back page

Имом Алӣ алайҳис-салом аз забони

1

Алӣ алайҳис-салом офаридаи нур

عن سلمان قال: "سمعت حبيبي رسول الله صلّى الله عليه وآله وسلم يقول: كنْتُ أنا وعليّ نوراً بينَ يدي الله عزَّ وجلَّ قبل أن يَخْلُقَ آدمَ بأربعة عشر الف عام فلمّا خَلَقَ الله تعالى آدمَ قُسِّم ذلك النّور جزئين جزءٌ أنا وجزءٌ عليٌّ."

“Салмон ривоят мекунад: Ман аз ҳабибам Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шунидам, ки фармуданд: "Ману Алӣ чаҳордаҳ ҳазор сол пеш аз офариниши Одам, нуре будем дар пешгоҳи Худованди мутаол. Ҳангоме ки Худованди Мутаол Одамро офарид он нур ду қисм шуд, як қисми он ман ва қисмати дигараш Алӣ алайҳис-салом буд".[1]

 

2

Алӣ алайҳис-салом пешгом дар Ислом ва имон

عن أبي ذر قال:" دخلنا على رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم فقلنا: من أحب أصحابك اليك... قال: هذا عليّ اقدمكم مسلماً واسلاماً."

Абўзар ривоят мекунад: Назди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам рафтем ва гуфтем: Маҳбубтарин асҳобу ёрони шумо барои шумо кист?... Ҳазрат фармуданд: Ў Алӣ аст, ки пешгоми ҳамаи шумо дар мусалмонӣ ва Ислом аст”.[2]

Ва дар ривояти дигаре аз Салмон ва Абўзар омадааст:

"أخذ رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم بيد عليٍّ عليه السلام فقال: إنّ هذا اوّل من آمن بي."

Салмон ва Абўзар ривоят мекунанд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дасти Алӣ алайҳис-саломро гирифта чунин фармуданд: Алӣ (алайҳис-салом) нахустин касе аст, ки ба ман имон овард”.[3]  

3

Алӣ алайҳис-салом аввалин намозгузор бо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

عن بن عباس قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: أوّل من صلى معي عليُّ بن ابي طالب عليه السلام".

“Ибни Аббос мегўяд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Аввал касе, ки бо ман намоз хонд Алӣ фарзанди Абутолиб алайҳис-салом аст”.[4]

 

 

4

Алӣ алайҳис-салом донотарини мардум

عن سلمان قال: قال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: أعلم أمّتي عليٌّ.

 Салмон ривоят мекунад: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Донотарини умматам Алӣ аст".[5]

Дар каломи дигаре Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хитоб ба Фотимаи Заҳро фармуданд:

"أما ترضين أني زوّجتُكِ اول المسلمين إسلاماً و اعلمهم علماً."

"Оё хушнуд нестӣ, ки туро ба ҳамсарии аввалин мусалмон дар Ислом ва донотарини умматам даровардам”.[6]

 

 

 

 

5

Алӣ алайҳис-салом бартарини асҳоби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

عن بن عباس قال: "كنت عند النبي صلى الله عليه وآله وسلم وعنده اصحابه حافين به اذ دخل عليُّ بن ابي طالب عليه السلام فقال له رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: إنّك عبقريهم."

Ибни Аббос нақл мекунад: “Назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам будам дар ҳоле ки асҳоби он ҳазрат давраш ҷамъ шуда буданд ва дар ҳамон ҳангом Алӣ алайҳис-салом ба назди мо ворид шуд. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ту комилу бартари асҳобам ҳастӣ”.[7]

 

6

Алӣ алайҳис-салом бозуӣ Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

... عن اسماء بنت عميس قالت: "سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول: اللهم اني اقول كما قال اخي موسى: اللهم اجعل لي وزيرا من اهلي اخي علياً اُشدد به أزري واَشركه في أمري كي نسبحك كثيرا ونذكرك كثيرا اِنك كنت بنا بصيرا."

“Асмо нақл мекунад: Шунидам, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мефармуданд: Худоё! Вазире аз хонадонам аз барои ман қарор бидеҳ[8], бародарам Алиро. Ба василаи ў пуштамро маҳкам кун ва ўро дар корам шарик гардон, то туро бисёр тасбиҳ бигўям ва зиёд туро ёд кунам чаро, ки ту ҳамвора аз ҳоли мо огоҳ хоҳӣ буд”.[9]

 

7

Алӣ алайҳис-салом баргузида ва амини Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

عن النبي صلّى الله عليه و آله وسلم قال: اما أنت يا علي صفيّي و أميني.

 Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Эй Алӣ ту баргузида ва амини ман ҳастӣ".[10]

 

8

Алӣ алайҳис-салом бартарини инсонҳост

عن حذيفة اليماني قال: "قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: عليٌّ خير البشر فمن أبى فقد كفر."

Ҳузайфаи Ямонӣ нақл мекунад:  Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд:  "Алӣ беҳтарини мардум аст ва ҳар кӣ инро напазирад кофир аст".[11]

Дар каломи дигар фармуданд:

“Ҳар кӣ дар ин ( дар бартарии Алӣ алайҳис-салом) шак кунад куфр варзидааст”.[12]

 

9

Имони бартари Алӣ алайҳис-салом

عن عمر بن الخطاب انه قال: "اُشهِد رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم لَسمعته وهو يقول: لو اَنّ السماوات والأرض موضوعتان في كفة وايمان عليٍ عليه السلام في كفة لَرجح ايمان عليٍّ."

Умар ибни Хаттоб мегўяд: “Гувоҳӣ медиҳам ба ин ки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шунидам, ки фармуданд: Агар осмонҳову замин дар як каффаи тарозу қарор гиранд ва имони Алӣ алайҳис-салом дар каффаи дигар, имони Алӣ бартар ва вазнинтар хоҳад буд”.[13] 

 

 

 

 

10

Алӣ алайҳис-салом пешвои хубон

عن أبي ذر قال: "سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول: عليٌّ قائد البررة وقاتل الكفرة، منصور من نصره، مخذول من خذله".

Абўзар нақл мекунад: “Шунидам, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мефармуданд: Алӣ алайҳис-салом раҳбари хубон ва кушандаи кофирон аст. Ҳар кӣ ўро ёрӣ кунад, ёрӣ шудааст ва ҳар кӣ ўро хор шуморад, худ хор гаштааст”.[14]

 

11

Алӣ алайҳис-салом беҳтарин офаридаи Худост

عن انس بن مالك قال: "كان عند رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم طيْرٌ فقال: اللّهمّ إئتني بأحب خلقك إليك يأكل معي هذا الطّيْر. فجاء عليٌّ فأكل معه."

Анас ибни Молик мегўяд: "Дар назди Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам паррандае (бирён шуда) буд ва он ҳазрат фармуданд: Худовандо маҳбубтарин халқ ва бандаатро ба назди ман биёвар то бо ман ин паррандаро бихўрад. Сипас Алӣ ибни Абутолиб алайҳис-салом омад ва онро бо ҳамроҳи Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хўрд".[15]

 

12

Ҷиҳоди Алӣ алайҳис-салом бартар аз аъмоли уммат

قال رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم: "لَمبارزة عليٍّ بن ابي طالب لِعمرو بن عبدود افضل من اعمال امتي الى يوم القيامة."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (дар ҷараёни ҷанги Хандақ) фармуданд: "Набард ва муборизаи Алӣ писари Абутолиб алайҳис-салом бо Амр писари Абдавад аз тамоми аъмоли уммати ман то рўзи қиёмат, беҳтар аст".[16]

 

13

Алӣ алайҳис-салом имони комил дар баробари ширки комил аст

"انّ النبي صلى الله عليه وآله وسلم لما اذن لعليٍّ عليه السلام في لقاء عمرو بن عبدود وخرج اليه قال: برز الإيمان كله الى الشرك كله."

Дар ҷараёни ҷанги Хандақ, вақте ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом иҷозаи рўёрўи ва мубориза бо Амрро доданд он ҳангом, ки Алӣ Алайҳис-салом ба тарафи Амр мерафт, ҳазрат фармуданд: Тамоми имон дар баробари ҳамаи ширк дурахшид ( ба мубориза бархост)”.[17]

14

Алӣ алайҳис-салом бартарини уммат аст

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "عليُّ بن ابي طالب عليه السلام افضل امتي."

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Алӣ фарзанди Абутолиб (алайҳис-салом) беҳтарини умматам аст”.[18]

15

Алӣ алайҳис-салом бародари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

انّ رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم آخى بين الناس وترك علياً عليه السلام... فقال: أنت أخي وانا اخوك."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам байни ҳар ду нафар аз асҳоб аҳди бародарӣ бастанд. Ва Алиро барои худ ихтиёр карда фармуданд: Ту бародари ман ҳастӣ ва ман бародари ту ҳастам...”.![19]

16

Алӣ алайҳис-салом ҷонишини Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

عن أنس قال: قلنا لسلمان سلْ رسولَ الله من وصيّه؟ فسأل سلمان رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم فقال: من كان وصيّ موسى بن عمران؟ فقال: يوشع بن نون. قال: إنَّ وصيّي ووارثي ومنجز وعدي عليَّ بن أبي طالب عليه السلام.

Анас мегўяд: Ба Салмон гуфтем, ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бипурс, ки васии он ҳазрат чӣ касе аст. Пас Салмон аз он ҳазрат савол кард ва Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Васии Мўсо чӣ касе буд? Салмон гуфт: Юшаъ ибни Нун. Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Васӣ ва вориси ман Алӣ ибни Абутолиб алайҳис-салом аст".[20]

 

 

17

Алӣ алайҳис-салом аз Паёмбар ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ўст

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم لعليٍّ: "انت مني و أنا منك."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд: "Ту аз ман ҳастӣ ва ман аз ту ҳастам".[21]

18

Алӣ алайҳис-салом ҳамтои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

قال رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم: "ما من نبيٍّ إلاّ وله نظير في أمّته وعليٌّ نظيري."

Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ҳеҷ паёмбаре набуд магар ин ки аз барои ў дар умматаш назир ва монанде буд ва назиру монанди ман Алӣ алайҳис-салом аст".[22]

19

Алӣ алайҳис-салом нишонаи пайравӣ аз Худо ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "من أطاعني فقد أطاع الله ومن عصاني فقد عصى الله ومن أطاع عليّاً فقد أطاعني و من عصى عليّاً فقد عصاني."

 Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ҳар кӣ аз ман итоат ва фармонбардорӣ кунад, ҳатман аз Худованд фармонбардорӣ кардааст ва ҳар кӣ аз ман итоат накунад, аз Худованд итоат накардааст. Ҳар кӣ аз Алӣ итоат ва фармонбардорӣ кунад, ҳатман аз ман итоат кардааст ва ҳар кӣ Алиро нофармонӣ кунад маро нофармонӣ кардааст".[23]

 

 

20

Алӣ алайҳис-салом роҳи ҳидоят аст

عن بن عباس قال: لما نزلت: "إنَّما أنتَ منذر ولكلِّ قومٍ هاد" قال النَّبيُ صلى الله عليه وآله وسلم: أنا المنذر وعليٌّ هادي بك يا عليّ يهتدى المهتدون. الرعد ( في بعض الكتب "منذر وهاد من بني هاشم) الآية 7

Ибни Аббос мегўяд: Вақте ин оят нозил шуд "Ту фақат бимдиҳанда ҳастӣ ва барои ҳар қавм ҳидояткунандае ҳаст" Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ман бимдиҳанда ҳастам ва Алӣ ҳидояткунандааст. Эй Алӣ ба василаи ту ҳидоят мешаванд ҳидоятшавандагон". (Дар баъзе ривоёт, мунзир ва ҳодӣ аз Бани Ҳошим аст).[24]

 

 

 

 

 

 

21

Паёмбарон бар вилояти Алӣ алайҳис-салом баргузида шудаанд

عن عبد الله قال: "قال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: يا عبد الله أتاني ملك فقال يا محمد سَل من أرسلنا من قبلك من رسلنا على ما بعثوا.  قال: قلت على ما بعثوا؟  قال: على ولايتك وولاية علي بن أبي طالب عليه السلام."

Абдуллоҳ ибни Масъуд мегўяд: Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Эй Абдуллоҳ фариштае ба назди ман омад ва гуфт: Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз паёмбарони қабл аз худат бипурс, ки барои чӣ мабъус шуданд. Ман пурсидам, ки барои чӣ мабъус шуданд? Фармуданд: Бар вилояти ту ва вилояти Алӣ ибни Абутолиб алайҳис-салом”.[25]

 

 

 

 

 

22

Вилояти Алӣ алайҳис-салом намунаи зиндагии паёмбарона

 عن زيد بن ارقم قال: "قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: من سرّه أن يحيى حياتي و يموت مماتي و يسكن جنّة عدن غرسها ربّي فلْيوال عليّاً من بعدي واليوال وليّه ولْيقتد بالأئمّة من بعدي فإنّهم عترتي خلقوا من طينتي رُزِقوا فهماً و علماًو ويلٌ للْمكذّبين بفضلهم من أُمّتي و للْقاطعين فيهم صلتي لا أنالهم الله شفاعتي."

Зайд ибни Арқам ривоят мекунад: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ҳар кӣ хушҳол шавад аз ин ки мисли ман зиндагӣ кунад ва мисли ман бимирад ва дар биҳиште, ки парвардигорам омода карда сукунат намояд, бояд Алиро баъд аз ман валӣ ва сарвари худаш бидонад ва дўстони Алиро дўст дошта бошад ва аз пешвоёне, ки баъд аз ман меоянд пайравӣ кунад, ки онҳо аз хонадони ман ҳастанд ва онҳо аз тинату сиришти ман офарида шуданд. Худованд барои онҳо фаҳм ва илми маро ато фармудааст. Вой бар ҳоли касоне аз умматам, ки фазл ва бартарӣи онҳоро такзиб кунанд ва дурўғ бишморанд ва пайванди байни ман ва онҳоро қатъ кунанд! Худованд шафоати маро насиби онҳо нагардонад".[26]

 

23

Вилояти Алӣ алайҳис-салом вилояти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст

 عن بن عباس قال: انّ رسول الله صلى الله عليه و آله وسلم لما كان يوم غدير خم حمد الله و اثنى عليه وقال: الستُ اني اولى بكم من انفسكم؟ قالوا: بلى يا رسول الله قال: من كنتُ مولاه فعليٌّ مولاه اللّهمّ وال من والاه و عاد من عاداه."

Ибни Аббос ривоят мекунад: дар рўзи Ғадири Хум Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пас аз ҳамду сипоси илоҳӣ, дар суханоне ба мардум фармуданд: "Оё ман аз шумо ба худи шумо сазовортар нестам?[27] Ҳамагӣ

 ҷавоб доданд, оре ҳастӣ эй Расули Худо, он гоҳ ҳазрат фармуданд: Ҳар кӣро, ки ман мавлову сарвараш ҳастам пас Алӣ низ мавло ва сарвари ўст. (Сипас ин гуна дуо фармуданд) Худоё дўст бидор ҳар касеро, ки Алиро дўст медорад ва душман бидор ҳар касеро, ки бо Алӣ душманӣ мекунад".[28]

24

Алӣ алайҳис-салом паноҳи мутмаин

عن ذؤيب: "انّ رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم لما احتضر قالت له صفية: لكل امرأة من نسائك اهل تلجأ اليهم وانك اَجلَيتَ اهلي فإن حدث بك حدثٌ فإلى من ألجأُ ؟ قال: إلى عليٍّ عليه السلام."

Зуайб нақл мекунад: Ҳангоме ки реҳлати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низдик шуд Сафия ( яке аз ҳамсарони Паёмбар) ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гуфт: Ҳар як аз ҳамсарони шумо, қавму қабилае доранд, ки ба онҳо рўй меоваранд ва шумо аҳлу хешони маро гиромӣ медоштед, ҳоло агар ҳодисае бар шумо рўй дод (ва шумо аз дунё рафтед) ман ба чӣ касе паноҳ барам? Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ба Алӣ паноҳ бубар".[29]

25

Алӣ алайҳи салом мадори ҳақ аст

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "الحق مع عليٍّ وعليٌ مع الحق لن يفترقا حتى يردا عليَّ الحوض."

Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Ҳақ бо Алӣ аст ва Алӣ алайҳис-салом бо ҳақ аст. Он ду ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо намешаванд, то ин ки дар сари Ҳавз-и Кавсар бар назди ман биёянд”.[30]

Ва дар каломи дигаре ба Аммори Ёсир фармуданд:

“Пас аз ман найрангу ихтилоф миёни умматам рўй медиҳад, ки ба ҷангу хунрезӣ кашида мешавад. Гурўҳе, гурўҳеро мекушанд ва гурўҳе аз гурўҳи дигар безорӣ меҷўянд. Ҳар гоҳ, ки ту ин саҳнаро дидӣ, бояд ки ҳамроҳӣ Алӣ алайҳис-салом бошӣ, чун агар ҳамаи мардум ба роҳе бираванд, вале Алӣ алайҳис-салом роҳи дигарро интихоб кунад, яқинан бидон, ки ў дар роҳи ҳидояту ҳақ устувор аст ва дар ҳар ҳоле, пайравӣ аз ў пайравӣ ва Худо ва аз ман аст”.[31]

 

26

Алӣ алаҳис-салом меъёри Қуръон

عن ام سلمة قالت: "سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول: عليٌّ مع القرآن و القرآن معه لا يفترقان حتّى يردا عليَّ الحوض."

Умми Салама ( ҳамсари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нақл мекунад: Аз Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шунидам, ки фармуданд: "Алӣ алайҳис-салом бо Қуръон аст ва Қуръон низ бо Алист. Ин ду аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар назди Ҳавзи Кавсар ба ман ворид шаванд".[32]

 

27

Зебоиҳои Алӣ алайҳис-салом

عن عمار بن ياسر قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول لعليٍّ عليه السلام: "يا عليُّ إنّ الله تعالى قد زيّنك بزينةٍ لم يزين العباد بزينة أحبّ إليه منها وهي زينة الأبرار عند الله عزّ وجلّ الزّهد في الدّنيا فجعلك لا تنال من الدّنيا شيئاً ولا تنال الدّنيا منك شيئاً ووهب لك حبُّ المساكين فجعلك ترضى بهم إتِّباعاً ويرضون بك إماماً. طوبى لمن احبك وصدق فيك وويل لمن ابغضك وكذب عليك. واما الذين احبوك وصدقوا فيك فهم جيرانك في دارك ورفقاؤك في قصرك واما الذين ابغضوك وكذبوا عليك فحقٌ على الله ان يُوَقفهم موقف الكذابين يوم القيامة."

Аммори Ёсир мегўяд: “Шунидам, ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом мефармуданд: "Эй Алӣ ба дурустӣ, ки Худованди Мутаол туро ба зинате ороста, ки ҳеҷ як аз бандагонашро ба зинате, ки дўстдоштатар аз он бошад дар назди парвардигор зинат надодааст ва он зинати некўкорон аст дар назди Худованд, ки зуҳд ва алоқа надоштан ба дунёст. Худованд туро чунон қарор дод, ки аз дунё чизе баҳра нагирӣ ва дунё низ аз ту чизе нагирад. Худованд дўст доштани мискинонро бар ту ато намуд ва туро чунон қарор дод, ки аз онҳо розӣ бошӣ бар ин ки пайрави ту бошанд ва онҳо розӣ ҳастанд ба ин ки ту раҳбару имоми онҳо ҳастӣ. Пас хушо ба ҳоли касе, ки туро дўст медорад ва дар бораи ту рост мегўяд ва бадо ба ҳоли касе, ки бо ту душман аст ва ба ту дурўғ мебандад. Онон, ки туро дўст медоранд ва дар бораи ту рост мегўянд, дар хона ва қасри биҳиштӣ бо ту ҳамдаму ҳамроҳ хоҳанд буд, вале онон, ки бо ту душман шуданд ва бар ту дурўғ бастаанд, ҳисобашон бо Худост, ки дар Қиёмат ононро дар ҷойгоҳи дурўғгўён нигаҳ дорад”.[33] 

28

Дўстии Алӣ алайҳис-салом аломати имон аст

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم لعليٍّ عليه السلام: "حبك ايمان وبغضك نفاق واول من يدخل الجنة محبك و اول من يدخل النار مبغضك..."

Расули гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд: “Дўстии бо ту нишонаи имон аст ва душмании бо ту нишонаи нифоқу дурўӣ аст. Аввалин касе, ки вориди биҳишт мешавад, дўстдорони ту ҳастанд ва аввалин касе, ки вариди дузах мешавад душманони ту хоҳанд буд”.[34]

29

Қалби Алӣ алайҳис-салом бо имон имтиҳон шуда

جاء النَّبيّ صلّى الله عليه و آله وسلم أناس من قريش فقالوا: يا محمَّد (صلّى الله عليه و آله وسلم) إنّا جيرانك و حلفاؤك و إنَّ أناساً من عبيدنا قد أتوك و ليس بهم رغبة في الدين و لا رغبة في الفقه إنَّما فرّوا من ضياعنا و أموالنا فارددهم إلينا. فقال لأبي بكر: ما تقولُ؟ فقال: صدقوا إنَّهم لَجيرانك و أحلافك. فتغيَّرَ وجه النبيّ صلّى الله عليه و آله ثوسلم مَّ قال لِعُمر: ما تقول؟ قال: صدقوا إنَّهم لَجيرانكَ و حلفاؤكَ. فتغيَّر وجه النَّبيّ صلّى الله عليه و آله وسلم ثمَّ قال: يا معشر القريش و الله لَيَبْعثنَّ اللهُ عليكم رجلاً منكم قد امتحن الله قلبه للإيمان فليضربنَّكم على الدّين أو يضرب بعضكم. فقال أبوبكر: أنا هو يا رسول الله؟ قال: لا. قال عمر: أنا يا رسول الله؟ قال: لا و لكن ذلك الَّذي يخصف النَّعل. و قد كان أعطى عليّاً نعله يخصفها."

Гурўҳе аз мардуми (мушрикони) Қурайш ба маҳзари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам омаданд ва гуфтанд: Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мо ҳамсояҳо ва савгандхўрдаи ту ҳастем (савгандхўрда ва аҳд баста, ки бар зидди шумо коре анҷом надиҳем) ва ба дурустӣ гурўҳе аз мардум аз ғулом ва хидматгузорони мо ба ту пайвастаанд дар ҳоле ки онҳо рағбате ба дин ва улуми динӣ надоранд ва танҳо барои халосӣ аз мо гурехтаанд пас онҳоро ба мо баргардон. Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Абўбакр фармуданд: Ту чӣ мегўӣ? Абўбакр гуфт: Инҳо рост мегўянд ба дурустӣ, ки инҳо ҳамсояҳои ту ва савгандхўрдаҳои ту ҳастанд. Бо шунидани ин сухан ранги сурати Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дигаргун шуд. Сипас ба Умар фармуданд: Ту чӣ мегўӣ? Ў низ суханони Абўбакрро такрор кард. Ранги сурати Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам боз дигаргун шуд, сипас фармуданд: Эй гурўҳи Қурайш ба Худо савганд Худованд бар шумо касеро бармегузинад, ки қалбашро бо имон имтиҳон кардааст то ин ки гардани шуморо ба хотири дин бизанад ( то ин ки имон биоваред). Абўбакр гуфт: Он шахс ман ҳастам? Фармуданд: На. Умар гуфт: Ман ҳастам? Фармуданд: На, вале он мард он касе аст, ки дар ҳоли кафш дўхтан аст ва Имом Алӣ дар ҳоли кафшдўзӣ буд".[35]

 

 

 

 

 

 

 

30

Ҷудоӣ аз Алӣ алайҳис-салом ҷудоӣ аз Паёмбар аст

عن أبي ذر قال: "قال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: من فارق علياً فقد فارقني ومن فارقني فقد فارق الله."

Абўзар нақл мекунад: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: " Ҳар кӣ аз Алӣ ҷудо шавад, дар ҳақиқат аз ман ҷудо шудааст ва ҳар кӣ аз ман ҷудо шавад, аз Худо ҷудо шудааст".[36]

31

Сулҳ ва ҷанг бо Алӣ алайҳис-салом сулҳу ҷунг бо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "يا عليُّ! سلمك سلمي وحربك حربي."

Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Эй Алӣ! Ҳар кӣ бо ту дар сулҳ бошад бо ман дар сулҳ аст ва ҳар кӣ бо ту дар ҷанг бошад бо ман дар ҷанг аст”.[37]

Ва дар ривояти дигаре Зайд ибни Арқам нақл мекунад, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ ва Фотима ва Ҳасану Ҳусайн алайҳим салавотуллоҳ фармуданд:

“Ҳар кӣ бо шумо биҷангад дар ҳақиқат бо ман ҷангидааст ва ҳар кӣ бо шумо дар сулҳ бошад, дар воқеъ бо ман дар сулҳу оштӣ хоҳад буд”.[38]

 

 

 

32

Ҷанги Алӣ алайҳис-салом бо се гурўҳ ба дастури Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

عن خليد العصري قال: "سمعت امير المؤمنين علياً عليه السلام يقول يوم النهروان: : أمرني رسول الله صلّىالله عليه وآله وسلم بقتال النّاكثين و المارقين و القاسطين."

 Хулайди Асрӣ нақл мекунад: “Аз Амирал-мўъминин Алӣ салавотуллоҳи алайҳ шунидам, ки дар рўзи Наҳравон ( дар ҷанги бо хавориҷ) мефармуданд: "Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маро ба ҷанг бо паймоншиканон ( Талҳа ва Зубайр дар ҷанги Ҷамал) ва аз дин баргаштагон (хавориҷи Наҳравон) ва золимон ( Муовия ва пайравонаш дар Сиффин) амр фармуд".[39]

 

 

33

Ҷанги Имом Алӣ алайҳис-салом барои Қуръон

عن أبي سعيد الخدري قال: "كنا جلوساً ننظر رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم فخرج الينا قد انقطع شسع نعله فرمى به الى عليٍّ عليه السلام فقال: إنّ منكم رجلاً يقاتل الناس على تأويل القرآن كما قاتلْتُ على تنزيله قال أبوبكر: انا؟ قال: لا قال عمر: انا؟ قال: لا ولكن خاصف النّعل."

Абусаиди Худрӣ нақл мекунад: “Мо рўзе нишаста будем ва ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нигоҳ мекардем. Он ҳазрат ба тарафи мо омаданд дар ҳоле, ки банди кафши он ҳазрат пора шуда буд, ҳазрат онро ба тарафи Алӣ алайҳис-салом партофтанд ва онгоҳ фармуданд: "Ба дурустӣ, ки марде дар миёни шумо бармехезад, ки бар сари таъвили (баён кардани маънои манзур ва муроди ботинии Қуръон) Қуръон бо мардум меҷангад чунон ки ман барои танзил ва нузули Қуръон бо онон ҷангидам. Дар ин байн Абўбакр пурсид: Оё ин шахс ман ҳастам?! Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: На. Умар пурсид: Оё ман ҳастам?! Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: На, сипас ишора ба Алӣ алайҳис-салом карда фармуданд: Он шахсе ҳаст, ки кафшро васла мезанад”.[40]

34

Хабари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз куштани Хавориҷ

عن عمار قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "تخرج طائفة من امتي يمرقون من الدين يقتلهم علي بن ابي طالب عليه السلام "ثلاث مرات."

Аммори Ёсир нақл мекунад: “Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Гурўҳе аз уммати ман, ки аз дин баргаштаанд ( Хавориҷ) шўриш мекунанд, ки Алӣ алайҳис-салом ононро мекушад. Аммор мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ин матлабро се мартаба такрор карданд”.[41]

 

 

35

Алӣ алайҳис-салом ҷудокунандаи биҳишту ҷаҳаннам

انّ علياً عليه السلام قال للستة الذين جعل عمر الأمر شورى بينهم، كلاما طويلاً من جملته: "انشدكم هل فيكم احد قال له رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "يا عليّ انت قسيم الجنة والنار يوم القيامة" غيري؟ قالوا: لا."

Алӣ алайҳис-салом бо он шаш нафаре, ки Умар ба унвони аъзои шўро барои интихоби халифаи оянда интихоб карда буд, суханони зиёде фармуд, аз ҷумла ин ки фармуданд: “Шуморо савганд медиҳам, оё ғайр аз ман касе аз шумо метавонад бигўяд, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи ў низ ин суханро фармуда бошанд, ки: “Эй Алӣ! Ту дар рўзи қиёмат ҷудокунандаи биҳишт ва ҷаҳаннам ҳастӣ” (яъне ҳар кӣ бо Алӣ алайҳис-салом бошад биҳишт меравад ва ҳар кӣ аз ў дур шуд равонаи ҷаҳаннам мегардад) ҳамагӣ гуфтанд: На”.[42]

36

Алӣ алайҳис-салом оинаи биҳишт

عن عمرو بن الحُمق قال: بعث رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم سريةً ( وساق الحديث الى ان قال: ثم هاجرت إلى رسول الله  صلى الله عليه وآله وسلم  فبينا أنا عنده ذات يوم فقال لي يا عمرو هل لك أن أريك آية الجنة تأكل الطعام وتشرب الشراب وتمشي في الأسواق قلت بلى بأبي أنت قال هذا وقومه وأشار بيده إلى علي بن أبي طالب عليه السلام وقال لي يا عمرو هل لك أن أريك آية النار تأكل الطعام وتشرب الشراب وتمشي في الأسواق قلت بأبي أنت قال هذا وقومه آية النار وأشار إلى رجل فلما وقعت الفتنة ذكرت قول رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم  ففررت من آية النار إلى آية الجنة ويرى بني أمية قاتلي بعد هذا قلت الله ورسوله أعلم. قال والله إن كنت في حجر في جوف حجر لاستخرجني بنو أمية حتى يقتلوني حدثني به حبيبي رسول الله  صلى الله عليه وآله وسلم  إن رأسي أول رأس يحتز في الإسلام وينقل من بلد إلى بلد."

Амр ибни Ҳумқ нақл мекунад: “Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гурўҳеро барои ҷанг гусел намуданд. Вай достонро идома медиҳад то он ҷо, ки мегўяд: Сипас ман ба сўи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам раҳсипор шудам ва замонеро дар маҳзари он ҳазрат будам. Рўзе ба ман чунин фармуданд: Эй Амр оё омодагӣ дорӣ то ба ту нишоне аз биҳишт бидиҳам, ки дар он ғазо бихўрӣ ва нушиданӣ биошомӣ ва дар бозорҳои он роҳ биравӣ? Гуфтам: Оре, падарам фидои шумо бод. Сипас ҳазрат фармуданд: Ин нишона Алӣ ва пайравонаш ҳастанд ва бо дасти худ ба Алӣ алайҳис-салом ишора фармуд. Ва дубора фармуданд: Эй Амр! Оё мехоҳӣ ба ту нишонае аз дузах ва оташро низ бинамоёнам, ки дар онҷо бихўрӣ ва биошомӣ ва дар бозорҳояш қадам бигузорӣ? Арз кардам: Оре, падарам фидои шумо бод. Фармуданд: Нишонаи ҷаҳаннам Муовия ва қавмаш ҳастанд ва бо даст ба ў ишора карданд. Ҳангоме ки фитнаи ҳукумати Амавиён рўй дод, ҳамин сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ёдам омад ва ман аз нишонаи ҷаҳаннам (Муовия) ба сўи нишонаи биҳишт ( Алӣ алайҳис-салом) гурехтам. Амр идома доду гуфт: Ба Худо савганд, агар ман дар ҳар пастўе пинҳон бишавам, боз ҳам Бани Умайя маро берун меоваранд ва мекушанд, чун ки сарварам Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ман хабар дод, ки сари ман аввал саре аст, ки дар Ислом бурида мешавад ва аз шаҳре ба шаҳри дигар бурда мешавад”!.[43]

37

Алӣ алайҳис-салом ҳизби Аллоҳ

عن الأئمة عليهم السلام عن امير المؤمنين عليه السلام قال: "قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: يا عليّ بكم يُفتَح هذا الأمر وبكم يختم، عليكم بالصبرفانّ العاقبة للمتقين، انكم حزب الله واعدائكم حزب الشيطان، طوبى لمن اطاعكم وويل لمن عصاكم انتم حجّة الله على خلقه والعروة الوثقى، من تمسك بها اهتدى ومن تركها ضل، اسأل الله لكم الجنة لا يسبقكم احد الى طاعة الله وانتم اولى بها."

