Мероси Расули Худо |
Яке аз мавориди низои ҳазрати Фотима бо халифа мироси Расули Худо буд. Дар китобҳои таърих ва ҳадис навиштаанд, ки баъд аз вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), Фотима (алайҳо салом) назди Абӯбакр рафт ва мероси падарашро талаб намуд. Абӯбакр ҳозир нашуд чизе ба унвони ирс ба он ҳазрат бидиҳад. Узр овард, ки Паёмбарон ирс намегузоранд ва амволе, ки аз онон боқӣ бимонад садақаи умумӣ аст. Ва дар ин бора ба ҳадисе истишҳод кард, ки нақлкунандаи он худаш буд. Гуфт: Аз падарат шунидам, ки фармуд: Мо паёмбарон тилло ва нуқра ва замин ва мулк ва хона ба ирс намегузорем, балки ирси мо, имон ва ҳикмат ва дониш ва шариат мебошад
Ман дар ин кор бо дастури Паёмбар ва ба салоҳи ӯ кор мекунам.[1]
Фотимаи Заҳро сухани халифаро қабул накард ва дар радди ӯ ба оёте аз Қуръони Маҷид тамассук фармуд, ки бояд дар ин қисмат, баҳси бештаре анҷом диҳем, то ҳақ равшан шавад.
Қонуни куллии ирс дар Қуръони Карим омадааст. Худованд дар Қуръон мефармояд: "Худо шуморо дар бораи фарзандонатон суфориш мекунад, писар ду баробари саҳми духтар ирс мебарад.[2]
Ояти ёдшуда ва оятҳои дигар, ки дар бораи ирс ва таъйини саҳми ворисон нозил шуда куллият доранд ва шомили ҳамаи мардум мебошад. Паёмбарон низ шомили ҳамин оятҳо мешаванд. Онон низ бар тибқи ин нусуси куллӣ, ҳам бояд аз ирсгузорон ирс бубаранд ва ҳам амволашон ба ворисон бирасад. Ба муқтазои ҳамин нусус бояд ҳамаи амволи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба ворисонаш мунтақил шавад. Албатта дар куллӣ будани қонуни ирс набояд шак кард, вале бояд дид оё далели қотеъ бар ин ки паёмбарон аз ин қонуни куллӣ берун шудаанд, дорем ё на?
Абӯбакр дар муқобили ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) муддаӣ буд, ки паёмбарон аз қонуни куллии ирс хориҷ шудаанд ва ирс намегузоранд. Барои исботи иддаои худ ба ҳадисе чанг зад, ки ровии он худаш буд ва бо иборатҳои мухталиф дар китобҳо нақл шудааст. Монанди:
"قال ابوبكر لفاطمة فاني سمعت رسول الله يقول: انا معاشر الانبياء لا نورث ذهبا ولا فضة ولا ارضا ولا دارا ولكنا نورث الايمان والحكمة والعلم والسنة. فقد عملت بما امرني ونصحت له".
1-«Абӯбакр ба Фотима гуфт, ки ман аз Паёмбар шунидам, ки мефармуд: Мо паёмбарон тилло ва нуқра ва замин ва хона ба ирс намегузорем. Ирси мо имон ва ҳикмат ва дониш ва шариат аст. Ман ба дастури Расули Худо амал мекунам ва ба салоҳи ӯ рафтор менамоям.»[3]
عن عائش إن فاطمة أرسلت إلى أبي بكر تسأله ميراثها من رسول الله وهي حينئذ تطلب ما كان لرسول الله بالمدينة وفدك وما بقي عن خمس خيبر، فقال أبو بكر: إن رسول الله قال: لا نورث ما تركنا صدقة، إنما يأكل آل محمد من هذا المال".
