Ақидаи Заҳро (алайҳо салом) дар бораи занон |
Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд: Рўзе бо гурўҳе аз асҳоб дар хизмати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) будем, пас он ҳазрат ба асҳобаш фармуд: Салоҳу маслиҳати зан дар чист?
Ҳеҷ касе натавонист ҷавоби дурусте бидиҳад. Вақте асҳоб мутафарриқ шуданд ман ба хона рафтам ва мавзўъро ба Фотима гуфтам. Фармуд: ман ҷавобашро медонам, салоҳи зан дар ин аст, ки мардони бегонаро набинад ва мардони бегона, низ ўро набинанд.
Ҳангоме ки хизмати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) расидам гуфтам: Фотима ба саволи шумо чунин фармуд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз сухани ў тааҷҷуб карду фармуд: Фотима пораи тани ман аст.[1]
Ин мавзўъ ҷои шак нест, ки дини муқаддаси Ислом барои тараққӣ ва пешрафту озодии зан қадамҳои баланде бардоштааст ва барои таъмини ҳуқуқи зан қонун ва аҳкоми устуворе ташреъ намудааст. Дар таҳсили дониш ба ў озодӣ дода ва амволу корҳояшро мўҳтарам донистааст. Дар бораи ташреи қонуни иҷтимоӣ, манофеъ ва маслиҳатҳои занон низ комилан риоят шудааст.
Вале ин матлаб қобили баҳс аст, ки оё салоҳу маслиҳати зан дар муошират ва омезиш бо мардҳои бегона нест? Оё салоҳи занҳо дар ин аст, ки айнан монанди мардҳо дар ҷомеа ва маҳфилҳои умумӣ ширкат кунанд ва бо бегонагон омезиш дошта бошанд? Оё ин матлаб дар воқеъ фоидаи занон аст, ки ороиш карда бо бебанду борӣ дар ҷамъомадҳои мардҳо ширкат кунанд ва худашонро дар диди мардум қарор диҳанд? Оё ба нафъи занон аст, ки ҳеҷ гуна ҳариме барои худашон қоил набошанд ва бо мардони бегона ихтилоти комил дошта бошанд ва озодона ба ҳамдигар нигоҳ кунанд? Оё бар нафъи зан аст, ки бо вазъе аз хона хориҷ шавад, ки чашмони нопокон ва бегонагон ўро таъқиб кунанд?
Ё ин ки салоҳи занҳо дар ин аст, ки пўшида ва содда аз хона берун раванд ва зинатҳояшонро барои мардони бегона ошкор накунанд ва на худашон ба бегонагон назар кунанд ва на иҷозатт диҳанд, ки бегонаҳо ба онҳо нигоҳ кунанд?
Оё вазъи аввал ба нафъи занон аст ва ё вазъи дуввум. Кадом яке беҳтар асбоби осоиши рўҳӣ ва тараққӣ ва пешрафти миллатро фароҳам месозад?
Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ин масъалаи муҳим ва асосии иҷтимоъро дар маърази афкори умумии асҳобаш қарор дода ва ақидаи онҳоро хостор шуд. Вале ҷавоби ҳеҷ як аз асҳобаш мавриди писанди он ҳазрат воқеъ нашуд. Вақте хабар ба ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) расид дар ҷавоби ин мушкил чунин изҳори ақида кард, ки салоҳи воқеии занон дар ин аст, ки на онҳо мардони бегонаро бубинанд ва на мардони бегона онҳоро бубинанд. Заҳрое, ки тарбиятёфтаи домани ваҳй ва хонаи вилоят буд ба қадре ҷавоби арзишманд ва пурмағзе ба саволи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дод ва дар бораи яке аз ҳассостарин мавзўъҳои ҷомеа изҳори ақида намуд, ки Расули Худо тааҷҷуб кард ва фармуд: Фотима пораи тани ман аст.
Агар инсон эҳсосоти хомро канор бигзорад ва бетарафона дар ин масъала биадешад ва авоқибу натиҷаҳои онро хуб баррасӣ кунад тасдиқ мекунад, ки пешниҳоди ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) беҳтарин сармашқ ва дастуруламале аст, ки метавонад манфиатҳои занонро таъмин кунад ва арзиши онҳоро дар ҷомеа ҳифз кунад. Чун занҳо агар ба гунае аз хона хориҷ шаванд ва бо бегонагон муошират кунанд, ки мардҳо битавонанд анвои баҳраҳоро аз онҳо бубаранд ва дар ҳама ҷо василаи чашмчарониро барояшон омода созанд, ҷавонон дер зери бори издивоҷ ва барпоии хонавода мемераванд ва рўз ба рўз ба шумори занону духтарони бешавҳар афзуда мешавад. Ва ин мавзўъ илова бар ин ки бар зарари ҷомеа тамом мешавад ва махсусан падарону модаронро дар мушкилоти сахте қарор медиҳад, мустақиман ба зарари занони ҷомеа тамом хоҳад шуд. Занон агар зебоии худашонро дар маърази диди ҳамагон қарор доданд ва дар байни бегонагон дилрабоӣ карданд ва як қофилаи дил ҳамроҳи худ буданд, чун мардҳо ғолибан бо маҳрумият мавоҷеҳ мешаванд ва дастрасӣ ва висол бидуни қайду шарт бар эшон фароҳам намешавад, бемориҳои равонӣ ва заъфи аъсоб ва худкушиҳо ва ноумедиҳои зиндагӣ дар байни ҷавонон ва мардон, фаровон хоҳад шуд.
Натиҷаи ин мавзўъ, низ ба гунаи ғайри мустақим бар занҳо бармегардад. Дар асари ҳамин чашмчарониҳои озод аст, ки баъзе аз мардон ба ҳар навъ ҳилаҳо ва фиребҳо мутавассил мешаванд ва душизагони маъсум ва соддалавҳро фиреб медиҳанд ва сармояи иффат ва обрўяшонро барбод медиҳанд ва ба водии фасод ва бадбахтӣ раҳсипорашон мекунанд.
Занони шавҳардор вақте диданд шавҳарашон ба дигар занон назар дорад ва дар маҳфилҳои умумӣ бо онҳо иртибот дорад, ҳисси ғайрати онҳо ба ҳаракат медарояд ва бадгумонӣ ба вуҷуд меояд. Бинои ишколгирӣ ва носозгориро хоҳанд гузошт ва бо сабабу бесабаб, конуни гарми хонаводагиро хунук ва мутазалзил хоҳанд кард. Ва оқибат ё ба ҷудоӣ ва талоқ мекашад ва ё ҳамон вазъи ногувор ва талх дар зиндони хона, зиндагӣ мекунанд ва дар интизори поён ёфтани вақти зиндон, рўзшуморӣ мекунанд ва зану шавҳар ба монанди ду посбоне, ки муроқиби якдигар бошанд, аз ҳамдигар муроқибат мекунанд.
Мард агар тавонист ба занони бегона нигоҳ кунад, табиатан дар байни онҳо занонеро хоҳад дид, ки аз ҳамсари худаш зеботар ва ҷаззобтар аст ва бисёр вақт бо суханони бад ва дилхарош асбоби нороҳатии ҳамсарашро фароҳам мекунад ва ба василаи баҳонаҳои беҷо, конуни босафои зиндагиро ба ҷаҳаннами сўзоне табдил хоҳад кард.
Марде, ки бояд бо фикри озод ба касбу кори иқтисодӣ бипардозад агар ҳангоми рафту омад ва дар ҷои кор бо занони нимаурён ва ороиш карда рў ба рў шавад табиатан зери таъсири ғаризаи ҷинсӣ қарор мегирад ва дилаш мусаххари дилбарон мешавад. Чунин марде наметавонад бо фикри озод ба касбу кор ё таҳсил ва дониш машғул бошад, аз фаъолиятҳои иқтисодӣ низ ақиб мемонад. Ва дар таҳаммули ин зарар бонувон низ шариканд.
Зан агар пўшида бошад беҳтар метавонад муваффақият ва арзиши худашро дар дили мард нигаҳ дорад ва манофеи умумии ҷомеаи бонувонро ҳифз кунад ва ба нафъи иҷтимоъ қадам бардорад.
Ислом чун занро яке аз аъзои муҳимми иҷтимоъ медонад ва чӣ гунагии равишу рафтори ўро дар ҷомеа муассир медонад аз ин сабаб ин вазифаи бузургро аз ў хостор шуда, ки ба василаи пўшиши худаш аз чизҳое, ки сабаби гумроҳӣ ва фасод мешавад, пешгирӣ кунад ва барои тараққӣ ва пешрафти миллат ва кўмак ба беҳдошти умумӣ фидокорӣ намояд. Аз ин раҳгузар аст, ки зани намунаи Ислом ва тарбиятёфтаи хонаи ваҳй дар бораи ҷомеаи занон чунин изҳори ақида намуд, ки: Салоҳи занон дар ин аст, ба гунае зиндагӣ кунанд, ки на мардони бегонаро бубинанд, на чашми бегонагон ба онҳо биафтад.
Паёмбари гиромӣ дар соли даҳуми ҳиҷрӣ тамоми мусалмононро ба ҳаҷ даъват намуд ва барои охирин бор ба Макка мушарраф шуд. Аъмолу маросими ҳаҷро ба мусалмонон ёд дод. Ҳангоми баргашт вақте ба мантақае ба номи Ғадири Хум расид истод ва мусалмононро ҷамъ намуд. Онгоҳ ба болои минбар рафт ва Алӣ (алайҳис-салом)-ро ба ҷонишинӣ ва хилофат таъйин кард. Сипас мусалмонон бо ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) байъат карданд ва ба шаҳрҳояшон баргаштанд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) низ ба Мадина баргашт. Баъд аз баргашт аз сафар ҳоли он ҳазрат дигаргун буд ва аз аҳволу ҳаракатҳояш маълум мешуд, ки омодаи марг аст. Гоҳу бегоҳ ва ба ҳар муносибат дар бораи Аҳли Байташ суфориш мекард. Гоҳе ба қабристони Бақиъ мерафт ва барои мурдагон талаби бахшиш мекард.
Фотима (алайҳо салом) баъд аз охирин ҳаҷҷи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар хоб дид: Қуръон дар дасташ ҳаст ва онро мехонад. Ногоҳ Қуръон аз дасташ афтоду гум шуд. Ваҳшатзада бедор шуд ва хобашро барои падар нақл кард. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Нури чашмонам! Ман он Қуръон ҳастам, ки дар хоб дидӣ. Ба ҳамин зудӣ аз назарҳо нопадид мешавам.[2]
Кам-кам осори маризӣ дар бадани Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) зоҳир шуд. Лашкареро бо фармондеҳии Усома ташкил дод ва фармуд: Бояд ба тарафи кишвари Рум ҳаракат кунед. Афроди муайянеро ба хусус ном бурд ва фармуд: Бояд дар ин ҷанг ширкат бикунед. Мақсадаш ин буд, ки баъзеҳо аз Мадина берун раванд ва мавзўи хилофати Алӣ (алайҳис-салом) аз коршиканӣ ва мухолифати онҳо дар амон бошад.
