back page

Дарси ёздаҳум

next page

Имтиёзи аввал ва дуввуми қонунҳои Қуръон

1-Бо ҳар тамаддуни саҳеҳи инсонӣ созгор аст

Қонунҳои Қуръон аз тамоми он чи аз Паёмбари гиромии Ислом ва пешвоёни ростини он ҳазрат ба унвони аҳкоми илоҳӣ расидааст, ҳамагӣ бо тамоми чеҳраҳои тамаддуни инсонӣ мувофиқ ва созгор мебошад ва тазодде миёни он ду вуҷуд надорад. Гувоҳ бар чунин ҳамоҳангӣ ин аст, ки вақте ки дарҳои кишварҳои Эрон ва Рум, ки худ дорои тамаддунҳои асил буданд, ба рўи Ислом кушода шуд ва тамаддуни исломӣ, ки бозгўкунандаи қавонини Ислому Қуръон буд ҳамроҳи мусалмонон ба ин ду минтақа роҳ ёфт. На танҳо қавонини Исломро, ки манбаи муҳимми он қавонин, Қуръон буд бо дини худ мухолиф надиданд, балки баъзе аз онҳо ба истиқболи он шитофтанд ва он чунон ибрози алоқа мекарданд, ки худ мубаллиғ ва густаришдиҳандаи Ислом шуданд. Сабаби созгории қавонини Ислом бо тамоми чеҳраҳои тамаддуни инсонӣ ин аст, ки Ислом ҳаргиз ба шаклу зоҳири қазияҳо напардохта ва таваҷҷўҳи бештари худро ба рўҳ ва маънавият дўхтааст. Қуръон ба матраҳ кардани ҳадафҳои аслии Исломӣ мепардозад ва пайварони худро дар чигунагии таҳсили он озод мегузорад. Ва ҳаргиз барои расидан ба ҳадаф, роҳе хоссеро таъин накарда ва муқаддас намешуморад, ҷуз ин ки гоҳе аз як даста аз чизҳои зидди инсонӣ ва номашрўъ пешгирӣ мекунад.

Ислом бо доштани чунин диди васеъ қонунҳои худро аз ҳар гуна тасодум бо чеҳраҳои тамаддун боз медорад. Масалан Қуръон дар оятҳои бешуморе мардумро ба таҳсили илму дониш даъват мекунад, он ҷо ки мефармояд:

"هل يستوي الذين يعلمون والذين لا يعلمون انما يتذكر اولوالألباب".

Оё доно ва нодон як аст, фақат соҳибони хирад мутазаккир мешаванд. (Сураи Зумар-9)

Вале дар наҳваи омузиши илм, василаи хоссеро муқаддас намешуморад, зеро ончи ҳадафи Ислом аст таҳсили илм ва дониш аст ва барои он василае матраҳ нест. Ҳоло василаи омўзиш ҳар чи бошад дасти пайравони худро дар бораи он боз гузоридааст ва бинобар ин ҳар гуна василае, ки моро ба ҳадаф бирасонад аз қаламу қоғаз ва бўру тахтаи сиёҳ ва ҳар василаи иртиботии ҷамъӣ ва.... ҳама мавриди пазириши Ислом аст.

2-Аз назари Қуръон иффату пўшиш барои зан дар беруни хона ва ҷои кор як масъалаи ҳаётӣ аст ва оёти Қуръон ба таври мукаррар занро ба иффату покӣ ва ба пўшиш даъват кардааст. Вале ҳаргиз Ислом занро дар масъалаи пўшиш ба шакли хоссе муқайяд накардааст ва дасти ўро дар интихоби чигунагии пўшиш, ки таъминкунандаи ҳадафи Ислом бошад, боз гузоштааст. Ва агар дар ин бора занро ба либоси махсусе муқайяд месохт бо тақайюди ҳар миллате ба равиши хоссе аз либос ва бо мазоҳири тамаддуни кунунӣ, ки пайваста пўшиш ва моддаи пўшиш дар ҳоли дигаргунӣ аст, садама ворид мекард.

