|
4-Ту ба зодгоҳат бармегардӣ
Қурайш барои хомўш кардани машъали фурўзони ҳидоят, нақша кашида ва саранҷом тасмим гирифтанд ба василаи 40-терорист, хуни Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар хонаи худ бирезанд. Паёмбари гиромии Ислом бо фармони Худои Мутаол Маккаро ба нияти Мадина тарк кард. Ҳангоме ки терористҳои қурайш ба хонаи он ҳазрат ҳуҷум карданд ғайр аз Алӣ алайҳис-салом, ки дар ҷои он ҳазрат хобида буд, касеро надиданд. Ва Маккаву атрофи онро зери по карданд, то Паёмбарро пайдо кунанд, вале он ҳазратро наёфтанд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар сояи инояти Худои Мутаол роҳи Мадинаро пеш гирифт ва дар ҳангоми сафари худ ба Мадина дар бораи зодгоҳи худ Макка фикр мекард, ки оё бори дигар бар ватани худ боз хоҳад гашт ё на, дар ин вақт ин оят нозил шуд:
"إنّ الذي فرض عليك القرآن لرادك الى معاد".
“Худое ки тиловат ва таблиғи Қуръонро бар ту воҷиб намуд туро ба зодгоҳи худ боз хоҳад гардонд”. (Сураи Қасас-85).
Маод дар луғати араби ба маънои боз гаштгоҳ, аз ин назар ба ватанМаод мегўянд, ки фарди мусофир ҳар куҷо биравад боз ба ҳамон ҷо боз мегардад.
Пешбинии бозгаштани Паёмбар ба ватани худ, дар лаҳзае, ки ҳеҷ гуна қаринае бар он гувоҳӣ намедод, ҷуз як ваҳйи илоҳие, ки аз гузашта ва оянда огоҳ аст чизи дигаре наметавонад бошад.
5-Мусалмонон вориди Масҷидул-ҳаром мешаванд
Паёмбари гиромӣ дар Мадина дар олами рўъё дид, ки вай бо мусалмонон вориди Масҷидул-ҳаром шудааст ва сарҳои худро барои хуруҷ аз эҳром тарошидаанд. Паёмбар хоби худро ба ёрони худ гуфт ва афзуд ба ҳамин зудӣ қадам ба Масҷидул-ҳаром мегузорем, чизе нагузашт Паёмбар тасмим гирифт, ки бо гурўҳе аз ёрони худ равонаи Макка шавад, вале қурайш аз дохилшудани мусалмонон ба сарзамини ҳарам “дар нуқтаи Ҳудайбия” пешгири карданд ва пас аз як давра гуфтугў, ҳамин намояндагии қурайш бо Паёмбар ки дар раъси онон “Суҳайл ибни Амр” буд ба тавофуқ расиданд ва қарордоде бар тарки ҷанг ба муддати даҳ сол имзо карданд бо ин шарт, ки мусалмонон аз ҳамон нуқта ба Мадина боз гарданд ва зиёрати хонаи Худоро ба соли дигар вогузор карданд ва дар солҳои баъд монанди дигар гурўҳҳои араб метавонанд хонаи Худоро зиёрат кунанд ба шарти ин ки беш аз се рўз дар Макка намонанд ва силоҳе ҷуз силоҳи мусофир надошта бошанд.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сулҳномаро имзо кард ва аз ҳамон роҳ ба Мадина бозгашт гурўҳе аз мунофиқон лаб ба эътироз кушода ва гуфтанд, мо ба Масҷидул-ҳаром ворид нашудем ва сарҳоро натарошидем ва дар ин ҳангом ояти зер, ки ваъда ва замонати дохил шудани қатъии мусалмонон ба масҷидул-ҳаром буд нозил гардид ва инак оя:
"و لقد صدق الله رسوله الرؤيا بالحق لتدخلن المسجد الحرام ان شاء الله آمنين محلقين رؤسكم و مقصرين لا تخافون فعلم مالم تعلموا فجعل من دون ذلك فتحا قريبا".
“Худованд хоби Паёмбари худро ҳақ ва рост қарор дод ва бо хости Худо бо амну эминӣ ба Масҷидул-ҳаром дар ҳоле ки сарҳоро тарошидаед дохил мешавед ва наметарсед, Худо медонад он чиро, ки шумо намедонед. Аз ин ба баъд фатҳу пирўзиро наздик гардонид”.
Ин оят ду ҳодисаи бузургро пешбинӣ мекунад.
1-Дохил шудани мусалмонон ба Масҷидул-ҳаром он ҳам бо камоли амният ва оромиш хабар дода шудааст, чунон ки мефармояд:
"لتدخلن المسجد الحرام ان شاء الله آمنين....".
Чизе нагузашт, ки мусалмонон соли дигар (соли ҳафтуми ҳиҷрат) бар зиёрати хонаи Худо муваффақ шуданд ва номи онро “Умраи қазо” номиданд. Аз он ҷо ки соли гузашта муваффақ ба анҷоми умра нашуда буданд гўё аъмоли худро дар он вақт ба унвони қазои соли гузашта анҷом доданд.
2-Мусалмонон ба ҳамин зудӣ Маккаро фатҳ хоҳанд кард. Ду сол аз имзои сулҳи Ҳудайбия нагузашта буд, ки мусалмонон, ба сабаби паймоншикании мушрикон Маккаро бидуни хунрезӣ фатҳ карданд ва ба бутпарастӣ дар муҳити Макка хотима доданд. Худованди Мутаол ин башоратро бо ин ҷумла баён мекунад:
"فجعل من دون ذلك فتحا قريبا".
“Илова бар ин пирўзии наздик, пирўзии дигаре барои шумо муқаддар кардааст”.
6-Мардум ба дини Ислом рўй меоваранд
Қуръони маҷид на танҳо аз фатҳи Макка ва пирўзии мусалмонон бар аҳли ширк хабар додааст, балки аз гароиши зиёди мардум ба дини Ислом ва ин ки мардум баъд аз фатҳи Макка гурўҳ-гурўҳ ба дини Ислом рў меоваранд низ хабар додааст, он ҷо ки мефармояд:
"اذا جاء نصر الله والفتح ورأيت الناس يدخلون في دين الله افواجاً فسبّح بحمد ربك...". (سوره نصر)
“Замоне, ки кўмак ва фатҳу пирўзӣ фаро расад мебинӣ, ки чӣ гуна мардум ба дини Ислом гурўҳ-гурўҳ дохил мешаванд, Худоро бо ҳамду ситоиш аз ҳар айбе пок бидон...”. (Сураи Наср). Ин даста аз гузоришҳои ғайбӣ он ҳам бидуни ин ки қаринае бар онҳо бошад, гувоҳ бар ин аст, ки оварандаи Қуръон бо Худои бузурги ҷаҳон, ки аз оянда ва гузаштаи ҷаҳон огоҳии дақиқ дорад комилан марбут будааст ва ин хабарҳоро аз он ҷо мегирифтааст.
***********