back page

Илму дониши Фотима (алайҳо салом)

next page

 

Аммор мегўяд: Рўзе Алӣ (алайҳис-салом) вориди хона шуд, Фотима (алайҳо салом) гуфт: Эй Алӣ биё наздик то аз ҳодисаҳои гузаштаву оянда бароят сухан гўям, Амиралмўъминин, ки аз сухани Фотима дар шигифт буд ба ҳузури Паёмбар расид ва салом карду дар ҷониби он ҳазрат нишаст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуд: Эй Алӣ оғоз ба сухан мекунӣ ва ё ман бигўям? Имом фармуд: Дўст дорам аз суханони шумо истифода кунам.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуд: Гўё Фотима ин чунин ва он чунон гуфт ва ба ҳамин сабаб ба назди ман омадӣ. Ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) гуфт: Эй Расули Худо магар нури Фотима ҳам аз синхи нури мост? Фармуд: Магар намедонистӣ?

Амиралмўъминин (алайҳис-салом) аз шунидани ин сухан ба саҷдаи шукр афтод ва Худоро сипос гуфт.

Сипас ба назди Фотима баргашт. Ҳазрати Фотима (алайҳо салом) гуфт: Эй Алӣ гўё ба назди падарам рафтӣ ва ин чунину он чунон бароят фармуд: Гуфт: Оре, эй духтари Паёмбар!

Фотима гуфт: Эй Алӣ Худованд нури маро офарид ва Худоро тасбеҳ мегуфт онгоҳ ўро дар яке аз дарахтони биҳиштӣ ба амонат гузошт. Онгоҳ, ки падарам вориди биҳишт шуд аз тарафи Худо маъмур шуд, ки аз меваҳои он дарахт бихўрад ва ба ин васила нури ман ба он ҳазрат мунтақил шуд. Ва аз сулби падар ба раҳми модар мунтақил шудам. Эй Алӣ ман аз он нур ҳастам ва ҳодисаҳои гузаштаву ояндаро ба василаи он нур меёбам. Эй Алӣ мўъмин ба василаи нури Худо мебинад.[1]

Имом Ҳасани Аскарӣ салавотуллоҳи алайҳ фармуд: Зане ба хидмати ҳазрати Заҳро расиду гуфт: Модари нотавоне дорам, ки дар амри намоз ба мушкилоте бархўрда ва маро ба назди шумо фиристод, ки аз шумо бипурсам ва масъалаеро ба миён гузошт. Ҳазрати Фотима (алайҳо салом) ҷавоби он масъаларо дод. Он зан масъалаи дигаре пурсид ва ҳазрат ҷавобашро дод. Масъалаи саввумро пурсид ва ҳамчунин то даҳ масъала шуд. Ҳазрати Заҳро ҳамаро ҷавоб дод. Сипас он зан аз ин ки зиёд савол кард шарм дошту гуфт: Эй духтари Расули Худо дигар музоҳим намешавам, монда шудед. Фотима (алайҳо салом) фармуд: Шарм надор ҳар саволе дорӣ бипурс то ҷавобат диҳам, ман аз саволҳои ту монда намешавам, балки бо камоли майл ҷавоб медиҳам. Агар касе ба хидмат гирифта шавад, ки бори вазнинеро ба бом ҳамл кунад ва дар муқобили он сад ҳазор динор ҳақ бигирад оё аз бардоштани он бор монда мешавад?! Он зан ҷавоб дод. На монда намешавад, чуд дар баробари он музди зиёде дарёфт мекунад. Ҳазрати Фотима фармуд: Худованд дар баробари ҳар масъала он қадар бар ман савоб медиҳад, ки бештар аст аз ин ки байни замину осмон пур аз марворид бошад. Бо вуҷуди ин оё аз ҷавоб додан ба масъала монда мешавам?

Аз падарам шунидам, ки мефармуд: Олимонт пайрави ман дар қиёмат маҳшур мешаванд ва Худованд ба миқдори илми онҳо ва маротиби ҷиддияту кўшишашон дар роҳи иршоду ҳидояти мардум бар онҳо савоб медиҳад. Ҳатто ба яке аз онҳо ба миқдори як милион ҳула аз нур медиҳад. Сипас мунодии ҳақ таоло нидо мекунад! Эй касоне, ки ятимони Оли Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро дар он замоне, ки аз имомонашон ҷудо ва дур шуда буданд такаффул намудед. Инҳо шогирдони шумо ва ятимоне ҳастанд, ки зери такаффули илми шумо ба диндории худ идома доданду ҳидоят шуданд. Ба миқдоре, ки дар дунё аз илми шумо истифода карданд бар онҳо хилъат бидиҳед. Дар ин ҳангом олимони уммати ман ба пайравонашон хилъат медиҳанд ва ҳатто ба баъзеи онҳо сад ҳазор хилъат хоҳанд дод. Сипас он ятимон ба шогирдони худ, низ хилъатҳо медиҳанд. Баъд аз он ки хилъатҳо байни мардум тақсим шуд аз тарафи Худованд дастур мерасад, ки хилъатҳои олимонро, ки тақсим кардаед комилашон кунед, то ба миқдори гузашта шавад, сипас дастур медиҳад, ки ду баробараш кунед ва ҳамчунин ба касоне, ки аз ў пайравӣ кардаанд. Онгоҳ ҳазрати Фотима (алайҳо салом) фармуд: Эй бандаи Худо! Як ришта аз он хилъатҳо ҳазор-ҳазор мартаба беҳтар аст аз он чӣ хуршед бар он метобад, чун корҳои дунёӣ бо гирифториҳо олудааст, аммо неъматҳои охират айбу нақсе надорад.[2]

Имом Ҳасани Аскарӣ (алайҳис-салом) фармуд: Ду нафар зан, ки яке мўъмин ва дигари мункири Худо буд дар як матлаби динӣ бо ҳам ихтилоф карданд. Барои ҳалли он хидмати ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) расиданд ва достонро таъриф карданд. Чун ҳақ бо зани мўъмин буд ҳазрати Заҳро суханашро бо далел таъйид кард ва ба ин васила ба зани кофир пирўз шуд ва аз ин пирўзӣ шодмон шуд. Ҳазрати Фотима (алайҳо салом) ба он зани мўъмин гуфт: Фариштагони илоҳӣ беш аз ту хушҳол шуданд ва ғаму андўҳи шайтону пайравонаш низ беш аз ғаму андўҳи ин зани кофир мебошад.

Онгоҳ Имом Ҳасани Аскарӣ (алайҳис-салом) фармуд: Ва ба ин сабаб Худованд ба фариштагонаш фармуд: Дар ивази хидмате, ки Фотима ба ин зани мўъмин кард ҳазор-ҳазор баробари он чӣ қаблан буд қарор бидиҳед. Ва ҳамин равишро дар бораи ҳар донишманде, ки бо илму дониши худ мўъминеро тақвият кунад, то бар кофире пирўз гардад ба кор бигиред ва савобашро ҳазор-ҳазор баробар қарор диҳед.[3]

Имону ибодати Фотима (алайҳо салом)

Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар бораи Фотима (алайҳо салом) фармуданд: Имон ба Худо дар аъмоқи дилу ботин ва рўҳи Заҳро чунон нуфуз карда, ки барои ибодати Худо худашро аз ҳама чиз фориғ мекунад.[4]

Имом Ҳасан (алайҳис-салом) мефармояд: Модарам Заҳроро дар шаби ҷумъа дидам, ки то субҳ машғули ибодат буд. Доиман дар рукўъ ва суҷуд буд, то ин ки сафедии субҳ дамид. Шунидам, ки мўъминонро як-як ном мебур ва дуо мекард, вале барои худаш дуо накард. Гуфтам: Модарҷон! Чаро барои худат дуо намекунӣ? Фармуд: Аввал ҳамсоя баъд худ.[5]

Ҳасани Басрӣ мегўяд: Фотимаи Заҳро обидтарини мардум буд. Дар ибодати Худованд он қадар барпо меистод, то поҳои муборакаш варам мекард.[6]

Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  мефармуд: Духтарам Фотима беҳтарини занони олам аст. Пораи тани ман ва нури чашми ман ва рўҳу равони ман аст. Ҳурияе ба сурати инсон. Онгоҳ, ки дар меҳроби ибодат биистад нураш барои фариштагони осмон дурахшандагӣ мекунад. Худованд ба фариштагон хитоб мекунад, ки бандаи маро бубинед чӣ гуна дар муқобили ман ба намоз истода ва аъзои баданаш аз тарс меларзад ва ғарқи ибодат аст. Эй фариштагон гувоҳ бошед, ки пайравони Фотимаро аз азоби дўзах дар амон қарор додам.[7]

Албатта касе, ки дар маркази нузули Қуръон таваллуд шуда бошад ва дар домани ваҳй рушд кунад ва шабу рўз гўшаш бо садои Қуръон ошно бошад ва зери тарбияти падаре монанди Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  қарор гирад, ки он қадар ибодат кунад то поҳои муборакаш варам кунад ва дар хонаи шавҳаре монанди Алӣ (алайҳис-салом) зиндагӣ кунад, ки обидтарини аҳли замонаш аст, бояд чунин мақоми болоеро дар ибодат дошта бошад ва бояд имон дар умқи рўҳаш нуфуз кунад.

