|
Даричаи дигар барои шинохтани мўъҷиза будани Қуръон, ҳамон хабарҳои ғайбии он аст. Ва хабарҳои ғайбии Қуръон аз гузашта ва оянда ба сурати қатъӣ дар айни сиҳат ва устуворӣ, нишонаи робитаи оварандаи он бо Худои огоҳ аз саросари ҷаҳони офариниш мебошад. Ғайб дар луғати араб ба маънои пўшида ва пинҳон дар муқобили чизе, ки ҳис ва дида мешавад ба кор меравад ва ба ҳар чизе, ки аз доираи ҳавоси мо берун бошад, ғайб мегўянд. Бинобар ин ғайб дар Қуръон фақат махсус ба гузоришҳои саҳеҳ аз гузашта ва оянда нест балки дорои қисмҳое аст, ки дар зер ба онҳо ишора мешавад.
1-Ҷаҳони моваро-ут-табиат
Ҷаҳони модда ва ҳодисаҳое, ки дар дили олами табиат рўх медиҳад ба таври иҷмол аз доираи ҳавос берун нест. Башар дар шароити хоссе метавонад онҳоро дарк кунад, аммо ҷаҳони мовароут-табиат монанди Худо ва сифатҳои ҷалол ва ҷамоли ў ҳамчунин рўҳ ва равон ва фаришта ва ҳодисаҳои пас аз марг аз вазъияти қабр ва қиёмат, нисбат ба башари моддӣ комилан ғайб аст ва аз доираи ҳавоси ў махфӣ ва пинҳон мебошад. Аммо ҳаргиз набояд онҳоро ба баҳонаи ин ки аз доираи ҳавос берун мебошад рад кард, балки бояд онҳоро пазируфт, то он ҷо ки яке аз нишонаҳои имон ин аст, ки бояд ба онҳо (бо ин ки аз доираи ҳавос берун аст) имон овард.[1]
Бинобар ин тамоми баҳсҳои Қуръон дар бораи ин гуна мавзўъҳо, ки ҳеҷ гоҳ дар доираи ҳис қарор намегирад баҳс аз умури ғайбӣ аст ва таъид кунандаи сиҳати гузоришҳои Қуръон дар бораи ин гуна аз масъалаҳо, ҳамон бурҳонҳо ва усули ақлӣ ва фалсафӣ аст, ки дар ҳама ҷо ҳамроҳи Қуръон пеш мераванд.
2-Асрори офариниш
Баҳсҳои Қуръон дар бораи ҷаҳони офариниш, ки дар фасли баъдӣ ба таври фишурда дар бораи онҳо гуфтугў хоҳем кард, гузориш аз як даста ҳақоиқи ғайбӣ ва пўшида аз ҳис аст, ки аз доираи ҳис берун мебошад, чун ҳаргиз барои башар мумкин нест, ки ин ҳақоиқро бидуни ба даст овардани огоҳиҳои лозим ва абзори илмӣ, ламс кунад ва ҳавоси ғайри мусаллаҳи башар наметавонад бар онҳо бирасад.
Ва агар ин масъалаҳо барои башари имрўз дар қатори масъалаҳои ламс шуда қарор гирифта дар сояи абзори илмӣ монанди микроскоп ва телескоп ва озмоишгоҳҳо ва огоҳиҳои хоссе аст, ки ҷомеаҳои илмиро бар дарки ин умур қодир ва тавоно кардааст, дар ҳоле, ки барои башари ғайри мусалаҳ ба силоҳи илмии рўз ин гуна аз ҳақиқатҳои илмӣ дар қатори умури ғайбӣ ва махфӣ аз ҳис мебошад.
3-Ташреҳи вазъияти миллатҳои гузашта
Гузоришҳои саҳеҳ ва матин аз зиндагии миллатҳои гузашта бидуни муроҷиа ба китобҳои таърихӣ ва миқёсҳои илмӣ, нишонаи робитаи гузоришкунанда ба ҷаҳони ғайб аст, чун зиндагии қавмҳои деринаро бидуни дар даст доштани кўчактарин мадраке дар ихтиёри башар мегузорад ва мо дар китоби бурҳони рисолат баҳси муқоисаи Қуръон бо дигар китобҳои ба истилоҳ осмони дар бораи ин наҳва гузоришҳои ғайбӣ сухан гуфтаем ба он китоб муроҷиа шавад.
