back page

Дарси ҳаждаҳум

next page

Қуръон ва ҷозибаи умумӣ

Сафҳаи нилгуни осмони мо бо ситораҳои шаффоф ва дурахшандаи худ, пайваста мавриди таваҷҷўҳи инсон буда ва дар ҳар даврае ба гунае мавриди тафсир вокеъ шуда ва назарҳои гуногуне дар бораи он иброз шудааст. Рўзгоре ҳайъати “Зимқиротис” давроне ҳайъати “Фисоғурс” фикрҳои донишмандони ҷаҳонро ба худ машғул кард. Сипас дар асри дуввуми мелодӣ ҳайъати “Битлемюс”[1] пайдо шуд ва қариб 15-аср ба ҷомеаҳои илмии ҷаҳон, аз шарқу ғарб ҳукумат кард ва дар наҳзати ахири илмии ғарб, асоси он ба василаи чаҳор донишманди ғарбӣ мутазалзил гардид ва маълум шуд, ки он ҳама тафсирҳо ва диққатҳо дар бораи осмонҳову замин пиндоре беш набудааст.

 

Поягузорони ҳайъати нав

Ҳайъати нав ба василаи чаҳор нафар поягузорӣ шуд. Ва ҳар як аз ин чаҳор нафар, тавонистанд парда аз рўи розе аз ҷаҳони офариниш бардоранд, онон иборатанд аз:

1-Коперники лаҳистонӣ, ки марказ будани заминро такзиб кард.

2-Куплери олмонӣ собит кард, ки ҳар сайёрае бо гардиши худ ба даври хуршед, як мидори байзишаклро тай мекунад.

3-Голилей итолёӣ, ки бо ихтирои дурбин, ситорагони диданашудании бисёреро кафш кардааст.

4-Нютон, ки бо кашфи қонуни ҷозибаи умумӣ, собит кард, ки бар хилофи пиндори Битлемюс, ки тасаввур мекард, ки ситорагон монанди мех бар пайкари ҷисми бе ранг (фалак) кўбида шудаанд, миллионҳо манзумаи шамсӣ ва каҳкашонҳо ва абрҳо дар ҷаҳон муаллақ ва дар сояи қонуни ҷозиба  ва қонуни нерўи гурез аз марказ (марказгурез), ки дар саросари ҷаҳони офариниш, дар тамоми кураҳои сайёраҳову ситорагон ва каҳкашонҳо ва ҳатто дар миёни ду зарраи бисёр кўчаку ночиз ҳукмфармо аст, аз афтодан маҳфуз мондаанд.

Хулоса дар сояи ин ду қонун аст, ки тамоми ҷисмҳо дорои ҳолате ҳастанд, ки якдигарро ҷазб мекунанд ва ҳеҷ мавҷуде аз ҷондорон ва ғайраш аз ин қонун истисно нашудаанд. Нерўи ҷозиба, бо фосилаи ду ҷисм нисбати маъкус дорад, яъне ҳар чӣ ҷисмҳо ба ҳам наздик ва фосилаҳо камтар бошад, нерўи ҷозибаи онҳо бештар мешавад ва ҳарчанд фосилаи ҷисмҳо бештар бошад, нерўи ҷозибаи онҳо камтар мешавад. Дар натиҷа агар танҳо қонуни ҷозиба, бар ҷаҳон ҳукумат мекард ҷисмҳо ба ҳам мепайвастанд ва интизом аз байн мерафт. Агар танҳо қонуни нерўи гурез аз марказ вуҷуд дошт, низоми кунунӣ аз миён мерафт ва ҳар ситорае ба дарае меафтид.

Қувваи гурез аз марказ дар ҳамаи ҷисмҳое, ки ҳаракати давронӣ доранд, вуҷуд дорад. Масалан вақте ки оташгардонро мечархонем, эҳсос мекунем, ки дасти моро мекашад ин ҳамон нерўи гурез аз марказ аст.

Дар сояи ин ду қонун, миллионҳо мавҷуд дар фазо муаллақ аст ва бе сутун дар ҳаво аст ва бе ин ки биафтад ба ҳаракати худ идома медиҳад.

Шакке нест, ки вуҷуди нерўи мармузе дар даруни замин аст, ки ҳамаи ҷисмҳоро ба сўи худ мекашад ва ҳама пеш аз Нютон онро эҳсос мекарданд. Аммо ин ки ин қонун ба сурати умумӣ бар сар то сари ҷаҳони офариниш ҳукумат мекунад, касе пеш аз Нютон зоҳиран аз он огоҳӣ надошт ва танҳо ў буда, ки барои аввалин бор дар асри 17-и милодӣ бо илҳом гирифтан аз афтидани як себ ба замин, парда аз рўи ин қонуни бузург бардошт.

Мехоҳед шумо низ масъалаи афтодани себро афсона ва сохтагӣ бидонед он чунон ки Ҳоп донишманди маъруф тасаввур кардааст, ё барои он воқеият қоил бошед. Дар ҳар ду сурат инро наметавон инкор кард, ки кашфкунандаи қонуни ҷозибаи умумӣ Нютон аст.

