Мо мўътақидем: Худованди Мутаол падид-оварандаи тамоми ҷаҳони ҳастӣ аст ва осори азамат ва илму қудрати ў дар вуҷуди тамоми мавҷудоти ҷаҳон, ошкор ва ҳувайдост, дар даруни вуҷуди мо, дар олами ҷондорон ва гиёҳон, дар ситорагони осмон ва оламҳои боло ва дар ҳама ҷо намоён аст.
Мо мўътақидем: Ҳар чӣ дар асрори мавҷудоти ин ҷаҳон бештар андеша кунем ба азамати зоти поки ў ва вусъати илму қудраташ огоҳтар мешавем ва бо пешрафти илму дониши башарӣ ҳар рўз дарҳои тозае аз илму ҳикмати ў ба рўи мо кушода мешавад ва андешаи моро аз ҳар ҷиҳат густариши бештаре медиҳад ва ин тафаккур сарчашмаи ишқи рўзафзуни мо нисбат ба ў хоҳад шуд ва ҳар лаҳза моро ба он зоти поки муқаддас наздику наздиктар месозад ва дар нури ҷалолу ҷамоли ў фурў мебарад. Қуръони Маҷид мегўяд:
"وَ فِي الاَرْضِ آيات لِلْمُوقِنِين¯وَ فِي أَنْفُسِكُمْ أَفَلاتُبْصِرُونَ"
“Ва дар замин оёте (нишонаҳои пай бурдан ба ҳақ) барои ҷўяндагони яқин мавҷуд аст ва дар вуҷуди худи шумо (низ оёте аст) оё намебинед?”[1]
"إِنَّ فِي خَلْقِ السَّموات وَ الاَرْضِ وَاخْتِلافِ اللَّيْلِ وَ النَّهارِ لَآياتٍ لِاُولِي الاَلْبابِ ¯ أَلَّذينَ يَذْكُرُونَ الله قِياماً وَ قُعُوداً وَ عَلَى جُنُوبِهِمْ وَ يَتَفَكَّرُونَ فِي خَلْقِ السَّمواتِ وَ الاَرْضِ ربَّنا ما خَلَقْتَ هذا باطِلاً"
“Дар офариниши осмонҳо ва замин омаду рафти шабу рўз, нишонаҳо (-и равшане) барои хирадмандон аст – ҳамонҳое, ки Худоро дар ҳоли истода ва нишаста ва онгоҳ, ки бар паҳлў хобидаанд ёд мекунанд, дар асрори офариниши осмонҳо ва замин меандешанд (ва мегўянд) бор Илоҳо, ҳаргиз инҳоро беҳуда наофаридаӣ!”[2]
* * *
Мо эътиқод дорем: Зоти поки Худованд аз ҳар айбу нақс поку муназзаҳ аст ва ороста ба тамоми камолот мебошад, балки ў камоли мутлақ ва мутлақи камол аст ва ба таъбири дигар ҳар камолу зебоие дар ин ҷаҳон аст, аз зоти поки ў сарчашма гирифтааст.
"هُوَ اللّهُ الَّذي لا إِلهَ إِلّا هُوَ الْمَلِكُ الْقُدُّوسُ السَّلامُ الْمُؤمِنُ الْمُهَيْمِنُ الْعَزيزُ الجَبّارُ الْمُتَكَبِّرُ سُبْحانَ اللّهِ عَمّا يُشْرِكُونَ¯هُوَ اللّهُ الْخالِقُ الْبارِئُ الْمُصَوِّرُ لَهُ الاَسْماءُ الْحُسْنى يُسَبِّحُ لَهُ ما فِي السَّمواتِ وَ الاَرْضِ وَ هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ"
“Ў Худое аст, ки маъбуде ҷуз ў нест, ҳоким ва молики аслӣ ўст, аз ҳар айб пок ва муназзаҳ аст, ба касе ситам намекунад, амниятбахш аст, муроқиби ҳамаи чизҳо аст, қудратманди шикастнопазир аст, ки бо иродаи бонуфузи худ ҳар амреро ислоҳ мекунад, ў шоистаи азамат аст ва муназзаҳ аст, аз он чӣ ҳамтои ў қарор медиҳанд, ў Худованде аст холиқ, офаринандаи бесобиқ ва суратгар (-и беназир), барои ў номҳои нек (ва ҳар гуна сифатҳои камол) аст, он чӣ дар осмонҳо ва замин аст тасбеҳи ў мегўянд ва ў азизу ҳаким аст”.[3]
Ва ин бахше аз сифоти ҷамол ва ҷалоли ў аст.
