони офариниш, саҳнаи низоми аҳсан аст, яъне низоми мавҷуди олам шоистатарин назме аст, ки метавонад бар ҷаҳон ҳукмфармо бошад, ҳама чиз рўи ҳисоб аст ва ҳеҷ гуна матлабе бар хилофи ҳаққу адолат ва некӣ дар он вуҷуд надорад ва агар бадиҳо дар ҷомеаи инсонӣ дида мешавад, аз тарафи худи онҳо аст.
Такрор мекунем, мо эътиқод дорем: адли илоҳӣ яке аз пояҳои аслии ҷаҳонбении Ислом аст ва бидуни он масъалаи тавҳид ва нубувват ва маод низ ба хатар меафтад, – диққат кунед.
Дар ҳадисе мехонем, ки Имом Содиқ (а) пас аз ин ки тасдиқ намуданд: "إنَّ اساسَ الدِّينِ التَّوْحِيدُ وَ الْعَدْلُ"
Поя ва асоси дин тавҳид ва адолат аст, - изофа намуданд:
"أمّا التَّوْحيدُ فَأنْ لا تُجَوِّزَ عَلى رَبِّكَ ما جازَ عَلَيكَ، وَ أمّا الْعَدْلُ فَأنْ لا تَنْسِبَ إلى خالِقِكَ ما لامَكَ عَلَيْهِ"
“Тавҳид он аст, ки ончи бар ту равост, бар Худо раво надорӣ (ва ўро аз тамоми сифоти мумкинот пок ва муназзаҳ шуморӣ) ва аммо адл он аст, ки амалеро ба Худо нисбат надиҳӣ, ки агар онро худат анҷом диҳӣ, туро ба хотири он маломат кунанд”, - диққат кунед.[15]
* * *
Манобеи фиқҳии мо ҳамон гуна ки дар гузашта низ ишора шуд, чаҳор чиз аст:
Нахуст, Китобуллоҳ - Қуръони маҷид аст, ки санади аслии маориф ва аҳкоми исломӣ мебошад.
Дуюм, суннати Паёмбар(с) ва имомони маъсум – Аҳли Байт (а).
Сеюм, иҷмоъ ва иттифоқи уламо ва фақеҳон аст, ки кошиф (баргирифта) аз назари маъсум бошад.
Чаҳорум, далели ақл
аст ва манзур аз далели ақл, далели ақлии қатъӣ аст. Аммо далели заннӣ (гумонӣ)
монанди қиёс ва истеҳсон[16]
дар ҳеҷ як аз масоили фиқҳӣ, назди мо, қобили қабул нест. Бинобар ин ҳар гоҳ
фақеҳ бо гумони хеш, маслиҳатро ба чизе бинад, ки дар китоб ва суннат ҳукми
он ба хусус ворид нашудааст, наметавонад онро ба унвони як ҳукми илоҳӣ
муаррифӣ кунад ва ҳамчунин паноҳ бурдан ба қиёсҳои заннӣ ва амсоли он барои
кашфи аҳкоми шаръӣ назди мо ҷоиз нест. Аммо дар мавриде, ки инсон яқин пайдо
кунад, монанди яқин ба зиштии зулму дурўғ ва дуздӣ ва хиёнат ин ҳукми ақл
мўътабар аст ва ба муқтазои қонуни
"كُلُّ ما حَكَمَ بِهِ الْعَقْلُ حَكَمَ بِهِ
الشَّرْعُ" “Ҳар чӣ
ба он ақл ҳукм кунад, шаръ низ ба он ҳукм менамояд”, - баёнгари ҳукми шаръӣ
аст.
Ҳақиқат ин аст, ки мо дар бораи аҳкоми мавриди ниёзи мукаллафон дар умури ибодатию иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодӣ, ба андозаи кофӣ ривоёт аз Паёмбари Акрам(с) ва имомони маъсумин(а) дар даст дорем ва ниёз ба паноҳ бурдан ба ин гуна далелҳои заннӣ ва гумонӣ намебинем; ҳатто мўътақидем, барои кашфи аҳком дар масоили мустаҳдаса, яъне масъалаҳое, ки бо гузашти замон дар зиндагии башар падид омадааст, усул ва қоидаҳои куллие дар китоб ва суннати Пайғамбар(с) ва имомони маъсум(а) ворид шудааст, ки моро аз тавассул ба ин гуна далелҳои заннӣ бениёз мекунад, яъне бо муроҷиат ба ҳамон куллиёти аҳком, масъалаҳои мустаҳдаса кашф мешавад; (тавзеҳи ин сухан аз зарфияти ин баҳси фушурда берун аст).
* * *
Мо эътиқод дорем: Боби иҷтиҳод дар тамоми масоили шаръӣ боз аст ва ҳамаи фуқаҳои соҳибназар метавонанд аҳкоми илоҳиро аз манобеи чаҳоргонаи боло, истинбот карда ва дар ихтиёри касоне, ки қудрати истинбот надоранд, бигузоранд, ҳарчанд назари эшон бо фуқаҳои пешин тафовутҳое дошта бошад. Мо мўътақидем афроде, ки дар фиқҳ соҳибназар нестанд, ҳамеша бояд ба фуқаҳои зинда, ки огоҳ ба масоили замону макон ҳастанд муроҷиат кунанд ва ба истилоҳ аз онҳо тақлид кунанд. Муроҷиати афроди ноогоҳро ба мутахассисон дар фиқҳ аз бадеҳиёт медонем. Мо ин фуқаҳоро марҷаи тақлид меномем. Ба ин тартиб тақлиди ибтидоӣ аз фақеҳи майитро ҷоиз намедонем; ҳатман бояд мардум аз фуқаҳои зинда тақлид кунанд, то доиман фақеҳ дар ҳаракат ва такомул бошад.
* * *
Мо эътиқод дорем: Хала (камбудӣ)-и қонунгузорӣ дар Ислом вуҷуд надорад, яъне тамоми аҳкоми мавриди ниёзи инсонҳо то доманаи қиёмат дар Ислом баён шудааст, гоҳе ба сурати хос ва гоҳе дар зимни як ҳукми куллӣ ва умумӣ. Ба ҳамин далел барои фақеҳон ҳаққи қонунгузорӣ қоил нестем, балки онҳоро вазифадор медонем, ки аҳкоми илоҳиро аз манбаъҳои чаҳоргонаи боло истихроҷ кунанд ва дар ихтиёри ҳама гузоранд. Магар Қуръони Маҷид дар сураи Моида, ки аз охирин сураҳое аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст, намегўяд:
"الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الإِسْلاَمَ دِينًا"
“Имрўз дини шуморо комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом намудам ва Исломро оини шумо қарор додам”.[17]
Чӣ гуна оини Ислом метавонад комил бошад бе он ки аҳкоми фиқҳии комил барои ҳамаи асрҳо ва замонҳо дошта бошад?!
Магар дар ҳадиси маъруфи Паёмбар(с) намехонем, ки дар Ҳаҷҷатулвидоъ фармуд:
"أيُّها النّاسُ وَاللهِ ما مِنْ شَىْءٍ يُقَرِّبُكُمْ مِنَ الْجَنَّةِ وَيُباعِدُكُمْ عَنِ النّارِ إلاّ وَقَدْ أمَرْتُكُمْ بِهِ، وَما مِنْ شَىْءٍ يُقَرِّبُكُمْ مِنَ النّارِ وَيُباعِدُكُمْ عَنِ الْجَنَّةِ إلاّ وَقَدْ نَهَيْتُكُمْ عَنْهُ"
“Эй мардум! Ҳар чизе шуморо ба биҳишт наздик кунад ва аз оташи дўзах дур созад, шуморо ба он дастур додам ва ҳар чизе, ки шуморо ба оташи дўзах наздик созад ва аз биҳишт дур намояд шуморо аз он наҳй намудам”.[18]
Дар ҳадиси маъруфи дигаре аз Имом Содиқ (а) мехонем:
"ما تَرَكَ عَلِيّ(ع) شَيْئاً إلاّ كَتَبَهُ حَتّى أرْشَ الْخَدْشِ"
“Алӣ (а) чизе аз аҳкоми Исломро фурўгузор накард, магар ин ки (ба дастури Паёмбар ва имлои он ҳазрат) онро навишт, ҳатто дияи як хароши кўчак, (ки бар бадани инсоне ворид мешавад)”,[19] - бо ин ҳол навбате ба далелҳои заннӣ ва қиёсу истеҳсон намерасад.[20]
* * *
Мо эътиқод дорем: Ҳар гоҳ инсоне дар байни инсонҳои мутаассибу баҳонаҷўй ва бемантиқ гирифтор шавад, ки ошкор кардани ақидааш дар миёни онҳо, сабаби хатари ҷонӣ ё монанди он гардад ва аз ин изҳори ақида фоидаи муҳиме ба даст наояд, дар чунин мавриде вазифадор аст, ки ақидаи худро пинҳон дорад ва ҷони худро беҳуда барбод надиҳад ва номи ин корро тақия мегузорем ва ин масъаларо аз ду ояти Қуръони Маҷид ва далели ақлӣ омўхтаем.
