Бахши ҳафтўм |
Достони Фадак ва низои ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) яке аз чизҳое аст, ки аз садри Ислом то кунун, доим
байни донишмандон мавриди баҳс буда ва дар ин бора китобҳо навиштаанд. Вале зикру нақли ҳамаи он баҳсҳои муфассал дар ин китоб, ки барои мардум ва бо қасди шарҳи ҷанбаҳои омӯзандаи зиндагии бонуи гиромии Ислом навишта шудааст, чандон муносиб нест. Ва қаблан ба равиши содда ва хулоса ба он ишора кардем. Аммо чун ҳамаи хонандагон дар як сатҳ аз маълумот нестанд ва дар байни онҳо муҳаққиқоне пайдо мешаванд, ки мехоҳанд дар бораи ин мавзӯи муҳимми садри Ислом, таҳқиқе анҷом диҳанд ва ин матлабро аз назариилмӣ баррасӣ кунанд, ин бахш ба матолиби гузашта изофа мешавад. Достони ёд шуда дар чанд бахш хулосавор баррасӣ мешавад
Касоне, ки дар ин матлаб баҳс кардаанд, аксаран дар бораи Фадак баҳс кардаанд. Ба гунае ки мавзӯи низоъ гӯё танҳо Фадак буда бошад ва ба ҳамин сабаб ишколоте ба вуҷуд омадааст. Вале баъд аз муроҷиа ба китобҳои аслӣ маълум мешавад, ки мавзӯи низоъ танҳо дар бораи Фадак набуда ва дар чизҳои дигаре, низ низоъ доштаанд.
Масалан Оиша нақл карда, ки Фотима (алайҳо салом) шахсеро ба назди Абӯбакр фиристод ва ирси падарашро талаб кард. Фотима (алайҳо салом) дар он ҳангом чанд чизро талаб мекард:
1-Амволи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар Мадина.
2-Фадак.
3-Боқимондаи хумси Хайбар.
Абӯбакр дар ҷавоби он ҳазрат гуфт: Паёмбар гуфт: Мо паёмбарон ирс намегузорем. Ҳар чӣ аз мо боқӣ бимонад садақа хоҳад буд. Ба Худо савганд ман садақоти Расули Худоро таъғир намедиҳам ва мувофиқи равиши он ҳазрат амал хоҳам кард. Халифа ҳозир нашуд чизе ба Фотима бидиҳад. Ба ин сабаб Фотима ба Абӯбакр ғазаб кард ва аз ӯ дурӣ ихтиёр кард ва то дар дунё буд бо Абӯбакр сухан нагуфт.[1]
Ибни Абилҳадид менависад: Фотима (алайҳо салом) ба халифа паём фиристод: Оё ту вориси Паёмбар ҳастӣ ё аҳлаш? Ҷавоб дод: Аҳлаш. Фармуд: Пас саҳми Расули Худо аз ғаниматҳо чӣ шуд? халифа гуфт: Ман аз падарат шунидам, ки мефармуд: Худо барои паёмбараш таоме қарор дод. Онгоҳ, ки ӯро қабзи рӯҳ кард он молро барои халифааш қарор дод. Ман халифаи падарат ҳастам, бояд он молро ба мусалмонон баргардонам.[2]
Урва ибни Зубайр нақл карда, ки ҳазрати Фотима (алайҳо салом) дар мунозиаи бо халифа, Фадак ва саҳми зулқурборо талаб мекард. Вале халифа чизе ба ӯ надод ва онҳоро ҷузви амволи Худо қарор дод.[3]
Ҳасан ибни Муҳамма ибни Алӣ ибни Абитолиб мегӯяд: Халифа ҳазрати Фотима ва Бани Ҳошимро аз саҳми Зилқурбо маҳрум кард ва онро ҷузви саҳми сабилиллоҳ қарор дод ва бо онҳо барои ҷиҳод аслаҳа ва шутур мехарид.[4]
Аз матолиби ёд шуда истифода мешавад, ки ҳазрати Фотима (алайҳо салом) илова бар Фадак дар чизҳои дигаре мисли амволи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар Мадина ва боқимондаи Хумси Хайбар, саҳми Расули Худо аз ғаниматҳо ва саҳми Зулқурбо, низ бо халифа низоъ доштааст, вале мавзӯъҳои мухталиф баъдан бо ҳам махлут шудааст. Ба ин сабаб ишколоте ба вуҷуд омадааст.
Барои ин ки ҳақиқат равшан шавад, бояд мавридҳои низоъро аз ҳам ҷудо кард ва ҳар як аз онҳоро ба танҳоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.
Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бешак дорои амволу чизҳое буд, ки махсуси он ҳазрат буд ва молики онҳо буд. Монанди хона ва утоқҳои маскунии худ ва хонаводаи он ҳазрат. Либосҳои шахсии худ ва хонаводаи он ҳазрат. Шамшер, зиреҳ ва найза. Ҳайвоноти саворӣ ба монанди аспу шутур ва улоғ. Ва ҳайвоноти ширдеҳ монанди гўсфанд, буз ва гов.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) молику соҳиби ин гуна амвол буда ва дар китобҳои таърих ва ҳадис сабт шудааст. [5]
Ҳасан ибни Алӣ мегӯяд: Ба Имом Ризо (алайҳис-салом) гуфтам: Оё Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ғайр аз Фадак чизи дигаре боқӣ гузошт? Фармуд: Оре, чанд боғ дар Мадина дошт, ки вақф буданд. Шаш асп, се ноқа ба номҳои Азбоъ, Саҳбоъ ва Дибоҷ ва ду қотир ба номҳои Шеҳбоъ ва Дулдул ва як улоғ ба номи Яъфур ва ду гусфанди ширдеҳ, чиҳил шутури ширдеҳ, шамшери Зулфиқор ва зиреҳи Зотул-узул, амомаи Саҳоб ва ду бурди Ямонӣ ва ангуштар, асои мамшуқ ва як фарш аз лиф ду або ва чанд болишти пустӣ. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ин амволро дошт ва баъд аз он ҳазрат ба Фотима (алайҳо салом) гузашт ба ғайр аз шамшер ва зареҳ ва амома ва ангуштар, ки барои Алӣ (алайҳис-салом) дода буданд.[6]
Ворисони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) иборатанд аз занҳои он ҳазрат ва Фотимаи Заҳро (алайҳо салом). Таърих ба ин матлаб ишора накардааст, ки дороии Паёмбар байни ворисонаш чӣ гуна тақсим шуд. Вале зоҳиран дар ин бора шакке нест, ки хонаҳои маскунии занҳои он ҳазрат ба худи занҳо вогузор шуд, ки баъд аз он ҳазрат дар онҷо зиндагӣ карданд. Дар тавҷеҳи ин матлаб баъзеҳо гуфтаанд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар замони ҳаёташ хонаҳоро ба занҳояш бахшида буд.