* * *
Мо эътиқод дорем: Ў вуҷуде аст бениҳоят аз ҳар назар: аз назари илму қудрат, ҳаёти абадӣ ва азалӣ ва ба ҳамин далел дар замону макон намеғунҷад, чаро ки замону макон ҳарчӣ бошад маҳдуд аст, вале дар айни ҳол ҳамаҷо ва дар ҳар замон ҳузур дорад, чаро ки фавқи замон ва макон аст.
"وَ هُوَ الَّذِي فِي السَّماءِ اِله وَ فِي الاَرْضِ إِله وَ هُوَ الْحَكِيمُ الْعَلِيمُ"
“Ў касе аст, ки дар осмон маъбуд аст ва дар замин маъбуд аст ва ў ҳакиму алим аст”.[4]
"وَ هُوَ مَعَكُمْ أَيْنَما كُنْتُمْ وَاللّهُ بِما تَعْمَلُونَ بَصِير"
“Ў бо шумо аст ҳар ҷо, ки бошед ва Худованд нисбат ба он чӣ анҷом медиҳед биност”.[5]
Оре ў бо мо аз мо наздиктар аст, ў дар даруни ҷони мо аст ва ў дар ҳамаҷо аст ва дар айни ҳол маконе надорад:
"وَ نَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ"
“Ва мо ба ў (инсон) аз раги қалбаш наздиктарем!”[6]
"هُوَ الاَوَّلُ وَ الآخِرُ وَ الظّاهِرُ وَ الْباطِنُ وَ هُوَ بِكُلِّ شَئٍ عَلِيم"
“Ўст оғозу поён ва падидору пинҳон ва ў ба ҳар чиз доност”.[7]
Бинобар ин агар дар оёте аз Қуръон мехонем:
"ذُو الْعَرْشِ الْمجيد"
“Ў соҳиби арш ва дорои бузургӣ ва азамат аст”.[8]
(Арш дар ин ҷо ба маъноӣ тахти баланди шоҳона нест).
Ва низ агар дар ояти дигар мехонем:
"الرَّحْمنُ عَلَي الْعَرْشِ اسْتَوى"
“Худованди Раҳмон бар Арш қарор дорад”.[9]
Ҳаргиз ба ин маъно нест, ки ў макони хоссе дорад, балки ҳокимияти ўро бар тамоми олами модда ва ҷаҳони моварои табиат собит мекунад. Чаро ки агар барои ў макони хос қоил шавем, ўро маҳдуд кардаем ва сифати махлуқотро барои ў собит намуда ва ўро монанди дигар чизҳо донистаем, дар ҳоле, ки
"لَيسَ كَمِثْلِهِ شَيء"
“Ҳеҷ чиз монанди ў нест”.[10]
"وَ لَمْ يَكُن لَّهُ كُفُواً أَحَد"
“Барои ў ҳеҷ гуна шабеҳ ва монанде вуҷуд надорад”.[11]
* * *
Мо эътиқод дорем: Худованд ҳаргиз бо чашм дида намешавад, чаро ки дидан бо чашм ба маънои ҷисм будан ва макону маҳал, рангу шакл ва ҷиҳат доштан аст ва инҳо ҳама сифати махлуқот аст ва Худованд бартар аз он аст, ки сифати махлуқотро дошта бошад.
