|
Дарси шашум |
Гувоҳиҳои таърихӣ бар нотавонии араб аз муқобила бо Қуръон
Баррасиҳои оянда ба равшанӣ собит хоҳад намуд, ки мўъҷиза будани Қуръон танҳо дар
фасоҳату балоғат ва зебоии лафзҳо ва умқи маъно ва ибтикорӣ будани мазомини он нест, балки Қуръон аз ҷиҳоти мухталиф ва дидгоҳҳои гуногун мўъҷиза аст, ки тафсили ин ҷиҳатҳоро дар оянда хоҳед хонд.
Вале таҳаддӣ ва муборизталабии Қуръон дар рўзи нузули он дар назди араби он замон фақат дар зебоии лафзҳо ва дилрабоии таъбир ва шевоии баён ва расоии иборатҳо ва азамату ибтикорӣ будани маонии Қуръон хулоса мешуд. Агар миллати арабро барои мубориза ва муқобила металабид, назараш мубориза дар ҳамин ҷиҳат буду бас. Ба иборати равшантар, бо ин эътироф, ки Қуръон аз ҷиҳатҳои гуногун мўъҷиза аст, вале араби даврони ҷоҳилӣ аз ин ҷиҳатҳо фақат якеро дарк мекард ва он зебоии лафзҳо ва тозагии маонӣ ва ширинии баён ва кашишу ҷозибаи равиши он буд ва бас. Ва ҷиҳатҳои дигари мўъҷиза будани Қуръон бо гузашти замон бар асари густариши бинишҳо ва амиқ гаштани дидҳо барои башар равшан гардид. Онон он қадар зери таъсири ҳаловати баён ва ширинии таъбир ва зебоии лафзҳо ва ибтикорӣ будани маъноҳо ва боло будани мазомини он қарор мегирифтанд, ки пас аз шунидани чанд оят дар баробари азамати он моту мутаҳаййир мешуданд ва намедонистанд, ки дар бораи он чи бигўянд ва мубориз талабии Қуръон ва аҷзу нотавонии худро чӣ гуна тавҷеҳ кунанд.
Акнун як даста гувоҳҳои таърихӣ дар ин ҷо нақл мекунем ва ҳадаф аз мунъакис кардани доварии фасеҳони араб дар бораи Қуръон ду матлаб аст.
1-Эътирофи устувонаҳои балоғат ва устодони сухан ба аҷзу нотавонии худ дар баробари Қуръон.
2-Меҳвари таҳаддӣ ва муборизталабии Қуръон дар назари онон мавзўи фасоҳату балоғат ва ҷозибаву кашиши хориқулоддаи Қуръон буд. Инак аз хонандагон дархост мешавад, ки дар хондани ин довариҳо ба ҳар ду натиҷа таваҷҷўҳ дошта бошанд.
1-Доварии Валид дар бораи Қуръон
Қазоват ва доварии яке аз балиғон ва ҳакимони араб дар бораи Қуръон, ки ба ў Райҳона ва Ҳакими араб мегуфтанд, равшангари мавзўи мо аст ва суханони ў гувоҳӣ равшан ба чигунагии бардошти араб аз муборизталабӣ ва мўъҷиза будани Қуръон мебошад.
Гурўҳе аз қурайш барои ҳалли мушкили нуфузи рўзафзуни Ислом дар миёни ҷавонон ва афроди озодандеш ба Валид ибни Муғайра муроҷиа карданд ва аз ў хостанд, ки назари худро дар бораи Қуръон баён кунад. Донои араб аз онҳо муҳлат хост то баъд аз шунидани оёти Қуръон назари худро баён кунад. Аз ин ҷиҳат ў аз ҷои худ бархест ва дар Ҳиҷри Исмоил канори Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нишаст ва ба он ҳазрат гуфт: Порае аз шеърҳоятро бихон. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Он чи ман мехонам шеър нест, балки сухани Худои Мутаол аст, ки барои ҳидояти шумо фиристода шудааст. Сипас Паёмбар 13-оят аз оёти сураи Фуссилатро тиловат намуд ва ҳангоме ки ба ин оят расид:
"فان أعرضوا فقل أنذرتكم صاعقة مثل صاعقة عاد وثمود".