2-«Оиша нақл карда, ки Фотима (алайҳо салом) шахсеро ба назди халифа фиристод ва ирси падарашро талаб кард. Фотима (алайҳо салом) дар он ҳангом чанд чизро талаб мекард: Амволи Расули Худо дар Мадина ва Фадак ва боқимондаи хумси Хайбарро. Абӯбакр дар ҷавоби он ҳазрат гуфт: Паёмбар фармуд: Мо паёмбарон ирс намегузорем. Ҳар чӣ аз мо боқӣ бимонад садақа хоҳад буд. Ба Худо савганд ман садақоти Расули Худоро тағйир намедиҳам ва мувофиқи равиши он ҳазрат амал хоҳам кард. Абӯбакр ҳозир нашуд чизе ба Фотима бидиҳад. Ба ин сабаб Фотима ба Абӯбакр ғазаб кард ва аз ӯ дурӣ ихтиёр кард ва то дар дунё буд бо Абӯбакр сухан нагуфт.[4]
لما كلمت فاطمة ابابكر بكى ثم قال: يا ابنة رسول الله ما ورث ابوك دينارا ولا درهما وانه قال: ان الانبياء لا يورثون".
3-Вақте Фотима бо Абӯбакр сухан гуфт Абӯбакр гиря карду гуфт: Эй духтари Расули Худо падарат дирҳаму динор ирс нагузошт ва фармуд: Паёмбарон ирс намегузоранд.[5]
"عن ام هاني انّ فاطمة قالت لابي بكر: من يرثك اذا مت؟ قال: ولدي واهلي. قالت: فما بالك ورثت رسول الله دوننا؟ فقال: يا بنت رسول الله والله ما ورثت اباك ذهبا ولا فضة ولا كذا و لا كذا فقالت: سهمنا بخيبر وصدقتنا فدك؟ فقال: يا بنت رسول الله سمعت رسول الله يقول: انما هي طعمة اطعمنيها الله حياتي فاذا مت فهي بين المسلمين".
4-Фотима ба Абӯбакр гуфт: Вақте ту мурдӣ чӣ касе аз ту ирс мебарад? Абӯбакр гуфт: фарзандон ва аҳлам. Фотима фармуд: Пас чӣ шуда, ки ту аз Паёмбар ирс бурдӣ на мо?! Абӯбакр гуфт: Эй духтари Расули Худо падарат хона ва тилло ва нуқра ба ирс нагузошт. Фотима фармуд: Саҳми Худо, ки барои мо қарор дода ва ҳаққи мо ки дар дасти ту қарор гирифт? Абӯбакр гуфт: Ба дурустӣ, ки аз Расули Худо шунидам, ки мефармуд: Он таоме аст, ки Худованд ба мо ато фармуда ва ҳар вақт мурдам байни мусалмонон хоҳад буд.[6]
"جاءت فاطمة الى ابي بكر فقالت: اعطني ميراثي من رسول الله. قال: ان الانبياء لا يورثون ما تركوه فهو صدقة".
5-Фотима (алайҳо салом) ба назди Абӯбакр омаду гуфт: Меросам аз Паёмбарро бароям бидеҳ. Абӯбакр гуфт: Ба дурустӣ, ки паёмбарон ирс намегузоранд он чӣ аз худ гузоштанд, садақа аст.[7]
Халифа ба ҳадиси зикршуда истидлол кард ва Фотимаи Заҳро (алайҳо салом)-ро аз ирси падараш маҳрум кард. Лекин ҳадиси ёд шуда ҳуҷҷият надорад ва аз чанд ҷиҳат мардуд аст:
Ҳадиси Халифа бо баъзе оятҳои Қуръон, ки бо сароҳат далолат мекунанд, ки паёмбарон низ монанди дигар мардум ирс мегузоранд, мухолифат дорад. Ва бинобар аҳодисе, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва маъсумин расидааст ҳар ҳадисе, ки мухолифи Қуръон бошад, эътибор надорад ва бояд ба девор зада шавад. Аз ҷумлаи он оятҳо ин оят аст:
ذكر رحمت ربك عبده زكريا إذ نادى ربه نداء خفيا قال رب إني وهن العظم مني واشتعل الرأس شيبا ولم أكن بدعائك رب شقيا وإني خفت الموالي من ورائي وكانت امرأتي عاقرا فهب لي من لدنك وليا يرثني ويرث من آل يعقوب واجعله رب رضيا