Бинобар ин эътиқод ба дидани Худованд як навъ олудагӣ ба ширк аст:
"لاتُدْرِكُهُ الاَبْصارُ وَ هُوَ يُدْرِكُ الاَبْصارَ وَ هُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ"
“Чашмҳо ўро намебинанд, вале ў ҳамаи чашмҳоро мебинад ва ў бахшанда ва огоҳ аст”.[12]
Ба ҳамин далел ҳангоме ки баҳонаҷўёни Банӣ Исроил аз Мўсо(а) тақозои дидани Худо карданд ва гуфтанд:
"لن نؤمن لك حتى نرى الله جهرة"
“Ҳаргиз ба ту имон намеоварем то Худоро ошкор бубинем!”[13]
Мўсо онҳоро ба кўҳи Тур бурд ва тақозои онҳоро такрор намуд ва аз сўи Худованд чунин посух шунид:
"لَنْ تَراني وَلكِن انْظُرْ إِلَى الْجَبَلِ فَإِنِّ اسْتَقَرَّ مَكانَهُ فَسَوْفَ تَراني فَلَمّا تَجَلّى رَبُّهُ لِلْجَبَلِ جَعَلَه دَكًّا وَ خَرَّ مُوسى صَعِقاً فَلَمّا أَفاقَ قالَ سُبْحانَكَ تُبْتُ إِلَيْكَ وَ أَنا أَوَّلُ الْمُؤمِنِينَ"
“Ҳаргиз моро нахоҳӣ дид, вале ба кўҳ нигоҳ кун, агар дар ҷои худ собит монд, маро хоҳӣ дид ва чун Парвардигораш бар кўҳ ҷилва кард, онро монанди хок намуд ва Мўсо мадҳуш бар замин афтод, ҳангоме ки ба ҳуш омад арз кард: Худовандо, муназзаҳӣ аз ин ки бо чашм дида шавӣ, ман ба сўи ту боз мегардам ва ман нахустин мўъминам”.[14]
Бо ин достон собит шуд, ки Худованд ҳаргиз қобили дида шудан нест.
Мо эътиқод дорем: Агар дар баъзе аз оёт ё ривоёти исломӣ сухан аз дидани Парвардигор ба миён омад, манзур дидани бо чашми дил ва шуҳуди ботин аст, чаро ки ҳамеша оёти Қуръон якдигарро тафсир мекунанд.[15]
Изофа бар ин, Алӣ (а) бар посухи касе, ки аз ҳазрат пурсид:
" يا أَمِيرَالْمؤمِنِين هَلْ رَأَيْت رَبَّكَ "
Эй Амиралмўъминин, оё ҳаргиз Худои худро дидаӣ?
Фармуд:
" أَأَعْبُدُ ما لا أَرى "
Оё касеро, ки надидаам парастиш кунам?
Сипас фармуд:
"لا تُدْركُهُ الْعُيُونُ بِمُشاهَدَةِ الْعَيانِ وَ لكِنْ تُدْرِكُهُ الْقُلُوبُ بِحَقايِقِ الإِيمانِ"
Чашмҳо ҳаргиз ўро ошкор намебинад, аммо бо неруи имон вайро дарк мекунанд.[16]
Мо эътиқод дорем: Сифатҳои махлуқотро барои Худо қоил шудан, аз ҷумла эътиқод ба макон, ҷиҳат, ҷисмият, мушоҳида ва дидан, сабаби дур афтодан аз маърифати Худованд ва олуда шудан ба ширк аст, оре ў бартар аз ҳамаи мумкинот ва сифоти онҳо аст ва чизе монанди ў намебошад.