“Ҳар гоҳ аз даъвати ту рўй баргардонанд бигў ман шуморо аз соиқае монанди соиқаи қавми Од ва Самуд бар ҳазар медорем.
Валид сахт ба худ ларзид ва мўйҳояш бар баданаш рост шуд ва дар ҳоле ки сару по вуҷуди ўро ҳайратзадагӣ фаро гирифта буд, роҳи хонаро пеш гирифт ва чанд рўзе аз хона берун наёмад. То он ҷо, ки бархе аз қурайш ба ў бадбин шуда гуфтанд Валид роҳи гузаштагонро тарк гуфта ва роҳи Муҳамад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва саллам)-ро пеш гирифтааст.[1]
Ў бо шунидани сездаҳ оят фақат бо як ҷанба аз ҷиҳоти мўъҷизаи Қуръон таваҷҷўҳ пайдо кард ва он ҳамон ҷозиба ва кашиши равиши Қуръон ва осмонӣ будани маонии он аст ва шунидани ин оёт он чунон ўро зери таъсир қарор дод, ки ларза бар андомаш афтод ва мў бар баданаш рост гардид.
Муфассирон мегўянд: Рўзе ки сураи Ғофир бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нозил шуда буд Паёмбар бо овози дилнишине онро тиловат менамуд ва Валид ибни Муғайра наздики Паёмбар нишаста буд ва бе ихтиёр он оёт таваҷҷўҳи ўро ҷалб намуд ин ки оёти аввали сураи Ғофир:
"حم تنزيل الكتاب من الله العزيز العليم. غافر الذنب وقابل التوب شديد العقاب ذي الطول لا اله الا هو اليه المصير ما يجادل في آيات الله الا الذين كفروا فلا يغررك تقلبهم في البلاد". (غافر 1-4).
“Ин китоб аз тарафи Худои Қодир ва Доно фурў фиристода шудааст. Худое, ки бахшандаи гуноҳ ва пазирандаи тавба аст, Худое ки азоби ў сахт ва неъматҳои ў фаровон аст. Ҷуз ў худое нест, саранҷоми ҳар чизе ба сўи ўст. Дар бораи оятҳои илоҳӣ ҷуз касоне, ки куфр меварзанд касе муҷодила намекунад. Фаъолият ва зиндагонии онон дар шаҳрҳо туро нафиребад”.
Ин оятҳо ва оятҳои баъдӣ он чунон Ҳакими Арабро зери таъсир қарор дод, ки вақте Бани Махзум даври ўро гирифтанд аз аз вай дар бораи Қуръон доварӣ хостанд вай гуфт:
"والله لقد سمعت من محمد (صلى الله عليه وآله وسلم) آنفاً كلاماً ما هو من كلام الإنس ولا من كلام الجن والله إنَّ له لحلاوةً وإنَ عليه لطلاوةً وإنَ أعلاه لمثمر وإنَ اسفله لمغدق وإنه ليعلو ولا يعلى عليه".
“Ман аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) сухане шунидам, ки ҳаргиз монанди сухани инсу ҷин нест, ў ширинии хос ва зебоии махсусе дорад, шохаҳои он пурмева ва решаҳои он пурбаракат аст, сухане аст барҷаста ва ҳеҷ сухане барҷастатар аз он нест ва ҳаргиз қобили мубориза намебошад.[2]
Ў ин ҷумлаҳоро гуфту рафт ва қурайш тасаввур карданд, ки вай ба дини Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) гаравидааст.
