back page

Муқаддима

next page

Бе шак, шахсияти воло ва беназири Имом Алӣ алайҳис-салом, дар уфуқи замону макон намегунҷад ва болотар аз паҳнаи гетист. Ў касе аст, ки бар асоси сухани Худованди мутаол,[1] бузургтарин инсони комили олами ҳастӣ пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба шумор меравад.

Аз ин рў ғайр аз Худои Мутаол ва авлиёи маъсумаш алайҳим салавотуллоҳ, касеро тавони дарки азамати Алӣ алайҳис-салом нест ва он чӣ аз рўзгори Алӣ алайҳис-салом то замони ҳозир дар бораи он ҳазрат навишта ва гуфта шудааст, агар бигўем қатрае дар баробари дарё аст, сухани беҷое нагуфтаем.

Беҳтарин тасвире, ки метавон аз чеҳраи ҳамеша тобноки мавло Алӣ алайҳис-салом ироа дод, суханони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи он Имоми бузургвор аст.

Мо дар ин навишта, яксаду даҳ сухан аз суханони Паёмбари азизи Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро тақдими шумо мекунем ба ин умед, ки роҳнамое барои ҳамагон дар паймудани роҳи равшани ў, (ки расидан ба оби ҳаёт аст [2] ) бошад.

Дар ин ҷо ёдоварии чанд нуктаро лозим медонем:

1-Унвонҳои зикр шуда, масалан ҷумлаи “Алӣ ҷонишини ман аст”. Интихобшуда аз чандин ривоят аст, ки мо танҳо ба овардану нақли як ривоят басанда кардаем.

2-Дар интихоби ривоёт дар ин китоб илова бар ду китоби ““Баҳор-ул-анвор”-ул-анвор”[3]-и марҳуми Маҷлисӣ ва “Ат-Тароиф фи маърифати мазоҳиби тавоҳиф”[4]-и марҳуми Саййид Ибни Товўс аз шиа, аз китоби “Фазоил-ул-хамса минас-сиҳоҳ-ис-ситта”[5] навиштаи марҳуми Фирўзободӣ низ истифода шудааст, ки дар ин китоб ҳамчунон ки аз номаш пайдост, муаллифи муҳаққиқ, тамоми ривоётро аз китобҳои мўътабари аҳли суннат бо зикри дақиқи исноди ҳар ривоят гирдоварӣ намуда, ки мо низ исноди ҳар ривоятро бар асоси саҳифаҳои китобҳое, ки худи муаллиф дидааст, зикр мекунем.

Қум, Забиҳуллоҳи Исмоилӣ

Ҷумъа 30-10-79 шамсӣ баробар бо 24-и шаввол-ул-мукаррами соли 1421-и қамарӣ.


 


[1] Ояти Мубоҳила (Сураи Оли Имрон-61).

[2] من سلك الطريق الواضح ورد الماء...".  Касе, ки роҳи равшанро паймуд ба об расидааст. «Наҳҷ-ул-балоға” каломи-201. 

[3]-Чопи Бейрут.

[4]-Чопи Қум, соли чоп-1400-и ҳиҷрӣ.

[5]-Чопи Наҷаф (Ироқ) соли чоп-1384-и қамарӣ.

 

 

Home page book