* * *
Мо эътиқод дорем: Аз муҳимтарин масоил дар бораи маърифати Аллоҳ, маърифати масъалаи тавҳид ва ягонагии зоти поки ў аст. Дар воқеъ тавҳид танҳо яке аз усули дин нест, балки руҳ ва решаи тамоми ақоиди исломӣ аст ва бо сароҳат метавон гуфт: усул ва фуруи Ислом дар тавҳид шакл мегирад, ҳама ҷо сухан аз тавҳид ва ягонагӣ аст, ваҳдати зоти пок ва тавҳиди сифатҳо ва афъоли Худо ва дар тафсири дигар ваҳдати даъвати анбиё, ваҳдати дину оини илоҳӣ, ваҳдати қибла ва китоби осмонии мо, ваҳдати аҳком ва қонунҳои илоҳӣ дар бораи тамоми афроди башар ва билахира ваҳдати сафҳои мусалмонон, ваҳдати рўзи маод. Ба ҳамин далел Қуръони Маҷид ҳар гуна инҳироф аз тавҳиди Илоҳӣ ва гароиш ба ширкро, гуноҳи нобахшиданӣ мешуморад:
"إِنَّ الله لا يَغْفِرُ أَنْ يُشْرَكَ بِهِ وَ يَغْفِرُ مادُونَ ذلِكَ لِمَنْ يَشاءُ وَ مَنْ يُشْرِكْ بِاللّهِ فَقَدِ افْتَرى إِثْمًا عَظِيمًا"
“Худованд (ҳаргиз) ширкро намебахшад ва поёнтар аз онро барои ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бидонад) мебахшад ва он кас, ки барои Худо ҳамтое қарор диҳад гуноҳи бузурге муртакиб шудааст”.[17]
"وَلَقَد أُوحِيَ إِلَيْكَ وَ إِلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكَ لَئِنْ أَشْرَكْتَ لَيَحْبِطَنَّ عَمَلُكَ وَ لَتَكُونَنَّ مِنَ الْخاسِرِينَ"
“Ба ту ва ҳамаи паёмбарони пешин ваҳй шудааст, ки агар мушрик шавӣ тамоми аъмолат табоҳ мегардад ва аз зиёнкорон хоҳӣ буд”.[18]
* * *
Мо эътиқод дорем: Тавҳид шохаҳои зиёде дорад, ки аз ҳама муҳимтар шохаҳои чаҳоргонаи зер аст:
1- Тавҳиди зот
Яъне зоти поки ў ягона аст ва ҳеҷ шабеҳ ва назир ва монанде надорад.
2- Тавҳиди сифат
Яъне сифати илму қудрат ва азалияту абадият ва ғайра ҳама дар зоти ў ҷамъ аст ва айни зоти ягонаи ў аст. На монанди махлуқот, ки сифати онҳо аз якдигар ҷудо ва аз зоти онҳо низ ҷудост, албатта айнияти зоти Худованд бо сифатҳои ў (яъне сифатҳои Худованд ҳама айни зоти ўст, яъне дар зоти ўст) ниёз ба диққат ва зарофати фикрӣ дорад.
3- Тавҳиди афъолӣ
Яъне ҳар феълу ҳаракат ва ҳар асаре, ки дар ҷаҳони ҳастӣ аст ҳама аз ирода ва хости Худо сарчашма мегирад:
"الله خالِقُ كُلِّ شَيءٍ وَ هُوَ عَلى كُلِّ شيءٍٍ وَكِيل"
“Худованд офаринандаи ҳамаи чиз ва ҳофиз ва нозир ба ҳамаи ашё аст”.[19]
"لَهُ مَقالِيدُ السَّمواتِ وَ الأَرْضِ"
“Калидҳои осмонҳо ва замин аз они ўст ва дар дасти қудрати ў мебошад”.[20]
Оре,
"لا مُؤَثِّرَ فِي الْوُجُودِ إِلّا اللّه"
“Ҳеҷ таъсиргузоре дар ҷаҳони ҳастӣ, ҷуз зоти поки Худованд вуҷуд надорад”.[21]
Вале ин сухан ба он маъно нест, ки мо дар аъмоли худ маҷбурем, балки баръакс, мо дар ирода ва тасмимгириҳои худ озод ҳастем:
"إِنّا هَدَيْناهُ السَّبِيلَ إِمّا شاكرًا و إِمّا كَفُورًا"
“Мо ўро (инсонро) ҳидоят кардем (ва роҳро ба ў нишон додем), хоҳ шокир бошад ( ва бипазирад), ё куфрон кунад (ва сарпечӣ намояд)”.[22]
"وَأَنْ لَيْسَ لِلإِنْسانِ إِلّا ما سَعى"
“Ва барои инсон баҳрае ҷуз саъю кўшиши ў нест”.[23]
Ин оёти Қуръонӣ ба равшанӣ нишон медиҳад, ки инсон дорои озодии ирода аст, вале чун озодии ирода ва қудрат бар анҷоми корҳоро Худованд ба мо додааст, аъмоли мо мустанад ба ў аст бе он ки аз масъулияти мо дар баробари корҳоямон бикоҳад, - диққат кунед.
