الصفحة الماضیة

Бахши  чаҳорўм: Қиёмат ва зиндагии пас аз марг

next

 

34 – Маод, маънои зиндагӣ

Мо эътиқод дорем: Ҳамаи инсонҳо дар як рўзи муайяне баъд аз марг зинда мешаванд ва ба ҳисоби аъмоли онҳо расидагӣ хоҳад шуд, некон ва солеҳон дар биҳишти ҷовидон ҷой мегиранд ва бадону гунаҳкорон ба дўзах фиристода мешаванд.

"أللّهُ لا إله إلاّ هُوَ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إلى يَوْمِ الْقِيمَةِ لا رَيْبَ فِيهِ"

“Маъбуде ҷуз Худои якка ва ягона нест, ба яқин ҳамаи шуморо дар рўзи растохез, ки шакке дар он нест гирдоварӣ мекунанд”.[1]

"فَأمّا مَنْ طَغى¯وَ آثَرَ الْحَيوةَ الدُّنْيا¯فَانَّ الْجَحِيمَ هِيَ الْمأوي¯وَ أمّا مَنْ خافَ مَقامَ رَبِّهِ وَ نَهَى النَّفْسَ عَنِ الْهَوى¯فاِنَّ الْجَنَّةَ هِيَ الْمَأوى"

“Аммо  он кас, ки туғён кард ва зиндагии дунёро муқаддам донист, ба яқин дўзах ҷойгоҳи ўст ва он кас, ки аз мақоми (адолати) Парвардигораш битарсад ва нафсро аз ҳавою ҳавас боздорад, ба яқин биҳишт ҷойгоҳи ўст”.[2]

Мо эътиқод дорем: Ин ҷаҳон дарвоқеъ пуле аст, ки инсонҳо бояд аз он бигузаранд ва ба сарои ҷовидон бирасанд ё ба таъбири дигар донишгоҳ, ё бозори тиҷорат ё киштзоре аст барои сарои дигар.

Алӣ (а) дар бораи дунё мегўяд:

"إنَّ الدُّنْيا دارُ صِدقٍ لِمَنْ صَدَقَها…وَدارُ غِنىً لِمَنْ تَزَوَّدَ مِنْها وَدارُ مَوْعِظَةٍ لِمَنِ اتَّعَظَ بِها مَسْجِدُ أَحِبّاءِ الله وَمُصَلّى مَلائِكَةِ الله وَمَهْبِطُ وَحْيِ اللهِ وَمَتْجَرُ أوْلِياءِاللهِ"

“Дунё ҷойгоҳи сидқу ростӣ аст, барои он кас, ки бо садоқат ба он бархўрд кунад ... ва сарои бениёз аст барои он кас, ки аз он тўша гирад ва ҷойгоҳи бедорӣ аст барои он кас, ки аз он панд гирад, масҷиди дўстони Худост ва намозгоҳи фариштагони Парвардигор ва маҳалли нузули ваҳйи илоҳӣ ва тиҷоратхонаи дўстони ҳақ!”[3]

 

* * *

35 -  Далелҳои равшани маод

Мо эътиқод дорем: Далелҳоии маод бисёр равшан аст, зеро ки аввалан, зиндагии ин ҷаҳон нишон медиҳад, ки наметавонад ҳадафи ниҳоии офариниши инсон бошад, ки чанд рўз бояд, дар миёни анбўҳи мушкилот зиндагӣ кунад ва баъд ҳама чиз ба поён расад ва дар олами нестӣ фурў равад:

"أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ"

“Оё гумон кардед шуморо беҳуда офаридаем ва ба сўи мо боз намегардед!”[4]

Ишора ба ин ки агар маод набуд, ҳаёти дунё абас ва беҳуда ба назар мерасид.