«Ин ёд кардани раҳмати парвардигорат бар бандаи худаш Закариё аст. Вақте ки парвардигорашро нидо кард нидои ниҳоне ва гуфт: Парвардигоро устухонам суст шуда ва сарам аз пирӣ сафед шудааст. Ва ба хондани ту Парвардигоро шақӣ набудаам. Ман аз ворисони баъд аз худам метарсам ва занам нозо аст. Аз лутфи худат ба ман фарзанде ато кун, ки аз ман ва хонадони Яъқуб ирс бубарад. Парвардигоро ӯро писандида қарор деҳ.»[8]
Навиштаанд: Ҳазрати Закариё писар амакҳое дошт, ки инсонҳои бад буданд ва агар фарзанде пайдо намекард дороияш ба онҳо мерасид. Метарсид, ки ирсаш ба онҳо расад ва онро дар роҳи гуноҳ масраф кунанд. Ба ин хотир ба Худованд мефармуд: Худоё ман аз ворисонам, ки писар амакҳоям ҳастанд бим дорам ва занам нозо аст. Худоё бо карамат фарзанде ба ман ато кун, ки ирсамро бубарад ва шахси писандида ва мавриди қабули ту бошад. Дуои ӯ қабул шуд ва Худованд ҳазрати Яҳёро ба ӯ ато фармуд. Аз ин оят ба хубӣ истифода мешавад, ки паёмбарон, низ монанди дигар мардум ирс мебаранд ва ирс мегузоранд.
Гуфтаанд: Мумкин аст, мероси ҳазрати Закариё илму дониш бошад на молу сарват. Ва аз Худо хоста, ки фарзанде ба ӯ ато кунад, то вориси илми ӯ бошад ва дар роҳи тарвиҷи дин кӯшиш кунад. Вале бо андак диққате маълум мешавад, ки ин эҳтимол қобили қабул нест. Чун аввалан: Калима «ярису» дар оят зуҳур дар ирси молӣ дорад ва то қаринаи хилофи он набошад, бояд ба ҳамин маъно фаҳмида шавад. Ва сониян: Агар мероси молӣ бошад, тарси ҳазрати Закариё дуруст аст аммо мероси илмӣ бошад маънои оят дуруст нахоҳад буд. Чун агар мақсад китобҳои илмӣ бошад баргашти ин маъно ба ҳамон мероси молӣ мешавад, чун китоб низ аз амвол маҳсуб мешавад ва агар гуфта шавад, ки ҳазрати Закариё ба ин хотир метарсид, ки улуму маориф ва қавонини шариат ба дасти амакбачаҳояш биафтад ва аз он истифодаи бад кунанд, тарси он ҳазрат кори баҷое набудааст, чун вазифаи паёмбарии он ҳазрат иқтизо дошт, ки аҳкому қавонини шариатро дар ихтиёри ҳамаи мардум бигзорад, амакбачаҳояш, низ аз ин ҳукм берун нестанд. Ва агар ҳам фарзанде медошт боз ҳам мумкин буд амак бачаҳояш аз донистани аҳкаму қавонини шариат истифодаи бад бикунанд. Ва агар ба ин хотир метарсид, ки илму асрори махсуси набувват дар ихтиёри амакбачаҳояш биафтад ва аз он истифодаи бад кунанд, боз ҳам тарси он ҷаноб беваҷҳ буд, чун ин илмҳо дар ихтиёри худаш буд ва метавонист амак бачаҳояшро аз он воқиф насозад. Ва медонист, ки Худованди Мутаол илму асрори набувватро дар ихтиёри инсонҳои бад қарор нахоҳад дод. Пас ба ҳар ҳол тарси он ҳазрат ваҷҳе надошт.
Мумкин аст касе бигӯяд: Ҳазрати Закариё ба ин хотир метарсид, ки амакбачаҳояш, ки душмани дин буданд, баъд аз ӯ барои хароб кардани дин бароянд ва заҳматҳояшро ҳадар бидиҳанд. Ба ин хотир аз Худо хост, ки фарзанде ба ӯ бидиҳад, ки ба мақоми набувват бирасад ва дар роҳи тарвиҷи худопарастӣ кӯшиш кунад. Бинобар ин, мерос дар оят ба мероси илму ҳикмат фаҳмида мешавад на молу сарват.
