12 – Фалсафаи беъсати паёмбарон
Мо эътиқод дорем: Худованд барои ҳидояти башар ва расонидани инсонҳо ба камоли матлуб ва саодати ҷовидона, паёмбарон ва расулонро фиристодааст, зеро агар намефиристод, инсонҳо дар гирдоби гумроҳӣ ғарқ мешуданд ва ҳадафи офариниши башар ҳосил намешуд:
"رُسُلاً مُبَشِّرِينَ وَ مُنْذِرِينَ لِئَلّا يَكُونَ لِلنّاسِ عَلَى اللهِ حُجَّةً بَعْدَ الرُّسُلِ وَكَانَ اللهُ عَزِيزاً حَكِيمًا"
“Паёмбароне (-ро фиристод,) ки башоратдиҳанда ва бимдиҳанда буданд, то ҳуҷҷате барои мардум бар Худо боқӣ намонад (ва роҳи саодатро ба ҳама нишон диҳанд ва бар ҳама итмоми ҳуҷҷат шавад) ва Худованд тавоно ва ҳаким аст”.[1]
Мо эътиқод дорем: Аз миёни онҳо, панҷ нафар “улулазм” мебошанд, яъне соҳиби шариат ва китоби осмонӣ ва оини ҷадид буданд, ки нахустини онҳо Нўҳ(а) сипас Иброҳим, Мўсо, Исо (а) ва охирини онҳо ҳазрати Муҳаммад (с) аст.
"وَإذْ أَخَذْنا مِنَ النَّبِيِّينَ مِيثاقَهُم وَ مِنْكَ وَ مِنْ نُوحِ وَ إِبْرهِيمَ وَمُوسى وَعِيسى ابْنِ مَرْيَمَ وَ أَخَذْنا مِنْهُم مِيثاقًا غَلِيظًا"
“Ба хотир биёр он замонеро, ки аз паёмбарон паймон гирифтем ва (ҳамчунин) аз ту ва Нўҳ ва Иброҳим ва Мўсо ва Исо писари Марям; ва мо аз ҳамаи онҳо паёми маҳкам гирифтем, (ки дар иддаои рисолат ва нашри китоби осмонӣ кўшо бошанд)”.[2]
"فَاصْبِرْ كَما صَبَرَ أُولُو الْعَزْمِ مِنَ الرُّسُلِ"
“Сабру истиқомат намо, он гуна ки паёмбарони улулазм сабр ва истиқомат кардаанд”.[3]
Мо эътиқод дорем: Паёмбари Ислом (с) Хотамуннабиййин ва охирин расули илоҳӣ аст ва шариати ў барои ҳамаи мардуми дунё аст ва то поёни ҷаҳон боқӣ мемонад, яъне маориф, аҳком ва таълимоти Ислом комил аст ва ба тамоми ниёзмандиҳои инсон дар ҷиҳати маънавю моддӣ то поёни ҷаҳон, посухи мусбат медиҳад ва ҳар касе баъд аз ҳазрати Муҳаммад (с) иддаои набувват ва рисолат кунад ботил ва беасос аст.
"ما كانَ مُحَمَّدٌ أَبا أَحَدٍ مِنْ رِجالِكُم وَلكِنْ رَسُولِ اللهِ وَخاتَمِ النَّبِيِّينَ وَكانَ اللهُ بِكُلِّ شَيءٍ عَلِيمًا"
“Муҳаммад (с) падари ҳеҷ яке аз мардони шумо нест, вале Расули Худо ва хатмкунандаи силсилаи паёмбарон аст, Худованд ба ҳама чиз огоҳ аст (ва ончӣ лозим буд дар ихтиёри ў ниҳод)”.[4]
* * *
13 – Ҳамзистӣ бо пайравони динҳои осмонӣ[5]
Бо ин ки мо Исломро танҳо дини расмии Худованд дар ин замон медонем, вале эътиқод дорем, ки бояд бо пайравони динҳои осмонии дигар ҳамзистии осоишта ва сулҳомез дошта бошем, хоҳ онҳо дар кишварҳои исломӣ[6] зиндагӣ кунанд, хоҳ дар беруни он, магар касоне, ки бо Ислом ва мусалмонон мубориза кунанд:
"لايَنْهاكُمُ اللهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَ لَمْ يُخْرجُوكُمْ مِنْ دِيارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَ تُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ الله يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ"
“Худо шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки ба хотири дин бо шумо пайкор (ҷанг) накарданд ва шуморо аз хона ва ватанатон берун наронданд, наҳй намекунад, зеро Худованд адолат-пешагонро дўст медорад”.[7]
Мо эътиқод дорем: Бо баҳсҳои мантиқӣ метавон ҳақиқати Ислом ва таълимоти онро барои тамоми мардуми ҷаҳон равшан ва ошкор кард ва ҷозибаи Исломро ба қадре қавӣ медонем, ки агар ба хубӣ равшан гардад, гурўҳҳои зиёдеро ба худ моил хоҳад сохт, ба хусус дар дунёи имрўз, ки гўши шунаво барои шунидани паёми Ислом бисёр аст.