Дуввуман, адли илоҳӣ талаб мекунад, ки некўкорон ва бадкорон, ки дар ин ҷаҳон дар як саф қарор мегиранд, аз ҳам ҷудо шаванд ва ҳар кадом ба сазои аъмолашон бирасанд:

"أًمْ حَسِبَ الَّذِينَ اجْتَرَحُوا السَّيِّئَاتِ أن نَّجْعَلَهُمْ كَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَوَاءً مَّحْيَاهُم وَمَمَاتُهُمْ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ"

“Оё онҳое, ки муртакиби гуноҳ шудаанд гумон карданд, ки мо онҳоро ҳамчун касоне қарор медиҳем, ки имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом додаанд, ки ҳаёту маргашон баробар бошад? Чӣ гуна доварии баде мекунанд!”[5]

Сеюм: Раҳмати бепоёни илоҳӣ сабаб мешавад, ки раҳмат ва неъмати ў бо марг аз инсон қатъ нашавад ва такомули афроди тавоно ва шоиста ҳамчунон идома ёбад:

" كَتَبَ عَلَى نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ لاَ رَيْبَ فِيهِ"

“Худо раҳматро бар худ фарз карда ва ҳамаи шуморо дар рўзи растохез, ки шакке дар он нест, ҷамъ хоҳад кард”.[6]

Қуръон ба касоне, ки дар масъалаи маод тардид доранд, мегўяд: Чӣ гуна мумкин аст дар қудрати Худо барои зинда кардани мурдагон шакку тардид кунед дар ҳоле ки хилқати нахустини шумо низ аз ўст, ҳамон касе, ки дар оғоз шуморо аз хок офарид, боз ҳам ба зиндагии дигар бармегардад:

" أَفَعَيِينَا بِالْخَلْقِ الْأَوَّلِ بَلْ هُمْ فِي لَبْسٍ مِّنْ خَلْقٍ جَدِيدٍ"

“Оё мо аз офариниши нахустин оҷиз мондем, (ки қодир бар офариниш дар рўзи растохез набошем), вале онҳо (бо ин далели равшан) боз дар офариниши дубора тардид доранд!”[7]

" وَضَرَبَ لَنَا مَثَلًا وَنَسِيَ خَلْقَهُ قَالَ مَنْ يُحْيِ الْعِظَامَ وَهِيَ رَمِيمٌ¯ قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِي أَنشَأَهَا أَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيم "

“Ў барои мо мисоле зад, вале офариниши худро фаромўш кард ва гуфт чӣ касе ин устухонҳои пўсидаро зинда мекунад?! Бигў ҳамон касе, ки ўро дар оғоз офарид ва ў нисбат ба ҳар хилқате (офариниш) огоҳ аст”.[8]

Илова бар ин магар офариниши инсон нисбат ба офариниши осмонҳо ва замин кори мушкиле аст!

Касе, ки қодир аст ин ҷаҳони паҳноварро бо он ҳама шигифтиҳояш биофаринад, тавоноии зинда кардани мурдагон пас аз маргро ҳам дорад:

" أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّ اللَّهَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضَ وَلَمْ يَعْيَ بِخَلْقِهِنَّ بِقَادِرٍ عَلَى أَنْ يُحْيِيَ الْمَوْتَى بَلَى إِنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ "

“Оё онҳо намедонанд, ки Худованд осмонҳо ва заминҳоро офарид ва аз офариниши онҳо нотавон нашуд, қодир аст мурдагонро зинда кунад? Оре ў бар ҳар чизе тавоност”.[9]

 

* * *

 36 – Маоди ҷисмонӣ[10]

Мо эътиқод дорем: Натанҳо руҳи инсон, балки ҷисм ва руҳ бо ҳам дар он ҷаҳон бозмегардад ва ҳаёти навин аз сар мегирад, чаро ки он чи дар ин ҷо анҷом шудааст бо ҳамин ҷисм ва руҳ буд  ва подошҳо ва кайфарҳо низ бояд насиби ҳарду шавад.