Имомони Маъсум алайҳим салавотуллоҳ аз Амирал-мўъминин алайҳи салавотуллоҳ нақл кардаанд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Эй Алӣ! Дини Худо ба василаи шумо пирўз мешавад ва ба натиҷа мерасад, ба шумо бод бар сабру шикебоӣ, чун саранҷом аз они парҳезкорон аст. Шумо (Аҳли Байт) ҳизби Худо ҳастед ва душманони шумо ҳизби Шайтон. Хушо ба ҳоли касе, ки аз шумо пайравӣ мекунад ва вой бар ҳоле он касе, ки аз шумо нофармонӣ мекунад. Шумо ҳуҷҷат ва далели Худо барои мардум ва дастовезу ресмони маҳкаме ҳастед, ки ҳар кас ба он даст ёзид, ҳидоят мешавад ва ҳар кӣ раҳояш кунад, гумроҳ мешавад. Аз Худо барои шумо биҳиштро мехоҳам, чун ҳеҷ касе аз шумо (Аҳли Байт) дар тоати Худо пешӣ нагифтааст. Пас шумо аз ҳама ба биҳишт сазовортар ҳастед”.[44]

 

38

Алӣ алайҳис-салом дар роҳи Худо сахтгир аст

عن ابي سعيد الخدري قال: "شكى... عليَّ بن ابي طالب عليه السلام الناس الى رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم فقام فينا خطيباً فسمعته يقول: ايّها الناس لا تشكوا علياً فوالله انه لأخشن في ذات الله وفي سبيل الله."

Абусаиди Худрӣ нақл мекунад: “Гурўҳе аз мардум аз сахтгирии Алӣ алайҳис-салом ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шикоят карданд. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҷамъи мо ба хитоба истода фармуданд: Эй мардум! Аз Алӣ шикоят накунед, ки ба Худо қасам ў дар бораи Худо ва дар роҳи Худо сахтгир аст”.[45]

 

 

39

Алӣ алайҳис-салом сарвару пешвои парҳезкорон

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "يا عليُّ إنّك سيّدُ المسلمين وإمام المتَّقين وقائد الغرِّ المحجّلين و يعسوبُ المؤمنين."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ё Алӣ ҳамоно ту сарвари мусалмонон ва имоми парҳезгорон ва раҳбари пешонисафедону нурониён ва пешво ва умеду паноҳи  мўъминон ҳастӣ".[46]

40

Алӣ алайҳис-салом шохиси аҳли имон

عن بن عبّاس قال: "سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول: ليس مِن آيةٍ في كتاب الله عزَّ و جلَّ "يا أيُّها الَّذينَ آمنوا"  إلاَّ وعليٌّ رأسها و أَميرُها و شريفُها و لقد عاتب الله أصحاب النَّبيّ في القرآن و ما ذكر عليّاً إلاَّ بخيرٍ."

Ибни Аббос мегўяд: Шунидам, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мефармуданд: "Дар китоби Худо ояте нест, ки дар он "Эй касоне, ки имон овардаед" бошад магар ин ки Алӣ аввали он ва амиру шарифи онҳост ва ба дурустӣ, ки Худованди мутаол сарзанишу маломат кардааст дар Қуръон асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро, вале аз Алӣ фақат ба некӣ ёд кардааст".[47]

41

Вилояти Алӣ алайҳис-салом саволи қиёмат

انّ النبي صلى الله عليه وآله وسلم لما نزلت "وَقِفوهم إنَّهم مسئولون" قال: وَقِفوهم إنَّهم مسئولون عن ولاية عليِّ بن أبيطالب عليه السلام." الصافّات 24

Ҳангоме ки ин оят нозил шуд "Онҳоро нигаҳ доред, ки бояд бозпурсӣ шаванд" Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Аз вилояти Алӣ ибни Абутолиб дар охират савол мешаванд, ки бар он буданд ё на".[48]

42

Пайравони Алӣ алайҳис-салом бартарини мардуманд

لمّا نزلتْ: "إنَّ الَّذين آمنوا وعملوا الصّالحات أُولئك هم خير البريَّة" فقال النّبيُّ صلى الله عليه وآله وسلم: هو أنتَ يا عليُّ و شيعتك."

 Вақте ин оят нозил шуд "Касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, онҳо беҳтарини халқи (Худо) ҳастанд" Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Беҳтарин халқ ту ва пайравонат ҳастед, эй Алӣ".[49]

 

 

 

43

Дастури Худованд бар дўстии Имом Алӣ алайҳис-салом

قال رسول الله صلّىالله عليه وآله وسلم: "إنّ الله عزّوجلّ أمرني بحب أربعة وأخبرنی انّه يحبّهم. قيل يا رسول الله من هم سمّهم لنا؟ قال: عليٌّ منهم يقول ذلك ثلاثا و أبوذر و سلمان و المقداد.

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ҳамоно Худованди мутаол маро ба дўст доштани чаҳор нафар амр фармуд ва ба ман хабар дод, ки худаш низ онҳоро дўст дорад. Пурсиданд, ки он чаҳор нафар чӣ касоне ҳастанд? Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: Алӣ яке аз онҳост ва ин суханро се мартаба такрор намуданд ва Абўзар, Салмон ва Миқдод низ аз онҳо ҳастанд".[50]

 

 

 

 

44

Дўстии Алӣ алайҳис-салом имон ва амният

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "الا ارضيَك يا عليّ؟ انت اخي ووزيري تقضي دَيني وتنجز موعدي وتبريء ذمَّتي فمن احبك في حياة مني قضى نحبه ومن احبك في حياة منك بعدي ختم الله له بالامن والإيمان ومن احبك بعدي ولم يرك ختم الله بالامن والإيمان وآمنه يوم الفزع..."

Паймбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Эй Алӣ! Оё туро хушнуд накунам? Ту бародар ва вазиру пуштибонам ҳастӣ, дайнамро адо мекунӣ[51] ба ваъдаам вафо мекунӣ ва уҳдаамро озод месозӣ. Пас ҳар кӣ туро дар ҳаёти ман дўст бидорад, ба паймони худ амал кардааст ва ҳар кӣ баъд аз ман туро дўст бидорад, Худованд охири корашро бо амну имон хатм намояд ва низ ҳар касе кӣ баъд аз ман туро дўст бидорад, гарчи туро надида бошад, Худованд оқибати корашро бо амну имон хатм менамояд ва дар рўзи қиёмат нигаҳбони ў хоҳад буд”.[52]

45

Алӣ алайҳис-салом фахри фариштагон

عن عمار قال: "قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: انّ حافظي علي بن ابي طالب عليه السلام ليفخران على سائر الحفظة لكينونتهما مع علي بن ابي طالب عليه السلام وذلك لأنّهما لم يصعدا الى الله تعالى بعمل يسخطه."

Аммори Ёсир нақл мекунад: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ду фариштаи нигаҳбони[53] Алӣ алайҳис-салом бар дигар фариштагони нигаҳбон, фахру мубоҳот мекунанд, ки ҳамроҳи Алӣ алайҳис-салом ҳастанд, чун онон ҳеҷ гоҳ аз ў  рафтори норавое, ки Худои мутаолро ба хашм оварад намебинанд то дар маҳзари Худованд гузориш кунанд. (Алӣ алайҳис-салом маъсуми маҳз аст ва ҳеҷ лағзише надорад)”.[54]

 

 

 

 

 

46

Алӣ алайҳис-салом намунаи таҳорат ва погизагӣ

قال رسول الله صلّىالله عليه وآله وسلم: "نزلتْ هذه الآيةُ "إنّما يريد الله ليذهب عنكم الرّجس أهل البيت و يطهِّركم تطهيراً" فيّ و في عليّ وفاطمة الحسن و الحسين."

 Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ин оят "Худованд мехоҳад фақат аз шумо Аҳли Байт риҷсу нопокиро дур бикунад ва шуморо комилан пок гардонад”[55] дар бораи панҷ нафар нозил шуда: Дар бораи ману Алӣ, Ҳасану Ҳусайн ва Фотима".[56]

 

47

Алӣ алайҳис-салом дар илму ҳикмат

عن عليّ عليه السلام قال: "قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: أنا مدينة العلم و عليٌّ بابها فمن أراد المدينة فلْيأت من بابها."

Имом Алӣ алайҳис-салом нақл мекунанд: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ман шаҳри илму дониш ҳастам ва Алӣ дарвозаи он шаҳр аст. Пас ҳар кӣ бихоҳад дохили он шаҳр гардад бояд аз дараш ворид шавад". (Ҳар кӣ толиби илми Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бошад,  бояд пайрав Имом Алӣ алайҳис-салом бошад.[57]

Ва дар каломи дигаре фармуданд:

“Ман шаҳри ҳикматам ва Алӣ дарвозаи он аст...”[58]

 

48

Алӣ алайҳис-салом нишони ҳақиқат

قال رسول الله صلّى الله عليه و آله لعليٍّ عليه السلام: " أنتَ تبيّنُ لأمّتي ما إختلفوا فيه بعدي."

 

 

 

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд: "Ту баён ва равшан мекунӣ барои умматам баъд аз ман ҳақиқати он чиро, ки дар бораи он ихтилоф мекунанд".[59]

 

49

Бартарии хонаи Алӣ алайҳис-салом

قرأ رسول الله صلّى الله عليه وآله و سلم هذه الآية "في بيوتٍ أذن الله أن ترفع و يذكر فيها اسمه ويسبح له فيها بالغدو والآصال" فقام إليه رجل فقال: أيّ بيوت هذه يا رسول الله؟ قال: بيوت الأنبياء. فقام إليه أبوبكر فقال: يا رسول الله هذا البيت منها؟ لِبيت عليّ و فاطمة قال: نعم من أفاضلها."

Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ин оятро тиловат фармуданд, ки мефармояд: “Дар хонаҳое, Худованд иҷоза фармуд баланд мартаба ва рафеъ шаванд ва дар онҳо ному ёди Худованд ҳар бомдод ва шомгоҳ бурда шавад[60]”. Шахсе бархест ва пурсид: Ин хонаҳо чӣ хонаҳое ҳастанд? Ҳазрат фармуданд: Хонаҳои паёмбарон. Сипас Абўбакр бархосту пурсид: Оё ин хона низ аз ҷумлаи он хонаҳо мебошад? Ишора кард ба хонаи Алӣ ва Фотима. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Оре, ин хона аз беҳтарини он хонаҳост”.[61]

 

50

Алӣ алайҳис-салом

انّ النبي صلى الله عليه وآله وسلم قال لعليّ عليه السلام: "لو لاك ما عُرِفَ المؤمنون بعدي."

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд: “Пас аз ман агар ту набошӣ, мўъминон шинохта нахоҳанд шуд”.[62]

 

51

Ёди Алӣ алайҳис-салом ибодати ҳақ

عن عائشة قالت: انَّ النبي رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم قال: "ذكر عليٍّ عبادة."

Оиша нақл мекунад: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Зикру ёди Алӣ ибодат аст".[63]

Ва дар ривояти дигаре омадааст: “Нигоҳ кардан ба чеҳраи Алӣ ибодат аст”.[64]

Ва низ дар каломи дигаре Имом Козим алайҳис-салом аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл мекунанд, ки ҳазрат фармуданд: “Маҷолиси худро бо ёду зикри Алӣ алайҳис-салом зинат диҳеду зебо кунед”.[65]

 

52

Алӣ алайҳис-салом аз итрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст

عن الأئمة عليهم السلام: قال رسول الله صلّى الله عليه و آله سلم: اني مخلف فيكم الثقلين كتاب الله وعترتي وانهما لن يفترقا حتى يردا عليّ الحوض كهاتين –وضمَّ سبابتيه- فقام اليه جابر بن عبدالله الأنصاري فقال: يا رسول الله ومن عترتك؟ قال: عليٌّ والحسن والحسين والأئمة من ولد الحسين الى يوم القيامة."

Аз Имомони Маъсум алайҳим салавотуллоҳ нақл шудааст: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ман дар миёни шумо ду чизи гаронбаҳо ва арзишманд ба ҷо мегузорам: "Китоби Худо ва Итратам" он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар канори ҳавзи Кавсар бар ман дохил шаванд, мисли ин ду ангуштон. Дар ин ҳангом Ҷобир ибни Абдуллоҳ бархосту пурсид: Эй Расули Худо! Итрати шумо чӣ касоне ҳастанд? Ҳазрат фармуданд: Онҳо Алӣ ва Ҳасану Ҳусайн ва Имомон аз фарзандони Ҳусайн, то рўзи қиёмат ҳастанд”.[66]

 

53

Алӣ алайҳис-салом падари уммат

عن عبد الله بن عباس عن رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم قال: "يا علي أنا وانت ابوا هذه الأمة..."

Ибни Аббос ривоят мекунад: Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Эй Алӣ! Ману ту, падари ин уммат ҳастем”.[67]

 

54

Алӣ алайҳис-салом монанди Каъба

قال رسول الله صلّىالله عليه وآله وسلم لعليٍّ: انت بمنزلة الكعبة تُؤتى و لا تأتي."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам  ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд: "Ту ба монанди Каъба ҳастӣ ва мардум бояд ба назди ту биёянд, на ин ки ту ба назди онҳо биравӣ. ( Яъне ҳамон гуна, ки Каъба қиблагоҳ ва меҳвари яктопарастон аст ва

 ҳама рў ба сўи он меоваранд, Алӣ алайҳис-салом низ чунин аст, ки ҳамаи мардум бояд ўро меҳвари ҳидоят ва пайравӣ аз ҳақ бидонанд ва ҳамвора ба ў бингаранд)”.[68]

Дар ривояти дигар омадааст: “Масали Алӣ алайҳис-салом масали Хонаи Худост, ки зиёрат мешавад, вале худ зиёрат намекунад”.[69]

 

55

Манзалати дўстдорони Алӣ алайҳис-салом

إنَّ النَّبيُ صلّى الله عليه وآله وسلم أخذ بيد الحسن و الحسين فقال: "من احبني و أحبَّ هذيْن و أباهما و أمَهما كان معي في درجتي يوم القيامةِ."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз дастони Ҳасан ва Ҳусайн гирифтанд ва фармуданд: "Ҳар кӣ маро ва низ ин дуро ва падару модарfшон (Алӣ ва Фотима алайҳимо салавотуллоҳ)-ро дўст дошта бошад, дар охират бо ҳамроҳи ман дар як дараҷа хоҳад буд".[70]

 

56

Алӣ алайҳис-салом монанди паёмбарон

قال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: "من أراد أن ينظرِِ إلى آدم في علمه وإلى نوح في فهمه وإلى إبراهيم في حلْمه وإلى يحْيى

بن زكريا في زهده وإلى موسى بن عمران في بطشه فلينظر إلى علي بن أبيطالب."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ҳар кӣ бихоҳад ба Одам дар илмаш, ба Нўҳ дар фаҳмаш, ба Иброҳим дар бурдборияшрл, ба Яҳё дар зўҳдаш, ба Мўсо дар азаматаш нигоҳ бикунад, пас ба Алӣ ибни Абутолиб нигоҳ бикунад".[71]

 

57

Алӣ алайҳис-салом каломи Одам алайҳис-салом

عن بن عباس قال: "سئِل النَّبيُّ صلّى الله عليه و آله وسلم عن الكلمات الّتي تلقّاها آدم من ربِّه فتاب عليه قال: سأله بحقِّ محمّدٍ و عليٍّ و فاطمة والحسن و الحسين إلاَّ  تُبْتَ عليَّ فتاب عليه."

Ибни Аббос нақл мекунад: Аз Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам савол шуд: Аз калимоте, ки ба Одам илқо шуд ва ба василаи он калимот тавбаи Одам пазируфта шуд, чӣ калимоте буд[72]? Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Одам аз Худованд ба ҳаққи Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Алӣ, Фотима ва Ҳасану Ҳусайн хост, ки тавбааш пазируфта шавад ва Худованд низ тавбаашро қабул фармуд".[73]

 

58

Алӣ алайҳис-салом ҳуҷҷати илоҳӣ

عن انس بن مالك قال: "كنت عند النبي صلّىالله عليه وآله وسلم فرأى علياً مقبلاً فقال: أنا و هذا حجّةٌ على أُمّتي يوم القيامة."