Ба ҳамин далел, мо эътиқод дорем: Набояд Исломро аз тариқи маҷбурӣ ва фишор ба дигарон таҳмил кард: "لا إِكْراهَ فِي الدِّينِ قَدْ تَبَيَّنّ الرُّشْدُ مِنَ الْغَي" “Дар қабули дин икроҳе нест, зеро роҳи дуруст аз нодуруст ошкор (ҷудо) шудааст”.[8]
Мо эътиқод дорем: Амал кардани мусалмонон ба дастурҳои комили Ислом, метавонад равиши дигаре барои шиносонидани Ислом бошад, пас ҳоҷате ба маҷбур кардан ва таҳмил нест.
* * *
14 – Маъсум[9] будани анбиё дар тамоми умр
Мо эътиқод дорем: Ҳамаи паёмбарони илоҳӣ маъсуманд, яъне дар тамоми умр бо кўмаки илоҳӣ, (ҳам пеш аз нубувват ва ҳам баъд аз нубувват) аз хатою иштибоҳ ва гуноҳ, пок ва маҳфуз мебошанд, зеро агар муртакиби хато ё гуноҳе мешуданд, онҳо аз эътимоде, ки барои мақоми нубувват лозим аст, меафтоданд ва мардум наметавонистанд онҳоро воситаи мутмаинне миёни худ ва Худо бишносанд ва онҳоро дар тамоми аъмоли зиндагӣ пешво ва муқтадои хеш қарор диҳанд.
Ба ҳамин далел мўътақидем: Агар дар зоҳири баъзе аз оёти Қуръон гуноҳе ба баъзе аз паёмбарони Илоҳӣ нисбат дода шудааст, аз қабили “тарки авло” аст (яъне дар миёни ду кори хуб, онро, ки хубии камтаре дошта интихоб кардаанд, дар ҳоле, ки сазовар буд хубтарро баргузинанд) ё ба таъбири дигар аз қабили "حَسَناتُ الاَبْرار سَيِّئاتُ الْمُقَرَّبينَ" “Корҳои хуби некон (гоҳе) гуноҳи муқаррабон ҳисоб мешавад”.[10]
Зеро аз ҳар кас ба андозаи мақоми ў интизор меравад.
* * *
15 – Пайғамбарон бандагони фармонбардори Худо ҳастанд
Мо эътиқод дорем: Бузургтарин ифтихори паёмбарон ва расулони илоҳӣ ин буд, ки бандаи итоаткор ва фармонбардори Худо бошанд, ба ҳамин далел ҳама рўз дар намозҳоямон ин ҷумларо дар бораи Паёмбари Ислом (с) такрор мекунем:
"وَ أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّداً عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ"
“Гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад бандаи Худо ва Расули ўст”.