Қуръон дар бораи мўъмини Оли Фиръавн[21] мефармояд:
وقال رجل مؤمن من آل فرعون يكتم ايمانه اَتقتلون رجلا اَن يقول ربّيَ الله وقد جاءَكم بالبيِّنات من ربِّكم"
“Марди боимоне аз Оли Фиръавн, ки имони худро пинҳон мекард (барои дифоъ аз Мўсо баромад ва) гуфт: Оё мехоҳед касеро ба қатл расонед, ки мегўяд: Парвардигори ман Худо аст, дар ҳоле, ки далели равшане аз сўи Парвардигоратон барои шумо овардааст”.[22]
Ҷумлаи “имонашро пинҳон медошт” ба равшанӣ масъалаи тақияро мефаҳмонад, оё сазовор буд мўъмини Оли Фиръавн имони худро ошкор кунад ва ҷони худро аз даст диҳад ва кори худро пеш набарад?
Дар бораи баъзе аз мўъминони мубориз ва муҷоҳиди садри Ислом (солҳои аввали пайдоиши дини Ислом), ки дар чанголи мушрикони баҳонаҷўй гирифтор шуданд, ба онҳо дастури тақия медиҳад ва мефармояд:
"لاَ يَتَّخِذِ الْمُؤْمِنُونَ الْكَافِرِينَ أَوْلِيَاءَ مِن دُوْنِ الْمُؤْمِنِينَ وَمَن يَفْعَلْ ذَلِكَ فَلَيْسَ مِنَ اللّهِ فِي شَيْءٍ إِلاَّ أَن تَتَّقُواْ مِنْهُمْ تُقَاةً"
“Шахсони боимон набояд ғайр аз мўъминон, касе аз кофиронро барои худ дўст ва сарвар қарор диҳанд, ҳар кас чунин кунад робитаи худро аз Худо буридааст, магар ин ки (шумо дар хатар бошед ва) аз онҳо тақия кунед”.[23]
Бинобар ин тақия, яъне пинҳон доштани ақида, махсуси он ҷое аст, ки ҷону мол ва обрўи инсон дар назди душманони мутаассиб ва баҳонаҷўй ба хатар меафтад, бе он ки ошкории ақида натиҷае дошта бошад, дар чунин ҷойҳое набояд беҳуда афродро дар хатар андохт ва нируҳоро аз даст дод, балки бояд онро барои мавқеъҳои лозим ҳифз ва захира кард, ба ҳамин далел дар ҳадиси маъруфи Имом Содиқ (а) мехонем:
"ألتَّقِيَّةُ تُرْسُ الْمُؤْمِنِ" “Тақия сипари дифоии мўъмин аст”.[24] Таъбир ба сипар таъбири латифе аст, ки нишон медиҳад тақия як василаи дифоӣ дар муқобили душман аст.
Достони тақия кардани ҳазрати Аммори Ёсир (р) яке аз саҳобагони бузурги Паёмбар(с), дар муқобили мушрикон ва ин кори ўро саҳеҳ донистани Паёмбари Ислом(с) маъруф аст.[25] Пинҳон намудани сарбозон ва силоҳҳо дар майдони ҷанг, махфӣ нигаҳ доштани асрори ҷангӣ ва ғайри он аз душманон, ҳамаи ин корҳо навъе тақия дар зиндагии инсонҳо ҳисоб мешавад. Дар маҷмўъ тақия яъне пинҳон нигаҳ доштан, дар ҷое, ки изҳор кардан боиси хатар ва зараре аст, бе он ки фоидае дар бар дошта бошад. Ин як ҳукми ақлӣ ва шаръӣ аст, ки на танҳо шиа балки ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ва балки ҳамаи оқилони олам ба он амал мекунанд.
Бо ин ҳол тааҷҷубовар аст, ки баъзеҳо эътиқод ба тақияро махсуси шиа ва перомуни мактаб (идеология)-и Аҳли Байт дониста ва онро ба шакли яке аз эродҳои асосӣ ба онҳо даровардаанд, дар ҳоле ки масъалаи равшане аст, ки ҳам реша дар Қуръони Маҷид дорад ва ҳам дар аҳодиси исломӣ ва равиши ёрони Паёмбар(с) буда ва ҳам барномаҳои тамоми оқилони ҷаҳон мебошад.
* * *
Мо эътиқод дорем: Далели аслии ин бадфаҳ-миҳо надоштани огоҳии кофӣ аз ақоиди шиа ва ё гирифтани ақоиди онҳо аз душманони онҳо аст ва тасаввур мекунем бо тавзеҳе, ки дар боло омад масъала комилан равшан шуда бошад.
Албатта наметавон инкор кард, ки дар баъзе мавридҳо тақия кардан ҳаром аст ва он дар ҷое аст, ки асоси дини Ислом ва Қуръон, ё низомҳои исломӣ ба хатар афтад. Дар чунин ҷойҳо бояд ақидаро изҳор намуд, ҳарчанд инсон қурбонии изҳори ақидааш шавад. Ва мўътақид ҳастем қиёми Имом Ҳусайн (а) дар Ошуро ва Карбало, дуруст дар роҳи ҳамин ҳадаф буд, зеро ки ҳокимони Банӣ Умайя асоси Исломро ба хатар афканда буданд ва қиёми Имом Ҳусайн (а) пардаро аз рўи кори онҳо бардошт ва пеши роҳи хатарро гирифт.
* * *
Мо ба тамоми ибодатҳое, ки Қуръон ва суннат бар он таъкид намудааст, эътиқод дорем ва пойбанд ҳастем. Монанди намозҳои панҷгонаи рўзона, ки муҳимтарин робитаи халқ бо Холиқ аст ва рўзаи моҳи мубораки Рамазон, ки беҳтарин васила барои тақвияти имон ва тазкияи нафс ва тақво ва мубориза бо ҳавопарастӣ аст.
Мо ҳаҷҷи хонаи Худоро, ки василаи муассире барои тақво ва мустаҳкам намудани алоқаҳои байни ҳамдигар ва дўстии байни мусалмонон аст, як бор дар умр барои инсонҳои мустатеъ (дорои шароит) фарз медонем ва закоти мол ва хумс[26] ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва ҷиҳод дар муқобили ҳуҷум-кунандагон ба Ислом ва мусалмононро низ фарзи мусаллам мешуморем.
Ҳарчанд дар ҷузъиёти ин корҳо, каме фарқ дар байни мо ва баъзе дигар аз фирқаҳои муслимин вуҷуд дорад, ҳамон гуна ки мазҳабҳои чаҳоргонаи аҳли суннат низ дар аҳкоми ибодот ва ғайри он байни ҳам фарқ доранд.
* * *
Мо эътиқод дорем: Ҷамъи – (бо ҳам дар як вақт хондани) намозҳои пешину аср ё шому хуфтан дар як вақт монее надорад (албатта ҷудо хондани онҳоро афзал ва беҳтар медонем). Мо эътиқод дорем, ки ба ҷамъ намудани байни ин намозҳо аз сўи Пайғамбари Акрам(с) иҷозат дода шудааст ва ин барои риояти ҳоли он инсонҳое мебошад, ки дар заҳмат мондаанд.