 

Гарданбанди пурбаракат

Ҷобир мегўяд: Рўзе намози асрро бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  хондам. Асҳоб гирдаш нишаста буданд. Ногоҳ пирамарде хидмати Паёмбар расид, ки либоси кўҳна пўшида буд ва аз шиддати пириву нотавонӣ наметавонист бар ҷои худ қарор гирад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  мутаваҷҷеҳ шуд ва аз аҳволаш пурсид, пирамард гуфт: Эй Расули Худо марде ҳастам гурусна серам кун, бараҳнаам либосам деҳ, фақирам чизе ба ман ато кун.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: Ман ҳоло чизе надорам, вале туро ба ҷое раҳнамои мекунам, шояд ҳоҷатат бароварда шавад. Бирав ба хонаи касе, ки Худо ва Расулашро дўст медорад, Худову Расул, низ ўро дўст доранд. Бирав ба хонаи духтарам Фотима шояд ба ту чизе бидиҳад. Сипас ба Билол фармуд: Пирамардро ба хонаи Фотима роҳнамоӣ кун.

Билол бо ҳамроҳи пирамард ба хонаи Фотима (алайҳо салом) рафтанд. Пирамард гуфт: Салом бар шумо эй хонаводаи набувват ва маркази нузули фариштагон. Фотима (алайҳо салом) ҷавобашро дод ва пурсид: Кистӣ? Гуфт: Фақире ҳастам ба назди падаратон омадам ва маро ба сўи шумо фиристод. Эй духтари Паёмбар гуруснае ҳастам серам кун, бараҳнаам либосам деҳ, фақирам чизе ба ман ато кун. Ҳазрати Фотима, ки ҳеҷ таоме дар хона надошт пўсти гусфандеро, ки ҷои хоби Имом Ҳасану Имом Ҳусайн буд ба пирамард дод. Пирамард гуфт: Ин пўст куҷо зиндагии маро ислоҳ мекунад? Фотима гарданбандеро, ки духтари амакаш ба ў ҳадя дода буд ба ў дод ва фармуд: Инро бифрушу зиндагиятро бо он ислоҳ кун.

Пирамард баргашт ва достонро ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  бозгў кард. Он ҳазрат гиря карду фармуд: Гарданбандро бифруш шояд Худованд ба баракати он барои ту кушоише бидиҳад.

Аммор аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  иҷозатт гирифт, то онро харидорӣ кунад ва аз пирамард пурсид: Онро ба чӣ қимате мефурушӣ? Гуфт: Ба баҳои он ки шикамамро бо нону гуфт сер кунӣ ва як бурди Ямонӣ бар танам бипушонӣ, то бо он намоз бихонам ва як динор пул бидиҳӣ, то маро ба назди аҳлам бирасонад.

Аммор гуфт: Ман ин гарданбандро ба бист динор ва 200-дирҳам ва як бурди Ямонӣ ва як ҳайвони саворӣ ва нону гуште, ки серат кунад мехарам.

Пирамард гарданбандро ба Аммор фурухту пулашро гирифт ва хидмати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  баргашт. Ҳазрат аз ў пурсид: Сер шудӣ ва пўшида шудӣ? Гуфт: Оре, ба баракати атои Фотима (алайҳо салом) бениёз шудам. Худованд дар иваз бар Фотима атое кунад, ки на чашме дида ва на гўше шунида бошад.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба асҳоб фармуд: Худованд дар ҳамин дунё чунин атоеро бар Фотима кардааст. Чун падаре мисли ман ва шавҳаре мисли Алӣ ва фарзандоне мисли Ҳасану Ҳусайн ба ў насиб гардонидааст. Вақте Азроил Фотимаро қабзи рўҳ кунад ва дар қабр аз ў бипурсанд: Паёмбарат кист? Ҷавоб медиҳад: Падарам. Мегўянд: Имомат кист: Ҷавоб медиҳад: Шавҳарам, Алӣ. Худованд гурўҳе аз фариштагонро маъмурият дода, ки баъд аз мурданаш доим дуруд мефиристанд бар ў ва бар падараш ва шавҳару фарзандонаш. Огоҳ бошед, ки ҳар кӣ маро баъд аз вафотам зиёрат кунад, мисли касест, ки маро дар замони ҳаётам барои зиёратам омада бошад ва ҳар кас ба зиёрати Фотимаам биравад мисли он аст, ки маро зиёрат карда бошад.

Аммор гарданбандро гирифт ва онро хушбў кард ва ба порчаи ямонӣ печонду ба ғаломаш гуфт: Инро бубар хидмати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  тақдим кун, худатро низ ба он ҳазрат бахшидам. Вақте ғулом ба назди Паёмбар рафт ҳазрат ҳар дуро ба Фотима бахшид. Фотима (алайҳо салом) гарданбандро гирифт ва ғуломро озод кард. Ҳангоме ки ғулом озод шуд хандид. Сабаби хандаашро пурсиданд, гуфт: Аз баракати ин гарданбанд маро шигифт омад, чун гуруснаеро сер кард, бараҳнаеро пўшиш дод, фақиреро бениёз кард, ғуломеро озод намуд ва боз ҳам ба назди соҳибаш баргашт.[8]

 

Муҳаббату эҳтироми Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  нисбат ба Фотима салавотуллоҳи алайҳо

 

Оиша мегўяд: Фотима дар сухан гуфтан шабеҳтарин шахс бар Паёмбар буд. Вақте бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ворид мешуд Паёмбар дасташ Фотимаро мегирифт ва мебўсид ва ба ҷои худ мешинонд. Ҳар гоҳ Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба Фотима ворид мешуд, ба эҳтироми падар аз ҷо бармехост, дасти он ҳазратро мебўсид ва дар ҷои худаш мешинонд.[9]

Рўзе Оиша Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)- ро дид, ки Фотима (алайҳо салом)-ро мебўсад. Гуфт: Эй Расули Худо оё ҳануз ҳам Фотимаро мебўсӣ бо ин ки шавҳар дорад? Фармуданд: Агар медонистӣ чӣ қадар Фотимаро дўст медорам, муҳаббати ту низ нисбат ба ў зиёдтар мешуд. Фотима ҳуррияе аст ба сурати инсон. Ҳар вақт муштоқи бўи биҳишт мешавам ўро мебўсам.[10]

Алӣ (алайҳис-салом) аз Паёмбар пурсид: Эй Расули Худо маро бештар дўст дорӣ ё Фотимаро?

Фармуд: Ту азизтарӣ ва Фотима маҳбубтар.[11]

Фотима (алайҳо салом) мегўяд: Вақте ин оят нозил шуд:

"لا تجعلوا دعاء الرسول بينكم كدعاء بعضكم بعضا".

 

"Паёмбарро ҳанмон гуна ки ҳамдигарро мехонед нахонед".

Ман дигар падарамро бобо хитоб намекардам ва эй Расулаллоҳ мегуфтам. Чандин мартаба ўро садо кардам, вале ҷавобамро надод ва сипас фармуд: Фотимаҷон ин оят дар бораи тую фарзандонат нозил нашуда. Ту аз манӣ ва ман аз ту ҳастам. Ин оят дар бораи мутакаббирони қурайш нозил шудааст. Ту ба ман падар бигў, чун ин иборат қалби маро зинда мекунад ва парвардигори ҷаҳонро хушнуд месозад.[12]

Аз Оиша пурсиданд, маҳбубтарини мардум назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  чӣ касе буд? Гуфт: Фотима. Пурсиданд аз мардон чӣ? Гуфт: Шарҳараш Алӣ.[13]

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  то сурати Фотимаро намебўсид ба хоб намерафт.[14]

Паёмбари гиромӣ ҳар вақт мехост ба сафар биравад охирин видояш бо Фотима буд ва вақте ҳам аз сафар бармегашт аввал ба дидори Фотима (алайҳо салом) мешитофт.[15]

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  мефармуданд: Фотима пораи тани ман аст ҳар кӣ ўро хушнуд кунад маро хушнуд карда ва ҳар кӣ ўро азият кунад маро азият кардааст. Азизтарини мардум назди ман Фотима аст.[16]

Дар ин шакке нест, ки Паёмбари гиромӣ беш аз ҳадди маъмул бар Фотима (алайҳо салом) изҳори муҳаббат мекард дар ҳадде, ки гоҳе мавриди норизоятии дигарон қарор мегирифт. Албатта муҳаббату алоқа ба фарзанд, ҳаққи табиии ҳар падаре аст, вале агар аз ҳадди маъмулӣ бигзарад, бояд сабаби дигаре дошта бошад. Изҳори муҳаббати беҳад нисбат ба фарзанд мумкин аст сабабаш ҷаҳлу кўтоҳфикрии падар бошад, вале бидуни шак ин сабабро наметавон ба паёмбаре нисбат дод, ки Худованд дар борааш мефармояд:

"انك لعلى خلق عظيم".