Бемории Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шиддат гирифт ва дар хона бистарӣ шуд. Бемории он ҳазрат Фотима (алайҳо салом)-ро ба ваҳшат андохт. Гоҳе ба сурати зард ва ранги парида падар нигоҳ мекард ва ашк мерехт ва гоҳе барои саломатии падар дуо мекард: Худоё падарам бо ҳазорон ранҷу машаққат ниҳоли Исломро дар замин нишонд, тоза борвар шуда ва нишонаи фатҳу пирўзӣ намоён мешавад. Умедвор будам ба василаи падарам дини Ислом ғолиб гардад, куфру бутпарастӣ ва ситам аз байн биравад. Аммо афсус, ки ҳоли падарам хуб нест. Худоё шифои он ҳазратро аз ту мехоҳам.
Ҳоли Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бадтар шуд ва аз шиддати беморӣ беҳуш шуд. Ҳангоме ки ба ҳуш омад дид Абўбакру Умар ва гурўҳе аз саҳоба, ки бояд дар лашкари Усома мебуданд тахаллуф кардаанд. Фармуд: Магар ба шумо нагуфтам, ки дар лашкари Усома ширкат кунед?
Ҳар як аз онҳо дар ҷавоби он ҳазрат узру баҳонае овард. Вале Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз тасмиму ҳадафи онҳо хабар дошт ва медонист, ки барои гирифтани хилофат дар Мадина мондаанд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Коғазу давоте биёваред, то чизе бинвисам, ки баъд аз ман ҳаргиз гумроҳ нашавед. Баъзе аз ҳозирон хостанд ба дастури он ҳазрат амал кунанд, вале халифа дуввум Умар ибни Хаттоб монеъ шуду гуфт: Ин мард ҳазён (сафсата) мегўяд ва беморӣ бар ў ғалаба кардааст.[3]
Ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) ин ҳодисаҳоро медид ва ғаму андўҳаш бештар мешуд. Пеши худ мегуфт: Аз ҳамин вақт осори дурўӣ ва нифоқи мардум ошкор шуд. Корҳои падарам аз ваҳйи илоҳӣ сарчашма мегирад ва ғайр аз маслиҳату фоидаи миллат мақсади дигаре надорад, пас чаро аз дастуроташ сарпечӣ мекунанд? Гўё ояндаи хатарноке дар пеш бошад! Гўё тасмим гирифтаанд заҳматҳои падарамро поймол кунанд!
Ҳоли Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бадтар шуд, сарашро дар домани ҳазрати Алӣ гузошту беҳуш шуд. Заҳро (алайҳо салом) ба сурати нозанини падар нигоҳ мекарду ашк мерехт ва мефармуд: Оҳ, ба баракати вуҷуди падарам борони раҳмат нозил мешуд ва додраси ятимон ва паноҳи бевазанон буд. Садои нолаи Заҳро ба гўши Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хўрд чашм кушод ва бо садои заиф фармуд: Духтари азизам ин оятро бихон:
"وما محمد الاّ رسول قد خلت من قبله الرسل افان مات او قتل انقلبتم على اعقابكم"
.
“Нест Муҳаммад магар Паёмбар ва қабл аз ў низ паёмбароне буданд пас оё агар ў бимирад ё кушта шавад ба ақиб бармегардед”?[4]
Аз марг чорае нест, чунон ки паёмбарон мурданд ман низ хоҳам мурд. Аммо чаро миллат ҳадафи маро пайгирӣ намекунанд ва қасди ақибнишинӣ доранд?
Аз шунидани ин сухан гиряи Заҳро шадидтар шуд. Расули Худо аз аҳволи парешон ва чашми гирёни духтари азизаш мунқалиб шуд. Хост ўро тасалло диҳад, аммо магар мешавад ба осонӣ ўро ором кард. Ногоҳ ба Фотима ишора кард, ки наздик биё вақте сураташро назди падар бурд розеро дар гўши ў гуфт. Ҳозирин диданд сурати Фотима (алайҳо салом) барафрухта шуд ва дар ҳамон ҳолати нороҳатӣ табассум кард. Аз ин табассуми нобаҳангом тааҷҷуб намуданд. Сабаби хандаро аз худаш пурсиданд. Фармуд: То падарам зиндааст розашро фош намекунам.
Аммо баъд аз марги падар ошкор сохт ва гуфт: Падарам дар гўши ман фармуд: Фотимаҷон марги ту низ наздик аст. Ту аввалин касе ҳастӣ, ки ба назди ман хоҳӣ омад.[5]
Анас мегўяд: Ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мариз буд, Фотима дасти Ҳасану Ҳусайнро гирифту ба хонаи падар омад, худашро ба рўи он ҳазрат андохт ва шурўъ ба гиря кард. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Фотимаҷон! Дар марги ман сурат нахарош, гесуҳоятро парешон накун, вовайло нагў.
Сипас ашки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҷорӣ шуд ва фармуд: Худоё Аҳли Байтамро ба ту ва ба мўъминин месупорам.[6]
Дар ҳоле ки сари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар домани Алӣ (алайҳис-салом) буд ва Фотимаву Ҳасану Ҳусайн ба сурати нозанини он ҳазрат нигоҳ мекаданд ва гиря мекарданд, чашмҳои ҳақбинаш баста ва забони ҳақгўяш хомўш шуд ва рўҳаш ба олами абадӣ парвоз кард. Бо марги Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ғаму андўҳи олам ба Фотима (алайҳо салом) рў овард. Фотимае, ки умрашро бо гирифторӣ ва ғусса ба сар бурда ва танҳо дилхушии ў вуҷуди падари бузургвораш буд бо пешомади ин ҳодисаи талх, кохи умеду орзўҳояш якбора вайрон шуд. Дар ҳамон ҳол, ки ба марги падараш гирву навҳа мекард ва Алӣ (алайҳис-салом) ба муқаддамоти дафну кафани он ҳазрат машғул буд, хабар расид, ки гурўҳе аз мусалмонон дар «Сақифаи Бани Соида” ҷамъ шудаанд то дар бораи таъйини халифа тасмим бигиранд. Хабари дуввум расид, ки халифаро таъйин кардаанд.
Ин хабари ногаҳонӣ дар он бўҳрони ғаму ғусса ва гиряву нола, мағзи Фотима (алайҳо салом)-ро такон дод ва аъсоби хастаи онҳоро барои дуввумин бор дарҳам куфт. Субҳоналлоҳ, магар падари ман Алиро ҷонишини худ қарор надод?! Магар аз рўзи даъвати ашира то охирин лаҳзаҳои зиндагӣ чандин маротиба суфориши ўро накард? Магар чанд моҳ қабл дар ҷамъи бузурге (дар Ғадири Хум) ўро ба хилофат таъйин накард? Магар муҷоҳидатҳову фидокориҳои шавҳарам қобили инкор аст? Магар мақоми илмии Алиро касе метавонад инкор кунад? Падарам ўро аз кўдакӣ зери таълиму тарбияти худ қарор дод ва илмҳои гаронбаҳои набувватро ба ў супурд, то ҳадафашро пайгирӣ кунад. Худоё оқибати Ислом чӣ мешавад? Ислом ба раҳбаре ниёзманд аст, ки маъсум бошад, то дучори гумроҳи ва лағзиш нашавад. Оҳ, мусалмонон дар чӣ роҳи хатарнок ва ғалате афтодаанд!
Худоё падарам чӣ қадар барои Ислом заҳмат кашид! Шавҳарам чӣ фидокориҳое намуд! Дар сахттарин ва хатарноктарин майдонҳои ҷанг ҷонашро дар хатар андохт. Охир ман аз захмҳои бадан ва либосҳои ба хун олуда огоҳӣ дорам. Худоё чӣ қадар сахтӣ ва фишор дидем, гуруснагӣ кашидем. Аз ватан овора шудем, тамоми инҳо барои тарвиҷи тавҳид ва худопарастӣ буд. Барои дифоъ аз мазлумон. Барои мубориза бо бедодгарӣ буд. Магар ин мардум намедонанд, агар зимоми умур ва раҳбирии муслимин ба дасти Алӣ бошад ба василаи мақоми исмат ва илмҳое, ки аз падарам ба ў расида, ҷомеаи мусалмононро бо беҳтарин ваҷҳ идора мекунад ва ҳадафи муқаддаси падарамро пайгирӣ мекунад ва ҷомеаи ҷавони Исломро ба сўи саодат ва камол равона мекунад.
Монанди ин фикрҳо буд, ки бар мағзу аъсоби Фотимаи Заҳро (алайҳо салом) фишор меовард ва нерўи сабру таҳаммулро аз ин зани шуҷоъ гирифта буд.
Мо агар бихоҳем вориди достони доманадори Сақифа ва интихоби халифа шавем, сухан тўлонӣ мешавад ва аз мавзўи сухан берун мешавем. Вале хулосатан вақте Алӣ ва Фотима (алайҳимо салом) аз дафну кафани Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фориғ шуданд, дар муқобили амали анҷомшудае қарор гирифтанд. Диданд халифа ба хилофат мансуб шуда ва гурӯҳе аз мусалмонон бо вай байъат кардаанд.
Дар ин ҷо Алӣ (алайҳис-салом) яке аз чанд корро метавонист анҷом диҳад.
1-Даст ба иқдоми гарме бизанад ва расман ба хилофи ҳукумати халифа қиём кунад ва миллатро бар зидди ў ба ҳаракат дарорад.
2-Ҳоло ки мебинад кор аз кор гузашта, барои ҳифзи манфиатҳои шахсӣ ва мавқеияти ояндааш бо халифа байъат кунад. Дар ин сурат ҳам манфиатҳои шахсии ў маҳфуз мемонад ва ҳам мавриди эҳтироми дастгоҳи ҳоким қарор мегирад.
Аммо ҳеҷ як аз ин ду барои Алӣ (алайҳис-салом) имкон надошт. Чун агар ошкоро вориди мубораза мешуд, бар зарари Ислом тамом мешуд ва душманони Ислом, ки дар камин буданд аз мавқеият истифода мекарданд ва мумкин буд Исломи ҷавонро куллан решакан кунанд. Ба ин хотир Алӣ (алайҳис-салом) ҳадафҳои олияи Исломро тарҷеҳ дод ва аз ин иқдом чашм пўшид.
Иқдоми дуввумро, низ салоҳ надонист, чун медонист агар аввал бо халифа байъат кунад ба ин васила аъмоли халифа ва мардум таъйид мешавад ва мавзўи имомат ва ҷонишинии Паёмбар барои ҳамеша аз роҳи воқеии худ мунҳариф хоҳад монд ва тамоми заҳматҳо ва фидокориҳои Паёмбар ва худаш аз байн хоҳад рафт. Илова бар ин ҳар амале, ки дастгоҳи хилофат анҷом медиҳад ба ҳисоби Паёмбар ва дин гузошта мешавад, бо ин ки онҳо маъсум нестанд ва судури корҳои хилофи шаръ аз онҳо мумкин аст.
3-Баъд аз ин ки равиши аввал ва дуввумро салоҳ надид чорае надид ғайр аз ин ки равиши миёнаеро интихоб кунад. Алӣ ва Фотима (алайҳимо салом) тасмим гирифтанд муборизаи доманадор ва оқилонаеро сар кунанд, ки Исломро аз хатари нобудӣ ва дигаргунӣ наҷот диҳад, гарчи натиҷааш дар ояндаи бисёр дер ошкор шавад.
