back page

Дарси ҳафтум

next page

Қуръон ва балиғони араб

Гоҳе тасаввур мешавад, ки дар оғози Ислом фасиҳон ва балиғони араб бо Қуръон ба мубориза бархостаанд вале бар асари гузашти замон барои мо махфи монда ва ҳукуматҳои неруманди Ислом аз иброз ва ошкоркардани он ба шидат пешгирӣ намудаанд. Вале ин андеша он чунон ботил ва беасос аст, ки мо худро аз ҳар гуна ҷавобе бе ниёз медонем, чун агар араб ба мубориза бо Қуръон муваффақ шуда буд, қатъан онро дар маҳофили адабӣ ва ҷамоматҳои бузург ва мавсимҳои ҳаҷ ва бозорҳои тиҷоратие, ки аз атрофу ҷой-ҷоҳи Арабистон ба он ҷо рўй меоваранд, эълон мекард ва онро бар миллати араб мехонд ва душманони Ислом онро монанди суруд, дар ҳамаи маҳфилҳо ва ҷамъомадҳои худ бо садои расое мехонданд ва дар ҳар муносибате онро такрор мекарданд ва насл ба насл ба якдигар бозгў мекарданд. Ва монанди муддаие, ки дар нигаҳдории гувоҳӣ худ мекўшад дар нигаҳдорӣ ва бақои он кўшиш мекарданд. Чун ин оятҳо беш аз таърих ва шеърҳои замони ҷоҳилӣ, ки китобҳои таърих ва ҷомеаҳои адабиро пур кардааст, мўҷиботи равшании дидагони ононро фароҳам мекард ва ба нишастҳову анҷуманҳои адабии онҳо нишоти хоссе мебахшид. Бо ин васф мо аз чунин муориза ва муқобила кўчактарин асареро намебинем.

Гузашта аз ин, Қуръон на танҳо араби замони Паёмбарро бар мубориза ва овардани мисли Қуръон даъват намудааст, балки тамоми башар ва болотар, ҳамаи инс ва ҷинро мавриди хитоб қарор дода ва ҳамагиро ба мубориза бо Қуръон даъват карда ва даъвати худро махсуси гурўҳи муайяне насохтааст ва бо як нидои ҷаҳонӣ паёмеро ба шарҳи зер фиристода аст:

Агар инсу ҷин гирди ҳаи ҷамъ шаванд то монанди Қуръонро биоваранд, ҳаргиз қодир ба анҷоми он намешаванд ҳар чанд бархе, бархе дигарро кўмак намоянд.[1](Сураи Исроъ, ояти 88).

Ин оят асрҳо аст, ки дар гўши башар ва инсонҳо танинандоз аст ва ҳанўз то акнун ҳеҷ кас натавонистааст ба мубориза бо Қуръон бархезад.

Мо масеҳиён ва душманони Исломро мебинем, ки барои поён овардани азамат ва шарофати Ислом ва ба манзури бадгўӣ дар бораи Паёмбар Акрам (салаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва салам) ва интиқод аз китоби муқаддаси ў ҳар сол ва ҳар моҳ амволи зиёде харҷ мекунанд. Агар барои онон мабориза бо Қуръон ва ё мубориза бо сурае аз сураҳои Қуръон имкон дошт, қатъан аз ин роҳ ворид шуда ва бо он ба мабориза бармехестанд ва сурае монанди он меоварданд. Чун мубориза ва овардани сурае ба монанди сураҳои Қуръон,  илова бар ин ки ононро аз сарфи ҳазинаҳои зиёд ва таҳаммули машаққатҳои фаровон осуда месозад, бузургтарин гувоҳ ва бурҳон барои онҳо маҳсуб мешавад ва наздиктарин васила барои расидан ба орзуи онҳо мебошад. Дар сурате, ки  хирадмандони онон ҳаргиз ба фикри овардани сурае монанди сураҳои Қуръон ва мабориза бо он наафтодаанд.

