الصفحة الماضیة

Бахши сеюм: Қуръон ва китобҳои осмонӣ

next

 

24 – Фалсафаи нузули китобҳои осмонӣ

Мо ақида дорем: Худованд барои ҳидояти башар китобҳои осмонии бисёре фиристодааст, ки аз ҷумлаи онҳо Суҳуфи Иброҳим ва Нуҳ ва Таврот ва Инҷил ва аз ҳама комилтар Қуръони Маҷид аст. Агар ин китобҳо нозил намешуд, инсон дар роҳи худошиносӣ ва ибодати Парвардигор гирифтори хато мешуд ва аз усули тақво, ахлоқу тарбият ва қонунҳои иҷтимоии лозим бебаҳра мемонд.

Ин китобҳои осмонӣ мисли борони раҳмат бар саҳифаи дилҳо фурў рехт ва донаҳои тақво, ахлоқ, маърифатуллоҳ ва илму ҳикматро дар ниҳоди инсонҳо парвариш дод ва шукуфо сохт.

"آمَنَ الرَّسُولُ بِما أُنْزِلَ إِلَيْهِ مِنْ رَبِّهِ وَ الْمُؤْمِنُونَ كُلّ آمَنَ بِالله وَ مَلائِكَتِهِ وَ كُتُبِهِ وَ رُسُلِهِ"

“Паёмбар ба он чӣ аз сўи Парвардигораш бар ў нозил шудааст, имон оварда ва ҳамаи мўъминон (низ) ба Худо ва фариштагони ў ва тамоми китобҳо  ва фиристода-гонаш имон овардаанд”.[1]

 Ҳар чанд муттаасифона бар асари гузашти замон ва дахолати ҷоҳилон ва ноаҳлон, бисёре аз китобҳои осмонӣ, мавриди таҳриф[2] қарор гирифт ва бо афкори нодуруст омехта шуд, вале Қуръони Маҷид бо далелҳое, ки хоҳад омад, дастнахўрда боқӣ монд ва ҳамчун офтоб дар ҳамаи замонҳо медурахшад ва дилҳоро равшан месозад:

"قَدْ جاءَكُم مِنَ الله نُورٌ وَكِتابٌ مُبِينٌ يَهْدي بِهِ الله مَنِ اتَّبَعَ رِضْوانَهُ سُبُلَ السَّلامِ"

“Аз сўи Худо нур ва китоби ошкор ба сўи шумо меояд - Худованд ба баракати он касонеро, ки аз хушнудии ў пайравӣ мекунанд, ба роҳҳои саломат (ва саодат) ҳидоят мекунад”.[3]

 

* * * 

25 – Қуръон бузургтарин мўъҷизаи Паёмбари
Ислом (с)

Мо ақида дорем: Қуръон муҳимтарин мўъҷизоти Паёмбари Ислом (с) аст, на танҳо аз назари фасоҳату балоғат ва ширинии баён ва расо будани маонӣ, балки аз ҷиҳатҳои мухталифи дигар низ дорои мўъҷиза аст, ки шарҳи он дар китобҳои ақоид ва калом омадааст.

Ба ҳамин далел ақида дорем: Ҳеҷ кас наметавонад монанди он ва ҳатто монанди як сураи онро биоварад. Қуръон борҳо ҳамаи касонеро, ки дар шакку тардид буданд, ба ин кор даъват кардааст, вале онҳо ҳаргиз товоноии муқобилият бо онро пайдо накарданд:

"قُلْ لَئِنِ اجْتَمَعَتِ الاِنْسُ وَ الْجِنُّ عَلى أنْ يَأتُوا بِمِثْلِ هذَا الْقُرْآنِ لايأتُونَ بِمِثْلِهِ وَلَوْ كانَ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ ظَهِيراً"

“Бигў агар инсонҳо ва париён (ҷинну инс) иттифоқ кунанд, ки мисли ин Қуръонро биоваранд, монанди онро нахоҳанд овард, ҳар чанд якдигарро ёрӣ кунанд”.[4]