“Ту дорои хулқи азим ҳастӣ.”[17]

Паёмбаре, ки тимоми корҳояш тибқи ваҳйи илоҳӣ аст ва Худованд дар борааш мефармояд:

"ان هو الا وحي يوحی".

 “Паёмбар аз ҳаво сухан намегўяд ҳар чӣ ў мегўяд вайҳ аст.”[18]

Бинобар ин ин ҳама изҳори муҳаббатҳои Паёмбар бояд сабаби дигаре дошта бошад.

Он ҳазрат мақому ҷойгоҳи болои фарзандаш Фотимаро ба хубӣ мешинохт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  медонист, ки Фотима маркази тавлиди нерўи вилоят ва модари имомон ва пешвоёни дин аст. Зани намунаи Ислом ва маъсум аз ҳар гуноҳе аст. Ба ғайр аз Расули Худо ва Алӣ (алайҳимо салавотуллоҳ) касе наметавонист мақоми болои ўро дарк кунад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  медонист, ки нури Фотима равшанибахши фариштагони осмон аст ва бўи биҳиштро аз Фотима истишмом мекард.

 

Фотима духтари шоистаи Паёмбар

Фотима (алайҳо салом) духтари шоистаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  буд. Ҳар зане лаёқати чунин мақомеро надорад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  духтарони дигаре ҳам дошт, вале ҳеҷ як аз онҳо ба мақому мартабаи Заҳро нарасиданд ва чунин лаёқатеро ба даст наоварданд. Шояд хонандагон аз ин сухан таҷҷуб кунанд ва бигўянд, ки ҳамаи онҳо воқеан фарзандони он ҳазрат буданд ва байни Заҳро ва дигарон аз ин ҷиҳат фарқе нест. Дар баёни ин матлаб мегўем: Оре, сухани шумо дуруст аст, вале сухан дар фарзанд будани урфӣ нест, балки мақсад фарзанд будан барои Паёмбар ба унвони мақоми болои набувват мебошад.

Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз ҷиҳати мақоми шомихи набувват ва раҳбарии илоҳӣ дорои шахсияти хос ва шууни махсусе мебошад, ки барои ҳифзи мақом ва муваффақияти хосси худ бояд онҳоро риоят кунад. Ба ҳамин сабаб аз иртикоби гуноҳ маъсум буд ва бар тибқи гуфтораш амал мекард. Ба илова кўшиш мекард дар таҳаммули сахтиҳо бо мусалмонҳо шарик бошад. Хўроку пўшок ва лавозими зиндагӣ ва маскани ў дар ҳадди миёна балки дар сатҳи фуқарои муслимин буд. Дар риояти ахлоқи исломӣ чунон буд, ки Худованди мутаол дар борааш мегўяд:

"وانك لعلى خلق عظيم".

"Ба дурустӣ, ки ту дорои хулқи бузург ҳастӣ".

Дар ибодат то ҳадде кўшо буд, ки Қуръон дар борааш мефармояд:

"طه ما انزلنا عليك القرآن لتشقى".

 

Тоҳо. Мо Қуръонро барои ин ки машаққат кашӣ нафиристодем”.

Ба ҳамин сабаб дар қалбҳои мусалмонон нуфуз дошт ва раҳбарияшро бо ҷону дил мехаридаенд.

Бар хонандагон пўшида нест, ки иҷрои комили чунин барномае бидуни кўмаку ҳамкориҳои зану фарзондон имкон пазир нест. Агар онҳо тавофуқ дошта бошанд ва ҳамкорӣ кунад мард метавонад ба масъулияти худ амал кунад вагарна бисёр мушкил хоҳад буд.

Паёмбари гиромӣ на танҳо вазифа дошт, ки худ ба ин барнома амал кунад, балки вазифа дошт ба хонаводааш, низ бифаҳмонад, ки онҳо низ дорои чунин вазифаи вазнине ҳастанд ва ҳамкории онҳо барои тавфиқ дар расидан ба ҳадаф зарурат дорад. Дар Қуръон ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  хитоб мешавад, ки ба хонаводаат чунин бигў:

 

"يا أيها النبي قل لازواجك إن كنتن تردن الحياة الدنيا وزينتها فتعالين أمتعكن وأسرحكن سراحا جميلا وإن كنتن تردن الله ورسوله والدار الآخرة فإن الله أعد للمحسنات منكن أجرا عظيما".

 

“Эй Паёмбар ба занонат бигў: Агар шумо толиби зиндагии мураффаҳ ва зебоиҳои дунё ҳастед, биёед, то маҳрияи шуморо бидиҳам ва ба хубӣ озодатон кунам ва агар толиби Худо ва Расул ва дори охират ҳастед, (бидонед, ки) Худо барои хубони шумо подоши бисёр бузурге фароҳам сохтааст.[19]

Баъд аз он Қуръон занони Паёмбарро мавриди хитоб қарор дода мефармояд:

 

"يا نساء النبي من يأت منكن بفاحشة مبينة يضاعف لها العذاب ضعفين وكان ذلك على الله يسيرا. ومن يقنت منكن لله ورسوله وتعمل صالحا نؤتها اجرها مرتين واعتدنا لها رزقا كريما. يا نساء النبي لستن كأحد من النساء إن اتقيتن فلا تخضعن بالقول فيطمع الذي في قلبه مرض وقلن قولا معروفا وقرن في بيوتكن ولا تبرجن تبرج الجاهلية الاولى وأقمن الصلاة وآتين الزكاة وأطعن الله ورسوله إنما يريد الله ليذهب عنكم الرجس أهل البيت ويطهركم تطهيرا واذكرن ما يتلى في بيوتكن من آيات الله والحكمة إن الله كان لطيفا خبيرا".

 

“Эй занони Паёмбар ҳар як аз шумо, ки кори норавое анҷом диҳад, азобаш дучандон хоҳад буд. Ва ин кор бар Худо осон аст. Ҳар кӣ аз шумо фармонбардори Худову Расулаш бошад ва амали шоиста анҷом диҳад, подоши ўро дучандон хоҳем дод ва (дар биҳишт) барояш рўзии хубе фароҳам сохтаем. Эй занони Паёмбар шумо монанди дигар занҳо нестед, агар парҳезкор ва ботақво бошед. Пас (бо мардони бегона) бо садои нозук сухан нагўед, мабодо касе, ки дар дил беморӣ дорад ба тамаъ биафтад, балки ба таври маъмулӣ сухан бигўед. Дар хонаҳоятон биншинед ва монанди занони замони ҷоҳилият зинат дода худро зоҳир накунед. Намозро ба по доред ва закот бидиҳед ва аз Худову Расул итоат кунед. Худо чунин ирода кардааст, ки шумо Аҳли Байт аз ҳар айбе пок бошед. Ва аз он ҳама ҳикмату оёти илоҳӣ, ки дар хонаи шумо тиловат мешавад, панд бигиред ва онҳоро ба ёд дошта бошед. Худо меҳрубон ва огоҳ аст.[20]

Аз оёти ёд шуда матолиби бисёр муҳимме истифода мешавад, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  вазифа дорад хонаводаашро ислоҳ кунад ва аз хушгузаронӣ ва зебоигароӣ бар ҳазар бидорад. Ва ба онҳо бифаҳмонад, ки хонаи Паёмбар ҷои хушгузаронӣ ва зебоигароӣ нест, балки ҷои баробарӣ ва содазистӣ ва хизмат ба Ислому мусалмонон аст. Хонаи Паёмбар ҷойгоҳи бисёр муқаддасе аст, ки мардум интизор доранд осори Исломро дар он бо чашм мушоҳида кунанд.

Худованди Мутаол дар ин оёт ба занони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  гўшзад мекунад, ки шумо монанди дигар занҳо нестед, балки вазифаи бузургеро пазируфтаед. Бояд мувозиби корҳоятон бошед, чун кори бади шумо азобаш дучандон аст ва корҳои неки шумо, низ подоши ду баробар дорад. Шумо вобаста ба Паёмбар ва Аҳли Байти набувват ҳастед, шууни ин хонаро нигаҳ доред. Дар риояти тақво ва ҳиҷоби исломӣ кўшо бошед ва монанди занони ҷоҳилият дар кўчаҳову бозор худнамоӣ накунед. Ва ҳатто мувозиби тарзи сухан гуфтанатон бошед. Аз дастуроти Худо ва Паёмбар итоат кунед. Ва ба оёту ривоёте, ки дар хонаи шумо тиловат мешавад, таваҷҷўҳ дошта бошед. Дар хонаи шумо сухан аз имону тақво ва маънавият, баробарӣ ва исору фидокорӣ ва беарзиш будани симу зари дунё ва адолатхоҳӣ ба миён меояд. Мабодо зиндагии дохилӣ ва рафтори шумо бар хилофи гуфторатон бошад. Агар ба вазифаи бузурги худ амал кардед лаёқат доред, ки аз Аҳли Байт бошед. Ва агар дар анҷоми вазифаи худ кўтоҳӣ кардед, лаёқати онро надоред, ки аз Аҳли Байт бошед, гарчи дар ин хона зиндагӣ кунед ҳамсар ё фарзанди тании Паёмбар бошед.