Муборизаҳои онҳо дар чанд марҳала хулоса мешавад:
1-Алӣ ва Фотима (алайҳимо салом) дасти Ҳасану Ҳусайнро гирифтанд ва шабона ба хонаи бузургони Мадина мерафтанд ва онҳоро ба ёрӣ даъват мекарданд ва суфоришҳо ва васиятҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро ба онҳо ёдовар мешуданд.[7]
Ҳазрати Фотима (алайҳо салом) мефармуд: Эй мардум оё падарам Алиро ба хилофат таъйин накард? Оё фидокориҳои ўро фаромўш кардед? Эй мардум магар падарам нафармуд: Ман аз байни шумо меравам, вале ду чизи бузургро дар байни шумо мегузорам, ки агар аз он ду пайравӣ бикунед ҳаргиз гумроҳ намешавед, яке китоби Худо дигарӣ Аҳли Байтам. Эй мардум оё сазовор аст моро танҳо бигзоред ва даст аз ёриямон бардоред?
Алӣ ва Фотима бо иборатҳои мухталиф мардумро ба ёрии худ даъват мекарданд, шояд аз кирдорашон пушаймон шаванд ва хилофатро ба ҷои аслии худаш бозгардонанд. Ба ин васила гурўҳи каме зери таъсири таблиғоти онҳо қарор гирифта ваъдаи ёрӣ доданд. Вале ғайр аз чанд нафар касе ба ваъдааш амал накард ва ҷуръати мухолифат нанамуд.
Алӣ ва Фотима (алайҳимо салом) бидуни сару садо мухолифати худро бо хилофати Абўбакр ошкор карданд ва миллатро то ҳадде бедор карданд ва ба ин васила гурўҳеро ба худ ҳамақида карданд, вале беш аз ин натиҷае ба даст наомад.
2-Муборизаи манфӣ
Алӣ (алайҳис-салом) тасмим гирифт бо халифа байъат накунад, то ба ин васила мухолифати худро бо ҳукумати ў ошкор кунад ва амалан бар ҷаҳониён бифаҳмонад дар сурате, ки Алӣ ва хонавода ва наздикони шахси аввали Ислом аз халифа норозӣ бошанд, маълум мешавад асли ин хилофат бар хилофи хостаи Ислом аст. Ҳазрати Заҳро низ тасмими ҳазрати Алиро таъйид кард ва тасмим гирифт, ки дар лаҳзаҳои хатарнок аз ў дифоъ кунад ва амалан ба ҷаҳониён бифаҳмонад: Ман, ки духтари Паёмбар ҳастам бо хилофати халифа мувофиқ нестам. Алӣ (алайҳис-салом) ба ин хотир дар хона нишаст ва ба ҷамъаварии Қуръон машғул шуд.
Чанд рўз бо ин равиш гузашт. Рўзе Умар ибни Хаттоб ба ҷаноби Абўбакр гуфт: Ҳамаи мардум бо ту байъат карданд ғайр аз Алӣ ва бастагонаш. Бояд ўро биёронӣ ва маҷбур ба байъаташ кунӣ. Халифа сухани мушовирашро писандид ва ба Қунфуз гуфт: ба назди Алӣ бирав ва бигў: Халифаи Расули Худо аз ту мехоҳад, ки барои байъат дар масҷид ҳозир шавӣ.
Қунфуз чанд мартаба ба назди ҳазрати Алӣ рафту омад кард, вале он ҳазрат аз ҳузур дар назди халифа рўй гардонд. Умар ғазабнок шуд ва бо ҳамроҳи Холид, Қунфуз ва гурўҳи дигар ба тарафи хонаи Заҳро (алайҳо салом) равона шуданд. Халифаи дуввум дари хонаро заду гуфт: Эй Алӣ дарро боз кун.
Фотима бо сари баста ва тани ранҷур пўшти дар омаду фармуд: Эй Умар бо мо чӣ кор дорӣ? Чаро намегузорӣ ба кори худамон машғул бошем? Халифаи дуввум фарёд зад: Дарро боз кун вагарна хонаро оташ мезанам.[8]
Фотима (алайҳо салом) фармуд: Эй Умар оё аз Худо наметарсӣ мехоҳӣ (бидуни иҷозатт) дохили хонаи ман шавӣ?
Фотима (алайҳо салом) ҳар чӣ кард халифаи дуввум аз тасмимаш бар нагашт ва дар муқобил вақте дид дарро намекушоянд, гуфт: Ҳезум биоваред то дари хонаро оташ занем.[9]
Саранҷом дар кушода шуд, Умар хост вориди хона шавад ҳазрати Заҳро (алайҳо салом), ки дарро боз ва хатарро наздик дид шуҷоона пеши Умарро гирифт.[10]
Ва садову шиван баланд кард, то шояд мардум аз хоби ғафлат бедор шаванд ва аз Алӣ ҳимоят кунанд. Нолаҳои Заҳро (алайҳо салом) на танҳо дар дили он сангдилон асар накард, балки бо пўшти шамшер ба паҳлуяш заданд ва бо тозиёна банди дасташро сиёҳ карданд, то даст аз ҳимоят бардорад.[11]
Билахира Алӣ алайҳис-салом-ро дастгир карданд, ки ӯро ба масҷид бубаранд. Ҳазрати Заҳро (алайҳо салом), ки ҷони Алиро дар хатар дид шуҷоона пеш рафт ва доманашро маҳкам гирифт ва гуфт: Намегузорам ҳамсарамро бубаред.
Қунфуз дид Заҳро (алайҳо салом) даст аз Алӣ барнамедорад, он қадар бо тозиёна ба дасти нозанини ӯ зад, ки банди дастонаш варам кард.[12]
Фотима (алайҳо салом) дар миёни издаҳоми ҷамъият байни дару девор қарор гирифт ва чунон фишор ба палуи он бонуи шуҷоъ ворид шуд, ки паҳлуяш шикаст ва бачае, ки дар шикам дошт афтод.[13]
Ҳангоме ки ҳазрати Заҳро ба ҳуш омад, дид Алиро ба тарафи масҷид бурдаанд ва ҷои даранг нест, ҷони Алӣ дар маърази хатар воқеъ шуда ва бояд аз ӯ дифоъ кард. Лизо бо тани дармонда ва паҳлуи шикаста аз хона берун омад ва бо ҳамроҳи гурӯҳе аз занони Бани Ҳошим равонаи масҷид шуд. Дид Алиро нигаҳ доштаанд. Рӯ ба мардум карду фармуд: Даст аз писари амакам бардоред ва илло ба Худо савганд гесуҳоямро парешон мекунам ва либоси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро бар сар меафканам ва ба даргоҳи Худо нола мекунам ва бар шумо нафрин мекунам.
Сипас рӯ ба Абӯбакр карду фармуд: Тасмим гирифтӣ шавҳарамро бикушӣ ва кӯдаконамро ятим намоӣ? Агар ӯро раҳо накунӣ мӯҳоям парешон мекунам ва бар сари қабри падарам назди Худо истиғоса мекунам.
Инро гуфт ва дасти Ҳасану Ҳусайнро гирифту ба тарафи қабри Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) равона шуд. Мехост ба ин мардум нафрин кунад ва ба василаи нолаҳои ҷонгудозаш дастгоҳи зулму ситамро вожгун кунад. Ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) дид вазъ хатарнок аст ба Салмон гуфт: Ба духтари Паёмбар худро бирасон ва бигӯ нафрин накунад.
Салмон ба ҳузури ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) расиду гуфт: Эй духтари Паёмбар падарат барои ҷаҳониён раҳмат буд, нафрин накун.
Фармуд: Эй Салмон бигзор то доду худро аз ин бедодгарон бигирам.
Гуфт: Эй духтари Паёмбар! Алӣ (алайҳис-салом) маро ба назди шумо фиристод ва дастур дод, ки ба хона баргардед.
Фотима вақте дастури Алиро шунид фармуд: Чун Алӣ дастур дода итоат мекунам ва сабрро пеша мекунам.[14]
Муборизаи Заҳро гарчи муддаташ кӯтоҳ буд ва дар муҳити кӯчаке анҷом гирифт, вале аз чанд ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ аст, ки бо диққат метавон онҳоро ба даст овард.
Фотима баъд аз ин муборизаҳо, боз ҳам фикр кард ин мубориза дар дохили хона анҷом гирифта, шояд ба хубӣ дар байни мардум мунъакис нашудааст, бояд дар байни мардум аз Алӣ (алайҳис-салом) дифоъ кунад. Ба ин хотир аз хона берун омад ва оҳу ноларо сар дод. Вақте аз ҳамаи роҳҳо ноумед шуд тасмим гирифт ба мардум нафрин кунад. Аммо вақте дастури Алӣ алайҳис-салом-ро шунид аз он итоат кард ва ба хона баргашт.
3-Фадак:
Ҳангоме ки ҷаноби Абӯбакр хилофатро ба даст гирифт тасмим гирифт фадаки Фотимаро аз ӯ бигирад. Фадак деҳкадае буд, ки дар чанд фарсахии Мадина қарор дошт ва дорои чандин боғу бустон буд. Ин деҳкада дар рӯзгори қадим бисёр обод буд ва дар ихтиёри Яҳуд қарор дошт. Моликони он вақте қудрати пешрафти Исломро дар ҷанги Хайбар мушоҳида карданд, шахсеро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фиристоданд ва пешниҳоди сулҳ карданд. Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) сулҳро пазируфт ва бидуни ҷанг қарордоди сулҳ ба имзо расид. Ба ин васила нисфи заминҳои Фадак дар ихтиёри Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қарор гирифт ва моли холисаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шуд.[15]
Бинобар қавонини Ислом ҳар замине, ки бидуни ҷанг фатҳ шавад холисаи Расули Худост ва дигар мусалмонон дар он ҳаққе надоранд.
Заминҳои Фадак дар ихтиёри Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қарор гирифт ва даромадҳои онро дар байни Бани Ҳошим ва фақирону бечорагон тақсим мекард. Баъд ин оят нозил шуд:
"وآت ذالقربى حقه".
"Ба наздиконат ҳаққашро бидеҳ."
Баъд аз нозил шудани ин оят, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фадакро ба Фотима (алайҳо салом) бахшид ва дар ин бора ривоёти зиёде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) расидааст. Аз боби намуна:
Абусаиди Худрӣ мегӯяд: "Вақте ояти
"وآت ذالقربى حقه".
"Ба наздиконат ҳаққашонро бидеҳ" нозил шуд Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фотимаро хост ва Фадакро дар ихтиёри ӯ қарор дод".[16]
Имом Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд: "Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар замони ҳаёташ Фадакро ба ҳазрати Фотима алайҳо-салом бахшид."[17]
Фадак мулки ночизу кам арзише набуд, балки мулки ободу пурдаромаде буд ба гунае ки менависанд: Соле ҳудуди 24-ҳазор ё 70-ҳазор динор даромад дошт.[18]
Ду матлабро метавон ба унвони шоҳид ёдовар шуд, ки Фадак мулки васеъ ва пурдаромаде будааст.
Матлаби аввал: Абӯбакр дар ҷавоби ҳазрати Заҳро (алайҳо салом), ки барои талаби Фадак омада буд гуфт: Фадак азони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) набуд, балки яке аз амволи умумии мусалмонон буд, ки Паёмбар ба василаи он мардони ҷангиро ба ҷанг мефиристод ва даромадашро дар роҳи Худо инфоқ мефармуд.[19]
Матлаби дуввум: Вақте Муовия ба хилофат расид Фадакро байни Марвон ва Умар ибни Усмон ва Язид ибни Муовия тақсим кард.[20]
Аз ин матлаб истифода мешавад, ки Фадак мулки бо арзишу пурдаромаде буд, ки Абӯбакр мегуфт, Расули Худо бо даромади он ҷанг мекард ва дар роҳи Худо инфоқ менамуд. Агар мулки ночизе буд арзиши онро надошт, ки Муовия онро дар байни фарзандаш Язид ва ду нафар аз ёрони бо вафояш тақсим кунад.