Ба гуфтаи яке аз донишмандани бузург, марҳуми алломаи Шаҳристонӣ дар китоби “Ал-Мўъҷизат-ул холида”, ин ҷумла нахустин тақризе аст, ки аз тарафи устоде аз устодҳои балоғат дар бораи Қуръон гуфта шудааст ва тадаббур дар мазмунҳои ҷумлаҳои ў наҳваи бардошти арабро аз мўъҷиза будани Қуръон дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам равшан месозад ва маълум мешавад, ки:
Аввалан: Қуръон каломе аст, ки мубориза бо он аз қудрати башар берун мебошад.
Дуввуман: Онон аз миёни ҷиҳатҳои мухталифи мўъҷизаҳои Қуръон танҳо ба ҷозибаву кашиш ва ҳаловату ширинии лафзҳо ва ибтикориву осмонӣ будани маонии он таваҷҷўҳ доштанд ва ҳаргиз монанди он сухане нашунида буданд.
Барои ин ки ба азамат ва фасоҳат ва балоғати Қуръон аз назари устоди фанни балоғати замони нузули Қуръон, пай бибарем шоистааст, ки суханони вайро тавзеҳ диҳем. Ҳаким ва балиғи ҷомеаи араб назари худро зимни ҷумлаҳои кўтоҳ вале пурмағзе шарҳ дода ва шоистааст ҷумлаҳои шашгонаи ўро тавзеҳ диҳем. Вай гуфт:
1-"لا يشبه کلام الإنس ولا الجن".
“Аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) сухане шунидам, ки ҳаргиз ба сухани инсу ҷин монанд нест”.
Аммо ин ки монанди сухани инсон нест, чун суханони маъмулии инсон ҳамон насри маъмулӣ аст, ки ба занҷири қофия кашида намешавад. Аммо монанди сухани ҷин нест, чун суханони ҷин ҳамон ҷумлаҳои хос ва мусаҷҷаъ ва кўтоҳ ва ба ҳам наздик буд ва суханони ҷин ҳамонҳо буданд, ки аз забони коҳинон мешуниданд, ки дорои мақотеи хос ва саҷаи вижа ва лафзҳои зариф буданд ва печидагии маонӣ ва ҳамнавохтии ҳарфҳо аз вижагиҳои онҳо ба шумор мерафт.
Ин хусусиёт буд, ки онҳоро аз суханони маъмулӣ ҷудо мекард. Онҳо муқайяд буданд, ки дар ҳоли сухан гуфтан бо ҷумлаҳои кўтоҳ ва мухтасар, ки дорои мақотеи хос ва саҷаи вижае буд бо мардум сухан бигўянд, лафзҳои бегона ва номаънус ва душвории маъноҳо ва ҳамнавохтии ҳарфҳо аз хусусиёти суханони онон буд.
2-"وإنَّ فيه لحلاوة".
“Он дорои ширинии хоссе аст, ки ақлҳо ва инсонҳоро ба сўи худ мекашад ва инсон аз шунидани он лаззат мебарад”.
3-"وإنَ فيه لطلاوة".
Зебоии хоссе дорад. Зебоии лафзҳо ва ҷумлаҳои он бар муҳассаноти Қуръон афзуда ва шукўҳи хоссе ба он бахшидааст.
4-"وإنَ أعلاه لمثمر".
Қуръон дарахти азиме аст, ки шохаҳои он пурмева мебошад.
5-"وإنَ أسفله لمغدق".
Қисмати зер ва поини он решадор ва пурбаракат аст ва калима “ғадақ” дар маънои баракат ба кор меравад чунон, ки Қуръон мефармояд:
"وأن لو استقاموا على الطريقة لأسقيناكم ماءاً غدقاً".
“Агар дар роҳи ҳақ истиқомат ва истодагӣ кунед бо оби пурбаракате шуморо сероб менамоем». (Сураи Ҷин-16)
Мақсади Валид ин аст, ки Қуръон дарахте аст, ки решаҳои фаровоне дорад, ки дар ҷойҳои мухталифи рўҳу равон русух мекунад ва мумкин аст ишора ба маънои мухталифе бошад, ки гоҳе аз як оят истифода мешавад.