Албатта ҳар касе лаёқати чунин мақомеро надорад. Дар ин байн танҳо ҳазрати Заҳро буд, ки тибқи хостаи Расули Худо амал мекард ва ҳақиқатан фарзанди шоиставу лоиқи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  буд. Ва ба ҳамин сабаб Паёмбар дар борааш фармуд: "Духтарам Фотима беҳтарини занони гузашта ва оянда аст. Вақте дар меҳроб машғули ибодат мешавад ҳафтод ҳазор фаришта бар ў салом медиҳанд ва мегўянд: Эй Фотима Худованд туро ихтиёр намуд ва покиза қарор дод ва туро бар тамоми занони олам бартарӣ бахшид".

Боз ҳам Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар борааш фармуд:  "Имон ба Худо дар умқи қалбу рўҳи Фотима нуфуз карда, ки барои ибодати Худо худро аз ҳар чизе фориғ мекунад".

Ва мефармуд: "Онгоҳ, ки Фотима дар меҳроби ибодат биистад нураш барои фариштагони осмон дурахшандагӣ мекунад. Худованд ба фариштагон хитоб мекунад, ки бандаи маро бубинед чӣ гуна дар муқобили ман ба намоз истода ва аъзои баданаш аз тарс меларзад ва ғарқи ибодат аст".

Асмо мегўяд: Рўзе назди Фотима (алайҳо салом) будам, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ворид шуд ва гарданбанде аз тилло дар гардани Фотима (алайҳо салом) дид, фармуд: Духтарам ба сухани мардум, ки мегўянд: Фотима духтари Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аст мағрур нашав дар ҳоле ки либоси ситамкоронро дар тан дошта бошӣ. Заҳро (алайҳо салом) фавран гарданбандро берун овард ва фурўхт ва бо пулаш ғуломеро хариду озод кард. Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз амали Фотима хушҳол шуд.[21]

Шумо дар фаслҳои гузаштаи ҳамин китоб бо илму дониши Фотима ва саъю кўшишаш дар тарвиҷи улум ва бо мақоми убудияту ҳузури қалби он ҳазрат ва бо зиндагии сахт ва таҳаммули душвориҳо ва исоргариҳои он ҷаноб ошно шудед ва ниёзе ба такрор нест. Дар асари ҳамин хусусиятҳо буд, ки мавриди икрому эҳтиром ва муҳаббати фавқулоддаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  қарор мегирифт ва лаёқати фарзандиро ба даст овард ва аз Аҳли Байт шуд.

 

Зиндагии сахти Фотима ва Алӣ алайҳимо салом

 

Як вақт зиндагӣ чунон ба Алӣ (алайҳис-салом) сахт шуд, ки Фотима (алайҳо салом) ба хидмати падар рафт, дари хонаро куфт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба Умми Айман гуфт: Гўё духтарам Фотима аст. Дарро боз кун бубин кист. Вақте дарро боз кард, Фотима дохил шуд. Салом доду маҳзари падар нишаст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуд: Фотимаҷон ту ҳеҷ вақт ин мақеъ ба хонаи ман намеомадӣ акнун чӣ шудааст? Гуфт: Эй Расули Худо таоми фариштаҳо чист?

Фармуд: Ҳамди Худо.

Гуфт: Падарҷон пас таоми мо чист?

Фармуд: Ба Худо савганд инак як моҳ аст, ки дар хонаи Оли Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  оташе равшан нашудааст. Нури чашмони ман биё то панҷ калимаеро, ки Ҷабраил ба ман ёд дода ба ту ёд бидиҳам. Бигў: Ё раббал аввалина вал-охирин ё зул-қувватил-матин ва ё роҳимал-масокин ва ё арҳамар-роҳимин.

Ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) дуоро ёд гирифту ба хона баргашт.

Имом Алӣ (алайҳис-салом) пурсид: Куҷо будӣ? Ҷавоб дод: Барои талаби дунё рафтам, вале барои охират дастур гирифтам.

Фармуд: Имрўз беҳтарин рўзат буд.[22]

Рўзе Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз Фотима аёдат кард ва аҳволашро пурсид. Фотима (алайҳо салом) гуфт: Падарҷон бемор ҳастам ва бадтар аз он чизе надорем бихўрем. Фармуд: Бароят басанда нест, ки сарвари занони ҷаҳон бошӣ.[23]

Имом Содиқ (алайҳис-салом) фармуд: Рўзе Фотима (алайҳо салом) ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  гуфт: Алӣ ҳар чӣ дорад миёни фақирон тақсим мекунад.

Ҳазрат фармуд: Фотимаҷон! Мабодо бародарам ва писари амакамро нороҳат кунӣ. Чун ғазаби Алӣ ғазаби ман ва ғазаби ман ғазаби Худост.[24]

Асмо мегўяд: Рўзе Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба хонаи Фотима (алайҳо салом) омад ва дид, ки Ҳасану Ҳусайн (алайҳимо салом) нестанд, аҳволашонро пурсид. Фотима гуфт: Имрўз дар хонаи мо чизе барои хўрдан вуҷуд надошт. Алӣ (алайҳис-салом) вақте хост берун биравад фармуд: Ҳасану Ҳусайнро бо худ мебарам мабодо, ки гиря кунанд ва аз ту хўрок талаб кунанд. Онҳоро бардошту рафт назди як шахси яҳудӣ.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар ҷустиҷўи Алӣ (алайҳис-салом) берун рафт. Ўро дар нахлистони яҳудӣ ёфт, ки машғули обкашӣ буд. Ҳасану Ҳусайнро машғули бозӣ дид ва миқдоре хурмо низ дад наздашон буд. Ба Алӣ (алайҳис-салом) фармуд: Қабл аз он ки ҳаво гарм шавад Ҳасану Ҳусайнро ба хона бар намегардонӣ? Гуфт: Эй Расули Худо аз хона берун омадам дар ҳоле ки таоме дар хона надоштем. Сабр кунед, то каме хурмо барои Фотима таҳия кунам. Ман бо ин яҳудӣ қарор гузоштаам дар муқобили ҳар сатл об як дона хурмо бигирам.

Вақте миқдоре хурмо омода шуд онҳоро ба доман андохт ва Ҳасану Ҳусайнро бағал карду ба хона баргашт.[25]

Рўзе Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба хонаи Фотима ворид шуд дид, ки гарданбанде бастааст. Аз ў рў гардонд. Фотима сабаби рў гардондани падарро фаҳмид. Гарданбандро боз карду ба Расули Худо тақдим кард. Ҳазрат фармуданд: Фотимаҷон! Ту аз ман ҳастӣ. Баъдан шахси дармондае расид, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  гарданбандро ба ў доду фармуд: Ҳар кас хуни моро бирезад ва маро дар бораи Аҳли Байтам азият кунад, Худо бар ў ғазаб хоҳад кард.[26]

Имом Боқир (алайҳис-салом) мефармояд: Одати Паёмбар ин буд, ки ҳар гоҳ ба сафар мерафт охирин касе, ки бо ў видоъ мекард Фотима буд. Ва ҳар гоҳ аз сафар бармегашт аввал ба дидори Фотима мешитофт. Дар яке аз сафарҳо вақте ба хонаи Фотима ворид шуд дид, ки дастбани нуқрае барои Ҳасану Ҳусайн (алайҳимо салом) таҳия карда ва пардае бар дар овехтааст. Пас қадре хира-хира ба онҳо нигоҳ карду бар хилофи ҳамеша дар хонаи Заҳро намонду зуд баргашт. Фотима ғамгин шуду сабабро дарёфт. Пардаро боз кард ва дастбандро аз дасти Ҳасану Ҳусайнаш гирифт ва онҳоро ба василаи фарзандонаш хидмати Расули Худо саллаллаҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фиристод. Паёмбар ду нури чашмонашро навозиш намуд ва дастбандҳоро байни фақироне, ки дар масҷид сукунат доштанд тақсим кард ва пардаро чанд қитъа карда ба чанд бараҳна дод, ки худро бипўшонанд. Сипас фармуд: Худо раҳмат кунад Фотимаро ва аз либосҳои биҳиштӣ бар ў бипўшонад ва аз зинатҳои биҳиштӣ ба ў бидиҳад.[27]

Имрон мегўяд: Як рўз дар назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  будам, ки Фотима (алайҳо салом) ворид шуд. Вақте чашми он ҳазрат ба чеҳраи духтараш афтод, ки аз шиддати гуруснагӣ зард шуда буд ва осоре аз хун дар ў дида намешуд, ўро ба назди худ хонд ва дасти муборакашро ба синаи он ҷаноб гузошту фармуд: Эй Худое, ки гурустагонро сер мекунӣ ва дармондагонро боло мебарӣ, Фотима духтари Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро гурусна надор. Имрон мегўяд: Ба баракати дуои Паёмбар зардии сурати Фотима бартараф шуд ва осори хун дар сураташ намоён гашт.[28]

Даъвати амалӣ

Бо шаҳодати таърих ва ривоёти Аҳли Байт алайҳимус-салом зиндагии шахси аввали Ислом Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ва зиндагии шахси дуввуми Ислом Алӣ (алайҳис-салом) ва зиндагии зани авали Ислом Фотимаи Заҳро (алайҳо салом), дар камоли соддагӣ балки дар ниҳояти сахтӣ ва машаққат гузаштааст. Ин мавзўъ чандон тааҷҷубе надорад, чун дар он замон ҳамаи мусалмонон вазъашон хуб набуд.