Бо нигоҳ ба зиндагии Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба хубӣ истифода мешавад, ки он ҳазрат ба молу сарват алоқае надошт ва дар ҷамъи сарват кӯшиш намекард, балки дороияшро дар роҳи ҳадафаш яъне тарвиҷи Худопарастӣ сарф мекард. Магар ҳамин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) набуд, ки сарвату дороии Хадиҷаро дар роҳи пешбурди ин ҳадаф сарф намуд ва худаш ва домоду духтараш дар камоли фақру сахтӣ зиндагӣ мекарданд ва гоҳе аз шиддати гуруснагӣ санг ба шиками муборакаш мебаст? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз он касоне набуд, ки бихоҳад аз мавқеият истифода кунад ва барои фарзандонаш мулку сарват ҷамъ кунад. Магар ҳамин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) набуд, ки ҳозир набуд духатари азизаш ҳатто як пардаи пашмӣ бар дари хонааш биовезад ва дастбанди нуқра ба дасти Ҳасану Ҳусайнаш бошад ва гарданбанде ба гардани худ биовезад?
Пас ин чиз қобили таваҷҷӯҳ аст, ки бо ин ҳама сахтгириҳо, ки нисбат ба зиндагии дохилии худ ва духтараш дошт, ба чӣ сабаб замини пурарзишу пурқимати Фадакро ба Фотима (алайҳо салом) бахшид? Ин кори ғайриоддии он ҳазрат наметавонад бесабаб бошад. Дар иллати ин достон метавон гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз тарафи Худо амр шуда буд, ки Алӣ алайҳис-салом-ро ба хилофат ва ҷонишинии худ таъин кунад ва медонист, ки мардум ба осонӣ зери бори фармондории ӯ намераванд ва барои хилофаташ коршиканӣ хоҳанд кард. Медонист, ки бисёре аз хонаводаҳои араб нисбат ба ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) кинаҳое доранд, чун Алӣ (алайҳис-салом) марди шамшер ва адолат аст ва камтар хонаводае аст, ки як ё чанд нафарашон дар замон куфрашон бо дасти он ҳазрат кушта нашуда бошад. Паёмбари гиромӣ медонист, ки барои хилофат ва идораи миллат будҷае лозим аст ва бо он шароит ба даст овардани он будҷа кори душворе аст. Медонист, ки ҳазрати Алӣ агар битавонад ба фақирон ва дармондагон кўмак кунад ва ниёзмандиҳои ҷомеаро бартараф кунад, кинаҳо то ҳадде бартараф мешавад ва дилҳо ба сӯи он ҳазрат моил хоҳад шуд.
Ба ин сабаб буд, ки Фадакро ба Фотима (алайҳо салом) бахшид ва дар воқеъ дар ихтиёри халифаи ояндааш қарор дод, то даромади саршорашро дар байни фақирон ва дармондагон тақсим кунад, шояд кинаҳои деринаи худашонро фаромӯш кунанд ва мутаваҷҷеҳи хонаи ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) шаванд. Дар ин шароити сахти оғози хилофат аз он амвол истифода кунад ва дар роҳи пешбурди ҳадафи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз онҳо баҳрабардорӣ кунад. Дар воқеъ метавон гуфт: Фадакро танҳо ба ҳазрати Фотима набахшид, балки ба хонадони вилоят тақдим кард, то ба ин васила ба будҷаи иқтисодии хилофат кўмак карда бошад.
Фадак дар замони ҳаёти Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ихтиёри Фотима (алайҳо салом) қарор гирифт. Ба миқдоре, ки ӯро аз мавт нигаҳ дорад аз он мебардошт ва бақияро дар роҳи Худо сарф мекард ва дар байни бечорагон тақсим мекард.
Ҳангоме ки халифаи аввал ҳукуматро ба даст гирифт тасмим гирифт Фадакро аз Фотима бигирад. Дастур дод коркунони ҳазрати Фотима (алайҳо салом)-ро аз Фадак берун карданд ва коркунони дигарро аз тарафи худ ба ҷои онҳо гузоштанд.
Ду чизро метавон аз сабабҳои аслии тасмими халифа шумурд:
1-Бо баррасии таърих, ин матлаб ба хубӣ равшан мешавад, ки Оиша пайваста аз ду чиз ранҷ мебурдааст:
Аввал ин ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) чун ба Хадиҷа зиёд алоқаманд буд ва гоҳ-гоҳе ӯро ба некӣ ёд мекард ва Оиша нороҳат мешуд, ҳатто гоҳе эътироз мекарду мегуфт: Хадиҷа пиразане беш набуд чаро ин қадар ӯро таъриф мекунӣ?.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҷавоб медод: Куҷо мисли Хадиҷа пайдо мешавад? Аввалин зане буд, ки ба ман имон овард. Дороияшро дар ихтиёрам қарор дод. Дар тамоми корҳо ёру ёварам буд ва Худованд насли маро аз авлоди ӯ қарор дод.[21]
Оиша мегӯяд: Бар ҳеҷ зане монанди Хадиҷа рашк намебурдам, бо ин ки се сол пеш аз арӯсии ман мурда буд. Чун Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз ӯ бисёр таъриф мекард. Ва Худованд ба Расулаш дастур дода буд, ки ба Хадиҷа башорат бидиҳад, ки дар биҳишт қасре барояш омода шудааст. Бисёр вақтҳо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) гўсфандеро мекушт ва гушташро барои дӯстони Хадиҷа мефиристод.[22]
Имоми Содиқ (алайҳис-салом) мефармояд: Рӯзе Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) вориди хона шуд. Оишаро дид, ки дар муқобили ҳазрати Заҳро истода туи манӣ мекунад ва мегӯяд: Эй духтари Хадиҷа ту гумон мекунӣ модарат беҳтар аз ман аст? Чӣ фазилате бар ман дорад? Ў низ зане монанди мо буд.
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) суханони Оишаро шунид. Вақте Фотима (алайҳо салом) чашмаш ба Паёмбар афтод шурўъ кард ба гиря кардан. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Фотимаҷон чаро гиря мекунӣ?
Гуфт: Оиша ба модарам тавҳин кард.
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хашмгин шуду фармуд: Оиша сокит шав. Худованди Мутаол занҳои бо муҳаббат ва бачадорро муборак қарор дода. Хадиҷа барои ман фарзандоне ба номи Тоҳир, Қосим, Фотима, Руқия, Умми Кулсум ва Зайнаб овард, вале Худованд аз ту бар ман фарзанде надод.[23]
Дуввум: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) беш аз ҳадди маъмулӣ ба Фотима изҳори алоқа мекард. Ҳамин изҳори муҳаббатҳо, рӯҳи Оишаро дар азоб қарор медод, чун табиатан занҳо аз фарзанди зани дигари шавҳар, хушашон намеояд. Ба қадре нороҳат буд, ки гоҳе ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) эътироз мекарду мегуфт: Бо ин ки Фотима шавҳардор шуда боз ҳам ӯро мебӯсӣ?.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ҷавобаш мефармуд: Ту аз мақому манзалати Фотима хабар надорӣ вагарна ин суханро намегуфтӣ.[24]
Ҳар чи бештар аз Фотима таъриф мекард нороҳатии Оиша бештар мешуд ва эътироз мекард.
Рӯзе Абӯбакр мехост низди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) биёяд, садои доду фарёди Оишаро шунид, ки ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мегуфт: Ба Худо қасам медонам ту Алӣ ва Фотимаро бештар аз ману падарам дӯст медорӣ.
Абӯбакр дохил шуд ва ба Оиша гуфт: Чаро ба сари Расули Худо дод мезанӣ.[25]
Илова бар ин Оиша бефарзанд буд ва насли Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз Фотима ба вуҷуд омад. Ин чиз низ Оишаро ранҷ медод. Бинобар ин ин нороҳатиҳои Оишаро як амри табии бояд ҳисоб кард. Ва бар тибқи ҷараёни оддӣ, гоҳе пеши падараш Абӯбакр мерафт ва аз Фотима (алайҳо салом) шикоят мекард. Аз ин сабаб метавон дарк кард, ки Абӯбакр низ нисбат ба Фотима нороҳатӣ дошт ва мунтазири фурсат буданд, то он нороҳатиҳоро бартараф кунад.
Вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) вафот кард Фотима гиря мекард ва мефармуд: Оҳ, чӣ рӯзи баде дарам!
Халифаи аввал мегуфт: Оре, Рӯзи баде дар пеш дорӣ.[26]
2-Абӯбакру Умар фикр мекарданд, ки фазоилу камолоти зотӣ ва мақоми илму дониш ва фидокориҳои Алӣ (алайҳис-салом) қобили инкор нест. Суфоришҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар бораи ӯ низ байни мардум шойеъ аст. Домод ва писар амаки Паёмбар ҳам ки ҳаст. Агар шароити иқтисодии ӯ низ хуб шавад ва пуле дар ихтиёр дошта бошад, мумкин аст гурӯҳе бо ӯ ҳамдаст шаванд ва хатаре барои хилофат ба вуҷуд ояд. Ин нуктаест, ки Умар ба Абӯбакр ёдовар шуд. Ба Абӯбакр гуфт: Мардум бандагони дунё ҳастанд ва ғайр аз он ҳадафе надоранд, ту хумс ва ғаниматҳоро аз Алӣ бигир ва Фадакро аз дасташ берун биёвар. Вақте пайравонаш дасти ӯро холӣ мебинанд, канораш мегузоранд ва ба тарафи ту моил намешаванд.[27]
Ин ду сабаби муҳим ва сабабҳои дигар боис шуд, ки халифа тасмим гирифт Фадакро бигирад.
Ҳангоме ки Фотима хабардор шуд, ки коркунонашро аз Фадак берун кардаанд андӯҳгин шуд ва худашро дар пешорӯи мушкилии тозае дид. Чун нақшаи онҳо аз Алӣ ва Фотима пӯшида набуд ва аз ҳадафи аслии онҳо низ бохабар набуданд.
Ҳазрати Фотима фикр кард, ки акнун далели хубе ба дасташ омада метавонад ба ин васила бо хилофати интихобии халифа мубориза кунад. Ҳақиқатро ошкор кунад ва мардумро бедор созад. Ва аз ин фурсатҳо ҳамеша ба даст намеояд.
Ҳазрати Фотима (алайҳо салом) фикр кард агар зери зулму ситами инҳо биравам ва аз ҳаққи худам дифоъ накунам дастгоҳи хилофат ба зулму ситам одат мекунад ва баъд аз ин ҳуқуқи мардумро риоят нахоҳад кард.
Ҳазрати Заҳро фикр кард: Агар аз ҳаққаш дифоъ накунад мардум хаёл мекунанд, чашмпӯшӣ аз ҳақ ва зери бори зулму ситам рафтан, кори хубе аст.
Фотима фикр кард: Агар ҳақиқатро равшан накунад, мардум фиребӣ байни халифаҳо ривоҷ пайдо мекунад.