6-"وإنه يعلو ولا يعلى عليه".
Қуръон дорои балоғати фавқулоддае аст, ки наметавон бо он мубориза намуд ва монанди онро овард.
Ин ҷумлаҳои кўтоҳ ва шахси пурмағз ва равшангари араби он замон дар бораи Қуръон мебошад. Ва устоди фанни балоғат монанди Валид ошкоро эълон мекунад, ки мубориза бо Қуръон дар қудрату тавони инсонҳо нест.
2-Доварии Утба ибни Рабиа
Утба ибни Рабиа аз сарони қурайш ба шумор мерафт. Гароиши Ҳамза амаки Паёмбар ба Ислом, осмони зиндагии қурайшро тираву тор сохта буд, чун тарсу бими он мерафт, ки нуфузи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) оҳиста-оҳиста ҳама ҷоро фаро гирад ва дигар шахсиятҳо низ ба сўи Ислом ҷазб шаванд.
Дар ин лаҳза Утба рў ба дўстони худ кард ва гуфт: Ман акнун пеши Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) меравам ва ба ў чанд чиз пешниҳод мекунам, шояд ў яке аз онҳоро қабул кунад. Дўстони вай бо фикри ў мувофиқат карданд. Ў бархест ва ба сўи Расули Худо, ки дар масҷид нишаста буд омад ва чанд пешниҳодҳое ба он ҳазрат кард, вақте ў аз суханони худ фориғ шуд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам рў ба ў кард ва фармуд: Оё суханони худро ба охир расондӣ? Гуфт: Оре. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Ҷавоби пешниҳодҳои шумо дар ҳамин оятҳое аст, ки ҳозир мехонам. Сипас Паёмбар 37-оят аз оёти сураи Фуссилат барои ў хонд ва ба саҷда рафту саҷда намуд ва сар бардошту гуфт: Абовалид паёми Худоро шунидӣ. Утба он чунон маҷзуби оёти Қуръон шуда буд, дар ҳоле ки бар дастҳои худ такя карда буд муддате хира-хира ба чеҳраи Паёмбар менигарист. Гўё ҷозиба ва кашиши Қуръон тавони сухангуфтанро аз ў гирифта буд. Вай пас аз лаҳзаҳое бидуни ин ки сухане бо Паёмбар бигўяд аз ҷояш бархесту ба сўи дўстонаш баргашт. Чашмони ҳамфикрони Утба ба ў дўхта шуда буд. Ҳамагӣ аз ў пурсиданд: Натиҷа чӣ шуд? Ў достонро аз аввал то ба охир гуфт ва сипас афзуд: Ман аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) каломе шунидам
"والله ما هو بالشعر ولا بالسحر ولا بالكهانة".
“Ба Худо қасам суханони ў на шеър аст ва на монанди гуфтори соҳирону коҳинон мебошад. Чи беҳтар ўро миёни қабилаҳо раҳо кунем, агар ўро куштанд ҳамагӣ аз дасти ў роҳат ва халос мешавем ва агар дар миёни онон нуфуз пайдо карду ҳукумате барпо намуд, дар ин сурат ў аз хешовандони мо аст ва барои мо баҳрае хоҳад дошт”.[3]
Мо аз суханон ва тааҷҷуби ин ду нафар, ки ҳар кадом устувонаи сухан ва пешвои араб дар фанни балоғат буданд ду чиз истифода мекунем:
1-Он чи сабаби тааҷҷуб ва шигифтии онон буд ҳамон шириниву зебоӣ ва ба истилоҳ, балоғати хориқулоддаи Қуръон буд, ки Қуръонро аз дигар суханон ҷудо мекард. Валид ибни Муғайра бо сароҳат гуфт, ки сухани Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) монанди сухани инсу ҷин нест ва дорои ширинӣ ва зебоии махсусе аст. Утба гуфт: Қуръон шеър нест ва ҳаргиз робитае бо суханони соҳирону коҳинон надорад. Ва ҳаргиз ин ду нафар рўи дигар ҷиҳатҳои мўъҷиза будани Қуръон ангушт нагузоштанд, чун ҷиҳатҳои дигари мўъҷиза будани Қуръон бо гузашти замон ва кунҷковии донишмандон, ба фикри мо роҳ ёфт ва рўи саҳифаҳо навишта шуд.