4-Хабар додан аз ҳодисаҳои оянда
Ҳадафи мо аз кушодани ин бахш, баҳс, дар бораи он риштае аз хабарҳои оянда аст, ки ин китоби осмонӣ аз онҳо ба таври саҳеҳ ва қатъӣ хабар додааст. Шарҳи хабарҳои ғайбии Қуръон, худ ниёз ба таълифи мустақилле дорад, ки тамоми гузоришҳои Қуръон аз ҳодисаҳои оянда дар он китоби махсус гирд оянд ва нигоранда қисмати аъзами ин гузоришҳоро дар китоби “Мафоҳимул-Қуръон” ҷ.1.саҳ.288-320 овардааст, вале дар ин бахш намунаҳое аз ин гуна хабарҳоро манъакис мекунем.
1-Нотавонии башар аз мубориза бо Қуръон
Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо барномаи махсусе барои ҳидояти мардум фиристода шуд ва барои исботи набуввати худ Қуръоне овард ва муддаӣ шуд, ки ин китоб аз тарафи Худо аст. Ва ҳеҷ башаре наметавонад монанди онро биоварад. Аз ин ҷиҳат ҳамаи ҷаҳониёнро ба мубориза ва овардани монанди он даъват намуд ва бо камоли сароҳат ва қотеият хабар дод, ки агар инсу ҷин гирди ҳам ҷамъ шаванд, то китобе монанди Қуръон биоваранд, нахоҳанд тавонист он ҷо ки фармуд:[2]
“Бигў, агар инсу ҷин даври ҳам гирд оянд, то монанди Қуръонро биоваранд, ҳаргиз қодир ба анҷоми он намешаванд, ҳарчанд бархе бархеи дигарро кўмак намоянд. (Сураи Исроъ, ояти 88).
Акнун 14-аср аз ин хабари ғайбӣ мегузарад ва ҳанўз башар натавонистааст монанди сураҳои Қуръонро биоварад ва ин мўъҷизаи ҷовидонӣ монанди машъали фурўзон бар торикиҳои асру замонҳо медурахшад.
2-Руми мағлубшуда пас аз андаке пирўз мегардад
Ошўбгарон ва фитнаҷуён, Анушервонро нисбат ба имперотурии Рум бадбин сохтанд ва саранҷом маҷбур шуд, ки паймони сулҳи ҷовидонаро нодида бигирад ва ба Румиён ҳамла кунад. Ва билохира оташи ҷанг миёни ду тараф шўълавар шуд ва сарбозони Эрон дар муддати кўтоҳе Сурияро фатҳ карданд ва Анатокияро оташ заданд ва Осиёи Сағирро тороҷ намуданд ва пас аз бист сол ҷанг, ҳар ду тараф қудрат ва имконоти худро аз даст доданд. Ва бори дигар паймони сулҳ баста шуд ва сарбозони ҳар ду тараф ба марзҳои пешини худ баргаштанд. Анушервон аз дунё рафт ва пас аз вай тахту тоҷи Эрон даст ба даст гашт. Саранҷом Хусрави Парвиз раҳбарии ҳукуматро бар даст гирифт. Вай дар соли 614-и милодӣ баҳонаҳое ба даст овард ва бори дигар ба румиён ҳамла намуд. Дар ҳамлаи аввал Шому Фаластин ва Африқоро фатҳ кард ва Урушалимро ғорат кард ва калисои Қиёмат ва мазори ҳазрати Исоро оташ зад ва шаҳрҳоро вайрон сохт ва ҷанг ба фоидаи Эрониён тамом шуд. Дар чунин мавқеъ, ки ҷаҳони мутамаддини он рўз дар оташи ҷанг месўхт, Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар соли 610-милодӣ ба рисолат баргузида шуданд. Пахш шудани шикасти румиёни Худопараст ба дасти миллати оташпараст, сабаби хушҳолии бутпарастони Макка шуд ва онро ба фоли нек гирифтанд, ки мо низ бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва пайварони ў пирўз хоҳем шуд. Ва дар баробари он мусалмонони Худопараст аз шунидани ин хабар мутаассир гардиданд. Дар ин миён фаришта нозил шуд ва аз пирўзии дубора румиёни Худопараст бар миллати оташпарасти Эрон хабар дод ва фармуд: (Румиён дар сарзамини наздики Ҳиҷоз шикаст хўрданд вале онон дар муддати каме пирўз хоҳанд шуд. Сураи Рум 1-3).