Анас ибни Молик мегўяд: Дар хидмати Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам будам. Он ҳазрат вақте, ки дид Алӣ алайҳис-салом ба сўи ў меояд фармуданд: "Ман ва Алӣ дар рўзи қиёмат бар умматам ҳуҷҷату далел хоҳем буд".[74]

 

 

 

59

Асари инкори вилояти Алӣ алайҳис-салом

عن بن عباس قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول: "من لقى الله تعالى وهو جاحد ولاية عليّ بن ابي طالب عليه السلام لقى الله وهو عليه غضبان لا يقبل الله منه شيئا من اعماله..."

Ибни Аббос мегўяд: “Аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шунидам, ки мефармуданд: Касе, ки бо инкори вилояти Алӣ алайҳис-салом Худоро мулоқот кунад, дар ҳоле бо Худованд рў ба рў мешавад, ки Худои мутаол аз ў хашмгин аст ва ҳеҷ як аз аъмолашро намепазирад”.[75]

 

60

Алӣ алайҳис-салом аламу парчами растагорӣ

عن جابر بن عبدالله قال: "كنا عند النبي صلى الله عليه وآله وسلم فاقبل عليّ عليه السلام فقال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: والذي نفسي بيده انّ هذا وشيعته لَهم الفائزون يوم القيامة."

Ҷобир ибни Абдуллоҳ мегўяд: Назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам будем, ки Алӣ алайҳис-салом ворид шуд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Савганд ба он ки ҷонам ба дасти ўст ба яқин Алӣ ва пайравонаш наҷотёфтагон ҳастанд дар рўзи қиёмат".[76]

 

61

Алӣ алайҳис-салом ҳамсари интихобкардаи Худо барои Заҳрои пок

عن ابي ايوب الانصاري قال: "إنّ رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم مرض مرضةً فرحلت عليه فأتته فاطمة عليها السلام تعوده وهو ناقه من مرضه فلما رأت ما به رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم من الجهد والضعف خنقتها العبرة حتى جرت دمعتها فقال لها يا فاطمة إن الله عزّوجلّ إطّلع إلى الأرض إطّلاعة فإختار منها اباك  فبعثه نبيّاً ثمّ إطّلع اليها الثانية فإختار منها بعلك فأوحى إليّ فانكحته واتخذته وصيّاً اما علمت انّ لكرامة الله اياك زوجك أعظمهم حلما وأقدمهم سلماً وأعلمهم علماً؟ فسرت بذلك فاطمة عليها السلام واستبشرت..."

Абуаюби Ансорӣ нақл мекунад:  "Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бемор шуд ва Фотима алайҳо салом ба аёдати падар рафт. Вақте заъфу нороҳатии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дид ба гиря афтоду ашкаш ҷорӣ шуд. Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ў фармуданд: Эй Фотима Худованди мутаол нигоҳе ба аҳли замин намуд ва маро аз байни онҳо баргузид ва паёмбар қарор дод. Сипас барои мартабаи дуввум назаре намуд ва ихтиёр намуд аз аҳли замин шавҳаратро ва ба ман ваҳй намуд, ки туро ба ҳамсарии ў дароварам ва ўро васӣ ва ҷонишини худ қарор диҳам. Оё намедонӣ аз каромату лутфи Худованд бар ту ин аст, ки ҳамсарат бурдбортарини мардум ва пештози ҳама дар Ислом ва донотарини ин уммат аст? Пас аз ин башорат Фотима алайҳо салом хушҳолу шодмон гардид... ".[77]

 

62

Алӣ алайҳис-салом кушояндаи Хайбар

قال رسول صلّى الله عليه و آله وسلم: "لأعطيَنَّ الرّايةَ رجلاً يحبّ اللهَ ورسولَه ويحبُّه اللهُ ورسولُه فاعطاها علياً عليه السلام."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар рўзи ҷанги Хайбар фармуданд: "Парчами Исломро ба дасти касе медиҳам, ки ў Худо ва Паёмбарашро дўст дорад, Худо ва Паёмбараш низ ўро дўст медоранд. Онгоҳ парчамро ба дасти Алӣ алайҳис-салом дод".[78]

 

 

 

 

 

 

63

Алӣ алайҳис-салом беҳтарини ростгўён

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "الصّدّيقون ثلاثة حبيب بن موسى النجّّّّّار و هو مؤمن آل يس و حزقيل و هو مؤمن آل فرعون وعلي بن أبي طالب و هو (عليٌّ) أفضلُهم."

 Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Рост гўяндагон се нафар ҳастанд: Ҳабиб ибни Наҷҷор мўъмини оли Ёсин, Ҳизқил мўъмини оли Фиръавн ва Алӣ ибни Абутолиб, ки Алӣ алайҳис-салом беҳтаринашон аст".[79]

 

 

 

 

 

 

64

Вилояти Алӣ алайҳис-салом ҷавоз бар пули сирот

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "اذا جمع الله الأولين والآخرين يوم القيامة ونصب الصراط على جسر جهنم ما جازها أحد حتى كانت معه براءة بولاية علي بن أبي طالب عليه السلام."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Замоне, ки Худованд дар қиёмат ҳамаи мардумро ҷамъ мекунад ва ба рўи ҷаҳаннам сирот (пул) насб мешавад, касе аз он наметавонад бигзарад магар ин ки иҷоза ва навиштае ҳамроҳ дошта бошад, ки ба доштани вилояти Алӣ далолат бикунад ва бар вилояти Алӣ буданаш таъйид шуда бошад”.[80]

 

 

 

 

 

65

Алӣ алайҳис-салом дорандаи ливои ҳамд

عن بن عباس قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم لعليّ عليه السلام: "انت اَمامي يوم القيامة فيدفع اليَّ لواء الحمد فأدفعه اليك..."

Ибни Аббос ривоят мекунад: “Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд: Ту дар рўзи қиёмат пеши (ҳамроҳи) ман ҳастӣ онгоҳ, ки парчами Ҳамд ба ман дода мешавад ва ман онро ба ту медиҳам”.[81]

 

66

Алӣ алайҳис-салом сарвари ҳар ду ҷаҳон

عن بن عباس قال: "نظر رسول الله صلّى الله عليه و آله إلى عليٍّ فقال: أنت سيّد في الدنيا و سيّدٌ في الآخرة حبيبك حبيبي وحبيبي حبيب الله..."

Ибни Аббос ривоят мекунад: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нигоҳе ба Алӣ алайҳис-салом карданду фармуданд: "Ту дар дунё ва охират сайид ва сарвар ҳастӣ, дўсти ту дусти ман аст ва дўсти ман дўсти Худост...".[82]

 

67

Алӣ алайҳис-салом падари фарзандони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

قال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: "إنَّ الله عزَّ وجلَّ جعل ذُرِّية كلّ نبيٍّ في صلبه وجعل ذُرِّيَّتي في صُلْبِ علي بن ابي طالب عليه السلام."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Худованди мутаол зуррия ва фарзандони тамоми паёмбаронро дар сулбу вуҷуди худашон қарор дод ва зуррия ва фарзандони маро дар сулбу вуҷуди Алӣ алайҳис-салом қарор дод".[83]

 

 

68

Дарахти Тўбо дар хонаи Алӣ алайҳис-салом аст

عن بن عباس في قوله تعالى: "طوبى لهم وحسن مآب"[84] قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم طوبى، شجرة اصلها في دار عليًّ عليه السلام وفي دار كل مؤمن منها غصنٌ..."

Дар бораи ояти “Покизатарин ( зиндагӣ) ва беҳтарин саранҷомҳо насибашон аст” Ибни Аббос ривоят мекунад, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Тўбо дарахте аст ( дар биҳишт), ки асли он дар хонаи Алӣ алайҳис-салом аст ва дар хонаи ҳар мўъмине шохае аз он вуҷуд дорад”.[85]

 

 

 

 

 

 

 

69

Густардагии хонаи биҳиштии Алӣ алайҳис-салом

عن ابي سعيد الخدري قال: "قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: يا عليُّ انَّ لك في الجنة ما لو قسّم على اهل الأرض لوسعهم."

Абусаиди Худрӣ ривоят мекунад: “Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд: Хонаи ту дар биҳишт ба гунае аст, ки агар бар заминиён тақсим шавад, ҳамаро дарбар мегирад”.[86]

 

70

Алӣ Алайҳис-салом орзуи биҳишт

عن انس بن مالك قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "تشتاق الجنة إلى ثلاثة: عليٍّ و عمّار و سلمان."

Анас ибни Молик нақл мекунад: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Биҳишт муштоқи се нафар аст, ки онҳо Алӣ, Аммор ва Салмон ҳастанд".[87]

 

71

Муҳаббати Алӣ алайҳис-салом сўзандаи гуноҳ

عن بن عباس قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "حُبُّ عليّ بن أبي طالب يأكل الذّنوب كما تأكل النّار الحطبَ."

Ибни Аббос нақл мекунад: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Муҳаббату дўстии Алӣ гуноҳро аз байн мебарад чунон ки оташ ҳезумро аз байн мебарад".[88]

 

 

 

 

 

 

72

Алӣ алайҳис-салом фармонбардорӣ Худо ва Расулаш

...إنّ النبي صلى الله عليه وآله وسلم كان يوحى إليه ورأسه في حجر عليٍّ فلم يصلّ العصرَ حتّى غربت الشّمس فقال رسول الله صلّىالله عليه وآله وسلم: صلّيتَ يا عليُّ؟ قال لا. فقال رسول الله: اللّهمّ إنّه كان في طاعتك و طاعت رسولك فاردد عليه الشّمسَ. قالتْ أسماء: فرأيتها غربتْ ثمّ رأيتها طلعتْ بعد ما غربتْ."

"Ба Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ваҳй мешуд дар ҳоле ки сари мубораки он ҳазрат дар домани Имом Алӣ буд, Имом Алӣ намози асрро нахонда буданд то ин ки хуршед ғуруб кард. Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пурсиданд, ки эй Алӣ оё намоз хондӣ? Ҷавоб доданд, ки на. Паёмбари гиромии Ислом фармуданд: Худоё Алӣ дар тоати ту ва Паёмбарат буд, пас хуршедро аз барои ў баргардон. Асмо мегўяд: Ман дидам, ки хуршед ғуруб карда буд, сипас дидам, ки хуршед тулўъ кард ва баргашт баъд аз он ки ғуруб карда буд".[89]

 

73

Алӣ алайҳис-салом ифтихори Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

عن بن عمر قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: يفتخر يوم القيامة آدم بابنه شيث وافتخر انا بعلي بن ابي طالب عليه السلام."

Ибни Умар нақл мекунад: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Рўзи қиёмат Одам алайҳис-салом ба фарзандаш Шис ифтихор мекунад ва ман ба Алӣ алайҳис-салом ифтихор мекунам”.[90]

 

74

Алӣ алайҳис-салом пирўзи ҷангҳо

عن عبد الله بن مسعود قال: "قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: ما بعث علياً عليه السلام في سرية الاّ رأيت جبرئيل عن يمينه وميكائيل عن يساره والسحابة تظله حتى يرزقه الله الظفر."

Абдуллоҳ ибни Масъуд нақл мекунад: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Дар ҳеҷ ҷанге Алиро нафиристодам, магар ин ки медидам Ҷабраил аз тарафи росташ ва Микоил аз тарафи чапаш ўро ҳамроҳӣ мекарданд ва абрҳо бар ў соя меафканд, то вақте ки Худованди мутаол пирўзиро насибаш гардонад”.[91] 

 

75

Алӣ алайҳис-салом мазлуми таърих

عن الرضا عليه السلام عن آبائه عليهم السلام قال: "قال رسول الله صلى الل

ه عليه وآله وسلم: يا علي انت المظلوم من بعدي فويل لمن ظلمك واعتدى عليك وطوبى لمن تبعك ولم يختر عليك..."

Имом Ризо алайҳис-салом аз Имомони маъсум алайҳимус-салом нақл мекунанд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллама ба Имом Алӣ алайҳис-салом фармуданд: Пас аз ман ту мазлум воқеъ мешавӣ, вой ба ҳоле касе, ки ба ту зулм мекунаду бар ту таҷовуз мекунад ва хушо ба ҳоли касе, ки аз ту пайравӣ мекунад ва ғайри туро ихтиёр накунад”.[92]

 

76

Муҳаббати Алӣ алайҳис-салом нишонаи имон

عن انس بن مالك قال: "سمعت باُذُنَيَّ هاتين والاّ صمَّتا انّ رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول في حق عليّ بن ابي طالب عليه السلام: عنوان صحيفة المؤمن يوم القيامة حبّ عليِّ بن ابي طالب عليه السلام."

Анас ибни Молик ривоят мекунад: Бо ин ду гўши худ шунидам вагарна гўшҳоям кар шаванд[93], ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи Алӣ алайҳис-салом фармуданд: "Унвон ва нишонаи мўъмин будан дар рўзи қиёмат дўст доштани Алӣ ибни Абутолиб алайҳис-салом аст".[94]

 

77

Вилояти Алӣ алайҳис-салом ҳисори илоҳӣ

عن الأئمة عليهم السلام عن النبي صلى الله عليه وآله وسلم: ... يقول الله عز وجل: "ولاية عليّ بن ابي طالب حصني فمَن دخل حصني امن مِن عذابي."

Имомони маъсум алайҳимус-салом ривоят кардаанд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Худованди бузург мефармояд: Вилояти Алӣ алайҳис-салом қалъаи маҳками ман аст, пас ҳар кӣ вориди қалъаи ман шавад, аз азоби ман дар амон хоҳад буд”.[95]

 

78

Бо вилояти Алӣ алайҳис-салом дузахӣ набуд

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "لو اجتمع الناس على حب علي بن ابي طالب لما خلق الله عز وجل النار."

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Агар ҳамаи мардум бар дўстии Алӣ алайҳис-салом ҷамъ мешуданд, Худованди бузург ҷаҳаннамро намеофарид”.[96]

 

79

Имон ва Ислом бе Алӣ алайҳис-салом нест

عن بن مسعود قال: قال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: مَن زعم أنه آمن بما جئتُ به وهو يبغض علياً فهو كاذب ليس بمؤمن."

Инби Масъуд нақл мекунад: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ҳар кӣ гумон кунад ба он чӣ ки ман овардаам ( Ислом) имон дорад, аммо бо Алӣ душман бошад, чунин касе дурўғгў аст ва мўъмин нест”.[97]

Дар ривояти дигар низ ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд:

"Дурўғ мегўяд ҳар он касе, ки гумон кунад маро дўст медорад дар ҳоле, ки бо ту душманӣ варзад".[98]

 

80

Дўстии Алӣ алайҳис-салом наҷот аз оташ аст

قال عمر بن الخطاب: "قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: حبُّ عليٍّ براءةٌ من النّار."

Умар ибни Хаттоб нақл мекунад: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Муҳаббат ва дўст доштани Алӣ нишонаи дурӣ ва наҷот аз оташ аст".[99]

 

 

81

Алӣ алайҳис-салом довари бартар

عن انس بن مالك قال: "قال رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم: أقضاهم عليّ بن ابي طالب."

Анас нақл мекунад: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Донотарину бартарин шахс дар байни умматам дар довариву қазоват кардан Алист".[100]

 

82

Ҳизби Алӣ алайҳис-салом ҳизби Худост

عن جابر الانصاري قال: "قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: حزب عليّ حزب الله وحزب اعدائه حزب الشيطان."

Ҷобири Ансорӣ мегўяд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ҳизбу гурўҳи Алӣ алайҳис-салом ҳизби Худост ва ҳизби душманони Алӣ ҳизби Шайтон аст”.[101]

Ва дар каломи дигаре бар Имом Алӣ алайҳис-салом фармуданд: Ҳизби ту ҳизби ман аст ва ҳизби ман ҳизби Худост”.[102]

 

83

Алӣ алайҳис-салом ҳамтои Фотима алайҳо салом

عن ام سلمة عن رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم قال: لو لم يُخلَق عليٌّ ما كان لفاطمة كفوٌ.