Усулан агар инсон бо сухане бештар унс бигирад чизе намегузарад, ки эҳсос мекунад, ки метавонад монанди онро биоварад, вале ин матлаб дар бораи Қуръон ба кулли баръакс аст. Унс ва ҳамроҳии бештар бо Қуръон ва тиловати сураҳои он чунин қудратеро ба мо намебахшад ва ҳар чи ҳам соатҳо дар ин фикр фурў равад ва саранҷом ҷуз аҷзу нотавонӣ, чизе дар худ эҳсос намекунад.

Ва ин худ гувоҳ бар ин аст, ки равиши Қуръон комилан аз ҳудуди таълим ва тааллум ва андешаи башарӣ хориҷ аст.

Хулоса Паёмбари Ислом (салаллоҳи алайҳм ва олиҳи ва салам) бо Қуръони худ зарбаи шиканандае бар ҷомеаи бутпарастӣ ва созмони зиндагии онон  ворид сохт, то он ҷо ки миёни падару писар ва бародар ва зану шавҳар, ҷудоӣ афканд ва сарони ширк дар хомўш кардани ин машъал ба ҳама чиз чанг заданд. Аз инкор ва масхара кардан, аз озору шиканҷа ва тавассул ба амаки Паёмбар (салаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва салам) ҳазрати Абутолиб гирифта то ба ҷангҳои хунин ба сурати бародаркушӣ даромад.

Аз ҳар даре ворид шуданд ва натиҷае нагирифтанд ва агар имкони мубориза бо Қуръон, ки буррандатарин нерўи Ислом буд, вуҷуд дошт ва ё агар сурае монанди сураҳои Қуръон оварда буданд, пеш аз ҳама аз он истифода карда ва шахси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар маҳофил ва маҷолиси худ ба муҳокима мекашиданд ва дар сар то сари нимҷазираи Арабистон эълон менамуданд ва салиқаи адабӣ ва завқи шеърии онон дар дараҷаи бисьёр олӣ буд  ва ҳарфҳои Қуръонро комилан дар ихтиёр доштанд.

Пас аз даргузашти Паёмбар салаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва салам мардуми бешуморе аз Яҳудиён ва Насоро дар Яман ва Ироқ зиндагӣ мекарданд ва ҳамаи онон ё араб буданд, ки ба яке аз ду дин гароиш доштанд ва ё бо забони арабӣ комилан ошно буданд. Вале дар тўли ин муддат кўчактарин муборизае аз худ нишон надоданд, ҳатто натавонистанд, ки сурае монанди сураҳои Қуръон биоваранд.

Душмании мунофиқон дар Мадина камтар аз дигарон набуд. Онон дар тамоми лаҳзаҳо дар камини Ислом нишаста ва аз ҳар роҳе бар зидди Ислом истифода мекарданд, вале роҳи мубориза бо Қуръонро ба рўи худ баста диданд ва аз ин роҳ ворид нашуданд. Бо ин баён метавон яқин пайдо кард, ки ҳаргиз араби он замон бо нузули Қуръон ва ё касоне, ки пас аз даврони Паёмбар, зиндагӣ кардаанд монанди Қуръон ва ё назири сураҳои онро наёвардаанд.

Саргузашти чаҳор донишманди аҳди Аббосӣ

Акнун саргузашти чаҳор тан аз нависандагони номии даврони Аббосӣ, ки ба фикри мубориза бо Ислом аз роҳи овардани Қуръоне монанди Қуръони Муҳаммад (салаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва салам) афтода буданд нақл менамоем.

Ҳишом ибни Ҳакам аз ёрони донишманд Имом Ҷаъфари Содиқ (алайҳис-салом) аст вай аз Имом Содиқ (алайҳис-салом) нақл мекунад, ки чаҳор тан аз сарони мункирони Худо ба номҳои Ибни Абуавҷоъ ва Абушокир ва Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ва Абдулмалики Басри дар Масҷид-ул-ҳаром гирд омаданд, то дар бораи мубориза бо Қуръон тасмиме бигиранд. Ва бо худ чунин гуфтанд, ки асоси дини Ислом Қуръон аст ва ягона далелу бурҳони мусулмонон ҳамин китоби онҳо мебошад, ки мегўянд: Инсу ҷин наметавонанд китобе монанди онро биоваранд. Агар мо чаҳор нафар, ки қаҳрамонони нависандагони замони ҳозир ҳастем, донишу биниши худро рўи ҳам гирд биоварем ва ҳар кадом ба андозаи як чаҳоруми Қуръон сухан бисозем дар ин сурат бурҳони мусалмононро аз байн бурдаем.