Дар Саҳеҳи Тирмизӣ аз Ибни Аббос (р) чунин нақл шудааст:
"جَمَعَ رَسُولِ اللهِ(ص) بَيْنَ الظُّهْرِ وَالعَصْرِ، وَبَيْنَ الْمَغْرِبِ وَالْعِشاءِ بِالْمَدِينَةِ مِنْ غَيْرِ خَوْفٍ وَلا مَطَرٍ، فَقِيلَ لاِبْنِ عَبّاسِ ما اَرادَ بِذلِكَ؟ قالَ اَرادَ اَنْ لا يُحْرِجَ أُمَّتَهُ"
Пайғамбари Акрам (с) дар шаҳри Мадина байни намози пешину аср ва намозҳои шому хуфтан ҷамъ кард (онҳоро бо ҳам хонд), дар ҳоле ки на тарсе буд ва на бороне.
Аз Ибни Аббос (р) пурсиданд: Мақсади ҳазрат аз ин кор чӣ буд?
Гуфт: Барои ин буд, ки уммати худро ба заҳмат наафканад (яъне дар мавриде, ки ҷудо хондан боиси заҳмате шавад, аз ин иҷозат истифода кунанд)”.[27] Махсусан дар асру замони мо, ки зиндагии иҷтимоӣ ба хусус дар корхонаҳо ва марказҳои фаъоли саноатӣ шакли мураккабе дорад ва ба панҷ вақти ҷудогонаи намоз муқайяд будан сабаб шудааст, ки баъзеҳо намозро ба куллӣ тарк кунанд, истифода аз ин иҷозат, ки Пайғамбар(с) фармуданд метавонад сабаби пойдории бештар дар масъалаи намоз шавад. – Диққат кунед.
* * *
Мо эътиқод дорем: Ба ҳангоми саҷдаи намоз, бояд бар хок ё дигар аҷзои замин саҷда кард ё бар чизҳое, ки аз замин мерўяд, монанди баргу чўби дарахтон ва тамоми гиёҳон (ба истиснои ончӣ хўрданӣ ва пўшидании инсон аст).
Бинобар ин саҷда кардан бар қолиро ҷоиз намедонем, махсусан хокро бар ҳама чиз барои саҷда кардан беҳтар медонем. Бинобар ин барои осон шудани кор, бисёре аз шиаён қитъае аз хоки тозаро, ки қолибрезӣ шудааст, бо худ ҳамроҳ доранд, ки номи онро мўҳр мегўянд ва бар он саҷда мекунанд, ки ҳам пок асту ҳам хок.
Далели мо дар ин масъала ин ҳадиси маъруфи Пайғамбар (с) мебошад: "جُعِلَتْ لِيَ الاَرْضُ مَسْجِداً وَ طَهُوراً"
“Замин барои ман масҷид ва таҳур (пок, хоки таяммум) қарор дода шудааст”. Мо масҷидро дар ин ҳадис ба маънои маҳалли саҷда медонем.
Ин ҳадис дар аксари китобҳои сиҳоҳ ва ғайри он нақл шудааст. Мумкин аст гуфта шавад мақсуд аз масҷид дар ин ҳадис маҳалли саҷда нест, балки ҷойгоҳи намоз, дар муқобили касоне, ки намозро фақат дар маҳалли муайяне мехонанд, вале бо таваҷҷўҳ ба ин ки сухан аз таҳур яъне хоки таяммум дар ин ҷо ба миён омадааст равшан мешавад, ки мақсуд аз он маҳалли саҷда аст, яъне хоки замин ҳам таҳур аст ва ҳам маҳалли саҷда.
Ба илова ҳадисҳои зиёде аз Аҳли Байт (а) ба мо расидааст, ки маҳалли саҷдаро хоку санг ва монанди он медонад.
* * *
Мо эътиқод дорем: Зиёрати қабри Пайғамбари Акрам (с) ва имомони Аҳли Байт (а) ва бузургоне аз уламо ва донишмандону шаҳидони роҳи Худо аз мустаҳабботи муаккад аст.
Дар китобҳои уламои аҳли суннат, ривоятҳои бешуморе дар бораи зиёрати қабри Паёмбар(с) нақл шудааст, ҳамон гуна ки дар китобҳои уламои шиа низ ин маъно омадааст ва ҳар гоҳ ин ривоятҳо ҷамъоварӣ шавад, китоби мустақиллеро ташкил медиҳад.[28]
Дар тамоми тўли таърих уламои бузурги Ислом ва тамоми қишрҳои мардум, ба ин кор аҳамият медоданд ва китобҳо пур аст аз шарҳи ҳолатҳои касоне, ки ба зиёрати қабри Паёмбар(с) ё дигар бузургон мерафтанд ва умуман ин масъала аз масъалаҳои мавриди иттифоқи ҳамаи мусалмонон аст.
Равшан аст, ки ҳеҷ кас зиёратро бо ибодат набояд иштибоҳ кунад, ибодат ва парастиш махсуси Худо аст ва аммо манзур аз зиёрат эҳтиром ва бузургдошти бузургони Ислом ва талаби шафоат аз онҳо дар назди Худо мебошад. Ҳатто дар ривоёт омадааст, ки худи Пайғамбар (с) гоҳе ба зиёрати аҳли қубур мерафт ва дар қабристони Бақеъ меомад ва бар онҳо салому дуруд мефиристод.[29]
Бинобар ин ҳеҷ кас наметавонад дар машруияти ин кор аз назари фиқҳи Ислом тардиде ба худ роҳ диҳад.
* * *
Мо эътиқод дорем: Масъалаи азодорӣ барои шаҳидони Ислом махсусан шаҳидони Карбало сабаби зинда мондани ёди онҳо ва хотираи фидокориҳои онҳо дар роҳи бақои Ислом аст, ба ҳамин далел дар замонҳои мухталифе махсусан рўзҳои Ошуро (даҳ рўзи аввали моҳи муҳаррам), ки баробар аст бо шаҳодати Ҳусайн ибни Алӣ (а), саййиди ҷавонони аҳли биҳишт[30], фарзанди Амиралмўъминин Алӣ(а) ва Фотимаи Заҳро(а) духтари гиромии Расули Худо(с), маросими азодориро барпо медорем, таърихи зиндагии онҳо ва рашодатҳояшонро таҳлил мекунем ва аз ҳадафҳои онҳо сухан мегўем ва барои арвоҳи поки онҳо дуруд мефиристем.
Мо эътиқод дорем, ки Банӣ Умайя, ҳукумати хатарнокеро ташкил дода буданд, бисёре аз суннатҳои Паёмбарро тағйир дода ва бар маҳви арзишҳои исломӣ камар баста буданд.
Ҳусайн ибни Алӣ(а) дар соли 61 ҳиҷрӣ бар зидди Язид, ки марди олуда ба гуноҳ ва сабуксару бегона аз Ислом буд ва мутаассифона бар курсии хилофати Ислом такя зада буд, қиём кард, ҳарчанд ў ва тамоми ёронаш дар Ироқ дар сарзамини Карбало шаҳид шуданд ва занону хонаводааш асир гаштанд, вале хуни онҳо ҳаяҷони аҷибе дар тамоми мусалмонони он замон ба вуҷуд овард. Баъди ин воқеа қиёмҳо яке пас аз дигаре бар зидди Банӣ Умайя оғоз шуд ва зарбаҳои кўбанда бар пояҳои кохи зулму бедодгарии онҳо ворид омад ва саранҷом тўмори зиндагии касифашон печида шуд ва ҷолиб ин ки тамоми қиёмҳое, ки баъд аз воқеаи Ошуро бар зидди ҳукумати Банӣ Умайя сурат гирифт таҳти унвони “ар-Ризо лиоли Муҳаммад” ва “Ё ласоротил-Ҳусайн” буд. Баъзе аз ин шиорҳо ҳатто дар даврони ҳукумати худкомаи Банӣ Аббос низ давом дошт.[31]
Масъалаи қиёми хунини Имом Ҳусайн (а) имрўз барои мо шиаён ба сурати як улгу ва барнома барои муқовимат дар муқобили ҳар гуна истибдоду зўргўӣ ва зулму ситам даромада, шиорҳои “Ҳайҳот минназ-зиллаҳ”, мо ҳаргиз тан ба зиллат намедиҳем ва “Ҳақиқати зиндагӣ имон ва ҷиҳод аст”, ки баргирифта аз таърихи хунбори Карбало аст ҳамеша бар мо кўмак кардааст, ки дар муқобили ҳукуматҳои золим биистем ва бо иқтидо ба солори шаҳидон Ҳусайн ва ёронаш, шарри золимонро бартараф кунем, (дар инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ин шиорҳо ба чашм мехўрад).