3-Қуръон аз мусалмонон мехоҳад, ки сафҳои худро дар баробари душманон пайваста қавӣ ва неруманд созанд ва ин асли исломиро чунин баён мекунад:

"و أعِدّوا لهم ما استطعتم من قوة".

То он ҷо ки мумкин ва мақдур аст дар муқобили душман неру таҳия кунед ва неруманд бошед. (Сураи Анфол-60). Он чи Ислом мехоҳад баёни қудрат ва неруманд будани сафҳои мусалмонон дар баробари душман аст ва ҳаргиз ононро ба силоҳ ва неруи махсусе муқайяд накардааст ва агар доштани тиру камон ва найзаву шамшер дар асри пешин мазҳари нерумандӣ буд, имрўз ин ҳадаф бо тупу тонк, зиреҳпушӣ, ҳавопаймо ва мушак ва ғайра таъмин мегардад ва ҳар ду шакл мавриди ризояти Ислом аст ва мисдоқи равшани ояти пеш мебошад.

Дар замонҳои  гузашта шакли иҷрои аслӣ (неруманд шудан дар баробари душманон) ин буд, ки мусалмонон дар фанҳои аспсаворӣ ва тирандозӣ комил гарданд ва дар ҳақиқат ин кор, ҷузъи фанҳои низомии он замон ва беҳтарин шакл барои пиёда кардани қонунҳои неруманд шудан дар баробари душман буд, дар сурате, ки  он чи асл дорад, масъалаи таҳсили қудрату неру аст ва маҳорат дар аспдавонӣ ва тирандозӣ либосе аст бар тани қонунҳо ва бо тавсиаи фарҳангӣ ва дигаргун гардидани васоили низомӣ ва такомули фанҳои ҷангӣ бояд ин ҷомаро аз тани ин қонун даровард ва ҷомаи рўз ба он пушонид. Рўи ин асос аст, ки қонунҳои Қуръон бо тавсиаи фарҳангҳо ва донишҳо осеб намебинад.

Дар масъалаи таҳсили дониш он чи ҳадафи аслии Ислом аст, ҳамон касби огоҳиҳои лозим ва муфид ба ҳоли афрод ва ҷомеаи исломӣ аст ва ҳаргиз Ислом ангушт рўи илмҳои гуногуни башарӣ нагузоштаст, ки кадомро таҳсил кунад, балки навъи иҷрои ин аслро ба худи мусалмонон вогузор кардааст, чун он чи ҳадафи аслӣ аст, ҳамон касби донишҳои лозим ва муфиде аст, ки сабаби иззат ва истиқлол ва сарбаландии мусалмонон бошад ва чигунагии иҷрои ин асл дар ҳар замон ба гунаи хоссе аст.

Мумкин аст илме дар аср ва замоне пояи тараққӣ ва сабаби иззату истиқлол набошад, вале дар асри дигар таҳсили ин ҳадаф ҷуз бо таҳсили ҳамон илм мумкин набошад. Дар гузашта ба сабаби дурии ҷомеаҳои ҷаҳон аз якдигар таҳсили баъзе аз илмҳо барои мусалмонон лозим набуд ва як шахси бозаргон ва ё сиёсатмадор бо ҳамон тиҷорати маҳаллии худ метавонист иқтисоди кишварро идора кунад. Дар сурате, ки  имрўз касби иззату истиқлол ва пешрафт дар масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҳифзи ҳудуди Ислом ҷуз бо ошноии комил бо ин илмҳо имконпазир нест. Он чи муқаддас ва лозим аст, таҳсили дониши муфид ва касби истиқлолу иззат аст, вале роҳҳое ки моро ба он ҳадаф мерасонад барои Ислом муҳим нест ва бояд дар ин шароит ба муқтазиёти замон рафтор кард.