Барои исботи ин сухан ба ин оят тамассук кардаанд:
"وقرن في بيوتكن ولا تبرجن تبرج الجاهلية الأولى".[7]
"Эй занони Паёмбар дар хонаҳои худатон бимонед ва зинатҳои худатонро ба монанди ҷоҳилияти қадим ошкор накунед".
Гуфтаанд: Худованд, дар ин оят ба занони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мефармояд: Дар хонаҳоятон бимонед. Маълум мешавад хонаҳое, ки дар он зиндагӣ мекарданд азони худашон будааст вагарна мефармуд: Дар хонаҳои Паёмбар бимонед.
Вале бар аҳли таҳқиқ пӯшида нест, ки ин оят барои исботи ин чиз кофӣ нест, чун ин гуна нисбатҳо дар суханҳои урфӣ фаровон аст ва нисбат додани танҳо далели моликият нест. Дороиҳои мардҳо ба зану фарзандонашон, низ нисбат дода мешавад. Гуфта мешавад: Хонаи шумо, боғи шумо, мошини шумо ва ғайра дар сурате, ки молики аслии онҳо мард аст. Барои нисбат додан, муносибати каме ҳатто иҷора ё сукунат кифоят мекунад. Чун Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳар як аз ҳуҷраҳояшро ба яке аз ҳамсаронаш ихтисос дода буд. Гуфта мешуд: Хонаи Оиша, хонаи Зайнаб, хонаи Умми Салама. Бинобар ин аз ояти ёдшуда наметавон истифода кард, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хонаҳоро ба занҳо бахшида бошад. Далели дигаре ҳам дар даст нест.
Бинобар ин бояд гуфт: Ё хонаро аз саҳми ирс гирифтаанд ё ин ки асҳоб барои ҳифзи номуси Паёмбар ва риояти эҳтироми он ҳазрат ҳамсаронашро дар хонаҳояшон боқӣ гузоштаанд ва Фотимаи Заҳро (алайҳо салом) ҳам, ки яке аз ворисон буд ба ҳамин сабаб аз талаби ҳуқуқи худ худдорӣ кардааст. Пас дар ин ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) амволеро боқӣ гузоштааст, ки аз боби ирс ба ворисонаш расид шакке нест ва шомили оёту қавонини куллии ирс будааст.
Дар атрофи Мадина рустое аст ба номи Фадак. Ду рӯз роҳ то Мадина фосила дорад. Дар рӯзгори қадим деҳаи обод ва пурдарахте будааст. Соҳиби китоби "Мӯъҷамул булдон" менависад: Дорои дарахтони хурмои фаровон ва чашмае буд, ки об аз он меҷӯшид.
Қаблан ба исбот расид, ки Фадак мулки ночиз ва камдаромаде набуд, балки мулки обод ва қобили таваҷҷӯҳе будааст.
Ин деҳа дар ихтиёри Яҳуд буд. Дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ, ки Хайбар барои мусалмонон фатҳ шуд, яҳудиёни Фадак аз фатҳҳои онҳо ба тарс даромада шахсеро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фиристоданд ва дархости сулҳ карданд.
Ба ривояти дигар, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Муҳиса ибни Масъудро назди яҳудиён фиристод, то ба сӯи Ислом даъваташон кунад. Исломро напазируфтанд вале хостори сулҳ шуданд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дартосташонро қабул кард ва дар миёни онҳо қарордоди сулҳ ба имзо расид. Ва ба ин васила яҳудиёни Фадак, зери ҳимояти мусалмонон қарор гирифтанд.
Билозарӣ дар "Футуҳул-булдон" менависад: Нисфи тамоми дарахтон ва дороияшонро дар ихтиёри Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қарор доданд.
Ба шаҳодати таърих бинобар қарордоди сулҳе, ки байни Паёмбар ва яҳудиён имзо шуд, нисфи тамоми заминҳо ва дарахтҳо ва амволи яҳудиёни Фадак дар ихтиёри Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қарор гирифт. Яъне амволи холисаи он ҳазрат шуд. Зеро чунон ки мулоҳиза кардед Фадак бидуни ҷанг аз барои мусалмонон фатҳ шуд ва бинобар қавонини Ислом ҳар ҷое, ки беҷанг фатҳ шуд аз амволи холисаи Паёмбар ҳисоб мешавад.
Қонуни ёдшуда яке аз қонунҳои мусаллами Ислом мебошад ва дар Қуръони Карим, низ мансус аст.
Худованди Ҳаким дар Қуръони шариф мефармояд:
"وما أفاء الله على رسوله منهم فما أوجفتم عليه من خيل ولاركاب ولكن الله يسلط رسله على من يشاء والله على كل شئ قدير ما أفاء الله على رسوله من أهل القرى فلله وللرسول..."
"Амволеро, ки Худо аз онҳо ба паёмбараш расонид ҳар чи ки шумо бар он асбу шутуре натохтед. Вале Худо паёмбаронашро бар ҳар чӣ бихоҳад мусаллат мекунад. Ва Худо бар ҳама чиз тавоност. Амволеро, ки Худо аз аҳли ин деҳот ба паёмбараш расонд махсуси Худо ва расулаш аст".[8]
Пас дар ин ки Фадак моли холисаи Паёмбари гиромӣ буд, шакке нест. Ин гуна мулкҳо аз амволи давлати исломӣ маҳсуб мешавад, ки дар ихтиёри ҳокими шаръӣ (Паёмбар ё имоми маъсум) қарор мегирифт ва дар бораи масрафи онҳо ихтиёри тамом дошт. Ҳақ дошт дар ҳар ҷое, ки салоҳ бидонад ба масраф бирасонад. Барои идораи корҳое, ки марбут ба ҳокими шаръ буд аз онҳо истифода менамуд. Агар маслиҳатҳои олии Ислом ва ҳукумати исломӣ иқтизо мекард ҳақ дошт қитъае ё қитъаҳое аз онро ба касе вогузор кунад, ки аз даромадҳои он баҳраманд шавад. Ҳақ дошт миқдоре аз даромади онро ба касе, ки барои Ислом кори арзандае анҷом додааст бубахшад. Метавонист аз даромади онҳо ба будҷаи ҳукумати исломӣ ва таъмини ҳоҷатҳои умумӣ кўмак кунад. Ҳақ дошт миқдоре аз онро барои таъмини харҷи шахсии худ ва хонаводааш ихтисос диҳад. Аз баъзе ахбору шавоҳиди таърихӣ истифода мешавад, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) заминҳои Фадакро барои таъмини харҷҳо ва таҳияи маоши худ ва хонаводааш гузошта буд ва заминҳои холии онро бо дасти худ обод ва дарахткорӣ намуд.
