|
Ду имтиёзи бузурги Қуръон
1-Зебоии лафзҳо
2-Азамати маъноҳо
Баррасии сабабу иллати мўъҷиза будани Қуръон аз баҳсҳои муҳимми набуввати хосса ва набуввати Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро ташкил медиҳад. Баёни сабабҳои бартарӣ ва имтиёзи Қуръон бар китобҳои дигар дар тавони китоби мустақилле аст, ки донишмандони бузурги исломӣ дар бораи он китобҳое навиштаанд. Ин китоб аз ҷиҳатҳои гуногуне мўъҷиза аст ва аз ин ҷиҳат то кунун башаре натавонистааст ба муқобилаву муборизаи он бипардозад.
Акнун бояд дид, ки иллати мўъҷиза будани Қуръон аз дидгоҳи араби он замон чӣ буда ва аз миёни имтиёзҳои зиёде, ки Қуръон дорад кадом яке аз онҳо назари онҳоро ҷалб намуда буд. Равшантар бигўем, донишмандон, Қуръонро аз ҷиҳатҳои мухталиф мўъҷиза медонанд, монанди фасоҳату балоғат, хориқулодда будан, дорои қавонини маҳкам ва устувор, хабарҳои ғайбӣ, ақоид ва идеоложиҳои мазҳабӣ ва ... Он чӣ ҳозир муҳим аст ин аст, ки равшан шавад, ки кадом як аз инҳо назари араби он замонро ҷалб намуд ва онон аз хитоби Қуръон, “бархезед мислу монанди Қуръонро биоваред” чӣ фаҳмиданд ва мислу монандро дар хитоби ёд шуда чӣ гуна тафсир карданд.
1-Зебоии лафзҳо
Ҷои шак нест, ҳангоме ки араби он замон оёти илоҳиро аз забони Паёмбар шуниданд, ногаҳон бо сухани нав ва каломи тозае, ки на шеър аст ва на наср, вале оҳанге зеботар аз шеър ва баёне расотар аз наср дошт рў ба рў шуданд, кӣ ҳаргиз сухане ба монанди он нашнида буданд. На танҳо шеваи сухан аз ҳар назаре нав буд, балки шунидани он калом барои онон ончунон лаззатовар ва шигифтангезу ҳайратовар буд, ки ҳеҷ каломе аз шеър ва наср бо он қобили қиёс набуд. Лафзҳову луғатҳои он ба гунае интихобу гулчин шуда ва бамавқеъ ва бамаврид ба кор бурда шудааст, ки тааҷҷуб ва шигифтии ҳамаи арабро бармеангехт ва ҳамаро дар баробари оҳангҳои тоза ва ҷаззоб ва ҷумлабандиҳои зариф ва равиши мумтози худ сокит мекард. Онҳо бо завқи табиӣ ва фитрати арабии худ дарёфтанд, ки Қуръон шеър нест, ки пойбанди вазну қофия бошад, насри озод нест, чун озодии беқайду шарти насрро надорад ва дар айни ҳол дар банди қофия нест ва аз шартҳое, ки нависандагон барои насри қофиядор гуфтаанд, озод аст,[1] вале оёти Қуръон дар пайвастагиву гусастагӣ, дарозӣ ва кўтоҳӣ дорои равиши махсусе аст, ки дар ҳеҷ каломе монанд ва назири он дида нашудааст. Ширинии баён ва зебоии лафзҳо ва умқи маонӣ ва ҷозибаву кашиши калимаҳо ва ҷумлаҳои он матлабе буд, ки араби саҳроӣ, ки дар оғўши табиат бузург шуда буд ва истеъдоди вай ба ҳеҷ ваҷҳ дастнахўрда буд, онро дарк мекард ва ба истилоҳ мечашид. Агар чӣ ба баёни қисмате аз он чи аз зебоӣ ва ҳаловати Қуръон дарк мекард қодир набуд, аммо дар даруни дил эҳсос мекард, чунин сухане ба ин ҷозибаву кашиш нашунида ва ҳаргиз қодир нест, ки назири онро биёварад. Дарки зебоии калом ва ширинии баён ва расоии таъбир ва ҷозибаву кашиши сухан аз умури чашиданӣ аст, на гуфтанӣ ва монанди ғамгин будани маъшуқ аст, ки ошиқи дилдода онро бо чашми дил мебинад, вале наметавонад онро ба риштаи баён дароварад.
Дар забони форсӣ низ ҳамин матлаб ҳукмфармост. Инсон дар баррасӣ девони шоире ба шеърҳое бармехўрад, ки аз назари ҳаловат ва ширинии ҷозибаву кашиш, дар сатҳе қарор дорад, ки бар дигар шеърҳояш бартарии ошкор дорад, ҳарчанд инсон натавонад нуктаи бартарии онро дарк кунад, аммо бо завқи Худододӣ метавонад бар бартарии он воқиф гардад инак як намуна.
