|
Қавонини Ислом аз замонати иҷроии комил бархўрдор аст
Ҳадаф аз қарор додани қонунҳо, бартараф кардани ниёзҳои ҷомеа аст. Ҳаргиз ин ҳадаф аз вуҷуди зеҳнии қонунҳо ва бо вуҷуди катбӣ ва лафзии он таъмин намешавад. Қонун дар сурате метавонад ниёзҳои ҷомеаро бар тараф кунад, ки дар ҷойгоҳи худ иҷро шавад. Ва ба истилоҳ “вуҷуди айнӣ” пайдо кунад ва дар ғайри ин сурат мавҷе дар ҳаво ва тасвире дар зеҳн ва рўи сафҳае беш нахоҳад буд. Қонунгузорон барои таъмини ин ҳадаф ба фикри замонати иҷрои қонунҳо афтоданд, то аз роҳи замонати иҷроӣ, қонунҳо дар бораи тамоми гурўҳҳо иҷро шавад. Замонати иҷроӣ дар низомҳои кунунии башар аз ду чиз таркиб шудааст.
1-Неруи боздоранда аз гуноҳ ё қувваҳои интизомӣ
2-Муҷозоти мутахаллифон аз роҳи қувваи муҷрия
Неруҳои боздорандаи гуноҳ, хилофро дар нутфа хафа мекунад (яъне қабл аз ин ки хилофкор муртакаби хилофе шувад пеши онро мегирад ва намезузорад, ки фасодкорӣ бикунанд) ва намегузорад хилоф дар ҷомеа падид ояд ва аз ин ҷиҳат шоистааст номи чунин қудратеро неруи интизомӣ биномем. Муҷозоту кайфар додани саркашон, марбут ба касоне аст, ки гуноҳро анҷом додаанд ва акнун бояд қонун дар ҳаққи онон ба василаи қувваи муҷрия иҷро гардад. Ин ду сабаб, ҳар чанд таъсири муштараке доранд, чун иҷрои қонун дар бораи гунаҳгорон, худ низ як хел сабаби боздоранда нисбат ба дигарон аст, вале дар айни ҳол, ду навъ таъсири мухталифе низ дорад, инак баҳси фишурда дар бораи сабаби нахуст.
1-Сабаби нахуст
Неруи боздоранда аз гуноҳ ё неруи интизомӣ
Вуҷуди неруи интизомӣ ( минисаҳо) дар ҷомеа, худ неруи боздорандаи ҷомеа аз иртикоби гуноҳ аст. Чун баъзе аз мардум дар дур аз чашмони милиса, омодаи қонуншиканӣ ҳастанд ва бо худ чунин меандешанд, ки дар ин фурсат метавонанд ба мақсад бирасанд ва дар чанголи қонун гирифтор нашаванд ва бо вуҷуди милиса ҳозир ба иртикоби хилоф нестанд. Барои чунин гурўҳ неруҳои интизомӣ, беҳтарин сабаби боздоранда аз гуноҳ ва хилоф аст. Ҳеҷ ҳукумате ҳатто ҳукумати исломӣ аз чунин қувваҳо бениёз нест ва усулан ҳеҷ ҳукумате дар ҷаҳон наметавонад бидуни чунин неруе пойдор бошад. Қувваи интизомӣ дар ҳукумати исломӣ ҷузъе аз гурўҳи амр ба маъруф аст, ки бояд онро назорати хусуси ном ниҳод ва Қуръон онро бо ҷумлаи зер баён кардааст онҷо ки мефармояд:
"ولتكن منكم اُمّة يدعون الى الخير ويأمرون بالمعروف وينهون عن المنكر".
“Бояд аз шумо гурўҳе бошанд, ки некиҳоро дар миёни мардум паҳн мекунанд ва аз бадиҳо боз медоранд”.(Оли Имрон-104). Ба таври мусаллам амр ба маъруф дорои маротиби мухталифе аст ва ҳар мартабае барои худ, маъмур ва масъули мушаххасе дорад. Ва муҷриёни тамоми қонунҳо дар тамоми марҳалаҳо ҳатто муроқибони маводди хўрокӣ, ҷузви амр ба маъруфанд, ки сутуне аз ҳукумати исломиро ташкил медиҳанд.
Ислом барои таъмини ин ҳадаф ва боздории мардум аз гуноҳ аз ду роҳи дигар низ ворид шудааст ва бо ташкили назорати умумӣ ва парвариши имон ва эътиқод ба Худо ва рўзи қиёмат тавонистааст қонунҳои худро дар сатҳҳои мухталиф иҷро кунад.