Аҳамияти ин қонун ба қадре аст, ки баъзеҳо асри 17-ро қарни Нютон номидаанд. Нютон соатҳои тўлонӣ дар сукуту андеша фурў рафт, то тавонист ин қонуни печидаро кашф кунад.

Қуръони маҷид беш аз 10-аср пеш аз Нютон ба ин ҳақиқати илмӣ дар ду ҷои Қуръон [2] хабар дода мефармояд:

"الله الذي رفع السماوات بغير عمدٍ ترونها.

Худованде, ки осмонҳоро бе сутуне, ки дида шавад барафрошт”.

Тавзеҳ ин ки ҷумлаи “таравнаҳо” сифоти “амад”, ки ҷамъи амуд  (сутун) аст, мебошад. Ва замир дар (таравнаҳо) ба сутун бармегардад, маънои ҷумла чунин мешавад: Худованде, ки осмонҳоро барафрошт, бе сутуне, ки дида шавад. Ва дар ҳақиқат оят сутунеро, ки дида шавад нафй мекунад на асли сутунро.

Ин назарро бисёре аз муфассирон аз ҷумла Ибни Аббос ихтиёр кардаанд [3] ва ҳадисҳое, ки аз пешвоёни мо расида комилан онро таъид мекунад.

Ҳусайн ибни Холид аз Имоми ҳаштум Алӣ ибни Мўсо Ар-Ризо алайҳис-салом нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуд:

"اليس الله يقول: بغير عمدٍ ترونها. فقلت بلى قال:ثَمَّ عمدٌ لكن لا ترونها".    [4]

“Оё Худованд намефармояд, ки бе сутуне, ки дида шавад. Гуфтам: Оре чунин фармудааст. Фармуд: Дар осмонҳо сутунҳое вуҷуд дорад, вале дида намешаванд”.

Таъидкунандаи ин назар ривояте аз Имом Амирал-мўъминин алайҳис-салом нақл шуда, ки фармудааст:

"هذه النجوم التي في السماء مدائن مثل مدائن الأرض مربوطة كل مدينة الى عمود من نور".[5]

“Ин ситорагон, шаҳрҳое ҳастанд ба монанди шаҳрҳои рўи замин ва ҳар шаҳре бо шаҳри дигар бо сутуне аз нур марбут мебошад”.

Рўи ин назар, бояд дид мақсуд аз сутунҳои дида нашуданӣ, ки ситорагонро аз афтодан боз медорад чист, оё ҳамон нерўи мармузи нопайдое аст, ки Нютон ва донишмандони дигар номи онро ҷозибаи умумӣ гузоштаанд ва иборате расотар ва ҳамагонитар ҷуз аз сутуни дида нашуданӣ наметавон пайдо кард.

Қуръон дар расондани ин ҳақиқати илмӣ таъбиреро интихоб намуда, ки дар тамоми давронҳо барои башар қобили дарку фаҳм бошад, ҳатто дар он замоне ки башар ба воқеияти ин сутуни диданашуданӣ пай набурда буд, аз ин иборат мефаҳмид, ки ин кохи бесутун, сутунҳои дида нашудание дорад, ки монанди сутунҳои иморатҳо, ин кохи барафроштаро ҳифз мекунад.[6]

Қуръони маҷид дар оятҳои дигар низ ба бесутун будани осмонҳову замин ишора карда он ҷо, ки мефармояд:

إنَّ الله يمسك السماوات والأرض أن تزولا....." (فاطر-141).

Худованд осмонҳову заминро аз ин ки аз ҷойҳои худ берун бираванд, нигаҳ медорад”.

Имом Амирал-мўъминин алайҳис-салом дар баъзе аз ин хутбаҳо ба ин ҳақиқати илмӣ дар бораи замин хабар дода ва мефармояд:

"أرساها على غير قرار وأقامها بغير قوامٍ ورفعها بغير دعائم".[7]

Заминро бе такягоҳ, устувор кард ва онро бе поя, ба по дошт ва бе сутун, барафрошт.

 

***********


 


[1] Битлемюс аслан Юнонӣ аст, вале дар Миср таваллуд шудааст.

[2] -Сураи Раъд ояти-3. Сураи Луқмон ояти-10.

[3] -Ат-Тибён ҷ.6.саҳ.213.

[4] -Тафсири Бурҳон ҷ.1.саҳ.278.

[5]  -Сафинатул-баҳор моддаи наҷм ҷ.2.саҳ.572 ва қариб ба ҳамин маъно дар “Маҷмаъ-ул-баҳрайн” моддаи кавкаб ворид шудааст.

 

[6] -Дар маънои оят эҳтимоли дигар низ ҳаст, ки бисёр заиф аст.

[7] -Наҳҷ-ул-балоға хутбаи-228.

Home page book