Ибни Абилҳадид менависад: Вақте Мутаваккил, Фадакро ба Абдуллоҳ ибни Умари Бозиёр бахшид ҳануз ёздаҳ дарахти хурмое, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бо дастони мубораки худ кошта буд дар Фадак боқӣ монда буд. Гоҳе, ки Фадак дар дасти Фарзандони Фотима (алайҳо салом) қарор мегирифт хурмоҳои онро мечиданду дар мавсими ҳаҷ ба ҳоҷиён ҳадя мекарданд. Ҳоҷиён хурморо аз боби табаррук мегирифтанд ва дар иваз ба авлоди Фотима кўмак мекарданд. Вақте ки Абдуллоҳ ибни Умари Бозиёр ба онҷо мусаллат шуд Бушрон ибни Абиумайяи Сақафиро фиристод, то ҳамаи он дарахтҳоро қатъ кунад. Вақте дарахтҳоро бурид ба Басра баргашт ва фалаҷ шуд.[9]
Равиши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ин буд, ки ба миқдори ниёзи худ ва хонаводааш аз маҳсули Фадак мебардошт ва бақияро ба дармондагони Бани Ҳошим ва ибни сабилҳо медод ва асбоби издивоҷи фақирони Бани Ҳошимро фароҳам мекард.
Муҳимтарин чизе, ки байни ҳазрати Заҳро ва халифа мавриди низоъ воқеъ шуд, Фадак буд. Ҳазрати Фотима (алайҳо салом) муддаӣ буд Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар замони ҳаёташ Фадакро ба вай бахшид, вале халифа инкор мекард. Барои ин ки ҳақ равшан шавад, бояд чанд чиз баррасӣ шавад.
1-Оё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шаръан ҳақ дошт миқдоре аз заминҳои давлатиро ба духтараш бахшад ё на? Мумкин аст касе бигӯяд: Амволу ғаниматҳои давлатӣ ба ҳамаи миллат тааллуқ дорад. Заминҳои давлатӣ бояд ба мулки давлат боқӣ бимонад ва даромади он дар корҳое, ки нафъаш барои ҳама аст масраф гардад. Бинобар ин барои Паёмбар, ки аз ҳар гуна хато ва лағзиш маъсум аст мумкин нест Фадакро, ки як мулки холиса буда ба духтараш вогузор кунад.
Дар ҷавоби ин матлаб метавон гуфт: Баҳси анфол ва дороии давлати исломӣ як баҳси доманадор ва душворе аст, ки дар ин варақҳои кӯтоҳ наметавон ба гунаи амиқ мавриди баррасӣ қарор дод, вале хулосавор метавон гуфт, ки: Гарчи Фадак яке аз ғаниматҳо ва амволи умумӣ буд ва ба мақоми набувват ва имомат яъне ҳокими шаръӣ тааллуқ дошт, вале чунон, ки қаблан гуфта шуд бидуни ҷанг фатҳ шуд ва бинобар ахбори исломӣ ва сираи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ин гуна амвол ҷузви амволи холисаи Паёмбар маҳсуб мешавад. Албатта амволи холиса мулки шахсӣ нест ва ба мақоми ҳокими шаръии Ислом тааллуқ дорад, вале бо дигар амволи умумӣ фарқ дорад. Ихтиёри онҳо дар дасти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аст ва дар бораи масрафи он ҳадду шарте надорад. Ва дар ҳар куҷое, ки хост ва салоҳ дид масраф мекунад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қитъаҳое аз заминҳои холисаро ба касоне вогузор кард, ки истилоҳан иқтоъ номида мешавад.
Билозарӣ менависад: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қитъаҳое аз заминҳои Бани Назрро ба Абӯбакр ва Абдураҳмон ибни Авф ва Абудуҷона ва дигарон вогузор намуд.[10]
Боз Билозарӣ менависад: Расули Худо як қитъа аз заминҳои Бани Назрро бо дарахтони хурмо ба Зубайр ибни Авом вогузор кард.[11]
Боз менависад: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) як қитъа заминро, ки дорои кӯҳ ва маъдан буд ба Билол вогузор кард.[12]
Боз менависад: Расули Худо чаҳор қитъа замин ба Алӣ (алайҳис-салом) вогузор кард.[13]
Пас дар ин ки ҳокими шаръӣ ҳақ дорад миқдоре аз заминҳои холисаро дар ихтиёри шахси муайяне қарор диҳад, ки аз даромади он баҳраманд шавад, шакке нест. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) нисбат ба баъзеҳо ин амалро анҷом додааст.
Бинобар ин аз ҷиҳати қонуни Ислом монее надорад, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) заминҳои Фадакро ба Фотима (алайҳо салом) вогузор намуда бошад, вале исботи он ниёз ба далел дорад.
Бинобар ахбору аҳодисе, ки ба мо расида Паёмбари гиромӣ Фадакро ба ҳазрати Заҳро вогузор кардааст. Аз боби намуна:
Абусаиди Худрӣ ривоят карда, ки: "Вақте ояти "وآت ذا القربى حقه"
"Ба наздиконат ҳаққашонро бидеҳ" нозил шуд Паёмбар ба Фотима фармуд: Фадак моли ту бошад".[14]
Атия ривоят кардааст, ки вақте ин оят وآت ذا القربى حقه "Ба наздикони худ ҳаққашонро бидеҳ" нозил шуд Расули Худо Фотимаро ба назди худ хонду Фадакро ба ӯ вогузор кард.[15]
Алӣ ибни Ҳусайн-Имом Зайнулобидин фармуд: Расули Худо Фадакро ба ҳазрати Заҳро вогузор кард.[16]
Имом Содиқ фармуд: Вақте ки ояти ""وآت ذا القربى حقه "Ба наздиконат ҳаққашонро бидеҳ"[17] нозил шуд Паёмбари гиромӣ ба Ҷабраил фармуд: Мискинро мешиносам вале Зулқурбо чӣ касоне ҳастанд? Фармуд: Наздикони ту ҳастанд. Пас Расули Худо Ҳасану Ҳусайн ва Фотимаро хонду фармуд: Худо ба ман дастур додааст, ки ҳаққи шуморо бароятон бидиҳам. Ба ин сабаб Фадакро ба шумо вогузор кардам.[18]
Абон ибни Тағлаб мегӯяд: Ба Имом Содиқ гуфтам: Оё Расули Худо Фадакро ба Фотима дода буд? Фармуд: Фадак аз тарафи Худо барои Фотима таъин шуда буд.[19]
Имом Содиқ фармуд: Фотимаи Заҳро ба назди халифа омад ва Фадакро талаб кард. Халифа гуфт: Бояд барои муддаоят шоҳид биёварӣ. Умми Айман барои адои шаҳодат ҳозир шуд. Халифа ба ӯ гуфт: Ба чӣ шаҳодат медиҳӣ? Гуфт: Шаҳодат медиҳам, ки Ҷабраил ба назди Паёмбар омаду гуфт: Худо мефармояд: "وآت ذا القربى حقه" "Ба наздикони худ ҳаққашонро бидеҳ" ба Ҷабраил фармуд: Аз Худо бипурс, ки Зулқурбо чӣ касоне ҳастанд? Ҷабраил гуфт: Фотима Зулқурбо аст. Пас Расули Худо Фадакро ба Фотима вогузор кард.[20]
Ибни Аббос ривоят кардааст, ки вақте ояти "وآت ذا القربى حقه" "Ба наздикони худ ҳаққашонро бидеҳ" нозил шуд Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фадакро ба Фотима вогузор кард.[21] Аз ин гуна аҳодисе, ки дар шаъни нузули ин оят ворид шуда истифода мешавад, ки Расули Худо аз тарафи Худованд амр шуд, ки Фадакро ба унвони ҳаққи Зулқурбо дар ихтиёри Фотимаи Заҳро қарор диҳад.