Инак баёни ин ду қисмат
1-Назорати умумӣ
Назорати умумӣ ин аст, ки тамоми афрод метавонанд бар иҷрои қонун назорат кунанд. Албатта ин гуна назорат аз ҳудуди насиҳат ва андарз ва огоҳ сохтани мароҷеи салоҳиятдор аз ҷурмҳо ва муҷримҳо хориҷ нест ва чунин назорат ба унвони як вазифаи муҳимми мазҳабӣ аст, ки рўй гардондан аз он, гуноҳ ва сабаби дурӣ аз раҳмати ҳақ аст.
Чунин назорати умумӣ, ки ҳамаи ҷомеаро нисбат ба якдигар саропо гўшу чашм қарор медиҳад, нақши муҳимме дар иҷрои қавонин дорад. Чӣ бисёр дар сояи назорати умумӣ, гуноҳ ва ҷурм дар ҳамин марҳала аз байн биравад ва навбат ба марҳалаҳои дигар нарасад. Ҳадафи ояте, ки ҳамаи афроди ҷомеаро вазифадор месозад, ки амр ба маъруф кунанд, назорати умумӣ аст ва вазифаи ин гурўҳ аз вазифаи қувваи муҷрия, ки мо онро назорати хусусӣ менамем комилан ҷудо аст.
2-Сабаби дуввум, муҷозоти тахаллуфкунандагон
Муҷозот ва кайфарҳои дунявӣ дуввумин рукни таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ ва иҷроии қонунҳо аст. Ва дар ҳақиқат наметавон мавзўи муҷозоти тахаллуфкунандагонро рукни ҷудогонае шумурд, балки муҷозот ба изофаи сабаби пешин як сабаб аст, ки метавонад иҷрои қонунҳоро дар сатҳе таъмин кунад. Вале Ислом дар масъалаи муҷозот ва кайфарҳо роҳи хоссе дорад, ки метавонад масъалаи иҷрои қонунҳоро ба сурати комилтаре дарорад.
Аввалан: Ислом мухолифонро танҳо ба кайфарҳои дунявӣ монанди қатл ва зиндон ва табъид ва танбеҳҳои баданӣ таҳдид накардааст, балки барои муҷрим ду хел кайфар қоил шудааст.
1-Кайфарҳои дунявӣ, ки бояд ба василаи қувваи муҷрия иҷро гардад ба монанди буридани дасти дузд, қасоси қотил ва шаллоқ задан.
2-Кайфарҳои ухравӣ. Шоҳкории қонуни илоҳӣ дар ҳамин нуқта аст, ки ба кайфарҳои дунявӣ басанда накарда ва барои гуноҳ кайфари ухравӣ, ки чора ва гурезе аз он нест қоил шудааст. Мумкин аст муҷрим ба баҳонаҳое битавонад аз чанголи кайфарҳои дунявӣ хурдро наҷот диҳад аммо кайфарҳои ухравӣ он чунон дар камини гунаҳгор нишаста аст, ки чорае аз он нест, баъзе аз ин кайфарҳо, сурати воқеии гуноҳ аст ва ба ин маъно, ки гуноҳ дар рўзи қиёмат ба оташе табдил мегардад.
Ростӣ агар фарде ба маънои ояи зер имон дошта бошад, мумкин нест даври гуноҳ бигардад.
"هذا كتابنا ينطق عليكم بالحق إنا كنا نستنسخ ما كنتم تعملون".
“Ин навиштаҳои мо аст, ба ҳақ сухан мегўяд. Мо ҳар чӣ амал мекардед менавиштем (ва нусхагирӣ мекардем). (Ҷосия-29).
"ما يلفظ من قول الا لديه رقيبٌ عتيد".
“Сухан намегўед магар ин ки муроқибаткунандае барои навиштани он омодааст”.(Сураи Қоф-18).
Подошҳо
Дуввуман: Ислом илова бар зиёдии кайфар ва иқоб, ба гунае ки баён шуд ба мавзўи подош таваҷҷўҳ карда ва дар сояи он ба мавзўи иҷрои қонун, кўмаки шоистаи тақдире намудааст. Дар қонунҳои имрўз барои касоне ки ба он қонун амал мекунад подош дар назар гирифта нашудааст. Чун қонунгузор тасаввур мекунад, ки амал ба қонун вазифаи инсонӣ ва иҷтимоӣ аст, ки барои таъмини адолат дар ҷомеа аст, ки фоидаи он бар худи амалкунанда мерасад. Ин матлаб мантиқӣ аст, вале оё тамоми инсонҳо ин мантиқро дарк мекунанд, оё ҳамаи мардум, ки аксари қонунҳо барои онҳо аст хилофи он қонунро интизор надоранд? Онҳо бо худ мегўянд: Ҳамон гуна ки саркашӣ кайфар ва иқоб дорад бояд амалкунанда ба қонун низ подоше дошта бошад.