Оре, ў ирода кардааст, ки мо амалҳои худро бо озодӣ анҷом диҳем, то аз ин тариқ моро озмоиш кунад ва дар роҳи такомул пеш барад, чаро ки танҳо бо озодии ирода ва паймудани роҳи итоати Худо бо ихтиёр, такомули инсонҳо сурат мегирад, зеро аъмоли маҷбурӣ ва хориҷ аз ихтиёр, на далели хубии касе аст ва на нишонаи бадии ў!
Аслан агар мо дар аъмоламон маҷбур будем, на беъсати анбиё ва нозил шудани китобҳои осмонӣ маъно дошт ва на таклифҳои динӣ ва таълиму тарбият, ҳамчунин подош ва кайфари Илоҳӣ низ номафҳум ва холӣ аз мўҳтаво мешуд.
Ин ҳамон чизе аст, ки мо аз мактаби имомони Аҳли Байт (а) низ омўхтаем, ки ба мо фармудаанд:
"لا جبر و لا تفويض و لكن امر بين امرين"
“На ҷабри мутлақ саҳеҳ аст ва на тафвиз ва вогузории мутлақ, балки чизе дар миёни ин ду аст”.[24]
4-Тавҳиди ибодат
Яъне ибодат махсуси Худост ва ҳеҷ маъбуде ҷуз зоти поки ў вуҷуд надорад, ин шохаи тавҳид аз муҳимтарин шохаҳои он ҳисоб мешавад, паёмбарони илоҳӣ бештар рўи он таъкид кардаанд:
"وَ ما اُمِرُوا إلّا لِيَعْبُدُوا اللَهَ مُخْلِصِينَ لِهُ الدِّينَ حُنَفاءَ… وَ ذلِكَ دِينُ الْقَيِّمَة"
“Ба онҳо (Паёмбарон) ҷуз ин дастуре дода нашуд, ки танҳо Худоро бипарастанд ва дини худро барои ў холис кунанд ва аз ширк ба тавҳид боз гарданд... ва ин аст оини пойдори илоҳӣ!”[25]
Барои паймудани мароҳили такомули ахлоқ ва ирфон, тавҳид аз ин ҳама амиқтар мешавад ва ба ҷое мерасад, ки инсон бояд танҳо ба Худо дил бандад, дар ҳама ҷой ўро талабад ва ҷуз ба ў наандешад ва чизе ўро аз Худо ба худ машғул насозад:
"كُلَّما شَغَلَكَ عَنِ اللّه فَهُوَ صَنَمُكَ"
“Ҳар чизе туро ба худ машғул созад ва аз Худо дур кунад, бути туст”.
Мо эътиқод дорем: Шохаҳои тавҳид мунҳасир ба ин чаҳор шоха нест, балки тавҳиди моликият,[26] - яъне ҳама чиз аз они Худо аст–
"لِلّهِ مافِي السَّمواتِ وَمافِي الْأَرْضِ"
ва тавҳиди ҳокимият,[27]
- яъне қонун танҳо қонуни Худо аст -
"وَ مَنْ لَّمْ يَحْكُمْ بِما انْزَلَ اللّهُ فَأُولئِكَ هُمُ الْكافِرُونَ"
, ҳама аз шохаҳои тавҳид аст.