"وَ إنْ كُنْتُمْ فِي رَيْبٍ مِمّا نَزَّلْنا عَلى عَبْدِنا فأتُوا بِسُورَةٍ مِنْ مِثْلِهِ وَادْعُوا شُهَدائَكُم مِنْ دُونِ الله إنْ كُنْتُمْ صادِقِينَ"

“Ва агар дар бораи он чӣ бар бандаи худ (Паёмбари Ислом (с)) нозил кардаем, шакку тардид доред, (ақаллан) як сура мисли онро биоваред ва гувоҳони худ ғайри Худоро барои (кўмак ба) он кор фаро хонед, агар рост мегўед”.[5]

Ақида дорем, ки Қуръон бо гузашти замон на танҳо кўҳна намешавад, балки нукоти эъҷозомези он, ошкортар ва азамати мўҳтавояш бар ҷаҳониён равшантар мешавад.

Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) мехонем, ки фармуд:

"إنَّ الله تَبارَكَ وَ تَعالى لَمْ يَجْعَلْهُ لِزَمانٍ دُونَ زَمانٍ وَ لِناسٍ دُونَ ناسٍ فَهُوَ فِي كُلِّ زَمانٍ جَدِيدٍ وَ عِنْدَ كُلِّ قَوْمٍ غُضّ إلى يَوْمِ الْقِيامَةِ"

“Худованди Мутаол Қуръонро барои замони хос ё гурўҳи муайяне қарор надодааст, ба ҳамин далел онро дар ҳар замоне тоза ва назди ҳар гурўҳе то рўзи қиёмат пуртароват гардонид”.[6]

 

* * *

 26 – Ҳеҷ гуна тағйиру таҳриф ба Қуръон дохил нашудааст

Мо ақида дорем: Қуръоне, ки имрўз дар дасти мусалмонони ҷаҳон аст, ҳамоне аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шуд на чизе аз он кам шудааст ва на чизе бар он афзуда гаштааст!

Аз ҳамон рўзҳои нахустин, гурўҳи калоне аз котибони[7] ваҳй, оёти Қуръонро, пас аз нузул менавиштанд ва мусалмонон вазифа доштанд шабу рўз онро бихонанд ва дар намозҳои панҷгонаи худ онро такрор кунанд. Гурўҳи калоне аз қориён оёти Қуръонро ба хотир месупориданд ва ҳифз мекарданд, ҳофизони Қуръон ва қориён дар ҷомеаи исломӣ мавқеият ва мақоми хос доштанд ва доранд.

Маҷмўи ин амал ва чизҳои дигар сабаб шуд, ки ҳеҷ гуна тағйиру таҳриф дар Қуръон роҳ наёбад.

Илова бар ин, Худованд муҳофизати онро то поёни ҷаҳон қабул кардааст ва ба ин хотир, тағйир ва таҳрифи он ғайри мумкин аст:

"إنّا نَحْنُ نَزَّلْنا الذِّكْرَ وَإنّا لَهُ لَحافِظُونَ"

“Мо Қуръонро нозил кардем ва ба таври қатъӣ аз он нигаҳдорӣ мекунем”.[8]

Ҳамаи муҳаққиқон ва уламои бузурги Ислом – ҳам аз шиаён ва ҳам аз олимони аҳли суннат, - дар ин масъала мувофиқ ҳастанд, ки ҳеҷ гуна каму зиёд ба Қуръон роҳ наёфтааст. Танҳо баъзе ашхос аз ҳар ду гурўҳ, ҳам аз шиа ва ҳам аз сунниён мегўянд, ки ба Қуръон каму зиёд ворид шудааст ва ба баъзе ривоятҳо ишора мекунанд, аммо олимони ҳар ду гурўҳ ин назарро ба таври қатъӣ қабул намекунанд ва ривоёти гуфташударо дурўғӣ дониста ва ё нозир ба каму зиёди маънавӣ, (яъне тафсири нодуруст барои оёти Қуръон), ё иштибоҳи тафсирӣ медонанд, - диққат кунед.