Ислом бо таъмини подошҳо тавонистааст ин таваққуеро, ки мардум доранд таъмин созад, то онон ба гунае худкор аз гуноҳон дурӣ ҷўянд ва ба итоат ва пайравӣ аз қонун бигароянд. Дар мазмуни ояти зер таваҷҷўҳ фармоед, ки чӣ гуна дар инсонҳо рўҳи озодагӣ ва гузашт аз ҷону молро дар баробари густариши дини Худо парвариш медиҳад:
"إن الله اشترى من المؤمنين انفسهم و اموالهم بأنَ لهم الجنة يقاتلون في سبيل الله فيَقتُلون ويُقتَلون". (التوبة 111).
“Худованд ҷону моли инсонҳои боимонро дар баробари биҳишт харидорӣ намудааст, онон дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва мекушанд ва кушта мешаванд”. (Тавба-111).
Ангезаи бисёре аз мардуми боимон, барои риояти қонун, чи воҷибот ва чи мустаҳаббот, ҳамин подошҳо аст, ки ононро ба сўи ҳадаф равона мекунад ва ҳаргиз набояд аз чунин сабаби муассир ғафлат намуд. Ислом барои нуфузи қонун дар дили ҷомеа, ҳаргиз кайфари хилофкорро бо подоши итоаткунанда баробар қарор надодааст. Балки ба хотири риояти адолат кайфар ва иқобро ба миқдори гуноҳ қарор додааст. Дар ҳоле ки подоши амали некро даҳ баробар муаррифӣ кардааст, чунон ки мефармояд:
"من جاء بالحسنة فله عشر امثالها ومن جاء بالسيئة فلا يجزى الا مثلها". (انعام-160).
“Ҳар кас як кори нек анҷом диҳад даҳ баробар подош дорад ва ҳар кас гуноҳе анҷом диҳад ба миқдори гуноҳаш азоб мешавад”. (Сураи Анъом-160).
Имтиёз шашшум
Густариши қавонини Ислом
Ҳар чанд баҳси мо дар бораи мўъҷиза будани Қуръон аст, вале чун қавонину аҳкоме, ки аз аҳодиси Паёмбари гиромӣ ва ё ҷонишинони маъсуми пас аз вай истифода мешавад, аз Қуръон ҷудо нест ва ба ҳукми Қуръон мо амр шудаем, ки тамоми дастуроти Паёмбарро иҷро кунем ва ба дастури худи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, Қуръон ва Аҳли Байти ў[1] ду ҳуҷҷат ва ҳамроҳи якдигаранд (аз ин сабаб) баҳсро ба ҷои қавонини Қуръон рўи қавонини Ислом меоварем. Нахустин манбаъ барои қавонини Ислом, Қуръони маҷид аст. Як бахши Қуръони маҷидро аҳком ва қавонин ташкил медиҳад ва муҳаққиқону муфассирони исломӣ, ба хотири азамати чашмгире, ки ин бахш аз оёти Қуръон дорад, оёти марбут ба аҳком ва қавонинро батаври ҷудогона мавриди баҳс қарор додаанд ва китобҳои зиёде ба унвони “Оёт-ул-аҳком» навиштаанд.
Манбаи дуввум барои аҳкоми исломӣ аҳодиси исломӣ аст, ки ҷомеаи исломиро аз ҳар гуна қонунгузорӣ бе ниёз кардааст. Дар китоби “Васоил-уш-шиа”, ки яке аз ҷавомеи ҳадисии шиа аст, беш аз сӣ ҳазор ҳадис ворид шудааст, ки метавонанд илҳомбахши ҳазорон қонун ва аҳком бошанд.
Марҳуми алломаи Ҳиллӣ мутаваффои соли 727 ба кўмаки оёт ва аҳодиси исломӣ дар яке аз китобҳои фиқҳӣ ба номи “Таҳрир-ул-аҳком” тавониста аст чиҳил ҳазор қонун бикашад.
Дар ҳуҷуми ахири Ғарб бар Шарқ, машриқзамин худро дар бисьёре аз илмҳо ва саноеъ ба ғарб ниёзманд дид ва дасти ниёз низ ба ў дароз кард. Вале ҳеҷ гоҳ дар қонунгузорӣ дар худ эҳсоси ниёз накард, чун дар китобҳои фиқҳӣ ба андозае қонун вуҷуд дошт, ки худро аз ҳар гуна қонунгирӣ аз дигарон бениёз дид.
***********