Дар аксари оёти марбут ба маод дар Қуръони Маҷид рўи маоди ҷисмонӣ такя шудааст ва дар баробари тааҷҷуби мухолифон, ки мегуфтаанд: Чӣ гуна ин устухонҳои пўсида ба ҳаёти дубора бармегардад, Қуръон мегўяд:

" قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِي أَنشَأَهَا أَوَّلَ مَرَّةٍ "

“Касе, ки рўзи аввал инсонро аз хок офарид, бар чунин коре қодир аст”.[11]

" أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَنْ لَن نَجْمَعَ عِظَامَهُ¯ بَلَى قَادِرِينَ عَلَى أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُ "

“Оё инсон гумон мекунад, ки устухонҳои (пўсидаи) ўро ҷамъ (ва зинда) нахоҳем кард? Оре мо қодирем, ки (ҳатто хатҳои сари) ангуштони ўро мураттаб кунем (ва ба ҳоли аввал боз гардонем)”.[12]

Ин оёт ва монанди он ҳама аз маоди ҷисмонӣ ҳикоят дорад. Оёте, ки мегўяд: “Шумо аз қабрҳоятон барангехта мешавед” низ ба таври равшан маоди ҷисмониро баён мекунад.[13]

Усулан бештари оёти маод дар Қуръон маоди  руҳонӣ ва ҷисмониро шарҳ медиҳад.

 

* * *

37 – Олами аҷоиби пас аз марг

Мо эътиқод дорем: Он чӣ дар ҷаҳони пас аз марг ва олами қиёмат ва биҳишту дўзах мегузарад, бисёр бартар ва болотар аз он аст, ки мо дар ин  дунёи маҳдуд аз он огоҳ ва бохабар шавем:

"فَلَا تَعْلَمُ نَفْسٌ مَّا أُخْفِيَ لَهُم مِن قُرَّةِ أَعْيُنٍ"

“Ҳеҷ кас намедонад чӣ подошҳое, ки мояи равшании чашмҳост барои онҳо (некўкорон) нуҳуфта шудааст”.[14]

Ва дар ҳадиси маъруфи набавӣ омадааст:

" أنَّ اللهَ يَقُولُ أَعْدَدْتُ لِعِبادِيَ الصّالِحِينَ ما لا عَيْنٌ رَأَتْ وَلا أُذُنٌ سَمِعَتْ وَلا خَطَر عَلى قَلْبِ بَشَرٍ"

“Худованд мегўяд: Ман барои бандагони солеҳам неъматҳое фароҳам кардаам, ки ҳеҷ чашме онҳоро надида ва ҳеҷ гўше нашунида ва ба зеҳни ҳеҷ инсоне ҳам наомадааст”.[15]

Дар воқеъ мо дар ин дунё монанди ҷанинҳое, ки дар муҳити маҳдуди шиками модар қарор дорад мебошем ва агар ҷанин ақлу ҳуш ҳам дошта бошад, ҳақоиқ ва мафоҳимеро, ки дар ҷаҳони берун аз раҳми модар вуҷуд дорад, монанди офтобу моҳи дурахшон, вазиши насим, манзараи гулҳо ва ғурриши мавҷи дарёро ҳаргиз дарк намекунад ва ин ҷаҳон нисбат ба олами қиёмат ҳам, чун ҷаҳони ҷанин аст нисбат ба ин дунё, - диққат кунед.

 

* * *

 38 – Маод ва номаи аъмол

Мо эътиқод дорем, ки дар он рўз номаҳое, ки баёнгари аъмоли мост, ба дасти мо дода мешавад, номаи аъмоли некўкорон ба дасти росташон ва бадкорон ба дасти чапашон дода мешавад. Мўъминони солеҳ аз мушоҳидаи номаи аъмоли худ хушҳолу масрур мешаванд ва бадкорон шадидан нигарону нороҳат мешаванд. Ҳамон гуна ки Қуръони Маҷид мефармояд:

" فَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ فَيَقُولُ هَاؤُمُ اقْرَءُوا كِتَابِيهْ ¯ إِنِّي ظَنَنتُ أَنِّي مُلَاقٍ حِسَابِيهْ ¯ فَهُوَ فِي عِيشَةٍ رَّاضِيَةٍ ¯ …وَ أمّا مَنْ أُوتِيَ كِتابَهُ بِشِمالِهِ فَيَقُولُ يا لَيْتَنِي لَمْ أُوتَ كِتابِيَه "

“Аммо он кас, ки номаи аъмолашро  ба дасти рост додаанд (аз шодӣ) садо мезанад, ки (эй аҳли маҳшар!) номаи аъмоли маро бигиред ва бихонед! Ман яқин доштам, ки ба ҳисоби аъмолам мерасам! Ва ў дар як зиндагии ризоятбахш хоҳад буд, вале касе, ки номаи аъмолашро ба дасти чап додаанд мегўяд: Эй кош номаи аъмоламро ба ман намедоданд!”[16]