Аксари мусалмонон аз фақирону маҳрумини ҷомеа буданд. Гурўҳе ҳам, ки то ҳадде вазъшон бад набуд аз тарси душманон ночор шуданд хонаву зиндагияшонро дар Макка раҳо кунанд ва ба Мадина ҳиҷрат кунанд. Дар Мадина ҳам аксарият фақир буданд ва иддаи каме, ки вазъашон хуб буд, ночор буданд дар мавриди мусалмононе, ки аз Макка ба он ҷо ҳиҷрат карда буданд, ёрӣ кунанд. Аз тарафи дигар он замон мавқеи бўҳронии Ислом буд. Мусалмонон доим дар ҳоли омодабош буданд ва аксари вақтро ба ҷанг ва дифоъ машғул буданд. Ба ҳамин сабаб наметавонистанд вазъи иқтисодии худро тақвият кунанд. Барои Паёмбари гиромӣ ва Аливу Фотима салавотуллоҳи алайҳим, низ имкон надошт ва сазовор ҳам набуд, ки барои худашон як зиндагии хубе фароҳам кунанд ва бо фақирону бечорагон баробар набошанд. Агарчӣ Паёмбари гиромӣ ва Алӣ салавотуллоҳи алайҳимо ва олиҳимо кор мекарданд ва аз ғаниматҳои ҷангӣ, низ саҳме доштанд ва метавонистанд то ҳадде хуб зиндагӣ кунанд, аммо магар имкон дошт, ки Паёмбар ва домоду духтараш сер бихобанд, вале фақирони Мадина аз гуруснагӣ фарёдашон баланд бошад?

Аслан агар шахси аввали Ислом ба аҳли байташ бо дигар мусалмонон баробар набуданд оё мумкин буд, ки мардуми мустазъафи садри Ислом, ки ба хубӣ маънои паёмбарӣ ва ваҳйро дарк намекарданд ва ақлашон дар чашмашон қарор дошт, дар майдони ҷиҳод ҳозир шаванд ва фидокорӣ кунанд ва ҷонашонро дар ҳадафи муқаддаси Набии гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фидо кунанд? Аслан яке аз сабабҳои асосии пешрафти Ислом ва нуфузи маънавии Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ҳамин буд, ки ҳар чиро аз он ҳазрат мешуниданд намунаи амалии онро дар гуфтору рафтори зиндагии он ҳазрат ва хонаводааш мушоҳида мекарданд ва ба василаи даъвати амалӣ, мардумро ба сўи Ислом ва фидокорӣ ҳидоят мефармуд, аммо...

 

Фотима (алайҳо салом) аз дидгоҳи Алӣ алайҳис-салом

 

Беҳтарин роҳи шинохти як зан таърифу тавсифи шавҳараш мебошад. Чун шавҳар аз дигарон ва ҳатто аз падару модар, ҳамсарашро беҳтар мешиносад ва аз фикрҳои махфӣ ва рафтору одатҳои хуб ё бади ў ошнотар аст. Бинобар ин ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) Заҳро (алайҳо салом)-ро комилан мешиносад ва беҳтар аз дигарон метавонад таъриф ва тавсифаш кунад. Амиралмўъминин (алайҳис-салом) суханони фаровоне дар бораи Заҳро (алайҳо салом) дорад, вале мо дар ин ҷо фақат ба ду намуна аз онҳо басанда мекунем:

Сухани аввалро дар бомдоди авалин рўзи арўсӣ дар ҷавоби саволи Паёмбари гиромӣ фармуд: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  субҳи аввалин рўзи арўсӣ вориди хона шуд ва аз домод пурсид:

 

يف وجدت اهلك؟ فقال: نعم العون على طاعة الله".

 

“Ҳамсаратро чӣ гуна ёфтӣ. Дар ҷавоб гуфт: Беҳтарин кўмак барои бандагии Худост”.[29]

Сухани дуввумро дар охирин лаҳзаҳои умри ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) фармуд. Амирал-мўъминин ва Заҳро (алайҳимо салом) дар охирин соатҳо бо ҳам хилват карданд.

 

"وقال: أوصيني بما احببت. قالت: يا ابن عم ما عهدتني كاذبة ولا خائنة ولا خلفتك منذ عاشرتني. فقال عليه السلام: معاذ الله انت اعلم بالله وابرّ واتقى واكرم واشدّ خوفا من الله من أن اوبخك بمخالفتي قد عزّ عليّ مفارقتك".

 

“Заҳрои Марзия ба Амиралмўъминин гуфт: Писари амак! Ҳаргиз ба ту дурўғ нагуфтам ва хиёнат накардам ва ҳеҷ гоҳ бо ту мухолифат накардам. Алӣ (алайҳис-салом) дар ҷавоб гуфт: Эй духтари Паёмбар паноҳ бар Худо, ки ту дар хонаи ман бадрафторӣ карда бошӣ. Мартабаи Худошиносӣ ва некукориву парҳезкорӣ ва бузургиву Худотарсии ту болотар аз он аст, ки бо ман мухолифат карда бошӣ. Ҳамсари азизам ҷудоӣ аз ту барои ман бисёр ногувор аст, вале маргро чорае нест.[30]

Амиралмўъминин (алайҳис-салом) дар аввали зиндагии худ ҳазрати Заҳроро ба унвони беҳтарин ҳамсаре, ки бо кўмаки ў метавон Худоро итоат кард, муаррифӣ намуд. Ҷумлаи «чӣ хуб кўмакест барои тоати Худо” ҷумлаи кўтоҳ, вале бисёр пурмўҳтово аст. Дар ин ҷумла ҳадафи издивоҷро баён кард, ки кўмак гирифтан аз ҳамсар барои итоат аз Худо бошад ва ҳамсараш Заҳроро ба унвони беҳтарин мисдоқ барои тавфиқ дар ин амри муҳим донист. Дар охирин соатҳои видоъ, Фотима (алайҳо салом) низ мақоми ирфону некўкорӣ ва тақвову тарси аз Худои он ҳазратро сутуд ва назари гузаштаашро таъйид кард. Маълум мешавад, Заҳро (алайҳо салом) дар тўли зиндагӣ на танҳо музоҳими шавҳараш дар итоат аз Худо ва анҷоми вазифаҳои вазнини вилоят набуда, балки дар тамоми онҳо муаййиду кўмаки ў будааст.

Бо таваҷҷўҳ ба шахсияти фавқулоддаи Амиралмўъминин (алайҳис-салом) ва мавқеияти ахлоқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии он ҳазрат, шахсияти болои ҳамсараш Заҳро (алайҳо салом), низ равшан мешавад.

Алӣ (алайҳис-салом) як шахси оддӣ набуд, балки дуввумин шахсияти волои Ислом, сипаҳсолор ва сарбози нерўманд ва фидокори Ислом буд. Марди адолат, зўҳд, инфоқ, баробарӣ, исору тақво ва билъахира валии масалмонон ва халифаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  буд. Худ ва хонаводааш дар камоли сахтӣ зиндагӣ мекарданд ва он чиро, ки дошт дар роҳи Худо инфоқ менамуд. Байтул молро дар байни мусалмонон баробар тақсим мекард ва ҳеҷ касро бар дигарӣ бартарӣ намедод, ҳатто саҳми худаш ва Имом Ҳасану Имом Ҳусайн, низ беш аз дигарон набуд. Вақте бародараш Ақил шиддати фақрашро ба он ҳазрат арза кард, ҳозир нашуд чизе бештар аз  он чи ба мусалмонон медиҳад, ба ў бидиҳад.[31]

Имом Содиқ (алайҳис-салом) дар бораи он ҳазрат мефармояд: Алӣ (алайҳис-салом) аз ҷиҳати хўрду хурок ва рафтор монандтарини мардум ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  буд. Худаш нону зайтун мехўрд, вале ба мардум нону гушт медод. Ў обу ҳезуми хонаро таҳия мекард ва Фотима (алайҳо салом) орд дуруст мекард ва хамир наменамуд ва нон мепухт ва либосҳоро мешусту медўхт.[32]

Амиралмўъминин (алайҳис-салом) дар замони хилофаташ, ки ҳамаи имконот барояш фароҳам буд ба дунё хитоб карда мефармуд: Эй дунёи паст! Оё ба ман рў оварда изҳори алоқа мукунӣ? Ҳаргиз, ҳаргиз дигариро мағрур кун, ман ниёзе ба ту надорам. Туро се талоқа кардаам, ки дигар баргашт надорад.[33]

Дар ҳамон замон мефармояд: Оё ба ҳамин миқдор басанда кунам, ки маро Амирал-мўъминон бигўянд, вале дар сахтиҳои рўзгор бо мардум шарик набошам ва дар сахт зистан бар онҳо намуна ва улгу набошам? Магар ман офарида шудаам, ки ба хўрдани таомҳои лазиз машғул шавам, монанди ҳайвони бастае, ки ғайр аз алаф хўрдан кори дигаре надорад ё ҳайвони озоде, ки саргарми хўрдан ва пешгил андохтан аст ва аз ояндааш ғафлат дорад.[34]

Амиралмўъминин (алайҳис-салом) ин чунин буд ва мехост ин гуна зиндагӣ кунад ва барои ин гуна зиндагӣ кардан ба ҳамсаре, ки монанди худаш бошад, ниёз дошт. Ва ғайр аз Заҳро (алайҳо салом) ҳеҷ касе лаёқати ҳамсарӣ ба он ҳазратро надошт. Танҳо ў буд, ки метавонист дар борааш бигўяд: «Чӣ хуб кўмаке аст барои тоати Худо”.