Онҳое, ки ба каму зиёд шудани Қуръон боварӣ доранд, аввалан ин кор хилофи назари олимони шиа ва суннӣ мебошад ва баъдан онҳо бо ин кори худ,  бидуни огоҳӣ ба Қуръон зарба мезананд. Ба хотири андешаҳои норавои худ эътибори ин китоби бузурги осмониро зери суол мебаранд ва об ба осиёби душманон мерезанд.

Мутолиаи сайри таърихии ҷамъоварии Қуръон аз асри Паёмбар(с) ва аҳамияти зиёди мусалмонон ба навиштан ва ҳифзу тиловат ва нигаҳдории он махсусан, вуҷуди гурўҳи котибони ваҳй, аз рўзи нахуст, ин ҳақиқатро барои ҳама равшан месозад, ки боз шудани дасти таҳриф ба Қуръон ғайри мумкин мебошад.

Ҳамчунин, ғайр аз ин Қуръони маъруф, Қуръони дигаре вуҷуд надорад, далели он бисёр равшан аст ва роҳи таҳқиқ ба рўи ҳама боз аст, зеро имрўз Қуръон дар тамоми хонаҳои мо ва ҳамаи масоҷид ва умуми китобхонаҳои саросари кишварҳо вуҷуд дорад, ҳатто қуръонҳои дастнависе, ки асрҳои гузашта навишта шудаанд, дар музейҳо нигаҳдорӣ мешаванд, ҳамаи ин нишон медиҳад, ки айни қуръонҳое аст, ки дар кишварҳои исломӣ вуҷуд доранд ва агар дар гузашта роҳи таҳқиқи ин масоил вуҷуд надошт, имрўз дарҳои таҳқиқ барои ҳама кушода аст ва бо каме таҳқиқ, бедалел будани ин нисбатҳои зишт ошкор мегардад:

"فَبَشِّرْ عِبادَ الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أحْسَنَهُ"

“Он гурўҳ аз бандагони маро, ки суханонро мешунаванд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд, башорат деҳ”.[9]

Дар мадрасаҳои илмияи мо, имрўз улуми Қуръонӣ ба таври васеъ дарс дода мешавад ва яке аз баҳсҳои муҳимме, ки дар ин дарсҳо баён мешавад, баҳси адами таҳриф ва дигаргунии Қуръон мебошад.[10]

 

* * *

 27 - Қуръон ва ниёзҳои моддию маънавии инсон

Мо эътиқод дорем: Ончи мавриди ниёзи инсон барои зиндагии маънавию моддӣ аст, усули он дар Қуръони Маҷид баён шудааст, барои идораи ҳукумат ва масоили сиёсӣ, робита бо ҷамъиятҳои дигар, усули ҳамзистӣ, ҷангу сулҳ, масоили ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ва ғайри он робитаҳо ва қоидаҳои куллӣ баён шудааст, ки амал кардан ба онҳо, фазои зиндагии моро равшан месозад.

"وَ نَزَّلْنا عَلَيْكَ الْكِتابَ تِبْياناً لِكُلَّ شَىْءٍ وَ هُدىً وَ رَحْمَةً وَ بُشْرى لِلْمُسْلِمِينَ"

“Мо ин китобро бар ту нозил кардем, ки баёнгари ҳама чиз ва мояи ҳидояту раҳмат ва башорат барои пайравони Ислом аст”.[11]

Ба ҳамин далел эътиқоди мо ин аст, ки ҳаргиз Ислом аз ҳукумату сиёсат ҷудо намешавад ва ба мусалмонон дастур медиҳад идораи ҳукумати худро ба даст гиранд ва арзишҳои волои Исломро бо кўмаки он зинда кунанд ва ҷомеаи исломӣ чунон тарбият шавад, ки умуми мардум дар масири адолат қарор гиранд ва ҳатто адолатро нисбат ба дўсту душман иҷро кунанд:

"يا أيُّها الَّذينَ آمَنُوا كُونُوا قَوّامِينَ بِالْقِسْطِ شُهَداءَ لله وَلَوْ عَلى أنْفُسِكُمْ أوِ الْوالِدَيْنِ وَ الاَقْرَبِينَ"

“Эй касоне, ки имон овардаед, комилан пайравӣ аз адолат кунед ва барои Худо шаҳодат диҳед, ҳар чанд (ин кор) ба зиёни худи шумо ё падару модар ва наздикони шумо бошад”.[12]

"وَلا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَئانُ قَوْمٍ عَلى أنْ لا تَعْدِلُوا اعْدِلُوا هُوَ أقْرَبُ لِلتَّقْوى"

“Ҳаргиз душманӣ доштан бо гурўҳе, шуморо ба гуноҳ ва тарки адолат накашад; адолат кунед, ки бо тақво ва парҳезкорӣ наздиктар аст!”[13]

 

* * *

 28 – Тиловат, тадаббур, амал

Мо эътиқод дорем: Тиловати Қуръон беҳта-рини ибодатҳо аст ва ибодатҳои каме аст, ки ба пояи он мерасад, зеро ки тиловат, илҳомбахши андеша дар Қуръон мебошад ва андешаю тафаккур - сарчашмаи амалҳои солеҳ аст, Қуръон ба Паёмбари Ислом (с) чунин хитоб мекунад:

"قُمِ اللَّيْلَ إلا قَلِيلاً¯نِصْفَهُ أوِ انْقُصْ مِنْهُ قَلِيلاً¯أوْ زِدْ عَلَيْهِ وَ رَتِّلِ الْقُرْآنَ تَرْتِيلاً"

“Каме аз шабро ба по хез, ниме аз шабро (бедор бош) ё каме аз он кам кун, ё бар он биафзой ва Қуръонро бо диққат ва таамул бихон!”[14]

Ва хитоб ба ҳамаи мусалмонон мегўяд:

"فأقْرَءُوا ما تَيَسَّرَ مِنَ القُرآنِ"

“Ҳар миқдоре, ки барои шумо муяссар аст, Қуръон хонед!”[15]

Вале ҳамон гуна ки гуфта шуд, тиловати Қуръон бояд василае барои тафаккур ва тадаббур дар маъно ва мўҳтавои он бошад ва тафаккур ва андеша низ бояд, муқаддамаи илм ба Қуръон гардад:

"أفَلا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرآنَ أمْ عَلى قُلُوبٍ أقْفالُها"

“Оё онҳо дар Қуръон тадаббур намекунанд, ё бар дилҳояшон қуфл ниҳода шудааст”.[16]

"وَلَقَدْ يَسَّرْنا الْقُرآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِنْ مُدَّكِرٍ"

“Мо Қуръонро барои тазаккур осон сохтем, оё касе ҳаст, ки мутазаккир шавад (панд гирад ва амал кунад)!”[17]

"هذا كِتابٌ أنْزَلْناهُ مُبارَك فَاتَّبِعُوهُ"

“Ин китоби пурбаракате аст, ки (бар ту) нозил кардем, пас аз он пайравӣ кунед!”[18]

Бинобар ин онҳое, ки ба тиловат ва ҳифзи Қуръон қаноат мекунанд ва аз тадаббур ва амал ба Қуръон хабаре надоранд, гарчи яке аз се рукнро анҷом додаанд, вале ду рукни муҳимтарро аз даст додаанд ва гирифтори зиёни бузурге шудаанд.

 

* * *

29 – Баҳсҳои гумроҳкунанда

Мо эътиқод дорем: Ҳамеша қувваҳое ҳастанд, ки талош мекунанд, то мусалмононро аз тадаббур ва амал кардан ба гуфтаҳои Қуръон боздоранд.