 

Имтиёзи дуввум

Қонунҳои Қуръон бо муқтазиёти фитрат ҳамоҳанг аст

Тавзеҳ ин ки ҳадафи аслӣ барои пайдоиши қавонин ва муқаррарот, ҳамон ниёзҳои иҷтимоъ ва инсонҳост. Инсон мехоҳад бо пўшиши қонун ниёзҳои шахсӣ ва иҷтимоии худро бартараф карда ва худро саодатманду хушбахт созад. Вале ниёзмандиҳои башар баробар ва якнавохт нест ва дар ҳоли дигаргунӣ аст. Дигаргуниҳои санъатӣ ва пешрафтҳои чашмгири техникӣ, зарбаи шиканандае ба бисёре аз равишҳои моддии деринаи башар фуруд овард ва ўро ба сурати як мавҷуди навхоҳ ва навҷў даровардааст ва пайваста мехоҳад пайванди худро аз одатҳо ва низомҳои қадим ва дерина ҷудо кунад ва бо маъноҳову равишҳои навбунёд бипайвандад. Аз тарафи дигар, мазҳаб инсонро ба як даста усул ва суннатҳои собит ва пойдор ва арзишҳое, ки тағйирнопазир ҳастанд даъват мекунад ва инсонро аз ҳар гуна иваз кардани назар дар он муқаррарот ва низомҳои деринаи мазҳабӣ боз медорад. Инсони мазҳабӣ миёни ин ду кашмакаш мутаҳаййиру саргардон аст, намедонад чӣ бикунад? Натиҷаи пайравӣ аз мазҳаб, ҳамон сукун ва хушкӣ ва нигаҳдории низомҳои қадим ва дерина аст, дар ҳоле ки асари пайравӣ аз навхоҳӣ ҳамон ба ҳаракат даромадан ва ҷустуҷўи мафоҳиму низомҳои нав мебошад ва барои як инсони мазҳабӣ, ҷамъи миёни ин ду асл бисёр мушкил аст.

Гурўҳе барои роҳат ва осуда сохтани худ аз ин кашмакаш ба қалъае (муқтазиёти замон) паноҳ бурдаанд ва дар пўшиши ин вожа, пайванди худро бо равишҳои мазҳабӣ ва арзишҳои деринаи ахлоқӣ буридаанд, дар ҳоле ки агар муқтазиёти замон ба гунаи саҳеҳ тафсир шавад, ҳаргиз чунин натиҷае нахоҳад дод. Агар маънои муқтазиёти замон ин аст, ки бо тамоми аслҳои дерина ва низомҳои қадим видоъ кунем ва дар тамоми заминаҳои зиндагӣ ба усул ва низомҳои нав бипайвандем, бояд гуфт, ки муқтазиёти замон хатарноктарин силоҳ ва кубандатарин сабабест, ки тамоми захираҳо ва ҷамъкардаҳои маънавӣ ва инсониро таҳдид мекунад ва ҷавононро бо суннатҳои мазҳабӣ ва арзишҳои ахлоқӣ бегона мекунад. Масъалаи муқтазиёти замон бо ин маъно, беш аз ҳама дини Исломро таҳдид мекунад, чун дини Ислом дини абадӣ ва ҷовидонӣ аст ва барномаҳои он фақат як мушт дуоҳову ибодатҳо ва ё чанд барномаи ахлоқӣ нест, ки бо гузашти замон дигаргунӣ дар он эҷод накунад, балки як системаи ҷомеи иҷтимоӣ аст, ки тамоми ниёзмандиҳои башарро дар заминаҳои маданӣ ва байналмилалӣ дарбар гирифтааст ва суботу бақои чунин дини густарда дар баробари дигаргуниҳои санъатӣ ва иҷтимоӣ бисёр мушкил мебошад.