Вале ин эҳтимол, низ аз ишкол холӣ нест, чун ҳазрати Закариё медонист, ки Худованди Ҳаким ҳеҷ гоҳ заминро аз вуҷуди паёмбар ё имом холӣ намегузорад. Пас наметавон гуфт, ки ҳазрати Закариё ба ин хотир метарсид, ки Худованди Мутаол динашро бидуни ҳомӣ ва сарпараст бигзорад ва аз тарафи дигар агар аз Худо фарзанде мехост, ки паёмбар ва ҳомии дин бошад, набояд бигӯяд Худоё ба ман фарзанде бидеҳ, ки меросамро бубарад ва ӯро шоиста ва солеҳ қарор деҳ, балки бояд бигӯяд: Худо метарсам баъд аз ман асоси динат мутазалзил шавад мехоҳам баъд аз ман барои ҳимоят аз дин, паёмбаре бифристӣ ва дӯст дорам, ки он паёмбар аз авлоди ман бошад, ба ман фарзанде бидеҳ, ки паёмбар бошад. Ба илова агар мақсад аз мирос, илму набувват бошад ҷумлаи «ӯро писандида қарор деҳ» ваҷҳе нахоҳад дошт, чун ҳазрати Закариё медонист, ки Худованд шахси ноаҳлро паёмбар қарор нахоҳад дод, дигар ваҷҳ надошт, ки бигӯяд: Худоё паёмбари баъд аз манро шахси писандидае қарор деҳ.
Аз ин суханон равшан шуд, ки ирси ҳазрати Яҳё аз ҳазрати Закариё ирси молӣ будааст. Ва ояти ёд шуда ба хубӣ далолат мекунад, ки паёмбарон, низ монанди дигар мардум ирс мебаранд ва ирс мегузоранд. Бинобар ин ҳадиси Абӯбакрро ба хотири ин ки бо Қуръон мухолиф аст, рад кард. Чун бинобар қонуни ҳадисшиносӣ ҳар ҳадисе, ки бар хилофи насси Қуръон бошад, қобили қабул набуда бояд ба девор зада шавад.
Ба ҳамин хотир ҳазрати Заҳро (алайҳо салом), ки бо аҳкому қавонини шариат ошно буд барои собит кардани дурӯғ будани ин сухан аз ояти ёдшуда истифода кард.
Яке аз оятҳои дигар, ки ба он истидлол шудааст ин оят аст:
"ولقد آتينا داود وسليمان علما وقالا الحمد لله الذي فضلنا على كثير من عباده المؤمنين وورث سليمان داود وقال يا أيها الناس علمنا منطق الطير وأوتينا من كل شئ إن هذا لهو الفضل المبين".
«Ба Довуд ва Сулаймон дониш додем. Ва гуфтанд: Сипос Худоеро, ки моро бар бисёре аз бандагони боимонаш бартарӣ дод. Ва Сулаймон аз Довуд ирс бурд ва гуфт: Эй мардум мо забони паррандагонро омухтаем ва аз ҳама чиз ба мо додаанд, ба дурустӣ, ки ин фазилати ошкоре аст. [9]
Дар ин оят, низ Худованд дар бораи Сулаймон фармуд: «Сулаймон аз Довуд ирс бурд». Ва калимаи «вариса» зуҳур дар ин дорад, ки Сулаймон аз Довуд ирси молӣ бурдааст. Ва то далели қатъие бар хилофи он надошта бошем, бояд ба ҳамин маъно фаҳмида шавад. Ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) низ, ки дар хонаи нузули ваҳй ва Қуръон тарбият ёфта буд, дар радди сухани халифа аз ин оят истифода намуд.