Умми Салама нақл мекунад: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Агар Алӣ набуд барои Фотима ҳамто ва ҳамсари муносибе вуҷуд надошт".[103]

 

 

84

Дўстии Алӣ алайҳис-салом камоли саодат аст

وعن فاطمة بنت رسول الله  صلى الله عليه وآله وسلم  قالت": خرج علينا رسول الله  صلى الله عليه وآله وسلم عشية عرفة فقال: إن الله تعالى باهى بكم عامة وغفر لكم عامة وباهى بعلي خاصة وغفر له خاصة إني قائل لكم قولاً غير محاب فيه لقرابتي هذا جبريل يخبرني أن السعيد حق السعيد من أحب عليا في حياته وبعد موته وأن الشقي كل الشقي من أبغض عليا في حياته وبعد موته."

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шоми Арафа ба назди ҳоҷиҳо омада ба онон фармуданд: “Худованд назди фариштагон ба шумо мардум (уммати Ислом) умуман ва ба Алӣ алайҳис-салом хусусан, меболад. Ва низ шуморо умуман ва Алиро хусусан омурзидааст. Акнун бо шумо сухане мегўям на ба хотири дўстӣ ва хешиам бо Алӣ ва он ин ки: Ин Ҷабраил аст ба ман хабар медиҳад, ки камоли саодат ва ҳақиқати саодату сарафрозӣ аз они касест, ки дар ҳар ҳол, чӣ дар зиндагиаш ва чӣ пас аз маргаш, Алиро дўст дошта бошад”.[104] 

 

85

Хилқати фариштагон бар партави нури Алӣ алайҳис-салом

عن عثمان بن عفان، عن عمر بن الخطاب، عن ابي بكر بن ابي قحافة قال: "سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول: انّ الله تبارك وتعالى خلق من نور وجه عليٍّ عليه السلام ملائكة يسبحون ويقدسون ويكتبون ثواب ذلك لمحبيه ومحبي وُلده عليهم السلام."

Усмон ва Умар аз Абўбакр (халифаи аввал) нақл кардаанд, ки гуфт: Аз Расули Худо шунидам, ки фармуданд: “Худои Бузург аз партави нури Алӣ алайҳис-салом фариштагонеро халқ кард, ки Худоро тасбиҳ ва тақдис мекунанд ( ўро поку бениёз мешуморанд) ва савобу подоши ин бандагиро барои дўстдорони Алӣ алайҳис-салом ва дўстдорони фарзандонаш менависанд”.[105]

 

 

 

 

86

Ҷабраил, фармонбардори Алист

عن ابي ذر قال: سمعت رسول الله صلی الله عليه وآله وسلم يقول: انّ الله عز وجل خَصَ جبرئيل وميكائيل واسرافيل بطاعة علیٍّ والبرائة من اعدائه والاستغفار لشيعته."

Абўзар ривоят мекунад: “Шунидам Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Худованд, Ҷабраил ва Микоил ва Исрофилро фақат барои итоати Алӣ алайҳис-салом ва безорӣ аз душманонаш ва талаби бахшиш барои пайравонаш фарохонд”.[106]

 

87

Алӣ алайҳис-салом роҳи тавҳид

عن ابی ذر قال: "سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول: لو لا أنا وعليّ ما عُرِفَ الله."

Абўзар мегўяд: “Аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салам шунидам, ки мефармуданд: Агар ману Алӣ набудем, Худои Мутаол шинохта намешуд”.[107]

 

 

88

Алӣ алайҳис-салом роҳи бандагии Худо

عن أبي ذر قال: "سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول: لولا أنا وعليّ ما عُبِدَ الله."

Абўзар ривоят мекунад: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Агар ману Алӣ набудем Худо ибодат намешуд”.[108]

 

89

Алӣ алайҳис-салом меъёри подошу муҷозот

عن ابي ذر قال: "سمعت رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يقول: لو لا أنا وعليّ عليه السلام ما كان ثواب وعقاب."

Абўзар мегўяд: Шунидам, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мефармуданд: Агар ману Алӣ набудем подошу азобе набуд”.[109]

 

 

 

90

Алӣ алайҳис-салом дарёи илмҳо

عن ابي جعفر عليه السلام قال: "قال عليّ عليه السلام: لقد علّمني رسول الله صلّىالله عليه وآله وسلم ألف باب علم  يُفْتَح من كلِّ باب ألف باب."

Аз Имом Боқир алайҳис-салом ривоят шудааст: Имом Алӣ алайҳи салавотуллоҳ фармуданд: "Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар ман ҳазор боб аз илм ёд доданд, ки аз ҳар боби он ҳазор боби дигар боз мешавад".[110]

 

91

Алӣ алайҳис-салом соҳиби дили пок

عن ابي عبد الله عليه السلام قال: "خرج رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم في اُناس من المهاجرين والانصار فجلس وجلسوا حوله اذا اقبل عليّ بن ابي طالب عليه السلام فقال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم لمن حوله: هذا عليّ قد أتاكم تقيَّ القلب والكفَّين..."

Аз Имом Содиқ алайҳис-салом нақл шудааст, ки фармуданд: Рўзе Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҷамъи муҳоҷирину ансор ҳозир шуд. Ҳамагӣ дар атрофи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҷамъ шуда буданд, ки Алӣ алайҳис-салом аз роҳ расид. Дар ин ҳангом Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам рў ба мардум карда фармуданд: Ин мард ҳамон Алӣ аст, ки бо дилу дастони пок ба ҷамъи шумо омад”.[111]

 

92

Алӣ алайҳис-салом устувор дар дин

عن ابي عبد الله عليه السلام قال: ..."فقال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم لمن حوله:... هذا علي بن ابي طالب عليه السلام لا يقول الا صواباً، تزول الجبال ولا يزول عن دينه."

Имом Содиқ алайҳис-салом фармуданд: Рўзе Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба касоне, ки дар канораш буданд фармуданд: Ин Алӣ аст, ки ҷуз ҳақ чизе намегўяд. Кўҳҳо пошида мешаванд, аммо ў дар дини худ устувор мемонад”.[112]

 

93

Алӣ алайҳис-салом Абутуроб ( падари хок) [113]

    "دخل علي على فاطمة ثم خرج فاضطجع في المسجد فقال النبي  صلى الله عليه وآله وسلم  أين ابن عمك قالت في المسجد فخرج إليه فوجد ردائه قد سقط عن ظهره وخلُص التراب إلى ظهره فجعل يمسح التراب عن ظهره فيقول اجلس يا   أبا تراب  مرتين."

Ривоят аст, ки Алӣ алайҳис-салом ба назди Заҳро алайҳо салом омад, сипас ба масҷид рафту дар он ҷо оромид. Расули Худо ба хонаи Заҳро омаду пурсид: Писар амакат куҷост? Фотима алайҳо салом ҷавоб дод: Дар масҷид аст. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба назди Алӣ алайҳис-салом рафт ва ўро дид, ки абову пироҳан аз рўяш канор рафта ва хоколуд аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хокро аз пушти Алӣ алайҳис-салом пок кард ва сипас дубора фармуданд: Биншин эй аботуроб”.[114]

94

Алӣ алайҳис-салом амони уммат

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "النّجوم أمانٌ لأهل الأرض من الغرق و أهل بيتي أمانٌ لأمّتي من الإختلاف فإذا خالفتها قبيلة من العرب إختلفوا فصاروا حزب إبليس."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ситораҳо амон ҳастанд барои аҳли замин аз ғарқ шудан ва Аҳли Байтам амон ҳастанд барои умматам аз ихтилоф, пас агар тоифае аз араб бо Аҳли Байтам ихтилоф кунанд (бо он ихтолофашон) ҳизб ва лашкари шайтон хоҳанд шуд".[115]

 

95

Алӣ алайҳис-салом ҷавонмарди ягона

يُنادي منادي يوم أُحد مراراً: "لا سيف إلاّ ذوالفقار و لا فتى إلاّ عليّ .فسئل رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم عنه فقال: هذا جبرئيل."

Нидо кунандае дар рўзи ҷанги Уҳуд пайваста нидо мекард, ки: "Ҳеҷ шамшере монанди зулфиқор нест ва ҷавонмарде монанди Алӣ нест". Аз Паёмбари гиромии Ислом пурсиданд, ки ин нидокунанда чӣ касест? Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ҷабраил аст".[116]

 

96

Парвози Рўҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз домани Алӣ алайҳис-салом

عن عائشة قالت: قال رسول صلى الله عليه وآله وسلم لما حضرته الوفاة: أدعوا لي حبيبي فدعوا له أبا بكر فنظر إليه ثم وضع رأسه فقال: أدعوا لي حبيبي فدعوا له عمر فلما نظر إليه وضع رأسه ثم قال أدعوا لي حبيبي فدعوا له عليا عليه السلام فلما رآه أدخله معه في الثوب الذي كان عليه فلم يزل يحتضنه حتى قبض ويده عليه."

Оиша мегўяд: “Ҳангоме ки реҳлати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам наздик шуд, фармуданд: Ҳабибамро бихонед! Мардум Абўбакрро фаро хонданд, вале Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳамин ки ўро диданд, сарашонро бар замин гузоштанду дубора фармуданд: Ҳабибамро бихонед! Мардум рафтанду Умарро фаро хонданд, вале Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам вақте ўро низ диданд, сар бар замин гузоштанду бори дигар фармуданд: Ҳабибамро бихонед! Мардум Алӣ алайҳис-саломро фаро хонданд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳамин ки Алӣ алайҳис-саломро диданд, ўро дар пироҳане, ки бар рўи он ҳазрат буд ворид карданд ва ҳамчунон ўро дар оғўшашон нигаҳ доштанд, то ин ки аз дунё рафтанд. Дар ҳоле ки дасти Алӣ алайҳис-салом бар он ҳазрат буд”.[117]

 

97

Номи Алӣ алайҳис-салом нақши дари биҳишт

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "مكتوبٌ على باب الجنَّةِ لا إله إلاَّ الله محمّدٌ رسول الله صلّى الله عليه وآله وسلم وعليٌّ عليه السلام أخو رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم..."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Бар дари биҳишт навишта шуда, ки нест худое ба ғайр аз Аллоҳ ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Расули Худо ва Алӣ алайҳис-салом бародари Расули Худост".[118]

 

98

Вилояти Алӣ алайҳис-салом вилояти Худост

عن بن عباس قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "ولاية علي بن ابي طالب عليه السلام ولاية الله وحبه عبادة الله واتباعه فريضة الله واولياؤه اولياء الله..."

Ибни Аббос нақл мекунад: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Вилояти Алӣ алайҳис-салом вилояти Худост ва дўстии Алӣ алайҳис-салом ибодати Худост. Пайравӣ аз Алӣ воҷиби илоҳӣ аст ва дўстону ёрони Алӣ алайҳис-салом дўстони Худо ҳастанд”.[119]

 

 

99

Алӣ алайҳис-салом шамшери илоҳӣ

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "عليٌّ عليه السلام سيف الله سلَّه على الكفار والمنافقين فمَن احبه فبحبي احبه ومَن ابغضه فببغضي ابغضه، ألا ومَن ابغضني او ابغض علياً لقى الله عز وجل ولا حجة له."

Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Алӣ алайҳис-салом шамшери Худост, ки бар сари кофирону мунофиқон фуруд меояд, бинобар ин, ҳар кӣ ўро дўст бидорад бо дўстии ман ўро дўст бидорад ва ҳар кӣ Алиро душман бидорад ба хотири душманӣ бо ман, бо ў душман шудааст. Огоҳ бошед, ки ҳар кас бо ман ё бо Алӣ душманӣ варзад, дар ҳоле ба дидори Худои Бузург меравад, ки бо худ ҳеҷ ҳуҷҷат ва далеле надорад”.[120]

 

 

 

 

 

 

 

100

Розгўии Худои Бузург бо Алӣ алайҳис-салом

عن جابر قال: "دعا رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم علياً عليه السلام يوم الطائف فانتجاه فقال الناس: لقد طال نجواه مع ابن عمّه. فقال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: ما انتجيته ولكن الله انتجاه."

Ҷобир ривоят мекунад: “Дар рўзи Тоиф (номи мантақае дар Ҳиҷоз) Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Алӣ алайҳис-саломро фаро хонданду бо ў ба гуфтугўи хусусӣ нишастанд. Дар ин миён мардум гуфтанд: Наҷвои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бо писар амакаш ба дарозо кашид. Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҷавоб фармуданд: Ман бо Алӣ (алайҳис-салом) ба наҷво нанишастаам, балки Худованд бо ў наҷво мекунад”.[121]

 

 

101

Алӣ алайҳис-салом паёмрасони Бароат

عن أنس بن مالك قال: "بعث النبي صلى الله عليه وآله وسلم  ببرائة مع أبي بكر ثم دعاه فقال لا ينبغي لأحد أن يبلغ هذا إلا رجل من أهلي فدعا عليا عليه السلام فأعطاه إياه."

Анас ибни Молик мегўяд: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Абўбакрро барои эълони сураи Бароат фиристод, аммо дар миёни роҳ ўро (бо дастури ваҳй) бозгардонду фармуданд:  Сазовор нест, ки касе ғайр аз Аҳли Байтам ин корро анҷом диҳад. Сипас Алиро фаро хонду оётро ба ў супурд”.[122]

 

 

 

 

102

Бо дўстии Алӣ алайҳис-салом ҳасрат нест

عن عائشة: قال النبي صلى الله عليه وآله وسلم لعلي عليه السلام: حسبك ما لمحبك حسرة عند موته، ولا وحشة في قبره ولا فزع يوم القيامة."

Оиша мегўяд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд: Ҳамин туро бас аст, ки барои дўстдорони ту дар ҳангоми марг ҳасрат ва оҳе нест ва дар қабр, ваҳшат ва воҳимае нест ва дар қиёмат, фиғону фарёде нахоҳанд дошт”.[123]

 

103

Имтиёзи болои Алӣ алайҳис-салом

عن الرضا عليه السلام عن آبائه عليهم السلام: قال رسول الله صلی الله عليه وآله وسلم لعلي عليه السلام: يا عليُّ انك أعطيت ثلاثة لم اٍعطَ قلت: يا رسول الله ما اعطيتُ؟ فقال: اُعطيتَ صهراً مثلي و لم أعط و اعطيت زوجتک فاطمة ولم اعط واعطيت الحسن و الحسين و لم أعط."

Имом Ризо алайҳис-салом аз дигар Имомон алайҳим салавотуллоҳ нақл мекунанд: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Имом Алӣ алайҳис-салом фармуданд: Эй Алӣ! Се чиз ба ту дода шудааст, ки ман онҳоро надорам. Алӣ алайҳис-салом пурсид: Эй Расули Худо он се кадоманд? Фармуданд: Падарзане мисли маро дорӣ, ки ман онро надорам, ҳамсаре мисли духтарам Фотимаро дорӣ, ки ман мисли ўро надорам ва фарзандоне[124] мисли Ҳасану Ҳусайнро дорӣ, ки ман надорам”.[125]

 

104

Алӣ алайҳис-салом орифи комил

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: يا عليُّ ما عَرَفَ اللهَ حق معرفته غيري وغيرُك وما عرفك حق معرفتك غيرالله وغيري."

Расули гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Эй Алӣ! Ҳеҷ касе ғайр аз ману ту Худоро он гуна, ки шоистааст, нашинохта ва ҳеҷ касе ғайр аз Худои Мутаол ва ман, туро он гуна, ки шоистааст, намешиносад”.[126]

 

105

Алӣ алайҳис-салом монанди хуршед

قال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: "...مثله (عليّ عليه السلام) كمثل القمر اذا طلع اَضاء الظلمةَ ومثله كمثل الشمس اذا طلعت اَنارت."

Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Алӣ алайҳис-салом ҳамчун моҳ аст, ки вақте тулўъ мекунад, торикиҳоро равшан месозад ва ў монанди хуршед аст, ки вақте намоён мешавад, нурафшонӣ мекунад”.[127]

 

106

Алӣ алайҳис-салом мазҳари хислатҳои паёмбарон

قال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: "شبهت لينه (علي عليه السلام) بلين لوط وخلقه بخلق يحيى وزهده بزهد أيّوب وسخاؤه بسخاء ابراهيم وبهجته ببهجة سليمان وقوَّته بقوة داود عليهم السلام."