Ҳазрати Фотима фикр кард: Мун тарбият ёфтаи домани ваҳй ва хонаи вилоятам, намунаи занони Исломам маро ба унвони як зани тарбиятшудаи исломӣ мешиносанд, корҳо ва рафторамро ба унвони рафтори зебандаи як зани исломӣ медонанд. Агар дар ин мақом сустӣ кунам ва аз талаби ҳаққи худаи изҳори аҷзу нотавонӣ кунам, мақоми воқеии зан дар Ислом пинҳон мемонад ва занро як узви бекор ва белаёқат мепиндоранд. Ин гуна фикрҳо буд, ки Фотима (алайҳо салом) тасмим гирифт бо тамоми тавон ҳаққи худро талаб ва аз он дифоъ кунад.
Албатта ин кор чандон осон набуд. Чун муқобилаи як зан дар муқобили дастгоҳи хилофат хеле хатарнок буд. Он ҳам барои Фотимае, ки дар ҳамин рӯзҳо паҳлуяш шикаста ва бачааш афтодааст. Ҳар як аз ин ҳодисаҳо барои як зан басанда буд, ки барои ҳамеша аз ситамгарон битарсад.
Аммо Фотима, ки хуи фидокорӣ ва шуҷоат ва бурдбориву пойдориро аз модараш Хадиҷа ва падараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба ирс бурда ва дар маркази муборизоти исломӣ тарбият шуда ва дар хонаи нерумандтарин ва фидокортарин шахс зиндагӣ карда ва садҳо мартаба либосҳои хунолуди шавҳарашро шуста ва захмҳои баданашро даво карда, аз ин ҳодисаҳои ҷузъӣ намеҳаросад.
Фотима (алайҳо салом) назди халифа рафту фармуд: Чаро коркунони маро аз Фадак берун кардӣ? Падарам дар ҳоли ҳаёташ фадакро ба ман бахшид.
Абӯбакр гуфт: бо ин ки медонам дурӯғ намегӯӣ, аммо бояд барои иддаои худат шоҳид биёварӣ.
Заҳро (алайҳо салом) Умми Айман ва Имом Алӣ алайҳис-салом-ро ба унвони шоҳид овард. Умми Айман ба халифа гуфт: Туро ба Худо савганд оё медонӣ, ки Паёмбар саллаллоҳу алйҳи ва олиҳ дар бораи ман фармуд: Умми Айман аз аҳли биҳишт аст? Ҷавоб дод: Оре хабар дорам. Дар ин ҳангом Умми Айман ба Абўбакр гуфт: Акнун шаҳодат медиҳам: Вақте ки ояти "ба наздикони худ ҳаққашонро бидеҳ" нозил шуд Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фадакро ба Фотима (алайҳо салом) бахшид.
Алӣ (алайҳис-салом) низ ба ин матлаб шаҳодат дод. халифа чорае надид ғайр аз ин ки Фадакро ба Фотима баргардонад. Пас навиштае дар ин бора навишт ва ба дасти Фотима дод.
Ногоҳ халифа дуввум ворид шуд ва аз ҷараён пурсид. Абӯбакр гуфт: Чун Фотима муддаии Фадак буд ва бар он шоҳид овард, Фадакро бар ӯ вогузор кардам.
Умар навиштаро аз дасти Фотима гирифт ва онро пора кард. Абӯбакр низ барои таъйиди Умар ба Фотима гуфт: Ё бояд ғайр аз Алӣ як шоҳиди марди дигар биёварӣ ва илова ба Умми Айман як зани дигар шаҳодат диҳад.
Фотима бо чашми гирён аз хонаи халифа берун шуд ва ба ривояти дигар Умар ва Абдураҳмон шаҳодат доданд, ки Расули Худо даромади Фадакро дар байни мусалмонон тақсим мекард.[28]
Рӯзи дигар Алӣ (алайҳис-салом) назди халифа рафту фармуд: Чаро Фадакро, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба Фотима бахшида аз ӯ гирифтӣ? Ҷавоб дод: Бояд барои иддаояш шоҳид биоварад ва чун шоҳидаш ноқис буд пазируфта нашуд. Имом (алайҳис-салом) фармуд: Эй Абӯбакр оё мехоҳӣ барои мо бар хилофи аҳкоми дигар мусалмонон доварӣ кунӣ? Гуфт: На. Фармуд: Акнун аз ту савол мекунам: Агар моле дар дасти шахсе буд ва ман иддао кардам, ки он мол азони ман аст ва барои доварӣ пеши ту омадем, оё аз кадом як аз мо талаби шоҳид мекунӣ? Гуфт: Аз ту шоҳид мехоҳам, чун мол дар дасти ӯ буд. Фармуд: Пас чаро аз Фотима талаби шоҳид мекунӣ бо ин ки Фадак дар дасти ӯ буд? Абӯбакр ғайр аз сукут чорае надид, вале Умар гуфт: Эй Алӣ ин гуна суханҳоро раҳо кун.[29]
Инсофан дар ин муҳокима ҳақ бо ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) буд. Ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) низ дар яке аз номаҳояш менависад: Оре, аз амволи дунё дар зери сояи осмон Фадак дар ихтиёри мо буд, вале гурӯҳе ба он бахилги карданд ва гурӯҳи дигар гузашт карданд.[30]
Бинобар ин аз шахси молик яъне ҳазрати Заҳро набояд талаби шоҳид мекарданд, балки тарафи дигари даъво яъне Абӯбакр бояд шоҳид меовард. Вале Абӯбакр ин қонуни мусаллами довариро поймол кард ва ҳазрати Заҳро дар ин марҳала пирӯз шуд ва бо мантиқи маҳкам ва истидлолу бурҳон, ҳаққонияти худро ба исбот расонд ба гунае ки Абӯбакр ночор шуд дастури баргашти Фадакро бидиҳад, вале Умар омаду бо зур вориди майдон шуд ва номаро пора ва нақси шоҳидонро баҳона кард.
Рӯзе ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) ба назди халифа рафт ва дар бораи мероси падар вориди баҳс шуд ва фармуд: Эй Абӯбакр! Чаро ирси падарамро намедиҳӣ? Гуфт: Паёмбарон ирс намегузоранд.
Ҳазрати Заҳро фармуд: Магар Худованд дар Қуръон намефармояд:
"وورث سليمان داود".
"Сулаймон аз Довуд ирс бурд".[31] Магар Сулаймон аз Довуд ирс набурд?. Абӯбакр ғазабнок шуду гуфт: Ба ту гуфтам: Паёмбар ирс намегузорад.
Ҳазрати Заҳро фармуд: Магар Закариёи паёмбар ба Худованд нагуфт:
"فهب لي من لدنك وليا يرثني ويرث من آل يعقوب".
"Ба ман аз назди худат фарзанде бидеҳ, то аз ман ва аз оли Яъқуб ирс барад".[32] Абӯбакр боз ҳам гуфт: Гуфтам Паёмбарон ирс намегузоранд.
Фармуд: Магар Худованд дар Қуръон намефармояд:
"يوصيكم الله في اولادكم للذكر مثل حظّ الانثيين".
"Худо шуморо дар бораи авлодатон васият мекунад, ки мардон ба андозаи ду зан ирс бубаранд".[33] Эй Абӯбакр магар ман аз авлоди Расули Худо нестам?
Боз Абӯбакр баъд аз истидлолҳои устувори Заҳро чорае надид ғайр аз ин ки ҳамон суханони аввалашро такрор кард ва гуфт: Ба ту гуфтам: Паёмбар ирс намегузорад.[34]
Халифа барои саҳеҳ ҷилва додани амали номашрӯаш ҳадисе нақл кард, ки Расули Худо фармуд: Мо паёмбарон ирс намегузорем. Оиша ва Ҳафса, низ сухани ўро таъйид карданд.[35]
Чунон, ки мулоҳиза мекунед дар ин баҳс низ Заҳро (алайҳо салом) пирӯз шуд ва ба василаи далелу бурҳон барои халифа исбот кард, ки ҳадисе, ки ту мегӯӣ бар хилофи Қуръон аст. Ва ҳар ҳадисе, ки бо Қуръон мухолиф бошад, мӯътабар нест. Халифа маҳкум шуд. Чорае надошт ғайр аз ин ки дар муқобили далелҳои Фотима (алайҳо салом) ҳамон сухани аввалаашро такрор кунад.
Нуктаи ҷолиб ин аст, ки ҳамин Оишае, ки дар ин ҷо ба саҳеҳ будани ҳадиси сахтагии падараш гувоҳӣ дод, дар замони хилофати Усмон ба назди Усмон рафт ва ирси Паёмбарро талаб кард.
Усмон дар ҷавоб гуфт: Магар ту шаҳодат надодӣ, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Мо паёмбарон ирс намегузорем? Ва ба ин васила ирсро аз Фотима маҳрум намудӣ? Чӣ гуна шуд акнун худат ирси Расули Худоро талаб мекунӣ?![36]
Фотима (алайҳо салом) баъд аз ин ки дид инҳо ҳатто ҳозир нестанд дар муқобили Қуръон таслим шаванд тасмим гирифт дар масҷид назди мардум суханронӣ кунад ва назди мардум собит кунад, ки ҳаққашро гирифтаанд ва ба мардум бифаҳмонад, ки ин халифае, ки таъйин кардаед ҳозир нест ба дастури Қуръон ва Ислом амал кунад. Ба майли худаш ҳар чӣ хоҳад анҷом медиҳад.
Ин хабар дар Мадина пахш шуд, ки Фотима ёдгори Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мехоҳад дар масҷид суханронӣ кунад. Оё дар чӣ мавзӯе суханронӣ мекунад? Биравем суханронии таърихии ӯро гӯш кунем.
Ҷамъияти муҳоҷиру ансор ба масҷид ҳуҷум оварданд. Занони Бани Ҳошим равонаи хонаи Заҳро (алайҳо салом) шуданд. Бонуи бузурги Ислом аз хона берун омад. Занон атрофашро гирифтанд ва бо убуҳату ҷалоли тамом ҳаракат кард. Монанди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қадам бармедошт, ҳангоме ки вориди масҷид шуд пардае барояш овехтанд. Ҷудоӣ аз падар ва ҳодисаҳои ногувор чунон Фотимаро мунқалиб кард, ки аз ҷигар нола баровард ва аз садои нолааш гиряи мардум баланд шуд.
Каме сукут кард, то мардум ором шуданд, сипас ба суханронӣ сар кард, боз садои гиряи мардум баланд шуд, вақте дубора комилан ором шуданд фармуд:
Худоро бар неъматҳояш ситоиш мекунам ва бар тавфиқоташ сипос мегӯям. Барои неъматҳои бешумораш ҳамду сано мегӯям. Ҳамон неъматҳое, ки поён надоранд ва наметавон онҳоро талофӣ кард ва ниҳояти онҳо дар фаҳмҳо намеғунҷад. Аз мо хостааст қадри неъматашро бидонем ва шукргузорӣ кунем, то онҳоро зиёда кунад. Ба ягонагии Худо шаҳодат медиҳам. Ҳамон калимаи тавҳиде, ки ихлосро рӯҳу ҳақиқати он қарор дода ва андаруни дилҳо ба он гувоҳӣ медиҳад ва андешаву фикрҳоро равшан мекунад. Худое, ки ба василаи чашм дида намешавад ва ба василаи забон наметавон тавсифаш кард ва чӣ гунагии ӯ дар ваҳм наёяд. Ҷаҳонро аз нестӣ офарид ва дар офариниши он ниёзе надошт. Ва тибқи хостааш офарид. Дар офариниши олам мақсади судҷӯӣ надошт. Ҷаҳонро офарид то ҳикматашро собит кунад ва итоаташро ёдовар шавад ва қудраташро изҳор кунад ва бандагонро ба ибодат водор кунад ва даъваташро бузургу неруманд гардонад. Барои итоат савоб қарор дод ва барои гуноҳ иқоб, то бандагонро аз азоб наҷот диҳад ва ба тарафи биҳишт бикашонад.
Шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), падарам Расули Худост. Пеш аз он ки ӯро ба паёмбарӣ бифристад, интихобаш кард. Ва пеш аз он ки ӯро биофаринад Муҳаммад номид. Ва пеш аз беъсат интихобаш фармуд дар ҳамон ҳангом, ки махлуқот дар олами ғайб пинҳон ва ба сарҳади нестӣ наздик буданд, чун ки Худо аз ояндаи ҷаҳон хабар дошт. Ва аз ҳодисаҳои даҳр бо хабар мебошад ва ба мавоқеи мақдурот огоҳ аст. Муҳаммадро мабъус намуд то амрашро ба итмом расонад ва ҳикматашро ҷорӣ созад ва мақсадашро амалӣ гардонад. Мардум дар динашон пароканда буданд ва дар оташи куфру ҷаҳолат месухтанд бутҳоро мепарастиданд ва ба дастуроти Парвардигор таваҷҷӯҳе надоштанд.
Пас ба баракати вуҷуди Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) торикиҳо равшан ва ҷаҳлу нодонии дилҳо бартараф шуд. Пардаҳои саргардонӣ ва иштибоҳ аз пеши чашмҳо бардошта шуд. Падарам барои ҳидояти мардум ба по хест ва онҳоро аз гумроҳӣ наҷот дод ва аз курӣ бино кард ва ба сӯи дини Ислом роҳнамоӣ кард ва ба сӯи роҳи рост даъваташон намуд. Онгоҳ Худованд Паёмбарашро бо меҳрубонӣ ва ихтиёру рағбат қабзи рӯҳ кард. Акнун падарам аз ногувориҳои ин ҷаҳон дар осоиш аст ва дар олами охират бо фариштагони Худо ва ризояти Парвардигори бахшанда, дар назди Худо ба сар мебарад. Дуруд бар Паёмбари амин ва баргузидаи ваҳй.
Сипас ба аҳли маҷлис хитоб карду фармуд:
Эй мардум шумо соҳибон амру наҳйи Худо ва ҳомили дину илмҳои набувват ҳастед. Бар худатон амин мебошед. Шумоед, ки бояд динро бар дигар миллатҳо таблиғ кунед. Халифаи воқеии Паёмбар дар байни шумо вуҷуд дорад. Худованд қаблан бо шумо паймон бастааст, ки аз вай итоат кунед. Ў китоби гӯёи Худо ва Қуръони содиқ ва нури дурахшанда аст. Чашми басираташ бино ботину зоҳираш ошкор аст. Пайравонаш орзуи мақоми ӯро доранд. Пайрави аз ӯ инсонро ба тарафи биҳишт ҳидоят мекунад. Гӯш кардан ба суханонаш асбоби наҷот мешавад ба баракати вуҷуди ӯ метавон ҳуҷҷату бурҳонҳои нуронии Худоро дарёфт намуд. Ба василаи ӯ метавон воҷибот тафсир шуда ва муҳаррамоти манъшуда ва далелҳои равшан ва бурҳонҳои кофӣ ва мустаҳабботу мубоҳот ва қавонини шариатро ба даст овард.
Худо имонро василаи покӣ аз ширк қарор дод, намозро ташреъ кард, то пеши такаббурро бигирад, закотро барои пок кардани нафс ва зиёд кардани ризқ воҷиб намуд, рӯзаро барои исботи ихлоси бандагон ташреъ кард, ба василаи ташреи ҳаҷ бинои динро устувор кард, адолатро сабаби назм ва наздикии қалбҳои ба якдигар қарор дод, итоат аз Аҳли Байтро сабаби назми миллат ва имоматро монеъ аз парокандагӣ қарор дод. Ҷиҳод дар роҳи динро сабаби иззату бузургии Ислом гардонид. Сабру бурдбориро сабаби расидан ба савоб қарор дод. Амри ба маъруфро ба хотири ислоҳи умумӣ воҷиб гардонид. Некӣ ба падару модарро монеъ аз ғазаби онҳо қарор дод. Барои таъхири аҷал ва зиёд шудани умр ба силаи раҳм дастур дод. Барои пешгири аз куштори мардум қисосро ташреъ кард. Вафо ба назрро аз асбоби омурзиш қарор дод. Барои пешгири аз палидӣ, шаробхӯриро ҳаром кард. Дурӣ аз бӯҳтон ва нисбати зиноро монеи лаънат гардонид.
Тарки дуздиро сабаби иффату покӣ қарор дод. Ширк ба Худоро ба манзури ихлос манъ кард. Эй мардум! Тақворо пеша кунед ва Исломро нигаҳ бидоред ва аз амрҳову наҳйҳои Худо итоат намоед. Танҳо донишмандон ҳастанд, ки аз Худо метарсанд.
Онгоҳ фармуд: Эй мардум ман Фотима ҳастам, падарам Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аст. Акнун аввалу поёни корҳоро барои шумо шарҳ медиҳам. Ва бидонед, ки дурӯғ намегӯям ва муртакиби хато намешавам.
Эй мардум, Худо барои шумо паёмбаре фиристод, ки аз худи шумо буд. Аз нораҳатии шумо нороҳат мешуд ва ба шумо алоқа дошт. Нисбат ба мӯъмнон меҳрубону дилсўз буд.
Эй мардум он Паёмбар падари ман аст на падари занони шумо. Бародари писари амаки ман аст на бародари мардони шумо. Чӣ некӯ нисбате аст нисбат доштан бо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)! Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) рисолати худро анҷом дод ва аз роҳу равиши мушрикон рӯй гардонд ва бар пушти онҳо зарбаи маҳкаме ворид намуд. Гулўяшонро гирифт ва бо ҳикмату андарз ба сӯи Худо даъват намуд. Сарҳоро афканд, то ҷое ки куффор шикаст хӯрданд ва ба кӯч карданд рӯй оварданд ва торикиҳо бартараф шуд ва ҳақ ошкор шуд ва забони раҳбари дин гӯё шуд ва шайтонҳо хомӯш шуданд ва пайравони нифоқ ба ҳалокат расиданд ва бандҳои куфру нифоқ кушода шуд. Бо гурӯҳи аз Аҳли Байт калимаи шаҳодатро ба забон ҷорӣ кардед. Дар ҳоле ки бар лаби оташи дўзах қарор доштед. Ва бораи ситамгарон ва зургӯён ҷуръаи гуворо ва луқмаи лазизе будед. Барои ҷўяндагони оташ шӯълаи муносибе будед. Зери пои қабилаҳо поймол мешудед. Оби касиф меошомидед ва аз пўсти ҳайвонот ва барги дарахтон мехӯрдед. Ҳамеша хору залили дигарон будед. Аз қабилаҳои атрофатон дар тарсу ҳарос ба сар мебурдед.
Баъд аз тамоми ин бадбахтиҳо, Худованд ба баракати вуҷуди Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шуморо наҷот дод. Бо ин ки падарам ба шуҷоони мардум ва гургони араб ва саркашони аҳли китоб дучор буд, вале ҳар чӣ оташи ҷангро доман мезаданд, Худованд онро хомӯш менамуд. Ҳар гоҳ гарданфарозе аз шайтонҳо сар мебардошт ё яке аз мушрикон даҳон мекушод, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бародараш Алӣ алайҳис-салом-ро дар гулугоҳашон меафканд. Алӣ низ то сару мағзи ӯро бо мушт намекуфт ва поймол намекард ва оташи тохтаашро бо шамшер хомӯш намекард, аз майдони ҷанг барнамегашт. Барои ризои Худо он ҳама сахтиҳоро таҳаммул мекард ва дар роҳи Худо ҷиҳод мекард. Бо Расули Худо наздик буд, дӯсти Худо буд, ҳамвора омодаи ҷиҳод буд. Ў таблиғ ва ҷиҳод мекард ва шумо дар ҳамон ҳол дар осоишу хушӣ, шоду хандон ба сар мебурдед ва дар интизори фурсат будед. Аз бархӯрд бо душман худдорӣ мекардед. Ҳангоми ҷанг мегурехтед.
То вақте ки Худованд Паёмбарашро ба манзилгоҳи паёмбарони дигар бурд, кинаҳои дарунӣ ва дурӯиҳои шумо ошкор шуд. Ҷомаи дин фарсуда шуд. Гумроҳон ба сухан омаданд ва инсонҳои паст сарбарафроштанд ва шутури аҳли ботил ба садо даромад ва думи худро ҷунбонид ва шайтон сарашро аз камингоҳ берун овард ва шуморо ба сӯи худ даъват кард. Пас ба зудӣ даъваташро қабул кардед ва эҳтиромаш кардед. Шуморо ба ҳаракат даровард, дастури ғазаб дод, ғазабнок шудед.
Эй мардум шутуреро, ки азони шумо набуд гирифтед ва дар ғайр манзили худ, фуруд омадед. Дар сурате ки ҳануз аз марги Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) чизе нагузаштааст. Ҳануз захми дили мо хуб нашудааст, ҳануз Паёмбар ба хок супурда нашуда буд, ки ба баҳонаи тарс аз фитна, хилофатро ғасб кардед. Вале огоҳ бошед, ки дар фитна дохил шудед ва дузах кофиронро иҳота кардааст. Оҳ, чӣ шудед ва ба куҷо меравед? Дар ҳоле ки китоби Худо дар байни шумост ва аҳкомаш ошкор ва амру наҳяш ҳувайдост. Ҳамоно бо Қуръон мухолифат кардед ва онро пушти сар андохтед. Оё қасд доред аз Қуръон рӯй бигардонед? Ё мехоҳед ба василаи ғайри Қуръон доварӣ кунед? Вале бидонед, ки ҳар кас ғайр аз дини Ислом дини дигаре ихтиёр кунад аз вай пазируфта намешавад ва дар охират аз зиёнкорон хоҳад буд. Он қадар сабр накардед, то оташи фитна фурукаш кунад ва идораи он осон шавад. Балки ба оташ доман задед ва даъвати шайтонро қабул кардед. Ва ба хомӯш кардани чароғи дин ва суннатҳои Расули Худо машғул шудед. Корро дигар гуна ҷилва медиҳед ва бо Аҳли Байти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бо найранг рафтор мекунед. Корҳои шумо ба монанди захми корд ва ҷароҳати найзае аст, ки ба даруни шикам дохил мешавад.
Ақида доред, ки мо набояд аз Паёмбар ирс бубарем. Оё ба қавонини ҷоҳилият мегароед? Дар сурате ки қавонини илоҳӣ беҳтар аз тамоми қонунҳост. Оё намедонед ман духтари Расули Худо ҳастам? Чаро, медонед ва монанди офтоб бароятон равшан аст. Эй мусалмонон оё сазовор аст ман аз ирси падарам маҳрум шавам?! Оё дар китоби Худо навишта, ки ту аз падарат ирс бубарӣ ва ман аз ирси падарам маҳрум гардам?! Дурӯғи бузурге бар Худо бастаед. Оё қасдан китоби Худоро пушти сар моандозед? Магар Худо дар Қуръон намефармояд: Сулаймон аз Довуд ирс бурд? Магар Қуръон аз забони Закариё нақл намекунад, ки ба Худо гуфт: Парвардигоро ба ман фарзанде бидеҳ, то аз ман ирс бубарад ва вориси Оли Яъқуб бошад?