 

Ҳалли ин мушкил

Дар ҳалли ин мушкил бояд ду матлабро дар назар гирифт

1-Ҳар гоҳ Ислом ва ё аслан мазҳабро як падидаи иҷтимоӣ бидонем яъне тамоми қавонину одоб ва равишҳои динӣ сохта ва пардохтаи инсонҳои мутафаккири ҷомеа бошанд, дар ин сурат бояд ба монанди пайдоиш ва шаклгирии худ мавриди таҳаввул ва дигаргунӣ қарор гиранд. Ва ба иборати дигар аз он ҷо ки ҷомеаи исломӣ рў ба такомул аст ва ҳар рўз қадаме ба пеш мегузорад, далеле надорад, ки қавонин ва одоби он як хел боқӣ бимонад. Агар дигаргунӣ ва такомул тамоми падидаҳои моддиро дарбар мегирад, чаро бояд падидаи динро, ки ба вуҷудовардаи мағзу фикрҳои инсонҳои нобиға аст, дарбар нагирад. Вале агар динро як дастури осмонӣ ва фармони илоҳӣ бидонем, Худое ки аз тамоми хусусиёти зиндагии инсонҳо ва ниёзмандиҳои онон ба гунаи равшан огоҳ аст ва аз тамоми асрору рамзҳо ва резакориҳои ҷисму ҷон ва отифаву ғаризаҳои дарунии ў комилан хабардор аст ва аз он чи сабаби хушбахтӣ ва бадбахтии ў аст огоҳ мебошад, дар ин сурат дастурҳои ў аз нуктаи назари имкони иштибоҳ ва эҳтимоли хато наметавонад мавриди дигаргунӣ ва тағйир қарор гирад, чун фарз ин аст, ки чунин қонунгузор аз ҳар гуна иштибоҳ ва хато маҳфуз ва дур буда ва ба хусусиятҳои сохтаи худ (башар) огоҳтар аст. Ва аммо аз нуқтаи назари дигар ва он ин ки дигаргунии зиндагӣ талаб мекунад, ки қонунҳо ва муқаррарот низ тағйир кунанд, ҷавоби ин саволро дар матлаби дуввум баҳс хоҳем намуд.

2-Агар дар қонунгузорӣ, инсони табиӣ мавриди назар қарор гирифта ва милоки қонунгузори гардад ва қадри муштараки миёни инсонҳо дар назар гирифта шавад, дигаргунии замон ва муқтазиёти аср наметавонад кўчактарин дигаргунӣ дар ин қонунҳо ба вуҷуд биоварад, чун дар ин ҷиҳат миёни инсони асри ҳиҷр ва асри фазо фарқе намекунад. Чун тамоми тағйирҳо ва дигаргуниҳо ва ба истилоҳ “муқтазиёти замон” марбут ба одоту расмҳое аст, ки бар андоми инсоният пўшонида шудааст ва ҳаргиз дар зот ва худи инсон тағйир ва табдиле рўй намедиҳад ва ин чизе аст, ки донишмандон низ онро қабул доранд ва мегўянд: муқаррарот ва одатҳо ба монанди либосҳое аст, ки унсури ҳақиқати “тағйир накунандаи” баданро пўшонидааст. Ва дар ҳар қавму миллат ва ҷамъияте ин либос ба шаклу ранге вуҷуд дорад, вале ҳақиқати табиати инсон як аст ва пайрави асли собите мебошад.

 

Инсон дорои асли собите мебошад

Усулан ҳар илме, ки марбут ба зоти инсон бошад дар бораи усуле баҳсу гуфтугў мекунад, ки тағйирнопазир бошад. Равоншиносӣ дар бораи рўҳиёти собит ва нафсиёти тағйирнопазири инсон баҳс мекунад. Таб ва ё физиоложӣ дар бораи асле баҳс мекунад, ки офариниши ҳамаи инсонҳо рўи он устувор аст ва ин асл бар тамоми инсонҳои ҷаҳон як хел ҳукумат мекунад ва гузашти замон дар онҳо асари чашмгире намегузорад. Бинобар ин агар фитрату ниҳоди инсонӣ ва сохтмони вуҷуди башар, ки дар ҳама шахс ва ҳама замонҳо як хел аст, меҳвари қонунгузорӣ бошад, ҳаргиз муқтазиёти замон ва дигаргуниҳои санъатӣ сабаби табдили чунин қонуне намегардад.