Мумкин аст касе бигўяд: Ояи وآت ذا القربى حقه ки дар дар аҳодис ба онҳо ишора шудааст яке аз оятҳои сураи "Исроъ аст ва он сура Маккӣ аст. Бо ин ки додани Фадар дар Мадина баъд аз фатҳи Хайбар будааст. Дар ҷавоби ин ишкол мегўем:
Гарчи сураи Исроъ Маккӣ аст, вале чанд ояти онро Маданӣ шумурдаанд, ки яке аз онҳо ҳамин ояти وآت ذا القربى حقه мебошад.
Ҳасан гуфтааст: "Сураи Исроъ Маккӣ аст ғайр аз панҷ ояти он ки дар Мадина нозил шудааст, ояти
"ولا تقتلوا النفس" و "ولا تقربوا الزنا" و "اولئك الذين يدعون" و "اقم الصلاة" و " وآت ذا القربى حقه ".
Мумкин аст Расули Худо Фадакро ба яке аз ду сурат ба Фотима вогузор намуда бошад. Сурати аввал ин ки заминҳои Фадакро ба унвони мулки шахсӣ дар ихтиёри он ҳазрат қарор дода бошад. Ваҷҳи дуввум ин ки онро ба хонаводаи Алӣ ва Фотима алайҳимо салом, ки хонаводаи вилоят ва раҳбарии мусалмонон буд вақф намуда ба унвони як садақаи доимӣ дар ихтиёрашон қарор дода бошад. Зоҳири ахбору аҳодис эҳтимоли аввалро таъйид мекунад, вале эҳтимоли дуввум, низ баид нест ва дар баъзе аҳодис ворид шуда, аз боби намуна:
Абон ибни Тағлаб мегӯяд: Ба Имом Содиқ гуфтам: Оё Расули Худо Фадакро ба Фотима бахшида буд? Фармуд: Паёмбар Фадакро вақф карда буд, сипас бинобар ояти وآت ذا القربى حقه онро дар ихтиёри Фотима қарор дод. Гуфтам: Паёмбар Фадакро ба Фотима дод? Фармуд: Балки Худо онро ба Фотима бахшид.[22]
Имом Саҷҷод (алайҳис-салом) фармуд: Расули Худо Фадакро ба ҳазрати Заҳро вогузор кард.[23]
Умми Ҳонӣ ривоят кардааст, ки:
"انّ فاطمة بنت رسول الله اتت ابابكر الصديق فقالت له: من يرثك اذا مت؟ قال: ولدي واهلي. قالت: فما بالك ورثت رسول الله دوننا؟ فقال: يا بنت رسول الله والله ما ورثت اباك ذهبا ولا فضة ولا كذا و لا كذا فقالت: سهمنا بخيبر وصدقتنا فدك؟ فقال: يا بنت رسول الله سمعت رسول الله يقول: انما هي طعمة اطعمنيها الله حياتي فاذا مت فهي بين المسلمين".
Фотима духтари Расули Худо ба назди Абӯбакр омаду гуфт: Вақте мурдӣ чӣ касе аз ту ирс мебарад? Халифа гуфт: Фарзандам ва аҳлам. Фотима фармуд: Пас чаро ту аз Расули Худо ирс бурдӣ на мо? Абӯбакр гуфт: Эй духтари Расули Худо ба Худо қасам ман аз падарат тилло ва нуқра ирс набурдам ва на фалон ва на фалон. Ҳазрати Заҳро фармуд: Саҳми мо аз Хайбар ва садақаи мо аз Фадак куҷост? Абӯбакр гуфт: Эй духтари Расули Худо ман аз Паёмбар шунидам, ки мефармуд: Инҳо таоме аст, ки Худо дар ҳаётам ба ман дода ва ҳар гоҳ мурдам он байни мусалмонон тақсим мешавад.[24]
Пас аз ин гуна аҳодис истифода мешавад, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фадакро ба Хонаводаи Алӣ ва Фотима алайҳимо салом, ки хонаводаи вилоят ва раҳбарии динӣ буд вақф намуд.
Акнун бояд дид, ки дар ин достон ҳақ бо Заҳро буд ё бо Абӯбакр? Таърих нависон ва аҳли ҳадис навиштаанд: Дар ҳудуди даҳ рӯз баъд аз вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҷаноби Абӯбакр намояндагонашро фиристод Фадакро гирифтанд.[25] Вақте хабар ба ҳазрати Заҳро расид ба назди халифа омаду фармуд: Чаро маъмуронат Фадакро гирифтаанд? Дастур бидеҳ баргардонанд. Абӯбакр гуфт: Эй духтари Расули Худо падарат дирҳаму диноре ба ирс нагузошт. Худаш мефармуд: Паёмбарон ирс намегузоранд. Фотима фармуд: Падарам Фадакро дар замони ҳаёташ ба ман бахшид. Гуфт: Бояд барои иддаоят шоҳид биёварӣ. Пас Алӣ (алайҳис-салом) ва Умми Айман ҳозир шуда шаҳодат доданд, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фадакро ба Фотима бахшид. Аммо Умар ва Абдураҳмон ибни Авф гуфтанд: Мо шаҳодат медиҳем, ки Расули Худо маҳсули Фадакро дар миёни мусалмонон тақсим мекард. Пас Абӯбакр гуфт: Эй духтари Расули Худо ту рост мегӯӣ, Алӣ ва Умми Айман, низ рост мегӯянд. Умар ва Абдураҳмон низ рост гуфтанд. Чун моли ту моли падарат буд. Расули Худо маоши туро аз маҳсули Фадак мебардошт ва бақияро тақсим мекард ва дар роҳи Худо сарф мекард.[26]
Билозарӣ менависад: Фотима (алайҳо салом) назди Абӯбакр омад ва фармуд: Фадакро падарам ба ман вогузор кардааст чаро намедиҳӣ? Абӯбакр шоҳид хост: Пас Алӣ ва Умми Айман ҳозир шуда шаҳодат доданд. Абӯбакр гуфт: Шуҳуди ту ноқис аст. Бояд ду мард ё як мард ва ду зан шаҳодат диҳанд.[27]
Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд: Фотима назди Абӯбакр омад ва фармуд: Падарам Фадакро ба ман вогузор карда, Алӣ ва Умми Айман ҳам шаҳодат медиҳанд чаро маро аз ҳаққам маҳрум мекунӣ?
