|
1-Мўҷиза чист?
2-Шароити мўъҷиза кадом аст?
3-Оё ин шартҳо дар Қуръон вуҷуд дорад?
Ҳақиқати мўъҷиза ҷуз ин нест, ки муддаии набувват кори хориқулоддае анҷом диҳад ва дигаронро барои мубориза ва муқобила бо он даъват кунад ва онон аз мубориза бо он нотавон ва оҷиз бошанд. Дар ин таърифи кўтоҳ барои мўъҷиза, ҳад ва шартҳое гуфта шуда, ки ҳамагӣ дар бораи Қуръон муҳаққақ мебошад.
1-Иддаои паёмбарӣ
Зарурат ва оёти зиёде аз Қуръон гувоҳӣ медиҳад, ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам худро паёмбари осмонӣ хонда то он ҷо, ки худро охирин ва хатмкунандаи паёмбарон муаррифӣ намудааст.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо фармони Худои Мутаол, ҷаҳониёнро бо ҷумлаи зер, мавриди хитоб қарор дода фармуд:
قل يا أيها الناس إنی رسول الله اليکم جميعاً.
“Бигў эй мардум ман фиристодаи Худо ба сўи ҳамаи шумо ҳастам. (Сураи Аъроф ояти-58)
Бинобар ин аввалин шарти мўъҷиза, ки ҳамон иддаои паёмбарӣ аз ҷониби Худованд аст, дар бораи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муҳаққақ буда ва ҳеҷ ҷои шакке дар он нест.
2-Даъват ба муқобила
Паёмбари гиромии Ислом аз аввалин рўзе, ки набувват ва паёмбарии худро эълон намуда ва далели набуввати худро китоби осмонӣ муаррифӣ кард, ҳамаи ҷаҳониёнро барои муқобила ва овардани китобе ва ё сурае монанди сураҳои Қуръон даъват намуд. На танҳо ононро даъват ба муқобила кард, балки ононро барои мубориза ташвиқ намуд ва дар даъват ба муқобила ва овардани сурае монанди сураҳои Қуръон рамзҳоеро ба кор бурд, ки рўҳи ҳамосӣ ва муборизаҷўии ононро ба ҳаракат даровард то ба фикри мубориза ва овардани китобе ва ё сурае монанди он биафтанд ва баъд аз аҷзу нотавонӣ мутмаин шаванд, ки ин каломи махлуқ ва ба вуҷудовардаи андешаи башар ва офаридаи қувваҳои маҳдуди башар нест. Қуръони маҷид аз роҳҳои гуногуне ононро барои овардани китобе мисли худ таҳрик ва ташвиқ кард.
Барои нахустин бор дар муҳити Ҳиҷоз, ки маркази сухан ва хондани шеъру адаб буд ва аз устодони сухан ва балоғат мавҷ мезад, эълон кард, ки агар ҷаҳониён ҷамъ шаванд, ки китобе монанди Қуръон биоваранд, наметавонанд ҳар чанд ҳама ба кўмаки якдигар биштобанд. (Исроъ ояти-88)[1]
Нуктаи ба ҳаракатдароваранда дар оят ин аст, ки на танҳо араби замони Паёмбарро даъват ба мубориза намуд ва аз нотавонии онҳо хабар дод, балки ҳамаи ҷаҳониёнро то рўзи қиёмат ба майдони мубориза талабид ва аз аҷзу нотавонии ҳамаи ҷаҳониён то рўзи қиёмат хабар дод.
Ба таври мусаллам як таъбири ҳамосӣ, шўре дар миёни араб ва миллатҳои араб бармеангезад ва барои ҳифзи мақом ва ҷойгоҳи худ ночор мешавад, ки ба по бархезад ва китобе монанди китоби ў биоварад.