Кўтоҳи сухан ин ки бузургдошти хотираи шаҳидони Ислом, махсусан шаҳидони Карбало, руҳи ҳамоса ва исору шаҳомат ва ҷонбозӣ дар роҳи ақида ва имонро ҳамеша дар мо зинда медорад ва ба мо дарсҳои муҳимме барои сарбаланд зистан ва ба зулм тан надоданро медиҳад, ин аст фалсафаи зинда нигаҳ доштани ин хотираҳо ва таҷдиди маросимҳои азодорӣ дар ҳар сол.
Мумкин аст касоне надонанд, ки мо дар маросими сўгворӣ чӣ мекунем ва онро марбут ба як воқеаи таърихӣ тасаввур кунанд, ки муддатҳост гарду ғубори фаромўшӣ бар он нишастааст, вале мо худ медонем, ки зинда нигаҳ доштани ин хотираҳо чӣ таъсире дар таърихи дирўзу имрўз ва фардои мо дошт ва дорад.
Маросими азодории Паёмбар(с) ва мусалмонон бар Ҳамза (Саййидушшуҳадо) баъд аз ҷанги Уҳуд дар ҳамаи таърихҳои маъруф омадааст, ки Расули Худо (с) аз канори яке аз хонаҳои ансор мегузашт, садои гиряву навҳа шунид, чашмони Паёмбар(с) гирён шуд ва ашк бар рўи муборакаш ҷорӣ гашт ва фармуд:
Вале Ҳамза азодор надорад, - Саъд ибни Маоз ин суханро шунид ва ба суроғи гурўҳе аз тоифаи Бани Абдулашҳал рафт ва ба занони онҳо дастур дод, ки ба хонаи Ҳамза – амаки Паёмбар(с) бираванд ва барои Сайидушшуҳадо Ҳамза азодорӣ кунанд.[32] Маълум аст, ки ин кор махсуси Ҳамза набуд, балки маросиме аст, ки барои ҳамаи шаҳидон бояд анҷом шавад ва хотираи онҳоро барои наслҳои имрўзу фардо зинда нигаҳ дорем ва аз ин роҳ ҳамеша хуни тозае дар рагҳои мусалмонон ҷорӣ намоем. Тасодуфан ҳоло ки ин сатрҳоро менависам рўзи Ошуро (даҳуми муҳаррами соли 1417 ҳиҷрии қамарӣ (1996) аст; ба ростӣ шўри азиме саросари ҷаҳони ташайюъро фаро гирифтааст. Ҷавонону навҷавонон ва калонсолон ҳама либоси сиёҳ пўшида, бо ҳам дар маросими азодории Имом Ҳусайн (а) ва шаҳидони Карбало иштирок кардаанд. Чунон дигаргуние дар фикру ҷони ҳама намоён аст, ки агар аз онҳо барои мубориза бо душманони Ислом даъват шавад, ҳама аслиҳа ба даст гирифта вориди майдон ҷанг алайҳи истеъморгар мешаванд, аз ҳар гуна исору фидокорӣ ва аз худ гузаштан ибое надоранд, гўё хуни шаҳодат дар рагҳои ҳама ҷорӣ шуда ва дар ҳамин лаҳза ва ҳамин соат Ҳусайну ёронашро дар Карбало дар майдони ҷонбозӣ дар роҳи Ислом мебинанд.
Ашъори пурҳамосае, ки дар ин маросимҳо хонда мешавад пур аст аз шеърҳои кўбанда бар зидди истеъмору истикбор ва таслими зулму ситам нашудан ва марги ифтихоромезро аз зиндагии зиллатбор беҳтар донистан.
Мо эътиқод дорем: Ин як сармояи азими маънавӣ аст, ки бояд онро ҳифз кард ва аз он барои зинда нигаҳ доштани Ислом ва имону тақво баҳра гирифт.
* * *
Мо эътиқод дорем: Издивоҷи муваққат масъалаи машрўе (ҷоиз) аст, ки дар фиқҳи исломӣ ба унвони мутъа маъруф аст. Ба ин тартиб издивоҷ ду навъ аст, издивоҷи доим, ки вақту замони он номаҳдуд аст ва издивоҷи муваққат, ки муддати он бо маслиҳати ду тараф (зану мард) таъйин мегардад.
Ин издивоҷ бо издивоҷи доим дар бисёре аз масоил монанди ҳам аст аз ҷумла масоили маҳрия, холӣ будани зан аз ҳар гуна монеъ ва аҳкоми марбут ба фарзандоне, ки аз ин издивоҷ мутаваллид мешаванд, бо фарзандони издивоҷи доим ҳеҷ тафовуте надорад, нигаҳ доштани идда баъд аз ҷудоӣ. Инҳо ҳама назди мо ҷузъи мусалламот аст, ба таъбири дигар ақди муваққат (мутъа) як навъи издивоҷ аст бо тамоми хусусиятҳояш.
Албатта баъзе фарқҳое дар байни ақди муваққат ва доим вуҷуд дорад аз ҷумла ин ки дар ақди муваққат нафақаи зан бар шавҳар фарз намебошад ва ҳамсарон аз ҳамдигар ирс намебаранд, вале фарзандони онҳо аз падару модар ва якдигар ирс мебаранд.
Ба ҳар ҳол мо ин ҳукмро аз Қуръони Маҷид гирифтаем, ки мефармояд:
"فَمَا اسْتَمْتَعْتُم بِهِ مِنْهُنَّ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ فَرِيضَةً"
“Занонеро, ки мутъа мекунед, маҳри онҳоро бояд бидиҳед”.[33]
Бисёре аз муҳаддисони[34] маъруф ва муфассирони бузурги Қуръон, ба равшанӣ баён кардаанд, ки ин оят дар бораи ақди муваққат аст.
Дар Тафсири Табарӣ ривоятҳои зиёде дар зайли ин оят нақл шудааст, ки нишон медиҳад ояти мазкур дар бораи издивоҷи муваққат аст ва гурўҳи бисёре аз саҳобаи Паёмбар(с) ба он шаҳодат додаанд.[35]
Дар тафсири Ад-дурр-ул-мансур ва Сунани Байҳақӣ ва китобҳои дигар низ ривоятҳое, ки далел бар вуҷуди ақди муваққат дар замони Паёмбар(с) аст, дида мешавад, ҳарчанд ривоёти мухолифи он низ вуҷуд дорад.[36]
Ҷамъе аз фақеҳони аҳли суннат эътиқод доранд, ки никоҳи мутъа дар замони Паёмбар(с) буд ва сипас ин ҳукм насх шудааст, дар ҳоле ки ҷамъе мегўянд ин ҳукм то охири умри Паёмбар(с) буд ва халифа Умар онро насх кардааст, ин ҳадис аз халифа Умар, гувоҳ бар он аст:
"مُتْعَتانِ كانَتا عَلى عَهْدِ رَسُولِ اللهِ وَأنا مُحَرِّمُهُما وَمُعاقِبٌ عَلَيْهِما: مُتْعَةُ النِّساءِ وَ مُتْعَةُ الْحَجِّ"
“Ду мутъа дар замони Паёмбар(с) вуҷуд дошт ва ман онҳоро ҳаром кардам ва ҳар кас онро анҷом диҳад ҷазо медиҳам! Мутъаи занон ва мутъаи ҳаҷ, (ки навъи хоссе аз ҳаҷ аст)”.[37]
Шакке нест, ки дар ин ҳукми исломӣ дар байни ривоятҳои аҳли суннат монанди бисёре аз аҳкоми дигар ихтилофи назар аст, баъзе мўътақиданд ба насхи он дар замони Пайғамбар (с) ва баъзеҳо дар замони халифаи дуввум ва гурўҳи дигаре ба куллӣ онро инкор мекунанд. Ин гуна ихтилофот дар масъалаҳои фиқҳӣ вуҷуд дорад, вале фақеҳони шиа дар машруияти[38] он иттифоқи назар доранд ва мегўянд дар замони Паёмбар(с) насх нашудааст ва баъд аз реҳлати Паёмбар(с) насхи он ғайри мумкин аст.