2-Устодони балоғат дар замони Паёмбар бо сароҳати комил эътироф намуданд, ки мубориза бо Қуръон мумкин нест ва ҳаргиз равиши сухангуфтани Қуръон, монанди суханони инсонҳо намебошад.
3-Қазовати Туфайл дар бораи Қуръон
Туфайл ибни Амр, ки шоири ширинзабон ва хирадманде буд ва дар миёни қабилаи худ нуфуз дошт, вориди Макка шуд. Мусалмон шудани марде монанди Туфайл барои қурайш бисёр сахт буд. Аз ин ҷиҳат сарони қурайш ва бозигарони саҳнаи сиёсат даври ўро гирифтанду гуфтанд: ин марде, ки канори Каъба истода намоз мехонад ва бо овардани дини нав якпорчагӣ ва иттифоқи моро ба ҳам зада ва бо сеҳри баёни худ санги тафриқаву ҷудоӣ дар миёни мо афкандааст. Ва мо метарсем, ки чунин дудастагӣ миёни қабилаи шумо низ биафканад чи беҳтар, ки аслан бо ин мард сухане нагўӣ.
Туфайл мегўяд: Суханони онҳо чунон ба ман таъсир гузошт, ки ман аз тарси таъсири сеҳри баёни ў тасмим гирифтам, ки бо ў сухан нагўям ва сухани ўро нашнавам. Ва барои пешгирӣ аз таъсири сеҳри ў миқдоре пахта ҳангоми тавоф бар гўшҳои худ гузоштам, ки мабодо замзамаи Қуръону намози ў ба гўши ман бирасад. Бомдод дар ҳоле ки пахта бар дохили гўши худ карда будам дохили масҷид шудам ва ҳеҷ майл надоштам, ки сухани ўро бишнавам, вале намедонам чӣ хел шуд, ки як мартаба сухани бисёр ширин ва зебое ба гўшам расид ва беш аз ҳад эҳсоси лаззат намудам. Бо худ гуфтам: Модарат азодор шавад, ту ки як марди сухансоз ва хирадманде ҳастӣ чӣ монеъ дорад, ки сухани ин мардро бишнавӣ. Агар хуб бошад бипазирӣ ва агар бад бошад онро рад ва таркаш кунӣ. Барои ин кор ошкоро бо он ҳазрат мулоқот накардам, миқдоре сабр кардам то Расули Худо роҳи хонаашро пеш гирифт ва вориди хонааш шуд. Ва ман низ иҷоза гирифтаму вориди хона шудам. Достонро аз аввал то охир базгў кардам ва гуфтам, ки қурайш дар бораи шумо чунину чунон мегўянд. Ва ман дар аввал тасмим надоштам бо шумо мулоқот кунам, вале ҳаловату ширинии Қуръони шумо маро ба сўи ту кашидааст. Акнун мехоҳам ҳақиқати дини худро барои ман баён кунӣ ва миқдоре Қуръон барои ман бихонӣ. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дини худро бар ў арза кард ва миқдоре барои ў Қуръон хонд. Туфайл мегўяд: Ба Худо савганд каломе зеботар аз он нашунида ва дине бо адолаттар аз он надида будам. Сипас Туфайл ба он ҳазрат гуфт: Ман дар миёни қабилаи худ як шахси бонуфуз ҳастам, барои нашри дини шумо кор хоҳам кард. [4]
То ин ҷо ба хубӣ равшан гардид, ки фасеҳони араб ва балиғони он қавм дар баробари Қуръон камоли нотавониро иброз дошта ва ғайр аз таслим ва ошкор кардани аҷзу нотавонии худ, дигар чорае надоштанд.
******************