Хоҷа Абулқосими Фирдавсӣ дар бораи аҳамияти илму дониш шеъри маъруфе дорад, ки ҳамагон онро ҳифз дорем он ҷо, ки мегўяд:
Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Акнун шумо ин шеърро бо ду байти дигари шоҳнома, ки дар бораи қудратнамоии яке аз қаҳрамонони Эронзамин сурудааст, муқоиса намоед, ки зебоиву ширинӣ ва ҷозибаву кашиш аз они кадом аст он ҷо ки мегўяд:
Ба рўзи набард, он Яли арҷманд,
Ба теғу ба тиру ба гурзу каманд.
Буриду дариду шикасту баст,
Ялонро сару синаву пову даст.
Бартарии ин ду шеър бар он байт, балки бар тамоми шеърҳои ҳамосии шоҳнома ба ҳадде аст, ки ин ду байт дар миёни шаш ҳазор байти шоҳнома монанди машъали фурўзон медурахшад. Бо ин васф афроди ғайри ворид дар фанни балоғат, наметавонанд сабабҳои балоғат ва бартарии ин ду байтро таҷзия ва таҳлил намоянд, агар чи онро бо завқу фитрати худ дарк мекунанд.
Дуруст аст, ки уламои адаб барои фанни балоғат мавозин ва қавонине истихроҷ карда ва сабабҳои балоғат ва бартарии каломе бар каломи дигар дар қолиби як ришта қавоид рехтаанд, аммо араби он замон бо нузули Қуръон, ҳамаи ин нукотро бо завқи саршор ва фитрати дастнахўрдаи худ дарк мекард ва эҳсос менамуд, ки равиши сухан гуфтани Қуръон ба гунае аст, ки бо он чӣ то акнун шунида ва гуфтаанд, фарқи зиёде дорад ва зебоии зоҳир ва ширинии баёни онро ҳеҷ каломе надорад. Ин аз назари зоҳири Қуръон аст.
Азамати маонӣ
Ҳамон гуна ки араби ҷоҳилӣ дарк мекард, ки ин калом аз назари зебоӣ дар дараҷае аст, ки бо он чӣ то акнун шунида қобили қиёс нест.
Шеърҳои даврони ҷоҳилӣ ва суханони суханварони онон ҳамагӣ дар бораи матолиби бисьёр мубтазал ва паст давр мезад, меҳвари сухани фасеҳони араб ва гўяндагони балиғи онон чашму абру ва лабу чеҳраи маъшуқа ва осори диёру хайма ва ғайра будааст.
Шоирони ҳамосии онон дар бораи ҷангу ғоратгарӣ ва кушту куштори худ ва қабилаи худ, сухан мегуфт ва гурўҳи аз худ розӣ, ки ба молу сарвати худ ифтихор меварзиданд, дар базлу бахшиши худ ва бо раиси қабилаи худ, доди сухан медоданд.
Олитарин осори адабӣ ва фикрие, ки аз адабиёти даврони ҷоҳилият ба ёдгор мондааст, ҳамон қасидаҳои ҳафтгона аст, ки онҳоро бо оби тилло навишта ва ба девори Каъба овехта буданд ва ҳам акнун тамоми ин қасидаҳо дар ихтиёри мо ҳаст. Дар тамоми ин қасидаҳо як нуктаи ахлоқӣ ва як фикри иҷтимоӣ вуҷуд надорад.
Хулоса араби ҷоҳилӣ аз ҷиҳоте дар бораи Қуръон ангушти тааҷҷуб ба дандон мегирифт ва дар ҳайрати амиқ фурў мерафт ва он ҷиҳатҳо иборатанд аз:
1-Ў бо завқи саршори худ дарёфт, ки зебоии лафз ва шивоии равиш ва ҳамоҳангии оёт, комилан бе собиқа аст ва симои зоҳирии он на монанди шеър аст, чун холӣ аз вазн ва қофия аст. Гузашта аз ин дар он хаёлҳои шеърӣ вуҷуд надорад ва на монанди наср аст, ки аз ҳар гуна қайде холӣ ва дур бошад, балки дорои инсиҷом ва фавосили хоссе аст, ки ўро аз доираи насри маъруф берун бурдааст.