Мо эътиқод дорем: Ҳеҷ кадом аз паёмбарони Илоҳӣ иддаои улуҳият (худоӣ) накардаанд ва мардумро ба парастиши хеш фаро нахондаанд:
"ما كانَ لِبَشَرٍ أَنْ يُؤْتِيَهُ اللّهُ الْكِتابَ وَالْحُكْمَ وَالنُّبُوَّةَ ثُمَّ يَقُولَ لِلنّاسِ كُونُوا عِباداً لِي مِنْ دُونِ الله"
“Барои ҳеҷ башаре сазовар нест, ки Худованд Китоби осмонӣ ва ҳикмат ва нубувват ба ў диҳад, сипас ў ба мардум бигўяд: Ғайр аз Худо маро парастиш кунед”.[11]
Ҳатто ҳазрати Масеҳ (а) низ мардумро ҳаргиз ба парастиши хеш даъват накард ва ҳамвора худро махлуқ, банда ва фиристодаи Худо медонист:
"لَنْ يَسْتَنْكِفَ الْمَسِيحُ أَنْ يَكُونَ عَبْداً للهِ وَلا الْمَلائكَةُ الْمُقَرَّبُونَ"
“Ҳаргиз Масеҳ (а) аз ин ибо надошт, ки бандаи Худо бошад; ва на фариштагони муқарраби ў ( ибо доранд, ки худро бандаи Худо бидонанд)”.[12]
Таърихи имрўзи масеҳият низ гувоҳӣ медиҳад, ки масъалаи “Таслис” - эътиқод ба худоёни сегона, дар асри аввали масеҳият вуҷуд надошт ва ин тарзи фикр баъдан пайдо шуд.
* * *
Убудияти[13] паёмбарон ҳаргиз монеъ аз он нест, ки онҳо ба изну фармони Худованд аз умури пинҳони марбут ба замони ҳол ва гузаштаю оянда огоҳ бошанд:
"عالِمُ الْغَيْبِ فَلا يُظْهِرُ عَلى غَيْبِهِ أَحَداً إِلّا مَنِ ارْتَضى مِنْ رَسُولٍ"
“Худо донои ғайб аст ва ҳеҷ касеро бар асрори ғайбаш огоҳ намесозад, магар расулонеро ки баргузидааст”.[14]
Медонем, ки яке аз мўъҷизоти Исо (а) ин буд, ки ба мардум дар бораи баъзе аз умури пинҳонӣ хабар медод:
"وَ أُنَبِّئُكُمْ بِما تَأكُلُونَ وَ ما تَدَّخِرُونَ فِي بُيُوتِكُم"
“Ман шуморо аз ончӣ, ки мехўред ва дар хонаҳои худ захира мекунед хабар медиҳам!”[15]
Паёмбари Ислом (с) низ аз тариқи таълими илоҳӣ бисёре аз ахбори ниҳониро баён мефармуд:
"ذلِكَ مِنْ أَنْباءِ الْغَيْبِ نُوحِيهِ إِلَيْكَ"
“Ин аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мефиристем”.[16]
Бинобар ин монее надорад, ки паёмбарони илоҳӣ аз тариқи ваҳй ва ба изни Парвардигор аз ғайб хабар диҳанд ва агар дар баъзе аз оёти Қуръон илми ғайб аз Паёмбари Ислом (с) нафй шудааст:
"وَلا أَعْلَمُ الْغَيْبَ وَلا أَقُولُ لَكُم إِنِّي مَلَك"
“Ман аз ғайб огоҳ нестам ва намегўям фариштаам”.[17] Манзур илми зотӣ ва истиқлолӣ[18] аст, на илме, ки аз тариқи таълими илоҳӣ ҳосил шавад, зеро медонем, ки ояҳои Қуръон якдигарро тафсир мекунанд.