Дар замони ҳукумати Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос[19] ба баҳси қадим будани Қуръон ё ҳодис будани он доман заданд ва мусалмононро ба ду гурўҳ тақсим намуда ба ҷони ҳам андохтанд ва хуни бисёре дар ин роҳ рехта шуд. Дар ҳоле ки имрўз медонем, ки он баҳс аслан маънои саҳеҳе надорад, ки боиси ихтилоф шавад. Зеро агар манзур аз каломи Аллоҳ ҳарфҳои китоб  ва навиштаи он ва коғази он бошад, бидуни шак инҳо умури ҳодис аст ва агар манзур маънои он дар илми Парвардигор бошад, бе шак илми Худо ҳамчун зоти ў қадим ва азалӣ аст. Вале ҳокимони он замон, солҳо мардуми мусалмонро ба ин масъала машғул сохтанд ва имрўз низ гурўҳҳое ҳастанд, ки мусалмононро бо равишҳои дигар, аз тадаббур ва амал ба оёти Қуръон бозмедоранд.

 

* * *

 30 – Қоидаҳои тафсири  Қуръон

Мо эътиқод дорем: Лафзҳои Қуръонро бояд ба ҳамин маънои урфӣ ва луғавии он маъно кард, магар ин ки роҳнамое аз ақл ё нақл, дар дарун ё беруни оёт вуҷуд дошта бошад, ки далолат бар маънои дигаре кунад, (вале аз такя кардан ба роҳнамои заиф бояд парҳез кард ва оёти Қуръонро набояд бо гумон ва эҳтимол тафсир намуд).

Масалан ҳангоме, ки Қуръон мегўяд:

"وَ مَنْ كانَ فِي هذِهِ أعْمى فَهُوَ فِي الآخِرَةِ أعْمى"

Касе, ки дар ин ҷаҳон нобино бошад, дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст![20]

Яқин дорем, ки манзур аз нобино дар ин ҷо нобиноии зоҳирӣ ба маънои луғавии он намебошад, чаро ки бисёре аз некон ва покон зоҳиран нобино будаанд, балки манзур кўрдилӣ ва нобиноии ботин аст.

Дар ин ҷо вуҷуди қарина (роҳнамо)-и ақлӣ сабаби чунин тафсире аст.

Ҳамчунин Қуръон дар бораи гурўҳе аз душманони Ислом мегўяд:

"صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُم لا يَعقِلُونَ"

“Онҳо кару лол ва нобино ҳастанд ва ба ҳамин далел чизе намефаҳманд!”[21]

Равшан аст онҳо аз назари зоҳирӣ кару лол ва нобино набуданд, балки ин сифати ботинии онҳо буд (ин тафсирро ба хотири қаринаи ҳолияе, ки дар даст дорем, барои ин оят зикр мекунем).

Бинобар ин ҳангоме, ки Қуръон дар бораи Худо мегўяд:"بَلْ يَداهُ مَبْسُوطَتانِ"

“Ҳар ду дасти Худованд кушодааст!”[22]

Ё мефармояд: "وَاصْنَعِ الْفُلْكَ بِأَعْيُنِنا"

“(Эй Нўҳ) дар пеши дидагони мо киштие бисоз”.[23]

Ҳаргиз мафҳуми ин оёт, вуҷуди аъзои ҷисмонӣ -  чашму гўш ва даст барои Худо нест, зеро ки ҳар ҷисме дорои ҷузъ аст ва низ замону макон ва ҷиҳат дорад ва саранҷом фонӣ мешавад ва Худованд бартар аз он аст, ки ин сифатҳоро дошта бошад, сипас манзур аз дасти Худованд, ҳамон қудрати комили илоҳӣ аст, ки саранҷом ҷаҳонро зери нуфузи худ қарор дода ва манзур аз чашмон, илму огоҳии ў нисбат ба ҳар чиз мебошад.