Вале дар ин ки номаи аъмол чӣ гуна аст? Ва чӣ гуна навишта мешавад, ки ҳеҷ кас  қодир ба инкори мўҳтавои он нест? Дуруст бар мо равшан намебошад ва чунон, ки қаблан низ ишора шуд, аслан маод ва растохез вижагиҳое дорад, ки дарки ҷузъиёти он барои мардуми дунё мушкил, ё ғайри мумкин аст, вале куллиёт ва асли он маълум ва инкорнопазир аст.

 

* * * 

39 – Шоҳидон ва гувоҳон дар қиёмат

Мо эътиқод дорем, ки дар қиёмат илова бар ин ки Худованд  шоҳид  бар  тамоми аъмоли мост,  гувоҳони дигаре низ ба аъмоли мо гувоҳӣ медиҳанд, дасту пои мо ва ҳатто пўсти тани мо, замине, ки бар он зиндагӣ мекунем ва ғайри инҳо, ҳама шоҳид ва гувоҳи аъмоли мо ҳастанд.

"الْيَوْمَ نَخْتِمُ عَلَى أَفْوَاهِهِمْ وَتُكَلِّمُنَا أَيْدِيهِمْ وَتَشْهَدُ أَرْجُلُهُمْ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ"

“Имрўз (рўзи қиёмат) бар даҳонашон мўҳр мениҳем ва дастҳояшон бо мо сухан мегўяд ва пойҳояшон ба корҳое, ки анҷом медоданд (низ) шаҳодат медиҳанд”.[17]

"وَقَالُوا لِجُلُودِهِمْ لِمَ شَهِدْتُمْ عَلَيْنَا قَالُوا أَنطَقَنَا اللَّهُ الَّذِي أَنطَقَ كُلَّ شَيْءٍ"

“Онҳо ба пўсти тани худ мегўянд, чаро бар зидди мо гувоҳӣ додед? Дар ҷавоб хоҳанд гуфт ҳамон Худое, ки ҳар мавҷудеро ба нутқ даровардааст, моро гўё сохт (ва ин маъмурияти ифшогариро ба мо бахшид).[18]

"يَوْمَئِذٍ تُحَدِّثُ أَخْبَارَهَا¯بِأَنَّ رَبَّكَ أَوْحَى لَهَا"

“Дар он рўз замин хабарҳояшро бозгў мекунад! Чаро ки Парвардигорат ба он ваҳй кардааст, (ки ин маъмуриятро анҷом диҳад)”.[19]

 

* * *

 40 – Сирот ва мизони аъмол

Мо ба сирот ва мизони аъмол дар рўзи қиёмат эътиқод дорем.

Сирот ҳамон пуле аст, ки бар рўи ҷаҳаннам кашида шудааст  ва ҳама бояд аз рўи он гузаранд, оре роҳи биҳишт аз рўи ҷаҳаннам мегузарад!

"وَإِن مِّنكُمْ إِلَّا وَارِدُهَا كَانَ عَلَى رَبِّكَ حَتْمًا مَّقْضِيًّا¯ثُمَّ نُنَجِّى الَّذِينَ اتَّقَوا ونَذَرُ الظَّالِمِينَ فِيهَا جِثِيًّا"

“Ҳамаи шумо (бидуни истисно) вориди ҷаҳаннам мешавед, ин дар назди Парвардигорат амри ҳатмӣ ва қатъӣ аст, сипас онҳоеро, ки тақво пеша кардаанд аз он раҳоӣ мебахшем ва золимонро, дар ҳоле ки ба зону даромадаанд, дар он раҳо месозем”.[20]

Гузаштан аз ин гузаргоҳи хатарнок вобаста ба чигунагии аъмоли инсонҳо дорад, чунон, ки дар ҳадиси маъруфе мехонем:

"مِنهُم مَنْ يَمُرُّ مِثْلَ الْبَرْقِ وَ مِنْهُم مَنْ يَمُرُّ مِثْلَ عَدْوِ الْفَرَسِ وَ مِنْهُم مَنْ يَمُرُّ حَبْواً وَ مِنْهُم مَنْ يَمُرُّ مَشْياً وَ مِنْهُم مَنْ يَمُرُّ مُتَعَلِّقاً قَدْ تَأخُذُ النّارُ مِنْهُ شَيْئاً وَ تَتْرُكُ شَيْئاً"

“Баъзеҳо монанди барқ аз он мегузаранд ва баъзеҳо ҳамчун аспи тезрав, баъзеҳо бо дасту зону, баъзеҳо ҳамчун пиёдагон ва баъзе ба он овезон мешаванд (ва мегузаранд!) Гоҳе оташи дўзах онҳоро мегирад ва гоҳе  раҳо мекунад!”[21]

Аммо мизон чунон, ки аз номаш маълум аст,  василае аст барои санҷиши аъмоли инсонҳо, оре дар он рўз ҳама аъмоли моро месанҷанд ва арзиш ва вазни ҳар якро ошкор мекунанд:

"وَنَضَعُ الْمَوَازِينَ الْقِسْطَ لِيَوْمِ الْقِيَامَةِ فَلَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْئًا وَإِنْ كَانَ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِّنْ خَرْدَلٍ أَتَيْنَا بِهَا وَكَفَى بِنَا حَاسِبِينَ"

“Мо тарозуҳои адлро дар рўзи қиёмат барпо мекунем ва ба ҳеҷ кас камтарин ситаме намешавад, ҳатто агар ба миқдори вазнинии як донаи хардал (кори нек ва бад) дошта бошад мо онро ҳозир мекунем (ва ҷазояшро ба ў медиҳем)!”[22]

"فَأَمَّا مَن ثَقُلَتْ مَوَازِينُهُ¯فَهُوَ فِي عِيشَةٍ رَّاضِيَةٍ¯وَأَمَّا مَنْ خَفَّتْ مَوَازِينُهُ¯فَأُمُّهُ هَاوِيَةٌ"

“Аммо касе, ки дар он рўз тарозуҳои аъмолаш вазнин аст, дар як зиндагии ризоятбахш хоҳад буд ва касе, ки тарозуҳояш сабук аст ҷойгоҳаш дўзах аст!”[23]

Оре ақидаи мо ин аст, ки наҷот ва растгорӣ дар он ҷаҳон вобаста ба аъмоли инсонҳо аст, на орзуҳо ва пиндорҳо, ҳар кас дар гарави аъмоли хеш аст ва бидуни покӣ ва тақво касеро ба ҷое намебаранд:

"كُلُّ نَفْسٍ بِمَا كَسَبَتْ رَهِينَةٌ"

Ҳар инсоне дар гарави аъмоли хеш аст”.[24]

Ин шарҳи кўтоҳе буд аз чигунагии сирот ва мизон, ҳар чанд ҷузъиёти он барои мо маълум нест ва ҳамон гуна, ки қаблан низ гуфтем, чун сарои охират оламе аст, бисёр бартар аз ҷаҳоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, бинобар ин дарки ҳамаи мафоҳими он барои мо зиндониёни дунёи моддӣ мушкил ё ғайри мумкин аст.

 

* * * 

41 – Шафоат дар қиёмат

Мо эътиқод дорем: Дар қиёмат паёмбарон ва имомони маъсум ва авлиёи Худо, баъзе аз гунаҳкоронро ба изни Худо шафоат мекунанд ва машмули афви илоҳӣ мегарданд, вале набояд фаромўш кунем, ки ин изн танҳо барои касоне аст, ки пайвандҳои худро аз Худо ва авлиёи Худо қатъ накарда бошанд, бинобар ин шафоат беқайду шарт нест, балки он бо аъмол ва ниятҳои мо робитае дорад.

"وَلَا يَشْفَعُونَ إِلاّ لِمَنِ ارْتَضَى"

“Онҳо ҷуз барои касе, ки Худо розӣ ба шафоати ўст, шафоат намекунанд!”[25]

Ва чунон, ки дар гузашта ишора шуд шафоат роҳе аст, барои тарбияти инсон ва василае аст, барои пешгирӣ  аз ғўтавар шудан дар гуноҳ ва пешгирӣ аз қатъи тамоми пайвандҳо ва робитаҳо бо авлиёи Худо. Ба инсон мегўяд, агар олудаи гуноҳ ҳам шудаӣ, аз ҳамонҷо баргард ва беш аз ин гуноҳе накун!