Мо эътиқод дорем: Ин бузургворон корҳои ғайриоддӣ ва мўъҷизаро бо изну иродаи Худованд анҷом медоданд. Ва эътиқод доштан ба анҷоми ин гуна корҳо ба изни илоҳӣ, на ширк аст ва на мунофоте бо мақоми убудияти онҳо дорад. Ҳамчунон ки Қуръони Маҷид зикр намудааст, ҳазрати Исо (а) мурдагонро ба изни Худо зинда мекард ва беморони бедармонро ба фармони Худо шифо медод:
واُبرئُ الاكْمَهَ والاَبرص واُحيِ الموتى باِذن الله"
* * *
Мо эътиқод дорем: паёмбарони илоҳӣ, хусусан, Паёмбари Ислом (с) дорои мақоми шафоат ҳастанд ва барои гурўҳи хоссе аз гунаҳкорон, назди Худованд шафоат мекунанд, вале он ҳам ба изн ва иҷозати Парвардигор аст:
"ما مِنْ شَفِيعٍ إلا مِنْ بَعْدِ إذْنِهِ"
“Ҳеҷ шафоаткунандае нест магар баъд аз изн ва иҷозати Парвардигор”.[19]
"مَنْ ذَا الَّذي يَشْفَعُ عِنْدَهُ اِلاّبِاِذْنِهِ"
“Кист ки дар назди ў шафоат кунад, ҷуз ба фармони ў”.[20]
Албатта дар баъзе аз оёти Қуръон ишора ба нафйи шафоат ба таври мутлақ шудааст, ки мефармояд:
"مِنْ قَبْلِ أنْ يَأتِيَ يَوْمٌ لابَيْعَ فِيهِ وَلا خُلَّة وَلا شَفاعَة"
“Инфоқ кунед пеш аз он ки рўзе фаро расад, ки дар он рўз на байъе[21] вуҷуд дорад, (то касе битавонад саодат ва наҷотро барои худ харидорӣ кунад) ва на дўстӣ (ва рафоқатҳои маъмулӣ суде дорад) ва на шафоат”,[22] - дар ин оят, манзур аз шафоат, шафоати истиқлолӣ ва бидуни изни Худо аст, ё дар бораи касоне аст, ки қобилияти шафоат надоранд, зеро борҳо гуфта шуд, ки оёти Қуръон якдигарро тафсир мекунанд.
Мо эътиқод дорем: Масъалаи шафоат василаи муҳимме аст барои тарбияти афрод ва бозгардондани гунаҳкорон ба роҳи рост ва ташвиқ ба покӣ ва тақво ва эҳёи умед дар дили онон, чаро ки масъалаи шафоат, беҳисобу китоб нест, танҳо дар мавриди касоне аст, ки шоистагии онро дошта бошанд, яъне олудагии онҳо дар ҳадде набошад, ки робитаи худро бо шафеон ба куллӣ бурида бошанд, бинобар ин масъалаи шафоат ба гунаҳгорон ҳушдор медиҳад, ки тамоми роҳҳоро пушти сари худ хароб накунанд ва роҳе барои бозгашти худ бигзоранд ва лаёқати шафоатро аз даст надиҳанд.
* * *
Мо эътиқод дорем: Масъалаи тавассул низ шабеҳи масъалаи шафоат аст; ин масъала ба соҳибони мушкилоти маънавӣ ва моддӣ иҷозат медиҳад, ки даст ба домани авлиёи Худо бизананд, то бо изни Худо ҳалли мушкилоташонро аз Худо бихоҳанд, яъне аз як тараф худ ба даргоҳи Худо рўй меоварад ва аз сўи дигар авлиёи Худоро васила қарор диҳад:
"وَلَوْ أنَّهُمْ إذْ ظَلَمُوا أنْفُسَهُمْ جائُوكَ فَاسْتَغْفَرُوا الله وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُوا الله تَوّاباً رَحِيماً"
“Агар онҳо ҳар гоҳ ба худ ситам мекарданд (ва хатою иштибоҳе аз онҳо сар мезад) ба назди ту меомаданд ва аз Худо талаби омурзиш мекарданд ва Расули Худо (с) низ барои онҳо талаби омурзиш менамуд; Худоро тавбапазир ва меҳрубон меёфтанд”.[23]
Ва низ дар достони бародарони Юсуф (а) мехонем:
“Онҳо падарашонро байни худ ва Худо восита қарор доданд ва гуфтанд:
"يا أبانا اسْتَغْفِرْ لَنا إنّا كُنّا خاطِئِينَ" “Эй падар! Барои мо, аз Худо омурзиш бихоҳ, чаро ки мо хато карда будем! Падари пир (Яъқуби паёмбар (а)), ин пешниҳодро аз онҳо пазируфт ва ба онҳо ваъда дод ва гуфт:
"سَوْفَ اسْتَغْفِرُ لَكُم رَبِّي"“Ба зудӣ барои шумо аз пешгоҳи Парвардигор талаби омурзиш мекунам”.[24]
Инҳо гувоҳ бар ин аст, ки тавассул дар умматҳои гузашта будааст.