Ба ҳар ҳол мо эътиқод дорем, ки издивоҷи муваққат агар мавриди сўистифода воқеъ нашавад, посухгўи қисмате аз заруратҳои иҷтимоӣ дар мавриди ҷавононе аст, ки ба издивоҷи доим қодир нестанд, ё мусофироне, ки ба хотири корҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ё таҳсилӣ ё ба сабабҳои дигар муддате аз хонаводаи худ дур мемонанд ва мавридҳои дигар аз ин қабил. Мубориза бо издивоҷи муваққат роҳро барои вусъати фаҳшо дар байни ин гурўҳҳо боз мекунад, махсусан дар асру замони мо, ки синни издивоҷи доимӣ ба иллатҳои гуногун боло рафтааст ва аз сўи дигар омилҳои тиҳриккунандаи шаҳват, бисёр фаровон аст. Агар ин роҳ баста шавад, роҳ барои фаҳшо ҳатман кушода мешавад.
Бори дигар такрор мекунем, ки мо бо ҳар гуна сўистифода аз ин ҳукми исломӣ ва онро бозичаи дасти ҳавасбозон қарор додан ва занонро ба олудагӣ кашондан, шадидан мухолифем, вале сўистифодаи баъзе ҳавасбозон аз қонун набояд боиси пешгирӣ аз худи он қонун шавад, балки бояд аз сўистифода пешгирӣ гардад.
* * *
Мо эътиқод дорем: Ибтидои пайдоиши ташайюъ, асри Пайғамбар (с) ва аз суханони он ҳазрат буд ва санадҳои равшане барои ин матлаб дар даст дорем:
Аз ҷумла бисёре аз муфассирон дар тафсири ояти шарифаи "إنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصّالِحاتِ اُولئِكَ هُم خَيْرُ الْبَرِيَّةِ" “Касоне, ки имон оварданд ва амали солеҳ анҷом доданд беҳтарин махлуқоти Худо ҳастанд”[39] ин ҳадисро аз Пайғамбари Акрам (с) нақл кардаанд, ки фармуд:
“Манзур аз ин оят, Алӣ ва шиаёни ўст”.[40]
Аз ҷумлаи муфассирони маъруф – Суютӣ дар китоби “Ал-дур-ул-мансур” аз Ибни Асокир аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ нақл мекунад, ки мо хидмати Паёмбар(с) будем, ки Алӣ (а) ба сўи мо омад. Ҳангоме ки чашми Паёмбар(с) ба ў афтод, фармуд:
"وَ الَّذي نَفْسي بِيَدِهِ إنَّ هذا وَشِيعَتَهُ لَهُمُ الْفائِزُونَ يَوْمَ الْقِيامَةِ"
“Савганд ба касе, ки ҷонам дар дасти ўст, ў (Алӣ) ва шиаёнаш растагорон дар рўзи қиёматанд”.
Сипас ин оят нозил шуд:
"إنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصّالِحاتِ اُولئِكَ هُم خَيْرُ الْبَرِيَّةِ"
“Касоне, ки имон овардаанд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, беҳтарин махлуқоти Худованданд”[41] ва баъд аз он, ҳар гоҳ, ки Алӣ ба маҷлиси асҳоби Паёмбар(с) меомад, мегуфтанд: Беҳтарини махлуқоти Худо омад.[42]
Ҳамин маъноро Ибни Аббос ва Ибни Мардуяҳ ва Атияи Авфӣ, бо каме тафовут, нақл кардаанд.
Ба ин тартиб мебинем, ки интихоби номи шиа барои касоне, ки бо Алӣ робита доштанд, дар ҳамон асри Паёмбар(с) сурат гирифтааст ва ин номро Паёмбар (с) ба онҳо додааст на ин ки дар асри хулафо ва ё дар замони Сафавия ё ғайри он пайдо шуда бошад.
Мо дар айни ин ки ба дигар фирқаҳои Ислом эҳтиром мегузорем ва бо онҳо дар як сафи намози ҷамоат намоз мехонем ва бо онҳо дар як макон ва дар як замон ҳаҷ баҷо меорем ва дар ҳадафҳои муштараки Ислом ҳамкорӣ мекунем, эътиқод дорем, ки пайравони мактаби Алӣ (а) дорои хусусиятҳое ҳастанд ва мавриди таваҷҷўҳ ва инояти хосси Пайғабар (с) буданд, ба ҳамин далел мо пайравӣ аз ин мактабро интихоб кардаем.
Гурўҳе аз мухолифони шиа исрор доранд, ки робитае миёни ин мазҳаб ва Абдуллоҳ ибни Сабо барқарор намоянд ва ҳамеша ин суханро такрор мекунанд, ки шиаён, пайрави Абдуллоҳ ибни Сабо ҳастанд, ки дар асл яҳудӣ буд ва сипас Исломро қабул кардааст. Ин сухан бисёр аҷоиб аст, зеро баррасии тамоми китобҳои шиа нишон медиҳад, ки пайравони ин мактаб ҳеҷ алоқае нисбат ба ин мард надоранд, балки дар тамоми китобҳои риҷолии шиа Абдуллоҳ ибни Сабо ба унвони марди гумроҳ ва мунҳарифе шиносонида шудааст ва мувофиқи баъзе аз ривоятҳои мо, Алӣ (а) фармони қатли ўро, ба сабаби муртад шуданаш, дода буданд.[43]
Аз ин гузашта асли вуҷуди таърихии Абдуллоҳ ибни Сабо мавриди савол аст ва баъзе аз муҳаққиқон эътиқод доранд, ў як инсони афсонаӣ аст ва дар ҳақиқат вуҷуд надошт, то чӣ расад ба ин ки бунёнгузори мазҳаби шиа бошад[44] ва ба фарзи ин ки ўро як марди афсонаӣ надонем аз назари мо инсони гумроҳ ва мунҳарифе аст.
* * *
Ин нукта дорои аҳамият аст, ки маркази шиаён ҳамеша кишвари Эрон набуд, балки дар ҳамон асрҳои нахустини Ислом марказҳои зиёде доштанд, аз ҷумла Кўфа, Яман ва ҳатто худи Мадина ва дар Шом (Сурия) бо вуҷуди таблиғоти зидди шиаи Банӣ Умайя низ марказҳои зиёде барои шиаён вуҷуд дошт, ҳарчанд ба вусъати марказҳои шиа дар Ироқ намерасид.
Дар сарзамини паҳновари Миср низ ҳамеша гурўҳҳое аз шиа мезистанд ҳатто дар асри Хулафои Фотимӣ ҳукумати Миср ба дасти шиаён буд.[45]
Ҳоло дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон гурўҳҳое аз мусалмонони шиа вуҷуд доранд, аз ҷумла дар кишвари Арабистон, ҷамъияти зиёде дар минтақаи Шарқийя зиндагӣ мекунанд ва робитаи хубе бо дигар мазҳабҳои исломӣ доранд, ҳарчанд душманони Ислом ҳамеша саъй доранд, ки байни мусалмонони шиа ва ғайри шиа душманӣ ва бадгумонӣ ва бадбинӣ андозанд ва оташи низоъ ва ихтилофу ҷангро дар байни онҳо равшан кунанд ва ҳар ду гурўҳро заиф намоянд.