Ў дар мартабаи дуввум, барои ба ҳаракат даровардани устодони сухан ва пайафканони фасоҳат ва балоғат, барои муқобила ва мубориза, шеваи талаб ба муборизаро иваз кард ва гуфт: “На танҳо шумо наметавонед китобе монанди Қуръон биоваред балки ҳамаи шумо нотавонтар аз он ҳастед, ки даҳ сура монанди сураҳои Қуръон биоваред”. (Сураи Ҳуд ояти-13).[2]
Чӣ таҳрик ва ташвиқе болотар аз ин мешавад, ки дар мартабаи севвум шароити муборизаро то ҳадде кам кард, ки ҳозир шуд ҳамаи мардум танҳо як сура аз сураҳои саду чаҳордаҳгонаи Қуръонро биоваранд. Ва аз тамоми ҷаҳониён барои сохтани чунин сурае кўмак бигиранд. Сипас ҳушдор дод, ки ҳамагӣ бидонанд агар ҳамаи дониш ва биниши худро рўи ҳам гирдоваранд нахоҳанд тавонист ҳатто бо сурае аз сураҳои Қуръон муқобила кунанд. (Сураи Бақара-23)[3]
3-Нотавонии мардум аз муқобила
Севвумин шарти мўъҷиза ин аст, ки мардуми ҷаҳон аз муқобила бо он нотавон шаванд ва ин шарт низ ба гунаи равшан дар бораи Қуръон муҳаққақ мебошад, чун 14-аср аст, ки ин нидоҳои маҳкам ва устувор, он ҳам ҳамроҳ бо эълони нотавонии мардум ба овардани мисли он ва таҳқири онҳо, дар гўши ҷаҳониён танинандоз мебошад ва то кунун касе натавонистааст қадаме дар майдони мубориза бигузорад ва агар ҳам касе аз рўи ғаразе ба фикри муқобила бо Қуръон афтода бошад, ғайр аз расвоӣ натиҷаи дигаре надоштааст. Агар мубориза бо Қуръон дар тавони миллати араб буд, лозим буд бо кўмакҳои бедареғонаи нобиғаҳои фасоҳат, ки вуҷуди онҳо дар он замон кам набуд, ба нидои Қуръон ҷавоб мододанд ва ҳуҷҷату далели ўро мешикастанд.
Оре, шоиста буд бо овардани як сураи балиғ ба монанди сураҳои Қуръон бо ў ба мубориза бархезанд ва далели муддаиро, ки дар мавзўе бо онҳо ба мусобиқа ва мубориза бархестааст, ки боризтарин фанни онҳо ба шумор меравад, бо овардани монанди он, далелу бурҳони ўро аз кор биандозанд ва бо ин васила дар саҳифаҳои таърих барои худ пирўзии равшан ва номи ҷовид ва шарофату мартабаи баланд сабт намоянд. Ва бо ин силоҳи содда вале дар айни ҳол бурранда, худро аз ҷангҳои кубанда ва сарфи мол ва тарки ватан ва қабули сахтиҳо ва ҳодисаҳои ногувор наҷот диҳанд. Вале медонед чаро араб аз ин роҳи содда ва бедарди сар вориди мубориза нашуд, чун араб дар балоғати Қуръон фикр кард ва мўъҷиза будани онро дарк намуд ва фаҳмид, ки агар бихоҳад бо он ба мубориза бархезад ғайр аз шикаст чизе ба дасташ намеояд. Аз ин ҷиҳат гурўҳе аз онҳо даъвати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро қабул карданд ва дар муқобили даъвати Қуръон сари таъзим фуруд оварданд ва ба дини Ислом мушарраф шуданд.
Вале гурўҳе роҳи душманиро пеш гирифтанд ва муқобила бо шамшерро бар муқобила бо ҳарфҳо бартар диданд ва мубориза бо найзаҳоро бар мубориза бо баён ихтиёр намуданд, вале ин аҷзу нотавонӣ ва муқовимати сарсахтона дар баробари даъвати Қуръон, бузургтарин гувоҳ ва далел аст, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст ва муқобила бо он аз қудрату тавоноии башар хориҷ мебошад. Ва мо дар оянда дар бораи ин матлаб муфассал сухан хоҳем гуфт ва аҷзу нотавонии ҷаҳониёнро ба равшанӣ собит хоҳем намуд.
***********
[1]-قل لئن اجتمعت الإنس والجن على أن يأتوا بمثل هذا القرآن لا يأتون بمثله ولو كان بعضهم لبعض ظهيراً. (اسراء-88)
[2] -ام يقولون افتراه قل فأتوا بعشر سور مثله مفتريات وادعوا من استطعتم من دون الله ان كنتم صادقين.
-[3]وإن كنتم في ريب مما نزلنا على عبدنا فأتوا بسورة من مثله وادعوا شهداءكم من دون الله ان كنتم صاديقين. (بقرة-23).