Абӯбакр гуфт: Ту чизе ғайр аз ҳақ намегӯӣ. Фадакро ба ту медиҳам. Пас Фадакро барои Фотима навишт ва ба дасташ дод. Фотима (алайҳо салом) номаро гирифту хориҷ шуд. Дар байни роҳ Умар он ҳазратро дид ва пурсид: Аз куҷо меоӣ? Фармуд: Назди Абӯбакр рафта гуфтам: Падарам Фадакро ба ман бахшида. Алӣ ва Умми Айман шаҳодат доданд. Абӯбакр Фадакро ба ман баргардонд. Умар навиштаи Абӯбакрро гирифту ба назди Абӯбакр омад ва гуфт: Ту Фадакро навишта ба Фотима додӣ? Гуфт: Оре. Гуфт: Алӣ ба фоидаи худаш шаҳодат дода Умми Айман ҳам як зан беш нест. Сипас санадеро, ки Абӯбакр навишта буд, пора кард.[28]
Фотима (алайҳо салом) ба Абӯбакр гуфт: Умми Айман шаҳодат медиҳад, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фадакро ба ман бахшидааст. Абӯбакр гуфт: Эй духтари Расули Худо ба Худо қасам ҳеҷ кас дар назди ман аз Расули Худо маҳбубтар нест. Вақте падарат вафот кард, дилам мехост осмон ба замин биафтад. Ба Худо қасам агар Оиша фақир шавад беҳтар аст аз ин ки ту мӯҳтоҷ шавӣ. Оё чунин мепиндорӣ, ки ман ҳаққи диагронро медиҳам ва туро аз ҳаққат маҳрум мекунам? Фадак моли худи Паёмбар набуд, балки яке аз амволи умумии мусалмонон буд. Падарат аз даромади он сипоҳи Исломро муҷаҳҳаз мекард ва дар роҳи Худо сарф менамуд. Вақте аз дунё рафт идораи он ба дасти ман афтод.[29]
Инҳо суханоне аст, ки байни Фотима (алайҳо салом) ва Абӯбакр дар бораи Фадак радду бадал шуд, вале Абӯбакр таслим нашуд ва Заҳроро аз ҳаққаш маҳрум сохт.
Бар донишмандон пӯшида нест, ки амали Абӯбакр бар хилофи қавонини қазо ва шаҳодат буд ва аз чанд ҷиҳат мавриди ишкол аст:
1-Фадак дар дасти ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) буд. Ва дар чунин мавзӯе шоҳид талаб кардан аз он ҳазрат хилофи қонуни шариати Ислом аст. Дар ин гуна маворид бояд сухани соҳиби молро бидуни шоҳид қабул кард. Ва ин қонун дар кутуби фиқҳӣ собит шудааст. Аммо барои исботи соҳиби Фадак будани ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) ба чанд далел метавон истидлол кард:
Аввалан: Чунон, ки қаблан мулоҳиза фармудед Абусаид Худрӣ ва Атия ва чанд нафари дигар шаҳодат доданд, ки Расули Худо бинобар ояти وآت ذا القربى حقه Фадакро ба Фотима (алайҳо салом) дод. Калимаи "отӣ" бидеҳ нас аст бар ин ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар замони ҳаёташ Фадакро ба Фотима бахшид.
Дуввуман: Алӣ (алайҳис-салом) низ дар Наҳҷ-ул-балоға тасреҳ мекунад, ки Фадак дар дасти онҳо буда он ҷо ки мефармояд:
"بلى كانت في ايدينا فدك من كل ما اظلته السماء فشحت عليها نفوس قوم وسقت عنها نفوس قمو آخرين ونعم الحكم الله".
"Оре, аз амволи дунё дар зери сояи ин осмон Фадак дар ихтиёри мо буд, вале гурӯҳе ба он бахилгӣ карданд ва гурӯҳи дигар гузашт карданд ва Худо беҳтарин довар аст".[30]
Севвуман: Имом Содиқ (алайҳис-салом) мефармояд: Вақте халифа дастур дод коркунони Фотима (алайҳо салом)-ро аз Фадак берун кунанд ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) ба назди ӯ рафта фармуд: Эй Абӯбакр! Чаро милкеро, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба Фотима бахшида ва муддате аст коркунонаш дар он ҷо ҳастанд аз ӯ гирифтӣ?.[31]
Мавзӯи бахшидани Расули Худо ва дар ихтиёри Заҳро будани Фадак як амри мусаллам ва маъруфе буд ва ба ҳамин сабаб вақте Абдуллоҳ ибни Ҳорун аз тарафи Маъмун дастур дода шуд, ки Фадакро ба фарзандони Фотима (алайҳо салом) баргардонад дар номае ба фармондори Мадина навишт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фадакро ба Фотима (алайҳо салом) дода буд ва ин матлуб дар байни хонадони Паёмбар маъруф буд ва касе дар ин бора шакнадошт. Акнун Амиралмӯъминин (Маъмун) салоҳ дида, ки Фадакро ба ворисони Фотима баргардонад.[32]
Бинобар қавонин ва шавоҳиди ёд шуда, Фадак дар замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ихтиёри Алӣ ва Фотима (алайҳимо салом) будааст. Ва шоҳид талаб кардан аз онҳо дар чунин мавқеъ бар хилофи қавонин Ислом мебошад.
2-Абӯбакр дар ин баҳсу гуфтугӯ медонист, ки ҳақ бо ҳазрати Заҳро аст ва худаш ба ростгӯӣ ва садоқати ӯ эътироф мекард. Дар якҷо мегӯяд:
"صدقت يا ابنة رسول الله وصدق عليٌّ وصدق ام ايمن"
Эй духтари Расули Худо ту рост гуфтӣ, Алӣ ва Умми Айман низ рост гуфтанд. Ва дар ҷои дигар мегӯяд:
"ما كنت لتقولي على ابيك الا الحق".
Ту ғайр аз ҳақ чизе ба падарат нисбат намедиҳӣ.
Аҳаде аз мусалмонон эҳтимоли кизб дар борааш надодааст. Оё метавон дар борааш эҳтимоли дуруғ ва ифтиро дод бо ин ки яке аз аҳл Кисо аст, ки оёти Татҳир дар борааш нозил шуда ва Худованди бузург мақоми исмат ва покии ононро тасдиқ намудааст?!
Аз тарафи дигар дар китоби қазо ва шаҳодат ба исбот расидааст, ки дар мавориди амвол ва дуюн агар қозӣ қазияро медонад метавонад бар тибқи илмаш довари кунад ва ба шоҳид эҳтиёҷе нест. Бинобар ин Абӯбакр, ки медонист ҳазрати Заҳро содиқ аст ва Расули Худо Фадакро ба ӯ бахшидааст бояд қавлашро қабул кунад ва шоҳид талаб накунад.