Ба яқин мақоми “шафоати узмо» аз они Паёмбари Ислом (с) аст ва баъд аз ў паёмбарони дигар ва имомони маъсум ва ҳатто уламо ва шаҳидон ва мўъминони орифу комил ва аз он фаротар Қуръон ва аъмоли солеҳ низ барои баъзеҳо шафоат мекунанд.

Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) мехонем:

"ما مِنْ أحَدٍ مِنَ الاَوَّلِينَ وَ الآخَرِينَ إلا وَ هُوَ يَحْتاجُ إلى شَفاعَةِ مُحَمَّدٍ(ص) يَوْمَ الْقِيامَةِ"

“Ҳеҷ касе аз аввалин ва охирин (инсони дунё) нест, магар ин ки ниёз ба шафоати Муҳаммат (с) дошта бошад!”[26]

Дар ҳадиси дигар дар китоби Канз-ул-уммол, аз Паёмбари Акрам (с) омадааст:

"ألَشُّفَعاءُ خَمْسَة: القُرآنُ وَ الرَّحْمُ وَ الاَمانَةُ وَ نَبِيُّكُمْ وَ أهْلُ بَيْتِ نَبِيِّكُم"

“Дар рўзи қиёмат панҷ шафеъ[27] вуҷуд дорад: Қуръон, силаи раҳм, амонат, Паёмбари шумо ва аҳли байти ў”.[28]

Дар ҳадиси дигаре аз имом Содиқ (а) нақл шудааст:

"إذا كانَ يَوْمُ الْقِيامَةِ بَعَثَ اللهُ الْعالِمَ وَالْعابِدَ فَإذا وَقَفا بَيْنَ يَدَيِ اللهِ عَزَّ وَجَلَّ قِيلَ لِلعابِدِ اِنْطَلِقْ إلى الْجَنَّةِ وَقِيلَ لِلْعالِمِ قِفْ تَشْفَعْ لِلناسِ بِحُسْنِ تَأدِيبِكَ لَهُم"

“Рўзи қиёмат, ки мешавад, Худованд олиму обидро мабъус мекунад, ҳангоме ки дар пешгоҳи Худованди мутаол қарор мегиранд, ба обид гуфта мешавад:

Ба сўи биҳишт рав.

Ва ба олим гуфта мешавад:

Биист ва ба хотири тарбияти хубе, ки ба мардум медодӣ онҳоро шафоат кун!”

Ин ҳидис ишорае ба фалсафаи шафоат дорад.

 

* * * 

42 – Олами барзах[29]

Мо эътиқод дорем: Дар байни ин дунё ва дунёи охират, дунёи дигаре ба номи барзах аст, ки арвоҳи ҳамаи инсонҳо пас аз марг то рўзи қиёмат дар он қарор мегиранд.

"وَمِن وَرَائِهِم بَرْزَخٌ إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ"

“Ва пушти сари онҳо (пас аз марг) барзахе аст то рўзи қиёмат”.[30]

Албатта аз ҷузъиёти он дунё низ огоҳии зиёде надорем ва наметавонем дошта бошем, ин қадар медонем, ки арвоҳи некон ва солеҳоне, ки дар дараҷаҳои боло қарор доранд (монанди арвоҳи шаҳидон) дар он дунё, аз неъматҳои фаровоне истифода мебаранд.

"وَلاَ تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ اللّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْيَاءٌ عِندَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ"

“Ҳаргиз гумон мабар, касоне, ки дар роҳи Худо кушта шуданд мурдагонанд, балки онҳо зиндаанд ва дар назди Парвардигорашон ризқ мехўранд”.[31]

Ва низ арвоҳи золимон ва тоғутҳову ҳомиёни онҳо дар он ҷаҳон дар азобанд, ҳамон гуна ки Қуръон дар бораи Фиръавн ва оли Фиръавн мегўяд:

"ألنّارُ يُعْرَضُونَ عَلَيْها غُدُوّاً وَعَشِيّاً وَيَوْمَ تَقُومُ السّاعَةُ أدْخُلُوا آلَ فِرْعَوْنَ أَشَدَّ الْعَذابِ"

“Азоби онҳо (дар барзах) оташ (-и дўзах) аст, ки ҳар субҳу шом бар онҳо арза мешавад ва рўзе, ки қиёмат барпо шавад (мефармояд) оли Фиръавнро дохили сахттарин азобҳо кунед!”[32]

Вале гурўҳи сеюме, ки гуноҳони камтаре доранд ҷузъи ин дастаанд ва на ҷузъи он даста ва машмули ҳеҷ кадом аз азоб ва кайфар нестанд, гўё дар ҷаҳони барзах дар ҳолати шабеҳ ба хоб фурў мераванд ва дар растохез бедор мешаванд.

"وَ يَوْمَ تَقُومُ السّاعَةُ يُقْسِمُ الْمُجْرِمُونَ ما لَبِثُوا غَيْرَ ساعَةٍ…وَقالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلمَ وَ الْاِيمان لَقَدْ لَبِثْتُمْ فِي كِتابِ اللهِ إلى يَوْمِ الْبَعْثِ فَهذا يَوْمُ الْبعْثِ وَلَكِنَّكُم
لا تَعْلَمُونَ"

“Ва рўзе, ки қиёмат барпо шавад, гунаҳкорон қасам ёд мекунанд, ки ҷуз соате дар олами барзах, сипарӣ накарданд... Аммо касоне, ки илму имон ба онҳо дода шудааст, (хитоб ба муҷримон) мегўянд: шумо ба фармони Худо то рўзи қиёмат (дар олами барзах) қарор доштед ва акнун рўзи растохез аст, вале шумо намедонистед!”[33]

Дар ривоёти исломӣ низ аз Паёмбари Акрам(с) нақл шудааст, ки фармуд:

"ألْقَبْرُ رَوْضَةٌ مِنْ رِياضِ الْجَنَّةِ أوْ حُفْرَةٌ مِنْ حُفَرِ النِّيرانِ"

“Қабр ё боғе аст аз боғҳои биҳишт ва ё чоҳе аст аз чоҳҳои дўзах”.[34]

 

* * * 

43 – Подошҳои маънавӣ ва моддӣ

Мо эътиқод дорем: Подошҳои қиёмат, ҳам ҷанбаи моддӣ дорад ва ҳам ҷанбаи маънавӣ чаро ки маод низ ҳам руҳонӣ ва ҳам ҷисмонӣ аст.

Ончӣ дар Қуръони Маҷид ва ривоёти исломӣ дар бораи боғҳои биҳиштие, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ ҳастанд "جَنّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِها الاَنْهارُ",[35] боғҳое, ки меваҳои он ва сояҳояш ҷовидонӣ аст
 
"أُكُلُها دائِم وَ ظِلُّها"
[36] ва монанди он омадааст ва ҳамчунин он чӣ дар бораи оташи сўзони дўзах ва муҷозотҳои дардноки он  дида мешавад, ҳама нозир ба ҷанбаҳои моддии подош ва кайфари он ҷаҳон аст.

Вале аз он муҳимтар, подошҳои маънавӣ, анвори маърифати илоҳӣ ва қурби руҳонии Парвардигор ва ҷилваҳои ҷамолу ҷалоли ўст; ҳамон лаззате аст, ки бо ҳеҷ забоне баён намешавад. Дар баъзе оёти Қуръон баъд аз баёни бахше аз неъматҳои моддии биҳишт (боғҳои пуртароват ва манзилҳои покиза) меафзояд:"وَرِضْوَانٌ مِّنَ اللّهِ أَكْبَرُ"

“Ва ризову хушнудии Худо аз ҳамаи инҳо бартар аст!”

Ва баъд меафзояд:" ذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ"

“Пирўзии бузург ҳамин аст!”[37]

Оре, лаззате болотар аз ин нест, ки инсон дарк кунад, аз сўи маъбуд ва маҳбуби бузургаш пазируфта шудааст ва  мавриди ризо ва хушнудӣ ва пазириши ў қарор гирифтааст!