Вале набояд аз ин ҳадди мантиқӣ болотар рафт ва авлиёи Худоро мустақил дар таъсир ва бениёз аз изни Худо донист, ки сабаби ширк ва куфр хоҳад шуд.
Ҳамчунин набояд тавассул ба сурати ибодати авлиёи Худоро дарояд, ки он ҳам ширк ва куфр аст, зеро онҳо шахсан, бидуни изни Парвардигор, молики суду зиён нестанд:
"قُلْ لا أمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعاً وَلا ضَرّاً إلاّ ماشاءاللهُ"
“Бигў ман (ҳатто) барои худам молики суд ва зиён нестам, магар он чӣ Худо бихоҳад”.[25]
Ва ғолибан дар миёни гурўҳе аз авом аз ҳамаи гурўҳҳои Ислом ҳамеша зиёдаравиҳо дар масъалаи тавассул дида мешавад, ки бояд онҳоро наҷот дод ва ҳидоят намуд.
* * *
19 – Усули даъвати анбиё як аст
Мо эътиқод дорем: Ҳамаи анбиёи илоҳӣ як ҳадафро таъқиб мекарданд ва он - саодати инсонҳо аз тариқи имон ба Худо ва рўзи растохез ва таълиму тарбияти саҳеҳи динӣ ва тақвияти усули ахлоқӣ дар ҷомеаи башар мебошад. Ба ҳамин далел ҳамаи Паёмбарон назди мо мўҳтараманд, ин матлабро Қуръон ба мо омўхтааст:
"لا نُفَرِّقُ بَيْنَ أحَدٍ مِنْ رُسُلِهِ"
“Мо ҳеҷ фарқе миёни расулони Илоҳӣ намегузорем”.[26]
Ҳарчанд ба гузашти замон ва омодагии башар барои таълимоти олитар, адёни илоҳӣ кам-кам комилтар ва таълимоти онҳо дақиқтар шудааст то навбат ба охирин ва комилтарин оини илоҳӣ, яъне оини Ислом расид ва фармуд:
"ألْيَوْمَ أكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُم وَأتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتي وَ رَضِيتُ لَكُمُ الْاِسْلامَ دِيناً"
“Имрўз дини шуморо комил кардам ва неъмати худро барои шумо тамом намудам ва Исломро ба унвони оини (ҷовидонаи) шумо пазируфтам”.[27]
* * *
Мо эътиқод дорем: Бисёре аз паёмбарони гузашта аз зуҳури паёмбари баъд аз худ хабар додаанд, аз ҷумла ҳазрати Мўсо (а) ва Исо (а) нишонаҳои равшане аз Паёмбари Ислом додаанд, ки ҳанўз баъзе аз онҳо дар китоби онҳо мавҷуд аст:
"ألَّذينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيِّ الاُمّيَ الَّذي يَجِدُونَهُ مَكْتُوباً عِنْدَهُمْ فِي التَّوْرئة وَالاِنْجِيل…اُوُلئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ"
“Онҳое, ки аз Расули Худо, паёмбари дарс нахонда, (вале олиму огоҳ) пайравӣ мекунанд, ҳамон паёмбаре, ки сифаташро дар Таврот ва Инҷил, ки наздашон аст меёбанд, онҳо растгоронанд”.[28]
Ба ҳамин далел таърих мегўяд: Муддате қабл аз зуҳури Паёмбари Ислом гурўҳи азиме аз яҳудиён ба Мадина омаданд ва бесаброна интизори зуҳури он ҳазратро мекашиданд, зеро дар китоби худ хонда буданд, ки паёмбари охирин аз ин сарзамин зуҳур мекунад; ҳар чанд баъд аз беъсати Расулуллоҳ гурўҳе аз онҳо имон оварданд ва гурўҳи дигаре, ки манфиатҳои худро дар хатар медиданд бар мухолифат бархостанд!