Магар Қуръон намегӯяд: Баъзе аз хешон аз ҷиҳати ирс бар дигарон муқаддам ҳастанд. Магар Қуръон намегӯяд: Худо дастур додааст, ки писарҳо ду баробари духтарон ирс бубаранд? Магар дар Қуръон нафармуда: Бар шамо муқаррар шуд, ки чун ба яке аз шумо марг даррасид, агар моле ба ҷо мегузорад, барои падару модар ва хешон ба иқтизои адолат, ки шоистаи парҳезкорон аст, васият кунед?
Оё чунин мепиндоред, ки ман бо падарам нисбате надорам ва аз ӯ ирс намебарам? Оё оёти ирс махсуси шумост ва падарам аз онҳо берун аст? Оё бо ин далел маро аз ирс маҳрум мекунед, ки аҳли ду дин аз ҳам ирс намебаранд? Магар ману падарам аз як миллат нестем? Оё шумо беҳтар аз падару писари амакам аз Қуръон хабар доред?!
Эй Абӯбакр! Хилофат ва Фадаки ғасбшуда бароят гуворо бод, вале дар қиёмат туро мулоқот хоҳем кард. Дар ҳамон вақте ки ҳукумат ва қазоват бо Худост ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) беҳтарин пешвост.
Эй писари Абуқаҳофа! Ваъдагоҳи мо рӯзи қиёмат бошад, ҳамон рӯзе, ки зиёни беҳудагӯён ошкор мешавад ва пушаймонӣ фоидае надорад, ба зудӣ азоби Худоро мушоҳида хоҳед кард.
Сипас ба ансор фармуд: Эй ҷавонон ва ёварони миллат ва ёрикунандагони Ислом, чаро дар талаби ҳаққи ман сустӣ мекунед ва дар ситаме, ки бар ман шуда дархобед?! Оё падарам нафармуд: Эҳтироми шахсро дар фарзандонаш бояд нигаҳдошт? Чӣ зуд фитнаро барангехтед? Чӣ шитобон аз паи ҳавову ҳавас рафтед? Шумо дар дур кардани зулме, ки ба ман шуда тавоноед. Дар анҷоми хостаҳоям тавоноед. Оё мегӯед: Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мурд? Оре, вале мусибати бисёр бузурге буд, ки ҳар рӯз шикофаш бештар мешавад ва зарарҳояш бештар мегардад. Ба воситаи ғайбати ӯ замин торик шуд, хуршед ва моҳ камнур шуданд. Барои мусибаташ ситораҳо пароканда шуданд, умедҳо ба ноумеди табдил гашт. Кӯҳҳо мутазалзил шуданд. Эҳтироми Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) риоят нашуд. Ба Худо савганд, мусибати бузурге буд, ки монандаш, то ба ҳол дида нашудааст. Аммо китоби Худо, ки шомгоҳҳо ва бомдодон дар хонаҳо хонда мешавад, аз он мусибат хабар медод: Паёмбарон, низ монанди дигар мардум мемиранд. Дар Қуръон мефармояд: Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), низ монанди паёмбарони гузашта аст, оё агар мурд ё кушта шуд аз дин бармегардед? Ҳар кас аз дин берун шуд, ба Худо зиёне ворид нахоҳад сохт. Ва Худо сипосгузоронро подош хоҳад дод.[37]
Оё сазовор аст ман аз ирси падарам маҳрум шавам. Дар ҳоле ки шумо мебинед ва мешунавед ва дар маҷлис ҳузур доред? Нидои ман ба шумо расида ва аз рӯйдодҳо бохабаред? Бо ин ки шумо зиёд ҳастед ва нерў ва силоҳ доред, садои истиғосаи ман ба шумо мерасад, аммо ҷавоб намедиҳед, фарёдамро мешунавед ва ба фарёдам намерасед. Шумо ба шуҷоат шинохта шуда ва ба хайру салоҳ васф шудаед ва баргузидаи баргузидагонед. Шумо барои мо Аҳли Байт интихоб шудаед. Бо аъроб ҷангидед, сахтиҳоро таҳаммул кардед бо қабилаҳо ҷиҳод кардед бо диловарон набард кардед. Ҳар вақт мо ҳаракат мекардем шумо низ ҳаракат мекардед. Мо фармон медодем шумо итоат мекардед. То вақте ки Ислом равнақ гирифт ва ғаниматҳо зиёд шуд ва мушрикон таслим шуданд, ҷӯшиши дурӯғ фурў нишаст ва оташи куфр хомӯш шуд ва низоми дин устувор гашт.
Эй ансор! Ҳайратзада ба куҷо меравед? Баъд аз равшан шудани ҳақиқат чаро онро пинҳон медоред? Чаро баъд аз имон ба бероҳӣ меравед? Бадо ба ҳоли касоне, ки баъд аз имонашон паймон шикастанд ва тасмим гирифтанд Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ро аз шаҳр берун кунанд ва ҷангро сар карданд. Оё аз мунофиқон метарсед? Дар сурате, ки бояд аз Худо битарсед. Эй мардум ман чунон мебинам, ки ба пастӣ мегароед. Шахсеро, ки ба идора кардани шумо сазовортар аст канор задед ва дар гӯшае ба хушгузаронӣ машғул шудед. Аз майдони васеи зиндагӣ ва ҷиҳод ба муҳити кӯчаки роҳатталабӣ гурехтед. Он чиро дар ботин доштед берун кардед. Ва он чиро нӯшида будед қай кардед. Вале огоҳ бошед, агар шумо ва тамоми аҳли замин кофир шаванд, Худо ба шумо ниёзе надорад.
Эй мардум ман он чиро, ки бояд бигӯям, гуфтам бо ин ки медонам маро ёрӣ нахоҳед кард. Нақшаҳои шумо барои ман пӯшида нест. Аммо чӣ кунам, дарди диле буд, ки аз шиддати нороҳатӣ ифшо кардам, то бар шумо ҳуҷҷате бошад. Акнун хилофату Фадакро маҳкам нигаҳ доред, вале бидонед, ки мушкилоту душвориҳое дар бар дорад ва нангаш ҳамеша бар доманатон боқӣ хоҳад монд. Доғи хашми Худованд бар он зада шуда ва оташи дўзах, кайфари он мебошад. Худо аз кирдори шумо огоҳ аст. Зуд бошад, ки ситамгарон натиҷаи амалҳои худро мушоҳида кунанд. Эй мардум ман духтари паёмбаре ҳастам, ки шуморо аз азоби Худо метарсонид. Пас он чиро метавонед анҷом диҳед. Мо низ аз шумо интиқом хоҳем гирифт. Шумо дар интизор бошед мо низ мунтазирем.[38]
Ҳазрати Заҳро нутқи оташини худро бо камоли шуҷоат, дар муқобили чандин ҳазор ҷамъият ва ҳузури халифа ба поён расонд ва нақшаҳои ғосибонро фош кард ва фазоилу камолоти халифаи воқеии Исломро баён кард.
Маҷлис сахт дигаргун шуд ва фикри ҳамаи ҳозирон ба нафъи Фотима (алайҳо салом) назар дод. Халифа дид, агар Фадакро ба Фотима баргардонад дар дуроҳи қарор хоҳад гирифт:
1-Фикр кард, агар Фотима дар ин қазия пирӯз шуд ва суханонашро мардум тасдиқ карданд, хавфи он меравад, ки фардо биёяд ва хилофатро, низ барои шавҳараш талаб кунад ва боз ҳам суханрониро сар кунад.
Ибни Абилҳадид менависад: Ба Алӣ ибни Форуқӣ устоди мадрасаи ғарбияи Бағдод гуфтам: Оё Фотима дар иддаояш содиқ буд ё на? Гуфт: Оре. Гуфтам: Бо ин ки халифа ӯро ростгӯ медонист чаро Фадакро ба ӯ барнагардонд?! Устод лабханде заду ҷавоби хубе дод. Гуфт: Агар он рӯз Фадакро ба Фотима бармегардонд фардо Фотима меомаду хилофатро барои шавҳараш талаб мекард ва халифаро аз мақоми хилофат дур мекард ва чун қаблан ростгӯ шинохта шуда буд мумкин набуд узре барояш оварда шавад.[39]
2-Агар Фотимаро тасдиқ мекард, бояд ба хатои худаш эътироф мекард ва ба ин васила дар аввали хилофат пеши роҳи эътирозкунандагонро боз мегузошт ва чунин хатаре барои дастгоҳи хилофат қобили таҳаммул набуд.
Аммо халифа шахсе набуд, ки ба зудиҳо майдонро тарк кунад. Албатта ин ҳодисаҳоро аз қабл пешбинӣ карда буд. Фикр кард дар чунин шароите, ки Заҳро фикри мардумро ба худ ҷалб карда, салоҳ нест ба сахтӣ бо ӯ рафтор шавад, вале дар айни ҳол бояд ба ӯ ҷавоб дод ва фикрҳои мардумро тағйир дод. Халифа фикр кард ба василаи зоҳирсозӣ ва тарафдорӣ аз дин метавон мардумро фиреб дод ва дилҳои онҳоро ба тарафи Худ баргардонд.
Халифа дар ҷавоби мантиқи неруманду мустадалли фарзанди Паёмбар ба мардумфиребӣ мутавассил шуду гуфт: Эй духтари Паёмбар падарат нисбат ба мӯъминон меҳрубон буд. Албатта, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) падари ту аст на падари занони дигар, бародари шавҳари ту аст, Алиро бар дигарон бартарӣ медод. Ҳар кас шуморо дӯст бидорад растагор мешавад ва ҳар кас бо шумо душманӣ кунад зиёнкор аст. Шумо итрати Паёмбар ҳастед, моро ба сӯи хайру салоҳ ва биҳишт ҳидоят кардед. Эй беҳтарини занон ва духтари беҳтарини паёмбарон! Мақоми садоқату ақлу фазилати ту бар касе пӯшида нест. Касе ҳақ надорад туро аз ҳаққат маҳрум созад ва такзибат кунад ва ба Худо савганд ман ҳам аз роҳи Расули Худо таҷовуз намекунам ва ҳар коре, ки анҷом диҳам бо иҷозати падарат мебошад.
Қофиласолор, ки дурӯғ намегӯяд. Ба Худо савганд аз падарат шунидам, ки мефармуд: Мо паёмбарон тилло ва нуқра ва хонаву мулк ба ирс намегузорем, ғайр аз илму дониш ва набувват ирси дигаре надорем ва амволе, ки аз мо боқӣ монд дар ихтиёри халифаи мусалмонон аст. Ман аз даромади Фадак аслиҳа мехарам ва бо куффор меҷангам, мабодо гумон кунӣ, ки ман ба танҳоӣ Фадакро гирифтаам, балки тамоми мусалмонон дар ин амал бо ман мувофиқ буданд. Албатта амволи шахсии ман дар ихтиёри шумост ҳар чӣ мехоҳӣ бардор дареғ намедорам. Оё сазовор аст, ки ман бо дастуроти падарат мухолифат кунам?