Бинобар ин мо назарияи болоро дар бораи сифатҳои Худо ва ғайра, ки дар он қаринаҳои ақлӣ ва нақлӣ нодида гирифта шудаанд, намепазирем, зеро равиши тамоми суханварони олам такя бар ин қаринаҳо аст ва Қуръон ин равишро ба расмият шинохтааст:

"ما اَرْسَلْنا مِنْ رَسُولٍ إلاّ بِلِسانِ قَوْمِهِ"

“Мо ҳеҷ паёмбареро нафиристодем магар ба забони қавмаш”.[24]

Вале ҳамон тавр, ки гуфта шуд, қарина бояд қатъӣ ва равшан бошад.

 

* * *

31 – Хатарҳои тафсири бараъй[25]

Мо эътиқод дорем: Тафсири бараъй яке аз хатарноктарин барномаҳо дар мавриди Қуръони Маҷид аст, ки дар ривоёти исломӣ, яке аз  гуноҳони кабира шуморида шуда ва мояи афтодан аз даргоҳи қурби Парвардигор аст. Дар ҳадиси қудсӣ омадааст, ки Худованд мефармояд:

"ما آمَنَ بِي مَنْ فَسَّرَ بِرَأيِهِ كَلامي"

“Он кас, ки сухани маро ба майли худ (ва бар мувофиқи фикру андешаи хеш) тафсир кунад, ба ман имон наовардааст”.[26]

Равшан аст, ки агар имони саҳеҳ медошт, каломи Худоро чунон, ки ҳаст қабул мекард, на он гуна ки мутобиқи майли ўст.

Дар бисёре аз китобҳои маъруф, аз ҷумла Саҳеҳи Тирмизӣ ва Насоӣ ва Сунани Абидовуд, ин ҳадис аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст:

"مَنْ قالَ فِي الْقُرآنِ بِرَأيِهِ أوْ بِما لايَعْلَمُ فَلْيَتَبَوَّءْ مَقْعَدَهُ مِنَ النّار"

“Касе, ки Қуръонро ба майли хеш тафсир кунад ё ноогоҳона чизе дар бораи он бигўяд бояд омода шавад, ки дар макони хеш дар дўзах қарор гирад”.[27]

Манзур аз тафсири бараъй он аст, ки Қуръонро мутобиқи орзуҳо ва ақидаи шахсӣ ё гурўҳии худ маъно кунад ва бар он татбиқ намояд, бе он ки қарина ва шоҳиде бар он дошта бошад, чунин касе дар воқеъ тобеи Қуръон нест, балки мехоҳад Қуръонро тобеи худ гардонад ва агар имони комиле ба Қуръон медошт ҳаргиз чунин намекард.

Ба яқин агар равиши тафсири бараъй дар Қуръон кушода шавад, Қуръони Маҷид ба куллӣ аз қудрат хоҳад афтод ва ҳар кас онро мутобиқи майли хеш маънӣ мекунад ва ҳар ақидаи ботилеро дар Қуръон татбиқ менамояд.

Бинобар ин тафсири  бараъй, яъне  тафсири Қуръон бар хилофи равишҳои илми луғат ва адабиёти араб ва фаҳми аҳли забон ва татбиқ додани он бар фикру хаёлоти нодуруст ва хоҳишҳои шахсӣ ва гурўҳӣ мебошад. Ва ин кор сабаби таҳрифи маънавии Қуръон мегардад.

Тафсири барайъ шаклҳои гуногун дорад, аз ҷумла бархўрди гузинишӣ ба оёти Қуръон аст, ба ин маъно, ки инсон масалан дар баҳси шафоат ва тавҳид ва имомат ва ғайра танҳо ба ҷустуҷўи  оёте биравад, ки дар масири пешдовариҳои ўст ва оёти дигарро, ки бо фикри ў ҳамоҳанг нест, (ва мумкин аст оятҳои дигарро тафсир кунад), нодида бигирад ва ё бидуни маъно аз канори он ба соддагӣ гузарад.