* * *
21 – Паёмбарон ва ислоҳи ҷиҳатҳои зиндагӣ
Мо эътиқод дорем: Адёни илоҳие, ки бар паёмбарони Худо нозил шудаанд ва махсусан дини Ислом, танҳо барои ислоҳи зиндагии фардӣ ё масъалаҳои маънавӣ ва ахлоқӣ набуда, балки ислоҳ ва беҳбудии тамоми ҷиҳатҳои зиндагии иҷтимоиро низ дарбар мегирад. Ҳатто бисёре аз улум ва донишҳои мавриди ниёз барои зиндагии рўзонаро мардум аз онҳо омўхтаанд, ки ба баъзе аз онҳо дар Қуръон ишора шудааст.
Мо низ эътиқод дорем: Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои он пешвоёни илоҳӣ барпоии адолат дар ҷомеа мебошад:
"لَقَدْ أرسَلْنا رسلنا بِالْبَيِّناتِ وَ أنْزَلْنا مَعَهُمُ الْكِتابَ وَالْمِيزانَ لِيَقُومَ النّاسَ بِالْقِسْطِ"
“Мо расулони худро ба далелҳои равшан фиристодем ва ба онҳо китоби осмонӣ ва мизонро (шиносоии ҳақ аз ботил ва қонунҳои одилонаро) нозил кардем, то мардум дар ҷаҳон адолатро барқарор кунанд”.[29]
* * *
22 – Аз байн бурдани бартариҳои қавмӣ ва нажодӣ
Мо эътиқод дорем: Паёмбарони Худо махсусан Паёмбари Ислом (с) ҳеҷ гуна бартарии нажодӣ ва қавмиро намепазируфтанд, балки тамоми нажодҳо ва забонҳо ва миллатҳои ҷаҳон, ҳама дар назарашон баробар буд; Қуръон хитоб ба ҳамаи инсонҳо мегўяд:
"يا أيُّها النّاسُ إنّا خَلَقْناكُم مِنْ ذَكَرٍ وَ أُنْثى وَ جَعَلْناكُم شُعُوباً وَ قَبائِلَ لِتَعارَفُوا إنَّ أكْرَمَكُم عِنْد الله أتْقاكُم"
“Эй мардум, мо шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо қавму қабилаҳо қарор додем то якдигарро бишиносед, (вале инҳо милоки бартарӣ нест, балки) гиромитарини шумо назди Худо ботақвотарини шумост!”[30]
Дар ҳадиси маъруф аз Паёмбари Ислом (с) омадааст, ки дар сарзамини Мино, дар маросими ҳаҷ, дар ҳоле ки бар шутуре савор буд, рўй ба мардум кард ва ин суханонро баён фармуд:
"يا أيُّها النّاس ألا إنَّ رَبَّكُمْ واحِد وَ إنَّ أباكُم واحِد، ألا لا فَضْلَ لِعَربِي عَلى عَجَمي وَ لا لِعَجَميّ عَلى عَرَبيّ، وَ لا لِأسْوَدٍ عَلى أحْمَرٍ وَ لا لِأحْمَرٍ عَلى أسْوَدٍ، إلا بِالتَّقْوى، ألا هَلْ بَلَّغْتُ؟ قالُوا نَعَم. قالَ ليُبَلِّغُ الشّاهِدُ الْغائِبَ"
“Эй мардум! Бидонед: Худои шумо якто аст ва падаратон якто, на араб бар аҷам бартарӣ дорад ва на аҷам бар араб, на сиёҳпўст бар гандумгун ва на гандумгун бар сиёҳпўст, магар ба тақво, оё дастури илоҳиро ба шумо расонидам? Ҳама гуфтанд: Оре! Фармуд: Ин суханро ҳозирон ба ғоибон бирасонанд!”[31]
* * *
Мо эътиқод дорем: Имон ба Худо ва тавҳид ва усули таълимоти анбиё ба сурати иҷмолӣ, ба таври фитрӣ дар даруни ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад. Паёмбарони илоҳӣ ин базрҳои[32] пурсамарро ба оби ваҳй обёрӣ кардаанд ва алафҳои бегонаи ширку гумроҳиро аз атрофи он дур сохтаанд:
"فِطْرَةَ الله الَّتي فَطَرَ النّاسَ عَلَيْها لا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللّه ذلِكَ الدّينُ الْقَيِّمُ وَ لكِنَّ أكْثَرَ النّاسِ لا يَعْلَمُونَ"
“Ин (оини холиси Парвардигор) сириште аст, ки Худованд ҳамаи инсонҳоро бар он офаридааст, ҳеҷ дигаргунӣ дар офариниши илоҳӣ нест (ва ин фитрат дар ҳамаи инсонҳо собит аст) ин аст оини устувор, вале аксари мардум намедонанд”.[33]
Ба ҳамин далел дар тўли таърих, дин ҳамеша дар миёни инсонҳо вуҷуд дошт ва ба эътиқоди таърихнависони бузург бединӣ як амри комилан нодир ва истисноӣ буд ва ҳатто миллатҳое, ки солҳои дароз таҳти фишори шадидтарин таблиғоти зиддидинӣ буданд, ҳамин ки озодии худро ба даст оварданд, ба сўи диндорӣ бозгаштанд. Аммо наметавон инкор кард, ки поён будани сатҳи фарҳанги бисёре аз қавмҳои гузашта сабаб мешуд, ки ақоид ва адаби динӣ бо хурофот олуда шавад ва нақши муҳимми паёмбарони илоҳӣ, пок кардани зангори ин хурофот аз оинаи фитрати инсонҳо мебошад.
[1] Сураи Нисо 165.
[2] Сураи Аҳзоб 7.
[3] Сураи Аҳқоф 35.
[4] Сураи Аҳзоб 40.
[5] Дини осмонӣ он дине аст, ки аз тарафи Худо муқаррар шудааст, мисли дини масеҳият, аммо динҳое, ки аз тарафи Худо қарор дода нашудааст, мисли динҳои бутпарастӣ, офтобпарастӣ... инҳо дини осмонӣ номида намешаванд.(т)
[6] Кишварҳое, ки бештари мардуми он мусалмон бошанд, ба унвони кишварҳои исломӣ шинохта мешавад, мисли Тоҷикистон, ки беш аз 90 фоизи мардуми он мусалмон ҳастанд.
[7] Сураи Мумтаҳина 8.
[8] Сураи Бақара 256.
[9] Маъсум – аз гуноҳ пок. Аз гуноҳ дур будани паёмбарон ва ҷонишинони онҳо бо иродаи илоҳӣ мебошад.(м)
[10] Биҳор-ул-анвор, ҷ.25. (Яъне корҳое, ки мо инсонҳо фикр мекунем хуб аст, барои муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ, масалан барои паёмбарон мумкин аст, гуноҳ ҳисоб шавад).(м)
[11] Сураи Оли Имрон 79.
[12] Сураи Нисо 172.
[13] Убудият - бандаи Худо будан.
[14] Сураи Ҷин 26, 27.
[15] Сураи Оли Имрон 49.
[16] Сураи Юсуф 102.
[17] Сураи Анъом 50.
[18] Истиқлолӣ – мустақил, аз ҳеҷ ҷое сарчашма нагирифта. Илми Худованд илми зотӣ ва истиқлолӣ аст, аммо илми паёмбарон зотӣ ва истиқлоӣ нест, балки аз илми Худованд сарчашма мегирад.
[19] Сураи Юнус 3.
[20] Сураи Бақара 255.
[21] Байъ – хариду фурўш.
[22] Сураи Бақара 254.
[23] Сураи Нисо 64.
[24] Сураи Юнус 97-98.
[25] Сураи Аъроф 188.
[26] Сураи Бақара 285.
[27] Сураи Моида 3.
[28] Сураи Аъроф 157.
[29] Сураи Ҳадид 25.
[30] Сураи Ҳуҷурот 13.
[31] Тафсири Қуртубӣ, ҷилди 9.
[32] Базр-тухмӣ.
[33] Сураи Рум 30.