Пешгўии Қуръон дар бораи румиён дар соли 625-и мелодӣ баробари соли дуввуми ҳиҷрӣ таҳаққуқ пазируфт ва Ҳерақл бо як ҳамла Найнаворо фатҳ кард ва салиби масеҳро, ки Эрониён ба ғорат бурда буданд боз гирифт ва ин пирўзӣ вақте рўй дод, ки мусалмонон низ дар Ҷанги Бадр пирўз гашта ва баъзе аз сарони ширкро аз миён бардошта буданд. Инак баррасии дақиқи оёте, ки аз чунин пирўзӣ гузориш додааст.
"الم غلبت الروم في ادنى الأرض وهم من بعد غلبهم سيغلبون".
“Рум дар сарзамини наздики Ҳиҷоз мағлуб гардид, онон пас аз шикаст боз пирўз мегарданд”. (Сураи Рум, 1-3)
"في بضع سنين لله الأمر من قبل ومن بعد ويومئذ يفرح المؤمنون".
“Дар муддати чанд сол, аз се то нўҳ (дар луғат ин муддатро “бизъ” меноманд) ва зимоми умур дар гузаштаву оянда дар дасти Худо аст. Дар чунин рўзе (рўзи пирўзии румиён) афроди боимон хушҳол мешаванд”.
"بنصر الله ينصر من يشاء وهو العزيز الرحيم".
“Худованд ҳар касро бихоҳад ёрӣ мекунад ва ўст азизу раҳим”.
"وعد الله لا يخلف الله وعده".
“Ин ваъдаи қатъии Худо аст ва Худованд аз ваъдаҳои худ тахаллуф намекунад”.
Азамати ин пешгўӣ вақте дуруст арзёбӣ мешавад, ки калимот ва ҷумлаҳои марбут ба ин пешгўиро диқиқан мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Аввалан: Чизе гувоҳӣ намедод, ки бори дигар варақ баргардад ва миллати мағлуб шуда, думартаба пирўз шавад. Бо ин васф Қуръон бо таъбири қатъӣ аз пирўзии миллати мағлубшуда хабар дод ва фармуд:
"وهم من بعد غلبهم سيغلبون".
“Онон баъд аз шикаст бори дигар пирўз мешаванд”.
Дуввуман: муддати пирўзиро мушаххас кард ва фармуд:
"في بضع سنين".
“Нўҳ сол намегузарад магар ин ки ин пирўзи муҳаққақ мешавад”.
Севвуман: Дар ҳамон рўзҳо, ки румиён бар оташпарастон пирўз мешаванд мусалмонон низ бар душманонашон пирўз мегарданд, чунон ки мефармояд:
"يومئذ يفرح المؤمنين".
“Дар чунин рўзе инсонҳои боимон бо ёрӣ ва кўмаки Худованд хушҳол мешаванд”. Зоҳири ин ҷумла ин аст, ки ҳамон рўзе, ки румиён пирўз мешаванд мусалмонон низ бо кўмакҳои Худованд хушҳол мешаванд ва мақсуд аз ин хушҳолӣ кўмак ба мусалмонон аст. Бисёре аз муфассирон хушҳолии инсонҳои боимонро марбут ба ин медонанд, ки онон низ бар душманони мушрики худ дар сарзамини Ҳиҷоз пирўз мешаванд ва иттифоқан ҷараён ҳамон гуна, ки пешбинӣ шуда буд таҳаққуқ пазируфт ва соли пирўзии Рум, ҳамон рўзҳое буд, ки мусалмонон бар сарони қурайш пирўз шуданд.
Чаҳорум: Қуръони маҷид ин пешгўиро бо қотеияти аҷибе баён мекунад ва онро ваъдаи тахаллуфнопазири Худованд медонад, он ҷо ки мефармояд:
"والله لا يخلف الله وعده".
“Ин ваъдаи қатъии Худо аст ва Худованд аз ваъдаҳои худ тахаллуф намекунад”. Бояд дид, ки Паёмбари гироми Ислом чунин хабарро он ҳам хабари пирўзии наздик (пирўзии румиён бар эрониён ва пирўзии мусалмонон бар сарони қурайш) бо қотеияти тазалзулнопазир аз куҷо ба даст овардааст?
Оё инсоф иҷоза медиҳад, ки онро дар қатори пешбинии коҳинону соҳирон ва сиёсатмадорону муфассирони сиёсӣ қарор диҳем ва ё ин ки бояд чунин гузоришҳои дақиқро он ҳам дар заминаҳое, ки қаринаҳо, шавоҳид бар чунин пешгўӣ гувоҳӣ намедод, марбут ба робитаи вай бо ҷаҳони ғайб ва илми васеи Худо бидонем ва як чунин шахси муртабит бо ҷаҳони ғайб, мусалламан дар иддаои набуввати худ содиқ ва ростгў хоҳад буд.
