back page

Дарси севвум

next page

Имтиёзҳои дигари Қуръон

1-Қуръон василаи ҳидоят ва тарбият аст

Яке дигар аз имтиёзҳои Қуръон ин аст, ки ин китоби осмонӣ илова бар ин ки далел бар ростгўии оварандаи он аст, мутакаффили ҳидояту тарбият ва роҳнамоии пайравони худ ба охирин дараҷаи камоли инсонӣ аст. Ва ин бартарӣ ва имтиёз дар мўъҷизоти паёмбарони гузашта вуҷуд надорад. Масалан Асои Мўсо ва шифо бахшидани ҳазрати Исо, фақат бурҳони маҳкам барои ростгўии онон буд, вале дигар умматро ба сўи фазоили ахлоқӣ ва маорифи баланди ақл, ба сўи воҷибот ва фароизи илоҳӣ роҳнамоӣ намекард. Вале мўъҷизаи ҷовидонаи Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам илова бар ин ки гувоҳе бар ростгўии ўст, бузургтарин роҳнамои уммат ба сўи маорифу ахлоқ ва аҳком аст.

Ба иборати дигар мўъҷизаи паёмбарони пешин, ҷанбаи ҷисмонӣ дошт. Масалан мўъҷизаи онон мурдаро зинда мекард, беморонро шифо мебахшид таоме аз осмон фурў меовард, аммо дигар ин мўъҷизаҳо, бо дилу ҷони пайравони худ сару коре надошт. Рўҳу равони ононро бо калимоти ҳакимона ва маънавияти бузург пок намекард ва фикрҳову ақлҳои онҳоро барои андеша ва фикр, барои ибодат ва парастиш барои хузўъ ва кўчакӣ дар баробари Худои Мутаол барнамеангехт, магар ин ки ба суханони оварандаи онҳо гўш фаро диҳанд ва бо ҳамроҳ кардани ҳар ду ба ҳам, ба ҷаҳони ғайб тавҷҷўҳе пайдо кунанд. Дар ҳоле ки Қуръон бо мағзҳо ва андешаҳои мутафаккири инсонӣ ва арвоҳи пок, робитаи мустақим дорад ва бо маънавияти баланд ва маорифи шигифтангез ва фармонҳои ахлоқии худ ҷомеаро ба сўи камоле, ки ба даст оварданаш мумкин аст, равона мекунад.

Қуръон, ҳамон мураббӣ ва тарбияткунандаи бузурге аст, ки араби ситамгару саркаш ва олуда ба сифатҳои зиштро ба сўи тақвову адолат ва покӣ раҳбарӣ намуд. Қуръон дар муддати кўтоҳе аз ин миллати бутпарасту ҷоҳил, ки пайваста ба ҷои таҳсили илму дониш ва поксохтани рўҳ, ба ҷангҳои дохилӣ ва фахрфурўшиҳои ҷоҳилӣ мепардохтанд, миллат ва мардуме сохт, ки аз назари маориф ва фарҳангу таърих ва ахлоқи иҷтимоиву шахсӣ дорои азамати хоссе шуданд.

Мутолиаи таърихи Ислом ва аз худ гузаштагиву фидокории тарбиятёфтагони мактаби Қуръон, дар роҳи пешбурди ҳадафҳои олии ин дин, моро аз овардани ҳар гуна далелу бурҳони фаннӣ бениёз месозад.

 

Имтиёзи дуввум

Имтиёзи дигари Қуръони маҷид ин аст, ки дар ҳар замон муаррификунандаи худ аст ва ҳаргиз лозим нест, ки оварандаи он ҳамроҳаш бошад. Ин китоб дар ҳар асру замон мардумро ба паёмбарии Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам даъват намуда ва бар ҳаққонияти он ҳазрат истидлол мекунад ва ҳамаи ҷаҳониёнро ба муқобила ва овардани монанди худ даъват мекунад ва сипас фармони маҳкумият ва нотавонии ҳамаро содир карда ва аз майдони мубориза бо пирўзӣ берун меравад. Дар сурате, ки  мўъҷизаҳои паёмбарони пешин дорои чунин имтиёзе набуданд. Бузургтарин имтиёзи онон ин буд, ки комилкунандаи гуфтори паёмбарон ва оварандагони худ буданд.

 

Имтиёзи севвум

Имтиёзи севвуми Қуръон ин аст, ки аз соддатарин мавзўъ истифода кард ва ба василаи он муборизталабӣ кард ва бо силоҳе вориди майдон шуд ва бар ҳама пирўз гашт, ки дар ихтиёри ҳамаи мардуми ҷаҳон қарор дошт. Магар на ин аст, ки тамоми оёти Қуръон аз алфозе ташкил шудаанд, ки хамирмояи он ҳамон ҳарфҳои алифбо аст, ки дар ихтиёри ҳама қарор дорад. Магар на ин аст, ки осонтарин ва соддатарин чиз барои мардуми ҷаҳон, ҳамон сухангуфтан аст? Ва шояд барои башар чизе осонтар аз сухангуфтан набошад. Бо ин ҳама, Қуръон аз ҳамин ҳарфҳо ва алифбо, аз ҳамин калимаҳо ва лафзҳо муваффақ ба гуфтани каломе шуд, ки ақлҳои балиғони араб ва фикрҳои сухансозони ҷаҳонро баҳайрат даровардааст ва то кунун, ки 14-аср аз даъват ба муқобила ва овардани сурае монанди он мегузарад, маҳофили илмии башар, хатибон ва сухансозони ҷаҳон натавонистаанд сурае монанди яке аз сураҳои кўтоҳи онро биоваранд.

Ба иборати дигар ин гуна мўъҷизаҳо ба монанди мўъҷизаҳои Мўсо ва Исо нест, ки ниёз ба иттилоот ва маълумоти хоссе дошта бошад то оварандаи онро ба доштани маълумоти хоссе муттаҳам созанд, чун сухан гуфтан ва сохтани калом ва ин ҳарфҳо аз корҳои фитрии ҳамаи мардум аст. Агар сухан гуфтан ва шеваи гуфтори Қуръон дар ҳудуди тавоноии башар буд бояд лоақал бештари мардум битавонанд бо он мубориза кунанд. Чун суханони Қуръон на дорои ҳарфҳои махсусе буд, ки дар ихтиёри ҳамагон набошад ва на сохтани калом аз ин ҳарфҳо кори мушкиле буд, ки аз уҳдаи инсонҳо хориҷ бошад. Барои чунин имтиёзҳо буд, ки шеваи мўъҷизаҳои Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо дигар паёмбарон тафовут ва фарқ пайдо кард.

***********

 


 

Home page book