Сипас ҳар чаҳор нафар тасмим гирифтанд, ки ҳар кадом дар нуқтае ба танзими як чаҳоруми китобе монанди Қуръон ҳиммат гузорад ва соли оянда дар ҳамин нуқта бо ҳам мулоқот кунанд.

Сол ба поён расид ва ҳамагӣ дар Масҷид-ул-ҳаром гирд омаданд ва ҳар як натиҷаи кори худро чунин баён кард Абуавҷоъ узрхоҳӣ кард, ки балоғати ояти

"قل لو كان فيهما آلهة الا الله لفسدتا". (انبياء-22)

Яъне “Ҳаргоҳ дар осмонҳо ва замин худоёне, ҷуз Аллоҳ буд фасоду табоҳӣ саросари ҳастиро фаро мегирифт”. (Сураи Анбиё 22) маро дар ин муддат ба худ машғул кардааст. Дуввуми гуфт: Ин оят,

"يا ايها الناس ضرب مثل فاستمعوا له إنَ الذين تدعون من دون الله لن يخلقوا ذباباً ولو اجتمعوا له وان يسلبهم الذباب شيئا لا يستنقذوه منه ضعف الطالب واالمطلوب". حج-73.

Эй мардум масале зада шуда ва ба маънои он гўш фаро диҳед. Худоёне, ки ҷуз Аллоҳ мепарастед ба андозае нотавонанд, ки наметавонанд магасеро биофаринанд ва агар магасе чизе аз онҳо бигирад наметавонанд онро баргардонанд ситоишгар ва ситоиш шуда чи қадр нотавонанд” маро шефтаи худ сохта ва маро аз фикри мубориза боз доштааст. (Сураи Ҳаҷ, 73)

Севвуми гуфт: Ман вақте ояти

"يا ارض ابلعي مائك ويا سماء اقلعي وغيض الماء وقضي الأمر واستوت على الجودي وقيل بعداً للقوم الظالمين". (هود-44)

“Ба замин гуфтанд, ки оби худро фурў бар ва эй осмон боз гир, об коста шуд ва фармони Худо анҷом гирифт ва киштӣ бар кўҳи Ҷудӣ нишаст ва гуфта шуд гурўҳи ситамгар дур бод”. (Сураи Ҳуд-44 )-ро хондам. Ширинӣ ва шевоии таъбири ин оят маро аз кор боз дошт чаҳоруми гуфт: Балоғату ширинии баёни ояти

"فلما استيأسوا منه خلصوا نجياً".

“Вақте онон ноумед шуданд барои наҷво ва розгўӣ ба гушае рафтанд” (сураи Юсуф, 8) маро аз тафаккур дар оёт боз доштааст. Дар ин лаҳза Имом Содиқ (алайҳис-салом) аз канори онон гузашт ва ин оятро хонд:

"قل لئن اجتمعت الإنس والجن على أن يأتوا بمثل هذا القرآن لا يأتون بمثله ولو كان بعضهم لبعض ظهيراً".

Агар инсу ҷин даври ҳам ҷамъ шаванд то монанди Қуръонро биоваранд наметавонанд монанди онро биоваранд ҳар чанд ҳамдигарро пуштибони кунанд.[2] (Сураи Исроъ, ояти 88).

 

***********

 


 


[1] "قل لئن اجتمعت الإنس والجن على أن يأتوا مثل هذا القرآن لا يأتون بمثله ولو كان بعضهم لبعض ظهيراً".

 

[2] Эҳтиҷоҷи Табрасӣ, с 255.

 

Home page book