3-Худо ҳофиз ва нигаҳбони ту аст
Таърихи зиндагии Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳикоят аз ин мекунад, ки аз рўзе ки вай даъвати худро дар миёни мардум ошкор кард, душманони мушрики вай пайваста дар камин буданд ва нақшаи озору азият ва қатли ўро мекашиданд. Охирин нақшаи онон дар Макка ин буд, ки тасмим гирифтанд, ки нимаи шаб чиҳил тан шамшерзан аз қабилаҳои мухталиф бар хонаи ў ҳуҷум кунанд ва ўро қитъа-қитъа кунанд, то хуни ў дар миёни қабилаҳои гуногун пахш гардад. Вале Худои бузург ўро аз ин нақшаи душманон огоҳ сохт ва он ҳазрат бо қарор додани Амирал-мўъминин алайҳис-салом дар ҷои хоби худ Маккаро ба нияти Мадина тарк намуд ва аз дастраси Маккиён хориҷ шуд. Паёмбари гиромӣ дар муддати иқомаи даҳ солаи худ дар Мадина дар 27 ҷанг ширкат кард ва дар лаҳзаҳои ҳассос наздиктарин шахс бар душман он ҳазрат буд. На танҳо аз ҷони худ ҳимоят мекард, балки аз ҷони ёрони худ низ ҳимоят мекард. Амирал-мўъминин алайҳис-салом шуҷоату пешқадам будани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар майдонҳои ҷанг ин гуна васф мекунад:
"كنا اذا احمرّ البأس اتّقينا برسول الله (صلى الله عليه وآله وسلم) فلم يكن احد منا اقرب الى العدو منه".
“Ҳар гоҳ оташи ҷанг шўълавар мешуд мо ба Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам паноҳ мебурдем ва дар он лаҳзаҳо касе аз мо ба монанди он ҳазрат ба душман наздиктар набуд”.
Дар таърихи ҷангҳои исломӣ мехонем, ки дар ҷанги “Уҳуд” Паёмбар беш аз дигарон ба душман наздик буд, то он ҷо ки душман қасди ҷони ўро кард ва ҳуҷум овард то ўро бикўшад ва ба зиндагии вай хотима диҳад бо ин ки ҳуҷуми душман сарсахтона буд ва афроде, ки аз ҷони Паёмбар дифоъ мекарданд шуморашон кам буд, бо ин васф душман натавонист бар ў даст пайдо кунад ва ў ҷон ба саломат бурд. Дар ҷангӣ “Зил-амр” Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) миқдоре аз лашкаргоҳ дур шуда ва либоси худро кашида рўи дарахте андохт, то зери сояи он истироҳате бикунад дар ин вақт яке аз душманон, ки аз болои кўҳ ҳаракати Паёмбарро зери назар гирифта буд фаҳмид, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҷое дур аз чашми ёрони худ ба истироҳат пардохтааст. Зуд фурсатро ғанимат шумурда аз кўҳ поён омад ва болои сари Паёмбар истоду бо овози хашине гуфт: Ҳофизу нигаҳдори ту аз шамшери бараҳнаи ман кист? Паёмбари гиромӣ бо садои баланд фармуд: “Аллоҳ Аллоҳ. Худо Худо”, дар ин ҳангом тарсу ларза ўро фаро гирифт ва шамшер аз дасти ў афтод дар ин лаҳза Паёмбари гиромӣ аз ҷой бархест ва шамшерро бардошт ва ҳамон суханеро, ки вай ба Паёмбар гуфта буд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ў гуфт. Вай дар ҷавоби Паёмбар ба бечорагӣ ва нотавонии худ иқрор карда гуфт: Ман касеро надорам, ки маро ёрӣ кунад вале ман эътироф мекунам, ки худое ҷуз Худои ягона нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фиристодаи Худо аст. Дигар ҳеҷ касеро бар зидди ту намешуронам. Паёмбар ҷавонмардӣ карду шамшери ўро ба худаш баргардонд, вале ў шамшери худро ба Паёмбар бахшиду гуфт: Ту ба ин шамшер шоистатар ва сазовортар ҳастӣ. [3]