* * *
Мо эътиқод дорем: Асли тавҳиди афъолӣ ин ҳақиқатро таъкид мекунад, ки амалҳои ғайриоддӣ ва мўъҷизоте, ки аз паёмбарони илоҳӣ содир мешавад ҳама ба изни Аллоҳ мебошад, чуноне ки Қуръони Маҷид дар бораи ҳазрати Масеҳ (а) мегўяд:
"وَ تُبْرِئُ الأَكْمَهَ وَ الأَبْرَصَ بِإِذْنِي وَ إِذْ تُخْرِجُ الْمَوْتى بِإِذْني"
“Кўри модарзод ва мубтало ба бемории (бедармон) песиро ба изни ман шифо медодӣ! Ва мурдагонро ба фармони ман зинда мекардӣ!”[28]
Ва дар бораи яке аз вазирони Сулаймон мефармояд:
"قالَ الَّذِي عِندَهُ عِلْمٌ مِنَ الْكِتابِ أَنا آتِيكَ بِهِ قَبْلَ أَنْ يَرْتَدَّ إِلَيْكَ طَرْفُكَ فَلَمّا رَآهُ مُسْتَقِرًّا عِنْدَهُ قالَ هذا مِنْ فَضْلِ رَبِّي"
“Касе, ки донише аз Китоби Осмонӣ назди ў буд гуфт: Пеш аз он ки чашм бар ҳам занӣ, ман онро назди ту хоҳам овард ва ҳангоме ки (Сулаймон) онро назди худ собит ва мустақар дид, гуфт ин аз фазл (ва иродаи) Парврдигори ман аст”.[29]
Бинобар ин нисбат додани шифои беморони бедармон ва зинда кардани мурдагон ба ҳазрати Масеҳ (а) ба изн ва фармони Худо, ки равшан ва ошкор дар Қуръон омадааст, айни тавҳид аст.
* * *
Мо ба вуҷуди фариштагони илоҳӣ мўътақидем, ки ҳар кадом вазифаҳои хоссе доранд, баъзе аз онҳо вазифа доранд, ваҳйро ба пайғамбарон расонанд.[30]
Ва гурўҳе вазифа доранд, амалҳои инсонҳоро ҳифз кунанд.[31]
Ва гурўҳе вазифаи гирифтани руҳи инсонҳоро доранд.[32] Ва гурўҳе вазифа доранд, ба мўъминони босабр ёрӣ расонанд.[33]
Ва гурўҳе вазифа доранд, қавмҳои саркашро ҷазо диҳанд.[34] Ва вазифаҳои муҳимми дигар барои низоми ҷаҳони офариниш, доранд.
Ба ин сабаб, ки ҳамаи ин вазифаҳо ба изни Худованд ва ба ҳавлу қувваи илоҳӣ аст, бинобар ин ҳеҷ мунофоте бо усули тавҳиди афъолӣ ва тавҳиди рубубӣ надорад, балки онро таъкид мекунад.
Зимнан аз ин ҷо равшан мешавад, ки масъалаи шафоати паёмбарон ва маъсумон ва фариштагон чун ба изни Худо аст, айни тавҳид аст.
"مامِنْ شَفِيعٍ الّا مِنْ بَعْدِ إِذْنِهِ"
“Ҳеҷ шафоаткунандае ҷуз бо изни ў нест”.[35]
Шарҳи бештар дар бораи ин масъала ва масъалаи тавассулро дар баҳси нубуввати анбиё хоҳем дошт.
* * *
Мо эътиқод дорем: Ибодат махсуси зоти поки Худост (ҳамон гуна ки дар баҳси тавҳиди ибодат ишора шуд). Бинобар ин ҳар кас ғайри ўро парастиш кунад мушрик аст, даъвати ҳамаи анбиё низ рўи ин масъала мутамаркиз мебошад:
"أُعْبُدُوا الله مالَكُمْ مِنْ إِلهٍ غَيْرُهُ"
“Худовандро парастиш кунед, ки маъбуде ҷуз ў надоред”.[36]
Ин сухан аст, ки дар Қуръони Маҷид борҳо аз паёмбарон нақл шудааст ва мо мусалмонон ҳамеша дар намозҳои худ ҳангоми тиловати сураи Ҳамд ин шиори муҳимми исломиро такрор мекунем:
"اياك نعبد واياك نستعين"
“Танҳо туро парастиш мекунем ва танҳо аз ту ёрӣ меҷўем”.