Дар ин ҷост, ки мақоми шомихи Заҳрои покиза равшан мешавад ва метавон ўро ба унвони танҳо ҳамсари лоиқи ҳазрати Алӣ муаррифӣ намуд. Ў буд, ки тавонист дар хонаи Алӣ (алайҳис-салом) мувофиқи хостаи ў зиндагӣ кунад ва дар итоати Худо ва анҷоми вазифае, ки бар ўҳдааш гузошта буд, муаййиду ташвиқкунандаи ў бошад. Заҳро саломуллоҳи алайҳо бо рафтори исломии худ тавонист лаёқати худро барои фарзандии Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ва ҳамсарии Алӣ (алайҳис-салом) ба исбот расонад ва ба ҳамин сабаб аз тарафи Паёмбар ба унвони бузургтарин ва шоистатарин занони ҷаҳон муаррифӣ шуд.  Фотима зани намунаи Ислом аст ва занони Ислом бояд аз он ҳазрат дарси зиндагӣ бигиранд.

Дар ин миён хонаводаҳои мардони дин ва олимон аз масъулияти бештаре бархурдоранд. Зане, ки ҳамсарии яке аз олими динро пазируфт, бояд ба масъулияти мақоми шавҳараш таваҷҷўҳ дошта бошад.

Бояд бидонад, ки хонаи ў ба манзалаи хонаи Паёмбар ва Алӣ аст. Хонаи маънавияту илм, адолату мувосот, баробарӣ ва исору тақво, фазилат, таваҷҷўҳ ба Худо, хизмат ба Ислому мусалмонон ва дар як калом, хонаи даъват ба ҳамаи фазоилу макорими исломӣ ва инсонӣ аст.

Бояд бидонад, ки мардум сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ва имомонро аз ин хонаҳо мешунаванд ва интизор доранд амал ба онҳоро, низ дар ин хонаҳо мушоҳида кунанд.

Зану фарзанди як олими дин бояд бидонад, ки хонаи онҳо ҷои хушгузаронӣ ва зебоипарастӣ нест, балки хонаи намоиши сираи Паёмбари гиромӣ ва Аливу Фотима аст.

Бояд бидонанд, ки аъмолу рафтори онҳо мавриди таваҷҷўҳи мардум мебошад. Бо рафтори исломии худ метавонанд мураввиҷи Ислом бошанд ва мардумро ба хубӣ даъват кунанд. Бо рафтори ғайри исломии худ метавонанд бузургтарин зарбаро ба пайкари Ислом ворид созанд ва мардумро нисбат ба олимони дин бадбин созанд ва суханонашонро аз эътибор биандозанд. Метавонанд шавҳар ё падарашонро дар анҷоми вазифа ёрӣ кунанд ва ба ин васила мураввиҷи дин ва дар савоби он шарик бошанд ва метавонанд ўро аз риояти шууни мақоми муқаддаси олимӣ боз доранд ва суханони ўро аз эътибор биафтонанд ва мардумро ба иртикоби гуноҳ ва тахаллуф аз қонуни шариат ташвиқ кунанд ва худ, низ дар кайфари ин гуноҳон шарик бошанд.

Албатта мардони дин дар як мартаба нестанд, балки ҳар чӣ мақоми илмӣ ва иҷтимоии болотаре дошта бошанд, худи онҳо ва хонаводаҳояшон низ масъулияти сахттаре хоҳанд дошт. Ва ба ҳамон миқдор, ки ба анҷоми вазифаи худ кўшиш кунанд назди Худованд аҷру подош хоҳанд дошт. Ҳар олиме, ки дар яке аз мақомоти илмӣ ва динӣ қарор гирифт, лаёқати онро надорад, ки халифаи Паёмбар ва Алӣ салавотуллоҳи алайҳимо ва олиҳимо ва олими дин бошад. Балки лаёқати ў дар сурате аст, ки ахлоқу рафтораш монанди Паёмбару Алӣ (алайҳимо салом) бошад. Ҳар зану фарзанди олиме, низ лаёқати онро надорад, ки ба унвони ҳамсару фарзанди як олими дин муаррифӣ шавад, балки лаёқати ў дар сурате ба исбот мерасад, ки аъмолу рафтораш бар тибқи аъмолу рафтори ҳазрати Заҳро алйаҳо салом бошад.

 

Исмати Заҳро (алайҳо салом)

 

Маъсум дар луғат ба маънои маҳфуз ва мамнўъ аст. Ва дар истилоҳ ба касе маъсум гуфта мешавад, ки аз хато, иштибоҳ ва гуноҳ маҳфуз ва дар амон бошад. Касеро маъсум мегўянд, ки чашми басираташ боз бошад ва ҳақиқати ҷаҳони офаринишро билъайн мушоҳида кунад ва ба воситаи иртиботе, ки бо олами малакут дорад ва бо таъйидоти ғайбӣ, аз гуноҳ ва нофармонӣ худдорӣ кунад. Ва гуноҳ, иштибоҳ ва хато дар вуҷуди муқаддасаш роҳ надошта бошад. Мақоми шомихи исмат бо далелҳои ақлӣ ва нақлӣ барои паёмбарон ба исбот расидааст. Имомия (шиа) мўътақиданд, ки ҷонишинони Паёмбар ва имомони дувоздаҳгона, низ бояд маъсум бошанд. Ва барои исботи маъсум будани онҳо, низ далелҳое иқома шудааст. Агар бихоҳем ба баррасии ин мавзўи муҳим ворид шавем ва онро ба тафсил баррасӣ кунем аз мақсад дур мешавем.

Имомия илова бар он ки Имомонро маъсум медонанд ҳазрати Заҳро (алайҳо салом)-ро, низ аз гуноҳ маъсум медонанд. Барои исботи исмати он ҳазрат ба чанд далел метавон истидлол кард:

Далели аввал:

"انما يريد الله ليذهب عنكم الرجس اهل البيت ويطهركم تطهيرا".

 

 “Худо ирода мекунад нопокиву олудагиро, фақат аз шумо Аҳли Байт дур кунад ва шуморо комилан покиза гардонад”.[35]

Аҳодиси зиёде дар кутуби суннӣ ва шиа ворид шудааст, ки далолат мекунад ин оят дар бораи Паёмбар, Алӣ, Фотима ва Ҳасану Ҳусайн алайҳим салавотуллоҳ нозил шудааст. Аз боби намуна:

Оиша мегўяд: Рўзе Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ҷомаи пашмии сиёҳ бар тан дошт ва аз хона хориҷ шуд, сипас Алӣ ва Фотима ва Ҳасану Ҳусайнро дар зери он ҷой доду фармуд: “Худо мехоҳад нопокиву олудагиро, фақат аз шумо Аҳли Байт дур кунад ва шуморо комилан покиза гардонад”.[36]

Умми Салама мегўяд: "Рўзе Фотимаи Заҳро зарфе ба хидмати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  овард. Паёмбар фармуд: Алӣ ва Ҳасану Ҳусайнро, низ ҳозир кун. Вақте хидмати Расули Худо расиданд машғули хўрдани таом шуданд, ояти ёд шуда нозил шуд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ҷомаи хайбариро бар сари онҳо афканд ва се мартаба фармуд: “Худоё инҳо аҳли байти ман ҳастанд. Олудагиро аз инҳо дур кун ва комилан покашон гардон».[37]

Умар ибни Абисалама мегўяд: Ояти

"انما يريد الله ليذهب عنكم الرجس اهل البيت ويطهركم تطهيرا".

