|
Ҳамагӣ медонем, ки ҳолатҳои дарунии инсон аз назари нишоту шодӣ, ғаму ранҷ ва комёбиву нокомӣ, дар равиши сухан гуфтан комилан таъсир дорад. Ҳангоме ки эҳсосоти ширин ва ё тунд, ба инсон даст медиҳад қувваҳои фикрӣ ва дарккунандаи инсон ба ҳаракат медарояд ва инсон эҳсосоти дарунии худро дар беҳтарин қолиб аз назари лафз ва маъно мерезад ва дигаронро аз ғавғое, ки дар даруни ў ҳукмфармост огоҳ месозад. Дар ҳоле ки ҳамин шахс дар шароитҳои оддӣ наметавонад ба чунин равише сухан бигўяд ва ё бинависад.
Амну оромиш ва ё ҷангу ситез дар равиши сухан гуфтани инсон комилан муассир аст. Фикрҳову лафзҳо, ки дар лаҳзаҳои фароғат аз дилу дамоғ таровиш мекунад ва аз нўги забон мерезад, бо он чи ки дар мавқеи гирифторӣ дар рўи дил нақш мебандад комилан бо ҳам фарқ мекунад.
На танҳо ҳолатҳои дарунӣ дар равиши баёни инсон муассир аст, балки фаслҳои мухталифи зиндагӣ аз даврони ҷавонӣ то вақти пирӣ, ки ақл ва фикри инсон дар ин муддат комил ва пухта мешавад, дар тарзи тафаккур ва наҳваи сухан гуфтан комилан муассир мебошад.
Рўи ин асос аст, ки нависандагон ва сарояндагони забардаст мавқеи нашри осори илмӣ ва фикрӣ ва адабӣ кўшиш мекунанд, ки онҳоро гулчин намоянд ва аз қисмате аз осори худ чашм пўшида ва онҳоро ба дур меандозанд чун мавқеи нашри осори худ, аз назари такомули фикрӣ ба дараҷае мерасанд, ки осори деринаи худро бо мақом ва шууни феълии худ муносиб намебинанд.
Агар дар осори илмӣ ва адабии шахсиятҳои ҷаҳон як навъ ихтилоф ва ноҳамрангӣ мушоҳида мекунем, ба ин сабаб аст, ки гуфта шуд. Ин гуна осори мухталиф ба хотири ин аст, ки он осор дар бахшҳои гуногуни зиндигии онҳо навишта шудааст, аз ин сабаб наметавонанд якхел бошанд. Такомул дар ҷаҳони офариниш як қонуни истиснонопазир аст ва гузашти замону рўз ва моҳ ва ҳодисаҳои гуногун дар рўҳияҳову фикрҳои инсон таъсири босазое доранд, то он ҷо, ки фикрҳои деринаи инсон пояи ҷаҳишҳо ва дигаргунии фикрии наве мебошанд, ки дар даруни инсон ҷавона мезанад.
Нависандаи бузурги исломӣ, Имодуддин Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳомиди Исфаҳонӣ, ки дар соли 597 вафот кардааст мегўяд: инсонеро надидам, ки имрўз чизеро бинависад, магар ин ки фардои он рўз ақидаашро иваз карда ва мегўяд: Агар ин қисматро иваз кунам беҳтар мешавад ва ё инро изофа намоем зеботар мешавад. Агар ин фаслро аз аввали китоб бардорему дар ҷои дигар гузорем ва ё ҳазфаш кунем беҳтар мешавад. Ин гуна орзуҳо гувоҳ бар ин аст, ки нақсу бечорагӣ бар инсон истило дорад ва ў пайваста қадам ба сўи камол мегузорад. Суханони як шахси оддӣ, ҳарчанд дар ширинии гуфтор ва зебоии калом ва иншо саромади рўзгор бошад, наметавонад ҳама вақт якхел бошад, балки дар гуфтор ва суханони ў навасони комиле вуҷуд хоҳад дошт. Сарояндагони сухансоз ва гўяндагони фасеҳ ва балиғ, ҳар андоза дар фанни шеъру суханронӣ қавӣ ва неруманд бошанд, вале ҳамаи сурудаҳо ва суханони онон зебо ва ширин, фасеҳ ва балиғ нахоҳад буд. Агар қисмате аз шеърҳо ва суханони онон мумтозу олӣ бошад, қисмати дигараш бисёр паст ва дар дараҷаи бисёр поин қарор мегирад.
Равиши Қуръон бар хилофи онҳо аст. Қуръон дар айни ин ки баъзе аз оёташ бар баъзеи дигар бартарӣ дорад, вале ҳамагӣ дорои як равиш аст, ки онҳоро ба дараҷаи мўъҷиза ва ба мақоме расондааст, ки касе наметавонад монанди онро биоварад ва бо он муқобила кунад. Ва ҳаргиз ихтилофҳо ва навасон дар равише, ки баъзе ба дараҷаи мўъҷиза бирасад ва баъзеи дигар дар радифи душманони оддӣ қарор гирад, дар Қуръон вуҷуд надорад.