Равшан аст, ки эътиқод ба шафоати анбиё ва фариштагон ба изну фармони Худо, ки дар оёти Қуръон омадааст ба маънои ибодат нест.
Ҳамчунин тавассул[37] ба паёмбарон ба ин маъно, ки аз онҳо хоста шавад, ки аз даргоҳи поки Парвардигор ҳалли мушкилеро барои тавассул-кунанда бихоҳанд, ин кор парастиш ва ибодати он паёмбар ҳисоб намешавад ва бо тавҳиди афъолӣ ё тавҳиди ибодӣ низ мунофот надорад ва шарҳи ин масъала дар баҳси нубувват хоҳад омад.
* * *
Мо эътиқод дорем: Бо ин ки осори вуҷуди Худованд ҳамаи олами ҳастиро пур кардааст, ҳақиқати зоти Худо бар ҳеҷ кас равшан нест ва ҳеҷ кас наметавонад ба асли зоташ пай барад, чаро ки зоти ў аз ҳар назар бениҳоят аст ва мо аз ҳар назар маҳдуд ва кўчак ҳастем ва ба ҳамин далел иҳотаи мо ба ў ғайри мумкин аст:
"أَلا إِنَّهُ بِكُلِّ شَيءٍِ مُحِيطٌ"
“Огоҳ бошед ў ба ҳар чизе иҳота дорад”.[38]
"وَاللّهُ مِنْ وَرائِهِمْ مُحِيط"
“Ва Худованд ба ҳамаи онҳо иҳота дорад”.[39]
Дар ҳадиси маъруфи набавӣ (с) мехонем, ки он ҳазрат низ мефармуд:
"ما عَبَدْناك حَقَّ عِبادَتِكَ وَ ما عَرَفْناكَ حَقَّ مَعْرِفَتِك"
“Мо туро он гуна ки шоистаи зоти ту аст ибодат накардем ва он гуна ки ҳаққи маърифати ту мебошад, туро нашинохтем!”[40]
Вале иштибоҳ нашавад, ки ин сухан ба он маънӣ нест, ки чун мо аз илми тафсилӣ нисбат ба зоти покаш маҳрумем, аз илм ва маърифати иҷмолӣ (мухтасар) низ даст бардорем ва танҳо дар боби маърифатуллоҳ ба зикри лафзҳое, ки ҳеҷ мафҳуме барои мо надорад қаноат кунем, ин ҳамон ақидаи таътили маърифатуллоҳ аст, ки мо онро қабул надорем ва ба он эътиқод надорем, зеро ки Қуръон ва дигар китобҳои осмонӣ ҳама барои маърифатуллоҳ ва шинохти Худованд нозил шудааст.
Мисолҳои зиёде барои ин мавзўъ метавон овард, масалан мо ҳақиқати руҳро намедонем, ки чист? Вале бешак мо дар бораи он маърифати иҷмолӣ дорем, медонем, ки руҳ вуҷуд дорад ва осори онро мушоҳида мекунем.