Хулосаи сухан ин ки ҳамон тавре, ки исрор намудан бар алфози Қуръони Маҷид бо бетаваҷҷўҳӣ ба қаринаҳои ақлӣ ва нақлии мўътабар, навъе инҳироф аст, тафсири бараъй низ инҳирофи дигаре ҳисоб мешавад ва ҳарду сабаби дур афтодан аз таълимоти волои Қуръон ва арзишҳои он аст, - диққат кунед.

 

* * *

 32 – Суннат, бархоста аз Қуръон аст

Мо эътиқод дорем: Ҳеҷ кас наметавонад бигўяд, ки барои мо китоби Худо кофӣ аст ва суннати набавиро, ки дар мавриди тафсиру баёни ҳақоиқи Қуръон ва фаҳми оятҳои носиху мансух ва хосу оми Қуръон аст ё марбут ба таълимоти Ислом дар усул ва фурўи дин мебошад, нодида бигирад. Зеро оёти Қуръони Маҷид, суннати Паёмбари Акрам (с) ва гуфтору рафтори ўро барои мусалмонон ҳуҷҷат шумурда ва онро яке аз манбаъҳои аслии фаҳми Ислом ва истинботи[28] аҳком қарор додааст:

"وما اتكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَما نَهاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا"

“Он чиро Расули Худо (с) барои шумо оварда (ва ба шумо дастур додааст), бигиред (ва амал кунед) ва аз ончӣ наҳй кардааст, худдорӣ намоед”.[29]

"وَما كانَ لِمُؤْمِنِ وَلا مُؤْمِنَةٍ إذا قَضَى اللهِ وَ رَسُولُهُ أمْراً أنْ يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أمْرِهِمْ وَ مَنْ يَعْصِ الله وَ رَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلالاً مُبِيناً"

“Ҳеҷ марду зани боимоне ҳақ надорад ҳангоме, ки Худо ва Паёмбараш амреро лозим бидонад ихтиёре (дар баробари фармони Худо) дошта бошад ва ҳар кас нофармонии Худо ва Расулашро кунад гирифтори гумроҳии ошкоре шудааст”.[30]

Онҳое, ки ба суннати Паёмбар(с) беэътино ҳастанд, дар воқеъ Қуръонро нодида гирифтаанд, вале маълум аст, ки суннати Паёмбар(с) бояд аз тариқи мўътабар собит гардад ва ҳар суханеро ҳар кас ба он бузургвор нисбат диҳад, наметавон пазируфт.

Алӣ (а) дар яке аз суханонаш мефармояд:

"وَ لَقَدْ كُذِبَ عَلى رَسُولِ اللهِ (ص) حَتّى قامَ خَطِيباً فَقالَ: مَنْ كَذَبَ عَليَّ مُتَعَمِّداً فَلْيَتََبَوَّأ مَقْعَدَهُ مِنَ النّارِ"

“Дар замони ҳаёти Паёмбар(с) дурўғҳоеро ба он ҳазрат бастанд то он ҷо, ки бархост ва хутбае хонд ва фармуд:

Ҳар кас қасдан дурўғе ба ман нисбат диҳад, бояд омодаи қарор гирифтан дар ҷойгоҳи худ дар оташ бошад”.[31]

 

* * *

33 -  Суннати имомони Аҳли Байт (а)

Мо эътиқод дорем: Мувофиқи дастури Паёмбари Акрам (с) итоат намудан аз ҳадисҳои имомони Аҳли Байт (а) воҷиб аст. Зеро аввалан дар ҳадиси маъруфи мутавотире, ки дар аксари кутуби машҳури ҳадисии аҳли суннат ва шиа нақл шудааст, ин маъно ба равшанӣ омадааст,  дар Саҳеҳи Тирмизӣ омодааст, ки Паёмбар(с) фармуд:

"يا أَيـُّها النّاس إنّي قَدْ تَرَكْتُ فيكُم ما إنْ أخَذْتُمْ بِهِ لَنْ تَضِلَُوا كِتابَ اللهِ وَ عِتْرَتِي أهْلِ بَيْتِي"