Қуръон бо ин ки дар муддати 23-сол дар ҳолатҳои мухталиф ва шароити гуногуне бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нозил гардид ва ҳар кадом аз он ҳолатҳо дар эҷоди ихтилоф дар равиш ва балоғати калом нақши муассире доранд бо ин васф, ҳамаи сураҳои Қуръон дорои як равиш аст ва миёни аввалин сурае, ки бар Паёмбар нозил шуд (сураи Иқраъ) бо охирин сурае, ки ба он ҳазрат нозил шуд (сураи Наср) ҳеҷ ихтилофе вуҷуд надорад. Ва равиши 83 сура ё 85 сурае, ки дар Макка нозил шуда ва бо заъфи Ислому мусалмонон ва ранҷу мусибатҳо ҳамроҳ буд, бо равиши сураҳои дигар, ки дар Мадина нозил шудааст аз ҷиҳати маҳкам будани баён ва комил будани балоғат ва мўъҷиза будан яке аст. Ва агар Қуръон сухани башар буд, бояд авзоъ ва шароит дар равиши балоғати он асар мегузошт.
Ва ҳамчунин ҳар мавзўе аз мавзўҳо қалами хос ва иншои вижае дорад. Қалами номанигорӣ бо қалами панду андарз фарқ дорад. Равиши воқеанигорӣ ва баёни шароити миллатҳои дерина бо равиши навиштани китоб фарқ мекунад. Равиши навиштани қонун ва аҳком ба гунаест, ки бо равиши суханварӣ ва муаммонависӣ комилан фарқ дорад. Қаламе, ки дар мадҳу ситоиш ва таҳният ва ё табрики афрод ба кор меравад бо қалами мазаммат ва ё иншо баробар нест. Баъзеҳо дар ғазалсароӣ устод ҳастанд, вале вақте вориди марҳалаи дигаре шаванд комилан пиёда ва нотавон ҳастанд. Баъзеҳо дар нақл кардани манзараҳои табиӣ ва ба расм даровардани вазъи ҷанг моҳир ва забардаст ҳастанд, ки ҳатто баёну гуфторашон, ҷонишини сурат ва филм мегардад. Аммо дар ғайри он мавзўъ оҷизу нотавонанд ва сабаби он ин аст, ки ҳар мавзўе барои худ салиқаи хоссе ва завқу тахассус ва тамрини вижае лозим дорад ва ҳаргиз то кунун дида нашудааст, ки як нафар дар тамоми мавзўҳо дорои қалами равон ва иншои саҳеҳ ва равиши махсус ба он дошта бошад. Аз ин назар нависандагон ва шоирони ҳар миллате ҳар кадом дар мавзўе маҳорат дошта ва дар қисматҳои дигар комилан нотавон будаанд. Барои ҳамин аст ҳангоме ки Амири мўъминон Алӣ алайҳис-салом аз беҳтарин шоирон суол шуд он ҳазрат дар ҷавоб фармуд:
"الناس لم يجروا في حلبة واحدة حتى تعرف الغاية عند قصبتها".
“Шоирони замони ҷоҳилият дар як майдон ба мусобиқа напардохтанд то қаҳрамони онон маълум гардад.[1] Дар миёни шоирони форсӣ ғазали Ҳофиз ва ҳамосаи Фирдавсӣ ва насри Саъдӣ маъруф аст ва ҳар кадом дар бахше аз сухансароӣ бартарӣ доранд ва агар аз он хориҷ шаванд, латофату зебоии сухани худро аз даст хоҳанд дод. Вале Қуръони маҷид бо вазъи ҳайратоваре дар мавзўъҳои гуногуне монанди таърихи миллатҳои гузашта, усул ва ақоид ва маорифи ақлии илоҳӣ, иршоду ҳидояти мардум аз роҳи панду насиҳат ва ё аз роҳи қонунгузории маданӣ ва ҷазоӣ ва мавзўъҳои дигар сухан гуфта ва дар тамоми онҳо шевоии таъбир ва гироии баён ва мўъҷизаи балоғат риоят шудааст ва ҳеҷ гуна фарқе дар ин заминаҳо дар иншову таъбирҳои Қуръон дида нашудааст. Ин гувоҳ бар он аст, ки оварандаи он аз ҷаҳони ғайб илҳом гирифтааст ва шояд ояти 82-и сураи Нисо нозир ба ин ҷиҳат аз ҷиҳатҳои мўъҷиза будани Қуръон аст. Оят ин аст:
"ولو كان من عند غير الله لوجدوا فيه اختلافا كثيراً".
“Агар Қуръон аз назди ғайри Худо буд, ҳатман дар он ихтилофи фаровоне пайдо мекарданд”.
*****