|
Ҳамоҳагии оятҳои Қуръон аз назари равиш ва шеваи сухан, ҳарчанд тааҷҷуби аҳли назар ва суханро бармеангезад, вале болотар аз он якранг ва якхел будани равишу ҳамоҳангии ҳамаи оятҳои Қуръон дар мазмун ва мўҳтаво, дар маъно ва ҳадафҳо мебошад. Қуръон дар мавзўъҳои гуногуне сухан гуфтааст, ки то кунун касе муваффақ ба шумориши мавзўъҳое, ки Қуръон дар бораи онҳо баҳсу гуфтугў намуда нашудааст ва дар ҳар мавзўе ба таври мукаррар (ба гунаи такрорӣ) он ҳам дар фосилаҳои мухталиф ва шароити мутазодде баҳс намуда, дар ҳоле ки дар мазмунҳои оятҳои ҳар мавзўъ кўчактарин ихтилофе вуҷуд надорад.
Ҳар гоҳ китобе дар бораи як мавзўъ ба ду мавзўъ сухан гўяд ва матолиби он дар муддати кўтоҳе навишта шавад ва бо ин васф дар мазмунҳои он таноқуз ва ихтилофе вуҷуд надошта бошад барои аҳли назар чандон тааҷҷубовар нест. Вале ҳар гоҳ китобе дар муддати 23 сол танзим шавад ва дар бораи мавзўҳои бисёр ва гуногуне баҳсу гуфтугў кунаду назар диҳад ва аввалин назараш дар бораи мавзўе бо охирин назараш дар бораи ҳамон мавзўъ якнавохт ва якхел бошад, қатъан бояд чунин китоберо зоида ва ба вуҷудовардаи фикру зеҳни башар надонист, чун имкон надорад шахсе, он ҳам дарс нахонда, дар заминаҳои зиёд ва гуногуне дар ҳолатҳои мутазод такроран сухан бигўяд, вале ҳеҷ гоҳ дучори ихтилоф ва тазодде нашавад.
Ба камол расидани инсон ва мавҷудоти дигар аз қонунҳои қатъии ҷаҳони офариниш мебошад. Афроди башар дар тули зиндагии худ дучори фикрҳои мухталиф ва мутазод мешавад ва ҳар фикре баъд аз муддате ҷои худро ба дигари медиҳад то даврони пирӣ ва фартутӣ мерасад ва мағз аз пешравӣ ва такомул бозмеистад. Ҳар гоҳ инсоне ҳамаи фикрҳои масалан бист солаи худро дар бораи ҳар мавзўе ёддошт кунад, хоҳад дид, ки дар тули зиндагӣ дар бораи як мавзўъ чанд хел фикр карда ва назар додааст. Ин кор тааҷҷубовар нест ва нишонаи ҳаракати инсонҳои оддӣ ба сўи камол аст. Агар ҳамин шахс на танҳо дар мавзўҳое назар диҳад ва фикрашро бозгў кунад, балки дар бораи ҳодисаҳои такондиҳанда ва риққатбори умматҳои гузашта бидуни муроҷиа ба касе ва ё китобе сухан бигўяд ва бисёре аз ҳодисаҳоро ба муносибатҳое дар фосилаҳои мухталифе такрор кунад, аммо ҳеҷ гоҳ дучори ихтилоф ва тазодде нашавад, қатъан бояд гуфт, ки он чи мегўяд аз ҷаҳони ваҳй гуфтааст.
Агар инсон ҳодисаеро аз китобе батаври мукаррар нақл кунад ва дар нақли худ дучори ихтилоф нагардад, наметавон онро як кори ғайри оддӣ донист, вале агар як шахси дарснахонда дар шароити дур аз илму дониш, бидуни муроҷиа ба касе ва китобе саргузашти умматҳоро дар фосилаҳои мухталифе батаври мукаррар бозгў кунад ва кўчактарин ихтилофе миёни суханони ў дида нашавад, бояд ўро як шахси ростгў донист ва дар бораи ин ки мегўяд ин чизҳо ба вуҷудовардаи фикри ман нест, балки аз ҷаҳони боло гирифтаам тасдиқаш намуд, чун агар вай дар ин иддаояш дурўғгў буд ва гуфтаҳои вай сохтаи фикри ў бошад бо ҳукми ин ки шахси дурўғгў наметавонад ҳофиза дошта бошад бояд дар миёни нақлҳо ва баёноти ў ихтилоф ва тазод вуҷуд дошта бошад.
То ин ҷо тавонистем мўъҷиза будани Қуръонро аз се ҷиҳати зер мавриди баррасӣ қарор диҳем:
1-Мўъҷиза будани Қуръон аз назари ибтикори равиш, зебоии лафзҳо ва амиқии маъноҳо.
2-Мўъҷиза будани Қуръон аз назари набудани ихтилоф дар равиши сухан гуфтан.
3-Мўъҷиза будани Қуръон аз назари набудани ихтилоф дар мазмун ва мўҳтаво.
Акнун бар баёни дигар ҷиҳоти мўъҷизаҳои ин китоби осмонӣ мепардозем.
***********