Воқеи матлаб ин аст, ки Абӯбакр медонист, ки ҳақ бо Заҳро аст ва Расули Худо дар замони ҳаёташ Фадакро ба ӯ дода буд, лекин гӯё аз амали Паёмбар норозӣ буд. Ба ин сабаб дар посухи Фотима гуфт:
"ان هذا المال لم يكن للنبي وانما كان من اموال المسلمين يحمل النبي به الرجال وينفقه في سبيل الله فلما توفى رسول الله وليته كما كان يليه".
Ба дурустӣ, ки ин мол моли Паёмбар набуд, балки моли мусалмонон буд, ки Паёмбар онро дар роҳи Худо сарф мекард, пас вақте Паёмбар аз дунё рафт дар ихтиёри ман қарор гирифт ҳамон гуна ки дар ихтиёри падарат буд.[33]
Аз тарафе худашро дар муқобили ду маҳзури бузург мушоҳида мекард. Аз як тараф Заҳро муддаӣ буд, ки падараш Фадакро ба ӯ бахшида ва барои исботи муддаӣ ду шоҳиди мувассақ монанди Алӣ ва Умми Айман овард ва Абӯбакр медонист, ки ҳақ бо Заҳро аст ва наметавонад Заҳро ва шоҳидонашро такзиб кунад ва аз тарафи дигар ба сабаби сиёсӣ наметавонист Умар ва Абдураҳмонро такзиб кунад, бо як найранги ҷолибе вориди майдон шуд ва ақволи ҳамаи шоҳидонро тасдиқ кард ва байни суханони онҳо ҷамъ намуд ва гуфт:
"صدقت يا ابنة رسول الله وصدق علي وصدقت أم أيمن ، وصدق عمر وصدق عبد الرحمن بن عوف، وذلك أن مالك لأبيك، كان رسول الله صلى الله عليه وسلم يأخذ من فدك قوتكم ويقسم الباقي، ويحمل منه في سبيل الله، فما تصنعين بها؟ قالت: أصنع بها كما يصنع بها أبي. قال: فلك علي لله أن أصنع فيها كما يصنع فيها أبوك".
Эй духтари Расули Худо ту рост мегӯӣ, Алӣ ва Умми Айман, низ рост мегӯянд. Умар ва Абдураҳмон низ рост гуфтанд. Чун моли ту моли падарат буд. Расули Худо маоши туро аз маҳсули Фадак мебардошт ва бақияро тақсим мекард ва дар роҳи Худо сарф мекард, пас ту бо он чӣ мекунӣ? Ҳазрати Заҳро фармуд: Ҳамон кореро мекунам, ки падарам мекард. Абӯбакр гуфт: Ман Худоро шоҳид мегирам, ки онро дар ҳамон роҳе, ки Паёмбар сарф мекард сарф кунам.[34]
Дар ин ҷо халифа аз як тараф сухани ҳазрати Заҳроро, ки худро молики Фадак медонист тасдиқ кард ва шаҳодати ҳазрати Алӣ ва Умми Айманро, низ тасдиқ кард. Аз тарафи дигар сухани Умар ва Абдураҳмонро, ки шаҳодат дода буданд, Расули гиромӣ маҳсули Фадакро байни мусалмонон тақсим мекард. Онгоҳ бинобар иҷтиҳоди худаш байни суханони онҳо ҷамъ карду гуфт: Сабаби ин қазия ин аст, ки моли ту моли падарат буд. Ба миқдори маоши шумо аз Фадак мегирифт ва бақияро дар байни мусалмонон тақсим мекард ва дар роҳи Худо харҷ менамуд. Сипас гуфт: Агар Фадак дар дасти ту бошад чӣ мекунӣ? Фармуд: Монанди замони падарам ба миқдори маошамон мегирам ва бақияро дар роҳи Худо сарф мекунам. Абӯбакр гуфт: Ман ҳам ваъда медиҳам, ки монанди падарат бо он амал кунам.
Вале бояд диққат кард,ки ҳазрати Заҳро ба ин кор розӣ набуд ва аз Абӯбакр мехост, ки ӯро ба худаш баргардонад. Дар ҳоле ки худи он ҳазрат ба падари бузургвораш ин иҷозатро дода буд ва бо ризояти худи он ҳазрат Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мобақии онро дар роҳи Худо сарф мекарданд, пас чугина мумкин аст, ки бидуни ризояти он ҳазрат ҷаноби халифа ин корро анҷом диҳад!!
3-Бар фарзи ин ки Абӯбакр шоҳидони ҳазрати Заҳроро ноқис медонист ва бар ҳаққонияти он яқин надошт, боз ҳам вазифа дошт, ки аз он ҳазрат талаби қасам кунад ва бар тибқи шоҳид ва қасам доварӣ кунад. Чун дар китоби қазо ва шаҳодат ба исбот расидааст, ки қозӣ метавонад дар бораи амвол ва қарзҳо бо як шоҳид бо изофаи қасами шахси муддаӣ, ҳукм кунад. Ривоят шудааст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бо як шоҳид ба изофаи қасам доварӣ мекард.[35]
4-Аз ҳамаи инҳо гузашта дар ин ихтилоф ҳазрати Заҳро муддаӣ буд, ки Паёмбар Фадакро ба ӯ бахшида ва Абӯбакр мункири он буд. Ва дар китобҳои фиқҳӣ ба исбот расидааст, ки агар шоҳиди муддаӣ ноқис буд қозӣ вазифадор аст ба муддаӣ тазаккур бидиҳад, ки чун шоҳиди ту ноқис аст ҳақ дорӣ аз шахси мункир талаби қасам кунӣ. Бинобар ин халифа, ки мункир буд бояд қасам мехӯрд ҳазрати Заҳро тазаккур медод, ки чун шоҳиди ту ноқис аст биё ман қасам мехӯрам. Вале ҷаноби халифа ба ин қонуни қазоват пушт кард ва бо сирфи даъвои ноқис будани шоҳидон ба кор хотима дод.
5-Доварӣ кардани халифа дар ин қазия аслан кори нобаҷое буд. Чун ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) муддаӣ буд ва халифа мункир. Ва дар чунин мавриде бояд барои бартараф кардани ин даргирӣ ба шахси дигаре муроҷиат мекарданд чунон ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва Имом Алӣ (алайҳис-салом) ҳам дар чунин ҳолате ба шахси дигаре муроҷиат мекарданд. На ин ки халифа худаш дар курсии қазоват биншинад ва аз касе, ки бо ӯ даргир аст, талаби шоҳид кунад ва ҳар гуна ки дилаш бихоҳад доварӣ кунад.
Аз ҷамъи ин суханон истифода мешавад, ки дар бораи Фадак ҳақ бо ҳазрати Заҳро буда ва халифа аз рӯи инсоф ва қонуни қазоват рафтор накардааст.