Ҳазрати Фотима (алайҳо салом) ҷавоб дод: Субҳоналлоҳ, падари ман, ки аз Қуръон рӯй нагардонда бо аҳкоми Ислом мухолифат намекунад. Оё шумо иҷмоъ кардаед, ки хиёнат кунед ва ба падарам бӯҳтон бизанед? Ин амали шумо монанди ҳамон хиёнатҳоест, ки дар замони ҳаёташ муртакиб шудед. Магар на ин аст, ки Худо дар Қуръон аз қавли Закариё нақл мекунад, ки ба Худо гуфт:
"فهب لي من لدنك وليا يرثني ويرث من آل يعقوب".
"Фарзанде ба ман бидеҳ, ки аз ман ва аз Оли Яъқуб ирс бубарад."[40] Магар дар Қуръон нест, ки
"وورث سليمان داود".
"Сулаймон аз Довуд ирс бурд".[41]
Магар аҳкоми ирс дар Қуръон нест? Чаро, ҳамаи ин матолиб дар Қуръон ҳаст ва шумо, низ хабар доред, вале қасди хиёнат доред. Ман ҳам ғайр аз сабр чорае надорам.
Халифа дар ҷавоб гуфт: Худо ва Расул ва ту рост мегӯед, вале ин мусалмонон байни ману ту бояд доварӣ кунанд. Чун инҳо ҳастанд, ки маро ба курсии хилофат нишонданд ва ман бо мувофиқати онҳо Фадакро гирифтам.[42]
Халифа бо зоҳирсозӣ ва мардум фиребӣ тавонист то ҳадде эҳсосоти таҳрикшудаи мардумро то ҳадде хомӯш кунад ва афкори умумиро ба сӯи худаш ҷалб кунад.
Маҷлис ба ҳам хӯрд, мардум мутафарриқ шуданд. Вале сару садо хомӯш нашуд, мавзӯи суханронии Заҳро (алайҳо салом) дар байни саҳоба мавриди баҳсу гуфтугӯ буд, ба гунае ки халифа ночор ба таҳдид ва ба тамаъ водор кардани миллат мутавассил шуд.
Навиштаанд: Дар асари нутқи оташини ҳазрати Заҳро, Мадина дигаргун шуд, садои эътирози мардум ва гиряву нолаашон баланд шуд, он қадар гиря карданд, ки собиқа надошт. Халифа ба Умар гуфт: Чаро нагузоштӣ Фадакро ба Фотима бидиҳам ва маро дар ин бунбаст қарор додӣ? Акнун боз ҳам хуб аст Фадакро баргардонему худамонро роҳат кунем.
Умар гуфт: Баргардондани Фадак салоҳ нест. Бидон, ки ман хайрхоҳи ту ҳастам.
Гуфт: Пас бо мардум чӣ бикунам?
Умар гуфт: Ин эҳсосот бедавом аст ва монанди қитъаи абре беш нест. Ту намоз бихон, закот бидеҳ, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бикун, байтулмоли мусалмононро зиёдтар кун ва силаи раҳм баҷо овар, то Худо гуноҳонатро бубахшад. Чун Худо дар Қуръон мефамояд: "Ҳасанот ва хубиҳо бадиҳоро аз байн мебарад".
Халифа дасташро ба китфи Умар заду гуфт: Офарин чӣ мушкилиҳоеро ту барои ман ҳал кардӣ?!
Сипас мардумро ба масҷид ҷамъ кард ва ба минбар рафт ва баъд аз ҳамду санои илоҳӣ гуфт: Эй мардум ин корҳо ва сару садоҳо чист? Ҳар гӯяндае орзуе дорад, куҷо ин хостаҳо дар замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) вуҷуд дошт? Ҳар кас шунида бигӯяд. На чунин аст, балки ӯ ба монанди рӯбоҳе аст, ки шоҳидаш думаш мебошад...
Агар ман бихоҳам бигӯям мегӯям ва агар бигӯям асрорро ошкор мекунам, вале то вақте ки бо ман коре надошта бошанд сукут хоҳам кард. Аз духтар кўмак меҷӯянд, занҳоро таҳрик мекунанд. Эй ёрони Расули Худо! Гуфтугӯи баъзе аз нодонон ба ман расидааст. Бо ин ки шумо сазовортаред, ки аз дастуроти Расули Худо пайравӣ кунед. Шумо Паёмбарро ҷой додед ва ёрӣ кардед ба ин сабаб сазовортаред, ки аз дастуроташ сарпечӣ накунед бо ҳамаи инҳо фардо биёед ва ҳуқуқатонро (пуле, ки аз байтулмол мегирифтанд) дарёфт кунед. Бидонед, ки ман рози касеро ошкор намекунам ва бо дасту забон касеро озор намедиҳам магар касе, ки мустаҳаққи кайфар бошад.[43]
[1] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.92.
[2] -Раёҳин-уш-шариа ҷ.1.саҳ.239.
[3]-Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.3.саҳ.1259. Саҳеҳи Муслим. Муснади Аҳмад. Комил фит-таърих”-и Ибни Асир ҷ.2. саҳ.217, ва дигарон.
[4] -Сураи Оли Имрон-144.
[5] -Саҳеҳи Муслим ҷ.4.саҳ.1095. Табақоти Ибни Саъд ҷ.2.саҳ.39. Баҳор ҷ.22.саҳ.470. Иршоди Муфид саҳ.88.
[6] -Баҳор-ул-анвор ҷ.22.саҳ.460.
[7] -Ал-Имома вас-сиёса”-и Ибни Қутайба ҷ.1.саҳ.12.
[8]-Ансоб-ул-ашроф”-и Билозарӣ ҷ.1.саҳ.586. "Ал-Имома вас-сиёса»-и Ибни Қутайба ҷ.1.саҳ.12. Ақдул-фарид ҷ.5.саҳ.12. Шарҳи Ибни Абилҳадид ҷ.2.саҳ.56.ҷ.6.саҳ.48 ва дигарон.
[9] -"Ал-Имома вас-сиёса»-и Ибни Қутайба ҷ.1.саҳ.12. Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.197.
[10]-Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.197. Таърих ва китобҳои суннӣ ва шиа бар ин матлаб иттифоқ доранд, ки гурӯҳе, ки бо дастури Халифаи аввал омада буданд ба хонаи ҳазрати Заҳро алайҳо салом ҳуҷум карданд ва халифаи дуввум ҳезум талабид ва аҳли хонаро таҳдид ба оташ задани хона кард. Ҳатто навиштаанд, ки ба халифаи дуввум гуфта шуд: Заҳро дар ин хона аст. Ҷавоб дод: Агар барои байъат набароянд хонаро оташ мезанам гарчи Заҳро дар он бошад. Монанди: Билозарӣ дар Ансоб-ул-ашроф, Ибни Абушайба дар "Ал-Мусаннаф" Яъқубӣ дар таърихаш ва Ибни Қутайба дар "Ал-Имома вас-сиёса" Абулфидо ва Ибни Абулҳадид ва Абдурабба дар Ақдул фарид ва дигарон мавзӯи таҳдид ва ҳамларо навиштаанд. Худи халифаи аввал низ вақти мурдан, аз ҳамла ба хонаи Заҳро алайҳо салом изҳори пушаймонӣ намуд, ки Ибни Убайд дар "Амвол" ва Табаронӣ дар Мӯъҷамаш бо санади саҳеҳ онро нақл кардаанд. Китобҳои аҳли суннат дар бораи ҳодисаҳои баъд аз ҳамла ва таҳдид чизе нанавиштаанд ва бо сукут аз он гузаштаанд.
[11] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.197.
[12] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.198.
[13]- Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.198.
[14] - Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.47.
[15]-Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.210.
[16] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.102. Дур-ул-мансур ҷ.4.саҳ.177.
ровиён: 1)Имом Алӣ. 2)Ибни Аббосаҳ. 3)Абўсаид Худрӣ бо се санад. 4)Имом Саҷҷод. 5)Имом Содиқ.
Китобҳо: 1)”Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ 2)”Муснад”-и Абуяъло ҷ.2.саҳ.334.р.1076. 3)”Муснад”-и Баззор. 4)”Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.7.саҳ.49. 5)“Шавоҳид-ут-танзил”-и Ҳасконӣ ҷ.1.саҳ.438 то 448 ва 570. 6)Тафсири Ибни Касир ҷ.3.саҳ.39. 7)Тафсири Ҷалолайн-и Суютӣ саҳ.512. 8)“Дур-ул-мансур”-и Суютӣ ҷ.4. саҳ.176. 9)“Лубоб-ун-нуқул”-и Суютӣ саҳ.123“. 10)“Фатҳ-ул-қадир”-и Шавконӣ ҷ.3.саҳ.224. 11)Канз-ул-уммол” ҷ.3.саҳ.767.р.8696.
[17] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.102. Дур-ул-мансур ҷ.4.саҳ.177.
[18]-Сафинатул-баҳор ҷ.2.саҳ.351.
[19] -Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.214.
[20] - Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.216.
[21] -Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.9.саҳ.224. Тазкираи Ибни Ҷавзӣ саҳ.303.
[22] -Саҳеҳи Муслим ҷ.4.саҳ.1888.
[23] -Баҳор-уланвор ҷ.16.саҳ.3.
[24] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.85.
[25]-Муснад"-и Аҳмад ҷ.4.саҳ.270-272-275. "Сунан"-и Насоӣ ҷ.5.саҳ.139-365,р.8495-9155. "Сунан”-и Абўдовуд ҷ.4.саҳ.300. р.4999. 6)“Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.1.саҳ.75.р.39. ”Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.171.ҷ.10.саҳ.143. "Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.127-201. Ҳайсамӣ ду санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.
[26]-Иршоди Шайх Муфид саҳ.90.
[27] -Носихут-таворих саҳ.122.
[28]-"Таърихул мадинатул мунаввара"-и Ибни Шабба ҷ.1.саҳ.124, бо санади саҳеҳ. "Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.274. Иҳтиҷоҷи Табрасӣ ҷ.1.саҳ.121. Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.104. Ибни Абилҳадид мегўяд: Ин хабар бо санадҳои гуногун нақл шудааст.
[29]-Эҳтиҷоҷи Табрасӣ ҷ.1.саҳ.121. Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.104.
[30] -Наҳҷ-ул-балоға номаи 45.
[31] -Сураи Намл-16.
[32] -Сураи Марям-4.
[33] -Сураи Нисо-11.
[34] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.104.
[35] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.104.
[36] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.105.
[37] -Сураи Оли Имрон ояти 144.
[38] -Китоби "Балоғотун-нисо"-и Абулфазл ибни Абутоҳир мутаваффои соли 380-и ҳиҷрӣ саҳ.12-18. "Манолу толиб шарҳи ғарибут-тивол"-и Ибни Асир саҳ.501 то 528. "Ал-Фоиқ"-и Замахшарӣ ҷ.3.саҳ.331.ҷ.4.саҳ.186. "Ғариб-ул-ҳадис"-и Ибни Қутайба ҷ.1.саҳ.590, ба хатба ишора карда. Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.211, ба нақл аз китоби "Сақифа"-и Ҷавҳарӣ. Эҳтиҷоҷи Табарсӣ ҷ.1.саҳ.131-141. Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.106.
[39]-"Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға"-и Ибни Абилҳадид ҷ.16.саҳ.284.
[40] -Сураи Марям ояти 6.
[41] -Сураи Намл-16.
[42] -Эҳтиҷоҷи Табарсӣ ҷ.1.саҳ.141.
[43] -Далоил-ул-имома саҳ.38.