Агар ҳадиси халифа дуруст бошад, бояд шомили ҳамаи дороии Расули Худоро мешуд. Бинобар ин бояд ворисонаш аз ҳамаи чиз ҳатто либос, зиреҳ, шамшер, ҳайвоноти саворӣ ва ширдеҳ ва асосияи хона, маҳрум мешуданд ва ҳамаи онҳо ҷузви байтулмоли умумӣ мешуд. Дар сурате, ки ба гувоҳии таърих, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ин гуна амвол дошта ва ба ворисонаш расидааст. Ва дар ҳеҷ таърихе нанавиштаанд, ки Абӯбакр либосҳо, зиреҳҳо ва шамшеру фаршу ва... ро ба унвони амволи умумӣ гирифта бошад. Балки чунон, ки қаблан мулҳиза фармудед хонаҳои он ҳазрат дар ихтиёри ҳамсарон боқӣ монд ва амволи дигараш дар миёни ворисон тақсим шуд. Ва худи ин мавзӯъ низ ба беасос будани ҳадиси халифа далолат мекунад ва маълум мешавад, ки худаш, низ ба ин ҳадис мӯътақид набудааст.
Халифа, ки муддаӣ буд Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуда: Ман ирс намегузорам ва амволам садақа аст ва ба ин хотир духтари азизи Паёмбар ва зани намунаи Исломро озурдахотир кард, пас чаро хонаҳои Расули Худоро аз дасти занони он ҳазрат нагирифт? Ва чаро дигар амволро талаб накард?
Агар ин матлаб дуруст буд, ки паёмбарон ирс намегузоранд, ҷо дошт Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ин матлабро ба ҳазрати Заҳро ва Имом Алӣ (алайҳимо салом) гӯшзад мекард, ки ҳар амволе, ки ман аз худ ба ҷо мегузорам ҷузви садақаҳои умумӣ аст ва ба унвони ирс ба шумо намерасад, мабодо баъд аз ман талаби ирс кунед ва асбоби ихтилоф фароҳам кунед. Оё Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) намедонист, ки ворисонаш бинобар қавонини куллии ирс ва рафтори умуми мардум дар садади тақсими амвол мебароянд ва байни онҳо ва халифаи вақт кашмакаш воқеъ хоҳад шуд? Ё медонист, вале дар таблиғи аҳком кӯтоҳӣ кард? Мо, ки наметавонем чунин чизеро бовар кунем.
Гуфтаанд: Лозим нест Расули Худо ин матлабро ба ворисонаш гуфта бошад, балки ҳамин қадар кофӣ буд, ки ҳукми ин масъаларо дар ихтиёри Абӯбакр, ки имоми мусалмонон буд қарор диҳад. Халифа аст, ки бояд аҳкоми Худоро иҷро кунад Паёмбар, низ матлабро ба ӯ ёдоварӣ карда буд.
Вале ин матлаб дуруст, нест, чун аввалан Абӯбакр дар замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба унвони халифа таъйин нашуда буд, то гуфта шавад Паёмбар дастуроти лозимро ба ӯ дода буд. Ва сониян мавзӯи мерос дар дараҷаи аввал ба ворисони он ҳазрат дахл дошт, онҳо бояд вазифаи худро бидонанд, то бар хилофи ҳақ талаби ирс накунанд ва асбоби ихтилофро фароҳам насозанд.
Оё метавон гуфт: Алӣ алайҳис-салом, ки ганҷинаи илми набувват буд ва Фотима (алайҳо салом), ки тарбиятёфтаи хонаи набувват ва вилоят буд аз чунин масъалаи муҳимме, ки марбут ба худашон буд бехабар буданд, вале Абӯбакр ки аз масъалаҳои оддӣ ва ибтидоии Ислом хабар надошт ҳукми онро медонист?
Оё метавон гуфт: Фотима ҳукми масъаларо медонист, вале бо он мақоми исмат ва таҳорате, ки дошт бар хилофи дастури падари бузургвораш аз Абӯбакр талаби ирс намуд?
Оё метавон дар бораи Алӣ гуфт: Масъаларо медонист, вале бо он мақоми тақво ва исмат ва таҳорат ва алоқаи фаровоне, ки ба иҷрои қавонини илоҳӣ дошт ба ҳамсари азизаш иҷозат дод, ки бар хилофи насси Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) талаби ирс кунад ва барои талаби ҳаққи худаш он хутбаи муфассалро дар назди мардум ирод фармояд?! Гумон намекунам ҳеҷ шахси боинсофе ин гуна чизро бовар кунад.