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Алӣ алайҳис-салом дар нармхўӣ монанди Лут алайҳис-салом аст ва дар ахлоқ монанди Яҳё алайҳис-салом ва дар зўҳд монанди Айюб алайҳис-салом ва дар саховат монанди Иброҳим алайҳис-салом ва дар шукўҳ ва сурур монанди Сулаймон алайҳис-салом ва дар нерўмандӣ монанди Довуд алайҳис-салом мебошад”.[128]

 

107

Алӣ алайҳис-салом ҳалқаи биҳишт

عن بن مسعود قال: قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: علي بن ابي طالب عليه السلام حلقة معلقة بباب الجنة مَن تعلق بها دخل الجنة."

Абдуллоҳ ибни Масъуд нақл мекунад: Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Алӣ писари Абутолиб алайҳис-салом ҳалқаи робити дари биҳишт аст. Ҳар кӣ ба он ҳалқа даст барад, ба биҳишт меравад”.[129]

 

 

 

 

 

 

 

108

Кушандаи Имом Алӣ алайҳис-салом бадбахтарини олам аст

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: "يا علي! من أشقى الأولين؟  قال: قلت: عاقر الناقة قال صدقت فمن أشقى الآخرين قلت: لا علم لي يا رسول الله. قال: قاتلك."

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Эй Алӣ оё медонӣ бадбахттарини пешиниён чӣ касе аст? Алӣ алайҳис-салом фармуданд: Кушандаи ноқаи Самуд. Ҳазрат фармуданд: дуруст гуфтӣ. Боз фармуданд: Бадбахттарини ояндагон (ин уммат) чӣ касе аст? Алӣ алайҳис-салом фармуданд: Ман намедонам. Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Бадбахттарини ин уммат он касе аст, ки туро мекушад ва ба шаҳодат мерасонад".[130]

 

 

109

Пешгўии шаҳоти Алӣ алайҳис-салом

عن عليٍّ عليه السلام يقول: "قال لي رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: إنّ الأمّة ستغدر بك بعدي وانت تعيش على ملتي وتقتل على سنتي من احبك احبني ومن ابغضك ابغضني واَنَّ هذا ستخضب من هذا."

Аз Алӣ алайҳис-салом нақл шудааст, ки Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба он ҳазрат фармуданд: "Ба зудӣ баъд аз ман ин уммат ба ту хиёнат мекунанд дар ҳоле ки ту пайваста бар оину дини ман зиндагӣ мекунӣ ва бар равишу сираи ман кушта мешавӣ. Ҳар кӣ туро дўст бидорад, маро дўст доштааст ва ҳар кӣ бо ту душманӣ кунад бо ман душманӣ кардааст. Ва бидон, ки ба зудӣ риши ту бо хуни сарат рангин мегардад (шаҳид ва кушта мешавӣ)”.[131]

 

110

Бешумории фазоили Алӣ алайҳис-салом

 

عن بن عباس قال: "قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: لو اَنَّ الغياض اقلام والبحر مداد والجن حُسّاب والإنس كُتّاب ما أحصوا فضائِل علي بن ابي طالب عليه السلام."

Ибни Аббос мегўяд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Агар тамоми дарахтон қалам шаванд ва дарё ранг шавад ва ҷинҳо бишморанд ва инсонҳо бинависанд, боз ҳам наметавонанд фазоили Алӣ алайҳис-саломро ба ҳисоб оваранд”.[132]

 


 


[1] “Ат-Тароиф фи маърифати мазоҳиби тавоиф” с.15.р.1. “Баҳор-ул-анвор”- ҷ.38.с.147.р.114. ҷ.40.с.77.р.113. ( Ба ҳамин маъно дар “Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ибни Ҳанбал ҷ.2.с.662.р.1130. "Риёз-ун-назра"-и Табарӣ ҷ.3.саҳ.120. "Маноқиб"-и Ибни Мағозалӣ с.89. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42. с.135. "Ал-Фирдавс бимаъсур-ил-хитоб"-и Дайламӣ ҷ.2.саҳ.191.р.2952, мутарҷим).

[2]-“Ат-Тароиф” с.23.р.20. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.179 ба нақл аз “Мустадрак”-и Ҳоким ҷ.3.с.136. ва “Янобиъ-ул-мавадда” с.69.

[3]-“Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.102. ба нақл аз “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.1.с.188 ва ҷ.9.с.102. “Риёз-ун-нузра” ҷ.2.с.157. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.139.р.101 ( ва “Муснад"-и Аҳмад ҷ.3.саҳ.368,ҷ.4.саҳ.371. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.саҳ.177,р.3735. "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.147-528.р.4663-5963-6121, мутарҷим).

[4]-“Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.195 аз “Канз-ул-уммол” ҷ.6.с.156. “Баҳор-ул-анвор”- ҷ.38.с.203.р.1. ( ва "Муснад"-и Аҳмад ҷ.1.с.373.р.3542.ҷ.4.с.368-370,ҷ.5. с.495. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.2.с.215. р.3734. "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.с.120-571.р.4582-6121. "Сунан-ул-кубро"-и Насоӣ ҷ.5. с.43-105.р.8137-8390 то 8393. “Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.6.с.371.р32107.ҷ.7.с.12-249-263-338.р.33867-35765-35910-36594, мутарҷим).

[5] -“Янобиъ-ул-мавадда” с.80. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.35.р.24. ( ва “Канз-ул-уммол” ҷ.11.с.614. р.32977. «Шавоҳид-ут-танзил» ҷ.1.с.433. “Фароид-ус-симтайн” ҷ.1.с.97, мутарҷим).

[6] -”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.183 ба нақл аз “Канз-ул-уммол” ҷ.6.с.153. (ва  "Муснад"-и Аҳмад ҷ.5.саҳ.26-33. “Фазоил-ус-саҳоба” ҷ.2.саҳ.764.р.1346. ”Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.5.саҳ.505,р.68.ҷ.6.саҳ.374.р.32131. “Мусаннаф”-и Абдураззоқ ҷ.4.с.490.р.9783. "Таърих-ул-ислом"-и Заҳабӣ ҷ.3. саҳ.628. "Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ ҷ.9. саҳ.101-102-114,  мутарҷим)

[7]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.98 ба нақл аз Таърихи Бағдод ҷ.7.с.438. (ҷ.8.с.436 ва Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.325. Канз-ул-уммол ҷ.1.с.627.р.33058, мутарҷим). 

[8]-Баргирифташуда аз оёти 25 то 35-и сураи Тоҳо, ки марбут ба дархости ҳазрати Мўсо алайҳис-салом аст.

[9] -”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.336 ба нақл аз “Риёз-ун-назра” ҷ.2.с.163. «“Ат-Тароиф” с.47.р.40. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.37.с.140.р.103. ( ва Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.с.678.р.1158. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.52. Шавоҳид-ут-танзил ҷ.1.с.479, мутарҷим).

[10]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.344 ба нақл аз Канз-ул-уммолҷ.3.с.123. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.137.р.96. ( ва китобҳои "Хасоис"-и Насоӣ р.72. "Сунан-ул-кубро"-и Насоӣ ҷ.5.саҳ.128,р.8458. "Сунан"-и Абўдовуд ҷ.2.саҳ.284,р.2278, аз мутарҷим).

 

[11] -”Ат-Тароиф” с.88.р.222 ба нақл аз “Маноқиб”-и Хоразмӣ с.66. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.9.р.13. ( ва Таърихи Бағдод" ҷ.7.саҳ.421-433. "Таҳзиб-ут-таҳзиб"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.9.саҳ.419. "Сияру аълом-ун-нубуло"-и Заҳабӣ ҷ.8.саҳ.205,ҷ.18.саҳ. 310. Таърихи Ибни Касир ҷ.10.с.79-80-86. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.372-373, мутарҷим).

[12] -”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.91 аз Таърихи Бағдод ҷ.3.с.192. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.4-5.р.3- 7.

[13]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.191 аз «Канз-ул-уммол» ҷ.6.с.156. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.119.р.5. ( ва "Риёз-ун-назра"-и Табарӣ ҷ.3.саҳ.232. "Кифоят-ут-толиб"-и Ганҷӣ с.121. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.464-465, мутарҷим).

[14]-”Ат-Тароиф” с.47.р.40 нақл аз Саълабӣ с.113.р.151 ва “Маноқиб”-и Хоразмӣ с.111. ( ва “Мустадрак”-и Ҳоким ҷ.3.с.140.р.4644. Таърихи Бағдод ҷ.3.с.181. ҷ.4.с.441. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.226-383, мутарҷим).

[15]-”Ат-Тароиф” с.72.р.87. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.192. Аз “Усд-ул-ғоба” ҷ.4.с.30. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.188.р.1. ( ва Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.с.636.р.3721. "Сунан”-и Насоӣ ҷ.5.саҳ.107.р.8398. "Муснад"-и Абўяъло ҷ.7.с.105.р.4052-4223. "Таърихи кабир”-и Бухорӣ ҷ.1.с.357.р.1132. ҷ.2.саҳ.2.р.1488. "Муснад” ҷ.3.с.198.р.13066 ва “Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.560. р.945, мутарҷим).  

[16]-”Ат-Тароиф”, с.60.р.58. “Маноқиб”-и Ибни Шаҳрошуб с.601. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.41.с.91.р.12. ( ва "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.32.р.4327. Таърихи Бағдод ҷ.13.с.19, мутарҷим).

[17]-”Ат-Тароиф” с.60.р.57. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.20.с.215.р.2.

[18]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.6.р.11. ( ва “Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға”-и Ибни Абилҳадид ҷ.19.с.61 аз мутарҷим).

[19]-”Ат-Тароиф” с.63.р.62. ( ва Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.саҳ.636,р.3720. "Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.11. с.284.р.11748.ҷ.24.с.137.р.365. ”Табақот-ул-кубро”-и Ибни Саъд ҷ.3.саҳ.22. "Муснад"-и Абўяъло ҷ.1.с.347,р.445. ”Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ2.саҳ.597.р.1019. “Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.с.15-16.р.4288-4289, мутарҷим).

[20]-”Ат-Тароиф” с.22.р.15. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.131.р.83. ( ва "Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.5.саҳ.121,ҷ.6.саҳ.221.р.6063. "Фазоил-ус-саҳоба"-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.615-678.р.1052-1158. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.8.саҳ.253. “Фатҳ-ул-борӣ”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.8.саҳ.114 аз мутарҷим). 

[21]-”Ат-Тароиф” с.63.р.62. аз “Муснад”-и Аҳмад. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.338 аз Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.2.с.299. ( ва “Муснад”-и Аҳмад ҷ.4.саҳ.164-165.ҷ.5.саҳ.204. "Сунани кубро"-и Насоӣ ҷ.5.саҳ.126,р.8454 то 8456, "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.120. "Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.4.саҳ.16,р.3511-3513-3716, мутарҷим).

[22]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.349 аз “Риёз-ун-назра” ҷ.2.саҳ.163. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.148.р.115. ( ва "Захоир-ул-уқбо"-и Табарӣ с.64. Таърихи Ибни Асокир ҷ.66.с.190, мутарҷим).

[23]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.29.р.2. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.95 аз “Риёз-ун-назра” ҷ.2.с.167. ( ва "Мин ҳадиси хайсама” ҷ.1.саҳ.72. ”Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.121-128.р.4617-4621, мутарҷим).

[24]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.266 аз Тафсири Табарӣ ҷ.13.с.72. ( ва "Муснад”-и ҷ.1.саҳ.126.р.1041. ”Мўъҷам-ул-авсат”-и Табаронӣ ҷ.2.с.94.р.1361.ҷ.5.с.153.ҷ.7. с.379.р.7780. ”Мўъҷам-ус-сағир” ҷ.2.с.38.р.739.ҷ.7.саҳ.41. ”Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.140.р.4646. "Аҳодис-ул-мухтора”-и Муқаддасӣ ҷ.2.саҳ.286.р.668-669.ҷ.10. саҳ.159.р.158, мутарҷим).

[25]-”Ат-Тароиф” с.101.р.147. (ва ”Маърифату улум-ил-ҳадис”-и Ҳоким ҷ.1.с.95-96. ”Манқабат-ул-мутаҳҳарин”-и Абўнаим. ”Тафсир”-и Саълабӣ зайли ояти мазкур. ”Ал-Фирдавс”-и Дайламӣ ҷ.5.саҳ.414.р.8593, мутарҷим).

[26]-”Ат-Тароиф” с.118.р.181. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.23.с.110. ( ва "Ҳилят-ул-авлиё"-и Абўнаим ҷ.1.саҳ.86. "Ат-Тадвин фи ахбори Қазвин” ҷ.2.с.95. Таърихи Ибни Асокир ҷ.36.с.313.ҷ.42.с.240. "Канз-ул-уммол" ҷ.6.с.217.р.3819.ҷ.12.с.98.р.94168. 5)"Мунтахаби зайл-ул-мазил"-и Ибни Ҷарир Табарӣ саҳ.83, мутарҷим).

[27]-Ишора ба ояти 6-и сураи Аҳзоб аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро аз мўъминон бар худашон сазовортар медонад. النبي اولى بالمؤمنين من انفسهم.

[28]-”Ат-Тароиф” с.121.р.185. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.37.с.180.р.23-141. ( ва “Муснад"-и Аҳмад ҷ.1.саҳ.118.ҷ.5.саҳ.347.ҷ.6.саҳ.583. "Сунан-ул-кубро"-и Насоӣ ҷ.5.саҳ.107-108-130-131-132,р.8144-8145-8464-8466-8467. "Сунан"-и Ибни Моҷа ҷ.1.с.43-45. "Муснад"-и Абўяъло ҷ.11.с.307.р-6423. "Мусаннаф"-и Ибни Абўшайба ҷ.12. саҳ.59-68.р.12121-12122, мутарҷим).

[29]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.35 аз «Файз-ул-қадир»-и Муновӣ ҷ.4.с.359. ( ва Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.4.с.230.р.4214. “Таърихи кабир”и Бухорӣ ҷ.7.с.311.р.1324. ”Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.саҳ.112-113. "Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.2.саҳ.234, мутарҷим).

 

[30]-”Ат-Тароиф” с.102.р.48. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.37.р.13. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.109 ба нақл аз Таърихи Бағдод ҷ.4.с.321. ( ва Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.3.с.166,ҷ.5. с.592,р.3714. "Муснад"-и Баззор ҷ.3. с.52.р.806. ”Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.23.с.329-395.р.758-946. "Муснад"-и Абўяъло ҷ.2.с.318,р.1052. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.7. с.235-236,ҷ.9.саҳ.134. "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.134.р.4629. "Таърих-ул-ислом"-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.634-642, мутарҷим).

[31]-”Ат-Тароиф” с.103.р.150. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.37.р.14. ( ва Таърихи бағдод ҷ.13.с.186.р.7165. ”Ал-Фирдавс бимаъсур-ил-хитоб”-и Дайламӣ ҷ.5.с.374.р.8401. ”Канз-ул-уммол” ҷ.11. саҳ.614.р.32972, мутарҷим).

 

[32]-”Ат-Тароиф” с.103.р.152. “Баҳор-ул-анвор” ҷ38.с.120.р.66. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.112. ба нақл аз “Мустадрак”-и Ҳоким ҷ.3.с.124.р.4628. ( "Мўъҷам-ул-авсат" ҷ.5.с.455,р.4877. "Мўъҷам-ус-сағир"-и Табаронӣ ҷ.1.саҳ.255.ҷ.2.с.28.р.720. "Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ ҷ.9. саҳ.134, мутарҷим).

[33]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.214 ба нақл аз Усд-ул-ғоба ҷ.4.с.23. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.298. ҷ.40.с.330. р.13. ( ва «Ҳилят-ул-авлиё» ҷ.1.с.71. «Мўъҷам-ул-авсат» ҷ.2.с.337.р.2157. “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.с.121-132, мутарҷим). 

[34]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.211 аз «Нур-ул-абсор»-и Шебданҷӣ с.72. “Ат-Тароиф” с.69.р.78 аз «Муснад»-и Аҳмад ҷ.6.с.292. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39. с.252.р.20.