“Эй мардум! Ман дар миёни шумо чизе гузоштаам, ки агар даст ба домани он занед ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд, китоби Худо ва итратам, яъне аҳли байтам!”[32]

Сониян имомони Аҳли Байт (алайҳимус-салом) тамоми аҳодиси худро аз Паёмбари Акрам (с) нақл кардаанд ва гуфтаанд, он чӣ мо мегўем аз падаронамон ба мо расидааст ва ба падаронамон аз Паёмбар(с) расидааст. Оре Паёмбар(с) ояндаи муслимин ва мушкилоти онҳоро ба хубӣ медонист ва роҳи ҳалли мушкилоти онҳоро то поёни ҷаҳон дар пайравӣ аз Қуръон ва имомони Аҳли Байт(а) донистааст.

Оё метавон ҳадисеро бо ин аҳамият ва ин мўҳтаво ва ин санадҳои қавӣ нодида гирифт ва ба соддагӣ аз канори он гузашт?! Ба ҳамин далел эътиқод дорем: Агар нисбат ба ин масъала таваҷҷўҳи бештаре мешуд, баъзе аз мушкилоте, ки мусалмонон имрўз дар масоили ақоид ва тафсир ва масоили фиқҳӣ бо он рў ба рў ҳастанд вуҷуд надошт.                   

 

[1] Сураи Бақара 285.

[2] Таҳриф-изофа ё кам кардани матни Қуръон.

[3] Сураи Моида 15-16.

[4] Сураи Исро 88.

[5] Бақара 23.

[6] “Биҳор-ул-анвор”, ҷилди 2.

[7] Котибон-нависандагон.

[8] Сураи Ҳиҷр 9.

[9] Сураи Зумар 17-18.

[10] Мо дар навиштаҳои худ, ҳам дар баҳсҳои Тафсир ва ҳам усули фиқҳ, баҳсҳои васее дар заминаи адами таҳриф доштем; (ба китоби Анвор-ул-усул ва Тафсири Намуна муроҷиат кунед).

[11] Сураи Наҳл 89.

[12] Сураи Нисо 135.

[13] Сураи Моида 8.

[14] Сураи Муззаммил 2 ва 4.

[15] Сураи Муззаммил, 20.

[16] Сураи Муҳаммад 24.

[17] Сураи Қамар 17.

[18] Сураи Анъом 155.

[19] Дар баъзе аз таърихҳо омадааст, ки Маъмуни Аббосӣ бо кўмаки яке аз қозиёни худ, ҳукме содир кард, ки ҳар кас ба махлуқ будани Қуръон, эътиқод надошта бошад, аз мансабҳои давлатӣ дур кунанд ва шаҳодати ўро дар додгоҳҳо напазиранд (“Таърихи ҷамъи Қуръони Карим” саҳ 260).

[20] Сураи Исро 72.

[21] Сураи Бақара 171.

[22] Сураи Моида 64.

[23] Сураи Ҳуд 37.

[24] Сураи Иброҳим 4.

[25] Тафсири бараъй – бо фикр ва назари худ Қуръонро маъно кардан.

[26] Васоил, ҷилди 18, ҳадиси 22.

[27] Китоби Мабоҳис фи улумил-Қуръон, навиштаи Маноъ ал-Халил ал-Луқмон, аз донишмандони маъруфи Риёз.

[28] Истинбот – ба даст овардани ҳукми шариат аз ояту ҳадис.

[29] Сураи Ҳашр 7.

[30] Сураи Аҳзоб 36.

[31] Наҳҷул-балоға хутбаи 210. Монанди ҳамин маъно дар Саҳеҳи Бухорӣ низ омадааст, -  Саҳеҳи Бухорӣ, ҷилди 1, Боби “Исму ман казиба аланнабӣ”.

[32] Саҳеҳи Тирмизӣ, ҷилди 5, боби маноқиби Аҳли байти Набӣ (с).

 

index