2-Қуръон матолиберо арза медорад, ки ҳеҷ гоҳ дар қасидаҳо ва хутбаҳои араб вуҷуд надошт ва ҳаргиз аз паи васфи харобаву хонаи маъшуқа ва шавқ ба дидори дўстон ва баёни хусусиёти шутуру асб нест ва муҳтавиёти он аз ғазалсароӣ ва ситоиши афрод ва ё баёни мусибатҳои ашхос пиростааст. Дар бораи зан ва айшу нуш ва кўчидани корвон ва бодаву соғар сухан намегўяд ва ҳаргиз монанди шоирон дар маҳдудаи хоссе баҳс намекунад. Ин китоб дар бораи Худо ва сифот ва сароғозу саранҷоми башар ва зиндагии умматҳои деринае, ки бар асари туғён ва нофармонӣ гирифтори хашму ғазаби илоҳӣ гардидаанд ва ...сухан мегўяд.
3-Қуръон бо алфози зебое аз маонии комилан муносиб бе ин ки лафзро фидои маъно ва ё маъноро фидои лафз намояд, бо равиши комилан мумтоз ва зебо таъбир мекунад.
4-Ҳар гоҳ шоире ва ё нависандае иборате ё достонеро такрор кунад, лафз ва зебоии калом, бар асари такрор аз байн меравад, вале Қуръон гоҳе бо иборатҳои фишурда ва гоҳе густарда, аз саргузашти Паёмбар ё аз сифоти саршавии хилқат ва хусусиёти қиёмат ба гунае мукаррар сухан мегўяд ва ҳаргиз латмае бар латофату зебоии ў ворид намегардад.
5-Дар миёни хутбаҳои хатибон ва қасидаҳои шоирон, гоҳе ҷумлаҳо ва байтҳое дурахшандагии хоссе пайдо карда ва худнамоӣ мекунанд ва аз миёни шеърҳо, як қасида ва ё ҷумлаҳои як суханронӣ чанд байт ва ҷумлае арзиши ҳунарӣ ва шеърӣ доранд ва боқимондаи онҳо мубтазалу паст ва пеши по афтода мебошанд. Аммо Қуръон бо он густариш, тамоми оёташ дар дараҷаи олӣ ва хориқулодда қарор дорад. Кофӣ аст, ки дар ин бора назаре ба достони Юсуф, ки дар сурае муфассал баён шудааст биафканем, ки тамоми оёти он дар дараҷаи аълои фасоҳату балоғат қарор дорад.
6-Ин китоб маонии бисьёр бузургро дар қолиби лафзҳои кўтоҳе рехта ва ба тарзи бадеӣ баён мекунад. Кофӣ аст дар ин бора Оятал-курсӣ ва оёти аввали сураи Ҳадидро мулоҳиза намоем. Дар ин оят ва ё дар оёти аввали сураи Ҳадид як ҷаҳон ҳақоиқи фалсафӣ ва маорифи ақлӣ баён шудааст, ки азамат ва густариши маонӣ ва эъҷози ҷумлаҳо тааҷҷуби инсонҳоро бармеангезад.
7-Ин китоб мекўшад башарро бо офариниши ҷаҳон ва асрори олами ҳастӣ ва фазоили ахлоқӣ ва разоили нафсонӣ ва ҳалолу ҳаром ошно созад. Ва пайваста мехоҳад, ки ўро муътақид созад ва бовар кунонад, ки марг поёни зиндагӣ нест.
Хатибону балиғони араби он замон зери таъсири бартарии равиш ва зебоии зоҳиру ширинии баён ва расоии таъбиру бадоат ва ибтикори маъонӣ ва азамати мафоҳими он қарор гирифта ва ҳайрату буҳти хоссе бар фикрҳову андешаҳои онон соя афканда буд. Ва он чи ки онон аз тааҷҷубоварандагии Қуръон дарк мекарданд ҳамин буду бас.
Агар пас аз гузашти замон донишмандони Ислом ба ҷиҳатҳои дигаре аз мўъҷизаҳои Қуръон пай бурданд ва мўъҷизаҳои онро аз ҷиҳоти мухталифе собит намудаанд, матолибе аст саҳеҳ ва устувор, вале ин ҷиҳот барои араби он замон матраҳ набуда ва ақлу фикр ва андешаи онон ба он намерасид.
***********
[1] Агар мегўем Қуръон дорои қофия нест, мақсуд ду хел қофия аст, 1-қофияе, ки дар суханони коҳинон вуҷуд дошт ва намунаи он суханони коҳине, ки маъруф аст ба Сатеҳ. 2-Қофияҳое, ки нависандагони замони аббосӣ ба он пойбанд буданд ва намунаи он, мақомоти Ҳурайрӣ ва мақомоти устоди ў Ҳамадонӣ аст, вагарна дар оёти Қуръон қофияи матлуб фаровон аст, ки дар истилоҳ ба он фавосил мегўянд.