[35]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.237 ба нақл аз Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.2.фасли Фазоили Алӣ ибни Абутолиб. ( ва «Муснад»-и Аҳмад ҷ.1.с.155.р.1335. “Сунан-ул-кубро”-и Насоӣ ҷ.5.с.115.р.8416. “Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.6.саҳ.367, р.32081. "Хасоис"-и Насоӣ р.31. "Муснад"-и Баззор ҷ.1.с.89. "Сунан"-и Абўдовуд ҷ.3.саҳ.65.р.2700. "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.2.саҳ.136-149.р.2576-2614.мутарҷим). 

[36]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.30.р.2. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.228. аз «Мустадрак»-и Ҳоким ҷ.3.с.123. ( ва "Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.12.саҳ.423.р.13559. ”Таърихи кабир”-и Бухорӣ ҷ.7.саҳ.333. "Мўъҷам-ул-авсат” ҷ.6.саҳ.162.р.6085. ”Муснад”-и Баззор ҷ.9.саҳ.455. р.4066. ”Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.570.р.962, мутарҷим).

[37]-”Ат-Тароиф” с.77.р.102 ва “Янобиъ-ул-мавадда” с.311. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.252 ба нақл аз “дур-ул-мансур”-и Суютӣ.  

[38]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.23.с.116.боби-7.р.28. (ва  "Муснад"-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.442. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5. саҳ.248.р.3870. "Мустадрак" ҷ.3.с.161.р.4714. "Сунан"-и Ибни Моҷа ҷ.1. с.65.р.145, “Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.767.р.1350. "Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.40.р.2619-2621. "Мўъҷам-ул-авсат" ҷ.3.саҳ.179. р.2855. "Мўъҷам-ус-сағир" ҷ.2.саҳ.53.р.767. “Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.6.саҳ.512.р.52181. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.15.саҳ.434, р.2244,  мутарҷим). 

[39]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.359. ба нақл аз Таърихи Бағдод ҷ.8.с.340. ( ва “Муснад”-и Шошӣ ҷ.1.с.342.р.322. “Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.4.с.172.р.4049.ҷ.10.с.91-92.р.10053-10054. "Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.8.с.213,р.8433.ҷ.9.с.165.р.9434. "Сунан"-и Баззор ҷ.2.с.215.р.604. ҷ.3.с.26.р.774. "Муснад"-и Абўяъло ҷ.1.с.398.р.519.ҷ.3.с.194.р.1623, мутарҷим).

 

[40]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.349 ба нақл аз «Хасоис»-и Насоӣ р.156. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.1.р.91. ( ва "Муснад"-и Аҳмад ҷ.3.с.33-82.р.11286-11307-11790. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.15.с.385,р.6937. "Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.с.627-637. р.1071-1083. "Сунан"-и Насоӣ ҷ.5.с.154.р.8540-8541.ҷ.6.с.370, р.32073, мутарҷим).

[41]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.401 ба нақл аз «Мизон-ул-эътидол» ҷ.2.с.263.

[42]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с.105 ба нақл аз “Савоиқ-ул-муҳриқа”-и Ибни Ҳаҷар с.73. ( ва  "Ғариб-ул-ҳадис”-и Ибни Қутайба ҷ.1.с.377. ”Илал”-и Доруқутнӣ ҷ.6.с.273.р.1132. ”Ас-Сунна”-и Халлол ҷ.3.с.510.р.819. ”Ал-Фирдавс бимаъсур-ил-хитоб”-и Дайламӣ ҷ.3.саҳ.64.р.4180. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.298 то 300 бо чаҳор санад, мутарҷим.

[43]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с.117 ба нақл аз «Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.9.с.405. ( ва Мўъҷам-ул-авсат ҷ.4.с.240.р.4081. Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.9.с.118, мутарҷим).

[44]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.23.с.142.р.93.

[45]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с.23 ба нақл аз «Мустадрак»-и Ҳоким ҷ.3.с.134. ( ва “Муснад”-и Аҳмад ҷ.3.с.86. “Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад р.1161. «Сира»-и Ибни Ҳишом ҷ.6.с.8. Таърихи Табарӣ ҷ.2.с.205, мутарҷим).

 

[46]-”Ат-Тароиф” с.106.р.158. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.128.р.73. ва ҷ.40.с.7.р.15. ( ва "Ал-Истиоб"-и Ибни Абдулбар ҷ.4.саҳ.1744. "Усд-ул-ғоба"-и Ибни Асир ҷ.5.саҳ.287. "Риёз-ун-назра"-и Табарӣ ҷ.3.саҳ.177. "Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.102. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.260, мутарҷим)

[47]-”Ат-Тароиф” с.88.р.125. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.21.р.37. ( ва "Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.11.саҳ.246.р.11687. "Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.654.р.1114. ”Риёз-ун-назра"-и Табарӣ ҷ.3.саҳ.207. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.430. "Шавоҳид-ут-танзил"-и Ҳасконӣ ҷ1.саҳ.49-64-70-74-82. 6)"Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.112, мутарҷим).

[48]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.281 ба нақл аз “Савоиқ-ул-муҳриқа” с.89. ( ва "Мо назала минал қуръон фи Алӣ”-и Абўнаим. ”Тафсир”-и Мовардӣ ҷ.3.саҳ.409. "Шавоҳид-ут-танзил"-и Ҳасконӣ ҷ.2.саҳ.160, мутарҷим).

[49]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.277 ба нақл аз Тафсири Табарӣ ҷ.30.с.171 ва “Савоиқ-ул-муҳриқа” с.96. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.268.р.43. ( ва "Тафсир"-и Шавконӣ. "Тафсир"-и Олусӣ. "Дур-ул-мансур"-и Суютӣ ҷ.6.саҳ.379. "Шавоҳид-ут-танзил"-и Ҳасконӣ ҷ.с.459 то 462. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.371, мутарҷим).

[50]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.180 ба нақл аз Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.2.с.299. ( ва "Муснад"-и Аҳмад ҷ.5.с.351.р.23065. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.саҳ.299,р.3718-3802. "Сунан"-и Ибни Моҷа ҷ.1. с.53,р.149. "Фазоил-ус-саҳоба"-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.657. р.1103-1176-1181, мутарҷим).

[51]-Дайн мумкин аст маънои густардае дошта бошад, ки ҳам дайни моддӣ ва ҳам дайни маънавӣ, аз ҷумла идомаи рисолат ва ҳифзи шариатро дарбар мегирад.

[52]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.335 ба нақл аз “Канз-ул-уммол” ҷ.6.с.155. (ва «Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.12.с.420.р.13549, мутарҷим).

[53]-Ишора ба ояти 17-и сураи Қоф, ки мефармояд: Ҳар инсонеро ду фаришта ( аз чапу рост) муроқибанд ва аъмоли ўро сабт ва дарёф мекунанд.

[54]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с.18 ба нақл аз Таърихи Бағдод ҷ.14. с.49. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.80.р.43.

[55]-Сураи Аҳзоб ояти-33.

[56]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.228 ба нақл аз Дур-ул-мансур ҷ.5.с.198. ( ва Тафсири Табарӣ. Тафсири Саълабӣ. "Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.54,р.2673. "Таърих-ул-ислом"-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.632. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.саҳ.167-168, мутарҷим).

[57]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.250 ба нақл аз «Мустадрак» ҷ.3.с.126. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.210.р.4. ( ва ”Илал” Аҳмад ибни Аҳмад ҷ.1.саҳ.129.р.303. "Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.11.саҳ.55,р.11061. "Маърифат-ус-саҳоба"-и Абўнаим ҷ.1.с.308. "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.с.137-138. р.4637 то 4639. "Таҳзиб-ут-таҳзиб"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.6.с.285-286,ҷ.7.с.296. "Ал-Истиоб"-и Ибни Абдулбар ҷ.2.саҳ.461,ҷ.3.саҳ.1102,р.1855, мутарҷим).

[58]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.249 ба нақл аз Таърихи Бағдод ҷ.11.с.204.

[59]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.252 ба нақл аз “Мустадрак” ҷ.3.с.122. ( ва "Ҳилят-ул-авлиё"-и Абўнаим ҷ.1.саҳ.63. "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.132.р.4620. Таърихи Ибни Асокир ҷ.2.саҳ.487. "Канз-ул-уммол" ҷ.11.саҳ.615,р.32983, мутарҷим).

[60]-Сураи Нур ояти-36.

[61]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.130 ба нақл аз «Дур-ул-мансур» ҷ.6.саҳ.203. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.23.с.325.р.1. ( ва Тафсири Саълабӣ. Тафсири Олусӣ. ”Шавоҳид-ут-танзил”-и Ҳасконӣ ҷ.1.саҳ.410. ”Авориф ал-маориф”-и Абўҳафси Бағдодӣ саҳ.261

[62]-”Ат-Тароиф” с.77.р.103 ба нақл аз “Маноқиб”-и Ибни Мағозалӣ ва мисли он дар с.77.р.102. “Баҳор-ул-анвор”-ул-анвор ҷ.38.с.149. р.117. ( ва «Маноқиб”-и Ибни Мағозалӣ с.237. “Канз-ул-уммол” ҷ.13.с.152. р.36478, мутарҷим).

[63]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.116 ба нақл аз “Савоиқ-ул-муҳриқа” с.74. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.78.р.13. ( ва  Таърихи Ибни Касир ҷ.7.саҳ.357. "Ҷомеъ-ус-сағир"-и Суютӣ ҷ.1.с.665,р.4332. "Канз-ул-уммол" ҷ.11.саҳ.601,р.32894.

[64]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.113 ба нақл аз «Мустадрак» ҷ.3.с.141. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.195.р.1. ( ва "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3. с.152-153,р.4681 то 4683. "Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.9. с.110,р.9318. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.с.119. ”Исоба"-и Ибни Ҳаҷар.ҷ.8.с.107. "Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.15. с.542, мутарҷим).

[65]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.199.р.8.

[66]-”Баҳор-ул-анвор”-ул-анвор ҷ.23.с.147.р.111. “Ат-Тароиф” с.127.р.196 ба нақл аз Оиша дар Тафсири Саълабӣ зери ояти Татҳир.

[67]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.23.с.138.р.8.ҷ.40.с.45.р.82. (ва “Муфрадот”-и Роғиби Исфаҳонӣ саҳ.7. “Янобиъ-ул-мавадда” ҷ.1.с.370 мутарҷим).

[68]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.176 ба нақл аз “Усд-ул-ғоба” ҷ.4.с.31. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.78.р.113. ( ва Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.406. "Ал-Фирдавс бимаъсур-ил-хитоб” ҷ.5.саҳ.315. р.8300, мутарҷим).    

[69]-”Баҳор-ул-анвор”-ул-анвор ҷ.39.с.84.боби-73.

[70]-”Ат-Тароиф” с.111.р.164 ба нақл аз “Муснад”-и Аҳмад ҷ.1.с.77. ( ва  Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5. саҳ.176. р.3733. "Мўъҷам-ул-кабир" ҷ.3.с.264.р.2654. "Мўъҷам-ус-сағир" ҷ.2. с.70,р.960. "Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.693.р.1185. ”Табақот-ул-муҳаддисин”-и Ибни Ҳаббон ҷ.4.саҳ.80.р.555. ”Зуррият-ут-тоҳира”-и Дулобӣ ҷ.1.саҳ.120.р.243. ”Аҳодис-ул-мухтора”-и Муқаддасӣ ҷ.2.с.45. р.421. "Сияру аълом-ун-нубало" ҷ.3.с.254.ҷ.12.саҳ.134. "Таҳзиб-ут-таҳзиб"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.с.258, мутарҷим).

[71]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.129 ба нақл аз «Риёз-ун-назра» ҷ.2.с.218. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.39.р.10. ( ва ”Захоир-ул-уқбо” саҳ.93. ”Таърихи Нишопур”-и Ҳоким. ”Шарҳи Мақосид"-и Тафтозонӣ ҷ.2.саҳ.219. "Фазоил-ус-саҳоба"-и Байҳақӣ. Таърихи Ибни Касир ҷ.7.саҳ.392-393. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.280, мутарҷим).

[72]-Ишора аст ба ояти 37-и сураи Бақара.

[73]-”Ат-Тароиф” с.112.р.166 ба нақл аз “Маноқиб”-и Ибни Мағозалӣ с.63. ( ва "Дурр-ул-мансур"-и Суютӣ ҷ.1.саҳ.61. "Ал-Фирдавс”-и Дайламӣ ҷ.3.саҳ.151. р.4409. "Шавоҳид-ут-танзил”-и Ҳасконӣ ҷ.1.саҳ.101-102, муьарҷим).

[74]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.96 ба нақл аз Таърихи Бағдод ҷ.2.с.88. ва «Риёз-ун-назра» ҷ.2.с.193. “Ат-Тароиф” с.77.р.101 ба нақл аз “Маноқиб”-и Ибни Мағозалӣ с.197. ( ва Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.273. "Канз-ул-уммол" ҷ.12.саҳ.217.р.2632, мутарҷим).

 

[75]-”Ат-Тароиф” с.156.р.243 ба нақл аз кутуби аҳли суннат. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.293.

[76]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.94 ба нақл аз “Дур-ул-мансур” зери ояти 7-и сураи Баййина. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.268.р.43. ( ва Таърихи Ибни Асокир ҷ.42. саҳ.332-333. "Ал-Ағонӣ"-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ ҷ.18.саҳ.90, мутарҷим).

[77]-”Ат-Тароиф” с.134.р.121 ба нақл аз “Маноқиб”-и Ибни Мағозалӣ с.101. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.130 ба нақл аз “Захоир-ул-уқбо” с.32-86. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.37.с.65.р.34. ( ва "Мўъҷам-ул-кабир" ҷ.3.саҳ.57,р.2675,ҷ.4.с.171-172. "Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.6.саҳ.327-328.р.6540. "Усд-ул-ғоба". "Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ ҷ.8.саҳ.153.ҷ.9.саҳ.165-166. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42. саҳ.130, мутарҷим).  

[78]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.174 аз «Маҷмаъ-уз-завоид» ҷ.9.с.123. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.40.р.75. ( ва "Муснад"-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.384.р.8978.ҷ.5.саҳ.333-353.р.22872-23059. Саҳеҳи Муслим ҷ.4.саҳ.1872.р.2406-2407. Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.3.саҳ.1077.р.2783-2847-3498.ҷ.4.саҳ.1542. р.3972 то 3974.  "Сунан"-и Ибни Моҷа ҷ.1.саҳ.45.р.121. “Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.6.саҳ.369,р.32096.  Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.саҳ.638.р.3724, мутарҷим).

 

[79]-”Ат-Тароиф” с.69.р.80. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.116.р.21.ҷ.40.с.84.р.18. ( ва “Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.627-655.р.1072-1117. "Тафсир”-и Қуртубӣ ҷ.15.саҳ.306. ”Наҳҷ-ул-имон”-и Ибни ҳаҷар саҳ.515. ”Савоиқ-ул-муҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.саҳ.365. ”Ҷомеъ-ус-сағир"-и Суютӣ ҷ.2.саҳ.115.р.5147-5149. "Дурр-ул-мансур"-и Суютӣ ҷ.5.саҳ.262. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.43-313. "Канз-ул-уммол" ҷ.11.с.601,р.32897-32898, мутарҷим).

[80]-”Фазоил-ул-хамса” ба нақл аз “Риёз-ун-назра” ҷ.2.с.172. ( ва  ”Ахбору Исфаҳон”-и Абўнаим ҷ.1.саҳ.342. ”Таърихи бағдод” ҷ.3.саҳ.380. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.244. ”Захоир-ул-уқбо”-и Табарӣ саҳ.71.“Шавоҳид-ут-танзил”-и Ҳасконӣ ҷ.2.саҳ.164, мутарҷим).

[81]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с.103 ба нақл аз “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.с.173. ( ва Таърихи Ибни Асокир ҷ.35.с.338. “Канз-ул-уммол” ҷ.13.с.145.р.36455.

[82]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.106 аз “Мустадрак” ҷ.3.с.127. ( ва "Фазоил-ус-саҳоба"-и Аҳмад ҷ.2. саҳ.642.р.1092. "Таърихи Бағдод" ҷ.4.саҳ.41. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.231. "Ҳилят-ул-авлиё" ҷ.2.саҳ.42. "Таҳзиб-ут-таҳзиб"-и Ибни Ҳаҷар. "Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.9.саҳ.575, мутарҷим).