 

дар хонаи Умми Салама нозил шуд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Алӣ, Фотима ва Ҳасану Ҳусайнро ба назди худ хонд. Ҷомаашро бар сарашон афканду фармуд: Худоё! Инҳо аҳли байти ман ҳастанд, олудагиро аз инҳо дур кун ва инҳоро комилан покашон гардон. Умми Салама гуфт: Эй Расули Худо ман ҳам бо онҳо ҳастам? Фармуд: Ту бар хубӣ ҳастӣ (аммо ҷузви ин оят нестӣ)”.[38]

Восила ибни Асқаъ мегўяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  рўзе ба хонаи Фотима омад. Алӣ ва Фотимаро дар пешаш шинонд ва Ҳасану Ҳусайнро бар зонуҳояш қарор дод, сипас ҷомаашро бар рўи онҳо андохту фармуд: Худоё! Инҳо аҳли байти ман ҳастанд, олудагиро аз инҳо дур кун ва инҳоро комилан покашон гардон.[39]

Хулоса, гурўҳе аз асҳоби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  монанди Оиша, Умми Салама, Маъқал ибни Ясор, Анас, Саъд ибни Абиваққос, Восила Имом Ҳасан, Имом Алӣ, Абусаид, Зайнаб, Ибни Аббос ва дигарон аҳодисеро қназдик ба ҳамин маъно дар шаъни нузули ин оя ривоят кардаанд ва олимони суннӣ ва шиа монанди Суютӣ дар “Дур-ул-масур” ва Қундузӣ дар “Янобиъ-ул-мавадда” ва дигар олимони аҳли суннат онҳоро дар китобҳои худ нақл кардаанд.

Аз ин ривоят истифода мешавад, ки баъд аз нузули ояти шарифа Паёмбари гиромӣ дар ҷойҳои гуногун, аз ҷумлаи дар хонаи Фотима (алайҳо салом) ва хонаи Умми Салама абои муборакашро бар сари Алӣ (алайҳис-салом) ва Фотима ва Ҳасану Ҳусейн меафканад ва оятеро тиловат менамуд ва мефармуд: Худоё афроде, ки дар зери або қарор доранд аҳли байти ман ҳастанд, олудагиро аз онҳо бар тараф гардон. Расули  Худо ин амалро анҷом медод то аҳли байтро бишносонад ва мавзўъро тасбит намояд. То шаш моҳ ва ба ривоёте ҳафт ва ба ривоёте ҳашт моҳ, кору расми он ҳазрат чунин буд, ки ҳангоми бомдод, ки ба намози субҳ мерафт аз хонаи Заҳро саломулоҳи алайҳо убур мекарданд ин оятро қироат мекарданд.[40]

Расули Худо дар ин маворид ҷомаи худро бар сари Алӣ алайҳис-саллом ва Фотима ва Ҳасану Ҳусейн алайҳимус-салом меандохт ва оятро тиловат мекард то роҳи су истифода баста шавад ва касе баъдан иддаҳо накунад, ки ман ҳам аз масодиқи аҳли байт ҳастам, он қадар дар ин мавзўъ аҳамият медод, ки вақте Умми Салама аборо боло зад, ки дохил шавад, онро аз дасташ кашид ва фармуд: Ту низ бар хуби ҳастӣ(вале ҷузви ин оят нестӣ), то муддате ҳангоми бомдод, ки ба намози субҳ ташриф мебурд аҳли хонаи Фотима алайҳимус-салом-ро мухотаб сохта оятро тиловат мекард то мардум бишнаванд ва баъдан мавориди инкор воқеъ нашавад. Алӣ (алайҳис-салом) ва Ҳасану Ҳусейн алайҳимус-салом ҳам дар ҷойҳои гуногун ва дар ҳузури асҳоб мефармуданд: ин оят дар ҳаққи мо нозил шуда ва ҳеҷ гоҳ мавриди инкор воқеъ нашуданд.

Бар тибқи ояти зикр шуда Худованди Мутаол мефармояд: Худо ирода кардааст, ки шумо Аҳли Байт аз риҷс ва олудагӣ, пок ва  муназзаҳ бошед. Мақсад аз риҷс наҷосати зоҳирӣ нест. Зеро ин мавзўъ ихтисос ба Аҳли Байт надорад ҳамаи мукаллафон бояд аз наҷосат дурӣ кунанд. Илова бар ин агар мурод наҷосати зоҳири буд эҳтиёҷе ба он ҳама ташрифот ва дуои Паёмбар надошт ва матолиб он қадар муҳим набуд, ки Умми Салама бихоҳад аз масодиқи он воқеъ шавад ва Расули Худо монеъ гардад. Пас маълум мешавад муроди оят наҷосат ва олудагии зоҳирӣ нест, балки мақсад олудагии ботинӣ яъне гуноҳ ва исёни Парвардигори олам аст. Бинобар ин маънои оят чунин мешавад:

Худо хоста ва ирода намудааст, ки Аҳли Байт аз гуноҳ ва маъсият пок бошанд. Албатта ин ирода иродаи ташреӣ нест яъне наметавон гуфт, ки: Худо аз Аҳли Байт хостааст, ки худашонро аз гуноҳ ва маъсият пок созанд. Зеро ин матлаб ихтисос ба Аҳли Байт надорад. Худо аз тамоми мардум хоста, ки муртакиби гуноҳ нашаванд. Балки мақсади оят иродаи таквинӣ аст, яъне Худо чунин муқаддар кардааст, ки домани аҳли байт аз иртикоби маъсият пок ва муназзаҳ бошад ва бо ин ки башар мухторанд бо илм ва ирода гуноҳонро тарк кунанд. Паёмбари гиромӣ низ ояти зикр шударо ба исмат аз гуноҳ тафсир намудааст. Ибни Аббос аз Расули Худо ривоят намудааст, ки фармуд: Худо халқро ба ду қисмат тақсим намуд ва маро дар беҳтарини он қарор дод. Чунонки мефармояд:

 

"واصحاب اليمين ما اصحاب اليمين"  "واصحاب الشمال ما اصحاب الشمال"

 

Пас ман аз асҳоби ямин ва беҳтарини онҳо ҳастам. Сипас онҳоро ба се қисмат тақсим намуд ва маро дар беҳтарини онҳо қарор дод чунон ки мефармояд:

 

"فاصحاب الميمنة ما اصحاب الميمنة واصحاب المشئمة ما اصحاب المشئمة والسابقون السابقون".

 

Пас ман аз собиқон ва беҳтарини онҳо ҳастам. Сипас он се қисмро ба қабилаҳое тақсим намуд ва маро дар беҳтарини онҳо қарор дод, чунон ки мефармояд:

"وجعلناكم شعوبا وقبائل لتعارفوا انّ اكرمكم عندالله اتقاكم"

.

 Пас ман парҳезкотарини фарзандони Одам ва гиромитарини онҳо ҳастам. Вале ба ин чиз фахр намекунам. Сипас он қабилаҳоро ба хонаводаҳое тақсим намуд ва маро дар беҳтарини хонаводаҳо қарор дод. Чунон ки мефармояд:

"انما يريد الله ليذهب عنكم الرجس اهل البيت ويطهركم تطهيرا".

 

Пас ман ва Аҳли Байтам аз гуноҳ маъсум ҳастем.[41]

Ишкол

Баъзеҳо гуфтаанд: ояти ёд шуда далолат ба исмат надорад. Чун оёти қабл ва баъд аз он  дар бораи занони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) нозил шудааст ва хитоби ин оят, низ ба онҳост. Ва ба қаринаи сиёқ бояд гуфт: Ин оят низ дар бораи занони Паёмбар нозил шуда ва мухотаб дар оят онҳо ҳастанд.

Бинобар ин агар оят далолат бар исмат кунад бояд гуфт: Занони Паёмбар низ маъсум ҳастанд дар сурате, ки ин матлабро на касе гуфта ва на метавонад гуфт. Аз ин ҷиҳат аст, ки бояд бигўем: Оят аслан далолат бар исмат надорад на дар бораи занони Паёмбар ва на дар бораи дигарон аз Аҳли Байт.

Ҷавоб:

Алломаи Шарафуддин ин ишколро нақл карда ва ба он чанд то ҷавоб дода аст:

1-Эҳтимоли ёдшуда иҷтиҳод дар муқобили нас аст, чун дар чандин ривоят, ки ба ҳадди тавотур мерасад ин матлаб ворид шудааст, ки ин оят дар бораи Алӣ ва Фотима ва Ҳасану Ҳусайн нозил шуда ва махсуси онҳост. Ҳатто вақте Умми Салама хост дар зери ҷома дохил шавад Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ҷиддан ўро манъ кард.

2-Агар оят дар бораи занони Паёмбар нозил шуда буд бояд ба сурати хитоби муаннас адо шуда бошад ва бигўяд: «Анкунна» на ба сурати ҷамъи музаккар.

3-Дар байни арабҳои фасеҳ расм аст, ки дар байни калимоташон ҷумлаҳоеро ба унвони ҷумлаи мўътариза зикр кунанд. Бинобар ин монее надорад бигўем: Худованди Мутаол ин оятро дар байни оёте, ки дар бораи занони Расули Худо нозил шуда қарор дод то аҳамияти мазўъро бирасонад ва ба ин нукта ишора кунад, ки чун Аҳли Байти Паёмбар маъсуманд набояд мавриди таарруз қарор гиранд, ҳатто занони Паёмбар ҳам ҳаққи таарруз ба онҳоро надоранд.