Махсусан имрўз, ки Ислом ба унвони як қудрати азими ҷаҳонӣ дар муқобили шарқу ғарби моддӣ қад бардошта ва мардуми ҷаҳонро, ки аз тамаддунҳои моддӣ сархўрда ва ноумед гаштаанд ба сўи худ мехонад, яке аз муҳимтарин умеди душманони Ислом барои дарҳам шикастани қудрати мусалмонон ва суст кардани пешрафти Ислом дар ҷаҳон ин аст, ки оташи ихтилофи мазҳабиро дар байни мусалмонон равшан кунанд ва мусалмононро ба ҳамдигар машғул намоянд, бешак агар пайравони тамоми мазҳабҳои исломӣ бедору ҳушёр бошанд, метавонанд ин фитнаи хатарнокро аз байн баранд.
Бояд гуфт, ки Шиа монанди аҳли суннат фирқаҳои зиёде дорад, вале машҳуртар ва маъруфтар аз ҳама, Шиаи исноашарӣ (дувоздаҳ имомӣ) аст, ки бештари шиаёни ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Гарчӣ теъдоди дақиқи шиаён ва нисбати онҳо ба кулли мусалмонони ҷаҳон равшан нест, вале мувофиқи баъзе аз оморҳо, адади онҳо ҳудуди дусад то сесад миллион нафар аст, ки тахминан чаҳоряки мусалмонони ҷаҳонро ташкил медиҳад.
* * *
Пайравони ин мазҳаб ривоятҳои зиёдеро аз Расули Худо(с) аз тариқи имомони Аҳли Байт(а) нақл кардаанд ва ривоятҳои зиёдеро низ аз Алӣ (а) ва дигар имомон доранд, ки имрўз аз манбаъҳои аслии маориф ва фиқҳи шиа ҳисоб мешавад. Аз ҷумла китобҳои чаҳоргонаи зер, ки ба кутуби арбаа маъруф шудааст: “Кофӣ”, “Ман ло яҳзуруҳул-фақеҳ”, “Таҳзиб” ва “Истибсор”. Вале такрори ин мавзўъро зарурӣ медонем, ки ҳар ҳадис дар яке аз ин манобеи маъруф ё дигар манобеи мўътабар вуҷуд дошта бошад, ба ин маъно нест, ки он ҳадис мўътабар бошад, балки ҳар ҳадисе силсиласанаде дорад, ки бояд ҳар як аз риҷоли санади он ҷудогона дар китобҳои риҷол мавриди баррасӣ қарор гирад, ҳар гоҳ тамоми риҷоли санад мавриди эътимод буданд, он ҳадис ба унвони як ҳадиси саҳеҳ пазируфта мешавад, дар ғайри ин сурат, машкук ё заиф аст ва ин кор танҳо барои олимони илми ҳадис ва риҷол мумкин аст.
Аз ин ҷо ба хубӣ равшан мешавад, ки вазъи ҷамъоварии ҳадисҳо дар китобҳои маъруфи сиҳоҳ махсусан Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим, мабнои нависандагон ин буд, ки ҳадисҳоеро ҷамъоварӣ кунанд, ки назди онҳо саҳеҳ бошад ва ба ҳамин далел ҳар як аз он аҳодис метавонад барои дастёбӣ ба ақоиди аҳли суннат ба унвони далел қарор гирад,[46] дар ҳоле, ки мабнои муҳаддисони шиа ин буд, ки ҳамаи ҳадисҳои мансуб ба имомонро ҷамъоварӣ кунанд ва шинохти саҳеҳ ва ғайри саҳеҳро ба илми риҷол вогузор кардаанд. – Диққат кунед.
* * *
Аз манобеи муҳимме, ки ҷузъи мероси муҳимми шиа маҳсуб мешавад, Наҳҷ-ул-балоға аст, ки марҳуми Шарифи Разӣ ҳудуди як ҳазор сол қабл, аз калимоти Алӣ (а) дар се бахш, хутбаҳо, номаҳо ва калимоти қисор танзим карда аст ва ба қадре мўҳтавои он ғанӣ ва алфози он зебо аст, ки ҳар касе пайрави ҳар мактаб ва оине бошад ин китобро мутолиа кунад, таҳти таъсири мўҳтавои олии он қарор мегирад ва эй кош на танҳо мусалмонон, ки ғайри мусалмонон низ бо он ошно мешуданд, то ба маорифи баланди Ислом дар тавҳид ва мабдаъ ва маод ва масоили сиёсӣ ва ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ошно шаванд.
Яке дигар аз ин меросҳои бузург, китоби Саҳифаи Саҷҷодия аст, ки маҷмўае аз беҳтарин ва фасеҳтарин ва зеботарин дуоҳо аст, бо мўҳтавои бисёр ғанӣ ва амиқ, ки дар воқеъ кори ҳамон хутбаҳои Наҳҷ-ул-балоғаро аз тариқи дигаре мекунад ва ҷумла-ҷумлаи он дарси тозае ба инсон меоварад ва ба ростӣ тарзи ниёиш ва муноҷот бо Худовандро ба ҳар инсоне меомўзад ва руҳу ҷони одамиро нуру сафо мебахшад.
Ин маҷмўа чунон ки аз номаш маълум аст аз дуоҳои чаҳорумин пешвои мактаби шиа, Имом Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб, машҳур ба Саҷҷод (а) аст. Мо ҳар вақт бихоҳем руҳи дуо ва ниёиш ва таваҷҷўҳи бештаре ба даргоҳи Худованд ва ишқ ба зоти покаш дар мо пайдо шавад, ба суроғи ин дуоҳо меравем ва ҳамчун гиёҳони наврас, ки аз абри пурбаракати баҳорӣ сероб мешаванд, аз он сероб мегардем.
Бештарин ҳадисҳои шиа, ки зиёда аз даҳҳо ҳазор ҳадис мешавад аз панҷумин ва шашумин имом, яъне аз Имом Боқир ва Имом Содиқ (а) нақл шудааст ва қисмати муҳимме низ аз Имом Ризо (а) – ҳаштумин имом – аст. Ин ба хотири он аст, ки ин се бузургвор дар шароите аз замон ва макон зиндагӣ мекарданд, ки фишори душманон ва ҳокимони Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос бар онҳо камтар буд, ба ҳамин далел тавонистанд ҳадисҳои зиёде, ки аз Расули Худо (с) ба василаи падарон ва аҷдодашон ба онҳо расида буд, дар тамоми бобҳои маориф ва аҳкоми фиқҳи Ислом аз худ ба ёдгор гузоранд. Ин ки мазҳаби шиаро мазҳаби Ҷаъфарӣ мегўянд ба хотири ин аст, ки зиёдтарин ривоёти онҳо аз имоми шашум Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ (а) нақл шудааст. Ў дар давроне мезист, ки Банӣ Умайя рў ба заъф мерафтанд ва Банӣ Аббос низ қудрати кофӣ барои фишор бар мардум пайдо накарда буданд ва дар китобҳои мо маъруф аст, ки он ҳазрат чаҳор ҳазор шогирд дар ҳадис ва фиқҳу маориф тарбият намуд.
Абуҳанифа имом ва пешвои маъруфи мазҳаби Ҳанафия ва шогирди Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар сухани кўтоҳе дар тавсифи ин устодаш мегўяд:
"ما رَأَيْتُ أَفْقَهَ مِنْ جَعْفَرِ بْنِ مُحَمَّد" Ман фақеҳтар аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а) надидам.[47]
Молик ибни Анас пешвои дигари фиқҳи аҳли суннат дар яке аз суханони худ чунин мегўяд:
Ман муддате назди Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а) рафту омад доштам, ўро ҳамеша дар яке аз се ҳолат дидам, ё намоз мехонд, ё рўза мегирифт, ё машғули тиловати Қуръон буд. Ба эътиқоди ман марде бо фазилаттар аз Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ аз назари илму ибодат касе надида ва нашунидааст.[48]
Барои ин ки дар ин китоб талоши мо ба мухтасар навиштан аст, аз суханони дигар бузургон ва уламои Ислом дар бораи имомони Аҳли Байт (а) чашмпўшӣ мекунем.