Заминҳои Яҳуди Бани Назир бахше аз мулкҳои холисаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) буд. Зеро беҷангу лашкаркашӣ фатҳ шуда буд. Дар ин гуна амвол Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ихтиёри тамом дошт ва ба ҳар ҷое ки салоҳ медонист сарф мекард. Расули Худо он амволро дар байни муҳоҷирон тақсим намуд. Қисмате аз он заминҳоро бар худаш ихтисос дод ва ба Имом Алӣ (алайҳис-салом) дастур дод, онҳоро дар ихтиёри худаш бигирад. Баъдан ҳаминҳоро вақф намуд ва ҷазви садақот қарор дод. Дар замони ҳаёт ихтиёри онҳо дар дасти худаш буд ва баъд аз ҳаёти он ҳазрат ба дасти Имом Алӣ ва Фотима (алайҳимо салом) ва фарзандонашон афтод.[36]
Яке аз мусалмонони Яҳуд ба номи Мухайриқ мусалмон шуд ва амволашро ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бахшид. Аз ҷамла ҳафт боғистон дошт ба номҳои: Майсаб, София, Даллол, Ҳасанӣ, Бурқа, Аъваф ва Машрабаи Умми Иброҳим, ки ҳамаро ба Расули Худо бахшид ва ҳазрат, низ онҳоро вақф намуд.[37]
Базантӣ мегӯяд: Дар бораи боғҳои ҳафтгонаи Фотимаи Заҳро (алайҳо салом) аз ҳазрати Имом Ризо (алайҳис-салом) пурсидам: Вақфҳои Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) буд, ки ба ҳазрати Заҳро расид. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба миқдори эҳтиёҷоти худ аз маҳсули онҳо бардошт менамуд. Вақте вафот кард Аббос дар бораи онҳо бо ҳазрати Фотима мунозиа намуд. Пас Алӣ ва дигарон шаҳодат доданд, ки он амлок вақф аст, ки аз инҳо иборат буд: Даллол, Аъваф, Ҳасанӣ, София, Машрабаи Умми Ибоҳим, Майсаб, Барқа.[38]
Ҳалабӣ ва Муҳаммад ибни Муслим ривоят кардаанд, ки аз ҳазрати Содиқ дар бораи садақоти Расули Худо ва Фотима савол кардам, фармуд: Моли Бани Ҳошим ва Бани Мутталиб аст.[39]
Абумарям мегӯяд: Аз ҳазрати Содиқ дар бораи садақот аз Расули Худо ва Али савол кардам, фармуд: Барои мо ҳалол аст. Садақоти Фотима моли Банӣ Ҳошим ва Банӣ Мутталиб аст.[40]
Расули Худо амлоки зикр шударо, ки дар атрофи Мадина буд вақф намуд ва онҳо дар ихтиёри ҳазрати Фотима ва ҳазрати Алӣ буд. Амлоки ёдшуда яке аз мавориди низои Заҳро бо халифа буд.
Зоҳиран ҳазрати Фотима дар ин маворид пирӯз шуд ва садақоти Мадинаро пас гирифт, ба қаринаи ин ки дар ҳангоми вафот дар бораи онҳо васият кард ва тавлияти онҳоро бар ўҳдаи Алӣ ва фарзандонаш вогузор намуд. Лекин «Маҷлисӣ» алайҳи раҳма нақл мекунад, ки халифа аслан чизе ба Фотима надод. Аммо вақте Умар ба хилофат расид садақоти Мадинаро ба Имом Алӣ ва Ибни Аббос вогузор кард. Вале Хайбар ва Фадакро надод ва гуфт: Инҳо садақоти Расули Худост (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) барои маоши афрод ва пешомадҳост.
Садақоти Мадина дар дасти ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) буд ва Аббос дар ин маворид бо он ҳазрат мунозира кард, лекин Алӣ (алайҳис-салом) пирӯз шуд. Баъд аз ӯ дар дасти Имом Ҳасан ва баъд аз ӯ дар дасти Имом Ҳусейн, баъд аз ӯ дар дасти Абдуллоҳ ибни Ҳасан, буд то ин ки Банӣ Аббос ба хилофат расиданд ва он садақотро аз Банӣ Ҳошим гирифтанд.[41]
Хайбар дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ ба дасти сипоҳи Ислом фатҳ шуд ва барои фатҳи он ҷанг ва ҷиҳод воқеъ нашуд. Ва ба ин васила амволи манқули заминҳои Яҳуд насиби мусалмонон шуд.
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бар тибқи қавонини осмонӣ ва мавозини тақсими ғаниматҳо, амволи манқулро ба панҷ қисмат тақсим намуд. Чаҳор қисмати онро дар миёни сипоҳиён тақсим кард ва як панҷуми онро барои масрафҳои муайяне, ки дар Қуръони маҷид таъйин шудааст, боқӣ гузошт. Худо дар Қуръон мефармояд:
"واعلموا أنما غنمتم من شئ فأن لله خمسه وللرسول ولذي القربى واليتامى والمساكين وابن السبيل".
«Бидонед, ки ҳар чи ғанимат гиред, панҷяки он аз они Худо ва Паёмбар ва хешони ӯ ва ятимон ва тангдастон ва дар роҳ мондагон аст."[42]
Бинобар ин оят ва аҳодис, хумси ғаноим ихтисос дорад ба шаш масрафе, ки дар оят зикр шуда ва бояд дар ҳамонҳо сарф шавад.
Расули Худо панҷяки ғаниматҳоро канор мегузошт ва зиндагии зилқурбо ва ятимон ва тангдастон ва ба роҳмондагон Бани Ҳошимро аз он таъмин мекард ва бақияро барои махориҷи шахсии худаш ва корҳои худоӣ мегузошт. Дар мавориди ғаниматҳои Хайбар низ панҷяки онро дар байни ҳамсаронаш тақсим намуд, масалан ба Оиша дусад васақ хурмо ва гандум ва ҷав дод. Миқдоре аз онро дар байни хешон ва зилқурбо тақсим намуд масалан дусад васақ ба Фотима ва сад васақ ба Алӣ (алайҳис-салом) дод.[43]
Ва замини онро ба ду қисмат тақсим намуд, нисфашро барои махориҷе, ки барои ҳукумати Ислом пеш меомад канор гузошт ва нисфи дигарро барои таъмини зиндагии мусалмонон ва сипоҳиёни Ислом ихтисос дод. Тамоми заминҳоро ба яҳудиён дод, ки зироат кунанд ва ҳар сол миқдоре аз даромадашро ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бидиҳанд, даромади онро мегирифт ва дар ҳамон масорифе, ки Худо таъйин кардааст сарф мекард.[44]
Вақте Расули Худо вафот кард, Абӯбакр ҳамаи ғаниматҳои Хайбарро, ки боқӣ монда буд ба даст гирифт, ҳатто хумсро (панҷ якро), ки ба Худо ва Расул ва зилқурбо ва ятимон ва тангдастон ва ба роҳ мондагони Бани Ҳошим ихтисос дошт ба даст гирифт ва Бани Ҳошимро аз хумс маҳрум гардонид.
Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Алӣ мегӯяд: Абӯбакр саҳми зилқурборо ба Фотима ва дигарон аз Бани Ҳошим надод ва онро дар роҳҳои хайр монанди хариди аслиҳа ва зиреҳ сарф кард.[45]
Урва мегӯяд: Фотима назди Абӯбакр рафт ва Фадак ва саҳми зулқурборо талаб намуд. Абӯбакр чизе ба вай надод ва онро ҷузви моли Худо қарор дод.[46]
Ба ҳар ҳол мавзӯи зикршуда низ яке аз мавориди ихтилофи байни Фотимаи Заҳро ва халифа будааст, ки гоҳе ба унвони хумси Хайбар ва гоҳе ба унвони саҳми зилқурбо ёд шудааст.
Дар ин маворид, низ ҳақ бо ҳазрати Фотима мебошад. Зеро бар тибқи насси Қуръон панҷяки ғаниматҳо ихтисос дорад ба масорифи ёдшуда дар оят ва бояд ба дасти зилқурбо ва ятимон ва тангдастон ва ба роҳ мондагони Бани Ҳошим бирасад. Ин дигар ирс набуд, то Абӯбакр бигӯяд: Ман аз Паёмбар шунидам, ки фармуд: Мо ирс намегузорем. Ҳазрати Фотима ба Абӯбакр мефармуд: Худо дар Қуръони Карим муқаддар фармуда, ки як саҳм аз хумс дар зилқурбо ба масраф бирасад ту ки мисдоқи зил қурбо нестӣ чаро ҳаққи моро гирифтаӣ?
Анас ибни Молик мегӯяд: Фотима назди халифа рафт ва фармуд: Худат медонӣ, ки ба мо Аҳли Байт ситам кардӣ ва моро аз садақоти Расули Худо ва саҳми ғаниматҳо, ки дар Қуръони карим барои зил қурбо таъйин шуда маҳрум сохтӣ. Худо дар Қуръон мефармояд:
"واعلموا أنما غنمتم من شئ فأن لله خمسه وللرسول ولذي القربى".
«Бидонед ба дурустӣ, ки ҳар ғанимате, ки мебаред панҷяки он аз они Худо ва Паёмбар ва зилқурбо ва... аст».
Абӯбакр дар ҷавоб гуфт: Падару модарам ба фидои ту ва падарат эй духтари Расули Худо! Ман пайрави китоби Худо ва ҳаққи Расули гиромӣ ва ҳаққи наздикии шумо бо Расули Худо ҳастам китоберо, ки шумо мехонед ман низ хондаам, вале ба назарам наомада, ки як саҳм аз хумсро комилан ба шумо бидиҳам.
Фотима фармуд: Ин саҳм аз хумс моли ту ва хешони ту аст? Гуфт: На, балки миқдоре аз онро ба шумо медиҳам ва бақияро дар масолеҳи муслимин масраф мекунам. Фотима фармуд: Ин ҳукми Худо нест. Гуфт: Ҳукми Худо ҳамин аст.[47]
[1] -Саҳеҳи Бухорӣ. Саҳеҳи Муслим. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон. Муснади Аҳмад. Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.217.
[2] -Тарихул мадинатул мунаввара"-и Умар ибни Шабба ҷ.1.саҳ.123. Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.219.
[3] -Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.231.
[4] - Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.217.
[5]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.231. Маноқиби Ибни Шаҳрошуб ҷ.1.саҳ.168. Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.122.
[6] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.122.
[7] -Сураи Аҳзоб-33.
[8] -Сураи Ҳашр ояти 6.
[9]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.217.
[10] -"Футӯҳул булдон"-Билозарӣ саҳ.31.
[11] -"Футӯҳул булдон"-Билозарӣ саҳ.34.
[12] -"Футӯҳул булдон"-Билозарӣ саҳ.27.
[13]-"Футӯҳул булдон"-Билозарӣ саҳ.27.
[14] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.102. Дур-ул-мансур ҷ.4.саҳ.177.
Ровиён: 1)Имом Алӣ. 2)Ибни Аббосаҳ. 3)Абўсаид Худрӣ бо се санад. 4)Имом Саҷҷод. 5)Имом Содиқ.
Китобҳо: 1)”Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ 2)”Муснад”-и Абўяъло ҷ.2.саҳ.334. 3)”Муснад”-и Баззор. 4)”Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.7.саҳ.49. 5)“Шавоҳид-ут-танзил”-и Ҳасконӣ ҷ.1.саҳ.438 то 448 ва 570. 6)Тафсири Ибни Касир ҷ.3.саҳ.39. 7)Тафсири Ҷалолайн саҳ.512. 8)“Дур-ул-мансур”-и Суютӣ ҷ.4.саҳ.176. 9)“Лубоб-ун-нуқул”-и Суютӣ саҳ.123“. 10)“Фатҳ-ул-қадир”-и Шавконӣ ҷ.3.саҳ.224. 11)Канз-ул-уммол” ҷ.3.саҳ.767.
[15]-Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.102.
[16] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.102.
[17] -Сураи Исро ояти 26.
[18] -Тафсири Айёшӣ ҷ.2.саҳ.287.
[19] -Тафсири Айёшӣ ҷ.2.саҳ.287.
[20] -Тафсири Айёшӣ ҷ.2.саҳ.287.
[21] -Дур-ул-мансури Суютӣ ҷ.4.саҳ.177.
[22] -Баҳор-ул-анвор ҷ.96.саҳ.214. Тафсири Айёшӣ ҷ.2.саҳ.287.
[23] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.102.
[24]-Футуҳул булдон"-и Билозарӣ саҳ.44. Таърихул мадинатул манаввара"-и Умар ибни Шабба ҷ.1.саҳ.123.
[25] - Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.263.
[26]-Таърихи Умар ибни Шабба, аз олимони қарни дувву ва саввуми аҳли сунат ҷ.1.саҳ.124.Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.216.
[27] -Футуҳул булдон саҳ.44.
[28] -Таърихи Умар ибни Шабба ҷ.1.саҳ.124.Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.214-274.
[29] -Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.214-274.
[30]-Наҳҷ-ул-балоға номаи 45.
[31]-Тафсири Нур-ус-сақалайн ҷ.4.саҳ.272.
[32] -Футуҳул булдони Билозарӣ саҳ.46.
[33]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.214.
[34] -Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.216.
[35]-Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.3.саҳ.202.
[36]- "Баҳор-ул-анвор" ҷ.20.саҳ.173
[37]-Сираи Ибни Ҳишом ҷ.2.саҳ.165. Футуҳул булдон ҷ.1.саҳ.31.
[38]-Баҳор-ул-анвор ҷ.22.саҳ.296.
[39]-Баҳор ҷ.22.саҳ.226.
[40]-Баҳор ҷ.22.саҳ.297.
[41]-Баҳор ҷ.42.саҳ.300.
[42]-Анфол-41.
[43]-Сираи Ибни Ҳишом ҷ.3.саҳ.365-371.
[44]-Футуҳул-булдон"-и Билозарӣ саҳ.36 то 42.
[45]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.231.
[46]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.231.
[47]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.230.