Дар ҷанги Ҳунайн мусалмонон дар торикии ҳаво аз гузаргоҳи Ҳунайн мегузаштанд. Ногаҳон мавриди ҳамлаи мардҳои ҷангҷў, ки дар пушти сангҳо пинҳон шуда буданд қарор гирифтанд ва тир монанди жола ба сари сурати онҳо фурў рехт ва тарси аҷибе бар мусалмонон ҳукмфармо гардид ва низоми лашкар аз ҳам пошид ва аксарияти қариб ба итифоқ по ба гурез ниҳоданд дар ин миён баъзе аз мунофиқон тасмим гирифтанд, ки шўълаи ҳаёти Паёмбарро хомўш созанд. Ин бор низ Худои меҳрубон вуҷуди он ҳазратро бар асари пойдории гурўҳе аз ёрони фидокораш ҳифз намуд.[4]
Дар вақти бозгашт аз ҷанги Табук гурўҳе аз мунофиқон нақшаи куштани он ҳазратро кашида буданд ва ҳадафи онҳо ин буд, ки ҳангоми гузаштан аз гардана, шутури Расули Худоро рам диҳанд Паёмбар дар ҳоле ки Ҳузайфа шутури он ҳазратро меронд аз гардана боло рафт ҳанўз Паёмбар аз гардана боло нарафта буд, ки ба пушти сари худ нигоҳ кард ва савораҳоеро дид, ки аз пушти сари ў ҳаракат мекунанд ва барои ин ки шинохта нашаванд чеҳраҳои худро пушонида ва оҳиста-оҳиста сухан мегўянд. Паёмбар фарёди сахте ба онҳо зад ва ба Ҳузайфа дастур дод, ки бо Асои худ шутурони онҳоро баргардонад. Онҳо фаҳмиданд, ки Расули Худо аз нақшаи онҳо хабардор шудааст аз ин ҷиҳат зуд аз роҳе, ки омада буданд баргаштанд ва ба дигар лашкариён пайвастанд. [5]
Бо ин ҳодисаҳо ва рўйдодҳои рўзафзун, Худованди Мутаол аз рўзи аввал аз роҳи ваҳйи Қуръон ба он ҳазрат итминон дода буд, ки вуҷуди ўро аз душманони мушрик ва нақшаҳояшон нигаҳ хоҳад дошт. Соли севвуми беъсат ҳангоме ки ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам амр шуд, ки паёмбарии худро бо даъвати хешовандони худ ба дини Ислом ошкор созад, Худованди ҷаҳон ўро бо оятҳои зер, ки ҳикоят аз муҳофизати ў аз он ҳазрат дар тўли паёмбарӣ мекунад хитоб намуду фармуд:
"فاصدع بما تؤمر واعرض عن المشركين إنا كفيناك المستهزئين".
“Он чиро, ки ба он амр шудаӣ ошкор соз ва аз гурўҳи бутпараст рўй бигардон, мо туро аз озори истиҳзо кунандагон ҳифз менамоем”.
Ин оёт дар соли севвуми беъсат нозил шуд ва аз маҳфузияти қатъии Паёмбар аз шарри душманон хабар дод ва гузашти замон ростиву дурустии онро ба равшанӣ собит намуд.
Рўзи Ғадир, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз тарафи Худованд маъмури насби Алӣ алайҳис-салом бар хилофат ва имомат гардид ва қароини равшане гувоҳӣ медод, ки ин кор ғазаб ва хашми гурўҳеро бар хоҳад ангехт. Худованд барои маҳкам кардани иродаи Паёмбари гиромӣ ба ў ваъда дод, ки туро аз шарри душманон муҳофизат хоҳам кард. Чунон ки мефармояд:
"يا ايها الرسول بلغ ما انزل اليك من ربك و ان لم تفعل فما بلغت رسالته و الله يعصمك من الناس ان الله لايهدي القوم الكافرين".
“Эй Паёмбари гиромӣ он чи ки аз тарафи Худоят бар ту нозил гардидааст ба мардум бирасон вагарна паёмбарии худро ба гунаи аҳсан анҷом надодаӣ, Худованд туро аз озори мардум нигаҳ медорад, Худованд гурўҳи кофирро ҳидоят наменамояд”. (Сураи Моида-68).
Оё чунин хабарҳои ғайбӣ, ки гузашти замон сиҳҳату истувории онро собит намуд ва дар рўзе, ки ин хабар дода шуд, ҳеҷ гуна қаринае вуҷуд надошт, ки он ҳазрат дар тўли паёмбарӣ аз зарари душманон дар амон хоҳад монд, гувоҳ бар ин нест, ки он ҳазрат ин хабарҳоро аз офаринандаи донову тавоно гирифтааст?
***********