4-Бо вуҷуди он ки дар Қуръон таҳрифе воқеъ нашуда ва оёти он китоби осмонӣ ҳеҷ каму зиёде нашудааст аммо ин матлаб мусаллам нест, ки оятҳо ва сураҳои Қуръон, айнан ба ҳамон тартибе, ки нозил шуда ҷамъ ва тадвин шуда бошанд. Масалан ҳеҷ дур нест, ки ояти ёд шуда фақат дар бораи Аҳли Байт нозил шуда бошад, вале вақте ки оёт ҷамъ ва тадвин мешуд онро дар байни оёте, ки дар бораи занони Паёмбар нозил шуда, гузошта бошанд.[42]  

Далели дуввум: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  ба Фотима (алайҳо салом) фармуд: Худо барои ғазаби ту ғазаб мекунад ва барои хушнудии ту хушнуд мешавад.[43]

Ҳадиси ёд шударо суннӣ ва шиа қабул доранд ва дар китобҳои худ нақл кардаанд. Бинобар ин ҳадис ҳар ҷо Фотима (алайҳо салом) ғазабнок шавад Худованд низ ғазабнок мешавад ва ҳар гоҳ хушнуд ва розӣ шавад Худо низ розӣ ва хушнуд мешавад. Албатта ин чиз мусаллам аст, ки ризояту ғазаби Худо мувофиқи воқеъ ва ҳақ аст. Ҳаргиз ба корҳои зишт ва хилофи ҳақ хушнуд намешавад, гарчи дигарон аз он кор хушнуд шаванд. Ҳаргиз аз корҳои хуб ва ҳақ ғазабнок намешавад гарчи дигарон аз он бадашон биёяд. Лозимаи ин ду матлаб ин аст, ки Фотима (алайҳо салом) аз гуноҳ ва хато маъсум бошад, чун агар маъсум бошад ризоят ва ғазабаш мувофиқи мавозини шариат хоҳад буд ва ҳеҷ гоҳ бар хилофи ризояти Худо розӣ намешавад ва ҳеҷ гоҳ аз ҳақ ва корҳои хуб ғазабнок намешавад. Дар чунин сурате метавон гуфт: Агар Фотима (алайҳо салом) ғазаб кунад Худо ғазаб мекунад ва агар хушнуд шуд Худо хушнуд мешавад.

Аммо агар маъсият ва хато дар борааш раво бошад наметавон мутлақан гуфт: Аз ғазаби ў Худо ғазаб мекунад ва аз хушнудияш хушнуд мешавад. Ин матлабро бо мисоле равшан месозем:

Агар фарз кунем, ки ҳазрати Фотима (алайҳо салом) маъсум набошад ва иштибоҳу гуноҳ дар борааш ҷоиз бошад, дар ин сурат мумкин аст ба воситаи иштибоҳ ё тамоюлоти нафсонӣ  бар хилофи ҳақ ва воқеъ чизеро аз касе бихоҳад ва корашон ба кашмакаш бирасад, вале тарафи муқобил таслим нашавад ва ўро мағлуб созад. Дар ин сурат мумкин аст он ҳазрат ғазабнок шавад ва изҳори норизоятӣ кунад оё дар чунин фарзе метавон гуфт: Чун Фотима (алайҳо салом) ғазаб кард Худо низ ғазаб мекунад, гарчи ҳақ бо тарафи муқобил бошад? Абадан чунин кори зиштеро наметавон ба Худо нисбат дод.

      Ба воситаи ин ривоят, низ метавон исмати Заҳро (алайҳо салом)-ро исбот кард.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуд: Фотима пораи тани ман аст, ҳар кас ўро хашмнок кунад маро хашмгин карда аст.[44]

Ин ҳадис, низ дар китобҳои суннӣ ва шиа мавҷуд аст ҳамаи мусалмонон ҳатто халифаи аввал ва дуввум ба сиҳҳати он эътироф доранд. Бо баёне, ки дар боло гузашт ин ҳадис, низ бар маъсум будани ҳазрати Заҳро далолат мекунад, чун Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз ганоҳ ва хато ва тамоюлоти нафсонӣ маъсум аст. Ба коре ғазаб мекунад, ки мабғузи Худо бошад ва бар чизе розӣ мешавад, ки ризояти Худо дар он бошад. Бинобар ин дар сурате метавон гуфт: Ҳар гоҳ Фотима (алайҳо салом) ғазаб кунад Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  низ ғазаб мекунад, ки маъсум бошад эҳтимоли гуноҳ ва хато дар борааш ҷоиз набошад.

Яке дигар аз шавоҳиди исмати ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) ин ҳадис аст:

Имом Содиқ (алайҳис-салом) дар ҳадисе фармуд: Заҳро ба ин хотир Фотима номида шуд, ки шарру бадӣ дар вуҷуди муборакаш роҳ надорад.[45]


 

[1] -Баҳор ҷ.43.саҳ.8.

[2] -Баҳор-ул-анвор ҷ.2.саҳ.3.

[3] -Баҳор ҷ.2.саҳ.8.

[4] -Баҳор ҷ.43.саҳ.46.

[5] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.94. Далоил-ун-набувва саҳ.56.

[6] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.76.

[7] -Баҳор ҷ.43.саҳ.172.

[8] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.56.

[9]-Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.79.

[10]-Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.85.

[11]-Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.88.

[12]-Байтул аҳзон саҳ.10

[13]-Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.88.

[14]-Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.93.

[15] -Захоир-ул-уқбо”-и Табарӣ саҳ.37.

[16] -Маноқиби Ибни Шаҳрошуб ҷ.3.саҳ.332.

[17] -Сураи Қалам ояти-4.

[18] -Сураи Наҷм-4.

[19] -Сураи Аҳзоб-28-29.

[20] -Сураи Аҳзоб 30-34.

[21] -"Захоир-ул-уқбо”-и Табарӣ саҳ.51.

[22] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.152.

[23] -Назму дурар-ус-симтайн”-и Зарандӣ саҳ.179.

[24] -Кашфул ғумма ҷ.2.саҳ.99.

[25]-Захоир-ул-уқбо”-и Табарӣ саҳ.49.

[26] -Кашфул-ғумма ҷ.2.саҳ.97.

[27] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.83.

[28] -"Назму дурар-ус-симтайн»-и Зарандӣ саҳ.191.

[29]-Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.117.

[30] -Баҳор-ул-анвор ҷ.43.саҳ.191.

[31] -Баҳор ҷ.41.саҳ.114.

[32] -Баҳор ҷ.41.саҳ.131.

[33] -Баҳор ҷ.41.саҳ.121.

[34] -Наҳҷ-ул-балоға, китобиҳи ило Усмон ибни Ҳунайф.

[35]-Сураи Аҳзоб ояти 34.

[36]-Янобиъ-ул-мавадда саҳ.124. Дуррул мансур ҷ.5.саҳ.198.

[37] - Янобиъ-ул-мавадда саҳ.125. Дуррул мансур ҷ.5.саҳ.198.

[38] -Янобиъ-ул-мавадда саҳ.125.

[39]-Янобиъ-ул-мавадда саҳ.125. Дуррул мансур ҷ.5.саҳ.199. 

[40] -Кашф-ул-ғимма ҷ.2.саҳ.83. Дур-ул-мансур, ҷ.5. саҳ. 199.

[41]-"Дур-ул-мансур”-и Суютӣ ҷ.5.саҳ.199. ("Илал"-и Абуҳотам ҷ.2. саҳ.395.р.2693. Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.56.р.2674. ҷ.12.саҳ.103.р.12604. Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.6.саҳ.266. Таърихи Ибни Касир ҷ.2.саҳ.316. Сираи набавия"-и Ибни Касир ҷ.1.саҳ.193, аз мутарҷим)

[42] -Ал-Калимул ғарро фи тафзилиз-Заҳро таълифи Саййид Абдулҳасани Шарафуддин саҳ.212.

 

[43] - قال رسول الله صلى الله عليه وآله: يا فاطمة إنَّ الله يغضبُ لِغَضَبِك و يَرْضى لِرِضاك.

 

"Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.1.саҳ.108,р.182,ҷ.22.саҳ.401. р.1001. "Муснад"-и Абуяъло ҷ.1.саҳ.190.р.220. “Зуррият-ут-тоҳира”-и Дулобӣ ҷ.1.саҳ.120.р.235. “Илал”-и Доруқутнӣ ҷ.3.саҳ.103. р.306. 7)“Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.153-154.р.4730. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.саҳ.203. 9)"Исоба"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.8.саҳ.56-57.р.11583. "Таҳзиб-ут-таҳзиб"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.12.саҳ.392.р.2860.  Ҳоким ва Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

[44] -Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.2.саҳ.302.

[45] -Кашф-ул-ғумма ҷ.2.саҳ.89.

Home page book