Дар ҳадисе аз Имом Муҳаммади Боқир(а) мехонем:
"كلّما ميزتموه باَوهامكم في أدق معانيه مخلوق مصنوع مثلكم مردود إليكم"
“Ҳар чизеро, ки бо фикр ва ваҳми худ дар дақиқтарин маънояш тасаввур кунед, махлуқ ва сохтаи шумо аст ва монанди худи шумост ва ба шумо боз мегардад ( ва Худованд аз он бартару волотар аст)”.[41]
Дар ҳадиси дигаре аз Амиралмўъминин Алӣ (а) роҳи дақиқ ва борики маърифатуллоҳ бо иборати зебо ва равшане баён шудааст:
"لَمْ يُطْلِعِ اللهُ سُبْحانَهُ الْعُقُولَ عَلى تَحْدِيدِ صِفَتِهِ وَ لَمْ يَحْجُبْها أمْواجَ مَعْرِفَتِهِ"
“Худованди Субҳон ақлҳоро аз ҳудуди сифатҳои худ огоҳ насохтааст ва дар айни ҳол онҳоро аз маърифат ва шинохти лозим бебаҳра нагузоштааст”.[42]
* * *
Мо эътиқод дорем: Ҳамон гуна ки таътили шинохти Худованд ва маърифати сифати ў нодуруст аст, афтодан дар водии ташбеҳ низ ғалат ва ба ширк олудан аст, яъне наметавонем бигўем он зоти пок аслан шинохта намешавад ва мо роҳе ба маърифати ў надорем, ҳамон гуна ки наметавон ўро шабеҳ ва монанди махлуқот донист, ки яке роҳи ифрот аст ва дигаре тафрит, - диққат кунед.
[1] Сураи Зориёт, ояти 20-21.
[2] Сураи Оли Имрон ояти 190-191.
[3] Сураи Ҳашр 23-24.
[4] Сураи Зухруф 84.
[5] Сураи Ҳадид 4.
[6] Сураи Қоф, 16.
[7] Сураи Ҳадид, 3.
[8] Сураи Буруҷ 15.
[9] Аз баъзе оёти Қуръон истифода мешавад, ки курсии Худованд тамоми осмон ва заминро фаро мегирад бинобар ин арши ў олами модда аст, (сураи Бақара 255).
[10] Сураи Шуро 11.
[11] Сураи Ихлос 4.
[12] Сураи Анъом 103.
[13] Сураи Бақара 55.
[14] Сураи Аъроф 143.
[15] Ин ҷумла маъруф аст ва аз Ибни Аббос нақл шудааст, вале ин маъно дар Наҳҷ-ул-балоға аз Амиралмўъминин Алӣ (а) баён шудааст.
[16] Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 179.
[17] Сураи Нисо 48.
[18] Сураи Зумар 65.
[19] Сураи Зумар 62.
[20] Сураи Шўро 12.
[21] Сураи Инсон 3.
[22] Сураи Инсон 3.
[23] Сураи Наҷм 39.
[24] “Усули кофӣ”.
[25] Сураи Баййина 5.
[26] Сураи Бақара 284.
[27] Сураи Моида 44.
[28] Сураи Моида 110.
[29] Сураи Намл 40.
[30] Сураи Бақара 97.
[31] Сураи Инфитор 10.
[32] Сураи Аъроф 37.
[33] Сураи Фуссилат 30.
[34] Сураи Ҳуд 77.
[35] Сураи Юнус 3.
[36] Сураи Аъроф оёти 59, 65, 73, 85 ва ...
[37] Тавассул – инсон дар байни худ ва Худованд шахсиятҳоеро, ки дар назди Худо соҳиби обрў ҳастанд, - мисли паёмбарон - миёнрав қарор медиҳад ва ба василаи онҳо аз Худованд дархости мағфират мекунад ва ба ин кор тавассул мегўянд, ки дар Қуръон ва суннат далели ҷоиз будани он омадааст.
[38] Сураи Фуссилат 54.
[39] Сураи Буруҷ 20.
[40] Биҳор-ул-анвор, ҷилди 28.
[41] Биҳор-ул-анвор, ҷилди 66.
[42] Ғурар-ул-ҳикам.
[43] Таътил – ақидае аст, ки мегўяд, зоти поки Худованд аслан шинохта намешавад ва мо инсонҳо ҳеҷ роҳе барои шинохти ў надорем.
[44] Ташбеҳ – ақидаи гурўҳе аст, ки барои шинохти Худованд ўро ба махлуқот монанд ва ташбеҳ мекунанд.