* * *
Мо мўътақидем: Шиа, дар пайдоиши улуми исломӣ нақши муассире доштааст, баъзеҳо мўътақиданд, ки улуми исломӣ аз онҳо сарчашма гирифтааст, ҳатто китоб ё китобҳое дар ин замина навишта шуда ва асноду мадорике ироа додаанд, вале мо мегўем ҳадди ақал, онҳо дар падид овардани ин улум саҳми басазое доштаанд ва беҳтарин шоҳид ва гувоҳи ин масъала китобҳое аст, ки аз уламои шиа дар фанҳои Ислом дида мешавад. Ҳазорон китоб дар фиқҳу усул, ки баъзеашон бисёр густарда ва дар навъи худ беназир аст, ҳазорон китоб дар тафсир ва улуми Қуръонӣ ва ҳазорон китоб дар ақоид ва илми калом ва ҳазорон китоб дар улуми дигар, бисёре аз ин китобҳо акнун дар китобхонаҳои мо ва китобхонаҳои маъруфи дунё мавҷуд аст ва дар маърази диди ҳамагон қарор дорад ва ҳар кас метавонад сидқи ин иддаоро бо муроҷиат ба ин китобхонаҳо бидонад.
Яке аз донишмандони маъруфи шиа ин китобҳоро феҳраст карда ва дар 26 ҷилд феҳрасти онҳоро гирдоварӣ кардааст.[49]
Ин феҳраст даҳҳо сол пеш навишта шудааст ва дар ин чанд даҳаи охир аз як тараф талошҳои зиёде барои эҳёи осори уламои гузаштаи шиа ва кашфи китобҳои хаттӣ ва чопи онҳо анҷом ёфтааст ва аз тарафи дигар барои таълифи китобҳои нав, ки ҳанўз дақиқан шумори онҳоро дар даст надорем, вале ба яқин дар ҳар ришта аз улуми исломӣ садҳо ё ҳазорҳо китобҳои нав ба риштаи таҳрир даромадааст.
* * *
Мо эътиқод дорем: Сидқу ростӣ ва амонат аз аркони муҳим ва асосии Ислом аст. Қуръони Маҷид мефармояд:
"قَالَ اللّهُ هَذَا يَوْمُ يَنفَعُ الصَّادِقِينَ صِدْقُهُمْ"
“Худованд мефармояд, имрўз рўзе аст, ки сидқи ростгўён ба онҳо нафъ мебахшад”.[50]
Балки аз баъзе оёти Қуръон маълум мешавад подоши аслии рўзи қиёмат подоше
аст, ки барои сидқу ростӣ ба инсон дода мешавад (сидқу ростӣ дар имон, дар
амал ба паймонҳои илоҳӣ дар тамоми корҳои зиндагӣ)
"لِيَجْزِيَ
اللَّهُ الصَّادِقِينَ بِصِدْقِهِمْ".[51]
Ва ҳамон гуна, ки дар гузашта низ ишора шуд тибқи дастури Қуръон мо
мусалмонон вазифа дорем, ки дар тамоми даврони зиндагӣ ҳамқадам ва ҳамнишини
маъсумон ва ростгўён бошем,
"َيا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اتَّقُواْ اللّهَ
وَكُونُواْ مَعَ الصَّادِقِينَ".[52]
Аҳамияти ин мавзўъ то он ҷое аст, ки Худованд ба Паёмбараш дастур медиҳад, ки аз Худо бихоҳад дар ҳар коре содиқона ворид шавад ва содиқона берун шавад:
"وَقُل رَّبِّ أَدْخِلْنِي مُدْخَلَ صِدْقٍ وَأَخْرِجْنِي مُخْرَجَ صِدْقٍ"
“Ва бигў: Парвардигоро, маро (дар ҳар коре) бо садоқат ворид кун ва бо садоқат хориҷ кун...”[53]
Ба ҳамин далел дар ривоёти исломӣ мехонем, ки ҳеҷ паёмбаре аз сўи Худо мабъус нашуд, магар ин ки сидқу ростӣ ва амонат дар барномаҳои аслии ў буд.[54]
Мо низ бо илҳом гирифтан аз ин оёт ва ривоятҳо ниҳояти саъю кўшиши худро ба кор гирифтем, ки дар баҳсҳои ин китоб ҷуз роҳи сидқу ростӣ наравем ва каломе бар хилофи ҳақ ва амонат нагўем. Умедворем, ки ба лутфи Парвардигор дар адои ин рисолат тавфиқ ёфта бошем.
* * *
Ончӣ дар ин китоб омадааст, мухтасаре аз ақоиди пайравони мазҳаби Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ва шиаён аст. Дар усул ва фурўи Ислом, ки бидуни ҳеҷ гуна тағйир ва таҳриф барои мусалмонон баён шудааст ва ба мадраки он аз оятҳои Қуръон ва ривоятҳои исломӣ ва китобҳои мухталифи донишмандони Ислом иҷмолан ишора шудааст. Ҳарчанд зикри ҳамаи мадракҳо ба сабаби мухтасар будани баҳсҳо мумкин набуд ва мо ғайр аз баёни иҷмолӣ дар ин китоб ҳадафи дигаре надоштем.
Мо эътиқод дорем: ин баҳс натиҷаи зерро дарбар мегирад:
1 – Манбаи хубе аст, дар айни мухтасар будан, ақоиди шиаро ба равшанӣ баён мекунад ва ҳамаи фирқаҳои исломӣ ва ҳатто ғайри мусалмонон метавонанд бо мутолиаи ин китобчаи кўчак, ақидаи пайравони ин мазҳабро ба таври мухтасар ва аз манбаи аслӣ дар ихтиёр гиранд ва барои гирдоварии он заҳмати зиёде кашида шудааст.
2 – Ин китоб метавонад расонандаи ҳуҷҷати илоҳӣ бошад, барои касоне, ки гоҳе ноогоҳона дар бораи ақоиди мо, доварӣ мекунанд ё онро аз афроди машкук ва ғараздор ё китобҳои беэътибор мегиранд.
3 – Бо мулоҳиза кардани ақоид, равшан мешавад, ки фарқ байни пайравони ин мазҳаб ва дигар мазҳабҳои исломӣ чунон нест, ки монеъ аз ҳамкории якҷоя дар байни пайравони ин мазҳаб ва пайравони мазҳабҳои дигар гардад, зеро ки нуқтаи муштарак дар байни ҳамаи мазҳабҳои исломӣ бисёр фаровон аст ва душманони муштараке низ ҳамаи моро таҳдид мекунад.
4 – Афроде ҳастанд, ки бо калон кардани ихтилофҳо дар байни мазҳабҳои исломӣ, оташи низоъ ва ҷангро дар миёни онҳо равшан мекунанд ва Исломро заиф менамоянд, ё пешравии Исломро дар ҷаҳон пешгирӣ кунанд, Исломеро, ки дар асру замони мо минтақаҳои азиме аз ҷаҳонро зери сояи пурбаракати худ гирифта истодааст ва камбуди ношӣ аз фурў рехтани коммунизм ва мушкилоти рўзафзун ва ҳалношудании ҷаҳони моддии сармоядориро пур мекунад.
Мусалмонон набояд ба мухолифон имкон диҳанд, ки дар ин кори худ пирўз гарданд ва фурсатҳои бисёр пурарзише, ки барои шинохти Ислом дар ҷаҳон ҳосил шудааст аз даст биравад.
5 – Агар олимони мазҳабҳои исломӣ, даври ҳам нишинанд ва дар муҳити босафо ва самимият ва дур аз таассуб, ба баҳсу баррасии масъалаҳои ихтилофӣ машғул шаванд, имкони кам шудани ихтилоф мавҷуд аст. Намегўем ҳамаи ихтилофҳо аз байн меравад, балки мегўем аз доманаи он коста мешавад, ҳамон гуна ки дар ин охирҳо дар кишвари Эрон гурўҳе аз олимони шиа ва аҳли суннат дар шаҳри Зоҳидон дар маҷлисҳои зиёде бо ҳам нишастанд ва ба қисмате аз ихтилофҳо поён доданд, ки шарҳи он дар ин мухтасар намеғунҷад.