Ислом қонунҳои худро бар асоси фитрат бино карда ва қадри муштараки инсонро дар тамоми асру замонҳо дар назар гирифта ва қонунгузорӣ намудааст. Ва рамзи собит мондан ва пойдории қонунҳои Ислом ва ҷовидонагии он ҳамин аст. Қуръон ин ҳақиқатро дар ояти зер баён кардааст:

"فاقم وجهك للدين حنيفاً فطرت الله التي فطر الناس عليها لا تبديل لخلق الله ذلك الدين القيم ولكن اكثر الناس لا يعلمون". (روم-30)

“Ба сўи дини Худо рў кун (ва аз ботил ба сўи ҳақ боз гард). Дин фитрати Худо аст, ки мардумро барои он офаридааст ва хилқати худоӣ тағйирнопазир аст, вале аксари мардум намедонанд”. (Сураи Рум-30).

Агар қонунгузории табиӣ тағйирнопазири инсон дар назар гирифта шавад (табиие, ки қадри муштараки ҳамаи инсонҳо аст ва дар ҳама замон ва дар тамоми шароит вуҷуд дорад), башар бояд аз як даста усули собит пайравӣ кунад. Дуруст аст, ки дигаргуниҳои техникӣ равиши зиндагиро дигаргун кардааст ва охирин василаҳои нав ва пешрафтаи осоиширо дар ихтиёри башар қарор додааст, вале ҳаргиз дасти таҳаввул ва дигаргунӣ ба зоту худи инсон ва хостаҳои дарунии вай ва ғаризаҳои пурҳаракати вай роҳ наёфтааст. Ва он чи ки инсони кунунӣ мехоҳад ва ба он ниёз дорад ҳамон аст, ки инсони асри ҳаҷар низ онро мехост ва ба иборати равшантар дуруст аст, ки василаҳои пешрафти зиндагӣ ва дигаргунии авзоъ ва аҳвол, ҷомеаҳоро бо ниёзҳои наву тозае рў ба рў мекунад ва барои бартараф кардани ниёз ночор аст даст ба қонунгузорие бизананд, вале бо ин эътироф асли инсониятро, ки қадри муштараке миёни инсонҳои дерина ва инсонҳои имрўза аст, набояд ин аслро ба дасти фаромушӣ супурд. Чун агар чи авзоъ ва аҳволи ҷомеаҳо ва шароити зиндагӣ дигаргун мешавад, вале инсоният дар тамоми аҳволу шароит маҳфуз буда ва дасти тағйир ба ниҳоди он роҳ пайдо намекунад ва ҳаргиз инсоният аз миён нарафта ва қадри муштаракҳое миёни инсони қутбӣ ва инсонҳои экваторӣ доим боқӣ аст ва аз ин сабаб ҳеҷ ҷомеа ва инсонеро наметавон аз истеъмоли таом бениёз донист ва ё тамоюлоти ҷинсиро дар ў кушт ва дар баробари чунин дархосте бетафовут монд ва ҳамчунин аст дигар дархостҳои фитрӣ ва ниҳодии инсон.

Бинобар ин беҳтарин роҳ барои вазъи қонун, мутолиаи офариниши инсон аст, ки ҳамроҳ бо шиносоии ниёзҳои вуҷудӣ ва шиносоии маслиҳатҳо ва фасодҳои табиати вай бояд қонуне вазъ намуд, ки бо инсонияту дархости фитрии ў носозгор набошад ва бо дигаргунии тамаддун ва ихтилофи авзоъ ва шароити зиндагӣ, халале бар он ворид насозад.

 

***********

Home page book