Абӯбакр ба ҳангоми вафот васият кард ӯро дар ҳуҷраи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дафн кунанд ва дар ин бора аз духтараш Оиша иҷозат гирифт. Агар ба ин ҳадисе, ки ривоят кард ақида дошт, бояд ҳуҷраро моли умуми мусалмонон медонист ва аз мусалмонон иҷозат мегирифт!!
Амволе, ки дар ихтиёри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) буд ду гуна аст:
Навъи аввал: Амволе, ки ба умуми миллат тааллуқ дошт ва аз амволи умумӣ ва байтулмоли муслимин ҳисоб мешавад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба эътибори ин ки ҳокими мусалмонон буд дар ин гуна амвол тасарруф менамуд ва дар масрафҳои омма сарф мекард. Дар ҷои худ ба исбот расид, ки ин гуна амвол ба мақому мансаби ҳукумати шаръӣ тааллуқ дорад ва қонуни ирс дар он ҷорӣ нест, балки баъд аз марги ҳокими шаръӣ дар ихтиёри ҷонишинаш қарор хоҳад гирифт.
Ҳазрати Заҳро ҳам ин гуна амволро ба унвони ирс талаб намекард. Ва агар гоҳе ҳам ба онҳо ишора намуд ба ин хотир буд, ки ҳукумати Абӯбакрро ба расмият намешинохт ва шавҳарашро раҳбари шаръӣ медонист ва дар воқеъ аз ҳаққи шавҳараш дифоъ мекард.
Ва ҳадиси Абӯбакр бар фарзи ин ки саҳеҳ бошад нозир ба ин гуна амвол буд на ба ҳамаи амвол.
Навъи дуввум: Амволи шахсии Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ). Паёмбари гиромӣ ба эътибори ин ки шахсе аз ашхоси мардум буд, ҳаққи моликият дошт. Амволе, ки аз роҳи касбу кор ва аз роҳи машрӯи дигар дар дасташ воқеъ мешуд, мулки шахсии он ҳазрат мешуд ва тамоми аҳкоми мулк ҳатто қонуни ирс шомили он мешавад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз ин гуна амвол дошта аст. Баъзе аз онҳо аз роҳи саҳме, ки он ҳазрат дар ғаниматҳо дошт, насибаш мешуд. Дар ин гуна амвол ҳукми Расули Худо бо дигар мусалмонон баробар аст. Ва куллияи аҳком ҳатто қонуни ирс шомили онҳо мешавад. Дар ин гуна амвол буд, ки ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) талаби ирс мекард.
Ибни Абилҳадид менависад: Фотима (алайҳо салом) касеро ба назди халифа фиристод ва паём дод: Оё ту вориси Расули Худо ҳастӣ ё аҳлаш? Посух дод: Аҳлаш. Фармуд: Пас саҳми Расули Худо чӣ шуд?[10]
Дар ин гуна амвол Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бо Абӯбакр фарқе надошт. Абӯбакр бо ин ки худашро халифаи Паёмбар медонист, дар амволи шахсии худаш тасарруф мекард ва онҳоро баъд аз худаш мулки ворисонаш медонист, пас бояд амволи шахсии Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро, низ мулки ворисонаш бидонад. Ба ҳамин хотир ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) ба Абӯбакр мефармуд: Оё духтарони ту аз ту ирс мебаранд, вале духтарони Расули Худо набояд аз падарашон ирс бубаранд? Абӯбакр дар ҷавоб мегуфт: Оре, чунин аст. [11]
[1]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.214.
[2]-Сураи Нисо-11.
[3]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.214.
[4]-Саҳеҳи Бухорӣ. Саҳеҳи Муслим. Муснади Аҳмад. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон. Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.217.
[5] -"Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.216.
[6]-"Таърихул мадинатул мунаввара"-и Умар ибни Шаббаҳ ҷ.1.саҳ.124. "Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.218.
[7]-"Кашф-ул-ғумма" ҷ.2.саҳ.103.
[8]-Сураи Марям ояти-4.
[9]- Сураи Намл ояти 15-16.
[10]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға ҷ.16.саҳ.219.
[11]-"Таърихул мадинатул мунаввара"-и Умар ибни Шаббаҳ ҷ.1.саҳ.123. Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға ҷ.16.саҳ.219.