Дар поён дасти дуо ба даргоҳи Қодири Мутаол бардошта арз мекунем:
"رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِّلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَّحِيمٌ"
“Паравардигоро, мо ва бародаронамонро, ки дар имон аз мо бар мо пешӣ гирифтаанд, биёмурз ва дар дилҳоямон ҳасад ва кинае нисбат ба мўъминон қарор мадеҳ. Парвардигоро, ту меҳрубону раҳимӣ”.[55]
[1] Сураи Оли Имрон 190.
[2] Сураи Анъом 65.
[3] Сураи Анъом 50.
[4] Сураи Анфол 22.
[5] Сураи Каҳф 49.
[6] Сураи Тавба 7.
[7] Сураи Оли Имрон 107.
[8] Мо ло ютоқ – коре, ки инсон аз ўҳдааш намебарояд, (ҳукми ин гуна корҳо аз инсон бардошта шудааст).
[9] Сураи Бақара 286.
[10] Сураи Ҳуд 82.
[11] Сураи Рум 41.
[12] Сураи Раъд 11.
[13] Сураи Нисо 79.
[14] Олами ҳастӣ беҳтарин низоми мумкин аст.
[15] “Биҳор-ул анвор”, ҷ.5.
[16] Аз қоидаҳоли илми усули фиқҳ.
[17] Сураи Моида 3.
[18] Усули кофӣ, ҷ. 2; Биҳор-ул-анвор, ҷ.67.
[19] Ҷомеъ-ул-аҳодис, ҷ.1, ҳадиси 127 (ҳадисҳои дигаре низ дар ҳамон китоб дар ин бора ворид шудааст).
[20] Қиёс ва истеҳсон – аз қоидаҳои илми Усули фиқҳ аст.
[21] Дар байни фиръавниёни бутпараст марди боимоне буд, ки ба Худои ягона имон дошт ва имони худро пинҳон мекард, зеро барои ҷонаш хатар дошт.
[22] Сураи Мўъмин 28.
[23] Сураи Оли Имрон 28.
[24] Васоил, ҷилди 11, ҳадиси 6. Дар баъзе аз аҳодис ба таъбири дигар: Тақия сипари илоҳӣ дар замин аст, - омадааст.
[25] Ин ҳадис дар китобҳои уламои бузурги аҳли суннат мисли Табарӣ, Замахшарӣ, Фахри Розӣ, Қуртубӣ, ҳар кадом дар китобҳои тафсири худ дар зайли ояти 106 сураи Наҳл овардаанд.
[26] Хумс – додани панҷяки даромади солона ба Сайидон, - фарзандоне аз насли Паёмбар(с).
[27] Сунани Тирмизӣ, ҷилди 1.
[28] Барои огоҳӣ дар ин замина ба китоби ал-Ғадир ҷилди 5 муроҷиат кунед.
[29] Ин ривоятро дар Саҳеҳи Муслим ва китоби Абудовуд ва Насоӣ ва Аҳмад ва Тирмизӣ ва Сунани Байҳақӣ метавон мутолиа кард.
[30] Ҳадиси “Ҳасан ва Ҳусайн ду сарвари ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд” дар Саҳеҳи Имом Тирмизӣ, Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ, дар Мустадрак-ул-саҳеҳайн, Ҳилят-ул-авлиё, Таърихи Бағдод, Китоби ал-Исобаи Ибни Ҳаҷар, Канз-ул-уммол ва Захоир ва дар бисёре аз китобҳои дигар нақл шудааст.
[31] Абумуслими Хуросонӣ, ки решаи ҳукумати Банӣ Умайяро қатъ кард, барои ҷалби отифаи тўдаҳои мусалмонон аз шиори Арризо лиоли Муҳаммад кўмак мегирифт. – Комили Ибни Асир, ҷилди 5.
[32] “Комил” – и Ибни Асир.
[33] Сураи Нисо 24.
[34] Муҳаддис - уламои илми ҳидис.
[35] Тафсири Табарӣ ҷилди 5.
[36] Муснади Аҳмад, ҷилди 4; Саҳеҳи Бухорӣ, ҷилди 7; Саҳеҳи Муслим, ҷилди 2 таҳти унвони “Боби никоҳи мутъа” омадааст.
[37] Ин ҳадис бо ҳамин иборат ё иборатҳои мисли он ва бо ҳамин маъно дар Сунани Байҳақӣ, ҷилди 7 ва китобҳои дигар омадааст. Нависандаи Ал – Ғадир, 25 ҳадис аз китобҳои сиҳоҳ ва муснадҳо нақл мекунад, ки Мутъа дар шариати Ислом, ҳалол ва дар асри Паёмбар(с) ва халифаи аввал ва миқдоре аз замони халифаи дуввум расм буд, сипас ў дар охири умраш аз он наҳй кард. (Ал-Ғадир, ҷилди 3).
[38] Машруият – шаръан ҷоиз будан.
[39] Сураи Баййина 7.
[40] Калимаи шиа дар луғат ба маънои пайрав аст ва бинобар ин шиаёни Алӣ, яъне пайравони ҳазрати Алӣ (а) мебошанд.
[41] Сураи Баййина 7.
[42] Ал-дурр-ул-мансур, ҷилди 6.
[43] Китоби “Танқеҳ-ул-мақол фи илмир-риҷол” дар боби Абдуллоҳ ибни Сабо ва дигар китобҳои машҳур ва маъруфи риҷолии шиа.
[44] Китоби “Абдуллоҳ ибни Сабо”, навиштаи Аллома Аскарӣ.
[45] Ҳангоме ки шиаёни Шом дар замони Банӣ Умайя дучори фишорҳои ҳавлнок шуданд ва дар замони Аббосиён низ осуда набуданд, то онҷо ки бисёре аз онҳо дар зиндонҳои Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос ҷон супориданд, гурўҳе роҳи машриқро пеш гирифтанд ва ҷамъе роҳи мағрибро. Аз ҷумла Идрис ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ба тарафи Миср рафт, сипас аз онҷо ба Марокаш азимат намуд ва ба кўмаки шиаёни Марокаш, ҳукумате ба номи Идрисиён ташкил дод, ки аз охирҳои асри дуюм то охири асри чаҳоруми ҳиҷрӣ давом дошт ва давлати дигари шиаёнро дар Миср ташкид дод. Инҳо, ки худро аз фарзандони Имом Ҳусайн(а) ва аз фарзандони Фотима(а) духтари Паёмбар(с) медонистанд ва бо омодагии мардуми Миср барои ташкили як ҳукумати шиа даст ба ин кор заданд ва аз асри чаҳоруми ҳиҷрӣ расман ин ҳукумат ташкил шуд ва шаҳри Қоҳираро онҳо бино карданд, Хулафои Фотимӣ маҷмўан чаҳордаҳ нафар буданд, ки даҳ тан аз онҳо маркази ҳукуматашон Миср буд. Онҳо ҳудуди се аср дар Миср ва дигар нуқоти Африқо ҳукумат доштанд ва масҷиди ҷомеи Ал-Азҳар ва донишгоҳи Ал-Азҳар низ ба василаи онҳо сохта шуд ва номи фотимиён аз номи Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) гирифта шудааст (Доиратулмаорифи Деҳхудо, Доиратулмаорифи Фариди Ваҷдӣ ва Алмунҷид фил-аълом, калимаи фатим ва заҳара).
[46] Ба муқаддимаи Саҳеҳи Муслим ва Фатҳ-ул-борӣ фи шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ, муроҷиат кунед.
[47] “Тазкират-ул-ҳуффоз” –и Заҳабӣ, ҷилди 1.
[48] “Таҳзиб-ут-таҳзиб”, ҷилди 2.
[49] Номи ин китоб “Аз-зариату ило тасонифиш-шиа” навиштаи муфассир ва муҳаддиси маъруф, Шайх Оқобузурги Теҳронӣ аст. Адади китобҳое, ки бо ному нишон ва зикри номи муаллифашон, дар ин феҳрасти бузург омадааст, зиёда аз 62 ҳазор ҷилд китоб мебошад, ин китоб муддате пеш чоп шудааст.
[50] Сураи Моида 119.
[51] Сураи Аҳзоб 24.
[52] Сураи Тавба 119.
[53] Сураи Исро 80.
[54] Маънои ҳадиси Имом Содиқ (а).
[55] Сураи Ҳашр 10.