Дар ҳадисе аз Имоми Алӣ ибни Ҳусайн (а) мехонем:

"يَقُولُ (الله) تَبارَكَ وَ تَعالى رِضايَ عَنْكُمْ وَ مَحَبَّتي لكم خَيْرٌ وَأعْظَمُ مِمّا أنْتُمْ فِيهِ…"

“Худованди мутаол ба онҳо мегўяд: Хушнудии ман аз шумо ва муҳаббатам нисбат ба шумо беҳтар ва бартар аст аз неъматҳое, ки шумо дар онҳо ҳастед!

Онҳо ҳамагӣ ин суханро мешунаванд ва тасдиқ мекунанд!”[38]

Ростӣ, чӣ лаззате аз ин болотар, ки инсон мухотаб ба ин хитоб шавад:

" يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ¯ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً¯فَادْخُلِي فِي عِبَادِي¯وَادْخُلِي جَنَّتِي "

“Ту, эй руҳи оромёфта! Ба сўи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле ки ҳам ту аз ў хушнудӣ ва ҳам ў аз ту хушнуд ва дар қатори бандагонам дарой ва дар биҳиштам ворид шав!”[39]

 

[1] Сураи Нисо ояи 76.

[2] Сураи Нозиот 37- 41.

[3] Наҳҷул-балоға, калимоти қисор, шумораи 13.

[4] Сураи Мўъминун 115.

[5] Сураи Ҷосия 21.

[6] Сураи Анъом 12.

[7] Сураи Қоф 15.

[8] Сураи Ёсин 78-79.

[9] Сураи Аҳқоф 33.

[10] Яъне, инсон бо ҳамин ҷисмаш дар қиёмат маҳшур мешавад.

[11] Сураи Ёсин 79.

[12] Сураи Қиёмат 3-4 .

[13] Монанди оёти сураи Ёсин 51-52, Қамар 7, Маориҷ 43.

[14] Сураи Саҷда ояти 17.

[15] Муҳаддисони машҳур монанди Бухорӣ ва Муслим ва муфассарони маъруфе монанди Табарсӣ, Олусӣ ва Қуртубӣ ин ҳадисро дар китобҳои худ овардаанд.

 

[16] Сураи алоққа 19 то 25.

[17] Сураи Ёсин 65.

[18] Сураи Фуссилат 21.

[19] Сураи Зилзила 4-5.

[20] Сураи Марям 71-72.

[21] Ин ҳадис бо тафовути мухтасар дар манобеи маъруфи шиа ва аҳли суннат, монанди Канз-ул-уммол, ҳадиси 39036 ва Қуртубӣ, ҷилди 6 саҳ 4175 зайли ояи 17 сураи Марям ва Садуқ дар Амолии худ онро аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст. Дар саҳеҳи Бухорӣ низ дар мавзўи сирот бобе дида мешавад, Саҳеҳи Бухорӣ, ҷилди 8.

[22] Сураи Анбиё 47.

[23] Сураи Қориа 6 то 9.

[24] Сураи Муддассир 38.

[25] Сураи Анбиё 28.

[26] Биҳор-ул-анвор, ҷилди 8.

[27] Шафоаткунанда

[28] Кунз-ул-уммол, ҷилди 14, ҳадиси 39041.

[29] Барзах – олами қабр ва олами пеш аз қиёмат, ки барои ҳар кас аз рўзи маргаш шурўъ мешавад.

[30] Сураи Мўъминун 100.

[31] Сураи Оли Имрон 169.

[32] Сураи Мўъминун, 46.

[33] Сураи Рум 56.

[34] Саҳеҳи Тирмизӣ, ҷилди 4. Китоби Сифат-ул-қиёмат, боби 74. дар манбаъҳои шиа низ ин ҳадис аз Амиралмўъминин Алӣ(а) ва аз Имом Саҷҷод (а) нақл шудааст, Биҳор-ул-анвор, ҷилди 6.

[35] Сураи Тавба 89.

[36] Сураи Раъд 35.

[37] Сураи Тавба 72.

[38] Тафсири Айёшӣ, зайли ояти 72 сураи Тавба, мутобиқи нақли Ал-Мизон, ҷилди 9.

[39] Сураи Фаҷр 27 ва 30.

 

index