[83]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.161 аз “Канз-ул-уммол» ҷ.6.с.152. ( ва "Мўъҷам-ул-кабир" ҷ.3.с.44, р.2630. "Таърихи Бағдод" ҷ.1.с.316. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.с.172, мутарҷим).

[84]-Сураи Раъд ояти-29. Онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом доданд, покизатарин зиндагӣ насибашон аст ва беҳтарин саранҷомҳо.

[85]-”Ат-Тароиф” с.100.р.143 ба нақл аз Тафсири Саълабӣ. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.226.р.1.

[86]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с.55 ба нақл аз “Риёз-ун-назра” ҷ.2.с.210.

[87]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с82 аз Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.2.с.210. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.245.р.33. (ва Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.с.132, р.3797. "Муснад"-и Абўяъло ҷ.5.саҳ.166,р.2780,ҷ.12.саҳ.143, р.6773. "Ансоб-ул-ашроф"-и Билозарӣ р.84. "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.148. р.4666. "Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.1.с.355-413-541. "Таърих-ул-ислом”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.514-574, мутарҷим).

[88]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.219 аз «Риёз-ун-назра» ҷ.2.с.215 ва «Канз-ул-уммол» ҷ.6.с.210. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.38.с.257. (ва "Таърихи Бағдод" ҷ.4.с.417,р.2201. Таърихи Ибни Асокир ҷ.4. с.156,ҷ.42.саҳ.244. "Ал-Фирдавс"-и Дайламӣ ҷ.2.саҳ.142.р.2742, мутарҷим).

  

[89]-”Ат-Тароиф” с.84.р.17 аз “Муноқиб”-и Ибни Мағозалӣ с.96. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.121 аз «Риёз-ун-назра» ҷ.2.с.179. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.41.с.170.р.6. (ва "Мўъҷам-ул-кабир" ҷ.24. саҳ.144-151. р.382-390. "Фатҳ-ул-борӣ”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.6.саҳ.222.ҷ.7.саҳ.247. "Аз-Зуррият-ут-тоҳира”-и Дулобӣ ҷ.1.саҳ.91.саҳ.164. "Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ ҷ.8. саҳ.297. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.283 то 305. "Мушкил-ул-осор”-и Таҳовӣ ҷ.2.с.8, ҷ.4.с.377 бо ду санад ривоят карда ва ҳар дуро собит шуда ва саҳеҳ гуфтааст, мутарҷим).

[90]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.49.боби-73.

[91]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.49. ( ба ҳамин маъно аз Имом Ҳасан алайҳис-салом низ ҳадис ривоят шудааст, ки метавон ба ин китобҳо муроҷиа кард: ”Зуррият-ут-тоҳира”-и ҳофиз Дулобӣ ҷ.1.саҳ.74-78-79.р.121-131-132. Таърихи Табарӣ ҷ.3.саҳ.164. "Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.2.с.336.р.2155.ҷ.8.с.224.р.8469. "Муснад"-и Аҳмад ҷ.1.саҳ.199,р.1719-1720. ҷ.3.с.246-247. “Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.1.с.548.р.922.ҷ.2.с.595-600.р.1013-1026. ”Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.6.с.372,р.32094-32105,ҷ.7.с.499-502,р.47. "Сунан-ул-кубро” ҷ.5.с.112.р.8408. “Хасоис"-и Насоӣ р.23. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ ҷ.3.с.80, р.2717 то 2725. "Ахбор-и Исфаҳон"-и Абўнаим ҷ.1.с.70. "Муснад"-и Баззор ҷ.4.с.179, р.1339 то 1341. 1"Муснад"-и Абўяъло ҷ.12.саҳ.125,р.6758. 13)”Ас-Сиқот” ҷ.2.саҳ.304 ва Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.15.саҳ.383,р.6936, мутарҷим).

[92]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.211.р.2.

[93]-Киноя аз ин ки рост мегўям.

[94]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.229.р.3-71. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.218 аз Таърихи Бағдод ҷ.4.с.410. ( ва  Таърихи Ибни Асокир ҷ.5.с.230. "Савоиқ-ул-муҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.с.365. "Ҷомеъ-ус-сағир"-и Суютӣ ҷ.2.с.182,р.5633. "Канз-ул-уммол" ҷ.11. саҳ.601,р.32900. "Файз-ул-қадир"-и Муновӣ ҷ.4.саҳ.481,р.5633, мутарҷим).

[95]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.246.р.1.

[96]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.248.р.10.

[97]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.261.р.33.

[98]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.261. ( ва Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.268-283. Таърихи Ибни Касир ҷ.7.саҳ.391. "Шавоҳид-ут-танзил"-и Ҳасаконӣ ҷ.2.с.358. "Канз-ул-уммол” ҷ.13.с.123. р.36392, мутарҷим).

[99]- “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.261.р.32, ва с.305.р.118. ( ва "Таърихи Бағдод" ҷ.4. саҳ.210. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.104. "Маноқиб"-и Абдуллоҳ-и Шофеӣ. "Кунуз-ул-ҳақоиқ"-и Муновӣ с.67. "Ал-Фирдавс"-и Дайламӣ ҷ.2.с.142.р.2743, мутарҷим).

[100]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.262. ба нақл аз Саҳеҳи Ибни Моҷа.

(ва "Мўъҷам-ус-сағир"-и Табаронӣ ҷ.1.саҳ.335. "Масобиҳ-ус-суннат"-и Бағавӣ ҷ.2.саҳ.203. "Ал-Истиоб"-и Ибни Абдулбар ҷ.2.саҳ.474 "Фатҳ-ул-борӣ"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.8.саҳ.127-167. "Тафсир"-и Қуртубӣ ҷ.15.саҳ.162-164. Таърихи Ибни Асокир ҷ.51.саҳ.300, мутарҷим).

[101]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.26.р.50.

[102]“Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.54.р.88.

[103]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.77.р.113. ( ва "Ал-Фирдавс бимаъсур-ил-хитоб"-и Дайламӣ ҷ.3.саҳ.418.р.5170. "Канз-ул-ҳақоиқ"-и Муновӣ с.133. "Янобиъ-ул-мавадда"-и Қундузӣ ҷ.2.с.244, мутарҷим).

 

[104]-”Баҳор-ул-анвор”-ул-анвор ҷ.40.с.81.р.7 ба нақл аз Аҳмад дар Муснадаш ва китоби Фазоил ҷ.2. с.658.р.1121. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с.81 ба нақл аз “Риёз-ун-назра” ҷ.2.с.177 ва “Маҷмаъ-уз-завоид” ҷ.9.с.132. ( ва “Мўъҷам-ул-кабирҷ.22.с.415.р.1026. «Таҳзиб-ул-камол” ҷ.27.с.269, мутарҷим).

[105]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.125.р.16.

[106]- “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.96.р.116.

[107]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.96.боби-91.

[108]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.96.

[109]- “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.96.

[110]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.131.р.10. ( ва "Ал-Маҷрўҳин”-и Ибни Ҳаббон ҷ.2.с.14. ”Комил"-и Ибни Адӣ ҷ.2.с.450. "Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.8.с.24. ”Фатҳ-ул-борӣ”-и Ибни Ҳаҷар ҷ.5.с.363. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.385, мутарҷим).

[111]- “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.240.р.10.

[112]- “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.240.

[113]-Тибқи ривоёт аз Ибни Аббос ин куня ишора аст бар ин ки Алӣ алайҳис-салом соҳиби замин ва ҳуҷҷати Худо бар аҳли олам аст: “Маонӣ-ул-ахбор” с.120. “Илал-уш-шароеъ” ҷ.1.с.156. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.35.с.51.

[114]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.202 ба нақл аз Саҳеҳи Бухорӣ. ( Бояд гуфт, ки ровиёни ин ҳадиси шариф аз саҳоба зиёд ҳастанд ва ҳар кадом аз ин ровиён мегўянд, ки ҳеҷ номе аз барои Алӣ алайҳис-салом маҳбубтар аз ин ном набуд ва худи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ мефармоянд: Беҳтарини номҳоят ҳамин Абутуроб аст. Ва бояд ёдовар шавем, ки Бани Умайя бо ин ном Имом Амирал-мўъминин алайҳис-саломро дашном медоданд ва аз Саҳл инби Саъд низ амири Мадина хост, ки Имом алайҳис-саломро бо зикри ин ном дашном диҳад ва ў бо лабханд гуфт, ки ба Худо савганд, ҳеҷ номе аз барои Алӣ маҳбубтар аз ин ном набуд. Бо ин баён воқеияти  ҳадисе, ки қабл аз ин аз китоби Маонӣ-ул-ахбор ва... аз Ибни Аббос овардем соҳиби замин ва ҳуҷҷати Худо барои аҳли замин будани Амирал-мўъминин равшан ва собит мешавад. Чун Амирал-мўъминин алайҳис-салом номҳои фаровоне, монанди: Имоми муттақин, пешво ва раҳбари муслимин ва мўъминин ва нурониён, амири мўъминон ва... доранд, пас бо ин баён маҳбубтарин ном будани Абутуроб барои он ҳазрат ва ин ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мефармоянд: беҳтарини номат Абутуроб аст, бесабаб нахоҳад буд. Ҳадиси ёдшударо дар китобҳои зер пайдо мекунед:   Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.3.с.1358.р.ҷ.5.с.2291.р.5851-5924. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон. ҷ.15.с.368.р.6925.ҷ.4.с.1874.р.2409. “Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.6.с.149.р.5808-5879. «Мўъҷам-ул-авсат” ҷ.1.с.237.р.775. «Маҷмаъ-уз-завоид» ҷ.9.с.101. “Фатҳ-ул-борӣ” ҷ.7.с.72, ва... мутарҷим).

[115]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.60 ба нақл аз “Захоир-ул-уқбо” с.17. ( ва "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.2. саҳ.448,р.3676.ҷ.3.с.162-517.р.4715-5927. "Муснад”-и Рўёнӣ ҷ.2.саҳ.253-258.р.1152-1165. ”Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.7. с.22.р.6260. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.с.174. "Муснад"-и Абўяъло р.34155. "Фазоил-ус-саҳоба"-и Аҳмад ҷ.2.с.671.р.1145, мутарҷим).

[116]-”Ат-Тароиф” с.88.р.123 ба нақл аз “Маноқиб”-и Ибни Мағозалӣ с.197. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.42.с.46. ( ва "Сираи набавия"-и Ибни Ҳишом ҷ.4.саҳ.51. Таърихи Табарӣ ҷ.2.саҳ.197, мутарҷим ва ...).

 

[117]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с.29 ба нақл аз “Риёз-ун-назра” ҷ.2.с.180. “Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.215-216.р.9-10. ( ва “Захоир-ул-уқбо” с.72. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.393. Маноқиби Хоразмӣ с.68.р.41. “Янобиъ-ул-мавадда” ҷ.2.с.163.р.462. ва ба ҳамин маъно аз Оиша дар “Муснад"-и Абўяъло ҷ.8.с.279.р.4865. "Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ ҷ.9.с.112, мутарҷим).

[118]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.330 ба нақл аз “Ҳилят-ул-авлиё” ҷ.7.с.256. ( ва   "Фазоил-ус-саҳоба"-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.665.р.1134-1140. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.саҳ.111. "Риёз-ун-назра"-и Табарӣ ҷ.3.саҳ.121. Таърихи Ибни Асокир ҷ.12.саҳ.139.ҷ.42.саҳ.351. "Таърихи Бағдод" ҷ.7.саҳ.387, мутарҷим).

[119]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.4.р.5.

[120]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.33.р.64.

[121]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.117 ба нақл аз Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.2.с.300.(ҷ.5. с.639.р.3726). “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.154-157.р.1 то 18. ( ва “Ахбори Макка”-и Ибни Исҳоқ ҷ.3.с.195.р.1964. “Табақот-ул-муҳаддисин би Исфаҳон”-и Ибни Ҳаббон ҷ.4.с.125. «Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.2.с.186. р.1756. Таърихи Бағдод ҷ.7.с.402. “Ас-Сунна”-и Ибни Абуосим ҷ.2.с.598, мутарҷим).

[122]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.2.с.342 ба нақл аз Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.2.с.183, Тафсири Табарӣ ҷ.10.с.46, “Мустадрак” ҷ.3.с.51. ( ва “Муснад"-и Аҳмад ҷ.1.саҳ.3-151.р.4-1297. "Муснад"-и Абўяъло р.104-132-452. "Сунан"-и Насоӣ ҷ.2.саҳ.416.р.3984.ҷ.5.с.128-129, р.8460 то 8462. "Хасоис"-и Насоӣ р.75-76. "Фатҳ-ул-борӣ"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.8.саҳ.66-241-318. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.3.саҳ.238. ҷ.7.саҳ.29. "Илал"-и Доруқутнӣ ҷ.3.саҳ.164, мутарҷим).

[123]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.228.р.1.

[124]-Махсуд фарзандони бе восита аст. Вагарна Имом Ҳасану Имом Ҳусайн алайҳимо салавотуллоҳ фарзандони Расули Худо ҳисоб мешаванд.

[125]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.89.р.1. ( ва ”Риёз-ун-назра”-и Табарӣ ҷ.3.саҳ.172. ”Маноқиб”-и Хоразмӣ. ”Мақтал-ул-Ҳусайн”-и Хоразмӣ саҳ.109. ”Шараф-ун-набувва”-и Абўсаид абдул Малик. ”Назму дурар-ус-симтайн”-и Зарандӣ саҳ.113, мутарҷим).

[126]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.84.боби-73.

[127]- “Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.85.боби-73. 

[128]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.81.боби-73. 

[129]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.39.с.102.боби-84.р.23.

[130]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с.67 ба нақл аз Қасас-ул-анбиё-и Саълабӣ с.100. “Ат-Тароиф” с.105.р.156. ( ва "Муснад"-и Аҳмад ҷ.2.с.325. ( ва Таърихи кабири Бухорӣ ҷ.8.саҳ.320. "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.с.122.р.4590. "Мусаннаф"-и Ибни Абўшайба ҷ.7.с.444.р.37087. "Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.1.саҳ.63.ҷ.2. с.247.р.2037.ҷ.8.с.38.р.8310. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.с.136. "Муснад"-и Баззор ҷ.4.с.254.р.1424. "Табақот"-и Ибни Саъд ҷ.2.с.153. “Мусаннаф”-и Абдураззоқ ҷ.10.с.154. "Хасоис"-и Насоӣ р.153. ”Сунан-ул-кубро”-и Насоӣ ҷ.5.с.153.р.8538. ”Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.с.566.р.953. ”Муснад”-и Абўяъло ҷ.1. саҳ.377-430.р.485-569. ”Фатҳ-ул-борӣ” ҷ.7.саҳ.74, ҷавоби Амирал-мўъминин алайҳис-салом дар ин ҳадис бо лафзҳои дигар низ ворид шудааст, мутарҷим).

[131]-”Фазоил-ул-хамса” ҷ.3.с.52 ба нақл аз “Мустадрак” ҷ.3.с.142. ( ва Таърихи кабири Бухорӣ ҷ.2.с.174.р.2103. "Муснад"-и Баззор ҷ.3.саҳ.92.р.869. “Муснади Ҳорис” ҷ.2.с.905.р.984. "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3с.150-153.р.4676-4686. ”Далоил-ун-набувва"-и Байҳақӣ ҷ.6. с.440. "Таърихи Бағдод" ҷ.11.с.216.р.5928. "Мизон-ул-эътидол” ҷ.2.с.93. "Тазкират-ул-ҳуффоз" ҷ.3.с.995. р.925. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.с.447. Таърихи Ибни Касир ҷ.6.с.244,ҷ.7.с.365, мутарҷим).

[132]-”Баҳор-ул-анвор” ҷ.40.с.70.боби-91.р.105. “Фазоил-ул-хамса” ҷ.1.с.167 ба нақл аз “Риёз-ун-назра” ҷ.2.с.214. ( ва “Фароид-ус-симтайн”-и Ҳамуянӣ ҷ.1.с.16. “Маноқиб”-и Хоразмӣ с.32. “Янобиъ-ул-маваддаҷ.1.с.364, мутарҷим).

 

 

 

Home page book